www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Тафсири Юҳанно боби 11-16ЮҲАННО 11
Нақша
I . Бемории Лаъзор (Юҳанно 11:1-4).
II .Сафар ба Байт-Ҳинӣ (11:5-16).
А. Сафар ду рӯз мавқуф гузошта шуд (11:5-6).
В. Шогирдон аз хатар огоҳ карданд (11:8).
С. Исо оиди озодшавӣ ба василаи Худо сухан мекунад (11:9-10).
Д. Марг ва эҳёи Лаъзор хабар дода шуд (11:11-15).
III. Омадани Исо ба Байт-Ҳинӣ (11:17-27).
А. Марто бо Исо вомехӯрад (11:20-27).
В. Исо даъвои қиёмат ва ҳаёт дорад (11:25).
С. Исо гиря мекунад (11:35).
Д. Лаъзор ба ҳаёт баргашт (11:38-44).
Е. Мӯъҷиза натиҷаҳо меорад (11:45-57).
1. Баъзеҳо имон оварданд (11:45). 2. Баъзеҳо ҳодисаро хабар доданд (11:46). 3. Фарисиён нақша кашиданд, ки Исоро бикушанд (11:47-53). 4. Исо ба макони ором рафт (11:54).
IV. Омодагӣ ба Иди Фисҳ (11:55-57).
«Вайро воз кунед ва бигзоред, биравад» Мӯъҷизаи охирони Исо, ки дар Инҷили Юҳанно нишон дода шудааст, ин эҳёи Лаъзор аз қабр мебошад. Баъди ин мӯъҷиза пешвоёни рӯҳонӣ ба қароре омаданд, ки Исо бояд кушта шавад.
Бо ин аъмол, Исо талаби қатъии Худо буданро кард. Бо ёрии сеҳру ҷоду, фиреб ва ҳатто қувваҳои шайтонии фавқултабӣ, одамон корҳои қайриоддӣ нишон медоданд: вале ҳеҷ яке аз онҳо натавонист мурдаи чоррӯзаро ба ҳаёт баргардонад. Эҳёи Лаъзор нисбат ба ҷисми ӯ бештар диққатҷалбкунанда буд. Исо қудраташро аз болои ҷисм ба кор бурд. ӯ барои ба ҳам пайвастани ҷисм ва рӯҳ дар ҳудуди рӯҳ-ҷон кор кард.
Ин амалро ҳеҷ кас накарда буд. Ин Худоро дар Исо ошкор намуд. Ин талаби Исо аз фасли аввали Инҷили Юҳанно ташаккул меёфт. Ҳоло ӯ талаби доштани тавоноӣ ва қудрат аз болои мурда мекунад, ва ин қудраташро дар эҳёи Лаъзор нишон дода буд.
Аз ин ҳодисаи бузург бисёр ҳақиқатҳои муҳим омӯхта шуданд. Баъзеи онҳоро аз назар гузаронед.
Исо инсон буд (11:35).
Мо бояд эътироф кунем, ки Исо ҳамчун Худо - инсон ягона буд. Омӯзишҳои ҷиддии Библия ошкор мекунанд, ки Исо бештаре аз инсон буд, ҳамзамон ӯ инсон буд. Бо маҳдудияти инсонии мо, ҳама чизро дар бораи Худо -Падар, Писар - Худо ва Рӯҳулқудс донистан номумкин аст. Барои Шайтон беҳуда гузарондани вақтамонро дар суханбозиҳо оид ба чизҳое, ки танҳо Худо медонад, кофӣ аст. На танҳо Шайтон хурсанд мешавад, ҳамчунин ду ё се мазҳаб (динҳое, ки Исоро ҳамчун Худо инкор мекарданд) низ хурсанд хоҳанд шуд.
Библия мегӯяд, ки Исо ва Падар як ҳастанд. Ба ин соддагӣ мо бовар мекунем. Библия дар бобати проблемаҳои инсонии Исо нақл мекунад. ӯ хаста шуда буд. ӯ озмуда шуд (вале бегуноҳ буд). ӯ гиря кард. Исо, дар ин фасл, дар инсонии худ ва Худоқ дида мешавад.
Аз қаму қусса гиря кардан табиқаст (11:33-35).
Вақте ки рафиқи хуб аз дунё меравад, гиря кардан кори бад нест. Якчанд намудҳои гуногуни қусса ва гиря мавҷуд аст. Проблема аст вақте ки одами гирякарда ва қуссадошта мақлубияти ноумедонаро нишон медиҳад. Якчанд ҷаноза бо умеди масеҳиёна, қам ва шодӣ пур шудаанд. Мо қам дорем, вале на монанди одамоне, ки умед надоранд. (1 Таслӯникиён 4:13).
Аз марги ҷисмонии Лаъзор дида, Исоро фоҷиаи бузургтаре иҳота карда буд. ӯ дарк кард, ки мардуми зиёде бо гуноҳҳои худ мемуранд ва бо ҷазои абадӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Фарисиёни солим, диндор ва беимон, дар нисбати марги ҷисмонии Лаъзори имондор фоҷиаи бузургтаре буданд.
Исо метавонист аз болои вазъияти маъюсонаи он одамоне, ки ҳатто эҳёшавии Лаъзорро дида беимон монданд, гиря кунад. Ин фоҷиаи бузургтаре буд. Вақте ки маҳбубат ба имон ба Исои Масеҳ мемурад, ин сабабе аст барои гиря кардан. Азоби ҷисмонӣ дар муқобили азоби абадии дӯзах ҳеҷ аст.
Исо дар дили худ бори гумроҳшудаи ин дунёро дошт, ӯ қамхорӣ кард, ӯ дӯст дошт, ӯ гиря кард.
Дидагиҳо имондоронро пайравӣ мекунанд (11:26-27, 40)
Исо ба Марто гуфт, « Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?» (Ояти 40). Инро ба беимонон (қайри масеҳиён) нисбат додан мумкин аст. То он даме, ки шахс бори дигар аз ҷониби рӯҳ таваллуд намешавад. ӯ ҳақиқатро дар бораи Худо дида ва дарк карда наметавонад. Барои бисёр гурӯҳҳои динӣ яке аз сабабҳои масеҳқ набудан ин аст, ки Худовандии Исоро инкор мекунанд ва барои ҳамин Библияро намефаҳманд. Вақте, ки ин хел одамон кӯшиш мекунанд, ки Библияро бе имон ба Исо тафсир диҳанд, ин мазҳаби дигар, ё ҳатто парастиши Шайтонро ҳосил мекунад (Қӯринтиён 2:14).
Барои Масеҳиён ҳамчунин ҳақиқат аст, ки имон овардан ин дидани бузургии Худо мебошад. Шахси нобовар миқдори хеле кам қабул мекунад. Баъзе вақтҳо мо мешунавем, ки масеҳиён мегӯянд: «Мо инро карда наметавонем. Мо хеле кам ҳастем. Мо пули кофӣ надорем». Фақат он касе, ки ба чизҳои бузург имон дорад, чизҳои бузургро мебинад. Танҳо он касе, ки ба бузургии Худо боварӣ дорад, метавонад чизҳои бузургро дар бораи Худо бинад.
Агар мо имон дорем, мо кӯшиш мекунем онро ба ҷо оварем. Марто имон дошт, баъд ӯ иҷозат дод то ин ки сангро дур кунанд, сипас ӯ дид.
Бисёре аз моён метавонанд гӯянд: «Бале, Худованд, мо имон дорем». Вале оё мо сангро дур кардем?
Имон бе амал имони ҳақиқӣ нест. Агар имон ҳақиқӣ бошад, баъди он амал хоҳад буд, ва баъд ҷалоли Худо дида хоҳад шуд.
Оё шумо интизоред, ки чизҳои бузург рӯй диҳанд? Оё шумо интизоред ки Худо мӯъҷизаҳо кунад?
Дар бораи ҳамсояамон чӣ? Шояд мо мегӯем, «ӯ наметавонад наҷот ёбад, тафаккураш ба сӯи Инҷил пӯшида аст». Бо чунин тарзи имонамон, ҷои шубҳа нест, ки ӯ наҷот ёбад.
Ё мо метавонем бигӯем, «Ман боварӣ дорам ӯро метавон наҷот дод, вале ман боварӣ надорам, ки ӯро тарқиб кунам». Оё мо дар ҳақиқат ҳам имон дорем? Масеҳие, ки имон дорад бояд дар «дур кардани санг» банд бошад.
Худо имони меҳнатдӯстро эҳтиром мекунад. Масеҳӣ имон дорад, барои ҳамин ӯ дар имон амал мекунад. Одамоне, ки пур аз дилсӯзӣ ба худ ва нобоварӣ пур ҳастанд наметавонанд, ҷомаҳои нав созанд, мардумро ба Исо раҳнамоӣ кунанд, иморатҳои калисо бунёд кунанд ва наметавонанд аз шодию сурур ва сулҳу осоиш саршор бошанд.
Исо аз болои марг қалаба мекунад (11:25-26, 43-44)
Библия китобест пур аз ҳикояҳои қалабаи инсон ба василаи Исо.
Пешравиро аз мақлубият то пирӯзӣ ба тариқи зайл қайд намоед:
Аввалин суханҳои сабтшудаи Худо ба инсон: «Ту яқинан вафот хоҳӣ кард» (Ҳастӣ 2:17).
Охирин сухани сабтшудаи Худо ба инсон: «Албатта Ман тез меоям» (Ваҳй 22:20).
Аввалин суханҳои сабтшудаи Инсон ба Худо: «Ман тарсидам ва худро пинҳон кардам (Ҳастӣ 3:10).
Охирин сухани Инсон ба Худо: «Пас чун бошад, биё, Худованд Исо» (Ваҳй 22:20).
Ҳамон касе, ки Инҷили Юҳанноро навиштааст, касе буд, ки дар бораи пирӯзқ дар китоби охирони Аҳди Ҷадид, китоби Ваҳйро навиштааст. Рӯзҳои охирини ҳаёташро Юҳанно дар ҷазираи Патмос, дар мақлубияти зоҳирқ гузаронд. ӯ мақлуб нашуд, чунки ӯ он касеро, ки аз болои марг қудрат дорад фаҳмид. Имони ӯ ба Исо буд.
Исо бо ғояи эҳёшавӣ чунон пайвастагии наздик дошт, ки ӯ мегӯяд: «Ман қиёмат ҳастам» (Юҳанно 11:25). ӯ сарчашмаи қиёмат буд ва аст.
