www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Омӯзишии асосии Калисо - 3БОБИ 18 ОЁ МАН КӯДАКАМРО БОЯД ТАЪМИД КУНАМ?
Дар тамоми Библия дар бораи таъмиди кӯдак гуфта нашудааст. Дар бораи таъмиди кӯдак дар Библия як сухан ҳам гуфта нашудааст.
Пас чаро бисёр одамон кӯдаконашро таъмид мекунанд? Ин аз анъана беш нест. Ин дар асоси Библия нест. Одамоне, ки кӯдаконашро таъмид мекунанд, кӯр-кӯронона он сарваронеро пайравӣ мекунанд, ки худашон низ кӯр ҳастанд. Онҳое, ки Библияро медонанд, ҳеҷ гоҳ кӯдаконашонро таъмид намекунанд.
Библия дар бораи таъмид чӣ таълим медиҳад?Исо ҳангоми таъмидкунӣ 30-сола буд.
Библия мегӯяд, баъди он ки Петрус пайғомашро анҷом дод, Каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд. Аъмол 2:41
Петрус гуфт, “Оё касе метавонад ба онҳое, ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?” Аъмол 10:47
Таъмиди Павлус дар боби 9-ми Аъмол сабт шудааст. Павлус дар ин вақт миёнасол буд.
Дар Аъмол 8 дар бораи таъмиди шахсиятҳои расмии ҳукумати Ҳабашистон омадааст. ӯ аввал Хабари Хушро шунид, имон овард, ва пас таъмид ёфт.
Дар Аъмол 16 дар бораи имон овардан ва таъмиди зиндонбон дар Филиппӣ омадааст.
Ҳеҷ кас аз инҳо кӯдак набуданд. Ҳамаи онҳо ба Исо ҳамчун роҳи ягона ба осмон имон доштанд. Баъди имон овардан онҳо таъмидро интихоб карданд.
Таъмид кардан пеш аз боварӣ ба Исо комилан маънӣ надорад. Таъмиди Библия бояд пас аз таваллуд аз олами боло бошад.
Вале агар кӯдак бе таъмид мемурад чӣ ҳол рӯй медиҳад?
Кӯдак то вақти калон шудан, Инҷилро шунидан, фаҳмидани он, ки ӯ гуноҳкор аст, аз табиати гуноҳкори худ тавба кардан, ва шахсан ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон овардан, бегуноҳ аст. Библия мегӯяд, ки онҳое Инҷилро шуниданд, вале Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул накарданд, ҷазои Худоро мегиранд. Юҳанно 3:18 мегӯяд, Ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, маҳқум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
Оё инсонро барои он ки таъмид наёфт, доварӣ ё маҳкум мешавад? Не, барои он маҳкум мешавад, ки ба Исо ҳамчун ба Худованди худ имон наовард.
Вале чӣ ҳолат рӯй медиҳад, агар кӯдакӣ ман мемурад?Дар Библия мо ҷавоби рӯшан дарёфт мекунем:
Ва Довуд аз Худо барои кӯдак илтимос намуд, ӯ рӯза дошт ва омада бар рӯи замин хобида, шабро мегузаронид. Ва пирони хонааш назди ӯ омада, саъю кӯшиш мекарданд, ки ӯро аз замин бархезонанд, вале ӯ розӣ намешуд ва ҳамроҳи онҳо нон намехӯрд. Ва дар рӯзи ҳафтум бача мурд; ва навкарони Довуд тарсиданд, ки мурдани бачаро ба ӯ хабар диҳанд, зеро ки ба ҳамдигар мегуфтанд: “Инак, вақте ки бача зинда буд, мо ба ӯ сухан рондем, ва ӯ ба овози мо гӯш надод; пас, чӣ гуна ба ӯ бигӯем, ки бача мурдааст? Шояд, ӯ кори баде бо худ бикунад”. Ва Довуд дид, ки навкаронаш ба якдигар пичиррос мезананд, ва Довуд фаҳмид, ки бача мурдааст; ва Довуд ба навкаронаш гуфт: “Оё бача мурдааст?” Гуфтанд: “Мурдааст”. Ва Довуд аз замин бархоста, худро шустушӯ ва тадҳин намуд, ва либосашро иваз кард, ва ба хонаи Худованд рафта, ибодат намуд, ва ба хонаи худ омада, хӯрок пурсид, ва пеши ӯ нон монданд, ва ӯ хӯрд. Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: “Ин чӣ кор аст, ки кардӣ: вақте ки бача зинда буд, рӯза дошта гиря кардӣ, ва чун бача мурд, бархоста нон хӯрдӣ?” Ва ӯ гуфт: “То даме ки бача зинда буд, ман рӯза дошта гиря кардам, зеро ки ба дили худ гуфтам: “Шояд, Худованд ба ман марҳамат намояд, ва бача зинда монад”. Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам вайро баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт”. 2 Подшоҳон 12:16-23
Аз ин Навишта мо чиро меомӯзем?1. Довуд фаҳмид, ки бача ба Осмон рафт ва ӯ низ рӯзе бачаро дар осмон хоҳад дид.
2. Бача ягон маросими махсус ё таъмид надошта буд. Хуб аст ба ёд биёрем, ки Худо нисбати Довуд гуфта буд. “ӯ одамест аз қалби ман”. Довуд инсони бузурги Худо буд. ӯ ба Худо боварӣ дошт, ки аз болои писараш ғамхорӣ мекунад.
Масеҳие, ки Библияро пайравӣ мекунад, дар бораи он ки кӯдакаш таъмид ёбад, дар ташвиш нест. Волидайн бояд дар бораи ба воя расидани кӯдакон бо дониши Библия машғул шаванд, то ин ки рӯзе онҳо ба Исо имон оранд. Ин вазифаи волидайн аст.
Шумо метавонед бигӯед, “Чӣ хел мо кӯдакамонро бе таъмид ном барем?”
Шумо метавонед ба монанди миллионҳо имондорони дигар бикунед. Бисёриҳо кӯдаконашонро таъмид намекунанд, вале ба фарзандонашон ном мегузоранд.
Вале онҳо ба мактаб бе шаҳодатномаи таъмид рафта метавонанд? Бале. Дар мактабҳо кӯдаконе, ки таъмид наёфтаанд пур аст. Шаҳодатнома дар бораи таваллуд бас аст, ки синни кӯдакро маълум кунад.
Дар бораи хизматгузории _________________чӣ мегӯяд?Бисёр калисоҳои масеҳӣ барои кӯдакони навзод хизматгузории _______________________мегузаронанд. Ин кӯдакро на масеҳӣ мекунад ва на масеҳиро наҷот медиҳад.
Хизматгузории _____________ ин он мавриде аст, ки волидайн худро ба тарбияи кӯдак дар чунин роҳе, ки ӯ Библияро дӯст дорад, ва Худованд Исоро ҳамчун Наҷотдиҳандаи шахсӣ қабул кунад, бахшанд. Бисёр вақт хизматгузории _______________ ҳамчун қисми ибодати мунтазам дар калисо баргузор мегардад. Калисо метавонад ба волидайн шаҳодатномаи _____________ диҳад.
ХОТИМА
Библия роҳнамои имондор аст. Бинобар ин имондор бояд кӯдаконро таъмид накунад.
БОБИ 19 НАҶОТИ КӯДАКОН
1. Кӯдакон муҳим ҳастанд – Матто 18:1-7
2. Ба кӯдакон таълим додан аз аҳамият холӣ нест.
(1) Чиро таълим додан муҳим аст.
(2) Киро таълим додан муҳим аст. А. Муаллим бояд аъзои фаъол ва таҷрибадори калисои маҳаллӣ бошад. Б. Муаллим бояд аз асосҳои ақидаҳои Библия хуб бохабар бошад. В. Пеш аз шурӯъ кардан ба таълимдиҳӣ муаллим бояд аз тарафи калисои маҳаллӣ маъқул дониста шавад. Г. Муаллим бояд дар калисои маҳаллӣ мувофиқи усулҳои таълимдиҳии кӯдакон омӯзонад.
3. Сарчашмаҳои ибтидоии таълимдиҳии кӯдакон.
(1) Идеали масеҳӣ А. Хона В. Калисо С. Мактаб
(2) Меъёри ҳозира А. Матбуот – радио, телевизион, кино, матбуоти чопӣ Б. Мактаб В. Хона Г. Калисо
4. Кӯдакон ва калисо
(1) Калисо кӯдаконро бо шароит: А. Инкишофи дониши Библия Б. Иштирок ва омӯзиши ибодати арзишнок; С. Инкишофи муносибатҳои байниҳамдигарии масеҳиён
(2) Кӯдакони калисо – калисои фардо хоҳанд буд.
