Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Ҳаёти Исои Масеҳ

Download

ВОХӮРӣ БО ИСО


Шиносоӣ. Вохурӣ бо Исо


Якчанд сол пеш маро хоҳиш карданд, ки дар Донишгоҳи Вирҷиния таҳти мавзӯи “Исои Масеҳ – масеҳият” баромад кунам. Бо интихоб кардани ин мавзӯъ ташкилкунандагон хостанд шавқу ҳаваси бисёр донишҷӯёнеро донанд, ки муқобили таълими калисо баромада чунин ҳисоб мекунанд, ки онҳо хеле хуб медонанд Исо кист ва ё ҳатто Ӯро инкор мекунанд.


Чӣ гуна рӯзҳои истироҳатӣ буданд! Маро ҳамчунин инҷилшиноси хеле фаъол Блек ва ҳофизони фолклорӣ ҳамроҳӣ намуданд. Чун донишҷӯён гурӯҳеро аз аслу насабҳои гуногуни фарҳангӣ гӯш карданд ва ҳамаашон дар бораи як Исо гап заданд, фикрҳои қолабии онҳо дигар шуданд.


Пеш аз омадани мо донишҷӯёни масеҳӣ саволномаеро супурданд, ки дар он давом додани ин гуфта аз онҳо хоҳиш карда шудааст; “ Вақте ки ман дар бораи масеҳият фикр мекунам ман �� дар назар дорам”. Нафаре гуфт, ки ӯ инквизисия; ҷангҳои салибӣ; ҷанги Сисоларо дар назар дорад. Қариб ба ҳама чизи нохубе, ки дар таърих рӯй дода буд, ӯ масеҳиятро дар онҳо гуноҳкор ҳисоб мекард.


Сипас ӯ дар охир пеши ман омад ва гуфт: “Ин саволномаро ман пур кардам. Вале имрӯз ман Исоро ончунон дидам, ки пеш надида будам ва акнун ман шогирди Исо мешавам”.


Ин омӯзиш ба мо мефаҳмонад, ки ҳамаи моро лозим аст ба Исои ҳақиқӣ нигоҳи тозае кунем. Баъзеи мо, тавассути шиносоӣ ба Исо дар ҳаётамон мақоми баланде додаем. Дигарҳо ӯро ҳамчун хастакунанда ва номувофиқ аз худ дур месозанд. Ҳол он ки баъзеҳо шефтаи шахсияти Исо ҳастанд ва хоҳиши зиёде доранд ӯро донанд, ва ба ростӣ, ба ҳамаи саволҳое, ки мо меҷӯем ҷавобҳо доранд. Ба монанди ҳамзамонони Исо онҳо мехоҳанд бубинанд, ки Исо дар ҳақиқат кӣ аст.


Ин роҳнамои омӯзиш дар асоси чор китоб, ки ба мо дар бораи Исо нақл мекунанд – Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно тартиб дода шудааст.


Се китоб, ё онҳоро ба таври дигар Инҷилҳои мухтассар меноманд ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд, ҳарчанд ҳар кадомашон ҷанбаи фикрии махсуси худро доро ҳастанд. Инҷили Юҳанно ҳам аз ҷиҳати тарзи навишт ва ҳам мундариҷот хеле дигаргун аст. Чун мо Инҷилҳоро мехонем, мо дарк мекунем, ки ҳар муаллиф дар бораи як шахсияти пурқудрати шаклан дигаргуншуда нақл мекунанд.


Гӯё, ки чор рассом тарҳи як шахсро кашида истодаанд,- се тарҳ ба ҳам монанд ҳастанд ва якто аз нуқтаи назари дигар, ҳар кадомашон тафсилҳои ягонаи уро нишон медиҳанд, вале ҳар чор рассом як хел ҳақиқатро ба тарзи рӯшан нишон медиҳанд.


Дар муқобил ба баъзе шаккокон, ин омӯзиш ҳисоботи дурусти таърихии дар ин чор китоб омадаро тақдим мекунад, ва барои ин боварӣ далелҳои эътимоднок дода шудаанд.


Зарур нест, ки ҳисоботҳои Инҷилро ҳамчун “илҳоми илоҳӣ” барои истифодаи ин роҳнамо қабул кунед. Хубтар ба ҳисоботҳои Исо ба мисли дигар ҳодисаҳои таърихӣ, бо тафаккур ва дили кушод биёед, то ки бубинед чиро дарёфтед.


Ҳикояи Исо бисёртарафа мебошад. Ин раҳнамои омӯзиш сенздаҳ ҷабҳаи муҳими ҳикояи Исоро медиҳад, ки шахсият, таълимот, амалҳо, ва талабҳои ӯро равшан мекунад. Ҳар омӯзиш меомӯзад, ки Исо кӣ буд ва дар рӯзҳои мо Ӯ кист. Чун сарлавҳаҳо далолат мекунад, ин умеди ман аст, ки шумо на танҳо Исоро ҳамчун шахсияти таърихӣ омӯзед, балки Ӯро ҳамчун дӯст ва Худованд вохӯрӣ намоед.


1

Муаррифии Исои ҳақиқӣ

Марқӯс 1:1-45


М о духтаре бо номи Дебӣ ва писаре бо номи Кевин дорем. (Писари дигариамон – Санди дар синни бисту- ду солагӣ аз дунё гузашт). ҳамкорон ва рафиқони онҳо метавонанд дар бораи онҳо ба шумо баъзе фикрҳо пешниҳод намоянд, ки онҳо кистанд. Вале ман метавонам бигӯям, ки онҳо дар ҳақиқат кистанд! Ман онҳоро беҳтар медонам.


Бисёр одамон тарҳи нимташаккулёфтаи Исоро доранд- Ӯро ҳамчун инсони хуб, муаллими бузург, таҷассуми “қувва”, ва ҳатто шахсияти илоҳӣ мешиносанд. Марқӯс яке аз аввалин шогирдони Исо, дар китоби худ ба мо мегӯяд, ки Исо дар ҳақиқат, кӣ буд. Ӯ ва Петрус – ки аз Ӯ Марқӯс ахбор мегирифт, Исоро хеле хуб мешинохтанд.


Суханҳои аввалини Ӯ ба мо ногаҳонӣ мегӯянд, ки ҳикояи инҷил- аслан, “хабари хуш” – дар бораи “Исои Масеҳ, Писари Худо” мебошад. Дар қисми аввал дар бораи он ки чӣ тавр Исо шинохта шуд ва ба ҳамзамононаш муаррифӣ шуд.

  1. Ба фикри шумо чаро то ҳоло ҳам одамон бо шахсияти Исо норозианд?


___________________________________________________

  1. Марқӯс 1:1-45-ро хонед. Шахсияти Исо ба воситаи се шоҳид тасдиқ шуд: Ишаъё (оятҳои 2-3), Яҳьёи Таъмиддиҳанда (оятҳои 4-8), ва садое аз осмон (оятҳои 10-11). ҳар кадомашон ба мо дар бораи чӣ нақл мекунанд?


  1. Яҳьё одамонеро, ки ба гуноҳояшон иқрор шуданд таъмид дод. Агар Исо Писари Худо буд, пас чаро Ӯ ҳам таъмид дода шуд. (оятҳои 9-11) ва ба озмоиш дучор шуд (оятҳои 9-11) ва ба озмоиш дучор шуд (оятҳои 12-13)?




