www.dardidil.com | |||||||||||||||
|
|||||||||||||||
ҒалотиёнDownload
ҒАЛОТИЁН
Якчанд усули истифодабарии ин воситаи таълимӣ
1. Ин воситаи таълимӣ асосан барои ононе таъин гаштааст, ки аллакай омӯзиши китобҳои “Башорат барои ҳама” ва “Ман аз нав тавлид ёфтам, давомаш чӣ?”-ро ба анҷом расонидаанд. Усулҳои ғайримустақими роҳбариро, ки дар ду китоби пешин истифода бурда шудаанд, вақти сарварии гурӯҳ дар вақти хидматгузорӣ дар калисои нав истифода бурдан мумкин аст. Ҳар як одаме, ки таҷрибаи кам ва ё тамоман таҷрибаи роҳбарӣ надорад, метавонад, дар омӯзиши китоби Ғалотиён барои роҳбарӣ аз ин воситаи таълимӣ истифода барад. Интизор шудан лозим нест, ки имондори нав мавъиза мекунад ва ё баромади пурсамару боваринок менамояд.
Фоиданок аст, вале ҳатми нест, ки ҳар як аъзои гурӯҳ нусхае аз ин китоб дошта бошад. Иштироки пурраи гурӯҳ дилхоҳ мебуд. Дар зер тавсияҳо барои истифодаи ин китоб дар вақти хидмат ё омӯзиши Библия омадааст. Пеш аз ҳама дар вақти ибодат аз Худо хоҳиш намоед, ки ӯ ба Шумо пайғоми Худро кушояд. Барранда касеро даъват менамояд, ки ӯ ба Шумо пайғоми Худро кушояд. Баранда касеро даъват менамояд, ки Нома ба Ғалотиён 1:1-5-ро хонад. Сипас сарвар аз воситаи таълимӣ шарҳи ин оятҳоро хонда метавонад. Хонандаи дигар Ғалотиён 1:6-10-ро аз Библия мехонад ва сарвар ё каси дигар аз гурӯҳ шарҳи онро аз дастури таълимӣ мехонад. Ин то тамомшавии бобҳои Нома ба Ғалотиён ва бобҳои дастури таълимӣ идома меёбад.
Мо пешниҳод мекунем, ки муҳокима то ҳадде маҳдуд бошад, то он вақте ки боб мувофиқи дастури дар боло дода шуда омӯхта нашавад. Дар охири ҳар як боб қисми “Барои омӯзиш ва муҳокима” аст. Далелҳо ва саволҳои он ҷо овардашударо мунтазам хонда ва муҳокима кардан лозим аст. Аъзоёни гурӯҳ бояд дар ҷавоб додан ба саволҳо ва ақидаи худро гуфтан фаъол бошанд. Қисми “Барои омӯзиш ва муҳокима” ҳақиқати асоси бобҳои Библияро дар бар мегирад.
2. Ин дастурро аз тарафи рӯҳонӣ ё сарвари калисо ҳамчун сарчашмаи силсилаи мавъизаҳо аз “Нома ба Ғалотиён” истифода бурдан мумкин аст.
Дар хотир нигоҳ доред:
· Сарвар: Чанд рӯз пеш аз маҷлиси гурӯҳ бо усули ибодат бобҳоро аз Библия якчанд маротиба хонед. Онро то саршавии маҷлис хуб аз бар намоед.
· Каломи Худованд моҳияти бузурге дорад. Он чизе, Библия мегӯяд, муҳимтар ва боқувваттар аз он чизест, ки ман ё шумо дар бораи Каломи Худованд гуфта метавонем. Имкон диҳед ӯ гӯяд. Ба вай бовар намоед.
· Одамонро барои омӯзишашон қадр намоед, он вақт онҳо бештар меомӯзанд.
· Ин дастур барои ёрӣ расондан дар вақти омӯзиши Библия таъин шудааст, вале ин маънии онро надорад, ки ӯ ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳад. Ин тадқиқоти амиқи илмӣ нест, балки дастури оддиест, ки омӯзишро осон мегардонад.
Сарсухан ба омӯзиши китоби Ғалотиён.
Китоби Ғалотиён-ин мактубест иборат аз 6 боб. Павлус ба калисоҳои Ғалотиён мактуб менависад. Вақти номаҳо тақрибан ба солҳои 50-уми баъди тавлиди Масеҳанд.
Шояд дигар китобҳои Библия пурқувваттар, тезтар, ё бештар шахситаранд. Павлус аз умқи дилаш рост ба қалбҳои бародаронаш сухан рондааст. Дар давраи ҳавворигӣ ин нома дар тайёрии замина барои озодии пурраи Инҷил таъсири бузурге дошт.
Нома ба Ғалотиён имрӯз низ, чун рӯзҳои давраи Павлус моҳияти калоне дорад. Миллионҳо одамон, ки ба урфу одатҳои динӣ ҳамчун воситаи наҷот умед мебанданд, бояд онро шунаванд. Ин номаро аз даст ба даст додан, ин монанди ҳаётро ҳозир ва абадан аз даст додан аст.
Саволи дар Нома ба Ғалотиён муҳокимашаванда ин аст. Чӣ тавр одам порсо мешавад? Чӣ одамро масеҳӣ мегардонад? Муаллимони дурӯғин ба калисоҳои Ғалотиён омада ба одамон гуфтанд, ки имони Масеҳ комил набуд. Онҳо гуфтанд, ки риояи шариати дини Исроил низ зарур аст. Ҷавоби пурқуввати Павлус, ки мавзӯи нома аст, дар Ғалотиён 2:16 ва 5:1 мебошад. Ин оятҳо ғалатҳоро фош месозад ва таълими ҳақиқиро медиҳанд.
Мавзӯи Нома ба Ғалотиён ин аст: мақоми дуруст дар назди Худо ба воситаи имон, ки дар Масеҳ ва танҳо дар Масеҳ асос ёфтааст муяссар мегардад. Ҳамин тавр озоди ҳақиқӣ имконпазир мегардад.
Боби 1
I. Сарсухан (1:1-5)
Павлусро ҳамчун муаллифи ин нома шумурдан (ояти 1) Павлус ба калисоҳои Ғалотия нома навишт (ояти 3). Ҳавворӣ-маънии қосидро дорад.
Хондани даъвати Павлус дар бораи ҳавворӣ шудан аз манфиат холӣ нест. Ин дар Аъмол 9:1-15 тасвир ёфтааст. Диққати асосиро ба ояти 15 равона кунед. Дар бораи даъваташ Павлус инчунин дар Аъмол ҳам мегӯяд (26:12-18). Ба оятҳои 16-17 диққат диҳед.
Дар ин панҷ ояти аввали боби якум Павлус ҳақиқатҳои муҳими дар мавзӯи асосии нома ҷойдоштаро хабар медиҳад.
Мавзӯи нома дар ояти 4 нишон дода шудааст. Мавзӯъ чунин аст: Мавқеи масеҳӣ ин озодӣ дар Масеҳ ва танҳо дар Масеҳ аст.
Сарчашмаи озодии масеҳӣ дар ояти 3 равшан муқаррар карда шудааст. Баракат ва осоиш аз ҷониби Падар-Худо ва Худованд Исои Масеҳ меояд.
Амали Худованд дар пешниҳоди озодии масеҳӣ дар ояти 4 нишон дода шудааст. Ин ягона нақшаи Худованд дар бораи озодкунии одамон буд. Ин имконпазир гашт барои он ки, ӯ Писари ягонаи Худ-Исоро дод.
Натиҷа: Роҳи наҷоти одамон аз ҷониби Худо ин ҳамду сано ва ситоиши Худованд аст. Агар наҷот бо роҳҳои дигар, ба монанди риоя кардани шариат, таъмид ва ё расму оини дигар меомад, он гоҳ ин расму оинҳо ва ё одамон ҳамду сано хонда мешуданд. Ин хел набояд бошад. Павлус дар номааш ба Ғалотиён инро равшан нишон медиҳад.