Аз нав зода шудани аъзогии калисо, асоси зиндагӣ ва беҳбудии калисо мебошад. Бинобар ин хеле аҳамиятнок аст, ки бачагон ва духтарон, онҳое ки калисои фардо ҳастанд, таҷрибаи ҳақиқии масеҳӣ шуданро доранд. Натиҷаи назари начандон аниқ ва нотамом нисбати наҷоти кӯдакон, калисои заиф ва мурда хоҳад буд.
Калисо бояд масъулияти худро нисбати кӯдакон ҷиддан ҳис кунад. Кӯдаки наҷотёфтае, ки бо оилаи калисо муносибат надорад, рӯҳан инкишоф ёфтани ӯ номумкин аст. Ин чӣ маънӣ дорад?
Кӯдаке, ки дар ҷисм таваллуд ёфтааст, бояд бо оила муносибат дошта бошад. Кӯдаке, ки аз олами боло таваллуд ёфтааст, ба оилаи калисо муносибат дорад.
Баъзеҳо чунон дар фикри наҷоти кӯдак меафтанд, ки инкишоф ва парвариши кӯдакро дар калисо аз даст медиҳанд.
Яъне, вақте ки ман дар бораи таваллуди рӯҳонии кӯдак фикр мекунам, ман бояд дар бораи он ки чӣ хел кӯдак рӯҳан парвариш меёбад, фикр кунам.
Хато набуд, вақте ки Исо калонсолонро даъват кард, калисои аввалинро ташкил диҳанд ва пешкорони инҷилшиносони ҷаҳон бошанд. Бо Инҷил шинос кардани кӯдакон самари калисо аст. Калисо вазифадор аст, кӯдаконро таълим диҳад, бомаърифат кунад, бо Инҷил шинос намояд ва кӯдаконро парвариш кунад.
Вақти кофӣ бояд ба раванди таълимот дода шуда бошад, то ки кӯдак ба наҷотдиҳӣ тайёр шавад. Муаллимони кӯдакон бояд дар бораи назари Библия, дар бобати наҷот фаҳмиши саҳеҳ дошта бошанд.
Муаллиме, ки назари камамиқи наҷотёбӣ дорад, умед дорад, кӯдакон тез ин хел назарро қабул мекунанд ва баъди чанд дарс ба наҷотёбӣ тайёр мешаванд.
Вазифаи аввалини муаллими Мактаби якшанбе - ин бо Каломи Худо пур кардани мафкураи кӯдакон мебошад. Ин аз нақл кардани ҳикояҳои Библия фаҳмондани таълимоти Библия ва аз ёд кардани Навиштаҳо мебошад.
Азбаски кӯдакон ташнаи хурсанд кардани калонсолон ҳастанд, муаллим бояд дар бораи додани “даъватнома” боэҳтиёт бошад. Ҳатто дар байни кӯдакон ҳам Рӯҳулқудс бояд боварӣ кунонад, маҳкум кунад ва даъват кунад. Бисёр кӯдакон ба баъзе саволҳо тез “ҳа” мегӯянд ва муаллим фикр мекунад, ки онҳо наҷот ёфтанд, ҳол он ки онҳо ҳеҷ гоҳ маҳкумият ва водоркуниро аз тарафи Рӯҳулқудс ҳис накардаанд.
Кӯдаке, ки ба хулосаи барғалат кардан ҳидоят мешавад, дар ҳолати бадтаре аст, нисбати он ҳолате, ки пеш аз хулосабарорӣ дошт. Ва чун касе солҳои сол худро масеҳӣ нишон медиҳад, барои ӯ хеле мушкил мешавад қабул кунад, ки ӯ хато кард ва наҷот наёфтааст. Ҳатто дар мавриди хулосабарорӣ барои кӯдак қабул кардан мушкил аст, ки ҳеҷ чиз рӯй надод, вақте ки муаллим ба ӯ хурсандона гуфт, ки ӯ аз олами боло таваллуд ёфт. ӯ чунин ҳиссиёт дорад, ки ин барои вай нест ва ҳамчунин андеша дорад, ки хулосаи дигарон низ мисли ӯ ва дин барои одамон фақат бозӣ ҳасту бас.
Беҳтар аст муаллим тухм корад, онро кор кунад ва ба инкишофи ҳар кӯдак ҳассос бошад, вақте ки мавриди наҷотёбӣ мерасад. Аз аҳамият орӣ нест, вақте ки кӯдакон ҳар рӯзи якшанбе бо волидайни худ якҷоя ҳастанд ва ба ваҳйи роҳиб гӯш мекунанд. Ин “бехатартарин” вақт барои кӯдак аст, то ки наҷот ёбад. ӯ метавонад бе ягон таъсири муаллим ё диндор ҷавоб диҳад.
Агар муаллим тухмро дуруст корад ва тарғибгар пайғоми наҷотро ба таври оддӣ ва рӯшан тарғиб кунад, бисёр вақт кӯдакон дар синни даҳ ё дувоздаҳсолагӣ ва баъзе вақтҳо аз ин ҳам барвақтар наҷот меёбанд.
Оё нақшаҳо ( роҳҳои)-и бисёранд?Мо тез ҷавоб хоҳем дод, ки барои аз олами боло таваллуд ёфтан танҳо як роҳ аст. Агар талаботҳои наҷот барои ҳама як аст, барои кӯдакон низ чунин ҳастанд? Бале. Барои ҳама талаботҳои муайяни асоснок ҳастанд. Чун сухан дар бораи наҷот меравад, Библия пур аз калимаҳои “ҳама”, “ҳар кас”, “ҳама кас” ва дигарҳо аст.
Ба одам барои наҷотёбӣ (кӯдак ё калонсол) панҷ талабот мавҷуд аст.
1. Шунидани пайғоми Инҷил.(Юҳанно 5: 24, Румиён 10:14, Аъмол 2:37)
Бояд фаҳмид, ки калимаи “шунидан” ки дар ин оятҳо истифода шудааст, ба онҳо муносибат дорад: (1) Одамоне, ки қобил ҳастанд пайғоми Инҷилро бифаҳманд. (2) Одамоне, ки пайғомро шахсан қабул мекунанд. (3) Одамоне, ки дар муносибат ба пайғом худро масъулиятдор ҳис мекунанд.
2. Вақте ки Инҷилро мешунавед бояд огоҳӣ ёбед, ки шумо гунаҳкор ҳастед.
Кӯдак то он даврае, ки намефаҳмад ӯ гуноҳкор аст ва Исо барои ӯ мурд, ҷавобгар нест. Тавба он вақт мумкин аст, ки ӯ гуноҳро мефаҳмад ва аз он огоҳӣ дорад. 3. Маҳкумият лозим аст.
Маҳкумият баъд аз шунидан ва огоҳ шудан меояд. Дар Аъмол 2:37, баъди он, ки Петрус дар бораи гуноҳ ва Наҷотдиҳанда мавъиза кард, мо чунин мехонем: “Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: “Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?”. Шахс бояд пеш аз наҷот додан дар бораи гуноҳи худ дар ташвиш бошад.
4.Тавба лозим аст.
Ҷавоби Петрусро аз Аъмол 2:38 хонед, “Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред” (Ҳамчунин Луқо 13:3,5, Аъмол 3:19, 17:3)
Тавба кардан аз гуноҳ маънои онро дорад, ки кас бояд бифаҳмад, гуноҳ чист. Тавба бе фаҳмидани гуноҳ маъно надорад.
Гуноҳе ки маҳкум мекунад ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон як ҳаст (Юҳанно 3:18) (Рост ҳаст, ки кӯдак ба монанди калонсолон дар гуноҳи худ он қадар устувор нест).
5. Пазируфтани Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд ба василаи имон зарур аст (Юҳанно 1:12; 3:15-16; 5:24; Марқӯс 8:34; 10:17-27, Луқо 9:57-62).
Дар Истифодаи Навишта бояд як иртибот бошад, вақте ки сухан дар бораи таваллуди нав меравад. Маънои амиқтари Юҳанно 3:16, 1:12, 5:24 дар Луқо 9:57-62 аз тарафи Исо нишон дода шудааст. Дар порчаҳо аз Луқо ва Марқӯс Исо дар бораи арзиш, талаботҳо ва масъулиятҳои шогирд сухан мекунад.
ӯ инро бо одамон пеш аз он, ки онҳо ба як хулоса биёянд, гуфт. Баъзеҳо ӯро пайравӣ накарданд, вақте онҳо вазифаҳои шогирд буданро фаҳмиданд. Исо хулосабарориро кори осон накард. Мо бояд аз мафҳуми “файзи арзон”-и наҷот, ки бисёр вақт бо тафсири рӯякии оятҳо ба монанди Юҳанно 3:16, 1:12 ва 5:24 ҳаракат кунем. Мо бояд ин оятҳоро дар партави таълимоти Исо, ки дар Марқӯс 10:17-27 ва Луқо 9:57-62 омадааст, тафсир диҳем. Натиҷааш тасвири пурраи Инҷил аст, шояд бо “хулосаи” камтар, вале шогирдони бисёртар. Маънояш он аст, ки қабул кардани Исо аз даст бардоштан ё дуо кардан баландтар аст.