Ин ба мо дар бораи монанди мо шудани Ӯ чӣ мегӯяд?




  1. Амали нахустини Исо эълон кардани он ки “Малакути Худо наздик аст” (оятҳои 14-15). Чаро ин хабари хуш аст?



___________________________________________________

  1. Якчанд моҳигирон- ки он қадар диндор набуданд – аввалин шогирдони Исо шуданд (оятҳои 16-20). Чаро онҳо Ӯро бо чунин эътиқоди суст ва хабари кам пайравӣ намуданд?




Чӣ қадар инсонро лозим аст бидонад, то ки Исоро пайравӣ кунад?

________________________________________

  1. Қудрати серҳаракатии Исо ҳангоми кӯмаки ӯ ба одамон намоён шуд (оятҳои 21-34). Кадом гуфтаҳо ё амалҳо қудрати Ӯро нишон медиҳанд?



7. Марқӯс 1:35 дар бораи сарчашмаи қудрати Исо чиро ошкор мекунад?

Аз ин мисол мо чиро метавонем омӯзем?

______________________________________________

  1. Вақте ки ҳама дар ҷустуҷӯи Ӯ буданд, Исо рафт (оятҳои 36-39). Пас чаро Ӯ истод ва махавиеро ламс кард (оятҳои 40-45)?


___________________________________________

  1. Марқӯс ба таври рӯшан ба мо мехоҳад бигӯяд, ки Исо кист. Ҳол он ки Исо худаш шахсияти худашро ниҳон мекард (оятҳои 34, 43-44). (Баъдтар ӯ нисбатан кушодатар буд). Чаро ҳозир ин ниҳонӣ лозим аст?



  1. Чӣ хел шумо роҳеро ки ин боб Исоро тасвир намудааст ҷамъбаст менамоед?


Чӣ шуморо бештар ба ваҷд овард ё мутаҳайир сохт? Маънидод кунед.



2

Исои шигифтангез

Луқо 5:17-39

Рафиқам аз баъзе наврасони бедин пурсон шуд, ки чаро онҳо ба калисо намераванд. Одатан онҳо чунин ҷавоб медиҳанд: “Бисёр ҳам манфӣ”, “Номувофиқ”, “қобили пешбинӣ”.


Исоеро, ки мо дар ҳикояи Луқо вомехӯрем ба мисли инҳо нест. Баръакс, Ӯ ғайри қобили пешгӯист. Одамони замони Ӯ фикр мекарданд, ки Худо одамони хубро дӯст медорад; Ӯ Худоеро, ки гуноҳкоронро дӯст медошт нишон медод. Онҳо фикр мекарданд, ки Худо рӯи хурсандро дӯст медошт; Ӯ Худоеро, ки шодию хурсандиро офаридааст, нишон медод. Онҳо фикр мекарданд, Худо ба анъанаҳо маҳкам баста шудааст; Ӯ Худоеро, ки навовариро дӯст медошт, нишон медод.


Луқо 5 нишон медиҳад, ки таблиғгарони аввалин масеҳӣ чӣ хел ба шоҳи Англия ҷавоб доданд, вақте ки Ӯ онҳоро пурсид, ки онҳоро чӣ интизор аст агар онҳо ин дини навро пайравӣ намоянд. “Аълоҳазрат”, ҷавоб доданд онҳо, “шумо навигариро паи навигарӣ хоҳед дарёфт” ва ҳар навигарӣ беҳтар аст!”.

1. Дар бораи он, ки бори аввал дар бораи Исои Масеҳ омӯхтед фикр кунед.



2. Луқо 5:17-26-ро хонед, ва кӯшиш кунед манзараро тасаввур намоед. Вақте ки мафлуҷро аз бом ба хона дароварданд, иштирокчиёни асосии ин ҳодиса чӣ хел худро ҳис карданд (одами бемор, дӯстони Ӯ, фарисиён ва китобдонон, тамошобинон, оятҳои 17-19)?


3. Чӣ хел Исо бо кори худ ба одами бемор ҳамаро дар ҳайрат монд (ояти 20)?



Ин ба мо дар бораи Исо ва чӣ хел дидани Ӯ эҳтиёҷоти моро мебинад чиро мефаҳмонад?



___________________________________________________

4. Китобдонон Исоро барои ваъдаи омурзиши гуноҳҳо танқид карданд, ҳол он ки танҳо Худо чунин қудратро дорост (ояти 21). ҷавоби Исо чиро нишон медиҳад (оятҳои 22-26)?



___________________________________________________

5. Оятҳои 27-32-ро хонед. Леви (ҳамчунин Ӯро Матто мегӯянд) боҷгире буд, ки Ӯро ҳама бад медиданд. Чӣ ҷои ҳайратоварест, ки Исо Ӯро даъват кард ва ҳатто аз ин ҳам ҳайратовартар – Левӣ Ӯро пайравӣ кард (оятҳои 27-28)?



6. Вақте ки Левӣ барои дӯстонаш зиёфати калоне дод, китобдонон Исоро барои хӯрдани хӯрок бо гуноҳкорон” танқид карданд (ояти 30). Чӣ хел Исо худро ҳамчун “табиб”-е тасвир намуд, ки даъват шудааст фикри онҳоро дар бораи Худо дигар кунад?



___________________________________________________

  1. Кадом нофаҳмӣ дар бораи Худо метавонад. Исоро аз пурмаъно будан ба мо дур мекунад?



  1. Баъдтар Левӣ / Матто Инҷилро навишт, ки дар он Ӯ Исоро “ дӯсти гуноҳкорон” номид. Кадом шиддат метавонад байни ҳам “дӯст” ва ҳам “табиб” будан мавҷуд дошта бошад?

  2. Оятҳои 33-39-ро хонед. Вақте ки Исоро барои он ки шогирдонаш рӯза намегиранд, танқид карданд (ояти 33), Ӯ худро ҳамчун домод тасвир мекунад (оятҳои 34-35). Ин дар бораи муносибати Ӯ бо шогирдон ва дар бораи он ки Ӯ чӣ хел мехост онҳо бошанд ба мо чӣ мегӯяд?




___________________________________________________

10. Боз барои нишон додани ин нуқта Ӯ забони тасвирро ба кор бурд (оятҳои 36-39). Либоси нав ва шароби нав чиро мефаҳмонанд?




Либоси кӯҳна ва машки кӯҳна чиро мефаҳмонанд?




11. Ин тасвир дар бораи он ки чӣ тарз Исо одамон ва ашёҳоро нав мекунад чӣ мегӯяд?




___________________________________________________

  1. Таассуроти шумо дар бораи Исо аз ин боб чист?






Ин аз ҷавобатон ба саволи 1 чӣ фарқият дорад?







3

Исо Устоди Достонсаро

Марқӯс 4:1-34


И

со гуфт, ки вазифаи асосии Ӯ фаҳмондани чизҳо ба мардум мебошад. Исо чизҳоро паи ҳам мефаҳмонад. Ӯ инро бо истифодаи масалҳо ба ҷо оварда буд, ки ҷӯяндагони ҳақиқиро ба сухан кардан водор менамуд ва онҳоеро, ки кунҷков набуданд аз худ дур мегирифт. Масал (parable ) тарзи ҳикоятест, ки ҳам рӯшан мешавад ва дар айни замон ҳақиқатро рӯпӯш мекунад, аз ҷавоби шунаванда вобастагӣ дорад.


