Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзиши Библия рӯ ба рӯ -1

Download
 

Омӯзиши Библия

рӯ ба рӯ


Сарсухан


Усули додани Башорат дар бораи Исои Масеҳ аз ҷониби одами масеҳӣ ба одами дигар дар яккагӣ дар байни аъзоёни калисои аввалин васеъ истифода бурда мешуд. (Қӯлассиён 1:28)

Вале чандест, ки ин усули воизӣ дар калисоҳои анъанавӣ кам ба чашм мерасанд. ҳол он ки Худованд ба мо – одамони дар қарни 20 зиндагӣ кардаистода аз сари нав ба усулҳои тарбиявии фаромӯшшудаи шогирдон, ки дар ҷамъиятҳои гуногуни миссионерон тавлид ёфтаанд, ишора менамояд. Усули тайёр намудани шогирдон дар яккагӣ ин ҷунбишест ва ё даъватест ба калисоҳои ҳозиразамон, ки дар марҳилаи ҳозира танҳо бо якҷоя шунидани ваъз қаноатбахш мегарданд.

Бо вуҷуди он ки ба ҷамъиятҳои гуногуни миссионерӣ ин ангезаи пурқимати фаъолият дода шуда бошад ҳам, онҳо ин усулро дар дохили калисо бо тарзи кифоягӣ истифода бурда натавонистаанд. Вале ин усули тарбия ба ҳар як калисое, ки Библияро кӯшиши пайгирӣ менамояд, зарур аст.

Ин материали таълимӣ вазъи ҳозираи калисоҳои кореягиро ба назар гирифта, омода гаштааст. Асосан ин барнома дар рафти омӯзиш дар ҷамъиятҳои миссионерии «Киштирон», «С.С.С.» ва дигарон истифода ёфтаанд. Ба он ислоҳҳо ворид гаштаанд. Ин китоб, «Омӯзиши Библия якка ба якка» дар марказӣ библиявии «Туранно» нашр ёфта бо қисмҳои нав; «Оё шумо бо ӯ вохӯрдед» ва «Назария ва таҷриба ОТ (Кю-ти)» пурра гардонида шудааст.

Мо усули тарбияи якка ба яккаро мушаххас тартиб додем то ин ки Шумо онро бевосита дар таҷриба истифода баред. Ба ин китоб ворид шудаанд: тафсири омодасозии шогирдон дар маркази библиявии «Туранно», номгӯи (феҳрасти) адабиёт ва дастурҳо барои мураббиён.

Вале китоб худаш аз худаш шогирдонро тайёр карда наметавонад. Ба худи шогирдон зарур меояд, ки итоаткорона амрҳои Рӯҳулқудсро пайгирӣ намоянд (Қӯлассиён 1:29) ва ин китоб танҳо олоти хурдест, дар ин кор.

1997. 06. Нашриёти

«Фирма Аура ва Ко»

1



Вохӯрӣ: Исои Масеҳ



Вохӯрии якум Исои Масеҳ кист?


Вохӯрии дуюм Исои Масеҳ чӣ кор кард?


Вохӯрии сеюм Исои Масеҳ чӣ кор мекунад?


Вохӯрии чорум Биёед, ба Исои Масеҳ имон меоварем.


Исои Масеҳ


Ӯ чандест, ки дар кӯчаҳою танкӯчаҳои биноҳои салибдор пайдо гаштааст. ҳоло дар ҳудуди кишвари мо куҷое, ки наравед, биноҳои салибдорро дидан мумкин аст. Ин биноҳоро мардум калисо меноманд, ки рамзи дини масеҳист. Калисоҳо дар мамлакати мо қариб сад сол пеш пайдо шудаанд ва баъд дар гул-гул шукуфӣ ва рушди кишварамон саҳми зиёде гузоштаанд. Ва ҳоло ҳам ба ҷамъият таъсири хубе мерасонанд. Бисёр калисоҳо бо биноҳои калону моликияти пулии азимашон фахр мекунанд, вале мутаасифона мешавад, ки онҳо ба одамон таассуроти хубе гузошта наметавонанд. Бинобар ин ба ин гуна калисоҳо ҳамчун рамзи дини масеҳӣ одамони дилсардгашта нигариста, пушт ба масеҳият мегардонанд.

Дар чунин вазъият хоҳише пайдо мешавад, ки ба чунин калисоҳои одамонро аз масеҳият рӯймегардондагқ тир сар додан лозим аст. Дар баробари ин барои одамони зиёде, ки ба зоҳири масеҳият нигариста, аз худи аввал ба он ҳеҷ гуна рағбате зоҳир нанамуда, ба он пушт гардонидаанд, таассуф мехӯрӣ. Ин таассуф барои одамонест, ки дар зарф таркишеро дида ба ганҷинаи дохили он нанигариста аз он рӯй гардонидаанд. Албатта, агар ганҷина ин чиз аст ва одам аз ӯ рӯй мегардонад, ин он қадар аламангез нест. Вале гап дар он ки ин ганҷина метавонад, ҳаёти одамро тағйир диҳад ва баъдтар қувваи азими ҳақиқиест, ки тамоми ҷамъиятро иваз карда метавонад.

Дар ин саҳифа мо бо ин ганҷина – Исои Масеҳ шинос мегардем. Ин дари даромад ба ягон дин, шиносоӣ бо идеологи барҷаста нест, бинобар ин ба шумо зарурияти одами диндор ё файласуф будан нест. Вале каме ҳиссиёту умеду интизорӣ кофист. Акнун ба Исо, ки ин китоб шиносатон менамояд, вохӯред. Сипас ҳокимияти Худовандро, ки Ӯ ба Шумо медиҳад, дарк намоед. Ва пас аз пурра шиносоӣ тасаввуроти худро дар бораи Исои Масеҳ ва ҳокимияти Худовандӣ ба тартибу низом оред. Шояд ин кор маъбадест, на фақат барои тағйирот дар ҳаёти шахсии Шумо, балки барои ҷамъият низ.


Вохӯрии аввалин


Исои Масеҳ кист?


Бо одами нав шиносшуда мо бори аввал вохӯрда дар аввал ном, ҷои таваллуд, дар бораи кори Ӯ, таҳсили Ӯ дониста мегирем. Мунтазам бо Ӯ бештар сӯҳбат карда истода, назари Ӯ, хислати Ӯро дониста мегирӣ. Бисёр чизҳои навро дар бораи Ӯ аз одамони наздикаш дониста мегирӣ. Шиносоӣ бо Исо низ чунин рух медиҳад. То ҳол Шумо Исои Масеҳро чӣ гуна одам тасаввур мекардед?

Масеҳ дошта метавонад. Барои Ӯро бештар донистан мо бояд Худи Ӯ ва ақидаи наздиконаш дар бораи Ӯро шунавем. Исо худро шинос намуда гуфт;

Ҳоло Библияро мекушоем, бо Исои Масеҳ шинос мешавем. Мо Исои Масеҳро чи гуна тасаввур мекунем? Одамони гуногун Ӯро чӣ тавр тасаввур менамуданд? Исои Масеҳ шаҳрванди куҷост?

1. Исо дар куҷо тавлид ёфт? Матто 2:1,23.

2. Бачагии Исо чӣ гуна буд? Луқо 2:52.

3. Мебинем, минбаъд дар Библия Исо чӣ гуна тасвир ёфтааст.

1). Матто 4:2 ________________________________________

2). Юҳанно 4:6 _______________________________________________

3). Марқӯс 4:38 _______________________________________________

4). Юҳанно 11:35 _____________________________________________

Дар ин лаҳза Исоро чӣ гуна ҳис кардан мумкин аст?

4. Нома ба Ибриён 4:15 – ро хонед.

1). Исо бо чӣ ба мо монанд аст? ________________________________

2). Исо бо чӣ аз мо фарқ мекунад? ______________________________

(монанди ҳамдардӣ, хайрхоҳӣ мекунад)

5. Ин шаҳодатҳои ғайриоддиро асос карда, баъзеҳо Исоро авлиё, дигарон асосгузори дин ё паёмбар ҳисоб менамоянд. Дар ҳақиқат ақидаҳои имконпазир. Вале дар асл мо аз даҳони Ӯ дигар суханонро мешунавем. Дар Инҷили Юҳанно 10:30 Исо Худро чӣ хел тасвир намудааст?

6. Аз баъзе нуқтаи назар ин тарзи гуфтор бешармона ва худхоҳона мебошад. Чунин тарзи гуфторро дар дигар ҷойҳо низ дучор гаштан

мумкин аст.

1). Дар Инҷили Юҳанно 5:23 Исо мегӯяд, ки Ӯро ҳамчун Худованд эътироф намоянд.

_____________________________________________________________

2). Дар Инҷили Юҳанно 14:9 Исо мегӯяд, ки касе Ӯро дид, вай Падарро ҳам дид.

7. Агарчанде гуфтаҳои Исо муҳиманд, вале шаҳодати одамони Ӯро иҳотакунанда дар арзиш аз суханони Ӯ камӣ надоранд. Исоро одамони дидагӣ ва дар паҳлӯяш будагӣ кӣ гуфта қабул кардаанд?

1). Матто 14:33 _______________________________________________

2). Матто 27:54 _______________________________________________

3). Юҳанно 20:28 _____________________________________________

Ақидаҳои ононро ҷамъбаст намоед.

_____________________________________________________________

8. Боре Исо аз шогирдон пурсид «Одамон маро ба ҷои кӣ қабул менамоянд?» Шогирдон ба Ӯ якчанд ақидаҳоро пешниҳод намуданд.

Сипас Исо ба онҳо савол дод: «Ва Шумо ба ҷои кқ маро қабул менамоед»? Агар ин савол ҳозир ба Шумо дода мешавад, Шумо чӣ ҷавоб медиҳед?


Вохӯрии дуюм


Исои Масеҳ чӣ кор кард?

Вақтҳои охир одамон худро шиносонида дар бораи тарҷумаи ҳоли худ ва фаъолияти гузаштаи ҷамъиятии худ гап мезананд. Чунки онҳо фикр мекунанд, ки ин амалҳои иҷрошуда мавҷудияти онҳоро инъикос менамоянд. Бинобар ин дар ҷамъияти мо барои шиносонидани шахсиятҳо анкетаҳои ҳатмӣ ҷорӣ шудаанд.

ҳоло шумо хира тасаввур менамоед, ки Исои Масеҳ кист? Вале дар бораи он ки одамро ба маънои аслиаш донед, бояд донед, ки Ӯ чӣ кор кард, ҳоло чӣ кор мекунад, хулласи гап тамоми нишондодҳои анкетаашро бояд донед. Айнан бо Исо низ чунин аст. То ҳол Шумо чӣ фикр доштед, Исо чӣ кор мекунад? _____________

_____________________________________________________________

Исо варақаҳои тарҷумаҳолӣ ва ё ёддоштҳо боқӣ нагузоштааст. Бинобар ин барои донистани натиҷаи фаъолияти Ӯ мо ба навиштаҳои шогирдонаш рӯй меоварем. Албатта онҳо ҳам ҳамаи чизҳои кардаи Исоро нанавиштаанд (Юҳанно 21:25), вале ҳатман мундариҷаи зарурӣ дар чор Инҷил маҳфуз мондааст. Акнун биёед ин қайдҳоро аз назар гузаронида истода мебинем, ки чӣ гуна корҳоро Исо ба ҷо овардааст.

Инҷили Матто 11:2 – 6 – ро хонед. Вакте, ки Яҳё дар бораи Исо донистан хост «Оё Ту ҳамонӣ, ки бояд меомад?» Исо чӣ тавр Худро ба воситаи мӯъҷизаҳояш шинос намуд? ( ояти 5)

2. Шогирд Матто амалҳои Исои Масеҳро чӣ гуна тасвир намуд? (Матто 4:23)

________________________________________

3. Дар байни чӣ гуна одамон Масеҳ ҳаёташро гузаронид?