Эҳёи Лаъзор ба ҳамаи имондорон умед бахшид. Он Исое ки Лаъзорро эҳё намуд, дар рӯзи охирон ҳамаи имондоронро эҳё мекунад. Ҳамаи ибодатҳо ва пулҳои ҷаҳон наметавонанд ба шахси мурда кӯмак кунанд. Исо ягона аст, ки мурдаро ба зиндагӣ баргардонд.
Эҳёи Лаъзор далели ҳақиқии таърихӣ мебошад, ҳарчанд мунаққидони Исо онро ҳамчун мӯъҷиза ҳисоб мекунанд. Мӯъҷиза барои рамзӣ гардондани ҳаёти нав барои оне, ки имон дорад истифода бурда шуд. Пеш аз шунидан ва пазируфтани Хабари Хуш, шахс бо гуноҳҳои худ мемурад. Вақте, ки ӯ ба Исо имон меорад, ба ӯ хати нав дода мешавад ва ӯ ҳеҷ вақт бо марги абадӣ рӯ ба рӯ намешавад. Ҳатто ончунон, ки Лаъзор бо кафан печонда шуда буд- беҷон- бисёриҳо низ ҳастанд, ки ба худпарастӣ ва гуноҳе печонда ҳастанд- онҳо низ беҷон мебошанд. Агар кас бо корҳои корчаллонӣ банд буда, ва нисбати корҳои Худо мурдааст, Исо мегӯяд, « ӯро озод кунед ва бигузор биравад».
Агар кас ба дилхушиҳои заминӣ банд бошад, ба нисбати хушбахтии Худо мурда аст, Исо мегӯяд « ӯро озод кунед ва бигузор биравад».
Агар кас ба қоидаҳои динии инсон сохта банд бошад ва нисбати озодӣ дар Исо мурда аст, Исо мегӯяд « ӯро озод кунед ва бигузор биравад».
Агар кас ба хурофотпарастӣ ва тарс банд бошад ва нисбати айният дар Исо мурда аст, Исо мегӯяд « ӯро озод кунед ва бигузор биравад».
Агар мо ба Исо ба умеди он, ки ӯ ба мо ҳаёт мебахшад, бошем, мо ҳамеша ҳаёт хоҳем дошт. Ҳатто марг, барои масеҳӣ бо фарёди Исо, вақте ӯ боз меояд қатъ мегардад.
Исо Лаъзорро эҳё кард. ӯ худаш эҳё шуд. ӯ пирӯзӣ аз болои маргро ба ҳамаи имондорон ваъда кард.
Ба ӯ имон оред. Ба ӯ ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон оред. Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ мебахшад?
1. Гиря кардан ва эҳё шудан Исоро ҳамчун инсон ва илоҳӣ, одам ва Худо ошкор мекунад.
2. Мо бояд бештар дар бораи нобиноии рӯҳӣ ва марг андеша кунем, на дар бораи марги ҷисмонӣ.
3. Исо оид ба проблемаҳои мо андеша мекунад.
4. Имондор бояд аз марг тарс надошта бошад. Ин дар баракати ваъдакардаи Худо мебошад.
5. Исо метавонад аз тамоми бандагии инсонӣ ва шайтон озодӣ бахшад.
Оятҳо барои аз ёд: Юҳанно 11:25,35.
ЮҲАННО 12
Нақша
I .Исоро эҳтиром карданд (Юҳанно 12:1-8).
А. Марям –фидокор (12:3).
Б. Яҳудо –девхӯ (12:4-6).
II .Нақшаи зидди Лаъзор (12:9-11).
III .Воридшавии Исо ба Ерусалим (12:12-19).
IV. Юнониён пурсуҷӯкунанда (12:20-26).
V.Исо оиди маргаш ҳарф мезанад (12:27-36).
VI. Яҳудиёни рӯҳан нобино (12:37-43).
А. Ба Исо имон наоварданд (12:37).
В. Писанди одамонро дӯст доштанд (12:43).
VII. Доварии охирин ба василаи Каломи Исо (12:44-50).
А. Инкори каломаш ба ҷазо меорад (12:47).
В. Ягонагии Писар ва Падар (12:44-45, 49-50).
Нишонаҳои пирӯзӣ
Меъёрҳои ҷаҳонӣ воридшавии Исоро ба Ерусалим ва воқеоти атроф ҳамчун қолиб доварӣ нахоҳанд кард.
Шояд яҳудиён фикр доштанд, ки Исо бо қалабаи худ дар Ерусалим Малакути заминӣ барпо мекунад. Ин дар амал ҷорӣ нашуд, ҳамзамон ин фасл пур аз нишонаҳои пирӯзӣ ва зафар мебошад. Баъзе ин нишонаҳоро қайд мекунем.
Тайёрии муносиб дида шуд (12:1-8).
Ба ифтихори Исо хӯроки нисфирӯзии махсус тайёр карда шуд. Бисёр аз дӯстон ва душманонаш он ҷо ҳузур доштанд. Марям кори аҷибе кард. ӯ миқдори зиёди атри қиматро гирифта онро бар пойҳои Исо пошид. Одатан ин атрро дар тайёр кардани ҷисм барои дафн истифода мебурданд. Албатта Исо ҳоло намурдааст, вале марги ӯ наздик шуда истодааст. Барои Марям ин шояд пешбинии омодагии бехабари марги ӯ бошад.
Ин амали парастиш буд. Марям баҳри Наҷотдиҳандаи хеш ҳеҷ чизро дареқ надошт : чизи беҳтарине, ки дошт, ба ӯ бахшид.
Дар ҳамаи калисоҳо Марямҳо ҳастанд. Баъзе аъзоёни калисо Исоро нахустин ва аз ҳама беҳтарин эҳтиром мекунанд. Парастиши ҳақиқӣ қурбониро талаб мекунад.
Дар ҳамаи калисоҳо Яҳудҳо ҳастанд. Дар вақти додани чизе ба дигарон Яҳудо кӯҳнапараст буд, зеро ки ӯ ҳамаи инро барои худ мехост. Баъзеҳо ҳастанд, ки Исоро аз ҳама охир парастиш мекунанд: вақт, истеъдод ва пулро аввал мавриди парастиш қарор медиҳанд.
Мо бояд аз шарм сар хам кунем вақте ки ба мо хотиррасон мекунанд, ки баъзе аъзоёни калисо пули бисёри худро барои харид кардани хӯроки беҳуда ва сигор сарф мекунанд ва баъд дар рӯзи Худованд онро ба Исо пешкаш мекунанд. Худо ин хел гуноҳкориро баракат намедиҳад. Оё шумо парастишро танҳо он вақте ки ба шумо мувофиқ аст ва шумо ягон кори дигар надоред, амалӣ мегардонед? Кадомаш аввал лозим аст, тӯббозӣ, моҳигирӣ, тамошои телевизор, ё парастиш?
Яҳудоҳо ва Марямҳо имрӯз низ зиндаанд. Яке барои гирифтан зиндагӣ мекунад, дигар барои додан зиндагӣ мекунад. Марямҳо баракат- диҳандаанд, Яҳудоҳо ба худ ва дигарон озор мерасонанд. Ду қувваи бузурги ҷаҳон, хубӣ ва бадӣ дар чеҳраи ин ду шахс нишон дода шудааст. Исо Марямро эҳтиром ва баракат дод ва ҳамзамон Яҳудоро сахт сарзаниш кард. Амали Марям бо муҳаббаташ ба Исо барои рехтани хунаш кӯмак мекунад.
Далели он ки яҳудиён мехостанд Лаъзорро бикушанд моро хотиррасон мекунад, ки гуноҳ бесабаб аст. Лаъзор бегуноҳ буд. Ягона гуноҳаш он буд, ки ӯ зиндагӣ кард. Одамони бегуноҳ баъзе вақтҳо қурбони ақидаҳои бадкорон ҳастанд.
Қувваи муҳаббат нишонаи пирӯзӣ (12:12-19).
Исо на яроқ, на қувваи ҳарбӣ, на посбонҳо, на нишонаҳои заминии пирӯзӣ дошт. ӯ деҳқони камбақал, писари дуредгар буд, ки дар оқил таваллуд шуда, дар қабри қарзгирифташуда дафн шуд. ӯ бо хари аз каси дигар гирифташуда дар кӯчаҳои Ерусалим саворӣ мекард. Вуруди Исо ба Ерусалим саҳнаи қалаба буд, ба қайр аз як чиз: мардуми бисёре аз ақиби ӯ мерафтанд. Подшоҳ, шоҳзода, шахсони расмии давлатӣ бояд чунин эътироф шаванд, вале чаро ин мард Исо буд?
Исо барои ҳамаи мардумон муҳаббатро нишон дод. Ин барномаи ҷаҳонро гирифтани ӯ буд. Фарисиён, вақте ки онҳо муваффақиятҳои ӯро диданд, дар хавотир шуданд. Онҳо гуфтанд «Тамоми ҷаҳон аз ақиби ӯ равон аст». Ин тамоми ҷаҳон набуд, вале ба Фарисиён чунин менамуд.
Императорон, подшоҳон, одамони сарватдор, одамони доно, одамони қувваи ҳарбидор меоянду мераванд. Онҳо ба зердастонашон бо зурӣ фармон медиҳанд. Исо ҳеҷ чизро истифода накард, ҳамзамон баъди 2000 сол миллионҳо нафар ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд эътироф мекунанд.
Ин қувваи аҷиб, нишонаи пирӯзӣ, пирӯзие бузургтар аз пирӯзии ҷисмонӣ.
Исо пирӯзиро дар назар дошт вақте ки дар бораи эҳёшавӣ ва ҳосил сухан гуфт (12:20-26)
Омадани Юнониҳо назди Исо нишон медиҳад, ки ӯ дар ҳаёти халқҳои қайрияҳудӣ низ пирӯзӣ хоҳад дошт. Инҷил танҳо барои яҳудиён маҳдуд набуд, ин барои тамоми мардумон буд. Филиппус ва Андриюс ба Исо гуфтанд, ки юнониён мехоҳанд ӯро бинанд.
Юнониҳо одамони хушбахт ва шӯхтабиат буданд, вале Исо фавран ба онҳо дар бобати марг сӯҳбат кард. ӯ барои ҳамаи одамон ҳақиқати асосиро нишон дод, яъне танҳо зиндагӣ кардан ва танҳо барои худ зиндагӣ кардан маънои онро дорад, ки не мева доранду не ягон ҳосил. Марг ва дафн охири кор нестанд. Боз эҳёшавӣ аз марг хоҳад шуд. Зиндагии дубора дар зиндагии миллионҳо имондорон (Барои ин Павлус гуфт: « Исо дар ман, умеди ҷалолёбист » Қӯлассиён 1:27). Он чизе ки ба фикри одамони зиёде мақлубият аст, Исо онро пирӯзӣ меномид.
