Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзишии асосии Калисо - 2

 

БОБИ 9

КИРО МАН БОЯД ПАЙРАВӣ КУНАМ?

 

Киро мо пайравӣ мекунем муайян мекунад, ки ҳаёти ҷовидониро дар куҷо мегузаронем.

Киро пайравӣ кардани мо сифати ҳаёти моро дар замин муайян мекунад.

Ин хеле муҳим аст, бинобар ин, мо бояд одами дурустро пайравӣ кунем.

 

 

Итоати олии моро кӣ мепазирад? Киро мо пайравӣ кунем?

Агар мо маънии ҳаётро дарёфтем, мо бояд он Касеро, ки ҳаётамонро пурмаъно мекунад, пайравӣ кунем.

 

Агар мо аз болои гуноҳ пирӯз шудем, мо бояд он Касеро, ки бо гуноҳ вохӯрда аз болояш пирӯз шуд, пайравӣ кунем.

 

Фақат як одам аст, ки аз болои ҳамаи инҳо пирӯз шуд. Ин Исо буд. Муҳаммад гуноҳ кард, реҳлат кард ва дар гӯр монд. Буддо гуноҳ кард, мурд ва дар гӯр монд. Иосиф Смит гуноҳ кард, мурд ва дар гӯр монд. Марям гуноҳ кард, мурд ва дар гӯр монд. Ҳамаи инҳо одамони хуб буданд, вале онҳо аз болои гуноҳ ва марг пирӯзӣ надоштанд.

 

Исо ҳаёт ба сар бурд ва ба он маънӣ бахшид. ӯ бо гуноҳ вохӯрда аз болои он ғалаба кард. ӯ мурд ва аз гӯр баромад, то ки абадан зиндагӣ кунад.

 

Исо гуфт, “Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад. Зеро ба одам ч ӣфоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад? Луқо 9:23-25

 

Одамон бисёр вақт мехоҳанд ҳаёти худ (анъанаҳои худ)-ро наҷот диҳанд, ва бо ин онҳо ҳаёти худ ва онҳоеро, ки ин одамонро пайравӣ мекунанд, қурбонӣ мекунанд. Ин он вақт рӯй медиҳад, вақте ки кас мегӯяд, “Ман бояд мазҳаби худро пайравӣ кунам, ҳарчанд он аз таълимоти Библия фарқ дорад”.

 

Оё кӯдак волидонашро бояд пайравӣ кунад?

Солҳои аввала барои онҳо интихоби дигар нест: кӯдакони хурд бояд хоҳишҳои волидонашро ба ҷо оранд. Вале дар синни калонсолӣ онҳо ҳаргиз дини волидонро пайравӣ намекунанд, агар он бар тибқи Каломи Худо нест. Кӯдакон бояд волидонашонро ҳурмату эҳтиром кунанд, вале онҳо бояд фақат Исоро пайравӣ кунанд. Он кӯдаконе, ки волидони онҳо шогирди Исо ҳастанд ва таълимоти ӯро пайравӣ мекунанд хушбахт ҳастанд.

 

Исо гуфт: “Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд. Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест. Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест”. Матто 10:36-38

 

Душмани бузургтарини кӯдак волидоне мебошанд, ки Исоро ва таълимоти ӯро пайравӣ намекунанд. Волидони меҳрубон ва бохабар фарзандони худро ба омӯзиши Библия ва муносибати дуруст бо Худо ҳидоят мекунанд. Ин муносибати дуруст танҳо тавассути таваллуд аз олами боло меояд. Таваллуд аз олами боло танҳо тавассути имон ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мумкин аст. Инсон набояд гумроҳ шавад, вақте ки ӯ Исоро пайравӣ мекунад.

 

Дар Марқӯс 10:28-30 чунин омадааст. “Он гоҳ Петрус ба ӯ гуфт: “Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем”. Исо ба ҷавоб гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунад. Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад”.

 

Фақат онҳое, ки Исо ва таълимоти ӯро пайравӣ мекунанд дар ин зиндагӣ ва зиндагии пешомада пирӯз хоҳанд шуд. Кӯдаке, ки бо волидонаш дар торикӣ мондааст барои озод кардани онҳо ҳеҷ коре карда наметавонад. Танҳо он вақте ки кӯдак худ озод мешавад ва таълимоти Библияро пайравӣ мекунад, ӯ метавонад ба волидонаш дар фаҳмидани ростӣ кӯмак кунад. Озору маломат аз тарафи волидон муқаррарӣ аст. Онҳо  ҳис мекунанд, ки онҳо аллакай фарзандонашонро бо роҳи рост ҳидоят мекунанд, чунки онҳо фақат аз анъанаҳо бохабар ҳастанд ва ҳақиқати Библияро намефаҳманд.

 

 

Оё ман сарварони рӯҳониро пайравӣ кунам?

Сарвари рӯҳонӣ ба Павлус гуфт, ки дар бораи Исо мавъизаро бас кунад. Ҷавоби Павлус дар Аъмол 4:19-20 омадааст, “Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем? Мо наметавонем аз гуфтани он чӣ дидаем ва шунидаем, даст кашем”.

 

Дар Аъмол 5:29 Петрус ба саркоҳин чунин гуфт. “Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод”.Исо дар Матто 10:28 гуфт; “Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад”.

 

Вақте ки сарварони рӯҳонӣ одамонро барои ширкат кардан дар дарсҳои Библия ҳушдор медиҳанд, киро мо бояд пайравӣ кунем? Вақте ки сарвари рӯҳонӣ ба шумо мегӯяд, ки агар шумо ба омӯзиши Библия меравед, фарзандони шуморо ба мактаб роҳ намедиҳанд, киро шумо пайравӣ мекунед? Сарвари рӯҳонӣ ё Исо ва Библияро?

 

Ҳарчанд аз тарафи оила, дӯстон, ҳамсояҳо ва сарварони динӣ, озору маломатҳо бошанд, одами хирадманде, ки ба осмон рафтанӣ ҳаст, бояд Исоро аз ҳама чизи дигар боло гузорад ва ӯро пайравӣ кунад ва ба суханҳои атрофиён гӯш надиҳад.

 

Исоро дӯст доштан - маънои онро дорад, ки мо таълимоти ӯро пайравӣ кунем ва гуфтаҳои ӯро ба ҷо оварем. Дар Юҳанно 14:23-24 Исо гуфт, “Ҳар ки Маро дӯст дорад, Каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт. Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоя намекунад”. Ҳамчунин дар Юҳанно 15:14, Исо мегӯяд “Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред”.

 

 

Киро Ман пайравӣ кунам?

Танҳо Исо Масеҳ сазовори итоати пурраи мо ҳаст.

 

БОБИ 10

МАРОСИМҲОИ ДАФНКУНӣ ВА ГӯРКУНӣ Чӣ МЕШАВАД, АГАР МАН ДИНИ НАВРО ҚАБУЛ КУНАМ?

 

 

Аввал, ҳамчун имондор ба Библия муносибати шумо ба марг дигар мешавад. Дигар шумо аз марг ва рӯҳ наметарсед. Беимонҳо доимо таълимоти Библияро дар бораи марг ва абадият инкор мекунанд.

 

Барои масеҳиён (аз олами боло таваллудёфта) зарур нест барои дур кардани рӯҳ дар атрофи тобут шамъҳо гузошта шаванд. Торикӣ дигар таҳдид нахоҳад кард. Ба ҷои тарс ва хурофотҳои дини пештара умед ва амният хоҳад омад.

 

Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо ӯ хоҳад овард. Зеро инро ба шумо бо Каломи Худованд мегӯем, мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард. Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳё хоҳанд шуд. Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед. 1Таслӯникиён 4:13-18

 

Акнун, ки ҳақиқатро аз Библия дарёфтед, шумо бояд аз тарк кардани дине, ки шуморо бо қонунҳои сохтаи одам дар торикӣ нигоҳ медорад, дар ҳарос набошед. Бисёр вақт он ақидаҳо ва амалҳои дини пештараи шумо қобилияти овардани кӯмак ва тассаллӣ надоранд. Баръакс, дар ҳолати марг ва гӯркунӣ, онҳо тарс ва номуайяниро меоранд.

