Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзиши Библия барои Ш - 4

Download
 

МАРҲАЛАИ ЯКУМ (МАСЕҲӢ БУДАН)


ИСО – МЕВАИ АВВАЛИ ЭҲЁШАВӢ



Порча аз Библия: 1Қӯринтиён 15, 2 Қӯринтиён 4:14-18


Оят барои аз ёд кардан: 1 Қӯринтиён 5:51-52


САРСУХАН


Масъалаи нисбатан ҷиддии инсоният ин масъалаи марг аст. Ҳеҷ кас наметавонад аз марг гурезад. Баъд аз таваллуд ҳар як одам рӯз ба рӯз ба марги худ наздик мешавад. Чун одамон дунёи баъд аз маргро намедонанд, онҳо аз марг метарсанд.


Калисое, ки Павлус дар қӯринтӯс созмон дод, ҳамчунин бо ин масъалаи марг ва эҳёшавӣ рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аъзоёни калисо боварӣ доштанд, ки эҳёшавии ҷисм номумкин аст. Ин ақида бо фалсафаи Юнон, ки он давра мақоми баланд дошт, ва ҳамчунин бо равияи Садусиён монанд буд.


Онҳое, ки ба эҳёшавии ҷисм баъди марг имон надоранд, онҳое, ки баъди марг маҳкумияти ҳаётро надоранд, дар ин ҷаҳон ҳаёти бимнок доранд. Бунёди ахлоқии онҳо хеле нозук аст. Шумо дар бораи ҳаёти баъди марг чӣ фикр доред? Эҳёшавии Исо ба шумо чӣ маънӣ дорад? Чун шумо таълимоти Павлусро пазируфтед, Худоро сипосгузорӣ намоед, ки Исоро аз мурдаҳо эҳё кард, ва ба зиндагии шумо дар ин ҷаҳон маънӣ бахшид.


АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. БА ОНҲОЕ, КИ МЕГӮЯНД, КИ ЯГОН ЭҲЁШАВӣ ВУҶУД НАДОРАД (1 Қӯринтиён 15:1-34)



  1. Баъзе аъзоёни калисои қӯринтус чӣ мегӯянд (12)?



  1. Павлус оиди эҳёшавии мурдагон чӣ шаҳодат дод (3-8)?



  1. Барои исботи он, ки эҳёшавии мурдаҳо вуҷуд дорад, Павлус якчанд натиҷаҳои бо фаразияи он, ки дигар эҳёшавӣ намеояд нишон медиҳад. Ин натиҷаҳо кадомҳоянд?


а. (13 дар ояти 16 такрор шудааст)



б. (14) :



в. (15):



г. (16):



д. (17):



е. (19):



4) Асоси умеди мо барои эҳёшавии мурда чист? Умеди мо барои эҳёшавӣ чӣ ҳаст (20–28)?


а. Асос:


в. Умед:



  1. Чӣ хел мо бояд зиндагӣ кунем, агар мо ба эҳёшавии мурдаҳо боварӣ дорем (29-34)?


а. (30-31):


б. (32-34):



  1. БАРОИ ОНҲОЕ, КИ ЧУНИН САВОЛ МЕБАРДОРАНД: “МУРДАГОН ЧӢ ГУНА ЭҲЁ МЕШАВАНД ВА ДАР ЧӢ ГУНА ҶИСМ МЕОЯНД?”(1Қӯринтиён 15:35-57)?


  1. Онҳое, ки ба эҳёшавии мурда боварӣ надоранд, чӣ хел саволро медиҳанд (35)?



  1. Павлус оиди ҷисми эҳёшуда чӣ ҷавоб дод?


а. (36-39):


б. (42-44):


в. (45-49):



г. (50-57):




  1. БАРОИ ОНҲОЕ, КИ БА ЭҲЁШАВӣ БОВАРӢ ДОРАНД

(1Қӯринтиён 15:58; 2 Қӯринтиён 4 : 14 –18 )



  1. Масеҳиёне, ки имон ва умед барои эҳё доранд, чӣ хел зиндагӣ бояд дошта бошанд (1 Қӯринтиён 15:58)?





  1. Вақти ки ба сахтӣ дучор мешавем, чӣ хел вазъият бояд дошта бошем (2 Қӯринтиён 4:14-18)?




Умуман, юнониҳо ба абадии рӯҳ боварӣ доштанд, вале онҳо эҳёи ҷисмро қабул накарданд. Барои онҳо эҳёи ҷисм аз он сабаб қобили қабул набуд, ки ба фикри онҳо ҷисм ин сарчашмаи заифӣ ва гуноҳи одам мебошад. Бинобар ин онҳо маргро хеле хуш мепазируфтанд, чунки бо ин рӯҳ аз ҷисм озод мешавад; вале эҳё хуш қабул нашуд, чунки бо ин рӯҳ боз ба ҷисм дохил мешавад. (С. Люис ҷонсон “Қӯринтиёни Якум” дар Тафсири Виклифи Библия, соли 1255).


ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Онҳое, ки изҳор мекунанд, ки эҳёи Исо ғайри воқеӣ аст, барои исботи фикри худ се ақида доранд. (1) Ақидаи аз ҳушравӣ – Исо дар салиб намурд, балки аз ҳуш рафт. Чун Ӯро ба қабри хунук монданд Ӯ ба ҳуш омад ва аз он ҷо бадар шуд. (2) Ақидаи сохта – Исо дар ҳақиқат ҳам дар салиб мурд ва гӯр карда шуд. Шогирдони Ӯ ҷисми Ӯро дуздиданд ва овозае паҳн карданд, ки гӯё Исо эҳё шуд. (3)Ақидаи шабаҳ- Шогирдон на ин ки Исоро, балки танҳо шабаҳи Ӯро диданд. Шумо ба ин ақидаҳо чӣ хел ҷавоб медиҳед?


  1. Ақидаи аз ҳушравӣ :


  1. Ақидаи сохта:


  1. Ақидаи шабаҳ:


  1. Назари ин ҷаҳон ба системаи арзишҳое ишора мекунад, ки чӣ тарз амал кардани инсонро муайян мекунад. Арзиши ҳаққонии ҳаёти шумо байни (1) сарватмандӣ, шаън ва комёбиҳо, ки ба ин ҷаҳон тааллуқ доранд, ва (2) олами абадӣ, ки баъди марг ба он дохил мешавӣ дар куҷо ҳаст? Мақсади ҳаёти шумо чист ва чӣ хел шумо ҳаётатонро барои амалии он мегузаронед (2 Қӯринтиён 5:1-9). Ба фикратон, ки шумо нуқтаи назари инҷаҳонии масеҳӣ доред? Агар шумо бар тибқи нуқтаи назари ҷаҳонии масеҳӣ зиндагӣ намекунед, шумо бояд чӣ кунед?


  1. Ҳам дониш ва ҳам амалия муҳим ҳастанд (1 Қӯринтиён 15:58). Хатари амали бе дониш чист? Дар дониши бе амал чӣ нодуруст аст? Агар шумо ин падидаҳоро мебинед, онҳоро ба дигарон низ гӯед (2 Петрус 3:17-18).


  1. Қадрдонӣ ва умеди худро аз эҳё бигӯед.



ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.



