www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Омӯзишии асосии Калисо - 1DownloadОмӯзиши асосии КалисоБОБИ 1ОЁ БИБЛИЯ БАРОИ МАСЕҲИЁН ҚУДРАТИ НИҲОӣ АСТ?
Ба Библия метавон бовар кард? Оё он эътимоднок аст? Оё он Каломи Худост? Агар он Каломи Худост сарварони калисо метавонанд онро бо суханҳои худ иваз кунанд?
Библия дар бораи Навиштаҳои Муқаддас чӣ мегӯяд?
� ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василае имоне, ки дар Исои Масеҳ аст. Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок ҳаст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад. 2 Тимотиюс 3:15-17 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд. 2 Петрус 1:21 Зеро ки Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад. Ибриён 4:12 Дар Аҳди Ҷадид чунин омадааст, Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст. Забур 118:89 Каломи Ту чароғ аст барои поям: ва нур аст барои роҳам. Забур 118:105
Исо гуфт “ Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам: наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад”. Матто 5:17-18
Павлус гуфт, Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он – қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ. Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст. “Одам ба василаи имон хоҳад зист”. Румиён 1:16-17
Иcои Масеҳ навиштаҳоро ҳамчун Каломи Худо пазируфт.
Вақте ки Исо ба васвасаи шайтон дучор шуд ӯ ба Аҳди қадим рӯ овард, ки чунин мегӯяд, “... одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худованд барояд зиндагӣ мекунад.” Такрори Шариат 8:3
Исо ба онҳо ҷавоб дод, “Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро”. Матто 22:29
“Зеро ки агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст. Модоме ки шумо ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?” Юҳанно 5:46-47
“Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбият ёфта буд, омад ва, аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост. Ба ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд�” Луқо 4:16-17
Бисёриҳо Библияро эҳтиром мекунанд вале ҳамчун қудрати олӣ онро пайравӣ намекунанд.
Павлус дар бораи чунин одамон мегӯяд, “Зеро мо мисли бисёр касон нестем, ки Каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем”. 2 Қӯринтиён 2:17
Дар Марқӯс 7:6-9, сарварони диниеро тасвир мекунад, ки дар торикӣ рафта истодаанд. ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: “Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд”. Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред. Ва ба онҳо гуфт: “Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?”
Исо ба сарварони динӣ дар Юҳанно 5:37-40 чунин гуфтааст, “ Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман Шаҳодат додааст, ва шумо на ҳаргиз овози ӯро шунидаед ва на сурати ӯро дидаед. Ва Каломи ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки ӯ фиристодааст, имон намеоваред. Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд. Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед”.
Хатари илова кардан ва ё кам кардан аз Библия.
Ба он чӣ ман ба Шумо амр мефармоям, чизе илова нанамоед, ва чизе аз он кам накунед. Такрори Шариат 4:2
Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чӣ мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад- малъун бод. Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чӣ қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад – малъун бод! Ғалотиён 1:8-9
Ман, Юҳанно, низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард. Ваҳй 22:18-19
Х У Л О С А:
1. Библия кофӣ аст. Он тамоми роҳҳои наҷотро тақдим мекунад. 2. Библия дар пайғоми он ки чӣ хел зиндагӣ кардан лозим аст, пурра аст. 3. Библия Каломи илҳомбахшандаи Худост. 4. Чун Библия илҳомбахшанда аст, он бояд бе ягон тағйирот пазируфта шавад. 5. Сарварони динӣ, ки ба Библия илова ё аз он кам мекунанд, аз Худо нестанд ва онҳоро доварии ҷовидонӣ мунтазир аст. 6. Аз ҳар гурӯҳи динӣ, ки ба Библия илова мекунад, эҳтиёт бошед. 7. Аз сабаби он ки Библия Каломи Худост, имондорон майл доранд, онро биомӯзанд ва таълимоти онро дар ҳаёт татбиқ намоянд. 8. Агар шумо ба ақидае часпидаед, ки дар Библия нест, ба шумо лозим аст, ки дини худро имтиҳон кунед. Шояд сарварони динӣ шуморо гумроҳ кардаанд. Каломи Худо ин Каломи Худост. БОБИ 2ЧАРО МАН БИБЛИЯРО БОЯД ОМӯЗАМ?
1. Ман бояд Библияро омӯзам чунки ман мехоҳам ҳақиқатро донам.
