www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Омӯзиши Библия барои Ш - 2DownloadОмӯзиши Библия барои шогирдон МундариҷаСарсухан ----------------------------------------------------------------------2Марҳалаи Якум: Мамоти Исо Ва Омӯрзиш----------------------------3 Марҳалаи Дуюм: қудрат ва Истироҳати Исо--------------------------8Марҳалаи Сеюм: Рӯҳулқудс Ва Калисо / ҳаёти Оилавӣ------------12Марҳалаи Чорум: Калисои Таслӯникӣ------------------------------------18 Марҳалаи Панҷум: Дуо – Майдони Муҳориба--------------------------23 Марҳалаи Шашум: Худои Меҳрубон Ва Каломи ӯ--------------------28 Марҳалаи ҳафтум: Ирмиё, Итоат Ба Даъвати Худо--------------------33 Марҳалаи ҳаштум: Мусолиҳакорӣ-----------------------------------------38 Марҳалаи Нӯҳум: Хабари Хуши Наҷот Ва Садоқат--------------------43 Марҳалаи Даҳум: Зане, Ки Равғани Атрафшони Худроба Исо Бахшид------------------------------------------------------------------48
САРСУХАНОнҳоеро, ки Исоро пайравӣ мекунанд “Шогирдони Масеҳ” меноманд. Исо ба мо чунин фармон дод: “Биравед, ва ҳамаи халқҳоро шогирдони худ гардонед”. Ин маводи омӯзишӣ барои он тартиб дода шудааст, ки Масеҳиёнро роҳнамоӣ кунад, то ин ки онҳо шогирдони пухта шаванд ва инҷилро ба тамоми халқҳо паҳн кунанд. Барои ин омӯзиш мо чунин шиор дорем “Шогирдони Масеҳ будан барои Инкишоф” ва мундариҷаи ин китоб ба таври мувашшаҳ тартиб дода шудааст. Мундариҷаи ин омӯзиш чунин аст:
10. Ҳаёти муқаддасона ва Садоқат Ин китоб панҷ зинаро дар бар мегирад. Ҳар зина дар навбати худ ба 10 марҳала бо даҳ мавзӯҳои гуногун ҷудо шудааст. Чун зинаҳо рушд меёбанд, дараҷаи омӯзиши Библия ва садоқати шумо низ амиқтар мешавад. Ин китоб “Маводи муҳими Омӯзиши Библия” аст. Барои бар тибқи мундариҷаи библиявӣ кор кардан, мо дар ҳар боб ба порчаҳои муайяни библиявӣ диққатамонро менигаронем, ҳамчунин истифодаи порчаҳои библиявиро, ки дар ҷойҳои гуногуни Библия ҳастанд кам мекунад. Чун шумо Библияро тавассути ин мавод меомӯзед, мо дуо мекунем, ки дониши шумо дар бораи Библия афзун гардад ва ҳаёти шумо як модели шогирди ҳақиқии Исо будан, гардад. Апрел 1992, Шогирдӣ барои Исо МАРҲАЛАИ ЯКУМ (МАСЕҲӢ БУДАН) МАМОТИ ИСО ВА ОМУРЗИШОятҳо аз Библия: Ибриён 9:1-14, 10:11- 25 Оят барои аз ёд кардан: 9:14 САРСУХАН Худое, ки оламу инсонро офарид, Худои муҳаббат аст. Ӯ одамонро ба шакли худ офарид ва хост, ки бо онҳо дӯстӣ кунад. Ҳамчунин Ӯ дар тафаккури одамон фикри абадият ва Худоро гузошт. Вақте ки одамон Худоро ба дилашон ҳамчун Худованди Худ даъват мекунанд, ин боиси хурсандию дилхушии онҳо мешавад. Бо Худо дар дил, одамон аз сулҳу осоишие баҳра мебаранд, ки ба ҷузъ аз ин ҳеҷ чизи дигар дар ҷаҳон наметавонад ин сулҳу осоиширо таъмин кунад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, одамон ба ҷои қабули иродаи Худо, аз паси иродаи Худ мебошанд. Натиҷааш он аст, ки одамон ба Худо бегона мешаванд, ё ба Ӯ саркашӣ мекунанд. Ин далели он аст, ки одамон гуноҳкор ҳастанд. Онҳое, ки аз Худо