Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзишии асосии Калисо - 4

БОБИ 26

МАН БОЯД Чӣ КУНАМ, ВАҚТЕ КИ ЯГОН КАС БА МАН МУОМИЛАИ БАД МЕКУНАД?

 

Барои беимон, вақте ки ягон кас ба ӯ муомилаи бад мекунад, ҷавоб гардонидан табиист. Ва ин табиӣ аст, ки ӯ ҷавоб мегардонад ё дар ҷустуҷӯи қасос  мешавад. Ин роҳи он касест, ки аз олами боло таваллуд наёфтааст. Вале имондор ба ин назари нав дорад. Масеҳии ҳақиқӣ зиндагии талху нафратовар нисбати дигарон надорад. Вақте ки кас аз олами боло таваллуд меёбад, Исо Худованд (ҳукмрон)-и нави ӯ мебошад. Исо барои мо намуна аст. Мо бояд дорои муносибати ӯ нисбати дигарон бошем.

 

Библия дар бораи муҳаббат ва омӯрзиш чӣ мегӯяд?

Шумо метавонед бигӯед, “ӯ дар бораи ман суханҳои бад гуфт ва ман наметавонам дӯст дорам ва бахшам”. Онҳо Исоро дар салиб чормех карданд, онҳо ба найза ба паҳлӯи ӯ заданд. Онҳо ӯро ҳақорат карданд, либосҳояшро кашиданд, аввал ба як даст ва баъд ба дасти дигараш мех кӯфтанд. Посухи ӯ чунин буд, “Эй Падар! Инҳоро биомӯрз, зеро ки намедонанд, чӣ мекунанд”. Луқо 23:34. Дар Библия омадааст, дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд. Филиппиён 2:5

 

Дар Эфсӯсиён 4:31-32 мо мехонем, Ҳар гуна қудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад. Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро авф намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ авф намудааст.

 

Аз ин оятҳо мо мебинем,  ки асос барои қобилияти бахшидани мо далеле аст, ки Худо моро бахшид. Имондорон низ қобил ҳастанд, бахшидани ҳақиқиро бифаҳманд. Тавассути таваллуд аз олами боло мо тафаккури нав,  андешаҳои нав ва муносибатҳои нав дорем. Павлус дар Эфсӯсиён 4:23-24 чунин мегӯяд, Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад,  ва одами навро ,  ки шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.

 

Шумо метавонед бигӯед,  “бале,  ҳамаи ин дуруст аст,  вале ман бахшида наметавонам”. Шумо рост гуфтед, шумо наметавонед;  вале бо ёрии Исо шумо метавонед. Ҳар як имондор бояд Филиппиён 4:13-ро аз ёд донад,  Ҳамааш аз дастам меояд,  бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад.

 

МАН БОЯД Чӣ КУНАМ,  ВАҚТЕ КИ ЯГОН КАС БА МАН МУОМИЛАИ БАД МЕКУНАД?

Дар хотир дошта бош, ки парастиши ҳақиқӣ омурзишро талаб мекунад.

Оятҳои зер аз Мавъизаи болои кӯҳ гирифта шудаанд. Ин пайғоми бузурги Исо ба шогирдонаш буд.

 

Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист. Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун. Матто 5:23-24

 

Аз навиштаҳо мо меомӯзем:

 

1.     Имондори ҳақиқӣ парастиш (ибодат) мекунад.

 

2.     Тақдими бахшоиш қисми муқарарии парастиш аст.

 

3.     Вақте ки мо назди Худо барои ибодат меоем, ба мо рӯҳи нобахшидани мо нисбати бародар хотиррасон карда мешавад.

 

4.     Мо наметавонем ба таври ҳақиқӣ ибодат кунем, агар дар қалбҳои мо рӯҳи нобахшиданӣ вуҷуд дошта бошад.

5.     Мо бояд аз ҷои ибодат рафта бо бародарамон муомилаи хуб кунем. Онро бояд бе ягон дармонӣ кунем. Хуб нест, агар мо гӯем, ки “баъдтар”.

 

6.     Вақте ки бо бародарамон мушкилиҳоро ҳал кардем, мо бармегардем ва ба Худо бахшоишҳо ва ибодати худро тақдим мекунем.

 

Тасмим бигиред, ки қасос нагиред, вақте  ягон кас ба шумо муомилаи бад дорад.

Дар Матто 5:38-39 Исо мегӯяд, Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон.

 

Барои беимон қасосгирӣ кори муқаррарӣ аст. Вале ин барои имондор муқаррарӣ нест. Мо набояд қасос гирем; Мо бояд дӯст дорем.

 

Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед. Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон муросо кунед. Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст:”Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд”. Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт. Румиён 12:17-20

 

 

Барои онҳое, ки ба шумо муомилаи бад мекунанд, дуо кунед ва онҳоро дӯст доред.

Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед. То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад. Зеро ки агар дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст”. Матто 5:43-47

 

Бутпарастон танҳо дӯстони худро дӯст медоранд. Имондорон ҳам дӯстон ва ҳам дӯшманони худро дӯст медоранд. Чӣ хел  мефаҳмем, ки мо душманони худро дӯст медорем? Исо гуфт, “Душманони худро дӯст бидоред ва барои онҳо дуо кунед”. Вақте мо ба дуо кардан сар мекунем, ки Худо душманони моро баракат  диҳад, мо ҳақиқатан ҳам хоҳем фаҳмид, ки онҳоро дӯст медорем.

 

Бинобар ин, кифоя нест, ки мо фақат дӯст дорем,  ҳамчунин бояд дуо кунем, ки бо душманонамон корҳои хуб рӯй диҳанд. “Баракат бихоҳед барои онҳое, ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед вале лаънат нахоҳед”. Румиён 12:14.

 

 

Чӣ хеле ки Исо ба мо дуо карданро ёд дод, ҳамон хел дуо карданро тавонед.

Пас ба ин мазмун дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод. Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд. Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ. Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем. Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ, зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин”. Матто 6:9-13

 

Аз ин оятҳо мо баъзе ҳақиқатҳои бузургро меомӯзем:

1.     Худо бо ҳурмату эҳтироми бузург нишон дода шудааст. ӯ ҳамчун Падар, Муқаддас ва Подшоҳ шинохта шудааст.

 

2.     Имондор хоҳиш дорад, ки Малакути Худо ҳақиқат гардад, ҳатто дар замин, ҳатто дар ин зиндагӣ.

 

3.     Ҳукмронии Худо ва иродаи ӯ аз хӯроки одам муҳимтар аст. (оятҳои 10-11)

 

4.     Имондор норасоиҳо ва хатогиҳои худро эътироф кунад ва омурзишро илтимос кунад (ояти 12).

