Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзиши Библия барои Ш - 1

Download
  ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ БАРОИ ШОГИРДОН

Зинаи – 1





МУНДАРИҶА


САРСУХАН �������������������.4

МАРҲАЛАИ ЯКУМ: Аз Нав Таваллуд Шудан ва ҳаёти

Ҷовидонӣ����������.5



МАРҲАЛАИ ДУЮМ: Ток ва Шохҳо�������..11

 


МАРҲАЛАИ СЕЮМ: Бо Рӯҳулқудс Будан�����17



МАРҲАЛАИ ЧОРУМ: Аъзоёни Калисо������..23



МАРҲАЛАИ ПАНҶУМ: Аъкомҳо ва Ваъдаҳои Дуо��29



МАРҲАЛАИ ШАШУМ: Шири Рӯҳони ва Инкишоф�..35



МАРҲАЛАИ ҲАФТУМ: Итоаткорӣ ва Фармонҳои ғайри

итоат �����������41



МАРҲАЛАИ ҲАШТУМ: Монеъаҳо барои шаҳодатдиҳӣ.47



МАРҲАЛАИ НӮҲУМ: Номи Олии Худованди ҷаҳон..51



МАРҲАЛАИ ДАҲУМ: Шиносоӣ бо талантҳо����59




САРСУХАН

Онҳоеро ки Исоро пайравӣ мекунанд “Шогирдони Масеҳ” меноманд. Исо ба мо чунин фармон дод: “Биравед, ва ҳамаи халқҳоро шогирдони худ гардонед”. Ин маводи омӯзишӣ барои он тартиб дода шудааст, ки Масеҳиёнро роҳнамоӣ кунад, то ин ки онҳо шогирдони пухта шаванд ва инҷилро ба тамоми халқҳо паҳн кунанд. Барои ин омӯзиш мо чунин шиор дорем “Шогирдони Масеҳ будан барои Инкишоф” ва мундариҷаи ин китоб ба таври мувашшаҳ тартиб дода шудааст. Мундариҷаи ин омӯзиш чунин аст:


  1. Масеҳӣ Будан

  2. Шогирдӣ

  3. Меваи Рӯҳулқудс

  4. Калисои Масеҳ

  5. Худо ва Дуо

  6. Омӯзиши Библия

  7. Итоаткорӣ

  8. Шаҳодат ба ин ҷаҳон

  9. Сипосгузорӣ ва ҳамду Сано

10. Ҳаёти муқаддасона ва Садоқат


Ин китоб панҷ зинаро дар бар мегирад. Ҳар зина дар навбати худ ба 10 марҳала бо даҳ мавзӯҳои гуногун ҷудо шудааст. Чун зинаҳо рушд меёбанд, дараҷаи омӯзиши Библия ва садоқати шумо низ амиқтар мешавад.


Ин китоб “Маводи муҳими Омӯзиши Библия” аст. Барои бар тибқи мундариҷаи библиявӣ кор кардан, мо дар ҳар боб ба порчаҳои муайяни библиявӣ диққатамонро менигаронем ҳамчунин истифодаи порчаҳои библиявиро, ки дар ҷойҳои гуногуни Библия ҳастанд кам мекунад. Чун шумо Библияро тавасути ин мавод меомӯзед, мо дуо мекунем, ки дониши шумо дар бораи Библия афзун гардад ва ҳаёти шумо ба тарзи шогирдии ҳақиқӣ ба Исо табдил гардад.


Апрел 1992, Шогирдӣ барои Исо


МАРҲАЛАИ АВВАЛ (МАСЕҲӢ БУДАН)



АЗ НАВ ТАВАЛЛУД ШУДАН ВА ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ



Порча аз Библия: Юҳанно 3:1-21


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 3-16


САРСУХАН


Ҳаёти ҷовидонӣ чист? Ҳаёти ҷовидонӣ на танҳо чизи оддиест, ки абадан вуҷуд дорад. Ин на танҳо чизест, ки мо баъди марги ҷисмонӣ ба он ноил мешавем. Ин ҳаёте аст, ки мо Худоро бисёртар медонем, чунки мо ба Исо боварӣ дорем. Ин ҳаётест, ки мо аз он ҳоло ва ин ҷо лаззат мебарем. Мо бояд ҳозир аз ҳаёти ҷовидонӣ лаззат барем ҳамчуноне мо худамонро ба Ихтиёри Исо месупорем ва ба Худо оштӣ кунем.


Ҳаёти ҷовидонӣ баъди марги ҷисмонии инсон сар намешавад. Марги ҷисмони ба мо ҳаёти ҷовидонӣ намедиҳад. Ин марги ҷисмонии инсон нест, ки сабаби зиндагӣ дигар мешавед. Сабаби ин Исои Масеҳ аст. Агар мо ба худамонро ба Исо супорем, мо рӯҳан аз нав таваллуд мешавем ки ин натиҷаи фаъолияти Худо мебошад.


Агар мо аз сари нав рӯҳан таваллуд ёбем, мо офаридаи нав ҳастем. Чизҳои қӯҳна аз байн мераванд ва мо нав мешавем. Чун ҳар яки мо фарзанди Худо мешавем, мо ба Малакути Худо таалуқ хоҳем дошт ва ӯ ба мо ҳукм меронад. Ва дар натиҷа мо оламро дӯст медорем чуноне ки Худо дӯст медорад. Мо низ шинос кардани Исо ва ҳаёти ҷовидониро ба дигарҳо сар мекунем, ҳамчуноне касе ин корро бо ту кард�


АЗ НАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. АСРОРИ АЗ НАВ ТАВАЛЛУДШАВӢ (3:1-15)


  1. Ниқӯдимус кист (1)?



  1. Эътирофи Ниқӯдимус ва ҷавоби Исо кадомҳоянд (2-3)?


Ниқӯдимус (2):


ҷавоби Исо (3):


  1. Саволи Ниқӯдимус ва ҷавоби Исо кадомҳоянд?


Ниқӯдимус (4):


Исо (5):


(6-7):


(8):



  1. Саволи Ниқӯдимус ва ҷавоби Исо кадомҳоянд?


Ниқӯдимус (9):


Исо (10):


(11-12):


(13-14):


(15):



Дар ин порча ду чиз бояд рӯй диҳанд. Якум, инсон бояд аз нав таваллуд ёбад, ва дуюм, Исо ба боло бардошта мешавад (3:7, 14). (ҳар дӯи онҳо дар тарзи мафъул (passive voice) омаданд ва дар он предмет он нест ки амал мекунад. Оё дар ин ҷо ягон чизи дигаре ҳаст ки мо метавонем ба ҷо овард?



2. МАҚСАДИ ОМАДАНИ ИСО ( 3:16-21)


  1. Чӣ хел муҳаббати Худо нишон дода шудааст, ва чаро Худо Писари ягонаашро фиристод (16)$


16 (а):


16 (b):



2) Исо кист? Чӣ хел муносибати кас ба Исо ба қисмати ӯ

иртибот дорад (17-19)?




3) Сабабҳои нобоварии инсон ба Исо кадомҳоянд (20-21)?



ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ


  1. Ибораи “Агар шумо аз нав таваллуд нашавед�” дар Библияи Юнонӣ дар замони тарзи мафъул омадааст. Ин барои Ниқӯдимус, фарисӣ чӣ маънӣ дошт?




  1. Порчаи “Худо ҷаҳонро чунон дӯст медорад�” Ба Ниқӯдимус, ки яҳудӣ буд чӣ маънӣ дошт?




