Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Марқӯс

Download

Марқӯс

 Дарси 1. Яҳёи Таъмиддиҳанда дар бораи чӣ ваъз мегуфт

(Инҷили Марқӯс 1:1-8)

(Сарсухан)

         Барои гирифтани фотеҳа, мо ин ҳафта омӯзиши Инҷили Марқӯсро оқоз менамоем. Марқӯс шогирди Петрус буд. ӯ боқувваттарин ва кӯтоҳтарин суханро дар бораи Исо навишт, ки онро Петрус шунида буд. Дар байни чор Инҷил Инҷили Марқӯс нахустин навишта шуда буд. Он Исоро ҳамчун банда(қулом) нишон медиҳад. Ин Инҷил амалҳои Исои Масеҳро тасвир менамояд. Ва камакак он чизе, ки ӯ гуфт, барои нишон додани он ки Писари Худо барои хидмат кардан ба ин дунё омад.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Оятҳои зеринро хонда истода, дар бораи муаллифи Инҷили Марқӯс нақл намоед.

Петрус 5:13, Марқӯс 14:51-52 , Аъмол 12:25, 13:5-13,

      Қӯлассиён 4:10

2.     Яҳёи Таъмиддиҳанда чиро пешгӯӣ намуд (Ишаъё 40:3-5)

3.     Яҳёи Таъмиддиҳанда садо дар биёбонро ифода мекунад. Ин ба мо чиро меомӯзад (Юҳанно 3:30)

4.     Чӣ тавр мо ба Худованд роҳро омода сохта метавонем?

5.     Чаро тавбакунӣ ин қабул  кардани Исои Масеҳ  мебошад

      (Марқӯс 1:15)

6.   Тавба кардану Исои Масеҳро қабул  кардани шумо чӣ тавр     

       ба амал омад?

7.      Таъмид чӣ маънӣ дорад? (4)

8.   Дар бораи ҳаёти Яҳёи Таъмиддиҳанда нақл намоед. (6)

9.   Бисёр мушкилиҳо ва хатарҳо ҳамсафари ҳаёти моанд. Бинобар

      ин мо бояд мисоли Яҳёи Таъмиддиҳанда ваъз гуфтан дар бораи

      Исои Масеҳ ва тавба карданро пайравӣ намоем. Ақидаи шумо     

      дар ин бора.

10.             Яҳёи Таъмиддиҳанда таъиноти худ ва ҷои худро хуб медонист. Ин чиро тасдиқ  менамояд? (7-8).

11. Оне, ки монанди Яҳёи Таъмиддиҳанда барои Худованд ваъз мегӯяду хидмат мегузорад, бояд Исои Масеҳро мадҳ намояд. Оё      Шумо ба ин ақида розиед?

12.             Нисбат ба Яҳёи Таъмиддиҳанда Исо аз ҷониби Рӯҳулқудс таъмид ёфт. Таъмид аз ҷониби Рӯҳулқудс чӣ маънӣ дорад? Оятҳои зеринро дида дар ин бора нақл намоед. Луқо 24:49, Аъмол 1:5-8.

13.             Оё Шумо аз ҷониби Рӯҳулқудс таъмид ёфтаед? Чӣ тавр Шумо инро исбот намуда метавонед?

Дарси 2.  Ибтидои хидматгузории Инҷилии Исои Масеҳ

(Инҷили Марқӯс 1:9-13)

(Сарсухан)

          30 сол Исо хомӯш буд ва тайёрӣ медид, ки ба ин дунё пайдо шавад. Дунё садои наҷотдиҳандаеро, ки интизораш буд, шунид. Барои мо дидани он хидматгузорие, ки Исои Масеҳ сар кард, бисёр муҳим аст. Дарси имрӯза ба мо барои дидани ду чизи ба Исои Масеҳ тааллуқдошта ёрӣ мерасонад.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исои Масеҳ аз чӣ хидматгузориро оқоз намуд. Чӣ рух дод, вақте ки ӯ хидматро оқоз намуд? (9-11).

2.     Таъмидкунии Яҳё чӣ маънӣ дорад?

3.     Чаро Исои Масеҳи бегуноҳ таъмидро қабул намуд? (Юҳанно 1:29)

4.     Нақл  намоед, Шумо чӣ гуна таассурот  бардоштед, вақте донистед, ки Исои Масеҳ таъмид ёфт?

5.  Ба Исо баъди таъмид ёфтан чӣ руй дод? (12-13, Матто 4:1-11)

6.     Фикр кунед, чаро Исо ба васвасаи шайтон дода шуда метавонист? (Румиён 5:18-19)

7.     Вақте ки шайтон моро ба васваса меандозад, мо калом (сухан) дорем. Он калом кадом аст?

8.     Кадом васвасаро шумо тез-тез ҳис менамоед?

9.     Нақл  кунед, кадом васвасаро шумо дошта будед ва онро чӣ тавр бартараф намудед?

10.            Пас  аз қалаба бар шайтон, кӣ назди Исо омад? (13)

11.            Ба Шумо ин далел чӣ гуна боварӣ мебахшад? (Ибриён 2:18, 2 Қӯринтиён 1:4-5).

Дарси 3.  Вазифаи шогирдон

(Инҷили Марқӯс 1:14-20)

(Сарсухан)

          Вақте ки Исо хидматгузориро оғоз намуд, ӯ шогирдонро вазифадор кард. Одатан муаллимон барои худашон шогирдонро, дар бораи хизмати онҳо шунида, интихоб менамоянд. Вале Исо шогирдонро барои худаш новобаста аз лаёқаташон ва ваъзи иҷтимоиашон интихоб намуд. Инҳо одамони аз ҳама  оддитарин буданд. ӯ тахти осмонии Худро монд, то ин ки мо шогирдони ӯ гардем. Пас назди муаллими бузургу порсои дунё бо умеду муҳаббат сари таъзим фуруд меорем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исо дар навбати аввал дар бораи чӣ ваъз гуфт? (14-15).

2.     Фикр кунед, суханони «пуррагии замон даррасид» чӣ маъно дорад? Матто 3:2, Қалотиён 4:4).

3.     Малакути Худо чист? (Луқо 17:20-21).

4.     Чаро мо  тавассути тавба ба Инҷил бовар мекунем? Мисоле оред, ки дар он имондори бетавба бошад (Агар бошад), (Аъмол 8:21-23).

5.     Оё имони шумо тавбаи ҳақиқист? Шумо инро чӣ тавр собит сохта метавонед?

6.     Шимъун ва Андриёс дар куҷо вазифадор карда шуданд? (16)

7.     Исо на он шогирдонеро интихоб кард, ки дар кӯҳҳои баланд ибодат менамуданд, балки ононеро, ки дар ҷойҳои кории худ машқули меҳнат буданд. Ин далел дар бораи чӣ гап мезанад?

8.     Исо Худаш барои Худ шогирдон меҷӯст. Шумо дар бораи ин чӣ фикр доред?

9.     Бо кадом мақсад Исо шогирдонро вазифадор менамуд? (1:7)

10.            Ин далел ба мо чиро меомӯзонад? (Аъмол 1:8)

11.            Шогирдонро чӣ кор карданд, вақте ки Исо онҳоро вазифадор намуд? (18-20)

12.            Суханони «Дарҳол  боқимонд аҳо ӯро пайравӣ намуданд» чӣ маънӣ дорад? (Луқо 14:25-33).

13.            Нақл  кунед, Шумо суханони «Дарҳол боқимондаҳо ӯро пайравӣ намуданд»-ро чӣ тавр истифода мебаред (Филиппиён 3:7-8)

14.            Шумо шогирди Исои Масеҳ гаштед? Ҷавоб диҳед «ҳа» ё «не», Барои чӣ?



Дарси 4. Ҳокимияти Исои Масеҳ

(Инҷили Марқӯс 1:21-34)

(Сарсухан)

          Рӯзи шанбе Исо бо чор шогирдонаш дар Кафарнаҳум буд. Дар ин порча як рӯзи хидматгузории Исои Масеҳ тасвир ёфтааст. Ин порчаро хонда истода, мо мебинем, ки ӯ чӣ  қадар серкор буд. Аҳолии Кафарнаҳум аз Исо чиро гирифт?- Малакути ӯро. Ҳаёти боимони мо ба мо имконият медиҳад, ҳокимияту обурӯи Исои Масеҳро бинем ва дар ҳаёти худ интихоби дуруст намоем. Оне ки ҳокимияти Исои Масеҳро мебинед, дар имон устувор хоҳад буд.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исо рӯзи шанбе дар куништ чӣ кор кард? (21).

2.     Мардум аз чӣ ба ҳайрат омад? (22).

3.     Фикр кунед, кадом ҳокимият ва обурӯйро одамони зерин дороанд.

          А. Шоҳ

          Б. Профессор

          В. Усто

4.     Ҳокимияти Худо ва ҳокимияти одамро чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст? (Матто 21:33-41, Қулассиён 1:15-17).

5.     Таълимоти Исо ҳокимияти махсус дорад. Ин ба мо чиро меомӯзад? (Оятҳоеро ёбед, ки ҳокимияти мутлақи Исои Масеҳро тасдиқ  менамоянд).

6.     Вақте ки Исо дар куништ таълим медод, он ҷо одаме буд, ки рӯҳи палид дошт. Рӯҳи палиде, ки дар он одам буд, ба Исо монеа мешуд. Нақл  кунед, кадом ду далелро мо дар суханони гирифтори рӯҳи палид дида метавонем (23-24).

7.     Ин ду далелро дониста, мо кадом сабақро бардошта метавонем?

8.     Исо қудрати муаллим ва қудрати рондани ҷинро дорад. Аз куҷо мо дар ин бора дониста метавонем?

9.     Шумо то ба Исои Масеҳ имон овардан дар бораи ҷин ва рӯҳи мурдагон чӣ фикр доштед ва ҳоло дар ин бора чӣ ақида доред?

10.            Пас аз хидматгузории рӯзона Исо бо чӣ кор машқул мешуд? (29-34).

11.            Кадом ҳокимияти Исоро мо бо воситаи амалҳои бегоҳ иҷрокардаи ӯ мебинем?

12.            Шумо боварӣ доред, ки Исо дорои се ҳокимият мебошад? Агар мо ба ин боварӣ дорем, пас он ба мо дар ҳаётамон чӣ гуна ёрӣ расонида метавонад?

13.            Агар мо нисбати Каломи Худованд беэътиноӣ  менамоем, пас аз ҳар гуна деву ҷинҳо ва касалиҳо тарсиданамон оғоз меёбад. Сабаби ин чист ва он бо чӣ вобаста аст?

Дарси 5.  Шифоёбии махав

(Инҷили Марқӯс 1:35-45)

(Сарсухан)

                Вақте ки Исо ваъз гуфтанро оғоз намуд, бисёр одамон ӯро истиқбол намуданд. Халқи яҳудӣ  Масеҳи ваъда шударо интизор буд. Онҳо мефаҳмиданд, ки бо омадани Исои Масеҳ давраи нав фаро расид. Бинобар ин бисёриҳо ба назди Исо меомаданд. Вале Исо хоҳиши халқро иҷро накард. Ӯ мақсад ва талаботҳои дигар дошт. Ва ҳеҷ  кас ба ӯ халал расонида наметавонист, чунки кишвари осмонии ӯ аз он мамлакате, ки дар замин аст, фарқ дошт.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исо бомуваффақиятии корҳояшро дида истода, бештар ба Худованд бо ибодат муроҷиат менамуд. Мо инро аз куҷо медонем? (35, Матто 14:21-23).

