www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Усулҳои омӯзиши Библия - 1DownloadУсулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири онДар бораи муаллифДоктор Деннис Ҷ. Мокк, ки ба дараҷаи пастори рӯҳонӣ расидааст, аз соли 1985 дар калисои Якуми Баптистии Атланта, штати Ҷорҷия, И.М.А ба ҳайси роҳбари барномаи таълим барои калонсолон ва омӯзондани Библия хидмат менамояд. Пеш аз адои хидмат намудан аз соли 1982, доктор Мокк дар тӯли сенздаҳ сол бо корҳои ҳуқуқшиносӣ дар Атланта шуғл дошт. Зиёда аз 25 сол оиладор буда, падари се фарзанд мебошад.Доктор Мокк воситаҳои зиёди таълимӣ оид ба омӯзиши Библия барои мактабҳои якшанбегиро навиштааст. Аз соли 1985 ӯ дар коллеҷи библиявии Колумбия дар курсҳои адъюнкт (шахсе, ки дар баъзе идораҳои илмӣ вазифаи хурди илмиро адо мекунад) дарс мегӯяд. Ӯ дорои унвонҳои зайл мебошад: бакалавр-пас аз хатми донишгоҳи Сэмфорд соли 1966, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ-пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Еймор соли 1969, магистр оид ба ихтисоси «Омӯзиши Библия»- пас аз хатми семинарияи Теологии Даллас дар соли 1984. Ӯ Библияро дарс медиҳад, бо тайёр намудани омӯзгорон машғул мешавад, барномаҳои таълимиро омода месозад, инчунин китобҳо менависаду дар семинарҳою конференцияҳо баромад мекунад. Сипос Худованд ба ман фикри омода сохтани ин воситаҳои таълимӣ ва ташкил намудани маркази таълимии Библиявӣ оид ба тайёр кардани пасторҳоро фиристод. Вале натиҷаи ниҳоӣ имконнопазир буд, бе: *раҳнамоии Рӯҳулқудс, *дастгирӣ, муҳаббати доимӣ ва пуртоқатии зани ман Пэт, *ёрии беғаразонаи ҷорҷ Морган- сарвари миссияи ҷаҳонии калисои Якӯми Баптистии Атланта, штати ҷорҷия, И.М.А., *меҳнати бо ҷидду ҷаҳди ёрдамчии ман Карен Брайан *ҳамақидагӣ бо Чак Кинзер (калисои Кибер, Найроби, Кения) Деннис ҷ.Мокк Атланта, ҷорҷия Апрел с. 1989 Сарсухан Мавзӯҳои ин воситаи таълимӣ мутобиқи анъанаҳои асосии теология ва таҷрибаи масеҳӣ омода гаштаанд. Онро монанди мутобиқи анъанаҳои инҷилӣ ва дар Библия асосёфта таҳшин карда шуда (соф кардашуда) дидан мумкин аст. Ин китоби дарсӣ қисми таркибии барномаи ягонаи мустақил, ки барои як соли таҳсил ба ҳисоб гирифта шудааст, мебошад. Даҳ курси ин барнома ба пастор имконият медиҳад, ки дар тамоми нуқоти сайёра дорои донишу малакаи зарурӣ барои иҷрои бомуваффақияти вазифаи библиявии пасторӣ бошад. Аслан мавзӯъҳои ин ҷо гирдовардашуда характери умумӣ дошта, амалан дар ҳамаи намудҳои фарҳангҳо истифода бурдани он мумкин аст. Азбаски маънии контекстӣ ва мадании мавзӯъ вобаста ба шакли баён аст, на аз мундариҷа, муаллим ё мураббиро зарур аст, ки мувофиқи имконият айёният ва мисолҳои маънии фарҳангӣ доштаро интихоб намоянд, то ин ки мундариҷаи асосии мавзӯро самарабахш пешкаш кунанд. Ин даҳ воситаи таълимӣ дар баробари тафсирҳои Библия материалҳои асосии таълимии Маркази тайёркунии пасторҳо мебошад. Ин гуна муносибат самаранокии назария ва амалияи тайёркунии пасторҳоро, ки омӯзиши махсусро дар ҳаҷми барномаи коллеҷи Библиявӣ ё семинария гузаштаанд, таъмин менамояд. Китоби дарсии мазкурро ба сифати худомӯз ё барои омӯзиш