Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Усулҳои омӯзиши Библия - 2

БАЁНОТИ МУХТАСАРИ СЕ ДАВРАИ АСОСИИ ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ



Мушоҳида (омӯзиши ибтидоии матн)



Матнро бодиққат омӯзед / тадқиқ намоед /, таҳлил намоед.

Савол: Ин ҷо гап дар бораи чӣ меравад?

Аъмол 17:11



Тафсири матн



қоидаҳои таъиншударо истифода баред.

Савол: Ин чӣ маънӣ дорад?

Аъмол 8:30-35



Истифодабарӣ (ҳақиқат, қоидаҳо, ки дар матн мавҷуданд)



Ҳақиқатро бояд қабул кард ва ба он итоат намуд.

Савол: Ман бояд чӣ кор кунам?

Аъмол 22:8-10




Усули омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


А. Тасвири се давраи асосии омӯзиши пай дар паи Библия


Давраи 1 Мушоҳида Дар матн дар бораи чӣ гап меравад?


  1. Сарсухан. Саволҳои асосӣ

Ин ҷо дар бораи чӣ гап меравад?

Дар матн чиро ва чӣ тавр ҷустанро меомӯзем

Ман чиро мебинам?

* Се фикри асосӣ

  1. 1. Диққати худро ба матн ҷалб намоед.

2. қайд намоед, дар он чӣ ҳаст ва чӣ нест.

Мисолҳо:Матто 2:1-2 – Чанд мунаҷҷимон омаданд?

Матто 2:9-11- Мунаҷҷимон дар куҷо Исоро

диданд?

Ваҳй 20:14-15-Беимонон дар дӯзах намемонанд!

Ваҳй 21:1 ва 2 Петрус 3:10-13- Барои имондорон на

танҳо осмон ҷои истироҳати абадӣ мебошад!

-бодиққат хонед

-якчанд маротиба хонед

-босаброна хонед

-бо ибодат хонед

-мақсаднок хонед

-бо шавқ (кунҷковона) хонед


3. Бодиққат (дақиқ) бошед.

* Хатоҳои хосае, ки дар давраи мушоҳида аз онон бояд

канораҷӯқ намуд.

- Шумо ҳама тафсилотро мушоҳида накардед,

- Шумо он чиро, ки дар матн нест, надидед,

- Шумо дар вақти мушоҳида ба нодақиқӣ роҳ додед,

- Шумо хулосаи нодуруст баровардед:

- Шумо пешакӣ қарор додед, аллакай он чиро, ки дар

матн омадааст, медонед.


«Байни хондан ва омӯхтан ҳамин хел фарқе ҳаст, ба монанди фарқи қаиқе, ки бо иродаи мавҷҳо ҳаракат мекунад ва қаиқе, ки белзанҳо ӯро ба ҷои лозимӣ мебаранд».

Оскар Фейхт

Супориш. 2 Петрус 1:2-4-ро хонед. Чӣ қадар бештар, ки метавонед, мушоҳидаҳоятонро нависед__________________________________

__________________________________________________________________________________________________________________________



Супориш. Ҳастӣ 6:19-20-ро хонед. Чӣ тавр Нӯҳ тавонист, ки ҳайвонҳоро дар киштӣ ғун (ҷамъ) намояд?______________________

__________________________________________________________________________________________________________________________



Супориш. Иов 1:22 ва 2:10-ро хонед. Аксуламали Айюб дар ин ё он маврид чӣ гуна фарқ менамояд?________________________________

__________________________________________________________________________________________________________________________




  • Чӣ тавр саволи дуруст бояд дод


Барои самаранок омӯхтани Библия бояд саволҳоро дуруст гузошт.


Аз рӯи матн ба худ савол диҳед:


Кӣ нақл мекунад ё дар бораи кӣ нақл мекунанд?


Чӣ предмет ё мавзӯи муҳокима мебошад, ё пеш дар бораи чӣ гуфта мешуд ва баъд дар бораи чиӣ гуфта мешавад?


ДАР КУҶО амал содир мешавад ё муҳокима дар куҷо мегузарад?


КАЙ амал содир мешавад ё муҳокима баргузор мешавад?


ЧАРО/БАРОИ Чӣ амал содир мешавад ё муҳокима баргузор

мегардад? (мақсад).


Инро одамон-иштирокчиёни ҳодиса Чӣ хел қабул мекунанд?



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он




Супориш. Луқо 17:11-19-ро хонед. Мувофиқи имконият ба миқдори бештар саволҳо ҷавоб гардонед.

Кӣ?_________________________________________________________

Чӣ?_________________________________________________________

Дар куҷо?___________________________________________________

Кай?________________________________________________________

Барои чӣ/чаро?_______________________________________________

Чӣ хел?______________________________________________________


  • Чиро бояд ҷуст


Дар вақти мушоҳида ба:


-калима (калимаҳои асосӣ, истилоҳҳо ва ибораҳо)


-тартиби матн (ташкили он)


-фазо (муҳит)


-шакли адабӣ

Диққат диҳед.