Устодони бомаҳорат таълим медиҳанд, ки чӣ хел “ба сухан кардан водор намуд.





___________________________________________________

  1. Дар бораи муаллими беҳтарине, ки шумо медонед фикр кунед. Чӣ хел Ӯ тавонист дили шуморо ба хондан гарм кард.




  1. Марқӯс 4:1-34-ро хонед. Тасвирҳоеро, ки Исо истифода бурдааст ба шунавандагони Ӯ кадом ягон умумиятҳоро доранд?




Он дар бораи Исо чӣ мегӯяд?


  1. Исо ба киштӣ даромад чунки мардуми зиёде ҷамъ шуда буд. Ду гурӯҳе, ки ба Ӯ гӯш карда буданд кадомҳоянд (оятҳои 1, 10-12, 33-34)?



Чӣ онҳоро аз ҳам фарқ мекунонад?




  1. Ба оятҳои 3-8 ва 14-20 боз нигоҳ кунед. Маънии ҷузъҳои гуногуни ин масал: тухмӣ, хок, паррандаҳо, офтоб, хорҳо чӣ аст?




  1. Чӣ хел шумо навъҳои гуногуни хокро бо зинаҳои гуногун ё таҷрибаҳо дар ҳаёти худ муқоиса мекунед?




  1. Чанд бор дар ин боб Исо дар бораи “гӯш кардан” сухан карда буд?




Чӣ хел такроркунии ин калима ба мо барои фаҳмидани мавзӯи ҳаққонии ин масалҳо кӯмак мекунад?




  1. ҳайратовар аст, ки Исо масалҳоро истифода бурд, то ки берунбудагонро аз дидани он дур кунад (оятҳои 10-12). Вале чун муаллими хуб Ӯ бояд сабаб дошта бошад. Ба фикри шумо ин сабаб чист?





  1. Сухани Исо дар истифодаи чароғ чист (оятҳои 21-25)?






Чӣ ҳақиқатро пӯшондааст ҳамчуноне, ки зарфе нурро рӯпӯш кардааст (оятҳои 24-25).





  1. Дар оятҳои 26-32 Исо дар бораи нашъунамо ду ҳикоя овардааст. Чӣ хел шумо ҳар кадомашро бо суханони худ мегӯед?





  1. Дар бораи ҳикояҳои ин боб – тухм ва хок, чароғ, тухми нашъунамоёфта, тухмӣ – ки ба шумо бештар муносибат доранд, ки шумо дар куҷо, ва чаро фикр кунед.





  1. Аз ҳамаи он чизе ки имрӯз омӯхтед, кадомаш нисбатан намоёнтар аст?





Чӣ шуморо мутаҳайир ё ноором мекунад?






4

Исо - Устоди тарс

Луқо 8:22-56

Б


аъд аз муҳаббат, тарс ҳиссиёти нисбатан маъмули инсон мебошад. Баъзеҳо чунин мегӯянд, ки тарси нисбатан васеъпаҳншудаи мо аз морҳо ва гуфтаҳои ҷамъиятӣ мебошад. Тарси номаълум боз ҳам вазнинтар аст. Деббии мо вақте ки хурд буд давида ба ҷогаҳ париданро машқ мекард чунки Ӯ аз поёнии торик метарсид.


ҷиддитар гӯем, бисёрии моён бо ташвишҳои худ, мушкилиҳои худ, ва як қатор тарсҳоямон ба мисли муҳаббат, инкор, нокомӣ, ҳаёт, марг, оянда ва ҳатто тарси нодурусти Худо оҷиз астем.


Чун Исо қудрати Худро аз болои беморӣ, гуноҳ ва анъанаҳои печ дар печ нишон дод, акнун Ӯ қудрати худро аз болои тарсу ҳарос нишон медиҳад, ки моро аз ёфтани ҳаёт дар Ӯ ё комилан пайравӣ кардани Ӯ дар канора мекунад.

  1. Вақтеро ба хотир биёред, ки шумо аз тарс тамоман аз ҳаракат боз-мондед. Оё шумо қобил будед онро паси сар кунед? Чаро ва чаро не?




  1. Луқо 8:22-56-ро хонед. Луқо дар бораи Исо ва тарс чор ҳикоя навиштааст. Кадом ҳолатҳо сабаби тарси одамон мешаванд?






  1. Дар ин ҳикояҳо Исо пайдарҳам тарсро бо саволҳо зарба мезанад (оятҳои 25, 30, 45). Чаро Ӯ ин усулро ба кор бурд?




  1. Нуқтаи асосии саволи Исо дар ояти 25 кадом аст?




___________________________________________________

  1. Дар оятҳои 26-39 манзараҳои гуногуни ба мубориза талабидан омадааст: марде бо рӯҳи палид. Чӣ гуна рӯҳи палид ҳаёти ин мардро хароб карда буд?




  1. Девҳо шояд хеле боақл буданд – онҳо фаҳмиданд Исо кӣ буд ва фарёд заданд (ояти 28). Исо боз тарсро бо савол пешвоз гирифт? Ба фикри шумо чаро?




  1. Шояд шумо фикр мекунед, ки одамон аз беҳтар шудани аҳволи ҳамсояашон хурсанд шуданд. Баръакс онҳо хостанд, ки Исо аз сарзаминашон биравад (ояти 37). Чаро чунин шуд?



Мисоли ба ин монандро ҳозир гуфта метавонед? Маънидод кунед.




8. Исо ба мард иҷозат надод, ки бо Ӯ равад, вале ба Ӯ гуфт, ки “ба хонаат баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст нақл намо” (оятҳои 38-39). Ба рафиқонат ва оилаат дар бораи он ки Исо бо шумо чӣ карда буд чӣ мегӯед?

9. ҳолати Ёирро тасаввур кунед, вақте ки Исо дар роҳи ёрӣ додан ба духтари мурдаистодаи Ӯ буд, ва зане Ӯро нигоҳ дошт. Чаро зан тарсид вақте ки Исо пурсид, кӣ Ӯро ламс кард (оятҳои 45-47)?





Чаро Исо ба ӯ гуфт, ки худро ба ҳама нишон диҳад?




  1. Дар муқоиса бо дигарон Ёир нисбат ба Исо имони ҳақиқиро нишон медод (оятҳои 40-42). Чӣ хел Исо дар назди зан истоданро барои устувор кардани имони Ёир истифода бурд (оятҳои 49-50)?




  1. Нависед, ки чӣ тавр Луқо амали Исоро ҳангоми шифоёбии духтар тасвир мекунад (оятҳои 51-56). Чӣ хел Исо ба марг охирон кори мо бо тарс ҷавоб дод?





  1. Оё шумо метавонед ягон намунаеро ҳамчуноне, ки Исо бо тарс карда буд нишон диҳед?




  1. Дар бораи тарсе, ки метавонад шуморо аз комилан барои Малакути Худо зиндагӣ кардан дур мекунад андеша кунед. Чӣ хел шумо кори Исоро бо ин тарс ба худ тасвир мекунед?



5

Исо ва Салиби Ӯ

Марқӯс 8:22-38



Баъзе вақтҳо ман фикр мекунам, ки аз истифодаи калимаи масеҳӣ худдорӣ кунам. Ин ном бо бисёр чизҳои манфӣ махлут шудааст. Дар баъзе ҷамоатҳо мегӯянд, ки онҳо масеҳӣ ҳастанд, вале онҳо хушбахт мебуданд агар ба дини дигар тааллуқ медоштанд. Дар баъзе фарҳангҳо “масеҳиро” ҳамчун ҳизби сиёсӣ мефаҳманд ва ё ҳатто онҳое, ки бомбаҳоро метарконанд! Шояд хубтар мешуд, агар мо фақат дар бораи шогирдони Исои Масеҳ гап занем.


