Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзиши Библия рӯ ба рӯ -2

 

Вохӯрии шашум


Воизӣ

______________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ дидан


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Номаҳои якум, дуюм, сеюм ба Юҳанно ва Нома ба Ибриёнро хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯи “Воизӣ” омода шавед.

  4. Нома ба Румиён 12:4-5 ва Инҷили Юҳанно 13:34-35-ро азёд намоед.

  5. ибодати ҳаррӯза” (“Вақти иззату икром”)-ро гузаронед.

  6. Номҳои китобҳои Аҳди қадимро аз ҳастӣ сар карда то Масалҳои Сулаймон дар ёд нигоҳ доред.

Вохӯрии шашум

Воизӣ


Худованд пас аз офаридани тамоми мавҷудоти зинда дар рӯи замин ба одам вазифаи муҳимро дод “Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт, “Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар іар ҳайвоне, ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед” (ҳастӣ 1:28) ин таъинот-амри воломақом аст ва онро Худованд ба одамон додааст; ба имондорон ва беимонон, ба мардон ва занон. Масеҳии ба Худованд-Офаридгор имондошта нисбат ба дигар одамон бояд бештар ин таъинотро амалӣ гардонад.

Пас аз таъиноти Худро дар салиб амалқ кардан ва аз сари нав эҳё гаштан Исои Масеҳ ба шогирдон чунин вазифа супорид: “Пас биравед, ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба Шумо фармудам, ба ҷо оваранд: ва инак ман ҳаррӯза то охирзамон бо Шумо ҳастам. Омин” (Матто 28:19-20).

“Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар Шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд” (Аъмол 1:8)

Ин таъиноти махсусест, ки танҳо ба имондорони Исои Масеҳ дода шудааст. Бинобар ин одамоне, ки Исои Масеҳро ҳамчун Худованд эътироф менамоянд, бояд ин таъинотро итоат намоянд.


  1. Муносибат ба дунё


Танҳо мавқеи библиявиро вобаста ба ин дунё дониста истода метавон башоратро ба дунё ваъз кард (маъруфӣ кард)

Дар муносибати байни калисою дунёи онро иҳотакарда се мавқеъро қайд кардан мумкин аст.

  1. Муқобилгузорӣ, муқоисакунӣ.

  2. Гузашткунӣ.

  3. Пурра тағйирёбии итоаткорона.

Дар байни ин се мавқеъ, солимтаринаш, ки масеҳӣ бояд онро интихоб намояд-ин пурра тағйирёбӣ аст. Масеҳӣ ин пеш аз ҳама одамоне ҳастанд, ки аз ин замин баромадаанд ва ба калисо даъват гаштаанд. Аз ҷониби дигар масеҳиён ин одамоне ҳастанд, ки аз калисо баромада бояд ба дунё раванд. “ҷое ки Худованд он ҷо дар рӯи замин зиндагӣ мекунад, бинои аз ин дунё ҷудо кардашудае нест, балки байни одамони ба ин дунё фиристодашуда мебошад”. (Томас Гилести)


  1. Муносибат бо корҳои дунявӣ


Худованд на танҳо ба корҳои мо дар калисо майл дорад. Вай инчунин ба чӣ тавр мо ибодат менамоем, Библия мехонем, мадҳу ситоиш менамоем, хонаамонро чӣ тавр ранг менамоем, дар мактаб чи гуна дарс медиҳем мароқ дорад. Худованд корҳои “дунявӣ” ва “муқаддасро” маҳдуд намесозад, чунки ҳама дар зери ҳукми Ӯ мебошанд. Мо онро, ки Худованд моро аз ҳаётамон даъват намудааст, дарк менамоем ва бояд бо ҳама амаламон Худовандро ситоиш намоему баҳри одамон хизмат намоем. Ба ҷои гуфтани он, ки “Ман роҳиб нестам, ман дуредгарам”, беҳтараш гуфтан лозим “Ман бо ҳунари дуредгарӣ кори роҳибиро иҷро менамоям”

1) Ҳастӣ 3:17-18-ро хонед. Натиҷаи гуноҳи Одам чист? Кор ин натиҷаи гуноҳ кардан нест. Кор ин шарти офаридагорист. Натиҷаи одам собит месозад, ки оқибати нодуруст иҷро кардани супоришҳои муқаддаси Худованд, ғаму ғӯсса меоранд.

  1. Масеҳиёни наҷотёфта ба корҳои дунявӣ бояд чӣ гуна иртибот

дошта бошанд? (Қӯлассиён 3:23)

Масеҳие, ки дар Масеҳ махлуқи дигар мешавад, бояд назараш ба корҳои дунявӣ тағйир ёбад.

Масеҳиёне, ки воизии башоратро мекунанд, бояд он ҷамъиятро, ки дар он зиндагӣ менамоянд, хуб донанд ва бо рағбату масъулияти баланд паси иҷрои вазифаашон гарданд. Танҳо чунин одамон метавонанд Инҷилро дуруст тарғиб намоянд.


Воизи башорат


Масеҳиёне, ки дар Масеҳ зиндагӣ менамоянд, бояд сарвати ҳаёти рӯҳонии худро бо дигар одамон бо ҳам бинанд, то ин ки онҳо низ аз ин лаззат баҳравар гарданд. Пеш аз он ки ба суханони тарғибшудаистода бештар боварӣ ҳосил шавад, мо бояд ҳаёти пуриззату икромро паси сар намоем. Барои пурмаҳсул гардонидани инҷилкунонӣ инчунин омӯхтани усулҳои асосии фаъолияти воизӣ лозим аст. Тайёрии мувофиқро гузашта, таҷрибаи воизии башоратро ҷамъ карда, мо метавонем яроқи пурқуввате дар дасти Худованд гардем.

Шоҳидон бояд муфассал дар бораи вазъи амали мазкур нақл намоянд. Шоҳидон бояд ба одам он чизро, ки дар бораи Исо медонанд бо ҳам бинанд ва дар бораи ҳаёти ба Исо ҳамчун шахсият боваркардашон нақл намоянд.

  1. Андриёс пас аз вохӯрӣ бо Исо дар навбати аввал чӣ кор кард? Юҳанно1:40-42

  2. Ва Павлус ба одамон чӣ гуфт? (Аъмол 22:15)

3) Аз рӯи суханони Павлус ӯ аз чӣ шарм намедорад? Чаро ӯ гуфт, ки аз ин шарм намедорад?

1. Воизӣ тавассути ҳаёт

1) Чӣ тавр мо фарзандони Худо дар ин дунёи дағалу вайроншуда бояд зиндагӣ намоем? (Филиппиён 2:15)

Мо дар ин дунё Чӣ гуна бояд бошем?

2) Дар Инҷили Матто 5:16 одамон чиро дида мефаҳманд, ки ҳаёти Масеҳӣ нур мегардад? Натиҷаи он чӣ гуна аст?


Шумо ҳар рӯз Он чизеро ки Шумо навиштаед,

дар саҳифае одамон мехонанд.

номаи башоратро “Дурӯғ” ё “ҳақиқат”

бо амалу суханони кадом башоратро Шумо

худ менависед тарғиб менамоед.

  1. Воизӣ бо даҳони кушода


  1. Нобинои тавассути Исо шифоёфта ягон тайёрии пешакии динӣ надошт. Бо вуҷуди он ӯ хеле нозуку самаранок шаҳодат дод. Ӯ дар бораи чӣ нақл намуд? (Юҳанно 3:25)

  2. Номаи якуми Петрус 3:15 - ро хонед.

  1. Мо дар навбати аввал бояд чӣ кор кунем, то ин ки ба дигар одамон дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат диҳем?

  2. Дар қалби мо чӣ гуна умед, ҳаст?

  3. Чӣ бояд кард, ки одамон ба он умеде, ки дар қалби мо зиндагӣ дорад, майл намоянд?

  4. Мавқеъи мо дар вақти ваъз гуфтан чӣ гуна бояд бошад?


  1. Санъати воизӣ


Исои Масеҳ ба замин омад, то одамони гумроҳшударо ёбад ва наҷот диҳад. Азбаски Исо дар мост, мо метавонем аз Ӯ хоҳиш намоем, то барои ваъз гуфтани мо ҷасорат бахшад. ҳар боре, ки мо бо одамон мешавем, бигузор ин вақти кӯтоҳаке бошад ҳам, мо бояд дар ёд орем, ки ин вақту ин ҷой ба мо барои воизии хабари хуш дар бораи муҳаббат ва авфи Худованд ҷудо карда шудааст. Тавассути воизии мо оиди башорат дар одамон бояд хоҳиши бахшидани ҳаёташон ба Исои Масеҳ тавлид ёбад. Ва ноумед нашавед, агар баъзеҳо Исоро ҳамчун Худованди худ қабул наменамоянд, зеро ин аллакай ташвиши худи Худост. Вазифаи мо бошад бо муҳаббату диққати сидқӣ ба одамон воизии Инҷил аст.

Вобаста ба вазъият санъатҳои (стратегияи) зеринро истифода бурдан мумкин аст.

  1. Агар одамон вақти шахсиашонро ҷудо карда наметавонанд, варақҳои ваъзро тақсим намоед.

  2. Агар одамон 20-30 дақиқаи вақти шахсиашонро ҷудо карда метавонанд, китобчаи “Чор қонуни рӯҳонӣ”, мисли “кӯпрук” ва дигар усулҳои самараноки тарғибро истифода баред.

  3. Агар имконияти мунтазам вохӯрдан (дар кор, дар калисо) ҳаст, бо омӯзиши Библия машғул шавед.

Гарчанде санъати тарғиб гуногун шуда метавонад, вале мазмуни башорат бояд ягона бошад. Мавзӯи башорат, ки Павлус тарғиб намуд, кадом буд? (1 Қӯринтиён 1:23-24)

Чаро одамонро, ки наҷотро доро нагаштаанд, ба Исои Масеҳ шинос намудан ин қадар муҳим аст? (1Юҳанно 14:6, Аъмол 4:2) Воизӣ – ин шиносоӣ бо ягон назария ва ё ягон фикр нест, балки шиносоӣ бо шахсияти Исои Масеҳ аст.

5. Дар вазъиятҳои муайян метавонед, он чизи аз сари худ гузаронидаатонро самаранок истифода баред. Аъмол 26:1-29-ро хонед ва мазмуни шаҳодати Павлусро ҷамъбаст намоед. Сипас кӯшиши тартиб додани шаҳодати шахсии худро намоед.

ҳаёт ва ақидаи Шумо то қабул намудани Масеҳ.

Сабабе, ки Шуморо ба қабул намудани Масеҳ водор намуд.

Тағйироти пас аз қабули Масеҳ рӯй дода.

  1. рӯзҳои воизӣ (тарғибкунӣ)

  1. То ин ки рӯзи воизӣ бомувафақият бошад, бояд дар бораи Исои Масеҳ бо қудрати Рӯҳулқудс шаҳодат дод, ва масъулияти наҷотбахшии инҷилкунониро ба Худованд ҳавола намуд. (2 Тимотиюс 4:2, Қӯлассиён 1:28-29)

  2. Дар вақти ваъз ба се лаҳзаи зерини муҳим бояд диққат дод.

  1. То ин ки Худованд моро дар лаҳзаҳои лозимӣ истифода барад, доимо омода бошед.

  2. Фикр кунед, ки ҳар як вохӯрӣ бо одамон аз ҷониби Худованд омода гаштааст.

  3. Мавзӯи сӯҳбатро ба Исои Масеҳ баргардонед.

  1. Бояд ибодат намуд. То ин ки одамон назди Исои Масеҳ ҳозир гарданд, вазифаи мо ибодат намудану дар бораи Ӯ гап задан аст. ва Оне, ки ба одамони имон медиҳаду ҳаёти ононро тағйир медиҳад, Худованд мебошад. Бинобар ин вақте, ки мо барои наҷоти онҳо ибодат менамоем, Худованд ба ибодати мо ҷавоб мегардонад. Вале ба он умед набандед, ки ибодати номуайян ва рӯякӣ амалӣ мегардад. Бояд сидқан, ба муҳаббат ва хоҳиши сахт барои наҷоти одамон ибодат намуд. Бинобар ин вақти ибодат номҳоеро зикр намоед, ки ба ибодат хеле эҳтиёҷ доранд, агар Худованд ҷавоб медиҳад, нависед, кай ва чӣ Ӯ ҷавоб дод.

  2. Мавқеъи фаъол лозим аст.

