Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

29 рӯз - 1

Download
 

Худовандо, ба ман дуо карданро ёд деҳ

(дар 28 рӯз)


Пеш аз оне, ки ба омӯзиш шурӯъ кунӣ


Он ҷое, ки бояд қавӣ бошем, мо заиф ҳастем. Пас чаро касоне, ки ба Исо ибрози имон мекунанд, чунин ҳаёти нотавонона ва содда доранд? Чаро бисёр одамоне, ки дар олами Ғарби насронӣ «машҳур» буданд «ба гуноҳ ғӯтида рафтанд»?


Вақте ки ҳаввориёни Калисоҳои аввал ногаҳон худро дучори баҳсу ҷидол дарёфтанд, ки сабаби масрафи ҳам вақт ва ҳам қувваи онҳо шуд, онҳо фаҳмиданд, ки кореро анҷом додаанд. Ба онҳо хатари гум кардани бартарии даъвати онҳо- Каломи Худо ва дуо таҳдид мекард. Барои ҳамин онҳо «ҷамоати шогирдонро» даъват карданд ва гуфтанд: «Шоиста нест, ки мо Каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини ризқу рӯзӣ машғул шавем. Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рӯҳулқудс ва пурҳикматро аз миёни худ интихоб намоед, то ки онҳоро ба ин хизмат таъин кунем. Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машғул хоҳем шуд» (Аъмол 6:2-4).


Ана дар ҳамин маврид ҳар фарзанди Худо бояд қавӣ бошад:


Дар каломи Худо ва дар дуо. Чаро Каломи Худо? Чаро ки мувофиқи гуфтаи Исо «одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае, ки аз даҳони Худо барояд» ва ин Каломи Худо аст (Матто 4:4).


Ин илҳоми илоҳист. Калимаи илҳом дар 2 Тимотиюс 3:16 аз калимаи юнонии «теопнестос»(theopnestos )гирифта шуда маънояш «Илҳоми Илоҳӣ» мебошад. Аз ин сабаб ҳам ҳаёти ман ва ҳам Дастуроти Рӯҳонӣ ба он бахшида шудаанд, ки ба одамон чӣ тарз омӯхтани Каломи Худоро ёд диҳем. Мо барои он вуҷуд дорем, ки дар Каломи Худо чунин халқи Худоро ташкил диҳем, ки ҳаёташон дар ҳурмату эҳтиром нисбати Худо гузарад.


Каломи Худо бунёди ҳама чиз дар зиндагии мо мебошад. Вақте Худо дар бораи ҳар амали додагӣ сухан мекунад ва чизеро, ки Ӯ мегӯяд ҳақиқат аст. Чизеро, ки Ӯ амр диҳад бояд бечуну чаро ба он итоат карда шавад. Худо сухан мекунад ва______ Мо бояд имон орем ва итоат кунем. ҳоло он ки масеҳият беш аз боваркунӣ ва итоаткунӣ ба фармонҳою ваъдаҳо аст. Масеҳият дин нест: ин муносибат аст. Ва муносибат ба иртибот (алоқа) ниёз дорад. Пас дуо хеле муҳим аст, чунки ба василаи дуо шумо ва ман ба Падари осмониамон иртибот дорем. Фикрҳои беҳисоберо ҳал мебоист кард, хирад ҷустуҷӯ шавад, захираҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ дорем, хатоҳою гуноҳо ислоҳ шаванд, муҳаббат ва қадрдонӣ алоқа дошта бошанд. Яъне, мо бояд бе ист дуо кунем. Аслан ҷанбаҳои ҳаёти ҳаррӯзаи моро дар Каломи Худо метавонист дарёфт кард, вале он ба тафсили амалӣ эҳтиёҷ надорад. Пас, моро лозим аст ки бо Падари осмониамон сухан кунем ва ба Ӯ гӯш диҳем. Ин дуо аст.


Шогирдон бояд эҳтиёткор бошанд, мабодо онҳо банди хизмати Худо шуда Каломро, ки он Худои аз ҳама бохабар ва дуоро, ки тавассути он бо Ӯ иртибот мекунанд, тарк кунанд.


ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш дар замин буд, онҳо мақоми дуоро дар зиндагии Ӯ диданд ва онҳо таълимоти ӯро дар бораи муҳим будани суботкорӣ дар дуо шуниданд. Яъне онҳо фаҳмиданд, ки чӣ тавр дуо кунанд, онҳо пурсиданд: «Худовандо ба мо дуо гуфтанро ёд деҳ».


Оё онҳо ба ин ниёз доштанд? Албатта! ҳақиқати ҳол он аст, ки ҳарчанд бештар шумо худро ба дуо ва Каломи Худо бахшед, муносибати шумо қавитар мешавад, ки он аз болои ҳама чизи дигар бартарӣ дорад.


Дар ин ҷо ҳам чунин аст: Ин китоби дигар барои дуо нест, ин китоби омӯзиши ҷавоби Исо ба шогирдони Ӯ мебошад, вақте онҳо

гуфтанд «Худовандо! Ба мо дуо гуфтанро ёд деҳ» ва Ӯ гуфт, «вақте ки шумо дуо мекунед, чунин гӯед�.»


Омӯзише, ки шумо ба он шурӯъ кардед, аллакай аз тарафи

450 000 нафар ба ҷо оварда шуд ва ҳисоботҳои муваффақиятҳои онҳо маро беҳад рӯҳбаланд карданд. Онҳо ҳаяҷоновар буданд. Ва мо инро интизор будем, чунки шумо танҳо мехоҳед ба Каломи Худо ворид шавед ва тарзи дуои Худовандро ҷуқуртар омӯзед.

Омӯзиши шумо танҳо чор ҳафта – ё бисту ҳашт рӯз давом хоҳад кард. Вале он чиро шумо меомӯзед шумо тамоми ҳаётатон истифода хоҳед бурд.


