Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Катехизис

Download

САРСУХАН


Калимаи «катехизис» аз феъли юнонӣ бармеояд, ки маъноаш «такрор кардан» ё «даҳонӣ таълим додан»-ро дорад. ҳамин тавр катехизис силсилаи муайянкунӣ ва тасдиқ дар шакли саволҳо ва ҷавобҳост, ки дар онҳо таълимоти муҳими Библия кӯтоҳакак ҷамъбаст гаштааст. Катехизис яке аз шаклҳои қадимтарин таълим аст, ки тавассути он устоду шогирд бо ҳам сӯҳбат менамоянд. Дар рафти сӯҳбат таълимоти калисо ба воситаи далелҳою муайянкуниҳои мушаххас кушода мешаванд, ки онҳо дар ёд гирифта мешаванду ба наслҳои дигар мегузаранд.

Дар таърихи катехизис нақши асосиро нигаҳдории ҳақиқат мебозад. Замоне буд, ҷавони имондор пеш аз он ки аъзои калисо гардад, санҷишро бо усули катехизис паси сар менамуд. Пас аз якчанд соли таҳсил имтиҳон супорида, Ӯ аъзои калисо мешуд. Дар қарнҳои хеле баъдина алалхусус дар давраи Ислоҳот, ки дар Европаи шимолию ғарбӣ шуда буд, барои омӯзиш катехезисҳоро фаровон истифода мебурданд. Ин катехезисҳо аз ҷониби Мартин Лютер, Иоҳан Калвин ва Иоҳан Нокс навишта шуда буданд.

Бисёриҳо Катехизиси Мухтасари Вестминстериро беҳтарин мешуморанд. Ин ҳуҷҷати 5 ноябри соли 1647 ба анҷом расида маҳсули меҳнати чорсолаест, ки соли 1643 аз ҷониби даъвати Ассамблеи Вестминстерии Парлумони Британия оғоз ёфта буд. 151 одам аз байни олимони бошараф дар Аббатии Вестминстер дар Лондон (Англия бо мақсади дини Англия, Шотландия ва Ирландияро бо ҳам монанд кардан ба кор сар намуданд. Ассамблея мазҳаби Вестминстерӣ катехезисҳои Пурра ва Мухтасари Вестминстериро ба миён овард. Ин ҳуҷҷатҳо бо хушнудӣ аз ҷониби сокинони Шотландия ва Штатҳои Муттаҳида қабул шуданд ва расман аз тарафи оилаҳои Ислоҳотпарасти калисоҳои тамоми дунё эътироф гаштанд.

Омӯзиши катехезиси Мухтасар асоси таълимоти Масеҳиятро таъмин менамояд. Шартан онро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин мебошад: якум, саволҳои 1-37, ба он дахолат менамояд, ки мо ба чӣ бояд имон оварем.

Дуюм, саволҳои 39-107, саволҳоеро кордор аст, ки мо бояд чӣ тавр зиндагӣ намоем. Катехезис муфассалтар хислати Худованд ва одам, шахсият ва амали Исои Масеҳ, нақшаи наҷоти Худованд, даҳ васият, асрори таъмид, шомхӯрии Худованд, инчунин ибодати Худовандро дида мебарояд.

Ин на танҳо китобест дар бораи Навиштаҳои Худованд. Ин муайянкуниҳои кӯтоҳкардашудаи таълимотҳои бештар муҳими Библия дар шакли саволҳою ҷавобҳо барои омӯзиш ва тез азхудкунӣ мебошад. Назди шумо катехезис бо забони муосири тоҷик, бо иловаҳои оятҳои Библия аз ҷониби мо барои тасдиқи ҷавобҳо истодааст. Мо дуо мекунем, ки шумо ин китобчаро хондаистода дорои фаҳмиш ва дониши хуб дар бораи Худованд ва Каломи Ӯ гардеду на танҳо шунаванда бошед, балки иҷрокунандаи амали Ӯ шавед ва Ӯро дар ҳама соҳа бо хушнудӣ мадҳ намоед.


Алфред Мак Кроски.


С. 1. Таъиноти асосии одам аз чӣ иборат аст?


Таъиноти асосии одам аз он иборат аст, ки Худоро мадҳ намояд ва абадан бо Ӯ бошад.


«Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин» (Румиён 11:36).

«Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 Қӯринтиён 10:31).



С. 2. Аз куҷо донистан мумкин аст, ки Ӯро мадҳ намудан ва дар назди Ӯ будан чӣ гуна ба Худо маъқул аст?


Ягона панд ба мо барои мадҳ намудани Худо ва назди Ӯ будан ин Библия аст, ки Каломи Худованд мебошад ва аз Аҳди қадиму Аҳди ҷадид иборат мебошад.


«Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16).

«Дар бораи он чӣ мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ ба мо мушоракат дошта бошед, валекин мушоракати мо бо Падар ва Писари Ӯ Исои Масеҳ аст. Ва инро ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад» (1 Юҳанно 1:3-4).



С.3. Библия чиро меомӯзад?


Пеш аз ҳама Библия инро меомӯзад, ки одам чиро дар бораи Худо бояд донад ва Худо аз одам чиро мехоҳад.


«Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ бо имон ва муҳаббате, ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо» (2 Тимотиюс 1:13).

«Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст»

(2 Тимотиюс 3:16)



С.4. Худо кӣ аст?


Худо рӯҳ аст. Абадияти мавҷудияти Худованд, заковат, қудрат, муқаддасӣ адолат, баракат ва ҳақиқати Ӯ интиҳо надорад ва тағйирнопазир аст.


«Худо рӯҳ аст�» (Юҳанно 4:24).

«Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарёбӣ ? Оё то ба ақсои умқи қодир метавонӣ бирасӣ ? Он мисли баландиҳои осмон аст,-чӣ метавонӣ бикунӣ ? Аз қаъри дӯзах ҷуқуртар аст, чӣ метавонӣ бидонӣ ? Андозаи он аз замин дарозтар ва аз баҳр фарохтар аст» (Айюб 11:7-9).

«Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад, ва замин ва дунё самар оваранд, аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ эй Худо» (Забур 89:2).

«Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағъироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест» (Яъқуб 1:17).
«Ва Худо ба Мусо гуфт: «Ман Воҷибулвуҷуд ҳастам» (Хуруҷ 3:14).

«Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованд Худои қодиру Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва хоҳад омад» (Ваҳй 4:8).

«Кист, ки аз Ту, эй Худованд натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту қуддус ҳастӣ . ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст» (Ваҳй 15:4).

«Ва Худованд аз пеши Ӯ гузашта нидо кард: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад, барои гуноҳи падарон писарон ва писарони писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад» (Хуруҷ 34:6-7).



С.5. Оё Худое ғайри Ягона ҳаст.


ҷ. Танҳо як Худои зинда ва ҳақиқӣ ҳаст.


«Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои Ягона аст» (Такрори шариат 6:4).

«Вале Худованд Худои ростист, Ӯ Худои ҳай в Подшоҳи ҷовидонист, аз ғазаби Ӯ замин ба ларза меояд, ва халқҳо ба қаҳри Ӯ наметавонанд тоб оваранд» (Ирмиё 10:10).



С.6. Чанд шахсият дар Худои ягона ҳаст?


ҷ. Худованд таслис аст. Дар Ӯ ягонагии шахсият таҷассум меёбад: Падар, Писар ва Рӯҳулқудс, дар қудрату шараф ба ҳам баробар.


«Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд, Падар, Калом ва Рӯҳулқудс, ва ин се як ҳастанд» (1 Юҳанно 5:7).



С.7. Дастури Худованд чист?


ҷ. Дастури Худованд мақсадҳои абадист, ки бо хоҳиши шахсии Ӯ муқаррар гаштаанд ва Ӯ ин ҳамаи ҷизҳои рӯйдодаро барои мадҳи Худаш офаридааст.


«Садоқати Ту то абадудаҳр аст, заминро офаридаӣ ва он истодааст. Мувофиқи дастурҳои Ту то имрӯз истодаанд, зеро ки ҳама бандаи Ту ҳастанд» (Забур 118:90-91).

«Чунин аст қароре ки дар бораи тамоми дунё қабул гардидааст, ва ин аст дасте, ки бар ҳамаи халқҳо дароз карда шудаст. Зеро ки Худованди лашкарҳо қарор додааст, ва кист, ки онро тавонад ботил намояд? Ва дасти Ӯ дароз карда шудааст, ва кист, ки онро тавонад баргардонад? (Ишаъё 14:26-27).

«То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад. Мувофиқи таъиноти азалӣ ки онро Ӯ дар Худованди мо-Исои Масеҳ ба амал овардааст» (Эфсӯсиён 3:10-11) .



С.8. Худованд чӣ тавр дастури Худро амалӣ мегардонад?


ҷ. Худованд дастури Худро ба воситаи офариниш ва пешгӯӣ кардан амалӣ мегардонад.


«Заминро офаридаӣ ва он истодааст. Мувофиқи дастурҳои Ту то имрӯз истодаанд» (Забур 118:90-91),

Танҳо Ту Худованд ҳастӣ Ту осмон, Фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ Ва Ту бар ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд” (Наҳемё 9:6).



С.9. Офариниш чист?


ҷ. Офариниш –ин офаридаҳои Худо аст, ки аз ҳеҷ чиз дар давоми 6 рӯз бо Каломаш офаридааст.


Ва Худо ҳар он чиро ба амал овард, дид, ва инак хеле хуб аст” (ҳастӣ 1:31).



С.10. Худо одамро чӣ гуна офарид?


ҷ. Худо одамро, зан ва мардро дар шакли Худ офарид ва ба Ӯ донишу, тақводорию муқаддасиро дод, то ин ки аз болои дигар офаридаҳо ҳукмфармоӣ намояд.


Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: “Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед” (ҳастӣ 1:28).



С.11. Пешгӯии Худованд чист?


ҷ. Пешгӯи Худованд- ин муқаддасию ҳукмронии мутлақ ва ҳифзи бозаковати ҳама офаридаҳо, сарварии Ӯ онон ва амали ононро мебошад.


Кист, ки ӯро ҳокими замин таъин карда бошад? Ва кист, ки тамоми дунёро ба дасти Ӯ супурда бошад? (Айюб 34:13).

ҳамаашон аз ту чашми интизор доранд, то ки ризқи онҳоро дар вақташ бирасонӣ . Он чӣ ба онҳо медиҳӣ ҷамъ карда мегиранд, дасти худро мекушоӣ аз нозу неъмат сер мешаванд. Рӯи худро пинҳон мекунӣ ошуфта мешаванд: рӯҳи онҳоро кашида мегирӣ мемиранд ва ба хоки худ бармегарданд” (Забур 103:27-29).



С.12. Пешбинии Худованд чӣ кор кард, бахусус барои одам, ки Ӯ офаридааст.


ҷ. Пас аз офаридан Худо бо одам аҳд баст, барои он ки ба одам бо шарти пурра итоат намудан ҳаёт диҳад. Худо ба одам гуфт, ки аз меваи дарахти дониши неку бад нахӯрад, то намирад.

«Ва Худованд Худо ба одам амр фармуда гуфт: Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир, Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр, зеро рӯзе аз он бихӯрӣ ҳатман хоҳӣ мурд» (ҳастӣ 2:16-17).



С.13. Оё аҷдодони шумо дар он ҳолате, ки офарида шуда буданд, монданд?


ҷ. Иродаи озодро соҳиб гашта, аҷдодони мо назди Худованд гуноҳ содир намуданд ва ҳолати ибтидоиашонро аз даст доданд.


«Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост, ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва Ӯ хурд. Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лунгиҳо барои худ сохтанд» (ҳастӣ 3:6-7).



С.14. Гуноҳ чист?


ҷ. Гуноҳ- итоат накардан ба Худо ва вайрон кардани қонуни шариат мебошад.


«Ҳар ки гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст» (1 Юҳанно 3:4).

«�.ва ҳар коре, ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст» (Румиён 14:23).

«Баъд ҳавас, ҳомила шуда гуноҳро ба дунё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад» (Яъқуб 1:15).

«Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст» (1 Юҳанно 3:8).


С.15. Барои кадом гуноҳ аҷдодони мо ҳолати ибтидоиашонро аз даст доданд?


ҷ. Гуноҳи онҳо ин буд, ки меваи манъкардашударо хӯранд.


«Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ ? Оё аз он дарахте, ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ ?» (ҳастӣ 3:11).



С.16. Оё ҳамаи инсоният имтиёзро бо сабаби гуноҳ содир намудани одам аз даст дод?


ҷ. Азбаски аҳд на фақат ба одам баста шуда буд, балки бо тамоми авлоди ӯ, бинобар ин бо гуноҳи одам инсоният имтиёзашро аз даст дод.


«Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12).

С.17. Ба одам пас аз гуноҳ содир намудан чӣ рӯй дод?


ҷ. Одам дар вазъияти гуноҳ, фосиқӣ ва бадкирдорӣ монд.


«Ва Худованд дид, ки бадкирдориҳои одамизод дар замин бисёр аст, ва ҳама андешаҳои дили Ӯ ҳамеша фақат бад аст» (ҳастӣ 6:5).



С.18. Пургуноҳии одам дар ҳолати афтодагӣ чӣ гуна маънидод мешавад?


ҷ. Пургуноҳии одам дар ҳолати афтодагӣ чунин маънидод мешавад: якум, бо гуноҳи нахустини Одам порсоии авваларо аз даст додан, илова фосиқтабиати худи одам. Дуюм. Ин рафторҳои мушаххаси итоатнопазирӣ ки аз гуноҳи аввала сар мезанад.


«Зеро ки беитоатӣ мисли гуноҳи ҷодугарист, ва муқобилият-мисли бутпарастӣ » (1 Подшоҳон 15:23).

«Чунон ки навишта шудааст: «Касе одил нест, як нафар ҳам нест» (Румиён 3:10).



С.19. Бадии одами афтида (худро аз даст дода) дар чист?


ҷ. Барои дар гуноҳ ғӯттавар шудани Одаму ҳавво тамоми инсоният муносибат бо Худовандро аз даст дод, ба ғазабу нафрини Худованд дучор гардид. Дар натиҷа сазовори душвориҳои зиёде дар зиндагӣ марг ва азоби абадии дӯзах гашт.


«Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд» (Румиён 3:23).



С. 20. Оё Худованд одамонро монд, ки дар ҳолати бадкирдорӣ ва гуноҳ бимиранд?


ҷ. Худованд бо иродаи худ баъзеҳоро интихоб намуд, то ба онҳо ҳаёти абадӣ диҳад. Ӯ онҳоро мувофиқи аҳд аз гуноҳ ва нафрат озод намуд ва ба онҳо ба воситаи Кафоратдиҳанда наҷот дод.


Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ ба фарзандӣ қабул кунад” (Эфсӯсиён 1:4-5).


С.21. Барои баргузидагони Худованд Наҷотдиҳанда кист?


ҷ. Наҷотдиҳандаи ягонаи баргузидагони Худованд –Исои Масеҳи Худованд, Писари Худованд, собиқ аз абадият, ки Ӯ одам шуд, мебошад. Ӯ Худо ва одам дар як рӯй буд ва абадан мемонад.


Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар ки ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад” (Юҳанно 3:16-17).

Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем” (Филиппиён 3:20).

Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гӯшаи бино гардидааст. Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем” (Аъмол 4:11-12).



С.22. Чӣ тавр Масеҳ, Писари Худованд одам шуд?


ҷ. Масеҳ, Писари Худованд соҳиби ҷисму рӯҳи зинда гашта, симои одамиро ба худ гирифт. Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс дар бадани Марияи бокира, ки ӯро таваллуд кардааст, ба вуҷуд омад, ва бо вуҷуди ин ҳама Ӯ бегуноҳ буд.


Ва фаришта ба вай гуфт: “Эй, Марям, натарс, зеро ту назди Худо файз ёфтаӣ . Ва инак ҳомила шуда Писаре хоҳӣ зоид, ва ӯро Исо хоҳӣ номид. Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати ҳаққи таоло бар ту соя хоҳад афканд, бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида хоҳад шуд (Луқо 1:30-31, 35).



С.23. Масеҳ чӣ тавр моро наҷот медиҳад?


ҷ . Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳанда бо фурӯтании Худ ва бо ба осмонҳо бардошта шуданаш, пайғамбар, коҳин ва шоҳ аст.


Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард, азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари одил месупурд. Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем, шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед” (1 Петрус 23-24).

Ва агарчӣ Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд. Ва камол ёфта, барои ҳама мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид” (Ибриён 5:8,9).

С.24. Хизмати Исо ҳамчун пайғамбар дар чист?


ҷ. Ҳамчун пайғамбар Масеҳ ба мо иродаи Худоро дар бораи наҷоти мо бо Каломаш ва Рӯҳ мекушояд.


Пайғамбаро мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард, ба вай гӯш диҳед” (Такрори шариат 18:15).

Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи ман бар Ӯст, Ӯро бишнавед” (Матто 17:5).



С.25. Хизмати Масеҳ ҳамчун коҳин дар чист?


ҷ. Ҳамчун роҳиби рӯҳонӣ Масеҳ як бор Худро барои гуноҳҳои мо қурбон намуд, то ин ки моро ба Худованд оштӣ диҳад ва то ҳол барои мо назди Падар миёнаравӣ мекунад.


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем, муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада, ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард” (Ибриён 7:6-27).

“�. ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. Ва Ӯ кафорат аст, барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ” (1 Юҳанно 2:1,2).

Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад. Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод” (Эфсӯсиён 2:16, 17).

Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад” (Ибриён 7:25).



С. 26. Хизмати Масеҳ ҳамчун шоҳ дар чист?


ҷ. Мо дар зери ҳукми подшоҳии Ӯ ҳастем. Ӯ моро сарварӣ менамояд, ҳифз мекунад, аз душманонамон ва душманонаш наҷот медиҳад ва онҳоро мағлуб месозад.


Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман, ва раҳокунандаи ман, Худои ман кӯҳпораи ман аст, ба Ӯ паноҳ мебарам, Ӯ сипари ман аст, ва шоҳи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман (Забур 17:3).

Исо ҷавоб дод: “Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест, агар Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони ман меҷангиданд, то ки Ман ба Яҳудиён таслим карда нашавам, лекин акнун подшоҳии Ман аз ин ҷо нест”. Пилотус ба Ӯ гуфт: “Ту мегӯӣ ки Ман Подшоҳ ҳастам, Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки барои ростӣ шаҳодат диҳам, ва ҳар кӣ аз ростист,овози маро мешунавад” (Юҳанно 18:36, 37).



С. 27. Хор шудани Масеҳ дар чист?


ҷ. Хор шудани Масеҳ дар он буд, ки Ӯ ҳамчун одам ва дар оилаи камбағал таваллуд ёфт. Ба Ӯ лозим омад, ба шариат итоат намояд, душвориҳои ҳаёти заминиро чашад, ғазаби Худовандро бинад, ба нафрати марг дар салиб тоқат намояд. Ӯ гӯронида шуд ва муддате дар зери ҳукми марг буд.


Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд”

(Филиппиён 2:7).

Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед”

(Юҳанно 13:14).

Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки “ҷои косахонаи сар” ва ба ибронӣ ҷолҷолто ном дошт, равона шуд. Дар он ҷо ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна” (Юҳанно 19:17, 18).

“�.мисли гӯсфанде ӯро ба забҳ бурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард. Дар таҳқири Ӯ инсофро аз Ӯ гирифтанд ва насли ӯ-ро кӣ шарҳ хоҳад дод? Зеро ки ҳаёти Ӯ аз замин қатъ карда шуд” (Аъмол 8:32, 33).



С. 28. Бардор-бардор кардани Исо дар чист?


ҷ. Масеҳ бо дар рӯзи сеюм аз мурдаҳо эҳё шуданаш мадҳ гаштааст. Бо сууд карданаш ба осмон ва бо он ки ҳоло дар паҳлӯи падари Осмониаш нишастааст. Ва бо бозгашти Худ дар рӯзи охирин барои мурофиаи ҷаҳон.


Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳё шавад� Ва ҳангоме, ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон сууд кард” (Луқо 24:46, 51).

Ки Ӯ ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ӯ шуданд” (1 Петрус 3:22).

Бинобар ин Худо низ ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст. То ки ба исми Исо ҳар зонуе, ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад. Ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст ва барои ҷалоли Худои Падар (Филиппиён 2:9-11).



С.29. Иштироки мо дар кафорати қурбонии Масеҳ чӣ гуна аст?


ҷ. Вақте ки Рӯҳулқудс ин ҳукмро бар мо ҷорӣ месозад, мо иштирокчиёни кафорати ба мо додаи Исо мегардем.


Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем” (қӯлассиён 1:14).

Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба он мо нидо мекунем: “Эй Або, эй падар! ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем” (Румиён 8:15-16).

Дар Ӯ мо бо хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем” (Эфсӯсиён 1:7).



С.30. Чӣ тавр Рӯҳулқудс ба воситаи қурбонии Рӯҳулқудс кафорати моро ба амал меорад.


ҷ. Рӯҳулқудс наҷоти аз ҷониби Масеҳ харидаи моро, дар мо имонро талқин кардаистода, ҳамин тавр моро дар таъинотамон бо Исо муттаҳид сохта истода амалӣ мегардонад.


Ва ройгон, бо файзи Ӯ , ба воситаи кафорате, ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд, ки ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ �.” (Румиён 3:24, 25).

Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост. Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад” (Эфсӯсиён 2:8,9).

Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими ӯст”

(Эфсӯсиён 1:19).


С. 31. Таъинот чист?


ҷ. Таъинот (вазифа)-ин амали Рӯҳулқудс аст, ки гуноҳҳои моро нишон медиҳад, ақли моро барои дарки Масеҳ равшан месозад ва хоҳиши моро нав месозад. Мана ҳамин тавр Ӯ моро талқин месозад ва лаёқатманди қабул намудани наҷоти Исои Масеҳ, ки дар Инҷил омадааст, мегардонад.


Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъамон ёрдам медиҳад.

Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисёр нахустзода бошад. Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст, ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст, ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст” (Румиён 8:28-30).

То ки Худои Исои Масеҳ Худованди мо, Падари ҷалол рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд. Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст. Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими ӯст» (Эфсӯсиён 1:17-19).



С.32. Кадом неъматро дар ин дунё даъватшудагон дороянд.


ҷ. Одмони аз ҷониби Худо даъватшуда ё Масеҳро қабулкарда дар ин ҳаёт сафед карда мешаванд, ба фарзандӣ қабул мегарданд, бо тӯҳфаҳои гуногун аз ҷониби Худованд қадр карда мешаванд.


«� ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст�» (Румиён 8:30).

«Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем» (Қӯлассиён 1:14).

«Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ балки ба қудсият даъват кардааст» (1 Таслӯникиён 4:7).

«Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба он мо нидо мекунем: «Эй Або, эй Падар! (Румиён 8:15).



С. 33. Сафед кардан чӣ маънӣ дорад?


ҷ. Сафед кардан-ин аломати файзи Худованд аст, ки ба воситаи он Худованд гуноҳҳои моро мебахшад ва моро ҳамчун порсою тақводор қабул менамояд. Ин танҳо барои он ба амал меояд, ки Ӯ ба мо тақводории Масеҳро додааст. Сафедкуниро танҳо ба воситаи имон қабул кардан мумкин аст.


Ва ройгон, бо файзи ӯ, ба воситаи кафорате, ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд. Ки ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое, ки пештар дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд» (Румиён 3:24,25).

«Лекин барои касе, ки амал намекунад, балки имон меоварад ба он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад» (Румиён 4:5).



С.34. Фарзандхондагӣ чист?


ҷ. Ба фарзандӣ қабул кардан-ин амали хайри Худованд аст, ки тавассути он мо фарзандони Ӯ гашта, дорои ҳама ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои вориси Ӯ мешавем.


«Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба он мо нидо мекунем: «Эй Або, эй Падар!» (Румиён 8:15).



С.35. Муқаддаскунонӣ чист?


ҷ. Муқаддаскунонӣ -ин амали хайри Худованд аст, ки дар натиҷаи он ҷудокунии мо аз олам барои Худованд ба амал меояд ва шахсияти мо дар тимсоли Худованд нав мегардаду мо бештару бештар барои гуноҳ мемурем ва барои тақводорӣ зинда мегардем.


«Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад» (1 Таслӯникиён 5:23).

«Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист» (Юҳанно 17:16, 17).



С. 36. Сафедкунӣ ба фарзандӣ қабулкунӣ ва муқаддаскунонӣ дар ин ҳаёт чӣ медиҳад?


ҷ. Манфиате дар ин ҳаёт, ки аз сафедкунӣ ба фарзандӣ қабулкунӣ ва муқаддаскунонӣ бармеояд- ин боварӣ ба муҳаббати Худованд, осоиштагӣ дар рӯҳу ҷон, хушбахтӣ дар Рӯҳулқудс. Нумӯю мустаҳкамшавӣ дар файзу баракат то охири рӯзҳои мост.


«Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо бо воситаи Ӯ ҳаёт ёбем» (1 Юҳанно 4:9).

«Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст» (1 Қӯринтиён 7:15).

«Шумо ӯро надида дӯст медоред, ва агарчӣ ӯро ҳануз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед» (1 Петрус 1:8).

«Худовандо, аз қуввати Ту подшоҳ хурсандӣ мекунад, ва аз наҷоти Ту бисёр шод мешавад» (Забур 20:2).

«Пас, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош» (2 Тимотиюс 2:1).

«Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин» (2 Петрус 3:18).



С.37. Масеҳ ба имондоронаш пас аз марг чӣ медиҳад?


ҷ. Вақте ки имондорон мемиранд, рӯҳи онҳо, ки муқаддас ҳастанд, таъҷилан ба ҳамду сано мегузаранд ва баданашон дар қабр ором мегиранд.


«Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед»

(1 Петрус 1:9).

«Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем. Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳё шуда, навбари мурдагон гардид» (1 Қӯринтиён 15:19, 20).



С.38. Масеҳ ба имондорон дар вақти эҳёшавӣ чӣ медиҳад?


ҷ. Дар вақти эҳёшавии имондорон, эҳёшудагон дар ҳамду сано ба таври оммавӣ дар рӯзи қиёмат бегуноҳ эълон карда ва эътироф намуда мешаванду сипас абадан дар ҳузури Худованд меистанд.


«Дар эҳёи мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар фано кошта мешавад, дар бефаноӣ бармехезад. Дар зиллат кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад, дар заъф кошта мешавад, дар қувват бармехезад. Ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рӯҳонӣ бармехезад. ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рӯҳонӣ низ ҳаст». (1 Қӯринтиён 15:42-44).

“� Зеро ки ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз ман нафрат дота бошанд, итиқом мегирам. Ва то ҳазорон насл, ба онҳое ки маро дӯст медоранд ва аҳкоми маро ба ҷо меоваранд. Марҳамат мекунам» (Хуруҷ 20:5, 6).


С. 45. Аҳкоми (Амри) якум чӣ гуна аст?


ҷ. Аҳкоми якум мегӯяд: «Туро Худоёни дигар ҷуз Ман набошад» (Хуруҷ 20:3, Такрори шариат 5:7).



С. 46. Аҳкоми якум чӣ талаб мекунад?


ҷ. Аҳкоми якум аз мо талаб мекунад. ки мо Худоро Худованди ягонаи ҳақиқӣ . ҳокими мо шуморем ва мутобиқи ин ба Ӯ итоат намоем ва Ӯро ҳамду сано хонем.


Ман Худованд ҳастам ва исми Ман ҳамин аст ва ҷалоли Худро ба дигаре ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод” (Ишаъё 42:8).

Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо ӯро ибодат намо” (Матто 4:10).



С. 47. Аҳкоми якум чиро манъ мекунад.


ҷ. Амри якум инкори Худоро, итоат накардан ба Ӯ ва ситоиши намудани Ӯро ҳамчун Худованди ҳақиқӣ ва ҳокими мо манъ менамояд. Ин амр инчунин манъ мекунад, ситоиши Худоро, ки танҳо мансуби ӯст, ба дигарон бахшем.


Валекин Худои мо дар осмон аст, ҳар чӣ хоҳад ба амал меоварад. Бутҳои онҳо нуқра ва тиллост. Амали дастҳои одамизод” (Забур 113:11, 12).


С. 48. Дар суханони “ҷуз Ман” чӣ маънӣ ниҳон аст?


ҷ. Суханони “ҶУЗ МАН” дар амри якум ин маънои онро дорад, ки Худованд ҳама чизро мебинад, саҷда кардан ба Худоҳои дигарро ҳис мекунад ва ин Ӯро хеле таҳкир менамояд.


Ҳар ки падар ё модарашро аз МАН бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест, ва ҳар ки писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест” (Матто 10:37).

“� Худои онҳо шикам аст ва ҷалоли онҳо дар нанг аст. Онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд” (Филиппиён 3:19).

Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун” (Масалҳо 3:5).



С. 49. Аҳкоми дуюм чӣ гуна аст?