 

5.     Баъд аз ин имондор қобил аст онҳоеро, ки ба ӯ муомилаи  бад кунанд, бахшад (ояти 13).

 

 

Ман метавонам лаънат ё баракатро интихоб кунам.

Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид. Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид. Матто 6:14-15

 

1.     Лаънат (ояти 15)

Ин оят ба таври рӯшан мегӯяд, ки агар шумо дигарҳоро набахшед, вақте ки онҳо ба шумо муомилаи бад мекунанд, Худо гуноҳҳои шуморо намебахшад. Бисёр одамон хастаю бесарусомон ҳастанд, чунки онҳо гуноҳҳои набахшандаи худашонро бо худ кашида истодаанд. Онҳо ин хел мекунанд, чунки касонеро, ки ба онҳо бадӣ кардаанд, намебахшанд. Ин амал ба бемории фикрӣ ва шикасти ногаҳонии ҳиссӣ оварда мерасонад.

 

2.     Баракат (ояти 14)

Баракат ин озодӣ ва сулҳу осоиш аст, ки аз тарафи Худо меояд, вақте ки Худо одамро барои ҳамаи хатогиҳояш мебахшад. Ин танҳо он вақт меояд, ки одам худро аз тамоми ҳиссиётҳои талх ва нафратангез нисбати онҳое, ки ба ӯ бадӣ карданд, тоза кунад. Танҳо он вақт Худо имондорро мебахшад.

 

ХУЛОСА

Ман бояд чӣ кунам, вақте ки касе ба ман бадӣ мекунад?

Ман бояд чӣ кунам, вақте ки касе дар бораи ман гапи ноҳақ мегӯяд?

Ман бояд чӣ кунам, вақте ки касе мехоҳад ба ман осеб расонад?

 

Дар бораи он ки имондори ҳақиқӣ чӣ бояд кунад, ягон савол нест. Мо бояд ин одамро дӯст дорем, бахшем ва барои ӯ дуо кунем. Ин кори осон нест, вале бо ёрии Худо мо метавонем инро кунем. Мо қобил ҳастем ин корро кунем, чунки мо халқи махсуси Худо ҳастем. Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед. Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро авф кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед. Қӯлассиён 3:12-13

 

Имондори ҳақиқӣ интихоби дигар надорад. Агар мо дар худ табиати Масеҳ дорем, мо бояд дӯст дорем ва бахшем.

 

ВАЛЕ ҲОЗИР МАН Чӣ КОР КУНАМ?

1.     Ба Худо эътироф кунед, ки шумо гуноҳкор ҳастед ва ба кӯмак эҳтиёҷ доред. Фӯрӯтанӣ ҳама вақт нуқтаи беҳтарин барои сар кардан.

 

2.     Аз Худо Илтимос намоед, ки шуморо барои доштани назари нафратангез нисбати каси дигар бубахшад. Ҳарчанд агар шумо ба ӯ ҳеҷ бадӣ накарда будед, шумо барои доштани назари нафратангез нисбат ба ӯ гунаҳкор ҳастед.

 

3.     Аз Худо илтимос кунед, ки ба шумо дар дӯст доштани ин одам ёрӣ диҳад.

 

4.     Аз Худо илтимос кунед, ки ба шумо хирад ва муҳаббат диҳад, вақте ки шумо ба пеши ин одам равона ҳастед.

 

5.     Дар фурӯтанӣ ва муҳаббат, назди ин одам равед, ва бигӯед, “Маро бубахшед, ки ман нисбат ба шумо назари бад ва нобахшиданӣ доштам. Илтимос маро бубахшед”.

 

Шумо метавонед бигӯед, “Вале ин сустӣ аз тарафи ман мешавад? ӯ бояд аввал ба пеши ман биёяд”. Не, ин сустӣ нест. Ин қуввате аст, ки аз тарафи Масеҳ омадааст ва дар шумо сокин аст. Шояд он касе ки шуморо хафа карда буд, аз кардаи худ бехабар буд. Шояд ӯ бохабар буд, вале ӯ ба қадри кофӣ қувват надорад, ки хатогияшро эътироф кунад.

 

Бинобар ин боқувват, пирӯз ва ташаббускори мусолиҳа бош. Амали шумо ҳамаро баракат медиҳад. Шумо аз кори худ хушҳол хоҳед буд.

Навиштаҳои дигар доир ба ин мавзӯъ:

Матто 18

1Қӯринтиён 13

 

БОБИ 27

ИЗДИВОҶИ МАСЕҲӣ ЧИСТ?

 

Издивоҷи масеҳӣ танҳо барои онҳое имконпазир аст, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд. Ин Масеҳ дар издивоҷ аст, ки онро масеҳӣ мекунад. Танҳо он вақт издивоҷи масеҳӣ вуҷуд дошта метавонад, ки Исо Наҷотдиҳанда ва Худованди ҳам шавҳар ва ҳам зан бошад.

 

 Издивоҷ бунёди инкишофи оила мебошад. Агар бунёд заиф бошад, оила низ заиф мешавад. Масеҳ бояд қисми муҳими муносибати издивоҷӣ бошад, агар оила-оилаи масеҳӣ ҳаст. Бисёр одамон фикр мекунанд, ки онҳо оилаи масеҳӣ доранд, вале дар ҳақиқат Масеҳ сарвари оилаи онҳо нест.

 

Заношӯии масеҳӣ бояд Библияро ҳамчун раҳнамо дар хона эътироф кунад. Дар ҳар куҷое мухолифат бошад, Библия бояд аз анъанаҳои фарҳангӣ болотар бошад.

 

Нуқтаи назари ғайрибиблиявии заношӯӣ маъмул аст.

1.     Барои баъзеҳо заношӯӣ муносибати 1+1=2 мебошад.

 

Ин муносибати байни зану шавҳар мебошад. Шавҳар дунёи худро дорад, ки дар он зиндагӣ мекунад, чизҳои худро дорад ва зан низ дунё ва чизҳои худро дорад. Касбу корашон бо ҳам муносибат надорад. Ҳар кас пулҳои худро бо хости худ сарф мекунад. Ин ба монанди ду роҳи оҳан, ба ҳам наздик ҳастанд, вале ҳеҷ гоҳ омехта намешаванд.

 

2.     Нуқтаи назари дигари ғайрибиблиявии занушӯи 1+1=3 аст.

 

Инҳо шавҳар, зан ва нафари сеюм ҳастанд. Нафари сеюм метавонад хешу табори онҳо, дӯст ё дугонаи онҳо бошад. Ноқобилии одам дар кандани иртибот бо волидайн яке аз омилҳои вайронкунии бисёр оилаҳо мебошад.

