www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Омӯзиши КаломDownloadАгар шумо каломи Худовандро дарк кардан мехоҳед Дӯстони азиз! Оё Шумо мефаҳмед, барои дастрас кардани усули омӯзиши Библия, ки метавонад сар оғози ҳаёти ғанӣ аз ояндаи нек ва умедҳои навин гардад, сар мекунед? Дар тӯли асрҳо Худованд марду зан- чунин одамони оддӣ ба монанди ман ва шуморо тарбия кард ва барои амалӣ гардонидани корҳои бузурги Шоҳигариааш истифода бурд. Ман аз Худо тавалло мекунам, ки тавассути Каломаш ба шумо имконият диҳад, ки таъинотатонро баҳри ҳаёт бинед. Ман аз Худо тавалло мекунам, ки шумо ҳама душвориҳоро бартараф намуда, рӯҳафтода нагардед. Бе қонуни қатъӣ ҳеҷ кас натиҷаҳои бузургро дастрас накард ва орзуҳояшро амалӣ нагардонид. Соли 1969 бо сабаби касалиам шавҳари ман Ҷек ва ман фаъолияти миссионериро қатъ карда ба хона баргаштем. Ҷек сарвари радиостансияи масеҳӣ гашт. Аз ман хоҳиш карданд, ки машғулиятҳои ҳарҳафтаинаи омӯзиши Библияро бо 250 зан дар Атланта, штати Ҷорҷия пеш барам. Маро кӯшиши афзуни ин занон баҳри дарки Каломи Худованд ва истифодабарии он дар ҳаёти рӯзмарраашон ба ваҷд овард. Варианти нахустини воситаи таълимӣ «Чӣ тавр Библияро аз насиҳат то насиҳат бояд омӯхт» аз чор саҳифаи дар ротатор зиёд кардашуда иборат буд. Он замон нидои қалби ман танҳо ин буд: «Худовандо, вақте ки Ту ба ман тарк намудани Атланта ва ин 250 занро амр мекунӣ, оё онҳо дорои он қудрате буда метавонанд, ки Каломашро мустақилона аз бар намоянд?». Ҳамин тавр силсилаи курсҳои омӯзиши қиёсии Библия «Аз насиҳат то насиҳат» ба миён омад ва ҳайати шунавандагон аз 250 ба 1700 одам расид. Дар 20 соли охир ин миссияи тарғиби динӣ оид ба омӯзиши Библия ба садҳо ҳазор одамон дар ИМА ва 85 мамлакатҳои дигари ҷаҳон ёрӣ дод, то онҳо донанд, ки чӣ тавр Библияро ба воситаи ёрии методи индуктивӣ «Аз насиҳат то насиҳат», ташриф ба лексияю семинарҳои аз ҷониби миссия ташкилкардашуда, омӯхтан мумкин аст. Гарчанде машғулият дар гурӯҳҳо барои бисёрии одамон арзиши беназире доранд, боз одамоне ҳастанд, ки майл ба малакаи омӯзиши мустақилонаи Библияро доранд. Мана ҳамин ҳадафи китоби мазкур мебошад. Агар шумо ташнаи дарки Худованд бошед, агар шумо мубталои муносибати амиқу мунтазам бо Исои Масеҳ бошед, агар шумо хоҳед, ки ҳамчун масеҳии ҳақиқӣ зиндагӣ намоед ва донед, ки Худованд аз шумо чӣ мехоҳад, пас донед, аз шумо бештар дархост карда мешавад, нисбат ба хондани Библия ва донистани ақидаи дигарон нисбати он. Шумо бояд шахсан бо Каломи Худованд ҳамкорӣ намоед, мазмуни онро дархуд гиред, ба Худо имконият диҳед, ҳақиқаташро дар қалбатон, шууратон ва тамоми ҳаётатон ҷорӣ намояд. ҳадафи асосии усули омӯзиши индуктивӣ низ аз ин иборат мебошад, шахсан ҳақиқатро дидан, онро фаҳмидан ва дар ҳаёти худ истифода бурдан. «Дурӯғгӯй, шайтон мехоҳад, моро сари ҳар қадам фирефта намояд» (Юҳанно 8-44, Ваҳй 12:10), алалхусус