 

 

Дини нави шумо, ки тибқи Библия ҳаст, дар бораи маросими дафнкунӣ чӣ мегӯяд?

Вақте ки шумо аъзои калисои Аҳди Ҷадид гаштед, шумо аъзои оилае мешавед, ки шуморо дӯст медорад ва дар бораи ҳаёти шумо (ғамхорӣ) ҳатто марги шумо ғамхорӣ мекунад. Шумо хеле бурд мекунед, вақте ки шумо худро ба калисое, ки Библияро пайравӣ мекунад мепайвандед.

 

Агар ягон аъзои оилаатон касал аст, роҳиб ё аъзоёни калисо шуморо дилбардорӣ мекунанд. Агар он касал вафот кунад чӣ мешавад? Роҳиб ва аъзоёни калисо бо маслиҳатҳои муфид ва тасалло бо шумо ёрӣ медиҳанд. Дар соатҳои душвор пеш аз мурдан, роҳиб ва дигарҳо шуморо пуштибонӣ мекунанд. Баъди марг, вобаста ба заруриятҳои молиявии оила, калисо “тақдимҳои муҳаббатомез” дорад, ки он аз хайрияҳои ихтиёрӣ иборат аст ва барои пӯшондани хароҷотҳои дафнкунӣ ба оила тақдим мешавад.

 

Агар зарур бошад, роҳиб ва аъзоёни калисо барои ба ҷо овардаи тартиби дафнкунӣ ёрӣ медиҳанд. Аъзоёни калисо метавонанд барои ёрӣ ба оила хӯроки ҳаррӯза биёранд. Дар рӯзи дафн калисо метавонад оила ва дӯстонеро, ки барои изҳори ҳамдардӣ омадаанд бо хӯрок таъмин кунад.

 

Маросими дафнкуниро роҳиб ва аъзоёни калисо бо маслиҳати аъзоёни оила ба нақша мегиранд.

 

Калисо ҷои маросимро таъмин мекунад, ва агар маросим дар калисо баргузор гардад мусиқиро низ таъмин мекунад. Роҳиб пайғоми Библияро мерасонад. Тибқи маросим роҳиб одамонро аз калисо то мошини дафнкунӣ роҳнамоӣ мекунад. Роҳиб дар роҳ ба сӯи гӯристон бо оилаи ғамдор меравад. Дар гӯристон аъзоёни калисо одатан суруди мадҳу ситоишро мехонанд ва роҳиб аз Библия пораеро қироат мекунад. Баъд бисёр аъзоёни калисо ба оила суханҳои ҳамдардӣ ва тасаллидиҳанда ва муҳаббатомез мегӯянд.

 

Аз гӯристон баъзе аъзоёни калисо ва роҳиб бо оила ба хонааш мераванд. Дар он ҷо онҳо дам мегиранд ва хӯрок мехӯранд.

 

Баъзе хусусиятҳои дини нави масеҳии шумо инҳоянд:

1.     Одамон шуморо дӯст медоранд. Ин муҳаббат дар он дида мешавад, ки одамон вақт, пул ва хӯроки худро бо шумо бо ҳам мебинанд.

 

2.     Аз тарафи роҳиб ва ё калисо маблағи иҷборӣ гирифта намешавад.

 

3.     Рӯҳонияти роҳиб шахсӣ аст. ӯ набояд маросимро тез гузаронад ва саросемавор мурдаро гӯр карда аз он ҷо равад. ӯ бояд вақти худро ба шумо сарф кунад.

 

4.     Ба ҳама муносибати якхела бояд кард. Маросими дафнкунӣ ҳам барои коргарони оддӣ ва ҳам барои коркунони касбӣ як аст. Маросимҳои муқаррарӣ ва махсус нестанд.

 

5.     Акнун шумо маргро на бо мотаму дилтангӣ,  балки  бо пирӯзии рӯҳонӣ рӯ ба рӯ мешавад.

 

Дар бораи ҷои гӯркунӣ?

(Дар баъзе мамлакатҳои сусттараққӣ навиштаҳои зер ёрӣ медиҳанд)

 

Ин корҳоро анҷом диҳед.

 

1.     Гирифтани шаҳодатномаи марг.

Агар кас дар касалхона вафот мекунад, маъмурияти касалхона бояд шаҳодатномаи маргро диҳад.

 

Агар кас дар хона вафот кунад, духтури оила бояд шаҳодатномаи маргро диҳад.

 

2.     Гирифтани иҷозатнома барои гӯркунӣ.

Инро шумо метавонед аз идораи хазинадории  маҳал гиред. Дар он ҷо шуморо мепурсанд, ки мурдаро дар куҷо гӯр мекунед. Шумо ба онҳо мегӯед, ки вайро дар гӯристони умумӣ ба хок месупоред. (Дар ҳар шаҳр гӯристонҳои умумӣ вуҷуд доранд).

 

3.     Ба онҳое, ки аз барои гуристони умумӣ масъул ҳастанд барои гӯркунӣ ба як қарор оед. Одатан барои ҷои гӯркунӣ ягон маблағ намегиранд. Баъзе гӯристонҳои тиҷоратӣ ҳастанд, ки маблағ мегиранд.

 

Барои навимондорон дар масъалаи ҷои гӯркунӣ ягон проблема нест.

 

ХУЛОСА:

Дар давраи касалӣ ва марг ҷои беҳтар аз миёни имондороне, ки шуморо дӯст медоранд, нест.

 

БОБИ 11

ЧАРО МАН АЗ НАВ ТАЪМИД ЁБАМ?

 

Ин савол ба таъмид дар об нисбат дода мешавад ва онро одатан он касе медиҳад, ки маънои таъмиди масеҳиро намедонад. Вақте ки ман таъмиди масеҳӣ мегӯям, ман он таъмидеро дар назар дорам, ки дар Библия навишта шудааст.

 

Барои бисёр одамон савол дар аз нав таъмид ёфтан нест, балки дар таъмиди ҳақиқии аввала мебошад. Оё шумо мисоли таъмиди Библияро пайравӣ кардед? Шояд нигоҳе ба он ки таъмид чист ба кас кӯмак мекунад бидонад, ки оё ӯ таъмиди масеҳӣ дошт ё не.

 

Таъмиди масеҳӣ мувофиқи Библия чист?

Дар Навиштаҳо мисолҳои зиёди таъмид омадаанд. Мо ҳар яки онҳоро муфассал аз назар хоҳем гузаронд.

 

Ҳикояи хоҷасарои ҳабаш дар Аъмол 8:34-39 омадааст.

 

Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: “Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш ё дар ҳаққи каси дигаре?” Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод. Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: “Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?” Филиппус гуфт: “Агар аз таҳти дил  имон оварда бошӣ, ҷоиз аст”. Вай дар ҷавоб гуфт: “Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост”. Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.  

 

Оиди баъзе ин тасвири Библия дар бораи таъмид мулоҳиза кунед.

1.     Вақти таъмид шахс калонсол буд.

 

2.     ӯ хабари хушро дар бораи Исои Масеҳ шунида буд.

 

ӯ на танҳо шунида буд, ва ин рӯшан аст, ӯ фаҳмид он чизеро, ки шунид. ӯ калонсол буд ва ӯ онро фаҳмид.

 

3.     Баъди он, ки хабарро шунид  ӯ, имон дошт, ки Исо Писари Худо аст  ва Наҷотдиҳандаи ҷаҳон мебошад.

 

Калимаи “имон овардан” монанди дигар қисмҳои Библия ҳаст, вақте ки гап дар бораи наҷотёбӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ меравад. Маънои он боварии комил ба Исо, фақат Исо, барои бахшиши гуноҳ ва атои ҳаёти ҷовидонӣ мебошад. Ҳоло, масеҳиёни нав-таваллудёфтаро “имондорон” меноманд.

