Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Рузадорӣ

Download
 

Рӯзадорӣ


Дар Тоҷикистон бо чӣ мақсад рӯза мегиранд?

Дар Тоҷикистон дар моҳи Рамазон бисёриҳо рӯза мегиранд. Фикру ақидаҳое ҳастанд, ки дар ин моҳ рӯза гирифтан аз гуноҳҳо пок шуда, савоб мегиранд.

Аммо, фақат бо рӯза мо аз гуноҳҳо пок шуда наметавонем, балки дар вақти рӯзадорӣ мехоҳем боз худро ба Худо наздиктар кунем.


  1. Оё шумо рӯза мегиред?

  2. Мақсади шумо аз рӯза гирифтан дар чӣ аст?


Дар Китоби Муқадда бошад намудҳои гуногуни рӯза дарҷ гирдидааст. Исои Худованд барои пайравони худаш барои рӯзадорӣ рӯзҳои махсусро муайян накардааст, барои ҳамин рӯзадорӣ кори шаҳсии ҳар як имондор аст. Аммо Исои Масеҳ гуфтааст: имондорон рӯза дошта Худоро ҷалол медиҳанд, на барои он ки худашонро ҷалол диҳанд. Рӯзадории худро ба мардум намоиш додан даркор нест. Бисёр масеҳиён рӯзи ҷумъа рӯза мегиранд, зеро Худованд дар ин рӯз дар руи чӯб мехкуб шуда буд. «Як кисми имондорон бошанд дар рӯзи дубора зинда шудани Исои Масеҳ рӯза мегиранд. Китоби Муқаддас рӯзҳои муайянро барои рӯзадорӣ амр накардааст, аммо гуфтааст, ки аз ҳамаи бадилҳо худамонро бояд нигоҳ дорем. Исо гуфтааст: чизе ки одам мехӯрад ва менӯшад, вай одамро палид намекунад, балки аз дили одам чизе барояд вайро нопок месозад, зеро дар дили одам хаёлоти бад, зино, фисқу фуҷур, қатл, дузди, тамаъ, кина, макр, курф, чашми бад, ҳиср, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад.» (Вилям Миллер ” Роҳи Имон”,саҳ. 64-65 )


Рӯза чӣ аст?

Рӯза парҳези хӯрок бо ихтиёри худи шахсе, ки барои мақсади рӯҳонӣ рӯза мегирад. Ва чӣ хеле ки дар боло қайд шуд, рӯза рӯзҳои муайян дар арафаи сол надошта бошад, маҷбурӣ набошад. Агар барои ҳама имондорон рӯзҳои муайян дар арафаи сол фармон дода бошанд, он гоҳ ҳама атрофиён медонад, ки шумо рӯзадор ҳастед ва дар он ҳолат шумо барои ба мардум намоиш додан рӯза мегиред. Чӣ ҳеле, ки дар боло қайд шуд, мо барои ҷалол додани Худо ва мақсади рӯҳонӣ рӯза мегирем, на барои намоиш додан. Дар вақте рӯзадорӣ мехоҳем боз ба Худо наздиктар бошем. Дар ҳолати рӯзадорӣ фикру андешаи мо Худотарсӣ аст ва рӯзадорӣ бо мо оромишу тасаллӣ мебахшад.


Парҳез

Бисёр касон фикр мекунад, ки парҳез ин рӯза аст. Рӯза як намуди парҳезӣ аст вале парҳез баробари рӯза нест. Дар Китоби Муқаддас Дониёл бо ҳамроҳонаш, даҳ рӯз фақат сабзавот хӯрданд ва об нушиданд. Баъд аз гузаштани даҳ рӯз чеҳраҳои онҳо назар ба чеҳраҳои онҳое, ки ҳамаи чизро мехурданд, зеботар ва фарбеҳтар буд. (Дониёл 1:12). Дар Инҷили Матто омодааст. Яҳъёи дар об ғутадиҳанда фақат малах ва асали ёбоӣ мехӯрд, зеро Ӯ қӯҳу пушта ва назди дарёи Ӯрдун мегашт (Матто 3:4). Ин намуди парҳез он қадар маъмул набуда, инро фақат барои принсип медоштанд. Парҳези хурок, парҳез аст, вале рӯзадорӣ як намуди махсуси парҳезӣ аст. Парҳез рӯзадорӣ нест, вале парҳез аст.