зери сарварии муаллим ва ё мураббии бетаҷриба истифода бурдан мумкин нест. ҳар як курс барои на камтар аз 40 соат корҳои аудиторӣ ва 30 соат машғулиятҳои иловагӣ, ки такрори мавзӯҳои гузашта, иҷро кардани вазифаҳо, мустаҳкам кардани донишу малакаи пештар ҳосилнамударо дар бар мегиранд, иборат мебошад. Баъзе курсҳои таълимӣ метавонанд 60 ва зиёда аз ин соатҳои кориро дар аудитория талаб намоянд. ҳаҷми китоби дарсӣ вобаста аз фанни омӯзиш байни 100 то 300 саҳифаро дар бар мегирад. Пас аз хатми омӯзиши ин даҳ китоби дарсӣ китобхонаи рӯимизии пастор ташкил мекунанд. Онҳо инчунин ҳамчун сарчашмаҳои гуногуни материалҳои Библиявӣ хидмат мекунанд, ки онҳоро пасторҳо истифода бурда истода, метавонанд солҳои дароз вазъ гӯянд ва таълим диҳанд. Чунин муносибат ба насиҳати дар Навиштаи Муқаддас ба пастор дар бораи тарбия намудани шогирдони Масеҳ, вазъ гуфтан ва Каломи Худовандро таълим додан асос ёфтааст (1 Тимотиюс 6:2. 2 Тимотиюс 2:2, Матто 28:18-20). Дар баробари ин донистан лозим аст, ки Библия фанни асосии таълим аст. «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад». (2 Тимотиюс 3:16-17). Вазифаи материалҳои барнома- ин чунин тайёр намудани одамон аст, то ки онҳо лаёқати бо ифтихори Худованд паҳн намудани мақсадҳои Ӯро дар рӯи замин дошта бошанд «Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат ба бинои Бадани Масеҳ» (Эфсӯсиён 4:11-12). Курсҳо
Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Тавсияҳои методӣ барои МБТП (Маркази библиявии тайёркунии пасторҳо) То ин ки материалҳои барномаро ба тафсил «дода нашуда» ва аз мавзӯи асосӣ «берун набаромада» бештар самаранок пешниҳод намоед, омӯзгор бояд дар ҳар як машғулият тавсияҳои зеринро сармашқи кори худ намояд: Дар вақти машғулият: *Ба материалҳои нав шинос намоед. *Саволҳои ёрирасон ё саволҳое диҳед, ки дар таркибашон ҷавоб бошад. *Тафсирҳои асосиро ҷудо намоед ва шарҳ диҳед. *Диққататонро ба оятҳои асосии Библия равона созед ва онҳоро дар рафти таълим истифода баред. *Материали омӯхтаистодаро дар шакли як чизи бутун тасаввур намоед. *Шогирдонро ба шавқ оред. ҷидду ҷаҳдашонро афзун намоед. *Фикронии шогирдонро ба самти муайян равона созед. *Ба саволҳо кӯтоҳу аниқ ҷавоб диҳед, саволҳои минбаъдаро дар вақти махсуси барои ин ҷудокардашуда муҳокима намоед. *Кӯшиши онро нанамоед, ки тамоми материалро бо тафсил равшанӣ андозед, (калима ба калима)-шогирдон онро бояд баъдтар пурра хонанд ва омӯзанд. *Контекст ва силсилаҳои ишораҳоро ташкил намоед, тафсилҳо ва бобҳои алоҳидаро ба он пайваст намоед. *ҳақиқатҳо ва талаботҳои пештаромӯхташударо мунтазам такрор намоед ва шогирдонро барои дарки чизҳои нав омода созед. *ҷамъбаст кунед ва ғояҳои асосиро ҷудо намоед. *Материали омӯхтаро ба чизи бутун расонед ва алоқа бо дигар китобҳои дарсиро барқарор намоед. *Мувофиқати шаклҳои гуногуни корӣ: лексия, баҳс, сӯҳбат ва саволу ҷавобро истифода баред. *То ин ки самаранокии рафти омӯзишро тафтиш намоед. Супоришҳои тадқиқотиро истифода баред. *Пешравиро аз рӯи саҳифа ё бобҳои дар як рӯз гузаштаатон баҳо диҳед, аз рӯи имконият дар якҷоягӣ бо дигар омузгорон кор кунед.
Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Курс №1 Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Барномаи курс Таъиноти курс Курс барои шинос намудани шогирдон бо усулҳои асосии омӯзиши Библия ва қоидахои тафсири он таъин гаштааст. Диққати махсус ба дуруст фаҳмидан ва итоат кардан ба Каломи Худованд ва инчунин ба инкишофи малакаҳои амалии шогирдон равона карда мешавад. Донишҷӯён барои худ муайян кардани онро ёд мегиранд, ки дар Навишта чӣ гуфта шудааст, он чӣ маънӣ дорад ва онро дар амал чӣ гуна татбиқ кардан мумкин аст. Вазифаҳои курс
«Каломи Худовандро омӯзед, то Худоро, ки Каломро ба шумо додааст, дарк намоед». Материалҳои таълимии курс 1.Библия 2.Шарҳи Библия 3.Воситаи таълимии ҳақиқӣ Талаботи курс
А. Пеш аз машғулияти охирин шумо ба омӯзгор бояд кори хаттӣ (дар ҳаҷми 1 саҳифа) бо нақл дар бораи ҳақиқат, қоидаҳо, фаҳмиш ё шахсиятҳои библиявӣ, ки дар рафти машғулиятҳои курс ба шумо бештар таъсир расонидаанд, супоред. Б. Дар вақти машғулиятҳои рӯзона ва инчунин танаффусҳо байни семестр ба шумо супоришҳои зеринро иҷро кардан лозим аст (танҳо пас аз ин шумо метавонед таҳсилро дар семестри дигар идома диҳед): *Боз як бор бодиққат тамоми материали таълимии ин китоби дарсиро хонеду такрор намоед. *Фаслҳои зерини Библияро хонед: дар ибтидои курс 3 Ҳастӣ-Китоби сеюми Подшоҳон -----------\\----------- 5 Китоби 4 Подшоҳон- Суруди сурудҳо ------------\\----------- 7 Ишаъё – Малокии Набӣ -------------\\---------- 10 Матто – Ваҳй *Дар як рӯз 25 саҳифа хонед (танҳо Навиштаи муқаддас, ғайр аз шарҳу тафсир ва ғайра). *Дар бораи иҷрои ҳама талаботҳо ҳисоботи хаттӣ диҳед. Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Харитаи таълими методии курс Рақами машғулият Таърихи рӯз Рақами саҳифа Мавзӯъ 1. 2. 3. 4. 5. 6. 7.
Эзоҳ: Омӯзгор метавонад, ин харитаро пур намояд ва шогирдонро огоҳ созад, ки вақти ҳар як машғулият дар кадом ҳаҷм омӯхтани мавод тавсия карда мешавад (вобаста ба курс аз 4 то 10 саҳифа).
Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Нақшаи курс УСУЛҲОИ ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ ВА ҚОИДАҲОИ ТАФСИРИ ОН
А. қудрати Каломи Худованд 15 Б. Таъиноти Каломи Худованд 17 В. Омӯхтани Библия- вазифаи пастор 21 Г. Нақши Рӯҳулқудс дар омӯхтани Библия 25 Д. Ба омӯхтани Библия чӣ гуна муносибат бояд намуд 26 Е. ҳақиқатҳои муҳим, ки ба Библия дахл доранд 27 Ж. Муайян кардани истилоҳҳои асосӣ 28 *Ваҳй, илҳом *Худодӯстӣ *Бегуноҳӣ *Обурӯй *Равшанкунӣ *Тафсир *Омӯзиши мунтазам П. Усули омӯзиши мунтазами Библия 33-109 Баёни мухтасари се давраи асосии омӯзиши мунтазами Библия 1. Мушоҳида -Дар Библия дар бораи чӣ гуфта мешавад?
