Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Қадамҳои ҳаёти нав

Download
 

ҚАДАМҲОИ ҲАЁТИ НАВ



Масеҳиён – ин на танҳо аъзоёни Калисоанд, ки аз рӯи одат ба маросимҳои дини иштирок менамоянд. Масеҳиён онҳое ҳастанд, ки Исои Масеҳро ҳамчун Худованд қабул кардаанд ва дар ҳаёташон тағйиротҳои сифатиро мебинанд. Онҳо дар алоқаҳои нави тарафайн бо Худованданд. Онҳо фарзандони аз сари нав тавлидёфтаи Худованданд.


Тарзи зиндагии масеҳӣ – ин чӣ гуна аст, ки Худованд онро аз мо интизор мебошад. Ин бештар аз ҳаёти хушахлоқонаю покиза мебошад. Худо аз мо ҳаёти сифатан нав, яъне ҳаёти фарзандони Худовандро мехоҳад.


Ин гулчини шаш зина-қадамҳо барои масеҳиёни нав ба шумо имконият медиҳанд, ки дар ҳаёти нав – ҳастӣ фарзандони Худованд зиндагӣ намоед.



Шаш қадами ин гулчин:



  1. Интизории бозгашти дуюми Масеҳ аз ин давра ----5


  1. Худованд ва фарзандони Ӯ ---------------------------- 11


  1. Рӯҳулқудс дар масеҳият---------------------------------17


  1. Калисо умумияти фарзандони Худованд------------ 25


  1. Каломи Худованд барои шумо------------------------- 33


  1. Дуои шумо ба Худованд ---------------------------------41






Қадами нахустин: Интизор бозгашти Масеҳ




Исо шахсияти ҳақиқӣ ва таърихӣ буд. Ӯ дар Носира, маҳали начандон калони Яҳудо зиндагӣ мекард. Бо дуредгарӣ машғул буд, то оилаашро таъмин намояд. Бачагии оддӣ ва ҳаёти калонсолонаашро дида одамон ӯро ҳамчун як одами оддии заминӣ, ки зери қонуни табии марг ва ҳаёт аст, қабул карданд.


Гарчанде Исо пеш аз ҳама офаридаҳои дунё мавҷуд буд. Ӯ сайёра ва инсониятро офарид. Ӯ ягона Касест, ки баробарвазнии сайёраро таъмин месозад. Барои он ки ӯ Худи Худост. Ӯ монанди одам омад ва дар байни мардум зист. Ӯ дар ҷисми одам Худаш ихтиёран ба қонунҳои табиат итоат намуд. (Юҳанно 1:1-14)


Исо хост, одамонеро, ки аз тарси ҷазои гуноҳ – марг дар азоб буданд, наҷот диҳад. Ӯ ҳаёти бегуноҳро аз сар гузаронид ва ихтиёран ҷазои маргро барои гуноҳкорон қабул кард, танҳо барои он ки онҳоро наҷот диҳад. Ӯ мурд. Ӯ эҳё шуд. Ӯ зинда аст. ҳозир ҳам Исои зинда гунаҳкоронро даъват мекунад, то бо Худо дар оштӣ бошанд. (Румиён 5:7-11)


Исо дар онҳое зинда аст, ки ба Ӯ имон доранд, ҳамчун ба Наҷотдиҳандаи худ ва Ӯро ҳамчун Худованд қабул кардаанд. Ҳар касе, ки Исоро қабул мекунад, муносибати тарафайни худро бо Худо барқарор месозад ва писар ё духтари Ӯ мегардад. (Юҳанно 1:12)







Интизории бозгашти Масеҳ




Исои Масеҳ ин сарҳадест дар таърихи инсоният. Таърихи ҷаҳонӣ инро исбот месозад.

Рӯзномаи имрӯзаро хонед. Дар он аз тавлиди Масеҳ рӯз, моҳ ва сол аст. Ин шаҳодати он аст, ки аз нахустомади Масеҳ чӣ қадар вақт гузашт. Таърихи ҷаҳонӣ ин худ аз худ таърихи Исои Масеҳ аст.


Ин қиёсшаванда бо шахсият мебошад. Агар шумо Исоро дар ҳаётатон қабул намудед, пас ҳаётатон баъд аз омадани Ӯ ба ҳаёти пешинаатон монанд карда намешавад. Чӣ тавре ки давраи мо аз давраи пешин фарқ мекунад, ҳамин тавр ҳаёти шумо низ аз давраи пешин ба давраи нав гузашт. ҳаёти нав (сифати нави он) дар ҳаёти шумо оғоз ёфт.


Шумо бо ҳамон одамон вомехӯред, дар ҳамон хона зиндагӣ мекунед, дар ҳамон мактаб ё донишгоҳ мехонед ва ё дар ҳамон ҷо кор мекунед.

Пас фарқ дар чист?





Мавҷудияти доимии Масеҳ



Ба Исо имон овардан, маънии Ӯро қабул карданро дорад. (Юҳанно 1:12) Ӯ мехоҳад, ки ба шумо ворид шавад ва Худованди ҳаёти шумо гардад. Агар шумо Ӯро қабул мекунед, он гоҳ Ӯ ба ҳаётатон ворид мегардад.



  • Оё шумо “Муҳаббате, ки ҳаётро медиҳад”-ро хондаед?




  • Оё шумо Исоро ҳамчун Худованди худ қабул кардаед?




  • Агар шумо Ӯро қабул кардаед, пас Ӯ ҳоло дар куҷост? (қӯлассиён 1:27)




  • Ононе , ки Исои Масеҳро қабул кардаанд, чӣ тавр бояд зиндагӣ намоянд (қӯлассиён 2:6-7)





Исо гуфт: “Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам” (Матто 28:20) Исо бо шумо ва дар шумост. ҳаёти худро пурра ба Ӯ ҳамчун Худованд дода, гузаронед.



Авф




Одамон бе Исои Масеҳ муҳаббати Худовандро ҳис карда наметавонанд ва ҳаёти абадиро доро намегарданд. Ин бо сабаби гуноҳҳои мо рӯй медиҳад. Моҳияти омадани Исои Масеҳ ба замин – ин ҳалли мушкилиҳои гуноҳи мо аст.



