Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Тафсири Юҳанно 3-5

 

ЮҲАННО  3

 

Нақша

 

I. Ниқудимус ва Исо (Юҳанно 3:1-21).

А. Ақидаҳои яҳудиён оиди Малакут.

             

                 1.Қувваи ҷисмонии ҳарбӣ.

 

     2.Таваллуд шудани яҳудӣ  асоси  аъзоӣ мебошад.

 

В.  Ду тавлид зарур аст, ки аъзои Малакут шавед.

 

      1.Ҷисмонӣ  (3:5).

             

                  2. Рӯҳонӣ (3:56).

          a. Тавлиди рӯҳонӣ Худододагӣ аст.

 

          б.  Тавлиди рӯҳонӣ махфӣ аст (3:8).

 

          c. Имон- калидест барои тавлиди рӯҳонӣ (3:15-16).

 

II. Исо ва Яҳёи Таъмиддиҳанда дар  музофот (3:22-30).

А. Ҳодиса: Хизмати таъмиддиҳӣ.

 

В.  Қудрати Исо эътироф шуд.

 

С.  Исо ҳамчун домод мадҳу ситоиш шуд (3:29).

 

III. Хотима: Исо аз ҳама бузургтар аст (3:31-36).

 

 

Марде андар миёни мардон

 

Наполеон, ки соҳиби ақлу заковати беандоза буд, вале ахлоқаш табоҳ буд, одамони қадимро мавриди омӯзиш қарор  медод ва онҳоро бо худ муқоиса карданро дӯст  медошт. Оиди Исо  ӯ чунин гуфт: «Ман фикр мекунам, ки ман чизе аз табиати инсонӣ медонам, ва  ман мегӯям, ки ҳамаи инҳо инсон буданд, ва ман ҳам инсон ҳастам, вале на ба мисли ӯ, Исо бештар аз инсон буд. Искандар, Сезар, Шарлемон ва ман империяҳои бузург созмон додем. Вале офаридаҳои мо ба чӣ вобастагӣ доранд? Ба қувва.  Исо ба танҳоӣ салтанаташро барпо намуд, ки асосаш муҳаббат буд, ва то имрӯзҳо миллионҳо нафар одамон барояш ҷон медиҳанд».

 

          Исо инсоне буд андар миёни инсонҳо. Дар фасли 1 Юҳанно ӯро ҳамчун Худо дар ҷисм  мебинем. Дар тӯи арӯсӣ дар Қоно дар фасли 2 ӯ инсони вақт буд. ӯро бо тамоми тавоноияш дар маъбад бинед, ки дар миёни диндорон ӯ Инсони Имондор буд.

 

          Акнун ӯро боз ҳамчун Инсон андар миёни Инсонҳо дар оромии шаб бо ҷустуҷӯкунанда Ниқӯдимус ва дар деҳа бо Яҳёи Таъмиддиҳанда  мебинед.

 

Ҷустуҷӯкунандаи танҳо, Ниқӯдимус Исоро меёбад (3:1-21)

 

Вақте ки ман таблиқкунандаи 18 солаи асабонӣ будам, ин китоб ваҳйи аввалини ман буд. Ин матн, калимаҳояш  асло кӯҳна намешаванд. Ҳарчанд бештар ӯро меомӯзед, ҳамон қадар он навтар  мегардад. Биёед ба шакле, ки қариб 2000 сол  пеш дошт назар андозем.

 

Яҳудиён Масеҳро муддати дарозе интизор буданд. Омадани ӯ дар Аҳди  Қадим  муфассал  нақл  шудааст. Шаҳри тавлиди ӯ ва маргаш ботафсил  нишон дода шудааст. Вале яҳудиён интизори омадани  подшоҳи сиёсӣ ва  қувваи ҳарбӣ буданд. Онҳо интизор буданд, ки касе меояд ва онҳоро аз румиён озод менамояд. Исо омад ва шумораи кам ӯро ҳамчун Масеҳ эътироф карданд. Бояд қайд  намуд, ки ҳарчанд шогирдони наздикаш Исоро ҳамчун Масеҳ шинохтанд, вале онҳо тамоман табиати рӯҳонии Малакути Худоро то замони мамоти Исо ва эҳтимол  то эҳёшавиаш дарк накарданд.

 

Далели дигаре, ки ба мо дар фаҳмидани вохӯрии Исо ва Ниқӯдимус ёрӣ медиҳад он аст, ки яҳудиён фикр мекарданд, ки агар онҳо яҳудӣ таваллуд шуданд, пас ин калидест ба Малакути Худо.

 

Бо ин ду ақида, ки аз даври пеш омадаанд, ва он замоне, ки Исо оиди тавлиди нав сухан меронд, мусоҳиба бомаънитар мешуд.

 

Ниқӯдимус дар миёни яҳудиён марди диндор, роҳбар, омӯзгор буд. Якчанд рӯйдодҳои шабона дар Библия нишон дода шудаанд, вале ин ҳол  хеле фаврӣ буд, то ин ки барояш то субҳдам интизор шаванд. Мавзӯяш на аъзогии калисо, таъмид, ё андозсупорӣ буд. Ин талаботи асосие буд, ки барои қисми Малакути Худо будан талаб карда мешавад. Ҳозир Ниқӯдимус бешубҳа хеле мехост, вале вай табиати ҳақиқии Малакути Худоро, Подшоҳро, ё вазифаҳояшро намедонист.

