Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзишии асосии Калисо - 5

БОБИ 31

КАЛИСОИ “БУМӣ” ЧИСТ?

 

Маънои калимаи “бумӣ”- хонагӣ, миллӣ, маҳаллӣ мебошад. Ин хел калисоҳо дар миқёси фарҳанги алоҳида ба миён меоянд ва рушд мекунад. Бо калисо корҳои хоҷагии қишлоқро пеш бурдан хоси Филиппин аст.

 

Калисои бумӣ, калисоест, ки асосан аз миллатҳои алоҳида созмон дода мешавад. Он метавонад дар дохили ҳамон фарҳанге, ки пайдо мешавад, рушд ёбад. Ин намунаи рушди калисо зери сарварии Рӯҳулқудс, ки одамонро озод мекунад ва онҳо чӣ хеле ки Худо хоҳад бояд бошанд ва амал кунанд. Ин маънии озодӣ аз асорати вобастагӣ ба маблағҳои беруна ва одамони алоҳидаро дорад. (Наметавонем бигӯем, ки ҳамаи кӯмакҳо берун аз ҷамоат нодуруст аст).

 

Мо ба панҷ “худ”-и калисои бумӣ назар мекунем.

Вақте ки мо ба калимаи “худ” дар саҳифаҳои баъдӣ тез-тез вомехӯрем,  бояд ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта бошем, ки бе Исо, одам ё калисо ҳеҷ кор карда наметавонад. Навиштае, ки барои ҳамеша дар хотир нигоҳ доштан сазовор аст, дар 2 Қӯринтиён 3:4-6 омадааст. Ин чунин аст, Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ. На ба он сабаб, ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост. Ки ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.

 

1.     Калисои бумӣ худ-идоракунанда мебошад.

Аз Қӯлассиён 1-17-18 мо мехонем: Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари  мо Сӯстинис. Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад. Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост. Қӯринтиён 1-17-18

 

Худ-идоракунанда маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ қобил аст, ки зери Худовандии Исои Масеҳ ба як қарори муайян биёянд. Калисои маҳаллӣ бояд зери назорати ягон ташкилот ё шахси хориҷӣ набошад. Калисоӣ маҳаллӣ метавонад ихтиёрӣ бо чунин гурӯҳҳо ҳамкорӣ кунад, вале ҳеҷ гоҳ гурӯҳҳои беруна набояд аз болои калисои маҳаллӣ қудрати худро ҷорӣ кунанд. Калисо бояд қобилият дошта бошад, ки худаш фикр кунад ва худашон амал кунанд. Ин махсусан дар мамлакатҳои сусттараққӣ хеле душвор аст, вақте ки тавлиғгарон, хусусан хориҷиҳо фикрҳо ва барномаҳои худро ба калисо ё иттиҳоди калисоҳо меоранд ва аз одамон талаб мекунанд онро қабул кунанд. Чун яке аз намояндагони ин мамлакатҳо гуфта буд: “Чӣ хел ман ба таблиғгари америкоӣ не гӯям?”  ӯ боз гуфт. “Мо бо пешниҳодоти ӯ норозием, вале мо ҳа мегӯем. Аз аввал калисои маҳаллӣ бояд дар муайян кардани вақти вохӯрӣ, ҷои  вохӯрӣ  ва онҳо ҳангоми вохӯриҳо чӣ кор мекунанд, озод бошанд. Аз рӯзи аввали ташкилшавӣ калисоӣ маҳаллӣ бояд қарор кунад, ки роҳибаш сарвараш кӣ бошад, чӣ хел ба онҳо маблағ диҳанд ва ғайра. Калисои маҳаллӣ бояд ба қарор ояд, ки кай ва дар куҷо калисои хурди нав сохта шавад.

 

Калисои маҳаллӣ метавонад ба гуфтаҳои таблиғгарон, хоҳ хориҷӣ бошанд хоҳ худӣ гӯш диҳад, вале ҳеҷ гоҳ ба онҳо имкон надиҳад, ки аз номи калисои маҳаллӣ қарор барорад, ё калисоро дар чунин ҳолат гузорад, ки он ба пешниҳодоти номувофиқ не гуфта натавонад.

 

2.     Калисои бумӣ бояд худ-таъмин бошад.

Худ-таъмин маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ хароҷотҳои молиявии худро ба воситаи даҳяк ва харияҳои аъзоёни он пӯшонад. Аз аввали саршавии калисо ин имконпазир аст.

 

Бояд ба хотир овард, ки калисои нав масъулияти калисои кӯҳнаро ба гардан намегирад. Чун калисо рушд меёбад, салоҳияти он ҳам дар маблағгузории барномаҳо ва заруриятҳо инкишоф меёбад. Баъзе халқҳои мамолики сусттараққӣ ба вобастагӣ будан ба кӯмаки хориҷӣ чунин одат кардаанд, ки барои калисо масъалаи худ-таъминкунӣ як инқилобе мебошад. Бо ёрии Худо инро бисёр калисоҳо ба ҷо меоранд. Ин калисоҳо рӯҳи солим доранд ва онҳо медонанд, ки онҳо кистанд ва бо ёрии калисо чӣ кор кардан метавонанд. Онҳое ки мегӯянд “мо наметавонем”, лоиқи таасуф ҳастанд. Онҳо ки инро мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ба таври шояду бояд кӯшиш накардаанд.

 

Худ-таъминкунӣ дар ҳаёти калисо хеле барвақт сар мешавад. Пеш аз оне ки калисо тавлид меёбад, одамон онро бо ҷой, чароғ ва мизу курсӣ таъмин мекунанд. Баъди тавлиди калисо аъзоён ҷои вохӯриро бо китоби сурудҳо, Библияҳо ва ғайраҳо таъмин кардан давом медиҳанд.

 

Одатан, сараввал барои калисо иморат зарур нест. Ин масъала вазифаи дури аъзоёни гурӯҳ мебошад. Онҳо ҷойро интихоб мекунанд ва ба ҷамъ кардани пул сар мекунанд. Дар аввал ба калисо лозим намешавад, ки роҳибро аз ҷои дигар ё аз семинария даъват кунад. Калисо бояд донад, ки Худо метавонад аъзоёнро даъват кунад ва қудрат медиҳад ва аз байни онҳо чанд касро муваққатан барои бурдани хизматгузориҳои ибодатӣ ва иҷрокунии вазифаи роҳиб интихоб мекунад. Калисо хароҷотҳои сарваронро барои иштирок кардан дар семинарияҳо мепӯшонад. Калисо ҳамаи ин хароҷотҳоро барои омӯзиш ба гардан мегирад. Чун калисо ва сарварон инкишоф меёбанд, онҳо метавонанд як одамро ҳамчун роҳиб интихоб намоянд ва дигарҳо ба ӯ дар пеш бурдани кори роҳибӣ кӯмак мекунанд. Чун роҳиб беш аз беш вақти худро барои кори калисо сарф  мекунад, калисо метавонад ба ӯ ҳар ҳафта маблағи муайян ҷудо кунад.

