www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Оилаи масеҳӣ -13Боби 13 - Саволу ҷавобҳои дигар Саволҳои никоҳ: Муҷаррад – мумкин ё не? Ҳадиси ислом мегӯяд, ки «бадтарин мурдагони шумо касоне ҳастанд, ки бидуни издивоҷ бимиранд.»1 Оё ҳатмӣ аст, ки ҳамаи имондорон бояд издивоҷ кунанд? Исои Масеҳ намунаи мо аст ва Ӯ ҳеҷ вақт зан нагирифта аст ва фақат барои Худо хизмат мекард. Масеҳиён озод ҳастанд, агар издивоҷ кунанд бояд бо имондори дигар бошад, ва агар муҷаррад бошад, хости Худоро анҷом диҳанд. Исои Масеҳ барои ин мавзӯъ гап зада аст, «Зеро ахтаҳое2 ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Малакути Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад.» (Инҷили Матто 19:12). Дар ин оят се мавқеъи муҷаррадӣ вуҷуд дорад, касе аз таваллудаш мушкили ҷисмонӣ дорад ва издивоҷ намекунад, дигаре аз тасодуфи одамизод шуда ё барои ягон мақсад издивоҷ намекунад, гурӯҳи охир ин бошанд онҳо худро ба Худо тақдим карданд ва ҳама вақт дар хизмати Худованд ҳастанд. «Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд;3 аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар. Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд; Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст.» (1 Қӯринтиён 7:7-9) Воқеан муҷаррадӣ хуб аст ва ягон айбе надорад. Онҳое, ки зан ё шавҳар надоранд, метавонанд озод дар хизмати Худо бошанд. Вале агар касе дар ҷисм «сӯхтан дар оташи шаҳват» аст ин беҳтар, ки аҳди никоҳ кунад. Дар вақти муҷаррадӣ имконяти имон аст ва доимо дуо кунад, ки хости Худо барои зиндагии ӯ ин хел аст. Оё масеҳиён маҳру қалингро медиҳанд? Маҳр чӣ аст? «Маҳр иборат аз миқдори моле аст, ки мард ҳангоми никоҳ бо зан, барояш такдим менамояд.»4 Оё масеҳиён урфу одати дар маъракаҳои таъин кардани маҳру қалинг иштирок таъин карданро доранд ё не? Ин мавзӯъи муҳим вале осон нест, аввал маънии маҳру қалингро дар ислом нигоҳ мекунем ва баъд маънии онро дар Китоби Муқаддас. Ин маълумотҳо ҷамъ шаванд то масеҳиён имконияти пайдо кардани як ақидаи муайянро пайдо кунад. Мақсади маҳру қалинг дар ислом Маҳру қалинг дар ислом «барои ҳимояи зан аст»,5 яъне дар вақти талоқ ин маҳру қалинг бармегардад «Марде, ки занро ба никоҳи худ медарорад маҳри онро доданаш шарт аст.»6 «Маҳр мол ва ҳаққи зан аст.»7 Ва ӯ метавонад маҳрро нагирад ва дар ин ҳолат: «Никоҳ бе зикри маҳр низ саҳеҳ аст.»8 Дар вақти ақди никоҳ маҳру қалингро нишон додан сифати зан шарт аст ва «Инчунин мумкин аст, дар вақти таъйин намудани маҳр бе баёни сифаташ он занро ба никоҳ даровард.»9 Аз китоби «Одоби Оиладорӣ»: «Духтар бошад, одатан чун моли падар дониста мешавад ва ин �сифат�-и ӯ ҳангоми қалингирӣ равшан зоҳир мегардад. �. Чунин муносибати анъанавӣ дар робитаи байни писару духтар рӯҳияи �ғуломӣ�, �оҷиза�, ташаккул ёфта, дар писар (хусусан дар шахсияти писарҳои мансабдорон) ва дар муносибатҳои минбаъдаи байни онҳо низ зуҳуроти худро меёбад.»10 Мақсади сеюм ин аст, ки ҳақи мардро барқаррор мекунад. «Мард фақат аз пардохтани маҳри нақди зан ҳақ дорад занашро аз як ҷой ба ҷои дигар бибарад, кӯчонад ва ғ. Ривояте ҳаст: “Агар зани маҳрро гирифта рағбат ба сафар баромаданро надошта бошад, ӯ ҳақ дорад бо шавҳараш ба сафар набарояд�»11 Ҳам «Одоби Оиладорӣ» илова мекунад: «Ана бинед, вақте ки духтар ба ивази қалин (пул) ба шавҳар дода мешавад, хоҳ нохоҳ вай ба моли харида, ногумон ба чизи фурӯхта табдил меёбад. Дар хонаи шавҳар озоду сарбаланд буда наметавонад. Ӯро чизи харида меҳисобанд. Тарафи шавҳар мегӯяд: туро харидам, пул додам, бояд сархам бошӣ ва ғайра.»12 «Охир вақте ки зан харида шудааст, куҷо озодии ишқу самимият, баробарию рафоқат мемонад?» Ҳам «Мардро ғуломи пул ва занро асири мард месозад.» 13 Маҳр дар бисёр ҷо хотирнишон шудааст асосан дар Сӯраи Бақара 2:236-237 Сӯраи Нисо 4:4, 24,25 ва Сураи Моида 5:5 аст. Хулоса ислом мегӯяд: «Марде, ки занро ба никоҳи худ медарорад маҳри онро доданаш шарт аст.»14 Маҳр дар Китоби Муқаддас15 4 ҷой дар Каломи Худо калимаи «маҳр»-ро истофода мекунанд.