ҷ. Аҳкоми дуюм мегӯяд “Санаме ва ҳар сурате аз он чӣ дар осмон аз болост ва аз он чӣ дар замин аз поён аст, ва аз он чӣ дар об аз зери замин аст, барои худ насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун, зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам. Ва то ҳазорон насл ба онҳое ки маро дӯст медоранд ва аҳкоми маро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунам” (Хуруҷ 20:4-6, Такрори шариат 5:8-10).



С. 50. Аҳкоми дуюм чӣ талаб менамояд.


ҷ. Аҳкоми дуюм талаб мекунад, мо ҳамаи амрҳоро дар бораи итоат намудан ба Худо ва хидмати ӯро ба ҷо овардан, ки Ӯ дар Каломаш овардааст, қабул намоем, иҷро кунем ва дар тозагӣ нигоҳ дорем.

С. 51. Аҳкоми дуюм чиро манъ мекунад?


ҷ. Аҳкоми дуюм офаридани бутҳо ё тасвири Худоҳоро ва ба онҳо саҷда намуданро манъ менамояд. Набояд ба ӯ он тарзе саҷда кард, ки Худо Худаш дар Каломаш таъин намудааст.


Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад” (Эфсӯсиён 5:5).



С. 59. Кадоме аз рӯзҳои ҳафтаро Худованд барои Худ интихоб намуд?


ҷ. Аз ибтидои офариниш то эҳёшавии Масеҳ Худованд рӯзи ҳафтуми ҳафтаро барои Худ интихоб намуд.

Аз ҳамон вақт то тамомшавии асрҳо ин рӯзи ҳафта (Якшанбе) рӯзи барои Худо таъиншуда мебошад. (Рӯзи шанбеи масеҳӣ ).




С. 61. Амри чорум чиро манъ мекунад?


ҷ.


Пас барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.

Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ” (Ибриён 4:9, 10).

Зеро ки Писари Худо оғои рӯзи шанбе низ мебошад” (Матто 12:8).

Пас бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад. Инҳо сояи чизҳои оянда аст, аммо ҷисм аз они Масеҳ аст”. (Қӯлассиён 2:16, 17).



С. 62. Аҳкоми чорум чаро ба миён омад?


ҷ.


Пас, дар сурате ки ваъдаи дохилшавии ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст. Пас саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда фурӯ ғалтад” (Ибриён 4:1, 11).



С. 63. Аҳкоми панҷум чӣ гуна аст?


ҷ. Аҳкоми панҷум мегӯяд: “Падари Худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине, ки Худованд Худои ту ва ту медиҳад, дароз шавад” (Хуруҷ 20:12, Такрори шариат 5:16).



С. 64. Аҳкоми панҷум чӣ талаб дорад?

ҷ. Аҳкоми панҷум талаб мекунад, ки мо падару модарамон ва дигар одамонро, ки мартабаашон баланд ё паст, ё баробари моанд, иззат намоем ва вобаста ба талаботи мавқеи онҳо ва муносибати мо ба онҳо рафтор намоем.


«Падар ва модари худро иззат намо», ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда: То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ » (Эфсӯсиён 6:1,3).

Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам” (Ибодат 19:32).



С. 65. Аҳкоми панҷум чиро манъ мекунад.


ҷ. Аҳкоми панҷум беҳурматӣ нисбати калонсолон ва иззат накардани одамонро манъ месозад.


Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падару модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост” (1 Тимотиюс 5:4).

Пас ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ . Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро тақдир кунанд” (1 Петрус 2:13, 14).



С. 66. Сабаби ба миён омадани амри панҷум чист?


ҷ. Сабаби ба миён омадани амр чунин аст: Худованд ҳаёти дуру дароз ва пурмуваффақиятро ваъда кард, агар он ба фоидаи иҷрокунандагони ин амр Худовандро ситоиш намояд.


...То ки умри ту дароз шавад, ва дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои ту некӯ бошад” (Такрори шариат 5:16).



С.67. Аҳкоми шашум чӣ гуна мебошад.


ҷ. Аҳкоми шашум мегӯяд: “қатл накун” (Хуруҷ 20:13, Такрори Шариат 5:17).



С.68. Аҳкоми шашум чӣ талаб мекунад?


ҷ. Аҳкоми шашум талаб мекунад, ки мо ҳар гуна кӯшишҳои қонунӣ намоем, то ин ки ҳаёти худ ва ҳаёти дигаронро ҳифз намоем, нисбати наздикон муҳаббат зоҳир намоем ва ба ҳеҷ кас осебе нарасонем.



С. 69. Аҳкоми шашум чиро манъ менамояд?


ҷ. Аҳкоми шашум аз ҳаёт маҳрум намудани худ ва ё дигаронро, ба ягон кас зарари ҷисмонӣ расонданро, инчунин рафтореро, ки боиси худкушӣ ва ё қатл мегардад, манъ менамояд. Инчунин ба воситаи исқоти ҳамл нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуданро манъ менамояд.


Ҳар ки хуни одамизодро резад, хуни Ӯ ба дасти одам рехта шавад. Зеро ки одам ба сурати Худо офарида шудааст” (Ҳастӣ 9:6).

Ҳар ки аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст, ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад” (1 Юҳанно 3:15).



С.70. Аҳкоми (васияти) ҳафтум чӣ гунааст?


ҷ. Аҳкоми ҳафтум мегӯяд: “Зино накун” (Хуруҷ 20:14, Такрори шариат 5:18).



С. 71. Аҳкоми ҳафтум чиро талабгор аст?


ҷ. Аҳкоми ҳафтум покизагии ҷисмониро дар қалб, дар гуфтору рафтор талабгор аст.


Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ фуҷур, нафрат, қатлҳо, бадмастӣ бетартибӣ ва монанди ин, шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт”. (Ғалотиён 5:19, 21).

Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб, зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард” (Ибриён 13:4).


С. 72. Аҳкоми ҳафтум чиро манъ мекунад?


ҷ. Аҳкоми ҳафтум муносибатҳои ҷинсиро бидуни никоҳ манъ мекунад (хиёнати зану шавҳар, муносибатҳои ҷинсӣ то никоҳ) майли шаҳвонии ғайритабии мард ба мард, алоқаи ҷинсӣ бо хешованди наздик, чорвоомезӣ (ҷимоъ бо ҳайвон).


Ва бо мард мисли зан ҷимоъ макун, ин кори зишт аст” (Ибодат 18:22).

Ва бо ҳеҷ чорпо нахусп, то ки бо он наҷис гардӣ ва зане набояд пеши чорпоя биистад, то ки бо он ҷимоъ кунад, ин қабоҳат аст” (Ибодат 18:23).

Лекин ман ба шумо мегӯям: ҳар ки ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад” (Матто 5:28).



С. 73. Аҳкоми ҳаштум чӣ гунааст?


ҷ. Аҳкоми ҳаштум мегӯяд: “ Дуздӣ накун” (Хуруҷ 20:15, Такрори Шариат 5:19).



С. 74. Аҳкоми ҳаштум чӣ талаб мекунад?


ҷ. Аҳкоми ҳаштум талаб мекунад, ки мо аҳволи рӯзгори хеш ва дигаронро васеътар ва беҳтар кунем, бо роҳи қонун, қарзҳои худро баргардонем, дар ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ зиндагонӣ кунем ва дар ҳама гуна муносибатҳо поквиҷдон бошем.


Касе, ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад” (Эфсӯсиён 4:28).



С.75. Аҳкоми ҳаштум чиро манъ мекунад?