рӯй гардонданд наметавонанд, худашон ба назди Худо баргарданд. Барои гуноҳояшон одамон ба ҷазо маҳкум шудаанд. Вале, дар замони гузашта, Худо ба онҳо имконият дод, ки барои омӯрзиши гуноҳояшон ягон ҳайвонро қурбонӣ кунанд. Ба воситаи ин, онҳо файзу бахшиши Худоро нишон медоданд. Вале қурбонкунии ҳайвон дили гуноҳкорро пок намекунад. Қурбонии комил барои омӯрзиши комил, аз тарафи Худо ба василаи Исо тақдим шуда буд, ки дили гуноҳкоронро пок мекунад. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
Худо насли Иброҳимро ба кӯҳи Сино даъват кард ва бо онҳо аҳд кард. Агар онҳо ба аҳкоми Худо итоат кунанд, онҳо халқи Худо хоҳанд шуд ва Худо, Худои онҳо хоҳад буд. (Хуруҷ 19:1-8). Худо ба онҳо Шариат дод (Хуруҷ 20-23) ва бо онҳо аҳди хунӣ кард (Хуруҷ 24:1-8). ӯ дар хайма дар байни халқи Худ сокин шуд. Агар одамон шариати Худоро вайрон мекунанд, онҳо бояд қурбонӣ тақдим кунанд, то ин ки гуноҳояшон бахшида шаванд. Вале қурбонӣ кардани ҳайвон роҳи комили ҳалли гуноҳҳои халқи ӯ нест.
Ба қудси қудсҳо кӣ медарояд? Чанд бор ӯ ба он ҷо медарояд? Шароитҳои воридшавии коҳин кадомҳоянд? Барои гуноҳҳои кӣ хун лозим аст?
Роҳ ба сӯи қудси қудсҳо (8) Заифии қурбонии ҳайвон (9) Амали низоми қурбонкунӣ (10)
Худо ба мо низоми нав дод. Дар низоми нави ӯ ҳам қудси қудсҳо мавҷуд аст, ки он ҷо Худо сукунат мекунад ва ҳам коҳин аст, ки ба қудси қудсҳо ворид мешавад. Нуқтаи асосии низоми нав, ин вохӯрии коҳин ва Худо мебошад.
Кӣ ба қудси қудсҳо ворид мешавад (11)? Чанд бор ӯ ворид мешавад (12)? Шароитҳои воридшавии ӯ кадомҳоянд (12)? Барои гуноҳҳои кӣ хун лозим аст (14, 10:14)?
Тавоноии қурбонӣ (14) Аҳди нав (16) Омӯрзиш (17-18) Роҳ ба сӯи қудси қудсҳо (19-20) ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ДУЮМ (ШОГИРДӢ) ҚУДРАТ ВА ИСТИРОҲАТИ ИСООятҳо аз Библия: Матто 8:18-27 , Аъмол 4:23-31 Оят барои аз ёд кардан: 8:26 САРСУХАН Исо пеш аз рафтан ба пеши Падар, шогирдонашро даъват кард. Ӯ ҳам дар осмону ҳам дар замин тамоми қудратро пазируфт. Ӯ ба шогирдони Худ Вазифаи Бузург дода, онҳоро ба тамоми ҷаҳон фиристод: “Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст. Пас биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед”. Асос барои шогирдони Исо, дар бобати тарбияи шогирдони нав, ин аз тарафи Падари Осмонӣ ба Исо додани ҳамаи қудрат дар осмону замин мебошад. Шумо ва ман шогирди Исо мегардем ва ҳамчун шогирдони Ӯ зиндагӣ мекунем. Ҳамчунин мо шогирдони дигар тайёр мекунем. Асосаш мувофиқи он далеле аст, ки Падари Осмонӣ тамоми қудратро дар замину осмон ба Исо дод. Шогирдони Исо,ки аз қудрати Ӯ вобастагӣ доранд чӣ хел бояд зиндагӣ кунанд? Пеш аз сууди Исо ба осмон, шогирдонаш бо Ӯ зиндагӣ мекарданд, инҷилро мавъиза мекарданд ва дар бораи қудрати Ӯ шаҳодат медоданд. Исо ба онҳо кадом сабақҳоро дод? АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА
Дар китоби Матто, ибораи “пайравӣ кардани Исо” маънои “шогирди Исо будан”-ро дорад. Аз ин порча, оиди зиндагии Исо ду дарсро метавонем биомӯзем.