Чун шумо дар давоми ин дарсҳо ё баъди итмом аз он истифода мебаред, шумо хоҳиш мекунед, ки китобҳои дигарреро низ дар бораи дуо мутолиа намоед. Албатта дар ин мавзӯъ китоб ёфтан душвор нест. Баъзеи ин китобҳо ганҷинаҳои бебаҳо ҳастанд. Вале, китобҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки асоси инҷилии қавӣ надоранд, пас ба шумо лозим аст, ки китобҳоро бо як нуқтасанҷию борикбинӣ интихоб намоед. Гузашта аз ин, оё ба мо зарур аст, ки аз навиштаҷотҳои муқаддас ва чизеро ки онҳо дар бобати дуо таълим медиҳанд, дур равем? Ман фикр мекунам, ки не, вале ман мехоҳам шумо худатон ба хулосае оед.


Ин китоби дарсӣ бо дуое тақдим шудааст, ки Худо онро барои «мувофиқи иродаи Ӯ» дуо гуфтан ва сухани Ӯ дар шумо мондан истифода мекунад. Ба хотир биёред, ки Исо гуфта буд, « Агар дар ман бимонед ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чӣ мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд» (Юҳанно 15:7).


Шумо метавонед ин китобро барои омӯзишҳои гурӯҳӣ, дуокунии гурӯҳӣ, дарсҳои мактабҳои Якшанбе, ё метавонед онро шахсан истифода кунед. Чӣ хеле ки шумо мехоҳед онро истифода набаред, ва баъд натиҷаи онро хоҳед дид.



РӮЗИ ЯКУМ


Вақти дуокунӣ дар яке аз конференсияҳои занона дар Пресепт Министриез буд ва зане аз мо хоҳиш кард, барои як аъзои калисояш, ки ҳозир дар беморхона, аз касалии саратон азоб мекашад ва дар дами марг аст, дуо гӯем.


«Барои шифоёбиаш дуо мекунед?» гуфт зан.


Дебра Мартин, яке аз кормандони мо, он замон микрофонро идора мекард, ва ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки дуо гӯяд. Дебра бо дуокунӣ бо овози паст ва бо шармгинӣ сар кард. Ман дарк кардам, ки ӯ бо суоле дар набард аст- суоле, ки ҳамчунин дар дили ман буд: «Худовандо! Чӣ хел дуо гӯям?».


Ҳоло ман фақат мешунавам, ки баъзе «бародарон» ё «хоҳарони» мо мегӯянд, «Мубориза! Чаро мубориза! Имони ӯ куҷо? Оё ӯ имон надорад, ки Худо метавонад шифо бахшад? Оё ӯ ваъдаҳоро медонад?» Оё Навиштаҷотҳои Муқаддас намегӯянд, ки агар мо бо номи Ӯ чизеро хоҳиш кунем Ӯ онро иҷро хоҳад кард? Дар бобати ояте, ки мегӯяд «мувофиқи имони шумо дар шумо хоҳад буд?».


Бале Дебра ваъдаҳоро медонист ва ӯ медонист, ки Худо метавонад шифо бахшад ва шифо ҳам мебахшад. Масъала дар он аст, ки ӯ иродаи Худоро барои ин шахси алоҳида надонист.


«Иродаи Худо! Иродаи Худо!» Ман боз овози баъзеҳоро мешунавам. «Иродаи Худо шифо бахшидан мебошад! Шифоёбӣ барои ҳама аст, агар мо танҳо имон талаб кардани онро дошта бошем!».


Агар шумо ба ин гуфтаи охир дар ризоият сар ҷунбондед, ман медонам шумо аз куҷо омадаед, ва мо инро баъдтар дар раванди омӯзишамон мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод. Вале ҳоло, ман намехоҳам аз мавзӯъ берун шавам, чаро ки ҳозир мо танҳо як мақсад дорем: «Худовандо! Маро дуо гуфтан ёд деҳ».


Оё Шумо ҳам дар вазъияте, ки Дебра буд, афтидаед? Агар одамон гӯянд, ки шумо ба дуо боварӣ доред, ман ҳам бо онҳо ҳамфикр ҳастам. Шумо чӣ кор кардед? Чӣ тарз шумо дуо гуфтед? Оё Худо ба дуои шумо ҷавоб дод? Шумо боварии комил доред, ки Ӯ ҷавоб дод? Ё, агар Ӯ ҷавоб дод, ин шуморо ба тааҷҷуб овард?


Ба ман имкон диҳед, ки каме бештар суол кунам, ки ҳоло мо сари ин масъалаем. То чанд шумо дар дуоҳоятон эътимоднок ҳастед? Оё шумо ягон бор боварӣ доштед, ки Худо ба дуоҳоятон посух медиҳад? Вақте ки шумо дуо мекунед, дуоҳоятон ба шакли умумӣ мисли «ҳамаро дуои хайр деҳ. Ба ҳамаи мубаллиғон (миссионер) ёрӣ деҳ. Ҳамаи маризонро шифоӣ бахш» мебошанд? Шумо метарсед, ки ба тарзи махсус дуо кунед, то ки аз Худо ҷавоби муайянеро пурсед?


Оҳ, дӯстам, бовар кунед, ки ман шуморо мефаҳмам. Ман он ҷо будам. Чун ман он ҷо будам, шумо муқобил нестед, ки ман якчанд суоли дигар пурсам?


Оё шумо ягон бор ҳангоми доварии дигарон ва ҷавоби онҳо ба дуо дар тарсу харос будед. Оё шумо худро ҳамчун инкоршуда ҳис мекардед, чунки шумо ин хел ҷавобҳо нагирифтед? Оё ин шуморо рашкманд, ҳасудомез� ва ё тамоман асабонӣ мекунад? Оё ба шумо тааҷҷубовар аст, ки шумо чӣ хел дуо карданро медонед? Оё Шумо аз дуоҳоятон ноумед шудаед ё не? Шумо китобҳоро дар бораи дуо мехонед ба ҳаяҷон меоед ё худро маҳкум мекунед, бо садои баланд сар мекунед ва баъд овозатон паст мешавад.