  1. Омадани одамонро интизор нашавед, балки бо Инҷил мусаллаҳ шуда, худатон назди онҳо равед. Мавқеъи интизоршавӣ, ки Рӯҳулқудс моро ба назди касе равона мекунад, дар назари аввал дуруст менамояд, вале дар асл бошад, гувоҳи надонистани иродаи Худованд мебошад. Чунки Худованд аллакай ба мо амр кардааст, ки мо ба назди халқҳо равем ва ба онҳо башоратро расонем.

2. Бо вуҷуди он ки мо бо амри Худованд тарғиб менамоем, вале рӯзҳои кории инҷилкунонӣ хеле самаранок мебошад. Бо одамоне вохӯред, ки Худованд, Шуморо бо онҳо пайваст мекунад ва ба онҳо тарғиб намоед. Онҳоро бо муҳаббат ба худ наздик кунонида озодона ба сӯҳбат ҷалб намоед. Беҳтарин мисол ин сӯҳбати Исо бо зан назди чоҳ. (Юҳанно 4:7) ё сӯҳбати Филиппус бо хоҷасарой (Аъмол 8:30) мебошад.

  1. Мавзӯи сӯҳбатро ба Исои Масеҳ баргардондан лозим.

Сӯҳбати ба калисо алоқамандро сар карда истода, мунтазам дар бораи Исои Масеҳ, ки сари калисо ва “ганҷинае дар зарфи сафолин” мебошад нақл намоед.

  1. Наҷотро бояд интизор шуд. Дар вақти ваъз гуфтан ҷавоби аксуламали одамонро интизор шавед. Ба лаёқати шахсӣ ва ақидаи худ такя нанамоед, балки ба муҳаббат, қудрат ва ваъдаҳои Худованд умед бандед.


Вохӯрии ҳафтум

________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Нома ба Эфсӯсиёнро хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯи “ҳаёт бо Рӯҳулқудс пур кардашуда”-ро хонед.

  4. Нома ба Румиён 1:16 ва Номаи якуми Петрус 3:15-ро азёд кунед.

  5. ибодати ҳаррӯза” (вақти иззату икром)-ро гузаронед.

  6. Номҳои китобҳои Аҳди қадим аз ҳастӣ то Китоби Масалҳои Сулаймонро такрор намоед.


Вохӯрии ҳафтум


Ҳаёти бо Рӯҳулқудс пур кардашуда


Рӯҳи муқаддас дар ҳама бошандагони калисо ҳаст. Вай нафақат моро аз нав тавлид месозад, балки ба мо барои дар Исои Масеҳ зистан қудрат мебахшад. Мо худамон худамонро идора карда наметавонем ва дар Масеҳ зиста, ба сарварии Рӯҳулқудс эҳтиёҷ дорем. Чунин ҳаётро Биьлия аз Рӯҳулқудс пуркардашуда меномад. Бинобар ин барои рушди ояндаи ҳаётамон дар Масеҳ (мо чор рукни асосии он: Калом, ибодат, муносибат, ва воизиро омӯхтем) боз бо Рӯҳулқудс пур шудан лозим аст.

  1. Бо Рӯҳулқудс пур шудан” чӣ маънӣ дорад?

Калимаи “пур шудан” ин ҷо бо маънии “ба сарварӣ гирифтан”-ро дорад, яъне “Рӯҳулқудсро ба сарварқ гирифтан ва бо қудрати Ӯ пур гаштан” мебошад. Рӯҳулқудс омад, то Масеҳро мадҳ намояд (Юҳанно 16:14) ва азбаски Ӯ рӯҳи Исо аст, бо Ӯ пур шудан, яъне бо Исо пур шудан, дар ҳаёти Исо зистан, хислатҳои хоси Ӯро зоҳир намудан мебошад

  1. Дар Нома ба Эфсӯсиён 5:18 бо Рӯҳулқудс пур гаштан бо аз шароб маст гаштан қиёс карда мешавад. Вазъиятеро, ки дар он бо Рӯҳулқудс пур карда шудааст, чи гуна тасвир кардан мумкин аст?

Бо Рӯҳулқудс пур гаштан ин маънои ба ҳолати динӣ тасаввуфӣ ворид шуданро надорад. Вале дар ин вақт гуфтан ҳам мумкин нест, ки ин ҳолати бидуни эҳсосот ва оқилона аст. Зуҳуроти зоҳирии аз Рӯҳулқудс пур гаштан дар ҳар одам гуногун аст. вале умуман гуфтан ҷоиз аст, ки онҳо бо Рӯҳулқудс пайвастанд.

  1. Кӣ бо Рӯҳулқудс пур мегардад?

Мо метавонем, хоҳиши бо Рӯҳулқудс пур шуданро дошта бошем. Вале моро бо Рӯҳулқудс Худои сегоник пур мегардонад. Дар Инҷили Юҳанно 20:22 Исо чи тавр ба шогирдонаш Рӯҳулқудсро дод? Дар Аъмол 8:17 ду ҳавворӣ чӣ кор карданд, то ин ки Сомариён Рӯҳулқудсро қабул намоянд? Дар Аъмол 10:44 Петрус чӣ кор кард? Дар Рӯҳулқудс истода, корҳои Худовандро бо нақши одам омехта кардан лозим нест.

  1. Чаро бо Рӯҳулқудс пур гаштан лозим аст?

Ба Исо бовар карда истода ва ҳатто ҳаёти навро оғоз карда истода, мо дар замин, ки дар ҷисм зиндагӣ менамоем, наметавонем, аз гуноҳ эмин бошем. (1Юҳанно 1:8). Барои ҳамин, чунин одам, ба монанди ҳавворӣ Павлус гуфтааст: “Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?” (Румиён 7:23-24)

Дар нома ба Ғалотиён 5:17 ин моҷаро чӣ гуна тасвир ёфтааст?

Баъзе вақт тавассути виҷдон ва рафтори хушахлоқонаи инсон ин моҷаро ҳалли худро меёбад. Вале бо сабаби он, ки мо дар ҷисм зиндагӣ менамоем, ҳама ҷидду ҷаіди мо дар охир ба мағлубияти рӯҳонӣ оварда мерасонад. Одами ноустувори мо дар ин моҷаро пирӯзӣ ба даст намеорад.

Дар Нома ба Румиён 8:9-10 ба масеҳиён чӣ гуна маслиҳатҳо дода мешавад, то ин ки онҳо дар ин моҷаро ғолиб бароянд?

  • Рӯҳулқудс=рӯҳи Худованд Падар=рӯҳи Исои Масеҳ.

4. Чӣ тавр бо Рӯҳулқудс пур гаштан мумкин аст?

Имондорон Рӯҳулқудсро дар давраи тавлиди нави рӯҳонӣ қабул менамоянд. (Румиён 8:16, 1 Қӯринтиён 12:3) Айнан аз ҳамон давра вобаста ба он ки то чӣ дараҷа онҳо бо рӯҳу ҳаёташон ба Рӯҳулқудс итоат менамоянд, рушди имондории онҳо мунтазам оғоз меёбад. Бо вуҷуди он ки ҳамаи масеҳиён зери сарварии Рӯҳулқудс мезиянд, ин маънии онро надорад, ки ҳамаи онҳо ҳаёти пур аз Рӯҳулқудсро паси сар менамоянд. Бинобар ин мо дорои наҷот гашта Рӯҳулқудсро мегирем ва дар рафти масеҳшавӣ яъне рушди имондорӣ Рӯҳулқудс мунтазам моро сафарбар менамояд. Бо Рӯҳулқудс пур гаштан ин маънои санҷиши якмаротибагиро надорад, балки мунтазам дар ҳаёти одами масеҳӣ амалӣ мегардад. Барои он ки бо Рӯҳулқудс пур гардед, бояд чунин давраҳоро паси сар намоед.

  1. Зарурияти бо Рӯҳулқудс пур гаштанро дарк намуда истода бояд бо матонат инро хоҳиш намуд.

Мо бояд бо рӯҳамон дарк намоем, ки танҳо бо имон метавон бо Рӯҳулқудс пур гашт. Ибодати сидқӣ яке аз усулҳои ифодакунии имондории мост. Кӯшиш намоед, ки бо чунин тарз ибодат намоед: “Худованд, Падари дӯстоштаи ман ба Ту эҳтиёҷ дорам. Пештар ман ҳаётамро худам сарварӣ менамудам, инак ман барои гуноҳҳои назди ту содир намудаам авф мепурсам. Шукр мегӯям, ки тавассути марги Исои Масеҳ дар салиб, ки барои гуноҳҳои ман мурд, Ту гуноҳҳои маро авф менамоӣ. Инак, ман мехоҳам, ки Ту Худованд ҳаёти маро сарварӣ намоӣ. Исои Масеҳ амр намуд, ки бо Рӯҳулқудс пур гардем ва агар бо имон аз Ӯ хоҳиш намоем, амалӣ хоҳад гашт. Худованд аз Ту хоҳиш менамоям, рӯҳи маро пок гардон ва бо Рӯҳулқудс пур намо. Ман шукргузорам ва боварӣ дорам, ки маро бо Рӯҳулқудс пур менамоӣ ва маро сарварӣ мекунӣ. Бо номи Худованди мо Исои Масеҳ дуо мекунем”.

Агар ин ибодат хоҳиши рӯҳи Шуморо ифода кунад, бовар кунед, ки Худованд худи ҳозир Шуморо бо Рӯҳулқудс пур менамояд.

2) Аз гуноҳ пушаймон шуда худро бояд тоза намуд.

Агар мо тавассути гуноҳ худамон сарвари хаётамон гардем, ин итоат накардан мебошад. Бинобар ин мо бояд барои гуноҳҳоямон авф талабем. Он вақт Худованд гуноҳҳои моро мебахшад ва аз ҳама нодурустиҳо моро пок месозад. (1Юҳанно 1:9) Авф пурсидан, яъне дар назди Худованд гуноҳҳои худро эътироф намудан, бовар кардан ба он ки тавассути хуни Исо дар салиб ин гуноҳҳо авф гаштаанд ва аз гуноҳ рӯй гардонда мавқеъи нави ҳаётро қабул кардан, мебошад.

Аз чӣ тавба кардан лозим аст? Барои ин ба ботини худ назар андозед ва бо ин ба ҳиссиёти ҳамдардӣ ба худ ғӯттавор нагардед. Ин тавр намешавад. Агар мо бо шавқ ба Худованд ва тақводории Ӯ майл мекунем ва сидқан барои гуноҳҳоямон тавба менамоем, ин кофист. Худованд мувофиқи ваъдаи худ моро авф менамояд ва бо Рӯҳулқудс пур мекунад.

  1. Пурра ҳаёти худро ба Худованд бовар кардан лозим аст. Имондориро бо дигар маънӣ бовар кардан лозим аст. Ба Худо имон оварда, мо ба Ӯ бовар мекунем ва ба Ӯ такя менамоем. Ин гуна муносибат на он вақте дарк карда мешавад, ки мо мушкилие дорем. Агар мо одами дӯстдоштаамонро аз даст медиҳем, аз беморие азоб мекашем, таҳқири норавое мебинем, вале ба Худо бовар карданро идома медиҳем, ин маънии бо Рӯҳулқудс пур буданро дорад.

  1. Маҳсули аз Рӯҳулқудс пур будан чӣ гуна аст?

  1. Дар ҳаёти рӯзмарра хислатҳои Исои Масеҳ зоҳир мегардад. Дар Нома ба Ғалотиён 5:22-23 маҳсули рӯҳ ва хислатҳои Масеҳ омадаанд. Онҳоро дар ёд доред ва кӯшиши навиштан намоед.

  2. Барои тарғиби башорат ҷасурӣ пайдо мешавад. Ваъдаи Худованд вобаста ба Рӯҳулқудс дар калисои аввалин чӣ гуна амалӣ гашт? (Аъмол 1:8; 4:31)

  3. Аз рӯи зарурият ҳадяҳои гуногун тӯҳфа карда мешаванд.

Дар калисо аввалин вақте, ки ҳама ба Рӯҳулқудс пур гаштанд, чӣ ҳодиса рӯй дод? (Аъмол 2:4)

Худованд моро бо Рӯхулқудс пур карда истода аз рӯи зарурият ҳадяҳои гуногун ҳам медиҳад. (Румиён 12:6-8, 1 Қӯринтиён 12:4-11) Онҳоро бо сипозгузорӣ қабул намудаистода мо бояд сарфи мадҳи Худованд ва мустаҳкамкунии калисои ахлоқӣ намоем.

  1. Кай бо Рӯҳулқудс пур гаштан мумкин аст?