МАРҲАЛАИ ДУЮМ (ШОГИРДӢ)


ШОГИРДӢ, БА НАЗДИ ХАЛҚҲО РАФТАН


Порча аз Библия: Матто 5:1-16, 38-48


Оят барои аз ёд кардан: Матто 5:16


САРСУХАН

Исо ба шогирдонаш гуфт. “Пас биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед”. Ба шогирдони Исо зарур буд ба назди ҳамаи халқҳо бираванд ва онҳоро шогирд созанд. Ба шогирдон фармони ғайрифаъол дода нашуд, ки онҳо интизори он шаванд, ки ҳамаи халқҳо пеши онҳо меоянд. Исо ба онҳо гуфт, ки фаъолона амал кунанд.


Ҳеҷ як масеҳӣ набояд ягон халқро истисно кунад, чунки Исо “ҳамаи халқҳо”-ро гуфта буд. Шогирдон набояд танҳо назди он халқҳое раванд, ки шогирдонро хуш мепазиранд ва ҳамду сано мегӯянд. Халқҳое, ки Исоро намедонанд шояд шогирдони ӯро хуш қабул намекунанд, вале шогирдони Исо бояд назди онҳо низ раванд.


Чӣ хел шогирдони Исо назди халқҳое раванд, ки нисбати онҳо муносибати мухолиф доранд? Чӣ хел шогирдон метавонанд тафаккури онҳоро сӯи худ кашанд ва онҳоро шогирдони Исо гардонанд? Исо шогирдонашро таълим дод, то ин ки онҳоро назди халқҳо фиристонад. Ҳатто имрӯзҳо ҳам шогирдони Исо барои ба назди халқҳо рафтан ба таълимдиҳӣ эҳтиёҷ доранд.



АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. ШОГИРДӢ ДАР ҲАШТ ОЯТИ БАРАКАТ ОШКОР ШУД (5:1-16)



  1. Исо киро таълим дод (1)?



  1. Киҳоро баракат доданд (3-10)?



а. мискинони рӯҳ (3):


б. мотамзадагон (4):


в. ҳалимон (5):


г. гуруснагон ва ташнагони адолат (6):


д. раҳимон (7):



е. покдилон (8):



ё. сулҳҷӯён (9):



ж. таъқибшудагон дар роҳи ҳақиқат (10):



Навиштаҳои боло иқтибосҳо аз Тафсироти Тиндал мебошанд.


  1. Дар ин ҷо нисбати ранҷу мусибат чӣ таълим дода шудааст?


а. Сабаб (11):



б. Хусусият (11):



в. Фармон (12):




  1. Чӣ хел шогирдон метавонанд аз сари нав дар ҷаҳон муносибатро байни Худо ва одамон таъсис диҳанд.


а. ба хӯрок мазза бахшидан (13):


б. дурахшон кардани ҷаҳон (ҷамъият) (14):


в. додани нур ба ҳама (15):


г. анҷом додани корҳои хуб (16):



  1. РОҲИ ШОГИРДОН ДАР МУНОСИБАТ БО ДУШМАНОН (МАТТО 5:38-48).


  1. Дар бораи душмани кинаҷӯй чӣ таълим дода шудааст?


а) Ҳақиқати ҷаҳон (38):




б) Дарси Исо (39-42):




  1. Дар бораи душманони меҳрубон чӣ таълим дода шудааст?



а. Ҳақиқати ҷаҳон (43):



б. Дарси Исо


а) Муҳаббат (44а):



б) Дуо (44б):



в) Фарзандони Падари Худ (45а):



г) Табиати Ӯ (45б):



д) Муҳаббати ғайрияҳудиён (46-47):



е) Комил будан (48):


ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Исо ба шогирдонаш амр дод, ки ба таъқиботи ноадолатона тоқат намоянд, ва онҳоро баракат диҳанд. Агар мо ин амрро пайравӣ кунем оё одамон моро механданд? Оё беҳтар нест, ки зидди онҳо мубориза бурда адолатро барқарор кунӣ?




  1. Чӣ хел мо метавонем хурсандиро нигоҳ дорем, вақте ки бо ранҷу танқидкунии ноадолатона рӯ ба рӯ мешавем?




  1. Исо ба мо гуфт, ки мо бояд барои онҳое, ки моро таъқиб мекунанд дуо кунем, агар хоҳем фарзандони Падари Худамон бошем? Оё мо то ҳоло ҳам фарзандон Худо нестем? Оё ин наҷотёбиро тавассути кор таълим намедиҳад?


  1. Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне”- чунин буд ҳақиқати (қонуни) фарисиён барои кина ҷустан аз душманон. Оё ин қонун бераҳм аст? Дар муқоиса бо ин қонун муносибати ҳаррӯзаатон чӣ хел аст?



  1. Ҳамчун муфаттиш аз болои ин ибора “агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи ӯ бигардон” андеша кунед. Дар аввал ӯ кадом хел ранҷро ҳис мекунад? Кадом хел ранҷро мо баъд бояд тоқат кунем?



ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.


МАРҲАЛАИ СЕЮМ (МЕВАИ РӮҲУЛҚУДС)


РӮҲУЛҚУДС ВА МУНОСИБАТ БАЙНИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН. ХОҶА ВА ҒУЛОМ


Порча аз Библия: Эфсӯсиён 6:1-9


Оят барои аз ёд кардан: Эфсӯсиён 6:1,4


САРСУХАН

Вақте ки шумо аз Рӯҳулқудс пур мешавед, дар муносибати байни фардиаатон дигаргуниҳо ба амал меоянд. ҳамчунин дар ҳаёти калисо ва ҳаёти оилавӣ низ дигаргуниҳо рух медиҳанд. Ҳар кас аз тарси Масеҳ зери итоати дигаре мешавад. Чун калисо зери итоати Масеҳ аст, пас зан бояд зери итоати шавҳараш бошад. Чун Масеҳ калисои Худро дӯст медорад, ҳамчунин шавҳар бояд занашро дӯст дорад. Байни волидон ва фарзандон, хоҷа ва ғуломон чӣ бояд рӯй диҳад?


Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад, вале масхарабоз итобро намешунавад” (Масалҳо 13:1). “Бачаро бо роҳе, ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад” (Масалҳо 22:6). Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст; чуби адаб онро аз вай дур мекунад” (22:15). “Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад, вай оқибат мехоҳад писар шавад” (Масалҳо 29:21).


Вақте ки одамон аз Рӯҳулқудс пур мешаванд, ва аз тарафи Рӯҳ назорат мешавад, муносибати байни волидон ва фарзанд чӣ хел дигар мешавад? Кадом қонунро метавон ба муносибати байни хоҷа ва ғулом ба кор бурд? Эфсӯсиён 6:1-9 мафҳумҳо ва намунаҳоро барои муносибати аз Рӯҳ пурро пешниҳод мекунад.



АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. РӮҲУЛҚУДС ВА МУНОСИБАТ БАЙНИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНД (ЭФСӯСИЁН 6:1-4)


  1. Фарзандон бояд нисбати волидон чӣ хел муносибат кунанд? Сабаби ин чист ва бо он кадом ваъда меояд

(1-3)?


а. Фармон (1-2):



в. Сабаб (1):



с. Ваъда (3):




  1. Волидон бояд ба фарзандон чӣ хел муносибат кунанд (4)?



Фарзандони худро ба хашм наоред (4а):




Онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед (4б).



Калимаи юнонӣ барои “интизом” (discipline) маънои “тарбият кардан ё сарзаниши ҷисмонӣ”-ро дорад. Ин калима бо маънои “тарбият кардан” ҳамчун мақсади Калом дар 2 Тимотиюс 3:16 тарҷума шудааст. Калимаи юнонӣ барои “омӯзиш” (insruction) калимаҳои таркибии “тафаккур” ва “мондан” мебошанд. Ин маънои ба ёдоварии таълимдиҳӣ мебошад. ҳамчунин калимаи “омӯзиш” ҳамчун мақсади Аҳди ҷадид истифода бурда мешуд. Волидон бояд фарзандони худро бо интизом ва омузиш ғизо диҳанд. Ин кор тавассути сарзаниши ҷисмонӣ ва дар тафаккури кӯдакон ҷо додани дарсҳо иҷро мешавад.