Ҳақиқати ба ҳамин монанд имрӯзҳо низ ба кор меравад. Агар шахс хоҳони ёфтани ҳаёти абадӣ бошад, ӯ бояд ҳаёти худашро аз даст диҳад. Ҳаёти худхоҳ, худ-назорат, табиӣ бояд кушта шавад ва дафн шавад, дар акси ҳол инсон ҳеҷ гоҳ наметавонад дар ҳаёти дигаре мева ҳосил кунад. Ҳаёте, ки ба мақсади Худовандӣ дода шудааст, инсонро ба осоиштагӣ бо Худо мебарад, ва дар шакли ҳаёти дигаргуншуда баракат дода мешавад. Оё мо ҷуръат мекунем, ки ҳаётамонро барои дигарон таслим кунем? Ин намуди муҳаббат дар пирӯзӣ солҳои сол зиндагӣ хоҳад кард.
Исо дар бобати ҷалоли бузурги омадаистодаи баъди маргаш гуфт ( Ояти 23). Дар Калворӣ гандум кишт карда буданд. Ҳосили онсола се ҳазор буд. Се ҳазор кас имондори нав шуданд, чунки як кас мурд ва ҳосили зиёде ба миён омад.
Дар оилаи шумо, дар ҷамоаи шумо, чӣ ҳол рӯй медиҳад, агар шумо хоҳиши барои Исо мурданро намоед? Шумо зиндагӣ мекунед ва онҳо мемиранд, шумо мемиред ва онҳо метавонанд зиндагӣ кунанд.
Худо дар бобати пирӯзӣ сухан мегӯяд (12:27-32)
Исо гап зад. Мардум имондорӣ ё беимонии хешро эълон намуданд. Акнун осмонҳо кушода шуданд ва Худо худаш сухан гуфт. Чун Исо ба марги даҳшатноке рӯ ба рӯ шуд, ин бояд барояш эътимоди нав бошад. Бо альтернатива рӯ ба рӯ шуда, ӯ гуфт: «Эй,Падар исми Худро ҷалол деҳ». Баъд Худо аз осмон гуфт: «Ҷалол додам ва боз ҷалол хоҳам дод» (12:28). Ин паймони шахсии пирӯзӣ аз тарафи Худо буд. Фақат марг пирӯзӣ намеорад, пирӯзӣ аз болои марг лозим буд.
«Масеҳ абадан зиндагӣ хоҳад кард», мегӯянд одамон. Исо медонад, ки ӯ, Масеҳ, мемурад вале боз зинда хоҳад шуд.
Агар хоҳиши бузурги мо дар зиндагӣ ҷалол додани Худо бошад, пас ӯ дар ҳаёти мо ҷалол дода хоҳад шуд, ҳоло ва то абад.
Хулоса (12:36-50)
Ҳатто бо ҳамаи мӯъҷизот, мардум имон наоварданд. Онҳо шуниданд, онҳо диданд, пас чашмони рӯҳонии онҳо кӯр буданд. Нобиноии рӯҳӣ натиҷаи табиии инкори давомнок ва такрорёфтаистодаи ҳақиқат мебошад.
Худоро наметавон гуноҳкор кард. ӯ пайқамбаронро фиристод ва дар охир Исоро фиристод, ки дар бораи муҳаббати ӯ нақл кунад.
Баъзеҳо бо тафаккури худ мефаҳмиданд, ки Исо Масеҳ буд, вале онҳо ӯро аз пайравӣ кардан метарсиданд (12:42-43). Аксарияти одамон чунин ҳастанд: онҳо ақидаи худро бо фишори дигарон изҳор мекунанд, онҳо ба василаи фикри дигарон идора мешаванд. (Юҳанно 5:44). Баъзе вақтҳо пешвое ба миён меояд, ки ҳақиқатро пайравӣ мекунад, новобаста аз он ки аз кадом оила аст. Ин пешвои бузург аст. Хулосаи Исо дубора изҳор кардани ягонагии ӯ бо Падар, дар шахсият, қувва, ва тавоноӣ буд. ӯ аз сари нав талаби баробарқ бо Худоро карда буд. Ин талаб ӯро ба марг овард.
Фикри Шумо чӣ? Хулосаи Шумо чист? Шумо бояд ба хулосае оед, ки Шумо ӯро пайравӣ мекунед ё инкор мекунед. Ҷаҳон ниёзманди одамонест, ки худро комилан ба Исо таслим хоҳанд кард.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чиро мефаҳмонад?
1. Мо бояд ба Исо чизи беҳтаринро бахшем, ҳатто беҳтар аз оне, ки Марям дода буд? (12:3).
2. Муҳаббат аз аслиҳа пурқудраттар аст.
3. Агар мо мева ба бор оварданием, мо бояд ҳар рӯз барои суди шахсӣ ҷон диҳем (12:24-26).
4. Марги ихтиёрӣ ҳеҷ гоҳ осон нест (12:27).
5. Худо моро баракат медиҳад, агар мо итоаткор бошем (12:28).
6. Аз тарафи ҷаҳон роҳнамоӣ ба Худо нороҳатӣ меорад. Мо наметавонем дар як вақт ҳам ҷаҳонро ва ҳам Худоро розию хушнуд кунем (12:43).
Оятҳо барои аз ёд . Юҳанно 12:25, 32, 45.
ЮҲАННО 13
Нақша
I . Исо пойҳои шогирдонашро мешӯяд (Юҳанно 13:1-11).
II. Исо мефаҳмонад, чаро ӯ пойҳои шогирдонро мешӯяд (13:12-20).
III. Исо пешбинӣ мекунад, ки Яҳудо ӯро таслим мекунад (13:21-30).
IV. Шариатҳои нави муҳаббат дода шуданд (13:31-35).
V. Исо пешбинӣ мекунад, ки Петрус ӯро инкор мекунад (13:36-38).
Фурӯтанӣ бе обрӯпасткунӣ
Агар имондор хоҳад, ки Худо ӯро истифода кунад, ӯ бояд дорои хусусиятҳои муайян бошад. Ин хусусиятҳо омӯзиши бисёр, сарватмандӣ, қобилияти иҷрокунӣ ва дигар арзишҳоеро, ки бисёриҳо ҳаргиз нахоҳанд дошт дар бар намегирад. Павлус ҳафт чизро қайд мекунад, ки Худо онҳоро истифода мебарад: «чизҳои заиф», «чизҳои аблаҳона», «чизҳои асосӣ», ва «чизҳое ки нестанд» (1 Қӯринтиён 1:27-28). Вақте ки шахс тайёр аст, қувва ва заифии худашро пеши Худо зоҳир созад, ӯ аз тарафи Худо метавонад истифода бурда шавад.
Чӣ хеле, ки мо дар Исо мебинем, меъёрҳои ҷаҳонии ноилшавӣ ва бузургӣ аз меъёрҳои Худо тафовут доранд,
Библия оиди нуқтаи назари Худо дар бораи муваффақият нақл мекунад:
Маънои хоҷа будан яъне хизматгор будан аст (Матто 23:11-12). Маънои хестан яъне фурӯ рафтан аст (Луқо 1:52). Маънои гирифтан яъне додан аст (Филиппиён 4:15). Маънои сарватманд будан яъне камбақал будан аст (Матто 5:3 ). Маънои худро нишон додан, худро таҳқир кардан аст (Луқо 1:52). Маънои зиндагӣ кардан аз дунё рафтан аст (Матто 16:25).
Дар Юҳанно 13 Исо дарси бузургеро дар бобати муносибатҳои аслии масеҳиён ёд медиҳад. Ин дарс дар бораи фурӯтанӣ мебошад. Исо фурӯтан буд, вале беобурӯ набуд.
Бисёр одамон чунин фикр доранд, ки фурӯтан будан маънои обрӯпастшударо дорад. Фурӯтании ҳақиқӣ таҳқир намешавад. Одами таҳқиршуда шармсор, ё хиҷолат кашида аст, чаро ки ӯро дар мақоми паст ҷо додаанд, ё шахси таҳқиршуда, ё хиҷолат кашида одамест, ки мувофиқи хоҳишаш аз тарафи атрофиён эътироф нашудааст.
Одами фурӯтан хилофи одами таҳқиршуда мебошад. Одами фурӯтан барои ҷалоли худ ва эътирофи шахсӣ мақоми баланд ҷустуҷӯ намекунад. Одами фурӯтан аз муваффақиятҳои дигарон хушҳол аст.
Дар ин фасл бисёр дарсҳое вомехӯранд, вале чунин ба назар мерасад, ки дарси фурӯтанқ асоси ин фасл мебошад. Дар замони Исо шустани пой одат буд. Одамон сандалҳои кушода мепӯшиданд ва роҳҳо пур аз чангу қубор буданд. Воқеъае ки дар ин фасл рӯй дода буд, қайримуқаррарӣ набуд, ба қайр аз оне, ки пойҳоро шуст. Мизбон доимо ба хизматгор амр медиҳад, ки пойҳои меҳмононро вақти омаданашон, бишӯяд. Ин маросими динӣ набуд. Исо онро ҳамчун фармон ба мисли Шоми Худоӣ ё таъмид ҷорӣ накардааст. Дар ягон ҷо нишон дода нашудааст, ки Исо ё масеҳиёни аввал шустани пойҳоро ҳамчун маросими динӣ ба кор бурдаанд. Исо ин анъанаи оддии заминиро танҳо барои омӯзондани дарси илоҳӣ истифода карда буд.
Ҳамчунин мулоҳиза кунед, ки Исо диққаташро аз яҳудиён ҳамчун халқият, ба шогирдонаш тақйир дод. Дар рӯзҳои охири пеш аз маргаш ӯ ба шогирдонаш дастурҳои шахсӣ дод.
Акнун фурӯтаниеро, ки дар Исо дида мешуд, ва ӯ онро аз ҳар пайраваш талаб мекард, мушоҳида кунед.
Фурӯтании ҳақиқӣ бовариро талаб мекунад (13:1-3).
Исо ба кӣ будани худ боварӣ дошт. ӯ дар бобати марги дар пешистода медонист. Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти ӯ додааст, ва ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад (Ояти 3).