Одам бояд баъзе меъёрҳо дошта бошад, ки тавассути онҳо муайян кунанд, ки ҳақиқат чист. Барои баъзеҳо ин меъёр суханҳои доимо тағйирёбандаи сарварони динӣ мебошад. Ин меъёр хеле хатарнок ва ғайриэътимод аст, чунки тибқи Библия ва тибқи мушоҳидаҳо ҳамаи мардон ва занон гуноҳкоранд. Ҳар шахсе, ки имон дорад ва Библияро ҷиддӣ мепазирад имкон намедиҳад, ки ягон шахс дар ҳаёти ӯ ҳокимияти олӣ дошта бошад. Ҷаҳон пур аз одамонест, ки аз тарафи сарварони самимӣ, вале дар айни замон нобино фиреб ва гумроҳ шудаанд. Исо дар бораи ин зумра одамон дар Луқо 11:52 чунин мегӯяд, “Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое, ки даромадан мехостанд, монеъ шудед”.
Оё ба Библия ҳамчун ҳокимият ман метавонам бовар кунам? Библия аз суханҳои одамон бузургтар аст? Агар Библия як чизро таълим медиҳад ва муаллими динӣ чизи дигар, кадомаш дуруст аст? Чиро ман ҳамчун меъёри ҳокимият пайравӣ кунам? Навиштаҳои Библияро аз назар гузаронед:
Лекин ту дар он чӣ таълим гирифтаӣ ва мӯтаъқид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст. Ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст. Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад. 2 Тимотиюс 3:14-17 Дар 1 Петрус 1:24-25 чунин мехонем: Чӣ хеле ки Навиштаҳо мегӯянд, “ Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ – мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; Аммо Каломи Худованд то абад боқист”. Дар ин оятҳо “тамоми инсоният” бо Каломи Худо муқоиса шудааст. Ҳар сарвари динӣ хушк шуда гулаш мерезад, вале Каломи Худо ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд. Инсон бояд ба кадомаш эътимод кунад? Ба сухани одам ё Каломи Худо?
Нисбати эътимоднокии Навишта Петрус мегӯяд, “Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.” 2 Петрус 1:21
Павлус Навиштаҳоро ҳамчун асос барои таълимоти худ истифода кард. Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард. Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст. Аъмол 17:2-3
Оиди баъзе ҳақиқатҳои муҳим, ки дар ин оятҳо ба назар мерасанд мулоҳиза кунед. Барои Павлус китоби асосӣ Каломи Худо буд. ӯ Навиштаҳоро барои исботи далел истифода бурд. ӯ боварӣ дошт, ки Навиштаҳо қудрати эътимоднок доранд. Мавзӯи Павлус Исо , марги ӯ ва аз мурдаҳо эҳёшавии ӯ буд. Дар ин ҷо чун дар тамоми Библия Исо дар мадди аввал аст. Фақат он вақте ки сарварони динӣ Библияро ҳамчун қудрати ниҳоӣ ва олӣ инкор мекунанд, шумо шахси дигарро медонед, ки мисли Исо ситоиш шудааст.
Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд. Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не. Бисёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ваҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд;�Аъмол 17:10-12а
Чӣ хел одам ҳақиқатро мефаҳмад? Оятҳои дар боло зикршударо бори дигар хонед ва шумо мефаҳмед, ки мо бояд суханони сарварони диниро бо Каломи Худо муқоиса кунем. Агар онҳо монанд ҳастанд, шумо ҳақиқатро ёфтед ва метавонед ба ин сарвари динӣ боварӣ кунед. Бе дилпур будан аз он, ки суханони одамон дар асоси Библия ҳастанд кас набояд суханонашро пазирад.
Чаро ман Библияро меомӯзам? Абадият барои ман ва фарзандонам хеле дароз ҳаст ва ман метавонам дар бораи ҳақиқат ба хатогӣ роҳ диҳам. Исо гуфт, “Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на Қудрати Худоро”. Матто 22:29
Исо дар дуои Худ ба Падар чунин гуфт, “Каломи Ту ростист”. Юҳанно 17:17
2. Ман Библияро мехонам то ин ки дар борааш омӯзам.
Дар Навиштаҳо Исо изҳор мекунад, ки ӯ бо Падар як аст “Ман ва Падар як ҳастем”. Юҳанно 10:30
Дар Навиштаҳо Исо изҳор мекунад, ки ӯ роҳи ягона назди Падар ва роҳи ягона ба осмон мебошад. Исо ба вай гуфт: “Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман”. Юҳанно 14:6
Дар Навиштаҳо Исо мегӯяд, ки қудрати олӣ дорад, Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: “Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст” . Матто 28:18
Дар Навиштаҳо Исо итоати бечунучарои онҳоеро, ки майли донистани ҳаёти дар сулҳу осоиш ва озодро доранд, талаб мекунад. Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба ӯ имон оварданд, гуфт: “Агар шумо дар Каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд. Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард”. Юҳанно 8:31-32
3. Ман Библияро мехонам то ин ки чӣ хел пазируфтани ҳаёти ҷовидониро омӯзам.
