Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Мавъизасозӣ

Download
 

Мавъизасозӣ




Мақсад: Чӣ хел паёми мавъиза тайёр карда ва тақдим мекунад. Ин курс донишҷӯён бо паём машқ мекунанд.


Мавъизасозӣ чист? Гомилетика аст. Ин омӯзиш дар бораи чӣ хел паёмро бо тартиб тайёр кардан ва шавқовар такдим кардан мебошад. Паём чист? Бо калом сухан ва ваъз аз Китоби Мукаддас мебошад. Касе, ки сухан мекунад, воиз аст.


Пеш аз такдими паём – Донишҷӯй бояд мавзуъи паёмро ба муаллим пеш аз такдими паём супорад. Ин мавзуъ бояд мақсади паём, абзатси саршавӣ, мухтасари паём, ва хулоса навишта шуда бошад. Ҳар донишҷӯ бояд ду паём тайёр карда такдим кунад.


«Мавъизаи олӣ аз тайёрии пурра»


«Имон аз шинидани ваъз.» Рум. 10:17


Мавъизасозӣ дар Китоби Мукаддас


Наҳемё 8:1-6; 8:8, 18

«Ва Эзро китобро дар пеши назари тамоми қавм кушод» (8:5)

«Ва китоби Тавроти Худоро батафсил хонданд ва шарҳ доданд, то он чиро, ки хонданд, бифаҳманд.» (8:8)

«батафсил» - фасл-фасл кардан, қисм-қисм кардан. Бо тартиб овардан.

«Шарҳ додан» - тафсир додан, васеъ кардан, баён кардан. Маънӣ овардан. Маънӣро нақл мекунад.


Форсӣ - «Китоби Тавротро барои онҳо хонданд ва тарҷума ва тафсир карданд то мардум онро бифаҳманд.» (8:8)


Чӣ хел паёми мавъизаро тайёр мекунанд?


Паёмсозӣ - Аввал бояд ин оятҳоро мушоҳида кунед ва дуруст тафсир кунед.

  1. Нигоҳ кунед, ки пуррагии матнро дар вақти навиштан бифаҳмед.

  2. Тафсири дуруст аввал воқеаи китобро бифаҳмед.

  • бо кӣ ин китоб гап мезанад?

  • Ва киҳо шунаванда буданд?

Масалан дар бораи талоқ дар Матто 19 Исо ба Фарсиён гап мезанад аммо дар Марқус 10 ба шоргирдон гап мезанад.

  1. Нигоҳ кунед, ки то грамматикаи ҷумларо фаҳмед.

Мисли Яҳудо 20-21 – як ҷумла ва якҷоя аст.

4. Нигоҳ кунед то маънои калимаҳоро фаҳмед.



Чор кисми паём ё сухан


  1. Саршавии - Завқи шунавандаро бедор кунед.

  • Бояд ба дохили мавзуъ равед.

  • Ба таваҷҷуҳи шунавадагон диққат диҳед.

  • Барои паём ин бисёр муҳим аст.

  1. Фикри асосӣ, Мавзуъи асосӣ – Куҷо меравед?

  • Ин як ё ду ҷумла ва ҷамъбастӣ паём, бояд бошад.

  • Мумкин ҷамъбасти мутасари мавзуъро мегӯед.

  1. Қисматҳои мавзуъ - Чӣ хел тақсим ва такдим мекунед?

  • Нукта ва ҳикояи паёмро ба тартиб дароваред.

  • Ҳама нукта ба мавзуъи асосӣ пайваст мешавад.

  1. Хулоса – ин бо зиндагӣ чӣ алоқа дорад?

  • Ба амали зиндагӣ пайваст кунед.



Вазифаи дарсӣ: Оятҳо барои машки паёми шумо интихоб кунед. Бо ин оятҳо мушоҳида кунед ва дуруст тафсир кунед. Баъд фикри асосии мавзуъро нависед. Ин ёддошт бояд мақсади паём, абзатси саршавӣ, мухтасари паём ва хулоса нивишта шуда бошад.