(Марқӯс 2:15)

4. Шумо ба ин тарзи ҳаёти Исои Масеҳ нигариста, чиро ҳис карда метавонед? Кадом тарафи ҳаёти Ӯ ба Шумо таассурот боқӣ мегузорад? __________________________________________________

__________________________________________________________________________________________________________


5. Исо, ки ин қадар ҳаёти аҷоибу бузургро паси сар намуд, чӣ гуна маргро қабул намуд? (Марқӯс 15:15,25) ________________________

6. Марги Исо аз марги ононе, ки пештар барои ҷинояти сиёсӣ маҳкум мегаштанд, бисёр фарқи махсусе надошт. Вале на фақат худи Исо, балки шогирдонаш ҳам мегӯянд, ки марги Ӯ маънии бузургеро дорост. Ин маъниро ҷамъбаст намоед. ________________

______________________________________________________

1) Марқӯс 10:45 ______________________________________________

2) Румиён 5:8 _________________________________________________

7. Библия мегӯяд, ки сабаби гирифтани ҷазою марг дар салиб, гуноҳ аст. Гуноҳ чист? Нависед, ки Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

_____________________________________________________

8. Библия дар бораи пайдоиш ва натиҷаи гуноҳ чӣ мегӯяд? (Румиён 5:12; 3:23). ___________________________________________________

_____________________________________________________

Агар пайдоиши гуноҳро донистан мехоҳед, боби сеюми ҳастиро хонед. Натиҷаи гуноҳро Шумо беҳтар фаҳмида метавонед, агар ба қалби худ нигаред, ба рафтори худу атрофиёнатон баҳо диҳеду ҳодисаҳои имрӯз дар ҷамъият рухдодаро таҳлил намоед.

9. Исо хун рехт ва дар салиб мурд. Бо ин мушкилиҳои гуноҳҳои одамонро ҳал намуд. (Эфсӯсиён 1:7) Чӣ фикр доред, гуноҳи Шумо ҳам он ҷо дохил мешавад? _____________________________________

Хун дар салиб кадом накӯкорӣ меҳрубониро барои ин дунё содир намуд?

  1. Эфсӯсиён 2:13-14 ___________________________________________

_____________________________________________________

2) Қӯлассиён 1:20 _____________________________________________________


Марги Исои Масеҳ на фақат имконияти ҳалли гуноҳи шахсӣ, балки мушкилии имрӯзаи ҷамъиятро низ нишон медиҳад. Фикр намоед, кадом мушкилии мушаххасро салиб ҳал карда метавонад?

Вохӯрии сеюм


Исои Масеҳ чӣ кор мекунад


Вақте ки шахсони наздики мо мемиранд ё аз назди мо мераванд, мо танҳо метавонем дар бораи онҳо ёдовар шавем. Ва чӣ хел одам, ки бузург набошад, пас аз марги худ бо вуҷуди дар хотири мо монданаш, вай наметавонад ба мо таъсири ҳақиқӣ расонад. То ҳол мо дар бораи ҳаёту марги Исои Масеҳ медонистем вале дар асли ҳол зоҳиршавии аҷоиби муҳаббат ин натиҷаи эҳёшавии олиҷаноби рӯҳ мебошад. Агар ҳаёти Исои Масеҳ дар марг дар салиб анҷом меёфт, Ӯ дар хотири мо ҳамчун яке аз одамони бузург боқӣ мемонд. Вале Библия мегӯяд, ки Исо пас аз марг аз сари нав зинда шуда ва ҳоло зинда буда, корҳо содир менамояд. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред? _____________________________________________________________

_____________________________________________________________

Одамоне ҳастанд, ки ҳаёту марги Исоро дониста Ӯро бениҳоят қадр менамоянд. Вале агар онҳо дар бораи эҳёшавии Исо намедонанд, пас онҳо Ӯро дуруст ба тарзи лозимқ қадру дарк карда наметавонанд. Чунки эҳёшавии Исои Масеҳ дар давраи зинда будани Ӯ пешгӯӣ карда шуда буд, ва шогирдони Ӯ ҳаёти худро қурбон намуда барои Ӯ шаҳодат доданд.

1. Исо дар бораи он ки пас аз марги Ӯ чӣ мешавад, чӣ гуфта буд? (Матто 16:21) _______________________________________________

2. Библия шаҳодат медиҳад, ки Исо Худаш эҳёшавиро пешгӯӣ намуда буд. Чӣ гуна одамон Исои эҳёшударо диданд? 1Қӯринтиён 15:3-8)

3. Исо пас аз эҳё гаштан ба шогирдонаш дар бораи Худ чӣ гуна эъломия дод? (Матто 28:18). Павлуси Муқаддас дар бораи эҳёшавии Исои Масеҳ чӣ гуна эъломия дод? (Румиён 1:4)

__________________________________________________________________________________________________________


Ба ин такя карда, ба мо дигар чизе намемонад, ғайр аз Исоро ҳукмрони ин дунё дар замони ҳозира номидан.

4. Аъмол 1:9 – 11 – ро хонед. Пас аз эҳёшавӣ Исо куҷо рафт?

_____________________________________________________________

5. Эфсӯсиён 1:20 – 23 –ро хонед.

1) (Исо ҳоло дар куҷост? (ояти20)

_____________________________________________________________

  1. Исо имрӯз чӣ хел фарқ мекунад?

_____________________________________________________________

  1. Ба Исои дар тарафи дасти рости Худо нишаста, кадом ду мева дода шудааст. (Ояти 22)

_____________________________________________________________

6. Шогирдони Исо пас аз эҳёшавӣ ва ба осмон рафтани Ӯ чиро махсусан қайд намуданд. (Аъмол 2:32, 4:33)

__________________________________________________________________________________________________________________________

7. Имон ба эҳёшавии Исои Масеҳ дар ҳаёт чӣ гуна таъсири ҳақиқӣ ворид месозад? (Румиён 6:4-5)

_____________________________________________________________

8. Агар эҳёшавии Исои Масеҳ ҳақиқати таърихӣ намебуд, (1 Қӯринтиён 15:14-19) пас имрӯз кадом мушкилиҳо дар имондорони Исои Масеҳ рух медод?

__________________________________________________________________________________________________________________________

9. Ба эҳёшавии Исои Масеҳ бовар накарда, Ӯро баланд қадр кардан мумкин аст. Вале ин баҳодиҳӣ пурра нест. ҳоло Шумо дар бораи эҳёшавии Исои Масеҳ чӣ фикр доред?

__________________________________________________________________________________________________________Вохӯрии чорум


Ба Исои Масеҳ бовар намоед


Акнун Шумо медонед, ки Исои Масеҳ кӣ аст, Ӯ чӣ кор кард ва кадом нақшро дар замони ҳозира иҷро менамояд. Вале ин дониш ҳаёти Шуморо тағйир дода наметавонад. Алалхусус гуфта наметавонӣ, ки ин дониш ин ҷамъиятро ислоҳ карда метавонад. Вале дар ҳаёти нав зистан, то ин ки ҷамъияти нав барпо кунанд, бояд шахсон қудрати Исоро аз сар гузаронанд ва хокимияти Ӯро қабул намоянд. Шумо барои ин чӣ бояд кунед?

__________________________________________________________________________________________________________

Дар ин дарс мо мефаҳмем, ки ба ин савол Исо ва шогирдонаш чӣ гуна ҷавоб медиҳанд. ҷиддӣ дар болои таклифи онҳо фикр кунед. Кадом қароре, ки қабул накунед, ин лаҳза лаҳзаи муҳими ҳаёти шумо мегардад.

  1. Инҷили Юҳанно 3:16 – ро хонед.

1). ҷаҳони аз ҷониби Худо дӯстдошташуда ба чӣ ишора мекунад ва кадом соҳаҳоро дар бар мегирад?

_____________________________________________________

_____________________________________________________

Худованд на танҳо рӯҳи одамро дӯст медорад. Худованд ҳама чизи одамиро дӯст медорад: табиат, ки дар он Ӯ зиндагӣ менамояд, ва ҷамъиятро, ки ба вай тааллуқ дорад.

2) Барои он ки Худованд ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худаш Исои Масеҳро дод. Барои ин дунё Ӯ чӣ кор кард?

(Вохӯрии дуюму сеюмро такрор кунед). _________________________

3) Шумо бояд чӣ кор кунед, то ҳаёти абадиро доро гардед? (Дар ин ҷо «ҳаёти абадӣ» ҳаёт бо Худо ва дарки Ӯро дар назар дорад).


2. Имон ба Исои Масеҳ кадом рафтори мушаххас ва маъниро дар бар мегирад?

  1. Румиён 10:9,10____________________________________

  2. Юҳанно 1:12 _____________________________________

  3. Аъмол 2:38 _____________________________________

3. Дар натиҷаи имон ба Исои Масеҳ шахсан дар Шумо кадом тағйиротҳо ба амал меоянд? (Юҳанно 5:24)

  1. Вазъият дар замони ҳозира__________________________________

  2. Ваъда барои оянда ________________________________________

  3. Иваз намудани гузашта ____________________________________

Вақте, ки мо ба Исои Масеҳ имон меоварем, ҳар як кас дорои алоқаи махсус бо Худованд мешавад. Алалхусус халқи Худованд (1 Петрус 2:9) ва Писари Ӯ (Юҳанно 1:12) мешаванд. Ин ҷо ин дар назар дошта шудааст, дар ин лаҳзае, ки мо бо Худованд алоқа дорем, дар ин лаҳза мо алоқаамонро бо ононе ки нисбати Ӯ ихлос доранд мустаҳкам менамоем. Ин алоқаро Нома ба Румиён 12:5 чӣ хел ифода мекунад?

_____________________________________________________

5. Одамоне, ки ба Исои Масеҳ боварӣ доранд, албатта муносибатро бо якдигар мустаҳкам менамоянд. Мана ҳамин калисо номида мешавад. Бо вуҷуди он ки калисоҳои имрӯз медидагии мо комил нестанд, вале Исо кафорати Худро ба ивази хунаш дод. (Аъмол 20:28) Алоқаи Исоро бо калисои Библия чӣ гуна тасвир менамоед? (Эфсӯсиён 5:23)

__________________________________________________________________________________________________________

6. ҳамин тавр мо дар бораи Исо дониста гирифтем. Ва инак мо боз як бор он чизеро, ки пештар омӯхтаем, такрор менамоем.

  1. Исои Масеҳ одам ва инчунин Худованд мебошад.

  2. Исо дар ин замин тақводорона зист ва барои гуноҳҳои ин замин мурд.

  3. Исои Масеҳ ин дунёро ҳукмрон аст.

  4. Агар ба Исо имон меоваред, пас шахсияти Шумо ва ин дунё тағйир меёбад.

Акнун вақти ҳал кардани ояндаи қалби Шумо вобаста ба Исои Масеҳ фаро расид.

Оё мехоҳед, ки ба Исои эътирофшуда имон оваред? ____________

Агар ба Исо боварӣ доред, оё Шумо мехоҳед, ки ба ҳайати калисо ворид шуда қисми бадани Ӯ гардед? ____________________________

7. Акнун қарори нав қабул карда ақидаатонро бо Худо бо ҳам бинед.

II.


Муомила:


Ибодати ҳаррӯза ва ҳақиқат


Ибодати ҳаррӯза (Quiet Time)


Вақте ки эътиқод ба наҷот пайдо мегардаду масеҳӣ мегарданд муносибатҳои шахсӣ бо Исои Масеҳ тавлид меёбад. Вале чӣ тавре ки дар зиндагӣ барои амиқ гаштани муносибатҳои инсон муомила лозим аст, ҳамин тавр барои мустаҳкам гаштани муносибат бо Худованд муомилаи бевосита бо Ӯ лозим аст. Чунин муомила, алоқаи шахсиро «ибодати ҳаррӯза» ё «вақти иззату икром» меноманд.

Барои муносибат бо Худованд заминаи пешакӣ лозим аст.Пеш аз ҳама боз як бор аниқ кардан лозим: Муносибати Шумо бо Худованд чӣ гуна мебошад.

  1. Исо ҳар рӯз бо кадом корҳо машғул буд? Матто 4:23.

Ва Шумо бо кадом корҳо ҳар рӯз машғул ҳастед? Бо тартиб нависед; аз он корҳое сар кунед, ки бештар вақти Шуморо мегиранд.

_______________________________________

2. Инҷили Луқо 5:15 – 16 –ро хонед. Кадом вақт дар вақти машғулиятҳои рӯзмаррааш барои Исо аз ҳама муҳим буд?

 

3. Исо ҳар пагоҳӣ барвақт пеш аз саршавии кор бо чӣ машғул мешуд?

Марқӯс 1:35 __________________________________________________

_____________________________________________________

Ва Шумо саҳарӣ барвақт чӣ кор мекунед? _______________________

_____________________________________________________

4. Довуд аз ҷониби Худо барои амалӣ гардидани иродаи Ӯ бо пуррагӣ истифода бурда шуда буд, чунки ӯ бо рӯҳи Худованд як буд. Чунин ягонагӣ танҳо тавассути муносибатҳои амиқ бо Ӯ имконпазир буд. Забур 5:13, 142:8 –ро хонед ҷамъбаст намоед: Довуд чӣ тавр вақташро бо Худованд мегузаронд.