Дар Китоби Муқаддас «рӯза» 22 бор омадааст. Ҳоло мо намудҳои гуногуни рӯзаро дар Китоби Муқаддас дида мебароем.


Рӯзаи оддӣ

Дар инҷилҳои Матто ва Луқо омадааст, ки Рӯҳи Худо Исоро ба биёбон бурда Ӯро бо иблис месанҷад. Пеш аз санҷиш Исо чиҳел рӯз рӯза дошта аз хурок парҳез мекунад. Дар ин муддат Исо ба қадри имкон об менушад, аммо аз хӯрок парҳез мекунад. Баъд аз чиҳил рӯзи рӯзадорӣ иблис Ӯро месанҷад. (Матто 4:2, Луқо 4:2)


Рӯзаи комил

Ин намуди рӯза асосӣ буда, вайро ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин намуди рӯза аз хӯрок ва об парҳез мекунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Эзро пайғамбар барои гуноҳкорон шуда рӯзаи комил медоранд, зеро халқ тарки ватан карда, занҳои аҷнабӣ гирифта буданд. (Эзро 10:6)

Дар китоби Аъмоли ҳаввориён бошад шогирди Исо, Павлуси ҳавворӣ се шабонарӯз ҳеҷ ҷиз нахӯрд ва нанӯшид. (Аъмол 9:9). Дар китоби Эстери малика ҳамаи Яҳудиён ва худи Эстери малика бо канизонаш барои ҷонашонро раҳо кардан дар хузури подшоҳ, се шабонарӯз рӯзаи комил медоранд. (Эстер 4:16)


Принсип ва намудҳои рӯза


  1. Рӯзаи маҳсус.

Дар Китоби Мусо пайғамбар, Такрори Шариат, худи Мусо барои қавм чиҳил шабонарӯз аз обу хӯрок парҳез мекунад. Ин рӯзаи махсусе буд, ки Мусо пайғамбар ба хотири гуноҳҳои қавми худаш рӯза гирифт. (Такрори шариат 9:9). Ногуфта намонад, ки одам то се рӯз бе об тоқат карданаш мумкин. Ин воқеаъ мӯъҷиза буду оддӣ нест.


  1. Рӯзаи хусусӣ.

Дар Инҷили Матто гуфта мешавд, ки шаҳси рӯзадор бояд рӯзадории худро ба дигарон нишон надиҳад, то ҳадди имкон рӯзадории худро аз дигарон пинҳон дорад. Шаҳси рӯзадор дар ҳузури Худо рӯзадор бошад, на дар пеши мардум. Ин намуди рӯза дар миёни Масеҳиён бисёр паҳншуда ба ҳисоб меравад. (Матто 16:18)


  1. Рӯзаи ҷамоат.

Дар китоби пайғамбар Юил гуфта шудааст, ки барои аз мусибат халос шудан Юил ҳамаи мардумро ба тавбаву надомат даъват карда, рӯза эълон кард. (Юил 2:15-16). Дар Китоби Аъмол бошад омадаст – ҳамаи имондорон ҷамъ шуда, якҷоя ба ибодати Худованд ва рӯза машғул буданд.(Аъмол 13:1-2)


  1. Рӯзаи Ватан.

Дар ин намули рӯза мардум барои Ватанро аз хатар наҷот додан, барои осон шудани мушкилот ҳамаи қавм якҷоя рӯза гирифтанд. (2 Воқеънома 20:3). Дар таърихи қавми писандидаи Худо Яҳудиён рӯзаи, ки дар вақти мушқилот, азобу уқубат ва мусибат гирифта шудааст, бисёранд.


  1. Оё шумо рӯза дошта бошед? Чанд вақт ва кадом намуд?

  2. Шумо рӯза дошта рӯзаи худро аз атрофиён пинҳон дошта метавонед?

  3. Шумо барои ягон мушқилоте ё мусибате рӯза доштед?


Мо бояд чӣ хел рӯза гирем?