Ҷое, ки сухан ба ҷои «маҳр» аст:
Мушоҳидаи ин оятҳо
Чӣ хел имондороне, ки падару модари беимонон доранд, никоҳ кунанд? Бисёр имондороне ҳастанд, ки падару модари онҳо никоҳи Масиёниро қабул намекунанд. Дар ин воқеа ба домоду арӯс тарзи оиладориро аз Китоби Муқаддас омӯзондан даркор. Хизматгори калисо бояд бо падару модари ин ҷавонон аз Китоби Муқаддас дар бораи никоҳи масеҳӣ фаҳмонад, то ки онҳо (ҷавонон) никоҳи имони онҳоро амалӣ кунанд. Вале баъзе вақт ин падару модар, ки масеҳӣ нестанд, иҷозати аҳди никоҳро намедиҳанд ва дар ин ҳолат ҳикмати Худо лозим аст. Як оилаи навбунёд маъракаи ақди никоҳро ба хотири ба ҷо овардани иззати хешу табори арӯс аз рӯи расму русуми он маҳалла ба ҷо оварданд ва вақти ба хонаи домод омадани арӯс онҳо, бо хоҳиши домод аҳди никоҳи масеҳӣ гузарониданд. Дар ин ҷо ҷудо шудан аз қоидаҳои маҳалла ва пайвастан ба аҳди никоҳи масеҳӣро мебинем. Албатта дар ин ҳолатҳо хуб мешуд, ки оилаи нав пеш аз аҳди никоҳашон бо хешу таборҳояшон осуда нишаста маслиҳат мекарданд, чунки домоду арӯс оилаи навро барпо мекунанд, аз ин сабаб онҳо ҳақ доранд, ки интихоб кунанд, то ки бандаи урфу одати маҳалла нашуда бандаи якдигар шаванд. Оё Масеҳӣ зани дуюм гирифта метавонад? «Наёяд зи як даст кардан ду кор, Нашояд ба як дил гирифтан ду ёр.» (Абдураҳмони Ҷомӣ) Ҳастӣ 2:24-25 оятҳои асосии оилаи имондорон мебошанд, дар ин оятҳо марду зан дар як тан пайваст шуданд ва гирифтани зани дуюм зиддияти ин қоидаи азим аст. Дар Китоби Муқаддас подшоҳон ё роҳбарҳо зани зиёд доштанд, вале Китоби Муқаддас ҳеҷ вақт ин амалро қабул намекунад, ки ин дуруст ва намуна аст. Дар ислом то чор зан мумкин аст ва бо ин рафтори оиларо пешниҳод мекунад (Сураи Анъом 4:3 ва Нур 24:32) вале дар Масеҳият ин хел нест. Оё никоҳи мӯтъа мумкин аст? Масеҳиён бояд донад, ки никоҳи мӯтъа чӣ хел аст ва аз ин эҳтиёт бошанд. Никоҳи мӯтъа дар ҳадисҳои 7.62.50,51,52 пайдо мешавад ва ин издивоҷи муваққатӣ аст. Ин намуди издивоҷ дар Тоҷикистон мумкин нест вале дар Эрон мумкин аст ва баъзе китобҳо дар бораи ин мавзӯъ нақл мекунанд.17 Вуҷудияти маҳр барои никоҳи муваққатӣ18 ва дар Эрон Сӯраи Нисо 4:29-ро барои ин истифода мекунанд. Албатта барои масеҳиён инро мумкин нест. Соли болиға чанд аст барои издивоҷ шудан? Ойша дар шаш солагӣ ақди никоҳ кард ва дар 9 солагӣ алоқаи ҷинсӣ (7.62.63, 64) ва ин мушкилӣ дар он аст, ки духтарҳо ба болиғ нарасидаанд. Дар масеҳӣ қонун нест вале албатта зидди духтаре, ки ба болиғ нарасидааст равиши издивоҷ бояд бошад. Аҳди Никоҳи масеҳӣ маслиҳати домоду арӯс аст ва таҳкурсии он робита, муҳаббат ва ваъдаҳо аст ва касе, ки нав ба болиғрасида бошад ҳам тайёр нест, ки издивоҷ кунад. Ин аҳд бандаи корҳои саросемагӣ нест ин корҳои ҳикмат ҳаст, ки ба ҷиддӣ ба ин аҳди никоҳ нигоҳ кунанд. Саволҳои дар бораи занон Ҳукми ҳайз ё нопокии занон ба Масеҳиён чӣ дахл дорад? «Ҳайз ё одати моҳонагӣ иборат аз хуне аст, ки аз раҳми шиками зани болиға дар рӯзҳои муайяне хориҷ мегардад..... Намозҳоеро, ки зан дар айёми одати моҳонагии худ тарк мекунад, ба вай лозим нест»19 Дини ислом мегӯяд, «Ҳукми ҳайз ин аст, ки зани ҷайз дидаистода намоз нахонад, рӯза нагирад, дохили масҷид нашавад, бо шавҳараш хуфту хоб (алоқаи ҷинсӣ) накунад. Қуръонро тиловат накунад ҳатто ба даст нагирад. Инчунин зани дар нифос буда ҳам ин амалҳоро ба ҷой наорад, ки ҳаром аст.»20 Аз Масеҳиён зиндагии мо бо аҳди нав аст ва ин ҳукми шариату таврот бо аҳди қадим аст. Ислом мисли аҳди қадим зиндагӣ мекунад ва дар ин дин аҳд бо Худо вуҷуд надорад, чунки онҳо ақидаи «аҳд»-ро мисли Китоби Муқаддас байни Худо ва одамизод надоранд.21 Ирмиёи набӣ пешгӯии аҳди навро