ҷ. Аҳкоми ҳаштум ҳама гуна хоҳишу кӯшишро манъ мекунад, ки ба роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани пул ва хусусӣ гардонӣ барад , барои касе ки набошад.


Вой бар касе ки хонаи худро ба ноинсофӣ ва болохонаҳояшро ба беадолатӣ бино мекунад: ёри худро муфт кор фармуда, музди вайро намедиҳад” (Ирмиё 22:13).

Дар мурофиа, дар андоза, дар вазн ва дар паймоиш беинсофӣ накунед (Ибодат 19:35).



С. 76. Аҳкоми нуҳӯм чӣ гунааст?


ҷ. “Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надиҳед” (Хуруҷ 20:16, Такрори шариат 5:20).



С. 77. Аҳкоми нуҳӯм чӣ талаб мекунад?


ҷ. Аҳкоми нуҳум талаб мекунад, ки мо фақат сухани ҳак гӯем, ва обрӯи худу дигаронро ҳифз намоем, алалхусус вақте ки чизе шаҳодат медиҳем.

Бинобар ин ҳизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми (аъзои) якдигарем” (Эфсӯсиён 4:25).

Ва дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ наандешед ва қасами дурӯғро дӯст мадоред, зеро ки Ман аз ҳамаи ин корҳо нафрат дорам, мегӯяд, Худованд” (Закарё 8:17).



С. 78. Аҳкоми нӯҳум чиро манъ мекунад?


ҷ. Аҳкоми нӯҳум ҳама чизеро, ки ҳақиқатро монеъ мешавад ва ба шӯҳрати касе зарар меоварад, манъ мекунад: дигаронро ғайбат кардан, дурӯғ гуфтан, беандешона хулоса баровардан, тӯҳмат, бадгӯӣ шаҳодати бардурӯғ додан ё ки асрори касеро фош сохтан, ки ваъдаи ниҳон доштанашро дода будед.


«Эй бародарон дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд. Вай шариатро бадгӯӣ мекунад, ва шариатро ҳукм менамояд, ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ пас иҷрокунандаи шариат нестӣ балки довар астӣ (Яъқуб 4:11).

«Хабаркаш сирро ошкор мекунад, вале шахсе, ки рӯҳан вафодор аст, ҳар чизро ниҳон медорад (Масалҳо 11:13).

«Шоҳиди қозиб беҷазо намемонад ва касе ки суханони дурӯғ бофад, раҳо намешавад (Масалҳо 19:5).



С. 79. Аҳкоми даҳум чӣ гуна аст?


ҷ. Аҳкоми даҳум мегӯяд: «Хонаи ёри худро тамаъ накун, зани ёрат, ва ғуломаш, ва канизаш, ва говаш, ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун» (Хуруҷ 20:17, Такрори Шариат 5:21).



С. 80. Аҳкоми даҳум чиро талаб мекунад?


ҷ. Аҳкоми даҳум талаб мекунад, ки мо аз аҳволи худ дар зиндагӣ шукр кунем (қаноат кунем) ва ба дигарону ба номи онон бо муҳаббат муносибат дошта бошем. Ба Худованд боварӣ дошта бошем, дар зодаи интихоби ҳаёти мо аз ҷониби Ӯ.


«Бинобар ин, модоме, ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд. Лекин онҳое, ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд. Зеро ки решаи ҳамаи бадиҳо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд» (1 Тимотиюс 6:8-10).

«Аммо аввал Малакути Худо ва адолати ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Матто 6:33).



С. 81. Аҳкоми даҳум чиро манъ мекунад?


ҷ. Аҳкоми даҳум ҳасисӣ ва ношукриро манъ мекунад, инчунин ҳасуд хӯрданро. Аз муваффақияти дигарон хашмгин шудан ва орзӯи соҳиб шудани моли дигаронро кардан лозим нест.


«Ва ҳамон миқдори хиштҳоро, ки онҳоро пештар мерехтанд, ба гардани онҳо бор кунед, онро ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед, зеро ки онҳо танбаланд, бинобар ин дод зада мегӯянд: «Биравем, то ки барои Худои худ қурбонӣ кунем» (Хуруҷ 5:8).

«Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад» (Эфсӯсиён 5:5).



С .82. Оё одам метавонад кулли васиятҳои Худовандро риоя кунад?


ҷ. Аз рӯзи гунаҳкоршавӣ ягон одаме наметавонад ба пуррагӣ тамоми аҳкоми Худовандро дар ин ҳаёт риоя намояд, бидуни ҳамарӯза ба хатогиҳо роҳ додан дар (андеша) афкор, дар гуфтор ё ки дар рафтор.


«Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд» (Румиён 3:23).

«Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад (Яъқуб 2:10).

«Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва ба гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд. Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин вақте ки Шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад» (Румиён 5:12, 13).



С.83. Оё гуноҳҳо аз рӯи вазнашон фарқ мекунанд?


ҷ. Дар назари Худованд баъзе гуноҳҳо худ ба худ хеле вазнинанд, назар ба дигар гуноҳҳо, баъзеи дигар аз рӯи зараре, ки меоранд.


«Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо ӯро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед» (1Юҳанно 5:16).

«Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад: лекин куфр бар зидди рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд. ҳар ки бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад, лекин ҳар ки бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд, на дар ин олам на дар олами оянда» (Матто 12:31, 32).



С.84. Ҳар гуноҳ чиро сазовор аст?


ҷ. Ҳар гуноҳ хашм ва ҷазои Худовандро сазовор аст, чӣ хеле ки дар ин ҷаҳон ҳамин тавр дар ҷаҳони оянда.


«Ва Худованд ба Мусо сухан ронда. Гуфт: «Ба ҳорун ва писаронаш бигӯ: Ин аст қонун дар бораи қурбонии гуноҳ: дар маконе, ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ карда мешавад, қурбонии гуноҳ низ бояд ба ҳузури Худованд, дар он ҷо забҳ карда шавад, ин қудси қудсҳост» (Ибодат 6:24, 25).

«Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ» (Румиён 6:23).



С. 85. Мо чӣ бояд кунем, ки аз хашм ва ҷазои Худованд, ки барои гуноҳҳоямон сазовор гаштаем, эмин монем?


ҷ. Барои аз хашм ва ҷазои Худованд эмин мондан, барои гуноҳҳои содиркардаамон, ба Исои Масеҳ ихлос намудан, тавба кардан дар ҳаёт бо кӯшишу ғайрат иҷро намудани пандҳои Исо, ки ба мо тавассути дуои хайр ва ҷуброни гуноҳҳо ворид мешаванд, зарур аст.


«Пас эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардонидааст. Чун шуниданд, дилреш шуда ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: «Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?» Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз Шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт» (Аъмол 2:36-38).

«Зеро ту агар бо даҳони худ эътироф кунӣ ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ ки Худо ӯро аз мурдагон эхё кард, наҷот хоҳӣ ёфт» (Румиён 10:9).


С.86. Ба Исои Масеҳ имон овардан чӣ маънӣ дорад?


ҷ. Ба Исои Масеҳ имон овардан хайру баракат аст, ки мо тавассути он наҷот хоҳем ёфт, фақат бо роҳи умедворӣ аз ӯ, ҳамон гуна ки Инҷил панд медиҳад (насиҳат мекунад).


«Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад» (Эфсӯсиён 2:8,9).

«Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва писари Худост, ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед» (Юҳанно 20:31).



