Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Усулҳои омӯзиши Библия - 3

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Қоидаи умумӣ №3 Аз нуқтаи назари таърих ва фарҳанг

тафсир намоед.


*ҳар як оят ё пораи Навиштаро аз рӯи нуқтаи назари шароити таърихӣ ва фарҳангӣ тафсир намоед.


Муҳити таърихӣ Аъмол 15:1-35


Ба диққат гиред:

муаллифро,

вақти навиштаро,

ҷои навиштаро,

сабаби навиштаро,

хонандагонро,

шароити сиёсиро,

шароити иқтисодиро,

шароити иҷтимоиро,

шароити диниро,

шароити ахлоқиро.


  • Дониши вазъияти таърихӣ дар фаҳмидани маънии порча ба шумо кӯмак мерасонад.


Шароити фарҳангӣ-- 1 Қӯринтиён 11:2-16- ҳиҷоб дар калисо зани

боодобро аз зани бероҳагард фарқ мекуно-

нид ва аломати ба ҳокимият мутеъ будани

ӯро дошт. Имрӯз барои зан вақти дар калисо

будан ҳоҷати ҳиҷоб доштан нест, вале ӯ бояд

рӯҳи мутеъ буданро дошта бошад.


Фарҳанг ин чизест, ки дар ҷои муайян, дар вақти муайян:

  • одамон ба он бовар мекунанд,

  • чӣ мегӯянд,

  • чӣ кор мекунанд,

  • чӣ менӯшанд,

  • чӣ мехӯранд,

  • чӣ меофаранд (месозанд),

  • чӣ анъанавӣ мебошад.

Лаҳзаҳои асосии имконияти онро муайянкунанда, ки оё дар ин порчаи додашуда маҳдудияти фарҳангие вуҷуд дорад ва оё онро дар рӯзҳои мо истифода бурдан мумкин аст, инҳоанд:

  1. Мақсади анъанаи фарҳангӣ ё таълим чӣ буд?

  2. Оё чунин анъанаи фарҳангӣ дар рӯзҳои мо низ он моҳиятро дорад?

  3. Агар не, пас оё ин ҷо қонуни бобақое ҳаст, ки онро дар замони мо, вале бо шакли дигар истифода бурдан мумкин бошад?

  4. Чунин шуморед, ки ҳама таълимот ё анъанаҳои дар Навиштаомада имрӯзҳо ҳам истифодашавандаанд, танҳо агар,

  • истифодабарии онҳо бо контекст маҳдуд нагаштаанд,

  • онҳо бо ваҳйи хеле баъдомада рад нагаштаанд,

  • онҳо ба дигар ҷойҳои Навишта мухолифат надоранд,

  • шумо эътимод ҳосил намекунед, ки онҳо барои фарҳанги зикрёфта ба куллӣ хосанд.


*Истифодабарии баъзе лаҳзаҳо (анъанаҳо)-и Навишта дар чорчӯбаи муайяни фарҳангӣ-замонавӣ маҳдуд карда шудаанд, дигарҳояшро мисли пешин бояд пайгирӣ кард. (ба тафсир бингаред).


ҳар як таҷриба ё анъанаи фарҳангӣ бояд мутобиқи таълимоти Каломи Худованд санҷида шавад.


Марқӯс 2:18-21



Супориш. Юҳанно 13:1-17-ро хонед. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  1. Оё дар рӯзҳои мо шустани пойро ҳамчун оин, маросими калисо риоя кардан лозим аст?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

  1. Кадом қоида ё ҳақиқатро ин ҷо Исо таълим медиҳад? Оё онҳо имрӯз истифодашавандаанд?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Қоидаи умумӣ №4 Аз нуқтаи назари шакли адабӣ тафсир

намоед.


*Ҳар як оят ё пораи Навиштаро аз нуқтаи назари шакли адабӣ тафсир намоед.


Ин чӣ?

наср

нақл

пешгӯӣ

назм

масал №1

масал №2


Мисол, дар назм бештар маҷоз ва рамз истифода мешаванд, вале бо вуҷуди ин ҳақиқат айнан баён мегардад.


Забур 18:2-5


Хислатҳои хоси шаклҳои гуногуни адабиро, ки дар Библия омадааст ва дар бораи онон дар фасли «Мушоҳида»-и китоби мазкур гуфта шудааст, такрор намоед (саҳ. 43-45).


Супориш. Ҳастӣ 22:1-2-ро хонед. Ин порча амр дар бораи қурбон кардани фарзандон нест, чӣ тавре ки ба Иброҳим гуфта шудааст. Чӣ тавр шакли адабии ин порча ба шумо имконият медиҳад, ки хулосаи дуруст бароред.

_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Қоидаи умумӣ №5 Порчаро бо дигар қисмҳои Навишта

мутобиқ намуда, тафсир намоед


*ҳар як оят ё пораро ба пораи ба он алоқаманд ё монанд дар ин ё китобҳои дигари Библия мутобиқ намуда, тафсир намоед.


Юҳанно 4:14 Юҳанно 7:38-39

Юҳанно 16:33 1 Юҳанно 5:4-5

Порчаҳои монанд ё бо ҳам алоқаманд бисёр вақт ба мо дар бораи фаҳмидан ва истифода бурдани ҳақиқати Библия ёрӣ мерасонад.


Таъинот дар бораи кор бо пораҳои душвор


Ин қоида ба шумо барои тафсири дурусти пораҳои душвори Навишта ёрӣ медиҳад:


  • Библия ҳеҷ вақт ба худ мухолиф нест.


Хурӯҷ 20:5-6 Ҳизқиёл 18:1-4

Нодуруст фаҳмидани талаботи дар Хурӯҷ 20 омада сабаби ба миён омадани зарбулмасале гашт, ки баъд он ҳамчун зарбулмасали ғалат дар ҳизқиёл 18 маҳкум гашт.


  • Ба маънии оддӣ, бештар табиӣ пеш аз маънии мураккаб таваҷҷӯҳ намоед.


Ваҳй 20:1-4

Инкор намудани ҳокимияти ҳазорсолаи Масеҳ дар рӯи замин бемаънигӣ мебуд, чунки ин маънии рӯиросту табии порчаи додашуда мебошад.


*Аҳди ҷадид ва Аҳди қадим якдигарро маънидод менамоянд.


Ҳастӣ 3:1 Ваҳй 12:9


*Барои тафсири порчаҳои нофаҳмо ва думаънодор маълумоти дигар- бештар соддаю фаҳморо, ки маънии асосиро фаро гирифтааст, истифода баред.


Аъмол 2:38 Аъмол 8:12-13

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Дар Аъмол 2:38 ба гумон меравад, дар назар гирифта шудааст, ки таъмид бо об ба одам «наҷот» мебахшад. Ин оятро бояд дар партави он оятҳои возеҳу равшане, ки таълим медиҳанд, барои наҷот танҳо имон лозим аст, тафсир намоем. Мисол Юҳанно 3:16 Румиён 10:12-13.



Супориш. Юҳанно 10:27-29-ро хонед ва ба Ибриён 3:12 муқоиса намоед. Мавҷудияти ҳар дуи ин порчаҳоро дар Библия чӣ тавр фаҳмондан ва онҳоро байни якдигар оштӣ кунондан мумкин аст?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________




*Дар вақти истифодабарии иқтибос аз Аҳди қадим дар Аҳди ҷадид овардани матни он айнан шарт нест.

1 Петрус 1:16 Ибодат 19:2


*На ҳама чизе, ки дар Библия тасвир меёбад, сазовори таҳсин тасвир ёфтаанд.

Ҳастӣ 34:13-31


*Баёнҳои гуногуни як ҳодиса нисбат ба мухолифат ба якдигар ин ҳодисаро пурра мегардонанд.

Матто 20:29-34 Луқо 18:35-43


*Баъзе номувофиқии рақамҳо, ин бештар ғалати рӯйбардоркунандаҳоанд.

« Подшоҳон 15:7 «4 ё 40»


*Он далел, ки мо барои чизе шарҳи комил надорем, маънои онро надорад, ки чунин шарҳ тамоман мавҷуд нест.

Румиён 11:33-36


Мо бояд кӯшиш намоем, ки аз рӯи ақлу фаросат он ақидаҳои мухолифмаънои дар назари аввал ба чашмрасандаро дар Библия дуруст ҳаллу фасл намоем.


Қоидаи умумӣ №6 Пай дар паии доктринавиро нигоҳ дошта

тафсир намоед


*ҳар кадом тафсири пешниҳодшударо санҷед: оё он мухолифи доктринаи асосии динӣ нест (оё пай дар паии доктринавӣ нигоҳ дошта мешавад).


Юҳанно 4:24 Луқо 11:20


Агар шумо ба хулосае меоед, ки Худо ба маънои ҳақиқӣ «ангуштарин» (ангушт) дорад, пас ин мухолифи он мебошад, ки Худо Рӯҳ мебошад.


Дар вақти тафсир инро ба назар гиред, ки табиати Худованд,

мавҷудияти ӯ дар тӯли ҳамаи Навишта бетағйир мемонад.




Супориш. 1 Подшоҳон 15:1-3-ро хонед. Оё аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки Худо «дӯст намедорад», чунки ӯ ба Шоул амр кард, ки Амолеқиёнро пурра нест намояд? Чаро ҳа/ чаро не? (Инчунин Такрори шариат 9:1-5, ҳабаққуқ 1:12-13, Ҳастӣ 15:16-ро хонед).

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Такрор


  1. Чаро қоидаҳои таъиншудаи тафсирро бояд риоя намуд?


  1. Кадом аз шаш Қоидаи умумӣ дутоаш ба ақидаи шумо бештар муҳиманд? Чаро?



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Г. ҚОИДАҲОИ ХУСУСИИ ТАФСИР

Барои тафсири баъзе намудҳои адабиёти библиявӣ қоидаҳои хусусии тафсир истифода мешаванд.


Қоидаи хусусии №1 Масалҳо №1 (НЗ)

*Масалро таҳлил кунед ва ҳақиқати асосиро, ки ӯ таълим медиҳад, муайян намоед.


Масали №1- ин ҳодисаи ҳақиқатоомезест, ки аз ҳаёти оддию рӯзмарра гирифта шудааст ва тарзе тартиб дода шудааст, ки яке аз андеша ё ғояҳоро расонида тавонад.


Масали №1 – ин ҳодисаи дунявист, ки бо фикри рӯҳонӣ пур карда шудааст. ӯ:

-яке аз ҳақиқатҳои мифтоҳиро таълим медиҳад.

-яке аз фикрҳои асосиро тасдиқ менамояд.

-яке аз ҳақиқатҳоро бо суратҳо зеб медиҳад ё мефаҳмонад.

Матто 20:1-16.


*Одатан на ҳама унсурҳо дар масал (№1) маънии ҳалкунанда доранд- ба он диққат диҳед, ки чӣ тавр онҳо ба ҳақиқати асосӣ алоқаманданд.


Аз ҳад зиёд масалҳо (№1) дар Инҷилҳои синоптикӣ (Матто, Марқус, Луқо) вомехӯранд. Рӯйхати масалҳоро дар Библияи Таълимӣ NIV бингаред.



Супориш. Масал дар бораи коранда ва заминро дар Луқо 8:4-15 хонед. Чӣ ҷавобгӯи чор рамзи замин аст? ҳақиқати асосиро, ки ин масал меомӯзонад, дар як ҷумла баён намоед.

1.________________________________________________________. 2.________________________________________________________

3.________________________________________________________

4.________________________________________________________

ҳақиқати асосӣ___________________________________________

__________________________________________________________



Қоидаи хусусии №2 Масалҳои № 2 (ВЗ)


*Масали (№2)-ро таҳлил намоед ва муайян намоед, дар он дар бораи чӣ тавр хирадмандона зистан чӣ гуфта шудааст.


Масали №2:

-ин изҳоркунӣ, тасдиқкунӣ ё муқоисакунии хирадмандона мебошад,

-хирадмандии Худовандро дар масъалаи зиндагиро тавонистан ифода менамояд,

-ҳеҷ чиз ваъда надода, қоидаҳоро таълим медиҳад,

Масалҳо 22:6 бачаҳо, ки тарбияи дуруст ёфтаанд, ҳама вақт роҳи ҳақиқатро медонанд, новобаста аз он ки онҳо ин роҳро пайгирӣ менамоянд ё не.

-барои он таъин гаштааст, то ин ки қоидаҳои умумиро, ки бештар вақт дурустанд, ёд диҳад, дар ин маврид дар бораи истисно чизе гуфта намешавад.

-дар он бисёр вақт ду одам муқоиса карда мешаванд ё мухолиф гузошта мешаванд: хирадманд ва ҷоҳил (доно ва нодон).

-нишон медиҳад, ки чӣ тавр одами хирадманд Худоро эътироф менамояд ва мувофиқи он зиндагиашро ба низом меорад.

-нишон медиҳад, ки чӣ тавр одами нодон ба Худо беэътиноӣ менамояд ва тарзе зиндагӣ менамояд, ки гӯё Худо умуман вуҷуд надошта бошад.

-дорои бисёр ибораҳои образнок аст.

-қонуни кишт ва даравро бо расмҳо оро медиҳад,

Масалҳо 1:7 Масалҳо 3:5-6

-фарқҳо мегузорад, байни:

дониш=мундариҷа мушоҳида

фаҳмиш=дарккунӣ тафсир

хирадмандӣ=маҳорати донишро дар ҳаёт татбиқ намудан

истифодабарӣ

*Масалҳои №2 пеш аз ҳама дар китобҳои библиявии хирад, монанди Масалҳо, Вақоеънома, Яъқуб истифода мегарданд.



Супориш. Масалҳо 14:16-ро хонед. Байни одами хирадманд ва нодон кадом фарқиятҳо гузошта мешавад?

______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Қоидаи хусусии №3 Назм


  • Барои фаҳмидани он ки дар назми қадими яҳудӣ гап дар бораи чӣ меравад, дар он ибораҳои образнок ва таркиботи параллелии истифодашударо таҳлил намоед.


Дар назми қадимаи яҳудӣ


-садоҳо ва ё калимаҳо ба қофия дароварда намешаванд,

-вале ғоя, андеша, фаҳмиш ва образҳо ба қофия дароварда мешаванд.

-дорои бисёр ифода ва рамзҳои образнок мебошад.

-одатан мисраи якум мисраи дуюмро шарҳ медиҳад:


  1. Ҳамон як ҳақиқатро дигар хел ифода мекунад- Масалҳо 9:9.

  2. Ҳамон як ҳақиқатро маънидод мекунад ё қайд менамояд-Масалҳо 24:1-2.

  3. Ба сабабҳо ва оқибатҳо ишора мекунад:

(мусбӣ) – Масалҳо 16:3.

(манфӣ) –Масалҳо 5:22.