 

Вақте ки калисо инкишоф меёбад, имконпазир аст, ки калисо ба роҳиби доимо кор кунанда эҳтиёҷ дошта бошад ва калисо барои ӯ моҳона ҷудо мекунад.

 

3.     Калисои бумӣ худ-ифодакунанда аст.

Ин маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ дар интихоби рӯз ва соати ибодат озод аст. Як калисо метавонад ҷадвали вохӯриҳои тамоман дигаргун аз калисои ҳамсоя дошта бошад. Ин ҳамчунин маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ дар ибодату парастиш озодии баёнкунӣ дорад.

 

4.     Калисои маҳаллӣ бояд худомӯз бошад.

Яъне ҳамаи аъзоён бояд ҳамдигарро таълим диҳанд. Набояд фақат роҳиб ё якчанд одамони интихобшуда таълим диҳанд. Павлус гуфт, Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед. Румиён 15:14, Ҳамчунин дар  1 Қӯринтиён 14:26,31 Павлус дар бораи якдигарро таълим додани аъзоён сухан мекунад. Чӣ хел ин кор ба амал оварда мешавад, боби охирони ин китобро омӯзед, ки бо вақти ҳисоботдиҳии хондани Библия сару кор дорад.

 

5.     Калисои бумӣ бояд худафзоянда бошад.

Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: “Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст: Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам”. Омин. Матто 28:18-20

 

Худафзоянда маънои онро дорад, ки калисо бояд дар ташкилкунии калисоҳои нав иштирок кунад. Ин муқаррарист, ки калисои пур аз умед ва хурсандӣ имони худро дар байни одамони дигар паҳн кунад.

 

Худидора, худ-таъминкунӣ, худифодакунӣ ва худомӯзӣ аз аввали оғози ҳаёти калисо сар мешаванд. Худафзоянда ин хел тез ба миён намеояд. Барои ташкил кардани калисои нав вақти муайян лозим аст. Вале аз аввал онҳо бояд барои ташкил кардани калисои нав саъю кӯшиш кунанд. Аъзо ё аъзоён метавонанд ба шаҳр ё ҷамоати ҳамсоя раванд ва дар хонаи дӯст ё хеш ба омӯзиши Библия пардозанд. Ва дар он ҷо имондорони нав пайдо мешаванд, ки майли пайравии Худовандро доранд ва ҳамин тавр калисои нав тавлид мегардад.

 

Дар тавлиди калисои нав, Худо метавонад фермерҳо, хонанишинҳо, коркунони касбӣ, корчалонҳо, донишҷӯён ва дигарҳоро ки ба ӯ пурра таслим шудаанд, истифода барад. Ба шахс барои ташкили калисои нав хондани мактаби Библия ё ягон семинария зарур нест. Калисои бумӣ метавонад, бо ин роҳу восита калисои дигарро ташкил диҳад.

 

БОБИ 32

САРВАРИ КАЛИСО КИСТ?

 

Вақте ки имондор дар бораи калисо фикр кунад, ӯ бояд калисои Аҳди Ҷадидро ба мисли гуфтаҳои Библия пеши назар орад. Калисои Аҳди Ҷадид чунин калисоест, ки асл ва таълимоти он дар асоси Библия буда, Исо ҳамчун сарвари он мебошад. Дар байни калисоҳои ҳозира ва Аҳди Ҷадид фарқияти бузурге аст. Фарқияти калон он вақт дида мешавад, ки вақте мо ба саволи “Сарвари калисо кист?”, ҷавоби Библиявӣ медиҳем.

 

Библия дар бораи сарвари калисо чӣ мегӯяд?

Дар Эфсӯсиён 1:21-23, Павлус мегӯяд, Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе, ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад. Ва аз ҳама чизро зери пойҳои ӯ тобеъ намуд, ва ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод. Ки он Бадани ӯст, пуррагии ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.

 

Аз Қӯлассиён 1:15-18 мо мехонем. Ки ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст. Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, - ҳамааш ба воситаи ӯ ва барои ӯ ба вуҷуд оварда шудааст. Ва ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар ӯ вуҷуд дорад. Ва ӯ сари бадан, яъне Калисост; ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз ӯ аввалин бошад.

 

Дар Қӯлассиён 2:19, Библия мегӯяд, Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо қуввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.

 

Баъди хондани ин оятҳо ба мо рӯшан мешавад, ки Исо сарвари калисо аст. ӯ ягона сазовори ин мақом аст. Ҳеҷ кас сазовори гирифтани ҷои Исо ҳамчун сарвари бадан, калисо нест. Гуфтани он ки фақат одам сарвари калисо ҳаст, бутпарстӣ мебошад ва дур аз таълимоти Масеҳ аст. Вақте ки каси дигар ба ғайр аз Масеҳ сарвари калисо ҳисоб карда шавад, он гоҳ ин калисои Аҳди Ҷадид нест. Роҳиб сарвари калисои маҳаллӣ нест. ӯ ҳам хизматгор зери сарварии Масеҳ мебошад.

 

Масеҳ бунёдкунанда, сарвар ва пуштибони калисост.

 

БОБИ 33

КАЛИСО БОЯД МАҶЛИСҲОИ КОРИРО Чӣ ХЕЛ ГУЗАРОНАД?

 

Ҳар калисоро зарур аст, барои ҳал кардани корҳое, ки бо ибодату парастиш як нестанд, вақти муайяне ҷудо кунад. Ин вақти баҳсу  қарорбарорӣ доир ба корҳои калисо мебошад. Ҳарчанд он қисми муҳими ҳаёти калисо, он барои калисои боқувват лозим аст, онро одатан маҷлиси корӣ меноманд.

 

Калисо маҷлисҳои кориро кай бояд гузаронад?

Маҷлисҳои корӣ бояд мунтазам баргузор гарданд. Бисёр калисоҳо дар як моҳ як бор маҷлиси корӣ мегузаронанд. Ҳафтаи аввали моҳ вақти хеле хуб мебошад. Вохӯриҳоро метавон дар рӯзи кории ҳафта ё рӯзи дигар баъди хизмати ибодатии якшанбе гузаронд.

 

Маҷлисҳои кориро кӣ бояд гузаронад?

Одатан роҳиб ё сарвари калисо маҷлисҳоро идора мекунад. Агар дар он ҷо роҳиб набошад, калисо метавонад як касро барои бурдани маҷлис интихоб кунад.

 

Сарвар бояд аъзои фаъол ва соҳиби обрӯю эҳтироми калисо бошад. Сарвар ҳангоми мусоҳиба ва ба қарор омадан калисоро роҳнамоӣ мекунад.

 

Фазои маҷлиси корӣ чӣ хел аст?

 

Калисо бояд ин вақтро дар ҳолати ҷиддӣ ва пурдуо гузаронад. Ин вақте аст, ки оиди ҳаёт ва фаъолияти калисо баҳс карда мешавад.

 

Кӣ метавонад дар маҷлисҳои корӣ иштирок кунад?

