Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Ман чӣ бояд кунам - 3

Download
 

Дар Масеҳ будан










Ман чӣ бояд кунам?



Мо хурсандем, ки шумо ба омӯзиши Библия майл пайдо кардед. Курсҳои Библия, ки мо ба шумо пешниҳод менамоем, ба шумо тасаввуроти амиқе дар бораи Библия медиҳанд ва барои сарвати рӯҳонии ӯро соҳиб гаштан ба шумо кӯмак мерасонанд.

Дар пеши худ мақсад гузоред, ки то ҳаддалимкон рӯзе як дарсро хонед.



Лутфан дар болои лифофа номатон, фамилияатон, насабатон, рақами ҳуҷра, номи муассиса ва нишонии пурраи почтаатонро бо ҳуруфоти чопӣ нависед.



Ба Худо ибодат кунед ва аз Ӯ хоҳиш намоед, ки барои фаҳмидани Каломаш ба шумо мадад расонад (Забур 118:18). Библия мегӯяд, ки Худо «Ба толибони худ мукофот медиҳад» (Ба Ибриён 11:6)



Бодиққат ҳар як саволро хонед. Ба ҳар як савол ҷавобе аз сурудҳои Библия пайдо менамоед. Дар ҳар як савол ишорае ба яке аз сурудҳои мувофиқи Библия мебошад. Мисол, барои ёфтани суруди 3:16 аз Инҷили Юҳанно шумо ба мундариҷаи Библияатон нигоҳ кунед. Вай ба шумо саҳифаи оғозшавии Инҷили Юҳанноро нишон медиҳад. Рақами «3» ин боби 3 аст ва рақами «16» рақами ояти 16-ум мебошад.



Пас аз бодиққат хондани порчаҳои Библия кӯтоҳакак ба саволҳо бо суханони худ ҷавоб нависед. Хоҳиш мекунем, порчаҳоро аз Библия пурра рӯйнавис нанамоед. (Ба ҷавобҳои намунавӣ нигаред). Лутфан тамоми курсро пур намоед ва ба лифофаи иловакардашуда андохта ба мо баргардонед.


Дар намояндагии мо


Пас аз он ки мо ҷавобҳои шуморо месанҷем ва баҳо мегузорем, ба шумо шаҳодатномаи хатми курсҳои Библияро мефиристем. Шаҳодатномаро дар худ нигоҳ доред. Мо натиҷаи ҷавобҳои шуморо дар намояндагиамон нигоҳ медорем.



Барои тафтиши кори шумо вақт лозим аст. Лутфан пуртоқат бошед. Мо ба шумо курсҳои навро чӣ қадаре, ки метавонем тезтар мефиристем.



Биёед ошкоро гап мезанем.


Якчанд кормандони миссияи мо ҷавобҳои шуморо месанҷанд, бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки шарҳдиҳии кори шумо аз тарафи инструкторони гуногун сурат гиранд. Мо хурсанд мешудем, агар ақидаҳои шуморо дар бораи курсҳоямон медонистем. Эродҳо ва шарҳдиҳии шумо дар бораи шуморо донистан ва инчунин эҳтиёҷоти шуморо фаҳмидан ёрӣ мерасонанд. Лутфан ба мо нависед, агар дар шумо саволе оид ба Библия, Худованд ё дигар масоили рӯҳонӣ пайдо гаштаанд. Онҳоро дар варақаи алоҳида нависед ва дар лифофа ҳамроҳи курсҳои пур кардаатон гузоред.


Мувафақиятҳои баландтаринро дар омӯзиш чӣ тавр бояд соҳиб шуд.


Библия – китоби ҳаёт, мӯъҷизоти ҳақиқӣ�

рӯҳро қавӣ мегардонад,

нодонро доно мекунад,

чашмро мунаввар меозад,

аз тиллои холис марғубтар аст,

... аз асал ширинтар аст�

Дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст.

Аз Забур 18:8-12.


Ҳар як масеҳӣ доноӣ ва боигариро аз маҳфузхонаи Худо дар Каломи Ӯ доро мегардад, вале ба ин касе соҳиб шуда метавонад, ки Ӯ онҳоро бо майл ҷустуҷӯ мекунад. Хазинаи ҳақиқати Худованд бо ду калид кушода мешавад: бо андеша ва бо дуо.

Дуои андешанок дар ҳар ояти ин китоб ба Шумо ёрӣ медиҳад, ки маъно ва истифодабарии ин оятро дар ҳаёти худ истифода баред.


«Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад» (1 Тимотиюс 4:15)


Дар рафти ҳамсафар будан бо Масеҳ барои нақшаи Худо ва мақсади Ӯ барои ҳаёти Шумо ва дар бораи он, ки чиро Ӯ дар ҳаёти Шумо дидан мехоҳад, дуоя бояд кард.


Дар ин китоб Шумо панҷ қадами муҳимро дар ҳамсафарии ӯ дониста мегиред.

  • Рушд дар Масеҳ

  • Имондорӣ ва аҳди Худованд

  • Донистани иродаи Худованд

  • Ҳаёти хизматгор

Дар ҳар боб Шуморо «саволҳо барои мулоҳиза» пеш меояд. Онҳоро бе душворӣ метавон ёфт. «Саволҳо барои андеша» барои он пешниҳод шудаанд, ки ақидаи Шуморо ба чизе равона кунанд.



Боби якум


Рушд дар Масеҳ


Дар асри 20 бисёр кашфиётҳо шуданд, ки тез ва босифат эҳтиёҷоти одамонро қаноатбахш мегардонанд. Хӯроки дар як лаҳза тайёр мешудагӣ, алоқаи телевизионию спутникии дар як лаҳза ба вуҷудоянда, ахбороти навтарини дар компютерҳо ҳифзкардашуда, ки баробари пурсиши Шумо шуморо қаноатбахш мегардонанд,- ҳамаи ин тавсифи давраи навест, ки насли имрӯза онро паси сар мекунад. Аммо масеҳиён ҳамеша бояд донанд, ки дар ҳаёти масеҳӣ «инкишофи лаҳзаина» вуҷуд надорад. Тавлиди аввал – қадами нахустинест дар роҳи дарози зиндагӣ, дар роҳи такмил намудани Худошиносӣ ва муҳаббат ба Ӯ.


«Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва Каломи Худо чист?» Румиён 12:2 (Каломи ҳаёт)


  1. Дар қадами нахустини худ дар ин сафар Шумо ба Масеҳ боварӣ ҳосил мекунед. Ақидаҳои муҳими Инҷилро бо ишори оятҳои Библия номбар кунед.

_______________________________________



  1. Эфсӯсиён 4:11-16-ро хонед.

А. Худо дар ҳаёти Шумо чиро дидан мехоҳад?

Оятҳои 13, 15.




Б. Масеҳии нотайёрро чӣ фарқ аст? («Кӯдакон») ояти 14. _____________________________________


В. Мувофиқи ин оятҳо одами аз ҷиҳати рӯҳӣ пухта кадом хусусиятҳоро дорост?

______________________________________

____________________________________

  1. Хислати кӯҳнаи одамро ба хислати нави Масеҳӣ муқоиса намоед. Эфсӯсиён 4:22-24

Хислати кӯҳна Хислати нав.





  1. 2 Қӯринтиён 3:18-ро бодиққат хонед.

А. Дар тимсоли кӣ Шумо тағйир меёбед?