Дили худро тақдис намоед. Боз як бори дигар гуфтаниям ки ман мефаҳмам. Ва ҳарчанд ман намехоҳам он гоҳе, ки вақти дуо расид, пеш бошам. Ман метавонам бо шумо принципҳоро аз Каломи Худо бо ҳам бинем, ки онҳо ба мо барои он ки дуоямон таъсирнок шаванд ва ҷавобро пайдо кунанд зарур ҳастанд. Инҳо асос ҳастанд. Онҳо оддӣ ҳастанд. Онҳо инҷилӣ ҳастанд. Пас онҳо амал мекунанд. Ба шумо танҳо амалия зарур аст!


Ирода! Хуб! ҳоло бошад дар пеши Худо муайян кунед, ки шумо он чиро, ки оғоз кардед ба анҷом хоҳед расонд? Ё дигар карда гӯем, маълум кунед, ки шумо бисту ҳашт рӯз дар пеши пои Ӯ хоҳед гузаронд, ва онро хоҳед омӯхт вақте Ӯ мегӯяд, «Пас, ба ин мазмун дуо гӯед�?» (Матто 6:9) ва дар ин ҳол Ӯ чиро дар назар дорад.


Имрӯз вазифаи шумо хондани оятҳои зерин аз 1 Юҳанно мебошад. Баъди хондан ман ба Шумо мегӯям чӣ кор бояд кард.


«Ва ҷуръате, ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад. Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чӣ аз Ӯ талаб кардаем, меёбем» ( 1 Юҳанно 5:14-15).


Мувофиқи ин оятҳо агар шумо чизеро, ки иродаи Худо бошад талаб кунед, шумо метавонед фаҳмед, ки Ӯ шуморо мешунавад ва ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад.


Ин иродаи Худо барои шумо аст, ки чӣ тарз дуо гуед? Баъд ба василаи дуо ба пеши Худо равед, ба Ӯ гӯед, ки новобаста аз дуо шумо чӣ мехоҳед. Ваъдаҳои ӯро ба Ӯ нишон диҳед, ва онҳоро талаб кунед.


Дуои худатонро нависед. Онро оддӣ, кӯтоҳ ва ба мақсад наздик нависед. Худо хубтар намешунавад, агар мо дарозтар дуо гӯем!


РӮЗИ ДУЮМ


Бисёр вақтҳо шумо мешунавед, «Дуои боисрори шахси, одил қуввати бузург дорад» (Яъқуб 5:16). Ин чӣ маънӣ дорад? Ва боз Яъқуб мегӯяд, «Ильёс шахсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рӯи замин борон набуд. Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самараи худро ба вуҷуд овард» (Яъқуб 5:17-18).


Лаҳзае, чун мо шунидем «Ильёс шахсе буд монанди мо» рӯҳбаланд шудем. Вақте ки мо инро мехонем умедамон пур мешавад. Агар Ильёс инсони оддӣ ба мисли мову шумо мебуд ва дуоҳояшон қабул шуданд, пас барои мо умед аст! Албатта ин умеди мо то он замонест, вақте мо мехонем, ки ин одам муддати се солу шаш моҳ ба осмон дуо кард! Ва дуояш дар ин ҷо анҷом напазируфт! Ильёс бо дуо осмонро на танҳо пӯшонд, балки бо ҳамон роҳ онро кушод.


Умедамон ширин буд, вақте он давом дошт, вале он дигар нест. ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ, осмонро на танҳо пӯшонд, балки бо ҳамон роҳ онро кушод.


Умедамон ширин буд, вақте он давом дошт, вале он дигар нест. ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ мо наметавонем ин хел дуо гӯем! «Не, на ман. На масеҳии оддӣ ба мисли ман», шояд шумо фикр мекунед. «Ин дуокуни муқаддаси олӣ аст, вақте ки шумо дуо мекунед ва ба ин тарз ҷавоб гиред!»


Оё ин мақсади Худо буд, ки Яъқуб ин суханҳоро сабт кунад? Онҳо суханҳои рӯҳбаландӣ ё ноумедианд? Оҳ, дӯстам, ман медонам, ки инҳо суханҳои умед ва рӯҳбаландӣ ҳастанд. Худо маро чунин дидан мехоҳад, ки мо одамони оддӣ- ба монанди ман ва шумо- ба василаи дуо корҳои ғайриоддӣ анҷом дода метавонем.


«Вале чӣ хел?» мепурсед шумо.


«Чӣ хел?» ана ин савол аст. Ва Каломи Худо ҷавоб дорад. Ва ману шумо саъю кӯшиш кунем онро тавассути панду насиҳат паи панду насиҳат, сатр паи сатр, каме ин ҷо ва каме он ҷо ҷустуҷӯ намоем, то ин ки то ба охир расидани ин бисту ҳашт рӯз шумо ба таври амиқ бидонед, ки дуоро чӣ тарз таъсирнок гуфт.


Саъю кӯшиш барои дуо кофӣ нест. қонунҳои дуо мавҷуд ҳастанд қонунҳо дар Каломи Худо мебошанд. Вақте ки мо ин дарсҳоро хатм мекунем мо ин қонунҳоро хоҳем донист. Агар қудрати Ильёс дар дуо шуморо ҳайрон кард, андеша кунед, ки шогирд бояд худро чӣ тарз ҳис кунад, вақте ки қудрати дуои Худовандро ҳис кунад. Барои ҳамин онҳо мегӯянд, «Худовандо! моро дуо гуфтан ёд деҳ�» (Луқо 11:1).