2.     Аз ин порча, якчанд талаботҳои ибодатро мебинем. Дар ин бора нақл  кунед (33-34).

3.     Шумо чӣ тавр ибодат менамоед ва ҳаётамон дар ибодат чӣ гуна маҷро дорад?

4.     Халқи Кафарнаҳум, ки Исоро пайдо намуда буд, мехост, ки ӯ ҳама вақт ҳамроҳи онҳо бошад. Исо ба ин чӣ ҷавоб дод? Чаро? (937-38).

5.     Мо Исои Масеҳро дорем ва бисёр дигарон ба он эҳтиёҷ доранд. Вале мо онҳоро инкор менамоем ва мегӯем: «Исо танҳо аз ман аст» Оё ин дуруст аст?

6.     Вақте фаҳмидед, ки Исо бо махав сӯҳбат кард, шумо инро чӣ тавр қабул намудед? (41)

7.     Ин беморӣ чӣ гуна рамзро ифода мекунад? (Матто 13:13-15).

8.     Дар шумо чунин эҳсосот нест, ки шумо рӯҳан «махав»-ед?

9.     Исо пас аз он ки махавро шифо бахшид, чӣ гуфт? (44)

10.            Чаро Исо гуфт, ки ба касе чизе гуфта нашавад? Якчанд тахминро дар бораи ин гап занед.

 А. Одами мӯъҷиза карда метавонистагӣ.

 Б.  Вақт фаро нарасидааст.

 В.  Ба ваъз гуфтан халал мерасонад.

11.            Оё мо ягон маҳдудияте дорем, вақте ки мо дар бораи Исои Масеҳ ваъз мегӯем.

12.            Исо ба махав амр кард, ки худро ба рӯҳонӣ нишон диҳад. Ин далелро дар асоси навишта шарҳ диҳед. (Ибодат 14:1-7).

13.             Ин далел алоқаи дутарафаи байни Исо ва шариатро нишон медиҳад. Дар асоси навишта шарҳ диҳед (Матто 5:17-18).

14.            Дар бораи Исои Масеҳ имрӯз чӣ чизи навро донистед?

Дарси 6.  Шифо бахшидан ба мафлуҷ

(Инҷили Марқӯс 2:1-2)

(Сарсухан)

          Исо пас аз якчанд рӯз бори дуюм ба Кафарнаҳум омад ва мафлуҷеро шифо бахшид. Ин мӯъҷиза ҳақиқати муҳимеро ба мо нишон медиҳад. Ва ҳар як мӯъҷиза ҳақиқати худро дорад, ки ба мо Исои Масеҳро нишон медиҳад. Агар мо дар ин Исои Масеҳро намебинем, пас ин мӯъҷиза на бо иродаи Худост. Дар олами масеҳӣ мо тез-тез мӯъҷизаҳоеро мебинем, ки дорои ҳақиқат нестанд. Бинобар ин мо бояд бинем ва фарқ кунем, чӣ аз Худо аст ва чӣ аз одам.

(Муҳокимаи  мундариҷа)

1.     Исо чӣ кор кард, вақте ки дар атрофи ӯ халқи зиёде ҷамъ омад? (1-2).

2.     Бисёр одамон хостанд, мӯъҷизаҳои Исои Масеҳро бинанд. Исо ба онҳо Каломи Ҳудовандро меомӯзонд. Мо аз ин кадом сабақро бардошта метавонем (Матто 4:4).

3.     Оё боварӣ доред, ки омӯзиши Каломи Худованд муҳимтар аз беморӣ ва мушкилиҳои иқтисодии шумост?

4.     Нақл  кунед, чӣ тавр мафлуҷ ба назди Исо омад? (3-4).

5.     Дар Шумо чӣ гуна ҳиссиёт пайдо шуд, вақте ки шумо дар бораи ин донистед?

6.     Исо гуфт «Фарзанд! Гуноҳҳои ту бахшида шуд». Ин суханон чунин маънӣ доранд: «Ман туро шифо бахшидам». Чаро? (9, 11. Юҳанно 5:14, Яъқуб 5:15).

7.     Вақте ки Исо инро гуфт, китобдонон чӣ фикр карданд? (6-7).

8.     Китобдонон дар куҷо ҳақ ва дар куҷо ноҳақанд?

9.     Сабаби бедонишии китобдонон дар чист? (Юҳанно 10:30, 33),

10.            Оё Шумо боварӣ доред, ки Исо қудрати авф намудани гуноҳҳоро дорост? Ин боварӣ дар Шумо аз куҷост?

11.            Дар Шумо боварӣ ба авфи гуноҳҳо ҳаст. Ин ба Шумо чӣ гуна таъсир мерасонад? (Румиён 5:1-2, 6:14, 8:33-34),

12.            Мо ба воситаи шифо ёфтани мафлуҷ дар бораи Исои Масеҳ чӣ донистем?

Дарси 7.   Исо гунаҳкоронро даъват менамояд

(Инҷили Марқӯс 2:13-22)

(Сарсухан)

          Исо Леви (Матто)-ро даъват намуд ва ба ӯ мақсади ба замин омадани Худашро гуфт. Ба воситаи даъвати вай ӯ хост нишон диҳад, ки на барои даъвати тақводрон, балки барои даъвати гунаҳкорон барои тавба кардан омадааст. Бинобар ин Исо ба ҳама гунаҳкорон, ки инро эътироф менамоянду Наҷотдиҳандаро монанди домод дар рӯзи тӯй интизоранд, хушбахтӣ ва умед дод. Мо мебинем, ки давраи нав фаро расидааст, ки мо аз он бояд хурсанду қаноатманд бошем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1. Исо дар соҳили баҳр таълим медод. Пас аз ин ӯ чӣ кор кард?

      (13-14).

2.     Исо бо Матто вохӯрд. Дар болои ҷумлаҳои зерин фикр намоед.

          А. Кори Матто.

          Б. Ҷой ва сабаби вохӯрии Исо бо Матто.

          В. Даъвати шогирдон.

          Г.  Ҷавоби Матто.

3.     Исо бо Матто вохӯрд. Оё Шумо низ чунин вохӯрӣ доштед?

4.     Чаро китобдонон ва фарисиён Исоро муҳокима намуданд? (15-16).

5.     Бо суханони худ шарҳ диҳед, ки Исо чӣ ҷавоб дод? (17).

6.     Аз ҷавоби Исо кадом мушкилии азимро доштани китобдонон бармеояд?

7.     Оё Шумо чунин мушкилӣ доред? Агар ҳаст, пас онро шумо чӣ тавр ҳал  менамоед?

8.     Барои чӣ  шогирдони Исо маҳкум карда шуда буданд? (18, Луқо 18:2, Матто 11:19).

9.     Исо се мисол  пеш овард, ки барои чӣ шогирдони ӯ рӯза намедоранд.

     Ҳар як мисолро шарҳ диҳед.

          А. Аҳли кӯшки никоҳ бо домод.

          Б.  Масал дар бораи ҷома.

          В.  Масал дар бораи машк.

10.            Шароби навро ба машки кӯҳна рехтаистода, оё Шумо зиндагӣ мекунед? Исбот кунед, ки ин тавр не.

11.            Оё шумо дарси имрӯзаро омӯхтаистода, фотеҳа гирифтед? Дар ин бора нақл намоед.

Дарси 8.  Баҳс дар бораи шанбе

(Инҷили Марқӯс 2:23-3:6)

(Сарсухан)

          Байни Исо ва фарисиён тез-тез мухолифат барои гузаронидани рӯзи шанбе ба вуқӯъ меомад. Имрӯз мо дониста мегирем, ки ин мухолифат кай оқоз ёфт ва маркази ин баҳс чист? Таълимот дар бораи шанбе байни фарисиён таркиши инқилобиеро ба амал овард, бинобар ин онҳо ҳатто Исоро куштан хостанд.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Шогирдони рӯзи шанбе чӣ кор карданд? (23, Луқо 6:1).

2.     Фарисиён инро чӣ тавр қабул намуданд? (24).

3.     Исо рӯзи шанбе дастхушкро шифо бахшид. Аксуламали фарисиён чӣ гуна буд (3:5-6).

4.     Чаро фарисиён амалҳои Исоро рӯзи шанбе дида истода сахт норозӣ буданд? (24, Юҳанно 5:10).

5.     Халқи яҳуд бисёр анъанаҳоро риоя менамуд. Дар байни онҳо 39 қарор дар бораи рӯзи шанбе буд. Шогирдон хӯшаҳоро меканданд ва мехӯрданд. Инчунин хушкдаст шифо ёфта буд. Ҳамаи ин рӯзи шанбе рух дод. Ин вайрон кардани анъанаҳо буд. Вале Исо ҳисоб мекард, ки ақидаи яҳудиён бад аст. Чаро? (7:8-9, 12-13).

6.     Оё дар ҳаёти Шумо низ чунин гумроҳӣ мешавад? Дар бораи он нақл намоед.

7.     Шогирдони Исо ҳеҷ  кори баде накарданд. Бо кадом мисол Исо инро маънидод намуд? (25-26. 1 Подшоҳон 21:1-6).

8.     Ҳақиқати марказии Исои Масеҳ дар чист? Оё мо рӯзҳои шанбе кор карда метавонем?

9.     Шумо ояти 27-ро чӣ тавр мефаҳмед? Инҷили Матто 12:11-12 ва Марқӯс 2:27-ро муқоиса намоед.Ҳақиқати марказии ин оятҳо дар чист?

10.            Чаро на таълимоти фарисиён, балки таълимоти Исо ҳақиқат аст? Дар асоси ояти 28 исбот созед.

11.            Дар гузашта ҳалқи яҳудӣ рӯзи шанберо риоя менамуд. Барои мо ин рӯз якшанбест. Ҳоло он талаботҳое, ки дар Аҳди Қадим буданд, нестанд. Инро дар асоси навиштаҳо исбот созед (Қӯлассиён 2:16-17).

12.            Агар мо дар бораи он медонем, ки Исо Худованди шанбест, пас мо набояд чунин саволҳоро диҳем. Ошкор намоед дили шумо ба рӯзи шанбе чӣ гуна майл дорад?

13.            Шумо рӯзи шанберо чӣ тавр мегузаронед? Оё дар ҳаёти шумо риоя накардани рӯзи шанбе рӯй додааст? Агар дилатон шуморо маҳкум месозад, ибодат намоед ва Худо шуморо ёрӣ медиҳад.

Дарси 9.  Интихоби 12 шогирд

(Инҷили Марқӯс 3:7-19)

(Сарсухан)

Исо қудрати калони ҷалбкуниро дошт. Дар таърихи халқи яҳудӣ чунин ҳолате рӯй надодааст, ки аз қафои касе ин қадар одами зиёде рафта бошад. Аз байни миқдори азими одамон, Исо 12 шогирд интихоб намуд. Чаро Исо шахсан онҳоро интихоб намуд?  Онҳо дорои кадом имтиёзҳо буданд? Байни шогирдони Исо ва мо кадом фарқ ҳаст?

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.      Исо қудрати азими ҷалбкуниро доро буд. Харитаро кушодаистода, шумо он ҷойҳоеро меёбед, ки аз он ҷо ба назди Исо омаданд (7-8).

