www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Ман чӣ бояд кунам - 1DownloadҲаёти Шумо бо Исои Масеҳ
Ман чӣ бояд кунам? Мо хурсандем, ки Шумо ба омӯзиши Библия майл пайдо кардед. Курсҳои Библия, ки мо ба Шумо пешниҳод менамоем, ба Шумо тасаввуроти амиқе дар бораи Библия медиҳанд ва барои сарвати рӯҳонии ӯро соҳиб гаштан ба Шумо кӯмак мерасонанд. Дар пеши худ мақсад гузоред, ки то ҳаддалимкон рӯзе як дарсро хонед. Лутфан дар болои лифофа номатон, фамилияатон, насабатон, рақами ҳуҷра , номи муассиса ва нишонии пурраи почтаатонро бо ҳуруфоти чопӣ нависед. Ба Худо ибодат кунед ва аз ӯ хоҳиш намоед, ки барои фаҳмидани Каломаш ба Шумо мадад расонад (Забур 118:18). Библия мегӯяд, ки Худо «Ба толибони худ мукофот медиҳад» (Ба Ибриён 11:6). Бодиққат ҳар як саволро хонед. Ба ҳар як савол ҷавобе аз оятҳои Библия пайдо менамоед. Дар ҳар як савол ишорае ба яке аз оятҳои мувофиқи Библия мебошад. Мисол, барои ёфтани ояти 3:16 аз Инҷили Юҳанно Шумо ба мундариҷаи Библияатон нигоҳ кунед. Вай ба Шумо саҳифаи оғозшавии Инҷили Юҳанноро нишон медиҳад. Рақами «3» ин боби 3 аст ва рақами «16» рақами ояти 16-ум мебошад. Пас аз бодиққат хондани порчаҳои Библия кӯтоҳакак ба саволҳо бо суханони худ ҷавоб нависед. Хоҳиш мекунем, порчаҳоро аз Библия пурра рӯйнавис нанамоед. (Ба ҷавобҳои намунавӣ нигаред). Лутфан тамоми курсро пур намоед ва ба лифофаи иловакардашуда андохта ба мо баргардонед. Дар намояндагии моПас аз он ки мо ҷавобҳои Шуморо месанҷем ва баҳо мегузорем, ба Шумо шаҳодатномаи хатми курсҳои Библияро мефиристем. Шаҳодатномаро дар худ нигоҳ доред. Мо натиҷаи ҷавобҳои Шуморо дар намояндагиамон нигоҳ медорем. Барои тафтиши кори Шумо вақт лозим аст. Лутфан пуртоқат бошед. Мо ба Шумо курсҳои навро чӣ қадаре, ки метавонем тезтар мефиристем. Биёед ошкоро гап мезанем. Якчанд кормандони миссияи мо ҷавобҳои Шуморо месанҷанд, бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки шарҳдиҳии кори Шумо аз тарафи инструкторони гуногун сурат гиранд. Мо хурсанд мешудем, агар ақидаҳои Шуморо дар бораи курсҳоямон медонистем. Эродҳо ва шарҳдиҳии Шумо дар бораи Шуморо донистан ва инчунин эҳтиёҷоти Шуморо фаҳмидан ёрӣ мерасонанд. Лутфан ба мо нависед, агар дар Шумо саволе оид ба Библия, Худованд ё дигар масоили рӯҳонӣ пайдо гаштаанд. Онҳоро дар варақаи алоҳида нависед ва дар лифофа ҳамроҳи курсҳои пур кардаатон гузоред. На танҳо бо нон Сеяки инсоният гурусна хоб мераванд. Вале барои ононе, ки дар ҳаёт рӯҳан ғизо нагирифтаанд, мушкилтар аст. Суханони садҳо сол пеш гуфтаи Исо маънии худро то ҳол гум