________________________________________

________________________________________

Б. Кӣ ин тағйиротро ба Шумо ба миён меорад? ________________________________________

_______________________________________

В. Шумо оё дар як лаҳза тағйир меёбед? ________________________________________

_____________________________________

Г. Нақши Шумо дар ин тағйирёбӣ чӣ гуна аст? _______________________________________

_______________________________________________________

Д. Чӣ гуна кори амалӣ ба медиҳад, ки Масеҳро бубинед? _______________________________________________________

____________________________________________

5. Дар бораи муносибати Шумо ба Масеҳ оятҳои навишта ба Румиён чӣ мегӯяд?

А. Акнун ба Шумо чӣ рух дод? Румиён 5:8,9. ___________________________________________

_____________________________________________

Б. Акнун Шумо чӣ бояд кунед? Румиён 6:19. _____________________________________________

_____________________________________________

В. Шумо дар оянда чиро интизоред? Румиён 8:16-18. _____________________________________________

Ин се нуқтаи назари наҷот дар Масеҳ (ҳақ шумурдан, муққадас шумурдан, мадҳ намудан) дар фаҳмидани нақшаи Худованд дар ҳаёти имондор, сарчашмаи асосианд.

Ҳақ шумурдан Замони гузашта- Вазъияти ман дар

ман наҷот ёфтам� Масеҳ.

аз ҷазо барои гуноҳ.


Муқаддас Замони ҳозира-Вазъияти ман-

шумурдан ман наҷот меёбам� орзу карданбаҳри

аз ҳукми гуноҳ. монанд шудан ба

Масеҳ.

Мадҳ намудан Замони оянда-Интизории ман

ман наҷот хоҳам шабеҳи Масеҳ

ёфт� аз мавҷуди- будан.

-яти гуноҳ.


Савол барои андеша.


Қӯлассиён 3:2-4-ро бодиққат хонед. Чи хел ин оятҳо ба мисолории ҷадвали дар зер омада таносубанд. _______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________


Саршавии роҳ


  1. Қӯлассиён 2:6-7-ро хонед.

Чӣ хел Шумо ҳаётро дар Масеҳ оғоз намудед? _______________________________________________________

Инкишофи ояндаатонро чӣ гуна давом медиҳед? _______________________________________________________

_______________________________________________________

  1. Румиён 5-1-5-ро хонед.

Тавассути имондорӣ дар Масеҳ Шумо чиро доред? _______________________________________________________

_______________________________________________________






Саволҳо барои андеша


Эфсӯсиён 1-ро хонед ва нависед, Шумо чиро «дар Масеҳ доред.

Оят ____ _________________________________________

Оят ____ _________________________________________

Оят ____ _________________________________________

Оят ____ _________________________________________



Рафти инкишоф (пешравӣ)


  1. Байни зиндагии ҷисмонию рӯҳонӣ параллел мавҷуд аст. Шумо аз оятҳои зерин чиро донистед.

Таслӯнукиён 2:11 _________________________________

_________________________________________________

1 Тимотиюс 4:8 ___________________________________

_________________________________________________

Ибриён 5:13,14 ___________________________________

_________________________________________________

Петрус 2:2,3 _____________________________________

_________________________________________________

Кадом мисолҳои дигари ин параллелро Шумо медонед? _______________________________________________________

_______________________________________________________




  1. Кадом ду фотиҳаро Шумо соҳиб шуда метавонед?

Румиён 5:17.



Ба чӣ Шуморо онҳо оварда мерасонанд? _______________________________________________________

_______________________________________________________

  1. Дар бораи Румиён 6:11-13 фикр кунед.

А. Шумо худро чӣ хел одам бояд ҳисобед? Ояти 11. _______________________________________________________

_______________________________________________________

Б. Акнун муносибати Шумо ба гуноҳҳо чӣ гуна бояд бошад? Ояти 12.

_______________________________________________________


В. Чиро Шумо бояд роҳ надиҳед? Ояти 13.

_______________________________________________________


Г. Кадом амалро Шумо бояд пеш гиред? Ояти 13.

_______________________________________________________

_______________________________________________________

11. Худо мехоҳад, ки Шумо зиндагиатонро худатон сарварӣ намоед. (Румиён 5:17) на ин ки гуноҳ. (Румиён 6:13).

Ин дар ҳаёти Шумо чӣ хел инъикоси амалӣ меёбад? _______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________

12. Дар Эфсӯсиён 2:8,9. Гуфта мешавад, ки масеҳиён бо имондории худ наҷот меёбанд. Аммо муносибати Шумо бо Худо бо ин набояд қатъ гардад.

А. Мувофиқи Эфсӯсиён 2:10 Шумо кистед?



Б. Оё Худо ҳоло дар Шумо кор мекунад? _______________________________________________________

В. Худо чӣ кор мекунад? Филиппиён 1:6. _______________________________________________________


Дар бораи ҳаёти Худ фикр кунед. Ба Худо сипосгузорӣ кунед, ки Ӯ ҳеҷ чизро дар ҳаёти Шумо дареғ надоштааст. Муноқишаҳо набояд Шуморо боздоранд. Онҳо бори дигар исбот мекунанд, ки Худо дар Шумо кор мекунад, Шуморо шабеҳи Масеҳ мегардонад.

Худоро сипозгузорӣ кунед, ки ӯ чизеро дар ҳаёти Шумо дареғ надошт, намедорад ва нахоҳад дошт.


Одами зоҳирӣ-мисоли як чорчӯбаест барои Худо, расми ҳақиқӣ одами ботиниест, ки Худо чун рассом то ҳол тасвираш мекунад.


Чӣ гуна бояд зиндагӣ кард.


13. Ин оятҳо ба Шумо аз ҳаёти масеҳиён чиро мегӯяд?

Румиён 8:4________________________________________

__________________________________________________

2. Қӯринтиён 5:7. __________________________________

__________________________________________________

Эфсӯсиён 5:2 ______________________________________

__________________________________________________

1 Юҳанно 2:6 _____________________________________

__________________________________________________


14. Ҳангоми хондани 1 Юҳанно 1:6-10, ду намуди одамонро муқоиса кунед.


Одамоне,ки дар муносибат бо Худоянд ва одамони бехудо






Ҳаёти ба камол расида


15. Масеҳии ба камол расида, ба ҳаёт чӣ гуна муносибат бояд дошта бошад?

Филипиён 3:13-15





16. 1 Қӯринтиён 15-58-ро хонед. Масеҳиён ҳангоми Мунтазири абадият бо Масеҳ чӣ бояд кунанд?

Шуморо ба ин чӣ водор мекунад?________________________

_______________________________________________________

17. Дар кадом соҳаи ҳастиатон Шумо рӯҳан ба камол мерасед?

2Петрус 3:18 _______________________________________

__________________________________________________

1 Юҳанно 4:16:17 __________________________________

__________________________________________________

18. 2. Тимотиюс 4:7,8-ро хонед. Павлус дар бораи ҳамсафари заминии худ бо Масеҳ чӣ мегӯяд?



Ӯ аз оянда чиро мунтазир буд? _______________________

___________________________________________________

___________________________________________________



Хулоса


Дар роҳи ба камол расидан


Худо мехоҳад, ки масеҳиён ба воя расанд ва мисли Исои Масеҳ бошанд. Худо масеҳиёнро аз ҷазои гуноҳашон наҷот дод, ҳозир онҳо дар марҳаллаи мубориза бо гуноҳанд, аммо дар оянда бо Масеҳ аз гуноҳ озоданд.



Оғози роҳ


Имондорӣ оғози роҳ бо Исои Масеҳ, аввалин наздикӣ ба Масеҳ аст. Ва Худо ба ҳамаи имондорон ҳамаи шароити дар оянда инкишоф ёфтанро додааст.



