www.dardidil.com | ||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||
Ман чӣ бояд кунам - 2DownloadЗиндагӣзери сарварии Рӯҳулқудс.
Ман чӣ бояд кунам? Мо хурсандем, ки шумо ба омӯзиши Библия майл пайдо кардед. Курсҳои Библия, ки мо ба шумо пешниҳод менамоем, ба шумо тасаввуроти амиқе дар бораи Библия медиҳанд ва барои сарвати рӯҳонии ӯро соҳиб гаштан ба шумо кӯмак мерасонанд. Дар пеши худ мақсад гузоред, ки то ҳаддалимкон рӯзе як дарсро хонед. Лутфан дар болои лифофа номатон, фамилияатон, насабатон, рақами ҳуҷра , номи муассиса ва нишонии пурраи почтаатонро бо ҳуруфоти чопӣ нависед. Ба Худо ибодат кунед ва аз ӯ хоҳиш намоед, ки барои фаҳмидани Каломаш ба шумо мадад расонад (Забур 118:18). Библия мегӯяд, ки Худо «Ба толибони худ мукофот медиҳад» (Ба Ибриён 11:6) Бодиққат ҳар як саволро хонед. Ба ҳар як савол ҷавобе аз сурудҳои Библия пайдо менамоед. Дар ҳар як савол ишорае ба яке аз сурудҳои мувофиқи Библия мебошад. Мисол, барои ёфтани суруди 3:16 аз Инҷили Юҳанно шумо ба мундариҷаи Библияатон нигоҳ кунед. Вай ба шумо саҳифаи оғозшавии Инҷили Юҳанноро нишон медиҳад. Рақами «3» ин боби 3 аст ва рақами «16» рақами ояти 16-ум мебошад. Пас аз бодиққат хондани порчаҳои Библия кӯтоҳакак ба саволҳо бо суханони худ ҷавоб нависед. Хоҳиш мекунем, порчаҳоро аз Библия пурра рӯйнавис нанамоед. (Ба ҷавобҳои намунавӣ нигаред). Лутфан тамоми курсро пур намоед ва ба лифофаи иловакардашуда андохта ба мо баргардонед. Дар намояндагии моПас аз он ки мо ҷавобҳои шуморо месанҷем ва баҳо мегузорем, ба шумо шаҳодатномаи хатми курсҳои Библияро мефиристем. Шаҳодатномаро дар худ нигоҳ доред. Мо натиҷаи ҷавобҳои шуморо дар намояндагиамон нигоҳ медорем. Барои тафтиши кори шумо вақт лозим аст. Лутфан пуртоқат бошед. Мо ба шумо курсҳои навро чӣ қадаре, ки метавонем тезтар мефиристем. Биёед ошкоро гап мезанем. Якчанд кормандони миссияи мо ҷавобҳои шуморо месанҷанд, бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки шарҳдиҳии кори шумо аз тарафи инструкторони гуногун сурат гиранд. Мо хурсанд мешудем, агар ақидаҳои шуморо дар бораи курсҳоямон медонистем. Эродҳо ва шарҳдиҳии шумо дар бораи шуморо донистан ва инчунин эҳтиёҷоти шуморо фаҳмидан ёрӣ мерасонанд. Лутфан ба мо нависед, агар дар шумо саволе оид ба Библия, Худованд ё дигар масоили рӯҳонӣ пайдо гаштаанд. Онҳоро дар варақаи алоҳида нависед ва дар лифофа ҳамроҳи курсҳои пур кардаатон гузоред. Ёрӣ дар таҳсил. Оё шумо медонед, вақте ки мо Библияро меомӯзем, ба мо омӯзгори шахсӣ машғулият мегузаронад? ӯ ҳамеша ҳамроҳи мост, то ин ки дар фаҳмидани чизи хондаамон ба мо ёрӣ диҳад ва ба мо ёд диҳад, ки онро чӣ тавр дар ҳаётамон истифода бурда метавонем. Ин омӯзгор муаллифи Библия – Рӯҳулқудс мебошад. Исои Масеҳ гуфт, ки Рӯҳулқудс «ҳама чизро таълим хоҳад дод» ва «ба тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад намуд». (Юҳанно 14:26, 16: 13) Рӯҳулқудс шуморо ҳам вақте ки Библияро мустақилона меомӯзед, ҳам вақте ки шумо рӯҳониён ва муаллимони аз тарафи Худованд фотеҳашударо гӯш мекунед, таълим медиҳад. Вале шумо бояд ҳам ин ва ҳам онро кунед, ин ҳарду намуди таълим якдигарро иваз карда наметавонад. Пеш аз омӯзиш аз Рӯҳулқудс хоҳиш намоед, ки шуморо сарварӣ намояд. Дар Забур 118:18 мо намунаи ин дуоро пайдо карда метавонем: « Чашмони маро воз кун то ки аз Тавроти ту корҳои аҷоибро бубинам» . Барои омӯзиши мустақилонаи Библия барои шумо зарур аст:
Дар ҳар як боб «саволҳо барои андешаронӣ» ба шумо дучор мегарданд. Онҳо ҳатмӣ нестанд, лекин барои он таъин гаштаанд, ки диққати шуморо ба ягон фикри муайян равона созанд. Аз китоби аввал «ҳаёти шумо дар Масеҳ», шумо фаҳмидед, ки чаро Масеҳ дар ҳаёти шумо дар ҷои аввал бояд истад. Баъд дар шумо савол ба миён омад. «Валеман чи тавр ҳама вақт ба Масеҳ нигариста, бо Рӯҳ зиста метавонам?» дар ин китоб шумо ба ин савол ҷавоб пайдо менамоед. шумо панҷ нуқтаи назари муҳими ҳаётро, ки асоси он шахсияти Исои Масеҳ мебошад, меомӯзед:
Боби якум. Итоат ба Худо. Дар ҳамон лаҳзае, ки шумо ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ имон овардед, зиндагии ба Худо итоаткунанда барои шумо имконпазир гашт. Рӯҳулқудс шуморо аз занҷири гуноҳ ва марг наҷот дод.(Румиён 8:2) Ӯ омад, то дар шумо зиндагӣ кунад! Ва Ӯ ба шумо кӯмак мерасонад, то ин ки масеҳона зиндагӣ намоед. «На мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш намоем, ки ба монанди Исо зиндагӣ намоем, балки Ӯ Худаш бо Рӯҳи Худаш бояд биёяд ва дар мо зиндагӣ намояд. Танҳо кӯшиши Ӯро пайгирӣ кардан нокифоя аст: Мо Ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда бояд донем. Танҳо тавассути марги кафораткунандаи Ӯ мо аз ҷазо барои гуноҳҳоямон эмин мондем, ва танҳо Рӯҳи Ӯ, ки дар мо зиндагӣ менамояд, ҳукумати гуноҳҳоро шикаста метавонад». Ҷон. Р. В. Скотт. Барои омӯзиши минбаъдаи ҳаёти дар итоати Худо буда, ба шумо дарк кардани он зарур аст, ки шумо танҳо тавассути қудрати Рӯҳулқудс ин гуна ҳаётро паси сар карда метавонед. Асос барои итоаткорӣ. Вақте ки шумо дар бораи итоаткорӣ ба Худо фикр мекунед, ба шумо зарур аст, инро ба ёд оред, ки Ӯ кӣ аст ва Нақшаи Ӯ дар ҳаёти шумо чӣ аст.