карда ба ин суханон ба мо ёрӣ медиҳад, «Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, - мегӯяд Худованд: - шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд.» (Ирмиё 31:33). Ин оят нишон медиҳад, ки масеҳиён шариати берунӣ надоранд ва ба дили мо қоидаи зиндагӣ пайваст мешавад, чунки Рӯҳи Худо дар мо сокин аст (мисли «Ман Худои онҳо хоҳам буд.») Таврот ё шариати Мусо бо зиндагии имрӯза дахл надорад, чунки ин аҳди қадим аст ва ҳозир мо бо аҳди нав ё ҷадид алоқамандӣ дорем. (Ин мавзӯъ васеъ аст ва ин фақат чизи асосӣ аст.) Дар Таврот китоби Ибодат боби 15, нопокии мардон ва занонро нақл мекунад. Дар Ибодат 15:19 қонунҳои мисли ислом вуҷуд доранд, «Ва агар зане ҷараён дошта бошад, яъне ҷараёни хуне ки аз ҷисми вай ҷорӣ мешавад, - вай бояд ҳафт рӯз дар ҳайзи худ бимонад; ва ҳар кӣ ба вай мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.» Дар ин боб ҳукми ҳайзи Тавротро нишон медиҳад ва мақсади ин чӣ буд? Ибодат 15:31, мақсади ин ҳукмро нишон медиҳад: «Пас, банӣ-Исроилро аз нопокии онҳо эҳтиёт кунед, то ки маскани Маро, ки дар миёни онҳост, палид гардонида, дар нопокии худ намиранд.» Мақсади ин ҳукми ҳайз барои маъбад ва дар биёбон маскани Худоро нопок кардан мебошад, ҳозир бошад маъбади Худо нест ва ин қонун ҳам дахл надорад ва ҳам дар ин боб нопокии мардонро нишон медиҳад, ки ин хел дараҷаро ислом надорад. Исои Масеҳ бо ин ҳукм чӣ кор мекард? «Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, - аз қафо наздик шуда, домани Ӯро (Исоро) ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд. Ва Исо гуфт: �Кист, ки Маро ламс кард?� вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: �Эй Устод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, - ва Ту мегӯӣ:«Кист, ки Маро ламс кард?»� Аммо Исо гуфт: �Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввате аз Ман берун рафт.� Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва дар ҳузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ӯро ламс намуд, ва чӣ гуна дарҳол шифо ёфт. Ба вай гуфт: �Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав.�» (Инҷили Луқо 8:43-48) Исои Масеҳ ба хонаи сардори куништ (масҷиди яҳудӣ)роҳ рафт ва дар роҳ зани нопоке Ӯро ламс кард. Аз ҳисоби таврот, Ӯ нопок шуд ва барои ин бадану либосашро шӯянд ва то шаб нопок шавад вале ин хел набуд Ӯ боло аз ин ҳукм буд ва шифо дод то, ки зан пок шавад. Исои Масеҳ ба хонаи ин мард рафт ва ҳам дар он ҷо ҷасади духтари сардори куништро ламс карда ва эҳё кард. Аз ҳисоби шариат Ӯ нопок буд вале дар он вақт мӯъҷиза мекард ва нишон медиҳад, ки Ӯ Худованд аст. Ин воқеа нишон медиҳад, ки занон мисли ин зан бо имонашон шифо бахшанд, яъне ин қонуни ҳукми ҳайз имрӯз надорад Исои Масеҳ барои занон шифову пок шуданро мебахшад. Калом мегӯяд: «Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид. Ва он дастнависро (яъне шариату таврот – Н.Ҷ.), ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард.» Қӯлассиён 2:13-14 Мо ҳозир дар зери аҳди нав ҳастем ва Худо моро пойбанди шариати беруна шудан намемонад, дили мо бояд пок шавад. Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан даркор нест, ки Масеҳиён дар нопокӣ зиндагӣ мекунанд, баръакс мо бояд дар тозагиву покӣ зиндагӣ кунем, вале бе шариат. Мисли сухани Исои Масеҳ, «Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид (нопок) карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад,» (Инҷили Марқӯс 8:15). Нопокӣ аз хурока ё аз чизҳои беруна намешавад балки аз чизҳое, ки аз дили мо мебарояд ба монанди андешаи бад, чашмгуруснагӣ ва ҳилла, ки ба берун мебарояд одамро нопок мекунад (Марқӯс 