www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Тафсири Юҳанно 6-10ЮҲАННО 6
Нақша
1. Исо мардумони зиёдеро хӯрок медиҳад. (Юҳанно 6:1-15)
2. Исо бар об қадам мезанад. (6:16-21)
3. Мардумон дар ҷустуҷӯи Исо. (6:22-24)
4. Мусоҳибаҳо дар Кофарнаҳум ба вуқӯъ пайвастанд. (6:25-29)
5. Одамон бо таълимоти Исо аксуламалро омехта карданд. (6:60-71)
А. Аксарият. (6:60-66)
Б. Ақаллият . (6:67-71)
Нон аз Осмон
Исо изҳор мекард, ки ӯ сарчашма ва пуштибони ҳаёт - ҳаёти осмонӣ мебошад.Чун хӯрок дар тан аст, ҳамчунин Исо мегӯяд, ки ӯ дар рӯҳ аст. Хӯрок ҷисмро муддати кӯтоҳ нигоҳ медорад. Исо бошад ҷонро абадан нигоҳ медорад. Хӯрок муваққатан муҳофизат мекунад, Исо абадан муҳофизат мекунад.
Дар фасли 6 мо ду нишонаи бузургеро, ки аз тарафи Исо нишон дода шуда буданд мебинем. Инҳо нишонаҳои чорум ва панҷум, ки дар Инҷили Юҳанно дарёфт шудаанд. Ин нишонаҳо хӯрондани мардумони зиёд ва роҳ рафтан аз болои об мебошанд, ки барои мухолифати дуюми бузург дар роҳи Калворӣ фурсат ва асос пайдо кард.
Исо мардумони зиёдеро хӯрок медиҳад (6:1-15)
Ин танҳо як мӯъҷизоти Исо мебошад, ки дар ҳар Чор Инҷил сабт шудааст.
Ин аҷоиб аст, ки писарбачае хурде тавонист дар Каломи Худо сарсуханҳое созад. Инҳо натиҷаи таслим ҳастанд.
Исо маълуму машҳур буд. Барои бисёриҳо ин маънои озодона нишон додани мӯъҷизот мебошад, ҳарчанд он хоҳиши Исо набуд. Панҷ ҳазор мард, ба қайр аз занон ва кӯдакон дар атрофи ӯ ҷамъ шуданд. Ин нуқтаи танҳо ва ором буд, вале на ҳозир. Ин дар арафаи хӯроки нисфирӯзқ буд, ва мардум ба он тайёр набуданд. Шубҳае нест, ки шогирдон аз ҷамъ шудани чунин одамони зиёд асабонӣ буданд. Онҳо ҳатто раиси тартиботро даъват накарданд.
Исо Филиппусро пурсон шуд, ки аз куҷо онҳо хӯроки кофӣ дастрас кунанд. Филиппус сарашро хорида носанҷида гуфт, «Агар ба ҳама миқдори ночизе расад, он хеле қимат хоҳад буд». Дар ҳақиқат Исо имони Филиппусро санҷиданӣ буд, ва ин имон хеле кам буд.
Мо намедонем, ки Андриюс шӯхӣ кард, ё ӯ имони комил дошт, вақте ки ӯ писарбачаеро ба пеши Исо овард ва дар дасташ панҷто нон ва ду моҳӣ дошт. Бо нигоҳи ноумедона Андриюс гуфт: «Кам аст, ҳамин тавр не?», агар ман аз моҳигирӣ ба хона ин хел кам меовардам, оилаам гурусна мемонд. Вале барои 5.000 нафар ин қайриимкон аст.
Исо амр кард, ки одамон дар атрофи мизҳои алафӣ нишинанд. ӯ нон ва моҳиҳоро гирифта баракат дод (Эҳтимол мо бештар хоҳем дошт агар мо миннатпазир бошем. Оё мо пеш аз хӯроки гузашта ба Худо миннатдорӣ баён кардем?).
Хӯрок тақсим карда шуд, ва баъде ки мардум то чӣ андозае, ки тавонистанд истеъмол карданд, боқимондаашро ҷамъ карданд, Исо таълим медод, ки сарфакор бошем, вақте ӯ гуфт ки ҳар пораи нохӯрдаи нонро ҷамъ кунанд. Онҳо 12 сабадро пур карданд.
Чӣ заминаест барои таълими мардум оиди ҳақиқати бузурги илоҳӣ, ки Исо нони Осмонӣ аст, барои тамоми олам кофӣ аст.
Исо дар баҳр қадам мезанад (6:16-21)
Пеш аз оне, Ки Исо худро ҳамчун нони осмонӣ муаррифӣ кунад, фосилаи кӯтоҳе буд.
Исо аз оммаи мардум ҷудо шуда, ба теппа рафт ва он ҷо танҳо ба ибодат машқул шуд. Шогирдон ба кӯл рафта сафарашонро қад-қади Кофарнаҳум сар карданд. Дар чунин шаби торик ва шамол, мавҷҳо канораҳои киштиро бошиддат шуста, тӯфон сахттар мешуд. Инҳо мардони баҳр буданд. Вале бо вуҷуди ин онҳо тарсиданд. Исо дар об қадамзанон омад. Ҳамчуноне, ки ӯ одатан ба мардумони бо душворӣ рӯ ба рӯ шуда мегуфт, ба шогирдонаш низ чунин гуфт: «Натарсед, ин Ман ҳастам». Онҳо ӯро ба киштӣ шинонданд, ва боқимондаи сафар вақти хеле камро гирифт. Библия чунин мегӯяд, ки худи ҳамон замон киштӣ ба соҳил расид. Бо тӯфон ва тарс, ҳар сафар ва ҳар рӯз хеле тӯлонӣ аст. Бо оромӣ, бехатарӣ ва бо ҷараён, гузаштани вақт ба назар намерасад.
Чӣ хеле, ки мо бояд дарсеро ки Исо ҳамеша бо мост, омӯзем, онгоҳ ҳоҷати тарс нахоҳад буд. Мавҷудияти тарс, набудани Исоро нишон медиҳад.
Ба шахсе, ки аз шабҳои торик дар тарс аст, Исо ҷавоб аст. Ба шахсе, ки аз марг ва қабр метарсад, Исо ҷавоб аст.
Одамон дар ҷустуҷӯи Исо ҳастанд (6:22-24)
Рӯзи дигар одамон Исоро дар ҷое, ки ӯ одамони зиёдеро хӯрок дода буд, ҷустуҷӯ мекарданд. Онҳо рафтани ӯро надиданд ва фикр мекарданд, ки ӯ ба Кофарнаҳум баргашт. Онҳо ба киштиҳояшон баргаштанд ва ба Кофарнаҳум рафтанд он ҷо ӯро ёфтанд. Исо баъдтар бештар дар бораи оне, ки ӯ кист ва вазифааш дар замин чист ба мардум таълим медод
Нони Осмонӣ, нони Ҳаёт (6:25-59)
Исо изҳор намуд, ки мардум ӯро барои дарёфт кардани нони муфт ҷустуҷӯ мекарданд.
Ин ҳамеша душворқ буд. Дар баъзе ҷойҳо бо якчанд доллар «Пайравони Исоро» харидан мумкин аст. Ман як гурӯҳеро медонам, ки аз мазҳаб ба мазҳаби дигар гаравиданд, танҳо барои он, ки ба онҳо пули зиёде ваъда карда шуда буд. Дар мамлакатҳои сусттараққӣ, гурӯҳи одамонеро, ки мазҳабашонро дигар мекарданд, агар ба онҳо ёрии моддӣ расонда шавад, ёфтан кори осон аст. Ин «Пайравон», албатта, масеҳиёни ҳақиқӣ нестанд, ва онҳо ба мисли он одамонеанд, ки аз паи Исо барои дарёфти нони муфт омада буданд.
Чаро мо пайравони Исо ҳастем? Оё мақсади мо хушбахтӣ аст? Бехатарӣ? Шодӣ? Инҳо маҳсули фарзии шогирдӣ мебошад, вале онҳо ҳеҷ гоҳ набояд мақсади асосӣ шаванд. Бисёриҳо бештар дар талаби нон ва моҳӣ ҳастанд, на Нони Ҳаёт- Исо.
Исо афзалиятҳои комилро ҷорӣ намуд, вақте ки ӯ ба хӯроке, ки абадист ва ҳаёти абадӣ ато мекунад диққат ҷалб карданро талаб мекард. Худи ҳамон замон одамон ба хатогӣ роҳ доданд, вақте ки онҳо пурсиданд, ки барои писанди Худо шудан кори хубро ба анҷом расонанд (6:28). Одамон муддати зиёде фикр мекарданд ки ба василаи кор наҷот меёбанд.
Роҳи ягонаи наҷот дар ояти 29 баён шудааст, вақте Исо мегӯяд, ки кори ягона ин имондорӣ аст. Мо медонем, ки баъди имон ба Исо корҳои хуб меоянд, чунки мо наҷот ёфтаем.