Агар кас ҳамаи ин чизҳоро донад ӯ фурӯтан буда метавонад. ӯ ба қадри кофӣ боваринок аст, ва зарурати доимо ба дигарон исбот намудани арзишҳои худро надорад. Худнамоӣ, ҷустуҷӯи таваҷҷӯҳи овозӣ боваринок нест, барои ҳамин ӯ наметавонад фурӯтан бошад.
Фурӯтанқ ва боварӣ якҷо ҳастанд. Одами фурӯтан ба қадри кофӣ боваринок аст, ва ҳоҷати диққати дигаронро ба худ ҷалб кардан надорад: боварии ӯ ба чапакзанӣ ва таҳсини одамон эҳтиёҷ надорад.
Одами фурӯтан ба қадри кофӣ фурӯтан аст, ва зарур нест, ки ӯ ҳамаи донистагияшро гӯяд. Исо боварӣ ва айниятро дар донистани он ки ӯ аз Худо омадааст ва ба сӯи Худо меравад, дарёфт. ӯ медонист, ки кист ва барои чӣ зиндагӣ мекунад. Ин айният ва бовариро меорад, ки ба инсон имкон медиҳад, фурӯтан бошад. Амали фурӯтанӣ бе боварӣ ба беобрӯқ ва таҳқиршавӣ.
Фурӯтании ҳақиқӣ амали муайянро талаб мекунад (13:4-5)
Фурӯтании ҳақиқӣ гиреҳи аъмоли бовариро мекушояд. Бисёр вақтҳо одами фурӯтан ҳамчун одами шармгин, тарсу тасвир мешавад. Исо фурӯтан буд, вале ӯ амал мекард. Берун аз дониш ва муҳаббат.
Исо қобилият дошт бе ягон паст кардани обрӯ пойҳои шогирдонашро шӯяд. ӯ одами замони худ буд- маъсулиятнок, тавоно-вале фурӯтан.
Фурӯтан маънои аз амал ва қарорҳои худ тарсиданро надорад. Одаме, ки бекор мешинад, фурӯтании Исоро соҳиб шуда наметавонад.
Ҳатто Петрус Исоро барои чунин кори паст кардан сарзаниш кард, Исо худро пастшуда (шармсор) ҳисоб накард.
Фурӯтании ҳақиқӣ шогирдиро талаб мекунад (13:8)
Петрус аввал намонд, ки Исо пойҳояшро шӯяд. Исо изҳор кард, ки Петрус наметавонад шогирдаш бошад, агар ӯ дар хизмати фурӯтании ӯ иштирок накунад. Дар ҳақиқат Исо гуфтанӣ буд, ки агар Петрус имкон надиҳад, ки фурӯтанӣ як қисми ҳаёташ шавад, ӯ шогирд буда наметавонад. Шогирди ҳақиқии Исо будан рӯҳи фурӯтаниро талаб мекунад. Исо мисоли фурӯтанӣ аст. Дар Филиппиён 2:7-8 дар бобати табиати ӯ ҳамчун хизматгор ва роҳ рафтани ӯ ба сӯи салиб хонед. Ҳамчун дар Юҳанно 13:15 Исо ба шогирдонаш оиди ба хизмати фурӯтанӣ ҳамроҳ шудан нақл мекунад.
Покшавӣ зарур аст, агар шахс фурӯтан бошад (13:10-11, Титус 3:5).
Исо мегӯяд, ки шахсе «Таъмид шудааст» зарур аст он аз сари нав пок шавад. ӯ дар бобати таҷрибаи наҷотёбӣ сухан мекунад, вақте ки одам ба василаи хуни Исо пок шуд.
Инсон танҳо як бор пок (наҷот) шуд. Тавлиди нави баъдӣ, масеҳиёни нав ба воситаи олами фасод ва пур аз гуноҳ қадам зада, ва бояд худашонро ҳамарӯза ба василаи Каломи Худо пок кунанд. Ҷисм як бор, ҳангоми қабули Исо пок шуд, вале муҳорибаҳои ҳаррӯза бо гуноҳ давом дорад. Имондор ба ақли худ боварӣ дорад ва бо омӯзиши ҳамешагии Каломи Худо ба пеш меравад. Касе дар бобати Библия чунин гуфт, «Ин китоб шуморо аз гуноҳ нигоҳ медорад, ё гуноҳ шуморо аз ин китоб нигоҳ медорад».
Фурӯтании ҳақиқӣ рӯҳи хизматгориро талаб мекунад (13:14-17)
Исо худашро тавассути ба ҷо овардани вазифаҳои хизматгор паст накард. ӯ ҳис накард, ки шарафашро аз даст додааст. Чӣ фарқиятест аз замони мо, ки одамон барои мақоми баланд мубориза мебаранд. Баъзе вақтҳо барои пешвоёни рӯҳонӣ хеле душвор аст, ки рӯҳи хизматгориро доро бошанд.
Хеле пештар аз рӯзи ҷамъоварии ҳосил пайқамбар Юил гуфт, «Дар он айём бар ғуломон ва канизони Шумо низ рӯҳи Худро хоҳам рехт» (Юил2:29). Агар инсон хоҳад, ки мавҷудият ва қудрати Рӯҳулқудсро ҳис кунад, бояд хизматгор бошад.
Исо дар Матто 20:27 чунин мегӯяд, « Ва ҳар кӣ, хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, қуломи шумо шавад». Ин чунин тавсиф дода мешавад, ки сарвар бояд хизматгор бошад. Қобилияти инсонии аз болои дигарон хоҷа будан бузургиро исбот намекунад, балки қобилияти инсонии хизматгор будан бузургии ҳақиқиро ошкор мекунад. Дар он рӯзҳои охир Исо ба онҳое, ки рӯҳи хизматгориро доштанд чунин гуфт: « Офарин, эй қуломи нек ва мӯътамад» (Матто 25:21).
Одами фурӯтан хизматгор аст. Павлус мегӯяд, Ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам (Фурӯтанӣ) (Ефсӯсиён 3: 8 ). ӯ ҳамчунин гуфт, «Зеро бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро қуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоем (Хизматгор) (1 Қӯринтиён 9:19).
Ин фурӯтании бардурӯқ набуд, вақте ки Павлус худро ҳамчун қуломи Исои Масеҳ муаррифӣ намуд. Шумо дар вақти шиносоӣ ӯро ҳамчун Ҳазрати Павлус тасаввур карда метавонед.
Фурӯтании ҳақиқӣ файз ва омӯрзишро бе пастшавии обрӯ ифода мекунад (13:31-35).
Баъди рафтани Яҳудо, Исо ба сӯҳбати хеле гарму наздик бо шогирдонаш пардохт. Бори аввал ӯ шогирдонашро «Фарзандони Ман» номид. Дар набудан Яҳудо, Исо шогирдонашро аз рафтанаш огоҳ намуд бо гуфтан ба онҳо, ки ҳамдигарро дӯст доранд ва пуштибонӣ кунанд. Ин муҳаббат рамзи масеҳиён шуд. Олам бояд донад, ки онҳо масеҳиён буданд ва нишонаи-фарқкунандаи онҳо муҳаббат аст. Олами бутпарастӣ аз одамони аҷибе, ки худро масеҳиён меномиданд, бо бузургии муҳаббаташон ҳайрон шуд.
Сарчашмаи муҳаббати масеҳӣ Исост (13:34). Чунки ӯ дӯст дошт, мо дӯст медорем. Роҳе, ки ӯ дӯст дошт, мо дӯст медорем. Вақте ки ӯ дӯст медорад, мо дӯст медорем.
Ҳангоми шустани пойҳо, дар маҳкама, дар салиб, ӯ дӯст дошт- -фурӯтан, боваринок, хизматгори бахшанда, вале на шарманда.
Фурӯтании ӯ дар ҳаёт ва мамот барои имондорон дар зиндагии ҳаррӯзаашон барои пайравӣ кардан мисол аст.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ мебахшад?
1. Исо фарзандонашро ҳамеша дӯст медорад (13:1). 2. Вақте ки шахс масеҳии ҳақиқӣ нест, ӯ метавонад муҳаббати худро нисбати Исо сохта ва дурӯқин нишон диҳад (13:1, 21) (Яҳудо дар миёни шогирдон пешво буд). 3. Вақте ки шахс гумроҳ мешавад, мо бояд хавотир шавем (13:21). 4. Мо мақомро на барои шараф, балки барои хизмат кардан ҷустуҷӯ кунем. 5. Хизмати Хурд –бузург аст андар пеши Худо. 6. Мақсади мо-қуломи Исои Масеҳ шудан аст, то ин ки ба дигарон хизмат кунем. 7. Масеҳиён бояд бо муҳаббаташон ба ҳама маълум бошанд на бо ҷангашон.
Оятҳо барои аз ёд: Юҳанно 13:34, 35.
ЮҲАННО 14
Нақша
I .Омодагӣ таъмин шуд (Юҳанно 14:1-6).
А. Даво барои ташвиш (14:1). В. Ҷой барои оянда (14:1). С. Роҳ тоза шуд (14:6).
II. Ягонагии Падар ва Писар (14:7-14).
III. Ваъдаи Рӯҳулқудс (14:15-26).
IV. Сулҳу осоиштагии Исо бо шогирдонаш монд (14:27-31).
Маъракаи пешакӣ барои Калварӣ
Рӯзи марги Исо наздик меомад. ӯ охирин қуруби офтоби ҳаёти заминиашро дид. Орзӯи шогирдонаш ҷомаи амал напӯшиданд. Онҳо интизор буданд, ки Исо Малакути пурқудрати заминӣ ташкил медиҳад.
Рӯзи охирони ҳаёти Исо чунон батафсил аст, ки шаш фаслро дар бар мегирад. Акнун Исо ба шогирдонаш рӯй гардонд ва бисёр вақту қувваашро дар омӯзишу тавсиядиҳӣ ва тайёрӣ ба воқеъаи омадаистода сарф мекард. Фаслҳои 14-17 пур аз таълим додан ва рӯҳбаландӣ кардан аст.
Исо медонист, маргаш наздик аст ва медонист, ки барои шогирдонаш таъминоти пешакӣ зарур аст.