 

Назари масеҳӣ ба издивоҷ чист?

1+1=1 формулаи муносиб барои издивоҷи масеҳӣ мебошад.

 

Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд. Эфсӯсиён 5:31

 

Ҳар ду як тан хоҳанд буд. Ин ҳамаи тарафҳои ҳаётро дар бар мегирад. Ин ду бо ҳамдигар беш ҳастанд, аз он ки бе ҳамдигар дар алоҳидагӣ. Ин худро қурбонӣ кардан нест:

Ин ҳамаи он чизе ҳаст, ки Худо мехоҳад, инсон бо ҳамроҳаш ба воситаи муносибат дошта бошад.

 

Ин секунҷа ба мо дар фаҳмидани муносибатҳои заношӯии масеҳӣ кӯмак мекунад.

ШАВҲАР

МАСЕҲ

 

ЗАН

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шавҳар ва зан ҳаёташонро бо ҳам мебинанд-заифӣ ва пурқудратӣ. Шавҳар бо Масеҳ муносибат дорад, ки ин ба ӯ қувват мебахшад, то ки ӯ шавҳари беҳтарини масеҳӣ шавад. Бо чунин тарз зан ҳам бо Масеҳ муносибат дорад ва аз он обрӯи эътибор мегирад. Чун ҳарду – ҳам шавҳар ва ҳам зан ба Исо бештар монанд мешаванд, ва онҳо ин намуди ҳаёти навро бо ҳам мебинанд. Ҳар яке қобил аст дигарашро ба таври бояду шояд дӯст дорад, чунки Исо онҳоро дӯст медорад.

 

Ин заношӯии масеҳӣ аст. Кӯдакон дар даруни ин секунҷа буда, айният ва гармиро меёбанд. Чун онҳо ба воя мерасанд, аз муносибати махсус огоҳӣ меёбанд. Онҳо қимати оилаи масеҳиро мефаҳманд ва саъю кӯшиш мекунанд, ки онро дар ҳаёти худ низ ба кор баранд.

 

Биёед ба баъзе ҷанбаҳои муҳими ҳаёт назар андозем, ки ҳар як зану шавҳар бо онҳо сару кор доранд. Ин санҷишро аз назар гузаронед ва баъд дар бораи онҳо баҳс мекунем.

 

САНҶИШ

 

1.     То чӣ андоза шумо бо якдигар то издивоҷ шинос будед?_____

 

2.     Волидайнатон издивоҷи шуморо маъқул донистанд?____

 

3.     Оё шумо вазъияти иқтисодии волидайнатонро ба эътибор гирифтед: А. Табақаи болоӣ_____  Б. Табақаи миёна__________ В. Табақаи поёнӣ__________

4. Маълумоти шумо чист?         Коллеҷ___________

Маълумоти миёна _________  Маълумоти ибтидоӣ________

 

 

1.     ХУСУРУ ХУШДОМАН

(1) Шумо худро бо хусуру хушдоман хуб ҳис мекунед? Ҳа_____________________     Не_______________________

(2) Шумо ранҷидед, вақте ки ҳамсаратон ба хонаи падару модараш рафта буд?

Ҳа_____________________     Не_______________________

(3) Оё ҳамсарат бо волидайнаш вақти зиёдеро мегузаронад?

Ҳа_____________________     Не_______________________

(4)Оё хусуру хушдоманат ба оилаи шумо бисёр дахолат мекунанд? 

Ҳа_____________________     Не_______________________

(5)Оё шумо ва ҳамсаратон дар бораи хусуру хушдоман баҳс мекунед? 

Ҳа_____________________     Не_______________________

 

2.     ДИН

(1)             Шумо бо асосҳои ақидаи Библия розӣ ҳастед?

Ҳа_____________________  Не_____________________

(2)             Шумо бо ҳамсаратон дуо мекунед?

Ҳа_____________________  Не_____________________

(3)             Шумо бо ҳамсаратон ба калисо меравед?

Ҳа_____________________  Не_____________________

(4) Шумо дар бораи интизоми фарзандон баҳс мекунед?

Ҳа_____________________  Не_____________________

(5)Шумо ва ҳамсаратон дар бораи мақсади Исо дар ҳаёт гуфтугӯ кардед ва чӣ хел шумо ба ин нақша муносиб ҳастед?

Ҳа_____________________ Не______________________

 

 

3.     ПУЛ

(1)             Оё шумо дар масъалаи молиявӣ ягон таъсир ё фишор ҳис мекунед?      

А. Ҳар рӯз_____   В. Тез-тез______  С. Кам-кам______

(2)             Оё ҳамсарат пули зиёде сарф мекунад?

Ҳа______________________ Не________________________

(3)             Оё шумо мувофиқи буҷои оилавӣ пулро сарф мекунед?

Ҳа______________________ Не________________________

(4)             Оё шумо барои пул баҳс мекунед?

Ҳа______________________ Не________________________

Агар Ҳа: Тезутунд________ Миёна______ Дӯстона_______

(5)             Оё шумо даромади худро аз они худ ҳисоб мекунед ва онро бо майли худ сарф мекунед, ва даромади ҳамсаратонро аз они ӯ ҳисоб карда, розӣ ҳастед он чӣ хеле ки майл дорад, сарф намояд?

 Ҳа______________________   Не______________________

 

 

 

 

      

4. АЛОҚАИ ҶИНСӣ

(1)             Чун шумо ба воя расидед, фикр кардед, ки алоқаи ҷинсӣ як кори бад ё ифлос ҳаст?

Ҳа______________________ Не______________________

(2)             Назари ҳозираи шумо ба алоқаи ҷинсӣ чӣ хел ҳаст?

А. Вазифа_____________ Б. Изҳори муҳаббат____________

В. Худхурсандкунӣ________ С. Тоб меорем_____________

(3)             Оё ҳамсарат ҳиссиёти шаҳвонии шуморо медонад?

Ҳа_______________________ Не_______________________

(4)             Шумо доир ба алоқаи ҷинсӣ ягон норозигӣ доред?

А. Зуд-зуд_______ Б. Баъзе вақтҳо______ В. Гоҳ-гоҳ______

А. Тезутунд______Б. Миёна___________  В. Осон________

(5)             Шумо рашкманд ҳастед?

А. Зуд-зуд_________ Б.Гоҳ-гоҳ_______ В. Ҳеҷ гоҳ________

(6)             Шумо дар бораи рашк баҳс доштед?