Рӯзи пеш одамон диданд, ки Исо нон дода буд, ҳоло онҳо нишон мепурсанд. Онҳо гуфтанд, «Авлодони мо дар биёбон нон (манн) хӯрданд». (Дар бораи манн шумо дар Хуруҷ 16:4-15 хонда метавонед). Одамон дар ҳайрат буданд, ки ӯ метавонад аз Мусо кори бузургтаре кунад. Исо гуфт, ки маннро Худо фиристод на Мӯсо.
Исо талаб мекунад, ки ӯ Нон аст ва ба ҳамаи онҳое, ки ба ӯ ва кори ӯ имон доранд, ҳаёти ҳақиқии абадӣ мебахшад.
Манн дар биёбон аз тарафи Худо дода шуд ва ҷисмро муваққатан нигоҳ дошт. Вале одамон мурданд: он ҷо ҳадде буд, (6:32, 49) Исо гуфт, ки ӯ аз манн бузургтар аст, онҳое, ки ӯро мехӯранд ҷовидонӣ зиндагӣ хоҳанд кард.
Албатта одамон аслан ҷисм ва хуни Исоро намехӯранд. Исо дар ҳолате истифода бурда шудааст, ки хӯрдани нон ва моҳӣ аз тарафи оммаи мардум, ҳамчун шароити қуллай барои омӯзиши ҳақиқати илоҳӣ хизмат мекард. ӯ наздик будани маргашро дар назди оммаи мардум муаррифӣ карда буд, ки он замон ҷисм ва хунаш ҳамчун қурбонқ дода хоҳад шуд.
«Ҷисми ӯро хӯрдан» маънои ширкат варзидан дар хайру эҳсони шахсият ва кори Исоро дорад. Ин маънои ботинан пазируфтани ҳаёт ва мақсадҳои Исо мебошад. Ин сипас бароямон хӯрок мешавад, ки ҳаёти навро ҳосил мекунад (6:56). Мо набояд инро бо шоми Худоӣ аралаш кунем, ки то ҳол бо он шиносоӣ пайдо накардаем.
Дар ояти 57 Исо гуфт «Касе, ки Маро бихӯрад ба василаи Ман зинда хоҳад монд». Аз сабаби он, ки мо ба Исо ҳамчун озодкунанда ва Наҷотбахш имон дорем, мо ӯро ба зиндагии худ таклиф мекунем, ки ба мо раҳнамоӣ ва қувва бахшад.
Павлус бисёр вақт истилоҳи «Исо дар Ман», ё «Исо дар Ман, умеди ҷалол»-ро истифода мебарад. Аз сабаби имон ба ӯ Исо дар Мо зиндагӣ мекунад.
Ин ғояи пурра барои оммаи мардум қайриоддӣ буд, зеро онҳо интизор буданд, ки Исои Масеҳ Малакути пурқудрати заминиро ташкил медиҳад. Онҳо то кунун дар иштибоҳ буданд ва танҳо оиди сатҳи моддӣ фикр мекарданд.
Мухолифат ва вақти хулосабарории махлутшуда (аралашшуда) (6:60-71)
Ҳар касе, ки паёми равшани Исоро мешунавад, бо интихоб рӯ ба рӯ мешавад. Ин ихтиёрқ аст, вале ҳар кас бояд ба хулосае ояд. Одатан миқдори ками одамоне ҳастанд, ки ба Исо содиқ ҳастанд, ва бисёриҳо аз ӯ рӯй метобанд.
1. Аксарият рӯй гардонданд.
Онҳо мегӯянд «Ин сухан хеле мушкил аст». Ақидаҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ мавқеъиятёфтаи онҳо ин пайқомро пазируфта наметавонад. Ин ба мафҳуми маълуми онҳо оиди роҳи Худовандии озодкунӣ мувофиқ намеояд.
Имрӯзҳо бисёр диндорон, ки ақидаҳои қавии шахсӣ доранд, барои пазируфтани роҳи Худо душворӣ мекашанд. Бисёре аз ин ақидаҳо ба онҳое, ки оммаи мардуми дар гирди Исо омадаро ба ташвиш андохта буданд, монанд ҳастанд. Ин ба воситаи суоли «Чӣ бояд кард, то ин ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?» (Ояти 28). Одамон бисёр вақт аъмоли писандидаи Худоро мекушанд ва ба воситаи кӯшиши худ ба аъмол рӯй оварданӣ мешаванд. Ин кори беҳуда аст.
Онҳое, ки рӯ гардондаанд имондорони ҳақиқӣ набуданд. Онҳо пайравоне буданд, ки ҳисси ҷӯяндагиро доштанд. Онҳо ҳеҷ вақт Худро ба Исо таслим накардаанд.
2. Миқдори каме ба ӯ пайравӣ карданд (6:67-71).
Масеҳияти ҳақиқӣ ихтиёрӣ аст. Исо ҳатто ба шогирдони наздикаш интихоби давом додани пайравӣ ё накарданро дода буд. Баъзе вақтҳо, ки аксарият аз ҳақиқат рӯй мегардонданд, барои аққалият, ки имондор монда буданд хеле душвор мешуд.
Баъзеҳо ба таъсироти иҷтимоии дар аққалият мавҷудбуда тоқат карда наметавонанд. Баъзе вақтҳо имондор мондан хеле гарон меафтад.
Вале он вақт оромии амиқ меояд, ки касе қодир бошад, ба Петрус бигӯяд, «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди туст, ва мо имон овардаем ва донистаем, ки ту Масеҳ -Писари Худои Ҳай ҳастӣ» (6:68).
Хотима
Кадом гурӯҳ қалаба кард? Агар аз рӯи рақам пайравӣ кунӣ онҳое, ки рӯй тофтанд, пирӯз буданд. Агар аз рӯи суботи имон ва маҳкум кардан муносибат намоӣ, он гоҳ аққалият қолиб буданд.
Ба кадом гурӯҳ шумо ҳамроҳ хоҳед шуд? Ин интихоби шумост ва шумо бояд интихоб намоед. Шумо бо хулосаи худ зиндагӣ мекунед, пас интихоби дуруст кунед, на интихоби осонтар ва ба ҳама маълуму машҳур.
Тақдири ҷовидонии мо аз он вобастагӣ дорад, ки мо дар бораи Исо- -Нони Осмонӣ чӣ хулоса дорем. Хӯрдан ва зиндагӣ кардан.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маъно мебахшад?
1. Исо моро баракат медиҳад агар мо худро тамоман ба ӯ таслим кунем.
2. Бешубҳа,зиндагӣ ба касе, ки мегӯяд: «Ман чизе надорам, ки даҳьяк бидиҳам» мушкил аст. Далели имони кам ва бо дигарон бо ҳам дидани миқдори каме ки мо дорем, метавонад сабаби доштани имони ночиз бошад.
3. Вақте, ки ташвишҳо пеш меоянд, Исо тайёр аст ёрӣ диҳад агар мо ба ӯ нигоҳ кунем.
4. Исоро танҳо барои бехатарӣ, хушнудӣ, ва фоидаҳои моддӣ пайравӣ кардан ин худпарастӣ аст.
5. Мо набояд шарм дошта бошем агар аксарият Исоро пайравӣ накунанд.
6. Масеҳии ҳақиқӣ ҳамеша дар аққалият аст. ӯ ҳамеша таҳти таъқиб ва азобу шиканҷа аз ҷониби аксарият мебошад.
Оятҳо барои аз ёд кардан. Юҳанно 6:20, 37.
ЮҲАННО 7
Нақша
I. Тасодуф ё воқеъа: Иди Хаймаҳо (Юҳанно 7:1-18).
II. Исо дар ид гувоҳӣ медиҳад (7:10-39).
А. Исо оиди сарчашмаи таълимоташ гувоҳӣ медиҳад (7:14-24).
1.Таълимоташ аз они Худаш нест, он аз они Худо аст (7:16).
2. Ҳақиқати (таълимоти ӯ) барои онҳое, ки хоҳиши ба ҷо овардани иродаи Худоро доранд, дастрас аст (7:17).
3.Таълимоташ дар асоси хоҳиши ҷустани ҷалоли худ набуд (7:18).
В. Исо вобаста ба Масеҳ гувоҳӣ медиҳад (7:25-39).
III. Ҷавоби мардум (7:40-52).
А. Аққалият ба Исо имон оварданд (7:41, 50).
В. Аксарият ба Исо имон наоварданд (7:41б, 44-49).
Шаҳодат дар маъбад
Исо дар паҳн кардани Инҷил хеле босубот буд. ӯ интизор набуд, ки муқобилонаш ба пеши ӯ меоянд: ӯ ба пеши онҳо мерафт. Ин маънии онро дорад, ки Исо таълимоти худро дар маъбад ё калисо мегузаронд. Он чизе, ки ӯ дар ин ҷойҳо мегуфт, нишон медод, ки ӯ ба сарварони динӣ ташвиш буд. Зиддияти зиёдшудаистода дар фасли 7-уми Инҷили Юҳанно ба чашм мерасад.
