www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Омӯзиши Библия барои Ш - 3
Омӯзиши Библия барои Шогирдон - 3 МАРҲАЛАИ ЯКУМ (МАСЕҲӢ БУДАН) ИСО – МЕВАИ АВВАЛИ ЭҲЁШАВӢПорча аз Библия: 1Қӯринтиён 15, 2 Қӯринтиён 4:14-18 Оят барои аз ёд кардан: 1 Қӯринтиён 5:51-52 САРСУХАН Масъалаи нисбатан ҷиддии инсоният ин масъалаи марг аст. Ҳеҷ кас наметавонад аз марг гурезад. Баъд аз таваллуд ҳар як одам рӯз ба рӯз ба марги худ наздик мешавад. Чун одамон дунёи баъд аз маргро намедонанд, онҳо аз марг метарсанд. Калисое, ки Павлус дар қӯринтӯс созмон дод, ҳамчунин бо ин масъалаи марг ва эҳёшавӣ рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аъзоёни калисо боварӣ доштанд, ки эҳёшавии ҷисм номумкин аст. Ин ақида бо фалсафаи Юнон, ки он давра мақоми баланд дошт, ва ҳамчунин бо равияи Садусиён монанд буд. Онҳое, ки ба эҳёшавии ҷисм баъди марг имон надоранд, онҳое, ки баъди марг маҳкумияти ҳаётро надоранд, дар ин ҷаҳон ҳаёти бимнок доранд. Бунёди ахлоқии онҳо хеле нозук аст. Шумо дар бораи ҳаёти баъди марг чӣ фикр доред? Эҳёшавии Исо ба шумо чӣ маънӣ дорад? Чун шумо таълимоти Павлусро пазируфтед, Худоро сипосгузорӣ намоед, ки Исоро аз мурдаҳо эҳё кард, ва ба зиндагии шумо дар ин ҷаҳон маънӣ бахшид. АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА
а. (13 дар ояти 16 такрор шудааст) б. (14) : в. (15): г. (16): д. (17): е. (19): 4) Асоси умеди мо барои эҳёшавии мурда чист? Умеди мо барои эҳёшавӣ чӣ ҳаст (20–28)? а. Асос: в. Умед:
а. (30-31): б. (32-34):
а. (36-39): б. (42-44): в. (45-49): г. (50-57):
(1Қӯринтиён 15:58; 2 Қӯринтиён 4 : 14 –18 )
Умуман, юнониҳо ба абадии рӯҳ боварӣ доштанд, вале онҳо эҳёи ҷисмро қабул накарданд. Барои онҳо эҳёи ҷисм аз он сабаб қобили қабул набуд, ки ба фикри онҳо ҷисм ин сарчашмаи заифӣ ва гуноҳи одам мебошад. Бинобар ин онҳо маргро хеле хуш мепазируфтанд, чунки бо ин рӯҳ аз ҷисм озод мешавад; вале эҳё хуш қабул нашуд, чунки бо ин рӯҳ боз ба ҷисм дохил мешавад. (С. Люис ҷонсон “Қӯринтиёни Якум” дар Тафсири Виклифи Библия, соли 1255). ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ДУЮМ (ШОГИРДӢ) ШОГИРДӢ, БА НАЗДИ ХАЛҚҲО РАФТАНПорча аз Библия: Матто 5:1-16, 38-48 Оят барои аз ёд кардан: Матто 5:16 САРСУХАН Исо ба шогирдонаш гуфт. “Пас биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед”. Ба шогирдони Исо зарур буд ба назди ҳамаи халқҳо бираванд ва онҳоро шогирд созанд. Ба шогирдон фармони ғайрифаъол дода нашуд, ки онҳо интизори он шаванд, ки ҳамаи халқҳо пеши онҳо меоянд. Исо ба онҳо гуфт, ки фаъолона амал кунанд. Ҳеҷ як масеҳӣ набояд ягон халқро истисно кунад, чунки Исо “ҳамаи халқҳо”-ро гуфта буд. Шогирдон набояд танҳо назди он халқҳое раванд, ки шогирдонро хуш мепазиранд ва ҳамду сано мегӯянд. Халқҳое, ки Исоро намедонанд шояд шогирдони ӯро хуш қабул намекунанд, вале шогирдони Исо бояд назди онҳо низ раванд. Чӣ хел шогирдони Исо назди халқҳое раванд, ки нисбати онҳо муносибати мухолиф доранд? Чӣ хел шогирдон метавонанд тафаккури онҳоро сӯи худ кашанд ва онҳоро шогирдони Исо гардонанд? Исо шогирдонашро таълим дод, то ин ки онҳоро назди халқҳо фиристонад. Ҳатто имрӯзҳо ҳам шогирдони Исо барои ба назди халқҳо рафтан ба таълимдиҳӣ эҳтиёҷ доранд. АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА
а. мискинони рӯҳ (3): б. мотамзадагон (4): в. ҳалимон (5): г. гуруснагон ва ташнагони адолат (6): д. раҳимон (7): е. покдилон (8): ё. сулҳҷӯён (9): ж. таъқибшудагон дар роҳи ҳақиқат (10): Навиштаҳои боло иқтибосҳо аз Тафсироти Тиндал мебошанд.