Одатан танҳо аъзоёни калисо бояд дар ин маҷлисҳо иштирок кунанд. Ин маҷлис барои беимонон ва онҳое, ки аъзои калисо нестанд, нест. Агар ғайри-аъзоён ҳузур доранд, онҳо бояд дар баҳсҳо ширкат накунанд ва наметавонанд ягон чиз пешниҳод кунанд ё дар овоздиҳӣ иштирок кунанд.

 

Агар маҷлиси корӣ баъди хидматгузории мунтазами ибодатӣ ё омӯзиши Библия баргузор гардад, хидматгузорӣ бояд чун ҳарвақта ҷавоб дода шавад. Баъди анҷоми хидматгузорӣ бояд танаффуси кӯтоҳе дода шавад, ки аъзоёни калисо бо меҳмонон вохӯранд ва ҳамчунин ба меҳмонон имкон диҳанд, то саршавии маҷлиси корӣ аз хона берун шаванд.

 

Кворум чист? (кворум аксарияти лозим барои гузарондани маҷлис).

Кворум ин миқдори аъзоёнест, ки ҳатман бояд дар маҷлиси кории калисо  иштирок намоянд. Калисо бояд барои миқдори кворум ба як қароре биёяд. Он аз панҷоҳ фоизи аъзоёни фаъоли калисо бояд бошад.

 

Кӣ бояд қарорҳои маҷлиси кории калисоро сабт кунад?

Котиби калисо бояд ҳамаи қарорҳоро, ки дар маҷлиси корӣ қабул мешаванд, ба таври муфассал сабт намояд. Калисо барои котиб як дафтари доимии сабткуниро ташкил мекунад.

 

Ҳамчунин мумкин аст, ки қарорҳои маҷлисро дар дафтарчаи алоҳида сабт намояд. Дар маҷлиси оянда ҳисоботи котиб аз ин дафтарча хонда мешавад. Баъди аз тарафи калисо маъқул донистани ҳисобот, онро дар дафтари доимӣ сабт менамоянд.

 

 

Дар ҳолатҳои фавқулодда калисо бояд чӣ кор кунад?

Маҷлисҳои махсуси корӣ барои ҳал кардани вазъиятҳои фавқулодда даъват карда мешаванд. Инҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо наметавон то маҷлиси кории моҳона интизор шуд. Дар маҷлисҳои фавқулодда кворум зарур аст. Агар имконпазир аст, ҳамаи аъзоёнро дар бораи вақти маҷлиси фавқулодда пешакӣ огоҳӣ мекунанд.

 

Дар маҷлисҳои корӣ ин низомро бояд пайравӣ кард.

1.     Ибодатин хондани Навишта, ва баъд дуо кардан барои роҳнамоии Худо дар вақти маҷлис. (Агар маҷлис баъди хидматгузории ибодатӣ сар мешавад, ба хондани Навишта ҳоҷат нест).

 

2.     Хондани гузориш (протокол)- Котиб аз дафтарчаи муваққатии худ ҷараёни маҷлиси гузаштаро  мехонад. Раиси маҷлис чунин мегӯяд: “Шумо гузориши маҷлиси гузаштаро шунидед. Оё шумо ягон илова ё ислоҳ доред? Агар шумо ягон илова надоред, гузоришро чӣ хел, ки хонда шуд, қабул мекунем”. Агар ба гузориш ягон илова дохил шавад, он бо шоваҳояш қабул мешавад.

 

3.     Ҳисоботи хазиначӣ- Хазиначии калисо, агар имконпазир бошад, ҳисоботро дар тахтаи синф  менависад, то ки ҳама онро бубинанд (Баъзе калисоҳо нусхаҳо доранд ва онро ба аъзоён тақсим мекунанд). Ҳисобот чунин мешавад:

(1)             Ҳисобу китоби (баланс) моҳи пеш.

(2)             Миқдори хайрияҳои ҳарҳафтаина.

(3)             Ҷамъбасти хайрияҳо барои як моҳ.

(4)             Ҳамаи хароҷотҳо бо навиштаҳои ҷузъ ба ҷузъ ва ба таври кӯтоҳ маънидод шуда.

(5)             Ҳисобу китоби ҳозира баъди тарҳ карда баровардани хароҷотҳо.

 

Раис мегӯяд: “Оё шумо ба ҳисоботи хазиначӣ ягон ислоҳ ё илова доред? Ягон суол доред?

 

Барои саволҳо вақт дода мешавад. Баъд раис мегӯяд, “Оё шумо ягон пешниҳоде доред, ки ҳисоботи хазиначӣ қабул карда шавад?” Ягон кас пешниҳод мекунад, “Ман пешниҳод мекунам, ки ҳисобот қабул карда шавад”. Дигаре мегӯяд, “Ман пешниҳодро тарафдор, мекунам”. Раиси маҷлис мегӯяд, “ Ҳамаи онҳое, ки ҳисоботи хазиначиро қабул карданд, даст бардоранд. Касе, ки муқобил аст, даст бардорад”.

 

4.     Ҳисоботи сарварони омӯзиши Библия.

5.     Ҳисоботи Мактаби Якшанбе.

6.     Ҳисоботҳои дигар.

7.     Корҳои нотамом. Ин масъалаҳое мебошанд, ки дар бораи онҳо дар маҷлиси кории гузашта баҳс карданд ва лозим аст оиди онҳо баҳс давом дода шавад.

 

8.     Кори нав. Ин дар кори калисо тағйиротҳои нав ворид мекунад – муаллимҳои нав, коркунони нав, ташкилотҳои нав, проблемаҳо, дастурҳо, қабул кардани аъзоёни нав ва ғайраҳо мебошанд. Ҳар чизе, ки дар ҳаёти калисо рӯй медиҳад, кори калисо ҳаст.

 

9.     Анҷомдиҳӣ. Баъд аз он ки оиди ҳама масъалаҳо хулосаи даркорӣ бароварда шуд, як кас пешниҳод мекунад, ки маҷлис пӯшида шавад. Баъд оиди ин масъала овоз медиҳанд.

 

10.            Дуои хотимавӣ. Маълум аст, ки маҷлисҳои корӣ вақте баргузор мешаванд, ки ҳар аъзои  калисо метавонад бо ҳамдигар самимона бошанд. Ин ҷои баҳсу мунозираҳои тезутунд нест. Ҳамаи он чизеро ки ба ҷо меоранд, бояд бо донистани он карда шавад, ки Руҳулқудс ҳаёти калисоро назорат мекунад ва Исоро бояд дар ҳама чиз ҷалол диҳем.

 

БОБИ 34

САЛОҲИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ ХАЗИНАДОРИ КАЛИСО КАДОМҲОЯНД?

 

Баъди созмондиҳии калисо яке аз кормандони он ҳамчун хазинадор интихоб мешавад. Ин зарур аст, чунки як қисми хидматгузории ибодатӣ додани даҳяк ва хайрияҳо мебошад. Касе бояд ба таври расмӣ масъулияти сабти дурусти ҷамъи хайрияҳо ва амнияти пулро ба гардан гирад.