А. Тасвири се давраи асосии омӯзиши мунтазами Библия Давраи 1.Мушоҳида- Дар матн дар бораи чӣ гап меравад? 34-36 *Се фикри асосӣ 34 *Чӣ тавр бояд дуруст савол дод? 35 *Чиро бояд ҷуст: -калима 37 -тартиби матн 39 -фазо 41 -шакли адабӣ 43 *ҷамъбаст намудани мушоҳида 46 Давраи 2.Тафсир – Ин чӣ маънӣ дорад? 47-76 А. Сарсухан. Саволҳои асосӣ 47 Б. Чиро бояд дар хотир дошт? 48 В. қоидаҳои умумии тафсир 50-61 1.Айнан тафсир намоед 50 2.Аз рӯи контекст шарҳ диҳед 53 3.Аз нуқтаи назари таъриху фарҳанг шарҳ диҳед 56 4.Аз нуқтаи назари шакли адабӣ шарҳ диҳед 58 5.Порчаеро бо дигар қисмҳои Навишта мутобиқ намуда 59 тафсир намоед
6.Назарияи илмии пайдарпаиро нигоҳ дошта тафсир намоед 61 Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Г. қоидаҳои хусусии тафсир 62-76 1.Масалҳо №1 (Аҳди ҷадид) 62 2.Масалҳо №2 (Аҳди қадим) 63 3.Назм 64 4.Ифодакунии образнок 66 5.Рамзҳо 68 6.Пайғамбарӣ 70 7.Истифодабарии матни Аҳди қадим дар Аҳди ҷадид 73 Д. ғалатҳо дар тафсир 76 Давраи 3. Истифодабарӣ–Ман чӣ бояд кунам? 77-79 А. Оқибати ба Каломи Худованд итоат накардан 77 Б. қоидаи бомуваффақият истифодабарӣ 78 В. Мақсади истифодабарӣ 79 Обзори ҷамъбастии ҳар се давраҳои асосӣ 80 Б. Дигар усулҳои омӯзиши Библия 81-109 1. Тарҷумаи ҳолӣ 82 2.Тематикӣ 91 3.Теологӣ (доктринавӣ) 99 4.Усули насиҳаткунии рӯҳонӣ 106 Ш. Нақшаи тахминии омӯзиши мунтазами Библия 110 УСУЛҲОИ ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ ВА ҚОИДАҲОИ ТАФСИРИ ОН
А. Қудрати Каломи Худованд *Каломи Библия лаёқати ҳаёти шуморо тағйир доданро дорад. Ишаъё 55:10-11 1 Таслӯникиён 2:13 Каломи Худованд чунон қудрати дохилие дорад, ки барои расидан ба мақсадҳои барои Худо маъқул, лозим ҳастанд.
1 Петрус 1:22-25 Каломи Худованд-ин тухмаест, ки ҳаёти навро медиҳад. 2 Тимотиюс 3:15 Навиштаи Муқаддас лаёқати ба одам нишон додани роҳи наҷотро дорад. Румиён 1:16 Инҷил- ин қудрати Худо барои наҷоти ҳамаи онҳоест, ки имон доранд.
Забур 118:9-11 Каломи Худовандро дониста ва ӯро пайгирӣ намуда истода, мо метавонем гуноҳро дар партави ҳақиқат бинем ва оқибатҳои онро дарк намоем. Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он
Чӣ тавре, ки шир ба инкишофи ҷисмонӣ ёрӣ мерасонад, ҳамин тавр Каломи Худованд ҳам, вақте ки онро мефаҳманд ва ба Ӯ итоат менамоянд, ба инкишофи рӯҳонии одам кӯмак мерасонад. Юҳанно 6:63 Каломи Худованд-ин ғизои рӯҳонии мост. Онро истифода баред ва сер гардед.
Ибриён 4:12 Каломи Худованд дорои чунин лаёқатест, ба мо чизи муқад- дастарин, майли ҳақиқии моро, ки мо баъзан худамон онро дарк наменамоем, мекушояд.