а. Сабаб (11): б. Хусусият (11): в. Фармон (12):
а. ба хӯрок мазза бахшидан (13): б. дурахшон кардани ҷаҳон (ҷамъият) (14): в. додани нур ба ҳама (15): г. анҷом додани корҳои хуб (16):
а) Ҳақиқати ҷаҳон (38): б) Дарси Исо (39-42):
а. Ҳақиқати ҷаҳон (43): б. Дарси Исо а) Муҳаббат (44а): б) Дуо (44б): в) Фарзандони Падари Худ (45а): г) Табиати Ӯ (45б): д) Муҳаббати ғайрияҳудиён (46-47): е) Комил будан (48): ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ СЕЮМ (МЕВАИ РӮҲУЛҚУДС) РӮҲУЛҚУДС ВА МУНОСИБАТ БАЙНИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН. ХОҶА ВА ҒУЛОМ Порча аз Библия: Эфсӯсиён 6:1-9 Оят барои аз ёд кардан: Эфсӯсиён 6:1,4 САРСУХАН Вақте ки шумо аз Рӯҳулқудс пур мешавед, дар муносибати байни фардиаатон дигаргуниҳо ба амал меоянд. ҳамчунин дар ҳаёти калисо ва ҳаёти оилавӣ низ дигаргуниҳо рух медиҳанд. Ҳар кас аз тарси Масеҳ зери итоати дигаре мешавад. Чун калисо зери итоати Масеҳ аст, пас зан бояд зери итоати шавҳараш бошад. Чун Масеҳ калисои Худро дӯст медорад, ҳамчунин шавҳар бояд занашро дӯст дорад. Байни волидон ва фарзандон, хоҷа ва ғуломон чӣ бояд рӯй диҳад? “Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад, вале масхарабоз итобро намешунавад” (Масалҳо 13:1). “Бачаро бо роҳе, ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад” (Масалҳо 22:6). Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст; чуби адаб онро аз вай дур мекунад” (22:15). “Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад, вай оқибат мехоҳад писар шавад” (Масалҳо 29:21). Вақте ки одамон аз Рӯҳулқудс пур мешаванд, ва аз тарафи Рӯҳ назорат мешавад, муносибати байни волидон ва фарзанд чӣ хел дигар мешавад? Кадом қонунро метавон ба муносибати байни хоҷа ва ғулом ба кор бурд? Эфсӯсиён 6:1-9 мафҳумҳо ва намунаҳоро барои муносибати аз Рӯҳ пурро пешниҳод мекунад. АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА
(1-3)? а. Фармон (1-2): в. Сабаб (1): с. Ваъда (3):
Фарзандони худро ба хашм наоред (4а): Онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед (4б). Калимаи юнонӣ барои “интизом” (discipline) маънои “тарбият кардан ё сарзаниши ҷисмонӣ”-ро дорад. Ин калима бо маънои “тарбият кардан” ҳамчун мақсади Калом дар 2 Тимотиюс 3:16 тарҷума шудааст. Калимаи юнонӣ барои “омӯзиш” (insruction) калимаҳои таркибии “тафаккур” ва “мондан” мебошанд. Ин маънои ба ёдоварии таълимдиҳӣ мебошад. ҳамчунин калимаи “омӯзиш” ҳамчун мақсади Аҳди ҷадид истифода бурда мешуд. Волидон бояд фарзандони худро бо интизом ва омузиш ғизо диҳанд. Ин кор тавассути сарзаниши ҷисмонӣ ва дар тафаккури кӯдакон ҷо додани дарсҳо иҷро мешавад.
