www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Оилаи масеҳӣ -12Боби 12- Тарбияи фарзандони Масеҳӣ «Хона – мамлакати падар, дунёи модар ва биҳишти кӯдак аст.» - Халқ «Фарзанд азиз, одобаш азизтар.» - Халқ «Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. ‹Падар ва модари худро иззат намо›, ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда: ‹То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ› ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.» Эфсӯсиён 6:1-4 Ин дастур ба падару модар ва хусусан ба падарон равона шудааст, одатан модар ба кӯдакон нигоҳ мекунад ва падар бояд инро иҷро кунад, чунки онҳо бояд бо диққат ба фарзандонашон нигоҳ кунанд. Маорифи Тоҷикистон ба ин мушкилии беаҳамиятии падар ишора мекунад: «Мардон дар кори оила ва тарбияи фарзандон саҳме надоштанд. Мутафаккирони тамоми тараққипарвари ҷаҳонӣ исломӣ ба ин одати зишт муқобил буданд ва бар зидди он тарғибот мебурданд.»1 Фирки халқ ин аст, ки «Маҳз занон масъулияти вазнини тарбияи кӯдаконро ба ӯҳда доранд.»2 Дар масеҳӣ, вазифаи тарбияи кӯдакон бар души падар мемонд ва бояд ба ин мақсад бо масъулият нигоҳ кунад, модар баъди зоидани кӯдак аз табиати худ онҳоро нигоҳ мекунад. Ин қоида нишон медиҳад, ки бояд падар фарзандонашро ба хашм наорад, мумкин падар аз табиати пуртоқат набуданаш тез ба хашм ояд ва падарон бояд аз ин рафтори бад худдорӣ кунанд. Китоби «Одоби Оила» ҳам ин хел пешниҳод мекунад, «Зану шавҳар бояд хуб дарк кунанд ва ба он омода бошанд, ки кори бисёр муҳиму мураккаби иҷтимоӣ - таваллуду тарбияи фарзанд дар дӯши оила аст. Онҳо на танҳо зану шавҳар, балки давомдиҳандаи налси инсон мебошанд.»3 «Агар дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкории онҳо дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мегардад. Бунёд намудани оилаи хушбахт ба муносибати зану шавҳар вобаста аст.»4 « Дили оча ба бача дили бача ба кӯча, дили ота, дар куҷо?» (Н.Ҷ.) Дили падар бояд ба тарафи оила бошад, чӣ хеле, ки кӯдак падарашро мебинад, бояд ба монанде, ки ба Падари Осмонӣ назар мекунад. Чӣ хеле, ки Худо ба мо муҳаббат нишон медиҳад падар ба фарзандон ҳамин хел бошад бояд. Инҷили Луқо 15 муҳаббати падарро нишон медиҳад, нақли падар ва писаре, ки ноқобил аст ва дар маҳалла мумкин баъзе падар писарро «оқи падар» ҳисоб мекунад. Вале Китоби Муқаддас калимаи «оқи падар»-ро надорад, чунки ин падар дар воқеаи баргаштани писар баръакс кард, «ҳанӯз ӯ (писар) хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.» (Луқо 16:20) Ин падар чанд амали муҳаббатро нишон медиҳад вале писар сазовори ин муҳаббат набуд. Аввал ӯ интирзори писар буд, ӯ шӯҳба надошт барои омадани пайванди худ дар вақте, ки писараш «хеле дур буд» ва интизори вай буд. Дуюм, падар дар ҷои умумӣ дав-давон ба тарафи писар рафт ӯ дар фикри қабулкунии писар буда ба хоста шудани обурӯяш аҳамият намедод ва дар вақти рӯ ба рӯ шудан, ӯ мазаммат накарда ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид. Ин муҳаббати падарро нишон медиҳад ба писаре, ки сазовори муҳаббати падар набуд. «Аз тарафи дигар, чӣ қадаре ки мо аз падару модарамон муҳаббати зиёд дида метавонем. Вале пеш аз ҳама мо бояд ба тарафи қабулкунанда бошем. Инчунин зарур аст, то кӯдак бовар кунад, ки ‹падару модарам маро дӯст медоранд,› ва ба он низ, ки ‹падару модарам якдигаро дӯст медоранд.› Ҳангоме ки кӯдакон дар хона муҳаббатро намебинанд, онҳо ҳақиқатан ҳам аз доду гирифти муҳаббат бехабар ба воя мерасанд.»5 Падар ҳам коҳини оила аст ва бояд бо таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунад. Ин маънии онро дорад, ки оила якҷоя дуо кунанд ва ҳам Китоби Муқаддасро хонанд. Оила метавонад ҳар рӯз ё чанд бор дар ҳафта ибодати оилавӣ кунад. Дар ин муддат сурудҳои рӯҳонӣ, хондани Калом ва дуо қобили қабул аст ва агар ҳамаи оилаҳои масеҳӣ дар Тоҷикистон чунин бошанд рафтори онҳо шаҳодате мешавад, ки дигарон имон оваранд. Тавроти Мусо ин хел мегӯяд: «Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям (Китоби Муқаддас- Н.Ҷ.), бигзор бар дили ту бошад, ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо, ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ бибанд, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёна чашмонат бошад, ва онҳро бар паҳлудариҳои хонаи худ ва бар дарвозаҳои чуд бинавис.» Такрори Шариат 6:6-9 Ин рафтори оилаи имондорон аз ҳар ҷониб имконяти ба тарбияи хуб кардани фарзандон мусоидат мекунад. Дар вақтҳои рӯзу шаб, дар вақти нишастану роҳ рафтан ва тарбияи амали даст бо андеша бошанд, ва хонаи онҳо ба он ишора кунад, ки онҳо Худовандро мешиносад, ҷои хурофоту чашми бад дар он манзил набошад ва суханони Худо дар девор ва паҳлудариҳои он маълум шавад. Падару модар ба тарбияи дили бача бояд диққат кунанд чун, ки аз ботини ӯ рафтори вай амалӣ мешавад.
«Эй тифл, ки дафъи магас аз худ натавонӣ, Ҳарчанд ки болиғ шудӣ, охир на ҳамонӣ? Шукронаи зӯровариву рӯзи ҷавонӣ, Ин аст, ки қадри падари пир бидонӣ.» (Саъдӣ) «Солҳо бар ту бигзарад ки гоҳе, Накунӣ ёди турбати падарат. Ту ба ҷои падар чӣ кардӣ хайр? Ки ҳамон чашмдорӣ аз писарат.» Аҳмади Дониш 1 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 9. 2 «Аниси Занони Покдоман», саҳ. 5 3 «Одоби Оиладорӣ», саҳ. 18 4 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 76. 5 «Сирри Муҳаббат» саҳ. 13. << Оила |