Яъқуб 1:22-25 Ба маънии Каломи Худованд сарфаҳм рафтан, ба монанди ба оина нигаристан аст, ки ба мо нишон медиҳад, мо дар ҳақиқат кистему чиро тағйир дода метавонем, агар мо Библияро пайгирӣ намоем. 2 Қӯринтиён 3:18 Агар мо мунтазам Каломи Худовандро пайгирӣ намоем, хислати мо, рафтори мо, сухани мо шабеҳи Масеҳ мегардад Қӯлассиён 3:9-10 * Библия ба ягон китобе монанд нест, ки шумо ягон вақте хонда бошед: Ин ягона китобест, ки қудрати реалии абадан тағйир додани ҳаёти шуморо дорад. Б. Таъиноти Каломи Худованд Библия –ин сарварии мо дар ҳаёт мебошад. Каломи Худованд:
Худованд додааст: Забур 118:89-91 Забур 118:160 Библия-ин ҳақиқати объективист, ки барои ҳама чизи боқи- монда ченак мебошад. Ӯ онро ба мо мекушояд, ки чӣ ҳақикат мебошаду, чӣ дурӯғ.
Забур 118:105 Библия чӣ тавре, ки ба мо ба ҳаёт роҳхати умумӣ медиҳад, ҳамин тавр мушаххас нишон медиҳад, ки чӣ тавр рӯз то рӯз зиндагӣ намоем.
месозад: Румиён 15:4 Он чизе ки Каломи Худованд ба мо таълим медиҳад, ёрӣ медиҳад, ки мушкилиҳои зиндагиро бартараф намоем ва умедро аз даст надиҳем. Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он 4. Аз такрор намудани ғалатҳои дигарон пешгирӣ менамояд: 1 Қӯринтиён 10:11-12 Мисолҳо аз Навиштаи Муқаддас моро дар бораи оқибат- ҳои гуноҳ огоҳ месозад ва нишон медиҳад, ки аз чӣ бояд канораҷӯқ намоем. 5. Худро ҳамчун «яроқи» амалкунанда муқобили васваса зоҳир менамояд: Матто 4:4,7 Исо ҳақиқатҳои библиявиро истифода бурда ба васвасаҳои шайтон рақобат намуд ва мо низ бояд чунин рафтор намоем. 6. Ба мо дониш дар бораи Худовандро медиҳад. Юҳанно 5:39 Луқо 24:27, 44 Дониши ҳақиқиро дар бораи Худованд мо аз Навишта мегирем, бе Ӯ фаҳмиши мо дар бораи Худованд нодуруст ва нопурра мебуд. 7. Моро барои хидматгори Худованд шудан «омода месозад». Библия воситаи асосии мо барои «омодагӣ» ба хидмат ва таълими дигарон мебошад. 2 Тимотиюс 3:16-17 ҲАМА Навишта
«Каломи Худи Худо»
ислоҳ насиҳат барои тақводорӣ (фош кардани рафтори нодуруст) чиро набояд кард (-) (таълими рафтори дуруст) чӣ бояд кард (+) аъинот = Одами Худо ба ҳама кори нек тайёр карда мешавад (лаёқат дорад, омӯзонда шудааст, пухта аст, ҳунарманд аст, моҳир мебошад). ХУЛОСА. Каломи Худованд ин ягона воситаест, ки моро барои хидматгорони Худованд шудан омода месозад. Каломи Худованд ин ягона чизест, мо бояд ба одамон диҳем, ки метавонад онҳоро ба наҷот барад, ҳаёти ононро тағйир диҳад, ба онҳо имконияти рӯҳан инкишоф ёфтанро диҳад ва дар Масеҳ комил гарданд.
Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Такрор
3. Бо кадом қиёс бештари одамон ҳақиқатро муайян месозанд? В. омӯхтани Библия вазифаи пастор мебошад қудрат ва таъиноти Каломи Худованд ба мо равшан месозад, маҳз Ӯ бояд мавзӯи омӯзиши мо бошад. Вазифаи пастор- омӯхтани Каломи Худованд, иҷро кардани Он ва таълими дигарон мебошад. Эзро 7:10 Пастор бояд худро ба он бахшад, то ин ки Каломи Худовандро Омӯхтан бодиққат сидқан Итоат кардан *истифода бурдан *зиндагӣ кардан, тарзе ки Калом талаб менамояд Ёд додан *бо сухан *бо ибрати шахсӣ Эзро : «дар шариати Мусо китобдони тезфаҳм» (Эзро 7:6). «коҳин ва китобдон, донандаи аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯ» буд. Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он
* боҷиддуҷаҳд 2 Тимотиюс 2:15 -бисёр кор кардан -дуруст дарс додан каломи ҳақиқатро дуруст (аниқ) шарҳ додан * рӯзмарра (мунтазам) Аъмол 17:11 -сидқан (хушҳолона, бо хоҳиш) -Навиштаро ҳал кардан -ҳар рӯз * Ба Рӯҳулқудс такя карда Забур 118:124-125 -барои дорои заковат гаштан -барои ба аслаш сарфаҳм рафтан -барои фаҳмидан
Матто 7:24-27 Одами оқил онест, ки на танҳо мешунавад, балки ба Каломи Худованд итоат менамояд. Супориш. Мухтасар дар як ҷумла ҳақиқатеро мухтасар ифода намоед, ки ҳар як ояти дар зер овардашуда ба мо меомӯзад. Юҳанно 7:17 Юҳанно 13:17 Юҳанно 14:15 Ҳизқиёл 33:30-32 Такрори шариат 29:29 Ибриён 5:14 Донистан ва итоат накардан ин маънии ҳеҷ чизро надонистан аст: Каломи Худованд барои ба Ӯ итоат кардан дода шудааст! «Библияро омӯзед, то ин ки оқил гардед, ба ӯ бовар намоед, то ин ки дар бораи ҳеҷ чиз ташвиш накашед, ба ӯ итоат намоед, то ин ки муқаддас гардед». (Муаллифи номаълум) *Ба Каломи Худованд итоат кардан рӯҳи шуморо дар тозагӣ нигоҳ медорад ва нисбати шумо ҳамчун пастор бовариро қавӣ мегардонад.* Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он 3. Ҳамин тавр, пастор бояд Каломи Худовандро вазъ гӯяд ва ёд диҳад. 2 Тимотиюс 4:2 Вазъ гуфтан-эълон кардан, маъқул кардан (чизеро), истифода бурдан. Ёд додан- насиҳат кардан, фаҳмондан, истифода бурдан. Вазифаи асосӣ: Навиштаро хондан ва маънии онро фаҳмондан, то ин ки одамон онро фаҳмида ва дар ҳаёташон татбиқ карда тавонанд. Нахемё 8:1-6 , 8,9,12 Возеҳу дастрас насиҳат намоед, то ин ки одамон итоат карда тавонанд, тарзе шарҳ диҳед, ки онҳо фаҳмида тавонанд. Аъмол 8:30-35 *Каломи Худовандро дар қудрати Рӯҳулқудс хонед ва эълон намоед. *Каломи Худорвандро шарҳ диҳед, то одамон онро фаҳмида тавонанд. *Ба одамон нишон диҳед, чӣ тавр ба Каломи Худованд итоат намудан ва онро татбиқ кардан мумкин аст. *Мо бояд ба одамон мужда диҳем, ки Каломи Худованд чӣ мегӯяд ва ба Каломи Худованд имконият диҳем, ки ба ҷои худаш сухан гӯяд* маънии Каломи Худовандро бемазмун Накунед, 2 Қӯринтиён 1:18-20 Каломи Худовандро вайрон Накунед, 2 Қӯринтиён 4:2 Каломи Худовандро рад Накунед , 1 Қӯринтиён 4:6-7 Вале пеш аз он ки пастор Каломи Худовандро бомуваффа- қият омӯзондаю вазъ гуфта метавонад, вай худаш бояд шогирди содиқи Калом бошад, то ин ки донад, дар он дар бораи чӣ гуфта мешавад, фаҳмад, ки он чӣ маънӣ дорад ва ҳақиқати библиявиро дар амал татбиқ карда тавонад. Вазифаи пастор -ба одамон чӣ тавр истифода бурдани Навиштаро фаҳмондаю нишон додан аст ва дарки ин мақсад дар пастор бояд хоҳиши хондани Библияро бедор намояд. Г. Нақши Рӯҳулқудс дар омӯхтани Библия Пастор бояд дар болои омӯхтани Библия бисёр кор кунад, вале ба Ӯ лозим аст, ки ҳама вақт ба Рӯҳулқудс такя намояд.