 

          Ниқӯдимус сиёсатмадор (дипломат) буд, ӯ Исоро бо додани мақоми олии фиристодаи Худо ситоиш карда буд. Мо бояд қайд намоем, ки барои аъзои Малакути Худо шудан кифоя аст, бигӯем:

(1)  Ман яҳудӣ таваллуд шудам, ё (2) Ман медонам, ки Исо фиристодаи Худо аст, Ниқӯдимус метавонист ин чизҳоро бигӯяд, вале Исо гуфт, ки ягон чизи дигаре бояд рӯй медод, то ин ки ӯ Малакути Худоро бинад.

 

Оё ин маънои онро надорад, ки шахсе, ки дар мамлакати масеҳӣ таваллуд шудааст, волидайни масеҳӣ дорад, ва имон дорад, ки Исо фиристодаи Худо аст, то ҳоло масеҳии ҳақиқӣ нест? Маъноаш ҳамин аст. Ин Ниқӯдимусро ҳамчун шаҳрванди Малакути Худо сифат намедиҳад, ин ҳеҷ  касро сифат намедиҳад.

 

Исо сахтгирона ва аҷоиб ҷавоб медиҳад. ӯ изҳор мекунад, ки кас агар аз олами боло таваллуд намешавад, малакути Худоро дида наметавонад (3:3). Ниқӯдимус инро барқалат фаҳмид, фикр кард, ки Исо дар бораи тавлиди дигари ҷисмонӣ сухан меронад.

 

Дар ояти 4 Ниқӯдимус оиди тавлиди инсонӣ, ҷисмонӣ сухан меронад. Дар ояти 5 Исо ин фикрҳоро давом медиҳад. ӯ мегӯяд, ки инсон барои ба биҳишт рафтан бояд ду таваллуд дошта бошад. Тавлиди якум ҷисмонӣ, об аст. Тавлиди табиати инсонӣ он аст, ки кӯдакро  пеш аз тавалллуд дар об қӯта мезананд. Калимаи таъмид дар ин ҷо хотиррасон нашудааст. Маънои оятҳои 4 ва 6 оиди тавлиди ҷисмонӣ сухан меронад.

         

Сипас Исо оиди талаботи дуюм, тавлиди дуюм сухан меронад. Ин таваллудшавӣ аз боло аст, инсон ё калисо наметавонад онро ҳосил  кунад, вале танҳо аз тарафи Худо. Макони Рӯҳ дар ба вуҷуд овардани ин мӯъҷиза  таъкид шудааст.

 

Исо мегӯяд, ки тавлиди дуюм ба мисли шамол махфӣ аст, ҳамчунон он ҳақиқат ва таъсирбахш аст. Пешгӯии шамол барои инсон қайриимкон аст. Он соҳиби қудрат аст ва метавонад харобиовар бошад, ҳамзамон дар рӯзи офтобӣ ё шаби моҳтобӣ он метавонад ором ва мулоим бошад, Шамол ноаён, вале ҳамзамон таҷрибадор аст. Пас ин бо таҷрибае, ки аз боло меояд. Таҷрибадор будан-ин дидан ва маънӣ доданро намефаҳмонад.

 

          Имон-боварӣ кардан ба Исо, эътимод доштан ба Исо –калид аст.

 

Дар ояти 14 Исо оиди имони шифобахшӣ дар рӯзи Мӯсо, вақте ки аъмоли имон шифо бахшид (Рақамҳо 21:4-9) сухан меронад. Ҳол он ки бисёриҳо аз сабаби надоштани имон ҷон доданд.

 

Дар оятҳои 14 ва 15 Исо марги худ ва натиҷаи имонро ба қисме  аз мардумон пешгӯӣ  мекунад.

 

Ҳамаи ин дар Юҳанно 3:16 гуфта шудааст. Андоза (ҷаҳон), қувва (хеле зиёд), арзиш (фақат Писар ӯ), дарбаргиранда (ҳама), вазъият (имон), натиҷа (ҳаёти ҷовидонӣ)-ҳама аз сабаби муҳаббат.

 

Ин чунин одаме буд, ки Ниқӯдимус барояш рӯзе ҳимоя пешниҳод кард ва баъдтар ҷисмашро барои дафн тайёр кардан ёрӣ дода буд.

 

Инсон миёни инсонҳо дар деҳа (3:22-30)

 

Исо ва шогирдонаш Ерусалимро тарк карда ба Яҳудо рафтанд. Ерусалим дар  музофоти Яҳудо воқеъ гардида буд. Онҳо шаҳрро монда ба минтақаҳои деҳотӣ рафтанд.

 

Шогирдони Исо таъмид шуданд, чуноне ки Яҳёи Таъмидкунанда карда буд. Дар он ҷо, ҷои махсус буд, ки барои таъмид хеле мувофиқ буд, чаро ки оби бисёре дошт. Чун онҳо бо яҳудӣ оиди амали шустани динӣ сӯҳбат карданд дар миёни шогирдони Яҳё саволе ба миён омад. Ва онҳо аз Исо пурсон шуданд. Яҳё тез ин ҳолати қулайро истифода бурд, то ин ки Исоро ҳамчун фиристодаи Худо, Масеҳи ягона ва ҳақиқӣ, ки қудрати Худододагӣ дорад мадҳу сано гӯяд.