2.      Бо сабаби серодамӣ Исоро сахт фишор меоварданд. Исо чӣ кор кардан мехост? Амали минбаъдаи ӯ чӣ гуна аст?

      (9, Матто 13:2-3).

3.      Аз баҳр дур шуда, Исо ба кӯҳ баромад. ӯ он ҷо чӣ кор кард? (13).

4.      Исо ба назди Худ ононеро даъват намуд, ки Худаш мехост. Дар ин хусус дар шумо чӣ гуна эҳсосоте ба амал омад? (Юҳанно 13:1, 15:16).

5.      Исо 12 шогирдро интихоб намуда истода, кори хеле муҳимеро ба анҷом расонид. Мо дар бораи ин чӣ тавр дониста метавонем? (Луқо 6:12-13).

6.      Се сабаби интихоби 12 шогирдро номбар намоед.

7.      Номи се шогирдро нависед. Онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо намоед (Матто 10:2-4).

8.      Агар мо ваъзияту шахсияти шогирдонро дида бароем, пас мебинем, ки онҳо одамони тамоман оддӣ буданд. Шумо чӣ фикр доред, барои чӣ?

            А. Моҳидорон

            Б. Мытари

            В. Писарони раъд

            Г. Ханаанцы

            Д. Исқарют

9.      Ин далелро дида истода, кадом фотеҳаро мо доро мегардем? (1 Қӯринтиён 1:26-29)

10. Исо 12 шогирдро интихоб намуда, 3 сол онҳоро таълим дод. Ҳадафи ӯ аз чӣ иборат буд? Ба савол аз рӯи оятҳои зерин ҷавоб диҳед:

            А. Матто 4:19, Марқӯс 16:15

            Б. Ефсӯсиён 2:20

11. Библия ба мо танҳо дар бораи марги ду нафар аз 12 шогирдони Исо дарак медиҳад. Ин Яъқуб ва Яҳудои Исқарют мебошанд. Ривоятҳо мегӯянд, ки шогирдони боқимонда ҳаёти худро барои имони инҷилӣ додаанд. Дар онон пушаймонӣ набуд, ки Исо онҳоро интихоб намуд. Оё шумо мехостед, чунин зиндагониро аз сар гузаронед?

Дарси 10.   Исо ва оилаи ӯ

(Инҷили Марқӯс 3:20-35)

(Сарсухан)

          Чаро бисёр одамон Исоро вақте ки дар замин буд, нафаҳмиданд? Волидон ва бародарон нафаҳмиданд, ки Исо чӣ кор кард ва бинобар ин дар ӯ эҳсосоти танҳоӣ ва нотавонӣ  мавҷуд буд. Шӯҳрати Исо дар ҳама ҷой паҳн мешуд. ӯро бисёр халқҳо пайгирӣ менамуданд. Вале наздиконаш инро намефаҳмиданд. Онҳо фикр доштанд, ки Исо беақл мебошад. Дар давраи мо чунин одамоне ҳастанд, ки баҳри Исо ҳаёташонро фидокорона медиҳанд. Онҳоро одамони оҷиз мешуморанд. Агар мо чунин оҷиз намегардем, пас роҳи пайгирии Исои Масеҳро дарк карда наметавонем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Агар одам бо иродаи Худованд мезияд, пас ӯ ҳама вақт банд аст. Вақтхушӣ карда истода ӯ кори Худовандро карда наметавонад. Чаро?  (20).

2.     Китобдонон Исоро бо чӣ гунаҳкор намуданд? Барои чӣ? (22).

3.     Исо чор мисол овард ва бо ин гунаҳкоркунии китобдононро рад намуд (24-26).

4.     Фикри асосӣ дар мисолҳои овардаи Исо чист?

5.     Ин талаботҳоро дар калисо ва оила чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст? Мо аз ин чӣ гуна сабақ бардошта метавонем? (Юҳанно 17:11, Эфсусиён 4:3, 5:21).

6.     Исо  мисоли чорумро низ овард. Фикри асосии ин мисол аз чӣ иборат аст? Барои шумо дар ин мисол чӣ муҳим аст? (27).

7.     Мо фарзандони Худованд мебошем. Мо ин талаботҳоро чӣ тавр дар ҳаётамон истифода бурда метавонем? (Юҳанно 10:28-29,      1 Юҳанно 5:18).

8.     Китобдонон ба Рӯҳулқудс шаккокӣ менамуданд. Ба Рӯҳулқудс шаккокӣ намудан чӣ маънӣ дорад?

9.     Оё дар ҳаёти шумо шаккокӣ ба Рӯҳулқудс имконпазир аст?

10.            Хешовандон аз Исои Масеҳ чӣ мехостанд?

11.            Бо кадом сабаб хешовандон Исои Масеҳро намефаҳмиданд?

          А. Оила ва кор.

          Б. Қудрати ҷалбкунии Исои Масеҳ.

          В. Муноқиша бо ҳокимиятҳо.

12.            Оё дар  атрофи  шумо одамони фидокор ҳастанд? Назари шумо ба ин чӣ гуна аст?

13.            Бо  суханони худ оятҳои 34-35-ро маънидод намоед.

14.            Оё шумо бародарон ва хоҳарони Исои Масеҳ мебошед?

Дарси 11.(1). Масал дар бораи кишткунанда

(Инҷили Марқус 4:1-17)

(Сарсухан)

          Вақте ки Исо ҳақиқатро таълим медод, ӯ масалҳоро тез-тез истифода мебурд. Масал- ин фаҳмондадиҳии бисёр ҳақиқатҳо ба воситаи мисолҳои ҳаётии ба мо шинос мебошад. Мисол, он ки ҳаёти одам-роҳи пурмашаққат мебошад. Дар вақти омӯхтани масал дар бораи кишткунанда мо бояд дорои ёдгирӣ ва фошкунӣ гардем. Ин масал шамшерест, ки ба қалатҳои мо дар ҳаётамон ишора менамояд.Ҳеҷ  кас аз ин шамшери ҷазодиҳанда канораҷӯқ карда наметавонад.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Бо суханони худ мазмуни масалро фаҳмонед (3-8).

2.     Шогирдони Исо вақте ки бо ӯ танҳо буданд. Дар бораи чӣ пурсиданд? (10).

3.     Шогирдони Исо нисбат ба халқ бартарият доштанд.

Чаро? (10, 33-34).

4.     Чаро Исо масалро ба халқ  маънидод накард?

5.     Шумо чӣ фикр доред, шумо кистед? Шогирд ё тӯда? Чаро шумо ин тавр фикр доред?

6.     Фаҳмонед, дар роҳ кишт кардан чӣ маънӣ дорад? (14-15).

7.     Шумо чӣ фикр доред, тухмии дар роҳ афтода кадом дилро ифода менамояд? (Марқӯс 3:5, Румиён 11:25).

8.     Аз таҷрибаи ҳаётиатон фаҳмонед, ки чӣ тавр иблис сухани кошташударо медуздад?

9.     Кишт дар замини санглох чӣ маънӣ дорад? (16-17).

10.            Замини санглох дар назари аввал хуб менамояд, вале мо каме заминро бардошта санги бисёреро дучор мешавем. Замини санглох монанди кадом дил аст?

11.             То кадом вақт дили сангин дар имон буда метавонад?

12.            «Хурсандона қабул менамоянд, вале реша надоранд»-маънии ин суханон чист? (2 Тимотиюс 3:14).

13.            Агар шумо бештар бо ҳиссиёт зиндагӣ менамоед оё дар шумо хоҳиш ва зарурияти омӯхтану фаҳмидани каломи Худованд пайдо мешавад? Ин падидаи хатарнок аст. Шумо чӣ фикр доред, барои чӣ?

Дарси 12.  Масал дар бораи кишткунанда

(Инҷили Марқӯс 4:18-25)

(Сарсухан)

          Мо имрӯз омӯзиши масал дар бораи кишткунандаро идома медиҳем. Дар калисо чун дар масал чор гурӯҳи одамон ҳастанд. Байни онҳо қисми зиёди одамоне ҳастанд, ки тухмашон дар замини хордор кишта шудааст. Ин қабил одамон барои калисо боэътимод нестанд. Ин бонги хатар барои калисост, чунки онҳо масеҳиёни расмианд. Чунин калисо қудрат надорад. Бинобар ин чунин калисоҳо бояд тарзе кор кунанд, ки замини хорзорро ба замини киштбоб табдил диҳанд. Ва ин бояд аз мо сар занад.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Кишт дар замини серхор чӣ маънӣ дорад? (18-19).

2.     Фикри асосӣ дар бораи замини серхор чист?

3.     Сухани дар замини серхор киштшуда ҷиҳати манфӣ ва мусбӣ дорад. Ақидаатонро баён намоед.

4.     Чаро масъалаи аср-ҷамъ кардани боигарию дигар хоҳишҳо каломро пахш менамоянд ва он бенатиҷа мемонад? (Луқо 21:34, 1Юҳанно 2:15-16).

5.     Чӣ фикр доред, маҳсул чист? (Луқо 8:15).

6.     Оқибати одамоне, ки каломро мешунаванд, вале онро иҷро наменамоянд, чист? (Матто 7:24-27, Яъқуб 2:17).

7.     Ҳозир мо дар бораи замини серхор гап мезанем. Агар дар дили шумо азоби виҷдон ҳаст, дар бораи он гап занед.

8.     Дар қиёс бо заминҳои пешин, замини хуб чӣ гуна хатарро надорад?

9.     Чӣ тавр мо соҳиби замини хуб мегардем (Луқо 3:8-9).

10.            Вақте ки мо Каломи Худовандро мешунавем, ба чӣ бояд майл намоем, то ин ки дорои маҳсули авф гардем? (Матто 23:33, 1Қӯринтиён 2:14).

11.            Чӣ тавр шумо дониста метавонед, ки каломро дарк намудаед  ё не? Ин ба ҳаёти шумо чӣ гуна таъсир мерасонад?

12.            Масал дар бораи шамъро шумо чӣ гуна мефаҳмед? ( 1-22).

13.            Исо ба замин омад ва моро таълим дод. Одам худаш ҳақиқатро дида наметавонад, бинобар ин Исо гуфт, ҳақиқат ин монанди шамъ аст. Вақте ки мо каломи ҳақиқатро дарк менамоем, мо бояд онро дуруст фаҳмем. Оятҳои 24 ва 25 чӣ тавр моро дар ин бора меомӯзонанд?

14.            Вақте ки мо каломро намефаҳмем, ӯ барои мо гумшуда аст. Оё ин бо шумо рух додааст?

15.            Ин дарсро омӯхтаистода шумо кадом дониши азимро доро гаштед?

Дарси 13.  Масал дар бораи ду дона

(Инҷили Марқӯс 4:26-34)

(Сарсухан)

          Дар масал  дар бораи коранда гуфта мешавад, ки чӣ гуна одам бояд инҷилро қабул намояд. Барои он ки Каломи Худованд қабул гардад. Бояд барои он заминаи хуб омада бошад. Имрӯз мо боз бо ду масал шинос мегардем. Масали якум дар бораи он мегӯяд, ки вақте одам Каломи Худовандро паҳн менамояд, ӯ наметавонад дар як лаҳза натиҷаашро дастрас намояд. Ҳамин тавр усулҳои инҷилкунонии инсонӣ низ имконнопазиранд, чунки тухми кошташуда бо иродаи Худованд нумӯъ менамояд ва ҳосил  медиҳад.  Масали дуюм –ин пешгӯқ дар бораи инҷилкунонӣ ва кори калисост. Дар аввал ин ҳама қудрат надорад, вале мунтазам ин кор ба хидматгузории бузург оварда мерасонад. Ба воситаи ин масалҳо мо метавонем, дорои боварӣ ва фаҳмиш дар хидматгузориамон гардем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.                 Шумо чӣ фикр доред, Шоҳигарии Худованд аз рӯи суханони  Исо дар чист? Маънии масалро бо суханони худ фаҳмонед (26-29).