А. 1 Юҳанно 4:8Б. Ваҳй 4:11 В. Чӣ тавр онҳо ба итоаткории шумо ба Худо таъсир мерасонанд?
А. Худо аз Исроил чӣ талаб кард?Б. Чаро Худо хост, ки онҳо ин амру наҳъи диниро риоя намоянд? В. Ин дар ҳаёти масеҳии асри 20 чӣ тавр истифодашаванда аст?
Итоат ба Худо. Оё шумо нақшаи Худованд барои ҳаётатонро медонед?Библия – ваҳйи ҳақиқати Худованд мебошад: ҳамин тарз итоат кардан ба гуфтаҳои Каломи Худованд, ин итоат кардан ба Худост.
Ояти 11_______________________________________________________________________________________________ Ояти 105______________________________________________________________________________________________ Ояти 130______________________________________________________________________________________________
А. ____________ ба чӣ бояд бовар кард ва чӣ бояд кард. Б._____________ дарк кардани гуноҳ. В. ____________ чӣ тавр бояд тағйир ёфт. Г._____________ чӣ тавр бояд зиндагӣ кард. Бо тарзи графикӣ чунин тасвир кардан мумкин аст. Таълим додан Насиҳат кардан барои порсоӣ. Ба мо роҳеро нишон медиҳад, нишон медиҳад, ки чӣ тавр бо ки пайгирии он ба мо зарур аст. ин роҳ рафтан мумкин аст. Ислоҳ шудан ОшкоркунӣНишон медиҳад, ки нишон медиҳад, ки чӣ тавр боз дар ин дар куҷо ва бо чӣ роҳ қадам задан сабаб шумо аз ин мумкин аст. роҳ берун шудед.
Одами оқил. Одами нодон.Хона дар кадом асос бунёд ёфт?_____________________________ ҳар ду хонаҳо дучори амали кадом қувваҳо гаштанд?__________________________________________________ Оқибат чӣ гуна буд?________________________________________ Оё ин одам Каломи Худовандро шунид?______________________ Бо чӣ ин ҳар ду одам аз якдигар фарқ доштанд?
«Итоат ба Каломи Худованд – калид ба ҳаёти пурарзишу бемуаммост зери сарварии Рӯҳулқудс». Ҷон Г. (ҷейк) Митчелл. Чӣ тавр шумо дар итоати доимии Худованд зиндагӣ карда метавонед. Таълимоти Худованд. Худо аз шумо умедвори он нест, ки шумо танҳо ба қудрати худ умед баста дар итоат ба Ӯ зиндагӣ менамоед; бинобар ин Ӯ шуморо ба ҳама чизҳои зарурӣ таъмин намуд, то ин ки дар ҳамсафар бо Ӯ будан итоаткорӣ сидқию ҳақиқӣ бошад.
ғалотиён 2:20
А. ҳама чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгорӣ зарурро2 Тимотиюс 1:7 Б. Библияро ____ 2Петрус 1:3 В. Ѕувват, муҳаббат ва парҳезгориро ______Румиён 15:4. Муносибати шумо. Бо вуҷуди он ки Худо ба шумо ҳама чизҳои заруриро барои ҳаёти дар итоатбуда дод, калиди истифодабарии ин тӯҳфаи ӯ муносибати шумо мебошад.
Такрори шариат 26:16_______________________________ Забур 39:9__________________________________________ Луқо 8:18__________________________________________ Ҳаёти дар итоатбудаВале ҳатто масеҳӣ дар итоати Худованд зиндагӣ кунад ҳам, ба Ӯ мунтазам бо васваса мубориза бурдан лозим меояд. Чи тавр мо метавонем аз болои гуноҳ пирӯз омада, дар итоат зиндагӣ намоем? Барои ҷавоб ба ин саволҳо мо бояд донем, ки Библия дар бораи васваса, гуноҳ, кафорат ва пирӯзият чӣ мегӯяд.
А. Васвасаангезанда кист? Матто 4:1-3. Б. Кӣ ҳеҷ вақт сарчашмаи васваса нахоҳад гашт? Яъқуб 1:13. Чӣ шуморо водор месозад, ки ба васваса дода шавед? Саволҳо барои андешаСуханони аз ҷониби Ахан оиди саркашӣ намуданро таҳлил намоед (Ёҳушаъ ибни Нун 7:2-21) А. Чӣ сабаби саркашқ гашт? Б. Кай ӯ боз метавонист аз гуноҳ кардан канораҷӯӣ намояд? В. Чиро шумо аз хатои ӯ омӯхта метавонед?
Гуноҳ аз васваса бо чӣ фарқ мекунад?
А. Оё васвасаи шумо аз васвасаи дигар одамон фарқ мекунад? (ҷавоби дурустро қайд намоед.) ҳа Не Б. Барои пешгирии васваса Худованд чӣ садде мегузорад? В. Ваъдаи Худованд барои ононе, ки ба васваса дода мешаванд, чист? Дар ин оят мо ваъдаи олиҷанобро пайдо мекунем. Агар шумо ин оятро азбар менамоед ва дар болои он фикр менамоед, вай ба шумо ҳангоми ин лаҳзаҳо роҳи аз васваса берун шуданро нишон медиҳад. Гарчанде Худо ба мо пирӯзӣ ва озодиро медиҳад, одамон боз ба гуноҳ ғӯттавар мегарданд, чунки таъиноти Худовандро рад менамоянд. Гуноҳе ки дар бораи ӯ шумо медонед ва кафорати онро намехоҳед,бо ин коратон Худовандро таҳқир месозед. Гарчанде Худо дӯстдории шуморо бо вуҷуди дар гуноҳ ғӯтиданатон қатъ наменамояд, гуноҳ муносибати шуморо бо Исо вайрон месозад.