 

4.     Ин одам баъд аз оне ки имон овард таъмид ёфт.

 

Ҳеҷ таълимоти Библия ба ин тартиб муқобил ёфт нашуда буд. Дар ин навиштаҳо ҳар одаме ки таъмид ёфт, пеш аз ин ӯ аллакай ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон овард.

 

5.     Хоҷасаро худаш шахсан қарор дод, ки имон орад ва таъмид ёфт.

 

Волидонаш ба ҷои ӯ қарор надоданд. ӯ аллакай одами калонсол буд. Дар бораи таъмид ӯ бо касе машварат накарда буд.

 

6.     Ҳоҷасароро ба об ғӯта зад.

 

Ин оби пиёла набуд; ин ҳавзи об буд. Библия чунин мегӯяд � ҳар ду, Филиппус ва Хоҷасаро ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. Вақте ки аз об баромаданд�

 

Таъмид дар Библия ҳамеша тавассути ғӯта задан дар об (ғусл) ба ҷо оварда мешуд. Исоро дар об ғӯта заданд. Павлусро дар об ғӯта заданд. Ҳамаи мисолҳои Библия дар бораи таъмид тавассути ғӯтазанӣ буданд. Маънои Библиявии калимаи “baptize”-таъмид додан ин дар об ғӯтазадан мебошад.

 

7.     Вақте ки хоҷасаро имон овард ва таъмид шуд, ӯ пур аз шодӣ буд. Ҳар касе, ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди шахсӣ қабул мекунад ва аҳкомҳои Худовандро пайравӣ мекунад, таъмид меёбад ва ӯ аз шодию сулҳу осоиш пур мешавад.

 

Агар шумо мехоҳед, мисоли дигаро таъмидро, ки ба ҳикояи боло монанд аст аз Аъмол 16:29-34-ро хонед.

 

Оятҳои зеринро хонед.

Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Аъмол 2:41

 

Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисёре аз қӯринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд. Аъмол 18:8

 

Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам”. Омин. Матто 28:19-20

 

Павлус гуфт: “Таъмиде ки Яҳё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: “Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред”. Аъмол 19:4-5

 

 Таъмиди масеҳӣ чист?

Мисолҳои аз Библия дар бораи таъмид умумиятҳои зерин доранд:

 

1.     Ҳамаи онҳо барои шунидан, хулоса баровардан, тавба кардан аз гуноҳ ва боварӣ кардан ба Исо болиғ буданд.

 

2.     Ҳама баъди  ба воситаи имон қабул кардани Исо ба об ғӯта зада буданд.

 

3.     Ҳама хурсанд буданд, ки онҳо имон оварданд ва таъмид ёфтанд.

 

4.     Ҳама барои тааллуқ будан ба “дини нав” хурсанд буданд, чунки онҳо ҳақиқатро дарёфтанд ва аз маҷбуриятҳои динӣ озод шуданд.

 

Оё ман бояд аз нав таъмид ёбам?

 

Агар шумо аз олами боло таваллуд ёфтед шумо бояд таъмиди масеҳӣ ёбед. Шояд шумо мегӯед”, Ман намедонам, ки аз нав таваллуд ёфтан чӣ маънӣ дорад”. Агар шумо инро мегӯед, шумо барои таъмиди масеҳӣ лоиқ нестед. Агар шумо ҳақиқан аз олами боло таваллуд ёфтед, шумо барои пайравии таълимоти Исо доир ба таъмид хоҳишу майли қавӣ доред. Шумо намегузоред, ки касе шуморо аз пайравии таълимоти Библия дар бораи таъмид ё чизи дигаре дур кунад.

 

Агар шумо аз олами боло таваллуд наёфтаед, шумо таъмиди масеҳиро гирифта наметавонед. Ин фақат барои онҳое, ки имон доранд, аҳамият дорад. Агар шумо аз олами боло таваллуд ёфтед, шуморо зарур аст, таъмид ёбед, на аз сари нав, балки бори аввал, чӣ хеле ки Библия мегӯяд.

 

Худо шуморо баракат медиҳад, вақте ки шумо Каломи ӯро пайравӣ мекунед.

 

БОБИ 12

БАПТИСТҲО КИҲО ҲАСТАНД?

 

Баптистҳо култи динӣ нестанд.  Пас култ чист? Ин динест, ки як ё бештар таълимотҳои асосии Библияро инкор мекунад. Барои мисол, ҳар дине, ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда инкор мекунад култ мебошад. Дине, ки Библияро ҳамчун Каломи Худо инкор мекунад, култ аст. Дине, ки анъанаҳо ва таълимотҳои одамсохтаро аз Библия болотар медонад, култ мебошад. Одатан култро дар заминаи шахсиятҳо, дар якҷоягӣ бо Исо созмон медиҳанд. Асоси култ бисёр вақт Аҳди Қадим мебошад. Баптистҳо култ нестанд.

 

Мазҳаби баптизм дини нав нест. Он ба мисли Аҳди Ҷадид қадим аст. Яҳёи Таъмиддиҳанда аввалин шахсест, ки баптист ном гирифт. ӯ мардумро барои омадани Исо омода кард. ӯро Таъмиддиҳанда номиданд, чаро ки ӯ таъмид дод.

 

Баптистҳо ҳозир худро бо чунин ном намояндагӣ намекунанд. Одамоне, ки онҳоро таъқиб мекунанд, онҳоро

Анабабтист” меноманд,чунки онҳо тарзи Аҳди Ҷадиди таъмидро пайравӣ мекунанд.

 

Тули 200 сол баптистҳо дар тамоми ҷаҳон хеле тараққӣ карданд. Имрӯз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баптистҳо яке аз пурқувваттарин гурӯҳи динӣ мебошад.Ҳарчанд

гурӯҳҳои  гуногуни баптистҳо мавҷуд ҳастанд, ҳамаи онҳо як ақидаро пайравӣ мекунанд.

 

Баптистҳо киҳо ҳастанд?

1.     Баптистҳо боварӣ доранд,  ки Библия Каломи илҳоми илоҳии Худо мебошад.

 Чун ин Каломи илҳоми илоҳии Худост,ба он бояд имон овард ва онро дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода бурд.

 

Баптистҳо ба суханони Павлус дар 2 Тимотиюс боварӣ доранд, вақте ки ӯ гуфт, “Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст”. 2 Тимотиюс 3:16

 

Баптистҳо таълимоти Библияро дар бораи он ки ҳеҷ чиз бояд ба Библия илова нашавад ва аз он кам нагардад қабул мекунанд. Юҳанно мегӯяд, “Ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро”. 2 Юҳанно 1:9

 

Павлус чунин гуфт, Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чӣ мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад – малъун бод! Ғалотиён 1:8

 

2.     Баптистҳо боварӣ доранд, ки Исо болотар аз ҳамаи махлуқот аст.

Библия чунин мегӯяд, Ки ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст. Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар ӯ офарида шудааст; хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо -  ҳамааш ба воситаи ӯ ва барои ӯ ба вуҷуд оварда шудааст. Ва ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар ӯ вуҷуд дорад. Ва ӯ сари бадан, яъне Калисост; ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз ӯ аввалин бошад. Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар ӯ сокин бошад. Ва ба воситаи ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи ӯ оштӣ диҳад. Қӯлассиён 1:15-20

 

Аз Навиштаҳои дар боло зикршуда, баъзе ҳақиқатҳоро мебинем, ки Баптистҳо ба онҳо эътиқод доранд.

 

(1)             Исо илоҳӣ аст.

Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар ӯ сокин бошад.

 

(2)             Исо аз ҳама болотар аст.

ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз ӯ аввалин бошад.

 

(3)             Исо сари калисо аст.

Ва ӯ сари бадан, яъне калисост; ӯ сарчашмаи ҳаёти бадан аст.