8:14-23). Ба ин мақсад дар ин китоб рӯйхати қонунҳо нест, вале қоидаҳои зиндагии масеҳӣ мебошанд. Аз рӯи ақлу хирад масеҳиён бояд зиндагии пок дошта бошанд ва ин шаҳодати хуб барои атрофиён мешавад. Касе аз зани имондори масеҳӣ мепурсад: «Чаро ту курта ва почаи тоҷикӣ мепушӣ агар ту масеҳӣ ҳастӣ?» Оё ба зани масеҳӣ куртаи тоҷикӣ пушидан мумкин аст? «Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд, балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.» (1) Тимотиюс 2:9-10 «Пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд, то ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад.» Титус 2:3-5 Занони масеҳӣ бояд донанд, ки амали боисмат хеле муҳим аст, беимонон аввал ба занҳои имондор нигоҳ мекунанд, барои боварӣ ҳосил кардан, ки оё ин занҳо рӯҳонӣ ҳастанд ё не. Агар зан беисмат аст, пас ӯ рӯҳонӣ нест, шаҳодати аввали зан бо пушидани либоси вай аст. Одамони маҳалла бисёр диққат ба пӯшидани либос медиҳанд, зани масеҳӣ бошад бояд ба ороиши либосаш беаҳамиятӣ зоҳир накунад то, ки «мабодо каломи Худо хор дошта шавад.» Мумкин ин рафтор ба фикри баъзеҳо нодуруст намояд вале ин ҳақиқат аст. Кӣ дарси исматро таълим медиҳад? Шавҳари зан бояд бо ғамхорӣ ба зани худ дар бораи либоспушӣ маслиҳатгар шавад ва занони имондори калонсол бояд ба занони масеҳии ҷавон таълим диҳанд, ки чӣ хел либос пушанд. Ҳозир бисёр занон аз оинаи нилгун ва ё аз тарафи ғарб муди либос пӯширо барои худ интихоб мекунанд, ки албатта пайравӣ ба ин мудҳо нодуруст аст. Қоидаҳои либоспӯшии занони масеҳи боисматанд вале мудҳои номбура ин паҳлуи шакли либоспӯширо халалдор мекунанд. Мумкин дар вақтҳои ибодат занон, дар ин мавзуъ бо ҳамдигар гап зананд то, ки онҳо тавонанд кушоду озод худро ҳис кунанд. Занони ҷавон малол нашаванд, чунки мақсади ин амал барои он аст, ки занони масеҳӣ шаҳодати некро нишон диҳанд ва куртаи тоҷикӣ боисмат ва озодаву зебо мебошад. Мақсади боисмат будани либос бо муд ва ранги он дахл надорад, балки тарзи либоспӯшӣ амали некро нишон диҳад на эҳсосоти шаҳватангезро. Мумкин зани ҷавон пурсад, ки оё ман озод нестам ё либоси зебое, ки дар тани ман аст оё беимонон ба ин ҳавас дониста мехоҳанд? Масеҳиён аз гуноҳ озод шуданд вале агар либоси мо дар ин маҳалла шаҳодати дигар диҳад, ин нодуруст аст. Бисёр занон намефаҳманд, ки чӣ хел ба либоси пӯшидаи онҳо мардон аҳамият медиҳанд ё барои шак овардани дигарон аст ва агар занон инро фаҳмидан хоҳанд онҳо дар ин мавзуъ бояд бо диққат бошанд. Пӯшидани либос бояд амали неку рафтори хуби масеҳиро нишон диҳад, на тани занро. «Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям.» (1) Қӯринтиён 9:19. Оё хиёнат аз зан аст? Халқ мегӯяд, ки «Макри зан сад реша дорад.» ва ҳам гап дар бораи «шаҳвати занон» бисёр аст ва ҳама фикр мекунанд, ки хиёнат аз зан аст ва ана ҳамин ақидаҳо барои занони масеҳӣ хатарнок аст, чунки Худо онҳоро марду зан ба сурати Худ офарид (Ҳастӣ 1:27). Аз ин ақида сабабҳои ҳимояи зан, ғуломии зан ва пушонидани тани зан пайдо мешавад. «Ҳамчуноне, ки мард майл ба ҳамхобагӣ дорад, зан ҳам мувофиқи табиъати худ мехоҳад гоҳу ногоҳе бо шавҳараш ҳамбистар гардад.»22 Аз фиқҳи ислом занон аз табиъати худашон хоҳиши чӣзҳои шаҳватомез доранд. Вале аз рӯи масеҳӣ ин фикри хато аст, занон ягон нуқсон надоранд ва онҳо мисли ҳамаи одамон ҳастанд, ки агар ба тарафи гуноҳ раванд, гуноҳ ҳамаро поида истодааст. Чунин ақидаҳо вуҷуд доранд: «Кадом зане, ки бе иҷозати шавҳар берун равад ба ғазаби Худо гирфтор мешавад.»23 «Мард набояд бо зани номаҳрам хилват кунад, зеро дар чунин ҳоле шайтон саввумин нафари онҳо хоҳад буд.»24 «Зан табиати мулоим мебошад. Шайтон вайро ба