  • Мушкилии одамон чист? ( қӯлассиён 1:21)




  • Чаро Худованд марги Исоро роҳ дод? (қӯлассиён 2:12)




  • Чаро Исо мурд? (қӯлассиён 1:22)




  • Оё шумо барои гуноҳҳоятон бахшида шудаед? (қӯлассиён 1:23)




Исо барои гуноҳҳои шумо дар салиб мурд. Худо Исоро аз мурдаҳо зинда кард. Инро дар хотир нигоҳ доред. Касе ки ба эҳёшавии Исои Масеҳ боварӣ мекунад ва Ӯро ҳамчун Худованд қабул менамояд, сазовори авфи гуноҳҳояш мегардад. Худованд ҳама гуноҳҳои шуморо бахшид. Ба ин бовар кунед ва ба Худо шукр гӯед.




Фарзандони Худованд ва ҳаёти абадӣ




Исо ба назди ононе меравад, ки ба Ӯ имон доранд ва Ӯро қабул мекунанд. Ӯ ваъда дод, ки бо онҳо абадӣ мемонад. Тӯҳфаҳои дигари Ӯ кадомҳоанд?




  • Муносибатҳои дутарафаи шумо бо Худованд чӣ гунаанд? (1Юҳанно 3:1-2)




  • Касоне, ки Исои Масеҳро қабул мекунанд, сазовори кадом тӯҳфаҳоанд? (1 Юҳанно 5:11-13)




Чӣ тавре, ки ҳаёти падар дар фарзанд нақш мебандад, ҳамин тавр ҳам Худо ба фарзандони Худ ҳаёти абадӣ медиҳад? Оё шумо Исои Масеҳро қабул кардед? Агар ҳа, пас шумо ҳаёти абадӣ доред. Библия мегӯяд: “Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост. Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад” (Эфсӯсиён 2:8-9) Шумо дорои ҳаёти абадӣ на аз борон амали некатон ҳастед. Вақте ки шумо Исои Масеҳро қабул кардед, ин ба шумо ҳамчун тӯҳфа дода шудааст. ҳамин тавр фахр накунед ва Худовандро шукр гӯед.




Имон ва ҳиссиёт



Оё медонед, ки Масеҳ дар шумост?

Оё ҳама гуноҳҳои шумо авф шудаанд?

Оё шумо фарзанди Худовандед?

Оё шумо ҳаёти абадӣ доред?



Оё шумо хушбахтиро дар худ ҳис мекунед?



Агар ин гуна хушбахтӣ дар шумо нест, пас шумо чӣ тавр метавонед донед, ки ин ҳама дар ҳақиқат рӯй дод?


Худованд хушбахтии ҳақиқиро ба онҳое медиҳад, ки мунтазам Исоро гӯш мекунанд. Агар шумо муддати дароз масеҳиед, вале дар ин муддат дар худ хушбахтиро намебинед, пас ин ғайри муқаррарӣ аст.

Вале ҳаёти масеҳӣ ба тағйир ёфтани ҳиссиёт ё мақсади тағйир додани он асос наёфтааст.



Шояд баъзе одамон, вақте ки Исоро қабул карданд, ягон ҳиссиёти махсусро дарк накарданд. Агар шумо сидқан Масеҳро қабул кардаед, барои ҳиссиётатон бисёр хавотир нашавед. ҳиссиёти шумо якранг нест. Худованд новобаста ба ҳиссиёти шумо – чӣ хеле, ки он набошад, мувофиқи ваъдааш амал мекунад. Вақте ки шумо Масеҳро қабул кардед, Ӯ ба шумо ворид шуд. Гуноҳҳои шумо авф гаштанд ва шумо фарзандони Худо гашта соҳиби ҳаёти абадӣ шудед. ҳиссиёти хушбахтӣ меояд. ҳоло бо имон ба Худои тағйирнаёбанда ва Каломи тағйирнаёбандаи Ӯ зиндагӣ намоед.



Қадами дуюм: Худо ва фарзандони Ӯ



Дарки Худованд аз ҷониби ҳар шахсият тарзи зиндагии Ӯро муайян месозад. Анимистон боварӣ доранд, ки Худо дар ҳар як ашё мавҷуд аст. Онҳо ба сангҳо, дарахтон ва дигар ашёҳо саҷда мекунанд. Он касоне, ки ба Худоҳои сарват саҷда мекунанд, мақсади онҳо дар дунё бой шудан мебошад. Библия дар бораи Худованде, ки мо ба Ӯ боварӣ дорем, чӣ мегӯяд?




Худо ва фарзандони Ӯ


Вақте ки шумо Исои Масеҳро қабул кардед, Ӯ ба шумо ворид гашт. ҳама гуноҳҳои шумо авф гашт ва шумо ҳаёти абадӣ гирифта тифли дӯстдоштаи Худованд гаштед.



Худо Падари шумост. Ӯ чӣ гуна аст? Оё шумо дар бораи Падаратон бештар донистан мехоҳед? Вақте ки кӯдак калон мешавад, Ӯ падару модарашро мешиносад ва дониши Ӯ дар бораи онҳо зиёд мегардад. ҳамин тавр шумо ҳам дар бораи Падари осмониатон бештар дониста мегиред ва калон мешавед.

Пас аз ин қадами дуюм шумо метавонед, муайян кунед, ки кай шумо Исои Масеҳро қабул кардед. Ӯ ба шумо ворид гашт. ҳама гуноҳҳои шумо авф гашт ва шумо фарзанди Худованд гашта соҳиби ҳаёти абадӣ шудед.



Худованд – Офаридгори сайёра




Худованд офаридгори сайёра мебошад. Аввалин ибораи Библия чунин аст: “Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид. (ҳастӣ 1:1) Ин ибораи оддӣ Худовандро ҳамчун офаридгори замин, сайёра ва инсоният эълон менамояд. Ин ҳақиқати асосист, ки одамон набояд фаромӯш намоянд.



  • Агар Худованд сайёраро офарид, пас он ба кӣ тааллуқ дорад?



  • Худованд, умуман ҳокими шумо ва ҳама чизест, ки ба шумо тааллуқ дорад. Оё шумо ба ин розӣ ҳастед ва ин ба шумо хушбахтӣ меорад?





Худованд офаридгори ҷаҳон аст ва Ӯ баробарвазнии сайёраро таъмин мекунад. Ӯ Худашро ҳокими офаридаҳояш эълон мекунад. Ин ҳақиқатест, ки ба шумо хушбахтии ҳақиқиро таъмин мекунад. Худованд, ҳокими сайёра Падари шумо шуд. Ва шумо ҳамчун кӯдаки Ӯ чӣ гуна имтиёз дораду аз он чӣ хел баҳрабардорӣ менамоед?