Пас рӯҳафтода нашавед. Дуоро омӯзондан мумкин аст. Чун онро метавон омӯзонд, онро ҳамчунин метавон омӯхт!


Барои ҳамин Исо ҷавоб дод, «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед�» (Луқо 11:2).


Порчаи зеринро аз Луқо 11:1-10-хонед. ҳангоми хондан дар бораи он фикр кунед, ки чаро Исо тасвирҳоеро интихоб кард, ки Ӯ дар оятҳои 5-8 истифода бурдааст.


Чун наздики Ерусалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-ҳинӣ, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода. Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед, чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳануз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред». «Ва агар касе ба шумо гӯяд: «Чаро чунин мекунед?», ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад, ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад». Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд, ва онро воз карданд. Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?» Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд, ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд. Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд. Бисёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд. Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд.


«Ҳӯшаъно!

Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!

«Муборак аст малакути Падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд!

ҳӯшаъно дар арши аъло!» (Луқо 11:1-10)



Нависед, ки чаро Исо дар оятҳои 5-8 тасвирҳоро истифода кард.


Дуо кардан осон нест. Дуо илм аст, ва илм суботкориро талаб мекунад. Дар ин порча, феълҳои талаб кардан, ҷустуҷӯ кардан, ва дарро кӯфтан, дар замони ҳозира омадаанд, ки аъмоли давомдор ё доимиро мефаҳмонад. Чаро Исо ба мо мегӯяд, ки мо пурсидан, ҷустуҷӯ кардан ва дар кӯфтанро давом диҳем? Чаро Худо ба хоҳишҳои мо дар вақти кӯтоҳ ҷавоб намедиҳад? Оё шумо андеша мекунед, ки мумкин ин моро дар ҷамоати доимӣ нигоҳ медорад ва моро дар ин раванд суботкорӣ меомӯзад?


РӮЗИ СЕЮМ


«Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст» (Луқо 11:1). Ваҳ, чӣ суханҳои пур-арзишанд, ва онҳо ба ман нишон медиҳанд, ки дуо маҳорат аст ва онро метавон омӯхт. Агар дуо маҳорат бошад, пас ман метавонам онро бо мурури замон ва таҷрибаҳо инкишоф диҳам.


Ман фикр мекунам, ки мо бисёр вақт рӯҳафтода мешавем чун дар бораи имон ва ҳаёти дуоҳои дигар мешунавем. Мо чунин фикр мекунем, «Ман ба ин ноил нахоҳам шуд». Яъне мо пеш аз оне, ки оғоз кунем заифу маъюс мешавем. Ё мо худамонро бо дигарон муқоиса мекунем. Мо дар бораи одамони муқаддас мехонем, ки соатҳо, рӯзҳо, шабҳоро бо дуо мегузаронанд ва мо ҳатто наметавонем, ки даҳ, бист, ё сӣ дақиқа дуо гӯем. Пас чӣ хел мо метавонем ҳар рӯз соатҳо дуо гӯем, дар бораи рӯзҳою шабҳо ҳатто ҳоҷати гап ҳам нест. Мо ҳис мекунем, ки мо ҳаргиз чунин наметавонем, ва мо сар накарда аз он даст мекашем.


Вале шумо метавонед ноил шавед! Фақат бифаҳмед, ки он оҳиста-оҳиста бо дониш, бо ҷидду ҷаҳд, бо мурури замон ва бо таӣриба хоҳад омад. Онҳо Исоро ҳангоми дуокунӣ диданд (Луқо 11:1), ва онҳо фаҳмиданд, ки Ӯ медонад чӣ хел дуо гӯяд. Онҳо ташнаи донистани тарзи дуокунӣ буданд, барои ҳамин онҳо пеши Донанда рафтанд.


Ин ҷое аст, ки ман ва шумо рафтанӣ ҳастем: ба пеши Донанда, Худованд Исои Масеҳ, Каломи Худ. Мувофиқи матни Луқо 11, Исо ба талаби шогирдонаш ҷавоб гардонд, ки мо онро «Дуои Худованд» ном мебарем. Вақте ки Ӯ ба онҳо ин дуоро тақдим намуд, оё Исо онро дар назар дошт, ки шогирдон танҳо дуоро паи ҳам такрор ба такрор гӯянд? Оё Ӯ гуфта буд, ки гуфтани ин суханҳо роҳ ба сӯи дуо аст? Не. Ва Исо гуфта буд, «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед. Ӯ гуфт. «Вақте ки шумо дуо мегӯед, пургӯӣ накунед» (Матто 6:7,9)».


Пас Дуои Худованд маънои онро надорад, ки онро аз рӯи одат такрор ба такрор гӯем. Исо он тарзи дастурамалеро истифода бурд, ки кашишони он вақта ба кор мебурданд. Ӯ ба шогирдон намунаи дуокуниро омӯзонд.


Намунаи дуоҳо ҷамъи ҷумлаҳои кӯтоҳ мебошанд, ки ҳар кадомаш мавзӯъеро барои дуо тақдим мекунад. Ман ба мисли дигарон боварӣ дорам, ки Дуои Худованд ба мо дар шакли мавзӯи ҷузъи таркибӣ, барои дуои таъсирнок нишон медиҳад. Дар Каломи Худо шогирдон ба Исо гуфтанд, «Ба мо дуо гуфтанро ёд деҳ». Исо ба онҳо чунин ҷавоб дод. «Пас ба ин мазмун дуо гӯед» (Матто 6:9). Барои ҳамин, мувофиқи намуна ё нақшаи Дуои Худованд дуо гуфтан, дуои таъсирнок аст ва он фоидаи зиёде дорад.