  1. РӮҲУЛҚУДС ВА МУНОСИБАТ БАЙНИ ХОҶА ВА ҒУЛОМ (ЭФСӮСИЁН 6:5-9)



  1. Чӣ хел бояд ғуломон ба хоҷагони худ муносибат кунанд?

Сабабаш чист (5-8)?



а. Ба хоҷагони худ итоаткор бошед (5):



б. Ҳозирхизматии зоҳирӣ дошта набошед (6):



в. Ғайратмандона хизмат кунед (7):



д. Сабаб (8):



  1. Хоҷагон бояд чӣ хел бо ғуломони худ муносибат кунанд?

Сабабаш чист?



3) 1 Тимотиюс 6:1-2-ро хонед. Чӣ хел бояд ғуломон бо хоҷагони худ муносибат кунанд? Сабабаш чист?



а. Иззату икром (1а):


б. Сабаб (1 б):



в. Боз ҳам зиёдтар (2а):



г. Сабаб (2б):



4) Порчаҳои зеринро хонед.


а. Қӯлассиён 3:18-4:1



б. Масалҳо 23:13-15, 22-25, 30:17



ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Агар шумо падар ё модар ҳастед – чӣ хел шумо Каломи Худоро ба фарзандонатон таълим медиҳед? Оё шумо дар тарбияи фарзанд ягон душворӣ мекашед? Оё тарбияи фарзанд вазифаи олии шумост?



  1. Агар шумо фарзанд ҳастед – шумо ба волидонатон итоат мекунед? Кадом вақт ба волидон итоат кардан мушкил аст? Библия мегӯяд, ки онҳое, ки ба падару модар итоат мекунанд соҳиби баракатанд ва умри дароз доранд? Ба фикри шумо ин ҳақиқат аст?



  1. Библия мегӯяд, ки ғуломон бояд хоҷагони худро иззату икром кунанд. Оё Библия системаи ғуломдориро тарафдорӣ мекунад? Чунин мегӯянд, ки он ҷое, ки масеҳият роиҷ аст, системаи ғуломдорӣ вуҷуд надорад. Оё ин бо таълимоти Библия мухолиф нест?



  1. Системаи ғуломдорӣ дар бисёр мамлакатҳо мавҷуд нест. Оё таълимот оиди хоҷагон ва ғуломон ҳозир ҳам мувофиқ аст? Агар ҳа, чӣ хел?



  1. Қонуни масеҳии меҳнат ва муносибати байнифардӣ чӣ бояд бошад? Чаро баҳсҳо ва мухолифатҳои корӣ ба миён меоянд?



ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.

3.


МАРҲАЛАИ ЧОРУМ (КАЛИСОИ МАСЕҲ)


КАЛИСОИ ЭФСӮСИЁН



Порча аз Библия: Аъмол 19:7-41: Эфсӯсиён 1:15-16:

Ваҳй 2:1-7


Оят барои аз ёд кардан: Ваҳй 2:4-5



САРСУХАН

Дар рӯзи Пантикост Рӯҳулқудс ба шогирдони Исо қудрат бахшид ва калисо бунёд шуд. Калисо тарзи ҳаёти Калом, Дуо, Бародарӣ ва Шаҳодатро нишон дод (Аъмол 2:42-47). Онҳо молу мулки худро мувофиқи эҳтиёҷоти худ бо дилхушӣ тақсим карданд. Чун ҳаёти калисои аввала нишон медиҳад, калисоҳо ба рушд ва пур шудан аз қудрати ҳаётӣ эҳтиёҷ доранд.


Дар марҳалаи дуюм мо донистем, ки калисо Таслӯникӣ ҷавон буд. Вале, бо вуҷуди ин, калисои Таслӯникӣ намунаи бародардӯстӣ буд. Муҳаббати онҳо аз сарҳадҳои шаҳри Таслӯникӣ баромад ва бародарони парешони тамоми Македонияро дар бар гирифт. Ин тасвири зебои калисо бо Исо ҳамчун сари он мебошад.


Калисои Эфсӯс ҳам калисои рушдёфтаистода буд. Барои кадом чизҳо калисоро ситоиш мекунанд: барои кадом чизҳо онро сарзаниш мекунанд? Агар калисои шумо мувофиқи ин марҳала амал кунад лоиқи ситоиш мешавад?



АЗ НАЗАР ГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. ЗИНАИ АВВАЛИ КАЛИСОИ ЭФСӯСИЁН

(АЪМОЛ 19:7-10, ЭФСӯСИЁН 1:15-16).



  1. Вақте ки Павлус дар Эфсӯс шаҳодат медод, ӯ дар куҷо мавъиза мекард ва натиҷааш чӣ буд (Аъмол 19:7-9а)?



  1. Усули дуюми Павлус чӣ буд ва натиҷааш чӣ буд

(Аъмол 19:9б-10)?



  1. Павлус дар Эфсӯс ду сол мавъиза кард ва баъд шаҳрро монда рафт. Баъдтар ӯ ба калисои Эфсӯс нома навишт. Дар бораи чӣ Павлус калисоро ситоиш кард (Эфсӯсиён 1:15-16)?



  1. ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ ШАҲРИ ЭФСӮС (АЪМОЛ 19:19, 23-41)


Эфсӯс ҳамчун бандари савдо, шаҳри калони тиҷоратӣ ва маркази динӣ буд. Дар ин ҷо Павлус мавъиза кард, ки худоҳои сохтаи дасти инсон Худо нестанд (26). Худо ба василаи Павлус мӯъҷизоти бузурге ба амал овард ва одамони касалро шифо бахшид, то ин ки одамон бо он чӣ, ки Павлус гуфта буд бовар кунанд (11-12).


  1. Бисёре аз онҳое, ки ба ҷодугарӣ машғул буданд бо дидани мӯъҷизоти Павлус чӣ кор карданд (19)?



  1. Бутпарастон чӣ кор карданд?



а. Димитриюс (23-27):




б. Одамон (28-29, 34)



  1. ВАЗЪИЯТИ БАЪДИИ КАЛИСОИ ЭФСӮС (ВАҲЙ 2:1-7)


  1. Инҳо ваҳй кӣ ҳастанд ва ин ваҳй ба василаи кӣ ошкор шуд (1)?


а. Ваҳй Исои Масеҳ ( 1:1,13,18):



б. Исои Масеҳ (1:20-2:1):



Қабулкунанда : Фариштаи калисои Эфсӯс.

Фаришта “ калисоро намояндагӣ мекунад.



  1. Барои кадом чиз калисои Эфсӯсиён ситоиш шуд

(2-3, 6)?



  1. Барои кадом чиз калисои Эфсӯсиён сарзаниш карда шуда буд (4)?




  1. Кадом фармонҳо, огоҳиҳо ва ваъдаҳо ба калисои Эфсӯс дода шудаанд (5,7)?


а. Фармон (5а):


б. Огоҳӣ (5а):


с. Ваъда (7):


ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Павлус дар Тиранус кадом усулро ба кор бурд? Агар калисо ё ташкилоти тарғиботии шумо чунин усулро ба кор барад, ба чӣ муваффақ мешавад?