Фақат дар Навиштаҳо мо нуқтаи назари масеҳиро оид ба наҷоти ҳақиқӣ меёбем. Ман бояд Библияро хонам ва бифаҳмам, ки он чиро ман меомӯзам дар ҳамоҳангӣ бо Библия аст. Ҳаёт баъди марг амали ҷиддист. Библия дар бораи роҳи наҷот хеле рӯшан ахбор медиҳад.
Павлус гуфт, “ Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он – қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ”. Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: “ Одил ба василаи имон хоҳад зист ”. Румиён 1:16-17
� ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст . 2 Тимотиюс 3:15
Каломи Худо рӯшан аст. Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест. Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд. Ва ройгон, бо файзи ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд. Румиён 3:22-24
4. Ман Библияро меомӯзам чунки ман мехоҳам ҳаёти пирӯзомез ва пурмаънӣ дошта бошам.
Библия чунин мегӯяд, “Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст�”. 2 Тимотиюс 3:16
Петрус дар бораи ҳаёти пурмаъно ва пирӯзомез сухан мекунад: Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед. Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед. 1 Петрус 2:9-10
Довуд ба мо тасвири пирӯзӣ ва мақсадро дар Забур 40:1-4 нишон додааст; Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард. Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд. Ва Ту ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд. Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард. Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард.
Ин оятҳо тасвири раҳоӣ аз харобӣ ва ҳаёти нави пирӯзиро нишон медиҳанд. Ин ҳаёти мақсаднок аст, ки сазовор аст, онро бо дигарон ба ҳам бинем. Библия роҳест ба зиндагии муваффақиятнок. Омӯзиши Библия маълумоти беҳтарин доир ба он ки чӣ хел пирӯзомез ҳаёт ба сар бурдан лозим аст, мебошад. Аз худ кардани ҳамаи донишҳои инсонӣ ва нафаҳмидани маънои Китоби Китобҳо нодонии кӯтоҳназарона мебошад.
Барои он ки Худоро донам, ҳақиқатро донам, роҳи наҷотро донам, ҳаёти пирӯзомез ва пурмаъноро донам ман бояд Библияро хонам.
БОБИ 3Чӣ ХЕЛ МАН БОЯД БИБЛИЯРО ОМӯЗАМ?
1. Китоби хуби сифатнокро дастрас кунед. Ҳангоми харидани Библия ба баъзе чизҳо диққат диҳед: Китобе, ки дергоҳ хизмат кунад. Барои хондан осон Ҳошияи васеъ барои навиштани чизҳои муҳим. Тарҷумае, ки бароят осон аст.
2. Ба андозаи китоби Библия дафтаре харидорӣ намоед.
3. Қуттии қаламҳои ранга ва ручкаи хуб харед. Аз қуттӣ қаламҳои зард, гулобӣ, зарди сабзтоб ва зарди сурхтоб интихоб кунед. (Ранги зард барои фарқ кунондан беҳтар аст. Ранги сиёҳро истифода набаред). Ин рангҳо барои намоён кардани оятҳое, ки доимо бо шумо мемонанд хеле хуб ҳастанд. Ин рангҳо аз қоғаз тоза намешаванд ва олуда намешаванд.
Ручкаро барои хат кашидан зери оятҳои муҳим ва барои навиштан дар ҳошияи Библия истифода баред.
4. Муайян кунед, ки кадом вақти муайяни рӯзро барои хондани Библия сарф мекунед.
Агар шумо фикр мекунед, ки вақт надоред, дар бораи вақте ки барои хондани маводҳои дигар, тамошои телевизион, гӯш кардани радио, сӯҳбат бо мардум ва хӯрдан сарф мекунед, фикр кунед. Хондани Каломи Худо аз ҳамаи инҳо муҳимтар аст.
5. Вақти беҳтаринро барои омӯзиш интихоб кунед. Барои баъзеҳо вақти муносиб шабона мебошад, барои баъзеҳо – рӯзона ва барои дигарҳо шояд вақти хуби барои омӯзиш субҳ бошад.
6. Кӯшиш кунед дар як рӯз аз як боб зиёдтар хонед. Тасаввур кунед, шумо аз дӯсти наздиктаринатон дар ҳаҷми панҷ саҳифа мактуб гирифтед ва ҳар рӯз як саҳифагӣ мехонед, яъне ин мактубро дар панҷ рӯз тамом мекунед. Ин хел хондан маъно надорад.
7. Дар назди худ мақсад гузоред, ки ҳар рӯз на камтар аз се боб хонед. Агар шумо ҳар рӯз се боб хонед, дар як сол Библияро тамом мекунед.