II. Як Инҷил (1:6-10)
Павлус тарсид, вақте фаҳмид, ки масеҳиҳои нав дар Ғалотия ба воситаи муаллимони қалбаки ба тарафи дигар кашида шудаанд. Аз Аъмол 13 мо мебинем, ки Павлус ва Барнаббо дар ҳама гӯшаю канори Ғалотия калисоҳо бунёд карданд. Дар Ерусалим дигар яҳудиён низ зиндагӣ мекарданд, ки ақидаи онҳо ба таълимоти Павлус рост намеомад. Онҳо таълим медоданд, ки роҳи ягонаи масеҳӣ шудан ба воситаи Масеҳ ва итоати шариати Мӯсо аст. Ин одамон аз паи Павлус ва Барнаббо вориди Ғалотия гаштанд ва имондорони навро ғалат таълим доданд. Имондорони нав аллакай таълимоти Павлусро пайгири менамуданд ва имони худро танҳо ба Масеҳ такя мекунонданд. Муаллимони қалбакӣ кӯшиш мекарданд талаботҳои мухолифи Каломи Худовандро илова намоянд. Павлус равшан эълон намуд, ки ғайри Инҷили пешниҳодкардаи ӯ Инҷили дигаре нест.
Павлус гуфт, ки ҳар як одам ва ё фариштае аз осмон Инҷили беҳтареро аз Инҷили Павлус пешниҳод менамояд ва ё ба он илова менамояд, аз ҷониби Худо сазовори нафрати даҳшатангезе қарор меёбад. (оятҳои. 8-9).
III. Чӣ тавр Павлус ҳавворӣ шуд. (1:11-21)
Инро ваколатномаи Павлус ва ё сарчашмаи ҳокимият номидан мумкин аст.
Пас аз он ки ӯ чунин эълони сахтро дар даҳ ояти аввал кард, ба вай зарур омад, ки сарчашмаҳои ҳокимияти худро нишон диҳад.
1. Номаи Павлус аз ҷониби Масеҳ буд. (оятҳои 11-12).
2. Павлус дар тариқаи динии яҳудӣ буд ва сохту таълимоти онро пурра медонист. (оятҳои 13-14) ӯ бетараф ва намедонистагӣ набуд. ӯ дар бораи чизи мегуфтагиаш медонист. Барои омӯзиши минбаъдаи Аъмол 8:1-3, 9:1-9 ва Филиппиён 3:5-6-ро хонед.
3. Худо Павлусро интихоб кард, то ӯро тағйир диҳад (оятҳои 15-16, (1) Қӯринтиён 15:10)
4. Ҳокимият ба Павлус аз ҷониби доҳиёни динӣ дода нашудааст. (оятҳои 16-17)
5. Се сол Павлус дар Арабистон бо Худо танҳо монда буд. (ояти 17)
6. Павлус аз сари нав қайд менамояд, ки ҳокимияти ӯ аз тартибу низоми динӣ ва ё сарварони он сарчашма намегирад. ӯ эълон мекунад, ки ба дигар ҳаввориён вобаста нест. (ояти 17)
Ин шаш моддаро, ки дар боби якум равшан нишон дода шудааст, мо бодиққат таҳлил карда истода мебинем, ки ҳақиқатан ҳокимияти Павлус қудрат дорад.
Барои омӯзиш ва муҳокима1. Павлус номаи худро ба калисоҳои ________________ навишт. 2. Агар рафтори Павлусро пайгирӣ намояд, пас ҳар як роҳиб бояд: 1) Даъвати шахсии Худовандро дар вазъияту кори худ озмояд. 2) Номаи худро аз ҷониби Худо қабул намояд. 3. Мавзӯи нома ба Ғалотиён чист? Оятҳои 1-4-ро хонед. 4. Асосҳои ҳокимияти Павлус барои эълони сахташ , ки дар оятҳои 8 ва 9 кард чӣ аст. 5. Ин бобро асос карда, мо гуфта метавонем, ки Павлус изҳороти “Анъана баробари Навишта” аст, соли 1545( шунида, онро чи тавр қабул менамуд. 6. Лутфан Ваҳйро хонед 22:18-19. 7. Одамон хоҳиши табии доранд, ки наҷоти худро доро гарданд. Тамоиле мавҷуд аст, ки ба он чизи дар салиб кардаи Масеҳ чизеро бояд илова кард. Ин иловакуни ба монанди кори худ, таъмид, муносибати зичи рӯҳонӣ ва ғайра мебошад. Бо вуҷуди он ки мо медонем, ҳамаи ин корҳо дар ҳаёти нав иштирок менамоянд. Дигар хел карда гӯем, агар одам ин корҳоро мекунад, оё ӯ фарзанди Худо шуда метавонад? Фикри худро гӯед, вале ба як ақидаи ягона наоед, то оне, ки Нома ба Ғалотиёнро пурра наомӯзед. 8. Оё метавонед, чизе дар бораи Павлус бо суханони худ нақл намоед. (Филиппиён 3:1-11) 1) Дар бораи ҳаёти ӯ то масеҳӣ гаштанаш нақл намоед. 2) ӯ дар куҷо масеҳӣ гашт? 3) Дар бораи тағйиротҳои ҳаёти ӯ баъди масеҳӣ гаштанаш нақл намоед. 4) Кай ӯ таъмид гашт. 9. Павлус ин номаро менависад, то ин ки масъалаи муҳимро ҳал намоянд. 1) Ин кадом масъала аст? 2) Оё ин масъала дар рӯзҳои мо низ вуҷуд дорад? (Мисол оред)
Ҳатман пеш аз идома додани омӯзиши Нома ба Ғалотиён боби дуюми онро хонед.
Боби 2
I. Ҳокимияти Павлус тасдиқ ёфтааст (ояти 1-10)
Дар ин оятҳо Павлус дар бораи муносибати тарафайни дигар ҳаввориён мегӯяд. Лутфан Аъмол 15-ро хонед, то ин ки маълумотҳои иловагиро дар бораи ташрифи Павлус ба Ерусалим пайдо намоед.
Дар ин боб Павлус ҳамчун ҳавворӣ ҳимоя кардани ҳуқуқи худро идома медиҳад. Дар боби якум Павлус ба дигар ҳаввориён новобаста будани худро қайд карда буд. ӯ эълон карда буд, ки Номаи ӯ аз тарафи сарварони Ерусалим набуда, балки аз ҷониби Масеҳ аст. Ҳоло дар боби дуюми Павлус дар бораи вохӯриаш бо сарварони Ерусалим нақл мекунад (14 сол пас аз вохӯрии аввалин). Павлус аз мустақилияти худ рӯй намегардонад, ӯ ҳамкориеро мехоҳад, ки он дар паҳн кардани Инҷил кӯмак мерасонад.
Аз ояти дуюм айён мегардад, ки Павлус ба Ерусалим барои он омад, ки Худо ӯро ба ин ҳидоят намуд. Ташрифи ӯ на барои он буд, ки сарварони Ерусалим ӯро даъват карда бошанд. Ҳадафи ӯ ин буд, ки Инҷилро маънидод намояд, то тавассути фаҳмиши дуруст байни кори Павлус ва калоншавандаҳои Ерусалим ягонагӣ ба амал ояд ва бо ин иқдом кори умумии Худованд дастгирӣ ёбад.
Титус: Санҷиш (оятҳои 3-5)
Титус будпараст, номахтун, вале имондор буд. Сарварони калисоҳои Ерусалим талаб намекарданд, ки Титус махтун карда шавад, то ин ки масеҳӣ шумурда шавад. Мо бояд дар хотир нигоҳ дорем, ки мушкилии калисоҳои Ғалотия дар таълимоти ғалати онҳо буд, ки ба одам барои масеҳӣ шуданаш гӯё иҷро кардани баъзе расму русуми муайяни яҳудиён кифоя бошад. Махтун гаштан яке аз заруриятҳои расму оини яҳудиён буд, ки онро барои масеҳӣ шудан онҳо зарур мешумориданд. Павлус барои Ғалотиён чунин далелро пеш овард: Ин ҷо дар маркази диққат ҳодисаи будпараст (яҳудӣ не) меистад, ки таълимоти инҷилии маро пайгирӣ намуда сидқан имондор гашт, вале номахтун буд. На танҳо ман боварӣ дорам, ки имони ӯ комил аст, балки ба ин фикр “сутунҳо”-и калисоҳои Ерусалим низ розианд. Дар ояти 6 Павлус вохӯриашро бо сарварони Ерусалим нақл менамояд.