  1. Калима



  • Давраҳои ҷустуҷӯй:


  1. Калимаҳои асосиро дар порча муайян кунед. Румиён 8:9.

  2. Муайян кунед, оё ин калима дуруст истифода гаштааст ё ба

маънои маҷозӣ. Юҳанно 10:6-9.

  1. Шакли грамматикии онро қайд намоед (исм? феъл?

пешоянд ва ғайра).

  1. Нишон диҳед.

*ҷинс (мардона / занона / миёна)

Юҳанно 14:16-17

«Ӯ», «Ӯро». Оё дар ин порча дар бораи ҷисми беҷон

ёдоварӣ мешавад?

*Шумора (танҳо ё ҷамъ)

Ғалотиён 3:16

«насл»

*Замон (гузашта, ҳозира, оянда)

Ибриён 1:1-22


Махсусан кобед:

Феълҳо «дид» Хуруҷ 2:11-15

«кушт» дар ҳикоя амалро ифода мекунанд

«гурехт»

пешоянди «ба» Филиппиён 4:13

пайвандакҳои «пас» Румиён 12:1 Ба чизи пештар гуфташуда

«лекин» тааллуқ дорад.

Исм (мубтадо, пуркунанда) «Калом» Юҳанно 1:1, 14.


  1. Маънии калимаи асосиро дар контекст муайян кунед.

Мисол калимаи «имон» дар Яҳудо 3 кадом ҳиссаи нутқ асту

он чӣ маънӣ дорад?

Шумо чӣ тавр дониста метавонед, ки калимаҳои монанди

«даста», «торик» чӣ маънӣ доранд (даста-дастаи табар,

гулдаста, дастаи аскар) ,(торик-торик, нофаҳмо).


Эзоҳ. Дар давраи мушоҳида ба калимаи асосӣ, ки оқибат

дар мавриди тафсир метавонад тасдиқ ё иваз гардад,

муайянкунии пешакқ имконпазир аст.


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он



Супориш. Калимаҳо ва ибораҳои асосиро дар Румиён 6:1-12 номбар кунед.

__________________________________________________________________________________________________________________________




Супориш. Калимаҳо ва ибораҳои асосиро дар Ибриён 11:1-8 номбар кунед.

___________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


  1. Сохти матн


Нигаред, чӣ тавр пораи матн сохта ё ташкил карда шудааст.


қоидаи кор.


  1. Матнро аз рӯи абзацҳо хонед. [Дар Библияи таълимии NIV

матнҳо аллакай ба абзацҳо

ҷудо карда шудаанд]


* Як абзац як ё бештар ҷумлаҳоро, ки фикр, идея ё мавзӯи ягонаро доранд, дар бар мегирад* МИСОЛ: Қӯлассиён 2:6-12. Он ҷо чанд абзац ҳаст ва ҳар абзац чанд ҷумла дорад?


* Баъзе абзацҳо мустақиланд: дигарон ба абзацҳои пешомада ё

пасомада алоқаманданд ва қисми фасл ё «порча» мебошанд.


ДИҚҚАТ! Баъзе вақт бобҳо ва оятҳои ҷудокардашуда беҳта-

рин кӯмак барои омӯхтани порчаҳо нестанд.


Мисол: Қӯлассиён 3:25, 4:1.


  1. Нигаред, чӣ тавр порча тартиб дода шудааст.

Сохти як ё якчанд порчаҳо синҷеро мемонад, ки биноро он

нигоҳ медорад.


қисмҳо / фаслҳои гуногуни Навишта бисёр вақт муттаҳи-

данд ё дар атрофи якдигар сохта шудаанд.


* одамон (тарҷумаи ҳолӣ)

Ҳастӣ 12-50 Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф

Аъмол 1-12 Петрус

Аъмол 13-28 Павлус


* макон (ҷуғрофӣ) Хуруҷ


* ҳодиса (таърихӣ) ЕҲушаъ ибни Нун


* ғоя (теологӣ) Ба Румиён


* пораҳои вақт (хронологӣ) 3 ва 4 Подшоҳон

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он



Супориш. Луқо 15:1-7, 8-10, 11-32-ро хонед. Кадом ғояҳои асосӣ се ҳикояи Луқо 15-ро муттаҳид мегардонад.