Муҳаббати абадии Падар



Худованд шуморо дӯст медорад. Ӯ Писари ягонаи Худ – Исои Масеҳро фиристод то дар салиб мурда шуморо аз гуноҳ ва марг наҷот диҳад. Аз он вақте ки шумо Исои Масеҳро қабул кардед, шумо тифли дӯстдоштаи Ӯ гаштед. Падари шумо Худо- Офаридгори сайёра аст ва шумо метавонед аз муҳаббати Ӯ ҳамчун тифли маҳбубаш баҳравар гардед.



  • Худованд Писари ягонаашро қурбон кард, то ин ки шуморо тифли Худаш намояд. Оё чизи дигаре мавҷуд аст, ки Худованд аз шумо бештар дӯст дорад? (Румиён 8:31-32)




  • Оё чизе мавҷуд аст, ки шуморо аз муҳаббати Худованд ҷудо намояд? (Румиён 8:37-39)




Наҷоти шумо абадист, барои он ки Падари шумо пурқудрат аст ва муҳаббати Ӯ абадист. ҳеҷ кас наметавонад, шуморо аз муҳаббати Падаратон ҷудо намояд. Агар Худо – Офаридгор шуморо ҳимоя мекунад, пас дар дунё кӣ метавонад ба Ӯ муқобил истад? ҳеҷ кас шуморо аз дасти Падаратон дуздида наметавонад.



Таъминоти Падар




Аз он вақте ки Худо Падари дӯстдори шумо гашт, шумо метавонед, аз баъзе имтиёзҳо ҳамчун фарзанди маҳбуб лаззат баред. Чӣ тавре ки падар эҳтиёҷоти фарзандонашро таъмин месозад, ҳамин тавр Падари осмонии шумо низ эҳтиёҷотатонро қонеъ месозад.


  • Ба мурғон кӣ рӯзӣ медиҳад, ба савсанҳои саҳро кӣ ғамхорӣ менамояд? (Матто 6:26, 28, 29, 30)



  • Оё ашёе ҳаст, ки шумо дар борааш ғамхорӣ намоед? (Матто 6:31-32)



  • Чӣ гуна далелҳои асосианд, ки мо ба ташвиш наоем?


Матто 6:25


Матто 6:27


Матто 6:32



Оё шумо медонед, ки Худо барои чӣ эҳтиёҷоти шуморо таъмин месозад? Ин барои он, ки Худо интизор аст, то шумо аз сарвати ин дунё рӯй гардонда рӯ ба Худои зинда меоред. Дар бораи ҳеҷ чиз ғамхорӣ нанамоед. Он чизи беҳтарине, ки шумо карда метавонед, ин итоаткор будан ба иродаи Худованд мебошад.



ҲИМОЯИ ПАДАР




Баъзан масеҳиён барои итоаташон ба Падари осмонӣ ба душвориҳо дучор мегарданд. Аъзоёни оилаи шумо ба шумо муқобил мешаванд, шояд дӯстонатон ба шумо писханд мезананд. Шумо ба ин чӣ тавр бояд ҷавоб диҳед?



  • Вақте ки бо таъқибкунандагон рӯ ба рӯ мешавед, чӣ гуна бояд рафтори боақлона намоед? (Матто 10:28)




  • Кадом далелҳо мавҷуданд, то ин ки мо аз таъқибкунандагон натарсем? (Матто 10:24-31)




  • Вақте ки мо бо таъқибкунандагон вомехӯрем, ҷавобҳои мо чӣ гуна бояд бошанд? (Матто 10:32-33)




Худо-Офаридгор Падари шумост. Ӯ пурқудрат аст ва муҳаббати Ӯ абадист, ҳамин тавр наҷоти шумо низ абадист. Чӣ тавре, ки падар бачаҳояшро ҳимоя ва таъмин мекунад, ҳамин тавр Худо низ эҳтиёҷоти шуморо таъмин месозад. Ӯ ҳеҷ вақт шуморо намепартояд. Ба Ӯ вобаста бошед ва аз ҳимояи Ӯ лаззат баред.


ҚАДАМИ СЕЮМ: РӮҲУЛҚУДС ДАР МАСЕҲИЁН


Ҳамин тавр шумо фарзанди Падари осмониатон ҳастед. Бо вуҷуди он ки шумо дар замин зиндагӣ менамоед. Бинобар ин шумо аз мушкилиҳои заминиатон дар канор монда наметавонед. Худо ба ёрии шумо Рӯҳулқудсро фиристод, то ин ки шумо монанди фарзандони Худо зиндагӣ намоед. Рӯҳулқудс – ин Худо дар дохили шумост. Бе дониш дар бораи Рӯҳулқудс шумо фарзандони Худо шуда наметавонед. Рӯҳулқудс ин ҳамонест, ки шуморо бо қудрат таъмин менамояд, бо ҳамон қудрате, ки шумо ҳама вақт ба он эҳтиёҷ доред. Шумо ба бештар донистани Рӯҳулқудс эҳтиёҷ доред.


Рӯҳулқудс дар масеҳиён


Шумо аз сари нав бо сифатҳои нави зиндагӣ тавлид ёфтед. Ҳама гуноҳҳои шумо авф шуданд. Шумо фарзандони Худованд шуда дорои ҳаёти абадӣ гаштед. Шумо метавонед ҳама кӯшишу ғайрататонро сарфи он намоед, ки монанди фарзанди Худованд зиндагии хубро соҳиб бошед. Вале агар шумо танҳо мемонед, зиндагию хубу некро соҳиб шудан имконнопазир мегардад. Шумо лаёқати танҳо кори некро карданро надоред.



Вале Рӯҳулқудс ба шумо дар зиндагиатон кӯмак мерасонад. Ӯ ба шумо лаёқати зиндагӣ карданро дар ҳаёти фарзанди Худо медиҳад. Рӯҳулқудс ин қудрати номуайян аст. Ӯ шахсияти зинда бо тафаккур, эҳсосот ва ирода мебошад (1 қӯринтиён 2:11, Эфсӯсиён 4:30; 1 қӯринтиён 12:11). Ӯ баробар аст бо Исои Масеҳ ва шуморо монанди Исо таскин медиҳад. Ӯ Худи Худо аст. Бе Рӯҳулқудс мо лаёқати кори нек карданро надорем. Пурра ба Ӯ такя намоед. Бигзор Ӯ дар қалби шумо зиндагӣ намояд.



ДУ НАМУДИ ШАРИАТ ДАР МАСЕҳИЁН


Шояд шумо ҳама вақт гуноҳ карда истода дида гаранг шудед, вақте ки шумо танҳо амали нек кардан мехоҳед. Пештар то қабул кардани Масеҳ, шумо вақте ки гуноҳ мекардед, худро ҳатто ҳақир ҳис намекардед. ҳоло ҳамчун фарзанди Худованд худро дар натиҷаи чунин амал нороҳат ҳис менамоед.