А. Тезутунд _______________  В.Миёна_________________

 

 

ХУСУРУ  ХУШДОМАН

Дар ибтидои офариниш, баъд аз он ки Худо Одаму Ҳаворо офарид, ӯ гуфт, Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд. Ҳастӣ 2:24

 

Вақте ки ду кас издивоҷ мекунанд, онҳо бояд падару модари худро тарк кунанд. Ин он маънӣ надорад, ки падару модарашонро дигар ҳурмату эҳтиром накунанд. Рӯшан аст, ки як хона барои ду оила – волидайн ва фарзандони оиладори онҳо кофӣ нест – агар ҳар оила мехоҳад шодию хурсандӣ ва инкишофи бештаре дошта бошад.

 

ДИН

Муҳим аст, ки зану шавҳар як дин дошта бошанд. Агар дар ин масъала ҷудоӣ аст, фаъолияти хуб дар ҷанбаҳои дигари ҳаёт душвор аст. Библия мегӯяд. Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад? Масеҳ бо бидъат чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад? 2 Қӯринтиён 6:14-15

Агар яке аз ҳамсарон аз олами боло таваллуд ёфт, ӯ бояд саъю кӯшиш кунад, ки ҳамсарашро наҷот диҳад. Фақат он вақт онҳо оилаи масеҳӣ метавонанд дошта бошанд, агар ҳар ду аз олами боло таваллуд ёбанд. Вақте ки дар дин бо ҳам розӣ нестанд, барои фарзандон хеле душвор аст, ки як роҳи рӯҳонӣ дошта бошанд.

 

ПУЛ

Оилаи масеҳӣ бояд он пулҳоеро, ки мегиранд хирадмандона сарф кунанд. Аз болои пулҳо бояд хоҷа шуд, на ин ки пул хоҷаи шумо шавад.

 

Баъзе нуқтаҳо доир ба комёбиҳои пулии оила инҳо ҳастанд:

1.     Аз даҳ як қисмро ба Худо бахшед (Дар Библия онро даҳяк меноманд).

2.     Буҷаро тартиб диҳед ва онро риоя намоед.

 

Мувофиқи даромади худ зиндагӣ кунед. Вақте ки кас аз даромад дида зиёдтар сарф мекунад, ин сабаби мухолифатҳо дар муносибати оилавӣ мешавад.

 

АЛОҚАИ ҶИНСӣ

Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст. Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад.

1 Қӯринтиён 7:3-5

 

Нисбати алоқаи ҷинсӣ ду нуқтаи назари ифротӣ мавҷуд ҳастанд, ки дар оила нооромӣ ба вуҷуд меорад. Яке аз ин фикрҳо чунин аст, ки алоқаи ҷинсӣ кори бад аст ва онро ҳамчун вазифа иҷро кунем ва ба он тоқат кунем. Дар бисёр фарҳангҳо ин бештар фикри занҳо мебошад. Инсон бо чунин нуқтаи назар наметавонад пурра муҳаббати худро ба ҳамсараш изҳор кунад. Нуқтаи назари дигари ифротӣ нисбати алоқаи ҷинсӣ он аст, ки он ҳамчун воситаи қонеъ кардани ҳиссиёти шаҳвонии худ мебошад. Ин фикр бисёртар дар байни мардҳо роиҷ аст. Ин фикрҳо алоқаи ҷинсиро паст мекунад ва ба ҳамсар ҳамчун ба як чиз барои қонеъ гардондани ҳисси шаҳвонӣ муносибат мекунад. Ин худпарастист. Ин роҳи изҳори муҳаббат нест.

 

Алоқаи ҷинсӣ ин атои Худододагӣ аст. Он муқаддас аст. Худо муносибати ҷинсиро дода буд, то ин ки одамони оиладор тавонанд бо роҳӣ нисбатан маҳрамона бигӯянд “ Ман туро дӯст медорам”. Ҳамчунин алоқаи ҷинсӣ барои он дода шудааст, ки насли одамият зиёд шавад.

 

Дар хотима ин  порчаи зер аз Библия хулосаи зебои муносибати оилавӣ мебошад.

 

Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед. Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад. Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст. Эфсӯсиён 5:21-23

 

Вақте  дар чор ҷанбае, ки дар ин ҷо омадааст бо муқобилият рӯ ба рӯ мешаванд, муҳим аст, ки зану шавҳар ин мушкилиҳоро бо дуоҳо паси сар намоянд. Баъзе одамони оиладор фикр мекунанд, ки издивоҷ ҳамаи мушкилиҳоро ҳал мекунад, вале бисёр вақт мушкилиҳои нав пайдо мешаванд. Дар ҳар ҷанбае, ки дар ин дарс зикр шудаанд, мухолифатҳо ногузир ҳастанд, вале ин мухолифатҳо набояд ба муносибати оилавӣ осебе расонанд. Дар ҳар муносибати оилавӣ гӯш кардан, фаҳмидан ва тезӣ зарур аст. Зану шавҳар метавонанд заношӯии масеҳиро дошта бошанд, вақте ки Исо сарвари оила аст.

 

БОБИ 28

Чӣ ХЕЛ МАН БОЯД ФАРЗАНДОНАМРО ҶАЗО ДИҲАМ?

 

Аз ҳама пеш ин бояд чунин фаҳмида шавад, ки барои фарзандон чӣ хел ҷазо зарур аст.

 

Боинтизом кардани фарзандон вазифаи волидайн аст.

 

Кӯдакони беинтизом бисёр вақт калонсолони беинтизом мешаванд.

 

Интизом чизҳои зерро дар бар мегирад: омӯзондан

                                                                         ислоҳ кардан

                                                                         ҷазо додан

                                                                         танбеҳ додан

                                                                         инкишоф

                                                                         тарбият

 

Библия дар бораи интизоми кӯдакон чӣ мегӯяд?

 

Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор. Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад. Ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо. Такрори шариат 6:5-7

 

Якчанд ҳақиқатҳои муайян ҳастанд, ки падару модар бояд ба кӯдаконаш таълим диҳанд. Ин маънои онро дорад, ки падару модар бояд донанд, ки Библия чӣ таълим медиҳад, агар онҳо мехоҳанд, фарзандонашонро дар роҳи дуруст  тарбия кунанд. Порчаи болоӣ аз Навишта мегӯяд, ки таълимоти рӯҳӣ, ҳақиқатҳои Библия, хурсандии ҳаррӯза ва ҳама ҷои оила мебошад. Волидон хато мекунанд, агар ин вазифаро ба гардани калисо бор кунанд.

 

Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед. Эфсӯсиён 6:1,4 

 

Аз ин оятҳо мо меомӯзем ки:

1.     Кӯдакон бояд ба падару модар итоат кунанд.

 

2.     Падару модар бояд кӯдаконро қаҳрӣ накунанд.

 

3.     Падару модар бояд кӯдаконро бо интизом ва дастурҳои масеҳӣ ба воя расонанд.