Дар рафти ба камолрасӣ


Камолёбии рӯҳӣ мисли ҷисмонист. Барои камолёбии рӯҳӣ вақт лозим аст. Масеҳиён бояд ҳаётро идора кунанд ва эътироф намоянд, ки Худо бо онҳо кор мекунад.


Чӣ хел бояд зиндагӣ кард


Инкишоф дар Худо ин шабеҳи рафтуомад аст. Масеҳро пайравӣ карда, зери сарварии Рӯҳулқудс масеҳиён дар муносибат бо Масеҳ бо имон ва муҳаббат мебошанд.


Ҳаёти ба камол расида


Масеҳии ба камол расида ҳамеша аз паси Масеҳ пайгирӣ мекунад, вориди кори Ӯ мегардад, файзу муҳаббати Ӯро мебинад.

Худо одами имондорро фаромӯш намесозад, ва рӯзе фаро мерасад, ки Ӯро сарфароз мегардонад.



Боби дуюм


Ҳукмронии Исои Масеҳ


Исои Масеҳ-Наҷотдиҳанда ва Худованд!

Уилям Барилай гуфтааст; «Аз ҳама унвонҳои Исо, ки тез-тез вомехӯраду васеъ паҳн гаштааст ва аз ҷиҳати теологӣ муҳим аст, Худованд мебошад. Ва ман ғалат намекунам, агар мегӯям, ки синоними номи Исо калимаи «Худованд» аст.

Ҳукмронии Исои Масеҳ барои Шумо чӣ маънӣ дорад? Дар кадом соҳаи ҳаёти Шумо вай мавқеъ дорад? Ин лаҳзаи ҳаёти Масеҳро, ки тез-тез аз мадди назар дур меафтад, ҳар касе, ки шогирди Ӯ будан мехоҳад, бояд чуқур омӯзад.


Худованд Исои Масеҳ.


1. Дар унвон хабари муҳимест, дар бораи он ки Ӯ ба кӣ тааллуқ дорад. Дар бораи кадом унвонҳои Исои Масеҳ дар оятҳои зерин сухан меравад?

Юҳанно 13:13 ______________________________________

Аъмол 2:36 ________________________________________

Ваҳй 19:16 ________________________________________

Ин унвонҳо дар бораи Исои Масеҳ ба Шумо чӣ мегӯянд?


2. Исои Масеҳ – Худованд (ҷавобҳҳои мувофиқи Библияро пайваст кунед)

Офарида Қӯлассиён 1:18

Нахустзода аз мурдагон Қӯлассиён 1:16,17

Калисои ҳамаи масеҳиҳо Румиён 14:9.


«Масеҳ дар қалби Шумо бояд он ҷоеро ишғол намояд,

ки ба вай дар коинот тааллуқ дорад».


3. Тавсифи шахсии худатонро дар бораи калимаи Худованд аз нуқтаи назари имконоти истифодабарӣ ба Исои Масеҳ нависед. Дар ин кор ба Шумо фарҳанг кӯмак расонида метавонад.





4. Филиппиён 2:9-11-ро хонед.

А. Чӣ тавр Худо Исоро бисёр баланд бардоштааст?

___________________________________________________

___________________________________________________

___________________________________________________

Б. Дар ин лаҳза Шумо бояд чӣ кор кунед?

___________________________________________________

___________________________________________________

5. Дар Ваҳй 5:12 дар бораи Худовандии Исои масеҳ чӣ гуфта мешавад? _______________________________________________________



6. 1 Қӯринтиён 6:19,20-ро хонед.

А. Чӣ тавр Шумо имконияти дорои Худованд буданро гаштед?

Б. Дар ин лаҳза Шумо бояд чӣ кор кунед?

 

Исои Масеҳ, Худованди ҳукмроникунанда ҳама вақт буд ва асрҳо боққ мемонад. На ҳама Худовандии ӯро ҳоло эътироф менамоянд, вале ин ҳукмронии Ӯро паст намекунад. Рӯзе фаро мерасад, ки ҳама Масеҳро Худованд эътироф менамоянд, вале имтиёзи эътирофи Ӯ итоаткории Худовандии Ӯро шумо ҳозир сазовор шуда метавонед. Шумо танҳо бо роҳи ихтиёрӣ, бо амали худ метавонед ба Масеҳ Худовандии ҳаётатонро супоред.



Эътирофи Худовандии ӯ қарори Шумост


7. Дар ҳаёти имондор Масеҳ бояд кадом ҷойро ишғол намояд?

Қӯлассиён 1:18 _____________________________________

8. Дар Румиён 12:1 ба Шумо чӣ нишон дода мешавад?



Чаро Шумо бояд ин гуна рафтор кунед?___________________

 

9. Дар зери он даъвоҳое, ки ба Шумо тааллуқ доранд, хат кашед. Ман бисёр вақт фикр мекунам ва ҳис мекунам, ки:

_______Исо мушкилиҳои маро тамоман намефаҳмад.

_______Ӯ мехоҳад, ки ман чизи ғайриимконро ба ҷо оварам.

_______Ӯ мехоҳад, ки ман он кореро кунам, ки ба ман тааллуқ надорад.

_______Ӯ ба ман имконияти аз рӯи муҳаббат оиладор шуданро намедиҳад.

_______Ӯ ба ман имконияти дорои чизе шуданро, бо кори дӯстдоштаам машғул шуданро ва вақтамро бо дӯстонам гузарониданро намедиҳад.


Б. Боз кадом тарс намегузорад, ки Шумо Масеҳро ба ҳар як соҳаи ҳаётатон роҳ диҳед?

___________________________________________________

___________________________________________________

В.Он чизи дар Ирмиё 29:11 гуфташуда чӣ тавр ин тарсу шубҳаро пароканда месозад?

___________________________________________________

___________________________________________________




«Шумо танҳо бо амали поку сидқӣ метавонед Худовандии ӯро эътироф намоед. Бо «ҳа»-и худ арӯс дар назди меҳроб домодро барои ҳамешагӣ дар маркази ҳаёташ мегузорад. Тамоми ҳаёти минбаъдааш ба ин қарор вобаста аст. Ҳамин тавр мо бо амали ирода Масеҳро дар маркази ҳаётамон мегузорем ва ҷои «ман»-и моро Ӯ ишғол менамояд»

Ҷ. Освалд Сандерс.


10. Ҷавобҳои дурустро қайд намоед:

Ман Исо

Кӣ медонад, барои Шумо чӣ аз ҳама беҳтар аст?

Кӣ ба Шумо чизи аз ҳама беҳтарро мекунад?

Кӣ ба Шумо чизи аз ҳама беҳтарро мехоҳад?

Чаро? _________________________________________________

  1. Дар бораи Худовандии Исои Масеҳ фикр кунед. Оё Шумо мехоҳед, ки Исо Худованди Шумо бошад.

ҳа ________ Не ________________


Эътирофи Худовандии Ӯ қарори Шумо


Нияти нек на ҳама вақт ба натиҷаи хуб мерасонад. Оғози хуб анҷоми некро кафолат намедиҳад: қарор қабул кардан-ин оғози Шумост. Бояд доимо дар итоати ӯ бошед ва бо амали худ нишон диҳед, ки Ӯ ҳақиқатан Худованди тамоми соҳаи ҳаёти Шумост. Дар расм баъзе аз ин соҳаҳаҳо нишон дода шудаанд.