Дарсӣ 2 - Чӣ хел паёмро тақдим бояд кард


Луко 4:16-30 – Мавъизаи Исо дар Носира

  1. Ӯ гуфт ки ин пешгӯй иҷро шуд – 4:21

  2. Пайғамбаре дар зодгоҳи худ – 4:23-24

  3. Фиристода, ин бо хости Худо, на хости одамизод. 4:25-28


Мавъиза бояд

  1. Паҳлуи амалӣ дошта бошад.

  2. ба дили шунаванда пайваст шавад.

  3. бо ҳақ ва хости Худо бошад.


Равиши сухонони омумӣ:

Мавзуъ - воиз ва овози воиз такдими воизро бояд инъикос кунад. Баъд оё шунаванда ин мавзуъро қабул мекунад? Оё ин мавзуъе ки мо гап задем, ҳамааш ба шунаванда дастрас аст?


Се чизи муҳим аз такдими воиз


  1. Сифати овоз:

  • Оё ин баланд аст ё паст?

  • Оё ин равшан аст?

  • Оё шунаванда шуморо мефаҳмад ё не?

  1. Калимҳои интихоб шудагӣ:

  • Калимаҳоро фаҳмида истодаанд?

  • Калимаҳои нофаҳмо аст?

  • Шавқовар аст?

  • Бо ҷумла дуруст истофода шуда истодаанд?

  1. Ишораи бадан:

  • Мувофиқ аст ё халал мерасонад?

  • Кадомаш одат шудагӣ аст?

  • Имову ишорат зиёд ё кам аст?


Қоидаҳои асосӣ паёмсозӣ


  1. Бигзор ки Рӯҳи Худо бо шахсиятатон кор кунад. (Юҳанно 16:13-15)

  2. Ғамхори дигарон бошед

  • Калом мегӯед барои фоидаи имондорон.

  • Оё онҳо мефаҳманд ва барои онҳо шавқовар аст?

  • Мақсади паём на барои фоидаи роҳбар балки барои фоидаи имондорон бояд бошад.

  1. Бо эҳсос гап занед, бо чашм нигоҳ кунед,

  • ба ҳама нигоҳ кунед.

  • Эҳтиёт кунед, ки фақат ба як ё ду кас нигоҳ накунед.

  • «Нигоҳаш бикун, нигоҳат бикунад, ба ҳамдигар бо нигоҳ сухан гӯед.» Ҳошим Гадо


  1. Фикр кунед дар вақти гап задан ва бо ҳӯш бошед!

  2. Огоҳ бошед, ки шунавандагон чӣ ҷавоб медиҳанд.

  • Амали паём чӣст?

  • Аз паём дониш ёд мегирем ё барои рафтори имондорон?

  1. Мисол, мисол, мисол

  • Аз зиндагии худ гап занед

  • Бо мақсаде, ки нуфузи калом пеш равад.

  • Паём мисли хона ва тириза аст. Агар хона бетериза бошад, - ин хона нест. Мисолҳои паём рушонӣ бояд диҳанд ва фаҳмидани каломи Худо бояд бошанд.

  • Матто 5-7 – ин Мавъизаи Исо болои кӯҳ пур аз мисол аст.


Хатогии Умумӣ


  1. Гапи маъзаратӣ

  • «мебахшед, ман тайёр нестам.»

  • «мебахшед, ман наметавонам гап занам аммо�..»

  1. Гапи муллоим

  • Овози паст, ё беҷуръат

  1. Паём ба халқ на барои халқ

  • Роҳбар фикр мекунад, ки ӯ болотар аз халқ ва сахт ба халқ гап мезанад.

  • Фаромӯш мекунад, ки бояд барои фоиданокии шунаванда сухан мекунад.

  1. Паёмро аз каси дигар гирифтан

  2. Тақлид мекунад, гап на аз шахсияти худаш.

  3. «Аз гап, гап мебарояд»

  • Аз мавзуъ меравад ё чанд мавзуъи дигарро пайдо мекунад.

  • Аз оят, оят мебарояд. Оят бисёр кор кунад то ки шунавандагон фикр парафшон шаванд.


--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.



«Мавъизасозӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2006.




<< Дарсҳои рӯҳонӣ