Воқеъа: Исо дар Ҷалил
Исо дар Ҷалил монд, чунки барояш ба Яҳудо баргаштан хатарнок буд. Бо вуҷуди ин ӯ ба хулосае омад, ки ба Иди Хаймаҳо, ба Ерусалим биравад. Дар роҳ ӯ аз оилааш хабар гирифт. Бародаронаш инчунин ба ид рафтанӣ буданд. Барои оилаҳои калон ва дӯстон якҷоя ба ид рафтан одат буд. Бародарони Исо дохилшавии ботантанаро ба Ерусалим бо аҳли оилаашон бо раҳнамоии марди мӯъҷизакор- Исо тасавур мекарданд. Шояд онҳо ба Исо гуфтанд, «Ҳоло фурсати хуб аст барои сиёсат». Оммаи халқ он ҷо хоҳанд буд ва онҳо дар бораи Исо ҳар хел гапҳо шунида буданд.
Исо нақшаи моддии бародаронашро дид ва эҳтимол фикрашро дар бораи ба ид рафтан дигар кард. Дар охир ӯ нахост, ки бо гурӯҳи калоне ба шаҳр ботантана ворид шавад.
ӯ ба бародаронаш гуфт, ки онҳо ба ид бираванд. Исо гуфт, ки ҳоло вақти ӯ наомадааст. Исо донист, ки одамон бародаронашро қам намедиҳанд, чунки онҳо низ монанди дигарон талаботу ғояҳои якхела доштанд. Ояти 8 ошкор месозад, ки Исоро барои доштани андешаҳои қавие, ки ба фикрҳои аксарият мувофиқ набуданд, бад медиданд.
Исо дар ид доварӣ мекунад 7:14-24
Иди хаймаҳо он рӯзҳоро хотиррасон мекунад, ки исроилиҳо дар биёбон, дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд. Ид 8 рӯз давом кард. Исо дар рӯзи чаҳорум худро ошкор кард.
1. Исо оиди сарчашмаи таълимоташ доварӣ мекунад.
Исо дар муносибаташ бо Худо Худро хеле бехатар ҳис менамуд ва ӯ бо тамоми тавоноиаш гап мезад. Ҳар гоҳе, ки ӯ сухан мегуфт мардум мехост ё ӯро бикушад, ё ӯро пайравӣ кунад.
Ҳар як масеҳӣ бояд дорои чунин далерӣ ва тавоноӣ бошад. Тавоноӣ ба дараҷаи додагии мактаб вобастагӣ надорад. Шаҳодатнома ё диплом он тавоноӣ ва таълимотеро, ки Исо дошт надоранд.
2. Мо бояд қайд кунем, ки Исо гуфт, таълимоташ аз они Худаш набуда, аз они Худо аст (7:16).
Яҳудиён дар ҳайрат монданд, ки Исо ин хел бисёр медонад, ҳол он ки ӯ ба ягон коллеҷе ё назди рабби (муаллимҳо) нарафтааст. Исо ҳамчун донишҷӯй дар бисёр мактабҳои Библия ва донишгоҳҳои динӣ сифат дода намешавад. Агар ӯ ба бисёр калисоҳои Иёлоти Амрико равад онҳо хоҳанд пурсид, ки ӯ кадом донишгоҳи диниро хатм кардааст. ӯ ба роҳиб он калисоҳоеро, ки дараҷаро бо қобилият як медонистанд сифат нахоҳад дод.
Исо муқобили маълумоти олӣ набуд, вале ӯ медонист, ки асрори қудрат ва хирад дар даъват ва хости Худо буд. Роҳиб метавонад нотиқи хуб бошад, вале нотавон. Эҳтиёҷи мо доштани сарварии Худододагии хирад ва қудрат мебошад.
Исо тез ба мардум гуфт, ки пайқом ва тарзи зиндагии ӯ аз Худо омадааст, на аз инсон. ӯ намунаи сазовор аст.
3. Исо ҳамчунин изҳор кард, ки ҳар он касе, ки хоҳиши ба ҷо овардани иродаи Худоро дорад, метавонад таълимоти Худоро донад (7:17).
Худо ба мардуме, ки воқеан мехоҳанд дархостҳои ӯро иҷро намоянд, ҳақиқатро ошкор мекунад. Инсоне, ки мехоҳад баҳсу мунозира кунад ва файласуфона худро ҷалол бахшад, ҳақиқатро намефаҳмад (7:18).
Дар оятҳои 19-23 Исо диққаташро ба Мӯсо ва Шариат мегардонад. ӯ изҳори сахт карда буд, ва бо ин сарварони яҳудиро ранҷонд. Яҳудиён дар рӯзи Шанбе кори хеле кам мекарданд, вале дар он ҷо шариате буд, ки ҳар писарбача бояд дар рӯзи ҳаштум баъди таваллуд хатна карда шавад. Агар рӯзи ҳаштум дар Рӯзи Шанбе афтад шариат дар канор гузошта шуда, кӯдак бояд хатна карда мешуд. Исо яҳудиёнро барои иҷро накардани Шариат, ки онро хеле эҳтиром мекарданд, айбдор кард. Баъд ӯ пурсид, чаро онҳо кӯшиши куштани ӯро доранд. Агар онҳо метавонанд, писарбачаро дар рӯзи Шанбе хатна кунанд, пас ҳангоми шифо бахшидани мард дар Рӯзи Шанбе ӯ кадом кори нодурустро карда буд?
Доварии Исо, ки ӯ Масеҳ аст душвориҳои бештареро пеш овард (7:25-39).
Бисёр монеъаҳое буданд, ки инсон ҳангоми пазируфтани Исо ҳамчун Масеҳ бо онҳо рӯ ба рӯ мешуд.
1. Умуман чунин эътиқод доштанд, ки Масеҳ ба тарзи асрорангез ва ботантана хоҳад омад.
2. Масеҳ бояд яҳудӣ бошад, ва аз Байт-Лаҳм омада бошад. Бисёр одамон фикр мекарданд, ки Исо аз Ҷалил мебошад.
3. Проблемаи сеюм он буд, ва одамон чунин фикр доштанд, ки Масеҳ пуштибони қавии Шариат хоҳад буд. Исо чуноне, ки раббиҳо онро тафсир доданд ба Шариат тамоман бепарвоёна муомила мекард.
Исо мувофиқи тасаввуроти одамон ифодакунандаи Масеҳ набуд.
Якчанд бор ҳукуматдорон хостанд Исоро ҳабс кунанд, ва акнун посбонон фиристода шуданд, то ӯро дастгир кунанд (7:32).
Посбонони мусаллаҳ барои дастгир кардани Исо омаданд. Исо фақат гуфт: «Боз муддати каме Ман назди Шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам» (7:33). ӯ оромона марги фарорасидагии худро пешбинӣ мекард. Чун ҳарвақта, яҳудиён нафаҳмиданд.
Ид ва рӯзи хеле муҳим дар арафаи ба охиррасӣ буд (7:37). Дар ин рӯз танҳо барои яҳудиён қурбонӣ пешниҳод мешавад, дар ҳафт рӯзи пеш қурбонӣ барои халқҳои дигар низ пешниҳод мешуд.
Дар он рӯз ҳеҷ коре накарданд. Хондани Шариат ба итмом расид. Дар он ҷо маросими кашидани об аз ҳавзи Силоам буд. Рӯҳони зарфи тиллоиро аз об пур мекард. Ҳодиса ботантана буд. Вақте ки обро аз дарвозаи маъбад гузаронданд карнайҳо менавохтанд. Обро бо шароб омехта дар қурбонгоҳ бар сари қурбонӣ рехтанд.
Дар вазъияти ботантанаи парастиш Исо бархост ва фарёд кард (7:37). Боодоб? Ботамкин? Хушодоб? Девона? Ба баъзе одамон Исо девона намуд. ӯ гуфт, «Ҳамаи маросимҳои шумо дар бахшидани ҳаёт холӣ ва бемаънӣ ҳастанд. Танҳо ман ягона одаме ҳастам, ки ба одами ташна ва гурусна кӯмак кунам» (7:37-38).
Дар миёни бисёр маросимҳо ва расму оинҳо дар калисоҳо, дар бораи ҳаёти заминӣ гап кам буд? Исо метавонист ҳозир дар миёнаи ибодат бархоста нидо кунад, «Ба ман имон оваред!».
ӯ метавонист бигӯяд, «Шумо асоси ақида ҳастед, вале меваҳои Рӯҳ куҷоанд?» Ё ӯ метавонист бигӯяд «Оинҳои Шумо зебо ва амиқанд, вале куҷост тавоноӣ?» Ё ӯ метавонист бигӯяд, «Шумо Китоби дуо дореду, вазифаи шумо чӣ аст?».
Одамон аз рӯи ақида бо Исо ҷудо шуданд (7:40-52).
Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ пайқамбар буд (7:40). (Баъзе динҳо то ҳоло ӯро яке аз пайқамбарон мешуморанд). Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ Масеҳ набуд, танҳо кам касон имон доштанд, ки ӯ Масеҳ аст. Баъзеҳо хостанд ӯро дастгир кунанд, вале тарс доштанд.
Посбонон ба пеши сарроҳиб баргаштанд, вале бе Исо (7:45). Онҳо изҳороти бузург карданд вақте ки гуфтанд, «Касе монанди ин шахс сухан нагуфтааст!» (Ояти 46). Суханони Исо мардумро дар ҳарос гузоштанд. Посбонон аз аъмоли омма тарсиданд, агар онҳо Исоро дастгир мекарданд. Фарисиён оммаи мардумро бо гуфтани он ки онҳо шариатро намедонанд тахқир карданд, барои ҳамин онҳо таҳти нафрати Худо қарор доштанд.
Тӯли асрҳои зиёд сарварони динӣ марди оддиро-агар ӯ дар таълимоти динӣ дониши кофқ надошта бошад, паст мезаданд. Фарисиён метавонистанд бигӯянд: «Он одамон кордон нестанд. Онҳо чӣ мефаҳманд» (7:37-38).
Ниқӯдимус мансаб ва эҳтироми худро дар хатар гузошт, вақте ки ӯ Исоро муҳофизат кард. Ба пеши Исо шабона омад. Ҳоло ӯ Исоро тарафдорӣ мекард.
Вақте ки ту миёни душманони Исо ҳастӣ, мақомат чист? Вақте ки кас ваъда медиҳад, камакак ба номи Исо савганд мехӯрад, шумо чиро ҳис мекунед? Вақте ки ӯ дар ту зиндагӣ мекунад, Одамони ташна хоҳанд гуфт «Ба мо дар бораи ӯ нақл кун». Бо аққалият бош, ҳамчуноне ки онҳо ба ёд меоранд ва ӯро эҳтиром мекунанд.
Бо аққалияти шифоӣ бош ҳамчуноне, ки дигарҳо дар ҷӯстуҷӯи ӯ ҳастанд.
Бо аққалият бош вақте онҳо ба Падар ба василаи ӯ дуо мекунанд. Ба ӯ бо аққалият ҳангоми парастиш, дуо ва бо сипосгузорӣ саҷда кун.
Оне, ки баҳрро ором кард, маъюбро шифо бахшид, мурдаро эҳё кард, гиря кард-сазовор аст, ки мо ӯро пуштибонӣ кунем.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ дорад?
1. Мо душманон дорем агар мо масеҳиёни қавӣ ҳастем (7:7).
2. Ҳар имондори Исо аз Худо пайқоме дорад, ки олам бояд онро шунавад. (7:16)
3. Ба воситаи меъёрҳои зоҳирӣ , ки аз тарафи инсон сохта шудаанд доварӣ накунед. (7:24)
4. Ризоият ва сулҳ танҳо ба василаи Исо меояд (7:37).
5. Вақте мо як бор оби ҳаётро хӯрдем мо масъулиятдор ҳастем, ки ба рафиқи ташна дар ёфтани ин об-Исо кӯмак кунем (7:38).
6. Шахс метавонад соҳиби пайқом ва қудрати Худовандӣ бошад, ҳатто агар ӯ таълимоти расмӣ нагирифта бошад ҳам (7:15).
7. Мо қуломи қоидаҳое, ки инсон сохтааст нестем: мо пайравони рӯҳи Исо ҳастем.
Оят барои аз ёд кардан. Юҳанно 7:38.
ЮҲАННО 8
Нақша
I. Зани гунаҳкор аз зино (Юҳанно 8:1-11).
II. Нури ҷаҳон (8:12-59).
А. Нур ба ҷаҳон аст (8:12).
В. Нур ҳаётро тақъир медиҳад (8:12).
С. Нур абадӣ аст (8:12).
Д. Худо шаҳодат медиҳад, ки Исо Нур аст (8:14-19).
Е. Исо Нурест, ки Худо фиристод (8:16, 26, 29).
F. Нур озод мекунад (8:31-59).
Нури Ҷаҳон
Ҳаёт бо Нур алоқаи зич дорад. Дар фасли I-и Инҷили Юҳанно Исо бо мо ҳамчун Ҳаёт ва Нур шиносонда шудааст.
Марг ва торикқ низ вобастагии зич доранд. Ин аҷиб аст, ки одамони зиёде торикиро дӯст медоранд, ҳол он ки онҳо аз марг метарсанд. Гуноҳ одатан иттифоқчии торикӣ ва рафиқи наздики марг аст.
Исо ба замин омад, то ки Нури Ҳақиқӣ барои ҳамаи одамон бошад. Бисёр одамон ӯро пайравӣ намекунад, чаро ки тамоми ҳаёташон пур аз гуноҳ аст.
Барои зани зинопараст, Исо Нур буд (8:1-11).
Исо бо гурӯҳи одамон дар маъбад нишаста буд. Чун ӯ ба таълимоти худ машқул буд, фарисие гапашро бурид, ки зани гуноҳкорро оварда буд. Далели он ки фарисӣ наметавонист ё намехост ба ин зан ёрӣ диҳад нишондиҳандаи арзиши дини онҳо мебошад. Онҳо мехостанд занро ҳамчун асбоб барои шарманда кардан, ё дастгир кардани Исо истифода баранд.
Мақсади фарисӣ он буд, ки Исо дар бораи Шариат чӣ мегӯяд. Шариати Аҳди қадим мегӯяд, ки шахси дар зинокорӣ ба даст афтода бояд сангсор шавад. Айбдоркунанда ва шоҳид барои ба ҷо овардани ҷазо масъул мебошанд. Агар Исо бо Шариат розӣ мешуд, ӯ занро айбдор мекард, ва ӯ дар сангсор кардани ӯ ёрӣ медод. Аъмол ва таълимоташ ӯро чун одами бахшанда тасвир мекард. ӯ бояд чӣ кор мекард?
ӯ на Шариатро инкор кард, ва на занро айбдор кард. ӯ масъулиятро ба гардани фарисӣ бор кард, вақте ӯ гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад» (Юҳанно 8:7). Яке паи дигаре фарисиён рафтанд. Онҳо ягон посухе надоштанд.
Дар ин муддати кӯтоҳ Исо барои ин зан Нур буд. Дар ин Нур ӯ одами комил- Исоро медид. ӯ муҳаббат ва дилсӯзии ӯро дид. ӯ поквиҷдонии ӯро дар инкор накардани далели гуноҳ дид. Исо гуноҳро маҳкум кард, вақте ки ӯ гуфт: «Бирав ва бори дигар гуноҳ накун» (8:11). Барои Исо зино гуноҳ аст, вале ӯ гуноҳкорро дуст медошт. Бисёр вақтҳо мо ба гуноҳ ва гуноҳкорон нафрат дорем.
Ҳамчунин дар ин ҳолат мебинем, ки Исо нисбати онҳое ки бегуноҳ ҳастанд, ба шахси гуноҳкор ва шарманда муносибати хубтаре дошт.
Дар маъбад дар ҳузури поячароқи тиллоӣ Исо изҳор кард: «Ман Нури Ҷаҳон ҳастам» (8:12-59).
1. Ин Нур барои ҷаҳон буд. (Ояти 12)
Исо ба мухолифат дучор шуд, чунки назариёти ҷаҳонӣ дошт. Яҳудиён ҳангоми андеша кардан дар бораи Масеҳ миллатпараст буданд. Мо бояд дар хотир нигоҳ дошта бошем, ки вақте ки мо ин Исоро пайравӣ мекунем, ҷаҳони мо бояд аз миллати худамон бештареро дар бар гирад. Гирифтани ин Нури Ҷаҳон моро масъулиятдор мекунад, ки ин Нурро бо ҷаҳон бо ҳам бинем.
2. Ин Нур ҳаётро тақъир медиҳад. (Ояти 12)
Аз паи Нур рафтан ба роҳ гаштани мо таъсир мерасонад. Агар инсон ба Исо пайравӣ кунад, ҳаёти ӯ тақъир меёбад. Тақъирот дар оне ҳаст, ки ӯ дӯст медорад. ӯ Библия, калисо ва ибодатро дӯст медорад. Дар одатҳо низ тақйирот аст. Савганд хӯрдан, нӯшидан ва қиморбозӣ қисми роҳгардии Масеҳӣ нест.
3. Исо-Нури ҷаҳон на танҳо қудрат дорад ҳаёти инсонро тақйир диҳад, ӯ қудрат дорад, ки ин тақйирёфтаро нигоҳ дорад. Исо гуфт: «Ҳар ки маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро меёбад» (Ояти 12).
Оё шумо ягон бор дар торикии шаб қад-қади пайроҳаи кӯҳии ноошно қадам задаед ва чӣ мешуд агар нури шумо хомӯш шавад? Баъзе динҳо таълим медиҳанд, ки шумо сафаратонро бо Чароқи наҷоти имон сар мекунед, ки аксар вақт он бо корҳои хуб пур карда мешавад. Агар ин дуруст аст, ва вақте ки корҳои хуб кофӣ нестанд инсон Нурро (Исо) гум мекунад ва боз аз сари нав дар торикӣ мемонад.
