www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Омӯзишии Китоби МуқаддасDownloadОмӯзиши Китоби Муқаддас Мақсади дарс - Ин курс бо омӯзиш ва таҳлили Китоби Мукаддас пайваст мебошад. Донишҷӯён қоидаҳои тафсирро ёд мегиранд ва истофода мекунанд. Ин курс бо китоби Румиён ҳамкор мебошад. Муддати 1 – Коидаҳои асосии тафсири Китоби Мукаддас Муддати 2 – Мушоҳида Муддати 3-4 – Муқоиса Муддати 5-6 – Тафсир Муддати 7 – Таҳлили оят Муддати 8 - Таҳлили Абзатс Муддати 9 – Таҳлили Боб Муддати 10 –Таҳлили Китоб Вазифаи дарсӣ:
«Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам.» Забур 118:18
Китоби Муқаддас чӣ гуна китоб аст? Китоби Муқаддас як муаллиф дорад, яъне Худо. Китоби Муқаддас як китоб аст, як ақида дорад ва нақшаи Худоро дорад -- Одамизод Худоро мешиносад. Дар Китоби Муқаддас чанд қисм ҳаст: (Таврот, Таърих, Адабиёт, Анбиё ва Инҷил). Аз ёд кардан даркор: Эзро 7:10 – «Чунки Эзро дили худро ба он моил карда буд, ки Тавроти Худовандро маънидод кунад, ва онро ба амал оварад, ва фароиз ва аҳкоми шариатро ба Исроил таълим диҳад.» Тафсири ИмондоронОё худи мо метавонем Китоби Муқаддасро тафсир кунем? Ё мо бояд аз муаллим тафсири ӯро гирем? Оё тафсири Китоби Муқаддас фақат ба касе, ки ҳуқуқи ҷамоатро дорад, мумкин мебошад? Католик ва Православҳо мефармоянд, ки фақат ин ҳуқуқи Калисо аст. Аммо Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд. Матто 12:3, 5; 19:4; 22:31; Маркус 12:10,26; Луқо 6:3 «магар нахондаед.» Исо доим бо каломи Худо исбот мекунад. Ӯ метавонист аз «Талмуд»1 исбот кунад аммо накард. «Талмуд» ин қонуни яҳудиён аст, ки фарисиён риоя мекарданд. Ҳозир Католикҳо ва Православҳо ба суннати таърихи калисо аҳамият медиҳанд. Ин суннати таърихи калисо барои мо фоиданок аст аммо инро ҳокимияти калисо надорад, балки Каломи Худо ҳокимияти калисо мебошад. Чунки Исо Каломи Худо «сари бадан, яъне Калисост» Ҳам Исо дар Матто 15:6 мегӯяд «Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.» Марқӯс 7:13 «Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред.» Фарисиён бисёртар бо ҳукми худашон итоат мекарданд на ба Каломи Худо. Теолигияи православӣ мегӯяд ки «Гуноҳи Реформация»2 ин аст ки ҳар кас иҷозати тафсири Китоби Муқаддасро дорад. Барои чӣ мо мегӯем, ки ҳар имондор метавонад Китоби Муқаддасро тафсир кунад? Чунки Каломи Худо иҷозат медиҳад. Ҳама имондорон Рӯҳулқудс доранд. «Дар Ӯ (Исо) шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд (чизи ваъда додашуда) мӯҳр зада шудаед.» Эффсӯсиён 1:13 Рӯҳи Худо моро ҳидоят мекунад. «Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.» Юҳанно 14:26 (ҳам; Юҳанно 16:12-15) Тафсири халк ситоишро мемонад. «Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не.» (Аъмол 17:11) Имондорон иҷозат доранд ки Каломи Худоро хонанд ва ба худашон нигоҳ кунанд, ки чӣ тавр мегӯянд. Ҳамаи имондорон коҳин ҳастанд. «Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ва рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед.» (1) Петрус 2:9 (Ҳам - Ваҳй 1:5-6) «Каҳонати шоҳона»- чист? «Каҳонат» ин маънии коҳинро дорад. Коҳин касе, ки байни халқ ва Худо кори адвокатӣ мекунад. Ҳар имондор метавонад пеши Худо бо номи Масеҳ дуо кунад ва бо Рӯҳи Худо Каломи Худоро тафсир кунад. (Ибодати Ҳаррӯза) – Бо ҳамаи ин интизоми дигар пайваст мешавад Панҷ интизоми асосӣ бо Китоби Муқаддас ҳаст: Хондани Китоби Муқаддас Гӯш кардани Китоби Муқаддас Азёд кардани Китоби Муқаддас Фикру андешаи Китоби Муқаддас Омӯхтани Китоби Муқаддас Ин одатҳои рӯҳонӣ дар зиндагии ҳамаи имондорон шарт аст аммо аввал бояд чор қоидаҳои омӯхтани Китоби Муқаддасро дастгирӣ кунем. Қоидаҳои омӯзиши Китоби МуқаддасЧор қоидаҳои асосӣ барои таҳлили Китоби Муқаддас ҳаст. Мушоҳида кардан, муқоиса кардан, тафсир кардан ва рафтор кардан. Ҳар имондор бо ин чор қадам маънии оятҳоро пайдо мекунад.