8. Аз кадом китобе, ки мехоҳед сар кунед. Зарур нест, ки аз саҳифаи якуми Библия шурӯъ кунед. Агар бо Библия шинос нестед, беҳтар мешуд, аввал диққататонро ба Аҳди Ҷадид ҷалб кунед, ё аввал Юҳанно ё дигар Инҷилҳо, баъд Аъмол ва Номаҳо (китобҳои баъди Аъмол)-ро мутолиа намоед. Аҳди Ҷадид бунёди ҳаёти масеҳӣ мебошад, вале хондани Аҳди Қадим низ муҳим аст. Аҳди Қадим амали Худоро дар тӯли таърихи инсоният нишон медиҳад ва бунёди Аҳди Ҷадид мебошад.
9. Аз боби якуми китоби интихобшуда сар карда онро пурра хонед. Ҳар китоб мавзӯъ дорад ва хуб мешуд, пеш аз хондани китоби дигар китоби авваларо пурра тамом кунед. 10. Шумо бояд рӯзнома дошта бошед ва дар он он чиро, ки шумо мехонед – сарчашма (китоби Библия) ва миқдори бобҳоро сабт намоед. Барои ин тақвимро низ истифода бурда метавонед.
11. Шумо дар дафтаратон баъзе чизҳоро хоҳед навишт. Мавзӯҳои асосӣ ва маводи даркориро нависед. (Маводи лозимӣ китоб, боб ва оят мебошад).
12. Дар давоми ҳафта ҳамаи бобҳоро хонед ва миқдори онҳоро дар охири ҳафта сабт намоед.
13. Дар дафтаратон баъзе ҳақиқатҳои бузургро, ки тӯли ҳафта омӯхтед нависед. Оятҳоеро, ки махсусан ба дилатон наздик ҳастанд қайд намоед.
14. Вақте ки хондани тамоми Библияро тамом кардед, боз як бори дигар онро аз аввал хонед. Кӯшиш кунед ҳар сол як бор тамоми Библияро хонед. Шумо метавонед, дар тамоми ҳаётатон соле як маротиба Библияро хонед ва ҳар бор ҳақиқати наверо дарёфт хоҳед кард.
15. Баъзе вақтҳо шумо мехоҳед, ки барои омӯзиши чуқури мавзӯи муайян ё боби пурра диққати махсус диҳед. Инро бояд баъди вақти ҷудо карда барои хондани Библия ба ҷо овард.
БОБИ 4ОЁ ҲАМАИ РОҲҲО БА ОСМОН МЕБАРАНД?
Баъзе одамон чунин мегӯянд, “Ҳамаи мо ба осмон хоҳем рафт, вале бо роҳҳои гуногун”. Оё ин ҳақиқат аст? Библия дар бораи ин чӣ мегӯяд?
Дар бораи Исо, Петрус мегӯяд, “Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем”. Аъмол 4:12
Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. Ва ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ. 1 Юҳанно 2:1-2
Павлус гуфт, Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар ӯ сокин бошад.Ва ба воситаи ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи ӯ оштӣ диҳад. Қӯлассиён 1:19-20
Нисбати он ки наҷот ба василаи шариат меояд. Павлус чунин гуфт; Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғалотиён 2:16
Дар 2 Қӯринтиён 5:17-19, Павлус мегӯяд; Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд. Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва Каломи мусолиҳаро ба мо супурд.
Павлус мегӯяд, “ Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад? Худоро ба воситаи Худованди Мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Румиён 7:24-25
Дар Румиён 3:21-24 мо мехонем; Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд. Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест. Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд. Ва ройгон, бо файзи ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд.
Исо ба вай гуфт: “Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам: касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман” . Юҳанно 14:6
Дар Юҳанно 5:26 мо мехонем, “Зеро, ҳамчунон ки Падар дар худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад”.
Дар Юҳанно 3:18 мо мехонем, “Ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар ки имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст”
Исо гуфт, “Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад”.
Дар асоси ин оятҳо аз Библия пайғом равшан аст:
Фақат як сарчашмаи ҳаёти ҷовидонӣ – Исои Масеҳ мавҷуд аст. Ба ғайр аз Исо дигар ном нест. Гуфта нашудааст ки дар наҷоти одам ба касе ёрдам кардааст. Танҳо Исо-ҳеҷ каси дигар не (Аъмол 4:12).
Исоро бо имон қабул мекунанд (Ғалотиён 2:16).
Баъзеҳо Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мепазиранд дар айни ҳол дигарҳо ӯро қабул намекунанд. Ҳаёти ҷовидонӣ барои онҳое, ки ӯро ба василаи имон қабул карданд оянда ҳаст; онҳоеро ки ӯро пайравӣ намекунанд маҳкумияти абадӣ интизор аст. (Юҳанно 3:18).