  • Вобаста ба некӣ ҳавворӣ Павлус чиро дарк намуд? (Румиён 7:18)



  • Павлус мавҷудияти ду қонуни дар ҳаввориён амалкунандаро дарк намуд. Онҳо кадомҳоанд (Румиён 7:21-23)



  • Кӣ ба ин ду қонун хидмат менамояд (Румиён 7:25)



  • Павлус мехост, некӣ кунад. Ӯ инчунин дарк намуд, ки дар ботин бадӣ дорад. Ва аз ғусса нолиш намуд “Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам!” (Румиён 7:24) Ӯ дарк намуд, ки Рӯҳулқудс вақти суст будани мо ба мо ёрӣ медиҳад ва инчунин барои мо бо калимаҳое вакили даъво мешавад, ки ҷаҳон онро ифода карда наметавонад (Румиён 8:26)

ҳавворӣ Павлус фаҳмид, ки дар Рӯҳулқудс ҳама ҳалли мушкилиҳои мо мавҷуданд.



ҲАЁТЕ, КИ ЗЕРИ САРВАРИИ РӮҲУЛҚУДС АСТ


Ду қонуни дар масеҳиён амалкунанда мавҷуд аст. Ин қонуни Худованд ва қонуни гуноҳ аст. Павлус инро ҳамчун амали Рӯҳулқудс ва ҷисм ифода намудааст. (Ғалотиён 5:16) Масеҳиён озоданд. Онҳо метавонанд, аз байни Рӯҳулқудс ва ҷисм интихоб намоянд.


  • Пайгирии ҷисм чӣ гуна оқибатҳо (натиҷаҳо) дорад? (Ғалотиён 5:19-21)


  • Пайгирии Рӯҳулқудс чӣ натиҷаҳо дорад? (Ғалотиён 5:22-23)


  • Шумо чӣ кор бояд кунед, то ин ки хоҳиши табиати пургуноҳатонро қонеъ нагардонед. (Ғалотиён 5:16)



Ҳаёти фарзандони Худованд – ин зиндагии дар итоати Рӯҳулқудс аст. Бо кӯшиши инсонии худ мо наметавонем ҳаёти масеҳии ҳақиқиро гузаронем, чунки мо танҳо кори некро карда наметавонем. Мо бояд ба Рӯҳулқудс имконият диҳем, то ин ки дар мо зиндагӣ кунад ва ба воситаи мо амал намояд. Танҳо Рӯҳулқудс метавонад, ба мо имконият диҳад, дар ҳаёти фарзанди дӯстдоштаи Худованд зиндагӣ намоем ва пайгири иродаи Худованд бошем.




Се намуди одамон


На ҳамаи масеҳиён ҳаёти Рӯҳ назорат мекардагиро аз сар мегузаронанд. Дар муносибат бо Худованд онҳо фарзандони Худованд гаштаанд. Вале муносибати онҳо бо Худованд кафолат надорад. Библия дар бораи се намуди одамон гап мезанад. Муносибат ва муомилаи онҳоро бо Худованд мебинем.


  1. Одами нафсонӣ – одами бе Рӯҳулқудс, ки Худовандро намедонад (1 қӯринтиён 2:14)


Муносибати ӯ бо Худованд чӣ гуна аст?


Ӯ бо Худованд чӣ гуна муомила менамояд?



  1. Одами рӯҳонӣ – одами ба камолрасида аз ҷиҳати нақшаи рӯҳонӣ, ки ба Исо имон дорад ва аз ҷониби Худованд назорат меёбад (1 қӯринтиён 2:15-16)


Муносибати ӯ бо Худованд чӣ гуна мебошад?


Ӯ чӣ тавр бо Худованд муомила менамояд?



  1. Одами ҷисмонӣ – одами мувофиқи нақшаи рӯҳонӣ аз ҷиҳати шахсият ба камолнарасида, яъне одаме, ки масеҳӣ шуд, вале то ҳол қонуни гуноҳ ӯро назорат месозад (1 қӯринтиён 3:1-3)


Муносибати ӯ бо Худованд чӣ гуна аст?


Ӯ бо Худованд чӣ гуна муомила дорад?



Барқароркунии муносибат


Бо вуҷуди он, ки масеҳиён гуноҳ мекунанд ва баъзан Худовандро гӯш намекунанд, муносибати онҳо бо Худо канда намешавад. Ин монанди муносибати тарафайни фарзандони волидон мебошад; он идома меёбад, ҳатто вақте ки фарзандон волидонро гӯш намекунанд. Вале чӣ тавре, ки муомилаи онҳо суст мегардад, муомилаи масеҳии беитоат низ ҳамин хел бо Худованд суст мегардад. Шумо бояд чӣ кор кунед, вақте ки гуноҳ менамоед ва беитоат мегардед?


  • Пас кист оне, ки мегӯяд, вай гуноҳ надорад? (1 Юҳанно 1:8)




  • Шумо бояд чӣ кор кунед, вақте ки гуноҳ содир намудед? (1 Юҳанно 1:9)



Худованд ваъда дод, ки Ӯ гӯш мекунад, вақте ки мо мувофиқи иродаи Ӯ ибодат менамоем (1 Юҳанно 5:14-15). Ӯ ваъда дод, ки агар мо барои гуноҳҳоямон кафорат мехоҳем, Ӯ моро мебахшад ва аз ҳама гуноҳҳо озод менамояд. Барои гуноҳҳоятон мувофиқи иродаи Ӯ кафорат талабед. Бо он қаноатманд нагардед, ки муносибататон бо Худованд доимист. Ин ношоиста мебошад. Муомилаатонро бо Худованд барқарор намоед. Бо пуррагӣ аз хушбахтии ҳаётатон лаззат баред.



Нафаскашии рӯҳонӣ


Бадани шумо ҳавои истифодашударо берун мекунад ва ҳавои тозаро қабул мекунад. Ба воситаи нафаскашӣ бадани шумо ҳама вақт тоза мегардад. ҳамин хел нафаси рӯҳонӣ низ рӯҳи шуморо тоза мегардонад. Чӣ тавре, ки шумо ҳавои вайроншударо берун месозед, ҳамин хел шумо кафорати гуноҳҳоятонро металабед. Чӣ тавре ки шумо ҳавои тозаро фурӯ мебаред, ҳамин тавр шумо авф гаштан, тоза шуданатонро ҳис мекунед ва бо қудрати Худованд фаро гирифта мешавед. Вақте ки шумо гуноҳ содир менамоед, ҳама вақт мувофиқи ин нуктаҳо нафаси рӯҳонӣ кашед:



  1. Бо Худованд созиш кунед, ки Ӯро итоат нанамудаед. Омурзиши гуноҳҳоятонро талабед.