         

Яҳё ба пайравонаш гуфт, ки ӯ домод нест, ӯ беҳтарин одами домод буд, ки роҳро барои домод тоза мекард. Исо домод буд, инсони рӯз буд. Дар ояти 29 Яҳё мегӯяд, ки арӯс ба домод тааллуқ дорад. ӯ гуфтанӣ буд, ки имондорон арӯс ҳастанд ва Исо домод ҳаст ва онҳо ба ӯ тааллуқ доранд.

 

Диққататонро ба домод ҷалб кунед, на ба одами беҳтарини домод. Яҳё мегӯяд, «ӯ бояд  нашъунамо ёбад ва ман завол  ёбам».

 

Хотима (3:31-36)

 

Он ки аз боло меояд аз ҳама болотар аст. (3:31)

 

ӯ яке аз пайқамбарони бешуморе нест. ӯ яке аз одамон нест. ӯ инсоне андар миёни инсонҳост, бо ҳама қудрати Худованд.

         

Ба фикри мо ҳама абадияти мо ба Исо вобастагӣ дорад. Агар мо тамоман ба ӯ  ҳамчун Писари Худо боварӣ ва эътимод орем он гоҳ  ҳаёти мо асло тамом намешавад. Дар сифати  ӯ ин абадист ва давомдор аст. Он пардохта мешавад, вале мо бояд онро ҳамчун тӯҳфа қабул  кунем, ки пеш аз, ба василаи, ва ба воситаи инсон андар миёни Инсонҳо-Исо омадааст.

 

Ин фасл  имрӯзҳо ба мо чиро мефаҳмонад?

 

1.     Диндор зода  шудан маънои масеҳиро надорад.

2.     Тавлиди дуюм аз боло, ба василаи қудрати Рӯҳулқудс, зарур аст  барои касоне, ки метавонанд масеҳӣ бошанд.

3.     Калисо ё маросимҳо наҷот намебахшанд.

4.     Тавлиди нав инсонро чунон дигаргун мекунад, ки  медонад, кай ӯ аз нав таваллуд шудааст.

5.     Имон-калидест барои дохил  шудан ба Малакути Худо.

6.     Сухани «Ҳамаи  мо имон дорем» ҳеҷ  касро ба биҳишт намебарад.

7.     Таблиқкунанда, роҳиб, ё рафиқ  ки ба мо Хабари Хуш расониданд завол  меёбад, вале Исо бояд  нашъунамо ёбад (3:31). Исо  сарвари  ҳаррӯзаи мост.

 

 

Пеш аз оне, ки фасли ояндаро оқоз кунед ин оятҳоро аз ёд кунед. Юҳанно 3:3, 16, 18 ва 36.

ЮҲАННО 4

 

Нақша

 

I. Исо Яҳудоро тарк мекунад. (Юҳанно 4:1-4)

 

II. Имон дар сафар ба шахси рондашуда умед мебахшад. (4:1-42)

 

III. Имон дар сафар ба бача ҳаёт  меоварад. (4:46-54)

 

 

Имон дар сафар

 

Ҳар ҷое, ки Худо меравад, ҳамчунин имони ӯ низ  меравад. Агар кас масеҳии ҳақиқӣ  аст, ӯ имони худро ҳар ҷое, ки меравад бо худ мегирад. Мо ин ҳамаро дар мисоли Павлус дар зиндон (Аъмол 16) ва Филиппус дар  биёбон  (Аъмол 8)  равшан дида метавонем. Имонеро, ки бо дигарон бо ҳам  намебинӣ баробари надоштани он аст. Исо дар бо дигарон бо ҳам дидани имон ва ба ин роҳ дар ба имон овардани дигарон намуна мебошад.

 

Дар муддати чор ё шаш ҳафтаи рӯҳонияти худ, Исо, Петрус, Филиппус, Андриёс, Яҳё, Натанъил  ва сарвари динӣ Ниқӯдимусро ба шогирдони  худ  табдил  дод.

 

Рӯҳро ба даст даровардан, ки қисми  табии ҳаёти масеҳӣ  аст, наметавонад мавриди шубҳа бошад. Мо ҳамчунин усули инсон – ба - инсони Исоро  қайд  намоем. ӯ далер буд, ҳамзамон кордон ва дӯстдор буд. Ҳар  куҷое, ки ӯ мерафт, ҳикояи умедаш бо ӯ буд.

 

 

Имон дар сафар ба рондашуда умед мебахшад

(Юҳанно 4:1-42).

 

          Муваффақияти Исо ва Яҳёи Таъмиддиҳанда ба сарварони динӣ мушкилӣ овард. Он замоне, ки миёни анъанапарастон, озодандешии инқилобӣ сар мебардорад, он ҷо ҳамеша мушкили ба миён меояд.

 

Фарисиён хеле суннатпараст буданд, ва Исою Яҳёи Таъмиддиҳанда мувофиқи суннати онҳо амал  намекунанд. Посухи фарисиён сабаби ба дигар музофот фиристодани Исо буд. ӯ Яҳудоро тарк карда ба Ҷалил рафт. Вале ӯ ба воситаи Сомария ҳаракат кард.

 

Аз ин ҳикоя  мо дар  меёбем, ки агар мо бо иродаи Худо амал кунем, ҳатто дар вақтҳои душвортарин барои хизмат шароити қулай хоҳад омад. Бо вуҷуди аз хастагӣ дардманд гаштани пойҳо, Исо барои рӯҳоният дар ҷойҳое, ки интизораш набуданд фурсат меёфт.