накардаанд: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае, ки аз даҳони Худо барояд» (Матто 4:4). Торафт бештар одамон ҷиддан ба омӯзиши Библия машғул мегарданд, чунки онҳо мефаҳманд, ки танҳо Каломи Худованд гуруснагии рӯҳонии ононро таскин медиҳад. Ба ин ғизои Худовандӣ, ки барои саломатии рӯҳонӣ ва инкишофи он лозим аст, ҳам навмазҳабшудагон ва ҳам ононе, ки солиёни тӯлонӣ Масеҳро медонанд, эҳтиёҷ доранд. Силсилаи китобҳо «Нақшаи таълимӣ» навишта шудааст, барои ёрӣ додан ба Шумо дар:
Барои сазовор гаштан ба натиҷаи дилхоҳ дар омӯзиши ин курсҳо ба Шумо лозим аст, ки ин китобҳоро пай дар пай аз якум то шашум истифода баред. Силсилаи омӯзиши мо дар пайдарпақ тартиб дода шудааст, бинобар ин ба Шумо лозим аст, ки ҳамаи ин китобчаҳоро истифода баред. Ҳама он чиз, ки ба Шумо барои омӯзиш лозим аст, ин Библия аст. Дар ҳама саволҳо ишора ба оятҳои Библия аст. Ин оятро хонда Шумо бо суханони худ бояд ҷавоб тартиб диҳед ва онро нависед. Дар ишораҳо номи китоб, рақами боб, рақами оят ва ё оятҳо нишон дода шудаанд. Мисол, Ваҳй 3:20 ишора мекунад ба китоби Ваҳй, боби 3 ояти 20. «Саволҳо барои фикрронӣ» дар ҳама дарсҳо дучор меоянд. Онҳоро ба осонӣ ёфтан мумкин аст. «Саволҳо барои фикрронӣ» ҳатмӣ нестанд, вале онҳо барои он сафарбар шудаанд, ки диққати Шуморо ба ояти муайяни Навиштаи Муқаддас ҷалб намоянд. Пеш аз омӯзиш ибодат карданро фаромӯш насозед. Хоҳиш намоед, ки Худованд дар вақти хондани бобҳои зерин ба Шумо заковат бахшад.
Боби якум Худованд дар бораи Шумо ғамхорӣ менамояд. Шумо одами махсус ҳастед! Шумо одами махсус ҳастед, чунки ин тавр Худо фикр мекунад! Худованд мегӯяд, ки Шумо дар назари ӯ ба қадр ҳастед. ӯ сидқан дар бораи Шумо ғамхорӣ менамояд ва ӯ ҳама чизи бо Шумо рухдодаро донистан мехоҳад. Дар ин боб Шумо чор нуқтаи назари ғамхории Худовандро дар бораи Шумо меомӯзед:
Худованд Шуморо офарид.
Худованд то ибтидо мавҷуд буд. Ояти 1 Дар ибтидо Худованд осмон ва заминро офарид. Ояти 2
(Шараф бузургӣ ё ифтихор.) Савол барои андешакунӣ. Бузургии аз тарафи Худованд ба одам додашударо мо дар беназирии одам, дар ҳукмронии одам, дар мақсади одам мебинем. Далелҳоро аз ҳастӣ 1:26 – 28 оред, ки нишон медиҳанд:
Худо Шуморо медонад.
Савол барои андешакунӣИсо дар бораи шавқи зиёдаи Худо нисбати Шумо чӣ мегӯяд? (Матто 10:29-31) Худо Шуморо дӯст медорад.
(Кушодан; нишон додан ё ошкор кардан; шафқатангезӣ ё кафолатдиҳӣ; мукофот, барқароркунандаи меҳрубонӣ)
А. Худо аз рӯи муҳабаташ чӣ кор кард? Б. Худо писари худашро «дод» чӣ маънӣ дорад? В. Одам чӣ тавр метавонад ҳаёти абадиро сазовор гардад?
Оят Исо ба ман чӣ додан мехоҳад?