  1. Дорои мухолифгузорӣ ё муқоиса мебошад. Масалҳо 9:8


Дар Масалҳо 9:8 таркиби параллелии аз ду мисра иборати барои назми қадими яҳудӣ хосбуда ба осонӣ ба назар мерасад.


Масхарабозро мазаммат накун: мисраи 1.

мабодо аз ту нафрат кунад.


Хирадмандро мазаммат намо, мисраи 2.

Ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт.


Қайд намоед, дар ин ду мисра аксуламалҳои гуногуни одамонро, ки мазаммат карда шудаанд, нишон дода шудааст.


Қоида. ҳама вақт кӯшиш намоед, муайян кунед, ки чӣ тавр мисраи дуюм ба якум таъсир мерасонад.




Назми қадимаи яҳудӣ пеш аз ҳама дар китобҳои Айюб, Забур, Масалҳо Суруди Сурудҳо ва баъзе қисмҳои китобҳои пайғамбарон, мисол дар китоби Ишаъё ва ғайра мавҷуд мебошад, дар баробари ин дар он бисёр ифодаҳо ва рамзҳои образнок истифода мешаванд.



Супориш. Айюб 42:2-ро хонед. Мисраҳои 1 ва 2-ро ишора кунед. Чӣ тавр мисраи 2 ба мисраи 1 мутобиқат менамояд?

Мисраи 1_______________________________________________

Мисраи 2________________________________________________

____________________________________________________________________________________________________________________



Супориш. Ишаъё 40:18-ро хонед. Мисраҳои 1 ва 2-ро ишора кунед. Чӣ тавр мисраи 2 ба мисраи 1 мутобиқат менамояд?

Мисраи 1 _________________________________________________

Мисраи 2_________________________________________________

____________________________________________________________________________________________________________________


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Қоидаи хусусии №4 Ифодаи образнок


*Муайян кунед, ки дар матн кадом ифодаи образнок истифода гаштааст ва моҳияти онро барои фаҳмидани ғоя ё ҳақиқати дар матн омада баҳо диҳед.


Муайянкунӣ. Шакли ғайриоддӣ ё истифодабарии калима ё ибора мебошад, ки образи хаёлӣ ё шифоҳиро ба вуҷуд меорад.

Мисол, «чой меҷӯшад» (чой намеҷӯшад, балки об барои чой меҷӯшад).


Ифодаҳои образнок барои он истифода мешаванд, ки:

  1. ҳақиқатеро, ки сухан дар бораи он меравад, бештар боварибахшу эътимоднок гардад.

  2. Моҳияти онро қайд намоед.

  3. Мақсади онро бештар амиқтар гардонад.

  4. Ба он тобиши эҳсосотӣ диҳад.

  5. Ифоданокии суханро боқувваттар гардонад.

  6. Диққатро ҷалб намояд.

  7. ғояҳои абстрактиро бо расмҳо оро диҳад ва фаҳмонад.


Забони образнок чунон саҳеҳ аст, ки ғояи ба воситаи ӯ дода мешудагӣ возеҳу равшан ва ҳаққонист.


*Ҳақиқатеро, ки тавассути воситаҳои забони образнок ифода мегардад, ҳарф ба ҳарф қабул кардан мумкин аст.


Баъзе мисолҳои ифодаи образнок, ки ба Библия хосанд:

  1. Муқоиса –қиёс кардан, ки дар он бандакҳои «чи хеле ки» «монандӣ» истифода мегарданд.


  1. Маҷоз –муқоисакунӣ, ки дар он як фаҳмиш барои ифода кардани фаҳмиши дигар истифода мегардад.

Мисол, «Шумо намаки ҷаҳон ҳастед» Матто 5:13.

«Забон низ оташ аст» Яъқуб 3:6.



3. Тимсол- додани сифатҳои инсонӣ ба ашёҳо, фаҳмишҳои абстрактӣ ё ҳайвонот,

Мисол, «ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб дар базмҳои онҳост, вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд, ва амали дастҳои ӯро намебинанд» (Ишаъё 5:12).

4. Антропоморфизм – ба Худо додани сифатҳои одамӣ,

Мисол, «ва дасти Худои мо бар мо буд» (Эзро 8:31).


5. Идиома – усули махсуси ифодаи фикр бо забони ба худ хос,

Мисол, «бо шикастани он» (Аъмол 2:42).


6. Эвфемизм –ибораи таҳқиромезро бо ибораи хуб иваз намудан,

Мисол, «барои қазои ҳоҷат» (1 Подшоҳон 24:4).


7. Муболиға- барои таъсирнок гаштан, аз ҳад зиёд калон нишон додан,

Мисол, «Тамоми дунё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист» (Юҳанно 21:25).


8. Тамасхур-ибораи истеҳзоомез, ки фикри бараксро дар назар дорад,

Мисол, «бо овози баланд бихонед, зеро ки вай худост»

3 Подшоҳон 18:27.


9. Тазод –иваз кардан, ки дар натиҷаи он ду чизи ба ҳам мухолиф барои ифода кардани як чизи бутун истифода мешавад,

Мисол, «Ту шинухези маро медонӣ»

(яъне, ҳама он чизро, ки ман мекунам) Забур 138:2.



Супориш. Ду мисраи аввали Ирмиё 17:11-ро хонед. Кадом ибораи образнок инҷо ифода ёфтааст? Кадом образи хаёлиро ӯ ба вуҷуд меорад?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Қоидаи хусусии №5 Рамзҳо


*Бодиққат ҳама рамзҳоро омӯзед, то ин ки мақсади истифодабарӣ ва маънии ононро муайян намоед.


Муайянкунӣ. Рамз –ин калима ё ибораест, ки чизеро иваз ё тасвир менамояд. Вазифаи ӯ оро додани фикр ё бештар фаҳмо гардонидани он мебошад.


Мисол, Исои Масеҳ монанди «Барраи Худо» Юҳанно 1:29.


  • Вале бодиққат бошед, рамз метавонад на танҳо ба як, балки ба якчанд қаҳрамонҳо тааллуқ дошта бошад.


Мисол, ҳам шайтон (1 Петрус 5:8), ҳам Масеҳро (Ваҳй 5:5) шер меноманд. Вале Масеҳ тамоми сифатҳои беҳтарини шерро дорост (ин қудрат, бузургӣ ва ғайра мебошад), дар баробари ин сифатҳои бади ӯ (ҳайвони дарранда) ба шайтон мансуб дониста шудааст.


Мисолҳо:

Исо - Барра, Шер, Шух (Харсанг), Навда, Реша,

Санги пешпохӯрӣ (Садд).

Рӯҳулқудс - об, равғани зайтун, шамол (бод), кабутар

абр/ оташ - ҳузур доштан / сарварии Худованд

аждарҳо / мор - шайтон (иблис)

шох - қудрат

мифтоҳ, калид - ҳокимият


Супориш: Матто 3:12-ро хонед. «ғалбер» рамзи чӣ аст (оне, ки бо он ғалларо мебезанд)?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Такрор


  1. Риоя накардани қоидаи хусусӣ вобаста ба тафсири масалҳо (№1) дар худ кадом хатари асосиро ниҳон медорад?



  1. Чаро донистан муҳим аст, ки масалҳо (№2) қоидаҳои асосиро меомӯзонанд, на ваъдаҳоро?



  1. Чаро бисёр вақт назм воситаи хуби ифодакунандаи ҳақиқат мебошад?



  1. Ифодаҳои образнок тафсирро мураккаб месозанд, ё содда мегардонанд? Барои чӣ?



  1. Чӣ тавр рамзҳо ба мо барои беҳтар фаҳмидани чизҳои абстрактӣ ёрӣ мерасонанд?



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири онҳо



Қоидаи хусусии №6 Пешгӯӣ



*қоидаҳои умумии тафсирро истифода бурда истода порчаҳои пешгӯидоштаро таҳлил намоед, вале дар ин маврид диққати ҷиддиро ба хусусиятҳои хосе, ки пешгӯиҳои библиявиро тавсиф менамояд, равона созед.



Барои чӣ пешгӯиҳоро бояд омӯхт?


  1. Вақте ки Библия навишта шуд, 25 фоизи он аз масалҳо иборат буд.



  1. Пешгӯиҳо ба мо садоқат, ҳокимияти олӣ ва қудрати фавқултабии Худовандро зоҳир месозанд- 3 Подшоҳон 8:56.



  1. Пешгӯиҳо умеди имондорро тақвият медиҳанд

1 Таслӯникиён 4:13-18.


  1. Пешгӯиҳо имондоронро пок мегардонанд ва ба ҳаёти парҳезкорона ҳидоят менамоянд – Титус 2:11-15.


  1. Пешгӯиҳо нияти абадӣ ва нақшаи Худовандро (ваҳйро) мекушоянд.- Ишаъё 46:10.

Пешгӯиҳои махсуси библиявӣ


  1. «Тасвири пешомад»

На пайғамбарони Аҳди қадим, на муаллифони Аҳди ҷадид натавонистанд, пешбинӣ кунанд, ки ду ҳодисаро солҳои тӯлонӣ ҷудо карда метавонанд (водӣ дар байни қуллаҳои кӯҳ).

Пайғамбар


Пешгӯии ҳодиса


Вақт


Пешгӯии ҳодиса


Вақт




Ишаъё 61:1-2 Луқо 4:17-21



Ба пайғамбар маълум набуд, ки ин пешгӯиҳо пас аз садсолаҳои

ояндаи дур амалӣ мегарданд.


1. Истифодабарии таъҷилӣ ва иҷрои ғайритаъҷилӣ

Ишаъё 7:14 Матто 1:22-23

Ин пешгӯии Ишаъё дар замони худаш ҳам истифода бурда шуд, вале иҷроиши он дар Исо ҳамчун Масеҳ дар ояндаи дур муяссар гашт.


  1. Қисман иҷрошавӣ дар мӯҳлати муайян (тараққикунанда/мунтазам)

Юил 2:28-32 Аъмол 2:17-21

Дар рӯзи Панҷоҳрӯзагӣ ин пешгӯии аҳдиқадимӣ қисман иҷро гашт, он вақт Рӯҳулқудс фиристода шуда буд. Пешгӯи пурра бояд дар оянда амалӣ гардад.

(Ваҳй 6:12-14-ро бингаред).


Якчанд маслиҳатҳои муфид дар вақти тасрифи пешгӯиҳо


1. Ба порчаи додашуда ҳама чизҳои алоқаманд ва параллелро муқоиса намоед (мисол Дониёл ва Ваҳй).

Ваҳй 13:5 Дониёл 7:25


2.Дар хотир нигоҳ доред, байни эълони пешгӯӣ ва иҷрои он метавонад давраи зиёде гузарад (садҳо ва ҳазорсолаҳо)

Ишаъё 40:3 Малокӣ 3:1-3 Матто 3:3

ҳам Ишаъё, ҳам Малокӣ пешгӯқ карданд, ки кадом вазифа дар Аҳди ҷадид бар дӯши Яҳёи Таъмидгар меафтад: Омадани Исои Масеҳро эълон кардан.


3.Фарқ кардани пешгӯиҳои амалишударо ва ононеро, ки амалишавиашон ҳоло дар пешанд, ёд гиред.


МИСОЛ:

Иҷрошуда: Ишаъё 44:28, Эзро 6:3

Ишаъё пешгӯқ кард, ки шоҳ Куруш ба яҳудиён рухсат

медиҳад, ки аз нав маъбадро созанд. Пас аз дусад сол

мо иҷрои ин пешгӯиро дар китоби Эзро мебинем:

Куруш ба Яҳудиён бозгашт ба Ерусалимро рухсат

медиҳад.


Иҷро нашуда-Ирмиё 31:31-34

Аҳди нав барои Изроил.


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он.


  1. Ибораҳои образнок ва рамзҳоро ёбед (агар онҳо ҳастанд) ва маънии онҳоро ба инобат гирифта матнро тафсир намоед.


Ваҳй 6:1-2 Савора дар болои аспи сафед –рамзи душмани

Масеҳ аст. Вале, инро ба инобат гиред, ки дар

Ваҳй 19:11 Масеҳ ҳам дар вақти бозгашти дуюмаш

савораи аспи сафед тасвир ёфтааст.


  1. Эътимод пайдо намоед, ки тафсири шумо мухолифи дигар ҷойҳои Навишта нест.


Луқо 17:34-37 Ин ба сууд метавонад муносибат надошта

бошад, чунки гирифташуда бояд назди маҳкама

ҳозир шавад (1 Таслӯникиён 4:13-18).



Супориш. Ишаъё 53:1-9-ро хонед. Монанди 1 Петрус 2:21-25 ва Матто 8:14-17 ин пешгӯӣ ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад?

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Такрор


  1. Чаро ин қадар пешгӯиро омӯхтан муҳим аст? Камаш ду сабабро номбар кунед.




  1. Омӯзиши пешгӯиҳо ба мо аз хислатҳо ва табиати Худованд чиро ошкор менамояд?



Қоидаи хусусии №7 Истифодабарии матни Аҳди қадим дар

Аҳди ҷадид


  • Контекстеро, ки дар он порчаҳои Аҳди қадим ва Аҳди ҷадид истифода бурда мешаванд, омӯзед. Муайян кунед, ки чӣ хел ва бо чӣ мақсад матни Аҳди қадим дар Аҳди ҷадид истифода бурда мешавад.


* Истифодабарии матни Аҳди қадим дар Аҳди ҷадид ба ягонагии Навишта ва мухолифи якдигар набудани онон далолат менамояд.

Моҳият:

  1. Дар Аҳди ҷадид бештар аз 30 иқтибос аз Аҳди қадим аст.

(10 фоизи Аҳди ҷадид ин иқтибосҳо ё истинодҳо аз Аҳди қадим мебошанд).

  1. Аҳди қадим ва Аҳди ҷадид як муаллифи илоҳӣ доранд.

  2. Фаҳмидани Аҳди қадим барои фаҳмидани Аҳди ҷадид мутлақо лозим аст.

Луқо 24:26-27 Барои то охир фаҳмидани он ки чаро Исо омад

ва ӯ дар ҳақиқат кист, шумо бояд Аҳди қадимро

омӯзед.

Ғалотиён 3:16-17 То он вақте ки шумо ваъдаи додаи

Иброҳимро дар Аъмол 12-17 намефаҳмед,

возеҳу равшан фаҳмида наметавонед, ки

Павлус дар Нома ба Ғалотиён дар бораи чӣ

мегӯяд.

  1. Муаллифони Аҳди ҷадид Аҳди қадимро айнан медонистанд ва обурӯи онро ҳамчун Каломи Худованд эътироф менамуданд.

(Ибриён 3:7, Ғалотиён 3:8-9, 2 Тимотиюс 3:15-17), инчунин ба ин гуфтаҳо худи Исо низ тааллуқ дорад (Луқо 24:44, Матто 15:7).

Чӣ тавр дар Аҳди ҷадид Аҳди қадим истифода бурда мешавад:

  1. Бо истифодаи калимаҳои муқаддимавӣ.