 

Яъне падару модар бояд кӯдакони худро мувофиқи меъёрҳои Библия роҳнамоӣ кунанд ва кӯдаконро ба фаҳмиш ва пазируфтани таълимотҳои Библия ҳидоят кунанд.

 

Ҳар падару модар вазифадор аст, на танҳо Каломи Худоро барои худ омӯзад, балки ҳамчунин барои некӯаҳволии кӯдакони худ аз худ кунад. Падаре, ки Библияро нахондааст, он хел падаре, ки будан мехоҳад, нахоҳад шуд.

 

Навиштаҳои иловагӣ нисбати интизом:

Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад, вале масхарабоз итобро намешунавад. Касе ки чӯбро дареғ дорад, писари худро дӯст намедорад, вале касе ки ӯро дӯст дорад, аз бачагиаш ҷазо медиҳад. Масалҳо 13:1, 24

 

Бачаро бо роҳе, ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо, пир шавад ҳам, аз он дур намешавад. Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст, чӯби адаб онро аз вай дур мекунад.

Масалҳо 22 : 6,15

 

Аз бача ҷазоро дареғ надор, агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад. Ту ӯро бо чӯб мезанӣ, ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ. Масалҳо 23:13-14

 

Чӯби адаб ҳиқмат мебахшад, вале бачаи беназорат модари худро нангин мекунад. Масалҳо 29:15

 

Баъзе кӯмакҳо дар интизом:

1.     Падар ва модар бояд дар чӣ хел боинтизом кардани кӯдак бо ҳам розӣ бошанд.

 

2.     Интизом бояд барвақт сар шавад.

 

3.     Падару модар бояд кӯдакро назорат кунанд. Кӯдак бояд падару модарро назорат накунанд.

 

Чӣ хел кӯдакон падару модарро назорат мекунанд? Онҳо бадқаҳру хашмгин мешаванд, агар мувофиқи хости онҳо кор накунанд. Агар падар ё модар суст ҳастанд, кӯдакон медонанд, ки бо гиряву нолаи баланд метавонанд ба мақсади худ расанд. Кӯдак бо ҷаҳидан ба болою поён ва фарёдкунӣ ба муқобили ҳокимияти падару модар мебарояд. ӯро бояд бо суботкорӣ ва эътибори худ ором намуд. Зӯрӣ ва ғазабҳои ҳиссии зӯрӣ ва ғайриназорат бисёртар дар байни калонсолон ва наврасон дида мешавад, ки назорат кардани ҳиссиёти худро омӯхтагӣ набуданд, вақте ки онҳо хурдсол буданд.

 

4.     Интизом бояд бо муҳаббат омӯхта шавад.

Падар ё модар бояд кӯдакро назанад, агар қаҳр ҳам карда бошад. ӯ бояд кӯдакро тарсонад ва  баъд қаҳрашро хомӯш кунад. Баъди қаҳрро фурӯ бурдан, падар ё модар бояд ба кӯдак фаҳмонад, ки барои чӣ задани кӯдак лозим аст ва бо сахтгирӣ кӯдакро ба роҳи рост дарорад. Кӯдаке, ки бояду шояд адаб дода шуда бошад, ба ҷазои тез-тез эҳтиёҷ надорад. Як ҷазои сахт хуб аст, аз он ки кӯдакро кам ҷазо медиҳӣ, ки маънои ҳеҷ чизро дорад, бо вуҷуди ӯро дӯст доштан, шумо ӯро ҷазо хоҳед дод.

 

 

5.     Ҷазои хуб бояд суботкорона бошад.

Тез-тез кӯдакро бо рӯзнома задан фақат хашмгин мекунад. Ин ҷазо нест.

 

Вақте ки падар ё модар ба кӯдак иҷро кардани чизеро фармояд, ӯ бояд иҷро кунад. Агар кӯдак ба муқобили волидон барояд ва он чизеро, ки падар ба ӯ гуфта буд иҷро накард, падар бояд бо ҳокимият ва сахтгирона амал кунад. Кӯдак бояд аз синни хурдсолӣ ба волидайн итоат кунад, агар ӯ ҳамчун шаҳрванди мутеъи қонун ба воя расад.

 

 

6.     То чӣ андоза ман кӯдакро ҷазо диҳам.

То он андоза сахтгирона, ки ӯро маҷбур созад то кори фармударо иҷро кунад. (вале сабаби захмӣ шудан нашавад). Ҷазо – ҷазо ҳисоб намешавад, агар он ҷо дард бошад. Агар волидон ба кӯдак гӯянд, ки дар шоҳроҳи сермошин бозӣ накунад ва кӯдак ба гапашон гӯш накунад, волидон бояд ӯро ҷазо диҳанд, то он андозае сахтгирона, ки агар кӯдак бори дигар он ҷо бозӣ карданӣ шавад, ӯ ҷазоро ба хотир оварда аз раъяш гардад. Ана ин ҷазои таъсирбахш аст.

 

Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст, ва аз гиряи ӯ ҷони худро накоҳон. Масалҳо 19:18

 

БОБИ 29

КАДОМ УНВОНҲОРО МО БОЯД ИСТИФОДА КУНЕМ, ВАҚТЕ КИ БА САРВАРОНИ ДИНӣ МУРОҶИАТ МЕКУНЕМ?

 

Исо ба оммаи халқ ва ба шогирдонаш дар бораи сарварони динии он давраина чунин гуфт, Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуо-қуттичаҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои  худро калонтар месозанд. Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд. Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро “Устод! Устод!” гӯянд. Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед. Ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст. Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст. Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад. Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад. Матто 23:5-12

 

Исо муқобили сӯъистифода аз унвонҳои динӣ буд. Ин нодуруст аст, ки сарвари диниро падар, ҳазрат, усқуф, кардинал, роҳиб ва ё бо дигар унвонҳое, ки одамро боло мебардоранд, ном барем. Одам набояд ҷалол дода шавад. Танҳо Исо сазовори таҷлилу ситоиш мебошад.

 

Ин маънои онро надорад, ки мо сарварони диниро ҳурмату эҳтиром накунем. Мо бояд онҳоро ба мисли дигар бародарон ва хоҳарони дар имон ҳурмат кунем.

 

Одамонеро, ки эҳтиром ва эътирофи махсусро талаб мекунад, қобили таассуф аст. Рӯҳи онҳо аз Масеҳ нест.

 

Кори роҳиби вазифаи Худододагӣ аст ва имондор бояд фаҳмад, ки Худо одамони муайянеро даъват кардааст, ки кори роҳибиро пеш баранд. Мо бояд кори ӯро кам накунем, вале роҳиб набояд худро бо истифода аз унвони худ аз дигар аъзоёни калисо баланд гирад.