Агар мо барои қабул намудани Рӯхулқудс омодаем, Худованд ҳама вақт эҳтиёҷоти моро қонеъ мегардонад. Бо вуҷуди он ки таъмиди Рӯҳулқудс танхо як бор рӯй медиҳад, вале пас аз ин корҳо Ӯ мунтазам зоҳир мегардад.


  1. Бори аввал (Аъмол 1:5)

  2. Идома (Эфсӯсиён 5:18)


Вохӯрии ҳаштум

________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Номаи Яъқубро хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯи “ҳаёти бар санҷишҳо пирӯзомада”-ро тайёр намоед.

  4. Нома ба Эфсӯсиён 5:18 ва Нома ба Ғалотиён 5:22-23-ро азёд намоед.

  5. ибодати ҳаррӯза (вақти иззату икром)-ро гузаронед.

  6. Номҳои китобҳои Ахди қадим, аз Китоби Воиз то Китоби Малокии Набиро дар ёд нигоҳ доред.


Вохӯрии ҳаштум


ҳаёти бар санҷишҳо пирӯзомада


Масеҳие, ки ҳатто бо Рӯҳулқудс пур гаштааст, азбаски дар ин дунё дар ҷисм мезияд, наметавонад, комилан бегуноҳ бошад. (1 Қӯринтиён 10:12) Зеро иблис чун шери жаён мегардад, то касеро тӯъмаи худ гардонад. ҳамин тавр маънии наҷоти Худовандро фаҳмидан муҳим аст, чунки нест, одаме, ки ба васваса ва гуноҳ наафтад. Танҳо бо қудрати шахсии худ такя карда ҳаёти пирӯзмандро паси сар кардан мумкин нест. Ин далелро қабул намоед, ки танҳо Худованд барои пирӯз гаштан кӯмак расонида метавонад.

Дар Библия се намуди санҷиш аст. Аз ҳар кадоми он хулоса бардоред.

  1. Санҷиш (Озмоиш) (Яъқуб 1:2-4)

  2. Васваса (Яъқуб 1:13-14)

  3. Тафтиш (ҳастӣ 22:1)

Дар ин вохӯрӣ мо маънии васвасаро дида мебароем. Номаи якум ба Қӯринтиён 10:13 калиди савол роҷеъ ба васвасаи масеҳиён мебошад. Оромона дар болои ин оят андеша ронед.

Бо кадом васвасаҳо мо дучор мегардем?

Кӣ ба мо имконияти аз болои васваса пирӯз шуданро медиҳад?

Чӣ бояд кард, ки бо васваса ба гуноҳ дигар дучор нагардем?

Худованд васвасаро аз мо дур месозад?

Худо барои мо чӣ кор мекунад?

Мо бояд чӣ кор кунем, то ба васваса дучор наоем?

  1. Инҷили Матто 6:9,13

  2. Забур 118:9,11

  3. Номаи якуми Юҳанно 5:4-5

  4. Номаи Яъқуб 4:7.

Кӯшиш намоед, ки ин ибораҳоро мунтазам истифода баред.

Ман ҳоло ба кадом васваса дучор мегардам?

Фикр кунед, ки усули озодкунии Худованд аз васваса аз чӣ иборат мебошад.

Сарчашмаи ҳамаи бадиҳо шайтон аст. вале ин маънии онро надорад, ки шайтон худаш мунтазам ба мо ҳуҷум мекунад.

Бо вуҷуди он ки Ким Ир Сен ҳодисаҳои 25 июнро сарварӣ менамуд, ин умуман маънии онро надорад, ки ӯ шахсан дар ҳамаи ҷангҳо ширкат варзидааст. Монанди ҳамин шайтон ҳам бо вучуди он ки дар ҷангҳои рӯҳонқ бевосита ширкат меварзад, вале дар бисёр мавридҳо барои ҳуҷум ба мо аз ҳама имкониятҳои дар дасташ буда истифода мебарад.

Шайтон ба мо бо се роҳ наздик мешавад. Якум, шайтон ба мо бевосита худаш ҳуҷум мекунад. Дуюм ба воситаи дунё. Сеюм ба воситаи хоҳиши ҷисми мо. Вақте ки мо ба васваса дода мешавем, бояд донем, ки он бо кадом васила мебошад. Ва вобаста ба вазъият рафтор ҳам бояд гуногун бошад.

  1. Шайтон ба мо бевосита ҳуҷум менамояд.

Иблис ё шайтон ин махлуқи шахсиятноки фавқултабии рӯҳонӣ мебошад. Библия онҳоро фариштаҳои бадахлоқшуда меномад. Иблис бо мақсади имони моро вайрон кардан бевосита ба мо ҳуҷум менамояд.

Дар натиҷаи ин тасаввуроти мо дар бораи Худованд хира мегардад, дар муносибати мо бо Худованд шубҳа пайдо мегардад, радкунии эътиборнокии Каломи Худованд ва ғайра ба миён меояд.

  1. Чӣ тавр шайтон ба Яҳудо Исқарют ҳуҷум меорад (Луқо 22:3, 13:2 Юҳанно)

Бо ин ҳуҷумҳои шайтон бояд чӣ тавр рафтор кард? Пеш аз ҳама мавҷудияти онро бояд эътироф кард. Сипас ба вай муқобил бояд истод (Яъқуб 4:7) Мушаххас чӣ тавр ба шайтон муқобил истодан мумкин аст.

Усули беҳтарин ин онест, ки Исо вақти ба шайтон муқобил истодан истифода бурда буд. Дар Инҷили Матто 4:4,6,10 Исо се бор бо суханони “навишта шудааст” ҳуҷуми шайтонро бо Каломи Худованд, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс зуҳур намудааст, мегардонад. Бинобар ин мо ҳам метавонем ба шайтон бо қудрати рӯҳулкудсу Каломи Худованд муқобилият зоҳир намоем. Агар шайтон дар дили мо тухми шубҳаро ба боварии мо нисбати наҷот коштан мехоҳад, мо имондорони Исо бояд бо суханони равшан дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ ба ӯ муқобил истем. (Юҳанно 5:24, 1Юҳанно 5:13)

Барои он ки натиҷабахш ин санҷишро паси сар намоем, мо бояд Каломи Худовандро хуб донем. Бинобар ин Библияро Худованд дар қалби худ махфуз медошт, то ин ки дучори гуноҳ нагардем, мо низ бояд бисёр Каломи Худовандро дар диламон маҳфуз дорем, то ин ки дар ваѕташ ба ҳуҷумҳои шайтон рақобат карда тавонем.



  1. Шайтон ба мо ба воситаи дунё ҳуҷум менамояд.


Шайтон ба мо натанҳо бевосита хуҷум менамояд, балки аз берун ба воситаи дунё низ ба мо ҳуҷум меорад. Дунёест, ки ин ҷо гап дар бораи он меравад, дар Номаи якуми Юҳанно 2:15-16 ҳамчун душмани Худованд ва дар Нома ба Румиён 12:2 “ин дунёе” зикр ёфтааст. Ин дунё одамонро ифода мекунад, ки наҷот наёфтаанд ва ба иродаи Худованд муқобил меистанд, ҷамъият, фарҳанге, ки бидуни иродаи Ӯ аз рӯи системаи сарват сохта шудаанд. Байни ин васваса бисёр моҳирон бо ин роҳ аз ин дунё мегузаранд. Ин васвасаҳо ба назар монанди вайронкунии қонун намерасанд, чунонки одамон дар ин бора бо қароҳат фикр мекунанд.

Баръакс ин васваса дар назари одамон чизе наменамояд, вале аз ҷониби рӯҳоният зиёни зиёде меорад.

Дар кадом соҳаҳо дунё ба хоҳиши мо такя намуда, моро ба васваса меандозад ва кадом мисолҳои мушаххасро овардан мумкин аст? (1Юҳанно 2:16)

1)

2)

3)

Як ҷуфти ҷавон ба Худованд сидқан хизмат менамуд ва банохост ба калисо ташриф оварданро қатъ намуд. Маълум шуд, сабаби ин он аст, ки онҳо бо пулҳои ҷамъкардаашон утоқ (манзил) харидаанд. Занаш пурра ба ҷиҳозонидани утоқ машғул аст ва шавҳараш вақти зиёдашро сарфи пулкоркунӣ барои харидани мошин менамудааст. Гарчанде харидани манзил, мошин гуноҳ нест, вале муҳабббати онҳо нисбати Худованд ба ин чизҳо зиёд гаштааст ва дар интиҳо онҳо ба васвасаи шайтон афтоданд.

Дар чунин озмоишҳо мо бояд кадом чораҳоро андешем?

Инҷили Матто 6:19-34-ро хонед. Чунин ташвишҳои заминӣ, ки ба рӯҳи мо ҳамлаваранд, дар ҳаёти кӯтоҳ ҷои зиёдеро ишғол менамоянд. Ва бештар дар рӯзҳои мо. Вақте, ки мо аз кӯчаҳо мегузарем, тарабхонаҳои пуршукӯҳ, мағозаҳои олиҷаноб диққати моро сӯи худ мекашанд. ҳамин, ки муҳаббати мо нисбати Худованд сард гашт, ин васвасаҳо вориди ҷои холӣ мегарданд. Аз ин васвасаҳои беруна гурехтан, маънои ҳалли онҳоро надорад (Юҳанно 17:15). Вақте ки Шумо ба воситаи дунё ба васваса гирифтор мешавед, кӯшиши аз ин дунё гурехтанро накунед, ба ҷои ин ҳама диққатро ба муҳаббататон нисбати Худованд равона созед. Барои ин бояд ба хаёти пурбаракат нигарист.

Дар бораи соҳаҳои ҳаёти пурфайзу баракат, ки мо бояд ба он муроҷиат намоем, фикр кунед.

Агар Шумо ҳаёти пурбаракатро барқарор мекунед ва муҳаббати Шумо ба Худованд гарм мешавад, ин вақт муҳаббати Шумо нисбати дунё сард мегардад. Ва ин вақт шайтон қудрати ҳуҷумкуниашро ба воситаи дунё аз даст медиҳад.

  1. Шайтон ба мо ба воситаи хоҳиши ҷисм ҳуҷум менамояд.


Шайтон ба воситаи хоҳиши беихтиёронаи одам ҳуҷум мекунад. Агар ҳуҷуми дунё аз берун бошад, пас ҳуҷуми хоҳиши ҷисмро ҳуҷуми дохилӣ номидан мумкин аст. Дар ҷисми офаридаи Худованд бадӣ ва гуноҳ нест. Бинобар ин хоҳиши беихтиёронаро гуноҳ номидан мумкин нест. Вале баъзан васваса тавассути хоҳиши шаҳвонӣ, ҳарисӣ ё дигар талаботҳои физиологӣ ба миён меояд. Баъзе масеҳиён талаботҳои физиологии Худованд додагиро нодуруст фаҳмида, беохир ба васваса дода мешаванд.

Китоби дуюми Подшоҳон 11:1-4-ро хонед. Ин мисоли беҳтарини амали шайтон ба воситаи шаҳвати ҷисм мебошад. Ин ҷо Довуд ба мағлубият дучор мегардад, вале дар Ҳастӣ 39:10 Юсуф пирӯзманд мегардад. Ин ҷо фарқият дар чист?

Фикр намоед, мо аз чӣ бояд канорҷӯи намоем, то бар васваса пирӯз шавем.

Васваса, ки ба амалҳои зишт мебарад, дар ҷаъмияти ҳозира мушкилиҳои ҷиддии зиёде пеш меорад. Як донишҷӯй ва духтари ӯ иқрор гаштанд, ки оҳиста-оҳиста ба васвасаи шаҳвонӣ дода мешаванд. Боре шабона онҳо вохӯрданд ва барои омодагӣ ба машғулияти биология аз харсангҳои соҳили баҳр обсабзҳоро ҷамъ намуданд. Пеш аз ин ба қароре омаданд: агар онҳо ба васваса дода мешаванд, онҳо якҷоя бояд сари зону зананд ва аз Худованд барои пирӯз гаштан бар васваса имдод талабанд. Дар назари аввал рафтори онҳо бошарафона менамояд. Дар асл бошад, нодонии зиёдест! Ин монанди он аст, ки сари худро ба даҳони шер меандозӣ ва аз Худованд имдод мепурсӣ, ки шер туро надаронад.

Дар номаи дуюми Тимотиюс 2:22 ба ҷавонон барои ҳалли масъалаи шаҳвониашон чӣ гуна маслиҳат дода мешавад.

Намудҳои ҳуҷуми иблис ва аксуламали ҷавобии масеҳиёнро чунин бояд тасаввур кард.