  1. Калисои Эфсӯс барои аз даст додани муҳаббати аввалаашон сарзаниш карда шуда буд. Ин муҳаббати аввал чӣ буд? Ин дӯст доштани Масеҳ ё дӯст доштани бародарони дигар мебошад?



  1. Тарафи пурқуввати масеҳиёни Эфсӯс чӣ буд? Ба фикри шумо анъанаи онҳо чӣ буд, ки дар асоси он масеҳиёни Эфсӯс чунин пурқувват шуданд?




  1. Чӣ хел масеҳиёни Эфсӯс муҳаббати аввалро аз даст доданд? Пурқувватии калисоро ба инобат гирифта, шумо ва калисоҳои ҳозира аз чӣ бояд огоҳӣ дошта бошанд?




ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.

2.


3.

МАРҲАЛАИ ПАНҶУМ (ХУДО ВА ДУО)


ДУОИ ИСО


Порча аз Библия : Юҳанно 17:1-26


Оят барои аз ёд кардан : Юҳанно 17:16


САРСУХАН


Лаҳзаҳои охири ҳаёти ҳар кас самимӣ ҳастанд. Ҳамаи одамон дар ҷаҳон, хоҳ хуб бошанд ё бад, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо марг самимӣ мешаванд. Вақти марг ин мавридест, ки кас ҳаётро дар ин ҷаҳон монда ба дарвозаи ҳаёти нав ё ҳаёти ҷовидонӣ қадам мегузорад. Ин вақти вохӯрӣ бо Худои Бузург дар ҷаҳони нав ва ҷовидонӣ мебошад.


Исои Масеҳ, ки Ӯро баъзе вақтҳо халқи бисёре хушбошӣ мекарданд бо рӯзи охирини Худ дар ин ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд. Шогирдоне, ки Ӯро пайравӣ мекарданд, дигар бо Ӯ будан наметавонистанд. Баъди лаҳзаи кӯтоҳе шогирдонаш Ӯро тарк хоҳанд кард. ҳатто шогирди аз ҳама содиқаш Ӯро инкор хоҳад кард. Дар он шаб Исо танҳо буд. Он шабро Ӯ чӣ хел гузаронд?


Пеш аз оне, ки душманонаш Ӯро таслим карданд, Ӯ фаҳмид, ки ин шаби охирини озодии Ӯ мебошад ва аз ин сабаб Ӯ дуо кард. Исо бо Худо гуфтугӯ кард ва ин шабро бо ба охир расондани рӯҳонияти Худ гузаронд. Исо ба Худо чӣ гуфт? Дар дуои Исо илтимоси Ӯ барои шогирдон ва хоҳишҳои охирини Ӯ нишон дода шудаанд. Дар ин дуо бахшҳои ниҳоии дуо ва хоҳишҳои худро ёбед.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. ДУОИ ИСО (ЮҲАННО 17:1-5)

  1. Исо дуо кард: “ Эй Падар ! Соат расидааст: Писари худро ҷалол деҳ� “ Дар ин “ соат “ чӣ рӯй медиҳад? Бо гуфтани “Писари худро ҷалол деҳ“ Исо чӣ илтимос кард? Ин дар бораи мақсади шоистаи ҳаёти шахс чӣ таълим медиҳад? (1,5)


а. Соат:


б. Ҷалолдиҳии Исо:


с. Мақсади Исо дар ҳаёти Ӯ:



  1. Худо ба Исо чӣ вазифа дод? Кадом чизҳои дигарро Худо ба Исо дод, то ин ки Исо вазифаашро анҷом диҳад (2-4)?


Вазифаи Исо :


Чизҳои дигаре, ки Исо гирифт:



  1. ДУО БАРОИ ШОГИРДОН (ЮҲАННО 17:6-19)


  1. Исо барои кӣ зиндагӣ кард? Мақсади Исо дар зиндагӣ чӣ буд? Барои анҷоми мақсад, Худо ба Исо чӣ дод, ва Исо онҳоро чӣ хел ба кор бурд?



а. Вазифаи ҳаёти Исо (6) :


б. Мақсади ҳаёти Исо (6-7):



Чизҳое, ки Исо гирифт ва ба кор бурд :


а) Қудрат (2):


б) Суханҳо (3):


в) Исми Ӯ (12-13):


Исо доштани қудратро аз болои тамоми инсоният, суханҳои Падар ва исми Падарро гирифт. Мақсади Падар ва Исо – ин ба тарафи Худ гардондани рӯи мардум мебошад.



  1. Акнун Исо мақсадашро дар зиндагӣ иҷро кард ва ба назди Падари Худ баргашт. Шогирдони Ӯ бо кадом мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд? Исо ба шогирдонаш чӣ дод ва барои шогирдонаш чӣ дуо кард? Мақсади шогирдон дар ҳаёт чист?


а. Мушкилӣ ( проблема ) (11,14):



б. Чизҳое, ки Исо ба шогирдонаш дод ( 8,14):



в. Дуои Исо ба шогирдони Худ (9:17):


а) (9):

б) (11):


в) (13):


г) (15-17):



г. Мақсади шогирдон дар ҳаёт (18):



  1. ДУО БАРОИ ШОГИРДОНИ НАСЛИ ДУЮМ (ЮҲАННО 17:20-26)


  1. Исо барои кӣ дуо кард (20)?



  1. Исо ба шогирдони насли дуюм чӣ дод? Исо ба фоидаи онҳо чӣ гуфт (21– 26)?


а. Чизҳое, ки Исо ба шогирдони Худ дод (22):



б. Исо барои шогирдонаш дуо мекунад.


а) (21):


б) (23):



в) (24):



в. Чизҳое, ки Исо ба шогирдони Худ дод (26):


а) Исми Падар:


б) Муҳаббати Падар:



в) Мавҷудияти Исо:


Чизҳое, ки Исо ба шогирдони Худ дод, ва мақсади онҳо дар ҳаёт, ба чизҳое, ки Худо ба Исо дод ва мақсади ҳаёти Ӯ монанд буданд. Исо ҷаҳонро ба шогирдони Худ бовар карда дод, ва шогирдони Ӯ суханҳои Падар, ҷалоли Исо, исми Падар ва мавҷудияти Исоро гирифтанд. Мақсади ҳаёти шумо чист?

ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Тасаввур кунед, ки шумо бори охирон дар ҳаётатон дуо мекунед. Шумо дар бобати вазифа ва чизҳое, ки Падар ба шумо дода буд чӣ дуо мекунед?




  1. Чӣ хел Исо Худоро ҷалол дод? Шумо Худоро чӣ хел ҷалол медиҳед? Агар шумо хоҳед, ки ҷалол ёбед, ба шумо чӣ зарур аст?




  1. Исо ба шумо чӣ ҷалол дод?




  1. Бигӯед, ки чӣ хел одамон ба Исо имон оварданд, вақте ки онҳо диданд, ки ҳамаи масеҳиён як шуданд. Оё дар ҷамъияти мо масеҳиён як ҳастанд (ҳа / не)? Чаро шумо ин хел фикр мекунед? Кадом тарафҳоро ба мо зарур аст, ки беҳтар кунем?




  1. Ба фоидаи шогирдони худ шумо чӣ дуо мекунед?




  1. Ба одамон зарур аст, ки ҳангоми дар ҳаёт буданашон дуои пеш аз маргро тайёр кунанд. Кадом дуои пеш аз маргро шумо мехоҳед дуо кунед?




ХУЛОСА



Акнун, ки шумо ин марҳаларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.