С. 87. Дар ҳаёт тавба кардан чӣ маънӣ дорад?


ҷ. Тавба кардан- ин хайру баракати раҳокунандааст, ки бо шарофаташ инсон, гуноҳи худро ва бузургии Худовандро дар Исо, эҳсос мекунад, барои гуноҳҳои худ ғам мехӯрад ва ба онҳо нафрат мекунад, аз онҳо рӯй метобад ва сӯи Худованд рӯй меорад, бо хоҳиш ва нияти вафодор будан ба ӯ.


«Яке аз онҳо ки Оғобус ном дошт, бархост ва аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгӯӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рӯй хоҳад дод: он дар замони қайсар Клавдиус рӯй дод»(Аъмол 11:28).

«Зеро ғамеро ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дунявӣ мамотро ба амал меоварад»

(2 Қуринтиён 7:10).

«Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад» (Матто 3:8).

«Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст»

«Тавба кунед ва ба Инҷил Имон оваред» (Марқӯс 1:15).



С.88. Кадом роҳҳо ва воситаҳои рӯҳоние, мавҷуданд, ки тавассуташон Исо ба мо ризоият (фотиҳа) барои кафорат додааст.


ҷ. Исо моро ҳамон вақт ризоият ва фотиҳа медиҳад ва гуноҳҳоямон шуста мегарданд, ки агар мо суханҳои ӯро, асрору намоз воситаи фаъолияти маҳбубони ӯро баҳри наҷот риоя кунем.


«Ба ростӣ ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид» (Юҳанно 8:51).

«Пас, эй маҳбубонам, модоме, ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ- на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман,- бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред (Филиппиён 2:12).

«Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оварданд, ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам. Омин» (Матто 28:20).

«ҳар ки имон оварда, таъмид ёбад, наҷот хоҳад ёфт. Лекин ҳар ки имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд» (Марқӯс 16:16).

«Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд» (Аъмол 2:42).

«Ва ҳар он чӣ дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт» (Матто 21:22).


С. 89. Саҳми Калом барои раҳои ёфтан чӣ гуна аст?


ҷ. Рӯҳи Худованд тиловат ва алалхусус тарғиби Каломро истифода мебарад, барои ошкор сохтан ва баргардондани гунаҳкорон, барои қавӣ сохтани муқаддасоти онон, онҳоро тасаллӣ бахшидан бо роҳи боварӣ бар наҷот.


«Онҳоро бо ростии худ тақдис кун: каломи Ту ростист» (Юҳанно 17:17).

«Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед» (1 Петрус 2:2).

«Қадамҳоятро дар сухани Худ устувор гардон, ва ҳеҷ бадиро нагузор, ки бар ман ҳукмрон шавад» (Забур 118:133).



С. 90. Каломро чӣ гуна бояд қироат намуд ва гӯш кард, то ки он таъсирбахш бошад?


ҷ. Барои он ки калом алалхусус барои раҳоӣ таъсирбахш бошад, мо бояд бисёр ҳам бодиққат ба оне муносибат дошта бошем, ки мо онро чӣ гуна мехонем ва гӯш мекунем, худро тайёр бояд намуд ва барои дарки он дуо бояд хонд. Мо бояд онро бо боварӣ ва муҳаббат қабул кунем, онро дар қалбҳои худ бояд ҳифз намоем ва дар ҳаёти хеш амалӣ гардонем.


«Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рӯҳ ва қувват буд, то ки имони шумо на бар ҳикмати инсон балки бар қуввати Худо қарор ёбад» (Қӯринтиён 2:4,5).

«Сухани Туро дар дили худ нигоҳ доштаам, то ки пеши ту хато накунам» (Забур 118:11).


С. 91. Нақши асрор баҳри раҳоӣ чигунааст?


ҷ. Асрор воситаи таъсирбахше мегардад баҳри раҳоӣ на аз рӯи оне, ки худ ба худ ягон хел қувваи махсусеро доро бошанд, ва на аз рӯи одамон ки онро ба ҷо меоранд, балки бо шарофати ризоияти Исо ва кори Рӯҳи Муқаддас, ки Вай дар ононе ки онро ба ҷо меорад ва онҳоро бо ихлосмандӣ қабул мекунанд.


«Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд, ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам. Омин» (Матто 28:20).

«Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чӣ Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал, бо қуввати аломату мӯъҷизот. Бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорат Масеҳро интишор кардаам» (Румиён 15, 18, 19).

«Ӯро ки бо қуввате, ки дар мо амал мекунад қодир аст аз ҳар он чӣ мо мехоҳем, ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, Ӯро дар калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод. Омин» (Эфсӯсиён 3:20, 21).

«Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ адолат ва ростӣ иборат аст» (Эфсӯсиён 5:9).



С.92. Сирр чӣ маъно дорад?


ҷ. Сирр-ин кирдори муқаддаст аст, ки бино ёфтааст зи ҷониби Исо, ки дар худ шартҳо ва таасуротҳои Васияти Навро дорост, ки аз ҷониби ихлосмандон бо ёрии рамзҳо ба анҷом расидааст.


«Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд»

(1 Тимотиюс 3:9).



С.93. Дар Васияти Нав чӣ гуна асрор ҳаст?


ҷ. Асрори асосӣ дар Васияти Нав- ин таъмидшавӣ ва чашидани нону намаки табаррукии калисост (Шоми Худованд).


С.94. Таъмидшавӣ чист?


ҷ. Асрори ғусли таъмид- ин дар об тар шудан, бо номи Падар ва Писари Рӯҳулқудс, ки рамзи якҷояшавии мо бо Исост, сазовор гаштан ба ризоият ва васияту хайру баракат ва бахшоиши мо ба Худованд мебошад.


«Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед» (ғаллотиён 3:27).

«Ва Исо наздик омада ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст, пас биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед» (Матто 28:18, 19).


С. 95. Таъмидшуда кист?


ҷ. Инсон ҳамон вақт таъмидшудааст, агар бовар дошта бошад, ки Исои Масеҳ-Писари Худост, инчунин вай ба таври оммавӣ аз Исо омурзиш хоста ба Ӯ таслим мешавад.


«Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак об, ба таъмидгирифтанам чи чиз монеъ мешавад? Филиппус гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ ҷоиз аст». Вай дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост» (Аъмол 8:36, 37).

«Ҳар ки имон оварда, таъмид ёбад, наҷот хоҳад ёфт, лекин ҳар ки имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд» (Марқӯс 16:16).



С.96. Чашидани нону шароб чӣ маънӣ дорад?


ҷ. Чашидани нону намак-ин асрорест, шикастани нон ва қабул кардани шароб аз рӯи фармудаи Исо (ки марги Ӯро эълон менамояд). Касе, ки бо боварӣ ва дуруст нону шароб мечашад, тавассути ҷисм ва хуни Ӯ иштирокчии тамоми накӯкориҳои Ӯ мегардад, рӯҳан дар хайру саховатмандӣ қавӣ мешавад ва бар камол мерасад.


«Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки ӯро таслим карданд, ононро гирифт ва баракат дода пора кард ва гуфт: «Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад, инро ба ёдгории ман, ба ҷо оваред, ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст, дар Хуни Ман, инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории ман ба ҷо оваред».

Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро, менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд (1 Қӯринтиён 11:23-26).






С.97. Қоидаи дурусти қабули нону шаробхурӣ чӣ гунааст?