Имони ҳақиқии наҷотёбӣ на танҳо пазируфтани Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда, балки ҳамчун Худованд низ дар бар мегирад. Яъне, кас бояд ҳаёти худро барои пайравӣ кардани Исо дар ин ҷаҳони тағйирёбанда, таслим намояд.
Чун нуқтаи назари муаллим дар бораи наҷот, танҳо рафтан ба осмон ва худро хурсанд ҳис кардан аст, нуқтаи назари пурраи наҷотёбӣ ба кӯдакон таълим дода намешавад. Ва нуқтаи назари пурраи наҷотёбӣ бояд таълим дода шавад, агар мо интизори шогирди ҳақиқии Исо бошем.
ХУЛОСАКӯдакон хеле муҳим ҳастанд, ки онҳоро осонакак фаро гирем. Кӯдакон он вақт наҷот меёбанд, агар онҳо ба талаботҳои Библия дар бораи наҷот ҷавоб диҳанд.
Хона ва калисо дар таълимдиҳии кӯдакон масъулиятдор аст.
Танҳо Рӯҳулқудс маҳкум мекунад, бовар мекунонад ва кӯдаконро дигар мекунад.
Барои кӯдакон ба Исо ҷавоб додан осонтар аст, чунки дар онҳо мисоли дурударози муқовимат нест. Бинобар ин мо бояд кӯдаконро ба ҳақиқат ҳидоят кунем, то ки онҳо ба хулосаи рост ва ақлонӣ оянд.
БОБИ 20 ОЁ МАН МЕТАВОНАМ БАЪДИ ТАВАЛЛУД АЗ ОЛАМИ БОЛО НАҶОТАМРО АЗ ДАСТ ДИҲАМ?
Одаме, ки аз олами боло таваллуд ёфтааст, то ҳоло одами комил ва бегуноҳ нест. Ҳарчанд гуноҳ дар ҳаёти ӯ дигар мақоми асосӣ бозӣ намекунад, ҳоло ҳам ба васваса дучор мешавад ва баъзе вақтҳо гуноҳ мекунад. Саволе, ки баъзе навимондорон ва ҳатто баъзе имондорони болиғро заҳмат медиҳад чунин аст: “Оё ман метавонам наҷотамро аз даст диҳам?” Агар кас андеша кунад, вақте ки ӯ гуноҳ мекунад, наҷоташро аз даст медиҳад, шодию хурсандӣ, сулҳу осоиш ва умеди ҳақиқиро наметавонад доро бошад.
Библия дар бораи ин мавзӯъ чӣ таълим медиҳад?Библия таълим медиҳад, ки вақте кас аз олами боло таваллуд меёбад, ӯ наҷоташро аз даст намедиҳад. Ваъдаи зерини Исоро ба шогирдонаш хонед.
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. Юҳанно 5:24
Агар кас Инҷилро шунавад, имони ҳақиқӣ меорад, ки Исо Наҷотдиҳанда ва Худованд аст, Исо мегӯяд, ки ӯ ҳаёти абадӣ меёбад. ӯ ҳозир ҳаёти абадӣ меёбад, на дар оянда. Агар ӯ ҳаёти абадӣ дорад, он бе охир аст. Ин ваъдаи Исо бароямон кофист, ки ба амнияти имондор имон оранд.
Дар баъзе оятҳои дигар низ Исо дар бораи ҳаёти абадӣ сухан мекунад. Юҳанно 3:15-16; Юҳанно 8:12; 10:28, 1 Юҳанно 5:13. Агар кас аз олами боло таваллуд ёбад, ӯ ҳаёти абадӣ хоҳад ёфт. Дар Юҳанно 10:28-30 Исо чунин гуфт; “Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад. Падаре, ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад. Ман ва Падар як ҳастем”.
Дар Румиён 8:35, 37-39 Павлус мегӯяд; Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер? Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем. Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда. На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.
Аз ин оятҳо бараъло рӯшан мешавад, ки чун одам боре аз олами боло таваллуд меёбад, ӯ дигар наҷоташро аз даст намедиҳад.
Биёед ба ин суол аз дигар тараф назар кунем. Вақте ки мо аз олами боло таваллуд ёфтем, мо қисми оилаи Худо шудем. Дар Юҳанно 1:12 мо мехонем, “Лекин ба онҳое, ки ӯро қабул кардаанд ва ба исми ӯ имон овардаанд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд”.
Шумо ба таври ҷисмонӣ таваллуд шудед, шумо аъзои оила шудед. Шумо падару модар доштед. Агар шумо дар хурдсолӣ ягон кори хато кардед, ё итоаткор набудед, ин маънои онро дорад, ки шумо дигар фарзанди падару модаратон нестед? Не! Хуб ё бад шумо фарзанди онҳо мемонед. Агар шумо саркашӣ мекунед, ин волидайнатонро ғамгин мекунад, вале ҳоло ҳам шумо фарзанди онҳо ва онҳо волидайни шумо. Агар вақт мегузарад ва шумо бо волидонатон гап намезанед, пас аз ин бармеояд, ки онҳо дигар волидони шумо нестанд? Не! Бародарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ шояд набошад, вале муносибати волидайн –фарзанд мемонад. Барои имондор муқобили Худо гуноҳ кардан кори хато аст. Вале ин рӯй медиҳад ва рӯй хоҳад дод, Худо фарзандони худро оқ намекунад. ӯ ғамгин аст, вале ҳоло ҳам Падари Осмонии онҳост. Барои омӯзиши пурраи ин мавзӯъ Забур 51-ро хонед. Довуд гуноҳи бузург карда буд. Дар ояти 14 Довуд гуфт: Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо. ӯ нагуфт, ки наҷоташ барқарор шавад; ӯ гуфт, ки шодиаш баргардад.
Бо вуҷуди гуноҳаш ӯ Фарзанди Худо буд, вале шодӣ надошта буд. Чун шахс наметавонад наҷоти худро аз даст диҳад, зарур аст, ки ӯ як бор аз олами боло таваллуд ёбад. Наҷотёбӣ такрор намеёбад.
Далели он ки имондор ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ҳеҷ гоҳ гумроҳ намешавад, маънои онро надорад, ки мо барои гуноҳ кардан озод ҳастем. Амнияти ҳаёти ҷовидонӣ ҳамчун иҷозатнома барои гуноҳкунӣ набояд истифода шавад. Масеҳии ҳақиқӣ ин хел намегӯяд: “Ман албатта ба биҳишт хоҳам рафт, ва бинобар ин ман чанде ки мехоҳам гуноҳ мекунам”. Масеҳии ҳақиқӣ аз зиндагӣ дар гуноҳ лаззат намебарад. ӯ худро гуноҳкор ва ноҳинҷор ҳис хоҳад кард. Чунки файз ва марҳамати Худо моро аз ҳаёти ҷовидонӣ итминон медиҳад, мо майли том дорем, ки бо ӯ зиндагӣ кунем.
Ин хуб аст, чунки мо бе ягон шубҳа медонем, ки ҷойи худро дар биҳишт аз даст намедиҳем. Бо файзи Худо ин ҷой барои мо ҷудо шуда мондааст. Мо метавонем, зиндагиро бо хушию хурсандӣ, сулҳу осоиш ва умед гузаронему ҳама вақт ба дигарон гӯем, ки Худо бузург аст.
БОБИ 21 ОЁ МАН ДАҲЯК ДИҲАМ?
Даҳяк чист? Кори додани даҳяк ва хайрияҳо ҳам дар Аҳди Қадим ва ҳам дар Аҳди Ҷадид дида мешавад.
Дар Ҳастӣ 14:20 омадааст, Ва Абром ба Маликсодиқ даҳяк дод. Иброҳим одами бузурги Худо буд. Худо ӯро баракат дод ва ӯро барои барпо кардани халқи бузург истифода кард. Иброҳим даҳяк медод. Иброҳим наберае дошт, ки номаш Яқуб буд. Баъди ғалабаи бузург Яқуб сангеро он ҷо монд ва гуфт, “Ва ин санг, ки мисли сутуне рост мондам, хонаи Худо хоҳад монд; ва ҳар он чӣ Ту ба ман бидиҳӣ, даҳякашро ба Ту хоҳам дод”. Ҳастӣ 28:22.
Даҳяк- ин даҳ фоизи даромад мебошад. Бисёр имондорон аз даҳ фоиз зиёдтар медиҳанд, то ки Худо онҳоро баракат диҳад. Даҳяк ба калисои маҳаллӣ дода мешавад.
Чаро имондор бояд даҳяк диҳад?1. Имондор бояд барои табиати Худо - Падари мо, ва Исо- Наҷотдиҳанда ва Худованди мо даҳяк диҳад.