Китобдон (18-19): Исо (19-20): Ин дар бораи зиндагии шогирдони Исо чӣ таълим медиҳад?
Мард (21): Исо (22):
Исо ба онҳое, ки ӯро пайравӣ мекунанд, оиди зиндагии шогирдони Исо ду дарс таълим дод. ӯ аз кӯл гузашт ва шогирдонаш ӯро пайравӣ карданд. Фаъолияти шогирдони Исо дар баҳр, дарси шогирди ҳақиқӣ буданро дар бар мегирад.
Исо (24 ): Шогирдон (25): Исо (26): Шогирдон (27):
( АЪМОЛ 4 : 23-31) Баъди сууди Исои Масеҳ, шогирдони Ӯ – Петрус ва Юҳанно ба маъбад, барои ибодат рафтанд. Назди дарвозаи маъбад, ки ҷамил ном дошт, ланги модарзоде буд ва аз касоне, ки ба маъбад меомаданд, садақа мепурсид. Вақте ки ӯ аз Петрус садақа пурсид, Петрус гуфт: “Ба исми Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав.” Баъд садақапурс аз ҷо бархост, роҳ рафт, ҷасту хез кард ва Худоро ҳамду сано кард. Одамон аз ин дар ҳайрат афтоданд. Петрус ба одамон гуфт, ки ин одам ба хотири имони худ ба Исо шифо ёфт. Миқдори имондорон ба Исо аз панҷ ҳазор зиёд шуд. Сарварони динӣ Петрус ва Юҳанноро таъқиб мекарданд ва ба онҳо гуфтанд, ки аз эҳёи Исо шаҳодат надиҳанд. Гӯё ки ҷӯшу хуруши ғайримунтазир ва мавҷҳо дар ҳаёти шогирдони Исо ба вуҷуд омадааст (Аъмол 3:1 – 4:22). Шогирдони Исо инро ба масеҳиёни дигар гуфтанд ва онҳо якҷоя дуо карданд. Ба кӣ онҳо дуо карданд? Натиҷаи он чӣ буд?
ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ СЕЮМ (МЕВАИ РӯҳУЛқУДС) РӮҲУЛҚУДС ВА КАЛИСО / ҲАЁТИ ОИЛАВӢПорча аз Библия: Эфсӯсиён 5:15-33 Оят барои аз ёд кардан: 5:18 САРСУХАН Омурзиш, ҳаёти абадӣ ва сокиншавии Рӯҳулқудс. Инҳо баракатҳое ҳастанд, ки Худо хеле пеш ваъда дода буд. Ба онҳое, ки ба Исои Масеҳ имон доранд, Худо Рӯҳи Худоро, сарфи назар аз нажоди онҳо медиҳад, ва онҳоро бо Рӯҳулқудс пур мекунад. Ҳаёте, ки аз Рӯҳулқудс пур аст, ин ҳаётест, ки аз тарафи Рӯҳулқудс назорат мешавад. Вақте ки одамон бо Рӯҳулқудс пур мешаванд, чӣ хел зиндагӣ мекунанд? Аз Аъмол мо мебинем, ки он замоне ки шогирдони Исо бо Рӯҳулқудс пур шуданд, онҳо бо забонҳои нав гап заданд. Натиҷааш он буд, ки монеъаи забонӣ бартараф шуд ва тавассути ин калисо бунёд ёфт. Калисо тане мебошад, ва Исо сари он аст. Калисо тани ягонаест, ки монеъаҳои нажодию синфиро бартараф мекунад. ҳоло, вақте ки одамон бо Рӯҳулқудс пур ҳастанд чӣ хел зиндагӣ мекунанд? Кадом монеъаҳоро мо бояд бартараф кунем? АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА
КАЛИСО ( 5:15-21 ) Ҷаҳон пур аз зино, нопокӣ ва тамаъкорӣ аст. Ин вақти бадӣ аст. Ба онҳое, ки дар ин ҷаҳони пур аз корҳои бад зиндагӣ мекунанд, Павлус се фармони манфии “накун” ва се фармони мусбии “кун”- ро медиҳад.