Танҳо як нақшаи наҷоти инсоният мавҷуд аст ва он ҳам нақшаи Худост. Ҳеҷ кадом дин наметавонад нақшаи Худоро дигар кунад (Румиён 3:21-24).
Танҳо онҳое, ки нақшаи Худоро пайравӣ мекунанд дар замин ва дар осмон ҳаёти пурмаъно хоҳанд дошт (Матто 7:13-14).
Сухани “Ҳамаи роҳҳо ба осмон мебаранд” дурӯғ аст.
Дар Матто 7:13-14 – мегӯяд; “Аз дар танг дароед: зеро фарох аст он дар на васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд. Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд”.
(Диққат диҳед: фақат як дар аст).
БОБИ 5ОЁ ИН РОСТ АСТ, КИ БАРОИ БА ОСМОН РАФТАН ШАХС БОЯД АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ЁБАД?
Ҷавобаш хеле рӯшан аст Исои Масеҳ гуфт; “ Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад” (Юҳанно 3:3).
Ҷавоби Исо чунин аст ки ҳеҷ кас наметавонад ба осмон равад ё Малакути Худоро бинад, агар ӯ аз олами боло таваллуд наёбад. “Ҳеҷ кас” ҳамаи одамонро дар бар мегирад. Агар кас тавонад ба осмон бе таваллуд аз олами боло равад, пас Исо дурӯғгӯй аст. Кас метавонад ҷавоб диҳад, “Вале ман ба калисо меравам. Шумо чунин мегӯед, ки ман наметавонам ба осмон биравам, агар аз олами боло таваллуд наёбам?” Шумо ҳақ ҳастед, Исо ҳам чунин гуфт.
Кас метавонад гӯяд, “Вале ин адолат аст? Оё Худо одамро ба дӯзах танҳо барои он ки ӯ аз олами боло таваллуд нашудааст мефиристонад?
Худо хоҳиш надорад, ки ҳама ба дӯзах раванд, вале ӯ инсонро маҷбур намекунад, ки ба фармонҳои ӯ итоат кунанд. Одамон имконияти шунидани хабари хушро доранд ва агар онҳо пайравии дини худашонро аз Библия ва Исо авлотар доранд, онҳо дар куҷо гузарондани абадиятро худашон интихоб хоҳанд кард.
Кас метавонад ҷавоб диҳад, “Ман маънои аз олами боло таваллуд ёфтанро намедонам. Оё ин чунин маъно дорад, ки ман ба осмон намеравам?” Вақте ки Исо “ҳеҷ кас” гуфт, ӯ ҳамаи онҳоеро, ки аз олами боло таваллуд наёфтаанд дар назар дорад. Яъне онҳое, ки сарватманд ҳастанд ё камбағал, маълумотнок ё бесавод, диндор ё бедин ҳастанд. Далели он ки ба шумо дар бораи аҳамият ва роҳи аз олами боло тавлидшавӣ таълимот нагирифта будаед ба шумо кӯмак намекунад. Барои касеро пайравӣ кардан шумо ҷавобгар ҳастед.
Исо ба Ниқӯдимус гуфт, ки ӯ бояд аз нав таваллуд ёбад. Ниқӯдимус одами диндор буд, ӯ ҳатто сарвар дар дини худ буд. Бо вуҷуди ин Исо ба ӯ гуфт, “Агар шумо аз олами боло таваллуд нашавед, шумо Малакути Худоро дида наметавонед”. Пас суханҳои Исо ба аъзоёни калисо ва сарварони динӣ ҳам дахл доранд. Ба ҳамаи гурӯҳҳои динӣ, як пайғом мебошад. Агар кас намедонад, ки аз олами боло таваллуд шудан чӣ маъно дорад, ба ӯ зарур аст ба гурӯҳи диние, ки Библияро ҳамчун қудрати олӣ эътироф мекунанд, нигоҳ кунад.
Тавлиди нав ҳатмӣ нест. Исо дар Юҳанно 3:7 чунин гуфтааст “Аз он чӣ ба ту гуфтам тааҷҷуб накун; бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.”
БОБИ 6БАРОИ АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ЁФТАН ОДАМ БОЯД Чӣ КОР КУНАД?
Калимаи “аз олами боло таваллуд ёфтан” дар Юҳанно 3 омадааст. Исо ба Ниқӯдимус, ки сарвари динӣ буд чунин гуфт, “Кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад Юҳанно 3:3
Истилоҳи “аз боло таваллуд ёфтан” дар Аҳди Ҷадид бисёр истифода бурда нашудааст, вале калимаҳои дигар истифода шудаанд, ки муносибати одамро бо Худо тасвир мекунанд ва ҳама дорои як маъно ҳастанд. Ҳамаи онҳо дар бораи атои наҷот ки аз тарафи Худо ба Одам дода шудааст, нақл мекунанд.