Мана ҳамин гуна вақтро «ибодати ҳаррӯза» ё «вақти иззату икром» меноманд.

(Савол) Хониши мустақилона, омӯзиши Библия, ҷудо кардани вақт барои ибодатро «ибодати ҳаррӯза» номидан мумкин аст?

5. Сабаби гузаронидани ибодати ҳаррӯзаро аз ҷониби масеҳиён фикр кунед.

  1. Барои муносибати шахсӣ бо Худованд. Муносибати боре бо Худованд тавлидёфта канда намешавад (Румиён 8:39). Вале барои мустаҳкам намудани ин муносибат муомилаи мунтазам лозим аст. Бисёр шаклҳои муносибат мавҷуданд, вале муомилаи шахсӣ бо Худованд танҳо бо «ибодати ҳаррӯза» имконпазир аст.

  2. То ин ки Худованд ҳамроҳӣ кунад ва эмин нигоҳ дорад, ҳамроҳӣ кардан: бо воситаи Каломи Худованд (Забур 118:105) ___________________________________________________

_____________________________________________________

Ҳимоя кардан: бо воситаи Каломи Худованд

_________________________________________________________________________

Худованд ба воситаи «ибодати ҳаррӯза» ҷавоби мушаххас ба ҳама мушкилиҳои дар ҳаёти рӯзмарра рухдода медиҳад

3) То он ки ба хислат, шахсияти Худованд монанд шудан ва монанди Ӯ зистан (2 Қӯринтиён 13:18)


Масеҳӣ, ки нуру намаки тарғиби башорат мебошад, бояд тарзи дурусти ҳаёти масеҳона дошта бошад, на ин ки худро ҳамчун «қисми калисо» нишон диҳад. Ҳаёти имондор бо тарафи берунаи ҳаёти имондор анҷом намеёбад, вале барои он ки шахсият ва ҳаёти мо иваз шавад, муомилаи бевосита бо Худованд лозим аст.

4) То ин ки кори Худовандро бар дӯши худ гирад.

(Луқо 5:15,16; Марқӯс 1:35)

Кори калисо супоридашуда, паҳн намудани башоратро бар дӯши худ гирифта, бояд қудрату тавсияҳои Худовандро тавассути муомила доро бошед.

6. Барои гузаронидани «ибодати ҳаррӯза» усули муайяне нест. Барои оғози кору онро идома додан, Шуморо бо «ҳаёти зинда» шинос менамоем.

Агар «ҳаёти зинда» – ро истифода барем, манфиатҳои зайлро доро мегардем.

  1. ҳар рӯз Каломи лозимиро соҳиб шудан мумкин аст.

  2. Дар болои Каломи мувофиқ андеша рондан мумкин аст.

  3. Барои мунтазам, қафо намонда гузаронидани «ибодати ҳаррӯза» ёрӣ мерасонад.

  4. Дар болои Каломи Худованд андеша рондан ёрӣ мерасонад.

  5. Дар фахмидани ҷойҳои мушкили Библия ёрӣ мерасонад.

7. «ҳаёти зинда» – ро истифода бурда «ибодати ҳаррӯза» гузаронед (Усули истифодабарӣ – маълумот)


1) Аз мадҳу ситоиш оғоз намоед


Мадҳу ситоиш – ин тайёрии рӯҳ пеш аз баромадан ба назди Худованд мебошад. ҳамин тавр «ибодати ҳаррӯза» – ро аз мадҳу ситоиш оғоз намоед.


2) Кӯмаки Рӯҳулқудсро ҷӯед


Рӯҳулқудс, муаллифи Библия шуда истода, чунки он зери таассуроти Ӯ навишта шудааст, барои дуруст дарк намудани Каломи Худованд равшанӣ мебахшад.


  1. Аз Шунидани Калом оғоз намоед


Тавассути Каломи Худованд ба мо дар бораи Худаш дарак медиҳад (таскин, умед, пешгирӣ, нақшаи худ ва боз бисёр чизи дигар). Бинобар ин мо бояд бодиққат гӯш кунем, ки Каломи имрӯз додашуда чӣ маънӣ дорад.

Дар оғоз матни асосиро се бор бо овози баланд хонед.

Ин усули мутамарказонидани қалбҳои мо дар вақти хоҳиши фурӯтанонаи мо баҳри шунидани Каломи Худованд ва эътироф намудани қурби Калом зимни хониши бодиққати каломи Худованд мебошад.

Оромона дар бораи мундариҷаи КАЛОМ андеша карда, фикр кунед, ки Ӯ Худо (Худо – Падар, Худо – Писар, Худо - Рӯҳулқудс) кист? Ба хислати Ӯ нигаред. Ва дар партави ин суханон кӯшиш намоед, дар бораи амрҳо, ваъдаҳо, кафорати гуноҳҳои Ӯ, ва дар бораи он ки амалан шумо бояд чӣ кор кунед, фикр намоед.


4) Мушаххас истифода баред


Вақте ки андешаронӣ дар болои Каломи Худованд нест, ин монанди дарахти беҳосил аст. Албатта он чизи муҳимеро, ки ба воситаи Калом гирифтаед, дар дафтар нависед. Чизҳои носаҳеҳ дар вақти навиштан саҳеҳ мегарданд ва ибодат мушаххас мегардад.


5) Дар асоси Калом ибодат кунед


То ин ки ба Каломи имрӯза додашуда пурра итоат намоед, аз Худо ёрӣ талабед.


6) Каломро бо якдигар бинед

Ба бародарону хоҳарони ҳамимонатон нақл кунед, ки дар натиҷаи истифодабарии Калом чӣ рух дод. Дар он вақте ки мо баракатро бо ҳам мебинем, муносибат бо ҳамсояҳо бо муҳаббат мустаҳкам мегардад. Ва он чизе, ки мо дар ин ҷо шинос мешавем, танҳо як нашри хурдакаки барои пирӯзӣ дар ҷанги рӯҳонӣ мебошад. Умедворем, Шумо усулҳои натиҷабахшу беҳтарро истифода мебаред ва инкишоф медиҳед. Оромона ва боматонат якҷоя бо Калом роҳ равед. Аз ҳаёти комил лаззат бурдаистода, чун масеҳии пирӯз бояд зиндагӣ кард.

8. Дар Забур 118 – 15, 97 андеша дар болои Калом нишон дода мешавад. Фарқи байни андеша ва хониши оддии Калом чист?

9. То ин ки Калом такягоҳи пойҳои ман, нур дар роҳи ман гардад, онро дар ҳаёт амалӣ гардонидани ман лозим аст. Ба ҳаёти худ ё ба оянда нигариста истифодабарии Калом аз шахси мушаххас ва ҳодиса пеш гузашта, андешаро пайваст менамояд. Барои истифодабарии натиҷабахши Калом се лаҳзаи муҳим лозим аст.

  1. Бояд шахсӣ бошад _________________________________________

  1. Бояд мушаххас бошад ______________________________________

_____________________________________________________

  1. Бояд имконпазир бошад ____________________________________

______________________________________________________

10. Бо матонат аз рӯи қоида гузаронидани «ибодати ҳаррӯза» осон нест, ҳатто агар манфиати онро донед ҳам.

Барои ин маслиҳати зеринро истифода баред.

1) Барои ҳаёти пурэҳтиром тайёрӣ лозим аст. (1 Тимотиюс 4:7). Барои гузаронидани «ибодати ҳаррӯза» дар ҳаёти Шумо чӣ халал мерасонад?

2) Бародаронро пайдо намоед, то якҷоя «ибодати ҳаррӯза» – ро гузаронед (Ибриён 10:24-25, 2 Тимотиюс 2:2) ____________________________

Маҷлисҳои гуногун дар калисо ва хидматгузории ноҳиявӣ барои мунтазам гузаронидани «ибодати ҳаррӯза» ба Шумо кӯмак мерасонанд.

3) ҳатто агар ба бебарорӣ дучор меоед, аз худи ҳамон рӯз ноумед нашуда, аз сари нав сар кунед.

11. Нуқтаи 7-умро пайгирӣ намуда кӯшиш менамоем бо тарзи ҳақиқӣ «ибодати ҳаррӯза»-ро гузаронем. Матни асосӣ: Инҷили Юҳанно 8:1-11.

12. Бо якдигар мундариҷаи «ибодати ҳаррӯза» - ро бо ҳам бинед.



Таърихи рӯз _____ Моҳ________ Сол ______ Каломи Худованд.

Мавзӯъ ва хулоса _____________________________________________

______________________________________________________

Каломи ба ман додашуда _____________________________________

Татбиқкунӣ ва ибодат. ________________________________________


III


Рушд: омӯзиши Библия якка ба якка


Вохӯрии якум Боварӣ ба наҷот


Вохӯрии дуюм Хислати Худованд


Вохӯрии сеюм Каломи Худованд


Вохӯрии чорум Ибодат


Вохӯрии панҷум Муомила


Вохӯрии шашум Воизӣ


Вохӯрии ҳафтум Ҳаёти пур аз Рӯлҳуқудс


Вохӯрии ҳаштум Ҳаёти бар санҷишҳо пурзӯр омада


Вохӯрии нӯҳум Ҳаёти Масеҳӣ дар итоат.


Вохӯрии даҳум Хидмат гузоштан


Мундариҷаи мухтасар


Сирри ҳаёти пурзӯри бо Рӯҳулқудс пуркардашуда дар он аст, ки ҷои марказӣ дар он бояд ба Исои Масеҳ тааллуқ дошта бошад. Сарварии Масеҳ дар ҳаёти Шумо маънии онро дорад, ки Шумо тамоми ҳуқуқҳои зиндагиатонро ба Ӯ додаед ва дар итоат мебошед. Аз он вақте ки Масеҳ шахсан худаш Шуморо сарварӣ менамояд, дар ҳаёти Шумо тағйиротҳои ҳайратангезе ба вуқӯъ мепайвандад.

Ба Масеҳ эътимод бастан, ба Ӯ бовар кардан хоҳиши ҳақиқии ҳама масеҳиён мебошад. Расми боло ҳаёти Исои Масеҳ сарварикунандаро шарҳ медиҳад.


1. Масеҳии марказшуда - Ғалотиён 2:20 Юҳанно 15:5.

2. Боварӣ ба Наҷот – 1Юҳанно 5:13 Юҳанно 5:24.

3. Хусусиятҳои Худованд – 1Вақоеънома 29:11-12. Забур 36:5-6.

4. Каломи Худованд – 1Петрус 2:2, 2 Тимотиюс 3:16.

5. Ибодат – Филиппиён 4:6,7 Юҳанно 15:7.

6. Муомила – Румиён 1:16, Юҳанно 13:34-35.

7. Воизӣ – Румиён 1:16, 1 Петрус 3:15.

8. ҳаёти аз Рӯҳулқудс пуркардашуда - Эфсӯсиён 5:18 Ғалотиён 5:22-23.

  1. Санҷиш - Яқуб 1:14-15 1Қӯринтиён 10:13

10. Итоат кардан - Румиён 12:1 Луқо 9:23

  1. Хидмат намудан - 1 Қӯринтиён 3:9 1Петрус 2:9-10.


Вохӯрии якум


Боварӣ ба наҷот


Супориш барои тайёрӣ


  1. Ҳар ҳафта ваъзи якшанбегиро сабт намоед.

  2. Аз Инҷили Матто чор боби якумро хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯӣ «Боварӣ ба наҷот тайёрӣ бинед».

  4. Ғалотиён 2:20 ва Юҳанно 15:5 азёд дар хотир нигоҳ доред.

  5. ибодати ҳаррӯзаро (вақти иззату икромро) гузаронед.

Вохӯрии якум


Боварӣ ба наҷот


1. Ба Исои Масеҳ имон оварда, Шумо аъзои калисо мегардед, ки он бадани Масеҳ мебошад. Боз як бор мепурсем, оё Шумо ба Исои Масеҳ имон доред?

Агар шумо ба ин савол аниқ «ҳа» гуфта ҷавоб додед, кушоду равшан ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед.

  1. Оё ҳоло ҳамроҳи ШУМО Исои Масеҳ мавҷуд ҳаст? ҳА, НЕ, намедонам.

  2. Оё боварӣ доред, ки гуноҳҳои Шумо авф шудаанд?

  3. Оё Шумо фарзанди Худованд шудед?

  4. Оё Шумо дорои ҳаёти абадӣ гаштед?

  5. Оё Шумо соҳиби наҷот гаштед?