__________ Дар бораи гуноҳи худ афсӯс хӯрем. ____________ Барои гуноҳи худ пардохт диҳем. ____________ Назди Худованд омурзиш талабем. __________ Кӯшиши фаромӯш намудани гуноҳро намоем Чаро ин муҳим аст? «Вақте ба назар мерасад, ки Худо хеле дур аст, муайян намоед, кқ аз кқ дур мегардад?» 17. Дар Забур 31:5 Довуд ибодат менамояд ва барои гуноіаш омурзиш металабад. Ин оятро бо суханони худ нависед. ҳаёти пирӯзмандро ба чунин тарз тасвир кардан мумкин аст: ___________________________________________________ _____________________ ________________________ Эътирофи гуноҳ Муносибат бо Худованд муносибат бо Худо- вайрон шудааст. вандро барқарор месозад. 18. Чӣ тавр шумо метавонед аз залилшавӣ канораҷӯӣ намоед? Масалҳо 4:13-15. 19. Кадом ду қадами дар Яъқуб 4:7 нишондодашуда ба шумо барои аз болои васваса пирӯз шудан кӯмак мерасонанд? То ин ки итоаткори Худо бошед, Шумо бояд иродаатонро мутеъи иродаи Худо созед. То ин ки муқобили Иблис бошед, Шумо бояд ҳама чизро барои пирӯзмандӣ, ки Худо бароятон дода аст истифода баред. Шояд саволҳои оид ба гуноҳу васваса ба ёди шумо муҳорибаҳоеро оваранд, ки тез-тез шумо дучорашон мегаштед. А. Боз як бор саволи 8-ро хонед. Решаи мушкилӣ дар соҳаи ҳаёти шумо, ки дар ҷавоб нишон додед, чист? Б. Чӣ тавр васвасаи ба Худо итоат накардан дар соҳаи ҳаёти шумо ифода меёбад? В. Шумо барои пешгирӣ намудани васваса, чӣ чораҳо андешида метавонед? «� бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард». (ба Ғалотиён 5:16) Хулоса Итоаткории шумо ба Худованд дар он далел асос меёбад, ки ӯ офаридгор асту шумо офаридаи ӯ. Шумо ба ӯ итоат менамоед, чунки ӯ Худо аст. Талаботҳои Худро Худо ба мо ба воситаи Библия мекушояд. Агар шумо он чизеро, ки Худо баҳри пирӯзмандиатон додааст, истифода мебаред, шумо метавонед дар итоат бо ӯ зиндагӣ намоед. Вале ин ҳоло маънии онро надорад, ки шумо аз васваса ва гуноҳ эмин ҳастед. Агарчанде Худо новобаста ба гуноҳ доштанатон шуморо дӯстдорӣ менамояд, вале худи гуноҳ муносибати шуморо бо Худо вайрон мекунад. Ва ин муносибат танҳо таввасути омурзиши гуноҳ барқарор гашта метавонад. Боби дуюм. Каломи Худованд дар ҳаёти Шумо. Шамшерро дар муҳориба моҳирона ҳам барои ҳуҷум, ҳам барои ҳимоя истифода бурдан мумкин аст. ҳамин гуна яроқро Худо барои муҳорибаи рӯҳонӣ ба шумо дод: «Шамшери рӯҳонӣ, ки он Каломи Худованд мебошад». Рӯҳулқудс Каломи Худро барои ба анҷом расондани кори Худо истифода мебарад. «Ҳама ташнагони рӯҳоният имрӯз ду эҳтиёҷ доранд: якум донистани Навиштаи Муқаддас (бе ин Худованд наметавонад ба мо ягон ҳақиқати наҷотбахшро кушояд); Дуюм маърифати Рӯҳулқудс (бе ин мо наметавонем ин Навиштаро фаҳмем)» А. В. Тозер. Худо бо мо тавассути Каломаш гап мезанад. Библия китоби аз ҳама олиҷаноб аст. Дар навиштани ӯ қариб чил одами касбҳои гуногун аз табақаҳои мухталифи ҷамъият ширкат варзидаанд. Ӯ тӯли 1500 сол бо се забон навишта шудааст; яҳудӣ, арамӣ ва юнонӣ. Вале бо ин ҳама тамоми Библия ба як мавзӯъ ва як шахсият – Исои Масеҳ бахшида шудааст. Ин танҳо он вақт имконпазир аст, ки китоб аз ҷониби як муаллиф навишта мешавад. Ва муаллифи Библия Рӯҳулқудси Худованд мебошад.
«Илоҳӣ» –ин маънии «Илҳоми Илоҳӣ»-ро дорад. «Ин маънии онро надорад, ки Худо ба нависанда илҳом дод, ва ин маънии онро надорад, ки ӯ ба ин калимаҳо ким-чӣ хел илҳом бахшид, то ин ки суханони аз ҷониби одамон навишташуда, аз Худи Худованд сар задаанд. ӯ ба воситаи онон сухан меронд. Онҳо қосидони ӯ буданд» Ҷон Р.В. Скотт.
Кӣ ба мо дар ин маврид ба фаҳмидани Библия кӯмак мерасонад? 1 Қуринтиён 2:12-13. Назари умумӣ ба Библия.
Матто 24:35________________________________________ Юҳанно 17:17______________________________________ Ба Ибриён 4:12_____________________________________ Саволҳо барои мулоҳиза. Бодиққат Забур 18:8-12-ро хонед. Дар омӯзиш аз ин ҷадвал истифода баред. На дар ҳар як оят ҷавобҳо ба ин савол ҳаст. Оят. Роҷеъ ба чӣ Тасвир Барои ман ин Библия мегӯяд чӣ маънӣ дорад. 7. Таврот – комил аст-ҷон мебахшад Шаҳодат боэътимод аст-хирад мебахшад. 8._________________________________________________ __________________________________________________
__________________________________________________
__________________________________________________
_________________________________________ Дар ин ҷадвал ду-се фикрро дар бораи Худованд ба қайд гиред, ки ба шумо таъсири зиёдтаре бахшидаанд. Чӣ тавр Библия ба шумо ёрӣ медиҳад
Ирмиё 15:16_____________________________________ Юҳанно 5:39______________________________________ 2 Петрус 1:4________________________________ 1 Юҳанно 2:1______________________________________
ҷисм Вазифа Ирмиё 23:29_____________________________ Матто 4:4__________________________________________ Яъқуб 1:23-25_______________________________________ Масъулияти шумо
Амалан муаллиф дар ҳар як оят дар бораи Каломи Ӯ ва таъсири он ба ҳаёти мо гап мезанад. Ба амал ва муносибати Забурнигор, ки ба Каломи Худованд нигаронида шудааст, диққат диҳед. ҷадвали зеринро пур намоед. Оят Муносибат Амал 9._________________ Риоя намудани Каломи Худо ҳаёти тоза
Худовандро ҷустан. аз раъям нагардон».