«Зеро ки навишта шудааст» Матто 4:6

«То ба амал ояд» Матто 1:22

«Навиштаҳо чӣ мегӯянд» ё Румиён 4:3

«Дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст»

2. Дар шакли мувофиқаткунии якчанд пораҳо аз Аҳди қадим

2 Қӯринтиён 6:16-18

Матто 22:34-40.



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


3. Бо тағйир додани ночизи матни Аҳди қадим

Румиён 15:12


Мақсади иқтибосоварӣ аз Аҳди қадим ба Аҳди ҷадид:


  1. Барои нишон додани амалӣ гаштани валигӣ ё пешгӯқ аз Аҳди қадим .

Дар Матто 1:22-23 пешгӯиҳо аз Ишаъё 7:14 пурра амалӣ мегарданд, вале на ҳама вақт иҷрошавӣ маънои пурра амалӣ гаштанро дорад. (Аъмол 2-амалӣ гаштани қисман на пурраи пешгӯӣ дар Юил 2).


  1. Барои тасдиқ намудани шариат ё ҳақиқати Аҳди қадимӣ

Аъмол 15:4-18 Омус 9:11-12


  1. Барои бо расмҳо оро додан ё истифода бурдани шариати Аҳди қадим ё ҳақиқат.

1 Қӯринтиён 1:19 Ишаъё 29:14


  1. Барои ҷудо кардан (мухтасар ифода кардан)-и шариати Аҳди қадим ё ҳақиқат.

Ғалотиён 5:14 Ибодат 19:18

Румиён 1:17 ҳабаққуқ 2:4


  1. Барои истифода бурдани ибораҳои аҳдиқадимӣ баҳри пурқувваткунонӣ (барои ягон фикру ақидаро қайд кардан).

Румиён 10:8 Такрори шариат 30:14



Супориш. 1 Қӯринтиён 6:16-ро хонед. Дар ин порчаи аҳдиҷадидӣ порчаи аз Ҳастӣ 2:24 чӣ гуна истифода бурда мешавад?

______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________




Якчанд маслиҳатҳои муфид:


  1. Барои пайдо кардани порчае аз Аҳди қадим инҳоро истифода баред:


  • Эзоҳ ба матн.

  • Тафсир (Библияи таълимӣ NIV ).

  • Услуби далеловарии чандтарафа .

  • “Симфония” (калимаи мифтоҳиро истифода баред).


  1. Контексти Аҳди қадимро омӯзед.


  1. Контексти Аҳди ҷадидро омӯзед, вале кӯшиш накунед, ки маънии пораи Аҳди ҷадидро ба Аҳди қадим гузаронед, чунки хонандагони аввалини Аҳди қадим наметавонистанд Аҳди ҷадидро истифода баранд (ӯ барои онон таъин нагашта буд).


  1. Фарқияти ифодаи аниқро дар порчаҳои аз Аҳди қадим ва Аҳди ҷадид муайян намоед.


  1. Муайян намоед, чӣ тавр ва барои чӣ порча аз Аҳди қадим истифода бурда мешавад (дар шакли иқтибоси рӯирост, мусаввара, ифодаи аниқи кӯтоҳ, амр барои иҷро ва ғайра).



Такрор


  1. Муаллифони Аҳди ҷадид ба чӣ дараҷа ҳаққонӣ, умедбахш ва муфид будани Аҳди қадимро мешумурданд?


2. Чаро бе Аҳди қадим Аҳди ҷадидро пурра фаҳмидан имконпазир нест?


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Д. Ғалатҳо дар вақти тафсир.


Дар мавриди тафсир аз се ғалат канораҷӯқ бояд кард.


  1. Тафсири нопурра-ин чунин маънӣ дорад, ки вақти мушоҳида мо чизеро нодида мегузарем ва наметавонем тафсири пурраи матнро диҳем.


  1. Тафсири муболиғаомез-мешавад, ки дар матн мо чизеро меёбем, ки ӯ он ҷо нест.


  1. Тафсири ноаниқ (нодуруст)-мешавад, ки мо матнро нодуруст мефаҳмем ва хулосаи ғалат мебардорем. Ин дар натиҷаи фориғболӣ, бедиққатӣ дар вақти мушоҳида, инчунин дар вақти таълим мо ба Рӯҳулқудс такя намекунем, имкон намедиҳем, ки ӯ моро таълим диҳад, рӯй медиҳад.


  • Тафсири нодуруст ба истифодабарии нодуруст оварда мерасонад.



Супориш. Чор лаҳзаи бештар муҳимро номбар кунед, ки шумо шахсан дар бораи тафсир донистед.

1.___________________________________________________________

2.___________________________________________________________

3.___________________________________________________________

4.___________________________________________________________




Марҳилаи 3. Истифодабарӣ (ҳақиқат, қоидаҳои дар матн

мавҷудбуда)

Шумо вақти худро беҳуда мегузаронед, агар шумо Навиштаро мехонеду меомӯзед, вале нияти иҷро кардани онро надоред. омӯзиши Каломи Худованд мақсади ягона набуда, балки танҳо воситаи рушди комил дар Масеҳ мебошад. Яъқуб 1:22-25,

Луқо 6:46-49 (порчаҳои мифтоҳӣ, ки муҳимияти истифодабариро қайд менамоянд, ба саҳифаҳои 23-и дастури мазкур бингаред).

Юҳанно 13:17 ҳақиқатро фаҳмидан, қабул кардан ва ба он итоат

кардан лозим аст.

Ибриён 5:14 “ба малака омӯхта шудан”

Саволҳои мифтоҳӣ: Ман чӣ бояд кунам?

Ин чӣ тавр рӯй медиҳад?

Ман инро чӣ тавр дар таҷрибаам истифода

бурда метавонам?

А. Оқибати ба Каломи Худованд итоат накардан

*Шумо худро гумроҳ месозед, агар танҳо донистанро кифоя медонед.

*Шумо рӯҳан рушду камол намеёбед ва камолоти рӯҳониро ноил намегардед.

*Шумо он чиро дар хотир нигоҳ намедоред, ки дар амал истифода мебаред.

*Суханон ва амали шумо фарқ мекунанд (рафтор аз гуфтор эътимодбахштар аст).

Он чизро, ки шумо худатон истифода намебаред, наметавонед самаранок таълим диҳед (тарғиб намоед).

Истифодабарӣ (итоат намудан)

на бояд:

*мушоҳида ва тафсирро пешгирӣ намояд,

бояд:

*оқибати қарор бошад, на ҷӯшу хурӯши эҳсоснок,

*дар тӯли вақти кофӣ идома ёбад,

*комил бошад, аммо на қисман,

*ба Рӯҳулқудс такя намояд,

*нақшаи амалро, ки бояд кофӣ бошад, ба роҳбарӣ гирад:

-муҳим бошад, то ин ки худро ба он бахшӣ,

-оддӣ бошад, то ин ки фаҳмо бошад,

-кӯтоҳ бошад, то ин ки онро иҷро кардан мумкин бошад,

-мушаххас бошад, то ин ки имконияти натиҷаро баҳо додан дошта бошӣ.

-рӯҳан пурмазмун бошад, то ин ки маҳсули ҷиддӣ оварӣ.

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Б. қоидаи истифодабарии бомуваффақият.


1. Дар порча талабот ё ҳақиқатро, ки ба таъсири вақт мутеъ нестанд, ҷудо карда истода, фикри асосиро мухтасар ифода кунед, то ин ки онҳо:

-имрӯз муносиби шумо ва ё калисои шумо бошаду ба эҳтиёҷотатон ҷавоб диҳад.

-мухолифи Навишта набошанд.

-хислатҳои умумӣ дошта бошанд, вале ба тарзи кофӣ фаҳмою мушаххас бошанд, то ин ки онҳо пайравӣ гарданд.

Мисол, фикри асосии Луқо 9:23 метавонад чунин баён гардад: ҳар рӯз дар кадом шароите, ки набошад ман бояд иродаамро ба иродаи Худованд тобеъ намоям.

2. Нигаред, таълимот (талаботе)-е, ки шумо нияти истифодабарӣ доред, дар вазъиятҳою муносибатҳои тарафайни гуногун чӣ тавр муфид буда метавонад.

Чӣ тавре ки вобаста ба:_____________________истифодапазир аст.


ҳақиқати истифодашавандаи Каломи Худованд 2 Тимотиюс 33:16-17


Ба худо


Ба назди ман

ба калисо


Ба назди

оилаи ман


Ба шайтон


Ба назди ҳуқумат ҷамъият


Ба ҷои кор ё таълими ман


Ба назди ғайримасеҳи

ён


Ба назди масеҳиёни дигар



3. Дар болои саволҳои зерин андеша ронед:

Оё дар ин порча амре ҳаст барои:

*талаботе, ки онро истифода бурдан мумкин аст.

*васияте, ки онро иҷро кардан лозим аст.

*гуноҳе, ки барояш омурзиш бояд талабид ва аз он бояд рӯй гардонид.

*одате, ки онро иваз намудан ё партофтан лозим аст.

*муносибате, ки онро иваз намудан лозим аст.

*ҳақиқате, ки ба он бовар кардан лозим аст.

*ваъдае, ки онро дар ёд бояд дошт.

*намуна барои тақлид кардан.

*соҳаи ҳаёти мо, ки онро ба Худованд мутеъ кардан лозим аст.

*амали мушаххас, ки онро зоҳир кардан лозим аст.

*шарте, ки онро иҷро кардан лозим аст.

*одаме, ки онро бахшидан лозим аст.

*хатар ё ғалате, ки аз он бояд канораҷӯқ кард.

*тағйироте, ки бояд дар хислатҳо рафтор ё баёнкуниҳои ман рӯй диҳанд.

4. Ба қудрати Рӯҳулқудс, ки дар шумост такя карда истода ҳамаи инро дар амал татбиқ намоед.

Румиён 8:12-14 Филиппиён 4:9

Ғалотиён 5:16-18, 22-25 Филиппиён 4:13

В. Мақсади итоат кардан (истифода бурдан)-тағйир додани ҳаёт, рафтор, мафкура, ақидаи худро мутобиқи Каломи Худованд гардонидан. Мо ба Каломи Худованд итоат менамоем ва дигаронро таълим медиҳем, ки ба ӯ итоат намоянд ва бештар шабеҳи Исои Масеҳ гарданд. (2 Қӯринтиён 3:18, 1 Юҳанно 3:2).

Дар болои матн худатон кор кунед ва монед, ки матн дар болои шумо кор кунад”.

Ч. А. Бенгел


Супориш. 1 Петрус 1:13-16 ва 2 Қӯринтиён 7:1-ро хонед. Нависед, ки амалан чӣ тавр ин сатрҳоро дар ҳаёти шумо истифода бурдан мумкин аст. Чӣ тавре шумо шахсан ин васиятҳоро пайравӣ менамоед. Кадом қадамҳои мушаххасро бояд шумо гузоред.

Забур 138:23-24.

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он



ОБЗОРИ ҶАМЪБАСТӣ



Мушоҳида то ин ки донӣ, дар Каломи Худованд дар бораи

чӣ гап меравад.


Тафсир то ин ки фаҳмӣ, Каломи Худованд чӣ маънӣ

дорад.


Истифодабарӣ Каломи Худовандро, то ин ки дар Исои Масеҳ

камолот ёбӣ.


Б. Дигар усулҳои омӯзиши Библия


Дар вақти омӯзиши Библия баъзан на танҳо усулҳои муқаддимавӣ ё таҳлилиро истифода бурдан муфид аст. Муайян кунед, ки чиро шумо ҳамчун талаботи реалиатон ва талаботи калисоатонро ба инобат гирифта бояд омӯзед. Ҳар як усули дар зер овардашуда мақсад ва таъиноти муайяне дорад. Пеш аз он ки яке аз ин усулҳоро истифода баред, аниқ муайян намоед, ки шумо чиро ноил шудан мехоҳед:


  1. Тарҷумаи ҳолӣ (шахсони амалкунанда, қаҳрамонҳо).


  1. Тематикӣ (калимаҳо ё мавзӯҳо).


  1. Теологӣ (доктринавӣ).


4. Насиҳати рӯҳонӣ (ғанӣ гардонидани шахсият).




Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


  1. Усули тарҷумаиҳолӣ


Муайянкунӣ. Усули тарҷумаиҳолӣ ба он сафарбар карда шудааст, ки донем, дар Библия ё яке аз китобҳои он дар бораи ҳаёт, хидматгузорӣ ва хислати ин ё он одам чӣ гуфта мешавад

(Яъқуб 5:17, Ибриён 13:7, 1 Қӯринтиён 10:11, 1 Қӯринтиён 11:1).

Мақсад: донистан,

*оё ҳаёти ин одамро дар нақшаи рӯҳонӣ бомуваффақият ё бебарор шумурдан мумкин аст.

*кадом хислатҳои мусбат ва манфиро ин одам доро буд.

*дар ҳаёти ин одам хислати ӯ ва дигар омилҳо кадом нақшро бозиданд.

*кадом ҷиҳатҳои ҳаёт ва хислатҳои ин одамро ҳамчун намуна истифода бурдан мумкин аст ва аз кадомаш бояд канораҷӯқ намуд.

*аз ҳаёти ин одам чӣ гуна бояд панд гирифт ва онро чӣ тавр дар ҳаёти шумо ва дар ҳаёти калисоатон бояд истифода бурд.


Марҳилаҳои тавсияшаванда

Марҳилаи 1. Барои омӯзиш шахсияти барои шумо ҷолибро

интихоб намоед.

*Дар бораи баъзе одамон дар Библия хеле бисёр гуфта мешавад (мисол, дар бораи Яъқуб, Юсуф, Довуд, Павлус, Петрус).

*Дар бораи дигар одамон танҳо якчанд маротиба хотиррасон карда шудааст (мисол, дар бораи Одам, Нуҳ, Луқо, Истефанус).

*Баъзе одамон дар давоми тамоми Навишта ёдовар мегарданд, (мисол, Иброҳим) дар он мавриде, ки дар бораи дигарон маълумотро танҳо дар як китоб ва ё як қисми он ёфтан мумкин аст (мисол Илий).

*Навиштаро хонда истода, рӯйхати шахсони амалкунандаро нависед, ки дар он нақши калонеро бозидаанд ва ҳаёти онҳоро минбаъд шумо омӯхтан мехостед.

Эзоҳ. Пеш аз он ки дар вақти тафсир дар бораи хислати ин ё он одам ба хулосае оед, тамоми ишораҳои дар Библия доир ба ин одам омадаро хонед (мисол, 2 Петрус 2:6-7 барои аниқ донистани хислати Лӯт кӯмак мерасонад, ҳол он ки дар Ҳастӣ 19:1-36 ин

чизҳо нест).


*Вобаста аз миқдори материал ва мақсад, ки шумо дар наздатон мегузоред, қарор диҳед, ки дар кадом чаҳорчӯба омӯзишатонро маҳдуд месозед.