  6. Имрӯз шабона Шумо мурдаистода боварӣ доред, ки ба Шоҳигарии Осмонӣ меафтед?

  7. Оё Шумо аз Рӯҳулқудс пур гаштед?

  8. Оё аз нав тавлид ёфтед?

  9. Оё боварӣ доред, ки ба марг маҳкум нагаштаед?


Мисраҳои зеринро аз Навиштаи Муқаддас хонед (Ваҳй 3:20, Румиён 8:1, Қӯлассиён 1:12-14, Юҳанно 1:12, 1Юҳанно 5:11-13, Юҳанно 5:24, Аъмол 16:31, Эфсӯсиён 2:8-9, Луқо 23:42-43, 1 Қӯринтиён 12:3, Юҳанно 3:3-5, Титус 3:5, Юҳанно 3:18).

Ба даҳ саволи вобаста ба вазъи рӯҳониатон ҷавоб дода, оё аниқ кардед, ки Шумо ҳақиқатан дорои наҷот гаштаед? Инак Шумо масеҳӣ шудед. Масеҳӣ шудан, яъне бо имон Исои Масеҳ, муҳаббати додаи Ӯ ва авфи гуноҳҳоро қабул кардан мебошад. Ин он вақте амалӣ мегардад, ки агар Шумо пурра ақли худ, ҳиссиёт ва иродаи худро мебахшед. Яъне вақте ки худро пурра ба Масеҳ медиҳед.

Муносибати моро бо Масеҳ дар мисоли муносибати никоҳӣ фаҳмондан мумкин. Дар муносибати никоҳӣ ҳам се талабот ҷой дорад: ақл, ирода ва ҳиссиёт. Мисол: мард дар бораи дӯстдоштаи худ, ҳамчун арӯси мувофиқ фикр мекунад. Дӯст доштани Ӯ маънии никоҳро надорад. Барои никоҳ ақл, ҳиссиёт инчунин ирода лозим аст. То оне, ки бо қарори ирода марду зан назди ҳукмфармои маърака қасам намехӯранд, ки зану шавҳар мегарданд, никоҳи онҳо барпо намешаванд. Ба саволи додашуда ҷавоби аниқ «ҳА» лозим аст. Дар муносибати мо бо Исо низ ҳамчунин. Аввал онро бояд ба ақл дарк намуд. Пас аз он бо ҳиссиёт онро аз сар гузаронид. Вале ин кифоя нест, агар бо ирода Исоро дар ҳаётатон Худованд эътироф наменамоед. Дар ин маврид мо масеҳӣ шуда наметавонем.


1. Бо ақл дарк намудан


Дар алоҳидагӣ ин се талаботи заруриро барои худро ба Исои Масеҳ бахшидан дида мебароем. Масеҳият ин диндории ҷоҳилона нест. Вай дар асоси далелҳои таърихӣ асос ёфтааст. Ин ҳодиса садсолаҳоро паси сар намуда, тавассути тадқиқотҳои бисёр аниқи олимони зиёде собит гаштааст. Бисёр олимони намоён ҳаёти Исо аз Носираро, таълимоти Ӯ, маргаш, эҳёшавӣ ва қудрати таъсири Ӯро тадқиқ намуда, ҷони худро нисор намудаанд. Дар натиҷа эҳёшавии Исои Масеҳ бисёр дақиқ исбот гаштааст, нисбати нест кардани артиши ҷопонӣ аз ҷониби сарлашкар Ли Сун Син дар Хансадо.

Профессор Эдвин Шервин гуфт: «ҳодисаи эҳёшавии Масеҳ баъди се рӯзи дафн имконият дод, ки бо Масеҳ, бо кӯмаки одамоне, ки Ӯро дар замин медонистанд, муносибати нав барқарор гардад. Инчунин эҳёшавии Ӯ далелҳои раднашавандаи таърихӣ доранд, ки онро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад».

Дар калисо эҳёшавии Масеҳ дар давраи Аҳди ҷадид монанди ҳозир ҳодисаи инқилобие ба шумор мерафт. Чунки ин ҳақиқат таърихист. Барои ин, то ин ки бо ақл худро ба имон бахшед, бояд мундариҷаи Башоратро, ки дар Библия омадааст, дуруст дарк намоед. Инак мебинем, оё Шумо маънии Башорат ва ҳақиқати таърихии онро дуруст мефаҳмед.

  1. Исои Масеҳ кӣ аст?

  • Масеҳ худро чӣ тавр шинос менамуд?

Юҳанно 10:30 ________________________________________________

Юҳанно 14:8-9 _______________________________________________

  • Одамоне, ки Масеҳро иҳота карда буданд, Ӯро чӣ тавр шинос мекарданд?

Матто 14:33 __________________________________________________

Матто 27:54 __________________________________________________

Юҳанно 20:28 ________________________________________________

  1. Кадом корҳоро Ӯ содир намуд?

  • Дар ин замин зиста, Ӯ кадом корҳоро содир намуд? (Аъмол 10:38)

 

  • Мақсади марги Исо дар салиб чист? (Марқӯс 10-45, Румиён 5:8)

_____________________________________________________________

  1. ҳоло Ӯ чӣ кор мекунад?

  • Исо дар бораи он ки пас аз марги Ӯ чӣ мешавад, чӣ гуфт? (Матто 16:21)

_____________________________________________________________

  • Исои эҳёшуда ҳоло куҷо аст ва бо чӣ машғул аст? Эфсӯсиён

1:20-23.

_____________________________________________________________

4). Шумо бояд ба Исои Масеҳ имон оваред.

  • Хулоса бароред, Инҷили Юҳанно 3:16 чиро меомӯзад.


  1. Озмоиш бо ҳиссиёт


ҳиссиёт – ин реаксция ба ҳодисаи махсус, амал ва ё озмоиш мебошад. Азбаски одам Башоратро шунида истода, дорои чунин ҳиссиёт мебошад, Ӯ воқеияти Исои Масеҳро дарк менамояд. Ва мавриди тавлиди имон реаксияи ҳиссиётӣ ҳатман зарур мебошад.

Вале ҳиссиётҳо гуногун шуда метавонанд, вобаста ба Худованд, агар онҳоро дуруст фарқ накунед, ба осонӣ дучори бесарусомонӣ гаштан мумкин аст.

  1. Дар имондорӣ реаксияи пурҳаяҷон лозим аст.

Реаксияи аҳолии Ерусалим, ки ваъзи Петрусро ва яҳудиён, ки ваъзи Истефанусро шунида буданд, чӣ гуна буд? Аъмол 2:37, 7:54)

Ду гурӯҳи одамон бо имонҳои мухолиф буданд, вале реаксияҳои онҳо якхела буд.

2) Реаксияҳои пурҳаяҷон аз якдигар фарқ менамоянд. Тавассути кадом озмоишҳо ҳавворӣ Павлус Исои Масеҳро шинохт? (Аъмол 22:6-10)

Тимотиюсро муқоиса намоед (2Тимотиюс 1:5) ______________________________________________

Реаксияи ҳиссиётӣ дар имон гуногун аст, ва ин вобаста ба хислати одам ё шароити хонаводагии Ӯ мебошад. Шумо чӣ фикр доред; Шумо ба кадом тараф тааллуқ доред? __________________________

_____________________________________________________________

3) Побанди ҳиссиёти худ нагардед.

Умуман одам мавҷудияти эҳсоснок аст ва ҳиссиёт дар ҳаёти мо мавҷудияти маъмулӣ мебошад. Азбаски ҳар кас хислати худро дорад, бо Худованд дар алоқа буда, ҳар кас дорои реаксияи пурҳаяҷони гуногун мебошад. Баъзе одамон метавонанд дорои ҳиссиёти баланди пурҳаяҷон бошанд, баъзеи дигар хомӯшу ором. Таҷрибаи эҳсоснок лозим, вале агар мо ҷӯёи ин озмоиши махсуси эҳсоснок гардем, мо метавонем ба осонқ боварии ба муносибати бо Худованд тавассути Масеҳ ба даст овардаамонро аз даст диҳем.

4) Эҳсосот – ин натиҷаи сухан ва имон мебошад.

Боварии мустаҳкам ба наҷот дар обурӯи Каломи Худованд асос меёбад. Агар Шумо аз рӯи Калом зиндагӣ намоед, пас Шумо бовар мекунед, ки фарзанди Худованд гаштед. Масеҳ бо имон ба Каломи Худованд ва эътиборнокии он зиндагӣ менамояд.


Расми зерини қатора алоқаи байни ҳақиқат (Худованд ва Каломи Ӯ), имон (имони мо, боварӣ ба Каломи Ӯ) ва ҳиссиёт (натиҷаи озмоишҳои мо) – ро инъикос менамояд.

ҳақиқат имон ҳиссиёт






  1. қарори қатъии боирода


Ба рафти масеҳшавӣ ва дорои боварӣ гаштан, ғайр аз ақлу ҳиссиёт, ирода низ дохил мешавад. Масеҳ низ қайд карда буд, ки барои дорои боварии мустаҳкам гаштан ба наҷоти мо иродаи одамӣ муҳим мебошад. Бинобар ин Масеҳӣ, ки ба Исо имон дораду Ӯро пайравӣ менамояд, бояд дорои ирода ва қатъият дар шаклҳои гуногуни он бошад.

1) Кадом қарори боиродаро Исо аз мансабдори ҷавон талаб кард? (Луқо 18:22)

Ин чунин маъно надорад, ки аз ҳама одамон айнан чунин қарорро қабул кардан талаб карда мешавад. Вале он чӣ ки дар имон қарори қатъии боирода гузошта мешавад, ба ҳама дахл дорад.


2) Шахси нобиное, ки бо Исо вохӯрд, имондорию иродаи худро чӣ тавр ифода намуд. (Луқо 18:39,41)

Ба Худованд имон оварда, оё Шумо қарори аниқи боирода қабул намудед?


Исботи аниқи наҷот


Алоқаи тарафайни се талаботи имондорӣ. Худованд се далели дар мо будани Масеҳро нишон медиҳад.



  1. Каломи Худованд


Каломи Худованди моддӣ ифодаёфта. Эътиқод ба наҷот ин ба эътимоднокии Каломи Худованд асос меёбад. 1Юҳанно 5:9-13-ро хонед.


  1. Рӯҳулқудс – далели ботинӣ


Рӯҳулқудс дар мо буда, шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худовандем. Румиён 8:16 – ро хонед.


  1. Ҳаёти тағйирёфтаи мо


Ҳаёти тагйирёфтаи Шумо шаҳодати ҳартарафаи он аст, ки Шумо аз нав тавлид ёфтаед ва фарзанди Худованд гаштаед. 1Юҳанно 2:3-6-ро хонед.


Вохӯрии дуюм


Хусусиятҳои Худованд

_____________________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ дидан

____________________________________________________________

  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Ҳар рӯз як боб аз Инҷили Юҳанно 1-7 хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯӣ «Хусусиятҳои Худованд» омода шавед.

  4. 1.Юҳанно 5:13 ва Юҳанно 5-24 – ро аз ёд кунед.

  5. Ибодати ҳаррӯза (вақти иззату икром) – ро гузаронед.



Вохӯрии дуюм


Хусусиятҳои Худованд

Инак мо ба Исо имон оварда бо Худованд дорои муносибати махсус гаштем. Мо итминон дорем, ки фарзандони Худовандем ва боварӣ дорем, ки абадӣ бо Ӯ зиндагӣ хоҳем кард. Дар ин бора ба мо Рӯҳулқудс шаҳодат медиҳад. (Румиён 8:16).

Барои имондорони нав зиндагиро оғоз менамудагӣ, ки дорои чунин далели хусусианд, дониши умумӣ дар бораи Ӯ зарур аст. Мо бояд Онеро, ки ҳамроҳи мо истодааст ва моро сарварӣ менамояд, беҳтар донем, на ин ки тасаввуроти файласуфонае дошта бошем. Он вақт имони мо бештар мустаҳкамтар мегардад.

ҳамчун масеҳӣ шумо аллакай Худоро медонед. Вале барои он ки Худо ҳама вақт дар ҳаёти Шумо марказ бошад, Шумо бояд дар бораи хусусиятҳои Ӯ бештар донед. Фақат он вақт ҳамчун халқи Худованд мувофиқи хоҳиши Ӯ зиндагӣ кардан мумкин аст. Библия муфассал бо хислати Худованд шинос менамояд.