«Эй коҳил (танбал)! Назди мӯрча бирав, рафтори онро бингар ва ҳикмат биомӯз.» Масалҳо 6:6 «Дар асри мо фақат мегӯянд, вале тоби шунидану дидан надоранд.» Ҳошим Гадо
Ҳар кори усто бо мушоҳида сар мешавад бо мисли устои машин, муҳандис, корҳои ҳунарӣ, ва докторҳо. Баъзеи Доктороне ҳаст ман дидам, ки бисёр тез хуллоса мебароранд. Оё ин доктори нағз аст? Ӯ тез диагноз мемонад оё ин хуб аст? Мисоли мушоҳида - профессор ба шогирдаш дарси илова дар тобистон дод. Ба шогирд мегӯяд, ки ин моҳиро гирифта мушоҳида кунед! Баъд профессор меравад ва ним соат пас омада мепурсад «чӣ мушоҳида кардед?» Шогирд камтар нақл мекунад, ки чӣ дидааст. Профессор мегӯяд «нағз, пагоҳ биоед ва боз мушоҳида кунед.» Рӯзи дигар профессор боз мегӯяд, «Ин моҳие, ки дина гирифтед боз гирифта мушоҳида кунед!» Профессор меравад. Шогирд фикр мекунад, ки профессор девона аст. Аввал зиқ шуда нигоҳ мекунад ва баъд бо диққат нигоҳ карда мефаҳмад, ки ин моҳӣ чӣ хел бол дорад ва пулакча чӣ хел аст. Баъди ним соат профессор омада мепусад «Чӣ мушоҳида кардед?» Шогирд нақл мекунад, ки чӣ дидааст. Баъд профессор мегӯяд - «нағз, пагоҳ биоед ва мушоҳида кунед.» Рӯзи сеюм ҳам профессор мегӯяд, ки ин моҳиро гирифта мушоҳида кун! Шогирд ҳайрон шуда рӯзи сеюм ба моҳи боз нигоҳ мекунад. Баъди мушоҳида кардан боз чизи навро дида аллакай нағзтар мефаҳмад, ки ин моҳӣ чӣ хел аст. Ӯ бисёр хурсанд шуд, ки чизи навро мебинад ва бо эҳсос ба профессор нақл мекунад. Як ҳафта гузашта, ҳафтаи дуюм профессор мегӯяд, ки моҳии дигарро гирифта мушоҳида кунед. Боз панҷ рӯз ин моҳии дуюмро мушоҳида мекунаду баъди чанд ҳафта шогирд ёд гирифта мефаҳмад, ки чӣ хел он моҳӣ то моҳии дигар фарқ дорад. Ҳам метавонад нақл кунад фарқиятҳои моҳиҳоро. Дар он вақт ӯ таҳлили пурра дар бораи моҳиҳо карда метавонад. Ӯ хурсанд шуд, ки маълимоти нав ёд гирифтаст. (ин ҳикоя аз Ҳовард Ҳендрикс) Таркурсии ҳар касб, мушоҳида аст! Агар кас касби худашро мушоҳида намекунад пас устои хуб намешавад!
Рӯякӣ нигоҳ накунеду бо диққат нигоҳ кунед!