  1. Феъли “имон овардан” дар “ҳар ки ба ӯ имон оварад ҳаёти ҷовидонӣ ёбад” дар Библияи Юнонӣ дар сифати феълӣ омадааст. Ин “амали давомдор”-ро мефаҳмонад ва маънои “Вобаста будан”-ро дорад. Ин ба Ниқӯдимус, ки фарисӣ ва ҳукмрони Яҳудӣ буд чӣ маънӣ дошт?



  1. Шумо ба Василаи файз наҷот ёфтед. Номгӯи он чизҳоеро, ки “наҷот ба василаи файз”-ро таълим медиҳанд, бигӯед.



  1. Торикӣ аз рушнои нафрат дорад. Калисо ва шумо рушноии ин ҷаҳон ҳастед. Вазифаҳои рушноӣ чиҳо ҳастанд, ва чӣ хел ин вазифаҳо ба мо ҳамчун “рушноии ҷаҳон нисбат дода шаванд?”



Н А Т И ҶА

Баъди анҷом додани ин марҳала шумо кадом дархостҳо доред? Онҳоро нависед.


1.


2.


3.



МАРҲАЛАИ ДУЮМ (ШОГИРДӢ)



ТОК ВА ШОХҲОИ ОН


Порча аз Библия: Юҳанно 15:1-27


Оят барои дар хотир доштан: 15:5



САРСУХАН


Шумо Исои Масеҳро ҳамчун Худованд пазируфтед ва шогирдони Исо шудед. Шогирдони ҳақиқӣ онҳое ҳастанд, ки таълимоти устодашонро қабул мекунанд, ба фармонҳои ӯ итоат мекунанд ва ӯро пайравӣ мекунанд. Шумо аллакай зиндагии шогирди Исоро бо қабул кардани таълимоти Ӯ ва Ӯро пайравӣ кардан сар кардед.


Ҳаёти Исо ин ҳаёт ба сӯи салиб буд. Чун зиндагии Исо пур аз ранҷу мушкилӣ буд, ҳамчунин шогирдони ӯ низ ин роҳи ранҷу мушкилиро бояд тай кунанд. Ин тарзи муқаррарии ҳаёт барои онҳое мебошад, ки Ӯро пайравӣ мекунанд. Ҳеҷ шогирд қобили паси сар кардани ин мушкилиҳо мебошад. Чӣ хел шумо ин роҳро паси сар мекунед?


Мисоли Ток ин мисол барои шумо, ки зинаҳои шогирдиро пайравӣ мекунанд. Ин мисолро омӯзед, нуқтаи асосиро аз худ кунед, то ин ки дар шогирдиатон ба пирӯзӣ коил шавед. Бигузор шумо ки шогирди Исо гардидед ҳамеша шоду хурсанд бошед.



Азназаргузаронии порча



  1. МУНОСИБАТ БАЙНИ ИСО ВА ШОГИРДОН (15:1-11).


  1. Дар мисоли Ток, чӣ ибораҳои зерро мефаҳмонад?


Токи ҳақиқӣ (1):


Токдор (1, 2):


Шохҳо бурида партофта шуданд (2):


Шохҳо дар ток (2):

  1. Бороварии мева аз тарафи шохҳо чиро мефаҳмонад (2)?

(Юҳанно 12:20-25)


  1. Бо кадом восита одамон метавонанд рӯҳан пок шаванд

(3)?


  1. Кадом дарсҳоро оид ба мондан дар Исо метавон аз худ

кард (4-7)?


  1. Натиҷаи меваи фаровон овардан чист (8)?


  1. Роҳҳои дар Исо мондан кадомҳоянд? Натиҷаҳояшон кадомҳоянд?


Роҳ (10-13):


Натиҷа (11-15):


7. Чаро Исо моро интихоб кард (16-17)?




  1. МУНОСИБАТ БАЙНИ ШОГИРДОН ВА ҶАҲОН (15:18-27)


  1. Ҷаҳон бо шогирдони Исо чӣ мекунад (18а)?



  1. Чаро ҷаҳон аз Исо ва шогирдонаш нафрат мекунад?

Шогирдон (19):


Исо (22-25):



  1. Кадом чизҳоро дар хотир бояд дошт вақте ки ин ҷаҳон аз онҳо нафрат дорад (18-21)?


(18):


(20а):


(20b –21):



  1. Баъди сууди Исо чӣ рӯй дод (26а)?



  1. Рӯҳулқудс ва шогирдони Исо чӣ кор мекунанд (26 b –27)?

Шохҳои як дарахт зиндагии якхела доранд. Шогирдони Исо киҳо ҳастанд, ки шумо мехоҳед бо онҳо зиндагиро бо ҳам бинед. Дӯсте дур аз хонаи худ, ҳамсояи камбағал, мӯйсафед, ё кампири якка, рафиқе дар касалхона� Бо ҳам дидани чизҳои хуб байни шохҳо ин ҷараёни ногузири муҳаббат мебошад, ончуноне шира аз шохе ба шохе дигар ҳаракат мекунад.


ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ



  1. Мақсади ҳаёти шумо чист? Оё он мева ба бор меорад, вақте шумо шогирдони дигарро дӯст медоред? Агар шумо мақсадҳои дигар доред, пас онҳо кадомҳоянд?




  1. Кадом чизҳоро шумо метавонед барои дӯстӣ қурбонӣ кунед? Фоидаи амалие ки шумо метавонед аз ин

худ-қурбонкунӣ гиред кадом аст?




  1. Агар шумо дӯстии ҳақиқиро бо дигарон дар Масеҳ бо ҳамдигар мебинед, шумо хурсанд хоҳед шуд. Оё шумо ба василаи дӯстии ҳақиқӣ хурсанд ҳастед?




  1. Кадом ҷузъҳои умумӣ байни шохи партофташуда ва шохи пок кардашуда ҳастанд. Чӣ хел мо шохи поккардашударо аз шохи бурида партофта шуда фарқ мекунед?




  1. Оё аз сабаби шогирди Исо будан шумо ягон ранҷро аз сар гузарондед? Оё ҳангоми ранҷ шумо дар хотир доштед, ки Исо бо шумо аст? Нақл кунед.



НАТИҶА



Вақте ки шумо ин марҳаларо хондед, нақшаи шумо барои дархостҳо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.




МАРҲАЛАИ СЕЮМ (МЕВАИ РӮҲУЛҚУДС)


БО РӮҲ БУДАН


Порча аз Библия: Ғалотиён 5:13-6:10


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: Ғалотиён 5:16



САРСУХАН


Рӯҳулқудс ин Пуштибон аст, ки онро Худо ба мо баъди сууди Исои Масеҳ фиристод. Рӯҳулқудс қувваи ғайримаълуми рӯҳонӣ нест. ӯ шахсест бо ақл, ҳиссиёт ва ирода ( Аъмол 13:2, 1 Қӯринтиён 2:10-13, 12:11, Эфсӯсиён 4:30). Рӯҳулқудс Худо аст ва бо Падар ва Писар мавҷудият ва вазъияти (статус) баробар дорад. Падар, Писар ва Рӯҳулқудс воҳид будани Худоро ифода мекунад, ҳамчуноне бо номи (на номҳо) Худо дар Матто 26:19 нишон дода шудааст.