вақте ки шумо пештар ҷиддан Библия омӯхтан мехостед, вале ба бебарорӣ дучор гаштед. Ӯ ба шумо талқин мекунад, ки ин ба шумо мушкил аст, шумо ҳеҷ вақт ин корро карда наметавонед ва сар кардан ҳам фоида надорад. Чӣ қадар ман мехостам, ки имконият дошта бошам, то бо шумо рӯ ба рӯ гап занам, шуморо рӯҳбаланд созам, то шумо ҳама қувваю имкониятатонро сарфи дастрас намудани ин ҳадафи ба Худованд маъқул намоед. Мо дар давраи гузариш зиндагӣ мекунем ва ман медонам, ки танҳо одамоне, «�ки Худои худро мешиносанд, қавӣ шуда амал хоҳанд кард» (Дониёл 11:32). Вақти он расидааст, ки Калисо Каломи ҳаётро дар байни ин ҷаҳони фосиқу ҷиноятпеша баланд бардорад. Бигузор Худованд ба шумо дидани он чиро, ки Ӯ мехоҳад дар ҳаётатон тавассути омӯзиши индуктивии Библия амалӣ созад, имконпазир намояд ва барои дидани ин ҳама ба шумо пуртоқатиро ато намояд. Худованд мададгоратон бошад! Ва Ӯ шуморо аз тасаввуроти дар орзуҳоятон мекардагӣ бештар истифода барад. КЕЙ АРТУРХушбахтӣ ва арзиши омӯзиши индуктивӣБиблия тарзе навишта шудааст, ки агар ҳар касе хоҳад донист, ки Худованд кист ва чӣ тавр бояд зист, то ин ки мақбули Ӯ гашт, метавонад Каломи Ӯро хонда, инро баҳри худ кушод. Худованд мехоҳад, моро ба Худ наздик гардонад. Ӯ мехоҳад баҳри мо Падар бошад. Вале барои ин ба Худо лозим аст бо мо гап занад. ӯ мехоҳад ба мо шарҳ диҳад, ки Ӯ Кист ва мо чӣ тавр метавонем ба ӯ наздик шавем. Ба ғайр аз ин Ӯ мехоҳад, мо фаҳмем, ки чӣ баракатест дар итоати Каломи Ӯ зистан ва оқибати саркашӣ аз Каломи Ӯ ба чӣ оварда мерасонад. Ӯ мехоҳад, мо ҳақиқати ҳаётро ва он чиро, ки дар оянда моро интизор аст, дарк намоем. Библия ба мо ҳама чизи оид ба ҳаёт зарурро хабар медиҳад. Бинобар ин дӯстони ман мустақилона омӯхтани он бисёр муҳим аст. Бисёр усулҳои омӯзиши Библия кор карда баромада шудааст, бисёр воситҳои таълимии олиҷаноб барои тадқиқотҳои китобҳои библиявӣ чоп гаштаанд. Вале ҳама вақт чизи аз ҳама муҳимро бояд дар хотир нигоҳ дошт: барои донистану фаҳмидани он ки Библия алалхусус чӣ мегӯяд, он гуфтаҳо чӣ маънӣ доранд ва ононро дар ҳаёти худ чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст, онро мустақилона бояд хонд. Беҳтарин усусли ба ин муяссар гаштан тадқиқ намудани Библия ба воситаи усули индуктивист. Омӯзиши индуктивӣ ба шумо намегӯяд, ки хусусан ин ё он матни Библия чӣ маъно дорад ё шумо чиро бояд бовар намоед. Ба ҷои ин ӯ ба шумо усули омӯзиши Каломи Худовандро медиҳад, ки онро метавонед ба ҳар матни Навиштаи Муқаддас дар ҳар вақт то охири ҳаёти заминиатон истифода баред. Талаботи асосӣ барои доро гаштан ба усули индуктивии омӯзиши Библия- ин омода будан ба паст намудани суръати машғулят ва муайян намудани он ки дар ҳақиқат Навишта чӣ мегӯяд, мебошад. Шояд ин ба шумо начандон душвор намояд, вале дар замони мо – «замони суръати баланд», ин қисми аз ҳама душвортарини ҳамаи равандҳост. << Дарсҳои рӯҳонӣ |