*ба мо ҳақиқати Худоро ёд додан, Юҳанно 14:26 *«моро барои ҳар гуна ҳақиқат панд гуфтан», Юҳанно 16:13 *ба мо дидани ғалатҳоро ёд додан (таълимоти дурӯғ), 1 Юҳанно 2:20, 26, 27 *мо бо истеъдоди мунавваршавӣ сарафроз намудан (ақли моро равшан намудан) то ин ки мо ҳақиқатро фаҳмем ва қабул намоем. 1 Кӯринтиён 2:12-14 2 Тимотиюс 2:7 Луқо 24: 45 *ба мо қудрати итоат намуданро додан. Филиппиён 2:13 Ҳизқиёл 36:27 Қӯлассиён 1:29 *Рӯҳулқудс ба мо омӯзиши Библияро иваз наменамояд: Ӯ омӯзиши Библияро самаранок мегардонад*. Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он. Д. Ба омӯзиши Библия чӣ тавр бояд муносибат кард Муносибати дуруст ба омӯзиши Библия барои шогирди боғайрат ҳатмист.
Забур 118:97-100
матн гуфта мешавад, омода созед. Забур 118-169
донистаед. Забур 118:33-35
ба дигарон омӯзед. Забур 50:14-15 То ин ки шогирди хуби Каломи Худованд гардед, худро ба таълим мувофиқ намоед, рӯҳатонро ба ин кор омода созед. *Муносибати мо ба омӯзиши Библия ва таассуроти пештар ҳосилкардаи мо ба натиҷаи омӯзиш таъсири ҷиддӣ мерасонад*. Е. ҳақиқатҳои муҳиме, ки ба Библия тааллуқ доранд Он чиро ки мо дар бораи Библия фикр мекунем, бағоят муҳиманд:
2 Тимотиюс 3:16 Ибриён 1:1-3
2 Петрус 1:20-21
Забур 118-160
Забур 17:31 2 Тимотиюс 3:16 Юҳанно 10:35 Юҳанно 17:17 Агар мо фикр мекунем, ки Библия ин асари бадеӣ асту аз ҷониби одамон, ки хусусияти ғалаткунӣ доранд, навишта шудааст, айнан аз ҳамин мавқеъ мо онро тарғиб менамоем. Вале агар мо бовар мекунем, ки Библия сазовори боваристу ваҳй аз болост, аз ҷониби Худо ба воситаи одамон дода шудааст, пас ҳамин тавр мо онро ба одамон пешкаш менамоем. *Аз он ки мо ба Каломи Худованд чӣ гуна муносибат менамоем, муносибати мо ба омӯзишу тарғиби он ба ҳамин дараҷа алоқаманд аст*. Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Ж. Муайян кардани истилоҳҳои асосӣ
Муайянкунӣ-равандест, ки ба воситаи он Худо ба одамон дониш дар бораи Худи Худаш, корҳои Худаш ва иродаи Худаш ва инчунин мундариҷаи ин донишҳоро медиҳад. Ваҳй эътироф намудани се далелро фарз мекунад: (1) Худо вуҷуд дорад, (2) Худоро дарк кардан мумкин аст ва (3) Худо бо одам муносибат дорад. Ваҳйро ба ду гурӯҳи калон тақсим кардан мумкин аст. А.Ваҳйи умумӣ (табии)-Худо худро дар офарида (табиат) (ба Забур 18:1-7, Румиён 1:18-21 бингаред), дар одам (виҷдон) (ба Румиён 2:13-16, Воиз 3:11 бингаред) ва дар таърих (ба Аъмол 17:24-28, Дониёл 2:19-21 бингаред) зоҳир месозад. Ваҳйи умумӣ имконият медиҳад, Худовандро ҳамчун Офаридгор дарк намоем, ӯ
(аз сафедкунӣ маҳрум созад),
Ваҳйи умумӣ дарки Худовандро ба воситаи амалҳояш имкон медиҳад. Б. Ваҳйи махсус- Худованд Худашро дар шакли шифоҳӣ ва шахсан ба одамон зоҳир месозад (Ибриён 1:1-3, Забур 18:8-15). Ваҳйи махсус дарки Худоро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда имкон медиҳад, Ӯ...