 

Чун муносибати сарварони динии Яҳудо нисбати Исо хуб набуд, муддати дарозе сомариён ҳамаи яҳудиёнро бад  медиданд. Яҳудиён чунин фикр доштанд, ки сомариён дунажода буданд. Исо акнун ба минтақаҳои онҳо дохил шуд. Албатта ӯ кӯшиш намекунад, ки имонашро миёни душманони маълум ҷорӣ кунад. Онҳо шояд аз болои ӯ механданд  ва ба ӯ зиёне ҳам  мерасонанд.

 

Дар гармои рӯз, Исо бо шогирдонаш ба чоҳи Еқуб, ки наздикии шаҳри Сухар ҷойгир шуда буд расид. Бо Юҳанно  ки  сурати илоҳиро нишон медод, Исои фавқуттабиӣ, ҳар нигоҳи  инсонии ӯ маънои махсусе дошт. Он яке, ки барои истироҳат додан омад, хаста шуд. ӯ назди чоҳ дам  гирифт (4:6).

         

Одатан занҳо барои об баъди офтобнишин, вақте ки ҳаво  каме салқинтар мешавад, меомаданд. Вале дар ин ҷо зане бо хислати номафҳуме буд, шояд барои ба чашмони бади дигарон нанамудан барвақттар омада буд.

 

Саҳна аҷоиб аст. Шогирдон барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд. Исо, поктарин, комилтарин Писари Худо, танҳо монд. Зан, сомарии нафратангез, рондашуда, ба сӯи чоҳ омад. Барои раббӣ (устод) бо ягон зан гап задан расм набуд. Сӯҳбати яҳудӣ ва сомарӣ хеле қайриоддӣ буд.

 

 Оё Исо қалат карда буд? Оё обрӯяш  паст мешавад? Не. ӯ аллакай фаҳмид, ки ӯ касест, ки бо гунаҳкорон нишастааст.

 

Исо сӯҳбатро бо пурсидани оби нушокӣ сар кард. Зан дар ҳайрат афтод, ки Исо бо ӯ гап мезанад. Нисбати атои Худовандӣ ӯ ҷавоби зебое гуфт. «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: «Ба ман барои нӯшидан об деҳ, ҳоло худат аз ӯ хоҳиш мекардӣ, ва ӯ ба ту оби ҳаёт медод». (4:10)  Беҳтарин чизҳои Худо, тӯҳфаҳо- нур, ҳаво, зебоии табиӣ, саломатӣ, муҳаббат, Писари ӯ, ҳаёти Ҷовидонӣ  мебошанд. Инҳоро харид  кардан амри маҳол  аст. Дар ин оят мо талаботи асосиро мебинем, Атои Худовандии ҳаёти ҷовидонӣ бояд пурсида шавад. Ин шариати осмонӣ  аст. Дуогӯй воситаи лозимӣ аст. Ин фикр  моро бо эътиқоде  мерасонад, ки агар мо дониши пурратар  дорем, мо шояд бештар дуо мегӯем. «Агар Шумо  фақат  медонистед».

 

Вақте ки шахси беимон бо ҳақиқати аниқи рӯҳонӣ рӯ ба рӯ шавад, ӯ одатан кӯшиш мекунад аз онҳо дурӣ ҷӯяд. Якчанд роҳи ин амал мавҷуд ҳаст. Зан бо чор роҳҳои гуногун кӯшиш  намуд:

 

1. Аввал ӯ амал  намуд, ки гӯё ӯ намефаҳмад. (4:11) «Ту зарфе надорӣ ва чоҳ чуқур аст».

 

2. Пас ӯ шӯхиро бо кор бурд, вақте ки дар ояти 15  мегӯяд: «Ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям». ӯ Исоро ба таври ҷиддӣ қабул  накард.

 

Ногаҳон Исо рафти фикрашро тақйир дод ва аз он зан хоҳиш кард, ки рафта шавҳарашро фарёд кунад (4:16). Ин занро водор сохт, ки аз кӯшиши сеюмаш  даст кашад.    

 

3. Зан фиреб кард вақте ки гуфт: «Ман шавҳар надорам». ӯ ҳарду - ҳам дурӯқ мегуфт ва ҳам ҳақиқатро, чун Исо гуфт, ки ӯ панҷ  шавҳар дошт. Исо ба нуқтаи таъсирбахши мушкилии гуноҳ омад. Ин каме ошкоро ва далеронатар ҳисоб карда мешавад. Ин амрест, ки инсон пеш аз оне, ки тавба барояш имконпазир аст, худро ҳамчун гунаҳкор  мешиносад. Ин он вақт аст, ки гуноҳ хабари хуш мешавад. Танҳо он вақте, ки ин хабарҳо маълум мешаванд, инсон метавонад наҷот ёбад. Фақат муқобили пешгоҳи сиёҳи гуноҳ кафорат хабари хуш  шуда метавонад. Агар таблиқгар  ягон хабари зишти гуноҳро надорад, ӯ ҳамчунин ягон хабари зебогии омурзишро нахоҳад дошт.