 

САЛОҲИЯТИ ХАЗИНАДОРИ КАЛИСО

Аз 1 Тимотиюс 3:8-13 мо номгӯи салоҳиятҳои коркунони калисоро, аз он ҷумла хазинадорро ки Павлус додааст, мехонем. Лозим аст, ки дяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабона, на шавқманди шаробнӯшӣ, на тамаъкор. Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд. Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, хизмат кунанд. Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад. Дяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд. Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне, ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд.

 

Ба ин номгӯй нигоҳ кунед.

1.     Бояд табиатан хуб ва ҳалолкор бошад.

2.     Шаробнӯш набошад. Бисёр кормандони тиббӣ ва майхӯрони аноним (номаълум) мегӯянд, ки истеъмоли ҳар нӯшокии алкоголӣ хуб нест.

3.     Барои пул ҳирсу тамаъкор набошад. Библия мегӯяд, ки дӯст доштани пул решаи (сабаби) ҳамаи корҳои бад мебошад.

4.     Сирру имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд.

5.     Болиғ бошад.

6.     Занаш ё шавҳараш суханчину хабаркаш набошад.

7.     Бояд ҳушёр ва аз ҳар ҷиҳат росткор бошад.

8.     Соҳиби як зан бошад.

9.     Оилаи худро ба хубӣ идора кунад.

10.            Имони худро далерона паҳн кунад.

 

Баъзе аз сифатҳои болоӣ метавонанд бо тарзи дигар зикр шаванд.

 

Хазинадор бояд:

1.     Аз олами боло таваллуд ёбад.

2.     Аъзои фаъол ва содиқи калисои маҳаллӣ бошад.

Ҳеҷ кас бояд ба ин мақом то он вақте, ки расман аз тарафи калисо ба аъзогӣ қабул нашудааст, интихоб нашавад.

3.     Дар калисо мунтазам ҳузур дошта бошад. Шахс наметавонад корашро ба ҷо орад, агар ӯ он ҷо набошад.

4.     Ростгӯ бошад.

5.     Қобил аст, ки навиштаҳоро кушоду равшан сабт кунад.

6.     Суханчин набошад. Чизе ки одамон медиҳанд, дар байни ӯ ва Худо аст ва маҳрамона бошад.

7.     Ҳар моҳ ба калисо ҳисобот диҳад.

 

ВАЗИФАҲОИ ХАЗИНАДОР

1.     Баъди хидматгузории ибодатӣ маблағи даҳякҳо ва хайрияҳоро ҳисоб кунад. Ёрдамчии хазинадор бояд ҳамеша ҳузур дошта бошад ва ҷамъбасти маблағро тасдиқ кунад.

 

2.     Баъд аз он ки хазинадор ва ёрдамчии ӯ хайрияро ҳисоб карданд, ин маблағ бояд дар китоби хазинадор сабт шавад. Ёрдамчӣ бояд зери маблағи воридшуда имзо гузорад. Вақте ки бо пул кор мекунанд, аъзоёни калисо наметавонанд он қадар бодиққат бошанд. Онҳо бояд бе ягон гумони бад бошанд. Истифодаи меъёрҳои амният маънои онро надорад, ки шахс бевиҷдон аст. Ин ёрӣ медиҳад, ки ҳар гуна васвасаҳои имконпазир ва ҳар гуна бадгумониҳои аъзоёнро дур созад.

 

3.     Хазинадор ва ёрдамчии хазинадор бояд дар бонк аз номи калисо ҳисоби пасандоз ё ҳисоби ҷории бонкӣ кушоянд.

 

4.     Пулро бояд ҳар ҳафта ба бонк бурд. Хуб нест, ки пулро дар хона ё хазинаи худ нигоҳ дошт.

 

5.     Бе иҷозати калисо хазинадор ё ёрдамчии ӯ ҳақ надоранд, ки барои ягон хароҷот пул диҳанд. Иҷозатро дар маҷлисҳои кории мунтазам баргузоргардида ва ё маҷлисҳои кории фавқулодда медиҳанд.

 

6.     Хазинадор ё ёрдамчиаш наметавонанд аз пули калисо ба касе қарз бидиҳанд – ҳатто ба аъзоёни калисо, ва ҳатто дар ҳолатҳои фавқулодда.

 

7.     Дар ҳар маҷлисҳои корӣ хазинадор ҳисобот медиҳад. Хазинадор аз ҳисоботдиҳии балансӣ (ҳисобу китоб) аввали моҳ сар мекунад. Баъд ҳисобот маблағи ҳар ҳафта дохилшударо нишон медиҳад. Сипас хароҷотҳои фардии ҳисобот дода мешаванд. Ҳисоботдиҳӣ бо баланси маблағи мондагӣ дар бонк ва пули нақд анҷом меёбад. Сабтҳои хазинадор бояд барои ҳамаи аъзоёни калисо намоён бошад. Хазинадор набояд аз саволҳои аъзоёни калисо дар бобати корҳои молиявии калисо ҳаросад.

 

САЛОҲИЯТИ ЁРДАМЧӣ ҳам ба монанди салоҳияти хазинадор аст.

 

 Ин коркунон бояд дар интихоботи солонаи ҳамаи коркунон, муаллимон, ва ғайраҳо интихоб шаванд. (Дар бисёр калисоҳо ин маҷлисҳо дар аввали январ баргузор мегарданд). Хазинадор ва ёрдамчиашро метавонанд аз сари нав интихоб кунанд, агар онҳо кори  худро хуб иҷро намоянд. Агар онҳо ба талаботҳои асосӣ ҷавоб намедиҳанд ва вазифаашонро хуб иҷро намекунанд, онҳоро иваз мекунанд. Ин ивазкуниро ҳамчунин метавон дар миёнаи сол ё дар интихоботҳои солона ба ҷо овард.

 

БОБИ 35

САЛОҲИЯТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ КОТИБИ КАЛИСО КАДОМҲОЯНД?

 

САЛОҲИЯТҲОИ КОТИБИ КАЛИСО?

Салоҳиятҳои асосии хазинадори калисо ба котиб ҳам дахл доранд. Ба салоҳиятҳои хазинадори калисо нигоҳ кунед ё Тимотиюс 3:8:13-ро хонед.

 

1.     Котиби калисо бояд аъзои фаъоли калисои маҳаллӣ бошад.

2.     Котибро бояд калисо интихоб кунад. Ин корро дар интихоботи ҳарсолаи муаллимон ва коркунон, ё он вақте ки ин вазифа холӣ мешавад, амалӣ мекунанд.

3.     Котиб бояд тавонад дар маҷлисҳои кории калисо иштирок кунад.

4.     Котиб бояд дар бораи ҳамаи он чизе, ки дар ҳаёти калисо ва маҷлисҳои корӣ рӯй медиҳад, сабт намояд. Навиштаҳои ӯ бояд тозаю покиза ва осонфаҳм бошанд.

 

ВАЗИФАҲОИ КОТИБИ КАЛИСО

1.     Вақте ки калисо маҷлисҳои ҳармоҳаро мегузаронад, котиб бояд ҳамаи чизҳои заруриро оид ба ҳамаи масъалаҳо сабт намояд. Ҳар пешниҳодро бояд навишт ва баъд зикр кард, ки ин пешниҳод қабул шуд ё инкор шуд.