Омодагӣ таъмин шуд (14:1-14)
Шогирдон дар ташвиш ва қамгин буданд, онҳо ҳис мекарданд, ки чизе нодуруст аст. Исо ба онҳо гуфт, ки ӯ дигар бо онҳо нахоҳад буд. Онҳо ҳоло ҳам намедонанд, ки ӯ мемурад. Ин дар навиштае, ки аз тарафи Тумо дар ояти 5 шудааст, ба чашм мерасад. Онҳо бо маънои аслиаш фикр мекунанд, ки шояд Исо ба сафари заминӣ равона аст. Он чизе, ки онҳо фикр мекарданд, онҳо тайёр набуданд.
Исо ба онҳо гуфт, ки чӣ тавр ба қам ва воқеъаи омадаистода тайёрӣ бинанд. ӯ ҳамчунин оиди таъминотҳои омодашуда сухан гуфт.
1. Даво барои ташвиш ва қамгинӣ дар ояти 1 дида мешавад вақте ки Исо гуфт, «Ба Худо имон оваред, ба ман низ имон оваред».
Ду чизи муҳим дар ин ҷо дида мешавад, феъли имон овардан, ва исм, Худо ва Исо. Исо мегӯяд, ки имон овардан, эътимод кунед, вобаста бошед, боварӣ кунед. Имон ва эътиқод як ҳастанд. Ба биҳишт рафтан, имон асос аст. Барои Худоро хушнуд кардан, имон зарур аст. Барои қувва доштан то ин ки оламро тақйир диҳем, имон зарур аст. Исми имон хеле муҳим аст. Инсон дурӯқ хоҳад гуфт. Инсон ба худаш боварӣ надорад. Фақат имон аст, ки ҳеҷ тақйир намеёбад, ва он мутлақан муқаддас аст, ва аз ташвишу тарс осоиштагӣ мебахшад. Худо ягона предмети муносиби имони масеҳиён аст.
Исо боз ба илоҳияти худ, ба баробарии худ бо Худо назар андохт, вақте ки ӯ гуфт, « Ба ман низ имон оваред». Инро чунин тафсир додан мумкин аст « Ба ман низ чӣ хеле, ки ба Худо имон овардед, имон оваред».
Ин амр аст, ки Исо имон дошт, ки ӯ Писари Худо ва Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст. Юҳанно 3:36 нишон медиҳад, ки танҳо онҳое ҳаёти абадӣ хоҳанд дошт, агар ба Писар имон оваранд.
Имон таркиби асосӣ ё омодагии зарурӣ барои дур кардани ташвиш, тарс ва танҳоӣ мебошад.
2. Исо дар бобати таъминоти омодашуда барои имондорон сухан мекунад.
Дар ояти 2 Исо гуфт, «Дар хонаи Падари ман иқоматгоҳ бисёр аст ва ман меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам».
«Хонаи Падар» ба биҳишт нисбат дода мешавад. « Иқоматгоҳҳои бисёр» ба таври рамзӣ ифода мекунанд, ки дар таъмини Худо барои ҳамаи имондорон, аз он ҷумла пайравони тарсу иқоматгоҳи кофӣ мавҷуд аст. Исо ба шогирдонаш ваъда дод, ки ӯ шахсан меравад, то ки барояшон ҷой тайёр кунад.
Биҳишт ҷои тайёра барои одамони омодашуда мебошад.
Тумо нафаҳмид, ки Исо чиҳо мегӯяд. Дар ояти 5 Тумо мегӯяд, «Худовандо! Намедонем, ки Ту куҷо меравӣ, пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?» Исо ҷавоб медиҳад, ки он яке аз беҳтарин ояти Библия шуд. ӯ ба шогирдонаш гуфт, «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам, касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Ояти 6).
Ин оят мегӯяд, кӣ ба биҳишт меравад ва кӣ намеравад. Исо ягона аст. Ҳамадон хоҳад гуфт, ки ҳама ба биҳишт хоҳанд рафт чунки Худо Муҳаббат аст. Исо муҳаббатро медонист, ӯ бадбинӣ ва қувваи гуноҳро медонист. Дар салиб он баръало намоиш дида шуд. ӯ дар муҳаббат дард дид, гиря кард, ранҷ бурд, вале ӯ гуфт, ки барои ҳама ба сӯи Худо як роҳ аст. Исо миёнрав, васила шуд.
Мувофиқи гуфтаҳои Исо таъмид роҳи ба биҳишт рафтан нест. Аъмоли хуб роҳи ба биҳишт рафтан нест. Иртибот роҳи ба биҳишт рафтан нест. Қоидаҳо ва маросимҳои инсонсохта роҳи ба биҳишт рафтан нест. Аз Петрус ё Марям (қаҳрамонони Библия) вобастагӣ будан касро ба биҳишт нахоҳад бурд.
Исо мегуфт, « Ман роҳи ростӣ ва зиндаам: ҳеҷ кас ба назди Падар ба истиснои ин роҳ намеравад» (тафсир дода шудааст).
Барои ҳар касе, ки инро қабул мекунад барои ҳаёти абадӣ дар биҳишт таъминоти комил шудааст.
Тасаллидиҳанда ваъда кард (14:15-26)
Исо рафтанӣ буд, вале ӯ шогирдонашро танҳо монданӣ набуд. ӯ ба онҳо тасаллидиҳандаи дигареро ваъда кард. Ин тасаллидиҳандаи нав, Рӯҳулқудс дигар хел набуд, балки табиати дигари монанд буд.
Калимаи юнонӣ, ки дар ояти 15 истифода шудааст дар забони англисӣ маънояш «paraclete» мебошад. Маънояш ягон кас ба паҳлуи дигар барои кӯмак додан аст. Ҳангоме, ки Исо дар омодагии тарк кардани шогирдонаш буд, аниқ буд, ки шогирдон ба чӣ ниёз доштанд. Рӯҳулқудс ба назди онҳо барои ёрӣ додан омад. ӯ мебоист ба онҳо ҳамчунин:
1. Тасаллидиҳанда дар қам. Ояти 1. 2. Рӯҳбаландкунанда ҳангоми дилхунукиҳо. Ояти 1. 3. Устоди ҳақиқат. Ояти 26, 16:13. 4. Ошкоркунандаи Худо. Ояти 17. 5. Ҷалолдиҳандаи Исо. 16:14.
Ин танҳо якчанд роҳе ҳастанд, ки Рӯҳулқудс ба шогирдон кӯмак кард ва ин кӯмакашро барои ҳамаи имондорон давом дода истодааст.
Дар ояти 15 Исо мегӯяд «Агар Маро дӯст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард». Сипас ӯ фавран изҳор намуд, «Ман аз Падар илтимос хоҳам кард, ва ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард» (Ояти 16).
Муҳаббат, итоаткорӣ ва мавҷудияти Рӯҳулқудс ба ҳамдигар муносибати зич дорад. Бе муҳаббат итоати ҳақиқӣ нахоҳад буд. Бе муҳаббат ва итоат Рӯҳулқудс ҳақиқати зинда нахоҳад буд. Ба тарзи мусбат гуфта шудааст: Ҳангоме, ки Худо дӯст медорад ва ба таълимоти ӯ итоат мекунанд, онгоҳ Рӯҳулқудс қудратманд, ҳақиқати ҳаррӯзаи зинда хоҳад буд.
Ҷаҳон наметавонад ӯро бипазирад, зеро ки ӯро намебинад ва намешиносад (Ояти 17).
Олам ба василаи сабаб ва ҳиссиёт мебинад. Масеҳиён ба василаи имон мебинанд. Рӯҳулқудс рӯҳ аст ва танҳо дар чашмони имон намоён аст.
Рӯҳи ваъдашуда барои ҳамаи имондорон дар ҳама давру замон мебошад. Ояти 17-ро аз назар гузаронед:� «ӯ бо Шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд». Мувофиқи Аҳди Қадим Рӯҳулқудс барои одамони муайян меомад, вале ӯ онҳоро тарк кард. Баъди рафтани Исо, Рӯҳулқудс омад, ки дар зиндагии имондорон монад.
Тасаллидиҳанда на ба онҳое дода шудааст, ки бо овози баланд ибодат мекунанд ё эҳсосоти худро ба тарзи қайримуқаррарӣ нишон медиҳанд. Талаби ягонаи пазируфтани Рӯҳулқудс дар ин якчанд оятҳо дида шудааст. Аз болои ибораҳои, муҳаббат ва итоат мулоҳиза кунед. Ин дар оятҳои 15, 21, 23 ва 24 ба чашм мерасад. Кист оне, ки Исоро дӯст медорад ва ба таълимоташ итоат мекунад? Албатта ин масеҳӣ аст. Ин он касест, ки Рӯҳулқудс дар ӯ мондааст.
Рӯҳулқудс диққаташро ба худ ё ба Масеҳӣ ҷалб намекунад. Агар Исо ҷалол ва эҳтиром карда нашуд ин кори Рӯҳулқудс нест. Рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекунад, таскин медиҳад, таълим медиҳад, маҳкум мекунад-ҳамаи ин барои ҷалоли Исо.
Сулҳу осоиштагӣ пешниҳод шуд (14:27-31)
Одатан вақте ки одамон дар дами марганд, онҳо васият ва васиятномаи худро мемонанд. Ин навиштаҷот мефаҳмонад, ки чӣ тавр дороиҳои онҳо тақсим карда шавад. Исо чизҳои моддиро боқӣ нагузошт: ӯ чизеро боқӣ гузошт, ки бо пул харид наметавон кард-сулҳу осоиштагӣ.
Дар ояти 27 Исо мегӯяд, «Осоиштагиро ба Шумо боқӣ мегузорам». Ин осоиштагии ман аст, ки ба Шумо мемонам». Ақидаи соҳибият хеле қавӣ аст, вақте ки Исо мегӯяд, «Осоиштагии Ман». Ин осоиштагие буд, ки исбот карда шуд. Ин аз озмоишҳои сахт гузашт ва зинда монд. Ин осоиштагиест, ки метавонад натиҷаи фақат ҳисси омурзиши гуноҳҳо ва ягонагӣ бо Худо бошад.
Исо ин сулҳу осоиштагиро пешниҳод мекунад, чунки ӯ онро харид кард. ӯ онро ба василаи рехтани хуни худ имконпазир гардонд. «На ончуноне, ки ҷаҳон медиҳад» (Ояти 27). Инсон осоиштагиро барои дилхушӣ, шӯҳрат ва сарват талаб мекунанд. Ин осоиштагии ҷаҳон аст. Ин ташвиш ва қаму андӯҳро боқӣ мегузорад. Он ба эҳтиёҷоти рӯҳ ҷавоб намедиҳад. Ин муваққатӣ аст.