Пеш аз омадани Рӯҳулқудс, шогирдони Исо амр дода шуданд, ки ҳеҷ коре накунанд. Онҳо қобил набуданд ягон кореро иҷро кунанд ва онҳо то фаро расидани рӯзи қувватгири аз олами боло Рӯҳулқудсро интизор шавед. Исо хуб медонист, ки шогирдонаш бе ёрии Рӯҳулқудс ҳеҷ коре карда наметавонанд. Дар чунин ҳолат шумо ҳамчун Масеҳӣ бе ёрии Рӯҳулқудс ҳеҷ коре карда наметавонед.


Рӯҳулқудс дар ҳар имондор аст, ва дар байни онҳо аст (Юҳанно 14:16-17). Аз сабаби он ки Рӯҳулқудс бо мост мо метавонем корҳои бузургтаре кунем аз он корҳое ки Исо намоиш дод. Дар шумо Рӯҳулқудс бо қудрати беохир мебошад. ӯ мехоҳад ба василаи шумо кор карда ин ҷаҳонро ба Худо оштӣ диҳад. Оё шумо аз ӯ вобастагӣ доред?



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. ДАЪВАТИ МАСЕҲИЁН (5:13-15)


  1. Ин порча дар бораи даъвати масеҳиён чӣ мегӯяд (13)?



  1. Дар бораи чӣ ин порча нақл мекунад то ин ки кас ба даъват ҷавоб диҳад?


Талаби шариат (14):


Огоҳӣ аз несту нобуд шудан (15):


Мафҳуми “ҷисм” аз нигоҳи Павлус ягона ҳаст. Барои ӯ “ҷисм” шахсест, ки ирода дорад. Баръакси кори Рӯҳулқудс, ҷисм одамонро гуноҳкор мекунад. Он рӯи мардумро аз Худо мегардонад. Онҳое, ки аз паси ҷисм мераванд худ-параст мешаванд ва осон дигарҳоро фиреб мекунанд. Онҳо ҳамчунин роҳҳои шаҳватро пайравӣ мекунанд ва аз паси боигарии инҷаҳонӣ ва ҷалоли нодаркорро мераванд.


  1. ҲАВАСҲОИ ҶИСМ ВА ҲАВАСҲОИ РӮҲУЛҚУДС (5:16-26)


Онҳое ки қудрат ва мавҷудияти Рӯҳулқудсро аз сар намегузаронанд дар ботинашон ҳамеша муноқиша ҳаст. Онҳо намедонад бо гуноҳ чӣ кунанд чунки онҳо гуноҳ мекунанд ҳарчанд онҳо аз гуноҳ нафрат доранд, ва мехоҳанд кори хуб кунанд. Зери ин муноқишаҳо Павлус гуфт: Ман одами нотавон ҳастам! Кӣ маро аз ҷисми ин марг озод мекунад?”


  1. Ин порча дар бораи муноқишаи масеҳиён чӣ мегӯяд? Роҳи ҳали он чист?


Муноқиша (17):


Роҳи ҳал (16, 18):

  1. Корҳои ҷисмро номбар кунед (19-21)?



  1. Меваи Рӯҳулқудс чист (22-23)?



  1. Хусусиятҳои онҳое, ки ба Масеҳ таалуқ доранд чист (24-26)?



  1. МУНОСИБАТИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ ДАР КАЛИСО (6:1-10)


  1. Чӣ хел одами рӯҳонӣ бо одаме, ки гирифтори хато мебошад муносибат кунад (1-5)?


  1. Чӣ хел Масеҳӣ дар калисо бо аъзоёни дигари калисо муносибат кунад (6, 10)?


  1. Огоҳиҳо аз ҷисм кадомҳоянд, ва мулоҳизаҳо дар бораи Рӯҳулқудс кадомҳоянд (7-9)?


Огоҳиҳо (7-8а):


Мулоҳизаҳо (8b -9)


Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандагонро дар ҳар нозу неъмат шарик созад� Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ” (Ғалотиён 6:6, 10). “Шарик кардан” аз шакли феълии “Коиниа” омадааст. Маънои “Коиниа” дӯстӣ, иштироккунӣ, ёрӣ, ҳамкорӣ мебошад. ҳамчунин он маънои бо ҳам дидани маводҳо ва муносибати наздикро дорад. Онҳое ки Рӯҳулқудсро хурсанд мекунанд Коинониаро ба ҷо меоранд. Рӯҳулқудс бо мақсади кардани Коинониа омадааст.




ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ



  1. Кадом сифатҳои меваи Рӯҳулқудсро шумо надоред? Ба фикри шумо сабаби набудани ин сифатҳо чист? Чӣ хел шумо ин сифатҳоро рушд медиҳед?




  1. Норасоии меваи Рӯҳулқудс маънои фаровонии кори ҷисм мебошад. Кадом корҳои ҷисмро ба шумо зарур аст аз худ дур кунед. Сабабҳои фаровонии кори ҷисм чист?



  1. Дар зиндагии онҳое, ки меваи Рӯҳулқудс доранд чиро мебинед? Дар ҳаёти калисои онҳо чӣ рӯй дод?



  1. Байни кори хуб кардан ба имондорон ва Рӯҳулқудс ягон муносибат ҳаст ё не? Буҷаи шумо барои додани садақа дар калисои шумо чанд аст? Оё шумо Буҷаи махсус барои корҳои таблиғотӣ ва садақа доред?



НАТИҶА


Нақшаҳои шумо баъди омӯхтани ин марҳала


1.


2.


3.



МАРҲАЛАИ ЧОРУМ (КАЛИСОИ МАСЕҳ)


АЪЗОЁНИ КАЛИСО


Порча аз Библия: 1 Қӯринтиён 12:1-31


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 1 Қӯринтиён 12:4-7


САРСУХАН


Аз он даме, ки шумо ба Исо имон овардед, шумо офаридаи нав шудед ва ҳаёти навро сар кардед. Шумо акнун бо Худо дар сулҳу оштӣ ҳастед ва фарзанди ӯ гардидед. Сабаби ҳамаи инҳо Исои Масеҳ аст. Муносибат байни шумо ва исо ба монанди муносибат байни ток ва шохҳояш мебошад. Исо ток ва шумо “шохҳои” ӯ мебошед. Худо мехоҳад шумо дар ӯ бимонед ва бор оваред.


Рӯҳулқудс дар шумо ҳаст ва з-ин сабаб шумо бояд ба мисли шохи ток меваи фаровон бор оваред. Агар шумо бо Рӯҳ бошед шумо меваи фаровон ҳосил мекунед. Худо калисоро ташкил дод, ки шумо меваи фаровон бор оваред. Калисо ҷисми органикӣ (фарзандони Худо) мебошад, ки аз шохҳои Ток (Исои Масеҳ) иборат мебошад. Дар ин калисо, фарзандони Худо якҷо дар бародарӣ ҷамъ мешаванд ва ба якдигар ғамхорӣ мекунанд.


Барои он ки фарзандони Худо ба ҳамдигар ғамхорӣ кунанд ӯ ба онҳо Бахшоишҳои махсус тақдим кард. Инҳоро Бахшоишҳои рӯҳонӣ меноманд. Шумо аз Худо кадом Бахшоиши рӯҳониро гирифтед? Агар шумо аз ин Бахшоишҳои рӯҳонӣ бохабар нестед, шумо дар ҳаёти калисоятон мушкилие доред.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. БАХШОИШҲОИ РӮҲУЛҚУДС (12:1-11)


  1. Павлус нисбати бахшоишҳои рӯҳонӣ чӣ фикрҳо дорад (1)?