12. Худовандии Исои Масеҳ Дар ҳаёти Шумо ба чӣ дараҷа аст? Яке аз беҳтарин усули санҷиши он ки кадом соҳаи ҳаёти Шумо ба чӣ дараҷа ба Масеҳ тобеъ аст, инро аз худ пурсед: « Оё ман тайёр ҳастам дар ин соҳаи ҳаётам он кореро кунам, ки Масеҳ онро дидан мехоҳад?» ё «Оё ман тайёр ҳастам ба Худо сипосгузорӣ намоям, барои он чизе, ки дар ин соҳаи ҳаёти ман рух додааст»?

А. Кадом соҳаи ҳаётатон, аз ҷумлаи ононе, ки дар расм тасвир ёфтаанд, то ҳол ба Масеҳ тобеъ нест?

Б. Дар кадом соҳаи ҳаётатон Шумо то ҳол Худовандии Исои Масеҳро қабул накардаед?

В. Шумо чӣ кор карда метавонед, ки Худовандии Исои Масеҳ дар ҳаёти шумо пурра гардад?

__________________________________________________________

__________________________________________________________



«Масъала дар сари он намеистад, ки одам агар бештар пул, вақт ё маълумот медошт, баҳри Худованд чӣ кор мекард, масъала дар он аст, ки одам бо он чизе, ки дорад, баҳри Худованд чӣ кор мекунад. Муҳим нест, ки Шумо кӣ ҳастед ва чиро дороед, муҳим он аст, ки Масеҳ дар қалби Шумо кадом ҷойро ишғол менамояд».


  1. Шумо ҳаёти худро мустақилона сарварӣ намуда истода метавонед бадбахт ва ҳама вақт дар ҳаяҷон бошед. Мувофиқи 1 Петрус 5:6,7, Шумо бояд чӣ кор кунед?




Ин оятҳоро истифода бурда ҳалли мушкилиҳои ин одамро дар чорчӯба тасвир намоед.






  1. Чӣ рӯй медиҳад, вақте ки ташвишу азобҳо ба Масеҳ дода нашудаанд? Марқӯс 4:18,19





Ба ақидаи Шумо ин чӣ тавр рух мезанад. __________________

_______________________________________________________


Савол барои андеша


Ҳар як одаме, ки пайравии Исои Масеҳро пеша кардааст, бояд чӣ кор кунад? Луқо 9:23.

Амал Ин чӣ маънӣ дорад?

 

  1. Дар Қӯлассиён 3:23,24 гуфта мешавад, ки Масеҳӣ бояд (ҷавоби дурустро қайд намоед ва шарҳ диҳед, ки чаро вай аз дуи дигар беҳтар аст):

Ба Масеҳ нисбати дигар одамон сидқан хизмат намояд.

Динро аз ҳаёти рӯзмарра ӣудо намоед.

Супоришҳои оддиро аз самими қалб иӣро намоед, чунки ҳамин аст хидмати ҳақиқӣ ба Масеҳ.

 

16.чӣ тавр, мувофиқи Луқо 6:46 мо метавонем муайян кунем, ки оё ҳақиқатан Масеҳ дар ҳаёти мо ҳукмронқ мекунад?

 

17. Ҳаввориён чӣ кор карданд? Луқо 18:28-30

_______________________________________________________

_______________________________________________________

Ҷавоби Исо чӣ гуна буд? ________________________________

18. Ҳукмронии Исои Масеҳ шахсан барои Шумо чӣ маънӣ дорад?




Хулоса



Худованд Исои Масеҳ.


Дар Библия Худо мегӯяд, ки Исои Масеҳ Худованд аст. Ӯ сазовор аст, ки Худованд бошад, чунки Ӯ Худо аст, барои он ки чизи махсусе кардааст.



Эътирофи Худовандии ӯ – қарори Шумост.


Бо вуҷуди он ки Исои Масеҳ Худованд аст, Ӯ вазъи сарвариро дар қалби бисёр имондорон надорад. Барои он ки Масеҳ дар қалби масеҳӣ ҳукмрон бошад, ӯ бояд қарор диҳад, ки ба Масеҳ итоат намояд ва сарварии ҳаёташро пурра ба ӯ вогузор намояд.



Эътирофи Худовандии ӯ дар амал.


Ким-кадом соҳаи ҳаёти имондор метавонад ба Масеҳ тобеъ набошад. Вале Масеҳӣ бояд ин соҳаро ба ӯ диҳад ва эътироф намояд, ки Худовандии Масеҳ хушбахтӣ ва беҳбудиро меорад.





Боби сеюм


Боварӣ ва ваъдаи Худованд


Боре якчанд одам аз Исо пурсиданд, ки чӣ тавр кори Худовандро иҷро кардан мумкин аст. Исо ҷавоб дод: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе, ки Ӯ фиристод, имон оваред». (Юҳанно 6:29) Худованд мехоҳад, имонро дар ҳар яке бинад, чунки «бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест». (Ибриён 11:6)

Вале дар ҷамъияти ҳозира бисёр вақт имонро бо умед омехта менамоянд-ман «умед дорам», ки хуб мешавад. Ман «ба ин боварӣ дорам». Боварии (имондорӣ) Библиявӣ аз ин бартарияти азиме дорад ва ин барои дар муомила бо Масеҳ будан бисёр зарур аст.


Дар муомила бо имон.

  1. Имон ба ибтидои ҳаёти масеҳӣ чӣ гуна муносибат дорад?

Эфсӯсиён 2:8,9.



Шумо Масеҳро бо имон қабул кардед. Дар ин маврид Шумо акнун чӣ тавр бояд зиндагқ намоед? Қӯлассиён 2:6.

_______________________________________________________

_______________________________________________________

2. Имонро дар асоси оятҳои дар зер омада чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?

Аъмол 27:25. _________________________________________

_____________________________________________________

Румиён 4:20-21. ________________________________________

Ибриён 11:1 ____________________________________________

_______________________________________________________


«Имон-ин боварӣ ба он аст, ки он чӣ Худо дар Каломаш овардааст, ҳақиқат аст ва Худо мувофиқи он рафтор менамояд, он чизе, ки ӯ дар Каломаш ваъда кардааст� имон ба таассурот, пешбинӣ ва мушоҳидаи шумо алоқа надорад»

Ҷ. Мюллер.


  1. Мо бо имон сазовори чӣ мегардем? Оятҳоро бо ҷавобҳо мувофиқ намоед.

Матто 21:22 _____ умед, хушбахтӣ, амонӣ,.

Румиён 15:13 _____ ҷавоб ба ибодат.

Эфсӯсиён 3:12 _____ ҳукмронӣ аз болои шайтон.

Эфсӯсиён 6:16 _____ имконият ба назди Худованд.

  1. Бо суханони худ талаботҳои дар 2Қӯринтиён 5:7 овардаро нависед. Мисол пеш оред, ки Шумо чӣ тавр онро дар ҳаётатон истифода мебаред.





  1. Кадом гуноҳ барои дар Шумо кор кардани Худованд халал мерасонад? Матто 13:58.

 


«Мухолифи имон шубҳа нест, балки нобоварист. Барои бартараф кардани шубҳа камтар маълумоти дуруст кифоя аст! Нобоварӣ ин рад кардан ва итоат накардан ба васиятҳои Худованд аст»


Мавзӯи имон


  1. Одамон имонашонро бояд ба чӣ такя накунонанд?

Забур 32:16,17 _________________________________________

_______________________________________________________

Забур 145:3 ____________________________________________

_______________________________________________________

Масалҳо3:5___________________________________________

______________________________________________________

Масалҳо 28:26 _________________________________________

Ирмиё 9:23 ___________________________________________

______________________________________________________

Он чӣ, ки ба Шумо таъсир мегузаронад, бо аломати «Х» қайд намоед. Шумо чӣ фикр доред дар ин мавзӯҳо кадом оқибатҳо ногузиранд?