Дар ояти 12 Исо мегӯяд, ки агар мо ӯро пайравӣ кунем мо ҳаргиз дар торикӣ роҳ нахоҳем рафт. Сараввал ман Исоро бо имон пайравӣ мекардам. Ҳар рӯз ин муносибати наҷотдиҳанда маро нигоҳ медошт. Барои он ки ӯ дар ботин сукунат дорад, ки маънояш ҳаёти абадист, пас он ҷо Нур ҳам бояд бошад. Ин маънои онро дорад, барои ба ҷо овардани корҳои хуб озодӣ аст, чунки Исо абадан дар ботини мо зиндагӣ мекунад.
Масеҳӣ, барои наҷот ёфтан корҳои хуб намекунад. ӯ кори хуб мекунад, чунки наҷотёфта аст.
4. Худо шаҳодат медиҳад, ки Исо Нур аст (8:14-19).
Исоро Худои олам пуштибон аст. ӯ дар таблиқоти Худ танҳо набуд. Худое, ки ӯро фиристонд бо ӯ буд. Ҳар як масеҳӣ бояд фаҳмад, ки ӯро Худо ба таблиқот фиристодааст ва Худо ӯро ҳамроҳӣ мекунад.
5. Исо Нуре буд, ки ӯро Худо фиристодааст (8:16, 26, 29).
Танҳо он касе, ки ҳиссиёти қавии даъват дорад, оламро дигар мекунад. Ин мумкин аст, ки мо аз тарафи Худо даъвати шахсӣ оиди мақсади умумии мо (кафорати ҷаҳон) ва аъмоли ҳаётии мо дошта бошем.
Исо аз Худо фармонҳоро гирифт, ва Худро барои иҷрои ин фармонҳо гирифтор намуд. Арзиши баланди ин фармонҳо кофӣ набуд, ки онҳо Исоро аз роҳ боздоранд. Одатан шахс метавонад пурсад, «Он чӣ арзиш хоҳад дошт? Чанд пул? Чӣ қадар вақт? Агар арзишаш бисёр бузург бошад, бисёриҳо ба Худо не мегӯянд. Пайрави ҳақиқии Исо будан маънои пурра таслими ҳаёт будан аст. Дар бораи он шахсе, ки наметавонад дар як ҳафта барои омӯзиши Библия ва парастиш як ё ду соат ҷудо кунад, саволи ҳақиқӣ мавҷуд аст.
Бисёр одамон бе таблиқот ва мақсади муайян дар давоми умр саргардон ҳастанд, чунки онҳо салоҳияти Худоро напазируфтанд. Исо донист, Кӣ ба ӯ ваколат додааст, ва ӯ донист вазифааш чӣ буд.
6. Нур озод мекунад (8:31-59).
Далели озод будан дар итоаткорӣ дида мешавад. Имондори ҳақиқӣ таълимоти Исоро пайравӣ хоҳад кард. Агар кас изҳор мекунад, ки ӯ имондор аст, вале ба таълимоти Исо итоат намекунад, ӯ имондори ҳақиқӣ нест.
Тасвири оддии ин дар таълимоти Исо дар бораи таъмид нишон дода шудааст. Мувофиқи ояти 31, агар масеҳии нав таъмид шуданро, чӣ хеле ки Исо фармудааст, инкор мекунад ӯ масеҳии ҳақиқӣ аст? Не, ӯ нест. Таъмид наҷот намедиҳад, балки он ба онҳое, ки наҷот ёфтаанд, амр аст.
Исо сарчашмаи ягонаи озодии ҳақиқӣ аст. Дар насабномаи оилавӣ озодӣ нест. Бисёриҳо ба мазҳаби падар ё модар ё хешу ақрабои дигар вобастагӣ доранд. Ҳеҷ кас ба василаи наҷотёбии меросӣ аз аъзоёни оила ба биҳишт намеравад. Ҳар як шахс қуломи гуноҳ аст ва то он замоне ки шахсан тавба намекунад ва ҳаёташро ба Исо таслим намекунад, наҷот намеёбад. Ҳар кас бояд хулосаи худро дошта бошад.
Дар ин фасл яҳудиён аз насли Иброҳим будани худ фахр мекунанд. Исо зуд ба онҳо ҷавоб дод, ки дини онҳо мисли дини Иброҳим набуд. Яҳудиён системаи корҳо, шариат ва қоидаҳо барои пайравӣ доштанд. Онҳо чунин фикр мекунанд, ки агар ҳамаи ин шариатро пайравӣ накунанд, ба биҳишт намераванд. Дар Қалотиён (3:6). Павлус нишон медиҳад, ки Иброҳим танҳо ба василаи имон наҷот ёфт.
Асрори озод шудан дар оятҳои 30-32 омадаанд.
1. Ба ӯ имон оред. 2. Ба фармонҳои Исо итоат кунед. 3. Ҳақиқат дониста шавад. 4. Шумо озод хоҳед шуд.
Ҳар як шахс то шунидан ва итоат кардан ба пайқоми наҷотёбӣ ба василаи имон ба Исо қуломи худпарастӣ ва гуноҳ аст.
Исо ҳақиқат аст. ӯ моро озод мекунад.
Калисо моро озод намекунад.
Маросим ба мисли таъмид моро озод намекунад.
Одами заминқ моро озод карда наметавонад.
Бут ё нимтанае моро озод карда наметавонанд.
Корҳои хуб моро озод карда наметавонанд. Исо, ҳақиқат аст, вақте ки мо ӯро мепазирем ва пайравӣ мекунем, моро озод мекунад.
Одамоне, ки тарс доранд, эҳтиёҷи озодӣ ҳастанд.
Одамоне, ки хурофотпарастанд ба озодӣ эҳтиёҷ доранд.
Одамоне, ки барои наҷот аз калисо вобаста ҳастанд ба озодӣ эҳтиёҷ доранд.
Одамоне, ки барои наҷот аз корҳои хуб вобастаанд ба озодӣ эҳтиёҷ доранд.
Одамоне, ки барои наҷот аз «муқаддасон» вобастаанд ба озодӣ эҳтиёҷ доранд.
Одамоне, ки аз худислоҳкунӣ вобастаанд, ба озодӣ эҳтиёҷ доранд.
Исо ягона ҳақиқатест, ки одамро озод карда метавонад.
Барои гуноҳкорони мазҳабӣ ва бадахлоқ, танҳо як роҳи озодӣ аст.
Ин Исо, Нури Олам мебошад.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ мебахшад?
1. Зинокорқ гуноҳ аст. 2. Ба ягон кас доварӣ кардан кори масеҳӣ нест. Ҳар масеҳӣ проблемаҳои гуноҳӣ дорад. Бинобар ин ӯ ҳаққи танқид ва маҳкум кардани дигареро надорад. 3. Шахси ахлоқан рост дар гуноҳ гум ва фано мешавад, агар ӯ Исоро пайравӣ накунад. 4. Мазҳаби волидайн ҳеҷ касро ба биҳишт намебарад. Ваколатнома дар интиқоли имон ба кор нахоҳад рафт. 5. Озодии ҳақиқӣ ба василаи донистан ва пайравӣ намудани Исо меояд. 6. Танҳо як сарчашмаи озодӣ аст. Озодқ танҳо дар Исо дарёфт карда мешавад.
Оятҳо барои аз ёд кардан Юҳанно 8:12, 31-32.
ЮҲАННО 9
Нақша
I. Исо кӯри модарзодро шифо мебахшад (Юҳанно 9:1-7).
II. Ҳамсояҳо мардро мепурсанд (9:8-12).
III. Фарисиён шифоёфтаро пурсупос мекунанд (9:13-34).
А. Мард пурсида шуд (9:15-17).
В. Волидайнаш пурсида шуд (9:18-23).
С. Мард бозпурс шуд (9:24-34).
IV. Исо худро ба мард ошкор мекунад (9:35-37).
V. Марди шифоёфта Исоро ҳамчун Худованди худ қабул кард ва ӯро парастиш кард (9:38).
VI. Фарисиён кӯрии ҳақиқиро нишон доданд (9:39-41).
Як чизе, ки ман медонам
Дар китоби худ, «Фалсафаи мавҷудият», Габриел Марсел изҳор дошт, «Ман ӯро вохӯрдам: ӯ ба наздам омад, ӯ назди дар истод ва дарро кӯфт, ва вақте ки дарро кушодам, ӯ даромад ва бо ман гуфтугӯ кард.
Чизе, ки инсон метавонад дар бораи Худои Зинда бигӯяд, «ӯ ба ман даст расонд ва маро тақйир дод».