  1. Ба одамон кӣ ёрӣ медиҳад, ки Исоро “Худованд” гӯянд (2-3)?


  1. Библия дар бораи Рӯҳулқудс, Исо, Худо ва бахшоишҳои рӯҳонӣ чӣ таълим медиҳад (4-6)


  1. Дар бораи бахшоишҳои рӯҳонӣ таълим гирифтан чист (4-7)?


  1. Якчанд бахшоишҳои рӯҳонӣ ва васиятҳоро нависед.


  1. Бар тибқи иродаи кӣ бахшоишҳои рӯҳонӣ дода мешаванд (11)?



Дар забони юнонӣ бахшоишҳои рӯҳониро “каризма” (charizma) меноманд. Маънояш “бахшоише, ки бо файз дода шудааст”, мебошад. Феъли ин калима маънии “пур шудан аз шодӣ” ва исм маънои “зебоги”-ро дорад. Агар шумо бахшоишҳои рӯҳониро истифода баред, шумо фаровонии шодию хурсандиро аз сар мегузаронед ва шумо зебогии ҳаётатонро нишон медиҳанд.


  1. МУҚОИСА БА ҶИСМ (12:12-31)


Павлус калисоро бо ҷисми одам муқоиса мекунад. Чун дар як ҷисм дасту пойҳо ҳастанд, ҳамчун дар калисо низ узвҳо ҳастанд. Калисо аз одамони гуногун иборат мебошад ки бахшоишҳои рӯҳонии гуногунро доро ҳастанд.



  1. Ин порча дар бораи ҷисм ва узвҳои он чӣ меомӯзад (12-14)?


ҷисм:

Узвҳо:



  1. Кадом огоҳиҳо ба узвҳои гуногун дода шудаанд (15-21)?


(15-16):

(21):



  1. Кадом дилбардориҳо ба аъзоёни дар ҷисмашон нуқсдошта дода шудаанд?


(17-20):

(22-24):



  1. Мақсад аз ташкилкунии як ҷисм бо узвҳои гуногун чист?


(25 а):

(25 b):

(26-27):



  1. Ба онҳое ки нисбати одамони бо бахшоишҳои рӯҳонӣ ва васиятҳои ҳисси бадбинӣ доранд ё рашку ҳасад доранд кадом дарсҳо дода шудаанд (28-30)?




  1. Кадом бахшоиши рӯҳониро зарур аст, ки ҳамаи аъзоён дошта бошанд (31)? Чаро ӯ ба мо мегӯяд, ки мо бояд бахшоиши аз ҳама беҳтар, “муҳаббат”-ро дошта бошем?



ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ



  1. Бахшоишҳои рӯҳонӣ ба ҳар имондор тақдим мешаванд. Кадом бахшоишҳои рӯҳонӣ шумо пазируфтед? Чӣ хел шумо бахшоиши рӯҳонии худатонро ошкор кардед? Кай ва чӣ хел шумо бахшоишҳои рӯҳониатонро истифода мекунед?



  1. Чаро “бахшоишҳои рӯҳониро” ҳамчун “намоиши Рӯҳулқудс” тасвир мекунанд?



  1. Ба фикри шумо сабаби чунин изҳор кардан, ки навъҳои гуногуни бахшоишҳои рӯҳонӣ вуҷуд доранд, вале онҳоро як Худо медиҳад дар чист? Кадом сабақро аз далели он ки Рӯҳулқудс бахшоишҳои рӯҳониро мувофиқи иродаи худ медиҳад, метавон омӯхт?



  1. Дар кадом ҳолатҳо шумо мебинед, ки аъзоёни калисо аз сабаби бахшоишҳои рӯҳонӣ ягон нуқсонӣ доранд ё бартарӣ доранд? Чӣ тарз кас метавонад аз ин ҳолатҳо озод шавад?



  1. Мақсади тақдими бахшоишҳои рӯҳонӣ ба ҳар аъзои Калисо ин инкишофи онҳо мебошад. Аъзоён кӣ ҳастанд, ки ба шумо зарур аст онҳоро ғамхорӣ намоед? Бо киҳо шумо метавонед ҷалоли Худоро бо ҳам бинед?



  1. Ба шумо кӯмаки онҳое, ки бахшоиши рӯҳонии фарқ аз шумо доранд, лозим аст. Кадом бахшоиши рӯҳонии махсус ин ҳаст? Кӣ ин бахшоиши рӯҳониро дорад?





НАТИҶА


Нақшаҳои шумо баъди хотимаи ин марҳала кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.



1.


2.


3.




МАРҲАЛАИ ПАНҶУМ (ХУДО ВА ДУО)



АҲКОМ ВА ВАЪДАҲОИ ДУО



Порча аз Библия: Матто 6:5-34


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 6:33



САРСУХАН


Дуо на танҳо ибодати Масеҳиён ҳаст. Дуо ин гуфтугӯ байни Худо ва фарзандони ӯ мебошад. Ба василаи Исо мо бо Худо сулҳу оштӣ шудем ва ба номи Исои Масеҳ мо пеши Худо мерасем. Исо Худаш гуфт ва Моро дуо кардан ёд дод.


Биталабед ва ба шумо дода хоҳад шуд; ҷустуҷӯ кунед ва шумо хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, ва он ба шумо кушода хоҳад шуд. ҳар касе ки металабад мегирад, ва ҳар касе, ки ҷустуҷӯ мекунад меёбад, ва ҳар касе, ки дарро мекӯбад он боз хоҳад шуд.


Ё чӣ хел одамест, ки фарзандаш аз ӯ бурдаи нон мепурсаду ӯ сангаш бидиҳад? Ё ӯ моҳие аз ӯ биталабад в море ба вай бидиҳад? Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас падари шумо, ки дар Осмон аст, ба онҳое ки аз ӯ металабанд, чанд маротиба чизҳои нек хоҳад дод (Матто 7:7-11).


ҳоло шумо даҳонатонро мекушоед ва дуо мекунед. Дуо ин гуфтугӯ бо Падар мебошад. Баъди аз худкунии ин дарс, бигузор ҳаёти шумо ҳаёти ибодатиатро инъикос кунад. Бигузор шумо писар ва духтари Худо шавед, ки дар ниҳон бо Падари дар осмон гуфтугӯ кунед.



АЗ НАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. ОГОҲИҲО НИСБАТИ ДУО (6:5-8)


1) Аввалин огоҳӣ ва тавсияи Исо кадомҳоянд (5-6)?



2) Огоҳии дуюм кадом аст, ва чаро ӯ чунин гуфт (7-8)?



  1. ДУОИ ХУДОВАНД (6:9-13)


  1. Ба кӣ дуо кунем (9а)?


  1. Дар бораи чӣ мо аз ҳама пеш дуо кунем (9 b -10)?


  1. Кас дар бораи худ чиро дуо кунад (11-13)?


  1. Вақти дуо кардан чиро мо бояд донем (13 б)?



  1. АҲКОМҲО ДАР МУНОСИБАТ БА ДУО (6:14-34)?


  1. Дар бораи бахшиш чӣ таълим дода шудааст (14-15)?


  1. Дар бораи рӯза кадом тавсияҳо дода шудааст (16-18)?


  1. Кадом огоҳӣ ва тавсия нисбати боигариҳои ин ҷаҳон ҳастанд? Сабабҳои онро гӯед



Огоҳӣ (19)


Тавсия (20)


Сабаб (21, 24)



  1. Кадом манъ доир ба хӯрдан, нӯшидан ва пӯшок нишон дода шудааст? Сабабашро гӯед. Аз ду тасвири матн кадом сабақро гирифтед?