 

2.     Дар ҳар маҷлисҳои корӣ котиб бояд сабтҳои худро (гузориш, протокол) оиди рафт, маҷлиси кории охирон хонад.

 

3.     Котиб бояд сабтҳои хуб ва ҳаррӯзаи ҳузури аъзоёни калисоро дошта бошад.

 

4.     Котиб номи аъзоёнро танҳо бо иҷозаи калисо илова ё дур мекунад.

 

5.     Котиб китобҳои сабтро тоза нигоҳ медорад.

 

6.     Чун сабтҳои пурра ва муфассал моҳ ба моҳ ва сол ба сол сабт мешаванд, котиб таърихи калисоро тартиб медиҳад.

 

БОБИ 36

САЛОҲИЯТҲОИ РОҲИБ КАДОМҲОЯНД?

 

Бисёр салоҳиятҳои сарвари калисо дар 1 Тимотиюс 3:1-7 омадаанд.

Чунин сухан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад. Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад. На моили шаробнӯшӣ, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст. Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад. Зеро, кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамхорӣ карда метавонад? Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери ҳукми иблис афтад. Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад.

 

САЛОҲИЯТҲОИ РОҲИБ

1.     ӯ бояд аз олами боло таваллуд ёбад.

 

2.     ӯ бояд бе ягон шубҳа донад, ки Худо ӯро барои кори роҳибӣ даъват кардааст. Дар Библия мо бисёр мисолҳои аз тарафи Худо даъват кардани одамонро мебинем.

 

Мӯсо – “Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман – бани Исроилро аз Миср берун оварӣ”. Хуруҷ 3:10

СамуилВа Худованд омада, биистод ва, мисли дафъаҳои пеш, хонд:Эй Самуил, Самуил!” Ва Самуил гуфт: “Бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад”. 1 Подшоҳон 3:10

ОмӯсВа Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: “Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо”. Омӯс 7:15

ИшаъёВа ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: “Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?” Ва ман гуфтам: “Инак ман ҳозирам, маро бифирист”.

Ишаъё 6:8

ИрмиёВа каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: “Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам, ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам”. Ва ман гуфтам: “Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам”. Вале Худованд ба ман гуфт: “Нагӯ: “Ман амраде ҳастам”, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт. Аз онҳо натарс, зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро халосӣ диҳам”, - гуфт Худованд. Ирмиё 1:4-8

ҲизқиёлВа ба ман гуфт: “Эй писари одам! Ман туро назди банӣ-Исроил мефиристам, назди сибтҳои исёнгаре, ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд. Ва ин мардум рӯйнатан ва сахтдил ҳастанд, ва Ман туро назди онҳо мефиристам, то ки ба онҳо бигӯӣ: “Худованд Худо чунин мегӯяд!” Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, - зеро ки онҳо хонадони исёнгар мебошанд, - вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд. Ҳизқиёл 2:3-5

ПавлусАммо Худованд ба вай гуфт: “Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ- Исроил эълон намояд. Аъмол 9:15

 

Ҳамчунин дар Ғалотиён 1:15 Павлус мегӯяд, аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд.

3.     Роҳиби хуб бояд сарсупурда бошад – сарсупурдаи мавъизаи Инҷил, ва нигоҳбони рама бошад.

 

4.     Агар ӯ дар роҳи бузург бошад, бояд одами ибодатӣ бошад.

 

5.     Роҳиби хуб бояд донишҷӯи Каломи Худо бошад. ӯ бояд он чиро, ки Библия гуфтааст, омӯзад. Аз 2 Тимотиюс 2:15 мо мехонем, Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне, ки ҳиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.

 

6.     Аз Навиштаҳои пештар дар ин дарс додагӣ, мо салоҳиятҳои дигари роҳибро мебинем.

 

(1)             ӯ бояд танҳо соҳиби як зан бошад.

(2)             ӯ бояд ҳушёр, худдор, дақиқ бошад.

(3)             ӯ бояд бегонаҳоро ба хонааш хуш пазироӣ кунад. ӯ бояд одамонро дӯст дорад.

(4)             ӯ бояд тавонад таълим диҳад.

(5)             ӯ бояд майзада набошад, зӯрӣ накунад, балки мулоим ва ором бошад.

(6)             ӯ бояд пулпараст набошад. (Ин маънои онро надорад, ки ӯ камбағал ва бе эҳтиёҷоти пулӣ бошад.

(7)             ӯ бояд аз таъмини оилаи худ барояд ва ба ҳурмату эҳтироми фарзандон соҳиб шавад.

(8)             ӯ бояд дар имон болиғ бошад. (Ин он маъно надорад, ки роҳиб одами пир бошад).

(9)             ӯ бояд соҳиби ҳурмату эҳтироми одамони берун аз калисо бошад.

 

Дар бораи роҳиби калисои нав?

Фавран баъди тавлиди калисо бояд ба хидматгузории ибодатӣ ва омӯзиши Библия бипардозад. Оё калисо аз беруни гурӯҳ роҳиби болиғро даъват кунад? Ин аз қудрати калисо вобастагӣ дорад. Оё роҳиб барои тамоми рӯз лозим аст? Чанд пулро калисо аз аъзоён бигирад, то ки барои маоши роҳиб сарф намояд? Бисёр калисоҳо барои роҳиби “касбӣ” тайёр нестанд. Аз як тараф ин хуб аст, чунки ин аъзоёнро водор мекунад, масъулиятҳои сарвариро ба гардан гиранд ва рушд ёбанд. Албатта омӯзишҳои сарвариро барои нав имондорон ташкил бояд дод.

 

Роҳиб / сарварро бояд тайёр кард. Баъзеҳо қисме аз ин тайёриҳоро аз омӯзишҳои расмӣ дар мактаби Библия ё семинария мегиранд. Баъзеҳо ба монанди Павлус меомӯзанд. Аз боби дуюми Ғалотиён мо дар бораи ваколати Павлус ва салоҳиятҳои ӯ ҳамчун воизи Инҷил мехонем.

 

Танҳо ба василаи Худо, даъвати ӯ, роҳнамоии ӯ, қудрати ӯ, каломи ӯ одам воизи бузурги Инҷил мешавад.

Дар аввал ба даъвати роҳиб эҳтиёҷ нест. Аъзоёни калисое, ки ба ҳамаи ин салоҳиятҳо ҷавоб медиҳанд, метавонанд вазифаи сарвариро ба дӯш гиранд. Се ё чор нафар ҳар якшанбе бо навбат хидматгузории ибодатиро мегузаронанд. Онҳоро ҳамчун роҳибҳо наменоманд. Баъди як сол бо чунин корбарии роҳибӣ, як ё ду нафар аз ин аъзоён бо даъвати Худо кори роҳибиро давом медиҳанд. Ин фикрро бо аъзоёни калисо бояд гуфт. Аъзоёни калисо бояд аз Рӯҳулқудс таасуроти он, ки ба кӣ атои роҳибӣ дода шудааст, дошта бошанд.

 

БОБИ 37

Чӣ ХЕЛ КАЛИСО РОҲИБРО ИНТИХОБ МЕКУНАД?