Роҳҳои васваса

Хислати васваса

Усули аз болои васваса ғолиб омадан

Рӯирост

ҳуҷуми қатъӣ



Ба воситаи дунё

ҳуҷуми беруна


Ба воситаи хоҳиши ҷисм.





Вохӯрии нӯҳум.

________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ дидан.


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Нома ба Қӯлассиёнро хонед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯи “ҳаёти масеҳии дар итоат” омодагӣ бинед.

  4. Номаи якум ба Қӯринтиён 10:13 ва Номаи Яъқуб 1:14-15-ро аз ёд кунед.

  5. Ибодати ҳаррӯза (вақти иззату икром)-ро гузаронед.

  6. Номи китобҳои Аҳди қадимро аз китоби Масалҳои Сулаймон то китоби Малокии Набӣ такрор намоед.

Вохӯрии нӯҳум


Ҳаёти масеҳии дар итоат


Фоҷеаи калисои имрӯза дар он аст, ки бисёр одамон даъват ба имонро гирифтаанд вале қисми ками одамон ба он итоат менамоянд. Дар Рӯҳулқудс зиста, меарзад имоне дошта бошӣ, ки он ҳуҷумҳои пайвастаи шайтонро мағлуб созад. Вале ба масеҳиён барои маҳфуз доштани имонашон ва монда нашуда амрҳои Худовандро иҷро карданашон зарур аст, ки Исоро пайгирӣ ва итоат намоянд. Барои корҳои Худовандро иҷро кардан, пеш аз ҳама Ӯро пайгирӣ кардан лозим аст. Ва ба Ӯ гуфт: “Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба ту медиҳам” (Матто 4:9)

Исоро пайгирӣ намудан, яъне нақша ва иродаи Ӯро вобаста ба ҳаётатон қабул кардан, худро бе ягон шарт ба Исо додан ва ба Ӯ итоат намудан мебошад.


1. Маънии итоат кардан ва мавқеъи асосӣ


Инҷили Луқо 5:1-11-ро хонед. Петрус чӣ тавр итоати худро ба Худованд зоҳир намуд? (Ояти 5)

Итоат кардан ба Исои Масеҳ дар як лаҳза метавонад, ки ояндаи моро ҳал созад. Петрус ба Исо итоат карда истода, донист, ки Исо кӣ аст ва дар анҷом шогирди беҳтарини Ӯ гашт. Вақте, ки мо ба Худованд дар ин ё он лаҳзаи камарзиш итоат менамоем, бо ин мо худамонро ба ҳаёти итоаткорона омода месозем ва хислатҳои имондорро ташаккул медиҳем.

  1. Мавқеъи масеҳӣ чӣ гуна бошад, то ин ки пурра ба Худованд итоат намояд?

  1. Вобаста ба Исои Масеҳ (Матто 28:18)

  2. Вобаста ба худ (Румиён 12:1)

3) Вобаста ба муносибати байни Исою ман (Луқо 9:23)


Барои дар итоат зистан пеш аз ҳама мо бояд объекти итоат мекардагиамонро донем, донем, ки кадом Худо аст ва ҳокимияти Ӯро эътироф намоем. Баданҳои худро баҳри қурбонӣ овардан ин маънои тамоми ҳаёти худро бо қатъият ба Худованд бахшидан, аз худ рӯй гардонидан, ба ҳаёти худпарастонаи гузашта “не” гуфтан ва ба иродаи Худованд “ҳа” гуфтанро дорад.

Касе бо кураи ҳавоӣ бо халтаҳои пур аз рег ба осмон баланд мешавад. То ин ки баландтар барояд, ӯ кам-кам регро мерезад. Ва бо андозаи рехтани рег ӯ торафт баландтар мешавад. ҳаёти масеҳӣ монанди ин аст. Чӣ қадар мо мушкилиҳои ҷисм, бадӣ ва ҳама чизи дунявиро тарк намоем, ҳамон қадар ба баландии кӯҳи баракати рӯҳонӣ баромада метавонем.


Соҳа ва объекти итоаткорӣ


Шогирдони Исо аз чӣ бояд рӯй гардонанд, то пайгири Ӯ гарданд? (Луқо 14:25-27,33) Мушаххас дар бораи ҳар кадоми онҳо фикр намоед.

  1. Оила.

  2. Ман”-и шахсӣ.

  3. Хусусӣ.

  4. Дигарон.

Соҳаи асосии итоаткории масеҳӣ масъалаи ашёи хусусӣ мебошад. Вақте ки Исо ба ҷавони сарватманд гуфт, ки амлокашро фурӯшад ва ба камбағалон тақсим намояд, Ӯ на барои он ин корро кард, ки ҷавон камбағал шавад, балки барои он ки вай пурра ба Ӯ итоат намояд. (Марқӯс 10:17-22) Алалхусус дар ҷамъияти ҳозиразамон, ки материализм бениҳоят васеъ паҳн гаштааст, ба ғайр аз ба воситаи чизҳо санҷидани итоаткорӣ усули дигаре нест.

Бо вуҷуди он ки итоаткории моддӣ ба воситаи кӯмаки моддӣ ва садақаи хуби пулӣ ошкор гардад ҳам, дар мадди аввал чӣ тавр зистани масеҳӣ аз нуқтаи назари моддӣ меистад. Агар масеҳӣ дар ҳаёти оддиаш шоҳаншоҳона мезияд, пулашро беҳуда сарф менамояд, бо вуҷуди садақакунӣ ва ёрии моддӣ расониданаш ин лаҳза гуфта наметавонем, ки ӯ пурра итоат менамояд.

2. Итоат кардан-яъне пайгирӣ намудани каломест, ки ба мо Худо додааст, барои ин инкор намудани худ кам аст. Дар асл тамоми ҳаёти мо ва душвориҳои рӯ ба рӯ омадаи мо бо иродаи Худованд , ҳамаи ин зуҳуроти итоаткорист.

  1. Ҳаёти мо аз диди Худованд чӣ гуна аст? Ин гуна пешбиниро масеҳии итоаткор бояд чӣ гуна қабул намояд? (Воиз 7:14)

  2. Масеҳии итоаткор вақте ки ба душворӣ дучор меояд, чӣ гуна мавқеъро ишғол намояд? (Филиппиён 1:29, Румиён 8:17-18)

Исо, ки ба иродаи Худованд итоат менамуд, дар бораи маргаш дар салиб чунин мегӯяд “Ба ростӣ, ба ростӣ ба Шумо мегӯям; агар донаи гандум дар хок афтода намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон орад, ӯ бояд итоат намояд ва бимирад. Дар зери чунин марг таккабури мо, имтиёзҳои мо, ғурури мо, воситаҳои ҳузуру ҳаловати мо дар назар дошта шудааст”.

  1. Гарчанде, ки объекти итоати комил Исои Масеҳ аст, вале масеҳиён боз объектҳои итоат дар оила, калисо ва дар ҷамъият доранд.

  1. Дар оила (Эфсӯсиён 5:22,25;6:1)

  2. Дар калисо (1Петрус 5:5)

  3. Дар кор (Қӯлассиён 3:22)

  4. Дар ҷамъият (Румиён 13:1)

Вале ин ҳама тобегии мутлақ нест, зеро баъзе вақт барои ба Худо итоат намудан, ба онҳо мухолифат намудан лозим аст. (Аъмол 4:19)


Мисолҳои итоаткорӣ.


  1. Дар Библия яке аз мисолҳои бузурги итоаткорӣ ин дар симои Иброҳим аст.

  1. Аъмол 12:4, Ибриён 11:8 ва Аъмол 22:1-3, 9-12-ро хонда фикр кунед, ки дар кадом лаҳзаҳо ва ба кадом амрҳо ӯ итоат намуд.

  2. Дар Аъмол 22:17-18 вақте ки Иброҳим итоат карда писарашро барои қурбонӣ бурд, Худованд ба Иброҳим чӣ ваъда кард?

  1. Яке аз мисолҳои итоат накардан дар Библия ин Шоул аст. дар 1Подшоҳон 15:18-23 ӯ ба ҷои итоат намудан худро сафед намудаистода бо хости худаш хидматгузорӣ намуд.

  1. Аксуламали Самуил ба ин чӣ гуна буд?

  2. Якравӣ ва хиёнат ба чӣ қиёс карда мешавад?

  3. Оқибати беитоатии шоҳ Шоул чӣ буд?

  1. Итоаткорӣ ва беитоатӣ ҳаст, ки онҳо рафти таърихро иваз намудаанд. Нома ба Румиён 5:19-ро хонед.

  1. Одам ба чӣ итоат нанамуд ва натиҷаи беитоатӣ чӣ буд?

  2. Чӣ тавр Исои Масеҳ итоат намуд ва оқибати итоаткории Ӯ чист?

  3. Итоаткории Исои Масеҳ ба масеҳиён чӣ гуна таъсир мерасонад? (Ибриён 5:8-9)

  1. Ҳаёти масеҳиён дар итоат ин худаш баракат аст. новобаста ба ин Худованд ба одамони итоаткор ваъдаҳои гуногун дод.

1) Ду натиҷаи итоаткорӣ ба ҳақиқати Худованд чӣ гуна аст? (1Петрус 1:22)

2) Чӣ бояд кард, то ба дуоҳо ҷавоб гирифта шавад? (1Юҳанно 3:22)

  1. Корҳои Худовандро масеҳиён бояд бо ёрии Рӯҳулқудс ба анҷом расонанд. Кӣ дорои Рӯҳулқудс шуда метавонад?

(Аъмол 5:32)

  1. Барои масеҳиёни итоаткор кадом баракатҳо омода шудаанд.

  1. Инҷили Юҳанно 15:10.

  2. Инҷили Юҳанно 15:14.

  3. Инҷили Юҳанно 14:23.

  4. Номаи Якуми Юҳанно 2:5.

Сустӣ дар итоаткорӣ итоат накардан аст”

Масеҳӣ то ин ки итоаткор бошад, бояд ба фикри Худованд, ҳаёти Худованд нишон додагӣ, бо овози Худованд ва ёрии Худованд зиндагӣ намояд.


Вохӯрии даҳум.

________________________________________________

Супориш барои тайёрӣ дидан.


  1. Ваъзи якшанбегиро нависед.

  2. Номаҳои якум ва дуюми Петрусро нависед.

  3. Пешакӣ ба мавзӯӣ “Хидматгузорӣ” омода бошед.

  4. Нома ба Румиён 12:1 ва Инҷили Луқо 9:23-ро азёд намоед.

  5. ибодати ҳаррӯза” (вақти иззату икром)-ро гузаронед.


Вохӯрии даҳум.


Хидматгузорӣ


Ва ба онҳо гуфт: “Маро пайравӣ кунед ва Ман Шуморо сайёди мардум гардонам” (Матто 4:19)

Барои кори Исоро иҷро намудан, Ӯро пайгирӣ намудан ва бо Ӯ дар муносибат будан лозим аст. Одамони Исоро пайгирӣ мекардагӣ ва ба Ӯ итоат менамудагӣ кори Ӯро иҷро карда метавонанд. Маҳсули тарбияи мо хидмати Худоро иҷро намудан бояд бошад.

Дар замони мо одамони бисёре ҳастанд, ки дар калисоҳо ҷойҳои холиро ишғол намуда, дар як ҳафта як бор ваъзро гӯш карда, фикр мекунанд, ки ҳаёти масеҳиро паси сар менамоянд. Сабаби чунин мавқеъи ғайрифаъол доштаи онҳо дар он аст, ки тарбияи дуруст надидаанд. Агар онҳо тайёрии лозимиро гузаронанд, мавқеъи онҳо фаъол мегардад. Бинобар ин маҳсули тарбия хидмати Худовандро ҳисобидан мумкин аст.

Агар ислоҳоти 1500 солаи калисо ба имондорони қаторӣ Библияро дода бошад, пас ислоҳоти баъдинаи рӯҳонӣ бояд хидматгузориро ба диндорони каторӣ диҳад. Франсис Лирес гуфтааст: “Агар мо таъмид ёфтаем, ин новобаста ба он ки роҳиб дасташро ба мо гузоштааст ё не, мо аллакай хидматгузорем

То ин ки имондори қаторӣ фаімад, ки Ӯ хидматгузори Худост ва аз ӯҳдаи кораш барояд, барои ӯ донистани ин панҷ модда муҳим аст.

  1. Нигоҳи Библиявӣ ба калисо.