карданро имкон медиҳад,
Ваҳйи махсус Худоро ба воситаи Каломи Ӯ зоҳир месозад:
Ваҳйи махсус- ин Каломи Худо дар ду шакл мебошад:
А. Сарчашмаи илоҳӣ-Каломи Худованд аст. Б. «қосидони» ваҳй одамоне буданд, ки Библияро навиштаанд, аз Рӯҳулқудс огоҳ буданд ва дар баробари ин хусусиятҳои шахсии худро нигоҳ доштаанд (Аъмол 27:15). В. Ин равандро Рӯҳулқудс сарварӣ менамояд (2 Петрус 1:20-21). Г. Ваҳй дар шакли шифоҳӣ-суханони рӯҳбахшанда, на ононе, ки навиштаанд (2 Тимотиюс 3:16).
Эзоҳ. Дар замони мо баъзе теологҳои либералӣ бесаҳвии Библияро рад менамоянд ва чунин мешумуранд, ки дар Библия танҳо он саволҳое, ки ба наҷот ва имон тааллуқ доранд, дурустанд. Он чиз, ки ба тасвири одам, таърих, география илмҳои табиатшиносӣ ва ғайра тааллуқ доранд, дар он ҷойҳои ғалатҳои назарнорасе ҷой гирифтанашон мумкин. Мисол: мегӯянд, ки Аъмол 1-11-ро айнан қабул кардан нашояд: ин асотир ё ривоят мебошад. Чунин ақида ифодакунандаи нобоварӣ ба Каломи Худованд ва кӯшиши онро ба шароитҳои ҷамъияти материалистии мо мутобиқ намудан мебошад.
А. аз худ боварии сазовор, боэътимод ва маҳаки объективии ҳақиқати мутлақро зоҳир намояд, ки мутобиқи он ҳама чизҳои боқимонда баҳо дода мешаванд. Б. ҳақиқати имон ва меъёри ахлоқро барои ҳама одамон ва барои калисо барқарор кунад. В. аз худ сарчашмаи ягонаи боэътимод дар бораи Худо ва табиати рӯҳонии одам зоҳир созад (Матто 7:28-29, 28:18). *Эътибори Каломи Худованд аз ҳама анъанаҳои одамон, таълимоти калисо, фалсафа ва ақидаҳои шахсӣ болотар аст*. Матто 5:43-44, 15:1-9. ҳамаи анъанаҳо, одатҳои фарҳангӣ ва таълимотҳоро бо Каломи Худованд муқоиса намуда, ҳамаи ононро муҳокима намоед.
(1 Қӯринтиён 2:12-14, Эфсӯсиён 1:17-19). Дар доктринаи мунавваршавӣ таъкид карда мешавад: А. муносибати имондор ба Масеҳ, дар якҷоягӣ бо комилии рӯҳонӣ Б. лаёқати фаҳмидан, қабул кардан ва истифода бурдани ҳақиқати Худованд Луқо 24:45 ва Марқӯс 4:34. В. ба маънии Навишта амиқ сарфаҳм рафтан. 2 Тимотиюс 2:7
Ин қонуну қоидаи дар тӯли солҳо санҷидашуда ва аз тарафи умум қабулкардашудаи тафсир мебошад, ки барои дуруст муайян кардани маънии навишта хеле ёрӣ мерасонад (саҳифаҳои 47-76-и китоби дарсии мазкур). 7. Омӯзиши пай дар пай-раванд ё муносибати бонизому бомантиқи омӯзиши Библияро, ки барои ошкор кардани маънии он ва истифодаи он дар амал равона карда шудааст, мефаҳмонад. Омӯзиши пай дар пай ёрӣ медиҳад, мо муайян намоем, ки кадом иқдому кадом низомро бояд пеш гирем (Аъмол 17:11, 2 Тимотиюс 2:15). А. Омӯзиши пай дар пай чист? Ин на бештар аз воситаест, усулест барои ба мақсад ноил гаштан-донистани Каломи Худованд, ба Ӯ итоат намудан ва дигаронро ёд додан. Муносибати пай дар пай барои омӯзиши Библия, ки дар ин курс сухан дар бораи он меравад, инҳоро дар назар дорад:
Б. Чӣ омӯзиши пай дар пай нест?
Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он Такрор
П.Методикаи омӯзиши пай дар паи Библия
<< Дарсҳои рӯҳонӣ |