 

Якчанд омил дар гирифтани роҳиб ба калисо таъсир мерасонанд.

Миқдори аъзоёни калисо.

Нерӯи молиявии аъзоёни калисо.

Синну соли калисо.

 

Ин фикри барғалат аст, ки калисо роҳибро берун аз калисо гирад. Худо метавонад, ва бисёр вақт, одамонро аз худи ҳамон калисо даъват мекунад, то ки ҳамчун роҳиб / сарвар хидмат кунад. Дар ҳама вақт Рӯҳулқудс калисоро дар мавриди даъвати ягон кас ба роҳибӣ, роҳнамоӣ кунад.

 

Акнун мо ба ду ҳолате, ки ба калисо зарур аст роҳибро интихоб намояд, назар меандозем.

 

Чӣ хел калисои нав бо миқдори ками аъзоён ва захираҳои маҳдуди молию пулӣ роҳибро интихоб кунад?

Калисо метавонад аз як ё якчанд аъзоён илтимос намояд то хидматгузории калисоро пеш баранд. Ин одамон мавъиза мекунанд,  таълим медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд. Барои ин одамон зарур аст дарсҳои омӯзиши сарвариро як бор дар як ҳафта ташкил намоянд. Дар ин дарсҳо бояд ба чизҳои муҳим ва ба ҷанбаҳои амалии кори роҳиб диққат дод. Ҳамчунин диққати худро бояд ба чӣ хел тайёр кардани ваъз ва ба ҷо овардани дигар вазифаҳои роҳиб нигаронд. Бояд тазаккур дод, ки усулҳои анъанавии ибодат на ҳама вақт лозим аст, хусусан вақте ки калисо ҷавон аст ва сарваронаш таҷрибаи кофӣ надоранд. Хондани суруд аз тарафи яке аз аъзоён баъди хондан ва баҳси аз болои боб аз Библия, ба монанди сурудани се суруди анъанавӣ ва мавъиза самаранок аст. Ҳар ду ҳам самаранок ҳастанд.

 

Иштироки васеъи аъзоёни калисо қобили қабул аст. Як одам набояд ҳам суруд хонад, ҳам гитара навозад, дуо кунад, таълим диҳад, ва мавъиза кунад.

 

Одатан дар вақтҳои аввала сарвари калисоро ҳамчун роҳиб ҳисоб набояд кард. Ин баъди муддате, вақте ки сарварон ва аъзоёни калисо боварӣ ҳосил мекунанд, ба кӣ атои роҳибӣ дода шудааст, муайян мешавад. Агар сараввал панҷ нафар бо навбат кори сарвариро пеш мебаранд, баъди чанд моҳ ин миқдор то ду нафар кам мешавад. Ҳар ду нафар метавонанд ба таври доимӣ роҳиб шаванд. Хуб мешуд якеро ҳамчун роҳиб ва дигарашро ёрдамчии ӯ фаҳмид. Доштани ду ё зиёда роҳиб, ки ҳамчунин соҳиби ду касб ҳастанд, хеле судманд аст. (Соҳиби ду касб будан маънои онро дорад, ки сарварони калисо дар баробари пеш бурдани зиндагии худ бо дарсдиҳӣ, кор дар замин ва ғайраҳо дар калисо низ хидмат мекунанд). Бори масъулият сабуктар хоҳад шуд, агар ду ё зиёда ин вазифаро бар гардан мегиранд. Тайёр кардани як ё ду мавъиза дар як ҳафта барои масеҳии навимондор бо таҷрибаи кам хеле мушкил аст ва ин кори сангин метавонад сабаби рӯҳафтодагии ӯ шавад.

 

Мақоми роҳиб / сарвар одатан дар зарфи як соли ташкилкунии калисо интихоб мешавад. Ҳарчанд ин одамон зиндагии худро бо кори худ пеш мебаранд, калисо низ бояд ба онҳо пули ҳафтаина ҷудо кунад. Бо рушди калисо ин маблағ низ рушд хоҳад ёфт. Хароҷотҳои дигар ба монанди ҳузур дар семинарҳо, дарсҳои махсус, омӯзиши маводҳо, ва хароҷоти роҳро бояд калисо пӯшонад.

 

Ин одамон аз он роҳибони таҷрибадоре, ки рӯзи дароз дар калисо хидмат мекунанд, камтар нестанд.

 

Чун калисо инкишоф меёбад ва қодир аст пурра пули роҳибро диҳад, хуб мешуд дар бораи роҳибе, ки пурра дар калисо хидмат мекард андеша кард. Яъне он шахсе, ки дар калисо нопурра кор мекард, кори берунаро монад ва пурра ба хидматгузорӣ дар калисо пардозад.

Чӣ хел калисои калонтар ва аз ҷиҳати молиявӣ қавӣ роҳибро мегирад?

1.     Баъди дуои зиёде, аъзоёни калисо ба як қароре меоянд, ки роҳиби доимокоркунанда лозим аст ва ба воситаи даҳяк ва хайрияҳои аъзоён ба ӯ маблағи муайян дода мешавад.

 

2.     Аъзоёни калисо кумитаи ҷустуҷӯиро иборат аз се то панҷ нафарро барои ҷустани роҳиб интихоб мекунанд. Ин кумита барои пешниҳодот аз тарафи аъзоён оид ба он ки чӣ хел роҳиб онҳо мехоҳанд, кушода аст.

 

3.     Баъзе ҷойҳо ҳастанд, ки кумитаи ҷустуҷӯӣ метавонад он ҷо роҳиби навро ҷӯяд. Онҳо метавонанд одамоне, ки мактаби Библияро тамом кардаанд, ҷӯянд, ё тамомкунандагони семинарияҳо, ё роҳибҳои калисоҳои дигарро даъват кунанд.

Кумита метавонад дар бораи роҳибҳои ояндадор тавассути гуфтугӯ бо устодон, ҳамсабақон, аъзоёни калисо ва роҳбароне, ки онҳоро мешиносад, ахбор гирад.

 

4.     Инҳо баъзе ахборҳое, ки кумита дар бораи роҳибҳои ояндадор хоҳад гирифт:

 

Оё ӯ даъвати возеҳи Худоро барои мавъиза дорад?

Оё ӯ хоҳиши беандозаи мавъиза карданро дорад?

Оё ӯ имон дорад, ки Библия Сухани Худост?

Оё ӯ Суханро бо нерӯи хос мавъиза мекунад?

Оё ӯ мунтазам шаҳодат медиҳад?

Оё ӯ ахлоқан хуб аст?

Оё ӯ меҳнатдӯст аст?

Оё ӯ даҳяк медиҳад?

Оё ӯ қарзҳои худро бармегардонад?

 

Ба кумита лозим аст ба миқдори зиёди одамон ва бо таблиғкунанда гуфтугӯ кунад, то ки ҳамаи ахборро гирад. (Боби 36, “Салоҳиятҳои роҳиб кадомҳоянд?” дар ин нуқта муфид аст).

 

5.     Кумита бояд мавъизаи ӯро як бор шунавад. Агар мавъизаи ӯ ба кумита маъқул афтад, ӯро барои кор ба калисои худашон даъват мекунанд.