Масеҳиён бояд бештар диққатро на ба он равона кунанд, ки барои калисо чӣ бояд кунанд, балки ба он ки онҳо калисоро чӣ тавр таҷассум менамоянд (Эф Си Мате)

Вақте дар бораи масеҳӣ мегӯянд, ки Ӯ дар ҳайати калисо аст, ин ба Библия мутобиқат наменамояд. Вакте мегӯянд, ки Ӯ барои калисо ё дар калисо кор мекунад, ин ҳам аз рӯи Библия нест. Пас Библия дар бораи муносибати тарафайни масеҳӣ ва калисо чӣ мегӯяд? (Эфсӯсиён 2:20-22)

Худи ба калисо меомадагиҳо калисоро ташкил менамоянд. Бинобар ин барои хидматгузории бошандаи калисоро донистан, худи кори калисоро донистан лозим аст. Омилҳои асосии ташаккулёбии калисо хидматгузорӣ ба Худованд ва муносибат мебошад. Вале барои он ки калисо монанди бадани Исои Масеҳ зиндагӣ ва амал намояд, бояд худро ба он корҳое бахшид, ки Исои Масеҳ дар ин замин зиндагӣ карда истода менамуд. Кӯшиш намоед, ки корҳои кардаи Исои Масеҳро дар Инҷили Матто 4:23 дар се модда ҷамъбаст намоед. Онҳо ба таъминоти ҳар як калисо чӣ гуна муносибат доранд?

  1. Маълумотгирӣ, тарбия ва рӯҳонӣ мусаллаҳ гаштан.

  2. Паҳн кардани Инҷил, миссионерӣ дар хориҷа.

  3. Хидматгузорӣ дар ҷамъият, иштирок дар корҳои амалӣ.

ҳар як хидматро аз калисо-бадани Масеҳ оғоз намудан лозим аст. ҳамаи масеҳиён бояд ба одами мушаххас, ба якдигар, инчунин одамоне, ки берун аз калисоанд, хидмат гузоранд. ҳамин тавр вақте, ки масеҳиён ҷамъ мешаванд, калисо ин се таъинотро иҷро менамояд, ва вақте ки пароканда мешаванд, ҳар як масеҳӣ бояд нақши калисои худро иҷро намояд.

  1. Назари библиявӣ ба имондорони қаторӣ.

Бисёр вақт мо мешунавем: “Вале ман танҳо бошандаи қатории калисоям” Дар назари аввал чунин менамояд, ки одам аз хоксорӣ ин тавр мегӯяд, вале дар асл бошад ӯ даъвати Худовандро намефаҳмад. Библия мегӯяд, ки ҳамаи масеҳиён-хидматгузоранд. Бисёриҳо ҳисоб мекунанд, ки имондорони қаторӣ объекти хидматгузории роҳибӣ нестанд, балки баръакс шахсони асосии амалкунандаи хидматгузории калисоянд.

Моҳияти хидматгузории имондори қаторӣ дар чист?

  1. Масеҳиён набояд ресмони баста бошанд ва на чангак, балки моҳидороне бошанд, ки одамонро медоранд. (Матто 4:19)

  2. Масеҳиён ин маззаи намакро фаромӯшнакардагонанд. (Матто 5:13)

  3. Масеҳӣ ин чароғи хомӯшношуданист. (Матто 5:14)

  4. Масеҳӣ ин механизми хуб коркунанда мебошад (Матто 9:38)

  5. Масеҳиён ин табақаҳои ғундоштанашуда мебошанд (ҳизқиёл 18:7)

Калисоҳо худро аз ҳад зиёд аз ҳамсояҳо ҷудо кардаанд, танҳо ба дохили худ нигаронида шудаанд, бинобар ин онҳо наметавонанд аз башорат дарак диҳанд. Калисоҳо нисбат ба оне ки Навиштаи Муқаддас мехоҳад, берун аз дунё вуҷуд доранд. Вале Библия таълим медиҳад, ки масеҳиён бояд дар дунё зиндагӣ намоянд. Калисоҳо монанди Сари Онон - Исои Масеҳ дар шаҳрҳо ва қишлоқҳои пур аз зулму, ифлосӣ ва гуноҳ бояд баданҳои муқаддас гарданд” (Доналд Мекаброн)

Дар Номаи якуми Петрус 2:4,5,9,10 тавсифҳо дар бораи масеҳӣ оварда шудааст, онҳоро нависед ва дар бораашон фикр намоед.

1)

2)

3)

4)

5)

  1. Назари библиявӣ ба тӯҳфаҳо.

Худованд ба мо хидматгузориҳои муайянро амр намуда ва барои амалӣ гаштани онҳо тӯҳфаҳои гуногунро ҳам медиҳад. Бо тӯҳфаҳои гирифта фахр кардан лозим нест, ки ин подоши хизмат ҳаст, ва онҳоро истифода набурдан ҳам лозим нест, чунки Худованд онҳоро баҳри иҷро намудани амалҳои худ медиҳад.

Дар бораи тӯҳфаҳо дар Румиён 12:6-8, 1 Қӯринтиён 12:8-11 ва Эфсӯсиён 4:11 гап меравад. Дар байни онҳо ҳафт тӯҳфаи дар Румиён дарҷёфта дар ҳаёти ҳақиқии масеҳӣ бо осонӣ зуҳур меёбанд. Кӯшиш намоед, кӯтоҳакак онҳоро шарҳ диҳед.

1)

2)

3)

4)

5)

6)

7)


Муҳим, ин хусусиятҳои хосаи тӯҳфаҳоро дарк кардан ва оҳоро дар амал истифода бурдан аст. Он вақт мо наметавонем, одамони дигарро, ки чунин тӯҳфаҳоро доранд маҳкум намоем ва пурра дигаронро низ фаҳмида метавонем, ки тӯҳфаҳои дигарро дороанд.

  1. Назари Библиявӣ ба таълимдиҳӣ.

Барои хидматгузорӣ тӯҳфаҳои гуногун лозиманд. Вале барои он ки бо ёрии тӯҳфаҳо меваҳо ҳосил гарданд, омӯзиш, таълим лозим аст. Нодуруст аст, вақте ки дар калисо бе тайёрӣ кори муҳимеро супориш медиҳанд. Одаме ки мехоҳад ба Худо хидмат гузорад, бояд ҷиддӣ ва сари вақт ба ин кор омода гардад. Гузаштани курси омӯзиш мувофиқи тӯҳфаҳои гирифташуда, метавонад тайёрии хуб барои хидмати калисо гардад.

Яке аз мушкилиҳои калисо дар он аст, ки мураббиёни каме ҳастанд, ки хоҳиши таълим додани имондорони қаториро дошта бошанд ва кам имондороне ҳастанд, ки хоҳиши омӯхтанро дошта бошанд. Баъзеҳо бинобар душворӣ хондан намехоҳанд, баъзеи дигар дар ин кор заруриятро намебинанд. Вале барои он ки калисо ба калисо монанд бошад, ҳатман рафти таҳсил барои омодасозии имондорон лозим аст.

Исо шогирдонашро чӣ гуна таълим медод? (Марқӯс 3:13-15) Инро дар калисо чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст?

  1. Даъват ва интихоб гаштан.

  2. Якҷоя будан.

  3. Барои воизӣ фиристодан.

Курсҳои тайёрии гуногуни имондорон мавҷуданд.

  1. Курси тайёрии иззату икром: вақти иззату икром, азёд намудани Библия ва дигарон.

  2. Курсӣ воизӣ: инҷилкунонии индивидуалӣ, омӯзиши инҷилии Библия ва дигарон.

  3. Курси тарбияи шогирдон.

  4. Курси машваратҳо.

То ин ки тайёрӣ натиҷабахш бошад, лаҳзаҳои зеринро истифода баред.

  1. ҳиссиёти таъиноти хидматгузории худро фаромӯш насозед.

  2. Одамонеро ҷӯед, ки монанди шумо лаёқат (тӯҳфа) доранд ва сидқан хизмат менамоянд.

  3. Каломи Худовандро омӯзед ва адабиёти рӯҳониро хонед, онҳо дар хидматгузории шумо лозиманд.

  4. Дар бораи истифодабарии тӯҳфаҳои гирифташуда фикр кунед.

  5. Хидматгузории худро хоксорона оғоз намоед, ҳатто агар шумо таҷрибаи калони ҳаёти калисоӣ дошта бошед ҳам.

  6. Дар он маҷлисҳое ширкат варзед, ки шуморо ба ҷидду ҷаҳд ва фидокорӣ тела менамоянд.

Назари Библиявӣ ба дунё;

Имондороне, ки барои иҷрои вазифаашон омода мегарданд, бояд дар бораи ҷои хидматгузориашон тасаввуроти дуруст дошта бошанд. Бисёр масеҳиён хидматгузориашонро танҳо дар калисо маҳдуд месозанд. Вале дар асл бошад, ҷои хидматгузории мо тамоми дунёст, ки мо дар он зиндаги ва кор менамоем. Бисёр дигар имондорон ба ноҳия ё кишвари худ маҳдуд мешаванд, гарчанде ҷои хидматгузории мо тамоми дунё бо гӯшаю канорҳояш мебошад (Аъмол 1:8). Ва танҳо вақте ки ҷаҳонбиниямон васеъ мегардад, мо метавонем вазифаамонро бо маънии томаш иҷро намоем.

  1. Аз рӯи Суханони Исо вай бо шогирдонаш чӣ гуна муносибат менамояд? (Юҳанно 17:18, 20:21)

Дар Аъмол 8:4 дар кадом хидматгузорӣ имондорон ширкат меварзанд?

2) Павлус башоратро дар куҷо ваъз намуд? (Аъмол 17:17). Дар ҳар гӯшаи замин бояд башорат ва номи Исо эълон карда шавад. Ва ҳама корҳои рӯзмарраи мо аз душанбе сар карда то шанбе ин мадҳу ситоиш намудани Худованд мебошад. Ва вақте ки корҳои мо муносибати дурусти тарафайни мо бо Худоро ифода менамояд, онон хидматгузории зинда ба Ӯ мешаванд.

3) Исои Масеҳ ба шогирдон дар охири вақти хайрухуш чӣ ваъда дод? (Аъмол 1:8)

4) Рӯҳулқудс ба Барнабо ва Павлус чӣ кор кард? (Аъмол13:2-3)

Башорат бояд дар ҳама гӯшаи замин паҳн карда шавад. Алалхусус ҳозир, ки тамоми дунё ба қишлоқи ягона табдил меёбад, чунин имондороне лозиманд, ки дунёро ҳамчун калисои азизашон қабул намоянд.


Вохӯрии ёздаҳум


Мундариҷаи оятҳои муҳим


    1. Исои марказшуда (Ғалотиён 2:20)

    2. Исои марказшуда (Юҳанно 15:5)

    1. Боварқ ба наҷот (1 Юҳанно 5:13)

    2. Боварқ ба наҷот (Юҳанно 5:24)

    1. Хусусиятҳои Худованд (Вақоеънома 29:11)

    2. Хусусиятҳои Худованд (Забур 36:5-6)

4-1. Каломи Худованд (2 Тимотиюс 3:16)

    1. Каломи Худованд (1 Петрус 2:2)

    1. Ибодат (Юҳанно 15:7)

    2. Ибодат (Филиппиён 4:6-7)

    1. Муносибат (Румиён 12:4-9)

    2. Муносибат (Румиён 13:34-35)

    1. Воизӣ кардан (Румиён 1:16)

    2. Воизӣ кардан (Петрус 3:15)

    1. Ҳаёти аз Рӯҳулқудс пургашта (Эфсӯсиён 5:18)

    2. Ҳаёти аз Рӯҳулқудс пургашта (Ғалотиён 5:22-23)

    1. Ҳаёти бар санҷишҳо пирӯзомада (1 Қӯринтиён 10:13)

    2. Ҳаёти бар санҷишҳо пирӯзомада (Яъқуб 1:14-15)

10-1. Ҳаёти дар итоатбуда (Румиён 12:1)

10-2. Ҳаёти дар итоатбуда (Луқо 9:23)

11-1. Ҳаёти дар хидматбуда 9 (1Петрус 2:9)

    1. Ҳаёти дар хидматбуда (1 Қӯринтиён 3:9)


Вохӯрии ёздаҳум


Барои оне,ки ин омӯзишро тамом кард


Усулҳои тарбияи якка ба якка


Шумо бо Исо вохӯрда ва дар бораи Ӯ дониста истода, то ин ки шогирди Ӯ гардед, тайёриро гузаштед. Шумо на танҳо бо имон ба Исои Масеҳ ба наҷот боварӣ ҳосил намудед, балки ба воситаи Исои Масеҳ табиати Худоро дониста, ақидаи шумо ба дунё тағйир ёфт. Ин имонро асос карда, шумо Каломи Худовандро омӯхтед ва чӣ тавр ба воситаи ибодат бо Худо муносибат карданро ёд гирифтед.