10. Кадоме аз ин аҳду паймонҳо барои Шумо аз ҳама муҳимтаранд? Акнун ба Худо бо дуо муроҷиат намоед. ӯро сипосгузорқ намоед, барои он чизҳое, ки дар боло зикр шудаанд ва ба Шумо дастрасанд. Диққати асосиро ба он равона кунед, ки барои Шумо маҳбубтар аст. Ситоиши ӯро оғоз намоед, чунки аҳду паймонҳо ба Шумо танҳо тавассути Исо расидаанд ва Шумо онҳоро ба воситаи корҳоятон, амалатон соҳиб шуда наметавонед. Худованд Шуморо аъзои оилаи худ гардонид. 11. Исо ба шогирдонаш чӣ тавр ба Худованд муроҷиат карданро ёд дод? (Матто 6:9) 12. Дуруст аст, ки Худованд падари ҳама аст? ҷавобро шарҳ диҳед. (Юҳанно 8:42-44) 13. Чӣ тавр одам аъзои оилаи Худованд мешавад? (Юҳанно 1:12, 13) «Асоси имондорӣ дар он аст, ки ман монанди бачаҳо ҳамин хел Худоро дӯст дошта ва ба ӯ хизмат карда наметавонам, агар намедонам, ки ӯ маро дӯст медорад ва ҳамчун фарзанди Худ эътироф менамояд». (Андре Мюрей) 14. Якчанд бартариятҳоро номбар кунед, ки мувофиқи Нома ба Румиён 8:15-17 мо пас аз фарзанди ҳақиқии Худованд гаштан ноил мегардем. 15. Мухтасар баён кунед; Шумо аз куҷо медонед, ки Худо падари Шумо аст? (Авва: Калимае, ки падари ҳақиқиро ифода мекунад) Бисёр муҳим аст, Шумо ҳамчун масеҳӣ боварӣ дошта бошед, ки Худо Падари Шумо аст ва Шумо соҳиби ҳаёти абадӣ мебошед. Ин боварӣ бояд аз Каломи Худованд асос гирифта бошад, чунки ҳиссиёти мо моили тағйирпазирӣ аст. «Ба Шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки Шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред» (1 Юҳанно 5:13) Мана се ояте, ки ба масеҳиён барои боварӣ пайдо кардан ёрӣ расондаанд. Онеро, ки ба Шумо наздиктар аст интихоб намоед ва азёд кунед. «Ба ростӣ, ба ростӣ ба Шумо мегӯям: ҳар ки Каломи Маро бишнавад ва ба Фиристодаи ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст» (Юҳанно 5:24) «Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, Ва ин ҳаёт дар Писари ӯст. Касе ки писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад» (Юҳанно 5: 11-12) «Инак назди дар истода тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо ман» (Ваҳй 3:20) Хулоса Худованд Шуморо бо мақсади муайян ва баҳри ситоиши Худ офарид. Ӯ Шуморо дар шакли Худ офарида, ба Шумо бузургиро ато намуд. Шумо дар назари Худованд пурарзишед. Ӯ Шуморо пурра донистан мехоҳад. Вақте, ки Худованд ин ҳаётро ба Шумо дар Исои Масеҳ дод, Шумо рӯҳан дар оилаи Худованд тавлид ёфтед. Ӯ акнун Падари Шумо шуд. Шумо акнун фарзанди Ӯ. Боби дуюмШахсияти Исои Масеҳ. Исо «сурати Худои нонамоён аст» (Ба қӯлассиён 1:15). Одам лаёқати пурра фаҳмидани Худоро надорад. Худо пок аст, вале одам гунаҳгор. То ин ки ин ҷарӣ байни одаму Худо бартараф гардад, Худо сурати одам, Исоро гирифт. Вале барои пурра ифода кардани Худо ба Исо лозим буд, ки Худо бошад. Аммо барои муошират бо одам ва дар ҷои ӯ будан, ба ӯ лозим буд, ки одам бошад. Исои Масеҳ дорои ду хислат буд. Ӯ одам – Худо ва Худо-одам аст. Барои шахсияти Исои Масеҳро фаҳмидан бояд худоият ва одамияти ӯро тадқиқ кард. Худоияти Ӯ Баъзеҳо мегӯянд, ки Исои Масеҳ танҳо одами бузург буд. Ба ақидаи дигарон Ӯ асосгузори боз як дин буд. Саввумиҳо Ӯро пайғамбар меҳисобиданд. Вале Худи Исои Масеҳ таъкид мекард, ки Ӯ Худо аст. Ва агар ин дурӯғ аст, Ӯро одами хуб номидан мумкин нест, он вақт Ӯ фиребгар ва дурӯғгӯй мебуд. Дар Ибриён 1 Худоияти Масеҳ қайд ёфтааст. Пеш аз саволҳои 1-4–ро ҷавоб додан хондан, ин бобро хонед.