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________




Баъзе вақт таркиби асосии матн инҳоанд:


  • муқобилгузорӣ (тазод) Ғалотиён 5:19-25


  • муқоисакунӣ Матто 13:33


  • мисолҳои бо расм орододашуда Матто 7:1-5


  • саволҳо Марқӯс 11:27-33

Марқӯс 12:13-17


  • такрор Румиён 6:1-12 «барои гуноҳ»

Ибриён 11 «бо имон»


  • алоқаҳои сабабӣ- тафтишотӣ Румиён 1:18-32


* Мушоҳида аз болои ташкилёбии матн ба мо имкон медиҳад бинем, ки чӣ тавр мавзӯҳо ва ғояҳо кушода мешаванд ва аз болои рушди онҳо назорат намоем, инчунин алоқаи порчаи додашударо бо порчаи пеш аз ин омада ва баъд аз ин омада ошкор намоем*


Ақл ва чашмони худро барои ҷустуҷӯи машқ диҳед.


  • абзацҳо

  • калимаҳо ва ибораҳо

  • таркибҳо


  1. Муҳит (фазо)


Муҳит (фазои) порчаро муайян намоед.


Муҳит (фазо) –ин оҳанги асосӣ, майл ё рӯҳи порчаи додашуда ва таъсири эҳсосноки он ба хонанда мебошад.


Фазо бо таъсири аз порча гирифташуда, он эҳсосоте, ки Ӯ бедор мекунад, муайян карда мешавад. Ин тавсифномаи субъективӣ, шахсист. Инро дар порчаи мушаххас санҷед.


МИСОЛҳО:

  • шубҳа –Марқӯс 16:9-14

  • хушҳолӣ – Эзро 3:10-13

  • тарс – Хуруҷ 20:18-21

  • бузургӣ – Ишаъё 6:1-5

  • ғазаб – Ададҳо 26:12-16

  • шукргузорӣ- 1 Тимотиюс 1:12-17

  • мадҳ- Забур 150

  • эҳтиром – Луқо 7:11-17

  • ғамгинӣ – Луқо 8:49-52

  • ҳайрат ва ғайра – Матто 19:7-10


Супориш. Ваҳй 9:13-21-ро хонед. Чизи хондагӣ дар шумо чӣ гуна эҳсосот (аксуламал)-ро бедор мекунад?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________




Супориш. Румиён 7:21-25-ро хонед. Кайфияти ин порча чӣ хел иваз мешавад?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________



Ба мундариҷаи порча дода шавед, то ин ки вазъ ва ҳиссиёти хонандаи аввали онро тасаввур карда тавонед.

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он



Супориш. Забур 8-ро хонед. Кадом акси садоро ин суруд пешбинӣ менамояд?

_________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Супориш. Луқо 24:1-25-ро хонед. Ба шумо ин ҳикоя чӣ гуна таъсир расонид?

__________________________________________________________________________________________________________________________


* Фаҳмидани муҳити порча ба мо имконият медиҳад, кайфияти муаллифро, инчунин хонандаи нахустинро беҳтар ҳис намуда ба чизи хондашуда баҳои ҳаққонӣ диҳем *.


4. Шакли адабӣ


Шакли адабии матнро муайян кунед.


Танҳо: (1) таҳлил кардани калима, (2) дидани сохти матн, (3) ҳис кардани муҳит, муҳит нест, вале инчунин зарур аст, ки (4) шакли асосии адабии порчаи омӯхтаистодаро муайян намоем.


Одатан ин корро дар ибтидо мекунанд, ки метавонад вақти тафсир хеле муфид бошад.


Дар Библия чор шакли асосии адабӣ дучор мешаванд.


А. қисса, ҳикоят- шакли насриест, ки барои инъикоси таърих ва

ҳақиқат бо воситаи далелҳои овардашуда, воқеаҳо, масалҳо,

нақлҳои шоҳидон, тарҷумаи ҳол ва ғайра аз рӯи нуқтаи назари

диншиносӣ таъин гаштааст.


Хислатҳои хос ( миёнаравии ифодакунии ҳақиқат)


  1. «Тимосҳои хаёлӣ»-ро ба миён оварда, ба эҳсосот ва тасаввурот таъсир мерасонад.

  2. Бисёр вақт ба вуҷуд омадани характери қаҳрамон ё таназзули онро нишон медиҳад (Юсуф, Шимъӯн).

  3. Бисёр вақт дорои шаҳодатест, ки қонуни кишту даравро тасдиқ менамояд (Довуд).

  4. Баъзе вақт нишон медиҳад, ки чӣ хел Худо бо одамон ва халқҳо муносибат менамояд.

  5. Одатан дорои ғояи асосист ва / ё қоидаҳои истифодабарии онро ёд медиҳад.

  6. Гоҳ-гоҳ барои мо васиятҳо (амру наҳъ)-ро дорад.


Баъзе мисолҳои библиявӣ: Ҳастӣ

Хуруҷ

Ададҳо

1 Подшоҳон

Аъмол


Пешакӣ огоҳонидан. Ба ҳалли ҳама тафсили он диққати зиёде додан лозим нест: баъзеи онҳо муҳиманд, баъзеи дигар не.