Чаро шумо бо Худо аҳд намебандед, ки бе шикаст дар бисту панҷ рӯзи дигар барои дуо вақти махсусеро ҷудо мекунед? Ба Ӯ гӯед, ки шумо ба пеши Ӯ ҳамчун шогирд меоед. Ба Ӯ бигӯед, ки агар Ӯ ба шумо кӯмак накунад дигар ҳеҷ умеде нест! ҳангоми дуокунӣ, бо Ӯ дар бораи он чизеро, ки шумо омӯхтед ҳарф занед. Худатонро бо дигарон муқоиса накунед, ё кӯшиши ба тарзи ҳаёти дуои онҳо зиндагӣ кардан накунед. Фақат шумо ва Худо, писар ва Падар ҳастед.


Ӯ интизор аст ва ташнаи гузарондани вақт бо шумо мебошад.




РӮЗИ ЧОРУМ


Оё ин олиҷаноб намебуд, агар ҳар гуфтаҳои муҳими дуоро ба якчанд ҷумлаҳои содда фишурда намоянд, то ин ки онҳоро метавон осонакак дар хотир нигоҳ дошт? Ва баъд дар кадом ҳолате, ки набошед, шумо метавонед ин гуфтаҳои муҳимро ба ёд оваред ва онҳоро барои иртибот бо Падар ба тарзи пурмаънӣ истифода баред.


Оҳ, дӯстам, боре агар шумо дуо гуфтанро ёд гирифтед, бифаҳмед, ки аз донистани он ки ҳангоми дуо шумо ба лаби ҷомаи Ӯ даст расондед, чизи дигаре ширинтар нест. Ин шифоёбӣ аст! Ин азнавшавӣ аст! Ин ба шумо сулҳу осоиш ва самимият меорад, ва он ба мисли марҳаме бар рӯҳи шумо ҷорӣ мешавад.


Вале метавон ҳамаи ҳақиқатҳои дуоро дар якчанд ҷумлаҳои кӯтоҳ ва содда ҷамъ намуд? Бале! Онҳоро метавон ҷамъ намуд! Онҳоро ҷамъ карданд! Худованди мо ин корро кард, вақте ки Ӯ ба мо Дуои Худовандиро тақдим намуд. Чӣ хеле, ки ман дирӯз гуфтам Дуои Худованд ин маҷмӯъи ҷумлаҳои намунавианд, ки ҳама ҷиҳатҳои дуоро дар бар мегиранд. Пас ҳангоме, ки ҷумларо паи ҷумла, гуфтаро паи гуфта мехонед шумо тамоми ҷанбаҳои дуоро аз худ мекунед. Ҳамаи талаботҳо барои дуо, ҳамаи ҷиҳатҳои парастиш ва ҳамду саногӯӣ, ҳамаи лаҳзаҳои ҳомигӣ (тарафгирӣ) ва арзагӯӣ дар Дуои Худованд омадаанд. Ин намунаи ҳақиқиест барои ҳамаи дуоҳо. Оҳ, чӣ ганҷинаи бузургеро Худованди мо ба шогирдонаш ва ба мо тақдим намуд, вақте ки онҳо гуфта буданд, «Худовандо! Ба мо дуо гуфтанро ёд деҳ.


Имрӯз мо ин мисоли дуоро ҷумла ба ҷумла таҳлил хоҳем кард. Чун мо дар як вақт ба як панд нигоҳ мекунем, ман шуморо ба Навиштаҷоти дигар хоҳам бурд, ки ҳар панди махсусро, васеъ мекунад, рӯшан мекунад, тасвир мекунад ё бо далел исбот мекунад.


Ман намехоҳам шумо танҳо хонандаи ғайрифаъоли ҳақиқат бошед. Ба шумо лозим аст, ки ҳангоми омӯзиш фаъолона ширкат варзед. Яъне, агар ба шумо чизе карданро фармуданд пас онро ба ҷо оваред. Ман инро шукргӯӣ ном мебарам. Ин кори вазнин нест. Ин омӯзише аст ки ба шумо кӯмак мекунад то ҳақиқатро дар қалбатон маҳкам кунед. Пас биёед сар кунем!


Дуои Худованд аз Матто 6:9-13 бароятон дар саҳифаи оянда сабт шудааст. Онро хонед. Ва баъд дар бораи он андеша кунед.


Аз Худо талаб кунед, ки ба шумо нишон диҳад, ки кадом мавзӯъҳо ё сарлавҳаҳо барои дуо дар ин намунаи дуо нишон дода шудаанд. Чун шумо мехонед, дар атрофи ҳар ҷумла қавсҳоро монед ва баъд барои мавзӯъ сарлавҳа нависед. Мисол:


Т

Сарлавҳаи шумо

аслим ба

Иродаи Худо


Пеш аз он, ки сар кунам, иҷозат диҳед як чизи муҳимро бароятон гӯям: Дар бораи бофаросатӣ ва суханпардозии сарлавҳаҳо хавотиромез набошед. Дар бораи истифодаи аллитерация (услуби шеърнависӣ, ки барои афзудани таъсири сухан кали маҳоеро интихоб мекунанд, ки дар онҳо овозҳои ҳамсадо такрор шаванд), фикр накунед, ки ҳамаи сарлавҳаҳоро ба як ҳарф оғоз намоед. Ин нуқтаи асосӣ нест. ҳоло шояд шумо пай бурдед, ки дар навиштаҷот ё гуфтаҳои ман ҳеҷ суханпардозӣ нест, ҳоло он ки Худо онро истифода бурдааст. Пас роҳат кунед. Бигузор Худо ба шумо фаросат бахшад. Баъд он чизеро, ки дар дуо омӯхтед, дар амал татбиқ кунед.



РӮЗИ ПАНҶУМ



Дирӯз ҳангоми таҳлили ҳар намунаи ҷумлаҳои Худованди мо чиро дарк кардед? Ба ман иҷозат диҳед, ки он чиро ман дарк кардам бо шумо ба ҳам бинам.