МАРҲАЛАИ ШАШУМ (ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ)


КАЛИМАЕ, КИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТРО МУАЙЯН МЕКУНАД

Порча аз Библия: Такрори Шариат 28


Оят барои аз ёд кардан: Такрори Шариат 28:2, 15



САРСУХАН


Тақдири миллати шуморо чӣ муайян мекунад? Сиёсати устувори мудофиа? Иқтидори иқтисодӣ ва миқдори бисёри арзи хориҷӣ? Технологияи пешқадам ва дар сатҳи боло, ки ҳоло дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад? Демократия? Капитализм барои рушди пурсамари иқтисодиёт? Дар чунин ҷаҳоне, ки нобаробариҳои сиёсию иқтисодӣ мавҷуд аст, мо барои гул - гулшукуфии халқҳо ва сулҳи ҷаҳон чӣ бояд кунем?


Худо ба Исроил ваъда дод, ки агар онҳо дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт- сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба суханҳои Ӯ итоат кунанд, Ӯ онҳоро баракат хоҳад дод. Дар ин ваъда табиати тағйирнопазири Худо намоён шуд. Худо он халқеро, ки аз Ӯ метарсад, ба Ӯ хизмат мекунад, ва ба Ӯ итоат мекунад, баракат медиҳад. Чун ин ваъда дар асоси табиати тағйирнопазири Худо мебошад, он ба тамоми халқҳои ҷаҳон дахл дорад.


Шумо ҳам рӯятонро ба суханҳои Худо гардонед. То он замоне, ки чашмонатон аз нигоҳ кардан монда нашудаанд. Суханҳои Ӯро омӯзед ва ба онҳо итоат кунед. Ин принсип, ки тақдири миллатро муайян мекунад ба ҳар фард дахл дорад. Ӯ ҳар фард ва ҳар миллатеро, ки Ӯро иззату икром мекунад ва ба суханҳои Ӯ итоат мекунад баракат медиҳад.


АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


  1. БАРАКАТ БАРОИ ХАЛқЕ, КИ БА СУХАНҳОИ Ӯ ИТОАТ МЕКУНАД (ТАКРОРИ ШАРИАТ 28:1-14)



  1. Фармон ва ваъда оид ба аҳкоми Худо кадомҳоянд (1-2)?

а. Фармон:


в. Ваъда:



  1. Дар кадом ҷанбаҳо миллат баракат дода мешавад? Истилоҳотҳои ҳозираро истифода бурда ба ин савол ҷавоб диҳед (3-13).


а) Шаҳр:

Саҳро (3):



б) Меваи батни Ту:

ҳосили замини Ту:

Самараи чорпоёни Ту:



в) Сабад ва Корсони Ту (5):



г) Шикасти душманон



д) Анборҳо:

Шуғли дастҳои Ту (8):



е) Ташкили қавми муқаддаси Худо (9):



ё) қавмҳо аз Ӯ хоҳанд тарсид (10):



ж) Борони заминат дар сари вақт:

қарз ба халқҳои бисёр:



з) Сар будан, на дум:



  1. Бо кадом ибора ваъдаи баракат хотима дода шудааст (14)?



  1. ЛАЪНАТҲО БАРОИ ХАЛҚЕ, КИ БА СУХАНҲОИ Ӯ ИТОАТ НАМЕКУНАД (ТАКРОРИ ШАРИАТ 28:15-68)



  1. Огоҳиҳо оид ба итоат накардан кадомҳоянд (15)?



  1. Сабабҳо барои лаънат (15, 20, 45, 47, 58)?


а. (15, 45):



б. (20):



в. (47):



г. (58):



  1. Лаънатҳоеро ёбед, ки ба итоат накардани халқ дар ҷанбаҳои зерин дахл доранд (28-16-67).




а. Хоҷагии қишлоқ:



б. Тиҷорат ва саноат:



в. Ҳайвондорӣ:



г. Коркарди хӯрок:



д. Проектҳои миллӣ (28-16-20, 38-42):



е. Ҳифзи сиҳати омма (21-22, 58-62):



ё. Ҳосилнокии замин (23-24):



ж. Қонун ва низоми ҷамъиятӣ (30-31):



з. Муносибат бо қудрати ҷаҳонӣ (32-34):



и. Рақобат бо Ширкатҳои хориҷӣ (43-44):



к. Ҷанг ва Тақдири Миллӣ (25-29, 36-37, 48-57, 63-67):




  1. Бо кадом ибора огоҳӣ аз лаънатҳо хотима дода шудааст (68)?



ТАФСИРОТ ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Библия мегӯяд, ки агар одамон ба суханҳои Худо итоат накунанд, ҷамъият бехатар, ҳифзи миллӣ пурқудрат мешавад ва миллат пешқадам мешавад. Оё ин ба монанди новелла ғайриреалистӣ аст? Чӣ хел ин эътиқод аз эътиқоди худпарастии бой будан фарқ мекунад?


  1. Чор аҳкоми аввали Даҳ Аҳком, аҳкомҳои муносибат ба Худо мебошанд (Такрори Шариат 5:6-15). Агар ин аҳкомҳо риоя карда нашаванд, кадом проблемаи иҷтимоӣ рӯй медиҳад?


  1. Аҳкоми панҷум ба мо мегӯяд, ки агар одамон падару модарашонро иззат намоянд, умри онҳо дароз хоҳад шуд (Такрори Шариат 5:16). Дар ҷамъият кадом проблема рӯй медиҳад, агар он ҷо иззату икроми калонсолон ба ҷо оварда намешавад.


  1. Панҷ аҳкоми охир аҳкомҳои манъкунии қатл, зино, дуздӣ, шаҳодати дурӯғ ва тамаъ мебошанд. (Такрори Шариат 5 :17-21). Агар ин аҳкомҳо риоя нашаванд, дар ҷамъият кадом проблема рӯй медиҳад?


  1. Оё чунин проблемаҳо ба монанди маҳалчигӣ, мухолифатҳои корӣ, инҳисор (монополия)-и замин ва бадрафторӣ кардан нисбат ба инсоният бо сарнавишти миллӣ ягон муносибат доранд? Сухани Худо махсус барои Даҳ Аҳком кадом ҳаст, ки оиди ин проблемаҳо сухан мекунад?


  1. Шумо бояд чӣ кунед, ки аз гуфтаҳои Худо рӯй нагардонед? Оё шумо доимо ба суханҳо Худо гӯш мекунед ва кӯшиш мекунед, ки ба онҳо итоат мекунед?




ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.





МАРҲАЛАҲОИ ҲАФТУМ (ИТОАТКОРӢ)


МОНЕЪАҲО БАРОИ ИТОАТКОРӢ


Порча аз Библия: Яъқуб 4:1-17


Оят барои аз ёд кардан: Яъқуб 4:7а , 10



САРСУХАН


Оё шумо Худоро дӯст медоред? Шумо муҳаббати худро нисбати Худо чӣ хел ифода мекунед? Шумо метавонед муҳаббати худро нисбати Худо тавассути итоат нишон диҳед. Исо гуфт, “ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад�“ (Юҳанно 14:21). Бо ин, Ӯ гуфт, ки муҳаббат ва итоат ҷудонашаванда ҳастанд.

Одамон боигарӣ ва қудрати ҷаҳониро талаб мекунанд. Як вақте ки онҳо ин боигарию қудратро ба даст меоранд, фикр мекунад, ки онҳо хушбахт ҳастанд. Одам махлуқи фонӣ аст, Ӯ дар ин замин муддати муайяне мемонад. Вале одамон фикр мекунанд, нақша месозанд ва амал мекунанд, гӯё ки онҳо дар ин ҷаҳон ҷовидонӣ мемонанд. Дар чунин ҳолат одамон чизҳои аз тарафи Худо офаридашударо думболагирӣ мекунанд ва Худоро фаромуш мекунанд.