Додани даҳяк дар қалби Худо тавлид ёфт. Аз аввали офариниш Худо- Худои тақдимкунанда буд. ӯ рӯшноӣ, растаниҳо, ҳайвонот дод ва ба марду зан ҳаёт бахшид. Дар давраи Аҳди Қадим ӯ ба халқи Яҳуд имтиёз ва масъулият дод. ӯ Шариатро дод, то ки одамонро роҳнамоӣ кунад. Охирон, ӯ аз ҳама беҳтарин – Писари ягонаи Худ, Исоро дод, то ки зиндагӣ кунад ва мурад, чунки бо аз даст додани зиндагӣ ӯ ба мардум ҳаёти ҷовидонӣ бахшид. Нуқтаи асосии табиати тақдимкунандаи Худо дар Юҳанно 3:16 омадааст. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар ки ба ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
Аз сабаби он ки Худо – Худоест, ки дӯст медорад ва медиҳад, мо ҳамчун фарзандони ӯ бояд майли пайравӣ кардани ӯро дошта бошем. Муҳаббати мо нисбати Худо, бо одатҳои додани мо чен мешавад. Вақте ки сухан дар бораи додани Масеҳӣ меравад, Павлус гуфт; Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям. Зеро шумо файзи Худованди мо, Исои Масеҳро медонед, ки ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии ӯ сарватдор шавед. 2 Қӯринтиён 8:8-9
2. Имондор бояд даҳяк диҳад, чунки ӯ бисёр гуфт. Павлус гуфт; Аммо, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунӣ доред, ончунон дар ин кори хайр ҳа афзунӣ зоҳир намоед. 2 Қӯринтиён 8:7
Ҳамаи онҳое, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд, баракат дода шудаанд. Имондор ҳаёти ҷовидонӣ дорад. Худо ба ӯ баракати ҳаррӯза – ҳам моддӣ ва ҳам рӯҳонӣ додааст. Саховатмандона гирифтан, саховатмандона надодан ин носипосӣ ё худпарастӣ аст. Даҳякдиҳӣ - ин роҳи муқаррариест, ки Худо барои фарзандонаш додааст, то ин ки онҳо муҳаббаташонро намоиш диҳанд.
3. Имондор бояд даҳяк диҳад, чунки ба ӯ огоҳии мунтазам лозим аст, ки ҳамаи ҳаёти ӯ ва дороии ӯ ба Худо тааллуқ дорад. Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед? 1 Қӯринтиён 6:19
Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дунё ва сокинони он аз они Худованд аст. Забур 23:1.
Ҳама чизи мо ба Худо тааллуқ дорад. Вақте ки мо Исоро ба ҳаёти худ ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд таклиф кунем, мо дигар худованди ҳаёти худ нестем. Исо Худованд ва Подшоҳ аст. ӯ Худованди фарзандони мо, хонаи мо, замини мо, кор ва истироҳати мост.
Сад фоиз ба Худо тааллуқ дорад.ӯ талаб мекунад, ки мо ҳар ҳафта даҳякро бидиҳем, то ки ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ӯ Соҳиби ҳама чиз аст. Павлус гуфт: Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад�1 Қӯринтиён 16:2. Павлус дар бораи хайрияҳое, ки ҳар рӯзи Якшанбе дода мешавад, сухан меронад. Вақте мо мегӯем, ки ҳама чиз ба Худо тааллуқ дорад, дар паси сар кардани зиндагӣ ва кори ҳаррӯза боэҳтиёт хоҳем буд. Мо дар истифодаи навад фоизи мондагии дорои мо эҳтиёткор хоҳем буд. Худо дар бораи даҳ фоиз ( даҳяк) дар ташвиш аст, вале ӯ ҳамчунин дар бораи он ки мо навад фоизи дороиямонро чӣ хел истифода мекунем, дар ташвиш аст.
4. Имондор бояд даҳяк диҳад, чунки Библия чунин мегӯяд. Бубинед, ки Павлус дар ояти зер бигзорро ба кор бурдааст. Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад� 1 Қӯринтиён 16:2
Дар Малокӣ 3:10 Библия мегӯяд, Тамоми ушрро ба хазинахона биёред�
Исо дар Матто 23:23 дар бораи даҳякдиҳӣ мегӯяд. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
5. Имондор бояд даҳяк диҳад, чунки ин нақшаи Худо аст, ки кори калисоро маблағгузорӣ кунад. Вақте ки гап дар бораи даҳякдиҳии масеҳӣ меравад, Павлус мегӯяд, Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад. 2 Қӯринтиён 9:12
Ҳамчунин дар 1 Қӯринтиён 16:2 Павлус мегӯяд. Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан ҳоҷат наафтад. Дар Малокӣ 3:10 мо мехонем, Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад.
Бо ёрии даҳякҳо ва хайрияҳо, калисо қобил аст ба роҳиб пул диҳад, китобҳои Библия харида гирад, калисоҳои хурд сохта диҳад, ба аъзоёне, ки зарурият доранд, кӯмак кунад ва одамонро барои паҳн кардани Хабари Хуш фиристонад.
6. Имондор бояд даҳяк диҳад, чунки агар ӯ ин корро накунад, на танҳо аз Худо дуздӣ мекунад, балки худро низ аз бисёр баракатҳо дур мекунад. Оё равост, ки одамизод Худоро ғорат кунад? Ва ҳол он ки шумо Маро ғорат мекунед, ва мегӯед: “Дар чӣ бобат мо Туро ғорат кардаем?” Дар бобати ушр ва ионат. Шумо гирифтори лаънати сахт гардидаед, чунки шумо, яъне тамоми халқ Маро ғорат кардаед. Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад, ва бо ин Маро имтиҳон намоед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки оё Ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам? Малокӣ 3:8-10
Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад. Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад. Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед. Чунон ки навишта шудааст: “Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст; кори хайраш то абад қоим аст”. Ва Он ки барои коранда тухм ва барои хӯранда нон муҳайё менамояд, кишти шуморо фаровон ва самари кори хайри шуморо афзун хоҳад кард. То ки шумо дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат бой гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад. 2 Қӯринтиён 9:6-11
Акнун бармегардем ба савол, оё Ман бояд даҳяк диҳам?Агар шумо имондоред, бояд даҳяк диҳед. Дар оятҳои зер ба калимаҳои ҳар кас ва бигзор диққат диҳед. Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад� 2 Қӯринтиён 9:7. Ҳамчунин дар 1 Қӯринтиён 16:2, Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад�
Ҷавоб рӯшан аст. Ҳар имондор бояд даҳяк диҳад, агар ӯ пайрави итоаткори Масеҳ мебошад. Ҳар имондор бояд даҳяк диҳад, агар ӯ сарватҳои номаҳдуди Худоро донад. Кӯдакон бояд ба даҳякдиҳӣ мувофиқи имконият ва даромадашон роҳнамоӣ шаванд. “Ҳар яке” ҳам бой ва ҳам камбағал, ҳам ҷавон ва ҳам пирро дар бар мегирад. (Дар баъзе мамлакатҳои сусттараққӣ, даҳяк метавонад дар шакли пули нақд ё мол ё ҳайвон бошад). Баъзеҳо мегӯянд, ки онҳо камбағал ҳастанд даҳяк дода наметавонанд. Дар 2 Қӯринтиён, бобҳои 8 ва 9 омадааст, ки имондорон даҳяк намедиҳанд, барои ҳамин онҳо камбағал ҳастанд. Худо ваъда дод, ки касоне даҳяк медиҳанд, онҳоро баракат хоҳад дод. Даҳякдиҳанда ҳаргиз гадо нахоҳад шуд. Библия дар бораи баракати бузурги моддӣ ва рӯҳонӣ, ки касони озодона даҳякдиҳандаро интизор аст, ҳарф мезанад. Имондор даҳяк намедиҳад, ки бой шавад, вале вақте имондор аз самими қалб даҳяк медиҳад, Худо ӯро баракат ато мекунад.
Навиштаҳои зеринро дар бораи даҳяк хонед. 2 Қӯринтиён 8-9; Малокӣ 3 БОБИ 22 БИБЛИЯ ДАР БОРАИ ҶАМОАТ Чӣ ТАЪЛИМ МЕДИҲАД
Ҷамоат (Шоми охирон) ва таъмидкунӣ ду фармони калисо ҳастанд. Дар бораи шоми охирон, Исо гуфт, “Инро кун�” Дар бораи Таъмидкунӣ Исо гуфт, “Онҳоро таъмид деҳ�”
Ин фармонҳо наҷот намеоранд ва пок намекунанд. Агар онҳо метавонанд одамро пок кунанд ё наҷот диҳанд, пас ҳоҷат ба марги Исо набуд. Наҷотёбӣ ва тавба аз гуноҳ танҳо ба василаи овардани имон ба Исо меояд. Наҷотёбӣ фақат дар ӯ ҳаст, на дар оби таъмид ё шарбат ё ноне, ки дар Шоми Охирон истифода бурдаанд. Наҷот дар маросимҳои зоҳирӣ нест.