Луқо 12:13-15.

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Б. Насиҳат (сӯҳбат)- шакли насриест, барои пешниҳод намудани ғоя, фаҳмиш, доктрина ё далелҳои аз рӯи мантиқ дуруст, дар шакли ба тартибдаровардашуда (бисёр вақт дар шакли баҳс, нома, таълимот, вазъ ё нутқ).


Хусусиятҳои хос (бевосита инъикос намудани ҳақиқат)

  1. Ба ақл ва қобилияти фикрӣ таъсир мерасонад (оқилона ва

ботартиб).

  1. қариб ҳама вақт тараққиёт ва ҳаракати фикрро нишон

медиҳад.

  1. Бисёр вақт пандҳо ва васиятҳоро дар бар мегирад.

  2. Одатан ба хулосаҳои муайян мебарад ё ба амал (итоаткорӣ)

даъват менамояд.


Баъзе мисолҳои библиявӣ: Такрори шариат (қисмҳои алоҳида)

Ибодат (қисмҳои алоҳида)

Румиён

Эфсӯсиён

Ибриён

Матто 5-7

Диққат. Дар вақти дида баромадани қисмҳои алоҳида хавфи

партофтани ғоя ё мавзӯи асосӣ ҷой дорад (Румиён 6:11-12).


В. Назм- пеш аз ҳама дар ифода кардани эҳсосот, ҳиссиёт ва ғоя

ҳамчун воситаи ифодакунандаи ҳақиқат зоҳир мегардад.

Хусусиятҳои хос (инъикос ёфтани ҳақиқат ба воситаи «образҳои шифоҳӣ»):

  1. Барои офаридани образҳои хаёлӣ забони маҷозӣ, тасвир, рамз истифода мешавад.

  2. Калимаҳо на ҳама вақт бояд айнан қабул карда шаванд, вале маънӣ ва ҳақиқати дар он инъикосёбанда бояд фаҳмо бошад.

3. Эҳсосоти баланд ҳиссиётро бедор мекунад.

  1. 4. Сохти параллелиро барои ҷудокунӣ, мухолифгузорӣ, пурқувваткунӣ ва ғайра истифода мебарад.

  2. 5. Назми Библия қофия, вазн ё садоҳои қофиядор надоранд.

6. Барои омӯхтани ҳақиқат бо кӯмаки ифодаҳои образнок ва

ғайра самаранок истифода бурдан мумкин аст.

  1. Баъзе мисолҳои библиявӣ: Айюб

Забур

Масалҳо

Вақоеънома

Суруди сурудҳо

Китоби анбиёҳо (қисмҳои алоҳида,

мисол Ишаъё)


Диққат. Кӯшиши айнан шарҳ додани рамзҳо ва истиораҳо метавонад барои фаҳмидани ҳақиқат, ки порча меомӯзад, халал расонад.

Забур 88:26, 1 Қӯринтиён 10:4.


Г. Валигӣ- истифода бурдани забони рамзҳоро барои «кушодан» ё «ошкор» намудани чизи номаълум пешбинӣ менамояд.


Хусусиятҳои хос (инъикос намудани ҳақиқатҳои пеш номаълум)

  1. Ба дараҷаи олӣ забони рамзӣ ва маҷозиро истифода мебарад, вале бо вуҷуди ин ҳақиқати реалиро ифода мекунад.

  2. Одатан дорои пешгӯиҳои валиёна (пайғамбарона) мебошад.

  3. «Рӯъё»-ро ворид месозад, ки он тафсири басе эҳтиёткоронаро талаб менамояд.


Баъзе мисолҳои библиявӣ: Ишаъё

Ирмиё

ҳизқиёл

Дониёл

Малокӣ

Ваҳй


Диққат. Хавфе ҳаст, ки шумо хислатҳои рамзӣ ва авлиёии маводро дарк ва қоидаи тафсири пешгӯиро риоя карда наметавонед.

Ваҳй 6:3-6


*Муайян кардани шакли адабии порча ба дараҷаи

баланд ба тафсири дурусти он мутобиқат менамояд*.


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


ҷамъбаст намудани - Дар матн чӣ гуфта мешавад?

Мушоҳидаҳо Ман чиро мебинам?



Дида тавонистани он чӣ дар матн ҳаст ва он чӣ, ки нест.


Савол. Одатан чӣ рух медиҳад, вақте ки мо дар вақти мушоҳида нокифоя диққат медиҳем ва он чиро, ки дар матн ҳақиқатан гап дар бораи он меравад, нодида мегузарем?


Мо тафсири дурустро намеёбем.


Мо нодуруст истифода мебарем.


Мо чиро меҷӯем?


  1. Калом- бодиққат тадқиқ намоед.


  1. Сохт- равшан муайян намоед.