Сабабаш чист (5-8)? а. Ба хоҷагони худ итоаткор бошед (5): б. Ҳозирхизматии зоҳирӣ дошта набошед (6): в. Ғайратмандона хизмат кунед (7): д. Сабаб (8):
Сабабаш чист? 3) 1 Тимотиюс 6:1-2-ро хонед. Чӣ хел бояд ғуломон бо хоҷагони худ муносибат кунанд? Сабабаш чист? а. Иззату икром (1а): б. Сабаб (1 б): в. Боз ҳам зиёдтар (2а): г. Сабаб (2б): 4) Порчаҳои зеринро хонед. а. Қӯлассиён 3:18-4:1 б. Масалҳо 23:13-15, 22-25, 30:17 ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ЧОРУМ (КАЛИСОИ МАСЕҲ) КАЛИСОИ ЭФСӮСИЁНПорча аз Библия: Аъмол 19:7-41: Эфсӯсиён 1:15-16: Ваҳй 2:1-7 Оят барои аз ёд кардан: Ваҳй 2:4-5 САРСУХАН Дар рӯзи Пантикост Рӯҳулқудс ба шогирдони Исо қудрат бахшид ва калисо бунёд шуд. Калисо тарзи ҳаёти Калом, Дуо, Бародарӣ ва Шаҳодатро нишон дод (Аъмол 2:42-47). Онҳо молу мулки худро мувофиқи эҳтиёҷоти худ бо дилхушӣ тақсим карданд. Чун ҳаёти калисои аввала нишон медиҳад, калисоҳо ба рушд ва пур шудан аз қудрати ҳаётӣ эҳтиёҷ доранд. Дар марҳалаи дуюм мо донистем, ки калисо Таслӯникӣ ҷавон буд. Вале, бо вуҷуди ин, калисои Таслӯникӣ намунаи бародардӯстӣ буд. Муҳаббати онҳо аз сарҳадҳои шаҳри Таслӯникӣ баромад ва бародарони парешони тамоми Македонияро дар бар гирифт. Ин тасвири зебои калисо бо Исо ҳамчун сари он мебошад. Калисои Эфсӯс ҳам калисои рушдёфтаистода буд. Барои кадом чизҳо калисоро ситоиш мекунанд: барои кадом чизҳо онро сарзаниш мекунанд? Агар калисои шумо мувофиқи ин марҳала амал кунад лоиқи ситоиш мешавад? АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА
(АЪМОЛ 19:7-10, ЭФСӯСИЁН 1:15-16).
(Аъмол 19:9б-10)?
Эфсӯс ҳамчун бандари савдо, шаҳри калони тиҷоратӣ ва маркази динӣ буд. Дар ин ҷо Павлус мавъиза кард, ки худоҳои сохтаи дасти инсон Худо нестанд (26). Худо ба василаи Павлус мӯъҷизоти бузурге ба амал овард ва одамони касалро шифо бахшид, то ин ки одамон бо он чӣ, ки Павлус гуфта буд бовар кунанд (11-12).
а. Димитриюс (23-27): б. Одамон (28-29, 34)
а. Ваҳй Исои Масеҳ ( 1:1,13,18): б. Исои Масеҳ (1:20-2:1): Қабулкунанда : Фариштаи калисои Эфсӯс. “ Фаришта “ калисоро намояндагӣ мекунад.
(2-3, 6)?