  1. Агар ин имконпазир аст, бо чизи дигаре, ки шумо доред онро ҷуброн намоед.



  1. Рӯҳулқудсро пайравӣ намоед ва минбаъд чунин гуноҳҳоро содир нанамоед. Бигзор Масеҳ дар ҳаёти шумо ҳукмрон бошад.



Худовандро сипосгузорӣ намоед. Худованд аз гунаҳкори тавбакунанда рӯй намегардонад. Худованд гуноҳҳои шуморо авф намуд. Аз ҳиссиёти гунаҳкорӣ озод бошед ва бигзор дар ҳаётатон Масеҳ ҳукмрон бошад. Бигзор Рӯҳулқудс дар шумо зиндагӣ намояд.



Қадами чорум: Калисо – ҷамъияти фарзандони Худованд


Калисо дар забони юнонӣ монанди “экклесия” садо медиҳад. Маънии ин калима “даъватшудагон” ё “интихобшудагон” мебошад. Калисо ин ҷисми зинда мебошад, ки аз одамони ин дунё барои фарзандии Худованд даъватшудагон мебошад. Ин ягонагии фарзандони Худованд дар ҳаёти шумо ҷои муҳимро ишғол менамояд.



Калисо – ҷамъияти фарзандони Худованд


Ба кадом калисои маҳаллӣ шумо меравед? Калисои маҳаллӣ – гурӯҳи масеҳиёнанд, ки мунтазам якҷоя ҷамъ мешаванд. Агар шумо то ҳол ба ягон калисо намеравед, пас барои худ ягон беҳтарашро интихоб намоед, ки он ҷо Каломи Худовандро хуб тарғиб менамоянд. Аъзои калисои хуби маҳаллӣ будан, барои шумо хеле муҳим аст.


Ба калисои маҳаллӣ масеҳиён мунтазам барои ибодати Худованд ва ё ягон фаъолияти дигар ҷамъ мешаванд. Ин Амри Худованд аст, барои масеҳиён мунтазам дар маҷлисҳо ҷамъ шудан (Ба Ибриён 10:24-25). Азбаски шумо мунтазам дар маҷлисҳо ҷамъ мешавед, шумо бояд таъиноти ононро донед, то ин ки фаъолияти шумо бемаънӣ набошад.


Вазифаҳои калисо ва ибодати мунтазам ба Худованд


Калисо- ин ҷамъияти масеҳиён мебошад, ки онро Исои Масеҳ сарварӣ менамояд. Вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳоро Худованд аз калисоҳо интизор аст. Пас аз нузули Рӯҳулқудс бо калисоҳо чӣ рӯй дод?


  • Аъмоли ҳаввориён 2:42


1)



2)



3)


  • Аъмоли ҳаввориён 4:31



Калисо- ин ҷамъияти фарзандони Худованд аст, ки мунтазам ҷамъ мешаванд, то ин ки Каломи Худовандро омӯзанд, донанд, бо якдигар муносибат дошта бошанд, нонашонро бо ҳам бинанд, якҷоя ибодат намоянд, дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат диҳанд. Шояд таҷрибаи шумо оиди калисо танҳо ташрифи мунтазам ва ибодат бошад. Ба воситаи ибодат масеҳӣ Каломи Худовандро дарк менамояд. Онҳо инчунин шукргузорӣ намудан, мадҳу ситоиш кардан, ибодат намудан ва ҳаёти худро ба Худо бахшиданро ёд мегиранд. Бо воситаи ибодат масеҳиён ба якдигар муомила мекунанд ва ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. Амали ибодат намудан дар калисоҳои гуногун кам фарқ мекунанд. Вале тартиби асосӣ як хел мебошад.


Амал дар вақти ибодат ба Худованд



Ибодати даруннокӣ (бо хомӯшии пурра)-

ибодати бо андеша.


Мадҳу ситоиши умумӣ –хондани сурудҳои Худовандро мадҳкунанда.


Хониши ҷавобӣ – хониши алтернативӣ аз ҷониби сарвар ё маҷлис.


Эълон.


Хониши Каломи Худованд.


Ибодати намояндагӣ (воситачӣ шудан).


Мадҳу ситоиши хори сарояндагон.


Тарғибкунӣ – тарғиботчӣ Каломи Худовандро шарҳ медиҳад ва моҳияти онро барои ҳаёти ҷамъшудагон мефаҳмонад.


Қурбонкунӣ – барои ибодатомадагон садақаи худро ба Худованд медиҳанд ва бо ин эътирофи муҳаббати Ӯро нишон медиҳанд.


Ибодат барои қурбониҳо – ибодат барои тӯҳфаҳоқурбониҳо барои Худованд.


Дуои фотеҳа – роҳиб (пастор) дар охири хидматгузорӣ барои ҷамъомадагон менамояд.




Ибодаткунӣ ва намудҳои ҳатмии хидматгузорӣ


  1. Ибодаткунӣ ва маҷлисҳои ибодаткунӣ.


  1. Мактабҳои якшанбегӣ.


  1. Хидматгузории субҳи якшанбе: ибодати Худованд, ки ҳар якшанбе мунтазам гузаронида мешавад. Баъзе калисоҳо ду ё зиёда хидматгузорӣ доранд, агар ҳама аъзоёни калисо дар як вақт иштирок карда натавонанд.


  1. Хидматгузории шоми якшанбе.


  1. Ибодат дар рӯзи чоршанбе.


  1. Ибодати барвақтии субҳӣ: анъанаи махсуси калисои кореягӣ, вақте ки масеҳиён барои якдигар, аъзоёни оила, калисо, халқ дуо мегӯянд.


  1. Намудҳои ҳатмии хидматгузорӣ.


  1. Таъмид – одаме, ки Исои Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳандаи худ қабул кардааст, ба воситаи таъмид бо об имондории худро тасдиқ менамояд.


  1. Шоми Худованд – масеҳиён марги Исои Масеҳро дар салиб ёдоварӣ менамоянд: онҳо нонро пора карда байни якдигар тақсим менамоянд, ки ин рамзи бадани Исои Масеҳ аст. Инчунин як қултӣ шароб менӯшанд, ки ин рамзи хуни рехтаи Масеҳ дар салиб мебошад.



Рафтор дар вақти ибодат


  1. Кӯшиш кунед ба ҷои ибодат камаш 10 дақиқа пештар то ибодат оед.