МАВЗӯЪ

НАМУНАИ ҶУМЛА

САРЛАВҲА

Парастиш

Эй Падари Мо ки дар осмонӣ, Исми Ту муқаддас бод

Парастиши Падар

Боварӣ

Малакути Ту биёяд

Боварӣ ба соҳибихтиёрии Худо

Таслимшавӣ

Иродаи Ту чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд

Таслимшавӣ ба иродаи Ӯ

Арз ва ҳомигӣ

Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ


Иқроршавӣ

Ва қарзҳои маро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем

Иқроршавӣ ва бахшиши қарзҳо

Раҳоӣ

Ва маро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳои кун

Ҳушёрӣ ва раҳоӣ

Парастиш

Зеро ки малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они туст Омин

Парастиш



Ҳарчанд сарлавҳаҳои мо метавонанд ба тарзи гуногун ба қалам дода шаванд, ман чунин андеша мекунам, ки Дуои Худованд ҳамаи ин мавзӯъҳои асосӣ ва ҳама фарогирандаро дар бар мегирад. Ва ҳар сухани Каломи Худо оиди мавзӯи дуоро метавон зери яке аз ин ҷумлаҳои намунавӣ вогузошт. Дуои Худовандро бофаҳмона гуфтан ҳамаи мавзӯъҳои дуоро фаро мегирад. Пас, агар шумо ин дуоро аз ёд мекунед, калиди дуои таъсирнок дар дастатон хоҳад буд.


Барои ба шумо кӯмак кардан, мо ин дуоро ҷумла ба ҷумла, таҳлил хоҳем кард. То ҳоло, мо танҳо зоҳири дуоро даст задем! Вале, фақат бисту се рӯзи дигар мондааст! Вале он чизеро мо дар ин бисту се рӯз хоҳем кард, барои ҳаёти шумо бунёди мустаҳкаме хоҳад буд. Баъд шумо метавонед ҷумлаҳои мураккабтарро созед ва бошукӯҳу олӣ будани онҳо ба хоҳиши шумо вобастагӣ дорад. ҳамчунин ин ба он вобаста ҳаст ки то чанд шумо метавонед худатонро ба дуо ва рӯҳонияти Калом (Аъмол 6:4) бахшед. Дуо ва Калом асоси масеҳият мебошад. ҳамаи хизматҳои ҳақиқӣ барои Малакут решаашро дар онҳо пайдо мекунанд.


Ҳозир ман мехоҳам шумо дар бораи «Эй Падари мо, ки дар Осмонӣ» андеша намоед. Чаро Исо ба ин тарз шурӯъ кард? Дар бораи ин фикр кунед ва пеш аз он, ки ба дарсҳои дигар сар кунед ҷавобатонро рӯи коғаз оред. Дар хотир нигоҳ доред, ки инҳо рӯзҳо�рӯзҳои омӯзиш тавассути ширкати фаъолона мебошанд. ҳеҷ гоҳ бештар аз оне ки коридед, ҳосил ҷамъ нахоҳед кард!


Дуои ҳақиқӣ ин алоқа бо Падар мебошад. Он гоҳе, ки шумо бо парастиш, тарафгирӣ, арзагӯӣ, ё сипосгузорӣ сару кор доред, ҳамаашон ба Худо, ба Падар нигаронда шудааст.


Дар Ибриён 11:6 омадааст; «Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест, зеро ҳар ки сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод».Чӣ тарз Ибриён 11:6-ро бо панди кушодашавӣ ҳангоми дуо муқоиса кард?


Оё шумо мулоҳиза кардед, ки Ибриён 11:6 бо суханони; «Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест?» Яъне имони на танҳо ба Худо писанд омадан, балки инчунин ба пеши Ӯ омаданро фаро мегирад. Аммо имон чист? Он дар Ибриён 11:1 чунин маънидод шудааст: «Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд».


Дуо бо гуфтугӯ кардан бо Худо сар мешавад, ҳарчанд шумо ӯро ҳаргиз дидагӣ нестед, дар ин ҷо – Худо «барои онҳое, ки дар ҷустуҷӯи Ӯ ҳастанд музд мебошад». Аз ҳамаи он чизе, ки мо имрӯз гуфтем, оё шумо метавон пай бурд, ки бунёд, ҳақиқати аслии ҳамаи дуоҳо имон ба Худо мебошад?


Ва Ӯ чӣ тарз Худо аст? Ӯро дар Матто 6:9 чӣ хел ном мебаранд? «Падари мо».


Дӯстам, оё инро пай бурдед? Шумо ба пеши Подшоҳи дур, дастнорас ва бетафовут нахоҳед рафт: Шумо ба пеши Падар, Падар бо фарзандон, Падаре, ки дӯст медорад, ғамхорӣ мекунад, Падаре, ки мехоҳад бо фарзандонаш рафоқат дошта бошад. Пас биёед лаҳзаеро дар гуфтугӯ бо Ӯ гузаронем, чуноне ки фарзанд бо падари худ сухан мекунад.


«Вале кай» мегӯед шумо, «падари ман ҳеҷ гоҳ бо ман гуфтугӯ накард, ҳеҷ гоҳ маро ғамхорӣ накард, пас чӣ хел ман метавонам бо Худо ҳамчун Падар гуфтугӯ кунам?» ҳарчанд шумо ин хел падар дошта бошед, оё шумо мехостед падаре дошта бошед, ки шуморо дӯст дорад, ғамхорӣ кунад, дастрас бошад? Албатта шумо мехостед. Бале Ӯ дар он ҷо, дар осмонҳо, интизор аст, ки шумо бо Ӯ гуфтугӯ кунед.


Ҳамаро бо овози баланд гӯед. Гӯед, ки шумо дар бораи Ӯ ҳамчун Падар чӣ андеша доред. Ба Ӯ дар бораи тарсу бими худ, умедҳои худ, интизориҳои худ нақл кунед. Гӯед, ки шумо барои муносибат бо Ӯ майл доред. Баъд пурсед, ки Ӯ чӣ майл дорад� ва бодиққат гӯш кунед. Ба Ӯ вақт диҳед то сухан гӯяд, сипас он чизе, ки ба хотират меояд онро рӯи коғаз оваред.