Дар ин оят Павлус ҳадди маҳкамаи Худовандро нишон медиҳад. Худо ҳама чизро, ки паси ниқоб, паси мансабҳо, паси ҳисобҳои банкӣ ҳастанд, мебинад ва ба ҳисоб табиати рӯҳониро мегирад.
Фаҳмидан ва ризоият (оятҳои 7-10)
Барои иштирокчиёни вохӯрии Ерусалим равшан буд, Павлус ҳамон инҷилро тарғиб менамояд, ки онҳо низ тарғиб мекунанд. Онҳо эътироф намуданд, ки Худо Павлусро барои тарғиб кардани Инҷил дар байни будпарастон фиристодааст ва ӯ айнан ононро даъват менамояд, ки ин Инҷилро дар байни будпарастон фиристодааст ва ӯ айнан ононро даъват менамояд, ки ин Инҷилро дар байни яҳудиён тарғиб намоянд.
II. Мушкилӣ дар Антиёхия (2:11-14)
Вақте ки Петрус ба Антиёхия омад, ӯ бо будпарастон муносибат дошт ва бо онҳо хӯрок мехӯрд. Пас ба Ерусалим баъзе яҳудиён омаданд. Ба ин яҳудиён муносибат бо одамоне маъқул набуданд, ки расму оини яҳудиёнро пайгирӣ наменамуданд. Пас аз омадани ин яҳудиён Петрус хӯрок хӯрданро бо будпарастонро қатъ намуд. Барнаббо ва дигарон ӯро пайравӣ намуданд. Павлус дар байни мардуме рафтори Петрусро маҳкум намуд. Вай гуфт: “Петрус, ту ҳақ нести. Ту мувофиқи ҳақиқати Инҷил рафтор наменамоӣ”.
III. Роҳи наҷот барои ҳама як аст (2:15-16)
Яҳудиён фахр мекарданд, ки онҳо интихобшудагони Худованданд. Ҳамаи дигар одамонро онҳо гунаҳкор мешумурданд. Мафҳумҳои “будпараст” ва “гунаҳкор” барои онҳо як маъни доштанд (ояти 15).
Дар ояти 16 Павлус мегӯяд, ки ҳамаи одамон-яҳудиён ва ё будпарастон гунаҳкоранд ва ниёзманди наҷот мебошанд. Роҳ ба сӯи наҷот барои ҳама одамон як аст. Ин оятҳо равшан таълим медиҳанд, ки роҳи наҷот танҳо тавассути имондорист. Аз ягон сарчашмаи дигар наҷот намеояд (Аъмол 4:12)
Павлус таълим медиҳад, ки наҷот танҳо ба воситаи имон ба Масеҳ меояд. Вақте, ки одам Масеҳро қабул менамояд, дар ӯ ин хоҳиши табиии ба Исо итоат кардан пайдо мешавад. Ин маънои онро дорад, ки одами аз нав эҳёшуда хоҳиши таъмид шуданро дорад ва мехоҳад корҳои некро ба анҷом расонад, барои он ки ӯ наҷот ёфтааст, на ин ки наҷот ёфтан мехоҳад. Албатта сабабҳо гуногунанд. Ба имондор хизмат карданро муҳаббат водор месозад. Одаме ки ба воситаи имон ва кор ба наҷот умед мебандад, ҳама вақт тарс дорад. Вай тарс дорад, ки ин корҳоро анҷом надиҳад, наҷоташро аз даст медиҳад. Чӣ қадар одамон барои хидмати якшанбегӣ танҳо аз рӯи одат ва тарс мераванд?
IV. Ҳаёти нав (2:17-21) Павлус таълим дод, ки шариат муқаддас, боадолат ва хуб аст вале қудрати наҷоддиҳиро надорад. Шариат моро ба ноумедӣ мебарад, чунки мо чӣ қадар, ки кӯшиш нанамоем, шариатро риоя карда наметавонем. Марги Павлус барои шариат рӯй дод, вақте ки ӯ дар роҳи Димишқ буд (Аъмол 9). Ҳоло 14 сол пас Павлус мегӯяд: “ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ин яъне ки бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам” (ояти 20) Павлус акнун дар бораи худ ҳамчун мавҷудоти аз Масеҳ ҷудо фикр намекунад. Масеҳ қудрати Павлус, сарчашма ва мақсади зиндагии ӯ гашт. Мо бо имон наҷот ёфта ва бо имон зиндагиро идома медиҳем. Хулоса: Наҷот танҳо тавассути имон бо Масеҳ меояд, на бо пайвасткунии имону шариат (амал). Барои омӯзиш ва муҳокима1. Чаро Павлус ба Ерусалим пас аз 14 сол омад? 2. Мисоли Титус чиро собит сохт? 3. Дар Антиёхия чӣ мушкилӣ буд? 4. Формулаи Библияро интихоб намоед. “Имон+Кор (Амал)=Наҷот” “Имон>Наҷот>Кор (Амал)” 5. Агар одам мегӯяд: “Ман наҷот меёбам, агар корҳои некро анҷом медиҳам”-ӯ кадом формуларо пайгирӣ менамояд? 6. Ояти 16-ро дар Библия хат кашед. 7. Дар партави Нома ба Ғалотиён 2:16 шумо ин эълонро чи гуна баҳо медиҳед? “Мо ҳама дар ба сӯи осмон ҳастем, вале роҳҳои гуногунро интихоб менамоем”.
Пеш аз он ки омӯзиши Номаро идома диҳед, албатта боби 3 Нома ба Ғалотиёнро хонед.
Боби 3
Мушоҳидакунии бобҳои якум ва дуюм.
Дар ду боби аввал Павлус ҳокимияти худро ҳимоя мекунад. ӯ нақл мекунад, ки чӣ тавр Номаи Инҷилро қабул кард. ӯ ин чунин мушкилии асосии дар калисоҳои Ғалотия мавҷуд бударо нишон медиҳад. Мушкилӣ-ин кӯшиши илова кардан ба он буд, ки Масеҳ дар салиб карда буд. Мушкилӣ боз дар он буд, ки онҳо имонро бо шариат дар ҳамбастагӣ, роҳи ба Худо наздикшавӣ мешумориданд. Павлус ин мушкилиро бо эъломи худ дар бораи он ки танҳо тавассути Исои Масеҳ наҷот ва масеҳияти комилро дастрас кардан мумкин аст, ҳал намуд. Шариат қудрати наҷот додани ҳеҷ касро надорад.
Дар бобҳои 3 ва 4 Павлус ба омӯзишӣ таълимоти худ мегузарад, то ин ки мавқеъи худро, ки дар ояти 16 боби 2 гуфтааст, дастгирӣ намояд. Ин мавқеъ иборат аз он буд, ки наҷот танҳо ба воситаи имондорӣ ба Масеҳ даст медиҳад.
То ибтидои омӯзиши ин ду боб хондани бобҳои 12-21 аз Ҳасти ва боби 4 аз Румиён аз манфиат холӣ намебуд. Дар боби 3-и китоби Ғалотиён Павлус далели пурқувватеро барои дастгирии ғояе, ки порсоӣ аз имондорӣ замина мегирад, пеш меорад.
I. Таҷрибаи шахсии худро ба ёд оред (3:1-5)
Дар боби 1:11-17 Павлус таҷрибаи шахсии худро истифода бурдааст, то он ки нишон диҳад: Наҷот танҳо тавассути имон дастрас мегардад. Ҳоло дар боби 3 ба Ғалотиёни имондор пешниҳод менамояд, ки таасуроти шахсии худро таҳлил намоянд.