 

Агар маъвизакунанда оиладор аст, муҳим аст, ки оилаи ӯ низ дар калисо ҳангоми мавъиза ҳузур дошта бошанд. Хуб мешуд барои ӯ дар рӯзи Якшанбе ду маротиба мавъиза карданро тайёр кунанд. Вақти махсус, ба монанди ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар рӯзи Якшанбе, вақте ки ҳамаи аъзоён он ҷо ҳузур доранд, барои шиносшавӣ бо мавъизакунанда хеле муфид аст.

 

6.     Кумита метавонад бо роҳиби оянда вохӯрии кӯтоҳе дошта бошад, то ин ки бо ӯ оиди чунин масоил ба монанди ақида, музд, маблағ, вазифаҳо ва ғайраҳо сӯҳбат кунанд.

 

7.     Якшанбеи оянда маҷлиси махсус баргузор хоҳад гардид, ки он ҷо аъзоён дар бораи роҳиби оянда фикрҳои худро баён мекунанд. Баъд калисо овоз медиҳад, ки ӯро қабул кунанд ё не. Овоздиҳӣ одатан ба тарзи пӯшида сурат мегирад, ва ҳар аъзо дар коғаз фақат “ҳа” ё “не” менависад. Хуб аст агар аъзоён якдилона овоз диҳанд. Агар натиҷаи овоздиҳӣ 51%  “ҳа” ва  49%  “не” даъват кардани роҳиб ғайриоқилона мебуд. Калисо бояд ба қарор ояд, ки пеш аз даъват кардан аз се ду ҳиссаи аъзоён ба тарафдории ӯ овоз диҳанд. Калисо масъулияти калон  бар дӯш дорад, вақте касеро талаб мекунад, ки онҳоро роҳнамоӣ кунад. Пеш аз даъвати роҳиб калисо бояд дуои бисёр кунад ва ӯро аз ҳар ҷиҳат омӯзад.

 

БОБИ 38

ОЁ  РОҲИБИ МО ТАЪИН КАРДА  МЕШАВАД?

 

Аввал ба мо зарур аст маънои “таъин карданро” бифаҳмем. Аз луғат мо якчанд маънои онро меёбем.

1.     Фармон додан, ҳуқм кардан.

2.     Бо амр таъин кардан.

3.     Пешакӣ таъин кардан.

4.     Додани вазифаҳои рӯҳонӣ

 

Гурӯҳҳои гуногуни динӣ дар бораи аҳамият ва роҳҳои таъинкунӣ фикрҳои мухталиф доранд.

 

Нуқтаи назари Библия дар бораи таъинкунӣ чист?

Ҳамаи одамони бузурги Худо дар Библия ҳиссиёти онро доштанд, ки Худо онҳоро таъин кардааст, ки онҳо корҳои муайянеро ба ҷо биёранд, пайғомҳои муайянеро мавъиза кунанд, ба ҷойҳои муайяне бираванд. Ҳамин ҳисси таъинкунӣ (амрдиҳӣ, интихобӣ будан) буд, ки ин одамонро таҳрин кард, ҳаёташонро барои Худо, ки онҳоро вазифадор кард, дар хатар монанд.

 

Таъинкунии Библия асосан ва аз ҳама муҳим, ин муносибати махсус байни Худо ва одам буда, ки бар асари он Худо ба ин одам масъулияти муқаддас месупорад. Ин масъулият одатан ба ҳама расондани пайғоми доварӣ, умед, ва озодӣ ба василаи имон ба Худо мебошад.

Ба баъзе мисолҳои аз тарафи Худо таъин кардани одамон барои иҷрои вазифаҳои махсус диққат диҳед.

 

Мӯсо

Исроилиҳо дар зери дасти мисриён буданд. Худо ба Мӯсо гуфт, Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман – бани – Исроилро аз Миср берун оварӣ”. Хуруҷ 3:10.

Мусо бо чунин роҳи пурмаъно таъин шуд. Худо ӯро шахсан даъват кард. Мусо рафт ва халқи худро аз асорат наҷот дод.

 

Ирмиё

Пайғамбар Ирмиё дар охирҳои садсолаи ҳафт ва аввали садсолаи шаш пеш аз милод умр ба сар бурдааст. Исроил дар ҳолати гуноҳ муқобили Худо буд. Аз Библия мо мехонем, ки чӣ хел Худо Ирмиёро таъин кард, ки халқро аз омад-омади ҷазои Худо огоҳӣ кунад.

 

Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: “Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам, ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам”. Ва ман гуфтам: “Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам”. Вале Худованд ба ман гуфт: “Нагӯ: “Ман амраде ҳастам”, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт. Ирмиё 1:4-7

 

Ирмиё вазифадор шуд, интихоб шуд, амр дода шуд ва таъин шуд. ӯ рафт ва пайғоми Худоро ба ҳама расонд. Ин таъинкунӣ аст.

 

Ҳизқиёл

Ин пайғамбар дар бадарға дар Бобил, дар давраи пеш ва баъди заволи Ерусалим соли 586 қабл аз милод зиндагӣ кардааст. Пайғоми ӯ огоҳӣ, тавба ва умед буд. Ин он вақт сар шуд,  ки Худо ӯро вазифадор кард.

 

Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин – намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози ӯро шунидам, ки сухан меронд. Ва ба ман гуфт: “Эй писари одам! Ман туро назди банӣ-Исроил мефиристам, назди сибтҳои исёнгаре, ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд. Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, - зеро ки онҳо хонадони исёнгар мебошанд, - вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд. Ҳизқиёл 1:28-2:3,5

 

Ҳизқиёл аз тарафи Худо таъин шуд, ки ба назди халқи муайян бо пайғоми махсус биравад. ӯ рафт ва Худо ӯро баракат дод.

 

Павлус

Дар рӯзҳои Аҳди Ҷадид одаме буд, ки ба муқобили масеҳиён мубориза мебурд. Ин одам Павлус буд ва таҷрибан гаравишеро, ки ҳаёташро дигар кард, аз сар гузаронд. Баъди чанд рӯзи масеҳиятро қабул кардани Павлус Худо Ҳанониёро ба пеши ӯ фиристод. Аммо Худованд ба вай гуфт: “Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ- Исроил эълон намояд. Аъмол 9:15

 

Павлусро Худо таъин кард, ба ӯ фармон дод, вазифадор кард ва ин кофӣ буд, ки ӯ фавран баъди қабули масеҳият ба мавъиза сар кунад. Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт. Ва хӯрок хӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд. Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки ӯ Писари Худост. Ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: “Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?” Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки ҳамин Исо Масеҳ аст. Аъмол 9:18-22

 

Дар бораи даъвати худ, Павлус гуфт, Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки ӯро аз мурдагон эҳё кардааст. Ғалотиён 1:1

 

Павлус аз тарафи Худо таъин шуд, интихоб шуд ва вазифадор карда шуда буд. Дар асоси ин таъинкунӣ ӯ нирӯмандона мавъиза кард.