РӮЗИ ШАШУМ



Падари мо� Ӯ чӣ хел ҳаст? Кашфи ҷавоб ба ин суол дуоҳои шуморо хеле афзун хоҳад кард.


Агар шумо хоҳиши донистани ӯро доред, ки Ӯ чӣ тарз содиқона аст, шумо бояд Каломи Худоро истифода баред. Ва шумо хоҳед донист, ки чаро миқдори каме ӯро дар ҳақиқат ҳам мешиносанд? Мо Падари Худ ва роҳҳои ӯро нахоҳем фаҳмид, агар мо донишҷӯёни Каломи Ӯ набошем. Мо бояд омӯзем то ин ки худамонро ба Худо муносиб нишон диҳем (2 Тимотиюс 2:15). Агар мо Худои худ ва роҳҳои ӯро надонем, дуоҳҳои мо беқувват ва бетаъсир хоҳанд шуд. Мо барои Худои худ ҳеҷ чизи бузург намеоварем, агар мо бузургии ӯро намедонем. Мо аз Худо талаб намекунем, ки корҳои инсонро иҷро кунад, то он замоне, ки мо роҳҳои ӯро бо халқ ва ваъдаҳои ӯро дар муносибат ба корҳои инсон дарк намоем.


Биёед дар ин ҷо лаҳзае таваққуф кунем ва ман ба шумо тасвиреро пешниҳод мекунам. Ба ёд оред, ки чӣ тарз Илёс ба василаҳо дуо осмонро кушоду сипас пӯшонд? Даҳшатнок ҳамин хел не? Оё шумо ҳайрон нашудед, ки Ильёс дар куҷо ба чунин имон ноил шуд, агар ӯ одами оддӣ буд? Хуб, Ильёс китоби Шариати Мусоро медонист. Ильёс ҳамчунин Худои худро медонист. Ӯ медонист, ки Худо ба Каломи худ содиқ ҳаст.


Вақте ки Ильёс дар пеши подшоҳи бадкор Аҳъоб истода гуфт; «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба ҳузураш истодаам, касам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман». Ӯ фақат аз Каломи Худо истифода мекард. Дар такрори шариат 28, Худо мегӯяд, ки Ӯ ин корро хоҳад кард, агар халқи Ӯ аз итоат ба Каломи Ӯ рӯй гардонанд. Яке аз аъмоле, ки Худо гуфт, ки онро хоҳад кард ин хел буд « Худованд борони заминатро ғубор ва хок хоҳад гардонид, ва он аз осмон бар ту фуруд хоҳад омад, то даме ки несту нобуд шавқ. Ва осмони ту, ки болои сари туст, монанди мис хоҳад гардид, ва замине ки зери пои туст- монанди оҳан» (такрори шариат 28:24, 23).

Ильёс худаш одами ғайримуқарарқ набуд. Ӯ одами оддӣ бо табиати мисли мо буд. Ӯ дар дуо қудрат дошт, чунки Ӯ Худояшро мефаҳмид, Ӯ Каломи Худояшро мефаҳмид, ва Ӯ медонист чӣ хел ин Каломро дар дуояш талаб кунад. ҳангоме, ки одамон баъди сеюним сол тавба карданд, Ильёс аллакай медонист, ки чӣ кор кард. Ӯ дуо кард ва ваъдаи Худоро барои борон додан дар ивази итоаткорӣ талаб кард. Ва борон омад!


Дӯстам, агар мо фақат мефаҳмидем, ки тавоноии дуоҳои мо аз фаҳмидани Падари мо, ки дар Осмон аст ва дарк кардани он, ки «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ таъғироте ва ҳеҷ дигаргуние мавӣуд нест» (Яъқуб 1:17).


Ба ман иҷозат диҳед, ин ҳақиқатро бо дуое аз Аҳди қадим тасвир кунам. 2 Вақоеънома 20:1-12-ро хонед. ҳангоми хондан диққат диҳед, ки Еҳушофот дар бораи Худо чиро медонад.



Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки бани-Муоб ва бани-Аммун, ва бо онҳо баъзе аз мауниён ба муқобили Еҳушофот барои ӣанг омаданд. Ва назди Еҳушофот омаданд ва хабар дода, гуфтанд: «Анбӯҳи бузурге аз он тарафи баҳр, аз Арам ба муқобили ту меоянд, ва инак, онҳо ба ҳасасун-Томор, ки ҳамон Айн-ӣадӣ бошад, расидаанд». Ва Еҳушофот ба харос афтод, ва ба мадади Худованд рӯй овард, ва дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард.

Ва аҳли Яҳудо ӣамъ шуданд, то ки аз Худованд мадад пурсанд, аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо низ омаданд, то ки аз Худованд мадад пурсанд. Ва Еҳушофот дар миёни ӣамоати Яҳудо ва Ерусалим, дар хонаи Худованд, пеши саҳни нав истода. Гуфт: «Эй Худованд Худои падарони мо! Ту охир, Худо дар осмон Ҳастӣ, ва Ту бар ҳамаи мамлакатҳои қавмҳо салтанат меронӣ, ва қувват ва иқтидор дар дасти Туст, ва касе нест, ки тавонад пеши Ту истодагӣ намояд.