Тафовути асосӣ миёни Худои файласуфон ва Худои Иброҳими Исҳоқ ва Яқуб ин таҷрибаи шахсӣ мебошад. Худои файласуфон ҳеҷ вақт наметавонад ба ҷои Худои имон ва таҷриба шавад. Муқобили марде, ки гуфт «Ман нобино будам, вале акнун ман мебинам» ҳеҷ як далеле нест. Ҷаҳонро лозим аст овози яқинро бишнавад. Барои одамон гуфтани «Ба фикри ман», «Онҳо гуфтанд», ё «Эҳтимол», кофӣ нест. Моро шоҳидоне лозим ҳастанд, ки хоҳанд гуфт, «Ман медонам, чунки ман вуҷуд ва қудрати ӯро аз сар гузарондам».
Марди кӯри модарзодро Исо шифо бахшид. ӯ ақидаи теологӣ (илоҳӣ)-ро намедонист, вале як чизро медонист. ӯ дар бораи Исо намедонист, вале ӯ як чизро медонист. ӯ қоидаҳои мубоҳисаро намедонист, вале ӯ як чизро медонист.
ӯ медонист, ки ӯ доимо нобино буд, ва ҳаргиз қодир набуд, ки бубинад. ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонист зебоии қуруби офтоб ё табассуми модарашро бинад. Шабҳои тиллоии пурситораро тасвир мекарданд, вале танҳо шабҳои нобиноиро медид. Баъд марде омад, ки номаш Исо буд.
Ҳама чунин фикр доштанд, ки оби даҳон дорои қувваи махсуси тиббӣ буд, вақте ӯро ба чашмони маъюб молиданд. Вале ин эътиқоди хурофоти ҳеҷ гоҳ марди нобиноро бино намекард. Шояд ин санҷиши имон буд, вақте ки Исо мардро фармуд, ки рафта лойро аз рӯяш шӯяд. Лой ҳеҷ шифоӣ набахшид, мисли он амалҳои хурофотие, ки ҳозир дардҳоро шифо намебахшанд. Мард ба Исо имон овард, ва Исо ӯро шифо бахшид.
Шайтон одамони бисёреро бо фикре, ки гӯё дар ашёҳо қудрати фавқултабиа мавҷуд аст фиреб дод. Оё доштани салиб ҳимоя мекунад? Оё ҳайкали «Муқаддас» ба ронандаи автомобил бехатариро таъмин мекунад? Ҳеҷ объекти материалӣ дорои қувваи илоҳӣ нест. Дар оби даҳон ва лой низ ягон қуввае набуд. Исо он вақт онро ошкор кард, вақте ки мардро фармуд, то рӯяшро шӯяд. Баъди иҷрокунии ин аъмол имони мард қобилияти тавоноӣ пайдо кард.
Аз аввал марди нобино имон дошт, ки Исо марди оддӣ нест. Вақте ки ӯро пурсиданд, кӣ ӯро шифо бахшид, ӯ Исоро пайқамбар номид. Вале сараввал ӯ дарк накард, ки Исо Масеҳ буд. Баъдтар, вақте ки ӯро пурсиданд, он мард гуфт «Оё гуноҳкор аст ё не ман нафаҳмидам» (Ояти 25).
Ин ба мо нишон медиҳад, ки инсон вақте ки имонро ба кор мебарад фаҳмиши пурра ва комил надорад. Худо инсонро дар куҷое ки ӯ аст интихоб мекунад ва чун инсон имонро иҷро мекунад. Худо ба ӯ дониши бештаре медиҳад. Дар охири фасл Исо худашро ба ин мард ошкор мекунад.
Эҳтимол нисбати дигар фанҳо дар бораи дин аз ҳама бисёртар баҳсу мунозира буд. Баъзеҳо ҳастанд, ки имон оварданд, ва баъзеҳо ҳастанд, ки имон наоварданд, ва бисёриҳо ҳамчун кӯпрук байни онҳо ҳастанд.
Баҳсу мунозирае, ки шахси беимон дар инкори он оҷизӣ мекашид, ин таҷрибаи шахсӣ аст. Марди кӯри модарзод гуфт «Акнун ман мебинам». Фарисиён онро бо далел собит карда натавонистанд, ҳарчанд онҳо саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Онҳо инкор карда натавонистанд, ки ӯ метавонад бинад ва Исо чашмонашро шифо бахшид.
Дар рӯ ба рӯи мухолифони маълумотнок, дар пеши таъқиб мард гуфт «Як чизе ки ман медонам: Ман кӯр будам ва акнун ман мебинам» (Ояти 25).
Биёед ба шаҳодати ин мард, ки ӯро Исо даст расонд наздиктар нигоҳ кунем.
1. Шаҳодати ӯ шахсӣ буд (9:21, 26).
Волидонаш барои ӯ ҷавоб нахоҳанд дод. Шаҳодати волидон нисбати фарзанд ҳарчанд, ки муҳим бошад, он қайрикофӣ аст. Ҷаҳон шахсан аз мо донистан мехоҳад, ки Худо ба мо чӣ кард. «Бигзор худаш ҷавоб диҳад»- чунин буд посухи волидайн.
Вақте ки одамон дар бораи чӣ тарз наҷот ёфтан гап мезананд, гуфтани он ки чӣ хел Павлус наҷот ёфт кифоя нест. Шумо чӣ тавр наҷот ёфтед? Бисёриҳо бо худ Библияро мегиранд ва мегӯянд, чизҳои Библия мегуфтагӣ барои наҷотёбӣ зарур аст. Ин муҳим аст, вале оиди таҷрибаи шахсии наҷотёбии худ гап занед. Ин он аст, ки диққати беимонро ҷалб мекунад.
Фақат шаҳодат додан ё шоҳид будан дар додгоҳ шахсӣ аст. Гуфтани он ки «Билл гуфт, ки ӯ дид�» бемаънӣ аст. Шумо чиро дидед? Шумо чӣ ҳис кардед?
Марди нобино гуфт, «Як чизе, ки ман медонам».
2. Шаҳодати ӯ дақиқ буд.
Яке аз далелҳое, ки шумо метавонед гӯед, шахс наҷот наёфтааст он аст, ки ӯ дар бораи таҷрибааш дақиқ сухан намегӯяд. Вақте ӯро дар бораи наҷот пурсон мешавед, ӯ дар бораи таъмид сухан меронад. ӯ оиди кай ба калисо ҳамроҳ шуданаш, ё сурудхониаш нақл мекунад.
Фарисӣ мехост дар бораи иҷрокунии шариат ва чӣ хел вайрон шудани Рӯзи Шанбе сухан гӯяд. Шогирдон дар бораи он фаҳмидан мехостанд, ки гуноҳи кқ буд, ин мард нобино ба дунё омад. Шахсе, ки ҳақиқатан наҷот наёфт, ҳангоми бардоштани мавзӯи наҷотёбӣ худро нороҳат ҳис мекунад.
Агар Шуморо дар бораи таҷрибаи шахсиатон бо Исо, дар бораи оне, ки шумо ҳаётатонро ба Исо таслим кардед пурсон шаванд, шумо чӣ ҷавоб хоҳед дод?
Марде, ки аз нобиноӣ шифо ёфт дар шоҳидии худ хеле дақиқ буд. ӯ мардеро, ки Исо ном дошт шинохт. ӯ гуфтаҳо ва корҳои Исоро батафсил нақл кард. ӯ ба тафсил нақл кард, ки чӣ тавр ӯ рафт ва чашмонашро шуст. ӯ натиҷаи имонашро кушоду равшан гуфт: «Ман кӯр будам, вале акнун ман мебинам».
Вақте ки шахс дар бораи таҷрибаи шахсии худ нақл мекунад, ӯ бояд инро дақиқ ва бо тафсили дар куҷо, кай, кӣ ва чӣ иӣро намояд. Инро мардум мешунаванд. Баъзеҳо инкор мекунанд, вале фаромӯш нахоҳанд кард.
3. Шаҳодати ӯ ботамкин буд.
ӯ боварии комил дошт, чунки ӯ медонист дар бораи чӣ нақл карда истодааст. Вақте ки шахс дар бораи чизе, ки оиди он дониши кофқ надорад нақл карданро сар мекунад, ӯ талқиниятро гум мекунад. Лакнат, таваққуф ва шармгинӣ нишонаи гапзании шахсе аст, ки ба дониши худ боварӣ надорад. Шахсе боваринок гап мезанад, ки метавонад бигӯяд, «Ман дидам, Ман ҳис кардам, Ман донистам!».
Ҳатто агар файласуфон дар бораи бисёр чизҳо хоҳиши сухан гуфтан доранд, шоҳиди масеҳӣ маҷбур нест, ки беш аз оне, ки медонад сухан гӯяд. Суханбозии ботантана тез фаромӯш мешавад, вале шахсе ки ботамкин буд, шаҳодати ӯ дар асоси таҷрибаи шахсӣ буд, муддати тӯлонӣ хоҳад монд.
4. Шаҳодати мард қавӣ буд.