Дарси 2 - Мушоҳида Аз Румиён 1:13-17 – чӣ мушоҳида кардед? «Шерлок Ҳолмс дар асари3 худ аз даҳони детктиви машҳуртарин гуфтааст: "Шумо мебинед, аммо мушоҳида намекунед!" Шумо низ детиктив шавед!»4 «Асоси мушоҳида саволи "чиро мебинам" мебошад.»5
Бояд фаромӯш накунед, ки муаллими мо – Рӯҳулқудс аст
Мушоҳида кардан, ин таҳкурсии омӯзиши Библия. Агар касе ин хел намекунад пас маънӣ пайдо карда наметавонад. «Хондани рӯякию расмии Библия ягон чизи хубе дода наметавонад.» (Мишак Чуҷор,13) «Рўҳулқудс ба мо омӯзиши Библияро иваз наменамояд: Ў омӯзиши Библияро самаранок мегардонад».(Доктор Деннис Л.Мокк) «Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам.» Забур 118:18 Вазифаи хона – Шумо бояд 25 дигар мушоҳида нависед аз Румиён 1:13-17. Дарси 3– МуқоисаМуқоиса кардан Муқоиса кардан бо Китоби Муқаддас чӣ аст? Муқоиса кардан маънии онро дорад, ки як оят бо ояти дигар дар абзатс ё дар ҷои дигар чӣ алоқамандӣ доранд. Ояте бо ояти дигар робитаи дутарафа дорад. Баъзе вақт агар кас муқоиса намекунад, маънии ососиро намеёбад. «Тафсиркунандаи беҳтарин Худи Калом аст.»6 Исо дар ҷоии вакуум холигӣ гап намезад. Ҳама ишораву истинодҳои Ӯ барои чизи муҳим пайваст аст. Ӯ дар ҷазира гап назад балки байни диндорони Яҳудиён дар зери империяи Рӯм ва баъди ҳамаи пайғамбарони Аҳди Қадим зиндагӣ кард. Ин чизҳо бо контехти Исои Масеҳ дахл дорад. Дар вақте ки Исо дар бораи «Писари Худо» ё «писари Одам» гап мезанад, ин маъни чукури дорад. Ҳар оят бо маънии таълимоти Китоби Муқаддас пайваст аст. «Агар роҳи тафсирро гум карданиед, ба дарахти алоқамандӣ баромада, баррасӣ намоед.»7 Дар ин китоби «Ҳаёт аз Навиштаҳо, Навиштаҳо дар Ҳаёт» чанд намуди алоқамандӣ аст. Ҳозир Румиён 4 нигоҳ мекунем бо ин панҷ қоидаҳо кор кунед.
Румиён 4:3 - «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.» Оят дар куҷо? «Кай ҳисоб карда шуд?» 4:10 Воқеа – 4:7-8 –Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пӯшида шудааст; Хушо касе ки Худованд гунҳои варо ба ҳисоб намеоварад.» Оят дар куҷо? Воқеа – 4:17 - «Ман туро падари халқҳои бисёр гардондам» Оят дар куҷо? Воқеа – 4:18 - «Насли ту чунин хоҳад буд» Оят дар куҷо? Воқеа –
Ҳаёт аз Навиштаҳо, сф. 58-60 Нигоҳ кунед Вазифаи Хонагӣ - Румиён 4 бо Ҳасти 15 муқоиса кунед. Ин ду боб, чӣ хел бо ҳам дигар алоқамандӣ доранд? Як саҳифа нависед. Дарси 4 – Машқи МуқоисаАлоқаманд кунед! Аз матн, аз оятидигар ва аз мавзуъи китоб. Вазифаи имрӯза: Яъқуб 2:14-24ро хонед ва мушоҳида кунед. Чӣ мебинед? Баъд ба ин саволҳо ҷавоб нависед:
Муқоиса кунед Яъқуб 2:14-24ро бо Румиён 4:1-4, 9-21
Вазифаи Хона - Омӯзиши Китоби Муқаддас. Румиён 4 бо Ҳасти 15 муқоиса кунед. Ин ду боб, чӣ хел бо ҳам дигар алоқамандӣ доранд? Ин саволҳо ҷавоб диҳед. Ҳастӣ 15-ро мушоҳида кунед. 5 Мушоҳидаи асосӣ нависед: 1. 2. 3. 4. 5. Румиён 4-ро мушоҳида кунед. 5 мушоҳидаи асосӣ нависед: 1. 2. 3. 4. 5. Чӣ хел Ҳастӣ 15 ва Румиён 4 монанд? 1. 2. 3. Чӣ хел Ҳастӣ 15 барои исботи ё фикри Румиён 4 ёрӣ медиҳад? 1. 2. 3. Чӣ хел Ҳастӣ 15 ва Румиён 4 фарқият ҳастанд? 1. 2. 3. Дарси 5 – Тафсир карданХонед: «Ҳаёт аз навиштаҳо, навиштаҳо дар ҳаёт» сф. 50 Тафсир кардан, маънидод кардан «Маро фаҳм бибахш, то ки шариати Туро пайравӣ намоям, ва онро бо тамоми дил нигоҳдорӣ кунам.» Забур 118:34 Қонунҳои Тафсир: А. Маъно дар вақти навиштан Маъно бо матни зиндагии он вақт Матто 12:31-32 – куфр бар зидди Рӯҳ Воқеаъ асосии чӣ буд? Китоби Еҳушаъ – ҷанг ва тақсими замин Дар вақти навиштан чӣ маъно дорад? Б. Маъно бо воқеаи матни Китоби Муқаддас (контекст) пайваст аст.