  1. Муҳит – шахсан ҳис намоед.


  1. Шакли адабӣ – дуруст муайян намоед.


*ҳадафи мушоҳида- боварӣ ҳосил кардан ба он ки, он чизеро ки дар матн гуфта шудааст, мо пеш аз тафсир ва истифодабарии он дар амал, медонем*.


Мушоҳидаи рӯякӣ ба тафсири нодуруст мебарад, ки дар навбати худ дар вақти истифодабарӣ ба саҳву ғалатҳо роҳ медиҳад.



Мушоҳидаи Тафсири Истифодабарии

бодиққат дуруст дуруст





Давраи 2 Тафсири матн Дар ин матн чӣ дар назар дошта

шудааст?



А. Сарсухан. Саволҳои мифтоҳӣ


Тафсир- раванди ошкорнамоии мақсад ва ғояи асосии матни Библия, инчунин қоидае, ки ба беҳтар фаҳмидани матн мусоидат менамояд.


Мақсад – маънии ягонаи дурусти матнро дар асл муайян кардан.


* Агар шумо фикри Худовандро намефаҳмед, пас шумо дорои Каломи Худованд низ намегардед*

2 Петрус 1:20-21

Пеш аз он ки ҳақиқати Каломи Худовандро истифода баред ва ба он итоат намоед (давраи 3), шумо бояд донед, ки дар он гап дар бораи чӣ меравад (давраи 1- мушоҳида) ва фаҳмед, ки он чӣ маънӣ дорад (давраи 2- тафсир).


Баъзе саволҳои мифтоҳии давраи 2:

Ин чӣ маънӣ дорад? Аъмол 8:30-31

Муҳимият, аҳамияти он чӣ гуна аст? Румиён 9:10-13

Чаро Худо инро ба Навишта ворид кард? Румиён 8:28

Мақсади порчаи додашуда чист? 1 Қӯринтиён 6:1-8

Чӣ тавр калимаҳои муаллиф дар матни аслӣ овардаро фаҳмидан мумкин аст? 1 Қӯринтиён 12:13.

Чӣ қадар ин ба заминаи Навиштаи Муқаддас ҳамоҳангӣ дорад? Юҳанно 6:44.


Диққат. Давраи 1 (мушоҳида)-ро тамом накарда, давраи 2 (тафсир)-ро оғоз нанамоед.


  • То он вақте намефаҳмед, ки дар матн чӣ гуфта шудааст, шумо барои муайян кардани он омода нестед, ки ин чӣ маънӣ дорад ва онро чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст.


Эзоҳ. ҳар як порча дар Навишта танҳо як маънӣ дорад, вале ба тарзҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст.



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Б. Дар бораи чӣ дар хотир доштан лозим аст.


Барои тафсири дуруст инҳоро ба инобат гирифтан лозим аст:


  1. Вазъияте, ки дар он Библия навишта шуда буд, аз мо фарқ мекунад:

-таърихӣ (ҳазор сол пеш навишта шудааст).

-ҷуғрофӣ (дар кишвари дигар навишта шудааст).

-фарҳангӣ (одату анъанаҳои дигар).

*сиёсӣ *иқтисодӣ

*иҷтимоӣ *динӣ

*ҳуқуқӣ *ахлоқӣ

-забонӣ (ба забонҳои ибрии қадим, арамӣ ва юнонӣ навишта шудааст).

-алоқаманд бо навиштан (муаллифон ва хонандагони гуногун, бо мақсадҳои муайян ва вазъиятҳои мушаххас).


Ин вазъиятҳои гуногун монеаҳое мешаванд барои фаҳмидани мо фикри дар ибтидо оғозёфтаи Навиштаро ва бояд тавассути омӯзиши бодиққат бартараф карда шаванд.


*Сарсухан ба китобҳои алоҳида, нақшаҳо ва тафсирҳо ба Библия (Библияи таълимӣ NIV) бисёр вақт ахборот ва инчунин маълумотҳои каме муҳими ибтидоӣ дар бораи порча ё китоби хондашудаистодаро доро мебошанд.


*Библия тарзе фикр карда шудааст, ки Ӯ ба одамон фаҳмо бошад

Такрори шариат 29:29


Дар хотир нигоҳ доред: Библия аз ҷониби одамон барои он навишта шуда буд, ки ба одамон ба забони мӯътадили одамӣ гап мезадагӣ фаҳмо бошад.


  1. Библия, ин асари адабиест, дорои :

Наср – Ба Румиён

Назм - Забур

Нақл кардан – Ҳастӣ.


  1. Библия-ин намуди махсуси асари бадеист, дар он инҳо истифода мегарданд:

масалҳо (№ 1, НЗ)* -Луқо

пешгӯӣ – Дониёл

масалҳо (№ 2, ВЗ)* -Масалҳо


  1. Библия ваҳйи тараққикардаистодаи илоҳиро дорост ва воҳиди пурра аст.