 

Илова ба суханҳои Исо, Библия дар бораи истифодаи унвонҳо барои сарварони рӯҳонӣ боз чӣ мегӯяд?

Бародар”- истилоҳе буд, ки дар Аҳди Ҷадид ҳангоми муроҷиат ба ҳаммазҳабон ба кор бурда мешуд. Баъд аз он ки Павлус гаравид, ба ӯ ҳамчун ба “Бародар” муроҷиат мекарданд. Дар Аъмол 9:17 чунин омадааст, Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: “Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ”. Аъмол 9:17

 

Павлус худро бародари дигар шогирдони Исо ҳисоб мекард. Дар 1 Қӯринтиён 3:1, Павлус ба имондорони Қӯринтӯс мегӯяд, Ва ман, эй бародарон� Боз ӯ дар 1 Қӯринтиён 14:6 мегӯяд, Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёяд� Дар Филиппиён 2:29, Павлус дар бораи шахсе, ки ӯро назди имондорони Филиппӣ фиристода буд, чунин мегӯяд, Пас ӯро ҳамчун бародар дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед� Дар тамоми навиштаҳои Павлус ӯ калимаи “бародар”-ро ҳангоми муроҷиат ба имондорони дигар истифода бурд.

 

Павлус  ҳеҷ гоҳ унвони диниро истифода намекард. ӯро ҳеҷ гоҳ “Падар Павлус”, ё “Ҳазрати Павлус”, ва ё “Роҳиб Павлус” ном набурданд.

 

Ҳеҷ кас аз шогирдони Исо унвонҳои диниро ба кор намебурданд. Яъқуб роҳиби калисои Иерусалим буд, вале мо дар Библия “Ҳазрати Яъқуб” намехонем.

 

Кофӣ аст гуфтан, ки Библия истифодаи унвонҳои махсусро барои сарварони динӣ таълим намедиҳад ва тақдир намекунад. Исо муқобили ин буд.

 

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

Вақте ки Исо чунин истифодаи унвонҳои диниро дар Матто 23 овардааст, ӯ хатари истифодаи чунин унвонҳоро медонист. Омӯзиши ин боб ошкор мекунад, ки ин хатарҳо кадомҳоянд.

 

Исо дар бораи ҳисси бартарӣ онҳоеро, ки аз ном бурдани “Падар” лаззат мебурданд, навишта буд. Исо хатари ҳавобаландиеро, ки одам худро бо доштани чунин унвонҳои махсус аз дигарон боло мегирад, дид. ӯ хатари канда шудани алоқаи сарварони динӣ ва оммаи халқро дид. Ин он вақт рӯй медиҳад, ки байни сарварон ва аъзоён рахнае вуҷуд дорад. Ин рахна бузургтар мешавад, агар як одам худро аз болои одамони дигар боло мегирад.

 

Истифодаи “Бародар” дар  Аҳди Ҷадид ва ҳозир.

Сарварони динӣ дар Аҳди Ҷадид ин истилоҳро барои муроҷиат ба дигар имондорон ба кор мебурданд. Дар истифодаи ин истилоҳ ҳеҷ хатаре нест, чунки он ба мо дар бораи муносибати махсуси байни имондор нақл мекунад, аз сабаби Исои Масеҳ имконпазир гашт.

 

Ҳозир, вақте ки мо сухани “бародар”-ро истифода мебарем, он муносибати махсуси байни имондоронро тасвир мекунад. Ин муносибати махсус ба воситаи меҳрубонӣ ва фазилат ба миён намеояд. Дар ин ҷо ҳеҷ чиз барои мағрурӣ нест, ба ғайр, аз табиати нав, ки ба воситаи имон ба Исо имконпазир гашт. Бинобар ин вақте ки имондор имондори дигарро “бародар” ном мебарад, ин дар бораи муносибат гап мезанад, ва ҳамду сано фавран ба Исои Масеҳ мерасад, ки ӯ сарчашмаи муносибат аст.

 

Барои он касе, ки инро мефаҳмад, аз ин ҳурмату эҳтироми олӣ нест, чунки мо барои ҷалоли Исо зиндагӣ мекунем. Ба касе бо унвонҳои Падар ё Ҳазрат муроҷиат кардан, таҳқири калонест барои он касе, ки танҳо як Нафарро – Исоро интихоб кардааст.

Шумо метавонед бигӯед, “Истифодаи унвон фарҳанг аст”. Имондор набояд бар тибқи меъёрҳои фарҳангӣ зиндагӣ кунад; ӯ бояд бо меъёрҳои Каломи Худо зиндагӣ кунад.

 

Роҳиби худамонро чӣ хел ном барем?

Дар миёни имондорон онҳоро бо ном ё “Бародар_________” ном баред. Агар шумо дар байни беимон ҳастед, ӯро “Ҷаноб________” ном баред. (Танҳо имондорон истилоҳи Библиявии “Бародар”-ро мефаҳманд ва қадр мекунад”. Онро миёни беимонон истифода бурдан бефоида аст. Дар тамоми ҷаҳон “Ҷаноб” (мг.) унвони қабулшудаи дунявӣ барои эҳтиром мебошад.

 

Агар шумо роҳиби худро ба гурӯҳи имондорон муаррифӣ мекунед, шумо метавонед бигӯед, “ Ман ба шумо Бародар Хуан Реесро шинос мекунам, ки роҳиби калисои __________ мебошад”.

 

Ин муаррифӣ муносибати махсусеро, ки Исоро баланд мебардорад, ошкор мекунад ва дар айни замон бахшоиши кореро, ки роҳиб ба ҷо меорад, баланд ва ошкор мекунад.

 

Агар роҳибро ба гурӯҳи беимонон муаррифӣ мекунед, чунин бигӯед, “Ман ба шумо Ҷаноби Хуан Реес, роҳиби калисои____________шинос мекунам”.

 

ХУЛОСА

Агар мо бар тибқи Библия кунем, мо бояд рутбаҳои динии инсон сохтаро инкор кунем ва унвонҳои диниро истифода набарем. Мақому манзалатҳо дар дини Масеҳии Аҳди Ҷадид ҷо надоранд. Ин мақому манзалатҳо он вақт пайдо шуданд, ки сарварони динӣ мақому ҳамду санои баландро талаб мекарданд, ва он ба қудрати берун аз назорат ва ба ҷамъ кардани сарват аз ҳисоби одамони оддӣ оварда расонд. Чӣ хел хуб аст дидани одами фурӯтан, ки ягон унвони махсусро талаб намекунад. Ин одам ҳақиқатан ҳам дар Исо озод аст.