 

Ҳеҷ кас наметавонад ҷои Исоро ҳамчун сари калисо гирад. Баптистҳо ҳеҷ гуна сарварӣ ва ҳокимияти заминӣ надоранд. Калисои маҳаллӣ зери ҳокимияти Исо аст. Ин на зери ҳоқимияти ягон созмон ё маҷлис ё ягон гурӯҳ аст. Фақат Исо сари он аст.

 

(4) Исо сарчашмаи наҷот аст.

Ва ба воситаи ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи ӯ оштӣ диҳад.

 

Ҳамчунин дар Қӯлассиён 1:22 мехонем. Ҳоло дар ҷисми башарии ӯ ба воситаи мамоти ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад.

 

3.     Баптистҳо имон доранд, ки наҷот фақат ба василаи имон ба Исо меояд.

(1)             Имон ба Исо – на ба василаи Шариат.

 

Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғалотиён 2:16

 

(2) Имон ба Худо-на ба василаи корҳои хуб.

Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. (Эфсӯсиён 2:8-9)

 

Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем. (Румиён 5:1)

 

(3) Имон ба Исо – на маросим (таъмиддиҳӣ, ба калисо рафтан)

Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем. Аз ҷиҳати ғайрат – таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ – беайб. Лекин он чӣ барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам.  Ва ҳанӯз ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам. Ва дар ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чӣ ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате, ки аз Худо бар ҳасби имон аст. Филиппиён 3:3-4, 6-7, 8-9

 

4.     Баптистҳо ба рӯҳонияти ҳар имондор имон доранд.

Рӯҳонияти ҳар имондор чӣ маънӣ дорад? Инҳо ду чизи асосӣ ҳастанд: имтиёз ва масъулият.

 

ИмтиёзҲар одам ба василаи Исо ба Худо роҳ дорад.

Аммо ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад. Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад. Ибриён 7:24-25

 

Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. Ибриён 4:14-16

 

Баптистҳо эътиқод доранд, ки танҳо Рӯҳонии Олӣ аст, танҳо як миёнарав аст – Исо. Библия мегӯяд, зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст. 1Тимотиюс 2:5

 

МасъулиятҲар имондор, ки ҳаёти навро ба василаи имон ба Исо қабул кард масъулият дорад, ин ҳаётро бо дигарон бо ҳам бинад.

Ин дар 2 Қӯринтиён 5:17-18 рӯшан намоён аст, вақте ки Павлус мегӯяд. Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд.

 

Ҳамчунин дар 1 Петрус 2:9 чунин омадааст: Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед. 1 Петрус 2:9

 

Ин оят ба мо дар бораи имтиёзи халқи Худо интихобкарда нақл мекунад. Ин ҳамчунин дар бораи масъулияти бо ҳам дидани Хабари Хуш бо дигарон нақл мекунад. Ана ин аст маънии рӯҳонияти ҳар имондор.

 

5.     Баптистҳо боварӣ доранд, ки Хабари Хуш дар бораи Исои Масеҳ бояд бо дигарон бо ҳам дида шаванд.

Баптистҳо ваколати (мандат) Исоро дар Матто 28:19-20 қабул мекунанд. Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам”. Омин.

 

6.     Баптистҳо ба озодии динӣ имон доранд, ки имкон медиҳад, то ҳар кас динро мувофиқи интихобаш пайравӣ кунад.

 

7.     Баптистҳо ба ҷудоии калисо ва давлат боварӣ доранд.

Кормандони калисо бояд ба корҳои давлат дахолат накунанд, ва ҳамчунин давлат низ бояд ба корҳои калисо дахолат накунад.

 

Баптистҳо ба воситаи Исо озод ҳастанд – озоданд, ки барои Исо зиндагӣ кунанд, онҳо бо муҳаббат зиндагӣ мекунанд, на бо тарс ё ягон вазифа. Баптистҳо одамони Китоб – Библия ҳастанд. Баптистҳо одамони Худо ҳастанд, ва ин муносибат ба василаи имон ба Писари ӯ, Исои Масеҳ имконпазир шуд. Баптистҳо масъулияти бо дигарон бо ҳам дидани Масеҳро доранд.

 

Баптистҳое, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд, одамони махсус – одамони Худо мебошанд. Онҳо дорои пирӯзӣ ва айният дар Масеҳ мебошанд.

 

БОБИ 13

ОЁ МАРЯМ БАЪДИ ТАВАЛЛУДИ ИСО ҲАМ БОКИРА МОНД?

 

Якчанд саволҳои баъдӣ ҳам барои Католикҳо ва ҳам барои протестантҳо аҳамияти калон доранд. Дар рӯ овардан ба ин саволҳо мо мақсад надорем, касеро танқид кунем, балки мо фақат мехоҳем бифаҳмем, ки Библия доир ба ин саволҳо чӣ мегӯяд.

 

Пеш аз ҷавоб додан ба ин саволҳо, мо бояд онро омӯзем, ки Библия дар бораи Марям чӣ мегӯяд. Ҳар чиро, ки Библия мегӯяд, бояд ҳамчун Сухани Худо пазируфта шавад.

 

Бар тибқи Инҷилҳои Матто ва Луқо, Марям то таваллуди Исо бокира буд. Баъди таваллуди Исо, Аҳди Ҷадид дар бораи ӯ маълумоти каме медиҳад ва ҳатто таваллуди Исо танҳо дар ду китоби Аҳди Ҷадид навишта шудааст. Танҳо як мисол дар бораи рӯҳонияти Исо вуҷуд дорад, ки бо суханҳои Марям сабт шудаанд ва Исо ба Марям гуфт, ки чӣ кор карданро ба ӯ нагӯяд. Ин дар тӯй, дар Қано рӯй дод  ва дар ин бора дар Юҳанно 2:1-5 омадааст. Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд. Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба ӯ гуфт: “Шароб надоранд”. Исо ба вай гуфт: “Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст”. Модараш ба хизматгорон гуфт: “Ҳар чӣ ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред”.

 

Ин дар аввали рӯҳонияти Исо буд. Марям дар рӯҳонияти баъдинаи заминии Исо танҳо ду бори дигар сабт шудааст. Боре ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронашон омаданд. Ба ӯ гуфтанд, ки модарат ва бародаронат дар берун истодаанд. Исо онҳоро сарзаниш карда гуфт: “Кист модари ман? Кист бародарони ман?” (Матто 12:46). Вақти дигар ӯ дар байни одамон аз шогирди дӯстдоштааш илтимос кард, ки ба модараш ғамхорӣ кунад (Юҳанно 19:25-27).

 

Бори охир Марям дар Библия, дар Аъмол 1:14 ёдовар шудааст. Ин баъди марг ва эҳёи Исо буд. Ин оят чунин аст: Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занону  Марям - модари Исо,  бародарони ӯ низ буданд. Ба ӯ дар ин ҷо ягон мақоми махсусе дода нашудааст.

 

Мувофиқи Библия ҳаввориён ҳеҷ вақт ба Марям дуо накардаанд. Петрус, Яҳё ва Юҳанно ҳеҷ вақт номи ӯро, ки ба калисоҳо навиштаанд, зикр накардаанд. Юҳанно то мурданаш ӯро ғамхорӣ кард, вале ҳеҷ вақт номи ӯро дар чор китоби Библия, ки ӯ навишта буд, зикр накард. Павлус қисми зиёди Аҳди Ҷадидро навиштаст, вале ва боре ҳам номи ӯро зикр накардааст.

 

Вақте ки Калисои Аҳди Ҷадид сар шуд, танҳо як ном ҳамчун Наҷотдиҳанда эълон шуд ва ин Исо буд: “Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем”. Аъмол 4:12

 

Доир ба муносибати Исо нисбати модараш Юҳанно 2:1-5 ва Матто 12:46-50-ро хонед.

 

Акнун саволи “Оё Марям баъди таваллуди Исо ҳам бокира монд?”-ро мебинем.

 

Библия таълим медиҳад, ки Марям вақти таваллуди Исо бокира буд. Вале баъди таваллуди Исо чӣ? Оё Марям зани Юсуф шуд? Оё Марям ва Юсуф фарзандони дигар ҳам доштанд?