Ибриён 1:1-2 Юҳанно 1:18


  1. Аҳди қадим бе аҳди ҷадид пурра нест ва ҳамин тавр Аҳди ҷадидро низ бо тамоми пуррагиаш танҳо дар партави Аҳди қадим фаҳмидан мумкин аст,

Луқо 24:25-27


  1. ҳақиқати Каломи Худованд рӯҳан фаҳмида ва қабул карда мешавад.

1 Қӯринтиён 2:14


Муҳокимаи мантиқӣ, омӯзиш ва ақли одамӣ худашон лаёқати кушодани ҳақиқати Навиштаро надоранд ва ба мо низ ёрӣ дода наметавонанд, ки онро ҳамчун ҳақиқат қабул намоем.


Дуруст фаҳмидани Навишта вобаста аст аз риояи қоидаҳои тафсири карордодашуда. Дар хотир нигоҳ доред, ки:


  • Библия сазовори боварист, соҳибэътибор ва бесаҳву ғалат аст.

  • Библия- ин воҳиди пурра аст ва ягон қисми он ба қисми дигараш мухолиф нест.

  • Библия дорои ваҳйи илоҳӣ, тараққикунанда ва комил мебошад.


*Боинтизом омӯзед то ин ки хулосаи дуруст

*Ба Рӯҳулқудс такя намоед дар бораи маънии ҳақиқии

*қоидахои тафсирро риоя намоед порча намоед


*қоидаҳои минбаъдаи тафсирро пайгирӣ намоед, то ин ки аз хулосаҳои нодуруст, нисбати чизи дар матн гуфташуда канораҷӯӣ намоед.

_____________________________________________________________

*Шарҳи масалҳоро дар саҳифаҳои 62-63 бингаред.

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


В. ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ТАФСИР

қоидаи умумии №1 Айнан тафсир намоед


*Калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳоро дар маънии оддӣ мӯътадил табиӣ ва анъанавиашон қабул карда истода, Навиштаро айнан тафсир намоед.

Ду намуди тафсири айнан вуҷуд дорад:

-тафсири оддии айнан- оддӣ, безабони образдиҳӣ.

Аъмол 2:7 «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин

бисиришт»

Юҳанно 8:24 «Дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд»

Ибриён 9:27 « Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як

бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор

шаванд».

-тафсири образноки айнан-забонест, ки дар он маҷоз ва калимаҳои рамзӣ истифода мегарданд, вале бо вуҷуди ин возеҳии ғоя, фаҳмиш, ҳақиқат ё маънӣ нигоҳ дошта мешавад.

Луқо 13:31-32 ҳиродус – «рӯбоҳ» (шағол)

Ирмиё 17:1«Гуноҳи Яҳудо бо қалами оҳанин навишта шудааст»


*Маънии айнии порча метавонад рост ё образнок (бо ёрии маҷоз) ифода ёбад.

Маънии калима мутобиқ

  1. ба муайянкунандаи асосӣ,

  2. ба он ки калима дар дигар пораҳои Навишта чӣ тавр истифода мешавад.

  3. ба контекст порча, ки Ӯ дар он истифода гаштааст муайян карда мешавад.

Мисол, калимаи «даста»: шумо танҳо контексти муайянро дида истода, метавонед муайян намоед, ки муаллиф дар зери ин калима чиро дар назар дорад.

Якчанд маслиҳатҳои муфид, дар вақти омӯхтани калимаҳо.

  • Тафсирҳо ба матнҳоро омӯзед.

  • Системаи далеловариҳои чандтарафаро истифода баред.

  • Феҳрастро (нишондиҳандаи мавзӯъ)-ро истифода баред.

  • «Симфония»-ро истифода баред.

  • Фасли «Методи тематикии омӯзиши Библия»-ро бингаред.

(саҳ 91, китоби дарсии мазкур).

Супориш: Яъқуб 2:24-ро бо Румиён 4:2 муқоиса намоед. Оё маънии калимаҳои «сафед шудан» дар ҳар ду матн якхела аст?

_________________________________________________________

Яъқуб 2:24 «сафед мешавад»_______________________________

__________________________________________________________

Румиён 4:2 «сафед шуда бошад»-____________________________________________________________________________________________________________________






Супориш. Аз руйхати калимаҳои мифтоҳӣ, ки дар мавриди мушоҳида дар Румиён 6:6-12 ва Ибриён 11:1-8 қайд кардаед, чор калимаро гиред ва маънии онҳоро муайян намоед. (Ба феҳрастии тафсирҳо, бо «Симфония» ё ба фарҳанг бингаред.