Бисёр одамон бо нобоварӣ ва шубҳа зиндагӣ менамоянд, чунки дар бораи Худованд ва хислатҳои Ӯ чизе намедонанд. Вале дониш дар бораи Худованд дар ҳаёти мо бисёр муҳим аст. Агар дар бораи Худованд намедонед, фаҳмидани он чизе, ки дар атрофи мо рух мезанад, мушкил аст ва бе ҳис кардани самти амал содир намудани амалҳои пурғалат осон мегардад. Андешаҳои баланде, ки мо бояд дошта бошем, бояд андешаҳо дар бораи Худованд бошанд. ғайр аз ин андешаҳо бо ҳақиқати Худованд мувофиқ бошанд. Он вақт мо метавонем ҳақиқатан ба Худованд хизмат кунем ва дар ҳаёти ҳақиқии масеҳӣ зиндагӣ намоем.

Дар китоби Ишаъёи Набӣ 6:3 Ишаъё чиро қайд менамояд?

Барои Худоро донистан пеш аз ҳама хусусиятҳои Ӯро, ки дар Библия омадааст, донистан лозим аст.


1.Сифатҳое, ки танҳо ба Худованд хосанд


Чунин хусусиятҳо танҳо ба Худо тааллуқ доранд. Нест офаридае ё чизи рӯҳоние, ки чунин сифатҳои монандро доро бошад. Ин сифатҳо дар китоби якуми Вақоеънома 29:10-12 омадаанд.

1) Худо – ҳукмрон аст. Ин суханон маънии «роҳбар, ҳукмрони олӣ» - ро доранд. Худованд ҳукмрони олии ин кайҳон аст.

ҳукмронии Худованд дар Румиён 11:36 чӣ гуна тасвир ёфтааст.

_____________________________________________________________

Ин ҳақиқатро дарк намуда, мо кадом мавқеъро вобаста ба муносибатамон ба ҳаёт ва дунёе, ки дар он зиндагӣ менамоем, ишғол менамоем?

2). Худо – абадист. Замоне, ки ХУДО ҳеҷ вақт мавҷуд набуд, набуд. Худованд беибтидою беинтиҳост ва бо вақт ҳам маҳдуд нест. Ӯ ҳама вақт зинда аст ва монанди имрӯз гузашта ва имрӯзаи моро мебинад.

ҷовидонии Худованд дар Ишаъё 44:6 ва 1 Тимотиюс 1:17 чӣ гуна ифода ёфтааст?

Аз дарки он ки Худованд дар гузашта чӣ офарид, имрӯз чӣ меофарад ва дар оянда чӣ хоҳад офарид, чӣ фоида аст? (Ибриён 13:8)

_________________

3) Худованд – ҳамадон аст. Худованд ҳама чизро медонад. Барои Ӯ ҳеҷ чизи наве нест, ки надонад; монанди наҷоти пайравонаш ва дигар корҳои ин дунё.

Худованд сарчашмаи ҳамаи донишҳо (Ишаъё 40:12-14) аст, ҳама чизро медонад (1Юҳанно 3:20)

Оё ҳар кадоми мо дар бораи ин ҳама чиз медонем?

Он чӣ ки дар бораи ман Худованд ҳама чизро медонад ба мавқеи ҳаётии ман чӣ гуна таъсир мерасонад. (Матто 10:29-31)

_____________________________________________________________

4) Худованд – іамаҷо аст. Худованд беҳудуд аст, бидуни вақту фазо Ӯ ҳама ҷост. Бинобар ин чунин фикр кардан аблаҳист, ки аз Худо гурехтан, пинҳон шудан мумкин аст. Одамоне, ки чунин имон доранд, фаҳмида метавонанд, ки Худованд дар онҳост ва онҳо бо файзу баракати ҳамсафарии Ӯ зиндагӣ карда метавонанд.

Суханони «Худованд замину осмонро пур мекунад» чӣ маънӣ дорад? (Ирмиё 23:24)

_____________________________________________________________

_____________________________________________________________

5) Худованд пурқудрат аст. Худованд нисбати ҳама қувваҳои муттаҳидаи зинда боқувваттар аст. Бинобар ин ҳама чизро бо қудрати худ Ӯ дар ин дунё офарид, ҳифз мекунад ва наҷот мебахшад. Ва алалхусус ба мо имондорон наҷотро дод.

Худованд пурқудрат ҳаст ва ҳақиқатан ҳам қудрати худро зоҳир менамояд. (Забур 146:5, Эфсӯсиён 3:20). Агар Шумо чунин имонро доред, пас дар лаҳзаи мушкилӣ, ё вақте ки заиф мегардед, аз ин чӣ фоида аст? (Филиппиён 4:13, 2 Қӯринтиён 12:9)

6) Худованд тағйирнаёбанда аст. Худованд ваъдаҳои бисёри додашударо иҷро менамояд. Бинобар ин мо ба Ӯ бовар карда метавонем, Рӯзинависии Худо метавонад бо тарзҳои гуногун иваз шавад, вале Худованд мефаҳмад (Забур 102:27, Яъқуб 1:17)

Чӣ фоида аст, вақте ки рӯзинависии Худоро намефаҳмӣ, вале ба шинохта фаҳмидани Худованд боварӣ дорӣ. (Румиён 8:28).


2.Хислатҳои хушахлоқӣ


Чунин хусусиятҳое ба Худованд хосанд ва дар муносибати тарафайни Худо бо одамон ин ба чашм мерасад.

1) Писари Одамӣ: Худо – ин муҳаббат аст. Ӯ ба норасоӣ ва носазовории одам нигоҳ накарда, бетаассуф муҳаббати Худро дареғ намедорад. Исботи ин он аст, ки Ӯ ба дунё Исоро, ки барои гуноҳҳои мо мурд, фиристод. (Румиён 5:8). Муҳаббати Худованд чӣ гуна зоҳир шуд? (Юҳанно 3:16)

Ман чӣ бояд кунам, то сазовори чунин муҳаббат гардам? (1Юҳанно 3:16).

2) Садоқат: Худованд ҳама вақт самимист. Одам беохир ба сӯи ҳақиқат майл мекунад. Ва ин ҳақиқати бедурӯғро танҳо аз Худованд пайдо кардан мумкин аст.

Худованд дурӯғ надорад. (Титус 1:2) Мо ки халқи Худованд шудаем, барои он ки дар ҳама соҳаҳо бе дурӯғ зиндагӣ намоем бояд чи кор кунем? (Филиппиён 2:15)

3). Тақводорӣ: Худованд корҳои бетақворо намекунад. Ӯ комил аст

ва бинобар ин аз одамоне, ки бо Ӯ мезиянд, комилиятро металабад. Амалӣ гардидани ин маҳаки наҷот барои одам имконпазир аст. (Матто 19:23). Танҳо бо фотеҳаи Худованд такя кардаистода, инро амалӣ кардан имконпазир аст.

Худованд порсо аст (Такрори шариат 32:4)

Мо халқи Худованд шуда истода, бояд монанди Худованд порсо бошем. (Матто 5:48). Барои ин хел шудан, мо бояд чӣ кор кунем?

______________________________________________________________________________________

4) қарор: Худованд боадолат аст. Боадолатии Худованд вақти мурофиа хуб ба назар мерасад. Вақте ки одам ба маҳкамаи Худованд кашида мешавад, Ӯ ҷазои хеле боадолатона мегирад. Ин суханон барои ононе, ки ба қафо менигаранду тавба менамоянд, таскин мебахшад, вале барои дигарон суханони огоҳикунанда мебошанд.

Мурофиаи Худованд ҷиддист. (2 Таслӯникиён 1:8-9) Чӣ тавр мо метавонем, аз ин мурофиаи қатъии марговар дар канор монем? (Юҳанно 5:24) _____________________________________


  1. Таслис


Одамон Худовандро метавонанд ба воситаи табиату дигар чизҳои офаридааш донанд. (Румиён 1:19) Вале дониши бо чунин тарз дар бораи Худованд гирифташуда комил нест.

Исо гуфтааст, ки барои Худовандро дарк намудан бояд Исоро дарк намуд. (Юҳанно 14:7). Ва Оне, ки барои дарки Исо ёрӣ медиҳад, Рӯҳулқудс мебошад. (Юҳанно 16:4) Бинобар ин барои донистани Худованд, дарк намудани Худо – Падар, Писар ва Рӯҳулқудс лозим аст.

«Пас биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таълим диҳед». (Матто 28:19). Дар ин амр нишон дода мешавад, ки ин се шахсияти дар алоҳидагӣ фарқкунанда обурӯи якхела доранд.

1) Дар Инҷили Юҳанно 10:17-18 Исо Худро чӣ тавр муаррифӣ менамояд? ___________________________________________________

_____________________________________________________________

Дар Инҷили Марқус 10:17-18 Исо Худаш ва Худованд Падарро бисёр аниқ ҷудо кард. Ин ду порча алоқаи байни Исо ва Худованд Падарро нишон медиҳад.

2) Дар Аъмол 5:3-4 гуфта шудааст, ки ба Рӯҳулқудс дурӯғ гуфтан, ин маънои ба Худованд дурӯғ гуфтанро дорад. Аммо кӣ Рӯҳулқудсро мефиристад? (Юҳанно 14:16) ______________________

_____________________________________________________________

Рӯҳулқудс бо Худованд дар як вазъият буда, аз Худованд фарқ мекунад.

  1. Рӯҳулқудсро бо суханони дигар чӣ тавр ном мебаранд (Юҳанно 16:7)

_____________________________________________

Дида истода, ки Рӯҳулқудс мадҳи Исоро нисбати Худ бештар менамояд, метавонем Масеҳ ва Рӯҳулқудсро аниқ фарқ намоем.

Вақте ки мо Худованди сегонаро қабул менамоем, бояд Онро аниқ аз дигар худоҳое, ки динҳою файласуфҳои дигар номбар менамоянд, фарқ намоем ва он вақт мо метавонем, дуруст ба Ӯ бовар намоем.

ПАДАР

ХУДО


ПИСАР Рӯҳулқудс

Вохӯрии сеюм


Каломи Худованд


_____________________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ дидан

_____________________________________________________________

  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Ҳар рӯз як боб аз Инҷили Юҳанно 8-14 хонед.

  3. Пешакқ ба мавзӯи “Каломи Худованд – Библия” тайёрӣ бинед.

  4. Оятҳои китоби якуми Вақоеънома 29:11 – 12 ва Забур 35:6-7 – ро азёд намоед.

  5. Ибодати ҳаррӯза (вақти иззату икромро гузаронед).


Вохӯрии сеюм


Каломи Худованд – Библия


Библия китобест, ки дар тӯли 1500 сол қайдҳои зиёде аз чил муаллиф дар он гирд оварда шудаанд. Аҳди қадим ин каломест, ки Мӯсо ва дигар пайғамбарон аз ҷониби Худованд гирифтаанд. Дар тӯли тамоми таърих дар шакли даҳонию хаттӣ аз насл ба насл то асри 5 пеш аз милод “Панҷ китоби Мусо” ва наздики асри 2 пеш аз милод китобҳои пайғамбарон ва асарҳои адабӣ ҳамчун Библияи асосӣ мавқеъ гирифтанд. Аҳди қадим аз 39 китоб иборат аст, ки қисми зиёди он бо забони ибрии қадим навишта шудааст.

Дар Аҳди ҷадид қайдҳои таассуротҳои аз ҷониби Худованд гирифтаи ҳаввориҳо, номаҳои онҳо гирд оварда шудаанд. Дар аввал мундариҷа аз даҳан ба даҳан мегузашт. Ва дар вақти ҳаёт будани ҳаввориён ва пайравони онҳо монанди ҳозира дарҷ наёфта буданд. Вале қарибиҳои асри 4 – и солшумории мо Библия дар шакли ҳозирааш қабул гашт. Ин дар асоси қарори ҳукмфармоёнаи калисо ба амал наомада, балки эътирофи расмии Библия буд, ки аз худи аввал истифода бурда мешуд. Аҳди ҷадид аз 27 китоб иборат мебошад, ки бо забони юнони қадим навишта шудааст.

Мақсади навиштани Библия тарбия ё илм набуд. Вай барои донистани наҷоти Худованд ва инчунин додани таъинотҳои махсус, ки дар ҳаёт барои якҷоя бо Худованд рафтан заруранд, навишта шудааст.

Сарчашма ва мақсади навиштани Библия чист? (2Тимотиюс 3:15-16) ______________________________________________________

_____________________________________________________________

Шахси якуми амалкунанда дар Библия кқ аст? Юҳанно 5:39.