Дар ояти 2 Павлус савол медиҳад: “Шумо Рӯҳулқудсро қабул намудед, барои он ки талаботи шариатро иҷро намудед ва ё ин ки Инҷилро шунидеду ба он бовар намудед?” Сипас ба савол ӯ дар ояти 3 ҷавоб медиҳад: “Шумо бо Рӯҳи Худованд сар кардед?” Маҳз Инҷилро шунида ба он бовар карда, одамон ба муносибати нави тарафайн бо Худованд ворид гаштаанд. Павлус дар ин оятҳо мегӯяд:
Чӣ тавр Шумо метавонед, пас огоҳ шудан аз марги Исо дар салиб рафтори беақлона намуда, ба шариат баргаштанро ҳоло фикр намоед? Шумо бояд таасуротҳои имондории худро, ки ба шумо ҳаёти нав овард, ба ёд оред.
II. Таҷрибаи шахсии Иброҳимро ба ёд оред (3:6-9)
Ҳасти 12:3, 15:6, 18:18 ва ба Румиён 4:21-22-ро хонед. Яҳудиён Иброҳимро бобокалони рӯҳонии худ мешумориданд. Онҳо ӯро иззату ҳурмат мекарданд. Бинобар ин вақит Павлус гуфт, ки Иброҳим дар назди Худо ҳамчун тақводору порсо дар асоси имондориаш шинохта шудааст, ин диққати имондорони Ғалотиёнро ҷалб намуд.
Дар оятҳои 7-9 Павлус мегӯяд, ворисони ҳақиқии Иброҳим ононеанд, ки тавассути имон дар назди Худо порсо ва тақводор мешаванд. Дуои хайр дар Ҳасти 12:3 барои ҳамаи ононест, ки имон доранд ва тавассути имон ҳамчун фарзандони Худо қабул шудаанд.
III. Масеҳ – ӯ ҷавоб аст (3:10-14)
1. Лаънати шариат (оятҳои 10-12)
Суруди 10 ин иқтибос аз Такрори Шариат 27:26 аст. Библия таълим медиҳад, ки ҳама гунаҳкоранд ва одамони гунаҳкор шариатро риоя карда наметавонанд. Шариат барои наҷоти одамон ҳеҷ кор карда наметавонад (ояти 11). Агар Одам дар тамоми ҳаёташ кӯшиш менамояд, ки шариатро риоя намояд, бо умеди он ки тавассути он наҷот меёбад, оқибаташ марги рӯҳонӣ мешавад.
2. Наҷот дар Масеҳ пайдо шудааст (оятҳои 13-14)
Масеҳ ба ҷои мо мурд. ӯ ҷонишини мо гашт. ӯ ба ҷои мо лаънати Худо (марг)-ро чашид (ояти 13, 1)Петрус 2:24).
Мақсади марги ӯ дар ояти 14 навишта шудааст: “То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайри яҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем”.
IV. Мақсади шариат (3:19-25)
Дар боби 3:1-18 Павлус он чиро нишон дод, ки шариат карда наметавонист. Дар ояти 19 ӯ аз назар гузаронидани мақсади шариатро сар мекунад.
1. Шариат барои ошкор намудани гуноҳ дода шуда буд (ояти 19).
Вақте ки одам Даҳ Васиятро мебинад, ин монанди он аст, ки ӯ ба оина менигарад. Мо худро он тавре ки ҳастем, мебинем. Мо медонем, ки мо гунаҳкор ҳастем. Агар ман дар оина мебинам, ки рӯи ман ифлос аст, онро чи тавр мешӯям? Оё ман оинаро мегирам, то ин ки бо он рӯямро шӯям? Не. Оина танҳо вазъи моро ошкор месозад. Ман бояд дар дигар ҷой “омили тозакуниро” пайдо намоям.
Шариат (оина) вазъияти пургуноҳи моро ошкор менамояд. Масеҳ ҷавоб ба вазъи пургуноҳи мост.
Ба назар гиред, ки дар ояти 19 омадааст, шариат муваққтист, ӯ то омадани Насли Иброҳим (Масеҳ) аст.
Оятҳои 19 ва 20-ро фаҳмидан каме мушкил аст. Павлус дар бораи фарқи роҳҳои қабули шариат ва аҳду паймон мегӯяд. “миёнарав” дар ояти 19 Мӯсо буд. Павлус мегӯяд: Худо ваъдаро бевосита ба Иброҳим дод, вале аҳду паймонро гузашт менамояд. Мусбӣ карда гӯем, аҳду паймон аз шариат бартарӣ дорад.
Оятҳои 21-22 Оё гуногунақидагӣ байни аҳду паймон ва шариат ҳаст? Не, тамоман нест. Аҳду паймон дар асоси имондории тарафайн дода шуда буд. Шариат баъд дода, то ин ки гунаҳкоронро ба Исои Масеҳ умедвор намоянд. Байни Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид гуногунақидагӣ нест. Яке ба дигаре ишора мекунад два дигар барои ин замина омода месозад. Тамоми ҷаҳон чӣ дар давраи Аҳди Қадим ва чӣ дар давраи Аҳди Ҷадид дар зери ҳукми гуноҳ ҳастанд. Вале он касе ки имон дорад, тӯҳфаи ваъдашуда-тақводориро соҳиб мегардад, ки он дар асоси имон ба Исои Масеҳ мебошад.
2. Шариат ҳамчун ҷазои ба низомоваранда дода шуда буд (оятҳои 23-25).
Дар ин оятҳо мо калимаҳои дигарро пайдо мекунем, ки ҷазоҳои ба низомоварданро ифода мекунад. Мана суханоне, ки мақсади шариатро ифода менамоянд: “зери дасти посбонии шариат банд будем” (0.23), “асокаш” (0.24).
Дар инкишофи халқи Изроил шариат раҳнамӯне гашт, ки барои одамон қолаби ахлоқиро пешниҳод намуд. Шариат асокаше буд, ки Изроилро ҳамчун миллат ба камол расонд. Ва ин камолёбӣ тавассути Масеҳ дастрас гашт.
V. Наҷот дар Масеҳ (3:26-29)
Имондорӣ ба Масеҳ наҷотро меорад (ояти 26). Бандагии шариат анҷом ёфт.
Дар ояти 27 Павлус намегӯяд, ки наҷот ба воситаи таъмид меояд. Мавзӯи асосии нома ин аст, ки на тавассути риояи расму оин, балки бо имондорӣ дар назди Худо тақводор мешаванд. Дар ин оят Павлус дар бораи таҷрибаи имондорӣ “таъмид ёфта” ё “Масеҳро дар бар карда” гап мезанад. Ин иттиҳод бо Масеҳ тамоми монеаҳоро, ки ба муносибати имондорон халал мерасонанд, мебардорад.
Масеҳ – ин ҳалли мушкилиҳои гуноҳҳои яҳудиён ва будпарастон мебошад. Ҳалли онҳо тавассути имондорист.
Барои омӯзиш ва муҳокима
1. Дар бобҳои 1 ва 2 Павлус ҳокимияти худро ҳимоя кард.
2. Дар боби 2 калиди оятҳост, ки мавқеи Павлусро барои сафед кардани одамон нишон медиҳад. Ин кадом оят ҳаст? Шумо онро хат кашед. 3. Дар боби 3 Павлус исбот карданро оғоз менамояд, ки тақводорӣ танҳо тавассути имондорӣ ба Масеҳ дастрас мегардад.
4. Павлус масеҳиёнро дар Ғалотия даъват карда истода _________________________ шахсии онҳоро ба ёд меорад.
5. Чӣ тавр Ғалотиён тақводор гаштанд (оятҳои 2-3)?
6. Чӣ тавр Иброҳим порсою тақводор гашт?
7. Оё одамони Аҳди Қадим бо риояи шариат наҷот ёфта буданд ______ ҳа _______не. (Агар шумо “ҳа” ҷавоб додед, пас ба шумо зарур аст, ки боз як бор Ғалотиён 3-ро хонед).
8. Шумо ба одаме, ки – “Ман бо риоя намудани шариат ба осмон меравам”-мегӯяд, чи мегуфтед?
9. Кай аҳду паймон карда шуд? Кай шариат дода шуд? Шариат аҳду паймонро иваз мекунад ва ё тағйир медиҳад?