 

БОБИ 30

КАЛИСО ЧИСТ?

 

Исои Масеҳ гуфт, “Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд”. Матто 16:18. Эҳтимол тасвири бузургтарини калисо дар китоби Эфсӯсиён дида мешавад. Павлус калисоро ҳамчун ҷисми зинда ва пурқудрати Исо тасвир мекунад.

 

Калисо ин ташкилот мебошад, вале он бештар аз ташкилот аст. Одам наметавонад калисоро созмон диҳад ё нигоҳдорӣ кунад, танҳо ба василаи Исои Масеҳ ин кор имконпазир аст.

 

Калисо на танҳо асли Худоӣ дорад, балки оянда ва мақсадҳояш чунин ҳастанд.

 

Калисо метавонад дар ҷое, ки одам сохтааст ҷамъ шаванд, вале калисо бештар аз иморатест, ки он ҷо вохӯриҳо баргузор мегарданд.

 

Вақте ки дар бораи калисо сухан мекунем, мо мафҳуми калисоро мувофиқи Аҳди Ҷадид дар назар дорем. Мафҳуми Калисо мувофиқи Аҳди Ҷадид чист?

 

КАЛИСО ҲАМЧУН ҶИСМИ МАСЕҲ

(Дар асоси Номаи Павлус ба Эфсӯсиён.)

 

1. Калисо ба нақшаи ҷовидонии Худо муносибат дорад.

Худо барои олам ва ҳамаи одамон нақша дорад. Дар бораи ин мо дар Эфсӯсиён мехонем. Чунон ки моро пеш аз таъсири ҷаҳон дар ӯ  баргузидааст, то ки ба ҳузури ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад, ки онро ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намудааст, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ. Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар ӯ барқарор намуд. Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар ӯ ҷамъ хоҳад кард. Мо низ дар ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти ӯ пешакӣ муайян шуда будем. То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли ӯ вуҷуд дошта бошем. Эфсӯсиён 1:4-5, 8-12

 

Ҳамчунин дар Эфсӯсиён 3:9-11 мо мехонем, Ва ба ҳама равшан намудан мехоҳам, ки чист ваколати сирре, ки аз азал ниҳон буд дар Худое, ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард. То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад. Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро ӯ дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст.

 

Идеяи калисо нав нест; ин аз бисёр таърихи заминӣ қадимтар аст. Ин қисми нақшаи ҷовидонии Худо барои офариниш мебошад. Ба калимаҳои нақша, ҷовидонӣ, мақсад ва ба воситаи калисо, ки дар оятҳои болоӣ зикр шудаанд, диққат диҳед. Калисо дар мақсади Худо хеле муҳим аст. Худо медонад, ки таърих ба куҷо меравад. ӯ медонад халқҳо ба куҷо мераванд. ӯ ибтидо ва интиҳои инсоният ва заминро медонад. Калисо як қисми ин нақша аст.

 

 

2. Масеҳ сари калисо аст.

Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе, ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад. Ва ҳама чизро зери пойҳои ӯ тобеъ намуд, ва ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод. Ки он Бадани ӯст, пуррагии ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад. Эфсӯсиён 1:21-23

Ҳамчунин дар Қӯлассиён 1:18 чунин омадааст, Ва ӯ сари бадан, яъне Калисост, ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз ӯ аввалин бошад”. Исо ташкилкунанда, тарроҳ ва меъмори калисо мебошад.

 

 

3.     Калисо сарчашмаи чунин амалҳои калисо:

Омурзиш

Эфсӯсиён 2:1-10-ро хонед. Ояти якум мегӯяд, “Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед”. Ояти чор чунин мегӯяд, Аммо Худои пур аз марҳамат�”

 

 

Осоиштагӣ

Зеро ки ӯ осоиштагии мостЭфсӯсиён 2:14

 

Қудрат

Ва бузургии қудрати ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими ӯст. Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки ӯро аз мурдагон эҳё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд. Эфсӯсиён 1:19-20

 

4.     Калисо як бадан бо бисёр қисмҳои корӣ

Як бадан

Павлус дар бораи як бадан ва ваҳдати ин бадан сухан мекунад. Ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред. Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед.

Эфсӯсиён 4:3-4

 

Павлус имондоронро тақдир мекунад, ки ваҳдатро ҳифз намоянд ва асрори онро мегӯяд. Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед. Эфсӯсиён 4:2

 

Доир ба қисмҳои корӣ Павлус дар Эфсӯсиён 4:7,16 менависад. Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст. Аз ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.

 

5.     Ҳар аъзои калисо кори махсусеро дорад, ҳамчун як қисм аз ҳаёти умуми калисо

Нисбати калисо Павлус мегӯяд, Аз ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад. Эфсӯсиён 4:16

 

Калисо чист?

Ин оилаи Худои имондорон аст. Ин иҷрокунии кори Масеҳ – бадани Масеҳ мебошад.

 

Оё ҳамаи одамон аъзои ин оила ҳастанд? Не. Библия мегӯяд. ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш ӯро қабул накарданд. Лекин ба онҳое, ки ӯро қабул карданд ва ба исми ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд. Юҳанно 1:11-12

 

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки баъзе одамон қисми ин оила ҳастанд ва баъзеҳо нестанд. Ҳамчунин ин таълим медиҳад, ки онҳое ба ӯ имон оварданд ва ӯро қабул карданд, фарзандони Худо ҳисоб мешаванд. Барои қисми калисо ё бадани Масеҳ будан, кас бояд ба Исо ҳамчун ба Наҷотдиҳанда ва Худованд дар ҳаёти ҳаррӯза имон орад.

 

 

КАЛИСОИ МАҲАЛЛӣ

(Мувофиқи Аъмоли Ҳаввориён)

 

Нуқтаи назари Эфсӯсиён дар бораи калисо ба нуқтаи назари Аъмол мухолиф нест. Эфсӯсиён назари дурре аз таърих тақдим мекунанд ва дар бораи он ки чӣ хел ҳамаи имондорон ба Масеҳ ва Малакути Худо муносибат доранд, нақл мекунад. Аъмол назари наздикро дар бораи гурӯҳи маҳаллӣ (як минтақаи ҷуғрофӣ)-и имондорон, ки як қисми бадани Масеҳ ҳастанд, маълумот медиҳад. Китоби Аъмол ба монанди дигар китобҳои Аҳди Ҷадид, диққати ибтидоиро ба калисои маҳаллӣ медиҳад.

 

 

Он панҷ ҳақиқате, ки ба калисо ҳамчун бадани Масеҳ дахл дорад, ба калисои маҳаллӣ низ дахл дорад.