7. Предмети имони Шумо бояд кӣ бошад? Марқӯс 11:12.

_______________________________________________________

_______________________________________________________

8. Дар асоси ду саволи пешина нависед, ки дар ин расм чӣ тасвир ёфтааст?



ИМОН Вай чӣ тавр пайдо мешавад ва рушд меёбад.


Савол барои андеша


Эътиқод ва имондории Шумо ба Худо дар асоси дониши Шумо дар бораи он ки Худо кист ва ӯ чӣ хел аст, пайдо мешавад. Кадом оятҳо доир ба табиату хислати Худованд бештар пурмаънӣ ҳастанд?


Оят Ӯ ба Шумо дар бораи Худо чӣ мегӯяд?





Мисолҳои имондорӣ


9. Ибриён 11- боб дар бораи имон. Онро хонда истода ба он чизе диққат диҳед, ки иӣро шудааст ва ба воситаи имон дастрас гаштааст. Кадоме аз ин дастовардҳои имон барои Шумо бештар муҳим аст?

_______________________________________________________

Чаро? _________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________



Ваъдаи Худованд


10. Лаҳзаеро ба ёд оред, ки касе ба Шумо ким-чизеро ваъда кард. Чӣ Шуморо водор сохт, бовар намоед, ки ин одам дар сухани худ меистад?

Ӯ ваъдаашро иҷро кард? ________________________________

Ин ба муносибати минбаъдаи Шумо ба ваъдаҳои Ӯ чӣ гуна таъсир расонид?


11. Худо инчунин ба Шумо баъзе чизро ваъда кард. Дар Библия дар бораи суханони Худованд чӣ гуфта мешавад?

3 Подшоҳон 8:56 ________________________________________

_______________________________________________________

Забур 88:35 _____________________________________________

_______________________________________________________

Ишаъё 55:11 ___________________________________________

_______________________________________________________

2 Петрус 1:4 ____________________________________________

  1. Чаро Шумо ба ваъдаҳои Худованд бовар карда метавонед?



«Имон ҳама вақт ба он чӣ асос меёбад, ки Худованд гуфт ё ваъда кард. Вақте ки одами бовиҷдон чизеро ваъда мекунад. Вай онро иҷро менамояд: сухан амалро дӯст медорад. Бо худованд айнан ҳамин тавр аст: Агар ӯ чизеро кардан мехоҳад, аввал инро дар Каломаш мегӯяд».

Андрю Мюррей.


Ваъзи ваъда


13.Ҷадвалро пур намоед.


Оят Ваъда Шароити иӣрои он.


Юҳанно 15:7 ____________________ _______________________

Навҳаи Ирмиё 3:22,23 ____________ ______________________

Румиён 8:28 _____________________ _______________________

Ғалотиён 6:7 ____________________ _______________________


14. Шумо чӣ фикр доред, чаро Худованд ҳама вақт шарт мегузорад, ки иҷрои он кафолати иҷрошавии ваъдаҳост.




15. Худованд барои омодагиаш барои иҷрои ваъда дар

2 Қӯринтиён 1:20 чӣ мегӯяд?

______________________________________________________

_______________________________________________________

Муносибати Шумо вақти ваъзи ваъдаи Худованд чӣ гуна бояд бошад? Ибриён 6:12.





Диққат додан ба ваъдаи Худованд хеле муҳим аст. Ҳисоб кардани ваъдаҳои Ӯ, шароити иҷро ва натиҷаҳои онҳо бад намебуд. қариб ҳама вақт ваъдаи Худовандро ҳамчун занҷираи дар расм тасвирёфта тасаввур кардан мумкин аст.


Ваъда Ман чӣ бояд кунам Натиҷа






Савол барои андеша.


2. Вақоеънома 20-ро хонда истода, Шумо дониста мегиред, кӣ чӣ тавр Ёҳушофот ба ваъдаҳои Худованд муносибат мекард.

А. Дар навбати аввал Ёҳӯшофот чӣ кор кард? Оятҳои 3,6-12.

_______________________________________________________

Б. Ҷавоби Худованд чӣ гуна буд? Ояти 15.

_______________________________________________________

_______________________________________________________

В. Оё ин аҳду паймон буд?

_______________________________________________________

Г. Аҳдро доро шуда Ёҳӯшофот чӣ кор кард? Ояти 18.

_______________________________________________________

Д. Кадом далел собит месозад, ки Ёҳӯшофот ба ваъдаи Худованд боварқ намуд?

_______________________________________________________

Е. Ин чӣ тавр ба дигар одамон таъсир расонд? Ояти 20.

_______________________________________________________

Ж. Натиӣааш чӣ гуна буд? Ояти 22, 27.

_______________________________________________________

_______________________________________________________





  1. Дар вақти омӯзиши мустақилона кадом ваъдаи Худовандро ёфтед?

_______________________________________________________

_______________________________________________________

Ин ваъда шахсан ба Шумо чӣ гуна ёрӣ расонд? ___________

________________


«Илтиҷо мекунам, ки ба ваъдаи Худованд чун маводи музей муносибат нанамо: ба онҳо бовар намо ва онро истифода бар�»

Чарлз Сперджен



Хулоса

Роҳпаймоии боимон.

Имондорӣ ба Каломи ивазношавандаи Худованд асос меёбад. Имон ба Худованд ва Каломи Ӯ барои масеҳӣ имкониятро барои умед, хушбахтӣ, амонӣ мекушояд, ҷавоб ба ибодат ва дигар ваъдаҳои Худованд мебошад.

Объекти имон.

Одамон метавонанд ба оне бовар кунанд, ки фиребашон медиҳад. Ягона объекти умедбахш имон ба Худованд ва Каломи Ӯст.

Намунаи имон.

Тавассути имон бисёр чизҳо дастрас гаштаанд. Кадом мисолҳо аз Ибриён 11 ба Шумо бештар таъсир мебахшанд.

Ваъдаҳои Худованд.

Худованд ҳеҷ вақт суханашро ба ҳаво намепартояд. Ӯ он чизеро, ки ваъда мекунад, иҷро менамояд, чунки дар қавлаш меистад.

Боварии ваъда.

Масеҳиён бояд ба ваъдаҳои Худованд такя намоянд, чунки Худованд ба чунин боварӣ ҷавоб мегардонад.





Боби чорум


Донистани иродаи Худованд


Масеҳиёнро тез-тез саволе ба ташвиш меорад, иродаи Худованд вобаста ба хоҳишу нақшаи онҳо чӣ гуна аст. Ба назар мерасад, ки иродаи Худованд дар ниҳонхонае пинҳон аст, ва ин ниҳонхонаро ба воситаи харитае ёфтан мумкин аст, ки мо аз он танҳо порае дорему халос. Оё ин дуруст аст? Оё Худованд Нақшаи Худро аз Шумо пинҳон медорад ва ё Ӯ мехоҳад, ки мувофиқи Нақшаи Ӯ амал намуда, Ӯро қадам ба қадам пайгирӣ намоед?

Агар Шумо ҳоло Масалҳои 3:5,6-ро нахондаед, пас ин корро худи ҳозир кунед. Ин корро карда дар квадрат «аломат» гузоред. Ин оятҳо тамоми таълимоти нодурустро дар бораи иродаи Худованд пароканда месозад. Дар болои ин оятҳо андеша намоед.


Иродаи Худованд, ки ба мо кушодааст


  1. Яке аз хоҳишҳо барои пайрави Исои Масеҳ чӣ гуна бояд бошад? Эфсӯсиён 5:17



  1. Худованд ба Шумо вобаста ба нақшааш ба ҳаёти Шумо чӣ ваъда медиҳад? Забур 31:8

_______________________________________________________

_______________________________________________________

3. Дар оятҳои зерин Худованд вобаста ба нақшааш барои Шумо чӣ мекушояд?