Оятҳои 4,5. Ояти 6. Оятҳои 13,14
Исо офаридгор аст._________________________ Исо тағйирнопазир аст.______________________ Исо абадӣ аст._____________________________ Исо одил аст.______________________________ (Чӯбдаст : чӯбдасти салтанат ё давлат, рамзи ҳукумати подшоҳӣ)
___________________________________________________
___________________________________________________ Дар ояти 10? ___________________________________________________
«Агар Суқрот ҳозир вориди ин хона мегашт, мо ҳама мехестем ва саломаш медодем. Вале агар ба ин хона Исои Масеҳ ворид мегашт, мо ҳама парӯ меафтидем ва таъзим менамудем». Наполеон Вақти дар замин будан Исо бисёр мӯъҷизаҳо нишон дод, ки онҳо қудрати Худоияти Ӯро нишон медиҳанд.
Ояти 3_____________________________________________ Ояти 6, 13__________________________________________ Ояти 16, 17_________________________________________ Ояти 23-27_________________________________________ 7. Чӣ қудрати беназири Исоро барои мо кушод? (Юҳанно 11:39-44) 8. Шогирдони Исо ҳаёти Ӯ, қудрати Ӯ, таълимоти Ӯро дида дар борааш чӣ гуфтаанд? (Матто 16:13-16) Саволҳо дар бораи андешаронӣ. Аз ҷадвалҳои дар ду саҳифаҳои баъдина чӣ гуна дар Исо иҷрошавии пешгӯиҳоро мебинем. Чӣ тавр оятҳои дар ин ҷадвалҳо истифодашуда ба ташакулёбии фаҳмиши Шумо оиди шахсияти Исо таъсир мерасонад. 9. Маълумоти мухтассари умумиро дар бораи омӯзиши Худоияти Исои Масеҳ тартиб диҳед. Се сабаби боварии Шуморо дар бораи он, ки Исои Масеҳ Худо аст, номбар кунед. Ҷадвали « Пешгӯиҳои иҷрошуда» ба Шумо ёрӣ медиҳад, то дарк намоед, ки Исои Масеҳ, Писари Худованд аст. Пешгӯиҳои садҳо сол пеш аз тавлиди Исои Масеҳ навишташударо хонда истода ва иҷрошавиашро бо ҳама майда-чӯйдааш дар Исо дида истода, мо ҳақиқати суханони ӯро дарк менамоем. Дар ин ҷадвал танҳо қисме аз пешгӯиҳо дар бораи Масеҳ оварда шудааст, вале ҳамаи онҳо дар Исо амалӣ гаштаанд.
Одамияти Масеҳ. «Исои Масеҳ дунёро давр зад. Изи пои Худованд ҳеҷ гоҳ нест намешавад ва ин изҳо изи одам буданд� на фаришта, на рӯҳи безурёт, на идеали абстрактӣ, балки Одам-Исои Масеҳ». Питер Бейн. 10. Одам будани Исои Масеҳ дар ин оят чи тавр ифода ёфтааст?, (Юҳанно 4:6) Юҳанно 4:7 Юҳанно 11:35 11. Дар Матто 4:1-11 мо дар бораи чанд иғвое мехонем, ки Исо дучори онон гашта буд. А. Дар ҳамаи се ҷавоб ба иблис Исо як ибораро истифода бурд. Он ибора кадом буд? Вай чиро ифода мекунад. Б. Оятҳоеро аз Матто 4 пайваст намоед, ки бо Такрори шариат алоқаманданд. Матто 4:4 Такрори шариат 6:13 Матто 4:7 Такрори шариат 6:16 Матто 4:10 Такрори шариат 8:3 В. Бо кадом васваса Шуморо тез-тез дучор шудан лозим меояд? Г. Чӣ тавр Шумо ба Исои Масеҳ пайравӣ намуда, дар мубориза бар зидди васвасаҳои иблис мусаллаҳ шуда метавонед? Акнун ба Худованд бо дуо муроҷиат намоед.