12. Аз Худованд хоҳиш кард ӯро таълим диҳад. 13._________________________________________ 14.____________________________________ 15._____________________________________ 16.____________________________________
Чӣ тавр шумо ин суханонро ба дигар одамон маънидод карда метавонед? 8. Ҷадвалро пур намоед. Чӣ бояд кард? Чаро? Забур 27:5-7_____________________________________ _____________________________________ Аъмол 17:11 _______________________________________ ___________________________________________________ Яъқуб 1:22 ________________________________________ ___________________________________________________ Ваҳй 1:3 ___________________________________________ ___________________________________________________
Муносибати ӯ ба Таврот чӣ гуна буд? Эзро 7:10. Ба рафти амали Эзро диққат диҳед. Пеш аз он ки ӯ Тавротро ба дигар одамон таълим диҳад, онро дар ҳаёти шахсии худаш истифода бурд. Таврот Эзро Дигарон
А. Кадом қадами амалиро шумо гузашта метавонед, то ин ки Каломи Масеҳ ба қалби шумо фаровон ворид шавад? (Мисол: Дар вақти ваъз қайдҳо кардан, оятҳои пештар аз худ кардаро дар қоғаз навиштан)
Б. Онҳоро аз рӯи моҳияташон ба шумо бо тартиб рақамгузорӣ намоед. В. Чӣ тавр шумо метавонед ин ҳафта ду усули аввали номбаркардаатонро дар амал истифода баред?
Ин панҷ усули дарккунии Навиштаи Муқаддас метавонад ба шумо ёрӣ расонад, то ки шумо Каломи Худовандро сахт қапед. Муҳимияти андешаронӣ Андешаронӣ- ба муроқаба рафтан ба мақсади фаҳмидан ва дар оянда истифода бурдан. Мақсад ин тобеъ будани ҳаёти шумо ба иродаи Худованд тавассути андешаронии ибодатомези шумост дар бораи он ки Шумо чӣ тавр Каломи Худовандро дар ҳаётатон истифода бурда метавонед. 11. Еҳушаъ ибни Нун 1:8 –ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб гӯед: А. Чӣ бояд мавзӯи андешаронии шумо бошад? Б. Кӯтоҳакак алоқаи байни андешаронӣ таҷрибаи амалиро тасвир намоед. В. Маҳсули андешаронқ чӣ гуна аст? 12. Дар бораи Забур 1 андеша ронед ва он чиро, ки кашф намудаед, нависед. Дар ин кор ба шумо саволҳои зерин кӯмак мерасонанд: Чӣ тавр масеҳӣ ба дарахт монанд шуда метавонад? Фарқияти байни одамони Худотарсу Худонотарс дар чист? Кадом падидаҳои нав аз ин Забур ба шумо дар муносибати тарафайнатон бо Худованд ёрӣ мерасонад? Расмро тасвир намоед, ки дар он мазмуни оятҳои 2 ва 3 акс ёбанд. Хулоса Худо бо одам бо воситаи Каломи Худ-Библия гап мезанад. Вай дар ҳамаи саволҳо оид ба имон ва рафтор боэътимодтарин мебошад. Ба воситаи он Навиштаи Муқаддас шумо метавонед Худоро аз наздик шиносед, нақшаи Ӯро дар бораи ҳаётатон фаҳмед ва ҳақиқати навро дар бораи зиндагӣ барои Ӯ кашф намоед. Худо ба имондорон васият намуд, ки онҳо бояд аз Каломи Ӯ пур бошанд. Бинобар ин бо дилу ҷон бояд имон дод, ки Каломи Худованд тамоми ҳаёти Шуморо саршор намояд. Худованд диққати асосиро ба андешаронӣ дар бораи Каломи Ӯ равона месозад, чунки андешаронии маҳсулнок ба истифодабарии амалии шахсии Каломи Ӯ оварда мерасонад. Андешаронӣ ва истифодабарӣ на танҳо барои «Ба Библия ғӯттавар шудан»-и Шумо ёрӣ мерасонад, балки кӯмак мерасонад, ки Библия ҳам «ба Шумо ғӯттавар» гардад. Боз бештар дар бораи боэътимодии Каломи Худованд Шумо аз китоби панҷум маълумот мегиред. Боби 3. Муносибат бо Худованд. Муносибат қисми ҷудонашавандаи ҳамагуна муносибатҳои тарафайни инкишофёфтаистода мебошад, аз он ҷумла муносибати тарафайни мо бо Худованд. Ва воситаи муносибати мо бо Ӯ –ин ибодат аст. Замоне ки шумо ибодат мекунед, Рӯҳулқудс ба Шумо кӯмак мерасонад, ки дар бораи чӣ ва чӣ гуна гап занед. (Ба Румиён 8:26-27) «Рӯҳ бо мо дар ибодатамон яклухт мегардад. Мо метавонем ва авфи Ӯ аз они мо мегардад. Мо метавонем дорои санъати ибодат шавем ва фалсафаи Ӯро фаҳмем; дар мо метавонад боварии қатъӣ дар ҳақиқӣ ва асоснок будани Каломи Худованд, дар бораи ибодат пайдо шавад. Ва мо метавонем оромона ибодат намоем. Агар мо вазифаи Рӯҳулқудсро рад намоем, он вақт умуман ҳеҷ чизро ба даст оварда наметавонем». Ҷ. Освалд Сандерс. Ибодат муносибати Шумо бо Худованд аст.
Чӣ тавр ин оят ба 1 Таслӯникиён 5:17 ҳамоҳангӣ дорад?