1Таслӯникиён 4:3 _______________________________________

_______________________________________________________

1Таслӯникиён 5:18 ______________________________________

_______________________________________________________

1Петрус 2:15 ___________________________________________

_______________________________________________________

4. Дар Забур 39:9 Забурнигор дар бораи муносибати худ ба иродаи Худованд чӣ мегӯяд?

_______________________________________________________

Кадом амалҳо барои дастрас кардани чунин муносибат ёрӣ медиҳанд? _______________________________________________________

_______________________________________________________

5. Барои иҷрои иродаи Худованд баҳри Шумо кӣ сарчашмаи қудрат мебошад?

Филиппиён 2:13 ________________________________________

Юҳанно 15:5 ___________________________________________


«Иродаи Худованд ин лифофае нест, ки ба мо ба воситаи ресмон аз осмон фиристода шуда бошад. Иродаи Худо бештар ба папирусе монанд аст, ки рӯз ба рӯз кушода мешаваду васеътар мегардад. Иродаи Худованд ин онест, ки мо бояд донем ва ин онест, ки мо ҳар рӯз бояд пайгирӣ намоем. Ин мактубе нест, ки Шумо аз он тез ҳама чизро дониста метавонед. Пас мо барои он даъват нашудаем, ки ягон нақша ва ё ягон лоиҳаеро пайгирӣ намоем, ва на барои он, ки куҷое равем, ва на барои он, ки кореро иҷро намоем, вале барои он, ки Худованд Исои Масеҳро пайгирӣ намоем».

Пол Литтл


Дар Библия масеҳӣ ҳамаи он чизи барои ҳаёташ заруриро бо Исои Масеҳ меёбад. Вале дар баробари ин мо бояд баъзе қарорҳо қабул намоем, ки оиди онон дар Библия чизи мушаххасе нест. Дар чунин лаҳзаҳо масеҳӣ бояд аз чунин талаботҳои қабул кардани қарор истифода барад, ки дар Каломи Худованд мебошад.


Талаботҳои қабул кардани қарор.


Ҷобаҷогузории мақсад дар асоси Каломи Худованд.

Худованд васиятҳои муайянеро дод, ки риояи онон дар қабул кардани қарор вобаста ба амали Шумо ёрӣ мерасонад. Агар нақшаи амали Шумо бо Каломи Худованд мувофиқ нест, пас ин аниқ аст, ки он иродаи Ӯ нест.

  1. Оятҳои зеринро хонда бо суханони худ баъзе мақсадҳои Худованд барои Шумо ба миён овардаро нависед.

Худованд мехоҳад, ки Шумо:

Матто 6:33 ___________________________________________

Матто 22:37-39 ________________________________________

Матто 28:18-20 ________________________________________

1 Петрус 1:15 __________________________________________

2 Петрус 3:18 __________________________________________


Кӯшиши нақшаи амал тартиб додан карда аз худ пурсед:

«Оё хоҳиши Худованд дар ҳаёти ман дар ҷои аввал меистад?»

«Оё ин ба рушди муҳаббати ман нисбати Худованду атрофиёнам ёрӣ медиҳад?»

«Ин ба иштироки шахсии ман дар иҷро намудани вазифаи бузурги Масеҳ чӣ гуна муносибат дорад?» (Матто28:18-20)

«Оё ин ба ман барои ҳаёти пок ёрӣ медиҳад?»

«Оё ин нақшаи амал ба ман ёрӣ медиҳад, ки Масеҳро бештар дарк намоям?»


Ба ин саволҳо сидқан ҷавоб дода, шумо метавонед қароре қабул намоед, ки дар Каломи Худованд асос ёфтааст.


Савол барои андеша.

Дар асоси оятҳои зерин саволҳое тартиб диҳед, ки онҳо барои донистани иродаи Худованд ба шумо ёрӣ диҳанд.

1Қӯринтиён 6:12______________________________________

1Қӯринтиён 6:19,20____________________________________

1Қӯринтиён 8:9 _______________________________________

1Қӯринтиён 10:31______________________________________


Итоат ба Худованд.

Агар Шумо он чизеро, ки пештар Худо ба Шумо нишон дод иҷро намекунед, пас Ӯ минбаъд ба Шумо чизи дигареро нишон медиҳад? Итоат ба иродаи маълуми Худованд имконият медиҳад, ки дастури минбаъдаро гиред.


7.Чӣ тавр Шумо дорои фаҳмиши иродаи Худованд мешавед?

Забур 36:31 ____________________________________________

Забур 118:105,130 ______________________________________

  1. Боз чӣ хел Шумо иродаи Худовандро дониста метавонед?

Забур 142:8 ___________________________________________

Яъқуб 1:5 ____________________________________________

9. Дар Забур 24:4,5 Довуд дар бораи он дуо мекунад, ки Худованд Нақшаашро барои ҳаёти ӯ кушояд. Ин дуоро бо суханони худ нависед ва бигзор дили Шумо саршори ин дуо бошад.






10. Дар Румиён 12:1,2 дар бораи риояи кадом шароитҳои зарурии дарки иродаи Худованд сухан меравад?

_______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________

11. Агар Шумо аз Худованд маслиҳат мепурсед, сарварии киро ба Шумо васият кардааст? Юҳанно 16:13.

_______________________________________________________



Савол барои андеша


Забур 26:14 ва Ишаъё 30:18-ро хонед. «Такя кардан ба Худо» чӣ гуна ба дарки иродаи Ӯ алоқамандӣ дорад? Шумо чӣ тавр ба Худованд такя менамоед»?







«Шайтон одамонро саросема месозад; Худо онҳоро сарварӣ менамояд».


Кушодадилӣ барои сарварии Худованд.

Бисёр душвориҳо барои дарки иродаи Худованд гум мешаванд, агар Шумо тайёр ҳастед, иродаи Ӯро чӣ хеле, ки набошад, иҷро намоед.


  1. Шумо нақша тартиб дода истода, метавонед дар бораи ҳамаи имкониятҳо надонед. Ахбори иловагиро Шумо чӣ тавр ҷамъ карда метавонед? Масалҳо 15:22.


Барои маслиҳат ба масеҳии комиле муроҷиат намудан лозим аст, ки ӯ иродаи Худоро дар ҳаёти худаш дарк намудааст ва Шуморо хуб медонад. Муфид аст бо ононе гап задан, ки пештар қароре қабул кардаанд, монанди қарори Шумо.

  1. Талаботҳоеро шарҳ диҳед, ки Исо дар бораи он ба шунавандаҳо муроҷиат намуда гуфтааст: (Юҳанно 7:17)





Онро чӣ тавр барои дарки иродаи Худованд истифода бурдан мумкин аст?

_______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________

14. Вақте ки Шумо мефаҳмед, ки Худованд аз Шумо чӣ мехоҳад, Шумо чӣ тавр иродаи Худовандро иҷро менамоед? Эфсӯсиён 6:6

_______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________

15. Кадом омилҳои дигар ба Шумо ёрӣ медиҳанд, ки нақшаи Худовандро бинед? Оятҳоро муқобили омилҳои мувофиқ гузоред.

Қӯлассиён 3:15 -Ақл ва муҳокимаронии боақлона.

Филиппиён 1:12-14 -ҷаҳони рӯҳонии ботинӣ.

Эфсӯсиён 5:15-17 -Ким-кадом вазъиятҳо.