Вале танҳо пайравии Исо кофӣ аст? Ин порча бо шифодиҳии Исо кӯреро – дар ду зина сар мешавад! Ба мисли ин кӯр шогирдони Исо ба “ламси дуюмбора” барои Ӯро дуруст дидан эҳтиёҷ доранд.

  1. Мо дар давраи бемислу монанди бартариёбии инҷил зиндагӣ мекунем. Чаро то ҳоло бисёр мардум дар бораи Исо маълумоти кофӣ надоранд ва Ӯро пайравӣ кардан чӣ маънӣ дорад?




  1. Марқӯс 8:22-38. Кадом корҳои ғайриоддиро Исо ҳангоми шифодиҳии одами кӯр карда буд (оятҳои 22-26)?




  1. Чаро одамон фикр карданд, ки Исо Яҳьёи Таъмиддиҳанда, Ильёс ё яке аз пайғамбарон буд (оятҳои 27-28)?



Кадом ним-ҳақиқат дар бораи Исо байни ғайримасеҳиёни ҳозира маъмул аст?

  1. Сухани Петрус “ Ту Масеҳ ҳастӣ” (ояти 29) ин иқрор шудан мебошад, ки шогирди ҳақиқии Исо мекунад. Чаро? (Муқоиса кунед Матто 16:15-17 ва Юҳанно 6:68-69).





________________________________________________

  1. Бори аввал, Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки “Писари Одам бояд кушта шавад” (ояти 31). Чаро барои Исо салиб “бояд” буд?






  1. Ба фикри шумо чаро Петрус ба Исо эътироз кард

(ояти 32) ?






  1. Ба фикри шумо чаро Исо Петрусро чунин сахт сарзаниш кард (ояти 33)?






8. Чӣ хел тарзи дидани Исоро аз тарафи Петрус (оятҳои 29-32) бо шифодиҳии дузинагии марди кӯр (оятҳои 23-25) муқоиса кунем?





9. Исо мегӯяд, ки салиб низ бароямон “бояд” мебошад (оятҳои 34-38). Яъне ин чӣ маънӣ дорад, ки мо худамонро инкор кунем, салибро гирем ва Ӯро пайравӣ намоем?





___________________________________________________

  1. Гуфтанд, ки “Барои масеҳӣ шудан муфт аст, вале ҳама чиз масеҳӣ аст”. Чӣ хел инро таълимоти Масеҳ пуштибонӣ мекунад (оятҳои 34-38)?





  1. Ман мехоҳам Масеҳро пайравӣ кунам, вале ба фикрам ин хеле қиммат ҳаст”. Ба ин савол мувофиқи оятҳои 34-38 чӣ хел ҷавоб медиҳед?





  1. Дар бораи баъзе “ним – ҳақиқатҳо дар бораи Исо, ки дар саволи 3-омадаанд андеша кунед. Аз ин тасвир чиро партофтаед?





___________________________________________________









6

Исо сарчашмаи тавоноӣ

Марқӯс 9:1-32

ҳ

аёт на ҳама вақт оддӣ аст. ҳарчанд мо мехоҳем, ки он ба як маҷрои муайян дарояд, ҳаёт пур аз ҳодисаҳои ғайриоддӣ (парадокс) мебошад. Натиҷааш чунин аст, ки бисёр мавридҳо сабабҳо ва ҳиссиётҳои мо бо ҳам мувофиқат намекунанд.


Бинобар ин нишонаи он аст, ки мо Исоро ҳам хизматгор мебинем ва ҳам сарвари тавоно, ҳам заиф ва ҳам қудратманд. Баъди пешгӯии инкор ва маргаш, дар ҳикоя дар бораи малакуте ки ба сари қудрат меояд нақл мешавад.


Ин ҳолати ғайриоддии таҳқиркунӣ ва ситоишкунӣ нуқтаи бузургест ки драмаи Исо моро ба худ сахт ҷалб мекунад. Вақте ки мо Исоро аз ин ҷаҳон ҷудо кунем, мо танҳо суханҳои хушку холӣ дорем. Вале вақте ки шахсияти Ӯ мушкилиҳои инсониро даст мегирад, қудрати Ӯ тавлид мешавад.

  1. Дар кадом ҷабҳаҳои ҳаётатон шумо эҳтиёҷоти бузургро ба Исо ҳис кардед?




  1. Марқӯс 9:1-32-ро хонед. Ба фикри шумо шогирдони Исо чиро фаҳмиданд, вақте ки Ӯ гуфт, “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзеҳо ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, намебинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид”.




Ба фикри шумо Ӯ чиро дар назар дошт?



3. Тасаввур кунед, ки шумо ё Петрус, ё Яъқуб, ё Юҳанно будед. Чӣ хел шумо тасвир мекунед, он чиро ки дар кӯҳ бо одами дар он ҷо буда рӯй дод (оятҳои 2-8)? (шумо чиро дидед, шунидед, ҳис кардед?)




4. Чаро шумо гумон мекунед, ки аз ҳамаи шахсиятҳои қисми аввали Библия, Мӯсо ва Ильёс ба Исо намоён шуданд (ояти 4)?




5. Чӣ хел ин ба шогирдон- минҷумла ба мо кӯмак мекунад, то ин ки нигоҳи Исо ва малакутро дар қудрат ва ҷалол бинем?




6. Кадом суханҳоро шумо ба кор хоҳед бурд, то ки ҳолатеро, ки Исо баъди баргаштан аз кӯҳ бо он рӯ ба рӯ шуд тасвир намоед (оятҳои 4-8)?




7. Исо ноумедиашро дар ояти 19 баён мекунад, “Эй насли беимон� то ба кай бо шумо бошам?” Ба фикри шумо аз ки ноумед шуд:- китобдонон, оммаи халқ, ё шогирдонаш? Чаро?




  1. Баъди аз тарафи Исо пурсида шудан, падари писар гуфт”, лекин , агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон” (оятҳои 20-22). Ба фикри шумо ин имони ҳақиқӣ буд? Маънидод кунед.



  1. Чӣ тарз Исо ҳам ба даъват ва ҳам дилгармии падари бача ҷавоб дод?



Чӣ хел ваъдаи “ Барои имондор ҳама чиз имконпазир аст” шуморо дилгарм мекунад?





  1. Падараш дарҳол фарёд зад: “Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун” (ояти 24). Аз ин ҷавоб чӣ шуморо ба ваҷд овард?





  1. Дар давоми ҳамаи ин боб, шогирдони Исо роҳгум (дар иштибоҳ) буданд (оятҳои 10-11, 18, 28, 32). Аз ҳама печ дар печ барои шумо дар ин сафар бо Исо чӣ буд?




___________________________________________________

  1. Дар бораи пешравӣ аз кӯҳ то водӣ андеша кунед. Киро шумо бештар шинохтед – Шогирдони Исоро, падарро ё бачаро? Маънидод кунед.




Мувофиқи ин ҳикоя роҳ аз беимонӣ ба имон чист?