Дар Инҷилҳое Матто ва Луқо, Худованд амр кардааст: вақте рӯза мегиред, рӯзадории худро ба мардум нишон надиҳед. Касе намоишкорона рӯза мегирад барои ба мардум худро нишон додан рӯза мегирад, на барои худаш ва на барои Худотарсӣ. Худованд мефармояд: ваҳте, ки рӯза медорӣ, ба сари худ равған бимол ва рӯи худро бишуй то ҳеҷ кас нафҳмад ту рӯзадор ҳасти. Аз фармони Худованд бармеояд, ки мо дар назари мардум не, балки дар хузури Худованд рӯзадор бошем, сазовори мукофоти Худованд мешавем.

Кадом намуди рӯза, ки набошад, мо ваҳте, ки рӯза медорем ҳатман бояд ба амри Худованд итоат намоем. Ин фармони Худо дар бораи рӯзадорӣ аст. (Матто 6;16-18).

  1. Оё шумо ин фармони Худоро дар бораи рӯзадорӣ иҷро карда метавонед?

  2. Шумо рӯза дошта ба чӣ умед мебандед?

Обрӯи қалбакӣ дар миёни мардум муҳимтар ё хислати мо дар назди Худо? Саволе ба миён меояд, ки чаро Мусулмонон бисёр рӯза мегиранду лекин Масеҳиён кам рӯза мегиранд? Ин саволро шогирдони Яҳъёи таъмиддиҳанда ва масале ҷавоб дода гуфт: ”Оё аҳли қӯшки никоҳ, модоме, ки домод бо онҳост рӯза дошта метавонад? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад ва дар айём рӯза хоҳанд гирифт”(Марқус 2:18-20). Дар масалаи рӯзадорӣ иваз намуд. Дар ин масал Исо домод гуфта худашро дар назар дошт. Ин маънои онро дорад, ки то даме, ки Худо бо шогирдону имондорон аст, рӯза доштан зарур нест, зеро Худованд бо онҳост. Ибораи – айёме мерасад, ки – маънои онро дорад, ки пас аз ба осмон сууд кардани Исои Масеҳ ва вақти ҳозираро дар назар дорад. Дар замони ҳозира пайравони Исои Масеҳ ба таври гуногун рӯза медоранд.

Барои чӣ дар замони Исои Масеҳ рӯза намедоштанд?

Барои чӣ дар замони ҳозира пайравони Исои Масех рӯза мегиранд?


Дар Инҷили Матто масале аст дар бораи ҷома ва машк. Дар он ҷо гуфта мешавад, ки ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав порча намекунад, зеро порчаи нав аз ҷома ҷудо шуда , ҷои дарида боз ҳам бадтар мешавад. Шароби навро дар машки қӯҳна намеандозанд, вагарна машк дарида ҳам шароб мерезад ва ҳам машк талаф мешавад. Маънои ин масал ин аст, ки ҷомаи қӯҳна ва машки қӯҳна рӯзаи Яҳудиён то вақти Исои Масеҳ ва матои нав ва машки нав рӯзадорӣ ба тарзи нав аст. Исои Масеҳ рӯзадории Яҳудиёнро ба куллӣ таъғир медиҳад (Матто 9:14-15). Ба пайғамбар Закаръё Каломи Худо дар масалаи рӯзадорӣ нозил шуда гуфтааст, ки оё шумо барои Худо рӯза мегиред?

«Оё шумо барои ман хӯрок мехӯрдед ва барои Худо менӯшидед?

Худо ҷавоб медиҳад: Шумо барои Ман намехӯрдед ва барои Ман наменӯшидед ва барои Ман рӯза намегирифтед?»

Аз ин каломи Худо бармеояд, ки худи Худо саволҳо медиҳад ва бар онҳо худаш ҷавоб мегардонад. Аз ин калом маълум мешавад, ки мо бояд рӯзаро ба мақсади рӯҳонӣ дорем.


1. Вақте, ки мо рӯзадор ҳастем дуои мо пурқудраттар мешавад, зеро рӯза бо дуо пайваст аст. Мо одатан, яъне Масеҳиён дар он ҳолатрӯза медорем, ки мушкилие пеш ояд ё ба муҳтоҷӣ дучор нашавем.