Бо Исои Масеҳ дар як бадан шуда муҳимияти муносибат бо хоҳарону бародаронро аз як тараф дарк карда истода, мо дарк намудем, ки дар ин дунё бояд шоҳиди Исои Масеҳ гардем. Мо дар ҳаёти мунтазами имондор калиди бо Рӯҳулқудс пур гаштанро пайдо намуда сипас аз болои васвасаи шайтон пирӯзшавиро омӯхтем. Ва то ин ки шогирди Исо гардем, қарор додем, ки пурра ба Худо итоат намоем ва якҷоя дар корҳои Ӯ иштирок варзем.

Акнун шумо ҳамчун шогирди Худованд тайёрии ибтидоиро гузаштед. Дар оянда низ мунтазам омӯхтан лозим аст. Вале ҳоло Худованд мехоҳад хоҳиш намоед, ки шумо он чизи омӯхтаатонро ба дигар шахсони содиқ диҳед. (2Тимотиюс 2:2) Айнан чуноне ки шумо курси тайёриро гузаштед, Худованд мехоҳад, ки дигар одамонро низ ҳамин хел тайёр намоед. Албатта ин корро кардан барои шумо душвор аст. Вале агар шумо қудратеро, ки дар шумо амал мекунад, пайгирӣ намоед, аз ӯҳдаи ин кор мебароед. (Қӯлассиён 1:29)

Мураббиягиро ба воситаи васвасаи Библия якка ба якка ёд гиред. Он чиро ки пештар омӯхта будед, такрор намоед. Ва одамонеро таълим диҳед, ки ба Шумо бовар мекунанд.


Усулҳои таълими индивидуалӣ


ҳоло дар мамлакати мо шумораи одамоне, ки ба калисо барои шунидани ваъз меоянд, меафзояд. Вале дар байни онҳо одамони каме хастанд, ки башоратро дуруст дарк намоянд ва Исои Масеҳро ҳамчун Худованди Худ қабул намоянд. Ба ғайр аз ин дар байни онҳое, ки қарор додаанд ба Исои Масеҳ бовар намоянд, тайёрии зарурӣ дидагиҳо каманд.

Профессор Билли Грем чунин меҳисобад, ки 5 фоизи ҳаёти масеҳӣ аз қарор вобаста асту 95 фоизи боқимондааш аз тарбия.

Чӣ тавре ки калисо ҷидду ҷаҳдашро ба паҳн кардани Инҷил сарф менамояд, ҳамин тавр имондор ҳам бояд ҷидду ҷаҳдашро сарфи нумӯи рӯхониаш намояд.

  1. Тарбия бо воситаи калисо.

Мақсади тарбияи масеҳӣ-то ба Исои Масеҳ ба камол расидан (Эфсӯсиён 4:15) ва рафти тарбия бошад ба воситаи коллективи калисо тавассути Калом мебошад. “Аз Ӯ тамоми Бадан ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ин ки худро дар муҳаббат бино кунад”. (Эфсӯсиён 4:16)

  1. Тарбия дар маҷлисҳои калон. Маҷлиси калон

  2. Тарбия дар гурӯҳҳои начандон калон.

  3. Тарбияи индивидуалӣ

2. Фаҳмиши асосии тарбияи индивидуалӣ.

Гурӯҳи хурд якка ба якка

1) Мураббӣ ин муаллим, лектор нест, вале ӯ бояд волидайни рӯҳонӣ бошад. (1 Қӯринтиён 4:5; Ғалотиён 4:19)

Волидайн”-е, ки башоратро тавлид мекунад, метавонад мунтазам тарбия намояд. Ва тавассути башорат масеҳии аз нав тавлидшуда хам метавонад, тарбия намояд. Он вақт гуфтан мумкин аст, ки шумо ҳам волидони рӯҳонӣ гаштед.

2) Рафти тарбия –ин нафақат додани дониш, балки рафтест, монанди тарбияи фарзандон аз ҷониби волидон. (1Таслӯникиён 2:7-8,11; 1Петрус 2:2) То ин ки масеҳии комил гардед чор шарт лозим аст.

  • Муҳаббати гарму ҷӯшон (1 Қӯринтиён 13:1-3)

  • ғизои рӯҳӣ (Матто 4:4)

  • Васигии бодиққат (Эфсӯсиён 6:10-12)

  • Тайёрии ҷиддӣ (Матто 28:20; Ғалотиён 6:7)

  1. Мақсади тарбия ин он нест, ки мураббӣ дорои шогирд гардад, балки Ӯро шогирди Исои Масеҳ гардонад ва дар Исои Масеҳ масеҳии комилро ба воя расонад. (Қӯлассиён 1:28) Ва барои ин мураббӣ бояд тарзе зиндагӣ намояд, ки он ба ҳаёти Исои Масеҳ монанд бошад. (1 Қӯринтиён 11:1)

  2. Сарчашмаи тарбия лаёқати шахсӣ ва истеъдоди мураббӣ набуда, балки Рӯҳулқудси дар Ӯ амалкунанда мебошад. (Қӯлассиён 1:29).

3. Муҳимияти тарбияи индивидуалӣ.

  1. Одами аз нав тавлидёфтаро ҳифз мекунад ва нумӯи ӯро таълим медиіад. (Айюб 39:13-16)

  2. Имконияти рӯҳан аз нав тавлидёфтаро медиҳад.

(2 Тимотиюс 2:2)

3) ҳатто онҳое, ки истеъдоди муаллимӣ надоранд, метавонанд, таълим диҳанд. (Аъмол 18:4,26)

4. Омилҳои асосии ба маҳсулнокии тарбия таъсир мерасондагӣ .

  1. Муносибат: муносибати ман бо Худо ва мураббӣ муҳимтар аз услубшиносии таълим мебошад.

  2. Матонат: Набояд гузошт, ки тарбия ба як барномаи расмии вақту мӯҳлатдошта табдил ёбад.


Дар рафти шиддатноки ҳаёти муосир бояд бо матонат вақтро пайдо намуд. Барои ин ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед.

Оё ман рафти таълими индивидуалиро муҳим мешуморам?”

Оё ман вақти вохӯрӣ бо бародарону хоҳаронро хушбахтиовар меҳисобам?”

  1. Нигаронидан: Дар рафти тарбияи индивидуалӣ нисбат ба тарбия дар маҷлисхои калон, гурӯҳҳои начандон калон муҳим аст, ки диққат ба масеҳиёни ҳақиқӣ ва содиқ нигаронида шаванд.

  2. Мӯҳлат: дар тарбияи индивидуалӣ роҳи тезу кӯтоҳ нест. Се сол (назди Исо), ду сол (назди Павлус) ва камаш шаш моҳ.

  3. Муҳит: тарбияи индивидуалӣ на бояд ваъзу хидматгузории Худоро иваз намояд. Барои таълими дуруст албатта муҳити рӯҳонии калисо лозим аст.

  1. Истифодабарии мавзӯҳои таълимӣ дар рафти тарбия.

  1. Кӯтоҳакак мавзӯҳои ҳар як дарс ва хулосаи онро истифода бурдан мумкин аст.

  2. Вобаста ба шогирд созишкор будан лозим аст. (1 Қӯринтиён 9:22-23)

  3. Вазифаҳои хонагиро санҷидан ва душвориҳои ҳаётиро бо ҳам дидан лозим аст.


Гузориш




Азназаргузаронии барнома.


Муқарраркунии вазифа.


Рӯйхати маълумотдиҳандаи адабиёт.


Сарварӣ барои мураббиён.



Азназаргузаронии барнома

  1. Хидматгузории коллективҳои миссионерӣ.

Аз соли 1960 коллективҳои миссионерии донишҷӯӣ хидматгузории худро бо маънои томаш аз майдонҳои донишгоҳҳо оғоз намудаанд. Ин гурӯҳҳои миссионерӣ нисбат ба хидматгузории анъанавӣ дар калисо қудрати худро ба хидматгузории нав равона карданд ва бо ин насими навро вориди калисои кореягӣ намуданд.

Махсусияти хидматгузории онҳо дар ин аст.

  1. Онҳо бештар ба ваъзи индивидуалӣ такя менамоянд ва барои ин гуна фаъолият курсҳои тайёрӣ доранд. (Чор қонуни рӯҳонӣ, мисли “кӯпрук”, омӯзиши Библия бо мақсади воизӣ намудан)

  2. Дар вақти ваъз гуфтан диққати имондорон ва шунавандаҳоро ба масъалаи боварии қатъӣ ба наҷот менигаронад.

  3. Барои рушду нумӯи минбаъдаи имондор ҳар гуна барномаҳои таълимӣ тартиб дода шудаанд, ки яке аз онҳо таълими якка ба якка мебошад.

  4. Агар дар калисои анъанавӣ ба бошандагони он шунидани ваъз ва хондани Библия одат шуда бошад, ин ҷо омӯзиши Библия (индивидуалӣ гурӯҳҳои начандон калон), азёд кардани оятҳои Библия, андеша дар болои Калом, гузаронидани “ибодати ҳаррӯза” (вақти иззату икром) муҳим аст ва бинобар ин ҳама диққат ба ин равона карда мешавад.

  1. Мушкилиҳо дар фаъолияти коллективҳои миссионерӣ.

Ин коллективҳои миссионерӣ дар кори азнавсозии калисои кореягӣ саҳми босазое гузоштаанд. Вале дар баробари ин онҳо мушкилиҳои зиёдеро ба миён оварданд. Бинобар ин байни онҳо ва дигар калисоҳо моҷароҳо бархостанд. Сабаб дар он аст, ки вақти хидматгузории онҳо баъзе лаҳзаҳои ҳалталаб мавҷуданд.


Гарчанде, ки васеъ кардани вазъи индивидуалӣ муҳим аст, вале

як тамоил ҳаст, ки маҳсули инҷилкунонӣ ба калисо ворид намегардад ва ба башорати ваъзкардашуда нуқтаи назари масеҳӣ ба дунё кифоягӣ наменамояд.

  1. Гарчанде, ки ба одамон додани боварии қатъӣ ба наҷот хуб аст, вале боз тамоилҳое ҳастанд, ки усулҳои тақлидкуниҳои наҷотро маҳдуд месозанд. Вобаста ба хислатҳои гурӯҳ тарафҳои софдилӣ, садоқат, ироданокӣ ва эҳсоснокии имон қайд карда мешавад.

  2. Азбаски таълими якка ба якка ва дигар барномаҳои тайёрӣ ба ҷамъиятҳои калисоӣ на он қадар алоқаманданд, одамоне ки чунин тайёриро гузаштаанд, дар рафти корашон дар калисо ба душвориҳо рӯ ба рӯ меоянд.

  3. қайд кардани муҳимияти омӯзиши Библия ва андешаронӣ (ибодати ҳаррӯза) муҳимияти воизӣ ба Худо хидматгузории якҷояро заиф мегардонад.

  1. Барномаи тарбияи шогирдон дар калисо .

Чунин барномаҳо, тарафхои беҳтарини фаъолияти коллективҳои миссионериро истифода бурда, лаҳзаҳои мушкили онҳоро барҳам дода, мақсад мегузоранд, ки дар дохили калисо барномаи самарабахши таълиму тарбияро ҷорӣ намоянд.

  1. Воизӣ намудан.

Ба одамоне, ки ба калисо меоянд, яку якбора тамоми Инҷил тарғиб карда намешавад, балки мунтазам вохӯрда истода, дар шаклӣ оддӣ (омӯзиши Инҷили Библия) Библия омӯхта мешавад.

Пас аз оне, ки шавқи онон нисбати калисо ташакул меёбад, диққат ба шахсияти Исои Масеҳ, сари калисо равона карда мешавад. Дар тӯли чор ҳафта шиносоии наздики онҳо бо Исои Масеҳ ба вуқӯъ мепайвандад. Ва дар охир, агар бошандаи калисо қарор медиҳад, ки ба Исои Масеҳ бовар кардан мумкин аст, Ӯро ба ҳайати калисои ноҳиявӣ ворид месозанд.


Эътиқод ба наҷот.

Эътиқод ба наҷот тавассути даҳ саволи ташхисӣ ташаккул меёбад. То ин ки тасаввуроти нодурустро вобаста ба эътиқод ба наҷот барҳам диҳем, нақши ҳиссиёт, ақл ва ирода ба имон ин ҷо мавқеъи баландро мегирад. Ва ҳамаи ин барои он карда мешавад, ки ягон гурӯҳ ё калисои ноҳиявӣ аз рӯи хости худаш ченак(маҳак)и наҷотро пешниҳод нанамояд.