Забур 37:19; ба Ибриён 13:15; Яъқуб 1:15; Эфсӯсиён 5:20; китоби 1 Подшоҳон 12:23. Мадҳу санои Худованд (барои он ки Ӯ кӣ аст) _________ Шукргузорӣ (барои он ки Ӯ чӣ кор кард) _____________ Талаби омурзиш кардан, тавба кардан _______________ Дуо барои одамони дигар __________________________ Дуо барои эҳтиёҷоти шахсии худ.___________________ Манфиати дуо. Масеҳиён на танҳо имтиёз доранд, ки бо Худованд дар бораи ҳама чиз гап мезананд, балки инчунин метавонанд аз ин муносибати худ бо Ӯ манфиатҳои азиме бардоранд.
Васият: аҳд.
Дар бораи кадом тарси худ шумо бо Худованд гуфтугӯ карда метавонед?
А. Шумо бояд чӣ кор кунед? Б. Чаро Шумо чунин мешуморед, ки Худованд ба ҳама паҳлӯҳои ҳаёти шумо мароқ дорад? В. Ваъдаи Худованд нисбати Шумо чист? Г. Чӣ тавр шумо метавонед ҳаддалимкон ба истифодаи ин ҳақиқат дар амал даст занед? Талабнома: дуо, илтиҷо Шароити дуо.
Забур 65:18 _______________________________________ Матто 21:22 _______________________________________ Юҳанно 15:7____________________________________ Юҳанно 16:24 _____________________________________ 1Юҳанно 5:14-15 __________________________________ Зистан; идома додан, сокин будан, сахт муаасир шудан. Вале ҳатто он вақте, ки дуоҳои Шумо ҳамаи ин шароитҳоро қаноатбахш мегардонад, баъзе вақт ба назар мерасад, ки Худованд ба он ҷавоб намегардонад. Вале набояд фаромӯш кард, ки «не» ва «интизор шав»-чунин ҷавобҳоянд, Монанди «ҳа» Саволҳо барои андеша. Намуди дуоро, ки Исо дар Матто 6:9-13 овардааст, хонед. А. Дуо чӣ тавр оғоз меёбад? Чаро ин муҳим аст? Б. Дар маркази кадом талабнома Худо меистад? В. Дар маркази кадом талабнома одам меистад? Г. Мушшахасона ин намуди дуо ба Шумо дар дуо кардан чӣ гуна ёрӣ мерасонад? Барои кӣ Шумо дуо мекунед?
Вай чӣ кор кард, то ин хоҳиш амалӣ гардад? 9. 1 Тимотиюс 2:1-4-ро хонед. Оиди кадом гурӯҳи одамон Шумо бояд дуо кунед? Чаро? 10. Хоҳиши Худованд оиди ҳаёти дуогӯи Шумо чӣ гуна аст? Матто 9:37-38 Шумо чӣ фикр доред? Чаро ин муҳим аст?
Аксуламали аввалини худро қайд кунед.
Луқо 6:28-ро хонед ва аксуламали дурустро қайд намоед.
Оё шумо аз рӯйхати дуоҳо истифода мебаред? Ин рӯйхат ба шумо барои ба хотир овардани он чизе, ки тасодуфан фаромӯш карданатон мумкин аст, ёрӣ мерасонад. Ба он дохил шуда метавонад:
«Мо бояд дуо гӯем, вақте ки мехоҳем, чунки ин сирф гуноҳ аст, агар мо ин имконияти аҷоибро инкор кунем. Мо бояд дуо кунем, вақте ки намехоҳем, чунки дар ин вазъияти носолим будан хатарнок аст». Чарлз Г. Сперджен. Муомилаи рӯзмарра бо Худованд. «Ҳамин тавре, ки Худованд Одамро баъди гуноҳ содир карданаш ҷуст «Куҷои Ту?» (Ҳастӣ 3:9) ҳамин тавр Ӯ имрӯз низ одамонро меҷӯяд «Куҷоед шумо?» Он чиз, ки он вақт ҳақиқат буд, ҳоло низ ҳақиқат аст: Худованд, ки барои аъзои оилаи ӯ шудани шумо арзиши гаронеро пардохтааст, шуморо дӯст медорад, ва ташнаи муносибату муомилаи шахсӣ бо шумост. Ин муносибат он вақт имконпазир мегардад, ки шумо роҳи пешниҳодкардаи Худовандро дар бораи бартараф намудани гуноҳ – яъне даъват намудани Исои Масеҳро барои ворид гаштан ба ҳаётатон, қабул менамоед».
Забур 26:8_________________________________________ Забур 45:11 _______________________________________ Забур 62:2 ________________________________________ Дар бораи кадом ҳақиқат дар ин расм гап меравад?
А. Амали Марям ва Марторо муқоиса намоед. Марям Марто Б. Рафтори киро Исо пазируфт? Чаро? В. Монанди Марто шуморо низ корҳои гуногун ҷалб карда метавонанд. Чӣ шуморо метавонад аз вохӯрӣ бо Худованд ба дигар тараф ҷалб кунад? Г. Шумо бояд чӣ кор кунед, ки ин монеъаро бартараф намоед? 16. Боз як бори дигар дар бораи муҳимияти муносибати рӯзмарра бо Худованд фикр намоед. Якчанд сабаберо номбар кунед, ки аз рӯи онон шумо бояд рӯзмарарра бо Худованд дар тамос бошед, дар бораи Каломи Ӯ фикр кунед, бо Ӯ дар дуо гуфтугӯй намоед. «Имондор новобаста аз таҷрибааш, наметавонад ҳамин тавр назди Худованд пок истад, агар дар бораи бо ӯ вақташро гузаронидан талош насозад� Чӣ қадар метавонед бо ӯ бештар дар алоқа бошед. Шумо метавонед, дар бораи чизе ё касе фаромӯш намоед, вале дар бораи ӯ фаромӯш нанамоед.» Освалд Чамберс. Хулоса Худованд ба мо дуоро ҳамчун алоқаи бевосита бо ӯ дод. Масеҳ-Кашиши бузурги аввал ва Миёнарав ба масеҳиён имконият дод, ки «боҷасорат ба тахти баракат майл кунанд». Дуо метавонад, шаклҳои гуногунро қабул намояд. Мисол: Ситоиш, шукргузорӣ, тавба намудан, миёнаравӣ намудан, талаб намудан ва ғайра. ҳамаи онҳо шуморо ба Худованд наздик менамояд. Алоқа бо Худовандро рад нанамоед. Худованд бо Шумо гап задан мехоҳад ва Шумо бояд бо фазилати Ӯ сабзед. Барои Шумо бисёр лозим аст, ки вақтатонро бо Худованд дар алоҳидагӣ гузаронед. Боби чорум. Муносибат бо масеҳиён. «Калисо ин бадани Масеҳ аст. ҳар як масеҳӣ аъзои ин бадан аст, ва Масеҳ он аст. ҳар як аъзо амали худро ба анҷом мерасонад, ки бе он мавҷудияти солимии бадан имконнопазир аст. Бештар аз ин тамоми бадан аз як сарчашмаи ҳаёт амал мекунад. Ин сарчашма Рӯҳулқудс аст. Мавҷудияти ӯ ҳамаи аъзоҳоро дар ягонагӣ муттаҳид месозад» Ҷон Р. В. Стотт. Библия дар бораи муносибат чӣ мегӯяд
Бо ҳам дидан Чӣ тавр Яъқуб 5:16 Муҳаббат ва навозиш ҳамсояро ба чой даъват намудан 1. Юҳанно 4:11,21 ________________ ________________ ғалотиён 6:2 ____________________ ________________ ғалотиён 6:6_____________________ ________________ Рӯҳонӣ: зери сарварии Рӯҳ.