Китоби Библия, Аҳди ҷадид, Аҳди қадим, тамоми Библия


Марҳилаи 2. Библияи таълимии NIV, «Симфония» ва

нишондиҳандаи фанниро нигареду рӯйхати ҳама

зикркунии қаҳрамон (персонаж)-ро нависед.

Марҳилаи 3. ҳама порчаҳои ҷамъкардашударо хондаистода,

диққатро ба тафсири (Библияи таълимии NIV ), эзоҳ

ба матнҳо, инчунин ба истинодҳои чандтарафа

нигаронед. ҳар як порчаро дар контекст хонед ва

мухтасару аниқ ифода намоед, ки дар ҳар кадоми

он дар бораи қаҳрамони омӯхташудаистода чӣ

гуфта мешавад.

Марҳилаи 4. Боз як бори дигар аз сари нав ҳама порчаҳоро хонед,

таассуроти худро нависед ва кӯшиш намоед, ки худро

дар ҷои ин одам гузоред (ӯ чӣ фикр мекард, чӣ ҳис

мекард, чӣ кор мекард ва ғайра).

Марҳилаи 5. Материалҳои ҷамъкарда (Марҳилаи 3) ва таассурот-

ҳоятонро (Марҳилаи 4) ба гурӯҳҳои зерин тақсим

карда, ташкил намоед:

*ҳаёт (ном, насаб/ вазъият дар оила ва ғайра), *хидмат (кадом намуд, оё калон аст, ҳодисаҳои муҳим), *хислат (хусусиятҳои мусбӣ ва манфӣ), *муваффақият,

*бебарорӣ.

Марҳилаи 6. Истифодабарӣ. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

*ҳаёти ин одам ба мо чиро меомӯзонад (кадом талаботҳоро

ӯ нишон медиҳад)?

*Хусусиятҳои манфию мусбии ин одам ба ҳаёт ва

хидматгузории ӯ чӣ гуна таъсир расонид?

*ҳаёти ӯро омӯхтаистода кадом ҳақиқатҳои библиявӣ,

шариат ва талаботҳоро донистан мумкин аст?

*Натиҷаи ин тадқиқоти тарҷумаиҳолиро ман дар ҳаёти

худам ва ҳаёти калисоям чӣ гуна истифода бурда метавонам?

(Ба тавсияҳо дар фасли «Истифодабарӣ» дар саҳифаҳои 77-79-и ин китоб нигаред).


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Марҳилаи 7. Натиҷаҳои тадқиқот ва хулосаи хотимавиатонро

дар шакли конспекти вазъ ё дарс мухтасару аниқ

ифода намоед. Бо одамон сӯҳбат кардаистода ва дар

муҳокимаҳо иштирок намуда истода, шумо инчунин

метавонед он чизеро истифода баред, ки дар рафти

омӯзиш донистаед, ин маълумотҳоро ба тарзи мисол

оварда метавонед, ки чӣ тавр рафтор кардан лозим

асту чӣ тавр мумкин нест.


Тасвири кӯтоҳи марҳилаҳои услуби тарҷумаиҳолӣ


МУШОҲИДА


Марҳилаи 1. Қаҳрамонеро барои омӯзиш интихоб намоед.


Марҳилаи 2. Рӯйхати ёдоварӣ дар бораи ӯро тартиб диҳед.


Марҳилаи 3. Ҳама порчаҳоро хонед ва мазмуни онро аниқу

мухтасар баён намоед.


ТАФСИР


Марҳилаи 4. Таассуроти худро нависед.


Марҳилаи 5. Материалҳоро ба тартиб оред.


ЭЗОҲ


Марҳилаи 6. Тарзи истифодабариро фикр намоед.


Марҳилаи 7. Вазъро (дарсро) омода созед.


ЭЗОҲ. Шумо метавонед, танҳо он марҳилаҳоеро гузаред, ки ба шароити мушаххас ва вазифаҳои омӯзиш мутобиқанд.





Намунаи истифодабарии услуби тарҷумаиҳолӣ


Марҳилаи 1. «Барнаббо» дар Аҳди ҷадид.


Марҳилаи 2. «Симфония» Нишондиҳандаи фаннӣ (тафсир)

(Библияи таълимӣ NIV )

Марқӯс 6:3 (танҳо тафсир)

Аъмол 4:36 (37) Аъмол 4:36 (37)

13:1 12:1

14:14 13:1, 5, 9

9:27 14:1, 4, 12, 23

11:22-29 (30) 15:12, 39

13:14 1 Қӯринтиён 9:4

15 2 Қӯринтиён 8:18

Ғалотиён 2:1-13 Ғалотиён 2:1

1 Қӯринтиён 9:6 қулассиён 4:10

Қӯлассиён 4:10 Сарсухан ба «Нома ба Ибриён»

(Библияи таълимӣ NIV )

2 Тимотиюс 4:11


Марҳилаи 3. Марқӯс 6:30 Барнаббо-ҳавворӣ (нигаред, тафсир

ба Библияи таълимӣ NIV ).

Аъмол 4:36 (37) Барнаббо («ибни тасаллӣ»). Левӣ аз

аҳли қаприс, заминашро фурӯхт ва

пулашро ба ҳаввориён дод.

9:27 Дар назди ҳаввориён аз номи Павлус

гап зад.

11:22-30 Калисои Ерусалим Барнабборо ба

Антиёҳия фиристод, то хидматгузо-

риро баҳо диҳад. Барнаббо онҳоро

насиҳат кард. ӯ марди накӯкор ва

пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд. Ба

Тарсус ба ҷустуҷӯи Шоул рафт ва

ӯро ба Антиёҳия овард. Тамоми сол

онҳо он ҷо ҷамъ шуданд ва мардуми

бисёреро таълим доданд. Ионат

ҷамъ карданд, то ин ки ба бародаро-

ни Яҳудо ёрӣ диҳанд.




12:1 Истифодабарии тафсир имконнопа-

зир аст.

13:1-5 Барнаббо ҳамроҳи Павлус аз ҷониби

калисои Антиёхия ба сафари миссио-

нерӣ фиристода шудаанд.

13:42-46 Ба ононе, ки ба суханони ӯ

мухолифат менамуданд, далерона

гап мезад.

14:1 Дар Иқуния дар куништ вазъ гуфт.

14:3 «Муддати дарозе» дар он ҷо монд.

14:12 ӯро «Худо» номиданд.

14:14 ҳавворӣ-Барнаббо итоаткорона

ҳамаро хидмати Худованд донист.

14:23 Ба ҳар калисо пиронро таъин кард.

15:1-39 Барнаббо бо яҳудиён дар бораи он

баҳс кард, ки оё барои наҷот хатна

лозим аст, ҳамроҳи Павлус ба Еруса-

лим равон шуд ва он ҷо зидди хатна

баромад кард, дар Антиёхия башо-

рат доданро идома дод, бо Павлус

баҳс кард, ки оё Юҳанно (Марқӯс)-

-ро барои сафари миссионерӣ ҳам-

роҳи худ гиранд ё не. Барнаббо

Марқӯсро ҳамроҳи худ гирифта ба

қаприс рафт.

1 Қӯринтиён 9:6 ҳамроҳи Павлус хидматгузории

беғаразона намуд.

Ғалотиён 2:1, 9 ҳамроҳи Павлус ба Ерусалим рафт.

2:13 Барнаббо аз «риёкории» Петрус

норизо буд.

Қӯлассиён 4:10 Марқӯс ҷияни Барнаббо буд.

2 Тимотиюс 4:11 Тафсир ба Марқӯс (NIV) тааллуқ

дорад.

Сарсухан ба Ибриён. Тахмин меравад, ки Барнаббо муал-

лифи эҳтимолии Нома ба Румиён

мебошад.



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Марҳилаи 4. Гарчанде, ки Барнаббо монанди Павлус ё Петрус

ин қадар хуб машҳур набуданд, ӯ таскиндиҳанда

ва воизи содиқу фаъоли Инҷил буд.


Марҳилаи 5. Ҳаёт


  • Левӣ аз қаприс

  • ҳавворӣ

  • Маънии ном «ибни таскин»


Хидматгузорӣ


  • барои паҳн намудани Инҷил пул дод,

  • ба ҳимояи Павлус гап зад,

  • дар фаъолияти калисои Антиёхия фаъолона ширкат варзид,

  • аз ҷониби Рӯҳулқудс ба сифати миссионер «ҷудо карда шуд»,

  • ҳамроҳи Павлус сафарҳои миссионерӣ намуданд,

  • дар ҷамъомад, дар Ерусалим ғояи «наҷот бо имони ягона» бе хатнаро ҳимоя намуд,

  • воизӣ намуд, хидмат кард / ба одамон ёрӣ дод, пиронро таъин намуд,

  • пас аз баҳс бо Павлус ҳамроҳи Марқӯс ба қаприс рафт,

  • муаллифи эҳтимолии Нома ба Ибриён.



Хислат

Хуб Бад

(хусусиятҳои мусбӣ) (хусусиятҳои манфӣ)

*таскиндиҳанда *метавонист гумроҳ гардад.

*саховатманд *баъзан якрав (мисол дар

*бо Рӯҳулқудс пур гашта баҳс бо Павлус.

*марди боимон

*одами хуб (муфид, самаранок

коркунанда, «шавҳари меҳрубон»)

*ба Худо итоаткор

*хоксор

*роҳбари хуб

*башорат медод

*дӯстонро ҳимоя мекард

*ононеро, ки ҳадафи ҳуҷум мегаштанд,

ҳимоя менамуд.

*одами зирак

*барои ҳақиқат баромад мекард.


Муваффақият- ҳаёт ва хидмати Барнаббо, аз нуқтаи назари Худо бешакку шубҳа муваффақиятнок буд. Худо сифатҳои рӯҳонии ӯро, садоқату матонати ӯро дар ҳимояи ҳақиқат эҳтиром намуда ӯро барои рӯҳбаланд намудани дигарон истифода бурд.

Аъмол 11:19-30


Марҳилаи 6. Истифодабарӣ


*Дарси асосӣ-Худо паҳн намудани Инҷилро ба воситаи одамоне, ки дорои рӯҳонияти комиланд, амалӣ месозад ва онҳо ба воситаи фаъолияташон дигаронро рӯҳбаланд месозанд.

*Хусусиятҳои хислати Барнаббо ба фаъолияти бомуваффақияти ӯ мусоидат менамуданд.

*Мо бояд барои ҳақиқати дар Худованд буда қавӣ истодагарӣ намоем, ҳатто агар дигар имондорон ба мо мухолифат намоянд ҳам.

*Ман бояд беҳтар таскин додани одамонро ёд гирам.


Марҳилаи 7. Вазъ (дарс) –дар бораи ҳаёти Барнаббо вазъ гуфтан ё

омӯзондан ба тарзҳои гуногун мумкин аст. Дар

конспекти овардашуда диққати асосӣ ба хидмати ӯ

дар нақши таскиндиҳанда равона карда шудааст.

Усули омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Конспекти дарс / вазъ

Барнаббо- «ибни таскин»

Заминаи пешакӣ: «Таскин додан» маънии «дар паҳлӯи» касе барои

*таскин додан *дастгирӣ намудан

*маслиҳат додан *насиҳат кардан

*ёрӣ додан *рӯҳбаланд кардан-ро дорад

Барнаббо дигаронро таскин медод:

  1. Моли доштаашро бо ҳам медид- Аъмол 4:36-37

Барнаббо заминашро фурӯхт ва пулашро ба ҳаввориён баҳри хидмат намудан дод. Ба ҳанониё ва Сафира муқоиса намоед. Аъмол 5:1-11.

  1. Павлусро дар назди ҳаввориён дастгирӣ намуд-Аъмол 9:20-31.

Вақте ба Павлус лозим омад, ки касе дар назди ҳаввориён ба ҳимояи ӯ баромад кунад, ин корро Барнаббо кард.

  1. Бо фаъолияти худ ба мақсадҳои Худованд хизмат намудан

Аъмол 11:19-24.

*Барнаббо марде буд, меҳрубон, пур аз имон ва

Рӯҳулқудс-Аъмол 11:24.

*Барнаббо фаъолияти Худовандро дар Антиёхия шаҳодат медиҳад ва сокинони онро ҳидоят менамуд, ки ба Худованд содиқ бошанд-Аъмол 11:22-23.

*Ионатро (садақа) ба сокинони гуруснаи Яҳудо расонид

- Аъмол 11:26-30.

*Ба даъвати Худованд ҳозир шуда ӯ фурӯтанона ба хизмати миссионерӣ машғул шуд. Аъмол 13:1-5.

*ӯ ҳақиқатро назди мухолифин сахт ҳифз менамуд

–Аъмол 13:42-46, 14:1-19.

  1. Бо матонат ҳақиқати Худовандро ҳифз менамуд- Аъмол 15:1-5,

12, 22, 30, 35. Гарчанде, ки бештарини яҳудиён мехостанд, ки хатна яке аз шартҳои масеҳӣ кунонидани бутпарастон бошад, Барнаббо дар машварати дар Ерусалимшуда (соли 49 мелодӣ) барои он ҳақиқат талош кард, ки наҷот танҳо бо имон дода мешавад.


ХУЛОСА. Худованд одамонеро, ки Рӯҳулқудс сарвариашон менамояд барои таскин додани дигарон ва паҳн кардани Инҷил истифода мебарад. Вале шумо метавонед, таскин диҳед, рӯҳбаланд намоед? Мушаххас, чӣ тавр шумо метавонед, дигар одамонро таскин диҳед.

Намунаи нақша (шаблон)


Омӯзиши тарҷумаиҳолӣ


Марҳилаи 1- қаҳрамон (персонаж)


Марҳилаи 2- Зикркунӣ:


«Симфония» Нишондиҳандаи Истиноди

фаннӣ чандтарафа


Марҳилаи 3- Мухтасару аниқ ифода кардани ҳар як порча


Марҳилаи 4- Таассурот


Марҳилаи 5-Натиҷаи тадқиқоту таассуротҳоро гирд оваред.


Ҳаёт

Хидмат

Хислат


Хуб Бад Муваффақият Бебарорӣ


Марҳилаи 6- Истифодабарӣ


*Дарси асосӣ

*Таъсири хусусиятҳои хислат

*ҳақиқати библиявӣ, талаботҳо (шариат) ё фаҳмиш

* Истифодабарии шахсӣ


Марҳилаи 7- Конспекти вазъ / дарс.




Услуби омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он

Руйхати қаҳрамонҳо барои омӯзиши тарӣумаи ҳолқ

Аҳди қадим

Мардҳо

Иброҳим



  1. Услуби тематикӣ


Муайянкунӣ. Услуби тематикӣ барои он таъин гаштааст, ки дар ин ё он калима ё мавзӯъи дар Библия мавҷудбуда, инчунин ғоя (фаҳмиш), гап дар бораи чӣ меравад, муайян карда шавад.