 

4. Зан роҳи чоруми канораҷӯӣ аз Исоро ба кор бурд. ӯ далелро пеш овард (4:20). Вақте ки ба чизҳои амиқ, хусусӣ, таъсирбахши виҷдон даст расонда шаванд, одамон аксаран оиди чизҳои зоҳирӣ, маросим, расму оинҳо мубоҳиса  мекунанд. Зан масъалаи макони дурусти парастишро пеш овард. Онҳо дар назди кӯҳи Серизин буданд ва ӯ дар ояти 20 гуфта буд, «Падарони сомарии мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд». Ин кӯҳе буд, ки Худо онро муқаддас карда буд, чӣ хеле ки сомариҳо мегӯянд. Яҳудиён эътиқод  доштанд, ки макони парастиш кӯҳи Мория дар Ерусалим мебошад.

 

Шумо дарк кардед, ки зан аллакай розӣ шуд, ки Исо пайқамбар аст, вале ӯ худро дар назди яҳудӣ нороҳат ҳис  кард, барои ҳамин ӯ «фарқияти мазҳабиро» пеш гузошт.

 

Бисёр одамон сӯҳбат карданро оиди масъалаи фарқиятҳои мазҳабии зоҳирқ нисбати таҷрибаи шахсии аз нав таваллуд шудан авлотар медонанд.

 

Исо далели пештараро ҳамчун зина барои ошкор намудани ҳақиқати бузург дар бораи табиати аслии Худо ва парастиши ҳақиқӣ истифода бурд (4:24).

 

Зан аз мавзӯи сӯҳбат берун баромада чунин гуфт, «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод». Исо ба вай гуфт, «Ман, ки бо ту сухан мегӯям, ҳамонам». (4:25-26)

 

Шогирдон баргаштанд ва чун дарёфтанд, ки Исо бо зан сӯҳбат мекунад дар тааҷҷуб монданд. Зан кӯзаашро назди чоҳ гузошта, ба сӯи шаҳр давид, ва ба ҳамагон дар бораи ин одам, ки аз дили ӯ бохабар аст, нақл  кардан гирифт. Агар ӯ ба таври қатъӣ мегуфт, ки Исо Масеҳ буд, эҳтимол аз сабаби обрӯяш онҳо ба ӯ бовар намекарданд. Бо каме нобоварӣ чун ӯ ин ҳикояро нақл  кард, ӯ гуфт, «Оё ӯ Масеҳ аст?» Ва онҳо равона шуданд, то ӯро бинанд.

 

Ҳамзамон, дар назди чоҳ, аз истеъмоли хӯрок даст кашид, чаро ки ӯ аз иҷрои иродаи Худо хеле ҳам  қаноатманд буд. Аз хушӣ, хӯрок ва ҷисм дида чизҳои муҳимтаре низ  мавҷуд ҳастанд.

 

          Чун мардуми шаҳр барои дидани ӯ омаданд, ӯ масали кӯҳнаро ба забон овард, «Оё Шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст. (4:35) Исо дар бораи оммаи  халқе, ки барои шунидани пайқом  меомаданд,  гап  мезад.

         

          Бисьёриҳо бо суханони зан имон оварданд. Шумо метавонед бигӯед, «Ман ҳеҷ  касро бовар кунондан наметавонам». Агар шумо ҳақиқатан эътиқод доред,  метавонед, каси дигареро ҳам эътиқодманд намоед.

 

          Ин ҳикоя ба мо нақл  мекунад, ки на танҳо ҳар  имондор метавонад шоҳиди таъсирбахш бошад, ҳамчунин он ба мо нақл мекунад, ки ҳар  инсоне ки ҳақиқатан имон дорад, бояд шоҳид бошад.

         

          Зан ҳангоми ба шаҳр баргаштан дигаргун буд. ӯ тақйир  ёфт, ва мардумон ба ӯ гӯш  мекарданд.

 

          Барои бисёриҳо, ҳисси кунҷковӣ ба имон табдил ёфт, вақте онҳо Исоро диданд ва суханҳояшро шуниданд. Ба таври қавӣ онҳо дар ояти 42 гуфта метавонанд: «Мо медонем».

 

 

Имон дар сафар ба писарбача ҳаёт меорад. (4:46-53)

 

Охир Исо ба Ҷалил  меояд. Дар ин ҷо дар Қоно ӯ бо дарборие, ки писараш дар Кофарнаҳум бемор буд вомехӯрад. Дарборӣ ӯро ба Кофарнаҳум даъват кард, то ин ки писараш вафот накунад. Исо ба он мард гуфт, «Шумо интизори мӯъҷизаи дигар ҳастед. Ба ҷои инкори суханони ӯ, он  мард гуфт: «Эй оқо! Пеш аз оне, ки писарам бимирад, биё».

Исо ба вай бигуфт: «Бирав, ки писарат зинда  аст». (4:49-50) Ин суханҳои зебо ва тавоноанд. Вай ба суханоне, ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд. (ояти 50  ).

 

Имон  натиҷа  меорад. Имон одамонро ва баъзан шароитро тақйир медиҳад. Он мардро хизматгоронаш бо хабари шифо ёфтани писараш пешвоз гирифтанд.

 

Аз Яҳудои душман, ба Сомарияи зишт, ба Ҷалили дӯст, Исо асари тақйири имонро монд.

 

Имони худро аз дигарон пинҳон намудан бадахлоқӣ мебошад. Имони зинда ин онро бо дигарон бо ҳам дидан аст.