Калисои маҳаллӣ, ки дар асоси принсипҳои Аҳди Ҷадид аст, ба абадият муносибат дорад. Ин қисми нақшаи Худо барои олам аст. Ин гурӯҳи имондорон мебошад, ки вазифадоранд дар Малакути васеъшудаи Худо ба воситаи бо беимонон бо ҳам дидани имони худ ширкат варзанд.

 

Калисои маҳаллӣ Исоро ҳамчун сарвари гурӯҳ эътироф мекунад.

 

Калисои маҳаллӣ мефаҳмад, ки Исо ягона сарчашмаи омурзиш, осоиштагӣ ва қудрат мебошад.

 

Калисои маҳаллӣ дар байни аъзоён ягонагӣ ва муттаҳидӣ дорад, ҳарчанд дар байни аъзоён одамони дорои маҳорату малакаи гуногун ҳастанд.

 

Калисои маҳаллӣ мефаҳмад, ки ҳамаи қисмҳои бадан – ҳар аъзо – бояд амал кунад, ва барои аъзогии пурра барои рушд кори худро кунад.

 

Аз омӯзиши бобҳои аввали Аъмоли Ҳаввориён мо мебинем, ки калисои маҳаллӣ ин:

 

Гурӯҳи одамоне, ки аз гуноҳҳои худ рӯ гардонданд ва пурра ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон оварданд. Баъд онҳо бо ғута задан дар об таъмид ёфтаанд. Ин одамон ҳамчун аъзоёни оилаи Худо мунтазам вомехӯранд. Онҳо дар дуо, ҳамду сано, ва омӯзиши Библия барои мақсадҳои муайяни ҷалолдиҳии Масеҳ ва васеъкунии Малакути ӯ рафоқат мекунанд. Ин Калисо аст.

 

Ин гурӯҳе, ки калисо номида мешавад бештар аз ташкилоти иҷтимоӣ мебошад. Он махсус аст, барои он ки:

 

1.     Рӯҳулқудси Худо гурӯҳи одамонро ҷамъ кард. Аъзоёни гурӯҳро “ даъватшудаҳо” бо мақсади махсус меноманд. (Калимаи юнонии Аҳди Ҷадид барои онҳое, ки калисои аввалинро бунёд карданд, Экклесиа”, яъне “даъватшудагон” мебошад).

 

2.     Дар байни аъзоён иттиҳоди махсусе мавҷуд аст, ки ба воситаҳои ғайритабиӣ меояд. Койнониа – калимаи юнонӣ мебошад, ки ин муносибати махсусро байни имондорон тасвир мекунад. Ин муносибати Масеҳӣ аст.

3.     Садоқати умумӣ вуҷуд дошт. Дар Аъмол мо мебинем, ки асрори қудрати калисои аввалин садоқати онҳо ба инҳо буд:

 

*Худованди зинда (Аъмол 1:3)

Дар байни имондорон шубҳа набуд, ки Масеҳ эҳё шуд ва зинда буд.

 

*Мавҷудият ва қудрати Рӯҳулқудс (Аъмол 1:4-5)

Онҳо бахшоиши ваъдакардаи Худо-Рӯҳулқудсро пазируфтанд.

 

* Баргашти дуюмбораи Исои Масеҳ (Аъмол 1:10-11)

Ин се ҳақиқати бузург бунёди ақидавии калисои аввалинро ташаккул медиҳанд ва онҳо дар китоб Аъмол чанд бор зикр шудаанд. Имондорон мувофиқи инҳо амал мекарданд, чунки онҳо ба ин се ҳақиқат боварии мустаҳкам доранд. Онҳо идеологияи умумӣ, фалсафаи умумиро оид ба ҷои халқи Худо дар рушди таърих доранд. Зиндагӣ ин бештар аз мавҷуд будан, бештар аз зиндагӣ кардан, бештар аз доштани оилаи заминӣ аст: ин будани як қисми оилаи ҷовидонии Худо мебошад.

 

4.     Онҳо вазифаи умумӣ доштанд. Онҳо барои зиндагӣ кардан  ва агар лозим шавад, барои мурдан сабаб доштанд. Аъмол 1:8 ба мо дар бораи ин вазифаи зиндагӣ чунин мегӯяд. “Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд” 

 

Ба ҳам дидани Худованди зинда дар қудрати Рӯҳулқудс барои онҳо сабаби зиндагӣ шуд. Ин вазифаи онҳо дар зиндагӣ буд. Ҳамаи он чизеро, ки онҳо карда буданд, ба ин вазифа муносибат дошт. Онҳо вохӯрданд, то ки бо ҳам бинанд. Онҳо вохӯрданд, то ки дуо кунанд. Онҳо вохӯрданд, то ки омӯзанд. Онҳо вохӯрданд, то ки бо ҳам кор кунанд. Ҳамаи вохӯриҳо ва ташкилотҳои онҳо ба истифодаи самараноки Хабари Хуши Худованди Зинда муносибат доранд. Баёни далеронаи Хабари Хуш ҳамеша натиҷаи дуо ва бародарӣ аст. Калисо қобил буд тез васеъ шавад, чунки аъзоёни он бештар бо дигарон бо ҳам дидани имон банд буданд, ба оне ки ин ташкилотҳо оҳиста-оҳиста фаъолият кунанд. Онҳо бар хилофи гуфтаи як роҳибе буданд, ки гуфта буд:_______________________

______________________________________________________________________________________________________

Калисои Аҳди Ҷадид ба мисли рӯшание дар торикӣ буд. Ҳар куҷое, ки аъзоён мераванд, онҳо нури Инҷилро бо худ мегиранд ва торикиро бартараф мекунанд. Калисо ба хонаҳо мерафт; калисо назди дини бутпарастон мерафт; калисо ба дарбори шоҳон мерафт; калисо назди камбағалон мерафт; дили одамонро ба воситаи қудрати Калом тағйир медиҳад.

 

ХОТИМА

Калисои маҳалии ҳозира монанди калисои Аҳди Ҷадид мебошад, ки дар боло сухан дар бораи он рафт. Калисо гурӯҳи имондороне ҳастанд, ки бо Рӯҳулқудс пур шудаанд ва вазифаи аз торикӣ ба рӯшанӣ ҳидоят кардани одамонро доранд. Калисо ба дохили ҷамоат дохил мешавад ва шамшери ӯ – Каломи Худо, ки пурқудрату муқаддас аст. Ин калисо пирӯзманд аст. Ҳар калисо бояд ҳама вақт ба асосҳои дуо, бародарӣ ва хурсандӣ мувофиқи Калом диққат диҳад. Инҳо сарчашмаи ҳаёт барои калисо мебошанд.

 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