Манъ (25, 31):


Сабаб (27, 32):


Тасвир: Мурғони ҳаво


Тасвир: Савсанҳои саҳро




  1. Мақоми аввали дуо чист? Фоидаи итоат ба Каломи Худо чист (33-34)?



Калимаи юнонии “хавотир будан” калимаи таркибии “ ҷудо кардан” ва “тафаккур” мебошад. Агар тафаккури шахс байни Худо ва ҷаҳон ҷудо шудааст, ӯ хавотир мешавад. “Адолат” калимаи муносибат мебошад. Агар кас бо Худо муносибати муносиб дорад, ва аз Ӯ вобастагӣ дорад ин адолати инсонӣ мебошад. Агар Худо онҳоеро ки аз Ӯ вобастагӣ доранд ҳифз ва таъмин мекунад ин адолати Худо мебошад. Тафаккури мо набояд байни Худо ва ин ҷаҳон ҷудо шавад, ва мо бояд аз Ӯ вобаста бошем, ва аз Ӯ талаб кунем, ки зарурияти моро таъмин кунад. Мо набояд дар хавотир бошем: беҳтараш мо бояд адолати Худоро биҷӯем.




ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ



  1. Мисолҳои раванди моро дар дуои ҳаррӯза бо такроркунии бемаънӣ нишон диҳед.



  1. Кадом чизҳо дар дуои Худованд ҳастанд, ки ба одамон маъқул нестанд ё барояшон иҷро кардани онҳо душвор аст? Дар бораи шумо чӣ?



  1. Дар партави мундариҷаи дуои Худованд, чӣ хел шумо дуоятонро дигар мекунед?



  1. Шумо боигариатонро дар куҷо нигоҳ медоред? Оё шумо метавонед гӯед, ки Худоро дӯст медоред?



  1. Чаро Худо дар бораи хавотир будан ин хел дарсҳои бисёрро додааст? Чӣ шуморо бисёртар дар хавотир андохтааст? Оё шумо дар бораи хӯрок, пӯшок, хона, ё боигариҳои инҷаҳонӣ дар ташвиш ҳастед?



  1. Чӣ кор шумо мекунед, то ин ки ҳаёти ибодатиатонро бой кунед? Вақти дуо ва ҷои дуоро ки шумо ниҳонӣ метавонед дуо кунед нишон диҳед.




НАТИҶА


Нақшаҳои шумо баъди хотимаи ин марҳала кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.



1.


2.



3.




МАРҲАЛАИ ШАШУМ (Омӯзиши Библия)



ШИРИ РӮҲОНӢ ВА ИНКИШОФ (нашъунамо)



Порча аз Библия: 1 Петрус 1:18-2:12


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 2:2



САРСУХАН


Вақте ки шумо Исоро вохӯрдед ва ба Ӯ имон овардед, ҳамаи гуноҳҳои шумо бахшида шудаанд. Шумо фарзанди Худо гардидед ва ба шумо ҳамчун фарзанди Худо имтиёзҳо дода шуданд. Яке аз имтиёзҳои муҳим он ҳаст, ки шумо бо Худо оштӣ шудед ва роҳи Худо бароятон кушода шуд. Тавассути дуо шумо метавонед назди Худо биёед. Шумо метавонед ӯро ба василаи дуо ҷалол диҳед. Ба василаи дуо, шумо метавонед ба гуноҳоятон иқрор шавед ва онҳо бахшида мешаванд, Худоро барои файзи Ӯ сипосгузорӣ намоед, ва ба Ӯ дар бораи зарурияти таъминот нақл кунед.


Худо ба воситаи Каломи Худ ба шумо иродаи Худро нақл мекунад. Чун шумо ба назди Худо дар дуои ниҳонӣ меоед, шуморо зарур аст иродаи ӯро биҷӯед ва бар тибқи Сухани ӯ ибодат намоед. Каломи Худо мактуби муҳаббати ӯ ба шумо мебошад: ин ғизо барои рӯҳи шумо. Чун шумо номаи ӯро мехонед ва ғизои рӯҳонӣ мегиред, имони шумо нашъунамо меёбад. Чун кӯдаки навзод муштоқи шири модараш аст, ҳамчунон шумо бояд муштоқи шири пок ва рӯҳонӣ бошед.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. КАЛОМИ ХУДО ВА ОМУРЗИШИ ИНСОН (1:18-25)


  1. Бигӯед чӣ хел шумо омурзиш ёфтед


ҳолати пеш аз омурзиш (18 а):


Воситаҳои омурзиш (18b-20):


Умеди нав (21):


Масъулияти нав (22):



  1. Ҳамаи ин тағийротҳо ба воситаи чизҳои бефано рӯй медиҳанд. Чизҳои бефано ва фаношаванди кадомҳоянд (23-25)?


Чизҳои фаношаванда:


Чизҳои бефано:



  1. ШИНОСИИ НАВ ВА КАЛОМИ ХУДО (2:1-12)?


  1. Насиҳат барои навимондорон кадомҳоянд? Мақсади ин насиҳатҳо чист (1-5)?


Насиҳати якум (1):


Насиҳати дуюм (2-3):


Мақсади насиҳат (2b – 5):



  1. Шахсияти нави масеҳиён чист (9-10)?


(9):


(10):



  1. Вақте ки Худо ба мо шахсияти нав дод мақсадаш чист

(9b –12а):


(9b):


(11):


(12а):



  1. Мақсади насиҳат чист (12b)?



Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед (2:2). “Муштоқ будан маънии “майл доштан” ё “орзу кардан”-ро дорад. Яъне шумо бояд Каломи Худоро орзу кунед, чуноне ки кӯдаки навзод бо иштиҳои нотамом муштоқи шири модар ҳаст.


Дар Аҳди ҷадид, танҳо халқи интихобгардида (Исроил) дар маъбад Худоро ибодат мекарданд, ва танҳо одамони интихобшуда (саркоҳинон) метавонистанд қурбонӣ тақдим кунанд. Дар давраи Аҳди қадим Худо байни онҳое, ки ба василаи имон ба Исои Масеҳ халқи Худо гардиданд зиндагӣ мекунад. Пас халқи Худо маъбади рӯҳонӣ (хонаи рӯҳонӣ) гардид. Ибодати маросимӣ дар Аҳди ҷадид дар Исои Масеҳ ва калисо, ки ба василаи имон халқи Худо гардиданд иҷро шуд.



ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ


  1. Иштиҳо ин барометри (ҳавосанҷ) саломатии кас мебошад. Иштиҳои шумо нисбати Худо чӣ хел ҳаст ва саломатии рӯҳонии шумо чӣ хел аст? Чизҳое, ки одамонро аз доштани майл нисбати Худо бозмедоранд кадомҳоянд? Монеъаи бузургтарин барои шумо чист?



  1. Оё наҷот тамом нашуд? Маънии “нашъунамо нисбати наҷот чист?



  1. Бисёр корчаллонҳо (бизнесменҳо)-и масеҳӣ дар ҷустуҷӯи боигарӣ ҳастанд то ин ки ба Худо бисёртар хизмат кунанд? Фикратон дар бораи ин чист?



  1. Чӣ хел шумо Каломи Худоро ба дигарон бо ваколати ҳамчун “коҳини шоҳӣ” меомӯзед?



  1. Барои омӯзиши Библия нақшаи муайян дошта бошед. Роҳҳои таъсирнок барои омӯзиши Библия кадомҳоянд?