         

Агар ҳаёти шумо мувофиқи роҳи имон дигар шуд, ин аз сабаби файзи Худо ва аз сабаби оне, ки дигарон ин имонро бо ту бо ҳам диданд.

 

 

Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ мебахшад?

 

1.     Ҳар шахсе, ки бисьёр гунаҳкор аст, наҷот намеёбад.

 

2.      Худо ҳар касеро, ки имонро бо дигарон бо ҳам  мебинад, баракат хоҳад дод.

 

3.     Ҳама ба муҳаббати мо ниёз доранд - ҳатто бенавоён, бадкорон ва нохубон.

 

4.     Зарур аст, ки мо чашмҳоямонро кушода, хешон ва ҳамсояҳои наҷот наёфтаи худро бубинем ва онҳоро ба сӯи Исо роҳнамоӣ кунем.

 

5.     Мо соҳиби Каломи Худо ҳастем. Агар мо ба Каломи ӯ итоат кунем, мо ва олами атрофи мо тақйир хоҳад ёфт.

 

6.     Имон бояд бо дигарон бо ҳам дида шавад.

 

7.     Имсол туро ки ба сӯи Исо мебарад?

 

 

Пеш аз омӯхтани фасли оянда ин оятҳоро аз ёд кун: Юҳанно 4:24.

ЮҲАННО 5

 

Нақша

 

I . Мард  шифо ёфт (Юҳанно 5:1-9).

 

II. Муқобилият аз тарафи яҳудиён нишон дода шуд (5:10-18).

 

А. Шариати яҳудиён оиди рӯзи Шанбе (5:10-16).

 

В. Исо мегӯяд, ки ӯ бо Худо баробар аст (5:17-18).

 

III. Исо сабақ медиҳад.

 

А. Асоси тавоноии Исо дар муносибати махсуси ӯ бо Падар мебошад.

 

В. Кори махсусе, ки ба Исо супурда шудааст.

 

1.     Эҳёи мурдагон (5:21).

 

2.     Доварӣ (5:22).

 

С. Эҳтироми махсуси ба Исо дода шуда (5:23).

 

 IV. Шоҳидӣ барои Исо (5:30-40).

    

     А. Шаҳодат ва талаботҳои ӯ (5:31).

 

     Б. Яҳёи Таъмиддиҳанда (5:32-35).

 

V. Яҳудиён айбдор шуданд (5:41-47).

 

 

 

 

 

 

Ошӯбгарии  бо сабаб

 

Аз оқози рӯҳонияти Исо, ҳатто дар таваллудаш, ӯ аз дигарон тафовут дошт. Дар фасли 5 ӯ ба мубоҳисаи аввалин бо сарварони динии давраи худ дохил шуд. Чун касе ин зиддиятҳоро аз фасли 5 то 11 омӯзад, ба чашм чунин мерасад, ки Исо ин зиддиятҳоро барқасдона ба вуҷуд овард. ӯ шариатҳои рӯзи шанберо медонист, ҳамзамон онҳоро вайрон мекард. Шариатҳоеро, ки ӯ вайрон мекард, офаридаи Худо набуданд, балки тафсирҳои инсонии шариати Худо буданд. Исо қоидаҳо ва қонунҳои инсонсохтаро муқаддас ҳисоб намекард. ӯ бо бисёр таълимотҳо, қоидаҳо ва расму оинҳое, ки калисоҳои ҳозира илова кардаанд  зиддият дошт.

 

Ин зиддиятҳо бо ҳокимон то марги Лаъзор дар Юҳанно 11 давом доштанд. Исо даъвои қайримуқарарии бо Худо баробар будан ва доштани қудрат ва қувваи баробари Худоро кард. Дар амал  собит намудани ин даъво, ба мисли аз қабр  эҳё кардани Лаъзор  аз тавоноии мазҳабии ӯ шаҳодат медиҳад, барои ҳамин онҳо ӯро куштанд.

 

 

Муҳит (5 :1-9)

 

Дар давраи иди мазҳабӣ Исо дар Ерусалим буд. Дар он ҷо ҳавзи об буду  беморон интизор буданд ва умед доштанд, ки об онҳоро шифо мебахшад. Одамон фикр мекарданд, ки ҳавзи об дорои шифобахшии махсус аст. Ин мумкин буд, чунки баъзе вақтҳо минералҳои тоза ба ин ҳавз ҷорӣ мешуданд. Ҳоло дар ҷаҳон бисёр ҳавзҳои об мавҷуданд ва одамони зиёде он ҷо рафта саломатиашонро беҳ мекунанд. Шояд онҳо минералҳои махсус доранд, ки аз таги замин меоянд. Исо қудрати шифобахшии обро эътироф намекард.

 

Ин ҷои серодаме буд, ки одамон ин ҷо барои иҷрои эҳтиёҷоташон меомаданд. Ин ҷои муқаррарии шунидани ҳар гуна овозаҳо буд. Номи ошӯбгар - Исо низ ба гӯш  мерасид. ӯ шахси ба ҳама нофаҳмо буд, ва эҳтимол ба онҳо кӯмак  карда тавонад. Онҳо шуниданд, ки ӯ мӯъҷизаҳо мекунад.