Чун ин фармонҳо воситаи файз ё наҷот нестанд, онҳоро наметавонем расми динӣ (sacrament) хонем. Расми динӣ мафҳуми Библия нест. Расми динӣ ба чиз, маросим, ё оине, ки метавонад касро наҷот диҳад, нисбат дода мешавад. Имондорони Библия набояд расми диниро барои тасвир кардани Шоми охирон / ё таъмиддиҳӣ истифода баранд.
Дар бораи наҷотёбӣ ва маросимҳои зоҳирӣ, Павлус дар Филиппиён 3:3б-4; 6-9 мегӯяд, Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем. Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман – бештар. Аз ҷиҳати ғайрат – таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ – беайб. Лекин он чӣ барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам. Ва ҳанӯз ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам. Ва дар ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чӣ ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст. Филиппиён 3:3б-4, 6-9
Ин рӯшан аст, ки наҷотро ба василаи маросимҳо ва расму оинҳои зоҳирӣ ба даст натавон овард.
Пас маънои Шоми охирон чист?Дар 1 Қӯринтиён 11:23-29 мо мехонем: Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе, ки ӯро таслим карданд, нонро гирифт. Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: “Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”. Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: “Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”. Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки ӯ биёяд. Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд. Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад. Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад.
Шоми Охирон танҳо барои онҳоест, ки аз олами боло таваллуд ёфтанд ва таълимоти Исоро дар бораи таъмид пайравӣ мекунанд. Аз оятҳои боло маълум мешавад, ки Шоми Охирон хизматгузории ёдгорӣ мебошад. Исо дар бобати коса гуфт, “Инро ҳар боре, ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”. Ҳамчунин суханҳоро ӯ дар бораи нон гуфт.
Коса рамзи хуни Исо дар салиб аст.
Нон рамзи ҷисми шикастаи Исо дар салиб аст. Ин ду чиз, шарбат ва нон рамзӣ ҳастанд, ё тасвирианд. Нон дар ҳақиқат ҷисми Исо нест. Шарбат дар ҳақиқат хуни Исо нест. Исо ҳар ҳафта намемурад. Барои пурра фаҳмидани ин, китоби Ибриёнро аз Аҳди Ҷадид бихонед. Ибораҳои умумие, ки дар бораи марги Исо дар ин китоб омадаанд, инҳоянд: “Бори барои ҳама”, “Ҳеҷ гоҳ такрор намеёбад”.
Исо худро “дар”, “нур”, “роҳ”, “об”, “нони ҳаёт” номидааст. Яҳёи Таъмиддиҳанда ӯро “Барраи Худо” номид.
Ин истилоҳ рамзан истифода шудааст. ӯ “дар” аст ба Осмон – вале ӯ бештар аз дари ҳақиқии чӯбин аст. ӯ “нур” аст, вале ӯ бештар аз чароғ аст. ӯ “роҳ” аст, ки ба осмон мебарад, вале ӯ бештар аз роҳи ҳақиқии чиркин аст. ӯ “нон”-и ҳаёт аст, вале ӯ бештар аз нонест, ки одам мехӯрад. Бисёр вақт ӯ забони заминиро истифода бурд, то ки ҳақиқати рӯҳонии худро таълим диҳад.
Шоми Охирон мавридест, ки имондорон марги Исоро ҳамчун қурбонии гуноҳҳои онҳо ба хотир меоранд.
Ин ҳамчунон мавридест, ки ҳамон Исои, ки дар салиб мурда, дубора бармегардад, вале на ҳамчун Наҷотдиҳанда, балки ҳамчун Подшоҳи Имондорон ва Довари беимонон.
БОБИ 23 БИБЛИЯ ДАР БОРАИ ҲАМҶИНСБОЗӣ Чӣ ТАЪЛИМ МЕДИҲАД?
Навиштаи аввалини Библия дар бораи ҳамҷинсбозӣ дар Ҳастӣ 19:4-5 омадааст.
Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мардони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хонаро иҳота карданд. Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: “Куҷоянд он касоне, ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем”.
Дар Ҳастӣ 18:20 мо суханҳои Худоро, ки Садӯм ва Амӯрро тасвир мекунанд мехонем, Фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯрро бисёр шудааст, ва гуноҳҳояшон бағоят гарон шудааст.
Худо ду шаҳрро барои гуноҳояшон хароб кард. Дар Библия, дар Ибодат чунин омадааст: Ва бо мард мисли зан ҷимоъ накун; ин кори зишт аст.
Дар Аҳди Ҷадид ҳам навиштаҳо оид ба ҳамҷинсбозӣ ба чашм мерасанд. Дар Румиён 1:18-19, 21-28 Библия мегӯяд, Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад, бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне, ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд. Зеро ки он чӣ дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст. Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд. Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда, Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мурғон, чорпоён ва хазандагон монанд аст. Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд. Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд, махлуқро ба ҷои Холиқе, ки то абад муборак аст, омин. Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд. Ҳамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд. Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шинохтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд.
Оятҳои болоиро аз сари нав хонед. Вақте ки шумо мехонед, диққат диҳед, ки байни парастиш ва гуноҳ муносибат мавҷуд аст. Албатта чунин намуди парастиш – парастиши дурӯғин аст ва як холигиеро боқӣ мемононад, ки одамро ба чуқурии гуноҳ мепартояд. Ин гуноҳ дар ин оятҳо ҳамчун ҳамҷинсбозӣ, ҳам барои мардон ва ҳам барои занонро дар бар мегирад. Аз ояти 28 бармеояд, ки нафарони ба ин кор машғулбуда ҷазоро интизоранд. Ин ҷазо дар бисёр ҷанбаҳои ҳаёт дида мешавад. Инҳо безорӣ, шармкунӣ, касалиҳое, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд ва дигарҳоянд.
Дар Тимотиюс 1:9-10 мо мехонем; Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон, барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале, ки бар хилофи таълимоти солим аст.
Фосидии шаҳвонӣ дар баробари дигар ҷиноятҳо, кушторҳо, бехудоӣ ва гуноҳкорӣ ҷой дорад.
Оё ҳамҷинсбоз ба Осмон меравад? Аз Библия мо ҷавоби саҳеҳ меёбем.
Ваҳӣ 21:8, Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро – насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст.
1 Қӯринтиён 6:9-11; Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон. На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон – вориси Малакути Худо намешаванд. Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
Дар ин порчаҳои Каломи Худо ҳақиқатҳои рӯшан дида мешаванд. 1. Ҳамҷинсбозӣ ғайри қобили қабул аст. Он мухолифи иродаи Худо.
2. Ҳамҷинсбозӣ меваи фосидии динӣ аст.
3. Ҳамҷинсбозӣ одамро аз ҷамоати ростии Худо берун мекунад, ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам баъди марг дар он ҷаҳон.
4. Ҳамҷинсбозиро бояд маҳкум кард.
5. Ҳамҷинсбозӣ шаъну эътибори одамро ва муносибатҳои муқаррарии ҷомеъаро хароб мекунад.
Барои ҳамҷинсбоз умед ҳаст? Бале! Ин гуноҳи нобахшиданӣ нест. Навишта ба мо тасвири аввалаи шахсеро, ки тарзи ҳаёти ҳамҷинсбозиро давом медиҳад, чунин нишон медиҳад, ки ӯ умеди ба Осмон рафтанро надорад. Чуноне ки мафкураи ҳамҷинсбоз печ дар печ аст, тавбаи ҳақиқӣ метавонад дар зиндагии ӯ дигаргунӣ ворид кунад. Чун дар 1 Қӯринтиён 6:11 нишон дода шудааст, Худо қобил аст, табиати ҳамҷинсбозро тағйир диҳад. Вале одам бояд аз гуноҳи худ хаста бошад ва пеш аз он ки Худо дар ҳаёти ӯ тағйирот дохил кунад, ӯ худаш хоҳони ин тағйирот бошад.
Имондорон вазифадоранд, ки ҳар шакли гуноҳро аз он ҷумла ҳамҷинсбозиро нафрат кунанд. Вале имондорон вазифадоранд, ҳамҷинсбозонро дӯст доранд ва хоҳиши ба онҳо кӯмак карданро дошта бошанд.
Агар имондор хоҳиши онро дорад, ки ба ӯ ёрӣ диҳанд? бояд чӣ кор кунад? ӯ бояд маслиҳат пурсад. Бисёр вақт дар чунин ҳол роҳиб метавонад ёрӣ диҳад, ҳамчунин маслиҳати масеҳии касбӣ низ хуб аст.