НАТИҶА


Баъди хотимаи ин марҳала нақшаҳоятон кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.


МАРҲАЛАИ ҲАФТУМ (ИТОАТКОРӢ)


Итоат ба фармонҳои ғайриитоат



Порча аз Библия: Юҳанно 2:1-11


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 2:5



САРСУХАН


Каломи Худо барои нашъунамои рӯҳонӣ ҳатмист. Чун кӯдаки навзод муштоқи шир ҳаст, ва онро барои инкишофи ҷисмонӣ менӯшад, ҳамчунин кӯдакҳои рӯҳонӣ муштоқи Каломи Худо ҳастанд ва онро барои инкишофи рӯҳонӣ менӯшанд. Чун кӯдаки саломатиаш хуб иштиҳои қавӣ дорад, ҳамчунин масеҳии саломатиаш нағз ташнаи каломи Худост.


Вале фаҳмиши интеллектуалии (аклонӣ) Каломи Худо на ҳама вақт ба нашъунамои рӯҳонӣ анҷом меёбад. Онҳое, ки чизи омӯхташударо дар амал татбиқ мекунанд рӯҳан нашъунамо меёбанд. Онҳое ки ба Каломи Худо итоат мекунанд, ҳарчанд аҳкомҳои Худо мувофиқи табъи онҳо нестанд рӯҳан болиғ ва шогирдони ҳақиқии Исо мегарданд.


Масеҳиёни итоаткорро Худо нағз мебинад. Ӯ онҳоеро ки ба иродаи Ӯ итоат мекунанд ва аҳкоми Ӯро пайравӣ мекунанд ҷустуҷӯ мекунад. Ӯ ҷаҳонро ба шогирдони итоаткори Исо боварӣ мекунад. Бигузор шумо ҳам ба аҳкоми Худо итоат кунед ва муҳаббати Худоро чашед. Бигузор Худо шуморо дар роҳнамоии рӯҳҳои гумроҳшуда сӯи Худо баракат диҳад.


АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. МУШКИЛӢ ДАР ТӮИ АРӮСӢ (2:1-5)


  1. Дар тӯи арӯсӣ кадом мушкилӣ буд? Модари Исо чӣ кард (1-3)?



  1. Ҷавоби Исо чӣ буд, ва маънии он чист (4)? Дар бораи “соати ман” дар оятҳои зерин омадааст (Юҳанно 7:30, 8:20, 12:23, 27, 13:1, 17:1).



  1. Модари Исо ба хизматгорон чӣ гуфт (5)?



Вақте ки модари Исо аз Ӯ ёрӣ пурсид, Исо Ӯро “зан” номид ва гуфт: “Туро ба ман чӣ кор аст, эй зан? Соати ман ҳанӯз нарасидааст”. Дар Библияи юнонӣ чунин омадааст. “Ба ту чӣ ва ба ман чӣ? Ин гуфта барои тафсир хеле мушкил ҳаст. Кас метавонад онро аз ҷиҳати манфӣ тафсир диҳад, ки гӯё Исо ба модараш ёрӣ надод. Вале дар порчаи юнонӣ он маънои манфӣ надошт. Аз нигоҳи он ки модари Исо ба хизматгорон гуфт, ӯ инро бо маънии мусбӣ нафаҳмид.


Соати Исо ин вақти марги Исо, эҳёшавӣ ва сууди ӯст. То ҳамон соат, Исо бояд вазифаашро иҷро кунад. Вазифаи Ӯ он буд, ки ҷалоли Худро, ки Худо ба Ӯ дода буд ба халқ ошкор кунад, ва онҳо бифаҳманд ин Худо буд ки Исоро назди онҳо фиристод. Модари исо хост навхонадоронро аз мушкилӣ раҳо диҳад. Вале Исо дар нишон додани нишонаи табдили об ба шароб майл дошт, ва Ӯ ин ҳақиқатро, ки – “Худо ҷаҳонро чунин дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар ки ба ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад”.



Модари Исо ва Худи Исо майли якхела надоштанд. Тафсири Тиндал мегӯяд, ки ҷавоби Исоро беҳтар ҳаст чунин тафсир дод, ки Ӯ бо модараш як хел майл надорад.



  1. ҲАЛЛИ МУШКИЛӢ (2:6-10)


  1. Фармони аввали Исо чӣ буд, ва ҷавоби хизматгорон чӣ буд (6-7)?



  1. Фармони дуюми Исо чӣ буд ва ҷавоби хизматгорон чӣ буд (8)?



  1. Чӣ рӯй дод вақте ки хизматгорон фармони Исоро иҷро намудаанд (9-10)?



3. ИСО ВА ШОГИРДОНИ Ӯ (2:11).


  1. Исо дар маросими тӯй чӣ кор кард (11 а)?



2) Баъди он чӣ ҳол рӯй дод (11b)?


Нишонаи” мӯъҷиза ин исбот кардани баъзе ҳақиқатҳои рӯҳонӣ буд. Исо дар бораи соаташ хабардор буд. ӯ обро ба шароб табдил дода, мунтазири Рӯзи марги Худ буд. Ин нишона ҳақиқатро исбот мекунад, ки инсон ба василаи имон ва итоат ба Исо – оне ки дар салиб мурд наҷот ёбад.



ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ



  1. Сабақи асосӣ, ки ин дарс таълим медиҳад кадом аст? Барои онҳое, ки ба ӯ итоат мекунанд кадом баракатҳо ҳастанд?



  1. Оё сабабҳое ки хизматгоронро маҷбур мекарданд ба Исо итоат накунанд вуҷуд доранд? Онҳоро номбар кунед.



  1. Кадом фармоне ҳаст ки дар итоаткорӣ ба исо ба шумо монеъ мешавад? Сабабҳояш чист?



  1. Таҷрибаи “маросими тӯй дар қонон”-и шумо кай буд? Баъди наҷот ёфтан ба василаи имон ба Исо, шумо ҳамаи фармонҳояшро иҷро кардед?



НАТИҶА

Баъди хотимаи ин марҳала нақшаи шумо чист?


1.


2.


3.




МАРҲАЛАИ ҲАШТУМ (ШАҳОДАТ БА ҶАҲОН)


МОНЕЪАҲО БАРОИ ШАҲОДАТ



Порча аз Библия: Ғалотиён 4:12-15

2 Қӯринтиён 10:7-11, 11:5-6, 12:7-10


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 2 Қӯринтиён 12:9



САРСУХАН


Исо ба шогирдонаш гуфт, “биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед” (Матто 28:18-20). қадами аввал дар шогирдсозӣ шаҳодат мебошад. Исо ба шогирдонаш ваъда дод, ки онҳоро сайёдони одамон мекунад.


Павлус яке аз тарғибкунандагони бузурги Инҷил буд. Тавассути калисоҳо, ки ӯ ташкил дод, инҷилро ҳатто ба мо маъвиза кард. Вале, Павлус ҳам аз монеаҳои шаҳодат озод набуд. Бо вуҷуди ин ӯ тавонист монеаҳоро паси сар кунад ва маъвизаи инҷилро давом диҳад. Аз ин сабаб, имрӯзҳо мо аз баракати будани фарзанди Худо лаззат мебарам.