  1. Даруннокӣ дар бораи рафти ибодат ва иштирокчиёни он (роҳибони хор, ҷамъкунандагони қурбонӣ ва ғайра)

дуо кунед.


  1. Бо эҳтиёт либос пӯшед. Либосҳое, ки шаҳватро ба миён меоранд, аз онҳо канораҷӯй намоед.


  1. Бо беҳудагӯӣ машғул нашавед, то ба дигарон халал нарасонед.


  1. Агар дуои Худованд ба хидматгузории шумо дахл дорад, пас бо тамоми дилу ҷон ва шууратон дуо гӯед, то ин ки он дуои шахсиатон гардад.


  1. Бо тамоми дилу ҷон дар ибодати намояндагӣ ва мадҳу ситоиш умумӣ иштирок намоед.


  1. Даруннокӣ барои роҳиб ва ҳамаи ҷамъшудагон дуо гӯед.


  1. Бодиққат вазъро гӯш кунед ва кӯшиш кунед, дарсро, ки аз он гирифтед, дар хотир нигоҳ доред.


  1. Садақаро додаистода, нишон диҳед, ки ин рамзи имондории шумост ва ҳама чизе, ки шумо доред, ин азони Худост. Ба Худованд барои ҳимояташ ва таъминоташ бо хушҳолию шукргузорӣ диҳед (2 Қӯринтиён 9:7).


Дуои Худованд


(Дуое, ки Исо ба шогирдонаш омӯхт)



Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ; Ва қарзҳои моро бибахш, чунонки мо низ ба қарздорони худ мебахшем; Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин” (Матто 6:9-13)



Дуо ин сӯҳбати шумо бо Худованд аст. Ба воситаи ин дуо шумо Ӯро барои мавҷудияти муқаддасаш мадҳу ситоиш менамоед. Шумо инчунин аз Худованд илтиҷо намоед, ки ирода Ӯ дар ҷаҳон ва дар ҳар кадоми шумо барқарор гардад.



Мо инчунин барои хӯроки ҳаррӯзаамон, ки ҷисми моро қудрат мебахшад, барои авфи гуноҳҳоямон ва озодиамон аз васвасаи бадӣ дуо мекунем. Дуо бо ситоиши Худованд, инчунини Шоҳигарии Ӯ, ҳокимият ва шӯҳрати абадии Ӯ анҷом меёбад.



“Омин” маънои “ҳақиқат” ё “бигзор ҳамин тавр шавад”-ро дорад. Вақте ки шумо ин дуоро истифода мебаред, шумо бояд сидқан бо тамоми дилу ҷон дуо намоед.


Пеш аз он ки масъалаи калисои маҳаллиро ҳал намоед, кадом чизҳои заруриро бояд дида бароед?



Муҳимияти калисои маҳаллиро қайд нокардан номумкин аст. Интихоби калисои маҳаллӣ ба инкишофи имони шумо таъсир менамояд. Пеш аз он ки калисои маҳаллии мерафтагиатонро интихоб намоед, масъалаҳои зеринро дида бароед.


  1. Оё муаллим ё роҳиб Каломи Худованди Библияро дуруст таълим медиҳад?


  1. Хидматгузории мунтазами он ҷо хурсандиовар аст ва ё вазъгӯии он ҷо маъние дорад?


  1. Оё аъзоёни калисо он ҷо якдигарро дӯст медоранд.


  1. Оё фаъолияти гурӯҳҳои майда дар ин калисо маъние дорад?


  1. Оё аъзоёни калисо фаъолона ва сидқан дуо мекунанд?


  1. Оё аъзоёни калисо сидқан шаҳодат медиҳанд ва оё омӯзгоре ҳаст, ки масеҳиёни ҷавонро дастгирӣ намояд?



Пеш аз он ки шумо ба ягон қароре меоед, ҳамаи ин унсурҳоро дида бароед. Агар шумо лаёқати ин унсурҳоро баҳодиҳӣ надоред, бо он одаме, ки шуморо ба Масеҳ овард, маслиҳат намоед. Гурӯҳҳои ғайримасеҳие вуҷуд доранд, ки номи Масеҳро гирифтаанд. Бодиққат бошед ва аз онҳо канораҷӯӣ намоед.




Қадами панҷум: Каломи Худованд барои шумо


Библия Каломи Худованд барои одам мебошад. То замони ҳозира, ин китоби аз ҳама серхонанда ва пурарзиш мебошад. Кӯшишҳои зиёде барои нест кардани Библия буд. Таъқибкунандагонаш дар рафти таърих нест шудан, вале Библия монд. Ин барои он аст, ки Библия Каломи Худованд мебошад. Худованд ба воситаи Библия бо одамон гап мезанад. Масеҳиён Каломи Худовандро ба воситаи Библия меомӯзанд, то ин ки ҳаёти пурмаънӣ дошта бошанд.


Каломи Худованд барои шумо


Шумо Исои Масеҳро қабул карда фарзанди дӯстдоштаи Худованд гаштед. Худованд мехоҳад бо фарзандаш, яъне бо шумо сӯҳбат намояд. Дар Библия сарчашмаҳои рӯҳонии тамомнашаванда барои шумо ниҳон аст: муҳаббати Падар ба шумо. Нақшаи Худованд барои шумо фотеҳаи Исои Масеҳ, роҳбарӣ ва ҳокимияти Рӯҳулқудс, Калисо ва ғайра. Худованд мехоҳад ки шумо ин сарчашмаҳоро донед.


Каломи Худованд – ин ғизои рӯҳонӣ барои шумост. Чӣ тавре, ки кӯдаки майда баҳри инкишоф ёфтан мӯҳтоҷи ғизост, шумо низ ба ғизои рӯҳонӣ эҳтиёҷ доред, то ин ки инкишоф ёбед ва ба камол расед. Каломи Худовандро дар вақти муайянкардашуда омӯзед ва бо ибодат дар лаҳзаҳои оромӣ дар ин бора фикр намоед.



БИБЛИЯ (Китоби Муқаддас)


Библия аз ҳама китобҳои одам навиштагӣ фарқ менамояд. Библия аз ҷониби одамоне навишта шудааст, ки сарварашон Рӯҳулқудс буд (2 Петрус 1:20-21; Тимотиюс 3:16). Муаллифи Библия – ин Рӯҳулқудс мебошад. Дар вақти хондани Библия, то ин ки онро дуруст фаҳмед, ин китобро ҳамчун Каломи Худованд, ҳамчун роҳбарии асосии Рӯҳулқудс бароятон ба ҳисоб гиред.