Эзоҳ. Аслан услуби омӯзиши теологӣ инчунин тематикӣ мебошад.

Мақсад: донистан

*калима (мавзӯъ) чиро мефаҳмонад,

*ин калима (мавзӯъ) дар қисмҳои гуногуни Библия чӣ тавр истифода бурда мешавад,

*оё ин калима (мавзӯъ) дар Библия махсусан муҳим аст,

*дар рафти омӯзиш кадом талаботҳои рӯҳонӣ ба миён меоянд.

*натиҷаҳои омӯзиши тематикиро чӣ тавр бояд истифода бурд.

Марҳилаҳои омӯзиш (номбаркунии мухтасри марҳилаҳои

омӯзиш, ба саҳ. 96 нигаред).

Марҳилаи 1. Талаботи воқеиро ба назар гирифта, калима ё

мавзӯеро интихоб намоед, ки шумо омӯхтан мехоҳед.

Марҳилаи 2. Муайян намоед, ки оё омӯзишро бо боби алоҳида ё

китоби алоҳида, Аҳди қадим ё Аҳди ҷадид маҳдуд

кардан лозим аст, ё ба шумо лозим аст, ки тамоми

Библияро истифода баред (мисол, «қурбонӣ» дар

Аҳди қадим, «муҳаббат» дар 1Қӯринтиён 13, «имон»

дар китоби Яъқуб).

Марҳилаи 3. Рӯйхати калимаҳои маъноашон алоқамандро тартиб

диҳед.

Синонимҳо (калимаҳои ҳаммаъно)

Антонимҳо (калимаҳои маъноҳояшон мухолиф),

мисол

Синонимҳо Антонимҳо

*имон ---------- боварӣ ---------- шубҳа, нобоварӣ

*пул ---------- боигарӣ -------- қашшоқӣ

дороӣ камбағал, нодор

сарват

Марҳилаи 4. «Симфония» ё Нишондиҳандаи фанниро (Библияи

таълимӣ NIV -ро нигаред) омӯзед ва рӯйхати ҳама

зикркунии калимаҳо, мавзӯъҳо ва калимаҳои аз рӯи

маъноашон алоқаманди интихобкардаатонро тартиб

диҳед. Агар далелҳо аз ҳад зиёданд, шояд ҳаҷми

тадқиқотро кам кардан лозим аст.


Марҳилаи 5.ҳамаи порчаҳо аз Навиштаро, ки он ҷо калима ё

мавзӯи интихобкардаи шумо зикр ёфтааст, ёфта ба

тафсир (Библияи таълимӣ NIV ) ва ҳама далелҳои

чандтарафа диққат дода истода онро хонед. Тасвир

намоед, ки ин калима (мавзӯъ) дар матн чӣ гуна ис-

тифода мешавад ва он ба назари шумо дар контексти

мазкур чӣ маънӣ дорад (мисол, муайян кардани кали-

маи «дарк кардан»-ро дар тафсир ба Хуша 2:20 дар

Библияи таълимӣ NIV нигаред).

Марҳилаи 6.Натиҷаҳои тадқиқоти худро ба тарзи зерин ҷамъбаст

намоед:

*Муайянкунӣ ё тасвири калима (мавзӯъ)-ро навишта гиред.

*ҳама мавридҳоеро номбар кунед, ки калима маънои дигар

ё маънои монандро дорад.

*Хулоса бароред.

-дар бораи муҳимияти ин калима ё мавзӯъ.

-дар бораи табиат / хислати ин калима ё мавзӯъ (фан)

Марҳилаи 7. Муайян кунед, ки шумо ё калисои шумо натиҷаҳои

тадқиқотии шуморо истифода бурда метавонистанд.

Инчунин бинед, ки онҳоро чӣ тавр дар вақти вазъ ё

тайёрӣ ба дарс истифода бурдан мумкин аст.

Марҳилаи 8. Конспекти вазъ ё дарсро тартиб диҳед.

Диққат: Хуб тайёр кардани вазъи тематикӣ ё дарс хеле

мушкил аст ва баъзан онҳоро баёноти ҳақиқии Навишта

(муқаддимавӣ) иваз менамояд. Дар вақти тайёр намудани

вазъ / дарси тематикӣ:

*дақиқ бошед.

*ахбороти комил диҳед.

*равшан ифода намоед.

* кӯшиш намоед, ки натиҷаи тадқиқоти худро барои тайёрӣ

ба вазъи муқаддимавӣ истифода намоед.

Ба ин масъала материали хеле васеъ дар курсҳои «Чӣ тавр ҳақиқати библиявиро бояд тарғиб намуд» ва «қоидаҳои услубҳои дарсдиҳӣ» бахшида шудаанд, ҳоло бошад чизҳои зеринро дар ёд нигоҳ доред.

  1. Ба сифати асоси вазъи тематикии худ як порчаи асосиро интихоб намоед ва онро ба шунавандагони аудитория фаҳмонед.

  2. Аз дигар порчаҳо, ки беҳтар фаҳмидани фикри шуморо тасдиқ менамоянд, ё ёрӣ медиҳанд, истинодҳо оред, вале миқдори онҳоро ба минимум расонед.

Мисол, шумо метавонед, «шогирдӣ» дар Луқо 14:25-34-ро аз

истинодҳои Луқо 9:23-25 истифода бурда истода, дида

бароед.

«Садақа кардан / ионат додан дар 2 Қӯринтиён 9 инчунин

2 Қӯринтиён 8:1-5 ва 1 Қӯринтиён 16:1-2


Мисоли истифодабарии услуби тематикӣ


  1. «Дӯстон»


  1. Бо китоби Масалҳои Сулаймон маҳдуд мешавем.


  1. Калимаҳои бо маъноашон алоқаманд:

Синонимҳо: ҷӯра, дӯстӣ, ёр, бародар

Антонимҳо: душманон, каси бегона.


4. «Симфония» Нишондиҳандаи фаннӣ

ҷӯра, дӯстон, дӯстӣ не

Масалҳо 17:17

18:24

27:61

16:28

17:9


бародар ёр, ҳамсоя душман

Масалҳо 17:17 Масалҳо 3:29 Масалҳо 16:7

18:24 11:12 24:17

27:10 4:21 25:21

6:19 24:28 27:6 3

25:172 29:244

25:18

27:10

27:142

29:52


Хабардоркунӣ. (Пешакӣ огоҳкунӣ) «Симфония» тамоми мазмунро пурра намегардонад, мисол, дар мавриди мазкур истинод аз Масалҳо 19:6 дар он мавҷуд нест.



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


  1. Натиҷаҳои тадқиқот


Дар рафти омӯзиш истинодҳои чандтарафаро нигаред. Дар вақти хондани ояти 24:28 ба назар гиред, ки ояти 24:29 низ ба матни омӯхтаистода муносибат дорад, гарчанде, ки ин оят дар истинодҳои чандтарафа ёдовар намегардад, ҳамин чизро дар бораи ояти 25:22, ки пас аз ояти 25:21 меояд, ояти 27:9, ки пеш аз ояти 27:10 омадааст ва ояти 11:23, ки пас аз ояти 11:12 омадааст гуфтан мумкин аст.


3:29 дар ҳаққи ёри худ андешаи бад макун (инчунин 3:28-ро

бингаред).


6:19 дар байни бародарон ситезаҳо маангез.


11:12 аз ёри худ нафрат макун.


11:13 шахси вафодор сирро ошкор намекунад.


14:21 аз ёри худ нафрат намудан гуноҳ аст.


16:7 агар роҳи одам ба Худо маъқул бошад, бо душманонаш низ

оштӣ аст.


16:28 бадгӯқ дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.


17:9 бо иродаи худ авф намо, гуноҳҳоро хотиррасон накун.


17:17 дӯст ҳама вақт дӯст медорад, дар рӯзи сахт ёрӣ медиҳад.


18:24 дӯстони бисёр доштан хуб нест, дӯсте ҳаст, ки аз бародар

беҳтар аст.


19:6 кӯшиши «харидани дӯстон»-ро накун.


24:17 аз шикасти душман хурсандӣ накун.


24:28 ба ёрат шоҳиди қалбакӣ нашав.


24:29 қасос нагир.


25:17 худро дар гардани дӯстон бор накун.


25:18 шоҳидии дурӯғ ба дӯстат зарар меорад.


25:21 ба душманонат накӯкорӣ кун.


27:6 баъзан ба дӯст таъна задан лозим аст (ҳақиқатро рӯ ба рӯ

гуфтан).


27:10 ёри худро тарк накун.


27:14 аз ҳад зиёд дӯстатро таъриф накун.


29:5 дар тамаллуқ заковатмандӣ нест.


29:24 истифоданашаванда.



Эзоҳ. Дар китоби Масалҳо бисёр оятҳое дар мавзӯи дӯстон ва душманон ҳастанд, ки дар онҳо калимаҳои навиштаи мо истифода намешаванд. Барои эътимод ҳосил кардани он ки шумо ҳама оятҳои вобаста ба матнро ёфтаед, истинодҳоро аз ҳар ояти ба мавзӯъ мувофиқ бударо навиштаистода, тамоми китобро хонед.


Хулоса


  1. Китоби масалҳо ба мо таълим медиҳад, ки бо дӯстону душманон чӣ гуна бояд муносибат карду чӣ гуна бояд накард.


  1. Истифодабарии зоҳиран.


  • То ин ки дӯсти хуб дошта бошӣ, ту худат бояд дӯсти хуб бошӣ.


  1. Дар мисоли додашуда беҳтар мебуд, ки конспекти вазъ ё дарсро тартиб додаистода натиҷаи тадқиқот ҷамъбаст мегашт.



Намунаи конспекти вазъ / дарс


«Душманон ва дӯстон дар китоби Масалҳо»


  1. Душманон – бо онҳо тарзе муносибат намоед, ки Худо амр намудааст.

А. Чиро набояд кард:

1. Нафрату танаффур зоҳир намудан (11:12).

2. Вақти шикасти душманат хушҳолӣ намудан (24:17, 3:29).

Б. Чӣ бояд кард:

  1. Накӯкор будан ва амали нек кардан (25:21).

  2. Бо Худованд дар сулҳу салоҳ будан ва муносибати

тарафайнро ба ӯ бовар намудан: бигузор ӯ туро бо душманонат оштӣ диҳад.

*Душманро дӯст соз.

П. Дӯстон – бодиққат интихоб намо, вале бисёр нагир (18:24).

А. Сифатҳои дӯсти хуб:

  • ҳама вақт дӯст медорад (17:17).

  • Дар бадбахтӣ ёрӣ медиҳад (17:17).

  • Вафодор аст (18:24).

  • Содиқ аст, тарк наменамояд (27:10).

  • ҳақиқатро мегӯяд, ҳатто агар талх аст (27:6).

  • Саховатманд аст (3:28).

  • Маслиҳатчии бовафо (11:13).

  • Бо осонӣ мебахшад (17:9).

Б. Сабабҳои вайрон шудани муносибатҳои дӯстӣ.

  • ҷангу ҷидол (16:19).

  • Таҳкурсии нодурусти дӯстӣ 19:6.

  • ғайбат (16:28).

  • Шаҳодати дурӯғ (24:28, 25:18).

  • қасос (24:29)

  • Часпидан, безор кардан, ба мақсадҳои худ истифода бурдан (25:17).

  • Аз ҳад зиёд таъриф кардан (27:14).

  • Тамаллуқ (29:5).


Хулоса. Душманонро ҳатмӣ нест, ки ҳама вақт душман бошанд, вале дӯстон ҳам метавонанд, дӯстиро қатъ созанд.


Усули омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он



Марҳилаи 1. Калима ё мавзӯро интихоб намоед.


Марҳилаи 2. Чорчӯбаи тадқиқотро муайян намоед.


Марҳилаи 3. Калимаҳои аз рӯи маъно алоқамандро нависед.


Марҳилаи 4. Истинодҳоро нависед.


Марҳилаи 5. Оятҳоро хонед ва натиҷаи тадқиқотҳоро нависед.


Марҳилаи 6. ҷамъбаст намоед (Натиҷаҳоро ҷамъбаст намоед).


Марҳилаи 7. Дар бораи истифодабарқ андеша ронед.


Марҳилаи 8. Конспекти вазъ ё дарсро омода созед.



Эзоҳ. Шумо метавонед, танҳо он марҳилаҳоеро истифода баред, ки ба шароиту масъалаҳои тадқиқоти шумо мутобиқанд.




Намунаи нақша (шаблон)


Омӯзиши тематикӣ


  1. Калима ё мавзӯъ___________________________________________


2. Ҳаҷми тадқиқот


боб_________________________

китоб_______________________

Аҳди ҷадид__________________

Аҳди қадим__________________


3. Калимаҳои аз рӯи маънӣ алоқаманд:


*синонимҳо * антонимҳо


4. Истинодҳо


«Симфония» Нишондиҳандаи фаннӣ


5. Натиҷаи омӯзиши оятҳо (порчаҳо).


  1. Хулосаҳо (ҷамъбаст)


  • муайянкунӣ / тасвир

  • хулоса


  1. Истифодабарӣ


  1. Конспекти вазъ / дарс.



Усули омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Калимаҳо ё мавзӯъҳо барои омӯзиши тематикӣ


Писархондӣ Камол

Имон Тайёр кардан

Таъмид намудан Оштӣ додан

Калисо Истироҳат

Авф талабидан /кафорат хостан Тақводор

Пушаймон гаштан Наҷот

Шогирд Васваса

Ҷисм Азоб

Бадӣ Заковат

Тарси Худованд Дунё /замин / сайёра

Муносибат Калом

Баракат Саҷда

Некӣ Шоҳид

Инҷил / башорат Нафс / шаҳват

Муқаддас Итоат кардан

Шариат Сулҳ / осоиш / оромӣ

Никоҳ / талоқ Ибодат

Меҳрубонӣ Тарғиб кардан / вазъ гуфтан

Шуур / ақл / қалб Пул

Садақа / ионат



Супориш . Яке аз калимаҳои, мавзӯъҳои дар зер овардашударо интихоб намоед ва онро мутобиқи марҳилаҳои омӯзиши тематикӣ таҳлил намоед.

«гуноҳ»

«муҳаббат» дар 1 Қӯринтиён 13

«имон» дар Яъқуб

«ҷаҳаннам» дар Аҳди ҷадид

«тарси Худованд» дар китоби Масалҳо.






3.Услуби теологӣ (доктринавӣ)



Муайянкунӣ. Усулби теологӣ ё доктринавӣ ин шакли омӯзиши тематикӣ мебошад, ки мақсади он ёфтани ҳақиқати теологӣ /доктринавӣ, иборат аз асос барои фаҳмидани Худо ва одам, инчунин асос ба эътиқод, ки мо дар Масеҳ дорем, мебошад.