2.                 Тухм чист ва коштани тухм чӣ маънӣ дорад? (Марқӯс 4:14).

3.                 Шоҳигарии Худованд-ин Калисост, ки он ҷо деҳқон тухм мепошад. Чаро мо ин тавр фикр карда метавонем.

4.                 Дар ояти 27 дар бораи нақши инҷилдон гап меравад. Натиҷа ба ӯ вобаста нест. Каломи Худованд дар ин бора чӣ хел  мегӯяд?        (1Қӯринтиён 3:6-7).

5.                 Оятҳои пештара ба мо боварӣ ва матонат мебахшанд. Аз рӯи далелҳои зерин баҳс намоед, чаро мо ин тавр фикр карда метавонем.

          А. Аз натиҷаи таъҷилӣ ва усулҳои инҷилкунонии инсонӣ   

          канораҷӯқ намудан.

          Б. Дар ваъзиятҳои мушкил ҳама вақт боваринок будан

          (Аъмол 18:9-10).

          В. Роҳбарии мутлақи Худовандро дар кори наҷот эътироф    

          намудан.

          Г. Маҳсули инҷилкунонӣ-хидмати инҷилдон нест.

6. Пешравӣ дар имон дар як лаҳза намешавад. Бо мурури вақт     имон инкишоф ва такмил меёбад. Оятҳои 28-29-ро хонед, шумо           дар ин бора чӣ фикр доред?

7. Ба воситаи ин масал  кадом сабақи махсусро гирифтед?

8.     Бо суханони худ маънии масали донаи хардалро фаҳмонед

    (30-32).

9.     Аз донаи аз ҳама хурд дарахти азиме ба воя расид. Ин мӯъҷиза ба Шоҳигарии Худованд чӣ муносибат дорад? Ба воситаи мисоли Исои Масеҳ фаҳмонед.

10.            Кӯдаки хурд ба мактаби якшанбегӣ баҳри хондан омад. Мо дар аввал дар он ягон натиҷае намебинем. Вале бо мурури вақт ба  воситаи ӯ инҷилкунонии азиме дар оила ва муҳити он ба вуқӯъ меояд. Оё ин талаботи масал дар байни шумо ҷой дошт?

11.    Оё шумо чунин нуқтаи назари имонро доред, ки он дар одам, дар калисо чизи номаълумеро дида тавонад, ки оқози суст дорад, вале бо гузашти вақт дорои қудрати азиме гардад?

Дарси 14.  Исо тундбодро ором мекунад

(Марқӯс 4:35-41)

(Сарсухан)         

      Исо-муаллим ва роҳбари шинохта, дорандаи қудрати азим. Исо ба воситаи 4 масал сири Шоҳигарии Худовандро фаҳмонид. Сипас Исо 4 мӯъҷиза нишон дод. Қудрате, ки табиатро идора менамояд, қудрате, ки иблисро мутеъ мегардонад, қудрате, ки беморонро шифо мебахшад ва қудрате, ки мурдаҳоро зинда мегардонад. Ба воситаи ҳамаи ин Исо исбот намуд, ки ӯ Наҷотдиҳандаи дунёст. Ҳоло мо бо қудрат ва обурӯи Исо шинос мешавем. ӯро ҳамчун ҳукмрони табиат дарк менамоем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.  Тамоми рӯз Исо халқ ва шогирдонро таълим дод. ӯ хеле хаста шуд. Чӣ кор карданро Исо ба шогирдон амр намуд? (35-36).

2.  Дар шумо кадом ҳиссиёт ба амал омад, вақте ки шумо донистед, Исо хаста шуд ва дар қаиқ дар ваъзияти ноқулай хобаш бурд? (38).

3.  Банохост дар баҳр чӣ ба амал омад? (37).

4.  Исо- Писари Худованд ва Офаридгор дар баҳри пуртӯфон монд. Ин далел дар бораи чӣ мегӯяд?

5.  Ҳаёти мо дар имон ҳама вақт беҳбудиро, ки ҳар чизе мо фикр кардем ҳамон хел  мешавадро ба мо кафолат намедиҳад. Дар имон зиста, мо гуноҳ накарда метавонем, вале мо санҷишҳо дорем. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред? (Китоби Воиз 7:13-14).

6.  Вақте ки тундбод бархост, шогирдон чӣ кор карданд? (38).

7.  Шогирдон Исоро бедор карданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй, Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?» шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

8.  Оё дар Шумо низ чунин суханони норизоёна нисбати Исо буд? Агар ҳа, пас кадом суханон?

9.  Исо бедор шуда, чӣ кор кард? (39).

10. Ин мӯъҷизаро нишон дода истода, Исо ба мо кадом ҳақиқатро таълим дод?

11. Исо киро танбеҳ дод?

12. Чаро дар шогирдон мушкилии имон буд? Мо аз ин кадом сабақро гирифта метавонем?

13. Агар шогирдон имони қавӣ медоштанд, онҳо чӣ гуна рафтор менамуданд? Оё шумо чунин имонеро доред, ки он шуморо бо роҳи ҳаёт барад?

Дарси 15.   Шифо ёфтани девона дар Ҷадар

(Марқӯс 5:1-20)

(Сарсухан)

          Исо ба соҳили дигари баҳр омад ва дар кишвари Ҷадар бо одаме вохӯрд, ки мубталои рӯҳи палид буд. Ин ҳодиса нишон медиҳад,  ки  Исо барои мақлуб намудани девон омада буд. Мо мебинем, ки девон аз болои одам ҳукми калоне доранд. Онҳо бадан ва рӯҳи одамро поймол мекунанд. Девон қудрати азиме доранд, вале онҳо Исои Масеҳро мақлуб карда наметавонанд. Бинобар ин мо бояд аз Худо барои Исои Масеҳ, ки ҳокимияти аз болои девон қалаба  карданро дорад, миннатдор бошем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Дар сарзамини ҷадариён Исо бо чӣ гуна одам вохӯрд? (1-2).

2.  Якчанд сифати девонро номбар кунед. Қудрати фавқултабиати девон кадом ҳиссиётро дар шумо бедор мекунанд. Дар ин бора нақл  кунед (3-5).

3.                 Номи дев легион аст. Ин номро шунида истода мо аз он кадом далелро бардошта метавонем? (9).

4.  Тиби ҳозира боварии комил дорад, ки одами мубталои девон гашта, девона аст. Ин одамон фикр мекунанд, ки дар одам дев буда наметавонад. Дар ин хусус ақидаи шумо чӣ гуна аст?

5.  Одамони беимони мубталои дев буда чунин мешуморанд, ки дар онҳо дев нест. Вале дар асоси нома ба Эфсӯсиён 2:2-3 мо медонем, ки беимонон ҳам аз ҳукми девон дур рафта наметавонанд. Дар бораи ин далел фикр кунед ва фикри худро баён намоед.

6.  Вақте ки одами мубталои дев Исоро дид, садои баланде баровард. Чаро ӯ ин тавр кард? (6-8).

7.  Дев дар назди Исо ҳисобашро гум кард. Бинобар ин мо метавонем, ором бошем. Барои чӣ? (Яъқуб 4:7).

8.  Дев аз Исо чӣ талаб кард? Натиҷаи ин хоҳиш чӣ гуна буд?

 (11-25).

9.  Исо ба девона шифо бахшид, вале аз ин дигар одамон зарар диданд. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

10.            Вақте ки аҳолии сарзамин диданд, ки Исо девонаро шифо бахшид,  онҳо аз ӯ чӣ талаб карданд? Барои чӣ? (17).

11.            Дар замони мо монанди ин бисёр касоне ҳастанд,  ки аз Исо дуранд. Онҳо ноороманд, чунки хушбахтӣ ва сарватро аз даст додаанд. Сабаби бой доданро аз Исо медонанд. Оё шумо ҳам чунин будед?

12.            Ба шифоёфта Исо чӣ амр намуд? (19).

13.            Дар замони мо ҳам Исо аз ҳар яки мо он кореро талаб менамояд, ки он мутобиқи ваъзияту кори муайянест. Пас аз ба Исои Масеҳ имон овардан вазифаи шумо чист?

14.            Ин дарсро омӯхта истода, шумо кадом сабақро бардоштед?

Дарси 16.    Эҳёшавии духтари Ёир

(Инҷили Марқӯс 5:21-24, 35-43)

(Сарсухан)

          Исо нишон дод, ки ӯ дорои ҳокимияти мутлақ аст ва Наҷотдиҳандаи мост. ӯ чор мӯъҷиза содир намуда, инро ба мо собит сохт. Дар ин бора ба мо аз Инҷили Марқӯс маълум аст. Дар байни мӯъҷизаҳо авҷаш эҳёшавии духтари Ёир  мебошад. Барои инсон аз ҳама даҳшатангез ин марг аст. Бинобар ин наҷотёбанда бояд  масъалаи маргро ҳал  намояд, то ин ки моҳияти наҷоти ҳақиқиро фаҳмад.  Исои Масеҳ кафорати моро аз тарси марг дод. ӯ  умед ба Ҳаёти Абадиро дод ва Наҷотдиҳандаи ҳақиқист. Ҳокимияташ маргро мақлуб намуд. Бинобар ин ӯ ҳокимияти мутлақ дорад. Касе ки ба Исои Масеҳ имон дорад, ӯ  метавонад, озод аз марги абадӣ бошад.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.  Дар атрофи Исо халқҳои зиёде ҷамъ шуданд. Байни онҳо кӣ буд? (21-22).

2.  Амали Ёир чӣ гуна аст, вақте ки ӯ Исоро дид ва аз ӯ чиро хоҳиш намуд? (22-23).

3.  Дар байни назди Исо омадагон, чунин одамоне буданд, ки монанди Ёир мушкилиҳои зиёде доштанд. Оё байни мо низ чунин мушкилиҳо ҳаст? Дар ин бора нақл намоед.

4.  Ёир  чунин имоне дошт, ки он ду шарт дошт. Ояти 23-ро бинед ва дар бораи ин шароитҳо нақл  намоед.

5.  Имони Ёир ва имони мирисадро аз Матто боби 8 муқоиса намоед. Шумо аз ин чӣ хулоса бароварда метавонед?

 (Матто 8:6-10).

6.  Имони шумо чӣ гуна аст? Кадом имон ба шумо наздик аст? (Имони Ёир ё мирисад). Чаро шумо ин тавр фикр доред?

7.  Ёир пурра ба Исо боварӣ надошт, вале Исо Ёирро гунаҳкор намесозад. Чаро мо ба воситаи амали Исо омӯхта метавонем? (Ишаъё 42:3).

8.  Имони Ёир монанди шохаи шикастаест, бинобар ин ӯ ба ду душворӣ дучор омад. Аз болои далелҳои зерин фикр намоед:

          А. Аз барои зане, ки касалии хунравӣ дошт, вақташро аз даст дод. (25-34).