10. Мақсади шариат чист? (Ояти ба ин савол муносибро аз Ғалотиён 3 хат кашед).
11. Оё имондор дар зери назорати Шариати Мӯсо аст?
Лутфан то сар кардани машғулияти минбаъда боби 4-ро хонед.
Боби 4
Павлус тасвири худро, ки тазоди байни ҳаёт бо шариат ва ҳаёт бо Масеҳ аст, идома медиҳад.
I. Ғуломӣ анҷом меёбад, фарзандшавӣ сар мешавад (4:1-7)
1. Ҳаёти бо шариат (оятҳои 1-3)
Ин ҳаёт ҳамчун ҳаёти ғуломона тасвир ёфтааст. Павлус муқоисаҳ ӣӣ қӣ ҷои шариатро дар инкишофи халқи Изроил нишон диҳад. “Ворис”-ё, ки барои Изроил дар ояти 1 омадааст, шариат мебошад. Шояд, ин ба маънои томаш ба ҳамаи беимонон таалуқ дорад.
Дар ояти 3 Павлус худашро низ водор месозад, вақте ки мегӯяд: “Ҳамчунин мо, даме ки кӯдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем”. Ин оятро шарҳ додан мушкил аст. Ифодаи “аносири ҷаҳон”-ро танҳо ба шаклҳои гуногуни динҳои яҳудиён ва будпарастон нисбат додан мумкин аст, ки онон бо Масеҳ иваз гашта буданд. Бисёр чизҳо дар динҳои яҳудиён ва будпарастон моломоли хурофот ва эътиқод ба он буданд, ки гӯё ҳаёти онҳо дар зери таъсир ва дар алоқамандӣ бо ҷисмҳои осмонии коинот бошад. Павлус гуфт, ки яҳудиён ва бутпарастон ғуломони урфу одатҳои одии динӣ будаанд, ки онҳо одамонро наҷот дода наметавонистанд. Омадани Масеҳ аз ин асорат наҷот ёфтани онҳоро таъмин намуд.
2. Ҳаёти нав бо Масеҳ (оятҳои 4-7)
Худо вақти дурустро муайян намуд, то ин ки Писари Худро фиристод “-ин тасдиқи олиҷанобест. Мо аз ин мебинем. А. Мавҷудияти абадии Масеҳ Б. Ҳокимияти Масеҳ ҳамчун фиристода(қосид) барои кори муайян В. Худовандии Масеҳ (Юҳанно 1:14)
Павлус возеҳу равшан нишон медиҳад, ки Исои Масеҳ Худованд ва одам буд. Масеҳ аз зан тавлид ёфт ва зери шариати яҳудиён мезист. (Ибриён 4:15) Исо бо сохтори яҳудиён мезист, вале ғуломи ин сохтор набуд. Мақсадеро, ки Худо баробари Писари Худро фиристодан дар назар дошт, мо дар ояти 5 мебинем, Масеҳ омад, “то ки мо ба писарӣ қабул шавем”
“Фидия додан”-яъне арзишеро барои наҷот додан пардохтан. Дар ибтидои одам озод офарида шуд. Вале Одам ва Ҳавво гуноҳро ихтиёр намуда, бо ин озодиашонро аз даст доданд. Масеҳ омад, ки бо марги худ арзиши наҷоти онҳоро пардозад ва ба онон озодӣ диҳад. Касе, ки бо имон кафорати Масеҳро қабул менамояд наҷот хоҳад ёфт.
Ояти 6 имтиёзи олитарини инсониро ба миён меорад. Ин фарзандшави имконият медиҳад, ки мо фарзандони Худо шавем. ХУдо арзишро пардохт, ки он имконият медиҳад, мо аз гуноҳ озод бошем ва фарзандони Худо гардем (Румиён 8:15-16).
II. Агар наҷот ёфтаем, пас чаро боз ғулом шавем (4:8-11)?
Павлус нооромии Худро барои имондорони нав сахт ифода менамояд. ӯ онҳоро ёдовар менамояд, ки онҳо киҳо буданд (ғуломон, ояти 8). Сипас ӯ шарҳ медиҳад, холо онҳо кистанд (ояти 9)
Павлус баъзе тамоилҳои хатарнокро, ки байни имондорони Ғалотия пайдо гаштааст, нишон медиҳад. Дар ояти 10 ӯ мегӯяд: “Рӯзҳо, моҳҳо фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед” Павлус меиавонист аз Шанбе ва моҳи нав (ки Ишаъё1:14 сахт маҳкум гаштааст), вақт бо монанди Пасха ва солҳои ба монанди солҳои шанбеӣ, ки дар Левите 25 ишора ёфтаанд, истинод орад.
Павлус мухолифи рӯзҳои махсус набуд. Вале вақте ки махсус, қисми муҳимтарини дин мегарданд, ин мушкилиро ба миён меорад. Павлус ғуломиро барои рӯзҳои махсус, моҳҳо ва замонҳо маҳкум менамояд. Шахсан нодуруст истифода бурдани рӯзҳои махсусро Павлус муҳокима менамояд.
III. Хоҳиши сидқан (4:12-18)
Пас аз танбеҳи сахт додани имондорони Ғалотия Павлус гуфт: “Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам”. ӯ наздикият, ягонагии рӯҳро эътироф менамояд. “Мисоли ман бошед”-ин маънии онро дорад, ки монанди ман озод, наҷотёфта бошед.
1. Муҳаббати Ғалотиён ба Павлус (оятҳои 12-16)
Павлус ба Ғалотиён нисбати муҳаббаташон ба ӯ ёдовар мешавад. ӯ дар бораи меҳмондӯстӣ ва муҳаббати гарми онҳо вақти бори аввал хабари башоратро оварданаш дида буд, нақл кард. Павлус ҳамроҳашон буданро онҳо имтиёзи худ мешумориданд. Бисёриҳо фикр доранд, ки Павлус дар Ғалотия танҳо роҳгузар буд ва танҳо беморӣ ӯро водор сохт, ки ин ҷо бимонад. Шароит ва шакли беморӣ возеҳу равшан номида нашудааст.
2. Муҳаббати Павлус ба Ғалотиён (оятҳои 17-20)
Павлус далелҳои муаллимони қалбакиро пешгири менамояд. ӯ мегӯяд, ки мақсаду нияти онҳо хуб нест. Онҳо танҳо кӯшиш мекунанд, ки зиддиятро байни Павлус ва Ғалотиён ба миён оранд.
Дар ояти 18 Павлус мегӯяд, ки Ғалотиён бояд вафодор бошанд, таълимотро дуруст риоя намоянд, ҳатто вақте ки ӯ бо онҳо нест.
Дар ояти 19 Павлус дили худро мекеушояд, то ин ки муҳаббати худро ба бародарони имондораш ошкор намояд. ӯ ғамхорӣ менамояд. ӯ ноором аст хоҳиши бузурги ӯ ин аст, ки Ғалотиён табиати Масеҳро доро бошанд.
IV. Ҳикоя дар таърих, ки шариат ва имонро тасвир месозад (4:21-31) (Агар шумо Ҳастӣ 12-21-ро нахондаед, пас ҳоло онро бояд кунед)
Ин тасвир аз Аҳди Қадим қуллаи баланди муҳокимаи шариат ва имон мебошад. Дар ҳикоя дар бораи ду зан гуфта мешавад: Ҳозар-каниз ва Соррай зани озод. Ҳозар ифодакунандаи шариат мебошад ва Соро имондороиро ифода мекунад.
Дар ин тасвир ҳақиқати асосӣ ин аст: дар оилаи Иброҳим ду шоха ҳаст-яке ҷисмонӣ, дигаре рӯҳонӣ. Муносибатҳои тарафайни ҷисмонӣ ба ғулом анҷом меёбад ва рӯҳонӣ ба озодӣ (наҷот). Шояд омӯзиши ин ду шоха дар вақти дида баромадани ин ду сутун фаҳмотар мешаванд.
Шариат дар тасвир: Ҳозар, Исмоил, Сано, Ерусалими заминӣ.