Эзоҳ. Дар чорчӯбаи ин услуб омӯхтан мумкин аст:


*боби алоҳида ё китоб

*муаллифи муайянро (мисол Павлусро)

*Аҳди ҷадид ё Аҳди қадим

*тамоми Библияро


Мақсад: донистан:


*тамоми Библия ё китоби алоҳидаи он дар бораи Худо,

одам ва офариниши дунё чиро меомӯзад,

*ҳақиқат, доктринаи асосгузорандаи имони масеҳӣ,

*чӣ тавр эътиқод (доктринаи) сидқиро дар ҳаёти рӯзмарра

татбиқ бояд кард.


Эзоҳ. Содда нагузаронидани омӯзиши теологии калима, алалхусус агар дар ихтиёри шумо дигар ғайри Библияи таълимии NIV набошад. Маводҳои китоби дарсиро дар якҷоягӣ бо Рамзи Имон (эътиқоди доктринавӣ) дар Иловаҳо ва курси 5 истифода баред.


Марҳилаҳои омӯзиш


Марҳилаи 1. Мавзӯро интихоб намоед. Он ҳақиқати теологӣ,

калима ё доктринаро интихоб намоед ва рӯнавис

қунед, ки шумо ҳозир ё минбаъд омӯхтан мехоҳед.

(ҳамин хел доктрина ва фаҳмишро дар рафти омӯзиш

рӯйнавис намоед). ҳамин калима ё мавзӯъро дар

Нишондиҳандаи фаннӣ ёбед: он ҷо шояд муайянку-

нии он фаҳмиши библиявие, ки шумо меомӯзед,

оварда шудааст. Барои фаҳмидани маънии асосии

он, аз рӯи имконият ин калимаро дар луғати энсик-

лопедқ, фиқҳ (динӣ) ё тафсирқ нигаред.


Марҳилаи 2. Чорчӯбаи тадқиқот: фикр кунед, оё тадқиқоти худро

танҳо бо қисми Навишта маҳдуд кардан лозим аст.

(мисол, омӯхтани он ки ҳавворӣ Павлус дар бораи

гуноҳи одам ва ҳалокат дар Рум 1-3 ё дар китоби

Айюб дар бораи ҳукмронии олии Худо чӣ мегӯяд).

Шумо метавонед, ҳудуди тадқиқоти худро васеъ

намоед, монанди мисоли китоби Дониёл. Дар вақти

маҳдуд кардани ҳаҷми омӯзиш на танҳо хатари

ноаниқӣ таҳдид мекунад, балки кушода нашудани

мавзӯъ ҳам аз эҳтимол дур нест.


Марҳилаи 3. ҳодисаҳои истифодабарии калимаҳо ё мавзӯи инти-

хобшударо нависед: агар шумо тадқиқотро танҳо

бо қисми Навишта маҳдуд карда бошед, ин қисмро

хонед ва ҳар оятро, ки он ҷо ҳадафи омӯзиши

шумост, нависед. Мисол агар шумо донистани ҳас-

тед, ки дар Нома ба Эфсусиён дар бори Исои Масеҳ

чӣ гуфта шудааст, ин номаро хонед ва ҳар як ёдова-

рии номи онро қайд намоед.


Марҳилаи 4. Калимаҳои аз рӯи маънқ алоқамандро ёбед:

фаҳмиш (ё ҳақиқат)-и асосӣ ва ҳамаи калимаҳои бо

он алоқаманд ё фаслҳои фиқҳ (динӣ)-ро, ки дар

онҳо онро ёфтан мумкин аст, нависед. (Мисол, агар

шумо «дар ҳама ҷо мавҷуд будан»-и Худоро

омӯхтан хоҳед, шумо метавонед, ҳама истинодҳоро

бо калимаи «мавҷуд» ва «Худо» дар «Симфония» ва

хислатҳои Худованд дар Нишондиҳандаи фаннӣ

бинед). Инчунин сарсухани китоберо (ё қисми кито-

беро), ки шумо барои омӯхтани мавзӯи фиқҳ (динӣ)

фаҳмиш интихоб намудаед, хонед.


Марҳилаи 5. Рӯйхати истинодҳоро тартиб диҳед: ҳамаи порчаҳои

ба мавзӯи интихобкардаи шумо дахлдошта, инчу-

нин аз рӯи маънӣ дар «Симфония» ва Нишондиҳан-

даи фаннӣ алоқамандбударо ёбед ва рӯйхати онҳо-

ро тартиб диҳед.



Марҳилаи 6. Мазмуни мухтасари оятҳо (порчаҳо): ҳамаи порча-

ҳоро дар якҷоягӣ бо тафсирҳо (Библияи таълимӣ

NIV ва истинодҳои чандтарафа хонед ва мухтасару

аниқ баён намоед, ки ҳар кадоми онҳо чиро

меомӯзонанд.


Марҳилаи 7. Ба тартиб даровардани натиҷаҳо: қайдҳои карда-

атонро ба гурӯҳҳо ва дараҷаҳо тақсим намоед,

хулосаҳои худро нависед ва нақшаи мухтасар,

конспект нависед.


Марҳилаи 8. Истифодабарӣ: муайян кунед, шумо чӣ тавр натиҷа-

ҳои ба даст овардаатонро дар ҳаётатон ва ҳаёти ка-

лисоатон истифода бурда метавонед: ҳақиқати

теологӣ / доктринавӣ бояд дар ҳаёти рӯзмарра

истифода бурда шавад.


Ба худ саволҳои зеринро диҳед:


Барои имондорон:


Ин ҳақиқати фиқҳ (диниро) чӣ тавр бояд истифода бурд?

Чӣ гуна аксуламал ё ҳиссиётро ӯ бояд бедор намояд.


Барои беимонон:


Ин ҳақиқати фиқҳ (динӣ)-ро чӣ тавр бояд истифода бурд?

Ба фикри шумо чӣ гуна ҳиссиёту акси садоро вай бояд бедор созад.


Эзоҳ. Мисоли минбаъда истисност-чунки дар ибтидо порча интихоб карда шуд, вале ғоя дар бораи ҳокимияти олӣ аз сарсухан ба китоби Дониёли Набӣ (ки дар Нишондиҳандаи фаннӣ қайд карда шудааст) гирифта шудааст.

Мисоли истифодабарии услуби теологӣ


Дар Дониёл 2:20-22 дар бораи хислатҳо (сифатҳои)Худованд чӣ гуфта мешавад?


Марҳилаи 1. Мавзӯъ: Хусусиятҳои Худованд.


Марҳилаи 2. Порча: Дониёл 2:20-22 (мувофиқи хоҳиш ҳудудро

васеъ намоед).

Марҳилаи 3. ҳамаи оятҳоеро, ки он ҷо дар бораи Худованду

хусусиятҳои он гап меравад ва инчунин калимаҳои

аз рӯи маънӣ алоқаманд истифода мешаванд, қайд

намоед.

Марҳилаи 4. «Симфония» Нишондиҳандаи фаннӣ

Истинод нест «Худованд, хислат»

Сарсухан ба китоби Дониёли Набӣ,

мақолаи “ҳокимияти олӣ”

Эзоҳ. Шумо метавонед дар “Симфония”-Дониёл 4:29, 7:27 мақолаи “ҳукмронӣ кардан” (ҳокимият, шоҳигарӣ)-ро нигаред.


Марҳилаи 5. ҳамаи истинодҳо ва тафсирҳои чандтарафаро

(Библияи таълимӣ NIV) ва инчунин ҳамаи он чизеро,

ки ба порчаҳои омӯхташудаистода алоқаманд бударо

(Дониёл 2:20-22) хонед.


Марҳилаи 6. Мазмуни мухтсари порчаҳо.

2:20 Заковат ва қудрат ба Худованд тааллуқ доранд.

Эзоҳ. Акнун шумо метавонед мақолаҳои “қудрат” ё

“заковат”-ро нигаред.

2:21 Худованд фаслҳои солро иваз мекунад.

Худованд шоҳонро мегузорад ва онҳоро сарнагун месозад.

Худованд заковат ва дониш медиҳад.

2:22 Худованд ҳатто он чиро медонад, ки дар торикӣ ниҳон аст.

4:14 Худованд дар шоҳигариҳои заминӣ ҳукмравоӣ менамояд.

4:22 Шоҳони заминӣ дар дасти Худованданд.

5:11 Ба Дониёл мансуб аст, на ба Худованд.

5:21 Худованд шоҳ Набӯкаднесарро фурӯтан намуд.

7:27 Шоҳигарии Худованд абадист ва муқаддасон ҳамроҳи ӯ

роҳбарӣ менамоянд.



Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Марҳилаи 7. Натиҷаҳои тадқиқот ва хулосаҳо


ғояи асосӣ: Худованд-ҳукмфармои олии сайёра.

Дониёл 4:14


Исбот:

  1. Худованд фаслҳо ва солҳоро иваз менамояд- Дониёл 2:21.

  2. Худованд шоҳонро мегузорад ва барҳам медиҳад

– Дониёл 2:21.

  1. Танҳо Худо заковат ва қудратро медиҳад- Дониёл 2:20, 22.

  2. Худо шоҳони заминро сарварӣ менамояд ва онҳоро танбеҳ медиҳад.

  3. Дар охири охирон (умуман) Шоҳигарии абадии Худованд барои ҳама аст –Дониёл 4:31-32.

Муайянкунӣ: ҳукмрони олам будан маънӣ дорад, ки:

  • ба ҳеҷ кас итоат накардан,

  • аз ҷиҳати ҳокимият, таъсир ва муҳимият аз ҳама бартарӣ доштан,

  • ҳуқуқ ва ҳокимияти роҳбарӣ ва подшоҳӣ карданро доштан,

  • ба сифати мақоми олӣ сарварӣ кардан.

ҳокимияти олии мутлақро танҳо Худо доро мебошад.

Эзоҳ. Ин муайянкунӣ аз матн гирифта шудааст.


Марҳилаи 8. Истифодабарӣ


Барои худ: ҳамаи он чизе, ки дар ҳаёти ман рух медиҳад, бо ризогӣ ва иродаи Худованд ба амал меояд ва ин нақшаи ӯст.

Барои имондорон: Беташвиш бошед, Худованд ҳама чизро сарварӣ менамояд, ҳеҷ чиз дар шоҳигарии замин ё ҳаёти шумо бе ризогӣ ва иродаи ӯ ба вуқӯъ намеояд.

Барои беимонон: Худо Шоҳи ҳамагон аст. Чаро ҳозир ба ӯ сари таъзим фуруд намеоред. Охир медонем, ки то охири шумо ин корро мекунед.

Эзоҳ. Барои он ки натиҷаҳои тадқиқот ва хулосаҳо ба конспект табдил ёбанд, шумо бояд танҳо мисолҳоро аз китоби Дониёли Набӣ (мисол, чӣ тавр Худо шоҳ Набӯкаднесарро фурӯтан намуд (боби 4) ва Балшасарро бекор намуд (боби 5) илова намоед.


Тасвири мухтасари давраҳои услуби теологӣ




Давраи 1. Мавзӯро интихоб намоед.


Давраи 2. ҳаҷми маводи омӯхташудаистодаро маҳдуд

намоед (ё мувофиқи хоҳиш васеъ намоед).


Давраи 3. Оятҳо / порчаҳоеро, ки он ҷо суханони омӯхта-

шудаистода дучор меоянд, нависед.


Давраи 4. Калимаҳои аз рӯи маънӣ ба ҳам алоқамандро ёбед.


Давраи 5. Рӯйхати иқтибосҳоро тартиб диҳед.


Давраи 6. Мазмуни порчаҳоро мухтасар баён намоед.


Давраи 7. Натиҷаҳои тадқиқотҳоро ҷамъбаст намоед.


Давраи 8. Истифодабарӣ.



Эзоҳ. Шумо метавонед, танҳо он давраҳоеро истифода баред, ки ба талаботҳо ва вазифаҳои омӯзиш дар мавриди мушаххаси шумо ҷавобгӯянд.




Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Намунаи нақша (шаблон)


Омӯзиши теологӣ


  1. Мавзӯи интихобшуда барои омӯзиш.


  1. Порчаҳо.


  1. Ба ёдоварӣ дар порчаҳо.


  1. Калимаҳои бо маънӣ алоқаманд (он ҷое, ки заруранд).


  1. Рӯйхати иқтибосҳо (он ҷое, ки заруранд).


  1. Мазмуни мухтасари порчаҳо, ки ба мавзӯи омӯхташудаистода бахшида шудаанд.


  1. Натиҷаи тадқиқотҳо ва хулосаҳо.


  1. Истифодабарӣ.


*барои худ,


*барои имондорон,


*барои беимонон.




Баъзе ҳақиқатҳо ва фаҳмишҳои теологӣ / доктринавӣ барои омӯзиш


Эзоҳ. Мавзӯъҳои каме тангтари омӯзишро дар курси “Обзори омӯзиши Библиявӣ” нигаред.


Хусусиятҳо / сифати Худованд Офаридгор

Номҳои Худованд Гуноҳкор шудани одам

Исои Масеҳ Салиб

Рӯҳулқудс Кафорат

Гуноҳ Калисо

Наҷот Андӯҳи Бузург

Одам Боло шудан

Фариштахо Биҳишт (Осмонҳо)

Мӯъҷиза Дӯзах (ҷаҳаннам)

Каломи Худованд Шоҳигарии ҳазорсола

Шариат Шайтон

Таъмид



Супориш. Яке аз ҳақиқатҳо (ё фаҳмиши) диниро интихоб намоед ва мунтазам давраҳои омӯзишро гузаред.

  1. Шахсият ва фаъолияти Исои Масеҳ дар Юҳанно 1:1-18.

  2. Шайтон дар китоби пайғамбар Айюб (1-2).

  3. Ҳукумати олии Худованд дар Ишаъё 45.

  4. Калисо дар Нома ба Эфсӯсиён.

  5. Румиён 4 дар бораи наҷот ва имон дар Аҳди қадим.

  6. Хусусиятҳои Худованд дар Забур 144.


Эзоҳ. Танҳо он давраҳоеро ҷудо намоед, ки ба вазифаҳои тадқиқоти шумо мувофиқанд. Тадқиқотатонро дар чорчӯбаи порчаи интихоб кардаатон маҳдуд намоед.




Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


4. Услуби насиҳати рӯҳонӣ


Муайянкунӣ. Услуби насиҳати рӯҳонӣ дар омӯзиши Библия бо мақсади шахсан ғанӣ гаштан аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва мустаҳкам намудани муносибати шахсӣ бо Худо равона карда шудааст.


Мақсад: Ёд гирифтан:


*мунтазам вақтро дар ибодат ва муносибат бо Худо гузаронида, Библияро омӯхтан,

*дар худ инъикос намудан, шахсан дар худ Каломи Худоро истифода бурдан,

*бо Худо муносибати дуруст намудан дар вақти ибодат, ситоиш, хидматгузорӣ, ба ӯ такя кардан ва иродаи ӯро иҷро намудан,

*чӣ тавр ба Худо тавассути ибодат ва омӯзиши Библия наздик шудан,

*ҳаққонӣ баҳо додан ба Худо, барои он ки ӯ кист?