Яъқуб ба халқи парокандаю парешони берун аз мамлакати Худ гуфт. “Пас ба Худо итоат намоед” ва ба онҳо фармон дод, ки ҳаёти итоаткорона пеш баранд. (Яъқуб 4:7) Сабаб чӣ буд, ки Исроилиҳо аз итоат ба Худо сар кашиданд?


Монеъа барои шумо дар итоат ба Худо чист? Чун шумо ин дарсро мехонед, бигузор ҳаёти шумо дар итоат ба Худо шавад. Бигузор шумо шогирди Исо шавед, ки Худоро ҳақиқатан дӯст дошт.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. ДӮСТӢ БО ДУНЁ (Яъқуб 4:1-10)


  1. Кадом мушкилиҳо бо одамон пеш меоянд? Сабаби асосии ин мушкилиҳо чист (1-3)?


а. Мушкилиҳо


а) (1):


б) (2):


в) (3):



б. Сабабҳои асосӣ:



  1. Зинокорон онҳое ҳастанд, ки дунёро дӯст медоранд. Чиро бояд онҳо дар хотир дошта бошанд (4-6)?


а. (4):


б. (5):


с. (6):



  1. Яъқуб чӣ насиҳат кард (7-10)?


а. Итоат ба Худо (1 Петрус 5:7-9):


б. Наздик шудан ба Худо (Яъқуб 4:4):




в. Тавба (9):


г. Фурӯтанӣ (10):


Калимаи юнонии “humble” - “фурӯтанӣ” маънои “to level down”- “ҳамвор шудан”- ро дорад (Яъқуб 4:6, 10). Калима маънои онро дорад, ки кӯҳҳои баланд ба замин баробар мешаванд. Вақте ки сатҳи оби дарёи Нил ба нуқтаи охир паст мешуд, ин калима барои нишон додани сатҳи пасти об истифода бурда мешуд.


Калимаи юнонии “submit”- “итоат” маънои “зер” (under) ва “мондан” (to put)-ро дорад (Яъқуб 4:7) “Ба Худо итоат кардан” маънои худро зери қудрати Худо мондан ҳаст”. Ин маънои онро дорад, ки худро паст кардан дорад, ва дар айни ҳол маънои “фурӯтанӣ” (humble)-ро дорад.



  1. МУҚОБИЛИ БАРОДАРОН СУХАН КАРДАН

(Яъқуб 4:11-12)


  1. Яъқуб мегӯяд, ки мо набояд муқобили бародарони худ сухан кунем ва ё онҳоро доварӣ кунем. Сабаб ин чист? Дар муносибат бо гуфтани бадгӯӣ ба дигарон чиро бояд дар хотир дошт (11-12)?


а. (11):


в. (12):



  1. Муқобили бародарон сухан кардан ду гуноҳ мекунанд. Онҳо кадомҳоянд (11-12)?


а. (11):




б. (12):



  1. ҲАВОБАЛАНДӢ (Яъқуб 4:13-17)



  1. Кӣ сарзаниш шуда буд (13)?





  1. Чиро онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ва чӣ хел муносибат бояд дошта бошанд (14-15)?



а. Чизҳои барои дар хотир нигоҳ доштан (14):




б. Муносибат (15):





  1. Дар бобати, чӣ хуб аст ва чӣ бад аст чӣ таълим дода шудааст (16-17)?



а. (16):




б. (17):




ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Чаро дӯстдорони дунё зинокор номида шудаанд? Оё занҳо дунёро бештар дӯст медоранд?




  1. Чӣ тарз кас метавонад ба Худо наздик бошад? Одамоне, ки ду фикр доранд, кадомҳоянд (Яъқуб 1:6-8)? Оё шумо ба Худо наздик ҳастед?




  1. Итоат кардан” маънои худро зери қудрати ягон кас мондан аст. Оё дар ҳаёти шумо ягон ҷиҳат аст, ки шумо наметавонед худро зери қудрати Худо монед? Агар ҳа, он кадом ҷиҳат аст? Сабаби он чист?





  1. Оё марде, ки дар Яъқуб 4:13 омадааст ва бисёр кор мекунад лоиқи таъриф аст? Мушкилии ин мард чист? Шумо аз марди Яъқуб 4:13 чӣ фарқият доред?





  1. ҷаҳонбинӣ ба системаи арзишҳое нисбат дода мешавад, ки амалҳои инсонро назорат мекунад. Кадом ҷаҳонбинии масеҳӣ дар Яқуб 4:14-15 ошкор шудааст? Рафторатонро бо амал дар ояти 15 муқоиса кунед. Ба фикратон шумо ҷаҳонбинии масеҳӣ доред? Ба кадом дигаргунӣ шумо эҳтиёҷ доред?




ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.




МАРҲАЛАИ ҲАШТУМ (ШАҲОДАТ БА ҶАҲОН)


ШАҲОДАТИ ҒУЛОМ ДУХТАР




Порча аз Библия: 4 Подшоҳон 5:1-27


Оят барои аз ёд кардан: 4 Подшоҳон 5:3



САРСУХАН


Шаҳодатдиҳӣ ин шинос кардани Худо бо онҳое мебошад, ки Худоро намедонанд, ва Ӯро сӯи Худо роҳнамоӣ мекунад. Исроилиҳо барои халқҳое, ки Худоро намедонистанд вазифа доштанд. Ин вазифа он буд, ки Худои Офаридгорро ба ҳамаи халқҳо шинос кунанд ва сарчашмаи баракати онҳо гарданд.


Байни Исроил ва Сурия ҷанг мерафт. Суриягиҳо духтари хурди исроилиро асир карданд. Ӯ дар хонаи низомии Сурия ғулом шуд. Духтари бечораи халқи шикастхӯрда ғуломи сардори лашкари халқи ғолиб шуд. Ба монанди парандаи дар қафас монда, Ӯ зиндоние буд, ки тақдири маҳзуне дошт.


Вале, дар ҳақиқат сардори лашкар сарнавишти маҳзуне дошт. Сардори лашкар махав буд. Духтари хурдсол ба ӯ дилсӯзӣ мекард, ва хоҳиш дошт, ки ӯ шифо ёбад. “Кошкӣ оғоям пеши набие, ки дар Сомария аст, мерафт�” Дар иҷрои ин умеди ӯ монеъаҳо вуҷуд доштанд.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. Наамони махавӣ ва хабари хуши ғуломдухтар

(4 Подшоҳон 5:1-9).



1) Наамон кӣ буд (1)?




2) Ғуломдухтар кӣ буд ва ӯ дар бораи чӣ сухан кард (2-3)?




  1. Баъд аз он ки духтар дар бораи набии Исроил сухан кард одамони зерин чӣ кор карданд?



а. Наамон (4):



б. Подшоҳи Арам (5а):



в. Наамон (5б-6):



г. Подшоҳи Исроил (7):



д. Элишоъ (8):



е. Наамон (9):



  1. ШИФОЁБИИ НААМОН ВА ҚАРОРИ Ӯ

(4 ПОДШОҳОН 5:10-19)


  1. Набӣ ба Наамон чӣ фармон дод ва ӯ чӣ кор кард (10)?



  1. То шифоёбии Наамон чӣ ҳолат рӯй дод?