___________________________________________________________

Масеҳиён ба Каломи Навишта бояд чӣ гуна муносибат намоянд? (1Петрус 2:2) _________________________________________________

_____________________________________________________________

Барои ҳамаи масеҳиён омӯхтани Библия ва донистани истифодабарии он дар ҳаёт муҳим аст. Дар ин дарс панҷ усуле ҳаст, ки барои суханони Библияро аз они мо гардонидан мувофиқат менамоянд. Панҷ усули омӯзиши Библияро ба панҷ ангушти даст қиёс кардан мумкин аст. Агар Библияро бо як ё ду ангушт гирем, афтондани он осон аст. Вале, агар ҳама ангуштонро истифода барем, Ӯро аз афтидан натарсида сахттар қапидан мумкин аст. Ин шабеҳи муносибати рӯҳонӣ низ ҳаст. Агар мо Навиштаро азёд мекунем, тадқиқ менамоем, мехонем, гӯш мекунем, дар болояш андеша меронем, ин вақт мо Библияро аниқ фаҳмида ва дар ҳаётамон истифода бурда метавонем. То ин ки Библияро дуруст қапида тавонем, бояд нарангушт ва дигар ангуштон дар ҳамоҳангӣ бошанд. ҳамин хел барои дуруст фаҳмидани Библия низ андеша дар болои Каломи Худованд бо гӯш кардану хондан ва тадқиқоту азёд кардан дар ҳамохангӣ бояд бошад.

  1. Гӯш кардан:Пас имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи Каломи Худост” (Румиён 10:17)

  1. Кадом қалб беҳтар метавонад, Каломи Худовандро шунавад ва онро истифода намояд?

  1. Рӯҳи накӯю хуб.

  2. Рӯҳи бенуқсу бохирад.

  3. Рӯҳи кушода, вале хунсард.

  4. Бомантиқ ва хоҳишманди тадқиқ намудан.

2) Номаи якуми Таслуникиён 2:13 ва Аъмол 17:11 аз кадом мавқеъ ваъз гӯш карданро таълим медиҳанд. Дар ҳар як оят ба кадом мавқеъ ишора меравад?

___________________________________________________________________

Бештари масеҳиён Каломи эъломшударо мешунаванд. Вале манфиати зиёде онҳое оварда метавонанд, ки онро иҷро менамоянд. Мо бояд Каломи шунидаамонро дар ёд гирем, диққати махсус ба оятҳои иқтибос шудаи Библия ва лаҳзаҳои муҳими ваъз диҳем. Барои ин дафтаре омода созед, ва мухтасар навиштани мазмунро ҳамеша одат намоед.

2. Хониш:Хушо касе ки мехонад ва касоне, ки мешунаванд суханони ин нубуватро, ва он чӣ дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст” (Ваҳй 1:3).

Ҳозир ҳар як кас метавонад, Библияро ёбад ва онро хонад. Вале лаззат бурдан аз ин меҳрубонӣ ба наздикӣ муҳайё гашт. Пештар ин гоҳ – гоҳ буд ва қиммат меафтод, чунки Библия дастнавис карда мешуд. Бо оғози кашфи китобчопкунӣ Библия чоп карда мешуд, вале ин қиммат меистод. Ғайр аз ин қисми зиёди Библия ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд ва хондани он ба одамони оддӣ имконнопазир буд. Инчунин калисо барои ҳокимияти худро нигоҳ доштан, ба имондори оддӣ хондани Библияро манъ мекард.

1) Нависед, чаро хондани Библия ҳар рӯз зарур аст? (Такрори Шариат 17:19) ________________________________________________

_____________________________________________________________

  1. Маънии Ваҳйи Юҳанно 1:3-ро бо суханони худ нависед.

__________________________________________________________________________

Бо вуҷуди он ки ин ҷо сухан дар бораи шунаво хондани Библия дар вақти ибодат меравад, вале дар замони мо, ки Библияро ёфтан осон аст, онро барои хониши шахсӣ истифода бурдан мумкин аст. Накшаи мунтазам хондани Библияро тартиб диҳед.

3. омӯзиш:Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслуникӣ равшанфикртар буданд; бо иштиёқи комил Каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд.” (Аъмол 17:11)

1) Дар бораи он, ки мо аз кадом мавқеъ бояд Каломи Худовандро омӯзем, дар китоби Масалҳои Сулаймон чӣ гуфта шудааст?

 

2) Мақсади омӯзиши Библия аз чӣ иборат аст? (2 Тимотиюс 2:15)

___________________________________________________

Библияро бодиққат хондан беҳтар аз омӮхтани он аст. Хонда истода, ҳамаи он чизи наве, ки бароятон кашф мешавад, бояд нависед. Хондан нисбати омӯхтан тезтару осонтар аст. Вале омӯзиш барои андеша намудан ва дар хотир гирифтан имконият медиҳад.

3) Барои ононе, ки омӯзиши Библияро нав оғоз намудаанд, маводҳои зерини ёрирасон мавҷуданд (“Библия бо тафсир”, “Луғати мухтасари Библия”, “Луғати фразеологӣ”)

  • Вале аз тафсири Библия канорҷӯи намоед. Бо вуҷуди он ки он ба Шумо ёрӣ медихад, вале ба ин тафсирҳо аз ҳад зиёд бовар карда, Шумо метавонед, побанди онон гардед.

4. Азёд кардан:Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи Каломи Ту. Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам, то ки пеши Ту хато накунам.” (Забур 118:9,11)

  1. Худованд аз мо нисбати Каломаш чиро хоҳон аст?

Такрори шариат 11:18 (қисми якум)

2) Дар Инҷили Матто 4:4,7,10 Исо чӣ тавр аз болои васвасаи Шайтон пирӯз мешавад?

________________________________________________________________________

3) Дар Нома ба Қӯлассиён 3:16 навишта шудааст: “Бигузор Каломи Масеҳ андаруни Шумо ба фаровонӣ сокин шавад” Ин суханон чӣ маънӣ доранд? _______________________________________________

_____________________________________________________________

То ин ки Каломи Худовандро дуру дароз дар ёд дорем, аз ҷудо кардани вақт барои азёд кардани оятҳои Библия дигар усули муфидтаре нест”. (Дозэн Тротмэн)

4) Тартиб додани нақшаи азёдкунии оятҳои Библия ва иҷро кардани он лозим аст. То ин ки бо Калом фикратонро баён намоед, оятҳои Библияро якто – якто азёд намоед.

5) Лаёқати азёдкунии ҳар як одам гуногун аст. Бинобар ин барои ҳама чизро тамоман азёд намудан маҷбур кардан лозим нест. Вале азёд кардани оятҳои Библия, ки асоси ҳаёти масеҳианд, ҳатман лозим аст. Дар рафти таълими мазкур 22 ояте ҳаст, ки онҳо асосианд ва дар ёд доштани онҳо ҳар як масеҳиро ҳатмист. Ва мувофиқи лаёқататон боз бисёр дигар чизҳоро азёд кунед.

5. Андеша (Мулоҳиза)Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад ва дар тариқи хатокорон намеистад ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад; фақат ба шариати Худованд шавқ дорад �” Забур 1:1,2.

Андеша кардан барои фахмидани Каломи Худованд ёрӣ мерасонад ва такроран фикр кардани имконияти онро дар ҳаётамон истифода бурданро дастрас мегардонад. Бинобар ин андеша кардан, чӣ будани иродаи Худовандро ба мо равшан месозад.

То ин ки, дар болои Калом андеша ронед, ба худ саволҳои зеринро диҳед.

  1. Дар мазмуни матни додашуда Калом чӣ гуна маънӣ дорад? (Тафсири дуруст танҳо якто)

  2. Каломи додашуда ба ҳаёти ман чӣ гуна таъсир мерасонад? (Усулҳои истифодабарӣ гуногунанд)

ҳар бор ваъзро шунида истода, ҳар рӯз дар вақти муайян Библияро хонда истода, Каломро амиқ тадқиқ кардаистода, Каломи азёд кардашударо такрор карда истода, ба худ ин ду саволро диҳед.

  1. Худованд ба ононе, ки мунтазам дар болои Каломи Ӯ андеша меронанд, чӣ ваъда додааст?

Забур 1:2,3 ___________________________________________________


Ёҳушаъ ибни Нун 1:8

  1. Дар болои оят аз Инҷили Луқо 6:45 фикр намоед. Шумо чӣ фикр доред, андеша дар болои Каломи Худованд метавонад ба суханон ва рафтори Шумо таъсир расонад? Агар ҳа, пас чӣ тавр

_____________________________________________________________

  1. Мо бояд чӣ кор кунем, то Каломи Худовандро бо майли том хонда истода онро фаҳмем? Забур 118:18,73,125.

_____________________________________________________________

Ҷадвали зерин метавонад одатҳои моро таҳлил созаду Библияро аз они мо гардонад. Хатҳои холиро пуркарда истода барои ҳадафҳои нав ибодат намоед.

Усулҳо

Нақша барои

ҳафта

ҳадафҳои нав

ва нақша

гӯш кардан



Хондан



Омӯхтан



Дар хотир нигоҳ доштан



Андеша рондан




Библия ба мо барои афзун намудани донишамон набуда, балки барои тағйир додани хаётамон мебошад. (Двайт Эл Муди)

Надонистани Библия маънии надонистани Исои Масеҳро дорад. (ҷером)

Ман пурра пурқиматии маълумоти олиро эътироф менамоям. Вале донистани Библия бе маълумоти донишгоҳӣ пурқимматтар аст аз маълумоти олӣ бе донистани Библия. Дар бораи одаме, ки дониши кофии Библия дорад, гуфтан мумкин аст, ки ӯ маълумот дорад. Ва инро бо ягон донишу таълимоти дигар иваз кардан мумкин нест.

(Вилям Лион Пэлпс)

Вохӯрии чорум


Ибодат


_____________________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ

_____________________________________________________________


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. ҳар рӯз як бобӣ аз Инҷили Юҳанно 15-21 хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯи “Ибодат” омода шавед.

  4. 2 Тимотиюс 3:16 ва 1 Петрус 2:2-ро азёд намоед.

  5. ибодати ҳаррӯза (вақти иззату икром)-ро гузаронед.

  6. Номи китоби Аҳди ҷадидро дар ёд доред.


Вохӯрии чорум


Ибодат


Вақти пурмазмун-ин ибодат дар бораи Каломи Худованд мебошад. Ибодат муносибати наздик бо Худовандро анҷом медиҳад. Худованд ба мо бо воситаи Библия гап мезанад, мо бояд ба воситаи ибодат ба Ӯ ҷавоб гардонем. Ба воситаи ибодат мо диламонро барои Худованд мекушоем. Ибодат-ин яке аз усули ошкоркунии қудрати Худованд мебошад. Дар муборизаи рӯҳонӣ танҳо тавассути ибодат пирӯз шудан мумкин аст ва танҳо ба воситаи ибодат иродаи Исои Масеҳ амалӣ мегардад. Инчунин ба воситаи ибодат қудрати Худовандро дидан мумкин аст, ки ҳаётро тағйир медиҳад. Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки мо дар натиҷаи нобовариамон, наметавонем ин хел қудратро истифода барем. ҳаввориҳои калисоҳои аввалин чӣ тавр ибодат карданро медонистанд ва ба қудрати Худованд, ки таърихро иваз карда метавонад, бовар карда, амалҳои аҷоибро содир намуда метавонистанд. Дар хотир доред, имрӯз мо ҳам ба он Худое хидмат мекунем, ки он вақтҳо ин амалҳоро содир менамуд.


  1. Ибодат чист?


Ибодат-ин муносибат бо андешаҳои худ бо Худованд мебошад. Ин сӯҳбати Худованди пурмуҳаббат бо масеҳӣ аст. Ҳамчун фарзандони Худованд мо метавонем бо боварии қатъӣ ва матонат ба тахти баракат майл намоем. (Ибриён 4:14-16).

Барои аниқ донистани он, ки ибодат чист, бояд тасаввуроти умумии нодуруст оид ба ибодатро донем.

1) Ибодат-ин ба фикру хаёли чуқур рафтан нест, ки дар алоҳидагӣ ё танҳоӣ бо он машғул мешавӣ. Ибодат ин онест, ки мо ба Худованди зинда боло мебароем.

2)Ибодат кардан аз талаб кардани боисрори дигар динҳои ҷаҳон аз Худоҳо фарқ мекунад. Одамони ба Исои Масеҳ имон дошта метавонанд, ибодат намоянд ва танҳо бо номи Ӯ.

3) Ибодат ин талаби яктарафаи хоҳиш нест. Мақсади ибодат амиқ гаштани муносибат бо Худованд мебошад.