7

Исо ва марди сарватманд

Луқо 18:15-30


Гурӯҳи масеҳиёни давлатманд худашонро “Дӯстии Уштурони кӯфташуда” меноманд. Ин номро онҳо аз гуфтаи машҳури Исо, ки чунин ҳаст: “Аз сӯрохӣ гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад” иқтибос кардаанд.


Ин масеҳиёни сарватманд шӯхикунон худашонро “шутурони кӯфташуда” меноманд, ки мехоҳанд Исоро содиқона пайравӣ намоянд, вале бисёр вақтҳо сарваташон ба онҳо бори гарон мешавад. Чӣ қадар пулро онҳо бояд дошта бошанд, пасандоз кунанд, сарф кунанд, ба дигарон диҳанд?


Ба ин мисол саволҳо хеле муҳим ҳастанд вақте ки мо бо Исо вомехӯрем, ҳамчуноне онҳо бо сарватманди ҷавон дар Луқо 18 карда буданд. Вале гап фақат дар сари пул нест. Гап дар сари он ҳаст, ки мо онро дар ҳаётамон пеш аз Худо мемонем.

  1. Вақте ки шумо барои фикр кардан вақт доред, кадом фикрҳо майнаи шуморо боз ва боз банд мекунанд? Оё шумо гуфта метавонед, ки ин дар ҳаётатон дар мақоми аввал ҳаст? Чаро ва чаро не?





  1. Луқо 18:15-30-ро хонед. Исо на ба шогирдон, балки ба кӯдакон мақоми аввал медиҳад. “Малакути Худоро ба монанди кӯдак қабул кардан” чӣ маънӣ дорад?




  1. Сардоре аз ӯ муҳимтарин савол пурсид (ояти 18). Ва дар айни ҳол кадом фарзияҳои дурӯғро ин савол ошкор кард?



___________________________________________________

  1. Исо ба вай гуфт: “Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷузъ Худои Ягона” (ояти 19). Дар ин ҷо Ӯ гуфтанӣ буд, ки Ӯ Худо набуд, ё ин гуфта маъноҳои дигарро ҳам дорад? Маънидод кунед.



  1. Ҳамаи инро Ман нигоҳ доштам” (ояти 21). Ба фикри шумо мард рост гуфт ё Ӯ аҳмақ буд? Маънидод кунед.






  1. Панҷ аҳком фақат қисме аз Даҳ Аҳком мебошанд. Кадомҳоро Исо номбар накард (Хуруҷ 20:1-17)?




  1. Туро боз чизе намерасад: ҳар он чӣ дорӣ бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ” (ояти 22). То чанде ки мо медонем, ин ягона сарватдоре буд, ки ба ӯ гуфта шуд ин корро кунад. Чаро ин амр ба ин мард дода шуд?




  1. Шуморо аз пайравии Исо чӣ монеъ мешавад?



  1. Вақте ки мард аз пеши Исо ғамгинона рафт, Исо гуфт: “Ба Малакути Худо даромадани сарватмандон чӣ гуна душвор аст!” (ояти 24). Чаро ин чунин мушкил аст?




  1. Тибқи гуфтаи Исо, барои одамон наҷот на танҳо “душвор” балки ғайриимкон аст (ояти 27). Чаро?



Пас кӣ метавонад наҷот ёбад” (оятҳои 26-27)?



___________________________________________________

  1. Петрус гуфт: “Инак мо ҳама чизро мондем”. Ҷавоби Исо дар бораи нархи пайравии Ӯ чӣ буд (оятҳои 29-30; Марқӯс 10:29-31)?





  1. Ба суханҳои Исо дар бораи кӯдакон баргардед (оятҳои 15-17). Ин ҳикояҳо ба ҳам чӣ алоқа доранд?





  1. Шумо чизе доред, ки барои пайравии Исо онро монед, пас ин ҳикояҳо ба шумо ҳисси ноумедӣ ё умедворӣ доданд? Маънидод кунед.



8

Исо Сарвари Хизматгузорон

Марқӯс 10:32-52


Сарварӣ мавзӯи маъмули ҳозира мебошад. Омӯзишҳои сарварӣ кӯшиш мекунанд диққаташонро ба моҳияти сарварӣ равона кунанд. Оё ин дар табиати одамони ғайриоддӣ ёфт шуда буд? Оё он аз ҳолате, ки сарвариро ҳосил мекунад бармехезад? Оё сарварии ҳақиқӣ дар фаҳмидани интизориҳо ва хоҳишҳои шогирдон мебошад, ё дигар кардани интизориҳо ва хоҳишҳои онҳо?


Барои Исо сарварӣ маънои хизматгузорӣ мебошад. Ӯ чунин мегӯяд, “Зеро Писари одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад (Марқӯс 10:45). Бо донистани он ки Ӯ Подшоҳ буд, Ӯ ҳамчун хизматгор амал намуд – ин ҷиҳати ғайриоддии бузургии Ӯ буд.

  1. Дар бораи сарваре, ки шуморо дилгарм кард то ки бартар аз интизориҳоятон амал намоед фикр кунед. Ин шахсро чӣ тавсиф медиҳад?




  1. Марқӯс 10:32-52-ро хонед. Чун Исо дар роҳ ба сӯи Ерусалим буд, чӣ шуморо аз Ӯ дар муқоиса бо дигарон дар ҳайрат гузошт (оятҳои 32-34)?




  1. Чӣ тарз талаби Яъқуб ва Юҳанно дар партави оятҳои 32-34 бемаврид буд?





  1. Дар тарафи рост ва чапи Исо нишастан чӣ маънӣ дорад (ояти 37)?





Чӣ тарз кас имрӯзҳо чунин муносибатро нисбат ба Исо ифода намояд?



  1. Чӣ хел Исо хоҳиши онҳоро рӯшан кард (оятҳои 38-40)?




  1. Бо “коса” ва “таъмид” Ӯ чиро дар назар дошт (ниг. Матто 26:39; Румиён 6:3-4)?





  1. Ба фикри шумо чаро шогирдони дигар норозӣ буданд (ояти 41)?






  1. Чӣ хел Исо мафҳуми ҷаҳонии бузургиро нахуст мегузошт-ҳам дар таълимоти худ ва ҳам дар мисолҳо (оятҳои 42-45)?




9. Кадом фурсатро барои бузургӣ шумо дар хона, кор ва ё калисои худ доред?





10. Оё ин нав чунин рӯй дод, ки ҳикояи марди кӯр баъди ин ҳикоя омад, ё ин ду ҳикоя бо ҳам алоқамандӣ доранд? Маънидод кунед.





  1. Муносибати “бисёр”-ро нисбат ба Бартимай бо муносибати Исо муқоиса кунед (оятҳои 46-52).




___________________________________________________

  1. Чунин мегӯянд, ки “сарварӣ чизҳои бузургро ҷустуҷӯ мекунад, ва дар чизҳои хурд амал мекунад”. Исо инро чӣ хел нишон дод?


Чӣ шуморо ба роҳбар мисли Исо ҷалб мекунад?


9

Исо –Подшоҳи асроромез

Марқӯс 11:1-12:12


Ҳар сарвар бояд бидонад чӣ хел рамзи худро нишон диҳад. Вақте ки ҷимми Картер президенти ИМА шуд, ӯ қасдан равиши худро дар муқоиса бо давраи президентии Ричард Никсон дигар кард. Вақте ки Рональд Рейган ба сари қудрат омад дар навбати худ ӯ кӯшид бо роҳу равиш ва амалҳои худ образи “раёсати сахтгирӣ” офарад.