Кадом оқибатҳои номақбул метавонанд сар зананд, вақте ки Шумо ба ин омилҳо такя менамоед?





16. Дар Библия мо тез-тез дар бораи омилҳое мехонем, ки муҳокимаи оқилонаро ташаккул медиҳанд. Мисолҳои зеринро хонда ба саволҳо ҷавоб гӯед.









Кадом мушкилиҳо ҳал гаштанд?

Кадом қарорҳо қабул гаштанд?

Кадом омилҳо дар қабули интихоби дурусту нодуруст нақш бозиданд?

Одам Оятҳо Мушкилӣ қарор Омил

ҷидъӯн Доварон ________ _________ ________

6:25-28 ________ _________ ________

Мӯсо Ибриён ________ _________ ________

11:25,26 ________ _________ ________

Димос 2Тимотиюс ________ _________ ________

4:10 ________ _________ ________

Ҷадвали зерин дар қабул кардани қарорҳои мушаххаси мувофиқи иродаи Худованд ба Шумо ёрӣ медиҳад.

Саволҳое, ки бояд ҳал кард: _____________________________

_______________________________________________________

________________________________________________________


Мақсади Ман дар ҳаёт Ҳа Не Намедонам

Оё хоҳиши Худованд

дар ҳаёти ман дар

ҷои якум меистад?


Оё ин ба рушди

муҳаббати ман нисбати

Худованду атрофиёнам

мувофиқат менамояд?


Ин ба иштироки шахсии

ман дар иҷрои вазифаи

бузурги Масеҳ додагқ чӣ

муносибат дорад?


Оё ин барои дар ҳаёти пок

зистани ман ёрӣ медиҳад?


Оё ин барои рушди рӯҳонии

ман кӯмак мерасонад?


Саволҳои дигар:


Итоат ба Худованд.

Кадом омилҳо аз Каломи Худованд ба қарори ман таъсир мерасонанд?


Кушодадилӣ ба сарварии Худованд.

Намудҳо Мусбӣ Манфӣ


Маслиҳати масеҳиёнаи

комил, ки маро хуб

медонанд:

Омили дунёи ботинӣ:

Вазъиятҳо:




Боби панҷум


Ҳаёти хидматгор


Хидматгузорӣ беҳтарин кори шогирд мебошад. Ба ҳама маъқул аст, ки касе ба ӯ хидмат кунад ва ба наздиконашон низ хизмат намоянд. Одамон эътироз намекунанд, вақте ки онҳоро хидматгор меноманд, вале ба онҳо маъқул нест, вақте ки ба онҳо чун ба хидматгор муомила менамоянд. Гувоҳи комил будани Масеҳ он аст, ки ӯ ба касе коре кардан мехоҳаду ба ивазаш чизе наметалабад.


«Дар дигар шоҳигариҳо ононе сарварӣ менамоянд, ки ба онҳо хизмат менамоянд. Вале дар ҷамъияти Худовандӣ ононе сарварӣ менамоянд, ки имтиёзи хизмат карданро доранд»

А.Б. Брюс

Масеҳӣ-намунаи Шумо


  1. Бо кадом мақсад Исо ба ин дунё омад? Марқӯс 10:45.


2. Чӣ тавр Исо ба одамон хидмат кард?

Матто 9:35 _____________________________________________

Юҳанно 13:3-5 _________________________________________

___________________________________________


«Писари Худо хидматгори Худованд гашт, то ин ки

вазифаи Худоро иҷро намояд»

Ҷ.Освалд Сандерс

  1. Филиппиён 2:5-8-ро хонед.


А. Шумо киро бояд пайравӣ намоед? Ояти 5.


Б. Кадом мавқеъро Масеҳ ишғол намуд? Ояти 7.


В. Хоҳиши хидмат карданро ӯ чӣ тавр нишон дод.

Оятҳои 7,8



4. Дар Филиппиён 2:3,4 гуфта мешавад, ки Шумо ин талаботҳоро чӣ тавр дар ҳаётатон истифода бурда метавонед.

А. Шумо чӣ бояд кунед?



Б.Оё Шумо лаҳзаеро ба ёд оварда метавонед, ки ин тавр рафтор накардаед?

 

В. Шумо бояд чӣ кор кунед, то инро ислоҳ намоед? _____________________________________

_______________________________



Нақшаи Масеҳ дар ҳаёти Шумо


  1. Марқӯс 1:31-ро хонед.

А. Баъди шифо ёфтан модарарӯси Петрус чӣ кор кард?


Б. Шумо чӣ фикр доред, чаро ӯ чунин рафтор намуд?


В. Чӣ тавр Масеҳ ба Шумо ёрӣ дод?

___________________________

________________________

Г. Акнун шумо бояд чӣ кор кунед?

____________________________

  1. Ба ки Шумо хоҳиши хидмат карданро бояд дошта бошед?

Юҳанно 12:26 ______________________

ғалотиён 5:13 _______________________

Ибриён 13:17 ________________________

  1. Дар шабнишинии охирин бо шогирдонаш якчанд маротиба дар Исо хоҳиши хидмат намудан пайдо шуд.

Луқо 22:24-27

А. Шогирдон дар бораи чӣ баҳс намуданд? Ояти 24.



Б. Чӣ тавр Исо шикастанафсии Худро нишон дод? Ояти 27. ____________________________

______________________

В. Пайравони Масеҳ чӣ тавр бояд рафтор намоянд? Ояти26. ______________________

________________________________

Г. Мухолифат байни талаботҳои масеҳию дунявӣ чӣ гуна аст? Ояти 25.

_____________________



Савол барои андеша


Ҳаёти Масеҳ ҳама вақт намунаи хидматгузорӣ буд. Дар бораи муносибати Исо ба хидматгузорӣ мо дар Юҳанно 13:1-15 мехонем. Аз ин оятҳо чӣ гуна сабақ гирифтед?







Худфидоӣ


Масеҳиён дар Масеҳ озоданд, озоданд на барои он ки ҳама кори мехостагиашонро мекунанд, балки барои хидмат кардан озоданд. Имондорон аз ҳокимияти гуноҳ барои хидмати порсоӣ озоданд. (Румиён 6:18,19), аз ҳукумати шайтон озоданд, барои хидмати Худо (1 Петрус 2:16), аз худ озоданд, барои хидмати дигарон (Ғалотиён 5:13) Масеҳиён масъули хидмати оне нестанд, ки пештар дар ҳаёти кӯҳнаашон ононро сарварӣ менамоянд: Онҳо ихтиёран ба оне хизмат мекунанд, ки ба ҳаёти навини онҳо сарварӣ менамояд.

  1. Павлус худро кӣ номид? 2 Қӯринтиён 4:5


Ин муносибат чӣ тавр ошкор гашт? 2 Қӯринтиён 12:15.





9. Якчанд сифатеро номбар кунед, ки хидматгори хуб бояд онро доро бошад.

_______________________________________________________



Дар ин ҳафта аз касе тавсифи хидматгор – масеҳиро пурсед. Ин одам ба Шумо чӣ гуфт?

_______________________________________________________





Чӣ тавр Шумо метавонед хидматгор шавед?


Шикастанафсӣ.

  1. . Дар бораи чӣ бояд ҳамеша дар ёд дошт?

Юҳанно 13:13,16.



11. Шумо метавонед аз дастовардҳои хидматгузориатон фахр кунед. Чӣ тавр аз ин фирор бояд намуд? Луқо 17:10. _______________________________________________________

_______________________________________________________


Ҷустуҷӯй ва қаноатманд намудани эҳтиёҷи одамон.