  • Агар одамон Каломи Худовандро дӯст доранд, онҳо чӣ кор менамоянд? (Забур 118:97)


  • Натиҷаҳои андешарониҳои шумо дар болои Каломи Худованд ва итоаткориатон чист? ( Забур 118:98-100)


  • Агар одамон дар болои Каломи Худованд андеша меронанд ва онро мефаҳманд, чиро бад мебинанд? (Забур 118:104)



Каломи Худовандро дӯст доред ва болои он андеша ронед. Шумо аз душманонатон донотар мешавед ва Худо шуморо шӯҳрат мебахшад. Бигзор Каломи Худованд барои шумо аз асал ширинтар шавад. Роҳи бадро дӯст надоред.

Ба воситаи Каломи Худованд нури ҷаҳон гардед.


Вақти оромӣ


Дар як ҷои ором, дар вақти ором бо Худованд, монанди кӯдаке, ки бо Падар гап мезанад, гап занед. Ин вақт – вақти ибодат ё вақти ором номида мешавад. Дар ин вақти ором Худовандро ба воситаи Библия гӯш кунед ва бо Ӯ ба воситаи дуо гап занед.


Вақти ором ва омодагӣ ба омӯзиши Библия


  1. Библияи шахсиатонро омода созед. Беҳтар мешуд, агар ин Библия бо ҳошияҳои васеъ барои қайдҳо бошад.

  2. Қаламҳои ранга ё фломастерро омода созед, то ин ки сатрҳои хондаатонро рах кашед ё нишона гузоред.

  3. Коғаз ё дафтаре омода созед, ки дар он чизҳои омӯхтаатонро нависед. ҷузъгире тайёр намоед ва дар он қайдҳо ва варақҳои навиштаатонро ҷойгир намоед.



Усулҳои омӯзиши Библия дар вақти ором


Якчанд омӯзишҳои Библия мавҷуданд, ки шумо метавонед дар вақтҳои ором истифода баред. Якҷоя ин усулҳоро дида мебароем.



Усули якум

(Хондан ва андеша рондан аз болои қисмҳои алоҳидаи Библия)


  1. Аз ибодат сар кунед. Дуо кунед, то Худо бо дили шумо гап занад.



  1. Як банд ё як бобро интихоб намоед. Банд ин қисмест аз Библия, ки ба қисми пеш ва пас аз он омада алоқаманд аст. Библияеро истифода баред, ки он аллакай ба бандҳо ҷудо карда шудааст.



  1. Дар болои Каломи Худованд андеша ронед. Саволҳои зеринро гузоред ва онҳоро дар Библия қайд намоед.


  • Матн дар бораи чӣ мегӯяд?


  • Ӯ дар бораи Худо- Падар, Рӯҳулқудс, Исои Масеҳ чиро меомӯзонад?


  • Дар бораи ҳаёти калисоӣ чиро меомӯзонад?


  • Дар бораи одам чиро меомӯзонад?


  • Барои тақлидкунӣ кадом мисолҳо оварда шудаанд?


  • Кадом. Сабақҳоро ман бояд пайгирӣ намоям?


  • Аз кадом гуноҳҳо ман бояд канораҷӯӣ намоям ва чиро ман бояд вазъ намоям?



  1. Барои сабақҳои гирифтаатон Худовандро сипосгузорӣ намоед. Барои ибодат вақт ҷудо намоед.

Усули дуюм

(Нигаҳдории қайдҳои дарс)


  1. Аз дуо сар кунед.


  1. Як банд ё як бобро интихоб намоед.


  1. Дар бораи Каломи Худованд андеша ронед.


  1. Чизи донистаатонро дар варақ ё дар дафтар маҳфуз доред.


  • вақт ва ҷой аз Библияро нависед;


  • қайдҳо дар бораи чизҳои донистаатон ва сабақи гирифтаатонро маҳфуз доред;


  • мавзӯҳо ва китобҳои библиявии мувофиқро ба тартиб ҷо ба ҷо гузоред.



5. Барои дарсҳое, ки шумо гирифтед, Худовандро ситоиш намоед. Барои ибодат вақт ҷудо намоед.


Усули дуюм ва усули якум бо истиснои маҳфуз доштани қайдҳои дарсҳои гирифташуда як хеланд. Агар шумо қайдҳои мавзӯҳо ва китобҳои библиявиро ба тартиб ҷорӣ менамоед, дар оянда ин ҳама барои шумо фонди пурқимати рӯҳоние мешавад.


Усули сеюм

(Истифодабарии маводҳо барои омӯзиши Библия)



  1. Аз дуо сар кунед.


  1. Библияро ба воситаи маводҳо барои омӯзиши он омӯзед.


  1. Дар болои Каломи Худованд андеша намоед.


  1. Ба саволҳо аз маводҳои нишондодашуда ҷавоб гардонед. Барои худ дарсҳоеро нависед, ки дар вақти омӯзиши Библия аз рӯи ин маводҳо гирифтаед.


  1. Барои дарсҳои гирифтаатон Худовандро ситоиш намоед. Барои ибодат вақт ҷудо намоед.



Усули сеюм ба дуюм бо истиснои истифодабарии маводҳои омӯзиши Библия монанд мебошад. Дар давоми як ҳафта камаш ду ё се рӯз усули сеюм ва дуюмро истифода баред ва чизҳои омӯхтаатонро қайд намоед. Шумо инчунин метавонед усули якумро дар рӯзҳои боқимондаи ҳафта истифода баред. Агар шумо ба қароре омадед, ки маводҳои омӯзиши Библияро истифода баред, пас маводи индуктивиро истифода баред. Шумо метавонед, маводҳои зеринро интихоб намоед:


  • Панҷ майдони омӯзиши Библия”.

  • Китоб аз паси китоб”, маводи индуктивӣ барои омӯзиши Библия.

  • Китобҳое, ки барои вақти ором таъин гаштаанд.


Қадами шашум: Дуои шумо ба Худо

Дуо – ин сӯҳбат байни Худо ва фарзанди Ӯ мебошад. Худо бо фарзандонаш ба воситаи Библия гап мезанад, фарзандонаш бо Худо ба воситаи дуо гап мезананд. Шумо дар бораи Худованд бештар ба воситаи ибодати шахсии ҳаррӯзаатон дониста мегиред. Ба воситаи дуо масеҳиён метавонанд ҳаёти ҳақиқию бомуваффақияти масеҳиро аз сар гузаронанд.