Осоиштагие, ки Исо медиҳад мисли осоиштагии инсон додагӣ нест. Одамон доимо пур аз орзуҳо ва ваъдаҳо ҳастанд. Осоиштагии инсони ҷаҳонӣ умри кӯтоҳ дорад.
Осоиштагии Исо ба мисли осоиштагии пешниҳодкардаи системаи фалсафаи ҷаҳон ва динҳои дуруқин нест. Онҳо гӯё осоиштагиро медиҳанд, вале он ҳақиқӣ нест.
Исо шогирдонашро тарк кард. ӯ ба сӯи салиб рафт, баъд ба Осмон. Вале ӯ сулҳу осоиштагиашро бо онҳо боқӣ гузошт. Пеш аз рафтанаш, ӯ таъминотро боқӣ гузошт. ӯ онҳоро ба қам тайёр кард ва онҳоро барои макони тайёршуда боварӣ кунонд. ӯ (Paraclet) Тасаллидиҳандаи дигарро ваъда дод.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чиро мефаҳмонад ?
1. Ҷавоб додан ба қам ва ташвиш ин имон ба Худо аст (Ояти 1).
2. Мо набояд аз оянда ҳарос дошта бошем, чунки ҳама чиз тайёр карда шудааст (Оятҳои 2-6).
3. Ба биҳишт дари эҳтиётӣ нест. Танҳо як дар аст- Исо (Ояти 6).
4. Ба мо зарур аст, ки аз мавҷудияти Рӯҳулқудс дар зиндагиамон бохабар бошем, чунки ӯ мавҷуд аст.
5. Хотирнишон бояд кард, ки муҳаббати ҳақиқӣ ба Исо натиҷаи итоат аст (Ояти 15).
6. Дар олам қувваи дигари тавоно аст, ки мо бояд аз он бохабар бошем. Он-Шайтон аст (Ояти 30).
Оятҳо барои аз ёд: Юҳанно 14:1-3, 6, 27.
ЮҲАННО 15
Нақша
I. Исо шогирдонашро барои нигоҳ доштани робитаи дуруст рӯҳбаланд мекунад (Юҳанно 15:1-9).
II. Исо шогирдонашро рӯҳбаланд мекунад, то ки итоаткор бошанд (15:10-17).
А. Барои итоаткорон подоши махсус ваъда карда шудааст. 1. Итоаткор дар Муҳаббати Наҷотдиҳанда мемонад (15:10). 2. Итоаткор шодию хурсандии илоҳиро мефаҳмад (15:11). 3. Итоаткор ба дуоҳои ҷавобдода боварӣ дорад (15:16).
В. Шогирдон ба итоаткорӣ талқин мешаванд. 1. Шогирдон ба воситаи муҳаббат талқин мешаванд (15:12-13). 2. Шогирдон ба воситаи фарёд ва мақсади Худованд талқин мешаванд (15:15-16).
III. Исо шогирдонашро барои итоаткор кардан рӯҳбаланд мекунад (15:18-27).
Рӯҳбаландӣ барои рӯҳафтодагон
Марг наздик шуда истодааст. Дилҳои ҳама пур аз тарс ба қайр аз Исо. Исо ва шогирдонаш истеъмоли хӯрокро тамом карданд. Яҳудо аллакай аз ин гурӯҳ ҷудо шуд, ва бо онҳое, ки ӯро куштан мехоҳанд, вохӯрӣ дошт. Нақшаро душманони Исо тартиб доданд, ҳамзамон ӯ дар додани тавсияҳо ва ба рӯҳбаланд кардани шогирдони хавотиргашта банд буд.
Эҳтимол чун ин гурӯҳи хурд бо пайраҳаи шинос бо воситаи боқи Ҷатсамонӣ роҳ рафта буданд, онҳо токзорро убур карданд. Исо ягон чизи осонфаҳмро, ба мисли шароби май барои таълими ҳақиқатҳои бузурги рӯҳонӣ истифода мебурд. Исо шогирдонашро барои нигоҳ доштани муносибати дуруст бо худ рӯҳбаланд мекунад (15:1-9)
Дар хотир нигоҳ доред, ин таълимоти оддӣ барои шогирдонро (онҳое, ки имондор буданд) барои рӯҳбаланд кардан, то ки имондориро давом диҳанд, ҳатто баъди салиб.
Исо таълим намедиҳад, ки шахс баъди наҷотёбӣ метавонад гумроҳ шавад. Баъзе одамон кӯшиш мекунад, ки ин оятҳоро, хусусан ояти 2 ва 6-ро барои исботи аз наҷотёбӣ маҳрум шудан истифода мебаранд. Ин нуқтаи муҳими ин фасл нест. Бисёр Навиштаҳо низ нишон медиҳанд, ки ин мумкин аст, ки масеҳӣ наҷоти худро аз даст диҳад. (Юҳанно 10:28, Румиён 8:31-39, 1 Петрус 1:4).
Пас Исо чӣ таълим медиҳад? Бо тасвири ток, навда ӯ вобастагии мутлақи шогирдонашро аз худ тасвир мекард. Исо, ток/ дарахт/, сарчашмаи қувва барои ҳамаи шохаҳо мебошад. Ҳар масеҳӣ навда аст. Ин ҳақиқатҳо дар ояти 5 кушоду равшан нишон дода шудаанд: Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо: Касе ки дар ман бимонад, ва ман дар вай, меваи фаровон меоварад, зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
Ба шогирдон, барои ояндаи онҳо зарур аст, ки бо Исо дар иттифоқ бошанд. Ин албатта на иттифоқи ҷисмонӣ, балки иттифоқи ягонагӣ дар вазъияти рӯҳонӣ буд. Масеҳиён ба ин иттифоқ ба василаи файз ворид мешаванд. (Эфсӯсиён 2:4-10). Файз ва омӯрзиш ба ҳама пешниҳод мешавад, ҳатто ба онҳое ки ҳоло гуноҳкорони ашаддӣ ҳастанд. Масеҳиён наметавонанд имтиёзи иттифоқ бо Исоро кор кунанд.
Масеҳиён абадан дар Исо ҳастанд, то он ҷое, ки ӯ мавқеъ дорад, вале ӯро метавонанд «дур кунанд», то он ҷое, ки ба фурсати қуллай ва илоҳияти ӯ вобаста бошад.
Ин мумкин аст чизе бошад, ки Исо дар ояти 6 гуфтааст, «Касе, ки дар ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад, ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд». Масеҳӣ метавонад боз ба гуноҳ қӯтта занад, ин на гум кардани наҷот балки аз даст додани қобилияти ба бор овардани мева мебошад. Агар имондор хоҳони доштани муносибати дуруст бо Худо бошад, ӯ бояд «шохабурӣ» карда шавад. «Шохабурӣ» барои он лозим аст, ки гуноҳ ба зиндагии масеҳӣ дохил шуда, онро олуда месозад. Баъзе чизҳое ҳастанд, ки онҳоро бурида партофтан лозим.
Барои шогирдон пеш аз оне, ки мева ба бор оранд, бояд якчанд бор «Навдазанӣ»-ро аз сар гузаронанд. Фаҳмиши онҳо дар бобати вазифаи Исо тоза карда шуд. Қояе, ки Исо бояд ҳукмрони заминӣ шавад, бурида партофта шуд. Қояи муҳим будани шӯҳрати заминӣ бурида шуд. Тарсу ҳароси онҳо бурида партофта шуд.
Он қисмҳое, ки дар ҳаёти масеҳӣ барои ба мақсади Худо ноил шудан халал мерасонанд бояд бурида партофта шаванд.
Мақсади шинондан (ток ва навда) ба бор овардани мева аст. Мақсадаш на ба бор овардани баргҳо аст. Бисёр баргҳо дар ток хеле зебо ҳастанд вале ин зебогӣ мақсади ток нест. Бисёр масеҳиён худро зебо нишон медиҳанд, хуб сухан мегӯянд, вале дар бораи мева чӣ? Ҷаҳон рӯҳан гурусна аст, чунки масеҳиён ба ҷои мева баргро пешниҳод мекунанд.
Ҷаҳон медонад, он кас масеҳӣ аст агар дар ӯ мева мавҷуд аст ва онро дидан мумкин аст. Дар ояти 8 Исо мегӯяд, «� шогирдони ман хоҳед буд». Бор овардани Масеҳиён пайравиашонро собит месозад.
Мева чист? Ин он сифатҳоянд, ки дар Қалотиён 5:2 омадаанд: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ.
Агар ҳамаи инҳо дар ҳаёти Масеҳӣ мавҷуд бошад, меваи дигар-масеҳии дигар ҳосил хоҳад шуд. Калиди паҳншавии масеҳият дар он аст, ки ҳар як имондор бояд шахси дигареро ба Масеҳ гаравад. Ин мевае аст, ки ҳар як масеҳӣ бояд ба бор орад агар ӯ дар Масеҳ мемонад, чӣ хеле, ки навда дар ток мемонад.
Ҳамчунин нигаред, ки ток навдаҳоро нигоҳ дошта истодааст. Имондор дар Исо аст, чаро ки Исо имондорро нигоҳ медорад. Исо қувваест барои имондор. Мева дар мубориза бо ток ба даст намеояд. Мева ба таври табиқ меояд, вақте ки бо ток муносибати дуруст вуҷуд дорад. Он гоҳе ки шохаҳо бо ток як мешаванд, мева ҳосил мешавад. Худо, боқбон, ток ва навдаҳоро қамхорӣ мекунад, ба онҳо кӯмак мекунад.
Исо шогирдонашро рӯҳбаланд мекунад, ки итоаткор бошанд (15:10-17)
Шогирди ҳақиқӣ ба оқояш итоат мекунад. Шахсе, ки мегӯяд, ки ӯ Худоро дӯст медорад вале дар айни замон каломи ӯро инкор мекунад, дурӯқ мегӯяд.
1. Исо ба итоаткор подоши махсус ваъда кардааст.
(1). Шахси итоаткор дар муҳаббати Наҷотдиҳанда мемонад (15:10).
Дар ояти 9 Исо оиди муҳаббати худ мегӯяд: «Чунон ки Падар маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам». Ин муҳаббат амиқ, дилсӯзона ва тақйирнаёбанда аст. Ин намуди муҳаббатест, ки барои дӯстон ва душманон пешниҳод шудааст.