 

Исо ба шахсе, ки 38 сол бемор буд саволи аҷибе дод. ӯ пурсид: «Оё мехоҳӣ, ки шифо ёбӣ?». Ин ба он далолат мекунад, ки гӯё баъзе беморон шифо ёфтан намехоҳанд. Шояд ин мард аз қам ва дилсӯзӣ лаззат мебурд. Мумкин ӯ намехост, ки бо масъулияти ҳаёт рӯ ба рӯ бошад. Шояд Исо ин суолро барои он дод, ки бубинад, оё ин мард аз зиндагӣ ноумед аст ё не. Сабаби дигари пурсидани ин суол мумкин он буд, ки Исо мехост ба воситаи мард хатари вайрон кардани рӯзи Шанберо бифаҳмад.

 

Исо се бор фармон дод.

 

1.     «Бихез». Ин коре буд, ки мард карда наметавонист. Тӯли 38 соли охир ӯ роҳ намерафт. Пойҳояш хурд буданд ва аз сабаби беҳаракатӣ хушк  шуда буданд. Ин табиати шӯришгарро ошкор мекард: ӯ чизи номумкинро интизор буд.

 

2.     «Ҷойгаҳатро бардор». Шумо ин ҳолро тасаввур карда метавонед? Чӣ мешуд агар ӯ хеста наметавонист? Чӣ  мешуд агар ӯ каме аз ҷой мехест ва боз меафтид? Тарк кардани ҷойгаҳ дар ҳолате, ки ӯ боз ба он эҳтиёҷ дорад: Вале Исо ба ӯ гуфт, ки ҷойгаҳро бардошта дигар бемор нахоҳед шуд. Баъзе одамон рӯҳан аз хестан шарм медоранд, чаро ки онҳо метарсанд, ки ин корро давом дода наметавонанд.

 

Боз мо шоҳиди табиати шӯришгари Исо шудем, чун ки ӯ шариати Рӯзи Шанберо медонист, ки бардошта бурдани ҷойгаҳ манъ буд.

 

 Бо вуҷуди ин ӯ ба мард фармон дод, ки ҷойгаҳашро гирифта равад. Ин амали эътирофнашудаю  барқасдона ва муқобили меъёрҳои қабулшуда буд. Исо метавонист оҳистакак мардро шифо бахшад ва нагӯяд, ки ҷойгаҳашро гирифта барад.

 

3.     «Бирав». Ин фармони сеюм буд, ки аз тарафи Исо ба марди бемор дода шуд. Аз ҷо хестан талаби имон буд. Роҳ рафтан нишон додани ин имон буд. Сабақи илоҳиро дар ин ҷо омӯхтан мумкин аст. Исо ҳаргиз инсонро танҳо барои истодан ба по нахезонд. Зарур буд, ки имон наҷот дода шавад, вале роҳ рафтан дар ҳаёти масеҳӣ далели имони ҳақиқӣ аст. Касе, ки дар як ҷо мешинад наҷот намеёбад, балки ба воситаи хизмат наҷот меёбад.

 

Шифо додан ба ин мард барои зиддият асос гузошт.

 

Исо ба муқобилият дучор мешавад (5:9б-18).

 

Мавзӯъ Рӯзи Шанбе буд. Диққат кунед, ки яҳудиён шифобахширо маҳкум намекарданд. Онҳо бурдани ҷойгаҳро маҳкум  мекарданд. (5:10)

 

Рӯзи Шанбе рӯзи истироҳат буд. Дар Аҳди Қадим Рӯзи Шанбе рӯзи Шанбе буд. Исо Рӯзи Шанберо бо он тарзе, ки сарварони динӣ ин рӯз мекарданд, эҳтиром намекард. Рӯзи Шанбе нисбати заруриятҳои мардум муҳимтар мешуд. Санҷиши имони шахс он буд, ки оё ӯ Рӯзи Шанберо ба таври пурра иҷро мекунад ё не. Исо инро маҳкум карда гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе». (Марқӯс 2:27)

 

          Баъди омадани Исои Масеҳ ва эҳёшавии ӯ, аз тарафи Исо ва ҳаввориёни ӯ рӯзи нав ҷорӣ шуд. Рӯзи навро Рӯзи Якшанбе номиданд. Исо аз қабр дар рӯзи Якшанбе, субҳдам эҳё шуд. Ин рӯз аввали ҳафта буд, имрӯзҳо низ чунин аст.

 

          Ҳоло ҳам одамоне ҳастанд, ки оиди Рӯзи якшанбеи ҳақиқӣ баҳс  карданро дӯст медоранд. Инҳо хешони рӯҳонии мухолифони динии давраи Исо мебошанд. Онҳо вақти худро дар расмиятпарастӣ гузаронда кӯшиш мекунанд, ки ҳолати рӯзи Шанберо исбот кунанд ва Худованди Рӯзи Шанберо инкор мекунанд.

 

          Барои одамон рӯзи махсусе барои истироҳат ва парастиш даркор нест. Махсус ҷудо кардани  Шанбе ё Якшанбе инсонро фарзанди Худо намекунад. Танҳо Исо, Худованд метавонад инсонро фарзанди Худо кунад. Ҳокимон аввал марди шифоёфтаро маҳкум  карданд. Сипас онҳо Исоро таъқиб карданд, чунки ӯ дар Рӯзи Шанбе мардро шифо бахшид.