Имондорӣ дар тасвир: Соро, Исҳоқ, ваъда, Ерусалими осмонӣ. Дар ояти 27 Павлус аз Ишаъё 54:1 аз Аҳди Қадим иқтибос меорад. Дар ояти 27 зани безурёт ба монанди Соро аст. Павлус ин оятро истифода мебарад, барои он, ки диққати моро равонаи он созад, ки Соро бо вуҷуди солҳои тӯлонии ҳаёташ бефарзанд будан, дар охир модари фарзандони бештаре аз Ҳоҷар гашт. Павлус мегӯяд имондорон зиёдтар мешаванд аз ононе, ки дар зери таъсири сохтори яҳудиёнанд.
Бинобар ин Павлус хулоса мекунад.
1. Мо имондорон фарзандони Худо ҳастем, чӣ тавре ки Исҳоқ буд. Асоси ин гуфтаҳо ваъда, имон аст (ояти 28)
2. Имондоронро такякунандагон ба шариат пеш мекунад, чӣ тавре ки дар замони Исҳоқ мекарданд (ояти 29)
3. Яҳудигии шариаткунонидашуда бояд сарнагун шавад. Имондорон бояд ин сохтори ғалатро, ки наҷотро намедиҳад, рад намоянд (ояти 30)
4. Мо, ки ба Масеҳ умед мебандем, озод ҳастем.
Барои омӯзиш ва муҳокима
1. Боби 4:1-3 ҳаётро дар зери ____________________ тасвир менамояд ва дар бораи халқе ____________________ гап мезанад.
2. Се ҳақиқати бузургро аз шаҳодати “Худо Писари Худро фиристод” номбар кунед.
3. Дар ояти 6-7 Павлус дар бораи Писари Худо гап мезанад. Ҳаёти фарзандшавӣ аз ҳаёти ғуломӣ чӣ фарқ дорад?
4. Чаро Павлус мехост, ки имондорони Ғалотия монанди ӯ бошанд? (ояти 12)
5. Мо аз Аҳди Қадим дар куҷо воқеаи Ҳозар, Соро ва Иброҳимро дучор мешавем?
6. Байни тавлиди Исмоил ва Исҳоқ чӣ фарқ буд.
7. Сарчашмаи тақводории Иброҳим чӣ буд: хатна (махтуншавӣ), риояи шариат ё имон? (Румиён 4:9-12)
8. Хулоса: Аз ғуломии гуноҳ тавассути имон ба Масеҳ наҷот меёбанд. Имондор на аз тарс, балки бо муҳаббат хидмат менамояд.
Лутфан пеш аз оғози омӯзиши минбаъда боби 5-и Нома ба Ғалотиёнро хонед.
Боби 5
Дар бобҳои 1 ва 2 Павлус ҳаворигии худро ҳимоя накард. Дар бобҳои 3 ва 4 таълимоти тақводориро, ки дар имондорӣ бо Масеҳ асос ёфтааст, таъкид ва ҳимоя менамуд. Дар анҷоми боби 2 Павлус ҳаёти масеҳиро бо имтиёзҳою масъулиятҳояш нишон медиҳад. Дар бобҳои 3 ва 4 Павлус нақл мекунад, ки чӣ тавр одам сазовори муносибати ҳақиқии тарафайн бо Худо мешавад. Ҳоло дар боби 5 ӯ мегӯяд, ки одами тақводор чӣ тавр бояд зиндагӣ намояд.
I. Ҳаёти озодӣ (5:1-15)
1. Сарчашмаи озодӣ (наҷот) (оятҳои 1-6)
А. Масеҳ (ояти 1) Исои Масеҳ моро озод кард. ӯ сарчашмаи озодии мост. Павлус ин далелро эълон менамояд ва аз Ғалотиён илтиҷо менамояд, ки аз сари нав ғулом нагарданд. ӯ даор бораи ғуломӣ вобаста ба урфу одатҳои динӣ мегӯяд.
Б. Шариат ё баракат (оятҳои 2-4) Бисёр яхудиён фикр мекунанд, ки расму оин ба монанди хатна барои наҷот заруранд. Дар ояти 2 Павлус хатнаро маҳкум намекунад, онро яке аз роҳҳои тақводорӣ мешуморад. Дар ин оятҳо павлус роҳҳои ғалат ва ҳақиқии тақводор гаштанро нишон медиҳад. Роҳи ғалат-ин риояи шариат, ки дар рафтори одамон асос ёфтааст. Ин роҳ одамонро ба ҷаҳаннам (дӯзах) мебарад. Роҳи ҳақиқӣ-ин роҳи хайр, роҳи баракат аст (ояти 4). Баракат диққатро ба Худо ва ба амали ӯ муҳаббат равона мекунад, ки он барои ба он сазовор гаштан ҳеҷ чизро талаб наменамоянд. Ин сарчашмаи озодӣ аст. Аз он рӯзе, ки одам ба Масеҳ таъимон овард, ӯ озод аст. павлус дар бораи таълим намегӯяд: “Боре наҷотёфта ҳама вақт наҷот ёфтааст”. Дар дигар ҷойҳо ӯ возеҳу равшан дар бораи наҷоти ҷовидонӣ таълим медиҳад (Румиён 8:31-39).
Дар оятҳои 2-4 Павлус мегӯяд, ки байни шариат ва баракат барои сазовори тақводорӣ гаштан, бояд интихоб бошад. Ин ҳарду баробар набояд бошанд. Танҳо яке қудрат дорад: ин усули Худованд баракат ба воситаи имон аст.
В. Асоси умедворӣ (оятҳои 5-6) Дар ояти 5 қайд кунед, ки танҳо Худованд Онест, ки моро дар назди Худ сафед менамояд. Одам худаш қудрати онро надорад, ки худашро дар назди Худо сафед намояд. Айнан Худо ин имконият ва қудратро дорад. Дар шариат зада ба амали одам дода мешавад. Дар нақшаи Худованд, ӯ Худаш Худованд роҳи наҷотро ҳамчун тӯҳфа ба одам ба нақша даровард ва омода сохт. Бо имон одам онро соҳиб мешавад.
Дар ҳаёти масеҳӣ корҳои нек барои он амалӣ мешаванд, ки Рӯҳи Худованд дар мо меҳнат мекунад. Имондории ҳақиқӣ амалӣ пурмуҳаббатро содир месозад.
2. Душманони озодӣ (оятҳои 7-10)
Ҳар касе ки касеро аз итоаткорӣ ба ҳақиқат пешгирӣ менамояд, ӯ душмани озодӣ мебошад. Худо онест, ки одамро ба озодӣ даъват менамояд ва ӯро ба озодӣ рӯй гардондан даъват наменамояд.
Дар ояти 9 Павлус мегӯяд. “Андак хамиртуруш (таъимоти дурӯғ ва муаллимони дурӯғин) дорои қудрати бузургест барои таъсир расондан; тамоми хамирро метурушонад” (Умумияти масеҳро). Мавҷудияти муаллимони дурӯғин Павлусро ноором мекарданд.
Дар ояти 10 Павлус бовариашро ба имондорон ифода менамоянд. Боз мо дар ояти 10 мебинем, ки одами таълимоти дурӯғинро тарғибкунанда назди Худованд ҷазо мебинад.
3. Павлус гунаҳкор шумурда мешавад.
Дар ин оятҳо Павлус дар назар дошт, ки баъзеҳо ӯро бо дар фикрҳояш мухолифат будан, айбдор менамуданд. Онҳо мегуфтанд, ки ӯ баъзе вақт хатнакуниро дастгирӣ менамояд, баъзе вақт не. Павлус мепурсад, барои чи пеш кардан идома дорад, агар ӯ зарурати хатнакуниро тарғиб намояд? Пешкунӣ барои Павлус бо ин сабаб идома меёфт, ки ӯ дар бораи салиби Масеҳ ва наҷоти одам бо роҳи Худовандро тарғиб менамуд.