ҷ. Барои қабули дурусти нону шаробхурӣ бояд хешро дуруст озмуд, оё мо дар хусуси Бадани Худованд мулоҳиза мекунем, оё боварии мо аз Худованд баҳравар мешавад, дар қалби мо оё пушаймонӣ ҳаст ё не, муҳаббат, ва порсоӣ -чунин кирдорҳоро ба ҷо биёрем, мо хато нахоҳем кард, ва чизе ба маҳкумияти худро нӯшидаву хӯрда наметавонем.


«Пас одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад. Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад» (1 Қӯринтиён 11:28, 29).



C.98. Дуо чист?


ҷ. Дуо-ин муносибат бо Худованд аст: ошкор сохтани орзуҳои мо, дар назди Вай бо номи Исои Масеҳ


«Ҳеҷ гоҳ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед» (Филиппиён 4:6).

Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чӣ аз Падар ба Исми ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард” (Юҳанно 16:23).



С.99. Худованд дуоҳои моро чӣ гуна раҳнамун месозад?


ҷ. Ҳама каломи Худо алалхусус дуои Худованд, ки Ӯ шогирдони худро Омӯзондааст, дуоҳои моро раҳнамун месозад.


Пас бо ин мазмун дуо гӯед: Эй Падари мо, ки дар осмонӣ !

Исми Ту муқаддас бод, Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд, Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо деҳ, Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем. Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз Иблис раҳои деҳ, Омин” (Матто 6:9-13).




С.100. Оғози дуои Худованд моро чӣ меомӯзад?


ҷ. Оғози дуои Худованд (Падари мо дар осмон) моро ба Худо наздикшуданро меомӯзад, бо эҳтироми муқаддас, бо боварӣ ба Ӯ, чуноне ки кӯдакон ба падари худ боварӣ доранд, падаре, ки орзуи кӯмаки моро дорад, ҳамчунин мо бояд бо дигарон ва ба ҷои дигарон дуо хонем.


Пас ба ин мазмун дуо гӯед: Эй Падари мо, ки дар осмонӣ ! Исми Ту муқаддас бод!” (Матто 6:9).



С.101. Дар талаби аввал сухан аз кадом хусус меравад?


ҷ. Дар талаби аввал (Илоҳо номи Ту шӯҳратёр бод!�)

мо дуо мегӯем, аз он хусус, ки Худованд ба мо ва ба дигарон имконияти васф кардани Ӯро диҳад, дар ҳама ҷо, ки Ӯ истифода мебарад, ҳама чизро барои шӯҳрати худ.

Пас ба ин мазмун дуо гӯед:


Эй Падари мо, ки дар осмонӣ ! Исми Ту муқаддас бод” (Матто 6:9).



С.102. Талаби дуввуми мо аз кадом хусус аст?


ҷ. Дар талаби дуввум мо дуо мекунем, ки ҳокимияти иблис завол ёбад, ва зудтар малакути Худованд ва хайру бараккат ва шараф биёяд, ва мо иштирокдорони он бошем.


Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд” (Матто 6:10).



С.103. Талаби севуми мо аз кадом хусус аст?


ҷ. Дар талаби севум мо аз он хусус дуо мекунем, ки Худованди меҳрубон ба мо лаёқату хоҳиши пазируфтан ва имон овардан ба ҳукми ӯро диҳад, ба монанди оне ки малакут дар осмон чунин мекунанд.


Малакути Ту биёяд, Иродаи Ту, чуноне ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд” (Матто 6:10).



С.104. Талаби чаҳоруми мо аз кадом хусус аст?


ҷ. Дар талаби чаҳорум мо аз он хусус дуо мекунем, ки тавонем ҳоҷати рузғорро чун ҳадяи Худованд қабул кунем, ва аз ин ризоияти Ӯ лаззат барем.


Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ” (Матто 6:11).



С.105. Талаби (хоҳиши) панҷуми мо аз кадом хусус аст?


ҷ. Дар талаби панҷум, қавитар бод, баракати Худованд, ки моро лаёқати дигаронро сидқан бахшиданро ато кардааст, мо дуо мекунем, ки Худо гуноҳҳои моро омурзад ба хотири Исо.


Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем” (Матто 6:12).



С.106. Талаби (хоҳиши) шашуми мо аз кадом хусус аст?


ҷ. Талаби шашуми мо аз он хусус аст, ки Худованд ё моро ҳифз кунад аз гумроҳии гуноҳ кардан, ё кӯмак кунад ва раҳоӣ бубахшад аз гуноҳ ва аз гумроҳӣ .


Ва моро ба озмоиш дучор макун, балки моро аз Иблис раҳоӣ деҳ. Зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст” (Матто 6:13).



С.107. Охири дуои Худованд аз чӣ хусус ҳарф мезанад?


ҷ. Охири дуо аз он хусус ҳарф мезанад, ки ҳини дуохонӣ мо бояд кӯмакеро фақат аз Худо интизор бошем, ва фақат Ӯро васф намоем, воқиф аз он ки фақат ба Ӯ мансуб аст , Холиқ будан, қувва ва Шараф. Мо бояд нишон диҳем, ки мехоҳем мӯътакид бошем, мо шунавандаем ва мо мегӯем “Омин”


Ва моро ба озмоиши дучор макун, балки моро аз Иблис раҳои деҳ. Зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин” (Матто 6:13).












ОХИРСУХАН


Хонандаи азиз


Иҷозат бидеҳ ки ошкоро сухан гӯям ва ба ту пешниҳоде кунам.

ҳанӯз кӯдак будам, то он замоне ки хондани Библияро мустақилона омӯхтам, ва ба он таваҷҷуҳ пайдо намудам. Хушбахтона ман тавонистам муҳимияти Каломи Худовандро дарк кунам, бо кӯмаки, «Баёноти кӯтоҳи таълимоти динни Христианӣ ». Устодони аввалини ман волидайнам буданд. Баъдтар ман таёрии жарфтаре гирифтам аз омӯзгорони хонаи Худо. Воқеан ин китоб китоби кӯдакона нест. Ним аср баъдтар ман боз рӯ овардам ба ҳамин ҳуҷҷат, барои он ки аз нав дар хотиротам ин таълимоти асосии калисоро тоза намоям, ва боз ҳам моту маҳбут аз он будам, ки чӣ қадар ҳақиқат нуҳуфтааст дар чунин як фазои хурдакак. Ман хушбахтам ки тавассути ин гуфтаҳо метавонам бо бародарони худ, бо хоҳарон ва дӯстони худ дар мубодилаи афкор қарор дошта бошам, ки ҳамагӣ рус забонанд. Ман дуо мекунам, ки ҳар касе ки Исо барои онҳо мурд, ӯро хуб донанд, шиносанд, ҳамчунин ҳақиқати ҳолро дар бораи Ӯ донанд. Айнан бо ҳамин ният, «Баёноти кӯтоҳи таълимоти диннии Христианӣ » ба дасти шумо уфтод.

Боз ман орзу мекунам ки мо соатҳо паси чойҷӯш (самовор) нишинему аз ҳамин хусус ҳарф занем ва дуо кунем.

Чунон ки ин аз имкон берун аст, ман ба шумо пешниҳод мекунам:

Ба ман нависед. Бо мадади Худованд ман ҳатман ба суолҳои шумо ҷавоб мегӯям ва бо шумо дуо мехонам, бо шумо ва барои шумо.




Бо номи Исо бародар Алфред.


Alfred Mc Croskey

P. O. Box 69

Florence, Al 35631

USA





<< Дарсҳои рӯҳонӣ