зудӣ аз роҳ мезанад, ба васвасаҳо андохта ба сӯйи ҳар гуна гуноҳҳо мекашад.»25 Дар воқеъаи хиёнатҳои зани Нуҳ ва Лут ҳам мисолҳо пешниҳод мешаванд (Сураи Таҳрим 66:10), ва дар ҳадисҳо нақл мекунад, ки занон зарарнок ҳастанд (Бухорӣ 7.62.29-32) ва аксарияти дӯзахиён занон аст (7.62.124). Онҳо мегӯянд, ки зан қабурғаи каҷ аст ва онро рост карда намешавад (7.62.113 ва 7.62.114). Ин ақида ба он далолат мекунад, ки агар шавҳар ҳам хиёнат кунад, ин айби занаш аст на аз худаш: «Чунки, шавҳаре бо зани худ ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) карда натавонад (бо айби зан) дилаш аз занаш монад, ё даст ба зино задан ё ба занаки дигар хонадор шудан маҷбур мешавад.»26 Барои масеҳиён пояи нав сохтан даркор ва ин ақидаи кунаҳро ба канор мондан даркор, ҳурмату иззат ба занони масеҳӣ лозим аст. Умедворам, ки дар ин китоб мавқеъи зан маълум аст ва ӯ дар оила ҷои иззат дорад. 27 Саволҳои дар бораи кӯдакон Оё Масеҳиён хатна мекунанд? Мақсади хатна Аввал мақсади хатнаро фаҳмидан дар кор аст, ва ҳазрати Иброҳим касе ҳаст, ки якум хатна шудааст. Худо бо ӯ аҳд баст ва хатнаи ӯ нишондиҳандаи аҳди Худо буд ва Иброҳим вақте, ки имон овард, дар он вақт ӯ хатна нашуда буд, хатнаи ӯ чанд сол баъди имон оварданаш буд. Иброҳим падари имондорон аст, чунки ӯ фақат бо имон наҷот ёфтааст. Вақте ки ӯ 86 сола буд имон овард, чунки ба Худо боварӣ кард ва Каломи Худо мегӯяд, ки «ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.» (Ҳастӣ 15:6) Иброҳим он вақт 86 сола буд (Ҳастӣ 16:16). Худо қабул кард, ки ӯ сафед шуд ва ӯ 99 сола буд дар вақти хатна шудан, пас хатна бо наҷоти инсон ҳеҷ дахл надорад, хатнаи ӯ Ҳастӣ 17:9-14 «аломати аҳде бошад»-ронишон медиҳад (Ҳастӣ 17:9-14; Румиён 4:9-12). Яҳудиён аҳди Иброҳимро бо хатна пайваст мешуморанд, ҳозир мо бо аҳди нав зиндагӣ мекунем ва хатна фақат бо ҷисм дахл дорад, наҷот бо хатна набуда балки ба имони мо дахл дорад. (Ба Ғалотиён 5:1-6 нигоҳ кунед.) Агар касе хатна мекунад, кай бояд хатна кунад? Тавроти Мусо мегӯяд, «Дар рӯзи ҳаштум ғилофаки бача хатна карда мешавад.» (Ибодат 12:3) Барои чӣ дар рӯзи ҳаштум хатна кардан даркор? Ин анъана ба Иброҳим падари Исҳоқ, ки ӯро дар рӯзи ҳаштум хатна кардааст тааллуқ дорад (Аъмол 7:8) ва ҳам Исои Масеҳ дар тифлӣ дар рӯзи ҳаштум хатна шуд (Луқо 2:21) Хулоса барои Масеҳиён хатна кардан шарт нест чун ки наҷоти мо бо имон аст, на бо чизҳои ҷисмонӣ. Каломи Худо мегӯяд, «Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ (касе ки хатна нагирифтаст – Н.Ҷ.), балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.» (Ғалотиён 5:6). Аммо боз мепурсем, Оё Масеҳиён хатна карда метавонанд? Масеҳиён вақте, ки писар дар оилаи онҳо таваллуд мешавад метавонанд хатна кунанд вале на хатнаи мусалмонӣ. Мо Масеҳиён зидди урфу одати Тоҷикон нестем аммо он корҳоеро бояд қабул накунем, ки амалаш зидди имони мо бошанд, Аъмол 16:3 роҳи моро нишон медиҳад: «Павлус майл дошт Тимотиюсро ҳамроҳи худ бибарад, ва ӯро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатна кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд.» Павлус майл дошт ва мумкин тоҷикон ҳам майл доранд, чунки ӯ Тимотиюсро хатна кард ба мақсади башорат ё «ба хотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд.» Мисол агар бачаи масеҳӣ хатна мешавад бояд инро бо амали дини дигар пайваст накунанд ва агар писаре хатна шавад, мумкин барои зиндагии ӯ осонтар бошад дар Тоҷикистан ва ин рафтор мумкин башорат ба маҳалла бошад. Ду намуди хатна вуҷуд дорад: - дар таваллуди бача, дар ҳафтаи якум ё рӯзи ҳаштӯм ё дар вақти писар хатна кардан бояд, маъракаи хатнаи масеҳӣ шавад, дар он