а. Фармон (5а): б. Огоҳӣ (5а): с. Ваъда (7): ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ПАНҶУМ (ХУДО ВА ДУО) ДУОИ ИСОПорча аз Библия : Юҳанно 17:1-26 Оят барои аз ёд кардан : Юҳанно 17:16 САРСУХАН Лаҳзаҳои охири ҳаёти ҳар кас самимӣ ҳастанд. Ҳамаи одамон дар ҷаҳон, хоҳ хуб бошанд ё бад, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо марг самимӣ мешаванд. Вақти марг ин мавридест, ки кас ҳаётро дар ин ҷаҳон монда ба дарвозаи ҳаёти нав ё ҳаёти ҷовидонӣ қадам мегузорад. Ин вақти вохӯрӣ бо Худои Бузург дар ҷаҳони нав ва ҷовидонӣ мебошад. Исои Масеҳ, ки Ӯро баъзе вақтҳо халқи бисёре хушбошӣ мекарданд бо рӯзи охирини Худ дар ин ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд. Шогирдоне, ки Ӯро пайравӣ мекарданд, дигар бо Ӯ будан наметавонистанд. Баъди лаҳзаи кӯтоҳе шогирдонаш Ӯро тарк хоҳанд кард. ҳатто шогирди аз ҳама содиқаш Ӯро инкор хоҳад кард. Дар он шаб Исо танҳо буд. Он шабро Ӯ чӣ хел гузаронд? Пеш аз оне, ки душманонаш Ӯро таслим карданд, Ӯ фаҳмид, ки ин шаби охирини озодии Ӯ мебошад ва аз ин сабаб Ӯ дуо кард. Исо бо Худо гуфтугӯ кард ва ин шабро бо ба охир расондани рӯҳонияти Худ гузаронд. Исо ба Худо чӣ гуфт? Дар дуои Исо илтимоси Ӯ барои шогирдон ва хоҳишҳои охирини Ӯ нишон дода шудаанд. Дар ин дуо бахшҳои ниҳоии дуо ва хоҳишҳои худро ёбед. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
а. Соат: б. Ҷалолдиҳии Исо: с. Мақсади Исо дар ҳаёти Ӯ:
Вазифаи Исо : Чизҳои дигаре, ки Исо гирифт:
а. Вазифаи ҳаёти Исо (6) : б. Мақсади ҳаёти Исо (6-7): Чизҳое, ки Исо гирифт ва ба кор бурд : а) Қудрат (2): б) Суханҳо (3): в) Исми Ӯ (12-13): Исо доштани қудратро аз болои тамоми инсоният, суханҳои Падар ва исми Падарро гирифт. Мақсади Падар ва Исо – ин ба тарафи Худ гардондани рӯи мардум мебошад.
а. Мушкилӣ ( проблема ) (11,14): б. Чизҳое, ки Исо ба шогирдонаш дод ( 8,14): в. Дуои Исо ба шогирдони Худ (9:17): а) (9): б) (11): в) (13): г) (15-17): г. Мақсади шогирдон дар ҳаёт (18):
а. Чизҳое, ки Исо ба шогирдони Худ дод (22): б. Исо барои шогирдонаш дуо мекунад. а) (21): б) (23): в) (24): в. Чизҳое, ки Исо ба шогирдони Худ дод (26): а) Исми Падар: б) Муҳаббати Падар: в) Мавҷудияти Исо: Чизҳое, ки Исо ба шогирдони Худ дод, ва мақсади онҳо дар ҳаёт, ба чизҳое, ки Худо ба Исо дод ва мақсади ҳаёти Ӯ монанд буданд. Исо ҷаҳонро ба шогирдони Худ бовар карда дод, ва шогирдони Ӯ суханҳои Падар, ҷалоли Исо, исми Падар ва мавҷудияти Исоро гирифтанд. Мақсади ҳаёти шумо чист? ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ШАШУМ (ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ) КАЛИМАЕ, КИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТРО МУАЙЯН МЕКУНАД Порча аз Библия: Такрори Шариат 28Оят барои аз ёд кардан: Такрори Шариат 28:2, 15 САРСУХАН Тақдири миллати шуморо чӣ муайян мекунад? Сиёсати устувори мудофиа? Иқтидори иқтисодӣ ва миқдори бисёри арзи хориҷӣ? Технологияи пешқадам ва дар сатҳи боло, ки ҳоло дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад? Демократия? Капитализм барои рушди пурсамари иқтисодиёт? Дар чунин ҷаҳоне, ки нобаробариҳои сиёсию иқтисодӣ мавҷуд аст, мо барои гул - гулшукуфии халқҳо ва сулҳи ҷаҳон чӣ бояд кунем? Худо ба Исроил ваъда дод, ки агар онҳо дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт- сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба суханҳои Ӯ итоат кунанд, Ӯ онҳоро баракат хоҳад дод. Дар ин ваъда табиати тағйирнопазири Худо намоён шуд. Худо он халқеро, ки аз Ӯ метарсад, ба Ӯ хизмат мекунад, ва ба Ӯ итоат мекунад, баракат медиҳад. Чун ин ваъда дар асоси табиати тағйирнопазири Худо мебошад, он ба тамоми халқҳои ҷаҳон дахл дорад. Шумо ҳам рӯятонро ба суханҳои Худо гардонед. То он замоне, ки чашмонатон аз нигоҳ кардан монда нашудаанд. Суханҳои Ӯро омӯзед ва ба онҳо итоат кунед. Ин принсип, ки тақдири миллатро муайян мекунад ба ҳар фард дахл дорад. Ӯ ҳар фард ва ҳар миллатеро, ки Ӯро иззату икром мекунад ва ба суханҳои Ӯ итоат мекунад баракат медиҳад. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
а. Фармон: в. Ваъда:
а) Шаҳр: Саҳро (3): б) Меваи батни Ту: ҳосили замини Ту: Самараи чорпоёни Ту: в) Сабад ва Корсони Ту (5): г) Шикасти душманон д) Анборҳо: Шуғли дастҳои Ту (8): е) Ташкили қавми муқаддаси Худо (9): ё) қавмҳо аз Ӯ хоҳанд тарсид (10): ж) Борони заминат дар сари вақт: қарз ба халқҳои бисёр: з) Сар будан, на дум:
а. (15, 45): б. (20): в. (47): г. (58):
а. Хоҷагии қишлоқ: б. Тиҷорат ва саноат: в. Ҳайвондорӣ: г. Коркарди хӯрок: д. Проектҳои миллӣ (28-16-20, 38-42): е. Ҳифзи сиҳати омма (21-22, 58-62): ё. Ҳосилнокии замин (23-24): ж. Қонун ва низоми ҷамъиятӣ (30-31): з. Муносибат бо қудрати ҷаҳонӣ (32-34): и. Рақобат бо Ширкатҳои хориҷӣ (43-44): к. Ҷанг ва Тақдири Миллӣ (25-29, 36-37, 48-57, 63-67):
ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАҲОИ ҲАФТУМ (ИТОАТКОРӢ) МОНЕЪАҲО БАРОИ ИТОАТКОРӢПорча аз Библия: Яъқуб 4:1-17 Оят барои аз ёд кардан: Яъқуб 4:7а , 10 САРСУХАН Оё шумо Худоро дӯст медоред? Шумо муҳаббати худро нисбати Худо чӣ хел ифода мекунед? Шумо метавонед муҳаббати худро нисбати Худо тавассути итоат нишон диҳед. Исо гуфт, “ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад�“ (Юҳанно 14:21). Бо ин, Ӯ гуфт, ки муҳаббат ва итоат ҷудонашаванда ҳастанд. Одамон боигарӣ ва қудрати ҷаҳониро талаб мекунанд. Як вақте ки онҳо ин боигарию қудратро ба даст меоранд, фикр мекунад, ки онҳо хушбахт ҳастанд. Одам махлуқи фонӣ аст, Ӯ дар ин замин муддати муайяне мемонад. Вале