4. Сӯистеъмолкунӣ аз озодӣ (оятҳои 13-15)
Дар 12 оятҳои аввали боби 5 Павлус хатари баргаштан ба ғуломии шариатро пешгирӣ менамуд. Дар оятҳои 13-15 пешгирӣ бар зидди истифода бурдани озодии масеҳӣ ҳуқуқ намедиҳад, ки нисбати ҷисми худ ва ё ҳаёти каси дигаре гуноҳ содир намоӣ. Озодии масеҳӣ бояд озодии масъул бошад. Дар ояти 14 Павлус шариатеро медиҳад, ки ҳао як масеҳӣ бояд онро пайгирӣ намояд. Ин шариати муҳаббат аст, ки дар маъни аз 10 васият болотар аст. Масеҳии дар ҳаёти имондор зиндагӣ мекардагӣ ба имондор лаёқати дӯст доштанро медиҳад.
II. Табиати рӯҳони ва одамӣ (оятҳои 16-26)
1. Ҳаёти бар тибқи рӯҳ (оятҳои 16-18)
Вобаста ба Рӯҳулқудс Исо гуфт: “� лекин шумо ӯро мешиносед, зеро ки ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд”. Дар (1) Қӯринтиён 6:19 ба мо гуфта мешавад, ки ҷисми имондор-маъбади Рӯҳулқудс мебошад. Барои амиқтар омӯхтани ҳаёти тибқӣ ӯҳ Юҳанно 14:11-18, ва Румиён 8:1-17-ро хонед.
Дар Ғалотиён 5:17 дар бораи ҷанги мухолифи якдигар ҷисму Рӯх дар ботини имондор гап меравад. Вақте ки одам аз нав тавлид мегардад ӯ комил (бегуноҳ) намегардад. Зеро сарварии сарфармондеҳи нав-Масеҳ ӯ ба набард меравад. Табиати кӯҳна ҳукфармоӣ наменамояд, вале мавҷудияти ӯ ҳис карда мешавад. Барои ононе, ки онҳоро Рӯҳ идора менамояд, пирӯзӣ албатта тавассути Масеҳ меояд.
2. Маҳсули табиати Одам (оятҳои 19-21)
Маҳсули табиати пургуноҳи одам бисёр аст ва онҳо баръало намоёнанд. Онҳоро ба дараҷаҳо ҷудо кардан мумкин аст.
А. Гуноҳҳои шаҳвонӣ (ояти 19) – фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур. “Фисқ”-тамоми муносибатҳои шаҳвонии аз шариатро меноманд. Инҳо тамоми муносибатҳои пеш аз никоҳ ва муносибатҳои шаҳвонии ғайришариатӣ дар вақти никоҳ мебошад.
Б. Гуноҳҳои динӣ-будпарастӣ. Такрори шариат 4:15-19 мегӯяд: “Мабодо шумо фосид шуда, барои худ ҳайкале, сурати ҳар санаме: шакли марде ё зане бисозад”. Такрори шариат 5:8-9 Аваакум 2:19-20 ва Ваҳй 21:8-ро хонед.
Ҷодугарӣ-ин қувваи фавқултабииест, ки аз ҷониби Худо нест. Ояндаро пешгӯӣ кардан мумкин аст, вале сарчашмаи он кадом қувва аст (Аъмол 13:6-11)?
В. Гуноҳҳо дар муносибатҳои ҷамъияти (Оятҳои 20-21) Ин намуд гуноҳҳо ба фикр, ирода ва ҷисми одаме таалуқ дорад, ки вай ғуломи гуноҳ аст. Ин гуноҳ ба дигарон зарар дорад ва баъзе вақт бо онҳо ҳам зиён меорад.
Эҳтиёткории хотимавӣ: Ҳар он касе, ки ин корҳоро мунтазам идома медиҳад, аз Шоҳигарии Худованд бенасиб мемонад.
3. Маҳсули Рӯҳ (Оятҳои 22-23)
Танҳо Рӯҳулқудс, ки дар батни имондор мезияд, қудрати муҳайё сохтани муҳаббат, хушбахтӣ, осоиш, тоқат, файз, накӯкорӣ, бошарму ҳаё будан ва худидоракуниро дорад. Натиҷаи фарқи табиати пургуноҳи одамӣ ва ҳаёти тибқи Рӯҳро бингаред. Ояти 23 мегӯяд: “Фурӯтанӣ, парҳезкорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест”. Ин маънии онро дорад, ки вақти мавҷудияти чунин сифату хислатҳо, шариат маҳдуд нест.
4. Хотима (оятҳои 24-26)
Оне, ки ба Масеҳ таалуқ дорад, ба табиати пургуноҳи пешини одатӣ таалуқ надорад. Сарчашмаи ҳаёти мо Рӯҳ аст. ӯ бояд моро назорат намояд.
Барои омӯзиш ва муҳокима
1. Дар оятҳои 1-5 Павлус сарчашмаи озодиро нишон медиҳад. Ин чӣ гуна сарчашма аст? Шумо дар бораи ягонагии шариат ва имон роҷеъи сазовор гаштан ба тақводорӣ чӣ фикр доред?
2. Умедвории масеҳӣ дар лаёқати бо ҳаёти масеҳона зистан ӯ асос ёфтааст. Ҳақиқат ____________ Дурӯғ___________
3. Павлус дар бораи душманони озодӣ гап мезанад. Шумо душманони имрӯзаи озодиро номбар карда метавонед?
4. Чӣ тавр аз озодии масеҳӣ сӯистеъмол кардан ва ё онро нодуруст истифода бурдан мумкин аст. (оятҳои 13-15)?
5. Масеҳият зери кадом шариат қарор ёфтааст (ояти 14)?
6. Кай Рӯҳулқудс ба ҳаёти имондор ворид мешавад. (Аъмол 11:17, (1) Қӯринтиён 6:19)?
7. Баъзе маҳсули табиати пургуноҳи одамиро номбар кунед. А. Оё дар ҳақиқат гуноҳҳои шаҳвонӣ хатарноканд? Б. Оё пешгӯӣ ва гороскоп ба гуноҳи динии ҷодугарӣ алоқаманд аст? В. Ҳайкали Марями Бокира тимсол аст ё бут?
8. Маҳсули Рӯҳро номбар ва муҳокима намоед. кадоме аз онҳо дар ҳаёти шумо бештар пайдо мешаванд. Вобаста ба кадом маҳсул шумо бояд бештар ҳаётатонро ислоҳ намоед?
9. Хотима: Мо ба ҳаёт ворид мешавем ва бо мавҷудияти Рӯҳулқудс зиндагиамонро идома медиҳем.
Лутфан то оғоз намудани омӯзиши минбаъда боби 6-и Нома ба Ғалотиёнро хонед.
Боби 6
I. Ҳаёти Масеҳӣ (6:1-10)
1. Ёрӣ ба бародари афтода (ояти 1).
Муроҷиат “Бародарони ман”-ин нидои ҳавоӣ нест. Павлус инро аз сидқи дил мегӯяд ва бо ин алоқаи мустаҳкаму асоси тарафайнро асос мегузорад. Айнан ҳамин гуна муносибати тарафайнро масеҳие мекунад, ки лаёқати ба бародари афтодааш ёрӣ расонданро дорад. Шумо бояд дар хотир доред, ки ҳар як кас метавонад афтад ва гуноҳ содир намояд. Одами рӯҳан солим бояд афтодаро дӯст дорад ва ӯро бардорад. Мо ҳуқуқ надорем, ки одами афтодаро маҳкум намоем. Павлус ёдрас менамояд, ки масеҳии ба афтода ёрӣ медодаги ҳалиму фурӯтан бошад. ӯ бояд дарк намояд, ки танҳо баракати Худованд худи ӯро аз афтодан эмин медорад.