          Б. Дар бораи марги духтараш шунид (35).

9.                 Чӣ тавр Худованд ба Ёир, ки ноором буд ва қариб имонашро аз даст дода буд, ёрӣ дод? (36).

10.            Вақте ки дар имони шумо калавиш пайдо мешавад, оё шумо садои Худовандро мешунавед? Агар ҳа, пас шумо ин садоро чӣ хел мешунавед?

11.            Чаро Исо гуфт, ки духтари Ёир намурдааст, балки хобидааст? (Юҳанно 11:11, 25-26, 1Қӯринтиён 15:20-22).

12.            Чӣ тавр Исо духтари Ёирро эҳё намуд? Ин воқеъаро тарзе нақл  намоед, ки гӯё шумо шоҳиди ин ҳодиса бошед. Ҳиссиёти шумо чӣ гуна аст?

13.            Дар рӯзҳои мо қариб ин қабил  мӯъҷизаҳоро намебинем. Чаро Исо ин мӯъҷизаҳоро нишон дод?

14.            Оё дар шумо боварӣ ҳаст, ки дар вақти дидани шахси мурда ӯро шахси хобида шуморед? (Дар Масеҳ). Оё боварӣ доред, ки Исо ӯро эҳё менамояд?

Дарси 17.  Шифо ёфтани зане, ки мубталои касали хунравист

(Инҷили Марқӯс 5:25-34)

(Сарсухан)

          Аз паи Исо бисёр беморон мерафтанд. Дар байни онҳо зане, ки мубталои касали хунравист, таъсири калоне мегузорад. Дар замони ҳозира низ одамоне ҳастанд, ки дорои бемориҳои гуногунанд. Онҳо дили худро барои Худованд кушода наметавонанд. Исо хеле ҳассос мебошад. ӯ ҳис кард, ки зани касал бо дастони хурди худ ба либоси ӯ даст расонид. Исои Дилсӯз бо мо дар он каломест, ки имрӯз онро мо мехонем. Бинобар ин мо бояд суханони ӯро хонем.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Ёир 12 сол духтарашро дӯст медошт ва ӯро гум кардаистода ба назди Исо омад. Зани 12 сол  мубталои касали хунравӣ буда низ назди Исо омад. Шумо чӣ фикр доред, барои кадоме аз онҳо мушкилтар буд?

2.     Агар шумо чизе дар бораи ин касал медонед, дар ин бора нақл намоед.

3.     Одамони солҳои зиёд гирифтори касалиҳои гуногун хеле қамгинанд. Ояти 26-ро хонда истода, дар ин бора нақл намоед.

4.                 Чаро зан ба назди Исо омад? Дар ин ҷо кадом ҳақиқат маҳфуз мебошад? (27, Румиён 10:14).

5.  Зан кадом имонро дорост? (27-28).

6.  Баъзе олимон ҳисоб мекунанд, ки имони зан унсурҳои шаманизмро дорост. Дар бораи шаманизм шумо чӣ фикр доред?

7.  Чӣ ҳодиса рӯй дод, вақте ки зан ба либоси Исо даст расонид?

8.   Исо аз мо имони яклаҳзаинаро интизор нест. Ба воситаи ин далел мо кадом фотеҳаро доро мешавем?

9. Чаро Исо зани тасодуфан ба ӯ дархӯрдаро ҷуст? Хост занро ситоиш намояд, ё хост нишон диҳад, ки шифо ёфтан вобаста ба  имон ба ӯст, на ба либос, ки зан ба он даст расонидааст? (30).

10. Дар замони ҳозира имони бисёр одамон на ба Исост, балки ба он чизест, ки ӯ дорад. Мисол вақти ибодат салибро дар даст сахт фишурда, дастро болои касалӣ мегузоранд. Оё дар шумо низ чунин сустӣ буд?

11. Дар атрофи Исои Масеҳ бисёр одамоне буданд, ки метавонистанд, ба ӯ даст расонанд, вале Исо дар байни онҳо занеро, ки имони заиф дошту мадад меҷӯст, шинохт. Исо ба ӯ ҷавоб дод. Ҳиссиёти шумо чӣ гуна аст?

12. Вақте ки зан ба Исо дар бораи касалаш гуфт, ӯ ба вай чӣ ҷавоб дод? (34),

13. Имони зан суст буд, вале Исо гуфт, ки имони ту туро наҷот дод. Ақидаи шумо дар ин бора.

14. Пеш аз он ки дарсро анҷом диҳед, ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед. Оё шумо имон доред.ки Исо ҳама мушкилиҳои шуморо ҳал карда метавонад? Оё шумо боварӣ доред, ки Исо ба имони нокомили шумо ҷавоб медиҳад? Дар ин бора ибодат намоед.

Дарси 18.  Инкор шудани Исо дар Носира

(Марқӯс 6:1-6)

(Сарсухан)

            Бисёр одамон аз паи Исо шуданд, чунки шӯҳрати ӯ дар тамоми дунё паҳн мешуд. Ва боз бисёриҳое буданд, ки мухолифи амали ӯ буданд. Мухолифони аввалин сарварони динӣ дар Яҳудо буданд. Сипас оилаи ӯ. Вақте ки Исо машҳур шуд, дар Носира ба ӯ бовар намекарданд ва ӯро маҳкум менамуданд. Ва ин барои ӯ ҳайратангез буд, ки одамон ӯро намефаҳманду қабул наменамоянд. Акнун мо мебинем, ки Исо барои чӣ дар Носира инкор ёфт. Имрӯзҳо ҳам дар атрофи мо монанди одамони Носира ҳастанд.

(Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исо дар Ватан чӣ кор кард? (1-2).

2.     Хешу табори Исо таълимоти ӯро чӣ гуна қабул  намуданд? (2).

З.   Исо рад карда шуд. Ҳиссиёти шумо чӣ гуна аст? Дар ин бора аз рӯи оятҳои зерин нақл намоед:

          А. Ишаъё 53:3.

          Б. Юҳанно 1:11.

4. Вақте ки хешу таборон Исоро рад карданд, ӯ гуфт: «Пайқамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ» Моҳияти ин суханонро фаҳмонед (4).

5. Хешовандон дар бораи шӯҳрати Исо ва ҳокимияти фавқултаббии ӯ шуниданд. Ояти 2-ро хонда истода, гӯед, кадом далелро онҳо эътироф намуданд?

6. Хешовандон медонанд, ки Исо кист ва дар як вақт онҳо ӯро инкор менамоянд. Шумо дар ин хусус чӣ фикр доред? ӯро эътироф намуда, онҳо ба ӯ боварӣ надоранд. Ақидаи худро баён намоед.

7. Сабаби асосии инкор ёфтани Исо дар чист? (3).

8. Мо ду сабаби инкор шудани Исо дар Носираро номбар  карда метавонем. Чашмони онҳо танҳо паҳлӯи инсонии Исои Масеҳро дидаанд, вале паҳлӯи илоҳияти ӯро надидаанд.

          А. Юҳанно 1:10

          Б.Ишаъё 53:2

9.     Оё шумо ба Исо чунин муносибатеро доштед, ки хешовандони ӯ доштанд? Агар ҳа, чаро?

10. Нобоварӣ чӣ тавр халал расонида метавонад? ( 5 Марқӯс 9:23).

11. Мисоле оред, ки нобовариатон ба шумо муваффақият наовард.

12. Ҳиссиёти Исо чӣ гуна буд, вақте ки ӯ нобоварии одамонро дид? Чаро шумо чунин фикр менамоед? (6).

13.Бисёриҳо амали Исоро дида ба ӯ бовар намекунанд. Худованд ин гуна одамонро намефаҳмад ва онҳо аз ҳама бадбахтанд. Дар Инҷили Матто 11:20-24 ин далелро бингаред. Агар дар атрофи шумо чунин одамон ҳастанд, барои онҳо ибодат намоед.

Дарси 19.  Исо 12 шогирдонашро мефиристад

(Марқӯс 6:7-13)

(Сарсухан)

          Бисёриҳо бояд дар бораи Исои Масеҳ мешуниданд. Вале бисёриҳое пайдо шуданд,  ки зидди ӯ буданд. Ва барои он ки Инҷил тез паҳн шавад, Исо шогирдонашро мефиристад. Исо бояд аз ин дунё рафта истода шогирдонашро мегузошт. Бинобар ин ба ӯ лозим аст, ки шогирдонашро хуб тайёр намояд, то ин ки онҳо кори ӯро давом диҳанд. Дарси имрӯза талаботҳои асосии барои инҷилдонҳо ва миссионерҳоро нишон медиҳад. Ҳамаи мо шоҳидони Исои Масеҳем. Мо бояд шоҳидони Исои Масеҳ буданро омӯзем. То ин ки тайёр бошем.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1. Вақте ки Исо дар Носира инкор шуд, ӯ тез ба дигар ҷойҳо меравад ва он ҷоҳо ваъз мегӯяд. Ин амали ӯро дида истода дар шумо чӣ гунна ҳиссиёт рӯй медиҳад?

2. Исо чӣ тавр шогирдонро фиристод? Аз ин намуди воизӣ Исо кадом бартариятро дошт?

3. Як воиз кадом камбудиро дорад ва кадом камбудиҳоро 12 воиз дар як даста доранд?

4. Оё шумо таҷрибаи воизии дукасаро доред? Агар ҳаст, пас бигӯед, кадом фотеҳаро шумо гирифтед?

5. Шогирдон ҳокимияти пеш кардани девонро гирифта ваъз гуфтанро сар карданд. Оё шумо чунин ҳокимиятро доред? Шумо метавонед ба воситаи оятҳои зерин ҷавоб ёбед:

          А. Луқо 10:17

          Б. Матто 7:22

6. Исо ба шогирдонаш чӣ васият кард, вақте ки онҳоро барои ваъз гуфтан фиристод? (8-9).

7. Васияти Исои Масеҳ чӣ маънӣ дорад? Воиз бояд камбақал бошад? Агар не, кадом ҳақиқатро ин сухан дорост? (Матто 6:33, Филиппиён 4:11-13,19).

8. Воизе, ки пас аз воизии кӯтоҳ бармегардад, вақти бисёреро аз даст медиҳад. Дар ин кадом хатар ва васваса ҷой дорад

9. Рӯҳулқудс моро водор месозад, ки Инҷилро омӯзонем, вале мо воизиро бо баҳонаи тайёр набудан ба таъхир мегузорем. Оё дар таҷрибаи шумо чунин ҳодиса рух додааст ва сабаби ба таъхир гузоштан дар чист?

10. Воиз аз ваъз гуфтан қизо мегирад. Библия дар ин бора чӣ мегӯяд? (10. 1Қӯринтиён 9:13-14).

11. Бо он одамоне, ки инҷилро шунидан намехоҳанд, чӣ бояд кард?

12. Дар ояти 11 гуфта мешавад, ки касе шуморо қабул намекунад, қубори пойҳои худро биафшонед. Шумо чӣ фикр доред, ин суханон чӣ маънӣ доранд: Бо онҳо дигар ҳеҷ  наздикияте надоштан ва ба онҳо Инҷилро наомӯзондан? Моҳияти ҳақиқии ин суханон дар чист?

13. Мо дар ҷамъияти ҳозиразамон зиндагӣ менамоем. Чӣ усулро мо бояд ба ононе истифода барем, ки Инҷилро қабул наменамоянд?