одамон фикр мекунанд, нақша месозанд ва амал мекунанд, гӯё ки онҳо дар ин ҷаҳон ҷовидонӣ мемонанд. Дар чунин ҳолат одамон чизҳои аз тарафи Худо офаридашударо думболагирӣ мекунанд ва Худоро фаромуш мекунанд. Яъқуб ба халқи парокандаю парешони берун аз мамлакати Худ гуфт. “Пас ба Худо итоат намоед” ва ба онҳо фармон дод, ки ҳаёти итоаткорона пеш баранд. (Яъқуб 4:7) Сабаб чӣ буд, ки Исроилиҳо аз итоат ба Худо сар кашиданд? Монеъа барои шумо дар итоат ба Худо чист? Чун шумо ин дарсро мехонед, бигузор ҳаёти шумо дар итоат ба Худо шавад. Бигузор шумо шогирди Исо шавед, ки Худоро ҳақиқатан дӯст дошт. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
а. Мушкилиҳо а) (1): б) (2): в) (3): б. Сабабҳои асосӣ:
а. (4): б. (5): с. (6):
а. Итоат ба Худо (1 Петрус 5:7-9): б. Наздик шудан ба Худо (Яъқуб 4:4): в. Тавба (9): г. Фурӯтанӣ (10): Калимаи юнонии “humble” - “фурӯтанӣ” маънои “to level down”- “ҳамвор шудан”- ро дорад (Яъқуб 4:6, 10). Калима маънои онро дорад, ки кӯҳҳои баланд ба замин баробар мешаванд. Вақте ки сатҳи оби дарёи Нил ба нуқтаи охир паст мешуд, ин калима барои нишон додани сатҳи пасти об истифода бурда мешуд. Калимаи юнонии “submit”- “итоат” маънои “зер” (under) ва “мондан” (to put)-ро дорад (Яъқуб 4:7) “Ба Худо итоат кардан” маънои худро зери қудрати Худо мондан ҳаст”. Ин маънои онро дорад, ки худро паст кардан дорад, ва дар айни ҳол маънои “фурӯтанӣ” (humble)-ро дорад.
(Яъқуб 4:11-12)
а. (11): в. (12):
а. (11): б. (12):
а. Чизҳои барои дар хотир нигоҳ доштан (14): б. Муносибат (15):
а. (16): б. (17): ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛАИ ҲАШТУМ (ШАҲОДАТ БА ҶАҲОН) ШАҲОДАТИ ҒУЛОМ ДУХТАРПорча аз Библия: 4 Подшоҳон 5:1-27 Оят барои аз ёд кардан: 4 Подшоҳон 5:3 САРСУХАН Шаҳодатдиҳӣ ин шинос кардани Худо бо онҳое мебошад, ки Худоро намедонанд, ва Ӯро сӯи Худо роҳнамоӣ мекунад. Исроилиҳо барои халқҳое, ки Худоро намедонистанд вазифа доштанд. Ин вазифа он буд, ки Худои Офаридгорро ба ҳамаи халқҳо шинос кунанд ва сарчашмаи баракати онҳо гарданд. Байни Исроил ва Сурия ҷанг мерафт. Суриягиҳо духтари хурди исроилиро асир карданд. Ӯ дар хонаи низомии Сурия ғулом шуд. Духтари бечораи халқи шикастхӯрда ғуломи сардори лашкари халқи ғолиб шуд. Ба монанди парандаи дар қафас монда, Ӯ зиндоние буд, ки тақдири маҳзуне дошт. Вале, дар ҳақиқат сардори лашкар сарнавишти маҳзуне дошт. Сардори лашкар махав буд. Духтари хурдсол ба ӯ дилсӯзӣ мекард, ва хоҳиш дошт, ки ӯ шифо ёбад. “Кошкӣ оғоям пеши набие, ки дар Сомария аст, мерафт�” Дар иҷрои ин умеди ӯ монеъаҳо вуҷуд доштанд. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
(4 Подшоҳон 5:1-9). 1) Наамон кӣ буд (1)? 2) Ғуломдухтар кӣ буд ва ӯ дар бораи чӣ сухан кард (2-3)?