4) Ибодатро на танҳо вақти хидматгузорӣ ба Худо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегузоранд; ибодат дар утоқи хурдакак сар мешавад. (Матто 6:6)

5) Ибодат-ин такрори бемаънии ким кадом суханони динӣ намебошад. Ибодат ин додани мундариҷаи мушаххас мебошад. (Матто 6:7)

То ин ки тасаввуроти нодуруст дар бораи ибодат пайдо нашавад, бояд инро омӯзем:


  1. Ба кӣ мо ибодат менамоем


  1. Бо Рӯҳулқудс аз номи Исои Масеҳ ба Падар- Худо мо ибодат менамоем. Ба воситаи Исои Масеҳ ибодати мо самарабахш мегардад ва тавассути Рӯҳулқудс ба Худо -Падар дода мешавад. Бинобар ин ба кадом ҳақиқат бояд шахси ибодаткунанда аввал бовар намояд?

(Ибриён 11:6) ________________________________________________

_____________________________________________________________

Азбаски Худо дар се шахс ягона аст, пас ба Исои Масеҳ ва хамин тавр ба Рӯҳулқудс ҳам ибодат кардан мумкин аст. вале дар намунаи Библиявии нишондодаи Исо танҳо ба Худо ибодат менамоянд. Миёнарави мо дар вақти ибодат кӣ мешавад?

Румиён 8:34 __________________________________________________

Румиён8:26-27 ________________________________________________


  1. Кӣ ибодат карда метавонад?


  1. Одамоне, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доранд. ҳатто ба рӯҳи дигар бовар кардаистода одам беихтиёрона ба Ӯ ибодат менамояд. Вале аз паси ин ибодат беозор хавфу хатар мавҷуд аст. Одаме ба тарзи ҳақиқӣ ибодат карда метавонад, ки ӯ дар Исои Масеҳ фарзанди Худованд мебошад.

2) Одамоне, ки дар ном ва ҳукми Исоанд.

  1. Исо мегӯяд, ки танҳо Ӯ ягона роҳест, ки ба назди Падар мебарад. (Юҳанно 14:6)

  2. Исои Масеҳ ягона миёнаравест миёни мову Худованд. (1Тимотиюс 2:15)

  3. Исо ваъда медиҳад, ки ҳама чизи бо номи Ӯ хоҳиш мекарда-амонро медиҳад. Аз номи Ӯ ибодат кардан, ин бештар аз он аст, ки ба тақдири хушбахтона умед бандем.

Ин маънии онро дорад, ки мо дорои ҳокимияту қудрати Исои Масеҳ гашта, метавонем ҷасурона ба Падар муроҷиат намоем. Мо ба номи худ такя накарда рост аз номи Ӯ муроҷиат менамоем. (Юҳанно 14:14)


  1. Барои чӣ ибодат намудан лозим аст?


  1. Барои бо Худо сӯҳбат намудан ва бо Ӯ дар алоқаи мустаҳкам будан. Барои муносибати пурмуҳаббатро дастгирӣ намудан ибодат кардан лозим аст, Худованд интизор аст, ки мо назди Ӯ бо ибодат ҳозир мегардем. Ва он чӣ, ки Ӯ бо мо дар муносибат буданро мехоҳад, далели ҳайратангезест.

  2. Барои Худоро ситоиш кардан. (Юҳанно 14:13)

  3. Барои рӯҳонӣ рушд намудан. Чунонки барои инкишофи кӯдак хӯрок лозим аст, барои рушди рӯҳонии мо ғизои рӯҳонӣ лозим аст. Ибодате, ки дар бораи мушкилиҳои мо ба Худо нақл мекунад ва аз Ӯ ба воситаи Калом ҷавоб мегирад, расонандаи муҳими ғизои рӯҳонқ мебошад. Агар мо ибодат наменамоем, қудратамонро, ҷасоратамонро барои ҳаёти пирӯзманд, ки барои шаҳодати Исои Масеҳ лозим аст, аз даст медиҳем ва дар анҷом ба бемории пурраи харобӣ гирифтор мегардем.

  4. Барои он ки Нақшаҳои Худоро амалӣ гардонем. Ибодат ин усули муқаддаси мудохилакунист, ки барои ба анҷом расонидани корҳои бузурги Худованд дар рӯи замин аст. Дар Библия амалҳои аҷибе зикр ёфтаанд, аз қабили; тавассути ибодат иваз шудани боду ҳаво, кушода шудани ҳабсхонаю озод шудани одамон. Худованд ҳозир ҳам монанди пештара ба ибодат ҷавоб медиҳад. Ибодат бисёр шаҳодатҳоро дар бораи мавҷудияти Худои зинда нишон медиҳад.

  5. Барои хоҳиши худро нишон додан. Тавассути ибодат мо метавонем хоҳиши худро назди Худованд кушоем. (Филиппиён 4:6-7)


  1. Кай бояд ибодат кард?


  1. Монда нашуда ибодат кардан лозим аст. Бо сабаби амиқии муносибат бо Худованд, ба ҳодисаҳои рӯзмарраи рухдода нигариста, ҳамаи ин корҳоро бо Худованд бо ҳам дидан лозим аст.

  2. Ҳар рӯз вақти махсусе бояд ҷудо кард. Муроҷиат кардан ба Худо тавассути ибодат, андеша рондан дар болои Каломи Ӯ, истифодабарии он дар ҳаёт, хеле муфид аст.

Инро “вақти иззату икром” (Quiet time) меноманд.

  1. Дар ҳаёти беибодати масеҳӣ ҷои муҳимро ибодати гурӯҳӣ ишғол менамояд. Дар ибодати дар шакли сӯҳбат як одам метавонад кӯтоҳакак дар бораи чизи муҳиме ба Каломи Худованд такя карда муроҷиат намояд. Инчунин бо як овоз ҳам ибодат кардан мумкин аст. (Аъмол 1:14)


  1. Дар бораи чӣ бояд ибодат кард?


Чӣ тавре, ки дар дасти мо панҷ ангушт ҳаст, ҳамин тавр дар ибодат низ, ки мо ду кафро бо ҳам гузошта ба ҷо меоварем, панҷ унсури асосқ мавҷуд ҳаст. Агар онро ҳамчун сармашқ истифода мебарем, он барои ба вуҷуд овардани такягоҳ барои ҳаёти боибодату бонизоми мо ёрӣ медиҳад.

  1. Мадҳ: Ин эътирофи хислату хусусиятҳои Худованд аст. муҳаббати Ӯ, қудрати Ӯ, шоистагии Ӯ ва тӯҳфаи аҷоиби Ӯ - Исои Масеҳро мадҳу ситоиш намоед. Чи тавр мадҳу ситоиш бояд намуд? (1Вақоеънома 29:11)

_____________________________________________________________

Ишаъё 59:1-2

  1. Тавба кардан: Гуноҳҳоямонро назди Худованд дарк намудан ва барои ин назди Ӯ барои ин тавба кардан. Кушодадил ва фурӯтан бошед. Худованд мисли пештара Шуморо дӯст медорад, қатъиятро аз даст надиҳед. Чаро тавба кардан мухим аст? 1 Юҳанно 1:9

_____________________________________________________________

Забур 32:5

  1. Шукргузорӣ: Ба Худо барои он ҳама чизе, ки ба мо дод, шукргузорӣ бояд намуд, ҳатто барои он чизе, ки ба мо маъқул нест. Ба воситаи чунин ҳаёти сипозгузор Шумо метавонед ҳадафи Худовандро боз беҳтар донед.

Эфсӯсиён 5:20.

Забур 99:4.

  1. Миёнаравӣ: Вазъияти дигар одамонро дониста, аз Худо дар бораи эҳтиёҷоти онҳо пурсидан. Мундариҷаи ибодати миёнаравӣ чӣ гуна аст?

Қӯлассиён 1:9-12

Қӯлассиён 4:2-4

Яъқуб 5:16

1Тимотиюс 2:2

5) Суботкорӣ дар талабидан: Аз Худованд чизи лозимиро талабидан. Ин хоҳиши махсус аст. Чӣ тавр талабидан лозим аст?

Матто 7:7-8

Яъқуб 4:2-3

7. Чӣ тавр бо боварии қатъи ибодат кардан мумкин аст?

  1. Зиндагӣ намоед.

Агар мо ба Худо итоат менамоем, агар Каломи Ӯ дар мо зиндагӣ менамояд, мо талабида метавонем, он чизеро, ки барои мо лозим аст. Чунки хоҳиши мо иҷрошавии хоҳиши Худованд аст. Дар Ӯ зистан маънии онро дорад, ки барои гуноҳҳо тавба менамоем ва ҳаёти пурқиммати Худованд истифода мебурдагиро аз сар мегузаронем.


Ҷустуҷӯ намоед

Мо бояд чӣ кор кунем, то ба ибодатамон ҷавоб гирем?

Яъқуб 4:2-3.

Юҳанно 14:14, 16:24

  1. Имон оваред.

Исои Масеҳ чӣ гуна ваъда дод? (Матто 21:22)

 

Худованд аз мо имони бузургро талаб менамояд. Мо танҳо бояд ба Худованди бузург бовар намоем. ҳаёти боимонро танҳо одамони итоаткор паси сар намуда метавонанд. Ба Худо, ки имондор буданро амр нанамудааст, итоат нанамуда, ҳаргиз одами имондор шудан мумкин нест.

Бо имон мо ба ибодатамон ҷавоб мегирем. Дар Исои Масеҳ зери сарварии Рӯҳулқудс зиста, Каломи Худованду иродаи онро пайгирӣ намуда, ибодат кардаистода ва бовар намудаистода, ки Худованд ба ин ибодатҳо ҷавоб мегардонад, мо барои қабул намудани ҷавоб омода мешавем.


Вохӯрии панҷум

Муносибат

______________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ дидан


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед

  2. Нома ба Филиппиёнро хонед.

  3. Пешакӣ ба мавӯи “Муносибат” тайёрӣ бинед.

  4. Инҷили Юҳанно 15:7 ва Нома ба Филиппиён 4:6–ро азёд намоед.

  5. ибодати ҳаррӯза” (вақти иззату икром)-ро гузаронед.

  6. Номи китоби Аҳди ҷадидро такрор намоед.



Вохӯрии панҷум


Муносибат

Муносибат, ин вақте ки одамон вомехӯранду байнашон муносибатҳои дӯстона барқарор мешавад. Чунин муносибат ба масеҳӣ низ лозим аст. муносибати масеҳӣ нисбати муносибати дунявӣ хусусиятҳои худро дорад. Муносибати оддӣ аз масофаи муайяни байни одамон сар мешавад. Вале муносибати масеҳӣ аз салибе сар мешавад, ки девори байни одамонро барҳам задааст. (Эфсӯсиён 2:13-14)

Бинобар ин муносибати масеҳӣ танҳо дар калисо аз салиб оғоз ёфта имконпазир аст. Ин калисо бино ва ё ташкилот нест, балки бадани Масеҳ аз масеҳиён ташкилёфта мебошад. Бинобар ин муносибати ҳақиқӣ он ҷое оғоз меёбад, ки масеҳиён якҷоя ҷамъ шуда, Худовандро хидмат мегузоранд ва тавассути хидматгузорӣ комил мегарданд.


1. Муносибат тавассути хидматгузорӣ

Бисёр одамон, ки барои хидмат ба калисо мераванд, чунин мешуморанд, ки мақсади хидмат гузоштан шунидани ваъз мебошад. Гарчанде, ки шунидани ваъз қисми муҳими хидматгузорӣ шумурда шавад ҳам, вай мақсад шуда наметавонад. ҳулласи гап хидматгузорӣ на барои мо, балки барои Худованд ба ҷо оварда мешавад ва ҳадафи он ин аст, ки масеҳиён бояд якҷоя ҷамъ шуда хидмати Худовандро ба ҷо оранд.

  1. Худованд тавассути хидматгузории мо чиро дастрас кардан мехоҳад? (Ибодат 10:3)

  2. Барои гузаронидани хидмати ҳақиқӣ, беш аз ҳама мавқеъи дурусти одамон лозим аст.

Дар Инҷили Юҳанно 4:24 гуфта шудааст, ки Худовандро бо рӯҳ ва ростӣ бояд парастиш намуд. Пас вобаста ба ин суханон мавқеи рӯҳонии парастишкунанда бояд чӣ хел бошад?

  1. Дар Забур 95:6 ва Китоби Воиз 5:1-2 ба мавқеи берунаи одамони парастишкунанда ишора карда мешавад.

3) Барои хидматгузории мураккаб зарурият нест.