Мақсади ҳаётатон чист? Шумо метавонед монеаҳои шаҳодати шахсии худатонро гӯед, вақте ки шумо марҳалаҳои шогирдии Исоро гузаштед ва ин монеъаҳоро бо қудрати Исо паси сар кардед. Дар бисёр ҳолатҳо монеъаҳо ва мушкилҳо баракатеро, ки Худо ба мо медиҳад рӯпӯш мекунанд.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. МУШКИЛИИ ПАВЛУС ДАР ҒАЛАТИЮС (4:12-15)


  1. Сабаби маъвизаи инҷил аз тарафи Павлус чӣ буд (13)?



  1. Тибқи Павлус, ҷавоби Ғалотиён чӣ хоҳад буд (14а)?



  1. Ғалотиён ба павлус чӣ хел муносибат доштанд (14b-15)?



  1. МУШКИЛИИ ПАВЛУС ДАР ҚӮРИНТӮС (2 қӯР. 10:7-11, 11:5-6)


Павлус дар қӯринтӯс Калисоро созмон дод. Вале, дар калисо ҷудоӣ ба амал омад ва баъзе одамон ба Павлус муқобил баромаданд. Павлус ба онҳо нома навишт ва дар нома калисоро маломат намуд ва онҳоро насиҳат кард, ки таълимоти ӯро пайравӣ намоянд. Дар ин нома бисёр мушкилиҳои шахсии Павлус ва ошуфтагиҳои ҳиссии ӯ намоён шуданд.


  1. Тавоноии Павлус чист (10:10 11:5)?



  1. Заифии Павлус чист (10:10 11:6)?



Павлус мушкилии табиӣ дошт, ва дар маъвизаи инҷил ӯ душворӣ мекашид. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ шахсияти заиф дошт. ҷисми ӯ низ заиф буд. Тарзи сухангӯии ӯ он қадар хуб набуд ва аз ин сабаб ба шогирдонаш хандаовар буд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ маъвизакунандаи бузургтарин дар таърихи калисо буд. Чӣ хел ӯ мушкилиҳоро паси сар кард?


  1. МУШКИЛИИ ПАВЛУС ВА ҲАЛЛИ ОН (2 қӯР. 12:7-10)



  1. Чӣ тарз Павлус заифии худро тасвир мекунад (7)?



  1. Мақсади Худо дар заифии ҷисми Павлус чӣ буд (7)?



  1. Номгӯи равандҳо, ки Павлус бо онҳо масъалаи заифиашро ҳал кард:


Дуои самимона (8):


Ҷавоби Худо (9а):


Тағийротҳо дар ҳаёти Павлус


Хурсандӣ ва худситоӣ (9b):


Мақсади худситоӣ (9b):


Паҳншавии хурсандӣ (10 а):


Сабабҳои хурсандӣ (10b):


Калимаи “қудрат” дар забони юнонӣ динамус мебошад. Аз ин калимаи “динамит” баромадааст ки маънии маводи тарканда дорад. қудрати Худо дар ҳаёти масеҳӣ мақоми тарканда дорад. Ин қудрати тарканда он вақт намоён мешавад, ки шахси заиф аз Худо вобаста дошта бошад.




ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ


  1. Павлус аз сабаби заифӣ инҷилро маъвиза мекард. Чӣ хел ин фикри ғайримуқаррарӣ (парадокс) метавонад вуҷуд дошта бошад? Мисоли он ки касе аз сабаби заифии худ инҷилро маъвиза мекунад гӯед.




  1. Заифии шумо чист? Оё ин заифӣ дар шаҳодат ва таълимдиҳии Каломи Худо монеа мешаванд? Оё шумо ба монанди Павлус аз ин заифии худ худситоӣ мекунед?




  1. Агар шумо аз заифии худ шарм медоред ва, аз онҳо фахр намекунед, чӣ рӯй хоҳад дод? қудрати Исо шуморо тарк мегӯяд?




  1. Павлус тарафҳои қавӣ низ дошт? Онҳо кадомҳо буданд? Шумо низ аз ин нирӯ доред.




  1. Бисёр Ғалотиён Павлусро хуш пазируфтанд вале бисёр Қӯринтиён ӯро нафрат доштанд. Вале Павлус ҳамаи онҳоро дӯст медошт. Чӣ хел Павлус дар муҳаббат ғолиб омад?


НАТИҶА


Баъди анҷоми ин марҳала нақшаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.



1.


2.


3.



МАРҲАЛАИ НӮҲУМ (СИПОСГУЗОРӢ ВА ҲАМДУ САНО)



НОМИ БУЗУРГИ ХУДОВАНД ДАР ЗАМИН



Порча аз Библия: Забур 8


Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 8:1



САРСУХАН


Биёед Худоро якҷоя мадҳ кунем! Мадҳкунӣ ин корест ки халқи Худо бояд иҷро кунад. Дар Забур чунин мегӯянд, “Ӯро бо навохтани шох мадҳ кунед; Ӯро бо уд ва барбат мадҳ кунед. Ӯро бо даф ва рақс мадҳ кунед; Ӯро бо созҳо ва най мадҳ кунед. Ӯро бо шақшақаҳои хушнаво мадҳ кунед; Ӯро бо шақшақаҳои балановоз мадҳ кунед” (Забур 150:3-5). Аз таҳти дил биёед қурбониҳои лабҳоямонро тақдим кунем.


Забур 8 ин забури Довуд мебошад. Дар ҷавониаш ӯ чӯпон буд. Чун Довуд ҳангоми подабонии рама осмонро тамошо мекард, шояд ӯ ба Худо ибодат мекард. Шабе, эҳтимол ӯ ба осмони пурситора нигоҳ мекард, ва Худои бузургро ибодат мекард, ӯ фаҳмид, ки муҳаббати Худо ба инсонияти нотавон нигаронда шудааст, ва ин забурро навишт то ин ки Худоро мадҳ кунад.


Ҳар кӣ нафас мекашад, Худовандро мадҳ кунад (Забур 150:6). Ба мисли Довуд, мо ҳам бояд муҳаббат, ҷалоли Худоро паси сар кунем. Биёед ба осмони пурситора нигоҳ кунем ва номи бузурги Худовандро дар замин мадҳ кунем.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



1. ВОЛОИЯТИ ЯҲЁ (1)


  1. Ду исми Худо, ки забурхон мадҳ кардааст кадомҳоянд.



  1. Маънии бо ду исм хондани Худо чист?



  1. Маънии “Чӣ тарз исми ӯ бузург аст дар замин”- чист?



  1. Дар бораи чӣ забурхон Худоро мадҳ мекунад (1b)




Дар забони ибронӣ якчанд номи Худо мебошад. ҳар ном ҷиҳати махсуси Худоро мефаҳмонад. Яҳё (Худованд) Худоеро мефаҳмонад ки ба одам наздик аст ва ӯро насиҳат мекунад (ҳастӣ 2:4-25); ӯ он Якест ки дар муносибати байниҳамдигарӣ бо халқи худ мебошад, то ин ки онҳоро наҷот диҳад (Хуруҷ 20:1-2). Адонай (Худованд) Худои тавоноеро мефаҳмонад ки ҳама бояд ба ӯ итоат кунанд. Соро ин калимаро истифода бурда шавҳарашро Иброҳим номид (ҳастӣ 18:12). Забурхон Худоро ҳамчун “Худованд Худованди мо” мадҳ мекунад. Ин чунин маънӣ дорад, ки Худо он Якест, ки бо мо дар муносибати байниҳамдигарӣ мебошад, он Якест ки моро насиҳат мекунад ва ӯро бояд итоат кунем. Ӯҳамчунин Елоҳим мебошад (Худои Офаридгор). Елоҳим Худоеро таҷассум мекунад ки моро баракат медиҳад.