Дар Марқӯс 11 мо якчанд мисол аз тарафи Исо истифода бурдани рамзро мебинем- ва ҳамаи онҳо асроромез ва ғайри чашмдошт мебошанд. Баъди моҳҳои зиёде, ки одамон дар бораи ӯ хабаре надоштаанд, Исо ба назди халқ баромад ва фарёди___________________________________________

Наҷотдиҳанда ки беморро шифо дод, ва гуноҳкоронро бахшид, акнун дарахти анҷирро нафрин кард, ва маъбадро аз савдогарон пок кард. Дар ҳақиқат ҳам рамзҳои ҳайратовар!


Ин рамзҳо интихоб шуданд ва бо вақте омадаанд, то ки нишон диҳанд, ки Исо ҳам бо фурӯтанӣ ва ҳам бо доварӣ омад. Тамоми боб дар бораи ҳақи ӯ оид ба тафтиши малакути ӯ нақл мекунад.

  1. Якчанд рамзҳои сарварӣ ва қудрат дар замони ҳозира кадомҳоянд?




  1. Марқӯс 11-1:33-ро хонед. Аҳамияти савори кура ба Ерусалим ворид шудани Исо чист (оятҳои 1-6; Закарё 9:9)?




  1. Воридшавии ботантанаро (оятҳои 7-11) ҳамчунин “роҳпаймоии шахси фурӯтан” меноманд. Кадом хели подшоҳро ин рамзҳо нишон медиҳанд?




___________________________________________________

  1. Одамон чунин хитоб карданд, “ҳӯшаъно”- яъне “Моро наҷот деҳ” (Забур 118:25-27). Кадом хел подшоҳ ё шоҳигариро онҳо интизор буданд?





  1. Дар кадом ҳолатҳо ҳақиқати Исо бо интизориҳоятон мувофиқ наомаданд?





6. “ӯ ҳама чизро аз назар гузаронд” (ояти 11). Ин дар бораи мақсади омадани Исо чиро мефаҳмонад (ниг. Малокӣ 3:1-5)



7. Доварии Исо аз болои дарахти анҷир (оятҳои 12-14) берун аз табиати шахсест, ки барои додани ҳаёт омад, на хароб кардани он. Шумо инро чӣ хел маънидод мекунед (Дарахти бемева чиро мефаҳмонад)?





8.Чӣ тарз тасвир дар маъбад (оятҳои 15-17) метавонад бо воқеаи бо дарахти анҷир рӯйдода муносибат дошта бошад?



  1. Баргҳои бемева” дар калисоҳои мо, ҷамъияти мо ва ҳаёти шахсии мо чӣ маънӣ дорад?



Чӣ хел мо метавонем навъи дарахтеро ки Исо дар ҷустуҷӯяш буд, парвариш кунем?




  1. Петрус дар ҳайрат монд, ки дарахти анҷиреро, ки Исо нафрин карда буд, дар ҳақиқат ҳам хушк шуда буд (оятҳои 20-21). Чӣ хел Исо ин ҳодисаро барои таълим додани шогирдонаш ба кор мебарад (оятҳои 22-25)?



Чӣ хел таълимоти Исо имрӯзҳо моро барои дуо кардан ба чизи ба гумон номумкин рӯҳбаланд мекунад?




  1. Амали Исо дар Ерусалим баҳсро оид ба қудрати ӯ ба миён овард (оятҳои 27-33). Чаро Исо ба суолҳои сарварони дин ҷавоб надод?



  1. Марқӯс 12:1-12-ро дар партави боби 11 хонед. Бо кадом маънӣ дар ин порча тарҷумаи ҳоли Исо мебошад?




  1. Баъзе одамон Исоро барои Наҷотдиҳанда ва дӯсташон будан дӯст медоранд на барои Подшоҳ ё Худованди онҳо будан. Ин омӯзиш дар бораи муҳим будани итоаткорӣ ба қудрати Исо чӣ мегӯяд?



10

Исо – Пайғамбар

Матто 24:1-51

Мақоли хитоӣ чунин мегӯяд: “Пешгӯӣ кардан хеле мушкил аст, бахусус дар бораи оянда”. Дар Библия пешгӯӣ на танҳо дониш дар бораи оянда, балки андешаи имрӯза низ мебошад. Дар Матто 24 мо Исоро ҳамчун пайғамбар – ва хеле ҳам пайғамбари ҳақиқӣ мебинем. Тасвири Ӯ дар бораи дар оянда чӣ ҳаст, на чунин ҷаҳонест, ки он ҷо ҳама чиз мунтазам беҳтар ва беҳтар мешавад. Ӯ намегӯяд, ки ҳама ба тезӣ кори Ӯро ё шогирдонашро қабул намоянд.


Пайғамбарони дурӯғин ба мо он чиро, ки мо мехоҳем, мегӯянд. Пайғамбарони ҳақиқӣ ба мо он чиро, ки ба мо лозим аст, мегӯянд. Исо мутаффакири (андешаманд) бузурги мусбӣ мебошад. Ӯ на танҳо барои он омад, ки ба ранҷмандон сулҳу осоиш оварад, балки ҳамчунин Ӯ барои онҳое ки дар сулҳу осоиш дурӯғин ҳастанд заҳмат оварад.

  1. Ба фикри шумо чаро одамони зиёде шавқманди пешгӯӣ (ғайбдонӣ) – ё библиявӣ ё дигарҳо ҳастанд?




  1. Матто 24:1-51-ро хонед. Агар шумо гузоришдеҳ (репортёр) мебудед ва гуфтаи Исоро ба қалам медодед, сарлавҳаатон чӣ мебуд?




  1. Шогирдонаш пурсиданд: “Кай?” (ояти 3). Ба фикратон чаро Исо ба онҳо рӯйрост ҷавоб надод?





4. Дар оятҳои 4 ва 5 Исо шогирдонашро дар бораи он ки онҳоро гумроҳ мекунанд, огоҳӣ кард. Баъзе нишонаҳои гумроҳӣ кадомҳоянд (ниг. Матто 7:15-20; 1 Юҳанно 4:1-6)?




___________________________________________________

5. Исо таърихро хеле ноором мебинад (оятҳои 6-8). Кадом нишонаҳои нооромиро Ӯ дар назар дошт?



Чӣ хел ин нишонаҳо монанди “ ибтидои дарди таваллудкунӣ” мебошанд (ояти 8)?




  1. Ба шогирдони Исо ва дигарон чун интиҳо фаро мерасад, чӣ рӯй хоҳад дод (оятҳои 9-13)?




Сабр кардан” (ояти 13) дар чунин мавридҳо барои мо чӣ маънӣ дорад?




  1. Ҳангоме ки “ қароҳати харобӣ” меояд, имондор бояд чӣ тарз амал кунад ва чаро (оятҳои 15-22)?




  1. Чун шогирдони Исо дар он рӯзҳо интизори баргаштани Ӯ буданд, чӣ хел онҳо фарқияти байни Масеҳи ҳақиқӣ ва дурӯғинро мефаҳманд (оятҳои 23-31)?




  1. Чӣ хел мо метавонем дарси дарахти анҷирро (оятҳои 32-35) бо воқеъаҳое, ки пеш аз баргаштани Масеҳ рӯй хоҳанд дод, нисбат диҳем?





  1. Чӣ хел омадани Масеҳ монанди рӯзҳои Нӯҳ мебошад (оятҳои 36-41)?