14. Оё шумо боварӣ доред, ки Исо шуморо барои шоҳидиаш фиристодааст. Оё шумо дар ҳар мавриде барои омӯзонидани Инҷил тайёр ҳастед ё не, Инҷилро омӯзонида метавонед?

Дарси 20.    Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда

(Марқӯс 6:14-29)

(Сарсухан)

          Исо Яҳёи Таъмиддиҳандаро бузургтарин аз занҳо таваллудшуда номид. ӯ пайғамбари охирини Аҳди Қадим аст, ки роҳ ба аҳди ҷадидро кушодааст ва бо нузули Масеҳро нишон додааст. Фалсафаи ӯ дар он аст, ки Исоро баланд бардорад ва худро хурд нишон диҳад. Имрӯз мо поёни ҳаёти бузург ва анҷоми ҳамаи корҳои ӯро мебинем. Дастони Худованд ӯро дар ҳама корҳо истифода мебурд ва мо мебинем, ки чӣ тавр ноилоҷ мемурд. Чаро Худованд ғуломи содиқашро монанди Илёси Набқ дар ҳалқаи оташ нагирифт?

          Яҳёи таъмиддиҳанда барои он хидмат намуд, ки барои Исои Масеҳ роҳ кушояд.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Ба воситаи Исои Масеҳ ва дувоздаҳ шогирди ӯ бисёр мӯъҷизаҳо нишон дода шуданд. Подшоҳ Ҳиродус дар ин бора шунид. ӯ дар ин бора чӣ гуфт? (14-16)

2.     Чаро Ҳиродус Яҳёро ҳабс намуд? (17-18)

3.     Мо медонем, ки Яҳё то охири умраш бо садоқат хидмат намуд. Чаро мо инро тасдиқ карда метавонем? Инҷили Луқо 3:2-3-ро хонда, ҷавоб гардонед.

4.     Баъзе одамон ақида доранд, ки калисоҳои ҳозиразамон дар ҷамъият нақши худро бозқ карда наметавонанд. Ақидаи Шумо чӣ гуна аст? Оё моро зарур аст, ононеро, ки гуноҳ содир месозанд, фош намоем?

5.     Воизон ё наздикони Шумо тез-тез шуморо гуноҳкор месозанд, ки Шумо гуноҳ содир намудед, ё нодуруст кореро кардед. Шумо инро чӣ тавр қабул менамоед? Оё Шумо дуруст рафтор мекунед?

6.     Подшоҳ Ҳиродус аз рӯи виҷдон амал намекунад. Оятҳои 20-27-ро хонда маънидод намоед.

7.     Оё мо ҳисоб карда метавонем, ки Ҳиродус ин қадар ҷасорату бадбиниро, ки зани ӯ Ҳиродия дорад, надорад.

8.     Сабаби душвории Ҳиродус чист?

9.     Ҳиродия кадом баҳонаро бар муқобили Яҳёи Таъмиддиҳанда истифода бурд? (21-28)

10.            Ҳиродия чӣ гуна душвории рӯҳонқ дошт? (2 Тимотиюс 3:4, Воиз 9:8)

11.            Занҳо нисбати мардон ба ҳар гуна нақш тезтар ворид мегарданд. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

12.            Оне, ки монанди Ҳиродус аз рӯи виҷдон амал намекунад, одами аз ҳама бадбахттарин аст. Ба воситаи оятҳои 14-16  бигӯед, ки дар бораи чӣ Ҳиродус ғусса мехӯрд (Айюб 27:20).

13.            Мо мебинем, ки духтар ба модар ёрии калон расонд. Мо аз ин чӣ хулоса бароварда метавонем?

Дарси 21. Сер шудани панҷ ҳазор мард

(Марқӯс 6:30-44)

(Сарсухан)

            Инҷилнигор Марқӯс дар байни мӯъҷизаҳое, ки Исо офарид, рӯзҳои охирини Яҳёи Таъмиддиҳандаро тасвир кардааст. Дар ояти 13 хидматгузории шогирдони Исо канда мегарданд ва дар ояти 30 давоми ҳодисаҳо бо шогирдон меояд. Шогирдон инҷилкунонда шуданд ва бисёр мӯъҷизаҳо нишон доданд. Дар натиҷа миқдори зиёди одамон ҷамъ гаштанд. Исо ва шогирдони ӯ хеле банд буданд ва онҳо имконияти ба тамоми талабҳои халқ ҷавоб додан надоштанд. Одамон якчанд рӯз аз  назди онҳо дур рафтан намехостанд, бинобар ин онҳо маҷбур буданд, ки одамонро хӯронанд. Исо ин вазъиятро истифода бурда нишон дод, ки ӯ Наҷотдиҳандаи фиристодашуда аст ва ба одамон имконият дод, ки ба ӯ имон оваранд. Зеро ки одам ягона роҳи наҷот дорад ба воситаи имон ба Исои Масеҳ.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Шогирдон баргаштанд ва мушаххас ба Исо нақл карданд, ки чӣ тавр он инҷиликунонида шуданд ва ин чӣ гуна натиҷа дод. Шумо чӣ фикр доред, ин барои чӣ лозим аст? (30)

2.     Ба мо низ ҷамъ шуда ва шаҳодат додан лозим аст, ки мо чӣ тавр инҷиликунонида шудем ва кадом натиҷаро доро гаштем. Оё дар амали Шумо чунин таҷриба буд?

3.     Дар ояти 31 дар Инҷили Марқӯс дар муқоиса бо се Инҷили дигар чӣ қадар серкор будани Исои Масеҳ ва шогирдони ӯ равшан ифода ёфтаанд. Шумо чӣ фикр доред, оё Шумо низ дар хидматгузории Калисо серкор ҳастед?

4.     Исо медонист, ба шогирдон чӣ лозим аст ва ӯ ба он кардани кадом корро амр намуд? (31-32)

5.     Вале хоҳиши Исо қаноатманд нагашт. Барои чӣ? (33)

6.     Одамон ба Исо имконияти истироҳат карданро надоданд. Муносибати одамон бо Исо чӣ гуна буд? (34)

7.     Оё чунин рӯй дода буд, ки ба Шумо имконияти ибодат кардан, Библия хондан ва истироҳат карданро надода бошанд? Дар ин мавридҳо Шумо чӣ гуна рафтор намудед?

8.     Ақидаи Шумо дар бораи Исои Масеҳ, ки одамонро ғамхорқ менамоеду мехӯронад, чӣ гуна аст?

9.     Аз куҷо ва чӣ қадар нону моҳқ пайдо гашт, то ин ки 5000 одам хӯронда шавад? (37-38)

10.             Исо барои нон, ки онро шогирдон доштанд ва ё меҷустанд, мӯъҷизаи бузурге содир намуд. Исо ба мо чӣ гуна сабақ дод? (Юҳанно 12:24, Луқо 6:38)

11.            Исо ин мӯъҷизаро на танҳо барои он содир намуд, ки одамонро хӯронад. Инро ба воситаи Инҷил шарҳ диҳед. (Юҳанно 6:26, 27, 35)

12.            Исо амр намуд, ки боқимондаи нону моҳиро ҷамъ кунанд. Аз ин мо бояд чӣ хулоса бардорем? Агар мо инро дар ҳаётамон татбиқ менамоем, соҳиб кадом натиҷа мегардем?

13.            Танҳо Исо ба мо қаноатмандии рӯҳониро медиҳад. Оё Шумо пас аз вохӯрқ бо Исо дорои қаноатмандии рӯҳонқ гаштед?

Дарси 22. Исо аз болои баҳр қадам мезанад

(Марқӯс 6:45-56)

(Сарсухан)

            Одамони зиёде ба назди Исо ва шогирдони ӯ меомаданд, бинобар ин онҳо вақти истироҳат кардан надоштанд. Ва ин фотиҳае барои шогирдон буд. Барои он ки онҳо ба воситаи 5000 одамро сер кардану аз болои об қадам задани Исо дида тавонистанд, ки Исо Худост. Ба Исо лаҳзаҳои гуфтугӯи якка ба якка бо Худо лозим буд. Исо шогирдон ва одамонро монда ба кӯҳ рафт то ибодат намояд. Ин барои Вай хеле муҳим буд. Исо ибодат намуд ва мо бо воситаи ин мавҷудияти одамии ӯро дидем.  Исо аз болои об мерафт. Ба воситаи ин мо ҷиҳати Худовандии ӯро дидем.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Вақте  одамон диданд, ки Исо 5000 одамро сер кард, онҳо ба ваҷд омаданд. Инҷили Юҳанно 6:14-15-ро хонда истода дар ин бора фикр намоед.

2.     Одамон аз Исо талаб карданд, ки ӯ шоҳ шавад. Мушкилии онҳо чист?

3.     Дар замони ҳозира одамон ҳамин гуна ақида доранд. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

4.     Исо шогирдон ва одамонро ҷавоб дод. Амали минбаъдаи Исо кадомҳоанд? Шумо дар ин бора дониста кадом сабақҳоро бардоштед?

5.     Вақте ки Шумо муваффақияту кори зиёде доред, оё майли бисёр ибодат кардан менамоед?

6.     Шогирдон вақте ки дар шино буданд, дар кадом вазъият буданд? (48)

7.     Дар давоми 8 соату дар тӯли 5 километр шогирдон дар баҳр душворқ мекашиданд. Исо инро дида чӣ гуна рафтор намуд? (48-50)

8.     Оё боварқ доред, ки вақте Шумо ҳам ба чунин фалокат дучор мешавед, Исо ҳамин хел амал мекунад? Аз таҷрибаи худ дар ин бора нақл намоед.

9.     Шогирдон вақте диданд, ки Исо аз болои баҳр қадам мезанад, инро чӣ хел қабул карданд? (49-51)

10.            Бо суханони худ ояти 52-ро нақл кунед ва моҳияти онро кушоед.

11.            Оё боварқ доред, ки Исо аз болои об қадам зада метавонад? Агар ҳа, сабаби бовариатонро онро ба воситаи Навишта шарҳ диҳед. Чунин имон дар ҳаёти рӯҳонии Шумо чӣ фоида меорад.

12.            Чӣ ҳодиса рӯй дод, вақте ки Исо ва шогирдони ӯ ба сарзамини ҷинесор омаданд? (53-56)

13.            Одамоне беморе, ки ба Исо даст мерасониданд, шифо меёфтанд. Онҳо имони суст доштанд, вале Исо инро эълон накарда, онҳоро табобат намуд. Шумо инро дониста, чиро ҳис мекунед?

14.            Оё Шумо бемории сахте доштед, ки бо он ба Исо Муроҷиат намудед? Он ба шумо чӣ натиҷа дод?  