Худоро барои меҳрубониаш сипосгузорӣ намоед. Дар Ибриён 2 низ хабари пурарзише дар бораи одамияти Исои Масеҳ пайдо карда метавонем. Пеш аз ҷавоб додан ба саволҳои навбатӣ, оятҳои 10-15 –ро хонед. 12. Кадом лаҳзаҳои одамиятро Исо паси сар кард?______________________________________________ ___________________________________________________ Ояти 10 ___________________________________________ ___________________________________________________ 13. Исо имондоронро чӣ меномад? Чаро Ӯ аз онҳоро ин тавр номидан шарм намедорад? Ояти 11. _____________ (Равшан кардан: Пок кардан ё муқаддас гардонидан, барои хидмати Худованд ҷудо кардан) 14. Натиҷаи он, ки Исо одам шуд, кадомҳоянд? Оятҳои 14,15. _____________________________________________ Хулоса. Исои Масеҳ – сурати Худои комил. Ӯ дорои хислатҳои Худовандӣ буда, аз фариштаҳо бартарият дорад. Дар замин Исо қудрати Худовандиро зоҳир намуд, то ин ки одамонро шифо бахшад, дигар мӯъҷизаҳо содир намуд ва бинобар ин шогирдонаш Худоияти Исои Масеҳро эътироф намуданд. Худо шуда истода Ӯ дар рӯи замин ҳукмрон аст. Вале Исо инчунин одам ҳам буд. Вай ҳама чизро, ки имрӯз Шумо аз сар мегузаронед, аз сар гузаронид. Ӯ азоб кашид ва ба иғво кашида шуд. Вале Ӯ ҳеҷ вақт ба васваса дода нашуд ва бинобар ин вазъияти Шуморо ҳангоми дучоршавӣ ба иғво хуб мефаҳмад. Ва вақте ки Шумо меафтед, Ӯ авф менамояд. Ягонагии Исо бо имондорон дар он аст, ки Ӯ онҳоро бародарони Худ меШуморад. Боби саввум. Кори Масеҳ. Бисёриҳо дар бораи ҳаёти бегуноҳи Исо шунидаанд. Ӯ ҳамчун ҷинояткори оддӣ маҳкум ва дар салиб чормех карда шуда буд, вале баъди 3 рӯз Ӯ эҳё гашт. Танҳо баъзеҳо маънии инро мефаҳманд. Дар ин боб Шумо бо баъзе мақсадҳои ҳаёти заминии Ӯ, марги Ӯ ва эҳёшавии Ӯ шинос мешаваед. Ҳаёти заминии Ӯ . Қариб ду ҳазор сол пеш дар шаҳрчаи ороми Байт Лаҳм Исои Масеҳ тавлид ёфт. Айёми тифлӣ Юсуф ва Марям Ӯро ба Миср бурданд, то аз ғазаби шоҳи бадхашм эмин нигоҳ доранд. Баъдтар вақте ки Исо калон шуд, онҳо ба Носираи ҷалил баргаштанд.
___________________________________________________
___________________________________________________
(Марқӯс 3:14)
Чӣ тавр Шумо Исоро пайравӣ намуда метавонед? Дар ин китоб мо танҳо каме аз ҳаёти Исоро барои Шумо рӯшан сохтем. Юҳанно гуфт: «Боз бисёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дунё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист» (Юҳанно 21:25). Баъзе ҳодисаҳои бештар маълуми ҳаёти заминии Исо дар ҷадвали дар саҳифаи навбатқ буда инъикос ёфтаанд. Марги Ӯ.
(Матто 16 :21)
Бо чӣ гуна одамон Ӯ мурд? (Матто 27:38)
(Юҳанно 10:17, 18)
Мундариҷаи ҳаёти заминии Исои Масеҳ Савол барои андешаронӣ. Оё ягон чизи дигар ғайри Марги Масеҳ моро ба Худо наздик карда метавонад? (Ба Ибриён 10:12-14) Эҳёшавии Ӯ.
(Матто 27:62-66) ___________________________________ (Матто 28:1-7)-ро хонед. Дар рӯзи якуми ҳафта дар қабр чиро ошкор намуданд? Фаришта дар бораи Исо чӣ гуфт?