 

Аз Библия мо мехонем: “Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард. Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва ӯро Исо ном ниҳод”. Матто 1:24-25

 

Нуқтаи асосӣ он ҳаст, ки то зоида шудани Исо Юсуф бо Марям ҳамбистар нашуда буд.

 

Ба мард ва зан, шавҳар ва зан, Худо дар аввали офариниш чунин гуфт, “Борвар ва афзун шавед”. Барои Юсуф ва Марям ҳамчун зану шавҳар амал кардан ва фарзанд ёфтан иродаи Худо мебошад. Ин муқаррарӣ буд. Ин барои Марям кори паст набуд, ки вазифаи худро ҳамчун зан ва модари меҳрубон иҷро кунад.

 

Навиштаҳо мегӯянд, ки Исо аввал ин тавлиди Марям буд, ва ин рӯшан нишон медиҳад, ки баъди ӯ фарзандони дигар низ буданд. Марям ва Юсуф баъди таваллуди Исо боз чанд фарзанди дигар доштанд? Библия ба мо номи баъзеи онҳоро мегӯяд. Дар Матто 13:53-55, мо инро мехонем,  Вақте ки Исо ин масалҳоро ба охир расонд, аз он ҷо равона шуд. Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: “Аз куҷост дар ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот?” Оё ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо?

 

Дар Марқӯс 6:3 омадааст: “Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марям ва бародари Яъқуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?”

 

Дар Юҳанно 7:5 омадааст: “Бародаронаш низ ба ӯ имон наоварда буданд”.

Дар Забур 68:9 мо пешгӯӣ дар бораи омадани Исоро мебинем: Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам, ва барои писарони модари худ – бегона.

Донишҷӯи ҷиддии Библия инкор намекунад, ки Юсуф ва Марям дар ҳақиқат ҳам шавҳар ва зан буданд ва фарзандони дигар низ доштанд.

 

Пас мо дар бораи Марям чӣ андеша бояд кунем?

 

Мо бояд ба таълимотҳои Навиштаҳои Муқаддас имон орем – ҳеҷ чиз ба он илова набояд шавад ва аз он гирифта нашавад. Марям зани парҳезгор, хуб, фурӯтан буд. Мо бояд ӯро эҳтиром кунем, чунки Худо ӯро  ҳамчун модари Наҷотдиҳанда интихоб кард. Вале мо набояд ӯро дуо кунем, парастиш кунем, ва ё дар дини масеҳӣ ба ӯ мақоми марказӣ диҳем. Агар мо ин корро кунем, мо муқобили таълимотҳои навиштаҳо амал мекунем.

 

Баъзеҳо мегӯянд, ки ба Худо ба василаи дуо ба Марям мерасанд, чунки ӯ дили мулоим дошт. Библия чӣ мегӯяд?

 

Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст, ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайяне  дода шудааст” 1 Тимотиюс 2:5-6

 

Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. Ибриён 4:14-16

 

Масеҳии ҳақиқӣ бояд:      Ба Марям дуо накунад.

                                             Ба Марям сар хам накунад.

                                             Аз Марям ёри мунтазир нашавад.

                                             Суратҳои Марямро нигоҳ надорад.

 

БОБИ 14

ОЁ МАН БОЯД ҲАНГОМИ ДУО ТАСБЕҲРО ИСТИФОДА КУНАМ?

 

 

Пеш аз ҷавоб додан ба ин савол хуб мешуд мо ба асл ва истифодаи тасбеҳ нигоҳ кунем.

 

Петрус ҳермит - тасбеҳро соли 1090, зиёда аз ҳазор сол баъди марги Исо сохта дод. То асри 13 онҳо васеъ истифода бурда нашуданд. То ислоҳоти Протестанӣ дар асри 16 тасбеҳ расман иҷозат дода нашуда буд.

 

Асрҳо пеш аз сохтани тасбеҳ дар дини Буддоӣ ва ислом ҳангоми дуо асбоби механикӣ истифода мешуд.

 

Тасбеҳ чист?

1.     Ин силсилаи дуоҳо мебошад. Дар шакли дарозаш он 15 Pater – Nosters дорад. (Дуои Худованди, ки ба Худо Падар бахшида шудааст), 15 Ҷалолдиҳӣ, ва 150 Муборакбодии Марям, ки ба “Марями бокира” тақдим шудаанд.

 

2.     Ин як асбобест, ки ҳангоми ҳисоб кардани дуоҳо истифода мешавад, кӯтоҳтарин ва нисбатан маъмултарин шакл ин ресмони мӯҳраҳо, ки ба панҷ қисм ҷудо шудаанд, ва ҳар кадомашон аз як муҳраи калон ва даҳ мӯҳраҳои хурд иборат ҳастанд. Тасбеҳи калон понздаҳ қисм дорад. Одатан, вақте ки кас мехоҳад тасбеҳро пурра гардонад, ӯ се бор тасбеҳро мегардонад.

 

Калимаи  “rosary” –тасбеҳ маънои ҳалқаи гули садбаргро дорад. Достоне байни мардум роиҷ аст, ки “Бибӣ Марямро”-ро ҳангоми гирифтани гулдаста аз лабони роҳиби ҷавон, вақте ки ӯ Муборакбодии Марямро мехонд, диданд ва ӯ ба онҳо дар ҳалқаи гул қасам хӯрд, ки онро дар сари Марям ниҳода буд. Тасбеҳ даҳ вақта мешавад ва бисёр дуоҳо ба Марям ҳамчун ба Худо ирсол шудаанд. Дар тасбеҳ ҳеҷ дуое ба Исо ё Рӯҳулқудс ирсол нашудааст. Дар истифодаи тасбеҳ одам аз Худо ё Исои Масеҳ болотар гузошта шудааст.

 

Библия оиди ин хел шакли дуо – ба монанди тасбеҳ чӣ таълим медиҳад?

Исо гуфт, Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли дуояшон мустаҷоб мешавад.  Монанди онҳо набошед, зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. Пас ба ин мазмун дуо гӯед:“Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ; Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем. Матто 6:7-12

 

Аз ин таълимоти Исо мо меомӯзем:

1.     Ҳангоми дуо мо бояд ба Худо муроҷиат кунем. Исо гуфт, “Падари Ман”.

 

2.     Ягон асбоби механикӣ пешниҳод нашудааст. 

 

3.     Исо бисёр вақт дуо мекард ва ҳама вақт ӯ беихтиёр аз таҳти дил дуо мекард. ӯ ҳамеша ба Падари Худ дуо мекард. ӯ ҳеҷ вақт дар дуоҳояш Марямро ёдрас нашудааст ва ба ҳеҷ кас ҳам маслиҳат намедиҳад.

 

Баъзе одамон мегӯянд, ки онҳо ба Марям дуо мекунанд, чунки ӯ модар аст ва гуноҳҳои моро мефаҳмаду  аз номи мо аз Худо талаб мекунад. Бубинед Библия чӣ мегӯяд.

 

Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи  васвасае шуд, вале гуноҳ накард. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. Ибриён 4:14-16

 

Дар 1 Тимотиюс 2:5 мо мехонем, Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳӣ одамизод аст.

 

Барои шахс зарур нест сарвари динӣ бошад, ё олим бошад то ки бифаҳмад маънои ин оят чист. Барои шахс зарур нест ба василаи шахси дигар ё ягон асбоб ба назди Худо бирасад. Исо фақат роҳи ягонаи дар дуо ба Худо расидан ва аз гуноҳ озод шудан аст. Библия мегӯяд, ки Исо барои заифии мо дилсӯзӣ мекунад. Оятҳои Ибриёнро бори дигар хонед. Ин Сухани Худост ва он рост ҳаст.

 

 

Хулоса чунин аст: Исо, Петрус, Павлус ва дигарҳо бар тибқи Библия тасбеҳро истифода набурданд. Пас чаро мо имрӯз тасбеҳро истифода кунем? Масеҳӣ баъди аз худ кардани таълимоти Библия тасбеҳро истифода нахоҳад бурд.