Зарурияти аз ҳама пеш ва муҳими ҳамҷинсбоз тавба кардан аст, ӯ бояд майлу хоҳишҳои худро монад ва Исоро ҳамчун Худованди ҳаёти Худ – аз он ҷумла ҳаёти шаҳвонӣ, қабул кунад. Таваллуди ҳақиқӣ аз олами боло дар зиндагии ҳамҷинсбоз дигаргунӣ меорад.
Баъди таваллуд аз олами боло се ҷанбаи амалии ҳаёт аст, ки аз болои он ҷиддан кор бояд кард.
1. Тасвири нави Худ. Тасвири харобкорӣ пеш дар Ғалотиён 5:16-21 омадааст. Тасвири нав, ки бояд гирифта шавад, дар Ғалотиён 5:22-26 омадааст. Тасвирҳои нав ва пеш дар Эфсӯсиён 2:1-10 низ дида мешавад.
2. Намуди зоҳирии нав. Агар кас ба монанди ҳамҷинсбозон фаъолият кунад ва либос пӯшад, ӯ бояд кӯшиш кунад, инро тағйир диҳад. Мард бояд ба монанди мард фаъолият кунад ва либос пӯшад; зан бояд ба монанди зан фаъолият кунад ва либос пӯшад.
3. Дӯстони нав Ҳамҷинсбозе, ки аз олами боло таваллуд ёфтааст, бояд бо одамоне, ки Исоро пайравӣ мекунанд, дӯстӣ барқарор кунад. ӯ бояд бо ғайри-ҳамҷинсбозон дӯстӣ кунад. То он даме, ки ӯ комилан аз болои ин масъала пирӯз нашудааст, наметавонад бо ҳамҷинсбозон дӯстиро барканад. Баъд ӯ метавонад ба дигарон ёрӣ кунад, ки онҳо низ озод шаванд.
Ҳамҷинсбозон ба калисо роҳ дода мешаванд? Одамоне, ки ба ҳамҷинсбозӣ машғуланд, ба ҷисм ё бародарии калисои маҳаллӣ мувофиқ нестанд (Оятҳои Библияро доир ба ин масъала бори дигар аз назар гузаронед.
Онҳое, ки ба ҳамҷинсбозӣ машғуланд, ҳаргиз ба мақоми сарварии калисо роҳ дода намешаванд. Танҳо ҷамъоатҳои гирифтори касалии гуноҳ имкон медиҳанд, ки ҳамҷинсбоз ҳамчун роҳиб ё кашиш фаъолият кунад. Омехта шудани ҳамҷинсбоз бо аъзоёни калисо, барои калисо хеле хатарнок аст.
Хусусан фаъолияти ҳамҷинсбозон ба кӯдакон таъсири манфӣ дорад.
Ҳамҷинсбозе, ки тавба кард ва тарзи нави ҳаётро пеш бурда истодааст, тамоман дигар аст. Муносибат нисбат ба ӯ ба монанди аъзоёни дигари калисо аст. Бо “ба ҳамҷинсбозӣ” машғул шудан, мо онҳоеро дар назар дорем, ки тарзи ҳаёти фосидро давом дода истодаанд.
Имондорон бояд ҳамаи одамонро дӯст доранд. Вале имондорон набояд аз ҳамҷинсбозӣ чашмпӯшӣ кунанд, ё онро пуштибонӣ намоянд. Ба ҳоли ҳамҷинсбоз бояд раҳм кард ва ӯро барои тавба кардан рӯҳбаланд намуд.
БОБИ 24 ОЁ НӯШИДАНИ НӯШОКИҲОИ АЛКОГОЛӣ ВА КАШИДАНИ СИГОР ХАТО АСТ?
Нӯшокиҳои алкоголӣ чиро дар бар мегирад? Ҳар чизе ки таркибаш алкогол дорад. Яъне, аз қабили чунин нӯшокиҳо: пиво, шароб, ҷин ва ғайра.
Баъзеҳо чунин савол медиҳанд: “Оё мо баъди таваллуд шудан аз олами боло метавонем пиво нӯшем?”, “Дар нӯшидан ва кашидан чӣ нохубӣ аст?”
1. Исоро пайравӣ кардан маънои онро дорад, ки кас бояд ҳама чизро ба Худовандии Исо таслим кунад.
Ин ҳама чиз маънои онро дорад, ки ҳама чиз дар ҳаётамон бояд таслими Исо бошад. Саволи ҳақиқӣ ин нест, ки “Оё ман метавонам нӯшиданро давом диҳам?” Саволи ҷиддитар ин аст?” Оё ман хоҳиш дорам, ки тамоми ҳаётамро ба зери ҳукмронии Худованд Исо гузорам? Масъалаи асосӣ дар нӯшидан нест. Масъала он аст, ки бо ҳаёти___________ Шахсе, ки ба Худо имкон намедиҳад, то ки Худои тамоми ҳаёташ гардад, харобӣ ва гумроҳиро пайравӣ мекунад. Оилаи ӯ ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар олами ҷовидонӣ азоб мекашад. Наҷот ёфтан – наҷотро ба даст даровардан, ва хоҳиши ба Исо бовар кардани ҳаёти худро дошта бошад ва дар пеши ҳама Исоро ҳамчун Худованд эътироф кунад. Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт; Румиён 10:9 Одам бояд на танҳо майли аз пиво ва сигор дур шуданро дошта бошад, балки ӯ бояд имкон диҳад, ки Исо Худованди кори ӯ, оилаи ӯ, истироҳати ӯ, пули ӯ ва ҳамаи умедҳои ӯ шавад. Калимаи ХУДОВАНД маънои ҳукмрон, роҳбарро дорад. Одам наметавонад ҳам Худовандии ягон қисми ҳаёташро нигоҳ дорад ва дар айни замон Исоро ҳамчун Худованд қабул кунад. Агар кас гӯяд, ки дар бораи нӯшокӣ ӯ чизе, ки майл дорад кунад, ӯ барои таваллуд аз олами боло тайёр нест. Таассуфовар аст, ки бисёриҳо пиворо дар ҳаёти худ аз Исо болотар мегузоранд. Онҳое, ки ҳаёташонро комилан ба Исо таслим кардаанд, қудрат доранд, ки масъалаи нӯшокиро паси сар кунанд.
2. Талаботҳои Худовандӣ тамоми ҳаётро таъсир мерасонад.
Агар Исо боре дар ҳаёти мо ҳамчун Худованд зиндагӣ кунад, мо ҳамаи он чизеро, ки ба ҷо меорем ва фикр мекунем, аз нав месанҷем. Мо ӯро хурсанд хоҳем кард ва дар ҳамаи қисмҳои ҳаёти мо ба ӯ ҷалол ва эҳтиром хоҳем овард. Дар бораи ҷисми имондор Павлус гуфт, Магар намедонед, ки ҷисмҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас, оё узвҳои Масеҳро мегирам, то ки онҳоро узвҳои фоҳишае гардонам? Ҳошо ва калло! Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед? Зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд. 1 Қӯринтиён 6:15, 19-20
Имондор бо ҳаёти ғуломона зиндагӣ намекунад, балки принсипҳои муайян дар ҳаёти ҳаррӯза ба ӯ ҳамчун раҳнамо хизмат мекунанд.
Яке аз ин принсипҳо чунин аст: Чун ҷисм ибодатгоҳи Рӯҳулқудс аст, бо он бояд ғамхорӣ кард. Имондор бояд чизиеро, ки ба ҷисми ӯ осеб мерасонад, накунад.
Дар бораи нӯшидани нӯшокиҳои алкоголӣ? Аз таъсири нӯшокӣ нисбат ба тамоми ҷангҳо одамон бисёртар мемуранд. Садамаҳои автомобилӣ яке аз ин мисолҳост, ки дар натиҷаи он бисёр вақт одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Натиҷаи он дар ҷангҳо аст, ки одамон худашонро назорат кардан наметавонанд ва якдигарро мекушанд. Он дар марги одамон аз касалиҳо дида мешавад, ки сабабаш алкогол аст. Бисёр касалиҳо натиҷаи бевоситаи нӯшокиҳои спиртӣ мебошад. Ин касалиҳо ба мисли саратон, касалиҳои дил, ҷигар, меъда ва дигарҳо мебошанд.
Баъзе омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки ҳар одами панҷум ки бори аввал даст ба нӯшокӣ мезанад, оқибат майзада мешавад. Зиндагӣ хароб мешавад. Хонаҳо хароб мешаванд. Кӯдакон азоб мекашанд.
Оё хуб аст, ки пулатонро барои харидани нӯшокиҳои алкоголӣ сарф мекунед? Аҷоиб аст, бисёр одамон арз мекунанд, ки зиндагиашон вазнин аст, вале бо вуҷуди ин онҳо пулашонро барои хариди нӯшокиҳои алкоголӣ сарф мекунанд, ки ин ҷисми онҳоро хароб мекунад ва баъзе вақтҳо оилаи онҳоро низ вайрон мекунад.
Библия, онҳоеро, ки менӯшанд чунин ҳушдор додааст.