Хулоса дар ҳолатҳои ба мо вазнин рӯза медорем. Дар ин ҳолатҳо мо рӯзаро барои эътироз ба Худо намегирем, зеро барои рӯзадориамон Худо моро нағзтар гӯш мекунад, аммо мо дар вақти рӯзадорӣ хубтар дуо мекунем. Дар вақти рӯзадорӣ фикру андешаи мо ба Худо равона карда мешавад. Барои ҳамин рӯза яке аз рукнҳои асосии диндорӣ аст. Рӯза чизе муҳимтарин барои имондорон ва барои оромишу тасаллӣ аст. Ин гуфтаҳоро китоби пайғамбар Эзро тасдиқ мекунад. Мардум барои мушкилии худашон ба подшоҳ муроҷиат накарданд, балки ба Худо таваккал кардан ва рӯза гирифтанд ва Худо мушкилии онҳоро осон кард. (Эзро 8:23).

  • Барои чӣ рӯза бо дуо пайваст аст?

  • Мо кадом вақт нағзтар дуо мекунем?

  1. Дар амоли ҳаввориён бошад омадааст, ки Павлус бо ҳамроҳонаш бо дуову рӯза пирони калисоро таъин мекунад. Бо ин роҳ онҳоро хости Худоро пайдо мекунад. (Аъмол 14:23).

  2. Дар китоби якум ва дуюми Подшоҳон барои марги подшоҳ Шоул ва писаронаш халқ ва инчунин подшоҳ Довуд рӯза дошта ва ба Худо дуо карда мотам гирифтанд. Аз ин маълум мешавад, ки халқ эҳсосоти чуқури худро ба Худо бо рӯзаву мотам нишон медиҳанд. (1) Подшоҳон 31:13; (2) Подшоҳон 1:11-12).

  3. Дар китоби дувуми Воқеънома бошад подшоҳ Еҳушофот барои мамлакатро аз хатари ҷанг эмин доштан, дар тамоми қаламрави худ рӯзадорӣ эълон мекунад, зеро душман наздик омада ҷанг эълон карда буд. Худи подшоҳ ба Худо дуо гуфт ва рӯза дошт, Худо нигаҳбони онҳо шуд ва ба онҳо мадад кард, то ки аз душман халосӣ ёбанд. (2 Воқеънома 20:1-4).

  4. Дар китоби пайғамбарон Юил ва Юнус бошад, пайғамбарон халқро ба тавбаву надомат даъват карданд, зеро халқ пургуноҳ шуда аз Худо дур шуда буданд. Халҳ барои гуноҳҳои худ тавба карда ба тамоми дили худ бо рӯза ва гиря сӯи Худованд руҷуъ карданд. Худо тавбаи онҳоро шунида, дуо ва рӯзаи

онҳоро мустаҷоб намуд. (Юил 2:12, Юнус3:5-8).

  1. Дар китоби подшоҳони Исроил Илъёс пайгамбар подшоҳ Аҳъобро барои аз Худо дур шуданаш гуноҳкор менамояд, лукин подшоҳ бо хоксорӣ ба ҳамаи гуноҳҳояш иқрор мешавад. Подшоҳ либосҳояшро чок карда палос мепушад ва рӯза медорад. Дар ин маврид ӯ фақат дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр мекунанд, то ки Худо аз гуноҳҳои вай гузарад. (3Подшоҳон 21:25-29).

Дар Китоби Забур, Довуд пайгамбар бо хоксорӣ ва аз таҳти дил сӯи Худо дуо мекунад ва рӯза мегирад. Аммо хоксорӣ ва ҳалимӣ фақат бо рӯза ба даст намеояд, балки вай мутеи рӯҳи одам аст, на мутеи ҷисм. (Забур 34:13)

  1. Дар китоби Наҳемё пайғамбар барои қавми писандадаи Худо ки онҳо пароканда шуда буданд ва сокинони Ерусалим дар хору зорӣ ва дар мусибат буданд, барои онҳо Наҳемё пайғамбар чандин рӯз рӯза дошта ва дуо карда мотам гирифт. Барои кори Худо Наҳемё ҷидду ҷаҳд намуда ва аз Худованд илҳом гирифта қавмро сарҷам кард. Қавм тавба карда ба гуноҳҳои худ иқрор шуданд ва рӯза гирифтанд. Худованд дуоҳои онҳоро пазируфт ва иҷобад намуд. (Наҳемё 1:1-4, 9:1-2).