  1. ибодати ҳаррӯза

Одамоне, ки ба наҷот эътиқоди қатъӣ доранд ва муносибаташонро бо Худованд барқарор намудаанд, ҳамеша баҳри муносибат бо Ӯ эҳтиёҷ доранд. Барои он ки мунтазам бо Худованд дар муносибат бошӣ, ҳатман ибодати ҳаррӯзаро иҷро кардан лозим аст.

  1. Тарбияи якка ба якка.

Диққати ҷиддӣ ба рушду нумӯъи ҳар як одам равона карда мешавад, дар шогирдон муносибат бо калисо ҳамчун бадани Масеҳ, ки онҳо низ аъзоёни ҳайати он мебошанд, ташаккул меёбад, масъулияти иҷтимоии шогирдон, ки ин тайёриро гузаштаанд, таъкид карда мешавад.

  1. Омӯзиши Библия.

ҳамчун чизи ягона воизӣ ва омӯзиши Библия шарҳ дода ва алоқаманд карда мешаванд, бештар диққат ба матнҳои асосии Библия равона карда мешавад, на ин ки ба сюжетҳои асосӣ, инчунин қайд карда мешавад, ки на танҳо фаҳмидани матнҳои Библия муҳим аст, балки онро ба вазъияти муосир ва эҳтиёҷоти ҳақиқии мавҷуда алоқаманд кардан лозим аст.


Рӯйхати адабиётҳои маълумотдиҳанда


Сарварӣ барои мураббиён


Шояд дар шумо бо имондорони нав муносибатҳои махсусу маънидоштае пайдо мегардад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Шумо худатон бештар дорои баракат мегардед, нисбати дигар одамоне, ки Шумо ононро меомӯзонед.

Мавзӯҳои таълимии “Тарбияи якка ба якка” асосан барои тарбияи масеҳиёни нав таъин гаштааст. Мо ҳамчун масеҳиёни итоаткор бояд чунин рафтор намоем.

Омода сохтани шогирдон


Пас, биравед ва хамаи халқҳоро шогирд бисозед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таълим диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро ки ба Шумо фармудам, ба ҷо оваранд: ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳа стам” Омин (Матто 28:19,20)

Онҳоро одамоне кардан лозим, ки истеъдоди ба дигар одамон таълим доданро дошта бошанд.

“Ва он чиро, ки аз Ман дар ҳузури шоҳидони бисёр шунидаӣ, ба одамонӣ мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд” (2.Тимотиюс 2:2)

Ба шогирдон ёд додани он лозим аст, ки ба талаботҳои ҳаёти Исои Масеҳ идоракунанда, итоат намоянд. Он гоҳ онҳо метавонанд, шогирдони содиқро тарбия намоянд, шогирдон бошанд, дигаронро ва ҳамин тавр ин рафт мунтазам такрор меёбад.


Якчанд қоидаҳои асосӣ.


  1. Барои як бор мавзӯи бисёр нагиред. Дар як вохӯрӣ як дарсро гиред.

  2. Дар ибтидои ҳар як дарс диққати асосиро ба мундариҷаи “суққони киштӣ” равона кунед.

  3. Эътиқод ба наҷот хеле муҳим аст. то оне ки шогирд дорои чунин эътиқод намегардад, якҷоя машғулият гузаронед ва ибодат намоед.

  4. Бо таҳаммул ва зиракӣ эҳтиёҷоти рӯҳониро ҳис намоед. Лаёқати индивидуалии шогирдро ба ҳисоб гирифта ба пеш майл намоед. Як шогирд метавонад мавзӯро аз дигар шогирд беҳтару тезтар дар намуна аз худ намоянд.

  5. Вақте, ки шогирд ба дарс ҳама вазифаҳоро тайёр карда меояд, албатта ӯро таъриф ва рӯҳбаланд намоед.

  6. Муҳаббат ва диққат зоҳир намоед. Мушкилӣ ва талаботи ҳар як шогирдро бишнавед.

  7. Такрор ва азёд намоед. ин калиди таълим аст.

  8. Барои шогирдонатон дуо намоед. Таклифи якҷоя дуо намуданро намоед ва онҳоро рӯҳбаланд кунед.

  9. Воизӣ карданро маҷбур намоед. Бигузор онҳо барои ононе воизӣ кунанд, ки вақтҳои охир ба калисо намеоянд, инчунин ба дӯстон ва шиносҳояшон.

  10. Пас аз хатми таълим ба шогирдатон таклиф намоед, ки ин курсро ба дигар одам омӯзонад. Ин қарорро он вақте қабул намоед, ки шумо ба тайёр будани шогирдатон боварӣ дошта бошед.

  11. То тамом шудани омӯзиш “Сарварӣ барои мураббиён”-ро нишон надиҳед.

  12. Одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд, курси тайёриро гузаранд, вале онро ҳеҷ тайёр карда наметавонанд, ҳатто маслиҳат карда истода ба вохӯрӣ омада наметавонанд. Дар ин сурат беҳтараш машғулиятҳоро он вақте сар кардан лозим, ки ӯ имконияти мувофиқ дошта бошад. Шумо, ки акнун озод ҳастед, метавонед, дигар шогирдони содиқро омода созед.

  13. Дар ҳаёти масеҳӣ бисёр имкониятҳои хондан ҳаст. Ва то ин ки шогирдони шумо бетанаффус рушду камол ёбанд, ба онҳо таклиф намоед, ки дар хидматгузории калисо ширкат варзанд.


Усули истифодабарии нақшаи “суққонӣ киштӣ”


  1. Дар дохили давраи калон давраи хурдеро кашед. Дар дохили давраи хурд нависед “Ман”, дар зери расм бошад - “Такягоҳи ман, умеди ман”

Ин давра одамро то оне ки масеҳӣ гашт нишон медиҳад.

Ман” дар тахти шоҳии зиндагӣ, “Ман” дар марказӣ зиндагӣ.


Ман

  1. Дар дохили давра боз як давраи дигар кашед. (Ин давраҳоро калонтар кашед). Дар давраи дохилӣ нависед “МАСЕҲ”. Дар зери расм нависед “Иродаи Ӯ, Умеди Ӯ”

“Ин давра одамеро нишон медиҳад, ки Исои Масеҳро қабул намудааст. Масеҳ дар тахти шоҳии зиндагист, Масеҳ дар маркази зиндагист. Мо ҳаётеро меомӯзем, ки дар маркази он Масеҳ аст”.

Масеҳ

  1. Дар дохили давраи даруни боз як давраи дигар кашед, Ӯро ду ҳисса намоед ва дар қисми болоияш нависед, “Эътиқод ба наҷот”

Акнун мо усулҳои дарки Исои Масеҳро, ки ба ҳаёти мо ворид мегардад ва собит месозад, ки мо фарзандони Худо ҳастем, меомӯзем”.


Эътиқод ба наҷот

Масеҳ

Хусусиятҳои Худо


  1. Дар қисми поёнӣ нависед “Хусусиятҳои Худо”

  2. Дар бораи мундариҷаи ҳашт дарси минбаъда нақл карда истода кашидани нақшаро анҷом диҳед. Мавзӯи ҳар як дарсро номбар карда истода, онҳоро дар нақша нависед.

а ) Библия.

Каломи Худованд.

Ибодат

Муносибат

Воизӣ намудан

Эътиқод ба наҷот

Хусусиятҳои Худованд


Мо тавассути Библия Худовандро дарк намуда метавонем. Худованд ба мо ба воситаи Калом гап мезанад. Библия ин сарварикунандаи асосӣ дар ҳаёти масеҳӣ мебошад. Мо усулҳои омӯзиши Библияро дониста мегирем”


б ) Ибодат


Мо бо Худованд ба воситаи ибодат сӯҳбат менамоем. Бо Худованд муносибат карда истода, бо ибодат ба Ӯ муроҷиат карда истода, мо бо Худованд алоқаи амӯдиро барқарор менамоем.”


в) Муносибат


Вақте ки дар мо муносибати хуби амудӣ (вертикалӣ) бо Худованд барқарор карда мешавад, мо метавонем бо одамон муносибати хуб уфуқӣ (горизонталӣ) барқарор намоем.

Бо дигар имондорон мо бояд дар Исои Масеҳ ба якдигар нигоҳ карда истода ва байни якдигар муносибати накӯкорона дошта истода, муносибат намоем”


г ) Воизӣ намудан


Мо бояд ба беимонон дар бораи Исои Масеҳ ваъз гӯем. То ин ки онҳо низ муносибати шахсӣ бо Худовандро барқарор намоянд, мо усулҳои ваъзгӯиро хоҳем омӯхт”


д) Бо Рӯҳулқудс пур гаштан


Мо хоҳем омӯхт, ки ҳаёти бо Рӯҳулқудс пур гашта чӣ гуна аст, чӣ тавр Рӯҳулқудс ҳаёти моро сарварӣ менамояд, чӣ тавр мо зиндагиеро паси сар менамоем, ки дар маркази он Исои Масеҳ аст”


с ) Озмоиш


Нест одаме, ки дучори озмоиш нагашта бошад, вале Худованд моро наҷот медиҳад. Хоҳем омӯхт, ки Библия дар бораи муборизаи рӯҳонӣ чӣ мегӯяд”


ж) Итоаткорӣ


Агар хоҳед, зиндагиеро паси сар намоед, ки дар маркази он Исои Масеҳ аст, ҳамаи он чизеро ки меомӯзед, бо итоат бояд қабул намуд”


з ) Хидматгузорӣ намудан


Агар мо итоат менамоем, Худованд моро ба хидматҳои нав сафарбар менамояд.


  1. Дар берун боз як давраи дигар кашед ва нависед.


Ҳаёте, ки Исои Масеҳ сарвариаш менамояд”

Мо бояд Худовандро дарк намуда ба Ӯ итоат намоем ва дар ҳама лаҳзаҳои ҳаётӣ васиятҳои Ӯро пайгирӣ намоем. Он гоҳ дар маркази ҳаёти мо Исои Масеҳ ворид мегардад”


  1. Дар суққони киштӣ “даста” кашед

Ин расми суққони киштӣ аст. Чи хеле ки штурман киштиро аз рӯи хати ҳаракат пеш мебарад, мо ҳам ҳамин тавр бояд сарварӣ карда ҳаётамонро ба Исои Масеҳ вогузор намоем. Мо меомӯзем, ҳаёте ки дар маркази он Исои Масеҳ аст, чӣ маънӣ дорад” (Оятҳои ба мавзӯи дарс алоқаманди Библияро омӯхта истода хоҳиш намоед, ки шогирдон ба дарси оянда барои тасвир намудану нақл кардани мавзӯи гузашта омода бошанд)

Раҳнамои методӣ барои гузаронидани ҳар як дарс.


Дарси 1: Эътиқод ба наҷот


(Давомнокии дарс:1,5-2 дарс)

  1. Кӯшиш намоед, бо шогирдатон дӯст шавед. Дар сӯҳбат ошкор намоед, ки ӯ кай ва чӣ хел Исои Масеҳро донист.

  2. Мақсади омӯхтани Библияро якка ба якка фаҳмонед. Нақшаи суққони киштиро, ки мазмуни ҳар як дарсро мекушояд дар бораи ҳаёте, ки дар маркази он Исои Масеҳ аст, ва ҳаёте, ки Ӯ онро сарварӣ менамояд, нақл мекунад кашед.

  3. Усулҳоеро, ки барои талқин намудани он ки мо масеҳӣ ҳастем, равона карда шудаанд, муҳокима намоед ва ин муҳокимаҳоро ҷамъбаст кунед. Бесаросемагӣ, боақлона омӯзишро идома диҳед.

  4. Агар шогирдатон ба наҷот ёфтанаш шубҳа мекунад, то вақти дар ӯ боварӣ пайдо гаштанаш, барои гузаронидани дарси якум вақти бештаре ҷудо намоед. Дар ин дарс ба се далели раднашавандаи дорои наҷот гаштан, диққат бояд равона карда шавад.

  5. Агар барои ҷамъбасти дарси якум вақт камӣ кунад, корро дар болои ин бори дигар идома диҳед. Агар дарси якумро тамом мекунед, пас онро ин тавр кунед:

  6. Гӯед, ки шогирд барои ҳафтаи оянда, дарси 2 “Хусусиятҳои Худованд”-ро тайёр намояд. Мақсади супоришро фаҳмонед ва муҳимияти корро, ки ҳар рӯз бояд иҷро шавад, таъкид намоед. вале аз ҳама муҳимтар, якҷоя ибодат кардан, Библияро омӯхтан, бо Худованд дар муносибат будан, Ӯро амиқтар дарк намудан, мебошад.