муносибати дили шумо чӣ гуна буд. Рафти ёрӣ аз додан ва қабул кардан иборат мебошад. ҳам ин ва ҳам он қисмҳои муҳими муносибати солим мебошад.
Матто 5:22-24. Рака: ифода кардани танаффур нисбати касе. Шумо бояд чӣ кор кунед, агар касе Шуморо ранҷонад? Матто 18:15,35. Масеҳиён бояд софдилона ҳаёти худро назди якдигар кушоянд. Шумо набояд кӯшиш намоед, худро касе нишон диҳед, ки ӯ нестед. «Калисо ягона ҷаъмиятест дар дунё, ки ин ҷо ҳар як аъзояш носазовор аст» Роберт Б. Мунгер.
А. Оё ин муносибати ҳақиқии масеҳӣ буд? Б. Чаро? В. Оё инро кардан мумкин аст? Агар ҳа, пас чӣ хел? Мақсади муносибат
Масалҳо 27:17______________________________________ Воиз 4:9-10 ___________________________________
Ба Ибриён 10:24-25.
Бадани Масеҳ
1. Қуринтиён 12:14-27-ро хонед. А. Кӣ ба аъзоён амалҳои гуногунро дод. Ояти 18. Б. Хоҳиши ӯ чист? Ояти 25 В. Чӣ гуна муносибат носозиро дар бадан ба миён меорад? Оятҳои 15, 16, 21 Г. Оё дар бадан аъзоҳои нолозим ҳастанд? Оятҳои 20-22 Саволҳо барои андеша. Фикр кунед, чӣ рӯй медиҳад, агар Шумо бо болға ба ангуштатон мекӯбед? Ин ба дигар аъзоҳои бадан чӣ гуна таъсир мерасонад? Ин мисол ба бадани рӯҳонӣ чӣ гуна муносибат дорад? 1 Қуринтиён 12:26.
Шумо чӣ чораҳоро меандешед, то ин ки дар муносибати тарафайни Шумо бо ин одам ҳамоҳангӣ пайдо шавад? «Чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд». Забур 132:1. Калисои мулкдор
Хусусиятҳои калисоҳои аввал инҳо буданд:
Мақсади асосии хидматгузории масеҳӣ чист? Сураи 13. ҳавворӣ Ба Анбиё бинои Башорат- бадани диҳанда. Муқаддасон Масеҳ Шӯбон Муаллим
Оят Тарзи дуруст Тарзи нодурустМасъулияти Шумо назди пирони Рӯҳонӣ чист? Сураи 5. Тамаъи қароҳатомез: ҳарисии мол
А. Ин ибодатро бо суханони худ нависед. Б. Муддате таваққуф намоед ва барои шиноси масеҳиатон дуо намоед. Ин одам чӣ ном дорад? В. Шумо ин ҳафта чӣ кор карда метавонед, то ин ки онеро, ки Шумо ба масеҳӣ шудан ҳидоят менамоед, муассир гардонед?
Оё Шумо аз он чизи Худо додагӣ як қисматашро ба Ӯ бармегардонед? Худо дар бораи дастгирии муаллимони рӯҳонӣ бо дуо ва моддиёт чӣ мегӯяд? «Ҳар як масеҳӣ бояд чунин калисоеро барои худ пайдо намояд, ки бо ақидаи ӯ вай он ҷо метавонад, дорои имконияти беҳтарин барои инкишофи рӯҳониаш, дорои қаноатмандӣ аз талаботҳои инсониаш ва дорои беҳтарин имконият баҳри хидматгузории одамони атрофаш гардад» Билли Грем Хулоса. Муносибати ҳақиқӣ дар консепсияи додану гирифтан асос меёбад. Шумо метавонед, ҳамаи он чизеро, ки Худованд ба Шумо дод, ба одамон бо ҳам бинед; авф намудан, боигарӣ, муҳаббат, Калом ва боз бисёр чизҳои дигар. Худованд ба одамон муносибатро барои панду инкишофи тарафайни мо дод. Ӯ мехоҳад, ки масеҳиён дар ягонагӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ намоянд. То ин ки мо ин алоқаро ба хубӣ дарк намоем, Худованд қиёси баданро истифода мебарад. Исои Масеҳ сари баданест, ки аз ҳамаи имондорон ташкил ёфтааст. ҳама масеҳиёни дунё ба бадани Масеҳ дохил мешаванд, вале ба мо фаҳмидани ин муҳим аст, ки Худо мехоҳад, то ин ки мо ба гурӯҳҳои начандон калони махсуси имондорон дохил шавем. Ин қабил гурӯҳҳо бо мақсади таълим додан, ёрӣ расондан, итоат намудан ва хидмат намудан вуҷуд доранд. Худо ба мо сарварони рӯҳониро дод, то ин ки бо кӯмаки онҳо мо тавонем дар Масеҳ инкишоф ёбем ва дар хидматгузорӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ расем. Боби панҷум. Шаҳодати Шумо дар Масеҳ. «Одамро на одам, балки Рӯҳулқудс мубаддал мегардонад. Мо фиристодагони имтиёздори Исои Масеҳ метавонем танҳо пайғоми даҳониро бирасонем; вале бо шахсият ва ҳаётамон мо метавонем нишон диҳем, ки баракати Исои Масеҳ ба чӣ қодир аст� вале мо ҳеҷ вақт набояд фикр кунем, ки рӯҳи одамро мубаддал гардонидем ва одамро ба назди Исои Масеҳ овардем� зеро ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд номад, танҳо ғайри Рӯҳулқудс» Пол Литтл Даъват.