 

Дуо муҳим аст. Дуо ин алоқа байни Худо ва фарзандони ӯ мебошад. Чун шогирдони Библия масеҳиён бояд таълимоти Библияро дар бораи дуо пайравӣ намоянд.

 

БОБИ 15

БИБЛИЯ ДАР БОРАИ АКСҲО ВА БУТҲО Чӣ ТАЪЛИМ МЕДИҲАД?

 

Даҳ Аҳком қонунҳои муҳимест, ки Худо ба халқи худ тақдим кардааст. Онҳо дар Хуруҷ 20 омадаанд. Панҷ ояти аввала чунин мегӯянд, Хуруҷ 20:1-5. Ва Худо ин суханонро ба забон ронда, гуфт: “Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам” Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад. Санаме ва ҳар сурате аз он чӣ дар осмон аз болост, ва аз он чӣ дар замин аз поён аст, ва аз он чӣ дар об аз зери замин аст, барои худ насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғайюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам”.

 

Боз дар Библия омадааст, Пас, ҷонҳои худро бағоят эҳтиёт кунед, зеро дар рӯзе ки Худованд ба шумо дар Ҳӯриб аз миёни оташ сухан ронд, ҳеҷ сурате надидед. Мабодо шумо фосид шуда, барои худ ҳайкале, сурати ҳар санаме: шакли марде ё зане бисозед. Ё шакли ҳар чорпое ки дар рӯи замин аст, ё шакли ҳар паррандаи болдоре ки зери осмон парвоз мекунад. Ё шакли ҳар хазандае, ки дар замин аст, ё шакли ҳар моҳие, ки дар обҳои зери замин аст.  Такрори шариат 4:15-18

 

Бутҳо барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред”. Ибодат   26:1

 

 

Библия дар бораи бутҳо ва аксҳо дар хона чӣ мегӯяд?

Аз Такрори шариат 26 мо мехонем, “Ва чизи зиштро ба хонаи худ дохил накун, то ки мисли он ба ҳалокат нарасӣ; аз он нафрат намо ва худро аз он канор гир, зеро ки он сазовори ҳалокат аст. Такрори шариат 7:26.

 

Ва дар Аҳди Ҷадид Павлус мегӯяд, Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест, чизе бигӯем. Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед. 1 Таслӯникиён 1:8-9

 

Дар Қӯринтиён 12:1-2 Павлус менависад, Дар хусуси бахшоишҳои рӯҳонӣ бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед. Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд.

 

Аз китобҳои Ишаъё ва Ирмиё дар Аҳди Қадим ба мо зиёда аз шаст гуфтаҳо дар бораи бутҳо, аксҳо ва ҳайкалҳо дучор мешаванд. Дар ҳама ҳолатҳо одамоне, ки ба онҳо саҷда мекунанд сахт мазаммат шудаанд. Агар шумо мехоҳед бифаҳмед, ки чаро зиндагӣ ҳозир душвор аст, ин ду китобро мутоила намоед, ва шумо хоҳед дид, ки Худо барои онҳое, ки ба аксҳо ва ҳайкалҳо саҷда меоранд ҷазо ва танбеҳи сахтро ваъда кардааст. Ба оятҳои зер диққат диҳед.

 

Зеро ки дар он рӯз ҳар кас бутҳои нуқраи худ ва бутҳои тиллоии худро, ки дастҳои шумо барои гуноҳ сохтааст, тарк хоҳад кард. Ишаъё 31:7 Ва ҳамду санои худамро ба санамҳо нахоҳам дод. Ишаъё 42:8

 

Онҳое ки санам месозанд, саросар ночизанд, ва чизҳои писандидаи онҳо ҳеҷ фоидае намебахшанд. Ишаъё 44:9

 

Нисфи онро дар оташ месӯзонад, бо қисми дигараш гӯштро кабоб мекунад, ва кабобро хӯрда, сер мешавад; ва гарм шуда, мегӯяд: “Ваҳ, акнун гарм шудам, рӯи оташро дидам!” Ва аз бақияи ин чӯб худое, яъне санаме барои худ месозад, пеши он саҷда менамояд, ва онро мепарастад, ва назди он дуо хонда, мегӯяд: “Маро наҷот деҳ, зеро ки ту худои ман ҳастӣ”. Онҳо намедонанд ва намефаҳманд, зеро чашмҳошон баста шудааст, то ки набинанд, ва дилҳошон – то ки дарк накунанд. Ишаъё 44:16-18

 

Зеро ки бани-Яҳудо он чиро, ки дар назари Ман бад аст, ба амал оварданд, - мегӯяд Худованд, - ва чизҳои зишти Худро дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, гузоштанд, то ки онро палид кунанд.  Ирмиё 7:30

 

Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд. Ирмиё 16:18

 

 

Библия дар бораи сарварони динӣ, ки одамонро ба истифода аз бутҳо ва суратҳо ҳангоми ибодат ва дар хона ҳидоят мекунанд, чӣ мегӯяд?

Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад ба ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд. Зеро ки он чӣ дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст. Зеро ки моҳияти нонамоёни ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд. Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд. Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда. Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мурғон, чорпоён ва хазандагон монанд аст. Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд. Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе, ки то абад муборак аст, омин. Румиён 1:18-25.

 

Аз ин оятҳо шумо метавонед ақидаи шахсии худатонро дар бораи истифодаи аксҳо ва ҳайкалҳо дар ҷойҳои ибодат ва хона ҳосил кунед.

 

Дар тамоми Библия шумо ҳаргиз суханҳои мусбиро дар бораи ҳайкалҳо ва аксҳо нахоҳед ёфт. Он ҳама вақт маҳкум шудааст.

 

 

Имондор бо ҳайкалҳо ва аксҳое, ки аз дини пеш боқӣ мондаанд чӣ кунад? Ба Худо дуо кунед, ки шумо чӣ бояд кунед. ӯ шуморо роҳнамоӣ хоҳад кард.

Масеҳиён мехоҳанд ба таълимоти Библия итоаткор бошанд.    

 

 

БОБИ 16

БИБЛИЯ ДАР БОРАИ АЪРОФ ВА ДУО БАРОИ МУРДАГОН Чӣ МЕГӯЯД ?

 

Дар ягон ҷои Библия дар бораи он ки дуо ба мурдагон тақдим шавад, таълим дода нашудааст. Ягон порчаи Навишта намегӯяд, ки ин кор амалӣ шавад. Исо барои мурдагон дуо карданро зикр накардааст. Ҳаввориён низ инро зикр накардаанд. Ин одат дар охири садсолаи дуюм пайдо шуд. Калисои Рим аз ин аъмол фоида мегирифт, ва онро бо ақидаи ғайри – Библиявии дар бораи аъроф наздик кард, то ин ки бо ин аз сарватмандон ва камбағалон пул ситонад. Библия дар бораи ин чӣ менависад?

 

Дар бораи марг, Павлус гуфт, Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст� Филиппиён 1:23.

 

Дар 2 Қӯринтиён 5:6,8 Павлус гуфт, Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем; чун медонем, ки то даме ки дар ҷисм макон гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем. Пас зиндадил ҳастем ва афзал медонем, ки аз ҷисм берун рафта, назди Худованд макон гирем.

 

Вақте ки Исо дар салиб мурд, яке аз дуздон, ки бо ӯ чормех шуда буд, аз гуноҳҳояш тавба кард ва аз Исо илтимос намуд, ки ӯро ба хотир биёрад. Библия дар бораи ин чунин менависад, Ва ба Исо гуфт: “Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!” Ва Исо ба вай гуфт; “Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд”. Луқо 23:42-43

 

Дар Луқо 16:19-31 Исо ҳикояеро дар бораи ҳолати маргро пайравӣ кардани одам нақл мекунад.