2. Барои борро бурдан ёрӣ диҳед (ояти 2)
Павлус барои бори якдигарро бурдан даъват менамояд. ӯ ба ҷои дигар одам бурдани борро нагуфтааст. Ба хар як масеҳӣ барои бори вазнинашро бурдан ёрӣ додан лозим аст. Ин қисми ҳаётан муҳими бародарии масеҳӣ дар калисо аст. павлус мегӯяд: “Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунандагон гиря кунед” (Румиён 12:15). ӯ дар 1) Қӯринтиён 12:26 мегӯяд: “Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунад”. Агар одамро пурра аз ин мушкилӣ озод намоед, ӯ заиф мегардад, вале агар ба ӯ дар бурдани ин бор ёри медиҳед, ӯ боқувват мегардад, вале агар ба ӯ дар бурдани ин бор ёрӣ медиҳед, ӯ боқувват мегардад.
3. Масеҳиён бояд бори шахсии худро баранд (оятҳои 3-5)
Ин мухолифи ояти 2 нест, ки он ҷо гуфта шудааст, масеҳиён дар бурдани бор ба якдигар ёрӣ диҳанд. Дар ояти 5 ӯ мегӯяд, ки ҳар як имондор масъулияти шахсие дорад, ки онро бояд иҷро намояд.
Дар ояти 3 Павлус худфиребкуниро пешгирӣ менамояд. Эҳтимол баъзе масеҳиён Ғалотия ба эҳтиёҷмандони ёрӣ барои бурдани бори вазнинашон беэтиноёна муносибат менамуданд.
Онҳо худро ба ононе, ки дар гуноҳ ғарқ мешуданд, қиёс менамуданд. Сипас онҳо дар худ барои дорои ҳаёти солими рӯҳонӣ буданашон ҳиссиёти ғурурро дарк менамуданд.
Дар ояти 5 Павлус мегӯяд, ки ҳар як масеҳӣ масъуулияти хидмат карданро дорад. Худо ҳар як имондорро барои хидмат кардан даъват менамояд. Ин вақт ҳар як имондор бояд бори шахсии худро барад.
4. Шарикии дутарафа (ояти 6)
“Шарикӣ” ин ёрии тарафайн дар ҳаёти одами масеҳӣ мебошад. Дар зери ин калима шарикии рӯҳонӣ (маънавӣ) ва моддӣ дар назар дошта шудааст. Филиппиён 4:15 ва Тимотиюс 5:17-18-ро хонед. Дар (1) Қӯринтиён 9:11 Павлус мегӯяд: “Модоме, ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем”?
5. Қоидаи кишт ва дарав (оятҳои 7-9)
Дар боби 5 Павлус дар бораи ду роҳи ҳаёт, -ҳаёте, ки тибқи Рӯҳ аст ва ҳаёте, ки табиати одамӣ сарвараш мебошад, гап мезанад. Сипас дар боби шашум ӯ мегӯяд, одам дар интихоби он ки чӣ тавр бояд зиндагӣ намояд, озод аст, вале оқибаташро бисёр интизор намешавад.
Дар ояти 9 имондоронро баҳри садоқат ба накӯкорӣ ҳидоят менамояд. Баъзе вақт масеҳӣ хастаю рӯҳафтода мешавад. Ин он вақте рӯй медиҳад, ки лаҳзае Масеҳро дар канор мемонем ва мақсади зиндагиамонро фаромӯш мекунем. Мукофот (подош) хидматгори содиқи Масеҳро интизор аст.
6. Муносибати махсус
Наҷот танҳо дар имон бо Масеҳ аст, вале бо ин имондории тарафайн корҳои нек анҷом меёбад. Масеҳӣ ҳар якеро дӯст медорад, бахусус хоҳарон ва бародаронро. Муносибати гарму хушбахтонаи имондор дар оилаи хеле ҷолиб аст, балки ба воситаи аз боло тавлидшавӣ.
II. Хотима (6:11-18)
Павлус хотимаро бо ҳарфҳои калон менависад. Бисёр олимони Библия дар он фикранд, ки чашмони Павлус иллат доштанд. Шояд барои ин мушкилӣ вай қисми аввали номаро бо дасти дигар одам навишт, вале хулосаро шахсан худаш бо мақсади тасдиқи шахсӣ навишт. Дар ин хулоса мушкилии асосиро, ки Ғалотиён ба он дучор омадаанд, ҷаъмбаст менамояд.
1. Дар оятҳои 11-13 мушкилӣ аз сари нав нишон дода мешавад. Мушкилӣ дар он буд, ки муаллимони қалбакӣ ба имондорон талқин мекарданд, имон худаш ба одамон наҷотро намедиҳад. Ин муаллимон расму оинро илова мекарданд, мисол хатнаро чизи асосӣ мешумориданд.
Павлус дурӯғи ин муаллимонро маҳкум сохта, нодуруст будани онҳоро ошкор месохт (ояти 12). Боз ӯ дар бораи муаллимони қалбакӣ инро гуфт, онҳо мувофиқи таълимоти худашон, ки ба имондорони Ғалотия тарғиб мекарданд, зиндагонӣ наменамоянд (Ояти 13).
2. Салиби Исо – роҳи ягонаи ҳақиқӣ (ояти 14)
Танҳо тавассути Исо ва салиб Павлус дорои умед ва наҷот гашт. Барои файласуфони дунявӣ салиб бемаънӣ аст. барои онҳое, ки бо имон лаззати авфро чашидаанд, салиб сарчашмаи зиндагист.
3. Дар ҳақиқат чӣ муҳим аст. (15-16)
Дар (2) Қӯринтиён 5:17-18 Павлус мегӯяд: “Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супорд”. Вақте ки ҳама, дар забонҳо гап задан, шифоёбии ҷисмонӣ ва ё расму оинӣ динӣ дар дин чизҳои асосӣ шумурда мешавад, ин хел дин ҳамчун дини ҳақиқии масеҳӣ мавҷудияташро гум мекунад. Ба табиат таҷассуми осоиштагӣ ва шафқат мебошад.
4. Ғуломи Исо (ояти 17)
Дар рӯзҳои Аҳди Ҷадид ғуломонро тағма мезаданд, то мансубияташон ба ин ё он одам маълум бошад. Бутпарастон баъзе вақт тамға бо номи Худояшонро доштанд. Павлус барои ИСо азоб мекашид. ӯ тез-тез ҷазо медид ва барои садоқаташ ба Исо ронда мешуд. Бадани ӯ ҳама вақт пур аз захм буд ва ин ёдовар менамуд, ки Исо Худованди ӯст.
5. Дуои хайр (ояти 18)
Павлус ин бобро бо калимаи “бародарон” оғоз намуд ва ҳамин тавр ҳам анҷом дод. Вай имондорони Ғалотияро дӯст дошта монд.
Барои омӯзиш ва муҳокима
1. Вақте ки бародари ӯ дар гуноҳ ғӯтавар аст, вазифаи масеҳӣ аз чӣ иборат аст? Чӣ тавр мо ба бародари афтода ёрӣ дода метавонем?
2. Кадом бор бисёр мушкил аст, ки онро бояд мо танҳо барем.
3. Агар волидон фарзандонашонро гум кардаанд, мо барои ғамашонро сабук кардан ба онҳо чӣ гуна ёрӣ дода метавонем?
4. Фарқ байни бурдани бори бародар ва ба ӯ ёрӣ додан дар чист?
5. Дар ояти 5 ифодаи “бори худ” чӣ маъни дорад.
6. Тарзи ҳаёти роҳиб бояд чӣ гуна бошад (Ғалотиён 6:6)?
7. Мо ду намуди роҳҳои ҳаёт ва ду намуди даравро омӯхтем. Онҳо кадомҳоанд?
8. Ғалотиён 6:10 дар бораи муносибати махсус гап мезанад. Дар куҷо шумо ин намуди муносибатро дарк намудаед?
9. Кадом масъалаи аввалиндараҷа дар байни имондорони Ғалотиён паҳн гардида буд?
10. Павлус гуфт, ки танҳо як Инҷили ҳақиқӣ буд. Шумо ин гуфтаҳоро дар ояти 14-16 дидед?
Дар хотима:
1. Шумо кадом ҳақиқатҳои навро баъди омӯзиши Нома ба Ғалотиён донистед? 2. Ин омӯзиш ба масеҳона зиндагӣ кардани шумо чӣ гуна кӯмак расонид?
www.dardidil.com << Дарсҳои рӯҳонӣ |