Дуои шумо ба Худо


Худо, Падари шумо ба шумо тӯҳфаҳои зебо ва пурқиматро мехоҳад. Вале агар шумо ибодат намекунед, аз ин тӯҳфаҳо лаззат бурда наметавонед. Худованд дуоро мешунавад ва ба хоҳишҳои фарзанди дуо мегуфтагиат ҷавоб мегардонад.

Масеҳиёне, ки дуогӯй буданд ва волидону дӯстони онҳо, ки бароятон дуогӯй буданд, дар ҳама кор пешсаф буданд. Исо инчунин ибодат мекард. Ба воситаи дуо Исо иродаи Худовандро медонист ва ёрии Ӯро қабул менамуд. Агар шумо хоҳед, ки дар ҳама кор пешсаф бошед, дуо кунед.


Бисёр вақт одамон фикр мекунанд, ки дуо ин пешниҳоди хоҳишҳо ба Худост. Вале дуои ҳаматарафаи шумо дорои парастиш, муҳаббат, навозиш, эътирофи гуноҳ, сипосгузорӣ ва илтиҷост. Шумо метавонед ба назди Худо ба воситаи дуои шахсӣ ва сидқӣ равед.


Унсури дуо – парастиш

  • Вобаста ба Худо мо бояд чӣ кор кунем? (Забур 99:1-2)




  • Мақсад дар ин чист? (Забур 99:3)



  • Худованд – Офаридгор Падари шумост, ки шуморо бо навозиш тарбия менамояд.

ҳимоякунӣ ва таъминкунии мунтазами Ӯро бароятон қайд намоед.



  • Оё буданд чизҳое, ки барояшон ноором гаштед, ё барояшон хушбахтиро аз даст додед.


Бисёр далелҳое ҳастанд, ки барои онҳо мо бояд Худовандро ситоиш намоем. Вале далели аз ҳама арзишнок он аст, ки Ӯ, Худои мост, Падари мост. Ин пурратарин ва комилтарин далелест ба фоидаи он, ки мо хушбахт бошем. Оё шумо метавонед, ба Ӯ ҳама нооромиатонро бахшед ва ба бо хушҳолӣ Падарро мадҳ намоед?



Унсури ибодат – эътирофи гуноҳ


  • Агар мо гуноҳҳоямонро эътироф намекунем, пас ибодати мо чӣ гуна мешавад? (Забур 65:18)



  • Худо бо чӣ қаноатманд мешавад? (Забур 50:17)



  • Агар мо кафорати гуноҳҳоямонро мехоҳем, Худо чӣ кор мекунад (1 Юҳанно 1:9)



  • Ин гуноҳҳо кадомҳоанд, ки шумо барояшон омӯрзиш мехоҳед?



Агар мо гуноҳҳоямонро пинҳон мекунем, Худо дуои моро намешунавад. Худо ҳамеша қаноатманд аст, вақте ки мо тавба мекунем ва омурзиши гуноҳҳоямонро мехоҳем. Агар шумо то ҳол барои гуноҳҳоятон омурзиш наталабида бошед, пас худи ҳозир талабед. Ба Худо сипосгузорӣ намоед. Худованд шуморо барои хуни Исои Масеҳ бахшид. Дигар ин хел гуноҳҳо содир насозед. ҳама вақт нафаскашии рӯҳониро машқ намоед. Оё Худо ба дуои шумо ҷавоб гуфт.


Унсури дуо – сипосгузорӣ


  • Мо чӣ тавр Худоро сипосгузор бояд бошем? (1 Таслункиён 5:18)




  • Мо чӣ тавр ҳама чизро иҷро кунем? (Филиппиён 4:6)




  • Ин чӣ маънӣ дорад, ки мо барои ҳама чиз ба Худо бояд сипосгузор бошем? (Румиён 8:28)




  • Чаро шумо ба Худо сипосгузор нестед? Чӣ гуна далел доред?




Ташаккур гуфтан барои ҳама чиз ба Худо ин вазифаи одами масеҳист. Ба Худо ҳатто барои он чизҳое, ки бароятон ғусса ва душворӣ меоранд ташаккур гӯед. Агар шумо хоҳишатонро ба Худо бо миннатдорӣ пешниҳод менамоед, Падари шумо, Офаридгори шумо дуоятонро мешунавад. Ӯ эҳтиёҷоти шуморо дар ҳама чизҳо қаноатманд месозад. Худованд некӣ мекунад. Оё шумо Худовандро барои он чизҳое, ки пеш носипос будед, сипосгузорӣ карда метавонед.



Унсури дуо – илтиҷо

  • Вазъияти мо бояд чӣ гуна бошад, вақте ки мо ба Ӯ илтиҷо менамоем? (Матто 7:7)




  • Чаро мо ба ин вазъият эҳтиёҷ дорем? (Матто 7:8-11)




  • қайдҳоро барои дуо омода созед ва дуо намоед.





Илтиҷо: ҷавоб:


------------------------------ -------------------------------

------------------------------ -------------------------------

------------------------------ -------------------------------

------------------------------ -------------------------------



Худованд қаноатманд аст, вақте ки мо мунтазам ва мушаххас дуо мекунем. Хоҳиш кунед. ҷустуҷӯй намоед. Кӯбед. Худованд ба онҳое дарро мекушояд, ки мунтазам ва мушаххас дуо мегӯянд. Ин барои он аст, ки ибодат ифодаи имондорӣ ба Худо аст ва Ӯ ҳама вақт қаноатманд аз он аст, ки ба фарзандонаш чизи хубе медиҳад.



Вазъияти ибодат – шахсан, сидқан, вобастаи иродаи Худованд



  • Дар куҷо ва чӣ тавр мо бояд ибодат намоем? (Матто 6:6)




  • Фарқи ибодати мунтазам ва ибодати пургӯӣ чист? (Матто 6:7)



  • Худованд кадом дуоҳоро мешунавад? (1 Юҳанно 5:14-15)




  • Кадом вақтро шумо барои ибодат ҷудо кардан мехоҳед? Инро тасдиқ намоед.



Ба Худо шахсан ибодат намоед. Агар шумо мехоҳед бо Падаратон, ки ноайён аст, вохӯред, шахсан ва сидқан ибодат намоед. Мунтазам ибодат намоед. Вале илтиҷои рӯякӣ ин танҳо дуои пургӯӣ аст. Ин барои Худованд беҳуда аст. Ӯ пеш аз шумо эҳтиёҷотатонро медонад. На бо хоҳиши худ илтимос кунед, балки мувофиқи иродаи Худованд (Яъқуб 4:2-3)

ҳаррӯз вақт ҷудо намоед ва ибодат кунед.



<< Дарсҳои рӯҳонӣ