вақт имконяти башорати Исои Масеҳ маълум мешавад. Агар яке аз ҳамсарон безурриёт бошад, чӣ бояд кард? «Зани нозойро дар хона мешинонад ҳамчун модаре ки аз фарзандонаш шодмон аст.» Забур 112:9 Се оилаи рӯҳонии Китоби Муқаддас ин мушкилии оиларо дошт: Иброҳиму Соро, Елқоною Ҳанно ва Закарёю Элисобаъ (Ҳастӣ 18:1-25, 1 Подшоҳон 1:1-23, Луқо 1:5-25). Онҳо дуо мекарданд ва интизори хости Худо буданд. Ягонтаи онҳо талоқ накарданд вале бо хушбахтӣ ё бадбахтӣ бо занонашон монданд. Ин роҳи дуруст аст, ки дар вақти мушкилии бефарзандӣ ба Худо такя кунанд, ин намунаи Ҳанно (1 Подшоҳон 1:1-23) хуб аст, ки доимо дуо мекард ва бо ин мушкилӣ ба Худо таваккал намуд ва ҳамаи ин се оила писардор шуданд ва писарони онҳо пайғамбар буданд (Исҳоқ, Самуил ва Яҳё). Ҳадисҳо мегӯянд, «беҳтарин занони шумо зане аст, ки бача биоварад....... бадтарин занони шумо зане аст, ки бесамар (нозо).»28 бошад. Барои масеҳиён нозой омили хиҷолат нест ва дар он оилаҳое, ки кӯдак таваллуд намешаванд ин ба ҳисоби чизҳои бад дохил нашуда имконяти такя кардан ба Худо мебошад. Агар аз ҷавоби дуоҳои шумо фарзандон пайдо нашаванд, масеҳиён зидди писархонд кардан нестанд, баръакс Худо моро писархонд карда аст ва ятимонро қабул кардан дар оилаи шумо кори нек аст,(Румиён 8:23, 9:4, Эфсӯсиён 1:5, Яъқуб 1:27) барои безурриётӣ роҳи талоқ пайдо намешавад. Оё аборт кардан гуноҳ аст? Аввал ин, ки худи аборт29 ин гуноҳи азим аст, чунки аборт зиддияти эҳтироми зиндагӣ аст, ақидаи аборт зиддияти таваккалу имони мо бо Худо мебошад, Худо ба мо баракат дод ва Ӯ метавонад барои зиндагӣ ин кӯдакро зоҳир кунад. «Зеро ки Ту ботинамро ба вуҷуд овардаӣ, маро дар батни модарам тарҳ афкандаӣ.» (Забур 138:13) Инкишофи кӯдак дар батни модар кори Худо аст ва дар вақти амали абортро кардан, беҳурматӣ ба ҳаёт ва ба Худоро нишон медиҳад. «Пеш аз он ки туро дар батн ва вуҷуд оварам, Ман туро шинохтам, ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам.» (Ирмиё 1:5) Оё Худо ин кӯдакони абортшударо намешинохт? Албатта Худо ин кӯдаконро мешинохт ва дар зиндагии онҳо нақшаи Худашро дошт ва ин кӯдак дар бачадони модар чиз ё бор набуда вале ин одами зинда мебошад. Мумкин касе гӯяд, ки ҳозир мо барои кӯдакро калон кардан шароит надорем, лекин кӯдак туҳфаи Худо аст ва барои ин кӯдак дуо кунед Худо шуморо баракат медиҳад. Агар шароит надоред, роҳи писархонд кардан нағзтар аз аборт кардани кӯдак. Саволҳои дар бораи ақидаи зиндагӣ Оё издивоҷи масеҳӣ абадӣ ё заминӣ аст? Фарқияти Ислом ва Масеҳӣ барои издивоҷ дар биҳишт чӣ хел аст? Биҳишт аз нигоҳи Ислом фақат макони хушҳолии мардонро мемонад,30чанд оятҳо биҳишти исломро ин тавр нақл мекунанд: ва «ҳурони дуруштчашм» дар хизмати мардон ҳастанд. (Сураи Раҳмон 55:69-78, Сураи Воқеъа 56:12-38) Ҳурон нафақат дар хизмати мардон мебошанд вале ҳам мумкин ба мардони исломӣ издивоҷ мекунанд (дар Сураи Духон 44:54, калимаи арабӣ «завҷ» истифода мешавад). Дар муқоисаи дини ислом ва имони мо албатта фаҳмидани ақидаҳо, хислати Худо ва пояҳои онҳо фарқият доранд ва биҳишти ислом ва биҳишти Китоби Муқаддас мисли обу равған аст. Биҳишти ислом барои хушҳолии мардони исломӣ ва биҳишти Китоби Муқаддас бошад барои хушҳолии Худо аст. Худо дар биҳишти масеҳӣ мисли падаре ки писараш гум шуда буду баргашта (Луқо 15:11-32). Худо-падар хушҳол мешавад, ки мо ба биҳишт рафтем ва он вақт вақти хурсандии Худо ва парастиш аз мардону занони имондорон мешавад. Исои Масеҳ ба саволи саддуқиён дар бораи эҳёи одамизод ҷавоб дод, «Фарзандони ин дунё зан мегиранд ва ба шавҳар меравад; лекин онҳое ки сарзовори расидан ба он дунё ва ба эҳёи мурдагон бишаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд.» (Луқо 20:34-35) Дар Инҷили Матто 22:30, «Зеро ки дар эҳёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд.» Аз ин оятҳо маълум аст, ки биҳишт ҷои издивоҷ кардан нест ва марду зани имондорон монанди фариштагон ҳастанд, яъне дар он ҷо робитаи ҷисмонии марду зан нест, чунки онҳо бадани эҳё шавӣ гирифтаанд. Китоби Муқаддас дар бораи ин мавзуъ ду чизро тасдиқ намекунад, ки аввал ин издивоҷи заминӣ абадӣ аст ва ин муносибати оилавии заминӣ ҳам ба монанди биҳиштӣ аст. Дар оилаи аввали Одаму Ҳавво муҳтоҷии Одам, ки танҳоӣ буд ҳал шуд, вале дар биҳишт марду зан муҳтоҷии ягон чизро ҳис намекунанд ва ҳам муҳтоҷи «борвар ва афзун шавед»-ро надоранд. Дар биҳишт онҳо барои Худо ҳукмронӣ мекунанд ва мақсаде, ки дар оила кӯдаконро таваллуд кунанд лозим намешавад. Дар масеҳият имондорон оилаи рӯҳонии нав шуданд ва Исои Масеҳ нахустзода ё ҷои аввалро нишон дода, «�Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?� Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: �инак модари Ман ва бародарони Ман; зеро, ҳар кӣ ҳости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст.�» Инҷили Матто 12:48-50 ва муҳити рӯҳонӣ ин хел аст:«Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.» (Ғалотиён 3:28) «Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам.» Эфсӯсиён 5:32. Оё мумкин аст, ки зану шавҳар бе муҳаббат зиндагӣ кунанд? Ё оё одам маҷбурӣ дӯст дошта метавонад? «Карзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем.» (Инҷили Матто 6:12) Дар ин дуо имондорон аз Исои Масеҳ муҳтоҷи бахшидан буданро нишон медиҳанд. Он касоне, ки ин саволҳоро медиҳанд мумкин муҳтоҷи бахшидан бисёртар бошанд, дар ин дунё аксарияти оилаҳо бемуҳаббат зиндагӣ мекунанд, вале дар масеҳият мо бояд бо муҳаббат зиндагӣ кунем. Оё муҳаббатро маҷбурӣ карда метавонем? Ба касоне, ки донистани ин муаммо бошад, дар ин мушкилӣ ба онҳо Китоби Муқаддас ёрӣ мекунад. Аввал донистан зарур аст, ки Худо аввал моро дӯст дошта аст, пеш аз оне, ки мо ба Ӯ муҳаббат нишон додем (Румиён 5:8). Амали муҳаббат бо хоҳиши кас сар мешавад. Дуюм монанди дуое, ки дар боло аст,«эй Падари Осмонӣ, карзҳои маро бибахш ва мисли ин ман гуноҳи ҳамсари худро мебахшам.»кардан даркор. Дар вақти Исои Масеҳ дар руи салиб будан, душманон ӯро уқубат карданд ва Ӯ ин хел дуо мекард, «Эй падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ кор мекунанд.» (Луқо 23:34). Мумкин ҳамсари шумо ҳам намедонад, ки чӣ кор мекунад, мутасифона баъзе шавҳар ё зан ба ин аҳамият намедиҳад, ки чӣ чизҳо ба ҳамсараш маъқул нест ва ана ҳаминро эҳсоси бемуҳаббати меноманд. Мо бояд ҳеҷ вақт ба фоидаи қуввати шукргузорӣ беэътиноӣ накунем. Павлус дар бораи имондорони дигар чунин гуфтааст: «Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям.» (Филиппиён 1:3). Мумкин дар ҳар вақти фикри ҳамсари худро кардан Худоро шукрона гӯем, шукргузорӣ имконияти ба тарафи Худо наздиктар шудани моро осон мекунад ва ҳамаи он мушкилиҳое,ки дар муносибати байни оила аст дур карда чизҳои хубро дарбар мекунанд. «Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад.» (1) Петрус 4:8 Ҷанозаро Масеҳиён чӣ хел мекунанд? Ҷанозаи масеҳӣ чӣ хел мегузарад? Ин саволи аҷоиб аст, чунки ҳама вақт Исои Масеҳ ба ҷаноза рафта ин ҷасадҳоро эҳё мекард, пас дар Китоби Муқаддас ба аҳамияти урфу одати ҷаноза эътибор намедиҳад ва умеди эҳёи ҷасадро дорад. «Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дӯзах! Ғалабаи ту куҷост? Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст. Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!»(1) ба Қӯринтиён 15:55-57 Дар соли 2007 тақрибан 20 имондорони масеҳӣ дар Хатлон ҷамъ омада дар бораи ин мавзӯъ маслиҳат карданд ва ин фикри онҳо:
Пешниҳодҳои масеҳӣ
Оё зан мерос мегирад? Дар ислом мероси зан ними мард аст (Сураи Нисо 4:11) ва дар он воқеъа зан ҳаққи мерос надошт ва ин қонун бо инсоф буд. Бисёр вақт ин мавзӯъро дар байни ислом ва масеҳиён муқоиса мекунанд. Вале бо Аҳди Қадим исбот кардан, нодуруст аст, чунки Аҳди Қадим назари аҳди тавротро дорад. Аҳди Таврот ба замини Исроил ҳақи меросро пайвастааст (Такрори Шариат 21:17, Ададҳо 27:1-11 ва Еҳушаъ 1:15), имрӯз мероси имодорони масеҳӣ ба замини Исроил дахл надорад. Исои Масеҳ дар бораи мерос ин хел гуфт: «Шахсе аз миёни мардум ба Исо гуфт: � Эй Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад.� Ба вай гуфт: �Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳакам таъин кардааст?� Ва ба онҳо гуфт: �Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаст нест.�» (Луқо 12:13-15) Аз суханони Исои Масеҳ маълум аст, ки масеҳӣ ба тарафи қонунҳо намеравад вале ба қоидаҳои рӯҳонӣ пайваст аст. Исо гуфт, ки мерос бояд ба тарафи тамаъкорӣ наравад, яъне чашмагуруснагӣ накунанд вале саховат пеша бошанд. Масеҳиён бояд бо мероси худ ба писарон ва духтаронашон саховатманд бошанд, қисме баробар мешавад ва қисме, ки кадом тараф муҳтоҷтар мебошад ба ӯ гузоранд. Имони мо ба мероси осмонӣ бисёр диққат мекунад, вале бо мероси заминӣ бояд корҳои адлу инсоф ва меҳрубониро кардан даркор. Адабиёт Тоҷикӣ
English
Форсӣ
1 Тарзи ҷанозаи ислом дар «Эҳтироми Волидайн ва Ҳаққи Фарзанд» саҳ. 35-38 пайдо мешавад. 1 Интихоби ҳамсар саҳ. 7 2 Як намуди муҷаррад 3 Дар он вақт Павлус муҷаррад буд. Мумкин бевазан буд, валеҳолати ӯ намаълум аст. 4 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 100. Дар ин китоб мавзӯъҳои «маҳр» ва «нафақа»и ислом пурра нақл мекунад. Саҳ. 100-111. 5Women in Islam, page 4 by Jamal A. Badawi “Gender equality in Islam” at www.islamicity.com/ articles 6 «Никоҳ ва талоқ» саҳ. 16 7 «Вазифаҳои мард дар назди оилааш» саҳ. 9 8 «Никоҳ ва талоқ» саҳ. 17 9 «Никоҳ ва талоқ» саҳ. 17 10 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 31. 11 «Никоҳ ва талоқ» саҳ. 19 Ҳам Сураи Нисо 4:20 12 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 67. 13 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 68. 14 «Никоҳ ва талоқ» саҳ. 16 15 Ба забони Ибри калами маҳр «моҳар» аст. 16 Ин калима маъни бенасиб ё бебаҳра аст ва дар ин оят назари шавҳараш, Маҳлӯн, ки мурда буд. 17 «Интихоби Ҳамсар» саҳ. 20-21 18 «Маърифати Оиладорӣ» саҳ. 69 19 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 26-27 Дар ин китоб 22 аҳкоми одати моҳонагӣ вуҷудият аст. 20 «Тарбияи занҳо» саҳ. 14 Ҳам рӯйхати корҳои ҳаром дар «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 24-25 21 Мавзӯъи аҳд дар Қӯърон аксарияти вақт бо шикояти яҳудиён аст, ки аҳди Худо шикастанд ва фармони Худо итоат накарданд вале маънии аҳд мисли Китоби Муқаддас вуҷуд надорад. 22 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 113 23 «Тарбияи Занҳо» саҳ. 3 24 «Интихоби Ҳамсар» саҳ. 27 25 «Эй занҳо, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед!» саҳ. 3 26 «Эй занҳо, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед!» саҳ. 16 27Ҳам ба боби 2 - «Нақшаи Аслии Оила дар Китоби Муқаддас» нигоҳ кунед ва ақидаи зани масеҳӣ маълум аст.28 «Интихоби Ҳамсар» саҳ. 66 29Адабиёти тоҷикӣ, «бордор» мисли «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 117-118. 30 “Women in the Muslim Unconscious ” pg. 93. Ин як назаре аст ин мавзӯъ васеъ аст ва ин параграфҳо фақат ба оилавӣ дар биҳишт нигоҳ доранд. << Оила |