2. МИСОЛҲОИ НОМИ БУЗУРГИ ЯҲЁ2-8)


  1. Мисоли аввали номи бузурги Худо чист (2)?



  1. Мисоли дуюми номи бузурги Худо чист (3-4)?




  1. Мисоли сеюми номи бузурги Худо чист (5-8)?



3. БУЗУРГИИ ЯҳЭ (9)


  1. Дар мадҳи Худо забурхон ба кадом хулоса омад?




  1. Бо кадом оят ин хулоса монанд ҳаст?





ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ


  1. Оё шумо ягон таҷрибаро аз сар гузарондед, ки ба мисли кӯдак заиф будед, вале қобил будед ба василаи кӯмаки Худо муқобили душманони рӯҳӣ истед? Номи бузурги “Худованд, Худованди шумо”-ро дар ҳаётатон ҷо диҳед.


  1. Худо ба кӯдакон хурдсол ва тифлон ёрӣ медиҳад. Кӯдаки хурдсол ва тифлон киҳоянд, кӣ шумо мехоҳед ба онҳо ёрӣ диҳед?


  1. Асрори олами бузург ва асрори олами хурд ба монанди ҷисми одам салтанати Худо мебошад. Акнун замоне аст, ки асрори ҳам оламҳои хурду бузург кушода шуд. Атеистҳо (бединҳо) ба моҳ фуромаданд ва гуфтанд, ки Худо вуҷуд надорад. Олимон метавонанд ДНК-ро назорат карда навъҳои нави махлуқро кашф кунанд. Агар инсоният қобил аст ҳаётро зери дасти худ гирад пас атеистҳо (бединҳо), ки мегӯянд Худо вуҷуд надорад бартарӣ доранд?


  1. Ҷаҳонро ба одам Худо бовар кард, ва одам аз болои замин ва ҳамаи махлуқоти зинда ҳукмронӣ мекунад. Имрӯзҳо одамон аз болои замин ҳамчун намояндагони беҳтарини Худо ҳукм меронанд. Муносибати одамон ба он одамоне, ки мо набояд пайравӣ кунем, ва муносибати он одамоне, ки мо бояд ҳангоми ҳукмронӣ аз болои замин пайравӣ кунем кадомҳоянд?


  1. Худои Офаридгор “Яҳэ, Худованд” аст. Чӣ хел шумо метавонед Худоро беҳтар мадҳ кунем?




НАТИҶА


Баъди хотимаи ин марҳала, кадом нақшаҳо доред.



1.


2.


3.



МАРҲАЛАИ ДАҲУМ (ЗИНДАГИИ МУҚАДДАС ВА САДОҚАТ)


САДОҚАТИ (ИСТЕЪДОДҲО) ТАЛАНТҲО


Порча аз Библия: Матто 25:14-30

Оят барои дар хотир нигоҳ доштан: 25:29


САРСУХАН


Худо муқаддас аст! ӯ ба халқи худ мегӯяд, ки муқаддас бошанд. “Зеро ки Ман Худованде ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам; пас шумо муқаддас бошед, зеро ки Ман қуддус ҳастам” (Ибодат 11:45). “Муқаддас будан” яъне “ҷудо будан аз чизе” мебошад. Худо аз гуноҳ ҷудо ҳаст ва қуддус ҳаст. Ӯ ҳамчунин мехоҳад, ки ҳалқаш муқаддас бошад.


Масеҳиён “Халқи муқаддас” ҳастанд, чунки онҳо “дороии Худо” мебошанд. Оё шумо медонед, ки чаро Худо шуморо интихоб кард ва дороии Худ кард? “Лекин шумо насли баргузида, каҳнати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рушноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед” (1 Петрус 2:9). Яъне шумо бояд воситаи наҷоти гуноҳкорон шавед.


Вақте ки Исо ҳанӯз дар замин буд ӯ бори дуюм омадани Худ ва ҳамчунин расидани ҷазоро пешгӯй кард. Исо ба шогирдонаш фармон дод, ки инҷилро ба тамоми олам маъвиза кунанд ва интизори омадани Ӯ бошанд (Матто 24:14). Дар вақтҳои охир вақте ки бисёр Масеҳҳои дурӯғин хоҳанд омад ва мардумро гумроҳ мекунанд, шогирдони Исо бояд ҳақиқатро дар бораи он ки Исо Масеҳ ҳаст шаҳодат диҳанд (Матто 24:4-5). Исо масалро истифода карда шогирдони Худро таълим медод, ки чӣ хел онҳо бояд дар интиҳо зиндагӣ кунанд: яъне он истеъдодеро, ки Худо ба ҳар каси онҳо додааст комилан истифода кунанд.


АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. СЕ НАВЪИ ҒУЛОМОН ВА МУНОСИБАТИ ОНҲО БА ҲАЁТ (25:14-28)

  1. Ин масал дар бораи чӣ нақл мекунад (25:14; 25:1)?



  1. Фарқият байни се ғуломо чист (15)?



  1. ҳар як ғулом чӣ хел зиндагӣ мекард (16-18)?



  1. ТАҚДИРИ ҒУЛОМИ БО ПАНҶ ТАЛАНТ ВА ҒУЛОМИ БО ЯК ТАЛАНТ (25:19-23).

  1. Баъди муддати дуру дароз чӣ рӯй дод (19).



  1. Муколама байни ғуломе, ки панҷ талант дорад ва оғояшро тасвир кунед (20-21).



  1. Муколама байни ғуломе, ки ду талант дорад ва оғояшро тасвир кунед (22-23).



  1. ТАҚДИРИ ҒУЛОМЕ, КИ ЯК ТАЛАНТ ДОШТ ВА ҲАҚИҚАТИ (ПРИНСИП) ҲАЁТ (25:24-30).

  1. Муколамаи ғуломе, ки як талант дорад ва оғояшро тасвир кунед (24-27).



  1. Дар бораи ҳақиқат (принсип)-и ҳаёт чӣ гуфта шудааст (28-29)?



  1. Тақдири он, ки ҳеҷ чиз накард чӣ шуд (30)?



ТАФСИР ВА НАТИҶАҲОИ УМУМӢ



  1. Дар байни ғулом бо панҷ талант ва бо як талант, ки бисёртар ситоиш карда шуд? Аз муколамаи ғуломон ва оғои онҳо шумо кадом сабақ гирифтед?




  1. Киро ин масал таълим медиҳад? Чаро шумо ин хел фикр мекунед?




  1. Дар Библия чунин омадааст: “Зеро ҳар ки дорад, ба вай афзуда шавад; лекин ҳар ки надорад, аз вай он чиз дорад, гирифта шавад; Оё ин талаботи дуои хайр нисбати он ки як талант дорад?




  1. Дар кадом самтҳои ҳаётатон шумо фақат як талант доред? Кадом талантҳоро, ки шумо аз сабаби танбалӣ ва тарс истифода накардед, гум кардед?




  1. Бори дигар марҳалаҳоеро, ки омӯхтед, аз назар гузаронед, ва файзи Худоро барои имондори заиф ва бо як талант карда буд дарёбед. Дигар хусусиятҳои библиявии одами бо як талант вале аз тарафи Худо баракат дода шударо аз назар гузаронед.



НАТИҶА


Баъди анҷоми ин марҳала, нақшаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро нависед.



1.


2.


3.





<< Дарсҳои рӯҳонӣ