а. Наамон (4): б. Подшоҳи Арам (5а): в. Наамон (5б-6): г. Подшоҳи Исроил (7): д. Элишоъ (8): е. Наамон (9):
(4 ПОДШОҳОН 5:10-19)
а) Наамон (11-12): б) Хизматгори Наамон (13): в) Натиҷа (14):
а. Наамон (15): б. Элишоъ (16): в. Наамон (17-18): г. Элишоъ (19):
а. (20): б. (21-24): в. (25):
а. Элишоъ (25): б. Ҷеҳазӣ (25): в. Элишоъ (26-27а): г. Ҷеҳазӣ (27б): ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛА И НӮҲУМ (СИПОСГУЗОРӢ ВА ҲАМДУ САНО) САБАБҲО БАРОИ СИПОСГУЗОРӢПорча аз Библия: Забур 99 Оят барои аз ёд кардан: Забур 99:1-2 САРСУХАН Павлус гуфт: “ҳамеша шод бошед: пайваста дуо гӯед: барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ” (1 Таслӯникиён 5:16-18). Шумо чӣ? Оё шумо ҳамеша шод ҳастед, пайваста дуо мекунед ва Худоро дар ҳама чиз сипосгузорӣ мекунед? Шумо албатта шодӣ мекунед вақте ки хушбахт ҳастед. Вале, вақте ки шумо бо бадбахтӣ рӯ ба рӯ мешавед чӣ хел рафтор мекунед? Дар ин ҷо калимаи “ҳамеша” ба кор бурда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто агар шумо бо фоҷиа рӯ ба рӯ шавед, шумо бояд шодӣ кунед. Вақте ки шумо бо фоҷиа рӯ ба рӯ мешавед, шумо дуо хоҳед кард. Вале, чӣ хел шумо метавонед барои ин шодӣ кунед ва сипосгузорӣ кунед? Агар шумо иқрор мешавед, ки ҳангоми ягон бадбахтӣ шод ҳастед, ин шодии бардурӯғ нест? Хурсандӣ ва сипосгузорӣ ба ҳиссиёт муносибат дорад. Дар бадбахтии шумо чӣ хел метавонед ҳиссиётатонро идора кунед, ки шодӣ кунед? Дар Забур 99 сабабҳое, ки шумо метавонед хурсандӣ кунед ва Худоро шукргузорӣ кунед омадааст. Баъд аз он ки ин шумо ин марҳаларо мехонед шумо сабабҳоеро, ки чаро дар бабахтӣ бояд шодӣ кунед, хоҳед донист. Бигузор ҳаёти шумо ҳаёти шукргузорӣ бошад. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА
(ЗАБУР 100:1-3)
(1-2)?
1) Дар масъалаи ҳиссиёт кадом фармонҳо дода шудаанд (4)? 2) Кадом ҷанбаҳои Яҳво тасвир ёфтаанд (5)?
Яҳво Худои “меҳрубон” ва “бовафо” аст. Меҳрубонӣ ин табиати Худост, ки дар муносибати Худо бо халқи интихобкардаи Худ–исроилиҳо ва ҳамаи офаридаҳои Ӯ ошкор мешавад. Дар порчаҳое, ки меҳрубонӣ зикр шудааст, кӯмак ва бахшиши Ӯ ба чашм мерасад. Яҳво, Худои меҳрубон ба офаридаҳои Худ мувофиқи иродаи Худ ёрӣ медиҳад ва гуноҳкоронро меомурзад (Хуруҷ 34:5-6; Наҳемё 9:17). Калимаи ибронии “бовафоӣ” маънои “устуворӣ”-ро дорад. Ин калима барои тасвири дастҳои Мусо, ки то ғуруби офтоб поён намуданд, истифода бурда шудааст. Он чунин тарҷума шудааст “� ва дастҳои ӯ то ғуруби офтоб усутувор монд” (Хуруҷ 17:12). Ин калима барои тасвири дастҳои пурқувват ва устувор ба кор бурда шудааст. Худо устувору қудратманд аст ва мо комилан аз Ӯ вобастагӣ дорем (Навҳаҳои Ирмиё 3:23-24). Вақте ки шумо барои гуноҳҳоятон ҷазо дода шудаед назди Худои бахшоянда биёед, ки аз меҳрубонӣ пур аст. Вақте ки шумо ягон бадбахтӣ доред, назди Худои бовафо биёед ва комилан ба Ӯ таслим шавед. Пеши Ӯ суруди шодӣ бихонед ва Ӯро сипосгузорӣ кунед. ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. 1. 2. 3. МАРҲАЛА И ДАҲУМ (ЗИНДАГИИ ҚУДСИЁНА ВА ВАФОДОРӢ) ВАФОДОРӢ ВА САРВАТПорча аз Библия: 1 Вақоеънома 29:1-19 Оят барои аз ёд кардан: 1 Вақоеънома 29:14 б САРСУХАН Оё шумо медонед, ки чаро шумо дар ин ҷаҳон вуҷуд доред? Ин барои он ки Худо шуморо офарид. Чашмҳои Худо шуморо аллакай пеш аз он диданд, ки падару модаратон бо ҳам вохӯрданд (Забур 138:16). Худое, ки олами бекаронро офарид ва онро нигоҳ медорад, ҳамеша дар дили одами кӯчакеро ҷой медиҳад ва ӯро дилбардорӣ мекунад. Вақте ки Худо халқро офарид, Ӯ дар дили онҳо фикри Худоро гузошт (Воиз 3:11). Баъд аз он ки одамон бо Худо вохӯрданд, онҳо маънои зиндагиашонро фаҳмиданд. Вақте ки одамон ба Худо боварӣ мекунанд ва барои ҳаёташон нақша месозанд, онҳо аз роҳату озодӣ ҳаловат мебаранд. Вақте ки одамон бо ҳамаи он чизе, ки онҳо доранд, онҳо хурсандиро аз сар мегузаронанд. Сарвататонро чӣ хел идора мекунед? Муносибати шумо нисбати хайрияҳо чӣ хел аст? Шумо боигариатонро барои чӣ сарф мекунед? Чун шумо ин марҳаларо меомӯзед нуқтаи назари худро доир ба боигарӣ санҷед. ғуломи боигариатон нашавед, ва аз паси боигарии беш набошед. Бигузор аз боигариатон танҳо хушбахт бошед. АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА Довуд подшоҳи Исроил буд. Ӯ чӯпони бе ному нишон буд. Вале, Худо ӯро баракат дода ӯро подшоҳи миллат гардонд, ва Ӯ салтанати бузурги Довудро таъсис дод. Сипосгузорӣ аз баракати Худо бар сари ӯ, Довуд сарвати бисёреро ҷамъ карда барои Худо маъбад сохт. Ӯ хост, ки писараш сохтмони ин маъбадро анҷом диҳад ва ба халқи маслиҳат дод, ки хайрияҳои худро ба Худо тақдим кунанд.
2) Довуд барои ин сохтмон чӣ кор кард (2-5)? а. (2): б. (3-5): 3) Довуд чӣ маслиҳат дод (5б)? 4) Сарварон ва одамон чӣ кор карданд (6-9)?
а. б.
а. (14): б. (14б; 16): в. (15): г. (17): Калимаи “сипосгузорӣ” (thank) дар забони ибронӣ маънои “иқроршавӣ, эътирофкунӣ ва баёнкунӣ”-ро дорад. Худоро сипосгузорӣ кардан ин табиати Ӯро ва корҳои ӯро эътироф кардан ва ба дигарон баён кардан мебошад. Маънои калимаи ибронии “ҳамду сано кардан” ба “сипосгузорӣ” монанд аст. Агар шумо хоҳед Худоро сипосгузорӣ кунед, табиати Худоро эътироф кунед ва онҳоро ба дигарон баён кунед. Агар шумо хоҳед Худоро ҳамду сано гӯед, Ӯро бо хурсандӣ, сурудхонӣ ва рақсу бозӣ сипосгузорӣ кунед.
(1 ВАқОЕЪНОМА 29:18-19)
ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ
( ) ҳеҷ чиз ( ) хеле ками дастҳои худам ( ) миёна ( ) пури дастҳои худам
ХУЛОСААкнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед. << Дарсҳои рӯҳонӣ |