www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Ибодати ҳаррӯзаDownloadИбодати Ҳаррӯза «Каломи Ту чароғ аст барои поям; ва нур аст барои роҳам.» Забур 118:105 «Ҳар рӯз Туро муборак хоҳам хонд, ва исми Туро мадҳ хоҳам кард то абад.» Забур 144:2 «Варо хоҳам, дигар ёре нахоҳам, Чу гулро ёфтам, хоре нахоҳам. Туро гар ғайри ӯ ёри дигар ҳаст, Бирав он ҷо, ки ман боре нахоҳам. Ба ҷуз дидори ӯ бахте наҷӯям, Ба ғайри кори ӯ коре нахоҳам.» Ҷалолидин Румӣ Ибодати ҳаррӯза чист? Ибодати ҳаррӯза муносибати имондорон бо Худо. 1.) Ибодати шахсӣ бо дуо ва 2.) хондани Каломи Худо. Ин бо Рӯҳи Худо, ки дар имондорон зиндагӣ мекунад, мушорикат кардан мебошад. Дар ибодати шахсӣ мо вақтамонро бо Худо мегузаронем, бо Ӯ гап мезанем, ҷавоби Ӯро аз Каломи Худо мешунавем. «Каломи Худо – нони рӯҳии мо аст. Бе он мо аз гуруснагии рӯҳӣ мемирем, аммо онро ҳар рӯз истеъмол намуда, мо танҳою бемадори худро мустаҳкам мекунем ва барои ғалаба дар муҳирибаи рӯҳонӣ қувват ба даст меорем.» (Мишак Чуҷор, 14) Чаро Ман бояд ибодат намоям?
Вақте, ки мо ибодат мекунем, муносибатҳои махсуси тарафайни мо бо Худованд комил мегардад. Худованд дӯсти беҳтарин ва содиқтарини мост, бинобар ин мо бояд бо Ӯ гап занем ва тамоми рози диламонро пеши Ӯ гуфта метавонем. «Дуо ин хел нест, ки мо Худоро ба тарафи хости худ кашем – дуо хости Худоро бо хости худамон якҷоя кардан аст.» (Е. Станлӣ Ҷонес) Фоидаи ибодати ҳаррӯза
Намунаи Исои ХудовандХонед: Марқӯс 1:32-39 Дар ин ҳодисаи Исои Худованд, мо мебинем ки Исо сер кор буд. Ҳамаи касалиҳо барои шифо гирифтан пеши Ӯ меомаданд. Ӯ вақти истороҳат надошт. Инҷо мегӯяд ки «тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.» (1:33) Ҳамаи кори Ӯ кори осон набуд. Ғамхорӣ ва фишорӣ бисёр мешавад. Аммо дар рӯзи дуюм, Ӯ чӣ кард -- «Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.» (1:35) Барои чӣ Исои Худованд ибодат мекунад? Оё Ӯ Худованд набуд? Ӯ ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ набуд. Ӯ бо Худои Падар муносибати рӯҳонӣ дошт. Ӯ мехост фаҳмад ки хости Худо барои он рӯз чист. Одати Исо барои ибодати шахсӣ
Забур 5:4 «Худовандо! Саҳаргоҳон овозамро бишнав, -- саҳаргоҳон пеши Ту ҳозир мешавам, ва интизориӣ мекашам.» Одати шумо дар саҳар чӣ хел аст? Албатта чой мехӯред ва мумкин ахбор гӯш мекунед, аммо бояд дар он вақт муносибатро бо Худо фаромӯш накунед. (Забур 54:18, 87:14, 89:14, 91:3, 142:8)
Матто 6:6 –
«Мо зери ниқобем. Агар рӯзе ин ниқобҳоро аз рӯи мо бигиранд ва мо худро бубинем, ба ростӣ, аз тарс ҳалок мешавем.» Ҳошим Гадо Дар вақти ибодати шахсӣ, мо бояд ин ниқобро гирем то ин, ки Худо дар дили мо кор кунад. Чӣ хел Ибодати шахсӣро ба ҷо орем? Дар бораи ин чӣ фикр доред? Аввал дуо кунед ки Худо роҳнамои кунад. Дар вақти дуо Худоро ситоиш кунед ва гуноҳҳоро эътироф кунед. Ҳам дар дуо шукрона кунед ва баъд муроҷиат кунед. Як абзатси Китоби Муқаддас хонед. Се савол мемонем:
Барои гузаронидани ибодати шахсӣ дар ҳаёти Шумо чӣ халал мерасонад? Одати нав дар кор аст то, ки ҳар рӯз Каломи Худоро хонед ва дуо кунед. Дар бораи ин чӣ фикр доред? Ибодати Шахсӣ имрӯз: Хонед: Еҳушаъ 1:7-9 (саҳифаи 329)
Худоё, Ту Худои ман ҳастӣ. Ҳар саҳар Туро хоҳам парастид. (2 бор) Ҷони ман ташнаи Туст, ва ҷисми ман пазмони Туст. Худоё, Ту Худои ман ҳастӣ, ҳар саҳар Туро хоҳам парастид. Ҳамеша бар қудси Ту менигаристам, Ту қуввату ҷалолатро бинам. (2 бор) Ҷони ман ташнаи Туст, ва ҷисми ман пазмони Туст. Ҳамеша бар қудси Ту менигаристам, Ту қуввату ҷалолатро бинам. *Пазмон –ёд Хондани Китоби Муқаддас Гуш кардани Китоби Муқаддас Азёд кардани Китоби Муқаддас Фикру андешаи Китоби Муқаддас Омӯзиши Китоби Муқаддас «Чунки Эзро дили худро ба он моил карда буд, ки Тавроти Худовандро маънидод кунад, ва онро ба амал оварад, ва фароиз ва аҳкоми шариатро ва Исроил таълим диҳад.» Эзро 7:10 «Ва китоби Тавроти Худоро батафсил хонданд ва шарҳ доданд, то он чиро, ки хонданд, бифаҳманд. » Наҳемьё 8:8 Методҳои омӯзгорӣ Як китоб – Ба назарӣ Китоби Муқаддас Як боб - Румиён Абзатс -Румиён Оят – Юҳанно 15:26-27; 16:13-14 Логат - «Нахустзода» - Қӯлассиён 1:15 Як мавзуъ - Семинарҳо Машғушят ё Интизоми Рӯҳонӣ Хонед: (1) Тимотиюс 4:7-16
Луқо 9:23 – Исо ба ҳама гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро (худро) инкор кун ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд.» Шогирдони Исо чӣ кор мекунанд:
Мисли Исо «на иродаи Ман, балки иродати Ту бигзор ба амал ояд.»
Бо Ӯ итоат кун ва мисли Ӯ зиндагӣ кунем. «Ҳофизо, одати хубон ҳама ҷавр асту ҷафо, Ту ки з-ин тоифа умеди вафо медорӣ.» Ҳофиз Интизоми Рӯҳонӣ бо Каломи Худо
Гӯш Кардани Каломи Худо «Бо гӯши дил шуниданро омӯз.» Ҳошим Гадо Гӯш кардан, ин баракат аст: Луқо 11:27-28 - Се гуруҳи гӯшкунанда ҳастанд: Забур 1:1 - «Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад.»
Рафтор мекунад, диққат мекунад, устувор мемонад ва фаромӯш намекунад. «Гӯш доштан, маънии шуниданро надорад.» Ҳошим Гадо «Шунид, вале афсӯс гуфт. нашунидам.» Ҳошим Гадо Намунаи Гӯш кардани Каломи Худо 1 Подшоҳон 3:1-11 «Эй Худованд, бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад.» (3:9) фармони Худо – барои чӣ Худо фармон мекунад? «Эй қавми ман, таълими маро бишнавед, гӯши худро сӯи суханони даҳонам хам кунед.» Забур 77:1 «Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад.» Яъқуб 1:19 «Ҳар асрро шунаванда кам аст, гӯяндааш бисёр.» Ҳошим Гадо Хондани Каломи Худо
Дар ҷамоат Ҳар Рӯз Бо як дигар Матто 4:4- Хондан - «Барои он ки шунавотар гардӣ, дарк карданро биомӯз. Барои биной афзудан бошад, бештар бихон. Аҷаб ин ки барои нобиной низ хондан лозим будааст.» Ҳошим Гадо «Омӯзгори хуб касест, ки худ паи омӯзиш бошад.» Ҳошим Гадо << Дарсҳои рӯҳонӣ |