Давраҳо / нишондодҳо


  1. ҳаррӯз вақти муайянро (аз 30 дақиқа то 1 соат) ба омӯзиши Библия бо мақсади инкишофи шахсии рӯҳонӣ ҷудо намоед.

  2. Ибодат намоед, то ин ки Худо ба шумо заковату лаёқати фаҳмидани Каломи Худовандро диҳад (2 Тимотиюс 2:7,

1 Қӯринтиён 2:12-15, Қӯлассиён 1:9-14, Ибриён 4:12-13).

  1. Аз навишта порчаеро дар ҳаҷми аз якчанд оят то боб интихоб намоед ва дар хотир нигоҳ доред, ки ҳамаи Каломи Худованд муфид аст! Шояд дар шумо хоҳиши мунтазам хондани ин ё он китоб пайдо шавад.

  2. Сараввал порчаро тез хонед. Сипас оҳиста ва бо мулоҳиза боз як бор хонед. Дар бораи ин порча фикр кунед ва мулоҳиза намоед (бо қалбу ақл ба он ғӯтта занед).

  3. Аз Худо хоҳиш намоед ба шумо мақсади асосӣ (ё ҳақиқати асосӣ)-и ин порчаро кушояд.


* Дар ин бора андеша намоед.



  1. Аз худ пурсед:

  • Ин ҳақиқат барои ман чӣ гуна истифодашаванда аст?

  • Кадом аксуламалро ин ҳақиқат бояд бедор намояд?

[ Маводҳо барои истифодабариро дар саҳифаҳои 77-79-и китоби мазкур бингаред ].

  1. Ба Худо ибодат намоед, то ин ки ӯ тавассути Рӯҳулқудси дар шумо буда ба шумо барои дуруст дарк намудани порча ва мувофиқи он амал кардан, қудрат диҳад.

  2. Ба Худо сипосгузорӣ намоед, ки ӯ Худашро ба шумо ошкор сохт ва боз барои он ғизои рӯҳоние, ки шумо гирифтед.


  • Нависед, он чӣ ки ба шумо айён гашт ва онро шумо бо дигарон бо ҳам дида метавонед. Ин баъд дар анҷом ё тайёрӣ ба вазъу дарс лозим мешавад.


Шояд дар шумо хоҳиши азёд кардани қисме аз порчаи додашуда ё дар тӯли якчанд рӯз аз сари нав хондани он дар вақти ибодат пайдо шавад, то ин ки он қисме аз шумо гардад (мисол, муфид мебуд, ҳар рӯз дар давоми ҳафта ё бештар чунин боб аз қабили Румиён 8 хонда мешуд).


Мисол


Мӯҳлат : 15 январ Порча: Ирмиё 9:23-24


Мақсад: одами доно мефаҳмад, ки заковати ӯ қудрат ва боигарии ӯ дар ҳадди охир қимати абадӣ надоранд ва бо ин дар назди Худо набояд худситоӣ кард.


Ман инро чӣ тавр истифода бурда метавонам: ман барои мағруриам таассуф мехӯраму тамоми қудратамро барои дарк намудану фаҳмидани Худованд сарф менамоям ва ин мақсади ягонаи ҳаёти ман мешавад, ки ман бо он ҳақиқатан метавонам, фахр намоям.


Супориш. Яке аз порчаҳои дар зер омадаро интихоб намоед ва намунаи дар зер омадаро истифода бурда истода ба он услуби насиҳати рӯҳониро истифода баред.

Забур 1 Навҳаҳои Ирмиё 3:19-26

1Қӯринтиён 10:11-13 Ваҳй 4:11, 5:9, 11-12


Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он



Намунаи нақша (шаблон)


Услуби насиҳати рӯҳонӣ





Таърихи рӯз_______________ Порча____________________________

Мақсад:_________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________


Ман инро чӣ тавр истифода бурда метавонам:___________________

__________________________________________________________________________________________________________________________

Баъзе порчаҳо барои омӯзиши рӯҳонӣ


1 Вақоеънома 28:2 Матто 7:1-5

Такрори шариат 6:4-8 2 Қӯринтиён 1:3-7

Хуруҷ 20:1-17 Филиппиён 3:7-11

Румиён 8:28-3о 1 Таслуникиён 5:16-24

Масалҳо 1:1-7 1 Тимотиюс 6:17-19

Масалҳо 3:5-12 Ибриён 11:1-6

Забур 18 Яъқуб 5:13-18

Хуруҷ 45:5-7 1 Юҳанно 2:15-17

Айюб 42:1-6 Ваҳй 2:1-7

Матто 6:19-24


Эзоҳ. ҳар кадоми қисми Навиштаи Муқаддас барои омӯхтан муфид аст. Китобро интихоб намоед ва қисм ба қисм хондани онро ҳар рӯз сар кунед. Беҳтар аз Нома ба Филиппиён сар кардан лозим.


Такрор


Бо як ҷумла мақсади ҳар як услуби омӯзиши Библияро мухтасар ифода намоед.


  1. Тарҷумаиҳолӣ


  1. Тематикӣ.


  1. Теологӣ.


  1. Насиҳати рӯҳонӣ.







Услуби омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он


Ш. Нақшаи тахминии омӯзиши мунтазами Библия.

* Ибодат намоед, то Худованд қалбу ақли шуморо пок намояд, ба Рӯҳулқудс такя намоед, ба ӯ имконияти сарварӣ дар вақти омӯзишро диҳед.

* Давра ба давра материалҳои зеринро такрор намоед:

-Ба омӯзиши Библия чӣ гуна бояд муносибат намуд (саҳ. 26).

-ҳақиқатҳои муҳим мутааллиқ ба Библия (саҳ. 27) .

-Вазифаи роҳиб (пастор) омӯхтани Библия (саҳ. 21).

*Талаботҳои рафти омӯзиши се давраро истифода баред:

Мушоҳида -Дар бораи чӣ ин ҷо гуфта мешавад?

Тафсир - Ин чӣ маънӣ дорад?

Истифодабарӣ – Ман чӣ бояд кунам?

* Мунтазам муқаддимаҳо, нақшаҳо (конспектҳо), “Симфония”, нишондиҳандаҳои фаннӣ, тафсирҳо (Библияи таълимӣ NIV ) иқтибосҳои чандтарафа ва дигар материалҳои ёрирасони Библияи таълимиро NIV истифода баред.

* Порчаи омӯхтаистодаро якчанд маротиба хонед, то оне ки шумо онро азёд намедонед. Онро бо порчаҳои пешомада ва баъдомада муқоиса намоед. ҳатман порчаро дар контекст хонед ва алоқаи онро бо дигар қисмҳои Навишта муайян намоед.

* Аз Худованд хоҳиш намоед, ки ба Шумо мақсад, фикри асосӣ, ҳақиқат, фаҳмиш ё талаботҳоеро, ки дар ин порчаанд кушода диҳад.

* Пеш аз он ки ҳақиқати ба шумо кушодашударо ба дигарон фаҳмонед, шумо бояд боварӣ ҳосил намоед, ки порчаро дуруст ва пурра фаҳмидаед.

* Мақсади худ- омӯхтан барои насиҳат кардан дар рӯҳияи тақводорӣ, то ин ки шумо монанди Исои Масеҳ шуда тавонед ва ба дигарон барои дар рӯҳоният инкишоф ёфтан ва ба камолот ноил гаштан ёрӣ расонданро дар хотир нигоҳ доред.


Мунтазам омӯхтани Библия –ин кори тамоми ҳаёт мебошад, он мунтазам самар мебахшад. Каломи Худо ҳамеша ба шумо ғизо барои андеша, ҳақиқат, ки аз рӯи онон бояд ҳаёти худро сохт, инчунин мавзӯъҳо барои вазъ ё дарсро медиҳанд.


*Беҳтарин усули бомуваффақиятноктар ва пурмаҳсулноктар омӯхтани Библия – ин омӯхтани он мебошад.


Нақшаи наҷот


I . Мақсади Худованд – муомила бо одам.


А. Одам дар тимсоли Худо офарида шудааст: мақсад ва таъиноти ӯ бо Худованд дар муомила будан ва ӯро ситоиш намудан мебошад (Ҳастӣ 1:26-31).

Б. Худо аз одам танҳо итоат намуданро талаб менамояд

(Ҳастӣ 2:16, 17).


II . Мушкилии одам (гуноҳ)


А. Одам худаш хост, Худо шавад, ба Худо итоат нанамояд ва

гуноҳ содир намояд (Ҳастӣ 3).

Б. Гуноҳ одамро ба марги ҷисмонию рӯҳонӣ оварда расонид, яъне ба ҷудоӣ аз Худои Муқаддас (Ишаъё 59:2).

В. ҳама гуноҳ содир намудаанд ва аз шарафи Худованд маҳрум гаштаанд.

Г. Интиқом барои гуноҳ - марг аст (Румиён 6:23, Ибриён 9:27, Ваҳй 20:15).

Д. Бе рехтани хун авф нест (Ибриён 9:22).

Е. Наҷотнаёфтагон ба ҷудоии абадӣ аз Худо маҳкум гаштаанд (Юҳанно 3:18, 36, Яҳудо 1:7, 2 Таслӯникиён 1:8-9).


Савол: Дар Навишта гуфта шудааст, ки ҳама аз гуноҳ мурдаанд ва аз Худованд ҷудо гаштаанд (Эфсӯсиён 2:1, 12). Муносибати одамро бо Худо чӣ тавр барқарор кардан мумкин аст?


III Нақшаи Худованд (наҷот)


А. Одам худаш худашро наҷот дода наметавонад.

  1. Одами “хуб” будан кифоя нест (Ишаъё 64:6).

  2. Корҳои нек кардан кифоя нест (Эфсӯсиён 2:9).

  3. Оқилу доно будан кифоя нест (Матто 16:17,

1 Қӯринтиён 1:21).

Б. Бе Худо наҷот имконнопазир аст (Луқо 18:26, 27).

В. Худо тавассути Исои Масеҳ барои ҳамаи одамон наҷотро имконпазир мегардонад.

  1. “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод” (Юҳанно 3:16).

  2. Вақте ки мо аллакай гуноҳкор ва имдодхоҳ будем, Масеҳ барои мо мурд (Румиён 5:8).

  3. Масеҳ гуноҳҳои моро Худаш гирифт ва хуни Худро дар салиб рехта барои мо ҷазо гирифт (1 Петрус 2:22-24).

  4. Масеҳ барои гуноҳҳои мо мурд, мувофиқи Навишта гӯр карда шуд ва пас аз се рӯз эҳё шуд (1 Қӯринтиён 15:3-6).

  5. Исо роҳи ягона ба назди Худованд аст (Юҳанно 14:6).


IV Дарк кардани нақшаи Худованд (имон) аз ҷониби одам.


А. Наҷот- тӯҳфаи озоди баракати Худованд (Румиён 6:23, Ефсӯсиён 2:8).

Б. Танҳо ба воситаи имон соҳиби наҷот гаштан мумкин (Аъмол 16:31, Румиён 10:9).


Эзоҳ: Имон-на танҳо розигии фикрӣ, балки боварии

ҳақиқӣ ба Масеҳ барои авфи гунҳҳо ва ҳаёти абадӣ

мебошад. Ин вақт одам аз гуноҳ рӯй мегардонад ва

ба Худо рӯй меорад.


В. Наҷот ҳаёти абадӣ бо Худоро медиҳад (Юҳанно1:12,3:16).


Таклиф: Бо имон тӯҳфаи баракати Худованд – наҷот ва авфи

гуноҳҳоро қабул намоед.



Маркази библиявии омодасозии пасторҳо (роҳибон)


РАМЗИ ИМОН


Далелҳои доктринавии додашуда васеъ паҳн гаштаанд ва ифодакунандаи анъанаҳои инҷилии конформистӣ мебошанд, ки ба

таълимоти библиявӣ мувофиқанду аз санҷишҳои вақту таҷрибаҳо

гузаштаанд. Мушаххас мо ҳақиқатҳои зерини доктринавиро қабул менамоем.


  1. Навиштаи муқаддас.


Мо боварӣ дорем, ки Библия Каломи рӯҳбахши Худост ва одамони Худо, ки “Рӯҳулқудс онҳоро ба ҳаракат овардааст”, Навиштаи Муқаддасро чӣ тавре ки ҳаст, тартиб додаанд. Бинобар ин дар нусхаи аслашон матнҳои библиявӣ ғалат надоранд (яъне онҳо беғалатанд) Худо бо тарзи аҷиб Библияро нигоҳ дошт ва ӯ асосу обрӯи охирин дар имону ҳаёти мост. Библия моро дастгирӣ менамояд, сафарбар мекунад, таскин медиҳад ва барои тақводорӣ насиҳат менамояд. (2 Тимотиюс 3:16-17, 2 Петрус 1:20-21).


  1. Худо (Ягонагӣ)


Мо ба Худои ягонаи ҳақиқӣ, дар се шахс имон дорем.

(Падар, Писар ва Рӯҳулқудс), ки ҳар кадоми онон баробар Худованд мебошанд, мавҷудияти илоҳӣ ва ҳама хислатҳои илоҳиро доранду сазоворӣ эътирофу хидматгузории моанд. (Такрори шариат 6:4, Матто 28:19, Юҳанно 1:14, 10:30,

2 Қӯринтиён 13:14).


  1. Худо Падар


Мо имон дорем, ки Худо Падар- шахси якуми Ягонагӣ аст. Ӯ ҷовидон, тағйирнаёбанда, пурқудрат, ҳамадон, оқил, порсо ва муқаддас мебошад. Ӯ ҳукумрони Олӣ ва Мутлақи сайёра мебошад. Ӯ Падари Худованду Наҷотдиҳандаи мо – Исои Масеҳ мебошад. Падари ҳама имондорони ҳақиқист (Ҳастӣ 1:1, Эфсӯсиён 4:6, Юҳанно 1:12-13, 5:19-21, 17:1-4, Ишаъё 40:21-28, 43:10-13, 46:8-11, Румиён 8:14-16).

  1. Худо Писар


Мо имон дорем, ки Исои Масеҳ –шахси дуюми Ягонагӣ мебошад. Ӯ ҷовидонӣ Писари Худованд аст, ки ба ҷисм ворид гаштааст, то ин ки Худоро ба мо айён созад, пешгӯиро амалӣ намояд ва Наҷотдиҳандаи ҷаҳони гумроҳ гардад. Дорои симои одамӣ гашта, Исо Худовандии Худро тарк накард, бинобар ин Ӯ Худои комил ва Инсони комил мебошад. Ин ду мавҷудият дар як шахс абадӣ мустаҳкам пайванданд.