Ин бояд чунин вақте, шавад, ки ба Худованд рӯҳу ҳаётамонро додаистода, бояд бо Ӯ як шавем.

  1. Дар Аъмол 2:42 ба чор омили муҳими ба хидматгузорӣ лозим ишора карда мешавад. ҳар кадоми онон чӣ маънӣ доранд?

 

  1. Фикр кунед, ғайр аз ин боз чӣ ба хидматгузорӣ бояд ворид гардад? (1Вақоеънома 16:29, Қӯлассиён 3:16, Забур 47:1-2,5)

__________________________________________________________________________________________________________________________

4) Унсури аз ҳама муҳим дар хидматгузории Худованд мадҳ мебошад.

  1. Тавассути мадҳу ситоиш мо боварии пурраамонро ба Худованди моро наҷотдода изҳор менамоем бо ин, ба ҳуҷумҳои шайтон муқобилият зоҳир менамоем, сипари имонро бардошта қудрати Худовандро нишон медиҳем.

  2. Мадҳу ситоиш имконият медиҳад, ки Рӯҳулқудс озодона дар ҳаёти мо амал намояд. Баъзе вақт мадҳу ситоиш таассуроти навини Ӯро пешакӣ мефаҳмонад.

  3. Мадҳу ситоиш дар иттиҳоди ҳама ҳақиқатҳои масеҳӣ ҳиссаи калон мегузорад.

  4. Мадҳу ситоиш рӯҳи моро нисбати Худованд ҷалб гаштан кӯмак мерасонад ва барои Ӯ роҳ омода месозад, то дар қалбҳои мо муҳаббаташро саршор намояд.

  5. Мадҳу ситоиш – ин забони ҳокимияти осмонист, бинобар ин мо бо ёрии мадҳу ситоиш намудан метавонем ҳокимияти осмонро ҳис намоем.

2. Муносибат байни шогирдон


Одаме ҳаст, ки гуфтааст: “ҳамаи одамони рӯи замин, ки дар остонаи салибанд, баробар мебошанд” Агар ин дуруст аст, пас ҳамаи масеҳиён, ҳамчун аъзоёни оилаи Худованд имтиёз доранд, ки аъзоёни наздик гарданд. Мо аз дигар одамон омӯхта истода бояд ҳаваси мардонагиро дар якдигар пайдо кунем. Вақте ки масеҳиёни дар як ӣой ҷамъомада якдигарро дастгирӣ менамоянд, муносибати ҳақиқии шогирдон ба амал меояд. Агар мо худро аз дигар масеҳиён ҷудо менамоем, муносибати масеҳӣ номумкин мегардад. Худованд мехоҳад, ки дар калисоҳои ноҳиявӣ, дар оилаҳои имондорон ҳама масеҳиён бояд аъзоёни фаъол бошанд.

  1. Бояд дарк намуд, ки мо узвҳои як баданем. “Ҳамчунин мо, ки бисёрем як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем” (Румиён 12:5)

ҳама масеҳиён узви якдигар мегарданд. Павлус инро ба бадани инсон қиёс намуда шарҳ додааст. 1 Қӯринтиён 12:14-26-ро хонед. Аз Каломи додашуда хулоса бароред. (1 Қӯринтиён 12:27)

__________________________________________________________________________________________________________________________

Бадан на аз аъзоҳои дар алоҳидагӣ ҷамъ карда шуда иборат аст, балки бадан бо аъзоён мавҷуд мебошад. ҳамин тавр масеҳӣ низ одамони алоҳидаро ҷамъ намуда бадан – калисоро ташкил карда наметавонад, вале вақте ки ҳар кас масеҳӣ мешавад, ӯ узви бадани Масеҳ мегардад ва калисоро ташкил менамояд. Гарчанде гуфта мешавад, ки бадани Масеҳ масеҳиёни ноайёнанд, вале дар бисёр ҷойҳои Библия шарҳ дода мешавад, ки бадани Масеҳ ин ишора ба калисоҳои мушаххаси ноҳиявӣ мебошад. Бинобар ин масеҳиёне, ки вориди калисоҳои муайяни ноҳиявӣ мегарданд, бояд дар ҳаёти ӯ ширкат варзанд. Ва ҳамчун аъзои як бадан хурсандона супоришҳои додашударо бар дӯши худ гиранд.

  1. Бо Худованд дар ягонагӣ бояд буд.

Як Бадан ҳаст ва як рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед” (Эфсӯсиён 4:4)

Сеҳру ҷодугарӣ бо фиребу найранг иттиҳоди масеҳиёнро вайрон мекунад. Вай дар байни аҳкоми динии беақлонаю нодурусти калобашуда нуфузи калон дорад. Дар Библия қудратеро ошкор кардан мумкин аст, ки лаёқати истодагарӣ зидди фиреби сеҳру ҷодуро дорад. Бо Исои Масеҳ рӯҳан як гашта дорои ин қудрат гаштан мумкин аст. Дар боби 17-и Юҳанно Исо дар вақти ибодат аз Падар хоҳиш менамояд, ки шогирдонро муттаҳид гардонад, онҳо ягона шаванд. “Эй Падари Муқаддас! Инҳоро ки ба ман додаӣ, ба исми худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки мо ҳастем” (Юҳанно 17:11) Ягонагии масеҳиён мавҷудияти Башоратро дарак медиҳад. Ва ин ҳақиқат инро низ дар бар мегирад: Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод” (2 Қӯринтиён 5:19).

Исои Масеҳ-Худованд бо симои одамӣ ба замин омадааст. Ӯ бо Худо ягона буд ва ҳоло низ ягона мебошад. Агар ягонагӣ дар бадани Масеҳ вайрон гардад, беҳтарин ваъз ба беимонон ин гуфтани он аст, ки Исо Худованд мебошад. Дар калисо дар бораи мӯътақид гардидани беимонон ба он ки Исо Худованд аст, омили асосӣ ягонагӣ, аниқтараш ягонагии ирода ва мақсад байни одамон мебошад. (Юҳанно 17:21) Куҷо, ки одам набошад, ӯ онҷо акси садои набудани ягонагиро мебинад.

Бинобар ин чунин ҳақиқат барои Ӯ аҷоиб менамояд. Вақте ки беимонон ягонагии сидқиро мебинанд, рӯҳи онҳо низ дар ин чорабиниҳо, ки пур аз муҳаббат аст, иштирок кардан мехоҳад.

  1. Хислати хусусии ҳар як одамро фаҳмидан лозим аст. “Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст” (Эфсӯсиён 4:7)

Бо вуҷуди он ки масеҳиён бо Масеҳ як шуданд, вале дар байни онҳо тафовутҳои зиёде ҳаст. Вақте ки мо ин фарқиятро мефаҳмем, он вақт мо бадани Масеҳро ташкил карда метавонем.

  1. Ҳадяҳои гуногун

Гарчанде мо наҷотро дар Рӯҳулқудс соҳиб гаштаем, вале ҳадяҳои рӯҳ хеле гуногуншакланд. Ба яке лаёқати ёрӣ расонидан, ба дигаре лаёқати омӯзгорӣ, ба саввумӣ забони хориҷӣ, боз ба дигаре дарк намудани рӯҳ. Ин фарқияти ҳадяҳо на барои қиёс кардананд ва ё муҳокима рондан, балки барои онанд, ки онҳоро байни ҳам якҷоя гардонида бадани Масеҳро ташкил кард.

  1. Сатҳи гуногуни имондорӣ.

Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед” (Румиён 14:1)

Касе, ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад, ва касе, ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад маҳкум кунад; Чунки Худо Ӯро қабул кардааст” (Румиён 14:3)

Агар мо масеҳиёни комил бошем, бояд аксуламали бародарони масеҳиямонро, ки имондориашон ҳоло чандон қавӣ нест, тез ҷавобгӯ бошем. То ин ки онҳо қафо нагарданд, ба гуноҳ ғӯттавар нашаванд, амали мо бояд эҳтиёткорона бошад. Агар бошандагони калисои ноҳиявӣ ба ин диққати зарурӣ диҳанд, ин калисо ягона мешавад.

  1. Ҳамаи одамон индивидуалианд (хусусиятҳои хос доранд)

Агар дар калисо майл, муҳаббати махсус, фарқият ҳаст, пас ин мухолифи қонуни Худованд аст ва вазифаи калисоро вайрон менамояд. Мо ҳама дар Исои Масеҳ ягонаем. Бой ё камбағал, пир ё ҷавон, зан ё мард – бе ягон фарқият мо ҳама дар Масеҳ ягонаем ва дар Масеҳ фарқиятҳо набояд бошанд. Агар мо аз рӯи зоҳирӣ интихоб намоем, пас мо ягонагию ҳамоҳангӣ ва ризоияти бадани Масеҳро вайрон менамоем.

Вобаста ба Эфсӯсиён 2:11-22. Вақте ки одамон тавассути хуни Исои Масеҳ ба Худованд наздик мешаванд, ҳамаи деворҳои ирқию, миллию, динӣ аз байн бардошта мешавад. Одамони пештар мухолифбудаю имрӯз аъзои бадани Масеҳгашта дорои осоиш мегарданд. ҳамаи бошандагони калисо ба Худованд якхела наздик шуда метавонанд.

Чунки дар ҳама рӯҳи ягона мезияд. Мо ҳама ба Маъбади Муқаддас табдил меёбем, ки он ҷо рӯҳи Худованд мезияд.

  1. Ҳамдигарро бояд дӯст дошт.

Ба Шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман Шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред” (Юҳанно 13:34). Ин хоҳиш вазифаи калисоро шарҳ медиҳад ва боз бо як мантиқи монанд шинос мекунад. Дар фаҳмиши оила ғамхорӣ, гармӣ, самимият ва садоқат ворид мешаванд. Муҳаббати бародарона ин муҳабаббатест, ки ҳар як аъзои оила бояд онро дошта бошад. Яъне масеҳиён дар калисо якдигарро бояд чун хоҳару бародар дӯст доранд. Мо оилаи Худовандем. Мо ҳама аз сари нав ҷовидонӣ дар оилаи Худованд тавлид ёфтаем.

  1. Муносибати ҳақиқӣ бе суханони оддӣ бо чӣ бояд тасвир ёбад?

  1. Юҳанно 3:18)

__________________________________________________________________________________________________________________________

  1. Ин гуна муҳаббатро калисоҳои аввалин чӣ гуна ифода намуданд? (Аъмол 4:32)

_____________________________________________________________

  1. Соҳиби эҳсони калисо бояд буд.

Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед” (1ТаслӮникиён 5:11)

Павлус ба ТаслӮникиён бо истодагарӣ дар бораи муҳаббат ва якдигарро фаҳмидан таъкид менамуд. Онҳо муҳимияти маслиҳатҳои ҳамдигарӣ, пешгирӣ ва ҳамдардиро дарк намуданд. Инчунин чӣ тавр муҳим будани дастгирӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи якдигарро онҳо дуруст дарк намуданд. Чунки ин ҳақиқати Худованд аст. “Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои Шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо ба василаи тақдиси рӯҳ ва имон ба ростӣ шуморо барои наҷот баргузидааст”. (1 ТаслӮникиён 2:13)

Барои расонидани Калом ба одамон, ки ба маслиҳатҳо эҳтиёҷманданд, омода бояд буд. Библияро надониста, аз он ба одамон маслиҳат додан имконнопазир мебошад. Барои ин ҳар як имондор набояд дар алоҳидагӣ рушд намояд, балки ба рушду камоли дигар одамон низ ёрӣ бояд диҳад. Сидқан Каломи Худовандро бояд омӮхт, то ин ки дар якҷоягӣ бо тамоми калисо рушд намуд.


Хулоса


ҳамаи одамоне, ки бадани Масеҳ гаштаанд, барои гул-гул шукуфии калисо бояд фидокор бошанд. Калисо бояд коллективи одамоне гардад, ки ба Худою Каломи Ӯ имон доранд, якдигарро дӯст медоранд, хоҳиши наҷоти одамонро доранд, инчунин мехоҳанд муносибати дӯстона бо Худою ҳамсояҳо дошта бошанд. Ва Исо ҳам, ки дар замин зиндагӣ мекард, дар ин бора ибодат менамуд. “Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне, ки ба василаи каломи онҳо ба ман имон хоҳанд овард. То ки ҳама як бошанд: Чунон ки Ту, Эй Падар, Дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар мо як бошанд, -то ҷаҳон имон оварад, ки Ту маро фиристодӣ” (1Юҳанно 17:20-21)





<< Дарсҳои рӯҳонӣ