 

Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард. Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд. Ва орзу дошт аз он чӣ аз дастархони он сарватдор меафтод, шиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд. Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид. Ва фарёд зада, гуфт: “Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам”. Лекин Иброҳим гуфт: “Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ. Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд”. Ва ӯ гуфт: “Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист. Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд”. Иброҳим ба ӯ гуфт: “Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд”.  Аммо ӯ гуфт: “Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард”.  Ба ӯ гуфт: “Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард”.

 

Исо ба мардум гуфт: “Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад”. Юҳанно 8:12

 

Ин умеди ҳамаи онҳое мебошад, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд. Дар асоси ваъдаи Исо, онҳо ҳеҷ гоҳ дар торикӣ роҳ-намепаймоянд. Барои онҳо аъроф нест.

 

Нисбати ҳаёти ояндаи онҳое, ки аз олами боло таваллуд наёфтаанд, Павлус чунин мегӯяд. Зеро бисёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гиря мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд. Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.  Филиппиён 3:18-19

 

Дар мавъизаи болои кӯҳ Исо дар бобати хонаи охирати онҳое, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд, ва онҳое ки таваллуд наёфтаанд сухан кард. “Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое, ки ба дохил мешаванд, бисёранд; Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд”. Матто 7:13-14

 

Хулосаҳо дар асоси сухани Худо инҳоянд:

1.     Одамро ду сарнавишт интизор аст: биҳишт ва дӯзах.

2.     Вақти хулосабарории инсон, ки ӯ абадиятро дар куҷо мегузаронад, ин ҳаёт мебошад. Ҳикояи марди сарватманд ва Лаъзор ба мо мегӯяд, ки вақти хулосабарории баъди марг дер аст.

3.     Ҳикояи марди сарватманд, Лаъзор ва дузд дар салиб ошкор мекунад, ки фавран баъди марг, инсон ё ба дӯзах меравад, ё ба биҳишт.

4.     Ҳикояи марди сарватманд ва Лаъзор ҳамчунин ҳақиқати талхеро ошкор мекунад, ки агар инсон мурд ва ба дӯзах рафт, дигар умеди наҷотёбӣ надорад, бинобар ин дуо барои ин одам бефоида аст. Дуо барои шахси мурда умеди қалбакӣ аст.

5.     Чун дар Библия дар бораи аъроф  зикр нашудааст, пас зарур нест, ки барои рӯҳи кас дуо кунем, ки аз аъроф интиқол ёбад.

6.     Ақидаи дуо барои мурда ва аъроф мухолифи таълимоти Библия мебошад.

7.     Баъзе чизҳоро ба вақти дигар мондан хатарнок нест, вале вақте ки сухан дар бораи пайравии Исо ва таълимоти ӯ меравад, фикр кардани “Рӯзи дигар ҳангоме, ки вақт дорам�” хатарнок аст. Марҳамати Худо бо нафаси охирини инсон меравад, на баъди он.

 

 

БОБИ 17

ОЁ МАРО ЗАРУР АСТ, КИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД АЗ ОЛАМИ БОЛО, АЗ РӯҲИ ПАЛИД ДАР ТАРС БОШАМ?

 

Дини аслии бисёр халқҳои сусттараққикунанда анимизм (тасаввуроте, ки дар асоси он гӯё ҳар чиз ҷон (рӯҳ) дорад: ҷондор шумурдани зуҳурот ва ҳодисаҳои табиат) мебошад. Ин  динест, ки дар асоси хурофот ва тарс мебошад. Бори аввал ман бо анимизм ҳангоми кори таблиғотӣ (миссионерӣ) дар Филиппин шинос шудам.

 

Вақте ки испаниҳо Филиппинро тасарруф карданд, онҳо бо худ мазҳаби католикиро оварданд. Филиппиниҳо мазҳаби католикиро пазируфтанд, вале онҳо бо он анимизми худро як карданд. Ҳарчанд Филиппин ҳамчун миллати масеҳӣ маъмул аст, анимизм то кунун як қисми ҷудонашавандаи фарҳанги Филиппин мебошад. Мавҷудияти ҳайкалҳо дар хона, ҷои кор  ва дар автомобилҳо ин табиати анимистиро ошкор мекунад.

 

Анимизм чист? Баъзеҳо онро ҳамчун ибодати рӯҳӣ маънидод мекунанд. Ин эътиқодест, ки  ҳама чизро рӯҳ  идора мекунад. Рӯҳ метавонад худро ба ҳама чиз- дарахтон, кӯҳ, дарё часпонад. Ин эътиқодест, ки чизҳои физикӣ дорои рӯҳи худ мебошанд. Ин рӯҳҳо худро дар вақтҳои гуногун тавассути чизҳои одамон ё ҷойҳо ошкор мекунанд. Онҳо метавонанд фақат рӯҳ бошанд ё метавонанд рӯҳи мурдаҳо бошанд. Аз рӯҳҳо бисёр вақт метарсанд ва баъзе вақт  онҳоро парастиш мекунанд. Баъзе вақтҳо одамон ба мисли ҷодугарон ва соҳирон метавонанд бо рӯҳ алоқа кунанд ва онҳоро идора кунанд.

 

Акнун якчанд намунаи анимизм, ки ман дар Филиппин дидам.

 

Мулто- рӯҳи шахси мурда, ки ҳамчун одами ғул бармегардад.

 

Асуван- рӯҳи шахси мурда, ки худро ба ҳайвон, ба монанди саг табдил медиҳад. Ин саг шабона саргардонӣ мекунад ва дар кофтукови қурбониҳои худ мебошад. Баъзе одамон ҳангоми сапедадам резинаро месӯзонанд, то ки бӯи бад рӯҳи палидро ба хона наздик шудан намонад.

 

Албуларио -  Ин табиб (соҳир) мебошад. ӯ метавонад “ҷодуии сиёҳро” истифода бурда, барои касе мусибат орад.

 

Фетишизм – туморБаъзеҳо anting- anting-ро истифода мебаранд. Ин халтачаи хурдест, ки аз либоси кӯҳна дӯхта мешавад ва дар он тугмачаҳо, ришта, мӯй ва ғ. мемонанд. Кӯдакон онро дар гарданашон овезон мекунанд ё онро бо сарсӯзан ба куртаашон мечаспонанд. Гӯё ин онҳоро аз касалиҳо ва осеб эмин нигоҳ медорад.

 

Сеҳру ҷодуОнҳо умумӣ ҳастанд. Онҳо мебоист шахсро аз осеб эмин доранд.

 

Парастиши бутҳо ва аксҳо Инҳо Сан-Хосеи муқаддас барои дуредгарон, Модари Кӯмаки Абадӣ барои касалҳо, Модари Биби Фотима барои қарздорҳо ва дигарҳо.

 

Анимизм дини тарсондан ва хурофот мебошад. Ин ягон марҳамат ё муҳаббат пешниҳод намекунад. Дар он умед ва сулҳу осоиш нест. Анимизм монанди спиритизм (алоқа бо арвоҳи мурдагон) мебошад. Спиритизм эътиқодест, ки тибқи он одам метавонад бо арвоҳи мурдагон алоқа дошта бошад. Спиритистҳо вохӯриҳо доранд, ки онро сеанс меноманд. Вақти ибодат аст, азоимхон ба изтирор (тракс) меравад. Рӯҳ ҷисми азоимхонро ба худ мегирад. Эҳтимол ин рӯҳ-рӯҳи одами мурда бошад. Рӯҳ бо азоимхон гуфтугӯ мекунад ё тавассути  азоимхон ба гурӯҳ рӯ меоварад. Баъзе вақтҳо чизҳои гузашта, ҳозира ва оянда ошкор мешаванд.

 

Библия дар бораи анимиз чӣ мегӯяд?

Сараввал Библия мавҷудияти рӯҳи палид ва рӯҳи ғайритабииро инкор намекунад.