Дарси 23. Исо фарисиёнро барои расмиятчигқ танбеҳ медиҳад

(Марқӯс 7:1-23)

(Сарсухан)

          Вақте ки Исо машҳур шуд, роҳбарони динии яҳудқ дар атрофи ӯ вазъияти тезу-тундро ба вуҷуд оварданд. Онҳо ҷойҳои сусти Исоро ёфта ва ӯро аз сари роҳи худ бардоштан хостанд. Бинобар ин ҳукуматдорони Ерусалим баъзе китобдонон ва фарисиёнро фиристоданд, то онҳо аз паси Исо назорат намоянд. Онҳо ҳисоб мекарданд, ки Исо ба анъанаҳои онҳо беадолатона муносибат менамояд. Вале онҳо ғалат мекарданд, чунки моҳияти ҳақиқии ин қоидаҳоро намефаҳмиданд ва агар мефаҳмиданд ҳам онро иҷро кардан намехостанд. Дарси имрӯза ба мо нишон медиҳад, ки то чӣ андоза фарисиён аз Каломи Худованд дуранд.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Ба воситаи чӣ фарисиён ғалати Исоро ҷустанд? (1-2,5)

2.     Якчанд мисолҳо аз ривоятҳои кӯҳансолон биёред  (3-4)

3.     Исо дар бораи ривоятҳои кӯҳансолон чӣ мегӯяд? (7-9)

4.     Исо ба кадом гуноҳи фарисиён ишора намуд? (6-9,13)

5.     Чӣ тавр Исо ба гуноҳи фарисиён мушаххас ишора намуд? (10-13)

6.     Шумо чӣ фикр доред, дар калисоҳои имрӯза чунин гуноҳҳо вуҷуд доранд? Дар бораи он ки вақте урфу одатҳо аз Каломи Худованд боло мешаванду инро истифода бурда дигаронро муҳокима мекунанд, якчанд мисолҳо биёред.

7.     Шумо ба Худо хидмат менамоед ва ин баҳонае мегардад, то ин ки ба падару модари худ вақт ҷудо нанамоед.

8.     Шогирдон дастҳоро ношуста, хӯрданро сар карданд. Фарисиён шогирдони Исоро гуноҳкор намуданд. Исо ба фарисиён чӣ ҷавоб дод? Оятҳои 14-20-ро хонда, ҷавоби кӯтоҳ диҳед.

9.     Чаро мо фикр мекунем, ки тамоми ифлосқ аз қалби одамқ мебарояд. (Ирмиё 17:9, Эфсӯсиён 2:1-3, Аъмол 5:3)

10.            Масеҳият аз аввал то охир мунтазам як ҳақиқатро қайд менамояд. Ба воситаи оятҳои зерин ин ҳақиқатро фаҳмонед:

Юҳанно 3:3

Румиён 12:2

Эфсӯсиён 3:17

11.            Оятҳои 21-22 нишон медиҳанд, ки аз қалби одамқ 12 гуноҳ ба вуҷуд меояд. Кадоме аз ин гуноҳҳоро шумо доред?

12.            Мо ба Исо боварқ дорем, вале аз қалби мо ифлосиҳо мебароянд ва дигар одамонро ифлос менамоянд. Чаро ин рӯй медиҳад? Тавба кунед ва дар ин бора нақл намоед. Барои якдигар дуо гӯед.

Дарси 24. Имони зани финиқиягқ

(Марқӯс 7:24-30)

(Муқаддима)

            Аз ҳамин лаҳза дар хидматгузории Исо давраи нав оғоз меёбад. Шӯҳрати ӯ гузашт. Бисёриҳо ӯро инкор намуданд. Дар ҳаёти ӯ мушкилиҳо ба миён меоянд. Ҳатто онҳое, ки ӯро пайваста пайгирқ мекарданд, дигар ӯро намефаҳманд. Бинобар ин Исо аз ҳама дур шуд ва ҷустуҷӯи ҷойҳои оромро оғоз намуд. ӯ қарор дод вақти боқимондаро истифода барад, то ин ки ба дигар шогирдон имконияти машқ карданро диҳад. Ин вақт зани бутпарасти финиқиягқ ба назди Исо омад. Дар ин маврид ҳам мо дилсӯзии Исои Масеҳро нисбати он, ки ӯро меҷуст, мебинем.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Аз харита он ҷоеро ёбед, ки Сӯр ва Сидӯн воқеъ аст. Мо мебинем, ки Исо чӣ қадар дур рафтааст. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

2.     Дар бораи зани финиқиягқ, ки ба Исо наздик шуд нақл намоед (25-26).

3.     Исо хоҳиши занро шунид ва ба ӯ дар ояти 25 ҷавоб дод. Бо суханони худ ин оятро гӯед. Моҳияти суханони Исо дар чист?

4.     Мо фикр мекунем, ки Исо ба зан сахт ҷавоб дод. Чаро мо метавонем, ин тавр фикр кунем?

5.     Чаро Исо ин тавр ҷавоб дод? (Юҳанно 4:9, Луқо 11:5-8, Румиён 4:18-19)

6.       Зан ба Исо чӣ ҷавоб дод? Ба воситаи ҷавоби ӯ дар мо таасуроте пайдо мегардад, ки зан норизогқ зоҳир менамоед. Шумо дар ин хусус чӣ фикр доред? (28, Навҳаҳои Ирмиё 3:22-23, 1 Подшоҳон 9:8)

7.     Агар шумо дар чунин вазъияте, ки зани финиқиягист мебудед, чӣ кор мекардед? Зан ва худатонро қиёс намоед. Вазъияти кқ бадтар аст?

8.     Оё дар ҳаёти шумо лаҳзае ба миён омадааст, ки Исо бо шумо монанди зани  финиқиягқ муносибат карда бошад? Агар ҳа, дар ин бора нақл намоед.

9.     Дар ояти 29 “аз барои ин сухан” Исо ба зан ҷавоб дод. Чаро мо ин тавр фикр карда метавонем?

10.            Ба воситаи ҷавоб ва итоати ӯ мо дидем, ки имони вай ғайриоддқ аст. Ояти 30-ро хондаистода ин далелро шарҳ диҳед.

11.            Агар мо ба дуоҳоямон ҷавоб гирифтан хоҳем, мо бояд талаботҳои дар зер омадаро собит созем. Имондории зан ба мо инро таълим медиҳад. Агар шумо далелҳои нокифоя доред, шумо чӣ тавр метавонед вазъиятатонро мустаҳакам намоед?

Вазъи итоаткоронаро қабул кардан (монанди саг)

Хоҳиши сидққ доштан

Рӯҳафтода нашудан (ба сагҳо додан)

Шубҳа накардан (ба хона рафтан)  

Дарси 25. Шифо ёфтани кару гунг

(Марқӯс 7:31-37)

(Сарсухан)

            Исо бо шогирдон аз ноҳияҳои шимолии Сӯр ва Сӯдон ба ҷанубу шарқ рафт. ӯ ҷойҳои каму беш оромеро меҷуст, то ин ки одамон аз паи ӯ нараванд. ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи баҳри ҷалил равона шуд. ӯ ба он ҷое расид, ки девонаро шифо бахшида буду халқ ӯро аз он ҷо ронда буд.

          ӯ дар ин ҷо бо одами гунг вохӯрд. Имрӯз мо бояд кӯшиш кунем, ки ба воситаи шифо додани гунг бисёр ҳақиқатҳои Исои Масеҳро донем.

(Мундариҷаи баҳс)

1.     Дар харитаи Аҳди ҷадид мо метавонем, тамоми роҳи тайкардаи Исои Масеҳ ва шогирдонашро бинем. Бисёр одамон аз ӯ дур гаштанд ва ӯ донист, ки барояш лаҳзаҳои охир фаро расидаанд, вале ӯ боматонату қатъқ воизиашро идома медод. Вазъияти Исо чӣ гуна аст?

2.     Ба ҳамин қарибқ Исоро дар Декаполис қабул  накарданд, вале вақте ки ӯ бори дуюм он ҷо ҳозир шуд, наздаш гунгро оварданд. Сабаби тағйирёбии ин одамон дар чист? 5:17-20-ро хонда истода ба саволҳо ҷавоб диҳед.

3.     Исо бо усули махсус гунгро шифо бахшид, ки пештар дар ҳеҷ куҷо истифода нобурда буд. Кадом усулҳоро дар табобати гунг Исо истифода бурда буд? (33-34)

4.     Исо гунгро аз одамон канор бурда шифо бахшид. Чаро ӯ ин корро кард. Амали ӯро бо амали халқ дар ояти 36 муқоиса намоед.

5.     Чаро Исо ангушти Худро ба гӯши ӯ ниҳод, туф кард ва забонашро ламс намуд. Исо аз бемор чиро интизор буд?

6.     Исо ба осмон нигариста оҳе кашид. Муносибати Исо ба касал чӣ гуна буд? (Луқо 19:41, Юҳанно 11:35)

7.     Вақте ки Исо одамонро шифо бахшид, ӯ вобаста ба шароиту имони одамон усулҳои гуногунро истифода бурд. Ба воситаи мисолҳои дар зер оварда шуда фарқият ва умумияти онҳоро муайян намоед.

          Духтари Ёир

          Зане, ки дарди хунравқ дошт

          Зани финиқиягқ

8. Тез-тез мо норизогқ баён мекунем, ки Худованд ба касе нисбати мо беҳтар   

муносибат менамояд.  Оё дар дили шумо нисбати ин масъала нооромие ҳаст?

Агар ҳа, пас сабаби нооромии шумо дар чист?

9. Исо ба гунг ва ононе, ки шифо ёфтанд, чӣ амр намуд ? (36)

10.            Шумо чӣ фикр доред, чаро Исо дар ин бора гап заданро манъ кард? Исо дар байни бутпарастон тарғиб мекард. Дар байни онҳо касе набуд, ки ба вай монеъ шавад. Чаро Исо он вақт ин хел амр кард? (Марқӯс 8:1)

11.            Гунги шифоёфта амри Исоро иҷро накард. Амали минбаъдаи ӯ чӣ гуна аст? (36-37)

12.            Шумо дар бораи амалҳои гунг, ки ӯ амри Исоро иҷро накард, чӣ фикр доред. ӯ ба Исо итоат намекард ва дар айни замон ба бисёр одамон тарғиб мекард. Муносибати шумо бо ӯ чӣ гуна аст?

13.            Оё шумо бо иродаи худ Исоро пайравқ менамоед? Оё шумо корҳои некро бо иродаи худ иҷро менамоед?

14.            Шумо Исоро бо иродаи Худованд пайгирқ намуда истода, бояд ҳар рӯз чӣ кор намоед, то ба ӯ содиқ бошед? (Румиён 12:2, Забур 118:6, 36)

Дарси 26. Сер шудан чор ҳазор нафар

(Марқӯс 8:1-13)

(Сарсухан)

            Исо дар Декаполис дар соҳили дигари баҳри ҷалил буд. Пас аз шифо ёфтани гунг дар назди Исои Масеҳ одами бисёре ҷамъ шуданд. Бо вуҷуди он ки ин одамон бутпараст буданд, Исо бо онҳо се рӯз монд, ба онҳо вазъ  гуфт ва онҳоро шифо бахшид. Исо одамони гуруснаро бо 7 нон сер карду ба хонаҳояшон равона намуд. Ин ҳодиса аз он мӯъҷизае, ки Исо 5000 одамро сер карда буд, фарқ менамояд. Мо бояд донем, ки чаро Исо ду бор бо нон мӯъҷиза зоҳир намуд, аввал ба яҳудиён, сипас ба бутпарастон. Ин нишон медиҳад, ки Исо барои ҳама халқиятҳо ҳаёт мебошад.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исо ба шогирдонаш чӣ гуфт, вақте дид, ки одамон хӯрдание надоранд? (2-3)

2.     Исо ба одамон ғамхорқ намуд ва дисӯзқ зоҳир кард. Дар бораи таассуроти худ нақл намоед.

3.     Акнун Исо ба мо низ диққат медиҳад. Инҷили Матто 6:31-32-ро хонда истода ин далелро шарҳ диҳед.