  1. Чӣ хел ҳикоятҳо дар бораи соҳиби хона ва хизматгор ба мо дар бораи баргаштани Исо таълим медиҳанд (оятҳои 42-51)?





  1. Чӣ хел мо “бедор бошем” ва барои омаданаш “тайёр бошем”?








___________________________________________________________________________________


11

Исо – қурбонӣ

Матто 26:1-30


Калимаи кризис (бӯҳрон) аз калимаи юнонӣ “krisis” омада маънояш “ҷудошавӣ ё тақсимшавӣ” мебошад. Бӯҳрон нишон медиҳад, ки мо чӣ гуна одамон ҳастем. Дар Матто 26 он душманигарие, ки дар аввали рӯҳонияти Исо сар шуда буд ба интиҳои пурталотуми худ наздик мешуд.


Бӯҳроне, ки бо Исо рӯ ба рӯ шуд, пур аз рамзу киноя буд. ҳарчанд ӯ интизори таслимшавӣ ва маслубкунии Худ буд. Ӯ Худро ба даст гирифт. Қурбон шудан ҳам пирӯзист. Ӯ хӯроки охирро ба нақша мегирифт. Ӯ медонист, кӣ киро хиёнат мекунад. Ӯ Худро ҳамчун қурбонӣ тақдим кард.


Ана манзара! Вақте ки мо ба монанди Исо иродаи Падарро ба ҷо меорем, ҳатто ногузирии гуноҳ, дардёбӣ ба марг дар ғулом кардани мо қудраташонро гум мекунанд. Дар ин ҷо қурбонӣ он ҳаст ки аз ҳама озод аст!

  1. Одатан, шумо дар бӯҳрон чӣ хел рафтор мекунед ва чаро?





  1. Матто 26:1-30-ро хонед. Рӯзҳои охир дар бораи табиати саркоҳинон ва пирони қавм чиро ошкор кард (оятҳои 1-5)?





  1. Барои баъзеҳо аз тарафи зан рехтани равғани атрафшони қиммат исрофкорӣ буд (ояти 6-13). Барои Исо ин кори некӯ буд. Кай метавонад исрофкорӣ некӯ шавад?



  1. Кадом далелҳо исрофкории занро сафед мекунанд?




Чаро амали ӯ бо инҷил алоқаманд буд (ояти 13)?





  1. Дар кадом ҳолатҳо дар ибодат ба Исо мо бояд исрофкор бошем?





  1. Бӯҳрон нишон дод, ки зан кӣ буд. Ин дар бораи Яҳудо чиро ошкор кард (оятҳои 16-16; ниг. Юҳанно 12:4-6)?





  1. Аҳамияти “иди Фисҳ” чӣ буд (ояти 17; ниг. Хуруҷ 12:1-29)?





  1. Кадом кинояро шумо дар шогирдонаш , ки барои Исо фисҳ омода карда истодаанд, мебинед (ояти 17; ниг. Марқӯс 14:12; 1 қӯринтиён 5:7)?






  1. Исоро одатан ҳамчун шаҳиди зебо, вале бечора тасвир мекунанд. Кадом суханҳо ва амалҳо нишон медиҳанд, ки Ӯ худро ба даст гирифтааст.



Чӣ хел Ӯ дониш ва андешаҳои ғайриоддӣ нишон дод?



  1. Ояти 24 ба мо оид ба иродаи Худо ва масъулияти инсоният чӣ мегӯяд?



___________________________________________________

  1. Таоми шоми охирон ба мо дар бораи моҳияти марги Исо чиро таълим медиҳад (оятҳои 26-29)?






  1. Кадом рафтори ба мо лозимро мо метавонем аз Таоми Шоми Охирон бигирем, то ин ки аз он фоида гирем?




___________________________________________________




12

Исо – Подшоҳи Мурда

Юҳанно 19:1-42

Дар фермаи чорво дар Колорадо ман духтареро вохӯрдам ва ӯ ба ман гуфт чӣ хел ӯ назди Исо омад. Пештар ӯ барои ороиш дар гарданаш занҷираро бо салиб меовехт. Рӯзе донишҷӯи дигар ӯро пурсон шуд, ки “Чаро шумо ин салибро дар гарданатон овехтаед? Оё шумо маънои онро медонед?” Аз ин савол ӯ дар тааҷуб монд, ва фақат гуфт, ки ба ӯ маъқул аст. Вале ин савол то он замоне, ки ӯ бо як гурӯҳи омӯзиши Библия пайваст, бо ӯ буд. Дар ин гурӯҳ ӯ дар бораи Исо ва маънои салиб маълумоти пурра гирифт.


Ҷон Р.В. Скотт дар китобаш “Салиби Масеҳ” пурсидаст, ки барои чӣ салибро ҳамчун рамзи Масеҳ қабул кардаанд. Чаро масеҳиёни аввалин оғилро ки ӯ дар он ҷо зоида шуда буд, интихоб накарданд, ё қаиқро, ки аз он ҷо ӯ мавъиза мекард, ё саҷоқро, ки бо он ӯ пойҳояшро тоза мекард, ё санги калонеро, ки пеши қабраш буд ва аз он ӯ эҳё шуд, интихоб накарданд? Скотт ҷавоб медиҳад, ки чун тавлид ва ҳаёт ва эҳёи ӯ зарурӣ буданд, пас барои фаҳмидани ӯ маслубкунӣ мақоми марказӣ дорад. Дар Юҳанно 19 мо салиби Исоро ҳамчун ҷудокунандаи бузург байни имондорӣ ва беимонӣ мебинем.

1. Кадом намуди ҳозираи ҷазодиҳӣ ба ҷазодиҳӣ дар салиб дар асри якум монанд аст?




2. Юҳанно 18:28-40-ро ҳамчун замина ва баъд 19:1-16-ро хонед. Пилотус дар бораи Исо ба ягон хулосае омад. Шумо Пилотусро чӣ хел сифат медиҳед?



Оқибати беҷуръатии ӯ кадом тарсу ҳарос буд (19:7-9, 12)?


3. Ба фикри шумо чаро Исо акнун ба саволҳои Пилотус ҷавоб надод (оятҳои 9-10), ҳол он ки ӯ пештар ба Пилотус озодона гап мезад (18:33-38)?



  1. ҳоким ва зиндониро бо ҳам муқоиса кунед. Дар назаратон ки бештар соҳиби масъулият аст, Пилотус ё Исо? Чаро шумо чунин фикр доред?



  1. 19:16-37-ро хонед. Дар оятҳои 17 ва 18 Юҳанно суханҳои хеле камро барои тасвири амали ҷисмонии маслубкунӣ истифода бурдааст. Оё ин танҳо барои он буд, ки маслубкунӣ ҷазодиҳии муқаррарӣ буд ё Юҳанно диққаташро ба чизи дигаре нигарондааст? Маънидод кунед.




  1. Айбномаеро, ки Пилотус аз болои сари Исо дар салиб овехт (оятҳои 19, 20) фишори таънаомез ба саркоҳинони яҳудӣ аст. ҳамчунин чӣ хел мо метавонем дар ин гуфтаи дигари кинояомез ё ҳақиқат дигарро дар бораи Исо бинем (ниг. 18:36)?