Фармонҳои Манфӣ Фармонҳои Мусбӣ
3) Баъд аз он ки фармон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, чор фармонҳои дигар пайдо мешаванд. Онҳо натиҷа ё василаи ҳаётеро, ки бо Рӯҳулқудс пур шудааст, нишон медиҳад. Ин чор фармонҳо кадомҳоянд?
Чор васила ва амалҳои баробартаъсири ҳаёт, ки бо Рӯҳулқудс пур шудаанд, ин тобеъи якдигар будани онҳо мебошанд. Павлус ин масъалаҳоро ба муносибатҳои гуногуни байнифардӣ ба кор мебарад, чунончӣ, ба монанди “шавҳару зан”, “волидон ва фарзандон”, ва “хоҷа ва ғулом”. Барои мисол, дар ҳаёти оилавӣ амалҳои баробартаъсир ва василаҳои ҳаёт, ки бо Рӯҳулқудс пур шудаанд кадомҳоянд?
Фармон (22) Сабаб (23-24)
Фармон (25 –27) Фармон (28 - 30) Фармон (31 - 32)
Шавҳар: Зан: ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун, ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ЧОРУМ (КАЛИСОИ МАСЕҲ) КАЛИСОИ ТАСЛӮНИКӢПорча аз Библия: 1 Таслӯникиён 4:1-12 Оят барои аз ёд кардан: 4:3 САРСУХАН Марҳалаҳоеро, ки дар ин зинаи дуюм меомӯзед аз назар гузаронед. Исо барои мо дар салиб мурд, ва гуноҳои мо бахшида шуданд. Мо шогирдони Ӯ гардидем ва зери қудрати Ӯ аз осудаҳолӣ бархурдор ҳастем. Худо ба мо Рӯҳи Худро дод ва амр кард, ки аз Рӯҳулқудс пур шавем. Масеҳиён, он муқаддасони омурзишёфта, ки зери сарварии Исо мебошанд, ки Рӯҳулқудсро пазируфтаанд чӣ хел ҳаётро бояд дошта бошанд? Ин ҳаёте мебошад, ки дар тарси Худованд таҳти тобеъи ҳамдигар аст. Калисои Таслӯникӣ, ки дар 1 Таслӯникиён дар бораи он сухан меравад, калисои ҷавон аст. Павлус дар бораи Исои Масеҳ ба юнониҳо шаҳодат дод, ва юнониҳои бутпараст рӯяшонро ба Худо гардонданд. ҳаёти онҳо дигаргун шудан гирифт. Пас биёед тағийротҳоеро, ки дар ҳаёташон ба вуҷуд омаданд, бубинем ва онҳоро бо ҳаёти худ муқоиса кунем. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА ҲАЁТИ ҶИНСИИ МУҚАДДАС Павлус ҳаётеро тасвир мекунад, ки барои Худо маъқул аст. Калисои Таслӯникӣ аллакай чунин тарзи зиндагонӣ дошт. Вале бо вуҷуди ин, Павлус аз онҳо илтимос мекунад, ки чунин зиндагиро давом диҳанд ва онро беҳтар кунанд. Мо бояд саъю кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки мувофиқи иродаи Худо зиндагӣ кунем ва ин зиндагиамон мақбули Худо бошад (1-2).