«Вақти зиёде аз рӯи нуқтаи назари юридикӣ шаҳодати эҳёшавии Исои Масеҳро омӯхтам. Ин далелҳо раднашаванда ва борҳо мо дар маҷлисҳои суди олӣ дар асоси шаҳодатҳое, ки аз шаҳодати эҳёшавӣ дуранд, ҳалномаҳо мебарорем� шаҳодати эҳёшавии инҷилро �ман кушоду равшан ҳамчун шаҳодати шахсони поктинат дар бораи ҳодисаи бешакку шубҳа исботшуда мешуморам». Сэр Эдвард Кларк. 13. Пас аз эҳёшавӣ Ӯ ба шогирдонаш айён гашт. А. Инро онҳо бори нахуст чӣ гуна қабул карданд? (Луқо 24:39-43) _____________________________________ Б. Барои он ки ба шогирдонаш исбот созад, ки Ӯ дар ҷисм аст, Ӯ чӣ кор кард? (Луқо 24:39-43) В. Оё ҷисми Ӯ шабеҳи ҷисми Шумост? ҷавобро шарҳ диҳед. (Луқо 24:29-31) 15. Моҳияти Инҷил дар чӣ аст? (Ба 1қӯринтиён 15:1-5) Хулоса. Дар бораи давраҳои нахустини ҳаёти Исои Масеҳ мо тақрибан кам медонем. Ӯ дар Байт-Лаҳм тавлид ёфт, дар ҷалил ба воя расид ва дуредгар шуд. Се сол Ӯ ба ҳазорон одамон хизмат карда, Худро Исои Масеҳ эълом дошт. Сипас Ӯ дар салиб ба марг маҳкум гашт, то ин ки пардохти гуноҳҳои Шуморо диҳад. Вале баъди се рӯз дар ҷисм аз мурдагон эҳё гашт. Эҳёшавии Ӯ далели таърихист. Боби чорум. Рӯҳи Худованд дар ШумоИсо эҳё гашт! Исо зинда аст! Ба осмон баромада Исо шогирдони Худро тарк накард. Ӯ ба онҳо Рӯҳулқудсро фиристод, то ин ки ҳамаи масеҳиҳо зери сарварии Ӯ зиндагӣ карда тавонанд. Ба осмон сууд кардани Масеҳ.
А. Бо суханони кӯтоҳакак ҳодисаҳои дар оятҳои 9,10 тасвирёфтаро баён намоед. Б. ҳоло Исо дар куҷо аст? Ояти 11. В. Ду мард дар либоси сафед, дар бораи чӣ пешгӯӣ карданд? Ояти 11.
Кадом мартабаро дар ҳокимият Масеҳ ишғол намуд? Ояти 20 __________________________________________ Ӯ бо чқ аз он ҷо ҳукмронӣ менамояд? Оятҳои 21-23 Шафоати (Илтимоси) Ӯ. 4. Ҳоло Исо чӣ кор мекунад? (Ба Румиён 8:34) __________________________________________________ (Шафоат: манфиати касеро дар маҳкама ҳимоя кардан)
0яти 13____________________________________________ 0яти 15____________________________________________ 0яти 17____________________________________________ 0яти 21____________________________________________ 0яти 24____________________________________________
Рӯҳулқудс, ки дар мо зиндагӣ мекунад. Исои Масеҳ на танҳо дар ҳузури Худованд шафоат мекунад; Ӯ ба имондорон Рӯҳулқудсро фиристонд. 7.Дар бораи амали Падар Исо ба шогирдон чӣ ваъда дод? (Юҳанно 14:16,26) 8.Дар бораи одаме, ки Исоро сидқан Худованд меҳисобад,чӣ гуфтан мумкин аст? (1 ба қӯринтиён 12:3) 9. Барои ҳар як имондор чӣ ҳақиқат аст? (Ба Румиён 8:9) 1Ба қӯринтиён 2:12_________________________________ ___________________________________________________ ___________________________________________________ 1Ба қӯринтиён 3:16_________________________________ ___________________________________________________ 10. Чаро Худо Рӯҳи Худро барои сокин шудан ба қалби ҳар як имондор фиристод? Дар зери ӣавоби дуруст хат кашед. (Ба ғалотиён 4:6) а. Чунки имондор таъмид ёфта буд. б. Чунки имондор писар ва ё духтари Ӯст. в. Чунки имондор ҳаёти худро ба Ӯ бахшидааст. г. Чунки имондор ким-чизи махсусро паси сар намудааст. 11.Баъзе натиҷаҳои мавҷудияти Рӯҳулқудс дар ҳаёти имондор кадомҳоанд? (2 ба Тимотиюс 1:7) ___________________________________________________ 12.Боз як бор саволҳои 7-11 ро бинед. Аз куҷо Шумо шахсан дониста метавонед, ки Рӯҳулқудс дар Шумо зиндагӣ мекунад? Ҳаёт зери раҳнамоии Рӯҳулқудс.