А. Ӯ вайро ба куҷо фиристод? Б. Ӯ Ба вай чӣ кор карданро гуфт? Шумо чӣ фикр доред, чаро Исо ин тавр рафтор намуд?
___ Ба ман гуфтани ин кори шахсӣ мушкил аст. ___ Ман то он вақте намегӯям, ки агар ягон касе аз ман онро напурсад. ___ Ман бо осонӣ дар бораи Исо бо одамони ношинос гап мезанам, вале на бо дӯстони наздикам. ___ Ман тез-тез бо одамон дар бораи Исо гап мезанам ва ин ба ман маъқул аст. Ба фикри Шумо ба ин савол Петрус чӣ гуна ҷавоб медиҳад? Аъмол 4:20
Бо кадом мақсад? Шумо чӣ тавр кӯтоҳакак он чизи муҳимеро, ки дар бораи Масеҳ дидаед ва шунидаед баён карда метавонед.
Чӣ тавр онҳо рафтор намуданд? Чаро? ҳукуматҳоЮҳанно 12:42-43. Павлус. (Ба Румиён 1:15-16)
Ояти 9 ____________________________________________ Ояти 10 ___________________________________________ Ояти 11 ___________________________________________ Ояти 14 ___________________________________________ «Шумо метавонед, танҳо он вақт шаҳодат диҳед, ки тамоми диққататон ба Исо нигаронида шуда бошанд. Баъд ба Шумо лозим меояд, ки ба одамон чизи дидаатонро нақл намоед» Лорн Санни. Шумо чӣ тавр метавонед, дар хидмати ноқускӯбӣ мувафақият ба даст оред? «Худованд баъзеҳоро ҳимоякунанда таъин намуд, вале ҳамаро – шоҳид» Шаҳодат додан – ин танҳо ким-кадом коре нест. Ин тарзи ҳаёт аст. Масеҳиён шаҳодат намедиҳанд, онҳо бояд шоҳид бошанд. Шоҳид метавонад хуб ё бад бошад. Шумо чӣ тавр беҳтар дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат дода метавонед? Шаҳодати бомуҳаббат.
Шумо чӣ фикр доред, чаро Исо чунин васият намуд? Баъзе одамон ҳеҷ гоҳ Библия намехонанд ва гоҳ-гоҳ ба калисо мераванд. Агар Шумо мехоҳед, онҳо донанд, ки Исои Масеҳ дар ҳаёти онҳо чӣ кор карда метавонад, Шумо кори кардаи ӯро дар ҳаётатон нишон диҳед. Шаҳодат бо ҳаёт.
Шумо чӣ фикр доред, оё одамон шаҳодатро дар ҳаёти Шумо мебинанд? Чаро? « Бо кор ва сухани худ Шумо ҳар рӯз бобе дар Инҷил менависед. Одамон онро-ғалат ё ҳақиқат мехонанд. Кадом Инҷилро Шумо менависед?» Шаҳодат бо сухан.
«Бо рафтори хубам ман наметавонам ба одамон дар бораи марги омурзонанда ва эҳёшавии Исо, дар бораи имондорӣ ба Илоҳияти ӯ нақл намоям. Дар ин маврид бисёр диққат ба ман равона карда мешуд ва хеле кам ба ӯ» Самуил Шумейко. Таърихи Павлус. Бо вуҷуди он ки Павлусро барои тарғиби Инҷил доимо ба зиндон мепартофтанд, ӯ сабаби масеҳӣ гаштану ба Масеҳ рӯй оварданашро дар ҳар мавриди қулай нақл менамуд. Шаҳодати Павлусро ба шоҳ Ағрипос дар Аъмол 26:1-29 хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Инҷил чист? «� ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд, ва ӯ дафн карда шуд ва мувофиқи навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳё шуд» 1 Қуринтиён 15:3,4.
Таърихи Шумо. Акнун, ки Шумо медонед, Павлус чӣ тавр таърихашро нақл намуд, Шумо низ таърихатонро кӯшиши нақл кардан намоед. ҳикоя дар бораи чӣ тавр масеҳӣ шудани Шумо, метавонад беҳтарин шаҳодат шавад. Ин усул бисёр таъсирбахш аст, вақте ки Шумо дар бораи Исои Масеҳ ба хешу табор ва дӯстон нақл менамоед. Дар бораи Исо нақл карда истода:
Чӣ тавр бояд шаҳодатро дод Дар саҳифаи дигар Шумо шаҳодататонро тарзе нависед, ки Шумо онро гӯё ба шахси беимон нақл намудед. Бигзор шаҳодати Шумо возеҳу равшан бошад, то ин ки шунаванда бо осонӣ фаҳмида тавонад, ки чӣ тавр Масеҳро дар қалб қабул кардан мумкин аст. Каме аз ҳаёти пеш аз имондориатон ба Исои Масеҳ нақл намоед: Сипас дар бораи имондор шуданатон ва чӣ тавр ба ӯ имон оварданатон ; дар хотима якчанд сухан дар бораи «донистани ӯ», авфи гуноҳҳо, кафолати ҳаёти абадӣ ва дар бораи он ки чӣ тавр ҳаёти Шумо иваз шуд. Агар Шумо хеле пеш масеҳӣ шудаед, ёдовар шудани онро фаромӯш насозед, ки Худованд имрӯзҳо дар ҳаёти Шумо чӣ корҳо мекунад. Шаҳодати худро тайёр карда истода, аз Худованд хоҳиш намоед, ки ба Шумо имконияти бо ҳам дидани онро диҳад. Барои ду-се шиносатон аз ҳавлӣ, аз кор, аз мактаб, ки ба онҳо дар бораи Исои Масеҳ нақл кардан мехоҳед, дуо намоед. Бигузор онҳо одамони аввалине шаванд, ки аз Шумо дар бораи Исои Масеҳ мешунаванд. Шаҳодати ман. Пеш аз он ки ман ба Масеҳ имон овардам: Чӣ тавр ман ба Масеҳ имон овардам: Пас аз он ки ман ба Масеҳ имон овардам: Вале