Нисбати бародардӯстӣ, Павлус ибораи “кори муҳаббатро” (1:3) ба кор бурд. Ин чунин маънӣ дорад, ки дӯст доштани дигарҳо корҳои зиёдеро талаб мекунад. Муҳаббат нисбати “ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния” бояд кори зиёдеро дар бар гирад.
Ҳозир Павлус моро оиди зиндагӣ бо саъю кӯшиш насиҳат мекунад. Оиди саъю кӯшиш, ӯ кадом дарсро тақдим мекунад? Павлус шабу рӯз кор мекард ва зиндагии худро пеш мебурд. Танқидкунии Павлус ба гӯши аъзоёни калисои Таслӯникӣ расид. Одамон Павлусро аз сабаби шаҳодат додан дар бораи Исо байни имондорони Таслӯникӣ танқид мекунанд, ки гӯё ӯ ин корро барои пул мекунад. Вале Павлус ба саъю кӯшиши зиёде кор мекард, то ин ки ӯ тавонад оиди саъю кӯшиши худ, вақте ки бо ин танқидкуниҳо рӯ ба рӯ шавад ҷавоб гардонад. (2 Таслӯникиён 3:6-10). ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ПАНҶУМ (ХУДО ВА ДУО) ДУО – МАЙДОНИ МУҲОРИБАПорча аз Библия: Хуруҷ 17:1-17 Оят барои аз ёд кардан: 17:11 САРСУХАН Як вақтҳо Исроилиҳо дар Миср дар ғуломӣ буданд. Онҳо Мисрро бо роҳбарии Мусо тарк карданд. Лашкари Миср онҳоро таъқиб карданд вале Баҳри Сурх роҳи онҳоро банд кард. Одамон аз баҳр гузаштанд ва аз Миср халос шуданд. Ва асо дар дасти Мусо рамзи бо онҳо будани Худо буд. Замине, ки Худо ба Иброҳим ваъда карда буд, замини осудаҳолона буд ва онро Худо барои халқи худ тайёр карда буд. Одамон сӯи замин ваъдакарда равона буданд ва онҳо бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шуданд. Миқдори онҳо қариб ду миллион буд ва ҳайвонҳои хонагиашон бо онҳо буданд, ва чун биёбонро убур мекарданд он ҷо об набуд. Офтоби сӯзон, шамоли тафсон ва ташнагии сахт буд, ки тамоми қувваи ҷисмро фурӯ мебарад ва мушкилиҳои дигар онҳоро азоб медоданд. Он ҷое, ки об буд аҳолии маҳаллӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо ҷанговарони хуб машқдида буданд ва имкон намедоданд, ки аҷнабиён тавассути заминҳои онҳо гузаранд. Сабабаш ин буд, ки имкони гузаштан додан ба аҷнабиён ин мавҷудият ва шаъну шарафи худро дар таваккал мондан буд. Ин муҳоҷират сӯи замини Ваъдакарда мушкилу заҳматовар буд. Халқи Худо ин мушкилиҳои мусофиратро чӣ хел паси сар кард? АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
Одамон (2а): Мусо (2 б): Одамон (3): Мусо (4)
Худо (5-6а) Мусо (6б- 7) 2. ИСРОИЛИҲО БО МУҳОРИБА РӮ БА РӮ ШУДАНД (8-17)
Еҳушаъ: Мусо:
Худо (14): Мусо (15-17): ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед? 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ШАШУМ (ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ) ХУДОИ МЕҲРУБОН ВА КАЛОМИ ӮПорча аз Библия : Такрори Шариат 6:4-25 Оят барои аз ёд кардан: 6:4-5 САРСУХАН Яҳво Худои ягона дар ҷаҳон аст. Барои ҳамин моро зарур аст Худоро бо тамоми қалб, бо тамоми ҷон ва бо тамоми қувва дӯст дорем. Ин аҳкоми аввалин ва бузургтарин аст. Чӣ хел мо муҳаббатамонро нисбати Худо ифода мекунем? Мусо ба мо мегӯяд, ки агар хоҳем Яҳворо дӯст дорем, мо бояд Каломро дӯст дорем. Чун шумо ин марҳаларо мехонед, шумо метавонед донишҷӯи ҷиддии Библия шавед, ки Каломро дӯст медорад. Кӯшиш кунед муаллими Библия шавед. Дар чунин ҳолат, шумо метавонед, шахсе бошед, ки Яҳворо ба таври ҷиддӣ дӯст доред. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун, ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ҲАФТУМ (ИТОАТКОРӢ) ИРМИЁ, ИТОАТ БА ДАЪВАТИ ХУДОПорча аз Библия: Ирмиё 1:1-19 Оят барои аз ёд кардан: 1:7 САРСУХАН Итоаткорӣ калимаи зебоест барои гуфтан ва гӯш кардан. Вале итоат кардан ба мисли гуфтани ин калима осон нест. Итоат кардан ба даъвати Худо – итоаткориро ба фармонҳои Худо, ки баъзан ба шумо бесабаб, хандаовар, ифротӣ ва бемаънӣ менамояд даъват мекунад. Ирмиё даъват шуд, то ин ки пайғамбари Яҳудо бошад қадамҳое, ки ӯ гузошта буд, пур аз таъқиботу гиряву ашк буданд. Вақте ки ӯ даъват шуд, ӯ хурд буд ва барои ҳамин навҳа кард, чунки ӯ намедонист чӣ хел сухан кунад. Вале Худо Ирмиёро даъват кард, ҳарчанд ӯ дар синну сол хурд буд. Худо бо ӯ мерафт, ӯро ҳамчун пайғамбари Худ, ки пеши подшоҳони олам гап мезад қудрат медод. Худо ӯро пайғамбари тавоно муқобили онҳое гардонд, ки ҳеҷ кас наметавонист аз болои онҳо пирӯз шавад. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
Ирмиё ҳамчун пайғамбар 40 сол – аз соли сездаҳуми Подшоҳии Еҳушаъ то фурӯ рехтани Яҳудо хидмат кард. Ин давраи охири Яҳудо буд. Барои Яҳудо, ки завол ёфта буд, Худо як одамро интихоб кард. ӯ одами муқаррарӣ буд. Вале, вақте ки Худо ӯро даъват кард, ӯ дигар зиндагии оддӣ надошт.
Худо ба Ирмиё, ки то ҳоло дар тарс буд, баъзе манзараҳоро рӯшан кард. Бачаи оддии деҳ, кӯдаке, ки наметавонист пурмазмун сухан кунад� Кадом манзараҳоро Худо ба ӯ ошкор кард?
Манзара (11): Маънӣ (12) :
Манзара (13): Маънӣ (14-16): Худо маънии манзараи шохаи дарахти бодом ва деги ҷӯшонро ошкор кард. Худо метавонад суханҳои Худро ҳатто ба онҳое, ки кӯдаки хурдсол ҳастанд ва наметавонад пурмазмун сухан кунанд ошкор кунад. Бо чунин тарз, Худо суханҳои Худро ба ҳар як фард ошкор мекунад, ва онҳоро пайғамбарони Худ мегардонад, ва онҳо он чизеро, ки Худо мегӯяд ба мардум мерасонанд. Заифии одам наметавонад сабаби беэтиноӣ нисбати даъвати Худо гардад.
Худо ин манзараҳоро ба Ирмиё нишон дод ва фармон дод, ки Ирмиё пайғамбари ӯ бошад. Худо ба ӯ гуфт, ки вазифаи худро ҳамчун пайғамбар иҷро кунад ва Худо ваъда дод, ки ба ӯ кӯмак мекунад.
ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун, ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ҲАШТУМ (ШАҲОДАТ БА ҶАҲОН) МУСОЛИҲАКОРӢПорча аз Библия: 2 қӯринтиён 5:11- 6:10 Оят барои аз ёд кардан: 5:8 САРСУХАН Павлус яке аз воизони бузурги Инҷил буд. Ӯ чунон бо ҳарорат шаҳодат медод, ки дигарҳо ӯро аз ақл бегона ҳисоб мекарданд (Аъмол 26:24). Дар ҳақиқат ҳам ӯ чунин менамуд. Вақте ки ӯ шаҳодат медод, ӯро лату кӯб мекарданд, дар зиндон нигоҳ доштанд ва баъзе вақтҳо ӯ ҳеҷ чиз намехӯрд. Вале ӯ хушбахт буд. Дар чашми одамони ҷаҳон ӯ аз ақл бегона менамуд. Чӣ ӯро ба чунин ҳолат овард? Ин аз сабаби муҳаббати сахт нисбати Масеҳ буд (2 қӯринтиён 5:14). Ин табиӣ аст, вақте ки кас муҳаббати сахти Масеҳ дорад ва зиндагии пуршавқу ҳарорати масеҳӣ бурда истодааст. Оё шумо чунин муҳаббати Масеҳ доред? Оё одамони атроф ба шумо нигоҳ карда, шуморо одами аз ақл бегона мегӯянд? АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
Павлус барои Исо дар қӯринтус шаҳодат медод ва қобил буд, ки дар он ҷо калисоро бино намояд. Аъзоёни калисои қӯринтус Павлусро хуш напазируфтанд. Аъзоёни калисо ҷудо шуданд ва баъзеҳо ҳатто Павлусро зери танқид гирифтанд.
Масеҳиён бояд ҳамчун элчиёни Масеҳ амал кунанд. Элчиён кадом қудратро доро ҳастанд? Элчӣ қудрати он Касеро дорад, ки ӯро фиристодааст, сухани он Касеро расонад, ки ӯро фиристодааст, ва кори он Касеро иҷро кунад, ки ӯро фиристодааст. Бо чунин тарз мо ҳам бояд ақида дошта бошем, ки бо Худо якҷоя кор карда истодаем.
Павлус кӯшиш кард рӯҳонияти нав, рӯҳонияти кор кардан ҳамчун элчии Исоро бомуваффақият анҷом диҳад. Аз сабаби ин рӯҳоният, ӯ бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуд. Ин душвориҳо кадомҳоянд? Бо кадом тарз ӯ рӯҳонияти навро иҷро кард? (3:4а) : (4 –7) : (8-10) : ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун, ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ НӮҲУМ (СИПОСГУЗОРӢ ВА ҲАМДУ САНО) ХАБАРИ ХУШИ НАҶОТ ВА САДОҚАТПорча аз Библия: Забур 40 Оят барои аз ёд кардан: 40:6-7 САРСУХАН Биёед даҳонамонро кушоем ва Худоро ҳамду сано гӯем. Ӯ ба ҳамду санои мо сазовор аст. Худои тавоно моро аз душвориҳо раҳо мекунад ва дар даҳони мо сурудҳои нав мемонад. Биёед сурудҳои наверо, ки Худо дар даҳони мо гузоштааст хонем ва Худоро ҳамду сано гӯем. Барои Худо курбониҳои зиёдатӣ ва хайрияҳои сӯхтанӣ маъқул нест. Худо, ки оламро офаридааст, ба чизҳои моддии ин ҷаҳон эҳтиёҷ надорад. Ӯ шуморо ва маро интихоб кард, ки фарзандони Ӯ шавем ва Ӯ ҳамду сано ва сипосгузориро аз лабони мо шунавад. Пас биёед даҳонамонро кушоем ва бо сурудҳои нав Худоро ҳамду сано гӯем. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
Дарди интизорӣ бузург аст. Вале баъд аз он, ки давраи интизорӣ ва илтимос анҷом меёбад, хурсандии наҷот оғоз меёбад. Ин хурсандӣ – хурсандии хондани сурудҳои нав мебошад. Ин хурсандӣ аст, ки тавассути он одамон Худоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Дар хурсандӣ ва андӯҳи худ, мо хирадмандии Худоро мебинем, ки халқи худро наҷот медиҳад.