а) Наамон (11-12):



б) Хизматгори Наамон (13):




в) Натиҷа (14):



  1. Баъд аз он ки Наамон шифо ёфт сӯҳбати ӯ бо набӣ чӣ хел ҷараён гирифт?



а. Наамон (15):




б. Элишоъ (16):




в. Наамон (17-18):




г. Элишоъ (19):




  1. ҲИРСУ ТАМАЪИ ҶЕҲАЗӢ ВА КАСАЛШАВИИ Ӯ (4 ПОДШОҲОН 5:20-27).



  1. Баъд аз оне ки Наамон рафт ҷеҳазӣ чӣ кор кард (20-25а)?


а. (20):




б. (21-24):




в. (25):




  1. Байни Элишоъ ва ҷеҳазӣ чӣ рӯй дод?


а. Элишоъ (25):




б. Ҷеҳазӣ (25):




в. Элишоъ (26-27а):




г. Ҷеҳазӣ (27б):




ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Наамон зоҳиран соҳиби иззату икром ва комёб буд вале ботинан ӯ бечораю аз ҷон гузашта буд. Имрӯзҳо, шумо ба монанди ӯ ҳастед?




  1. Кадом монеъаҳо ғуломдухтарро аз гуфтани хабари хуш ба зани оғояш боз доштанд? Оиди онҳо баҳс кунед. Монеъаҳои ҳозира барои шаҳодат кадомҳоянд, ва чӣ хел метавонем онҳоро паси сар кунем?




  1. Монеъаҳое буданд, ки Наамонро аз рафтан пеши набӣ боздоштанд. ҳамчунин сабабҳое буданд, ки барояш дар итоат ба фармонҳои ӯ мушкилӣ оварданд. Ин монеъаҳо ва сабабҳоро гӯед.




  1. Сабаби асосии Наамонро даъват кардани Набӣ чӣ буд? Оиди иқрор шудани Наамон баъди шифоёбии андеша кунед (5:15). Ин дар бобати муносибати байни халқи Худо ва онҳое, ки Худоро намедонанд чӣ таълим медиҳад?




  1. Муносибати Элишоъ ва муносибати ҷеҳазӣ нисбати хайрияҳо аз ҳам фарқ мекард. Баъди рафтани Наамон, ҷеҳазӣ чӣ кор кард? Ӯ ҳирсатро чӣ хел пинҳон кард? Ин дар бобати ба кор бурдани атоҳои рӯҳонӣ, ки шифоёбӣ ва шаҳодатдиҳиро дар бар мегирад, чӣ таълим медиҳад?




ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.






МАРҲАЛА И НӮҲУМ (СИПОСГУЗОРӢ ВА ҲАМДУ САНО)



САБАБҲО БАРОИ СИПОСГУЗОРӢ


Порча аз Библия: Забур 99


Оят барои аз ёд кардан: Забур 99:1-2



САРСУХАН


Павлус гуфт: “ҳамеша шод бошед: пайваста дуо гӯед: барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ” (1 Таслӯникиён 5:16-18). Шумо чӣ? Оё шумо ҳамеша шод ҳастед, пайваста дуо мекунед ва Худоро дар ҳама чиз сипосгузорӣ мекунед?


Шумо албатта шодӣ мекунед вақте ки хушбахт ҳастед. Вале, вақте ки шумо бо бадбахтӣ рӯ ба рӯ мешавед чӣ хел рафтор мекунед? Дар ин ҷо калимаи “ҳамеша” ба кор бурда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто агар шумо бо фоҷиа рӯ ба рӯ шавед, шумо бояд шодӣ кунед.


Вақте ки шумо бо фоҷиа рӯ ба рӯ мешавед, шумо дуо хоҳед кард. Вале, чӣ хел шумо метавонед барои ин шодӣ кунед ва сипосгузорӣ кунед? Агар шумо иқрор мешавед, ки ҳангоми ягон бадбахтӣ шод ҳастед, ин шодии бардурӯғ нест? Хурсандӣ ва сипосгузорӣ ба ҳиссиёт муносибат дорад. Дар бадбахтии шумо чӣ хел метавонед ҳиссиётатонро идора кунед, ки шодӣ кунед?


Дар Забур 99 сабабҳое, ки шумо метавонед хурсандӣ кунед ва Худоро шукргузорӣ кунед омадааст. Баъд аз он ки ин шумо ин марҳаларо мехонед шумо сабабҳоеро, ки чаро дар бабахтӣ бояд шодӣ кунед, хоҳед донист. Бигузор ҳаёти шумо ҳаёти шукргузорӣ бошад.



АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА



  1. ФАРМОН БАРОИ ШОДӣ ВА ХУРСАНДӣ

(ЗАБУР 100:1-3)



  1. Ба кӣ ин фармонҳо дода шудаанд (1)?





  1. Дар масъалаи ҳиссиёт кадом фармонҳо дода шудаанд?

(1-2)?





  1. Дар масъалаи фаҳму ақл чӣ фармон дода шудааст?





  1. Чӣ хел аз таҷриба фаҳмидани он ки Яҳво Худои мо аст, ба мо дар аз нав барқарор кардани ҳиссиёт ва шодӣ кӯмак мекунад?





  1. ФАРМОНҲО БАРОИ СИПОСГУЗОРӢ ВА ҲАМДУ САНО (ЗАБУР 99:4-5)



1) Дар масъалаи ҳиссиёт кадом фармонҳо дода шудаанд (4)?




2) Кадом ҷанбаҳои Яҳво тасвир ёфтаанд (5)?





  1. Оё фаҳмидани табиати Яҳво ба шумо дар барқарор кардани шодию хурсандӣ кӯмак мекунад.





Яҳво Худои “меҳрубон” ва “бовафо” аст. Меҳрубонӣ ин табиати Худост, ки дар муносибати Худо бо халқи интихобкардаи Худ–исроилиҳо ва ҳамаи офаридаҳои Ӯ ошкор мешавад. Дар порчаҳое, ки меҳрубонӣ зикр шудааст, кӯмак ва бахшиши Ӯ ба чашм мерасад. Яҳво, Худои меҳрубон ба офаридаҳои Худ мувофиқи иродаи Худ ёрӣ медиҳад ва гуноҳкоронро меомурзад (Хуруҷ 34:5-6; Наҳемё 9:17).


Калимаи ибронии “бовафоӣ” маънои “устуворӣ”-ро дорад. Ин калима барои тасвири дастҳои Мусо, ки то ғуруби офтоб поён намуданд, истифода бурда шудааст.


Он чунин тарҷума шудааст “� ва дастҳои ӯ то ғуруби офтоб усутувор монд” (Хуруҷ 17:12). Ин калима барои тасвири дастҳои пурқувват ва устувор ба кор бурда шудааст. Худо устувору қудратманд аст ва мо комилан аз Ӯ вобастагӣ дорем (Навҳаҳои Ирмиё 3:23-24).


Вақте ки шумо барои гуноҳҳоятон ҷазо дода шудаед назди Худои бахшоянда биёед, ки аз меҳрубонӣ пур аст. Вақте ки шумо ягон бадбахтӣ доред, назди Худои бовафо биёед ва комилан ба Ӯ таслим шавед. Пеши Ӯ суруди шодӣ бихонед ва Ӯро сипосгузорӣ кунед.





ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Шодию хурсандӣ ба ҷанбаи ҳиссиёт нисбат дода мешавад. Оё ҳангоми бадбахтӣ хурсандӣ кардан дурӯягист? Шумо ҳангоми ягон бадбахти хурсандиро чӣ хел барқарор мекунед?