Оҳ аз они кист? Воҳ аз они кист? Ситезаҳо аз они кист? Андӯҳ аз они кист? Ҷароҳатҳои бесабаб аз они кист? Чашмони сурхтоб аз они кист? Аз они онҳоест, ки пайваста шароб менӯшанд, ва барои чашидани шароби дорувордор меоянд. Ба шароб назар андӯз, ки чӣ гуна сурхча метобад, чӣ гуна дар қадаҳ мавҷ мезанад, чӣ гуна бемалол ба гулӯ меравад. Лекин оқибат мисли мор мегазад, ва мисли афъӣ заҳр мезанад. Чашмони ту манзараҳои аҷибу ғарибе мебинад, ва дили ту ба каҷгуфторӣ моил мешавад. Ва ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёнҷои баҳр хобида бошад, ва мисли касе ки бар сари сутуни киштӣ хобида бошад. Ва мегӯӣ: “Маро заданд, вале дардро ҳис накардам; маро кӯфтанд, вале нафаҳмидам. Вақте ки бедор шавам, боз ва боз ҳамон чизро ҷустуҷӯ мекунам”. Масалҳо 23:29-35
Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд. Эфсӯсиён 5:18
Саволҳои охирон дар бораи нӯшидани нӯшокиҳои алкоголӣ чунин бояд бошанд: Оё зиндагиро беҳтар мекунад? Саломатиамро беҳтар мекунад? Оилаам аз ин фоида мегирад? Ба калисо ёрӣ медиҳад? Исоро ҷалол медиҳад? Ҷавоби саҳеҳ ба ҳамаи ин саволҳо маълум аст. Не!
Дар бораи кашидани сигор? Ҳамаи гуфтаҳои боло, ки дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ гуфтем, ба сигоркашӣ низ дахл доранд. Принсипҳо низ ҳамонҳо ҳастанд. Имондор бояд ягон кор накунад, ки ҷисмашро хароб кунад.
Дар байни табибон чунин андеша аст, ки сигоркашӣ ҳам онҳоеро, ки сигор мекашанд ва ҳам онҳоеро, ки дар наздашон истода дудашро нафас мекашанд, хароб мекунад.
Мувофиқи гузориши конгреси Иёлоти Амрико “Ҳар сигор панҷ дақиқаи ҳаёти сигоркашро кам мекунад. Ба ҳисоби миёна ба ҳар сигоркаш ин шаш ё ҳафт солро ташкил медиҳад”. Мувофиқи омӯзишҳои Британиё 40 фоизи сигоркашҳо то 65 сола вафот мекунанд, ки ин дар муқоиса бо онҳое, ки сигор намекашанд 15 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи гузоришҳои вазорати ҳифзи оммаи Иёлоти Амрико доир ба таъсири сигор ба саломатии одам, сигоркашӣ сабаби асосии касалиҳо ва марги нобаҳангоми сигоркашҳо мебошад. Соли 1987, созмони байналмиллалии ҳифзи сиҳати омма гузориш дод, ки баъди ҳар сенздаҳ сония як нафар аз касалиҳое вафот мекунад, ки сабабашон сигор мебошад.
Аз ҷиҳати иқтисодӣ гирем, сигоркашҳо ба кор камтар мебароянд ва ин нишон аз онҳое, ки сигор намекашанд 45 фоиз зиёдтар аст, ва онҳо ба нӯшокиҳои алкоголӣ низ майл доранд.
Дар Япония, омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки занҳое ки сигор намекашанд, вале бо сигоркашҳо зиндагӣ мекунанд, ду баробар зиёдтар аз касалии саратони шуш мемуранд, нисбати он занҳое, ки шавҳарҳояшон сигор намекашанд. Ҳамчунин натиҷаҳо дар Юнон, Олмони Ғарбӣ ва Иёлоти Амрико ба чашм мерасанд.
Боз ҳамон саволҳои хулосавӣ чунин бояд бошанд: Оё сигоркашӣ зиндагиро беҳтар мекунад? Саломатии маро беҳтар мекунад? Дар кор ба ман ёрӣ медиҳад? Ин барои кӯдаконам хуб аст, ки дудро нафас мекашанд? Оё ин мувофиқи ақл аст, ки пулҳоеро, ки бо чунин мушкилӣ ба даст овардаам, бо чунин роҳ сарф намоям? Оё ин ба калисо ёрӣ медиҳад? Оё ин ба Исо ҷалол меорад? Ҷавоб боз ҳамон, - Не!
Чаро одамон шароб менӯшанд ва сигор мекашанд? 1. Онҳо ҳаёти худро комилан ба Исо додагӣ нестанд.
2. Онҳо бо сабабҳои гуногун сар карданд ва дар чанголи он монданд. Онҳо одат карданд. Онҳо ба чизҳое, ки ҳаёташонро хароб мекунад, ғулом шуданд. Танҳо онҳое, ки бас мекунанд, мефаҳманд, ки то чӣ андоза онҳо ғулом буданд.
3. Онҳо ба ҳаёт назари ноумедона доранд ва дар бораи худ ғамхорӣ намекунанд. Онҳо бемақсадона зиндагӣ мекунанд.
4. Баъзеҳо ин корро аз нофаҳмӣ мекунанд. Онҳо дар бораи чунин коррҳо маълумот надоранд.
5. Баъзеҳо барои он сигор мекашанд ва нӯшокӣ истеъмол мекунанд, ки инро кори хуб ҳисоб мекунанд. Телевизион ва маҷаллаҳо дурӯғин ин чизҳоро бисёр зебо ва ҳамчун нишонаи комёбӣ тасвир мекунанд.
6. Дигарҳо барои он ин корро мекунанд, ки мехоҳанд аз дигарон фарқ кунанд.
ЯГОНА ХУЛОСАИ МАЪҚУЛ ИН НАНӯШИДАН ВА СИГОР НАКАШИДАН АСТ! Агар касе худкушӣ кунад, албатта хуб нест, ва кори сигоркашу истеъмолкунандаи нӯшокӣ ин худкушист. Ба оилаи худ осеб расондан ва воситаи сигоркашию нӯшокиҳо кори дуруст нест.
Одатҳои харобкунанда ба монанди сигоркашӣ, истеъмоли нӯшокиҳо, маводи мухаддар, пурхӯрӣ дар ҳаёти одаме, ки ӯро принсипҳои эҳтиром ба нафси худ, муҳаббат ба дигарон, ва муҳаббат ба ҳузур доштани Рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекунанд, ҷой надоранд. Ин принсипҳо ба мо ҳамчун роҳнамо дар он чӣ мо карда метавонем ва чӣ не хизмат мекунанд.
БОБИ 25 БИБЛИЯ ДАР БОРАИ ГАП ЗАДАН БО ЗАБОНҲОИ ҒАЙР Чӣ МЕГӯЯД?
Бисёр китобҳои Библия доир ба ҳарф задан бо забонҳои ғайр чизе зикр накардаанд. Дар бораи ин мавзӯъ танҳо дар якчанд порчаҳои Аҳди Ҷадид сухан ронда шудааст. Ин ҳолатҳое буданд, ки одамон бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд, вале инҳо забонҳои маълум буданд.
1. Аъмол 2:1-11 Бисёриҳо, ки гап задан бо забонҳои гуногунро тарафдорӣ мекунанд, ин оятҳоро барои эътиқоди худ ҳамчун асос истифода мекунанд.
Ин дар Рӯзи Пантикост буд. Забони мардуми ҷамъшуда номаълум буд. Одамон халқияту миллатҳои гуногунро намояндагӣ мекарданд, ки забонҳояшон низ гуногун буд. Навишта мегӯяд: Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд. Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе, ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд. Ҳангоме, ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони худаш сухани онҳоро мешунид. Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: “Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд? Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо сухани онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем? Аъмол 2:4-8
Ин гап задан бо “забонҳои номаълум” набуд, балки одамон бо забонҳои ба худ маълум гап мезаданд. Ин забонҳо-забонҳои модарии онҳое буд, ки гӯш мекарданд. Ба ягон тарҷумон эҳтиёҷ набуд.
2. Аъмол 10:44-48 Ин дар Қайсария, дар хонаи Корнелиюс, афсари рум рӯй дод. Петрус ба гурӯҳи калони беимонон машғули мавъиза буд, ки Рӯҳулқудс бо он роҳе, ки дар Аъмол 2 нишон додашуда буд, фаромад. Дар ояти 47 Петрус гуфт: “Оё касе метавонад ба онҳое, ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?” Дар Аъмол 11:15 Петрус мегӯяд, “Вақте ки ба сухан оғоз кардам. Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо бар мо нозил шуда буд”. Ин ба монанди Пентакост буд, ки одамон бо забонҳои гуногун гап мезаданд, вале пайғоми Петрусро бо забони худ мешуниданд. Баъзе олимони Библияшинос ин оятҳоро чунин тафсир медиҳанд, ки вақте одамон имон доранд ва бо Рӯҳулқудс пур ҳастанд онҳо Худоро бо забони модариашон ҳамду сано мекунанд.
