Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Ҳисоботи рӯҳонӣ

Download
 

Оҳан оҳанро тез мекунадЧӣ ва чӣ хел?


«Оҳан оҳанро тез мекунад; ҳамчунин одам симои (рӯи) ёри худро пардоз (оро додан) медиҳад.» Масалҳо 27:17


Гурӯҳи ҳисоботӣ чӣ гуна аст?Ин гурӯҳест, ки якдигарро «тез мекунанд». Бо чӣзҳои рӯҳонӣ бо ҳамдигар бахшоиш мекунанд ва барои ҳамдигар дуо мекунанд. Мақсади ин гурӯҳ ин аст, ки дар бораи мушкилии зиндагӣ озодона гап зананд ва ҳамаи гуфтугӯ махфӣ ё маҳрамона бояд бошад.


Манфиатҳои ин гурӯҳҳо

  1. Ҷое ки инкиншоф ва гуфтугӯ мешавад – (Мушоракат)

  2. Ҷое ки ҳисобот мекунанд – (Ҷамоат)

  3. Ҷое ки бо ҳам дуо карда мешавад – (Парастиш)

  4. Ҷое ки қабул шуда паноҳгоҳ меёбанд – (Амният)


Барои чӣ чунин гурӯҳҳоро ташкил мекунанд?

  1. Барои шумо - Воиз 4:9-12

  2. Барои оилаи шумо

  3. Ин аз тарафи ҳикмат ҳаст Воиз 7:19-20


Ҳар гурӯҳ чӣ кор мекунад?

  • Дил холӣ кардан – баъд дигарон барои ӯ дуо кунанд.

  • Бо навбат дилро холӣ кардан.

  • Суҳбат бо ҳамдигар махфӣ мемонад.


Ҳисобот бо чӣ бояд пайваст бошад?


Вақт – бо кудакон, бо ҳамсар, ибодати оилавӣ, бо хизмати ҷамоат


Васвасаҳоандешаҳо («Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад, худаш низ ҳамон гуна аст. Масалҳои 23:7),

Одатҳо: чӣро тамошо мекунад? оё чизҳои шаҳватангезро тамошо мекунад?.

«Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.» (Яъқуб 5:16)


Мушкилиҳо - дар оила, дар ҷои кор, дар ҳаёт ва зиндагии рӯҳонӣ

«Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд.» Масалҳо 24:16


Аҳамияти махфӣ ё маҳрамона

  1. Барои ба ҳамдигар боварӣ пайдо кардан, вақт дар кор аст.

  2. Бояд фаҳмад, бо кӣ гап задан мумкин аст ва бо кӣ мумкин нест.

  3. Ҳама муҳтоҷи файз ҳастем.

  4. Ҳама бовиҷдон бояд бошанд.



<< Дарсҳои рӯҳонӣ