Беҳамтоии Худо дар бисёр чизҳои шигифтангезе дида мешавад, ки ӯ ба ман нишон дод. Ӯ маро дӯст медорад ва ба василаи муҳаббати Худ таслим кард. Ӯ дар бораи ман бисёр фикр мекунад, ва маро дороии Худ гардонд. Онҳоеро, ки Худо ба муҳаббати Худ таслим кардааст, муҳаббати Ӯро нишон медиҳанд. Онҳо инро на танҳо бо фаъолияти динии худ пешниҳод мекунанд, балки онҳо инро бо ҷону дил ва муҳаббати худ сӯи Худо пешниҳод мекунанд. Бо лабҳо ва бо дил онҳо Худоро дӯст медоранд ва ӯро ҳамду сано мекунанд.
Дар вақти душвориҳо табиати файзи Худоро, ки дигаргун намешавад ба ёд оред. Ҳатто он мавриде, ки аз сабаби гуноҳоямон наметавонем сарамонро бардорем, бояд Худоро ба ёд орем. Табиати файзи Худо бетағийр аст. Чун ҳаёти нав дар батни модар ҳифз мешавад, ҳамчунин Худо, ки батнро офаридааст, маро гиромӣ медорад. ҳатто агар ман дар гуноҳи худ бимонам, Худои файз маро танҳо намемонад. Ин ҳамчунин хурсандии Ӯ мебошад. Худо, ки муҳаббати модарро офарид, бояд он вақте ки Ӯ захми фарзандони Худро шифо медиҳад хурсандӣ дошта бошад.
Худо ва ман шарикони ҷовидонӣ ҳастем. Нодорӣ ва бадбахтии ман бо кӯмак ва муҳаббати Худо хуб аз байн мераванд. Бадбахтӣ ва фурӯтании ман фурсати қулай барои шаҳодати тавоноӣ ва сарватмандии Худо мебошад. Худо маро аз ботлоқи касофат раҳо мекунад ва моро боло мебардорад. Бигзор ин дуои мо бошад, ки Худо ба воситаи лабҳои мо баланд бардошта шавад. ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ДАҲУМ(ЗИНДАГИИ ҚУДСИЁНА ВА БАХШОИШ) ЗАНЕ, КИ РАВҒАНИ АТРАФШОНИ ХУДРО БА ИСО БАХШИД Порча аз Библия : Луқо 7:36-50 Оят барои аз ёд кардан: 7:37-38 САРСУХАН Дар ин порча зани ношиносе пайдо мешавад. Номи ӯ зикр нашудааст. Фақат тасвир шудааст, ки одамон ин занро гуноҳкор ҳисоб мекунанд ва ӯро назди худ роҳ намедоданд. Зани гуноҳкор ҷуръат карда, дар пеши аъзоёни баландмақоми динӣ назди Исо омад. Баъд ӯ чизи пурарзиши худро ба Исо тақдим кард. Синфи баландмақоми динӣ ин занро паст ҳисоб мекарданд ва ба Исо баҳои паст доданд. Вале, Исо бахшиши ин занро ситоиш кард. Чизи аз ҳама гаронбаҳо барои шумо чист? Оё шумо хоҳиш намекунед, ки онро ба Исо ҳмчун нишонаи сипосгузорӣ бахшед? Ба фикри шумо барои бахшидан ба Исо ягон чиз надоред? Зарфи гаҷини рафғани атрафшони шумо чист? АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСА Акнун, ки шумо ин марҳаларо омӯхтед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. << Дарсҳои рӯҳонӣ |