 

Бисёр тасвирҳо дар Аҳди Ҷадид ва Қадим мавҷуд ҳастанд, ки аз тарафи Худо даъват кардани одамро нишон медиҳанд. Барои ин одамон, ин даъват кофӣ буд, ки ба пеш раванд ва кори Худо фармударо иҷро кунанд.

 

Шумо хоҳед гуфт, ки дар ҳаёти ин одамон, таъинкунии лозимӣ аз тарафи Худо омад, на аз тарафи одам. Ҳамаи ин одамон эътироф карданд, ки Худо онҳоро барои рӯҳонияти махсус таъин кард. Онҳо пеш аз сар кардани рӯҳонияти худ амр ё маъқул донистани одамро надоштанд.

 

Аҳди Ҷадид дар бораи таъинкунӣ чӣ мегӯяд?

На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.  Юҳанно15:16

 

Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде, ки ба ӯ имон оварда буданд, супурданд. Аъмол 14:23 Калимаи “таъин кардан”-ро ( appoint), ки ҳамчун “ordained” таъин кардан тарҷума шудааст, он вақт истифода бурданд, вақте ки  Павлус ва Барнаббо ҳангоми бозгашт аз дидани калисоҳо дар сафари рӯҳонии якуми худашон одамони муайянро интихоб карданд. Калимаи юнонии дар ин ҷо истифодашуда маънои  “ интихоб тавассути даст бардоштан”-ро дорад.

 

Дар Аҳди Ҷадид тасвири расмии таъинкунӣ нест. Дар он вақт русуми эътирофи онҳое,  ки аз тарафи Худо даъват шудаанд, вуҷуд дошт. Бинобар ин хидматгузории расмиро метавон бештар аз эътирофи таъинкунӣ ҳисоб кард. Калисо ва калисоҳо ба таври умум эътироф мекунанд, ки онҳо боварӣ доранд, одам аз тарафи Худо барои рӯҳониёти махсус таъин шудааст. Онҳо тасдиқ мекарданд, ки ба он чӣ онҳо боварӣ доштанд аллакай рӯй дод.

 

Масъулияти калисо дар хидматгузории шиносоӣ.

1.     Калисо бояд вақт дошта бошад, то  ин одамро мушоҳида карда бинад, ки оё кори роҳибӣ / мавъиза карданро, ки  аз тарафи Худо ба ӯ дода шудааст иҷро карда метавонад ё не. Калисо бояд салоҳиятҳои сарвари калисоро бар тибқи Библия, ки дар 1 Тимотиюс 3:1-7 ва Титус омадаанд, имтиҳон кунад.

2.     Калисо хидматгузории шиносоиро ба нақша медарорад.

3.     Калисо метавонад калисоҳои дигарро дар хидматгузории шиносоӣ ширкат варзанд.

 

Хидматгузории Шиносоӣ

Ин вақти махсус ва муқаддас, пур аз тантана ва хурсандӣ аст. Тартиби хидматгузорӣ метавонад чунин бошад.

 

1.     Пазироӣ,  суханҳои кушодашавӣ, дуо.

2.     Мусиқии мувофиқ.

3.     Шиносоии мавъизакунанда, ки таъин шуда буд.

4.     Вақт барои шӯро ё кумита, то ки ба мавъизакунанда баъзе суолҳо диҳанд. Ин саволҳо метавонанд чунин бошанд: Кай ӯ аз олами боло таваллуд ёфтааст, кай ӯ даъват шуд, ки мавъиза кунад, нуқтаи назари ӯ оиди он ки Библия каломи Худост, чист ва дигарҳо.

5.     Шӯро метавонад якчанд дақиқа барои машварат ҷудо кунад. Ва баъд онҳо ба як хулосаи даркорӣ меоянд. Онҳо метавонанд қарор кунанд: a. ҳамчун таъиншуда шинос кунанд;   b. ҳамчун таъиншуда шинос накунанд;

    c. хулосаро ба вақти баъдтар монанд.

6.     Шӯро дастурҳои худро ба калисо медиҳад.

7.     Одами обрӯманди Худо ваъз мегӯяд.

8.     Дуо ва сипосгузорӣ ва илтимос кардани баракати Худо.

9.     Амале, ки дар 1 Тимотиюс 4:14 дида мешавад, бо гузоштани дастҳои пирон бар сари мавъизакунанда ба ҷо оварда мешавад.

10.            Муаррифии мавъизакунанда бо шиносоии пурраи таъинкунӣ.

11.            Дуои пӯшидашавӣ.

 

Баъзе калисоҳо ба мавъизакунанда китоби хуби сифатноки Библия медиҳанд.

 

Баъзе одамон мепурсанд:

Оё воиз бе ин хидматгузории расмӣ кор карда метавонад?

Бале, бе шубҳа.

 

Инсон метавонад пеш аз мавъиза кардан  хидматгузории расмӣ дошта бошад? Албатта не; ба Павлус нигаред.

 

Мавъизакунанда ё роҳиб метавонад бе хидматгузории расмии шиносоӣ хидматгузории таъмидро ба ҷо орад? Бале, ӯ метавонад. Библия инро манъ намекунад.

 

Оё роҳиб метавонад дар хӯроки  Шоми Охирон сарварӣ кунад, агар ӯ хидматгузории расмии шиносоӣ надошта бошад? Ҳа.

 

Оё ягон роҳе ҳаст, ки бар тибқи он хидматгузории шиносоӣ гузаронда шавад. Не. Дар бораи маросими гузарондани хидматгузории шиносоӣ дар Библия хеле кам гуфта

шудааст.

 

Оё кас метавонад роҳиби доимо коркунанда бошад, агар ӯ хидматгузории шиносоиро надошта бошад? Ҳа.

 

ХУЛОСА:

Лозим ба ёдоварист, ки даъвати одам бояд аз тарафи Худо бошад. Қудрати  ӯ бояд аз тарафи Худо бошад. Пайғоми ӯ бояд аз тарафи Худо бошад. Ҳокимияти ӯ бояд аз тарафи Худо бошад. Одам метавонад ё наметавонад мӯҳри тасдиқи худро аз болои он одаме, ки Худо даъват кардааст, гузорад. Онҳоеро, ки баракати хидматгузории шиносоӣ надошта бошанд, аз онҳое ки чунин хидматгузорӣ доштанд, набояд камтар ҳисоб кард. Ғамангез аст, ки баъзе гурӯҳҳои динӣ одамро ба мақоми баланд бардошта, ба ӯ унвони “ҳазрат” мебахшанд. Ин мухолифи таълимоти Библия аст.

 

Хидматгузории шиносоӣ ҳодисаи хеле зебо ва пурмаъно дар ҳаёти воиз ва калисо аст. Ин бохирадона аст, ки баъди вақти муайяни рӯҳониёт ва озмоиш, одам бояд эътирофи умумро аз тарафи калисо пазирояд. Ин мавридест, ки калисо метавонад фахрмандона дар пеши ҳама дасти воизро фишорад ва гӯяд; “Мо бо шумоем, ва боварӣ дорем, ки Худо шуморо барои рӯҳонияти махсус даъват кардааст”.

 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