Калима Маънӣ

1._________________________ _________________________

2._________________________ _________________________

3._________________________ _________________________

4._________________________ __________________________




Кӯшиш кунед Навиштаро пеш аз ҳама чӣ тавре ки Ӯ навишта шудааст ва чӣ тавр онро бояд хонандаи нахустин дарк намояд, фаҳмед.



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он

Тафсири рамзӣ

Диққат. Бар хилофи тафсири айнӣ раванди ҷустуҷӯи фикри махфӣ ё хуфия (ки бисёр вақт ба фикри ҳақиқии порча ҳеҷ умумияте надорад) тафсири рамзӣ, аз хаёл бофташуда, рӯҳан муболиғаомез номида мешавад. Мисол дар вақти тафсири боби 3 Ҳастӣ бисёриҳо собит месозанд, ки Одаму ҳавво зинокорӣ намудаанд, гарчанде ки дар матн амалан беитоатӣ намудан буд (вайрон кардани амри Худованд). Вақте ки Шумо ягон порчаро «ғайридинӣ» тафсир менамоед, ба ҷои ҳақиқати рӯҳонӣ шумо дурӯғи рӯҳониро пайдо мекунед ва маънии Каломи Худовандро вайрон месозед. МИСОЛ:

Эстер-Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар китоби Эстер вай рамзи Калисо, ҳомон- рамзи шайтон ва Мордахай-рамзи Рӯҳи Муқаддас мебошад. Вале бо ин гуна муносибат он далел ба инобат гирифта намешавад, ки онон одамони реалӣ буданд. Мақсади асосии китоб дар он аст, ки Худо ҳокими мутлақ ва содиқ аст, Ӯ ҳама вақт барои эҳтиёҷоти одамон ғамхорӣ менамояд ва ин ба тасвирҳои хаёлии калисои масеҳӣ алоқаманд нест.

Тафсири хаёлӣ ё рӯҳан муболиғакардашуда.

  1. Маънии ҳақиқии матнро пинҳон мекунад.

  2. Аз ҳад зиёд субъективӣ ва индувидуаллӣ мебошад (меъёри баҳоро ёфтан номумкин аст).

  3. ҳақиқати матнро нодуруст нишон медиҳад.

  4. Далелнокии ҳаққонияти матнро зери шубҳа мегузорад.


Инчунин дар хотир доред, ки ҳар як порча метавонад, танҳо як тафсир ё маънии дуруст дошта метавонад, вале якчанд усули истифодабариро доро мебошад. Бинобар ин усулҳои гуногуни истифодабариро ҷустан мумкин аст, вале тафсирҳои рамзиро истифода бурдан мумкин нест.

Эътимод ҳосил намоед, ки он чиро ки шумо меомӯзонед ё тарғиб менамоед, шумо ҳақиқатан аз матни Каломи Худованд мегиред.

1 Қӯринтиён 4:6- «касе бештар аз он чӣ навишта шудааст,

оқилтарошӣ накунад».

Такрори шариат 4:2 –«ба он чӣ ман ба шумо амр мефармоям,

чизе илова нанамоед».




Қоидаи умумӣ №2 Дар контекст тафсир намоед


*ҳар як оят ё порчаи Навишта бояд дар контексти худаш дида баромада шавад. Дар ин маврид ба ҷои Ӯ дар Навишта, пеш аз он ва баъди он чӣ меояд, ва Ӯ бо дигар қисмҳои Навишта чӣ гуна пайваст мебошад, диққат диҳед.

1 Қӯринтиён 7:1-Агар шумо танҳо ин оятро дар алоҳидагӣ мехонед

шумо метавонед, хулосаи нодуруст дар бораи

муносибати Худо ба никоҳ бароред (тафсирҳо,

давоми Қӯринтиён 1, Матто 19:1-11-ро бингаред).

Яъқуб 2:24 -Агар шумо танҳо ин оятро мехонед, метавонед ба

хулосаи нодуруст оед, ки одам метавонад,

тавассути корҳои некаш наҷот ёбад (тафсирҳо

бингаред, оятҳои аз ин пеш ва баъдомадаро аз 14

то 26 хонед).

Контекст- ин омили аз ҳама асосист, ки дурустии тафсирро муайян мекунад. Контекст барои ҳар як ояти Библия худи Библия мебошад.


Ҳастӣ 9:3, Дониёл 1:12

Оят--------ҷумла--------абзац------ абзацҳои ҳамсоя--------

-------- боб -------- фасл ------ китоб------ ҳама Библия.

Якчанд маслиҳатҳои барои омӯзиш муфид

  • Пеш аз он ки дар бораи хислату рафтори ин ё он қаҳрамони Библия хулоса бароред, аз «Симфония» ё тафсирҳо ҳама маълумотҳоро дар бораи ин қаҳрамон ёбед, мисол, Ибриён 11:4 ва Ҳастӣ 4:1-5.