3. Аъмол 18:24-19:6. Дар Эфсӯс Павлус бо одамоне вохӯрд, ки танҳо пайғом ва таъмиди Яҳёи Таъмиддиҳандаро шунида буданд. Онҳо ҳатто дар бораи Рӯҳулқудс ҳеҷ чиз нашунида буданд. Павлус ба онҳо пайғомро мавъиза кард ва онҳо хурсандона имон оварданд. Пас аз он ки онҳо имон оварданд, онҳо ҳамчун шогирди Исо таъмид дода шуданд. Ҳангоми шодӣ ва ҳаёҷон онҳо бо забони модариашон ба ҳамду санои Худо сар карданд. (Дар Эфсӯс халқҳо ва миллатҳои бисёр бо забонҳои гуногун сокин ҳастанд). Баъзе аз ин забонҳо ғайр буданд ва ба Павлус номаълум буданд. Мо танҳо тахмин мекунем, ки он ҷо чӣ рӯй дода буд. Вале мо боварӣ дорем, ки онҳо бо “забонҳои ғайр” гап назада буданд. Онҳо пайғоми Худоро бо забони инсонӣ мегуфтанд. Ин сабаби ҷудоӣ ва мухолифат байни мардумон нашуд, чунон ки дар байни гӯяндагони забонҳо дар калисои Қӯринтус рӯй дода буд.
4. Забонҳо дар калисои Қӯринтус Павлус ба имондорони Қӯринтус навишта буд, чунки онҳо дар калисои Қӯринтус мушкилиҳои зиёде доштанд. Дар бораи забонҳои ғайр дар дигар калисоҳо, дар Аҳди Ҷадид ягон чиз навишта нашудааст. Ба мисли калисои Қӯринтус ҳеҷ калисои дигар заиф набуд. Ин калисо ҳамчун намуна ба калисоҳои дигар набояд хизмат кунад.
Ба мушкилиҳои онҳое, ки бо забонҳои гуногун гап зада буданд, нигоҳ кунед. Боби 1- Пур аз ҷудоиҳо, пур аз ҷангу ҷидол. Боби 3-“Шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед” Боби 4-“Баъзе аз шумо мағрур шудед” Боби 5-“Дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатто дар байни бутпарастон. Мағрур шудан барои шумо кори хуб нест”. Боби 6- Даъво бо бародари масеҳӣ дар байни бутпарастон, фосиқӣ – “Ба ман ҳама чиз кардан иҷозат дода шудааст”. Боби 7- Мушкилиҳои заношӯй – бевафоӣ Боби 10-Хатари алоқаи наздик бо парастиши бут. Боби 11-Табдил додани Шоми Охирон ба зиёфати калон ва шабнишинӣ бо нӯшокиҳои алкоголӣ. Боби 12-Нофаҳмиҳо оид ба атои Рӯҳ. Боби 14-Бенизомӣ дар кори калисо.
Ҳарф задан бо забонҳои ғайр мушкилии асосии калисои Қӯринтус буд. Натиҷаи он ҳавобаландӣ, бесарусомонӣ ва ҷудоӣ буд.
Павлус ҳарф задан бо забонҳои гуногунро тақдир накард. ӯ муқобили он буд. Ба баъзе суханҳои ӯ ки дар бобҳои 12, 13 ва 14, 1 Қӯринтиён омадаанд, диққат диҳед.
Баъди навишта додани баъзе бахшоишҳои Рӯҳ, ӯ мегӯяд, Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо Роҳи боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод (12:31). Дар боби 13 Павлус дар бораи муҳаббат, сухан мекунад. ӯ мегӯяд, Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт (13:8). Бисёр олимони Библия эътиқод доранд, ки вақте калисо инкишоф меёбад, гап задан бо забонҳои гуногун хотима хоҳад ёфт. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ин нома ба Қӯринтиён дар қатори аввали навиштаҳои Павлус буд.
Фақат нома ба Таслӯникиён барвақттар навишта шуда буд. Навиштаҳои Павлус дар бораи забонҳои гуногун баъди номаи 1 Қӯринтиён хотима ёфт. Дар номаи дуюм ба Қӯринтиён ё номаҳои дигар ба шахсони алоҳида ё калисоҳо, ӯ гап задан бо забонҳои гуногунро зикр накард.
Ба суханҳои Павлус дар бораи истифодаи забонҳо диққат диҳед.
Бартарии аввал 1 Қӯринтиён 14:1-6 Дар паи муҳаббат бошед; иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонӣ, аллалхусус нубувват бошед. Қӯринтиён 14:1
Дар муносибат ба мавъизаи пайғоми Худо Павлус гуфт, Касе ки бо забоне сухан меронад, вай на ба одамон, балки ба Худо Сухан меронад, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад (14:2).
Касе ки ба забоне сухан меронад, вай худашро обод мекунад; аммо касе ки нубувват мекунад, вай калисоро обод мекунад. 1Қӯринтиён 14:4
Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан ронам? 1 Қӯринтиён 14:6
Арзиши сухан рондан бо забонҳо Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ тавр мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан хоҳед ронд. 1 Қӯринтиён 14:9
Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонӣ ҳастед, саъю кӯшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед. 1 Қӯринтиён 14:12
Зеро, агар ту бо рӯҳ баракат диҳӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ тавр “омин” гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯӣ, намефаҳмад. Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад. 1 Қӯринтиён 14:16-17
Худоямро шукр мегӯям, ки ман бештар аз ҳамаи шумо ба забонҳо сухан меронам. Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам, аз он ки як олам калимаро ба забоне бигӯям. Эй бародарон! Дар ақл мисли кӯдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рафтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед. 1 Қӯринтиён 14:18-20
Павлус гуфтанӣ нест, ки ӯ монанди Қӯринтиён бо он забонҳо гап зада буд. ӯ мегӯяд, “вале дар дуо гуфтан�” Шояд Павлус ба ҳолате аз ҳаёти ибодатии худ рӯ овардааст, ки фақат Рӯҳ ба Худо “нолаҳо” ё ҳиссиёти амиқи моро расонад, ки мо ин корро бо забони муқаррарии инсонӣ наметавонем ҳарф занем. Румиён 8:26
Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронанд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, - оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед? Аммо вақте ки ҳама нубувват мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад. Ва асрори дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин нихода, ба Худо саҷда мекунаду мегӯяд: “ Ҳақиқатан Худо бо шумост”. 1 Қӯринтиён 14:23-25
Низом ва сулҳу осоиш дар ибодат роҳи Худо аст. Павлус мегӯяд, Ва арвоҳи анбиё ба фармони анбиё мебошанд. 1 Қӯринтиён 14:32
Павлус давом медиҳад, лекин ҳамааш бояд ба тартибу интизом ба амал ояд. 1Қӯринтиён 14:40
ХУЛОСАИн бахшоиш танҳо дар калисои ҷавон дида мешавад. Калисои Қӯринтус хеле заиф буд ва дар имон хеле ноболиғ буд. Забонҳои номаълум дар дигар калисоҳои Аҳди Ҷадид дида намешаванд. Калисои Қӯринтус намунаест, ки онро ҳозир набояд пайравӣ кард. Истифодаи забонҳои ғайр сабаби мағрурӣ, ҷудоӣ ва бесарусомонӣ дар байни халқи Қӯринтус гардид. Он ба халқ дар наҷоти онҳо ёрӣ надод. Он калисоро инкишоф надод. Он ба Исо ҷалол наовард. Лозим аст бигӯем, ки истифодаи забонҳои номаълум ё ҳарфзании ваҷди дар динҳои ибтидоӣ хеле паҳншуда буд ва ин динҳо ҳатто Худоро эътироф намекарданд.
Бахшоиши гап задан бо забонҳои номаълум дар номгӯи бахшоишҳое, ки дар Рӯмиён 12:6-8 ё дар Эфсӯсиён 4:11 омадаанд, дида намешавад. Ин дар дигар номаҳои Павлус зикр нашудааст. Ин дар навиштаҳои Петрус, Яқуб, Юҳанно, ё инҷилҳои Матто ва Луқо ба чашм намерасад. Ягон сабти ҳарфзании ҳаввориён бо забонҳои номаълум вуҷуд надорад. Ягон навиштае нест, ки Исо бо забонҳои номаълум сухан карда бошад. ӯ аз Рӯҳулқудс пур шуда буд. (Луқо 3:21, 22; 4:1, 14, 18) Вале бо забонҳо гап назада буд. ӯ ба дигарон низ таълим надод, ки ин корро кунанд.
Исо шогирдонашро фиристонд, “Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам”. Омин. Матто 28:19-20
<< Дарсҳои рӯҳонӣ |