Мӯъҷизаи ҳақиқӣ дар ҳаёти марди нобино на он буд, ки ӯ қобилияти биноӣ пайдо кард, балки он буд, ки шифобахшандаи ӯ Исо буд.
Исо дар бораи аз тарафи фарисиён ба ин мард расондани ташвишҳо шунида буд. Сипас ӯ ташаббусро ба даст гирифта ин мардро ҷустуҷӯ кард ва ба ӯ дониши пурра дод. Агар он мард шармгин ва тарсончак мебуд, шаҳодат дода наметавонист, ва ӯ соҳиби дониши пурраи Исои Масеҳ намегашт.
Шаҳодати мард далели қавӣ буд, ки ба Исо сабаб шуд, то ин ки ӯро дар байни издиҳом ҷустуҷӯ кунад. Ин хеле хуб мебуд агар шаҳодати мо низ чунин мебуд ва ҳатто Худоро низ мутаасир менамуд. Вале ин шаҳодат на танҳо ба Исо таъсир кард, он ҳатто бо онҳое, ки онро шуниданд низ таъсир бахшид.
Шумо метавонед бигӯед, «Хуб, шаҳодати ман ба ҳеҷ кас кӯмак намекунад». Яъне як вақт шумо рӯҳан кӯр будед ва вақте Исо ба Шумо даст расонд, бино шудед.
Баъзеҳо ба хотири шаҳодат имон оварданд. Ҳеҷ кас баъди шунидани таҷрибаи мард мисли пештара набуд. Баъзеҳо гуфтанд, ки дар ӯ шайтон даромадааст.
Амали охирини шӯриш дар куҷо ҳақиқатан рӯй дода буд, маълум набуд. Оиди тақъироти муайяни мард ҳеҷ баҳсу мунозирае набуд. Ҳаёти мард (қобилияти биноӣ) шаҳодати гуфтаҳои ӯро пуштибонӣ мекард. Одамон метавонистанд инро бад бинанд ё инкор кунанд, вале далели ҳаёти тақъиротёфтаро инкор карда намешуд. Агар шумо дар бадахлоқӣ бо рафиқатон ширкат варзед, пас шумо ҳаргиз напурсед, ки чаро ӯ дигаронро барои пайравии Исо роҳнамоӣ намекунад. Вақте ки зиндагқ тағъир меёбад, шаҳодат қудрат хоҳад дошт.
Шаҳодати мард дар зиндагиаш натиҷаи калон дод. Аз сабаби шаҳодат ӯ аз маркази ҳаёт, аз каниса ронда шуд. Вақте ки пайрави Исо мешавӣ арзишҳои муайянеро бояд пардозқ. Одамон мумкин ханда кунанд. Мумкин баъзе дӯстонро аз даст медиҳӣ. Вале дар охир мард қиматашро намешуморад. ӯ ба зону нишаста Исоро парастиш мекунад. Ин Исо буд, ки тавонист марди нобиноро биноӣ бахшад ва гувоҳӣ дод, «Ин як чиз аст, ки ман медонам».
Ин оят имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ дорад?
1. Мо бояд ба дигарон дар бораи кай ва чӣ хел наҷот ёфтан нақл кунем (Ояти 10).
2. Шаҳодати қавӣ бояд шахсӣ ва дақиқ бошад (Ояти 25).
3. Худо моро баракат хоҳад дод, агар мо ба Исо итоаткор бошем (Ояти 7).
4. Таъқибро интизор бошед, агар Исоро пайравӣ кунед (Ояти 34).
5. Маълумот оиди он ки шумо кай наҷот ёфтед, зарур нест.
6. Вақте ки мо имони худро бо дигарон бо ҳам мебинем, вақте ки мо мегӯем, ки чӣ хел Исо ба зиндагии мо даромад, дигарҳо мутаасир хоҳанд шуд.
Оятҳо барои аз ёд кардан. Юҳанно 9:4, 25.
ЮҲАННО 10
Нақша
I . Дар (Юҳанно 10:1-10).
II .Чӯпони Некдил (10:10-18).
А. Фарқият байни Чӯпони Некдил ва Чӯпони Бад нишон дода шудааст (10:11-13).
В. Чӯпони Некдил хоҳиш дорад, ки ҳама наҷот ёбанд (10:14-16).
С. Исо марг ва эҳёи худро пешгӯи мекунад (10:17-18).
III .Таъсироти таълимотҳои Исо (10:19-21).
IV .Мубоҳиса дар иди Таҷдид (10:22-42).
Чӯпони Некдил
Фасли 10 бояд ба фасли 9 марбут бошад. Исо изҳор намуд, ки фарисиён рӯҳан нобино буданд. Фарисиён роҳнамоёни рӯҳонқ ё сарварони мардум буданд, онҳо ҳамчун пешвоёни рӯҳонӣ ё чӯпон ҳисоб мешуданд.
Дар ин фасл Исо мегӯяд, ки фарисиён чӯпонони бад буданд ва ӯ Чӯпони Некдил буд.
Чӯпони ҳақиқӣ ба таври дуруст ба оқилхона ворид мешавад.
Оқили гӯсфандон як макони калони иҳотакарда аст, ки дар он ҷо якчанд рамаи гӯсфандон ҷой дода мешаванд. Шабона чӯпонҳо раммаҳояшонро ба оқилхона меоранд ва дарбон, ки чӯпонҳоро мешиносад, дарро мекушояд ва гӯсфандон дохили он мешаванд. Вақте ки субҳ медамад, ҳар чӯпон ба оқилхона бармегардад.
Дар кушода мешавад ва чӯпон фарёд мекунад. Дар оқилхона якчанд рама ҳаст, вале танҳо як рамма ҷавоб мегардонад, чунки гӯсфандон садои чӯпонашонро мешиносанд.
Дар ояти 1, Исо дар бораи чӯпононе, ки кӯшиши ба оқилхона на аз тариқи дар даромадан мекунанд нақл менамояд. ӯ дар бораи фарисиён мегӯяд, ки онҳо дуздҳо ва қоратгаронанд, чунки онҳо чӯпонони ҳақиқӣ набуданд, ки ба воситаи дар ворид шаванд. Фарисиён худро чӯпононе эълон карда буданд, ки аз тарафи Худо таъин нашуда буданд. Онҳо қудрат ва тавоноиашонро барои мақсадҳои худхоҳона ва бад истифода мебурданд. Исо мегӯяд, ки ӯ дар аст, ва ба василаи ӯ онҳо бояд гузаранд, агар онҳо мехоҳанд чӯпонони ҳақиқӣ шаванд.
Мо бояд дар хотир нигоҳ дорем, ки рӯҳонии хуб ё чӯпон бояд ба василаи даре, ки Худо созмон додааст, гузаранд. Дар ояти 36 Исо равшан месозад, ки Худо ӯро интихоб кард ва ба замин фиристод. Ин талаботи нахустине барои чӯпони нек. Ин фардои Худоро сарфи назар кардан одамро дузд ва қоратгар мекунад, барои он ки ӯ ба оқилхона бо дар ворид мешавад ва ба даромадан аз дар миёни гӯсфандон кор мекунад.
Чӯпони Нек бо гӯсфандон муносибати махсус дорад.
1. ӯ дӯст медорад (10:11-18).
Чун чӯпонони бад (Фарисиён) марди нобиноро аз каниса ронданд, Исо ӯро ёфт ва дӯст дошт.
Чӯпони нек тайёр аст, ки барои гӯсфандонаш ҷонашро диҳад. Ин аз ҷониби чӯпон қамхории бузург аст. Дар рӯзҳои Исо дар бораи чӯпоне, ки барои ҳимояи гӯсфандон аз душман ҷонашро фидо карда буд, на шунида буданд. Исо тайёр буд, ки ин корро кунад. Дар ин фасл ӯ марги наздикомадаашро пешбинӣ мекунад. Дар миёни чӯпоне, ки аз сабаби муҳаббат чӯпон шудааст, ва чӯпоне ки аз барои пул чӯпон шудааст тафовуте вуҷуд дорад. Фарисиён чӯпонони «Зархарид» буданд.
Пешвоёни рӯҳониёни ҳақиқӣ бояд тавассути дар ворид шаванд (Худо даъват мекунад). Онҳо кори рӯҳониашро мекунанд, чунки онҳо гӯсфандонро (имондорон) дӯст медоранд.
2. Чӯпон гӯсфандонашро медонад.
Чӯпон онҳоро на ҳамчун як гурӯҳ ё ба воситаи рӯяшон медонад: ӯ онҳоро бо номҳояшон медонад. Нисбати ҳар гӯсфанд муносибат ва дониши шахсқ вуҷуд дошт. Вақте ки гӯсфандонро фарёд мекунӣ онҳо аз пасат меоянд. Онҳо ба чӯпон боварӣ доранд.
Ҳозир, чӯпон (пешвои рӯҳониён) бояд бо гӯсфандон як бошад, агар хоҳад ба онҳо кӯмак кунад. Вақте ки касалӣ ё ягон душворӣ шавад, чӯпон бояд наздик бошад, ки ёрӣ диҳад. Кори пешвои рӯҳониён (пастор) осон нест, вале мукофотҳо бисёр ҳастанд.