  • Дар китоб ҷумлаеро пайдо кунед, ки мақсаду тематикаи онро нишон медиҳад ва дар партави ин гуфтаҳо тафсир намоед.

Луқо 1:1-4, Юҳанно 20:30-31, 1 Петрус 5:12, 1Тимотиюс 3:14-15.

  • Алоқамандӣ: яке аз қисмҳои таркибии омӯхтани контекст, омӯхтани он аст, ки чӣ тавр материалҳои китоб ташкил ёфтаанд ва бо ҳам алоқаманданд.


Ҷадвал ба китоби Ҳастӣ, ки дар саҳифаи 55 омадааст, тасаввуроти умумӣ барои ҳамаи китоб ва муносибати қисмҳои он медиҳад. Бодиққат онро хонед.


Мана якчанд ҷумла, ки ба шумо барои дидани сохт, ташкили матн ва алоқаи матни омӯхташудаистода бо дигар қисмҳои Навишта ёрӣ мерасонад:



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


  1. Китоберо, ки нияти омӯхтан доред, пеш аз омӯхтани он қисм ба қисм, ҳамаашро хонед (ё абзацҳои ҳамсоя ва ё бобҳоро хонед).

  2. Дар рафти хониш эҷодкорона андеша ронед.

Чаро ин ҷо аст?

Чӣ тавр ин ба материалҳои пешомада ва баъдомада алоқаманд

аст?

Ин чӣ тавр ба материалҳои ҳамаи китоб ё боб мутобиқ аст?

  1. кӯшиш намоед, ҷудо кунед,

  • мавзӯъ ё мақсади асосӣ,

  • фаслҳо (қисмҳо)-и асосии китоб,

  • қаҳрамони асосӣ,

  • ҳодисаҳои махсус,

  • муқоисакунӣ,

  • мухолифгузорӣ,

  • такрор,

  • ғояҳои динӣ,

  • унсурҳои умумӣ,

  • кулминатсия.

  1. Дар бораи он андеша ронед, ки баъд чӣ мешавад,-----хаёлан ба қафо баргардед, ------дар майна тамоми китобро нигоҳ доред. Инро дар вақти кор аз болои тамоми китоб, фасл, қисм, боб ё порчаи боб кардан мумкин аст.

  2. ҷадвали оддиро аз рӯи порчаи аз Навишта омӯхташудаистода тартиб диҳед.



Супориш: Забур 138:1-12-ро хонед ва ба он чӣ ки аз оятҳои 1-6 ва 7-12 дар бораи Худо медонед, муқоиса намоед. Натиҷаашро ба ҷадвали дар зер овардашуда гузаронед.


Забур 138:1-12


Худо ҳамаро медонад. Худо дар ҳама ҷост.

ӯ ҳама ҷо мавҷудаст.

1 6 7 12



Ҳастӣ

КИТОБИ ЯКУМ”

4 ҳодисаи мифтоҳӣ

4 қаҳрамони мифтоҳӣ


ОФАРИНИШ

МАЪСИЯТ

ТӯФОН

ХАЛқҳО

ИБРОҳИМ

ИСҳОК

ЯЪқУБ

ЮСУФ

Анҷом

Фосиқшавӣ

Маҳкумкунӣ

Омехтакунӣ

Ваъда

Фарзан

дон

Тағйи

рот

ҳифз кардан

Нур.Рӯш-

ноӣ

Фалак/ об

Замин/на-

ботот

Офтоб/

Моҳ/

ситораҳо

Парранда-

ҳо/моҳӣ/

ҳайвонот

Одам

«Ором гирифтан»

Боғи Адан

Одам

ҳавво

Иблис

Гуноҳ

ҷазо

қобил/

ҳобил

Шет

Нӯҳ

Киштӣ

Тӯфон

Ибти-

Дои Нав

Тирука-

Мон

Мано-раи Вавилон (Бобул)

Номбар-

кунии

халқҳо

Даъват

Лут

Васият/амр

Соро

Исмо-

ил

Аҳду пай-мон

Хатна

Садум ва Амуро

қурбонӣ


Яъқуб

зиди Эсов

ҳуқуқи

нахуст-

зодагӣ

Фотиҳа/дуои хайр

Тасди-

қи васият

Фиреб

Хоб

Нардбон

Леё

Роҳел

Мубориза бо Худо

Ном ба Исроил иваз карда шуд

Либос

ҳои ранга

ғуломӣ дар Миср

Илтифот дар Миср

ҳифз намудани оилаи Яъқуб

ИБТИДОИ ИНСОИЯТ

ИБТИДОИ ХАЛқИ ИЗРОИЛ

ТАЪРИХ

4000 сол пеш аз мелод 2100сол пеш аз мелод

ТАРҷУМАИ ҳОЛ

1897 то мелод 1804 сол то мелод







<< Дарсҳои рӯҳонӣ