(5:16)

 

          Исо аз тарс пас нагашт, балки бо онҳо ба зиддият баромад. Дар ояти 17 ӯ гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекард, ва ман ҳам кор мекунам». ӯ на танҳо талаб кард, ки ӯ Худованди Рӯзи Шанбе аст, ӯ Худоро бо амалҳои худ алоқаманд намуд. ӯ изҳор мекард, ки Худо низ кор карда буд. ӯ ва Худо дар шикаста партофтани анъанаҳои бехудоии ҳокимони динӣ ҳамроҳ буданд.

 

Исо ақидаи зиддиятро барои таълими дарс истифода бурд (5:19-30).

 

Исо изҳор мекард, ки қудрати ӯ дар муносибати ягона доштан бо Худо асос ёфтааст.

 

Мавзӯи оятҳои 19-30: Падар ва Писар як ҳастанд.

 

Ду амали илоҳӣ ба Исо дода шуда буданд: Эҳёшавӣ (5:21, 28) ва Доварӣ (5:22, 27). Худо ба Исо ин қувва, тавоноӣ ва масъулиятро дода буд.

 

Ояти 23 муҳим аст. Баъзе мазҳабҳои динӣ мегӯянд, ки Исо Худои хурд аст, аз Худо хурдтар аст. Исо дар бораи муносибати ягона бо Падар - як ва ягона будан таълим медиҳад. «Як ва ягона» он маъно дорад, ки онҳо як ҳастанд, ҳамзамон онҳо ду нафар бо ягонагӣ дар ҳама соҳа: «�. Ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон, ки Падарро эҳтиром кунанд». (Юҳанно 23)

 

Инсон он вақт  наҷот меёбад  агар ӯ Худо ва Исоро, чуноне ки онҳо талаб мекунанд, қабул  кунад. (5:24)

 

Ояти 24-ро бояд ҳамаи имондорон донанд. Дар он омадааст, кӣ метавонад наҷот ёбад - ҳар  кас. Он дар бораи эҳтиёҷи пайқом мегӯяд - шунидан. Он оиди зарурияти пайқом нақл мекунад - суханҳои ман. Он мегӯяд, чӣ бояд кард то ин ки наҷот ёфт - имон. Он мегӯяд, ки мақсади имон чист - Худо. Он мегӯяд,  ки натиҷаи имон чист - ҳаёти абадӣ.

 

          Ҳамаи таълимотҳои Исо аз таълимотҳои сарварони динӣ, ки талабгори ҳукмронии пурраи дини замин буданд, тафовут дошт. Исои Шӯришгар омад, далерона ҳамаи ҳукмрониро дар замин ва осмон талаб мекард. Сарварони динӣ таълим медоданд, ки ба пеши Худо ба василаи иҷрокунии Шариат расидан мумкин аст. Исои Шӯришгар омад, далерона ҳукмронии шахсиро барои додани хати абадӣ талаб мекард.

(5:26)

 

         

Тамом кардани таълимоти худ дар чунин ҳолат, Исо эълон кард, ки ӯ шоҳидон дорад, ки барои талаб кардан ӯро тарафдорӣ мекунанд.

 

1.     Шаҳодати ӯ, ки онҳо шуниданд.

2.     Шаҳодати Яҳёи Таъмиддиҳанда, арзишнок вале нокифоя буд.

     (5:32-35)

3.     Коре, ки Исо кард. (5:36) Кори меҳрубонии ӯ, мӯъҷизаҳои ӯ, шаҳодат медоданд, ки ӯ он касе буд, ки даъво мекард - Писари Худо –баробар бо Худо.

4.     Худо - Падар аз номи Худ гап зад. (5:37-38)

Суханҳои Худоро ҳангоми таъмиди Исо ба ёд оваред, «Ин аст Писари Маҳбуби ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар ӯст». (Матто 3:17)

 

Баъди шифоёбии мард дар Рӯзи Шанбе ва қаҳркунии ҳокимони яҳудӣ, баъди даъво кардани баробарӣ бо Худо дар ҳуқуқи додани ҳаёт ва доварӣ, Исо бо маҳкумкунии яҳудиён хотима мебахшад (5:41-47).

         

Исо меҳрубон буд, ҳамзамон ӯ далерона сухан мекард. Нишон додани меҳрубонӣ ва муҳаббат аз хеле эҳтиёткор будан ва нарасидан ба нафси дигарон далолат мекунад. Муҳаббат ба шахс гуфтан дар бораи даҳшати гуноҳ ва оқибатҳои онро дар бар мегирад. Муҳаббат ислоҳ мекунад ҳарчанд ин дарднок аст. Исо қайримуқаррарӣ буд : Бештар ӯро хуш намедиданд, чаро ки  ӯ Шӯришгар буд. ӯро бад медиданд. ӯ мурд. Барои он ки ӯ дар байни ноҳақон зиндагӣ мекард ва ҳақиқатро мегуфт.

 

Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ мебахшад?

 

1.     Мо бояд расму русуми диниро пайравӣ кунем, агар онҳо Инҷилӣ бошанд.

 

2.     Итоаткорӣ ба фармонҳои Исо шодӣ ва саломатӣ меорад.

 

3.     Ҳеҷ  кас наметавонад гунаҳкории худро шифо бахшад, агар ӯ хоҳиш надорад ва аз Худо кӯмак намепурсад.

 

4.     Исо офаридгори Худо нест. Исо Худо аст ва бо Худо баробар аст.

 

Пеш аз оне, ки фасли ояндаро сар кунед ин оятро аз ёд кунед. Юҳанно 5:24.





<< Дарсҳои рӯҳонӣ