В. Мақсади Китоб - Барои муайян кардани маънӣ бояд диққати худро ба он равона кунем, ки муаллиф ҳар як калимаро бо чӣ мақсад истифода бурдааст. Мисли номаи Яъқуб дар бораи рафтори имондорон гап мезанад, на дар бораи чӣ хел имон овардан бошад. Китоби Воиз 12:13 – мақсади китоб навишт - «Аз Худо бирарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо» Тафсир бо чӣ пайваст бошад: Тафсир аз
Қоидаҳои асосӣ:
Мисли «ҳама гуноҳ карда» Кӯл. 3:12-13 – ин чизҳо барои имондорон он вақт ва ҳозир бояд бошанд. Аъмол 19:19 – ҷодугарӣ
Румиён 12:16 - «бо якдигар ҳам фикр бошед.» Ин маъни нест ки ҳама мо бояд як ақида бошад. Машқи тафсир: Румиён 6:1-14Ду каси хонед ва ба ин саволҳо ҷавоб нависед.
Дарси 6 – Амал карданРафтору кирдори Каломи Худо Яъқуб 1:22-25 «Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд.» Шумо кадоме аз инҳо мебошед? (1) Ба Қӯринтиён 8:1 - «дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.» Ман чӣ гуна бояд мувофиқи мазмуни дар ин оятҳо овардашуда зиндагӣ кунам? «Балки ин чиз (аҳкоме) бағоят ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дили туст, то ки онро ба амал оварӣ.» (Т.Шариат 30:14) Дарси 7 – Таҳлили КитобТаҳлили китоб чист? Дар вақте, ки кас як китобе аз Китоби Муқаддасро мехонад бояд бо диққат бошад то ки мақсади асосии он китобро дар ёбад. Маъно китобро равшан баён бояд кард аз ҳамаи паҳлуҳои он то он даме, ки ақидаи асосии матн возеҳу равшан ошкор гардад. Дар ҳолате, ки кас як оятро тафсир мекуад мумкин аст, ки маъно тамоман дигар мешавад вале дар ҳолатеи донистани мавзуъи китобро бо пуррагӣ маънои ояти мазкур (зикрёфта) тамоман дигар аст. Дар вақти тафсир мо бояд усули индуктивӣ ва детуктивиро бояд истифода кард яъне далелҳои мо асоснок бояд бошанд на ин, ки беасос. Мақсади Китоб Барои чӣ нивишта шуд? Баъзе вақт китоб мақсадашро мегӯяд: Юҳанно 20:30-31 Луқо 1:1-4 Нақшаи Китоб Чӣ хел тартиб дода шудааст? Румиён 1-11 – таълимот Румиён 12-16 – рафтор ва амалии таълимот Мухтасари китоб (2) Подшоҳон: Боби 1-10 - ғолибии Довуд Боби 11 – гуноҳи Довуд – боби асосӣ Боби 12-24 – ғалтидани Довуд Ҳар Китоб маҳдудият дорад.
Фаҳмондани Аҳди Қадим ва Аҳди Нав даркор аст.
Дарси 8 - Таҳлили БобҲаёт аз навиштаҳо, Навиштаҳо дар Ҳаёт, сф. 43-47, сф. 46 хонед. Ҷадвали Румиён 8 созед
Дарси 9 - Таҳлили АбзатсХонед: Румиён 10:9-17 Имон овардан чӣ хел аст? Дар ин абзатс чӣ мушоҳида кардед? 1. 2. 3. 4. 5. 6. 7. 8. 9. 10. 11. Ин оятҳо бо кадом оятҳои дигар дар Румиён алоқамандӣ доранд? 1. 2. 3. 4. 5.
«Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд? Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: �Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!�»
Дарси 10 - Таҳлили оятРумиён 12:1-2 - «Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд; Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.» «Ҳаёт аз Навиштаҳо, Навиштаҳо дар Ҳаёт», саҳ. 65-66 нигоҳ кунед. Рӯйхати Адабиёти Истифодашуда: 1. Деннис Л. Мокк; Курси Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он аз англисӣ тарҷума шуд, соли 2000, Самарқанд. 2. Мишак Чуҷор; Алифбои Масеҳиён; Нашриёти «Заман» Қазон 2003.
--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед. «Омӯзишии Китоби Муқаддас» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007. 1 Талмуд – ин суннати ва ҳадисҳои Яҳудиён. 2 Florovsky, George; Collected Works, Vol. 1 Bible, Church, Traditionpage 48; 1972. 3 Таъсир 4 Ҳаёт аз Навиштаҳо, Навиштаҳо дар ҳаёт, сф. 11 Чашмасор, 2003. 5 Ҳаёт аз Навиштаҳо, Навиштаҳо дар ҳаёт, сф. 11 Чашмасор, 2003. 6 Ҳаёт аз Навиштаҳо, Навиштаҳо дар ҳаёт, сф. 59 7Ҳаёт аз Навиштаҳо, Навиштаҳо дар ҳаёт, сф. 58 << Дарсҳои рӯҳонӣ |