дар хотир нигоҳ доред, ки Шумо худатон қудрати ба одам талқин кардани ҳақиқати рӯҳониро надоред. Рӯҳулқудс беимонро ба зарурияти дарки Масеҳ талқин менамояд(Юҳаннно 16:8) Вақте, ки Шумо барои он одаме, ки барояшон шаҳодат додан мехоҳед, дуо менамоед, аз Худо хоҳиш намоед, дар Каломаш истад, гунаҳкор будани ононро талқин созад ва мавқеи шаҳодатдиҳии Шуморо дастгирӣ намояд. Дар китоби шашум Шумо бештар дониста мегиред, ки чӣ тавр ба дигарон дар ёфтани Масеҳ ёрӣ додан мумкин аст. «Тамоми моликиятамро ман ба оилаам васият менамоям. Ва боз баъзе чизро ба онҳо мондан мехоҳам, имон ба Исои Масеҳро. Агар онҳо имон доранд, онҳо бой мешаванд, Агарчанде ман ба онҳо пайсае ҳам намемондам, вале агар онҳо имон надоранд, ман ба онҳо тамоми сарвати дунёро ҳам медодам, онҳо қашшоқ мемонданд» Аз васияти Патрик Генри. Хулоса. Ба ҳар як масеҳӣ Худованд имконияти онро додааст, ки шоҳиди он гардад, «чиро дидааст» ва чиро шунидааст. (1Юҳанно 1:3) Шаҳодат – ин тарзи ҳаёт аст. Шумо мунтазам шаҳодат медиҳед. Муҳаббат – ин беҳтарин усули расондани муҳаббати Масеҳ ва ғамхории сидқии Шумост. Шумо бояд тамоми ҳаётатонро шаҳодат диҳед. Амал бештар ҷавобгӯй аст, нисбати сухан. Вале танҳо як амали Шумо барои расондани Инҷили Исои Масеҳро ба одамон кифоя нест. Шумо инчунин бояд бо сухани кушода Исои Масеҳро эътироф намоед ва ба одамон пайғом расонед, ки чӣ тавр одам бо Худо оштӣ шуда метавонад. Яке аз роҳҳои таъсирбахши ин пайғомро расондан ин нақли Шумо дар бораи он аст, ки Худо дар зиндагии Шумо чӣ корҳоро кард. Ин «чархест», ки Шумо бо вай дар китоби «ҳаёти Шумо дар Масеҳ» вохӯрдед, вай ҳамаи он гуфтаҳои, дар китоби якум ва дуюми «Нақшаи таълим» бударо дар бар мегирад. Калиди ҳаёти пурзафар зери сарварии Рӯҳулқудс ИСОИ МАСЕҲ ҳамчун марказ ва Худованди ҳама амали Шумо мекардагӣ мебошад. Вақте, ки Масеҳ дар марказ аст таносуби ҳаёти Шумо хуб ва пурмаҳсул аст. «Чарх» ифодакунандаи ҳаёт аст. Масеҳ – марказ. 2. Қуринтиён 5:17. Ғалотиён 2:20. Чӣ тавре, ки қувваи ҳаракатдиҳанда ба чарх аз маркази он меояд, қувваи порсоӣ ба ҳаёти мо низ аз Исои Масеҳ меояд. ӯ дар Шумо ҳамчун шахсияти Рӯҳулқудс зиндагӣ мекунад, ки мақсади он мадҳу санои Масеҳ аст. Ба Масеҳ итоат кардан. Ба Румиён 12:1: Юҳанно 14:21. Ҳалқаи чарх ин ифодакунандаи итоаткории масеҳиён ба Худовандии Исои Масеҳ мебошад, ки ҳама вақт дар итоат мебошад. Калом. Тимотиюс 3:16: Иисус 1:8. Симҳо (парраҳо) ифодакунандаи онанд, ки чӣ тавр Масеҳ дар ҳаёти Шумо кор мекунад. Ба воситаи парраҳои вертикалӣ Шумо муносибататонро шахсан бо Худо амиқ мегардонед. Ин парраҳо калом ва дуо ҳастанд. Калом-ин хӯроки рӯҳонӣ ва шамшер барои муборизаи рӯҳонии шумост. Ин парраи асосии ҳаёти масеҳист. Ибодат. Юҳанно 15:7. Филиппиён 4:6,7. Парраи дуюми вертикалӣ ин дуоро ифода мекунад. ба воситаи дуо Шумо метавонед бевосита бо Падари Осмонӣ сӯҳбат намоед ва ҳама чизе, ки барои ҳаётатон лозим аст, онро гиред. Тавассути дуо инчунин Шумо метавонед, тобеият ва боварии пурраатонро ба Худо ифода намоед. Муносибат. Матто 18:20; ба Ибриён 10:24,25. Парраҳои горизонталӣ алоқамандии Шуморо бо муҳит ифода мекунад: Бо имондорон ба воситаи шаҳодат. Дар рафти муносибат, ки дар маркази он Худованд Исои Масеҳ истодааст, мо дорои панди тарафайн, ваъда ва дастгирии ҳар як одам ниёзманди он буда мегардем. Шаҳодат Матто 4:19 ба Румиён 1:16. Се парра (калом, дуо, муносибат) Шуморо водор месозад, бо дигарон он чиро, ки Худованд ба Шумо додааст, бо ҳам бинед. Шумо ин корро ба воситаи шаҳодат ба анҷом мерасонед: ба одамон нақл мекунед, ки дар вақти вохӯрӣ бо Масеҳ ба Шумо чӣ рӯй дод, Инҷилро мефаҳмонед ва тарғиб менамоед, қудрати Худовандро баҳри наҷот ошкор месозед. Пешратфи шогирд Дар рафти инкишоф дар Масеҳ Шумо метавонед бештар ҳақиқатеро, ки дар ҳар як қадам дар зиндагиатон бо Масеҳ дастгириатон менамояд, дарк намоед. Шумо саёҳатро бо Исои Масеҳ, ба ӯ бовар карда, сар мекунед: вале ин саёҳат тамоми умр давом мекунад. Он чиз, ки Шумо аз китоби дуюм пайдо кардед, ба Шумо дар роҳи дуруст рафтанатон кӯмак мекунад. Роҳнамои минбаъдаро барои ин сафар Шумо аз китоби сеюм «Сафар ба Масеҳ», ки хоҳед хонд, мегиред�
<< Дарсҳои рӯҳонӣ |