4.     Одамон дар бораи хӯрок фаромӯш карда истода, 3 рӯз бо Исо буданд. Таасуроти шумо дар бораи ҳодисаи рухдода чӣ гуна мебошад? Дар бораи хушбахтие нақл намоед, ки мо онро ҳамроҳи Исо дороем. Оё дар ҳаёти шумо чунин лаҳзаҳои хушбахтовар буданд?

5.     Шогирдони Исо оқилона меандешиданд. Дар бораи чӣ онҳо бо якдигар гап мезаданд? (4)

6.     Вақти начандон зиёде гузашт, вақте ки шогирдони Исо шоҳиди бо 5 нон сер кардани 5000 одам аз ҷониби Исо шуданд. Вале бо вуҷуди ин ҳама шогирдон аз рӯи табиати инсонқ якравқ зоҳир менамуданд. Мушкилии шогирдон дар чист?

7.     Агар мо мехоҳем, қудрати Худовандро бинем, мо бояд аз ақли инсонқ канор истем. 4 Подшоҳон боби 7-ро хонда истода ин далелро ба воситаи суханони мансабдори шоҳ исбот созед.

8.     Шумо мехоҳед гӯед, ки ба қудрати Худованд бештар нисбати ақли инсонқ боварқ доред? Дар ин бора аз ҳаёти масеҳии худ нақл намоед.

9.     Фарисиён мӯъҷизаҳои Исоро дида аз сари нав аз ӯ мӯъҷиза дархост намуданд. Исо ба онҳо чӣ ҷавоб дод? (11-12)

10.            Мушкилии асосии фарисиён, ки аз Исо мӯъҷиза мехостанд, дар чист? (Юҳанно 10:37-38)

11.            Имрӯзҳо ҳам бисёр одамон дар калисоҳо ба мӯъҷиза майл доранд, вале на ба Исо. Оё шумо чунин мисолҳо оварда метавонед? Чаро ин хатарнок аст?

Дарси 27. Огоҳонидан аз хамиртуруши фарисиён

(Марқӯс 8:14-26)

(Сарсухан)

            Муддате Исо ҷойҳои ором кофт, вале ӯ бо шогирдонаш ба ҷалил баргашт. Ин вақтро Исо хост барои он истифода барад, ки Худро барои роҳи салиб омода созад. Боре Исо дар қаиқ ба шогирдонш гуфт, ки аз хамиртуруши фарисиён эҳтиёт бошанд. Исо пешбинқ дошт, ки фарисиён бештар муқобили ӯ мегарданд. Бинобар ин ӯ диққати шогирдонро ба ин равона кард. Вақте ки қаиқ ба соҳил расид, нобинои ношиносе он ҷо Исоро мунтазир буд. Дар ин дунё Исо ба кқ лозим нест?

           

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Шогирдони Исо дар қаиқ дар бораи чӣ ғамхорқ менамуданд? (14)

2.     Исо ба шогирдонаш чиро васият кард? Суханони ӯ чӣ моҳият доранд? (15 Матто 16:11-12)

3.     Хамиртурушро барои чӣ истифода мебаранд (1 Қӯринтиён 5:6)

4.     Исо кадом хамиртуруши фарисиёнро хатарнок ҳисобид?

Инҷили Луқо 12:1-3-ро хонда истода инро шарҳ диҳед.

5.     Суханони Исоро шогирдони ӯ чӣ хел фаҳмиданд (16)

6.     Чаро ба шогирдони Исо лозим аст, ки то ҳамроҳи онҳо будани Исо дар бораи чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан фикр накунанд? (17,19-20)

7.     Вале вақте ки шогирдон ғизо надоштанд, онҳо боварию қудратро ба Исо аз даст доданд ва ғуломи ғамхориҳо гаштанд. Оё шумо низ чунин касали рӯҳонқ доред?

8.     Сабаби нобоварии шогирдон дар чист? (17-18)

9.     Мо мехонем, ки Исо аввал бо панҷ нон 5000 одамро, баъд бо ҳафт нон 4000 одамро сер намуд. Хавф аст, ки дар паси ин амалҳо мо соҳиби ин мӯъҷизаҳо – Исои Масеҳро надида мегузарем. Вақте ки ба шумо ҳалли таъҷилии мушкилиҳои иқтисодқ пеш меоянд, шумо чӣ тавре ки дар Филиппиён 4:12-13 навишта шудааст, метавонед ба Исои Масеҳ такя намоед.

10.            Нақл кунед, ки чӣ тавр Исо кӯрро дар наздикии Байт – Сайдо шифо бахшид. (23-26)

11.            Мо дониста гирифтем, ки кӯр тез бино нагашт. Чашмони ӯ оҳиста-оҳиста равшан гаштанд (Луқо 18:43). Ин нишон медиҳад, ки биношавии рӯҳонии мо ду намуд аст. Шумо ба кадом намуд тааллуқ доред? Шумо тез бино гаштед ё мунтазам? Шаҳодати худро нақл намоед.

Дарси 28. Эътирофи Петрус

(Марқӯс 8:27-38)

(Сарсухан)

            Исо муддате дар ҷалил вазъ гуфт, сипас аз сари нав ба ҷойҳои каму беш ором баргашт. Сафари Худро Исо  дар ҳудуди Сӯр ва Сидӯн, дар соҳили баҳри ҷалил ва Дегаполис идома дод. Сипас Исо ба қисмати шимолқ ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар он ҷо ӯ хост, шогирдонашро омодаи он созад, ки ӯ дар салиб маслуб хоҳад гашт. Он вақт шогирдон нақшаи наҷоти Худовандро ба воситаи салиб намедонистанд.

          Петрус имондориашро эътироф намуд, вале дар лаҳзаи душворқ тарсончакиашро зоҳир намуд. Ин нишон медиҳад, ки шогирдони Исо чӣ дараҷа тарсончак буданд.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Исо ба шогирдон дар Қайсарияи Филиппус кадом саволҳоро дод? (27)

2.     Ба воситаи ҷавоби шогирдон. Исоро одамон ба ҷои кқ қабул карданд? (28 Юҳанно 3:1)

3.     Имрӯзҳо ҳам одамон дар бораи Исо ҳамин гуна ақидаҳо доранд. Чандин намунаҳо шумо дар ин бора оварда метавонед. ҷавобҳои худатон ва ҷавобҳои одамонро то имон оварданатон  муқоиса намоед.

4.     Петрус ба саволи дуюми Исо чӣ ҷавоб дод? (29)

5.     Фарқи ҷавоби одамон ва Петурс дар бораи Исо чӣ гуна аст? (Матто 16:16)

6.     Боз як бор ба дилатон нигоҳ кунеду гӯед, агар Исо аз шумо мепурсад, ки Маро ба ҷои кқ қабул менамоед, шумо чӣ ҷавоб медиҳед? Аз кадом вақт шумо бо боварқ дар ин бора шаҳодат медиҳед?

7.     Исо дар бораи имони дурусти шогирдон шунид. ӯ чиро аниқ ҷавоб дод? (31, 32)

8.     Агар мо Инҷили Марқӯсро бодиққат менигарем, он вақт мо мебинем, ки пас аз эътирофи имондории Петрус, Исо се бор дар  бораи маргаш ва эҳёшавиаш пешгӯқ намуд.  Муҳимияти он дар чист, ки Исо инро якчанд маротиба гуфт? (9:30-32, 10:32-34)

9.     Петрус чӣ тавр ба марг дар салиб эътироз баён кард? (32)

10.            Бо суханони худ ояти 33-ро шарҳ диҳед.

11.            Чаро Исо Петрусро шайтон номид? Чӣ тавр Петрус шайтон шуда метавонист?

12.            Чаро Исо ин тавр қатъқ ва бедудилагқ ҷавоб дод?  Таассуроти шумо чӣ гуна аст?

13.            Дар шумо чӣ бартарқ дорад, иродаи одамқ, то ин ки иблис гардад ё иродаи Худованд?

Оё дар атрофи шумо одамоне ҳастанд, ки нақши шайтонро бозанд?

14.            Шогирдон бояд дорои чӣ бошанд, то ин ки Исоро пайгирқ намоянд. Инро бо як ибора чӣ тавр ифода кардан мумкин аст? (34-38)

15.            Нақл кунед, чӣ тавр шумо дилатонро омодаи он месозед, ки Исоро пайгирқ намоед.

           

Дарси 29. Дигаргун шудани худованд

(Марқӯс 9:1-13)

(Сарсухан)

            Исо ҳамроҳи шогирдони дустдоштааш ба кӯҳ баромад,то сарварии Малакути Худованд ва ҷалолашро нишон диҳад. Ин ҳодиса он вақт рӯй дод, ки Исо аз байн мардум ба ҷои ором рафт. Мо метавонем тахмин кунем, ки ин дар кӯҳи Ермон дар Қайсарияи Филиппус рӯй додааст.Чаро Исо якбора дигаргун шудани худро ба шогирдон нишон дод.

( Муҳокимаи мундариҷа)

1.     Чиро Исо ба шогирдон пешгӯқ кард? (1)

2.     Шарҳ диҳед, дар кадом вазъият пешгӯқ амалқ гашт? (2-4)

3.     Исо нишон додани Малакути Худовандро ваъда кард, вале чаро ӯ дигаргуншавии Худро нишон дод? Муносибати байни Малакути Худованд ва Худованд, ки дар тахти ҷалол нишастааст? (Луқо 22:29-30)

4.     Шумо дар бораи Мусо ва Илёси ҳамроҳи Исо буда чиро медонед? Ин одамон чӣ хусусиятҳоро дороанд? (4 Подшоҳон 2:1, 11, Такрори шариат 34:6, Яҳудо 1:9)

5.     Петрус банохост чӣ гуфт? Агар шумо дар ҷои ӯ мебудед, чӣ мегуфтед? (5-6)

6.      Ба воситаи ҷавоби Петрус мо донистем, Малакути Худованд олиҷаноб ва афсонавист ки он ҷо ҳама чиз фаромӯш мегардад. Чаро мо ин тавр гуфта метавонем?

7.     Банохост чӣ рӯй дод. Аз боло чӣ хел овоз шунида шуд? (7-8)

8.     Овозе, ки аз паси абрҳо омад хеле муҳим аст. Ва ин ҷо набояд таҷрибаи худро ҷӯё шуда овози Мусо ва Илёсро шунид, балки ба овози Исо бояд диққат дод. Чаро ин барои мо муҳим аст?

9.     Минбаъд он чизе ки шогирдон диданд, фоидаи зиёде меорад. Барои чӣ (9-10, 2 Петрус 1:16-18)

10.            Вақте ки имони мо мекалавад, ба мо бардоштани салибамон душворқ мекунад. Худованд усулҳои махсусе пайдо мекунад, то ин ки имони мо қавқ гардад ва ба мо ҷасорат диҳад. Агар шумо чунин таҷриба доред, бо ҳам бинед.

11.            Чаро шогирдон дар бораи мурдан ва эҳёшавии Исо нафаҳмиданд? (10)

12.            Шогирдон вақте ки аз кӯҳ фаромаданд, аз Исо чиро пурсиданд? (11)

13.            Исо чӣ ҷавоб дод? (12-13, Матто 17,11-13)

14.            Мо дар оламе зиндагқ мекунем, ки дар он ба Исо ва Илёс фишор  меоранд. Бинобар ин мо ба ин фишороварӣ бояд омода бошем. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред? (Матто 5:11-12)

www.dardidil.com



<< Дарсҳои рӯҳонӣ