НаҷотДар Аъмол 16:29-30 мо суханҳоеро вомехӯрем, ки бо “Ман чӣ бояд кунам, ки аз олами боло таваллуд ёбам?” ҳаммаъно ҳастанд. “Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод: Сонӣ онҳоро берун оварда, гуфт: “Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?” Дар мавриди дигар Исо чунин гуфт, “Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад”. Луқо 19:10
Пазируфтани ҳаёти ҷовидонӣДар Марқӯс 10:17 мо мехонем, Вақте ки Исо ба роҳ мебаромад, касе назди ӯ шитофта зону бар замин зад ва пурсид: “Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?” Дар Юҳанно 3:36 Исо мегӯяд, “Ҳар ки ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад”.
Сафед шудан аз тарафи Худо Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад. Румиён 3:28.
Ҳамчунин дар Румиён 1:17 омадааст, Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: Одил ба василаи имон хоҳад зист.
Масеҳӣ шахсест, ки: аз боло таваллуд ёфтааст; аз тарафи худо сафед шудааст; ҳаёти ҷовидонӣ гирифтааст; наҷот ёфтааст. Ҳамаи инҳо ба наҷот дахл доранд.
Биёед ба саволи аслӣ бармегардем, “Чӣ бояд бикунам, то ки аз боло таваллуд ёбам?” Ҷавобаш ба мисли ҷавоби “Чӣ бояд кунам, то ки наҷот ёбам?” ё “Чӣ бояд кунам, то ки аз тарафи Худо сафед шавам?” ё “Чӣ бояд кунам, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбам?”
МУВОФИҚИ БИБЛИЯ, одам бояд чӣ кунад, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад ё аз боло таваллуд ёбад?
1. Шунидани Хабари Хуш Библия мегӯяд; Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд? Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи Каломи Худост. Румиён 10:14, 17
2. Тавба Исо гуфт, “ Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред” Марқӯс 1:15
Дар 1 Юҳанно 1:9 мо мехонем, “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд”.
Тавба кардан маънои аз гуноҳ рӯй гардондан мебошад. Пеш аз он ки кас аз гуноҳ тавба кунад, ӯ бояд донад гуноҳ чист, ки ӯро маҳкум мекунад ё аз Худо ҷудо мекунад. Юҳанно 3:18 ба мо ёрӣ медиҳад гуноҳро бифаҳмем, ва он бароямон абадан марговар аст, агар аз он тавба накунем. Ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. Ин оят ба мо рӯшану кушод мефаҳмонад, ки одам барои беимониаш маҳкум мешавад. Гуноҳ Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд инкор мекунад. Бисёр диндорон Исоро ҳурмат ва ба ӯ боварӣ доранд, вале барои наҷотёбӣ ба ӯ сад фоиз боварӣ надоранд. Онҳо дар бораи наҷотёбӣ ақидаҳои иловагиро, ки дар Библия нестанд мепазиранд. Ин одамон дар ном масеҳӣ ҳастанд вале масеҳии ҳақиқӣ нестанд. Аз гуноҳи худ-одилӣ худ-ҳукмронӣ бояд тавба кард.
3. Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кунед. Библия мегӯяд, “Лекин ба онҳое ки ӯро қабул карданд ва ба Исми ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд”. Юҳанно 1:12.
Дар ин оят бо истифодаи ду калима, қабул кардан ва имон овардан диққат диҳед.
Чӣ хел одам қабул мекунад? Ба василаи имон. Боварӣ доштан ин имон аст. Пеш аз оне ки кас Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кунад, ӯ бояд боварӣ дошта бошад, ки Исо он аст, ки талаб мекунад (Писари Худо) ва ӯ метавонад амалеро иҷро кунад, ки онро метавонад (додани ҳаёти ҷовидонӣ). Исоро ба василаи имон қабул мекунед. Имоне, ки наҷот меорад фақат дар Исо бояд бошад – на дар Исо ва каси дигар ё чизи дигар. Наҷот ҳеҷ вақт дар ҳамбастагии имон дар Исо ва кори хуб ё маросимҳои калисо намеояд. Ин танҳо имон ба Исо, ки инсонро ба муносибати дуруст бо Худо меорад.
Аз Библия ба оятҳои зерин диққат диҳед.
Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи ӯ наҷот ёбад. Юҳанно 3:16-17
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. Юҳанно 5:24
Исо ба вай гуфт: “Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд. Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад нахоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ?” Юҳанно 11:25-26
Исо ба вай гуфт: “ Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман” Юҳанно 14:6.
Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем” Аъмол 4:12.
Зеро ки адолати Худо дар он аз имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: “Одил ба василаи имон хоҳад зист” Румиён 1:17. Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем. Румиён 5:1
Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст. Румиён 10:10
Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғалотиён 2:16
Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост. Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. Эфсӯсиён 2:8-9
Аммо вақте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд. ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Титус 3:4-5
Ин оятҳо ошкор мекунанд ки: (1) Худо барои ба пеши Худ овардани одамон як нақша дорад ва ин ҳам ба воситаи қурбонӣ кардани Писари ягонаи Худ мебошад. (2) Имон танҳо ба василаи Исо. (3) Наҷот тӯҳфа аст. (4) Наҷот ба василаи кори хуб намеояд. (5) Наҷот ба василаи шариат намеояд. (6) Наҷот ба василаи харид кардани тӯҳфаҳо ба калисо намеояд.
Мо медонем, ки одам танҳо ба воситаи имон ба Исо сафед мешавад. Вале чӣ хел одам ин имонро ба ҷо орад? Одам бояд чӣ кунад, агар ӯ роҳи наҷотро медонад?
4. Аз Исо илтимос кунад, ки ӯро наҷот диҳад. Дар Румиён 10:13, чунин омадааст, “Ҳар касе ки исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт”.
Киҳо барои кӯмак исми Худовандро хоҳад хонд? Онҳое ки:
(1) Эътироф мекунанд, ки онҳо гуноҳкор ҳастанд ва ба кӯмак эҳтиёҷ доранд.
(2) Эътироф мекунанд, ки Исо Писари Зиндаи Худост, ва қобил аст гуноҳро бахшаду ҳаёти нав диҳад.
(3) Пурра имон доранд, ки фақат Исо Наҷотдиҳанда ва Худованд аст.
(4) Хоҳиш доранд, ки ҳаёти худро ба Худовандии Исо таслим кунанд.
Номи Худоро хондан маънои онро дорад, ки дуо кунед, самимона ӯро илтимос кунед то гуноҳҳои шуморо бахшад ва ба ҳаёти шумо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд дохил шавад.
Ин, яъне чӣ хел одам аз олами боло таваллуд меёбад. Ин, яъне чӣ хел одам ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ин, яъне чӣ хел инсон наҷот меёбад. Ин, яъне чӣ хел одам аз тарафи Худо сафед мешавад.
БОБИ 7Чӣ ХЕЛ МАН БА ОНҲОЕ, КИ БА ХУЛОСАИ МАН ДОИР БА АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ЁФТАН МУҚОБИЛ ҲАСТАНД, ҶАВОБ ДИҲАМ?
Бешубҳа, агар шумо Исоро пайравӣ кунед, ин ба дигарон низ таъсир мерасонад. Баъзеҳо хурсанд мешаванд. Дигарҳо шояд ноумед ва хафа мешаванд. Бадбахт он аст, ки Исоро аз тарси он ки дигарҳо чӣ фикр мекунанд, пайравӣ намекунад. Ҳама дар чунин ҳолат бой медиҳанд. Ин дар рӯҳонияти Исо рӯй дод. Бо вуҷуди ин бисёре аз сардорон низ ба ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд. Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд. Юҳанно 12:42-43
Вале дигарҳо хурсандона пайравӣ мекунанд ва азобу машаққатро паси сар мекунанд. Одам бояд чӣ кор кунад, вақте ки пайравӣ сабаби он мешавад, ки аъзоёни оилааш бо ӯ қаҳрӣ мешаванд?
Сараввал суханҳои Исоро, ки дар бораи таъсири Худ аз болои ҷомеъ гуфтааст ба ёд оваред. Дар Матто 10:34-37 ӯ мегӯяд. Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер. Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд. Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест.
Исо мегӯяд, ки муноқишаҳо он вақт дар оила рӯй медиҳанд, вақте ки баъзеҳо ӯро пайравӣ мекунанд ва дигарҳо ӯро инкор мекунанд. Исо ҷудокунанда ё несткунандаи оилаҳо нест. Сарчашмаи ҷудоиҳо ва кашокашиҳо онҳое ҳастанд, ки аз пайравии Исо саркашӣ мекунанд. Навимондор сулҳу осоиштагӣ ва хурсандиро давом медиҳад, вақте ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди шахси қабул мекунад. Ҳарчанд муддате ин ҳисси ноумедӣ ҳаст, бо вуҷуди ин тамоми оила имконияти наҷотёбӣ пайдо мекунад, чунки як аъзои оила аллакай наҷот ёфт.