Муҳаббати Исо дар салиб кушоду равшан дида шуд, чун ӯ бо ризоият ҷон дод. Ин муҳаббат аз таскини худ дида барои эҳтиёҷоти дигарон бештар равона шудааст. Ҳар имондор ин сифати Муҳаббати Наҷотдиҳандаро медонад.
(2). Шахси итоаткор шодию хурсандии илоҳиро мефаҳмад.
Инро ба шумо гуфтам, то ки шодии ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад (Ояти 11).
Исо намуди махсуси шодӣ дошт. Ин шодие буд, ки аз итоаткорӣ, муҳаббат ва вафодорӣ меомад.
Шодӣ Исоро дар марг нигоҳ дошт. Биёед ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо назар дӯзем, ки ӯ ба ҷои шодие, ки ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст (Ибриён 12:2).
Ин чунин шодӣ, ки аз дард ва азият бузургтар аст, ба масеҳии итоаткор ваъда шудааст. Ин шодие нест, ки шуморо аз ин олам, шаъну шукӯҳ, дилхушӣ ё пул таъмин кунад. Шодии боигарии ин олам муваққатист.
Имондоре, ки Хурсандии Исоро дорад соҳиби моликиятест, ки ӯро то абад сарватманд мегардонад. Ҷиҳатҳои заминӣ ин шодиро танзим намекунанд. Дар ҳаёт ва мамот, солимӣ ва беморӣ, шодӣ бо шахси итоаткор мемонад.
(3). Итоаткор аз дуои ҷавобдода кафолат дода шуд.
«На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред. Ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад» (Ояти 16).
Сирри хизмати бо самар ибодат аст. Сирри ибодати ҷавобдода итоат аст. Чун имондор дар Исо дар итоат мемонад, ӯ ирода ва роҳҳои Худоро медонад. Чун фақат масеҳӣ иродаи Худоро медонад, ӯ ҳамчунин медонад чӣ хел ибодат кунад.
Ба хотир оред, ки Худо ба дуоҳои пайравони итоаткор ҷавоб медиҳад. Баъзе вақтҳо ӯ ҳа мегӯяд ва баъзе вақтҳо ӯ не ҷавоб медиҳад. Вале агар дуо бо иродаи Худо мувофиқ бошад, ӯ ҳамаи он чиро, ки мепурсад, Худо ба ӯ хоҳад бахшид.
2. Исо барои итоат сабаб пешниҳод мекунад.
(1). Пайравон ба василаи муҳаббат-муҳаббат ба Исо ва нисбати ҳамдигар талқин мешаванд (Оятҳои 12, 14, 17).
Бисёр одамон ба василаи тарс талқин мешавад. Тарси онҳо Худо аст, онҳо аз пешвои динӣ метарсанд. Пайрави ҳақиқӣ озод аст ва ба василаи муҳаббат ба Худованд ва ба бародарон ва хоҳарон дар имон талқин карда мешавад. Аз тарс хизмат кардан ҳеҷ шодие намебахшад. Хизмати бо муҳаббат шодии бениҳоят мебахшад.
(2). Вафодорӣ ба даъвати Худованд пайравонро ба итоаткорӣ талқин мекунад (Оятҳои 15-16).
Исо ҳаёти ботинии худ, вазифаи худ ва воситаҳои иҷрокунии онро ба василаи марг, эҳёшавӣ ва фиристондани Рӯҳулқудс бахшид.
Ба шогирдон ваколат дода шуд. Онҳо интихоб шуданд, ки ҳавворӣ шаванд. Онҳо интихоб шуданд ва ба ҷаҳон равона шуданд, то ки меваи бисёртаре ба бор оранд. «Ман�шуморо баргузидаам, ки шумо биравед ва мева оваред, он навъи мевае, ки бимонад» (Ояти 6 б).
Ин маънои онро дорад, ки ба бор оварии мева анҷом намеёбад. Барои Исо ҳеҷ имкони бознишастанӣ нест. Дар овардани мева ҳеҷ танаффусе нест. Даъват барои ҳаёт аст. Масеҳӣ бояд итоаткор бошад, чунки Худо ӯро интихоб намуд ва барои ба ҷо овардани кори муайян ваколатдор намуд.
Исо шогирдонашро барои ба ӯ содиқ будан талқин мекунад (15:18-27)
Баъди марги Исо шогирдонаш ба озмоиш рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин то ҳамон даврае ба чашм хоҳад расид, ки ҷаҳон дар муқобилат бо Исо қалаба кунад. Мумкин аст, таъқибот шогирдонро барои бо ҷаҳон якфикра будан озмоиш мекунад.
Исо шогирдонашро боварӣ кунонд, ки онҳо ба муқобилияти сахт дучор хоҳанд шуд, ҷаҳон ҳатто онҳоро ва пайқомашонро бад хоҳад дид. Бо гуфтани «Ҷаҳон» Исо як қисми ҷамъиятро, ки ба Исо зид буданд ва ба Худо беитоат буданд, дар назар дошт.
Пайравони Худоро нафрат хоҳанд кард, чунки онҳо ӯро намояндагӣ мекунанд. Исо нуқтаи асосии нафрат аст, чаро ки одамон ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худо қабул намекунанд. Адолати ӯ дар миёни гуноҳ ба гуноҳкорон ҷазо хоҳад овард. Гуноҳкор бо имондор худро нороҳат ҳис мекунад.
Ҳатто агар ҷаҳон имондорро нафрат кунад, ӯ бояд ба Исо содиқ монад. Ҳангоми заифӣ имондор овози ҷаҳонро мешунавад. Овоз дар ҳама ҷо аст ва мардумонро ба чашидани лаззати ин дуньё даъват мекунад. Исо мегӯяд «Ба ман ва меъёрҳои адолат содиқ бимонед».
Имрӯз, акнун, пайқоми рӯҳбаландиро мешунавед.
Дар Исо монед.
Ба Исо итоат кунед.
Ба Исо содиқ бошед.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ мебахшад?
1. Мо навдаҳоем, ки пурра аз ток вобастагӣ дорем. Сарчашмаи ҳаёти рӯҳониамон аз мо вобастагӣ надорад, ин аз ӯ вобастагӣ дорад.
2. Навда, мева ба бор меорад, агар солим бошад.
3. Ибодат ва омӯзиши Библия барои мондан дар иттифоқ бо Исо муҳим аст.
4. Мо шодӣ хоҳем дошт, агар мо дар иттифоқ бо Исо бимонем.
5. Масеҳиён ба муҳаббати ҳамдигар ниёз доранд.
6. Ташвиш ё рӯҳафтода нашавед, агар ҳамсояатон ба шумо ва пайқоматон механдад. Дар хавотир бошед, агар ҳеҷ кас ба шумо намехандад ё пайқоматонро инкор мекунад.
7. Мо касеро дорем, ки барои ҳосил кардани мева ба мо кӯмак мекунад (Ояти 26). Ба он танҳо кӯшиш накунед.
Оятҳо барои аз ёд кардан. Юҳанно 15:5-18.
ЮҲАННО 16
Нақша
I .Исо таъқиби имондоронро пешгӯӣ мекунад (Юҳанно 16:1-4).
II. Исо кори Рӯҳулқудсро пешгӯӣ мекунад (16:5-15).
III. Исо табдил ёфтани қамгиниро ба хушҳолӣ пешгӯӣ мекунад (16:16-24).
IV. Исо пирӯзӣ аз болои оламро пешгӯӣ мекунад (16:25-33).
Пешгӯиҳои гаронбаҳо
Ин фасл пур аз пешгӯиҳое мебошад, ки баъдтар шогирдонашро барои пирӯзона бо ҳаёт рӯ ба рӯ шудан тайёр мекунад. Барои он ки Исо бештар аз одами оддӣ буд. ӯ метавонист ояндаро пешгӯӣ кунад.
Исо таъқибро пешгӯӣ мекард (16:1-4)
Чӣ хел ин пешгӯӣ қимматбаҳо аст? Таъқиб метавонад одами заиф ва тарсончакро нобуд кунад, вале вақте ки масеҳии заиф нури ҳақиқати Худованди эҳёшударо мепазирад, дар вақти ба таъқибот рӯ ба рӯ шудан қуввааш меафзояд.
Таъқиб дар паҳншавии Инҷил олоти асосӣ мебошад. Дар Аъмол 8:1 натиҷаи таъқиб дида мешавад: Худи ҳамон рӯз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, қайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яҳудо ва Сомария пароканда шуданд. Дар Аъмол 8:4 чунин омадааст. Онҳое, ки пароканда шуда буданд, ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, аз Калом башорат медоданд.
Исо дар Матто 5:10 гуфт: Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
Исо медонист, ки баъди таъқибот чизҳое зебое имондоронро интизор ҳастанд.
Павлус таъқиботро аз сар гузаронд: Аъмол 13:50, 52: Яҳудиён� ба таъқиби Павлус ва Барнаббо сар карданд ва онҳоро аз он ноҳия ронданд. � Ва имондорон дар Антиок аз шодӣ ва Рӯҳулқудс пур шуданд.
Таъқибот як чизи қимматбаҳо аст, чунки натиҷаи он буд, ки масеҳиён аз шодӣ ва Рӯҳулқудс пур шуданд.
Павлус на он касе буд, ки доимо таъқибаш мекарданд. Дар як замон ӯ таъқибгар буд. ӯ фикр мекард, ки ӯ ба Худо хизмат мекунад, ҳол он ки ӯ бар зидди масеҳиён бо таҳдиди қатл мебаромад. Аъмол 9:1 ва Аъмол 26:9-11.
Инсон метавонад хеле самимона ва боқайрат бошад ва хеле хатокор (16:2).
Чаро одамоне, ки худро масеҳӣ меноманд дигарҳоро, ки Библияро пайравӣ мекунанд мавриди таъқиб қарор медиҳанд? Исо ба ин дар ояти 3 ҷавоб медиҳад: � Чунки онҳо на Падарро шинохтанд ва на Маро.
Барои имондор таъқиб ваъда карда шудааст. Муддати тӯлонӣ мавҷуд набудани таъқиб он маъниро дорост, ки имондор ба мисоли имондор амал накардааст. Аз паси таъқибот сулҳу осоиштагӣ ва шодӣ мебошад.
Ҳозир дар ҷаҳон ҷойҳое ҳастанд, ки Исоро ҳамчун Худованд ҳисоб кардан маънои маргро дорад. Бисёр маконҳое ҳастанд, ки одамони ба ном масеҳӣ муқаррарӣ ҳастанд, ҳамзамон барои наврасоне, ки аз оилаашон ҷудо шудаанд қайримуқаррарӣ аст, чунки онҳо пайравии Исоро интихоб карданд ва Библияро ягона ҳоким мефаҳманд.