  1. Ташвишҳои шахсиатонро бо ҳам бинед, сӯҳбат намоед, кӯшиш кунед, ки барои муносибат бо якдигар вақти кофӣ ҷудо намоед.

  2. Дарсро бо дуо тамом намоед. мавзӯи дуоро бо якдигар бинед, онҳоро дар нақшаи дуоҳо, ки дар охири китоб аст, нависед. Шогирди Шумо шояд надонад, ки чӣ тавр бо овози баланд дуо кардан мумкин аст.

Дар оянда дар давраи боқимонда омӯзиши ибодатро дар шакли сӯҳбат ба нақша дароред. (“Нақшаи ибодат”-ро тақсим кунед).


Дарси 2: Хусусиятҳои Худованд


  1. Нуқтаҳои муҳими дарси 1-ро такрор кунед (15 дақиқа)

  2. Аз шогирд хоҳиш намоед, ки “суққони киштӣ”-ро кашад ва маънии онро шарҳ диҳад.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат тафтиш ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

(ҳамин тавр дар ҳар як дарс кунед.)

Усули кор дар болои супориши дарси 2.

  1. Сараввал ба бобҳои хондашудаи 1,2,3,4-и Инҷили Матто савол гузоред. Чӣ ба ваҷд овард? Оё мундариҷаи онҳоро фаҳмидан мумкин аст. ҳар рӯз омӯхтани Библияро маслиҳат диҳед.

  2. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурда, сӯҳбат намоед.

  3. Супоришро аз рӯи мавзӯи “Хусусиятҳои Худованд” муҳокима намоед.

  4. Бигузор Нома ба Ғалотиён 2:20 ва Инҷили Юҳанно 15:5-ро такрор ва азёд намояд.

  5. Пурсед, рӯзи ваъзи якшанбегӣ ӯ чиро дарк намуд.

  1. Дар дарси 2 ба чӣ бояд диққат дод?

  • Оё хусусиятҳои гуногуни Худованд фаҳмоанд.

  • Бигузор, Библияро хонда истода Хусусиятҳои Худовандро тадқиқ намоед. Бигузор, дар амал Худовандро барои ҳама корҳояш ва барои он ки Ӯ ҳаст, мадҳу сипосгузорӣ намоед.

  1. Возеҳу равшан супориш диҳед, кӣ чӣ тавр дарси сеюм “Каломи Худованд”-ро бояд тайёр намоянд. (15 дақиқа)

Дарси 3. Каломи Худованд

  1. Нуқтаҳои муҳими дарси 2-ро такрор намоед (15 дақиқа)

  2. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурда сӯҳбат намоед.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат тафтиш ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Дар дарси 3 ба чӣ бояд диққат дод?

  • Бигузор ваъзро бодиққат гӯш кунад ва онро нависад.

  • Каломро истифода бурдан ва андеша рондан чӣ маъно дорад?

  • Порчаеро аз Библия хонда ва тадқиқ карда истода барои андешаронӣ ба дарси 3 ду савол гузоред.

  • Ин порча чӣ маънӣ дорад? Ӯ чӣ тавр ба ҳаёти ман таъсир мерасонад?

  1. Ба дарси 4 “Ибодат” вазифаи хонагӣ диҳед: ҳар рӯз Инҷили Юҳанноро хондан: ду ҷавоб ба ду савол тайёр кардан; барои вақти алоҳида барои ибодат ҷудо кардан, маслиҳат диҳед (15 дақиқа)

  2. Якҷоя ибодат намоед. (Мавзӯи имрӯз гузаштаро ба инобат гимрифта, мавзӯи дуоро пурра намоед)


Дарси 4. Ибодат


  1. Нуктаҳои муҳими дарси серо такрор кунед.

  2. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурда, сӯҳбат намоед.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат тафтиш ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Ташвишҳои шахсиатонро бо ҳам бинед, сӯҳбат намоед ва кӯшиш кунед, ки барои муносибататон вақти кофӣ ҷудо намоед.

  5. Дар дарси 4 ба чӣ бояд диққат равона карда шавад?

  • Кӣ метавонад, ибодат намояд? Фаҳмидани ҳар як моддаи ҳар як боб ва дар ёд доштани суханони муҳим зарур аст.

  • Дуоро дар шакли сӯҳбат азёд намоед.

  • Дуоро аз рӯи Каломи Худованд азёд кунед.

  1. Возеҳу равшан фаҳмонед, ки чӣ тавр супориши дарси 5 “Муносибат”-ро тайёр кардан лозим аст. (15 дақиқа)

  2. Дар шакли сӯҳбат, ки дар мавзӯҳои дарс ҳаст, дар бораи дуо муҳокима намоед. якҷоя дар шакли сӯҳбат дуо намоед. (Нақшаи дуоро кушоед, мавзӯҳои дуо ва ҷавобҳои ба онҳо гирифташударо нависед)

Дарси 5. Муносибат

  1. Нуктаҳои муҳими дарси 4-ро такрор кунед.

  2. Дар рафти дарс “суққонӣ киштӣ”-ро истифода бурда, сӯҳбат намоед.

  3. Ба он диққат диҳед, ки оё шогирд мундариҷаи дарсро мефаҳмад, бодиққат ҳар як қисми вазифаи хонагиро санҷеду муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Нисбати шогирд пуртоқат бошед ва ӯро фаҳмед. Ӯро рӯҳбаланд намоед.

  5. Дар дарси 5 ба чӣ бояд диққат дод?

  • Муҳимияти калисо ва ба Худо хидмат намуданро таъкид намоед.

  • Пурсед, оё дар хидмати ихтиёрии калисои ноҳиявӣ иштирок менамоед? Агар иштирок менамоед, чӣ қадар муҳим будани аъзои калисо ва иштирок дар фаъолияти онро таъкид намоед.

  • Агар дар фаъолияти калисои ноҳиявӣ иштирок намоӣ ва ба якдигар итоат намоӣ, он гоҳ оё як чизи бутун шудан мумкин аст.

  • Мақсади асосии калисо аз чӣ иборат аст?

Аъзоёни “калисо, ки бадани Масеҳ аст” бояд ваъз гӯянд, монда нашуда, вазифаи Масеҳро оиди наҷот иҷро намоянд. Калисо бошад, ягона шуда истода бояд дӯст дорад ва ёрӣ диҳад. Танҳо ҳамин тавр одамонро дар рӯи замин наҷот додан мумкин аст.

  1. Возеҳу равшан фаҳмонед, ки ба дарси 6 “Воизӣ намудан” чӣ гуна бояд тайёрӣ дид. (15дақиқа)

  2. Китобчаи “Чор қонуни рӯҳонӣ”-ро диҳед.


Дарси 6. Воизӣ намудан


  1. Нуқтаҳои муҳими дарси 5-ро такрор намоед. (15 дақиқа)

  2. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурда, сӯҳбат намоед.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат санҷед ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Кӯшиш намоед, ки “мундариҷаи воизии якдақиқаина”-ро баҳо диҳед.

  5. Дар дарси 6 ба чӣ бояд диққат дод?


  • Ваъз гуфтани “Чор қонуни рӯҳонӣ”-ро ёд гиред.

  • Ба дигар одам додани “мундариҷаи вазъи якдақиқаина”-ро ёд гиред.

  • Воизии бомуваффақият чист? Муайянкунии дар ин китоб додашударо дар ёд нигоҳ доред.

  • Ба ваъзгӯии шогирдатон майлу рағбати калон зоҳир намоед.

  1. Ба дарси 7 “Аз Рӯҳулқудс пур гаштан” вазифаи хонагӣ диҳед. (15 дақиқа)

  2. Якҷоя ибодат намоед.

Якҷоя бо шогирд нақшаи ин ҳафта ваъз гуфтанро тартиб диҳед.


Дарси 7. Аз Рӯҳулқудс пур гаштан


  1. Нуктаҳои муҳими дарси 6-ро такрор кунед.

  2. Дар рафти дарс “суққонӣ киштӣ”-ро истифода бурда, сӯҳбат намоед.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат санҷед ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Дар дарси 7 ба чӣ бояд диққат дод?

  • Мақсади аз Рӯҳулқудс пур гаштан.

  • Алоқаи байни аз Рӯҳулқудс пур гаштан ва ҳаёти имондор.

  1. Ба фаҳмиши Рӯҳулқудс амиқ ғӯтида, аз ҳад нагузаред.

  2. Ба дарси 8 “Озмоиш” вазифаи хонагӣ диҳед (15 дақиқа)

  3. Якҷоя дар шакли сӯҳбат ибодат намоед. Мунтазам нақшаи ибодатро истифода баред. (ҳар рӯз барои шогирдатон дуо кунед)


Дарси 8. Озмоиш


  1. Нуқтаҳои муҳими дарси 7-ро такрор намоед.

  2. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурда, сӯҳбат намоед.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат санҷед ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Дар дарси 8-ум ба чӣ бояд диққат дод?

  • Роҳҳои озмоиш

  • Хислати озмоиш

  • Усули бартараф кардани озмоиш.


  1. Ба дарси 9 “Ҳаёти масеҳии дар итоат” вазифаи хонагӣ диҳед.

  2. Якҷоя ибодат намоед. Мавзӯҳои ибодат ва ҷавобҳои гирифтаро назорат намоед.

(Агар шогирди шумо барои дарс додани дигарон тайёр аст, пас дар ҳафтаи оянда дарси охирро тамом кардаистода, ба ӯ “Сарварӣ барои мураббӣ”-ро диҳед.


Дарси 9. Ҳаёти масеҳӣ дар итоат


  1. Нуктаҳои муҳими дарси 8-ро такрор намоед.

  2. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурда истода сӯҳбат намоед.

  3. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат санҷед ва муҳокима намоед. (1-1,5 соат)

  4. Дар дарси 9 ба чӣ бояд диққат дод?

  • Чаро бояд итоат кард?

  • Натиҷаи саркашӣ намудан.

  1. Нуқтаҳои муҳими ҳама дарсҳои гузаштаро такрор кунед.

  2. Оятҳои азёдкардаи Библияро такрор намоед.

  3. Ба дарси 10 “Хидматгузорӣ намудан” вазифаи хонагӣ диҳед (15 дақиқа)

  4. Барои ба шавқу ғайрат даровардани шогирд дар бораи зарурияти воизии индивидуалӣ ва тайёрии минбаъдаи инҷилӣ гап занед. (15 дақиқа)

  5. Якҷоя ибодат намоед.


Дарси 10. Хидматгузорӣ намудан


1. Нуктаҳои муҳими дарси 9-ро такрор намоед.

  1. Дар рафти дарс “суққони киштӣ”-ро истифода бурдаистода сӯҳбат намоед.

  2. ҳар як қисми вазифаи хонагиро бодиққат санҷед ва муҳокима намоед (1-1,5 соат)

  3. Дар дарси 10 ба чӣ бояд диққат дод?

  • Чӣ лозим аст, то ин ки калисо ҳақиқат шавад?

  • Чӣ хел одамон истеъдодҳои барои хидматгузорӣ лозимашонро ошкор менамоянд?

  • Оё тайёрии иловагӣ муҳим аст.

  1. Нуктаҳои муҳими ҳама дарсҳои гузаштаро такрор намоед.

  2. Ба шогирд барои гузаштани тайёрии давраи минбаъда ёрӣ диҳед.

  3. Ба шогирд таклиф кунед, ки ба таълими дигар одам сар кунад. Агар ӯ чунин одамро надорад, ба ӯ ном ва телефони одамеро диҳед, ки хоҳиши гузаштани ин курси таълимиро дорад. Кӯшиш намоед, ки ба ӯ ҳама ёрии лозимиро расонед. Ба ӯ “Сарварӣ барои мураббӣ”-ро диҳед.

  4. Якҷоя ибодат намоед.


Нақшаи ибодат


Худи ман низ, ҳошо ки ман ба ҳузури Худованд чунин гуноҳро ба худ раво бинам, ки барои шумо дуо гуфтанро тарк намоям, балки шуморо ба роҳи нек ва рост ҳидоят хоҳам кард” (1Подшоҳон 12:23)



Санаи рӯз. Мавзӯи ибодат. Санаи рӯз. ҷавоб.









<< Дарсҳои рӯҳонӣ