12. Хидматгор – ин мушоҳидакор аст. «Гӯши шунаво ва чашми бино, ҳардуяшро ҳам Худованд офаридааст» (Масалҳо 20:12).

Худованд мехоҳад, ҳама чизеро, ки ба Шумо додааст баҳри ҷустуҷӯй истифода баред.

Шумо чӣ тавр шунидани ниёзмандиро омӯхта метавонед? _______________________________________________________

_______________________________________________________

Шумо чӣ тавр дидани ниёзмандиро омӯхта метавонед?

_______________________________________________________

_______________________________________________________

(Дар масалҳо 24:3-34 дар бораи одаме гап меравад, ки тавассути мушоҳида баъзе чизро донист)

  1. Кадом эҳтиёҷоти шиносҳоятонро Шумо қаноатбахш гардонида метавонед?



Масалҳо 3:27 ва 1Юҳанно 3:17-ро хонед. Мувофиқи ин оятҳо Шумо бояд чӣ гуна рафтор намоед.




Ба хидмати худ баҳо додан


  1. Каме вақт истед ва дар бораи хидмататон фикр кунед.

А. Хидмати худро ба касе мисол оред.



Б. Мисоле пеш оред, ки хидмат намуданро ба каси ниёзманде рад намудаед.

_______________________________________________________



В. Шумо чӣ фикр доред, чаро дар лаҳзаи аввал Шумо хидмат карда тавонистед, дар лаҳзаи дуюм не?

_______________________________________________________

_______________________________________________________

15. Чаро дар чизи «андак» хидматгузорӣ намудан лозим аст? Луқо 16:10.

_______________________________________________________

_______________________________________________________

_______________________________________________________


«Барои супоришҳои оддиро содиқона ва бовиҷдонона иҷро кардан подоши арзанда мегиред. Инҳо пораҳои расми зебоанд, ки мунтазам расми лозимиро пурра ва комил месозанд».


Хидматгор медиҳад


Яке аз беҳтарин роҳҳои хидмат намудан, ин қаноатманд намудани эҳтиёҷоти пулию молии одамон мебошад. Худо медонад, агар Шумо мушкилиҳои соддаро ҳал карда метавонед, пас ба Шумо чизҳои мураккабтар, хидмат намудан ба вақт, таҷриба, муҳаббат ва ҳаётро бовар кардан мумкин аст. Додани хайрот қисми ҷудонашавандаи ҳаёти хидматгор мебошад.

16. Хайроти аҳдиҷадидӣ дар кадом талаботҳо асос меёбад? 2Қӯринтиён 8:9 ________________________________________

______________________________________________________

2Қӯринтиён 9:8 _________________________________________

_______________________________________________________

17. Худованд ба хайркунандагон чӣ ваъда мекунад?

Луқо 6:38_______________________________________________

_______________________________________________________

Филиппиён 4:19 ________________________________________

_______________________________________________________

18. Ба кӣ Шумо бо хайрот бояд ёрӣ диҳед. Ба ҳар як оят шахси мушаххасро интихоб намоед.

Оятҳо Ба кӣ бояд ёрӣ диҳам Шахси мушаххас


Масалҳо 19:17. _________________________________________

1Қӯринтиён 9:14 ________________________________________

Ғалотиён 6:6 ___________________________________________

Яъқуб 2:15,16 __________________________________________

19. Хайри худро баҳо диҳед.

А. Оё Шумо нақша доред?



Б. Ҳамин рӯзҳо Шумо ба кӣ хайр медиҳед?

_______________________________________________________


В. Оё чизеро дар хайрдиҳии Шумо иваз кардан лозим аст?

Агар ҳа, пас чӣ тавр ва чӣ хел?





Хулоса


Масеҳ барои Шумо намуна.

Исои Масеҳ ихтиёран хидматгор шуд. ҳеҷ кас ӯро маҷбур накард. Ва дар замин Исо ба одамон хидмат намуд. Пурра Худро барои қаноатбахш намудани эҳтиёҷоти одамон бахшид.

Нақшаи Масеҳ дар ҳаёти Шумо.

Масеҳ ба ҳамаи имондорон ёрӣ дод ва ҷавоби мо ба ӯ бояд хидмат бошад. Имондорон бояд ба Худо ва одамон хидмат намоянд, ба ин ҳисоб сарварони рӯҳонии онҳо низ ворид мешаванд.

Худфидоӣ.

Азбаски Масеҳ мехоҳад, ки имондорон барои одамон хидмат намоянд, имондор бояд барои худаш мирад ва ба дигарон хидмат намояд. Масеҳиён озоданд, то хидмат намоянд ва имкониятҳо барои хидмат бениҳоят фаровонанд.

Чӣ тавр Шумо хидматгор шуда метавонед.

Барои хидматгор шудан масеҳӣ бояд эътироф намояд, ки дар хидмат Ӯ бояд ба Масеҳ итоат намояд. Ӯ кӯшиш намояд, ки бештар дар бораи эҳтиёҷоти одамон донад ва ба бисёр одамон дар бартараф намудани эҳтиёҷоташон кӯмак расонад. Мунтазам баҳодиҳии хизматаш метавонад барои хидматгории намунавӣ ёрӣ диҳад.

Хидматгор хайр мекунад.

Хидматгор на танҳо худашро мебахшад, балки чизаш ва пулашро низ. Худованд масеҳиёнро барои бартараф кардани эҳтиёҷоти мардум истифода мебарад. Ҳар як Масеҳӣ бояд нақшаи шахсии хайрдиҳии худро, ки дар асоси талаботҳои Библия аст, амалӣ намояд.


Фарҳан


Ҳозирхизматии зоҳирӣ (Эфсӯсиён 6:6) – Хидмат кардан барои он ки Шуморо дигарон бинанд.


Исбот кардан (Румиён 5:8) – нишон додан, ошкор намудан.


Аҳд, паймон – ваъда.


Тақдис кардан – рафти аз гуноҳ пок шудан ва худро ба Худо бахшидан.


Бодиққат (Эфсӯсиён 5:15) – оқилона, бохирадона.


Ба домани Шумо хоҳанд рехт (Луқо 6:38) – тӯҳфа хоҳанд кард.


Шаҳват – хоҳиши ғайри шариатӣ.


Комил – пухтарасида.

Рушди шогирд

«Хислати масеҳӣ» - китоби чорум аз силсилаи «Нақшаи таълимӣ» аст.

Бо андозаи рушди Шумо дар Масеҳ, Шумо ҳис мекунед, ки Худованд на танҳо ба зухуроти зоҳирӣ диққат медиҳад. балки ба қалби ҳар як имондор низ. Дар Библия дил тез-тез ҳамчун сарчашмаи ҳиссиёт, хирад ва ирода дида баромада мешавад. Қалби пок амали некро тавлид месозад. Мана бинобар ҳамин кори Худованд бештар ба он нигаронида шудааст, ки дили одам чӣ қадар бештар ба дили Масеҳ шабеҳ гардад.

Дар ин китоб донистед, ки одам дар Масеҳ комил мегардад, ба ҳукмронии Ӯ тобеъ мешавад, бо имон мегардад, иродаи Худовандро дарк менамояд ва хидмат менамояд. Дар китоби минбаъда Шумо метавонед дар бораи сифатҳои муҳими ботинӣ, ки Худованд дар ҳаёти Шумо пеш меорад, дониста гиред.

Шумо мавзӯҳои зеринро меомӯзед:

  • Даъват ба ҳаёти пурмаҳсул.

  • Муҳаббати ҳақиқӣ дар амал.

  • Покии ҳаёт.

  • Бутунии ҳаёт.

  • Хислат дар амал.



<< Дарсҳои рӯҳонӣ