___________________________________________________ Кӣ бояд ҳаёти Шуморо роҳнамоӣ намояд? ___________________________________________________ ___________________________________________________ (ҷисм: табиати одам ё шавқу шаҳват) Мана яке аз мисолҳои қудрати дар натиҷаи якшавии Рӯҳулқудс бо имондорон ба амал омада. «Ман дар даст пораи сурб дорам. Ман Ӯро болои об мебардорам ва сар медиҳам. Сурб меғӯтад ва дар қаъри ҳавз ором мегирад. Ин дар натиҷаи қонуни кашиш ба амал омад. Акнун ман боз ҳамон пораи сурбро мегирам ва дар тахтачае пайваст мекунаму ба об сар медиҳам вале акнун он болои об меистад. Дар табиати сурб ягон тағйироте ба амал наомадааст; қонуни кашиш низ амал мекунад, Вале акнун дар натиҷаи якшавии сурбу чӯб сурб ба қонуни дигари боқувваттаре – қонуни шинокунии ҷисм мутеъ мебошад. Акнун сурб ба қонуни кашиш итоат намекунад». ҷ. Освалд Сандерс.
__________________________________________________ __________________________________________________
___________________________________________________
«Он касе, ки дар дил Рӯҳулқудс ва дар даст НавиштаиМуқаддасро дорад, ба ҳеҷ чиз ниёз надорад» Александр Макларен.
Чи тавр Рӯҳулқудс дар шаҳодат ба Шумо ёрӣ медиҳад? Ҳаёт зери роҳнамоии Рӯҳулқудс-ин:
Ин «чарх» метавонад, Шуморо дар бораи се ҳақиқати асосӣ дар ҳаёти зери роҳнамоии Рӯҳулқудс буда ёдовар намояд. Дар маркази ин ҳаёт Масеҳ аст. Рӯҳулқудс диққати Шуморо ба Масеҳ ҷалб намуда, ба Шумо қудрат медиҳад, то ин ки Шумо дар итоат ба Ӯ зиндагӣ намоед. Ибодат ва Каломи Худованд муносибати дутарафаи Шуморо бо Масеҳ мустаҳкам менамояд, то ин ки Шумо дар Ӯ зиндагӣ карда тавонед ва ба воситаи Ӯ бо роҳи мулоқот ва шаҳодат дар дили дигар одамон роҳ ёбед. Диққатро ба Худ ҷалб накарда, Рӯҳулқудс ҳар як амали моро дар роҳ фотеҳаи рӯҳонӣ медиҳад. Савол барои андешаронӣАъмол 4:31-33-ро хонед. Кадом қонунҳои «Чарх» –ро мо дар ҳаёти шогирдон, дар ин оятҳо мебинем? ХулосаИсо ваъда кард, ки пас аз ба сууд расидан дар осмон барои имондорон ҷой омода месозад. ҳаввориён бо чашмони худ Исои ба осмон суудкунандаро диданд. Ва дар тарафи рости Падар нишаста ҳамаи офаридаҳоро сарварӣ менамояд, аз он ҷумла калисоро, ки мунтазам барои он ибодат менамояд. Исо инчунин ваъда кард, ки баъди ба сууд расидан, Рӯҳулқудсро мефиристад. Ва имрӯз Ӯ ба ҳаёти ҳар як имондор меояд. Ӯ қудрат медиҳад, ки ҳаёти итоаткоронаро паси сар намоем, ки дар маркази он Масеҳ мебошад. Пешрафти шогирд. Дар китоби «ҳаёти Шумо дар Масеҳ» Шумо бо сабабҳое шинос шудед, ки тавассути он дар маркази ҳаёти Шумо бояд Исои Масеҳ бошад. Ӯ Падарро мекушояд: Марги Ӯ дар салиб имконият дод, ки Шумо қудрат ва ҳаёти навро, ки дар он Рӯҳулқудс аст, доро гардед. Шумо мепурсед: «Чӣ тавр ман ҳама вақт ба Масеҳ нигоҳ карда, дар рӯҳ зиндагӣ мекунам?» Дар китоби дуюм «ҳаёт зери роҳнамоии Рӯҳулқудс» Шумо ҷавоб ба ин саволро, ки дар панҷ лаҳзаи муҳими ҳаёти дар асоси шахсияти Масеҳ ташкилёфта мебошад, меёбед.
<< Дарсҳои рӯҳонӣ |