Исо кори Рӯҳулқудсро пешгӯӣ мекунад (16:5-15)
Исо хеле барвақттар омадани Рӯҳулқудсро пешгӯӣ карда буд. Акнун ӯ оид ба кори Рӯҳулқудс тафсилоти бештаре додааст.
Ба хотир овардан муҳим аст, ки Рӯҳулқудс дар зиндагии имондорон сокин аст. Ҳангоме, ки шахс Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мепазирад, ӯ ҳамчунин Рӯҳулқудсро мепазирад. (Исо ҳеҷ гоҳ ба шогирдонаш нагуфта буд, ки онҳо бо забони бегона гап зананд, то ки Рӯҳулқудсро пазироянд). Дараҷае ки инсон аз Рӯҳулқудс пур шудаст аз он вобастагӣ дорад, ки ӯ чӣ қадар ҳаёташро ба таъсири Рӯҳ таслим кардааст. Масеҳиён бояд хабардор бошанд, ки Рӯҳулқудс дар ҳаёти онҳо зиндагӣ мекунад ва хоҳиши назорати пурраро дорад. Юҳанно 14:17, 1 Қӯринтиён 3:16, Румиён 8:9-ро хонед.
Акнун ба Юҳанно 16:5-15 хусусан ба ояти 8 дақиқтар назар андозем. Дар ин оят Исо гуфтааст, ки Рӯҳулқудс ба одамон исбот хоҳад кард, ки онҳо дар бобати гуноҳ, дар бобати чӣ дуруст аст, ва дар бобати доварии Худо фикрҳои барқалат доранд.
1. Гуноҳ
Рӯҳулқудс яккаю ягона аст, ки одамони наҷотнаёфтаро аз вазнинии гуноҳ озод мекунад. Масеҳӣ масъулияти бо ҳам дидани Хабари хушро дорад, ки дар бораи гуноҳ рӯшноӣ меандозад. Рӯҳулқудс пайқоми гуфташудаи Каломи Худоро ва доварии Масеҳро истифода мебарад. Кори охирон дар дили беимон бояд кори эътимодноки Рӯҳулқудс бошад. Шахс метавонад то он вақте наҷот ёбад, ки Рӯҳулқудс ӯро боварӣ кунонад, ки ӯ гуноҳкор аст. Танҳо, ҳангоме ки беимон розӣ аст, ки ӯ дар ҳал кардани проблемаи рӯҳӣ ва қисматаш мӯҳтоҷӣ кӯмак аст, ӯ метавонад имондори ҳақиқӣ шавад. ӯ бояд бо тавба кардан аз гуноҳе, ки ӯро аз Худо ҷудо кард, ин масъаларо назди Худо эътироф кунад.
Бисёр гуноҳҳо мавҷуд ҳастанд, вале танҳо як гуноҳе аст, ки метавонад шахсро гумроҳ кунад. Чӣ тарзе, ки дар ояти 9 дида мешавад, ин гуноҳи беимон аст: � чунки ба ман имон намеоваранд.
2. Ҳақиқат чист
Далели он ки Исо ба назди Падар рафт ба ҷаҳон исбот шуд ки ӯ ҳақ буд� Бар адолат, ки назди Падари Худ меравам (Ояти 10). Исо дар пешгӯиҳо ва талабҳои худ дар бобати ба Худо баробар будан ҳақ буд. Рафтани ӯ ба назди Падар ин қувваро намоиш дод. Рӯҳулқудсе, ки дар дили мардум кор мекунад, онҳоро дар ҳамаи он чизе, ки Исо талаб ва дар амал иҷро намуд мӯътақид кард.
3. Доварӣ
Дар салиб, охирин доварӣ аз болои Шайтон ва пайравонаш ба амал оварда шуд. Шайтон акнун қудрати муваққатӣ ва маҳдуд дошт, вале ӯ аллакай доварӣ ва маҳкум шуда буд. Исоро инкор кардан ба доварӣ ва маҳкумият оварда мерасонад.
4. ӯ ба ҳақиқат ҳидоят хоҳад кард (16:12 –14)
Талаботи асосӣ дар ояти 12 дида мешавад. Барои Масеҳӣ фаҳмиш пешравӣ аст. Танҳо бо гузашти айём пайравон қодир ҳастанд ҳақиқати бузургро пазиранд.
Хулосаи аъмоли Рӯҳулқудс: ӯ маро ҷалол хоҳад дод (Ояти 14).
Рӯҳулқудс диққатро ба Худ ё инсон ҷалб намекунад. ӯ диққатро ба Исои Масеҳ ҷалб мекунад. Ин воситаи хубест барои озмоиши таълимот ва таблиқот. Кӣ ҷалол мегирад? Рӯҳулқудс? Омӯзгор? Исо? Ҳангоме, ки Рӯҳулқудс ҳамчун шахси асосии Сегона пазируфта шавад, натиҷааш Масеҳият нест. Масеҳ бояд боло бардошта шавад.
Исо пешбинӣ мекунад, ки қамгинӣ ба шодӣ мубаддал хоҳад гашт (16:16-24)
Дере нагузашта Маро нахоҳед дид ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид (Юҳанно 16:16).
Дар ояти 20 Исо ба шогирдон мегӯяд, ки қамгинии онҳо ҳангоми марги ӯ муваққатӣ хоҳад буд. Вале он тақъир хоҳад ёфт. Баъди «муддати кӯтоҳе» дар қабр Исо боз эҳё хоҳад шуд. Қамгинӣ ба шодӣ мубаддал хоҳад шуд. Дар ояти 22 гуфта мешавад, ки ин шодӣ абадист. Яке аз сифатҳои шодӣ ин амният аст. Ҳеҷ як шахс наметавонад ин шодиро дур кунад (Ояти 22). Баъди эҳёшавӣ шогирдон монанди пештара набуданд. Ҳеҷ шахсе ки ба Худои Зинда ҳамчун Худованди Шахсии худ имон дорад, ҳақ надорад, ки қамгин бошад.
Исо пирузӣ аз болои ҷаҳонро пешбинӣ мекунад (16:25-33)
Вақте ки он рӯз меояд� (Ояти 26). Ин рӯзи қалаба-рӯзи эҳёшавист. Баъзе одамон боварӣ доранд, ки Исо дар ин ҷо ба Пентекост ишора кардааст. Ибораи «он рӯз» дар оятҳои 16:23 ва 14:20 ба чашм мерасад. Хусусан дар ояти 14:20 нишон дода шудааст, ки Исо дар бобати давраи баъди эҳёшавқ нақл кардааст.
Чунончӣ дар ояти 29 дида мешавад шогирдон ба пазируфтани фаҳмиши нав сар карданд. Онҳо боварӣ ҳосил карданд, ки Исо фиристодаи Худо аст, чунки ӯ ҳама чизро медонад (Ояти 30).
Исо ҳама чизро медонист ва медонист, ки имони шогирдонаш ҳақиқӣ буд, вале қавӣ набуд. Бо суоли оддӣ ӯ онҳоро пурсид, «Акнун шумо боварӣ доред?».
Исо пешбинӣ кард, ки пас аз маргаш, шогирдонаш парешон хоҳанд шуд, ҳар кас ба хонаи худ мерафт.
Пайқоми зебо дар охири фасли 16 омадааст. Ҳарчанд чунин ба назар мерасид, ки шогирдонаш боваринок набуданд, Исо аз болои ҷаҳон қалаба кард.
Таърихшиносон ва файласуфон асрҳо боз нақшаи синну сол ва равиши таърихро ҷустуҷӯ доранд. Чунин ба назар мерасад ки Шайтон ва қувваҳои бадӣ қудрат ва назоратро ба дасти худ гирифтаанд.
Вақте ки Исо гуфт « Ман ҷаҳонро мақлуб кардам» ӯ оиди амали анҷомдода сухан кард. Хеле ҳам хуб иҷро карда шуд. Дев ва беимонон акнун озодии маҳдуд доранд. Исо боз барои талаб кардани пирӯзӣ меояд, ки ӯ аллакай дар салиб ва эҳёшавӣ ба даст оварда буд. Таърих ба беимонон торик аст, чунки бе ягон умед барои онҳо торик аст. Барои масеҳиён Исо калиди таърих аст. ӯ марг ва гуноҳро мақлуб кард ва қолибона зиндагӣ мекунад. Ба василаи ӯ имондор аз болои ҷаҳон қолиб меояд. Имондорон, шумо инро танҳо наметавонед кард, ба василаи имон, Исо бояд ба он вобаста бошад.
Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ дорад?
1. Ҳайрон нашавед, вақте ки шуморо таъқиб мекунанд. Ба имондорони аввалин ин ҳолат рӯй дод. То ҳоло ин давом дорад. 2. Мо метавонем пайқомро муаррифӣ кунем, тухмро корем, вале Рӯҳулқудс бояд ягона бошад, ки гуноҳро маҳкум мекунад, ва ба сӯи ҳақиқат ҳидоят мекунад. 3. Ба василаи сабабу мантиқ инсон метавонад, бо таълимоти имондорон розӣ бошад, ҳамзамон ин шахс масеҳӣ буда наметавонад. 4. Амале аст, ки танҳо Рӯҳулқудс карда метавонад. Мо мавъиза мекунем, ӯ ба кор мебарад. Мо дар бораи гуноҳ сухан мекунем, ӯ гуноҳро маҳкум мекунад. Мо дар бобати табиати нав сухан мекунем: ӯ табиати навро медиҳад. 5. Агар диққати шумо ба инсон равона аст, ин кори Рӯҳулқудс нест (Ояти 4). 6. Ду таблиқотчӣ мавъиза карданд. Дар бораи яке мардумон чунин гуфтанд: «Чӣ хел таблиқотчии бузург». Дар бораи дигаре чунин гуфтанд: «Чӣ хел Наҷотдиҳандаи бузург ӯ дорад». Охирон кори Рӯҳулқудс аст. 7. Дар бораи Худо ва корҳои Худо омӯхтан пешравӣ аст (Ояти 12). 8. Барои Масеҳиён зарур аст, ки табассум кунанд, онҳо шодӣ доранд ва ҳеҷ касе онро гирифта наметавонад (Ояти 22).
Оят барои аз ёд кардан: Юҳанно 16:33 б << Дарсҳои рӯҳонӣ |