Исо Масеҳ бо тарзи аҷиб аз Рӯҳулқудс тухма гузошта шуд ва аз духтари бокира Марям тавлид ёфт. Ӯ ҳаёти бегуноҳро аз сар гузаронад, вале марги қурбониро дар салиб қабул кард, пурра кафорати гуноҳҳои одамонро дар ҳама давру замон дод, дар ҷисм гӯр карда шуд, аз мурдаҳо эҳё гашт, барои шукӯҳ аз ҷисми эҳёшуда ба осмон боло шуд, дар паҳлӯи Падар ба тахт нишаст ва миёнарави ягона миёни Падар-Худо ва одамон гашт, Ӯ болои абрҳо аз паси Арӯси Худ-Калисо меояд, Ӯ аз нав дар ҷисм ҳамчун шахсият ба замин меояд ва одамон Ӯро мебинанд.

Бо ташрифи дуюми Ӯ таърихи инсоният анҷом меёбад ва мақсади абадии Худованд амалӣ мегардад. Ӯ мурофиа бунёд мекунад ва ҳазор сол подшоҳӣ мекунад, ки баъди он абадият ба миён меояд (Юҳанно 1:1, 14, 18, 3:16, Луқо 1:30-35, Филиппиён 2:5-8, Қӯлассиён 2:3,9, Марқус 10:45, Аъмол 2:22-24, Юҳанно 1:29, Румиён 3:25-26, Ибриён 10:5-14, 1 Петрус 2:24, 3:18, Юҳанно 20:20, Филиппиён 3:20-21, Ибриён 1:3, Румиён 8:34, 1 Юҳанно 2:1, Аъмол 1:11, Ибриён 9:28, 1 Таслӯникиён 4:13-18, 2 Таслӯникиён 2:7, Матто 24:44, Ваҳй 19:11-21,

Ваҳй 21-22).


  1. Худо Рӯҳулқудс


Мо имон дорем, ки Рӯҳулқудс- шахси сеюми Ягонагӣ мебошад, Ӯ махсус ба дунё омадааст. Дар рӯзи Панҷоҳрӯзагӣ, то ин ки Масеҳро ситоиш намояд ва одамон дар Масеҳ дорои наҷот гашта тавонанд. Рӯҳулқудс нақши асосиро дар ошкор намудани гуноҳҳои мо ва навшавии мо мебозад. Дар як вақт бо наҷот Рӯҳулқудс моро дар ҳаёти нав эҳё месозад, дар бадани Исо (Калисои Ӯ) бо имон таъмид месозад, мунтазам дар имондор аст ва дар Рӯзи Кафорат имондорро хуб нишон медиҳад.


Рӯҳулқудс он имондоронеро пур мегардонад (сарвари менамояд), ки ба Ӯ итоат менамоянд, ба Ӯ имконият медиҳанд, маҳсул орад ва қудрат диҳад, ки аз ҳукми гуноҳ озод зиндагӣ намоянд. Мо инчунин боварӣ дорем, ки Рӯҳулқудс ба имондорон барои мустаҳкамкунии Калисо мувофиқи Навишта тӯҳфаҳои рӯҳонӣ мебахшад (1 Қӯринтиён 13:8, 14:22, Юҳанно 16:7-15, 1 Қӯринтиён 6:19, 12:13, Эфсӯсиён 1:13-14, 4:30, Ғалотиён 5:16-17, 22-23, Румиён 8:5-13, 1 Петрус 4:10-11, Румиён 12:3-8).


  1. Одам


Мо имон дорем, ки одам аз ҷониби Худи Худованд дар тимсоли Худованд офарида шудааст, на ин ки ба дунё дар натиҷаи эволютсия омада бошад. Одамизод офарида шудааст, то ин ки Худовандро ситоиш намояд, ба ӯ саҷда ва хидмат намояд, дар муносибат бо ӯ бошад. Одам ба Худо гӯш накарда ба гуноҳ дучор шуд ва ҳамин тавр ба дунё марги рӯҳонию ҷисмонӣ ворид гашт, вай одамро аз Худо ҷудо сохт. Одам фосид гашт ва пурра фано ёфт “дар ҷиноят ва гуноҳ мурдааст”. Одам наметавонад худаш худашро наҷот диҳад ва муносибаташро бо Худо бохидматҳо ва кӯшишу ғайрати худаш барқарор намояд (Ҳастӣ 1:26, 2:6, 17, 3:17-24, Ишаъё 59:1-2, Румиён 3:9-19, 23, 5:6-8,

Луқо 18:26-28, Ефсӯсиён 2:1-3).


  1. Шайтон


Мо имон дорем, ки шайтон ба корҳои бад васваса мекунад, ӯ ҳақиқатан ҳам рӯҳи бадист, на ин ки ифодакунандаи бадӣ. ӯ фариштаи бадкирдор аст, ки ҳукумати олии Худованд ба ӯ идоракуниии муваққатӣ дар заминро супоридааст. Ӯ пурра дар салиб мағлуб гаштааст вале Мурофиаи Худованд барои ӯ мавқуф гузошта шудааст ва он пас аз Шоҳигарии ҳазорсола ба амал меояд, он вақт ӯ пурра сарнагун мегардад ва ба кӯли оташин партофта мешавад. Ва ҳоло бошад ӯ дунёро фиреб медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки шоҳии дурӯғини худро дар замин барқарор созад, то ин ки боварии одамонро ба Худо тафриқа андозад ва ӯро таҳқир намояд. Шайтон мекӯшад, ки имондоронро ба васваса ноил созад, тӯҳмат намояд ва нест кунад. Масеҳӣ метавонад, тавассути имон, ба Рӯҳулқудс такя кардаистода зидди шайтон истодагарӣ намояд (Ҳастӣ 3:1-5, Ишаъё 14:12-17, ҳизқиёл 28:11-19, Иов 1:2, Яъқуб 4:7, Ваҳй 12:9, 20:1-3, 7-10).


8. Наҷот


Мо имон дорем, ки хуни рехтаи Исои Масеҳ дар салиб ягона асос барои авфи гуноҳҳо ва наҷот мебошад, ки он тӯҳфаи озоди баракати Худованд мебошад. Наҷот тавассути кори азнавтавлидкунандаи Рӯҳулқудс мебошад. Наҷотро бо корҳои неку хидматҳои шахси сазовор соҳиб гаштан мумкин нест. Одам танҳо он вақт дорои наҷот мегардад, ки пурра ба Масеҳи комил имон меорад. Пушаймонӣ – ин рӯй гардонидан аз гуноҳ ва ба Худо рӯй овардан-қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи имон мебошад. «Инҷил-қудрати Худованд аст, барои наҷоти ҳар як имондор ва ононе, ки ба Исои Масеҳ бовар карданд, аз боло тавлид мегарданд, аз гуноҳҳо озод мегарданд ва фарзандони Худованд мешаванд, онҳо офаридаҳои нав дар Масеҳанд «онҳо то Рӯзи Кафорат аз ҷониби Рӯҳулқудс нақшбандонда шудаанд» ва бо қудрати Худованд ҳифз карда мешаванд (Эфсӯсиён 1:7, 13-14, Юҳанно 1:12-13, 3:1-7, 14-16, 2 Қӯринтиён 5:17, Румиён 1:16,

10:9-10, Эфсӯсиён 2:8-10, Румиён 8:14-17, 31-39, Юҳанно 10:27-29, 14:6, Аъмол 26:20, 1 Петрус 1:3-5).


  1. Ҳаёти масеҳӣ


Мо боварӣ дорем, ки ҳар як масеҳӣ бояд барои Масеҳ зиндагӣ намояд, на барои худ. Масеҳӣ бо қудрати Рӯҳулқудс, ки дар ӯст, бояд ба Масеҳ имконият диҳад, ки дар ӯ бо шукӯҳи Худовандӣ зиндагӣ намояд. Тавассути итоат намудан ба Каломи Худованд ҳар як имондор бояд рӯҳан инкишоф ёбад ва бештару бештар ба Масеҳ монанд гардад. Бо қудрати Рӯҳулқудс ҳар як имондор бояд зиндагии поку муқаддасро доро бошаду аз зишткориҳои ҷисм канораҷӯқ намояд, тӯҳфаҳои рӯҳонии худро баҳри созмони Бадани Масеҳ истифода барад, дар бораи Масеҳ шаҳодат диҳад, шахсан дар тарбияи шогирдон баҳри иҷрои Супориши Бузург иштирок намояд, корҳои некро ба анҷом расонад ва барои шӯҳрати Худованд натиҷаҳо ба даст орад. (Ғалотиён 2:20,

1 Петрус 1:15-16, 2:11, 2 Қӯринтиён 5:14-15, Румиён 6:11-13, Эфсӯсиён 2:10, 4:11-12, 4:22-24, 1 Петрус 4:10-11, Аъмол 1:8, Матто 28:18-20, Қӯлассиён 1:10, Юҳанно 15:8-16).


10. Калисо


Мо боварӣ дорем, ки калисо Бадани Масеҳ аст, Сари он Исо аст ва аъзоёни ин Бадан ононе, ки Исоро бо имони ҳақиққ қабул намудаанд. Калисои мулкдор- таҷассуми моддии Бадани Масеҳ дар маҳалҳои муайян мебошад. Азбаски ҳама аъзоёни Бадани Масеҳ дар Масеҳ бо Рӯҳи ягона пайвастанд, онҳо бояд дар муҳаббат, ҳамоҳангӣ ва ягонагӣ, ба як ҳадаф майл намуда истода ва танҳо ба он анъанаҳои сектантӣ ё конфессиалӣ майл намуда истода, ки дар тафсири сидқии Библия асос ёфтаанду аз масъалаҳои асосии доктрина фарқ наменамоянд ва ба ҷудоиталошӣ намебараду ба хидматгузорӣ монеъ намешавад, зиндагӣ намоянд. Вазифаи калисо- дар бораи Масеҳи наҷотнаёфта гап задан, шогирдонро тарбия намудан, Худоро дар замин мадҳ намудан аст (Аъмол 1:8, 1 Қӯринтиён 12:12-27, Эфсӯсиён 1:20-23, 4:1-6, 4:12-16, Матто 28:18-20, Юҳанно 17, Қӯлассиён 1:24-29).


11. Асрор (Маросими динии масеҳиён)


Мо боварӣ дорем, ки Навишта танҳо ду маросими диниро эътироф менамояд- таъмид бо об ва хӯрдани нону шароби калисогӣ. Таъмид бо об ба воситаи ғӯтониши пурра- ин ифодакунандаи итоаткорист. Дорои наҷот гашта, масеҳи таъмид менамояд, ки он рамзи рӯй гардонидан аз гуноҳ, гӯр кардани ҳаёти кӯҳна ва эҳёи ҳаёти нав мебошад. Хӯрдани нону шароби калисогӣ ба хотири марги Исои Масеҳ ва пешакӣ пай бурдани Омадани Дуюми ӯ эҷод мешавад (Матто 28:19, Аъмол 10:47-48, Луқо 22:19-20, 1 Қӯринтиён 11:23-28, Румиён 6:3-4).


12. Тақдири инсоният дар абадият.


Мо боварӣ дорем, ки баъди марги ҷисмонӣ ҳар як имондор бошуурона дар назди Худо ҳозир мегардад ва дорои муносибати бевосита бо Ӯ мегардад. Ин лаҳза имондор интизори эҳёшавии бадани худ дар шукӯҳи Омадани Дуюми Масеҳ мебошад. Ҳамин тавр имондор аз ҳаёти абадӣ бо Худо лаззат мебарад, абадан бо Ӯ муносибат менамояд, хидмат мекунад ва саҷда мегузорад

(2 Қӯринтиён 5:6, 1 Қӯринтиён 15:12-58, Луқо 23:39-43,

1 Таслӯникиён 4:13-18, Юҳанно 3:16, Ваҳй 21:22). Мо боварӣ дорем, ки беимон ҳадалимкон пас аз марги ҷисмонӣ бошуурона дар интизори эҳёшавии бадани худ барои маҳкумият ва ҷазои абадӣ аз Худованд ҷудо мегардад (Луқо 16:19-31, Юҳанно 3:18, 36, Ваҳй 20:5,11-15, 2 Таслӯникиён 1:5-10).


13. Оянда


Мо боварӣ дорем, вақте ки Калисо аз ҷониби Худованд Исои Масеҳ ба осмон бардошта мешавад, пешгӯии минбаъда амалӣ мегардад. Ӯ мефарояд, ки дар Худаш ҳама имондорони замони Калисоро гирад (Юҳанно 14:1-3, Титус 2:11-14, 1 Қӯринтиён 15:51-52, 1 Таслӯникиён 4:13-18, Филиппиён 3:20-21). Пас аз болошавии Калисо ҳафт соли Санҷиши Бузург барои амалишавии пешгӯии Дониёл 9:24-27 ва Ваҳй 6:1-19:21 фаро мерасад. Дар ин вақт Изроил тоза мегардад, тамоми дунё маҳкум мешавад ва ғазаби Худо ба болои гуноҳ мерезад ( Ирмиё 30:7, Матто 24, Ваҳй 3:10, 1 Таслӯникиён 5:9-11). Мо боварӣ дорем, ки бо тамом шудани ҳафт соли Санҷиш Худованд Исои Масеҳ ҳамчун Шахсият дар ҷисм ба замин дар Омадани Дуюм меояд, инчунин бо шукӯҳу шӯҳрат дар Шоҳигарии ҳазорсола ҳукм меронад ва сарварӣ менамояд. Барои иҷрои ваъдаи Худованд ба Изроил ӯ тақводорона, боадолатона ва боосоиштагӣ 1000 сол дар замин ҳукмронӣ менамояд (Аъмол 1:8-11 , Ваҳй 19:11-21, Ҳизқиёл 37:21-28, Ишаъё 11:9, Ваҳй 20:1-6). Мо боварӣ дорем, ки пас аз подшоҳии 1000-солаи Масеҳ дар рӯи замин мурофиаи хотимавӣ бо шайтон мешавад (Ин вақт ӯ абадан сарнагун мегардад ва ба кӯли оташин партофта мешавад), мурофиаи Тахти Бузурги Сафед ва эҳёшавии ҷисмонии беимонон баргузор мешавад, замину осмони нав бо Шоҳигарии абадӣ офарида мешавад (Ваҳй 20:22, 2 Петрус 3:1-14).



ҚОИДАИ ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОН


Мо хонандагонро аз калисоҳои мустақил ва конфессияҳои гуногун қабул менамоем. Вале дохилшавандагон бояд хаттӣ розигиашонро ба рамзи додашудаи имондорӣ пешниҳод намоянд. Дар вақти гуногунфикрӣ хонанда ба коллеҷ шартан қабул карда мешавад, агар вай розӣ бошад, ки дар тӯли таҳсилаш дар муассисаи таълимии мо фарқиятҳои анъанавиро паҳн ва тарғиб нанамояд.




<< Дарсҳои рӯҳонӣ