 

Библия пур аз ишораҳои хатар нисбати кӯшиши гуфтугӯ бо мурдаҳо, истифодаи сеҳру ҷоду, бутҳо ва ҳайкалҳо мебошад. Дар китоб огоҳиҳо муқобили ситорашиносон ва ҷодугарон, муқобили рӯҳҳои ғайритабиӣ, ки хоси Худо нестанд, мавҷуд аст. Баъзе оятҳои Библияро аз назар мегузаронем.

 

Нисбати азоимхонҳо Библия чунин мегӯяд, Ва чун ба шумо гӯянд: “Аз ҷодугарон ва азоимхононе, ки суфу куф ва ириму ҷирим мекунанд, дархост намоед”, бигӯед: “Ҳар қавм, охир, аз Худои худ дархост менамоянд, на ин ки ба воситаи мурдаҳо дар бораи зиндаҳо!” Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад. Ишаъё 8:19-20

 

Дар ин маврид суханони Худо хеле ҳам рӯшан аст. Имондор набояд бо рӯҳи мурдагон гуфтугӯ кунад. 

 

Нисбати ҷодугарон ва ситорашиносон, Худо гуфт, “ӯ аломатҳои козибонро ботил менамояд ва соҳиронро аз ақл бегона мекунад, ҳокимонро қафо мегардонад ва дониши онҳоро ба ҳамоқат табдил медиҳад”  Ишаъё 44:25

 

Нисбати рӯҳи ғайбгӯй, Библия менависад, Як рӯз  мо ба ибодатгоҳ мерафтем, бо мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ  ба оғоёни худ даромади калоне меовард. Вай аз қафои мо ва Павлус омада, фарёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд. Азбаски чандин рӯз вай ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ оварда, ба он рӯҳ гуфт: “Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро”. Ва дарҳол аз вай берун омад. Аъмол 16:16-18

 

Ин духтари ҷавон рӯҳи ғайбгӯи қавӣ дошт. Павлус фаҳмид, ки ин рӯҳ аз Худо набуд, бинобар ин рӯҳ нолозим ва хатарнок буд.

 

Нисбати онҳое, ки мӯъҷиза мекунанд, дар Библия чунин омадааст. Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: “Инак Масеҳ дар ин ҷост” ё “дар он ҷост”, бовар накунед. Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд. Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам. Матто 24:23-25

 

Агар дар миёни шумо набие ё бинандаи хобҳо пайдо шуда, аломате ё мӯъҷизае ба ту нишон диҳад. Ва он аломат ё мӯъҷиза, ки дар бораи он ба ту сухан ронда буд, ба амал ояд, ва ӯ бигӯяд: “Биё, то худоёни дигарро, ки намешинохтӣ, пайравӣ намоем, ва онҳоро ибодат кунем”. Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?  Худованд Худои худро пайравӣ кунед, ва аз ӯ битарсед, ва аҳкоми ӯро риоя намоед, ва ба овози ӯ гӯш диҳед, ва ӯро ибодат кунед, ва ба ӯ бичаспед.  Такрори шариат 13:1-4

 

Омадани ин шарир ба ҳар гуна қувват, аломат  мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон, барои он ки онҳо муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд.

2 Таслӯникиён 2:9-10

 

Имондор аз болои шайтон ва рӯҳи палид пирӯз аст.Вақте ки имондор Исоро қабул мекунад, ӯ соҳиби қувваи нав мешавад. Рӯҳулқудс меояд, то дар ӯ сокин шавад. Имондор дигар ба рӯҳҳои ғайритабиӣ зарурият надорад, чунки рӯҳи ҳақи Худо дар ӯ сокин буда ӯро идора ва ҳимоя мекунад. Дар ҷаҳон рӯҳҳои палид ҳастанд, вале онҳо қудрат надоранд ба имондор осеб расонанд. Чун имондорон Библияро мехонанд, онҳо мефаҳманд, ки Худо Худро тавассути Писари Худ, Исо зоҳир кард. Худо Худашро ба василаи Рӯҳулқудс зоҳир карданро давом дода истодааст. Худо дар предметҳо ба монанди дарахтҳо, кӯҳҳо, сокин нест, вале ӯ дар ҳаёти халқи Худ-онҳое, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд, зиндагӣ мекунад.

 

Калиди пирӯзии имондор аз болои иблис ва рӯҳи палид дар Эфсӯсиён 6:10-13 омадааст. Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати ӯ нерӯманд шавед. Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед. Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст. Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.

 

Гуфтае аз Библия нишон медиҳад, ки рӯҳи палид вуҷуд дорад, ва он зери итоати қувваи Исои Масеҳ аст.  Дар Луқо 8:26-33 мо мехонем. Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд. Вақте ки ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепӯшид ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард. Ҳамин ки Исоро дид, фарёд зада пеши ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: “ Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!” Зеро ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дарозе ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирҳо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард ва дев ӯро ба биёбонҳо меронд. Исо аз вай пурсид: “Номи ту чист?” Гуфт: “Легион”, чунки девҳои бисёр ба дарунаш даромада буданд. Ва онҳо аз ӯ илтимос карданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад. Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. ӯ ба онҳо иҷозат дод. Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст ва ғарқ шуд.

 

Рӯҳи палид мавҷуд аст ва аз болои одам қудрат дорад, вале Исо аз болои рӯҳи палид ҳокимияти мутлақ дорад. Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд:“Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд”. Луқо 10:17

 

ХОТИМА

Худо қудрат дорад ва мӯъҷизаҳо мекунад. Вале шайтон низ метавонад мӯъҷизаҳо кунад. ӯ метавонад чизҳо ва одамонро дар роҳҳои ғайритабиӣ истифода барад, то ки одамонро фирефта кунад. ӯ метавонад  ҷоду, сеҳр, тилисм, тумор, табибони қалбакӣ, азоимхонон, ситорашиносон ва соҳиронро ба кор барад. Шайтон ҳамчунин метавонад одамони диндорро, ки дар ҳама кор номи Исоро мегӯянд, истифода барад. Одамон метавонанд мӯъҷизаи шифобахширо нишон диҳанд, ҳол он ки он хоси Худо нест. (Матто 7:21-23-ро хонед). Барои он ки рӯҳҳои палид метавонанд зери пардаи чизҳои хуб пинҳон шаванд, имондор бояд боэҳтиёт бошад. Бисёр одамон чунин ҳисоб мекунанд, ки ҳамаи мӯъҷизаҳо аз ҷониби Худо мебошанд. Ин хатарнок аст, чунки Шайтон одамонро гумроҳ мекунад ва онҳоро ба марги ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ мерасонад. Эй маҳбубон! Ба ҳар рӯҳ эътимод накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисёр анбиёи козиб ба сар то сари дунё рафтаанд.  1 Юҳанно 4:1

 

Ҳавворӣ Павлус гуфт, Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед. Ва Писари ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо ӯро аз мурдагон эҳё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад. 1 Таслӯникиён 1:9-10

 

 

 

Дар ин оятҳо мо чизҳои зеринро мебинем:

1.       Онҳо дар бораи имондороне, ки аз бутҳо, сеҳрҳо ва чизҳои дигар, ки қувваҳои ғайритабиӣ доранд рӯ гардондаанд, нақл мекунанд.

 

2.       Онҳо дар бораи ягона чизи арзишнок - имон ва итоаткорӣ нақл мекунанд. Ин чизи арзишнок имон ба Худои ростӣ ва зинда аст, ки дар Библия дида мешавад ва ба василаи Писари ӯ, Исо зоҳир шудааст.

 

3.       Онҳо дар бораи умед дар зиндагии имондор барои омадани Исо нақл мекунанд.

 

4.       Онҳо дар бораи ягона сарчашмаи айният – Исо, ки аз болои марг пирӯз шуд ва моро “халос” кард  ё моро наҷот дод, нақл мекунанд.

 

 

Навиштаҳои муқаддаси иловагӣ барои хондан:

Мурда наметавонад баргашта гап занад- Луқо 16:19-31

Маслиҳати рӯҳи мурда                            - Ибодат 19:31

                                                                   - 1 Вақоеънома 10:13

-         2 Подшоҳон 21:6

 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