  2. Дар китоби Ишаъё пайғамбар, дар боби 58 гуфта шудааст, ки рӯза гирифта худро одами нек пиндоштан ин худфиребист. Рӯзадор ҳатман аҳкому фароизи Худоро риоя кунад ва аз паи корҳои нек бошад. Имондорон ва рӯзадор корҳои некро ба хотири некие, ки ба худи одам бармегардад накунад ва барои тамаъ набошад. (Ишаъё 58: 3-7).

  3. Дар Инҷили Матто омадааст дар бораи санҷидани Исои Масеҳ аз тарафи шайтон Исо дар биёбон чиҳил рӯз рӯза дошта аз санҷиши шайтон гузашт. Шайтон хост ӯро фиреб кунад, аммо Ӯ ба шайтон итоат накард. Чӣ ҳеле ки шайтон Исоро фиреб карда натовонист, мо ҳам ба Исо тақлид карда аз васвасаи шайтон дур шавем ва бар зидди гуноҳҳое, ки дар вуҷуди мо ҳаст муқобилият нишон дода шайтонро ноумед гардонем. Одам ҳамаи карҳои бадро бо васвасаи шайтон мекунад, мисли Исо бар шайтон ғалаба карда ба Худо таваккал кардан даркор. Дар вақти рӯзадорӣ ва ибодат фақат дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунем, дуои мо мустаҷоб мешавад. (Матто 4:1-11).


  • Оё шумо ба иродаи Худо итоат мекунед?

  • Оё шумо ба васвасаи шайтон муқобилият нишон дода метавонед?

  1. Дар Инҷили Луқо боби дувум оятҳои 36-38 дар бораи шахсе меравад, ки вай бо рӯза ва дуо шабу рӯз дар хонаи Худо ба Худо ибодат мекард. Вай дар итоату ибодат карданро беҳ аз хӯрок ва ҳавасҳои замини медонист, зеро ҳамаи чиз гузарон аст, аммо Каломи Худо гузарон нест. Агар ибодат ва рӯза аз таҳтидил бошад Худо баракат медихад, ки ин файзи Худованд аст, ки мо сазовари он нестем. Худо барои ҳар як шахс нақшаи алоҳида дорад. Вақте ки мо рӯза мегирем ва дуо мекунем, мумкин аст Худо ба ҳамаи дуоҳои мо ҷавоб намедихад зеро инсон наметавонад ва қодир нест, ки тамоми азамат ва асрори Хулро донад. Мо бояд ба майлу хоҳиши Худо нигоҳ кунем. Рӯза ва дуои мо ҳатман бар тибку каломи Худо бошад ва аз рӯи вай амал кунем. Агар то ин дам рӯза нафирифта бошем, тавба карда аз ин ҷониб зиндагии рӯҳонӣ оғоз кардан даркор. Дар зиндагии рӯҳониятон бурд бориҳо мехоҳем.


  • Дар назари Худо мо бояд чӣ хел бошем?

  • Мақсади Худо чӣ аст?

  • Муқоиса кунед: рафтору кирдори шумо дар вақти рӯзадорӣ чӣ хел аст ва рафтору кирдори шумо вақте, ки рӯзадор нестед?


  • Ба фикру андешаи шумо кадом намуди рӯза муносибати моро ба Худо наздиктар мекунад?

  • Дар вақти рӯзадорӣ, шумо худатонро чӣ хел ҳис мекунед?

  • Ба фикри шумо мо рӯзаро барои кӣ мегирем?


  • Оё парҳез кардан рӯза аст?

  • Рӯза гирифтан шарт аст ё не?

  • Ба фикри шумо кадом вақт рӯза доштан мумкин?




<< Дарсҳои рӯҳонӣ