Дар хотир дор, ки мақсади шумо наҷотдиҳии ҳамаи аъзоёни оилаи шумо ва дӯстони шумост, на набудани муноқиша. Дар ин ҷо баъзе чизҳои мусбианд, ки шумо метавонед онҳоро ба кор баред, вақте ки ягон кас шуморо барои шогирдии Исо таъқиб мекунад.
1. Фаҳмидани он ки ҳарчанд аъзоёни дигари оила бадбахт ҳастанд, шумо метавонед бо Исо хушбахт бошед. Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд. Матто 5:10-12
Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, - ва ин аз ҷониби Худост. Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба ӯ на танҳо имон оваред, балки барои ӯ уқубат ҳам кашед. Филиппиён 1:28-29
2. Фаҳмидани он ки таъқибкунӣ пешгӯи карда шуда буд. Исо гуфт, “Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард”. Юҳанно 15:20.
3. Ба таъқибот бо муҳаббат ҷавоб гардонед. Библия мегӯяд, Баракат бихоҳед барои онҳое, ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед. Румиён 12:14.
4. Бо пур тоқатӣ ва боисрор барои беимонҳои оилаи худатон дуо кунед. Исо гуфт, � Душманони худро дӯст бидоред ва барои таъқибкунандагони худ дуо кунед. (Матто 5:44)
Павлус мегӯяд, Эй бародарон! Орзӯи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд. (Румиён 10:1)
Муддате чанд шумо аъзои ягонаи оилаатон хоҳед буд, ки Исо ва Каломи Худоро пайравӣ мекунед. Шояд ин вақти мушкил хоҳад буд, вале ҳамеша суханҳои Библияро дар ёд доред. Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед. Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад. Филиппиён 4:6-7, 13
БОБИ 8 ОЁ МАН МЕТАВОНАМ БА КАЛИСО БИРАВАМ, АГАР МАН АЗ БОЛО ТАВАЛЛУД ШУДАМ?
Ин саволро одатан онҳое медиҳанд, ки то ҳоло аз олами боло таваллуд нашудаанд. Ҷавобаш чунин аст: Барои он ки аз олами боло таваллуд шавад, шахс бояд тамоми ҳаёташро ба Худовандии Исои Масеҳ таслим кунад. Одами аз боло таваллудёфта хурсандона Худованди ҳаёти худ – Исоро пайравӣ мекунад. Ҳамаи амалҳои ҳаёт ба монанди маълумотгирӣ, кор, интихоби зан ё шавҳар, истироҳат, ҳамчунин чӣ хел ва дар куҷо ибодат кардан зери назорати Худованди мо- Исо хоҳад буд. Исо муайян хоҳад кард, ки мо дар куҷо бояд ибодат кунем. Вале иродаи ӯро дар ҳаёти худ ман чӣ хел мефаҳмам?
Иродаи Худоро дар ҳаётамон мо тавассути омӯзиши ҳаррӯзаи Библия, Сухани ӯ барои фарзандони ӯ аз худ мекунем. Ҳамчунин, имондор барои роҳнамоии ҳаррӯзаи Худо дуо мекунад.
Бинобар ин савол бояд чунин набошад: “Оё ман метавонам ба калисо равам?” Савол бояд чунин бошад, “Худованди ҳаёти ман кист?”
Имондор бо Павлус розӣ хоҳад шуд вақте ки ӯ гуфт; “Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам. Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард”. Ғалотиён 2:19-20
Исо, ки Ростӣ аст (Юҳанно 14:16), имондорҳоро ба сӯи ростӣ роҳнамоӣ мекунад. Имондори ҳақиқӣ ростиро пайравӣ мекунад.
Агар дини одам дар асоси Библия набуда, асоси он анъанаҳое, ки инсон офаридааст бошад, пас барои чунин одамон Библия роҳнамои нав хоҳад шуд.
Дар Ғалотиён 5:1 Павлус дар ин бора чунин мегӯяд, “Дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед”.
Дар бораи одамоне, ки озод шуданд (аз боло таваллуд ёфтанд) Павлус дар Ғалотиён 5:7-8 мегӯяд, “Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт? Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест”.
Агар кас боре Исоро пайравӣ кард ва роҳи ростиро, ки дар Библия аст, ёфта буд, ба ӯ таъсир мерасонанд, то ин ки ростиро монда аз сари нав дини пештараро пайравӣ намояд. Вале Павлус мегӯяд, ки озмоиш аз тарафи Худо нест ва имондор бояд қавӣ бошад, ва бо васваса истодагарӣ намояд, ҳарчанд зидди ӯ таҳдидҳо карда мешаванд.
<< Дарсҳои рӯҳонӣ |