  1. қуръапартоии сарбозон (ояти 24) ба мисли тафсири хурде аст. Вале дар ин ҷо ва оятҳои 28 ва 36 Юҳанно маслубшавиро ҳамчун иҷрошавии Навиштаи Аҳди қадим мебинад. Ин ба Марги Исо чӣ маънӣ мебахшад?


___________________________________________________



  1. Муносибати Исо ба модараш аъмоли мулоим ва охирони инсонӣ ҳаст (оятҳои 25-27). Кадом фаҳмишро ин ба муносибат байни оилаи заминӣ ва рӯҳонии Исо медиҳад (ниг. Юҳанно 1:10-13)?



  1. Чунин мегӯянд, ки гуфтаи Исо “Иҷро шуд!” (ояти 30) фарёди пирӯзӣ буд, на фарёди таслимшавӣ буд. Исо чиро иҷро кард?



Ин ба ман ва шумо чӣ маънӣ дорад? (ниг. Юҳанно 1:29 ва 17:1-4).



  1. Чаро ҳодисаи дар оятҳои 31-37 дар бобати нашикастани пойҳои Исо балки ба қабурғаи Ӯ найза задан муҳим аст – ин чиро исбот мекунад?


___________________________________________________

  1. 19:38-42-ро хонед. ҳикояи дафнкунӣ ба муҳим будани марги Исо чиро илова мекунад?



  1. Ниқӯдимус дар Инҷили Юҳанно ду бор омадааст (ниг. 3:1-12 ва 7:50-52). Марги Исо ба ӯ чӣ таъсирот дошт?


___________________________________________________

  1. Чӣ тарз пештар қайд кардем салиб ин хати ҷудокунӣ байни имондорӣ ва беимонӣ мебошад. Дар ин боб дар тарафи имондорон кӣ асту дар тарафи беимонҳо кист? Маънидод кунед.



  1. Кӣ дар ин боб аз ҳама беҳтар нишон медиҳад, ки ҷои шумо дар муносибат бо Исо ва салиби Ӯ дар куҷост? Чаро?


13

Исо Худованди Эҳёшуда

Юҳанно 20:1-31

Рафиқи ман Лейн Адамс пеш дар соҳаи фароғатӣ кор мекард. Ҳарчанд ӯ дар ҳамаи корҳо комёб буд, ӯ ҳайрон буд, ки чаро ӯ хушбахт нест. Дар ҳамроҳӣ бо занаш, ки ӯ низ дар ин соҳа кор мекард ба ҷустуҷӯӣ рӯҳонӣ шурӯъ карданд. ҳамроҳ онҳо Инҷилҳои Матто, Марқӯс ва Луқоро хонданд. Вақте ки онҳо ба интиҳои Инҷили Луқо расиданд, онҳо бо ҳикояи “Тумои шубҳадор” рӯ ба рӯ шуданд, ки ба шогирдони дигар гуфта буд, ки ӯ боварӣ надорад Исо аз мурдаҳо эҳё шуд.


Ана одами ростгӯ”, хитоб кард рафиқам “ӯ ба ин бовар намекард!” Вале вақте ки онҳо ба хондани китоб давом додан дарёфтанд, ки Исо ба Тӯмои шубҳадор зоҳир шуд ва шубҳааш ба имон табдил ёфт. Лейнро ин гуфтаҳо ҳайрон карданд ва ӯ ба занаш гуфт, “Ман инро намефаҳмам. Вале ман медонам, ки Исо дар ягон ҷое зинда аст. Ва ман ӯро хоҳам ёфт”. Лейн ӯро ёфт. Муддате баъд рафиқам ба мавъиза сар кард ва ба дигарон дар бораи Исои зинда нақл мекард.


Эҳё нуқтаи олии ҳикояи Исо мебошад. Агар ин ҳақиқат ҳаст, пас ин воқеъаи аз ҳама муҳим дар таърих мебошад. Ин ба мо мегӯяд, ки Исо кӣ буд, ва аст, чӣ гуфт ва чӣ кард ва зиндагӣ кард ва ҳамааш рост буд. Агар ин ҳақиқат нест, пас ҳамаи он чизе, ки Исо гуфт ва кард, талаб кард ва зиндагӣ кард, ҳамааш зери шубҳа мемонад.


Боби бистуми Инҷили Юҳанно ба мо исботро – ҳам ҷисмонӣ ва ҳам шахсӣ, ки хулосаро талаб мекунанд, пешниҳод мекунад. Чун шумо онро мехонед ба худ суол кунед: Агар мӯъҷизаҳо метавонанд рӯй бидиҳанд, агар эҳёшавӣ ҷой дорад, пас чӣ тарз шумо он чиро ки хондед маънидод мекунед?


  1. Дар бораи шахси мурда, ки бароятон хеле азиз буд фикр

кунед. Шумо чӣ кор мекунед, агар ин шахс ногаҳон ба хонаатон ворид шавад?




  1. Юҳанно 20:1-31-ро хонед. (Агар шумо инро пеш хондаед, чунин тасаввур кунед, ки бори аввал онро хонда истодаед). Кадом маводҳо дар ин порча ба монанди шаҳодати ҳақиқӣ мебошад?




  1. Дар оятҳои 1-9 Юҳанно се шоҳиди қабри холиро хотиррасон кардааст: Марям, Петрус ва “шогирдони дигар”. Кадом далелҳои муҳимро мо аз ҳар кадоми онҳо меомӯзем?



Чаро донистани он ки қабр холӣ буд, муҳим аст?



  1. Юҳанно ҳамчунин се вохурии шахсиро, аз Марям сар карда сабт кардааст (оятҳои 1-2, 10-18). Чӣ шуморо аз таҷрибаи Марям ба ваҷд овард?



  1. Исо ба шогирдонаш дар оятҳои 19-23 зоҳир шуд. Онҳо аз Исо чиро диданд ва шуниданд?



  1. Охирон, Исо ба Тумо зоҳир шуд (оятҳои 24-29). Садсолаҳо ӯро ҳамчун “Тумои шубҳадор” ном мебаранд. Ба фикри шумо ин тасвири ҳақ ҳаст? Чаро ва чаро не?

  2. Исо бо нобоварии Тумо чӣ кард?



___________________________________________________

  1. Чӣ хел хитоби Тумо (ояти 28) ба Инҷили Юҳанно нуқтаи олӣ мебахшад?



  1. Баъзан чунин мегӯянд, ки Исо эҳёшавии “рӯҳӣ” дошт на ҷисмонӣ. Чанд далелҳои қотеъ овардаанд, ки эҳёшавии ҷисмониро исбот кунанд?



  1. Кадом далелҳо нишон медиҳанд, ки ҷисми Исо ҳам ба он хеле ки пештар буд монанд ҳаст ва ҳам дигаргун (оятҳои 20-27; 14-15, 19)?



  1. Чӣ одамонро боварӣ мекунонад, ки Исо боз зинда шуд?



  1. Оё шумо яке аз онҳое ҳастед, ки ӯро надидаед вале имон доред (ояти 29)?



Агар не, аз ин боб чӣ гирифтед?



  1. Оятҳои 30 ва 31-ро боз хонед. Чӣ хел гуфтаҳои Юҳанно ба мо барои фаҳмидани пайғоми асосӣ ва мақсади фаврии Инҷили ӯ кумак мекунад?



14. Аз омӯзиш дар бораи Исо, дар рӯзҳо ё ҳафтаҳои охир кадомашро бештар қадрдонӣ мекунед?





<< Дарсҳои рӯҳонӣ