  1. Ҳаёти шодиёна ва хизмати шумо чӣ хел аст? Оё шумо бо тамоми шодию хурсандӣ хизмат кардед? ҳаёти худро дар давоми ду ҳафтаи охирон аз назар гузаронед ва онро бо ҳаёти дигарон муқоиса кунед. Шумо барои бештар хурсанд будан сабабҳои бештаре ёфта метавонед?




  1. Корҳоеро, ки дар давоми ду ҳафтаи охир анҷом додед ва барои онҳо Худоро махсус сипосгузорӣ кардед номбар кунед. Онҳоро бо сипосгузориҳои дигарон муқоиса кунед. Оё шумо чизҳои бештареро меёбед, ки барои онҳо Худоро шукргузорӣ намоед.




  1. Кадом воқеъаҳо дар ду ҳафтаи охир меҳрубонӣ ва бовафоии Худоро нишон доданд? Шумо медонед, ки Худо хуб аст?




  1. Ҳозир шумо сабабҳои хурсанд будан ва воқеъаҳои сипосгузориро дар ду ҳафтаи охир номбар кардед. Ба онҳо дар партави Забур 99:33,5 баҳо диҳед. Оё шумо мехоҳед, ки ба номгӯи сипосгузориҳо боз илова кунед?



ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.


1.


2.


3.




МАРҲАЛА И ДАҲУМ (ЗИНДАГИИ ҚУДСИЁНА ВА ВАФОДОРӢ)


ВАФОДОРӢ ВА САРВАТ




Порча аз Библия: 1 Вақоеънома 29:1-19


Оят барои аз ёд кардан: 1 Вақоеънома 29:14 б




САРСУХАН


Оё шумо медонед, ки чаро шумо дар ин ҷаҳон вуҷуд доред? Ин барои он ки Худо шуморо офарид. Чашмҳои Худо шуморо аллакай пеш аз он диданд, ки падару модаратон бо ҳам вохӯрданд (Забур 138:16). Худое, ки олами бекаронро офарид ва онро нигоҳ медорад, ҳамеша дар дили одами кӯчакеро ҷой медиҳад ва ӯро дилбардорӣ мекунад.


Вақте ки Худо халқро офарид, Ӯ дар дили онҳо фикри Худоро гузошт (Воиз 3:11). Баъд аз он ки одамон бо Худо вохӯрданд, онҳо маънои зиндагиашонро фаҳмиданд. Вақте ки одамон ба Худо боварӣ мекунанд ва барои ҳаёташон нақша месозанд, онҳо аз роҳату озодӣ ҳаловат мебаранд. Вақте ки одамон бо ҳамаи он чизе, ки онҳо доранд, онҳо хурсандиро аз сар мегузаронанд.


Сарвататонро чӣ хел идора мекунед? Муносибати шумо нисбати хайрияҳо чӣ хел аст? Шумо боигариатонро барои чӣ сарф мекунед? Чун шумо ин марҳаларо меомӯзед нуқтаи назари худро доир ба боигарӣ санҷед. ғуломи боигариатон нашавед, ва аз паси боигарии беш набошед. Бигузор аз боигариатон танҳо хушбахт бошед.




АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ПОРЧА


Довуд подшоҳи Исроил буд. Ӯ чӯпони бе ному нишон буд. Вале, Худо ӯро баракат дода ӯро подшоҳи миллат гардонд, ва Ӯ салтанати бузурги Довудро таъсис дод. Сипосгузорӣ аз баракати Худо бар сари ӯ, Довуд сарвати бисёреро ҷамъ карда барои Худо маъбад сохт. Ӯ хост, ки писараш сохтмони ин маъбадро анҷом диҳад ва ба халқи маслиҳат дод, ки хайрияҳои худро ба Худо тақдим кунанд.



  1. НАСИҲАТИ ДОВУД (1 ВАқОЕЪНОМА 29:1-9)



  1. Довуд оиди сохтмони маъбад чӣ гуфт (1)?




2) Довуд барои ин сохтмон чӣ кор кард (2-5)?



а. (2):



б. (3-5):




3) Довуд чӣ маслиҳат дод (5б)?




4) Сарварон ва одамон чӣ кор карданд (6-9)?







  1. ҲАМДУ САНОИ ДОВУД (1 ВАҚОЕЪНОМА 29:10-17)



  1. Кадом симои Яҳворо Довуд ситоиш кард (10-12)?



а.


б.



  1. Довуд Худоро шукргузорӣ кард. Аз шукргузории Довуд дар бобати хайрияҳо кадом сабақро метавон таълим дод (13-17)?



а. (14):



б. (14б; 16):



в. (15):



г. (17):

Калимаи “сипосгузорӣ” (thank) дар забони ибронӣ маънои “иқроршавӣ, эътирофкунӣ ва баёнкунӣ”-ро дорад. Худоро сипосгузорӣ кардан ин табиати Ӯро ва корҳои ӯро эътироф кардан ва ба дигарон баён кардан мебошад. Маънои калимаи ибронии “ҳамду сано кардан” ба “сипосгузорӣ” монанд аст. Агар шумо хоҳед Худоро сипосгузорӣ кунед, табиати Худоро эътироф кунед ва онҳоро ба дигарон баён кунед. Агар шумо хоҳед Худоро ҳамду сано гӯед, Ӯро бо хурсандӣ, сурудхонӣ ва рақсу бозӣ сипосгузорӣ кунед.




  1. ДУО БАРОИ ОДАМОН ВА ПИСАРИ ХУД

(1 ВАқОЕЪНОМА 29:18-19)



  1. Довуд барои одамон чӣ дуо кард (18)?



  1. Довуд барои Сулаймон чӣ дуо кард (19)?



ТАФСИР ВА ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ


  1. Оё шумо қудрати Худоро аз болои боигариҳои худ эътироф мекунед? Агар шумо ба Ӯ медиҳед. Ӯ онро бармегардонад: Оё шумо Худоро ҳатто он вақте ки боигарӣ надоред сипосгузорӣ мекунед?



  1. Исо ба шогирдони Худ гуфт, ки дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, балки барои худ дар осмон ганҷҳо ғун кунед (Матто 6:19-20). Чӣ хел мо метавонем дар осмонҳо барои худ ганҷҳо ғун кунем? Шумо сарвататонро идора мекунед? Кадом корҳои хубро шумо амалӣ карда истодаед?



  1. Зарпарастӣ решаи ҳамаи бадиҳо мебошад (Тимотиюс 6:10). Шумо ин решаро чӣ хел решакан мекунед?



  1. Ба фикри шумо миқдори хайрияҳо муҳим аст? Шумо ба Худо чӣ қадар хайрия тақдим кардед?


( ) ҳеҷ чиз ( ) хеле ками дастҳои худам

( ) миёна ( ) пури дастҳои худам



  1. Оё хурсандона хайрия кардан муҳим аст? Чӣ хел шумо метавонед қувваро ҷамъ кунед, то ки онро бо хурсандӣ тақдим кунед?



  1. Оё сарф кардани пул барои корҳои ҳаррӯза ва ҷамъ кардани пул барои оянда нодуруст аст? То кадом дараҷа ин мумкин аст ва кадом вақт он гуноҳ мешавад? Принсипе, ки ин дараҷаро муайян мекунад кадом аст?




ХУЛОСА

Акнун, ки шумо ин марҳиларо хондед, хулосаҳои шумо кадомҳоянд? Онҳоро дар зер нависед.





<< Дарсҳои рӯҳонӣ