Чӯпони Нек ба гӯсфандон таъсири махсус дорад.
Гӯсфанд овозашро мешиносад ва аз паси ӯ меравад, агар ӯ фарёд кунад. Агар чӯпон худро ҳамчун чӯпони тавоно собит кунад, гӯсфандон ӯро гӯш мекунанд.
Роҳиб сарвари имондорон аст. Ин маънои онро надорад, ки роҳиб барои гӯсфандон ҳама чизро тайёр кунад. Баъзе пешвоёни рӯҳонӣ аъзоёни нозпарварди каломи Худо мебошанд, ки ҳаргиз хӯрондани худро наомӯхтаанд. Гӯсфандонро ҳеҷ вақт намеомӯзонанд ё тараққӣ намекунонанд.
Рӯҳонии хирадманд медонад, ки чаргоҳ дар куҷост, чунки бештари вақташро он ҷо мегузаронад. ӯ гӯсфандонро бардошта намебарад: онҳо бояд худашон ба чароқох рафта алаф хӯранд. Чӯпон гӯсфандонро ба як ҷои муайян мебарад, ва пас гӯсфандон худашон фикр мекунанд, кай, дар куҷо ва чиро онҳо мехӯранд. (Пастор) Рӯҳонӣ гӯсфандонро ба чарогоҳ роҳнамоӣ мекунад, вале ӯ онҳоро бо ресмон ва мехи чӯбин намебарад.
Исо, Чӯпони Некдил, бароямон дар сарварӣ мисол аст. Танҳо як Чӯпони Некдил аст, вале Худо бисёр одамонро даъват кардааст, ки пешвоёни рӯҳонӣ, ё чӯпон дар тамоми чаҳон шаванд.
Чӯпони Нек, озуқаро пурра таъмин мекунад (10:9).
ӯ барои наҷот дарро боз мекунад, ӯ фақат дари як ва ягона ба биҳишт мебошад. Библияро инкор карда бисёр динҳо дарҳои дигари дурӯқинро илова карданд. Таъмид дар нест. Итоаткорӣ ба таълимоти калисо дар нест. Ба ҷо овардани корҳои хуб дар нест.-Марям дар нест. Агар мо ба Исо боварӣ дорем, пас мо ба ӯ бояд боварӣ дошта бошем вақте ки ӯ гуфт: «Ман дар ҳастам». Дар ин ҷо зада дар болои «Ман» омадааст. Ба сӯи наҷот танҳо як дар аст. Исо гуфт, ки ӯ дари номаълум аст, ӯ гуфт, ки ӯ дари муайян аст.
Таъминот барои онҳое, ки Исоро пайравӣ мекунанд. Касе аз он берун намемонад. Сарватманд, нотавон, маълумотнок, бемаълумот, ҳамаи миллатҳоро дар бар мегирад. Нақшаи умумии Исо дар ояти 16 омадааст: «Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оқил нестанд ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд». Исо гуфт, ки «Дигар рамаҳо» ба қайр аз яҳудиён наҷот хоҳанд ёфт. Калимаи «Молхона» дар ин оятҳо шояд ба Исроил нисбат дода шудааст. Инҷил аз як миллат бузургтар аст. Мо аз таърих медонем, ки чӣ тавр Худо аз яҳудиён сар кард, вале вақте ки онҳо Исоро ҳамчун Масеҳ напазируфтанд, диққати Худо ба халқҳои дигар нигаронда шуд.
Таълимот барои онҳое, ки ба чунин хулоса меоянд «Ҳар он касе ки меояд» (10:9).
Мардум овози Исоро мешунаванд, ва метавонанд пайқомро бифаҳманд, вале ин кифоя нест, онҳо бояд ба хулосае биёянд, бояд пайравӣ кунанд. Худо аллакай тасмим гирифтааст, ки ӯ хоҳиш дорад ҳамаро наҷот диҳад, вале ӯ ҳеҷ касро маҷбур намекунад. Ин яке аз сабабҳои маъно надоштани таъмиди кӯдак, ва ба ягон дини нав гаравидани кӯдак, пеш аз оне, ки ӯ метавонад дарк кунад ё ба хулосае биёяд мебошад. Ҳар касе, ки хоҳад ба биҳишт равад шахсан бояд ба хулосае биёяд, ки Исоро пайравӣ кунад.
Таъминот наҷотро дар бар мегирад (10:9).
Ба василаи Исо шахс метавонад, аз ҷазо, қудрат ва мавҷудияти гуноҳ наҷот ёбад. Мо аз проблемаҳо ва бемориҳо наҷот меёбем, вале мо, танҳо баъд аз паси сар кардани проблемаҳо ва бемориҳо наҷот меёбем. Исо бо мост.
Таъминот хӯрокро дар бар мегирад (10:9).
Исо наҷот мебахшад ва баъди он ки мо наҷот ёфтем ба мо кӯмакашро давом медиҳад. Чӯпони Нек моро на танҳо аз қайди гуноҳ берун мекунад, ӯ моро ба чарогоҳ мебарад. Ҳаррӯза ба мо қувва мебахшад ва мо дар Библия чаро мекунем. Барои масеҳиён Библия чарогоҳ аст. Бо хондани он ҳар рӯз мо тавоно мешавем.
Чӯпони Нек амниятро таъмин мекунад (10:11-13, 28-29)
«Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд (Ояти 28).Барои ҳар имондор ин ваъдаи зебо аст «Ман мебахшам» дар замони ҳозира омадааст. Вақте ки инсон ба васила эътиқод ба Исо ҳаёти ҷовидонӣ мегирад, ӯ ҳаётеро соҳиб мешавад, ки ҳаргиз тамом намешавад. Агар касе, ки наҷот ёфта наҷоташро боз аз даст дод, пас Исо ба ваъдааш вафо накард.
Агар наҷот аз аъмоли хуб вобастагӣ дорад, онгоҳ шахс бояд доим дар тарси аз даст додани он бошад. Ҳамчунин, гуфтан мумкин аст, ки агар кас имон дорад, ки наҷотро метавон аз даст дод, нигоҳ доштани наҷот ба рафтори ӯ вобастагӣ дорад. (Ефсӯсиён 2:8-9).
«Амнияти имондор» таълимоти зебои Библия аст, ки имондорро барои ҳаёти озоди масеҳиёна бурдан водор мекунад. Имондор ҳаёти хуб дорад, чунки ӯ наҷот ёфта буд. ӯ ҳаёти масеҳиёнаро барои наҷот ёфтан ба сар намебарад. Донистани ин амният оромӣ ва хурсандӣ мебахшад. Ин ҳаргиз иҷозат ба гуноҳ нест. Мо хизмат мекунем, чунки дӯст медорем, на аз сабаби тарси аз даст додани наҷот.
Ин амният дар Худо мемонад. Исо мегӯяд: «Падар ва Ман як ҳастем». ӯ оиди тавоноӣ ва қудрати эмин доштани имондор нақл мекунад. Ин изҳори дигари илоҳияти Исо мебошад. ӯ Худо аст. Исоро инкор кардан, ин яъне Худоро инкор кардан аст.
Чӯпони нек хулосаро талаб мекунад (10:31-39)
Овози Исоро ба василаи Навиштаҳо шунидан маънои пазируфтан ва инкор кардани ӯ мебошад. Баъзе Яҳудиён хостанд ӯро кушанд, чунки ӯ бо Худо баробар буданро талаб мекард. Баъзе аз динҳо ҳоло ҳам чунин мекунанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки Исоро, ки Худро Худо меномад кушанд.
Дигарон, ки Исоро ҳамчун симои таърихӣ, вале на ҳамчун Худованд мепазиранд, низ гуноҳкори куштани ӯ ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҳақиқӣ ва Худованд ҳастанд.
Барои донистани осоишӣ, мақсад, ва қувва дар ҳаёти худ, шахс бояд ба гуноҳи беимонии худ иқрор шавад ва ба имон ба Исо рӯй оварад, чунки ин ягона умеди ӯ аст. Исо шахсро ҳар рӯз наҷот ва нигоҳдорӣ мекунад, ончуноне, ки чӯпони нек гӯсфандони худро нигоҳ мекунад.
Ин фасл имрӯзҳо барои мо чӣ маъно дорад?
1. Исо, ҳамчун Чӯпони Нек, мисоли арзандаест барои ҳар чӯпон (пешвои рӯҳониён).
2. Исо дари ягонаест ба сӯи наҷотёбӣ.
3. Мо бояд аз устодон ва пешвоёни дурӯқин бохабар бошем.
4. Мо сулҳ ва итминон дорем, чунки Худо қодир аст моро ҷовидонӣ наҷот диҳад.
Оятҳо барои аз ёд кардан пеш аз оғози дарси оянда: Юҳанно 10:9, 27, 28, 29. << Дарсҳои рӯҳонӣ |