Ту, охир, эй Худои мо, сокинони ин заминро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондаӣ, ва онро ба насли дӯсти Худ Иброҳим ба сурати абадӣ додаӣ. Ва онҳо дар он сокин шуданд, ва барои Ту қудсе ба исми Ту дар он бино карда, гуфтанд:

«Агар мусибате, шамшери ӣазодиҳандае, ё вабо ва қаҳтӣ бар мо биёяд, мо пеши ин хона ва пеши Ту,чунки исми Ту дар ин хона аст, -биистем ва сӯи Ту дар тангии худ истиғоса барем, ва Ту иҷобат намуда наҷот хоҳӣ дод». Ва алҳол, инак, бани-Аммун ва Муоб ва кӯҳи Сеир, ки Ту ба Исроил, вақти аз замини Миср омаданашон, иҷозат надодӣ, аз кишварҳои онҳо убур намоянд, бинобар ин аз пеши онҳо давр зада гузашта, онҳоро несту нобуд накарданд. Инак, онҳо подоши инро ба мо медиҳанд, яъне мехоҳанд, ки омада, моро аз меросе ки ба тасарруфӣ мо додаӣ, бадар ронанд.Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст». Чӣ тарз Еҳушофот донистани Худоро дар дуояш истифода бурд (2 Вақоеънома 20:1-12).



РӮЗИ ҲАФТУМ


Агар Дуои Худованд барои ҳамаи дуоҳо намуна аст, ба василаи он мо метавонем ҳақиқатҳои муҳимро роҷеъ ба баъзе шартҳои лозимӣ барои дуои таъсирнок биомӯзем.


Дар ҷумлаи якум «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, исми Ту муқаддас бод», Исо ду заруриятро барои дуо нишон додааст.


Якеашро мо имрӯз мавриди таҳқиқ хоҳем гирифт.


Дуюмашро Рӯзи нӯҳум аз назар хоҳем гузаронд.


Ва чун мо ҷумлаҳои дигарро меомӯзем, шумо шартҳои заруриро барои дуо хоҳед фаҳмид.


Дуо бо парастиши Падар сар мешавад.


Касеро парастиш кардан ин арзишу қиммати ӯро эътироф кардан, ва ҳурмату эҳтироми ӯро ба ҷо овардан аст. Барои ҳамин Исо моро аз олӣ будани Худо, он Яке ки дар осмон зиндагӣ мекунад ва касе, ки ҳамаи корҳои оламро назорат мекунад (Дониёл 4:34-35) огоҳ месозад. Номи Ӯ муқаддас бод, Ӯ ҳамчун муқаддас аст, аз ҳамаи дигарҳо Ӯ бештар сазовори ҳурмату эҳтиром мебошад.


Чаро? Чунки Падари мо аз инсон тамоман ҷудо ҳаст. Ӯ инсон нест Ӯ бештар аз инсон аст. Ӯ Худо аст. Пас чун шумо дар дуо ба пеши Худо меоед, шумо ба пеши он Яке меоед, ки аз шумо бузургтар ва тавонотар аст. Парастиши Он тавоно зарурияти аввали дуо аст.


Фароизи Худоро ба хотир оред, «Исми Худованд Худои Худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми ӯро беҳуда ба забон мегирад, беӣазо нахоҳад гузошт» (ҳуруӣ 20:7). Хуб, агар номи Худовандро бо ягон мақсад ба забон гирем, пас ин тақдискунии номи ӯст!


«Номи Худованд, на танҳо маънии як сарлавҳа дорад, балки ҳамаи он чизе, ки ба василаи онҳо Ӯ Худашро зоҳир мекунад ваХудро нишон медиҳад дар бар мегирад» гуфтааст як шорех (тафсирдиҳанда).


Пас, одамизод номи Худовандро он вақт беҳуда ба забон мегирад, агар ба Ӯ имон надорад, ӯро инкор мекунад, ё ҳақиқатро дар бораи Худо таҳриф мекунад.


Дӯстам, бубинед, ки номҳои Худо аз хислати Ӯ шаҳодат медиҳанд. Агар шумо номи ӯро муқаддас гардонед, пас шумо эътироф кардед, ки Ӯ кист ва мувофиқи гуфтаҳо рафтор намоед.


Агар шумо гӯед, ки «Мебахшед, ман боварӣ надорам, ки Худо офаридгор ҳаст», ё «Ман бовар кардан наметавонам, ки Худо эҳтиёҷотҳои маро ҳақиқатан ҳам таъмин мекунанд», пас шумо номи Ӯро тақдис намекунед, Шумо номи Ӯро беҳуда бо андешаҳои барғалат дар бораи Ӯ ба забон мегиред.


Дар бораи ин фикр кардан ҷоиз ҳаст, ҳамин тавр не? Бисёриҳо, ки дар бораи беҳуда ба забон гирифтани номи

Худованд ҳаргиз фикр намекунанд, бо қасам хӯрдан ё бо суханҳои ғайриӣиддӣ, забони ғайриодобӣ (сленга) вақте хислати ӯро инкор ё зери шубҳа қарор медиҳанд, нисбат ба номи Ӯ беҳурматӣ зоҳир мекунанд.


Ба ман иҷозат диҳед, то баъзе номҳои Худоро бо шумо бо ҳам бинам, ва баъд шумо метавонед ҳамчуноне, ки мехоҳед ӯро эҳтиром кунед. Агар шумо вақт дошта бошед, хуб мешуд Китоби Муқаддасро аз назар гузаронед, ва ишораҳоеро, ки ин номҳо истифода шудаанд бинависед, то ин ки аз матн бифаҳмед чӣ хел дар ҳар ҳолати алоҳида Худо табиати Худро зоҳир мекунад.


«Исми Ӯ қуддус ва саҳмгин аст» (Забур 111:9). Ба номҳои Ӯ ибодат кунед� онҳоро дар хотир нигоҳ доред� ва онҳоро тақдис кунед.


Номҳои Худоро ӣуқуртар омӯзед. Барои кӯмак, шумо метавонед китоберо бо номи Худовандо, Ман мехоҳам Туро донам” хонед. Ман ин китобро дар бораи номҳои Худо баъд аз оне ки худам бори аввал Дуои Худовандро омӯхтан сар кардам навиштам, чунки ман фикр кардам, «Падар чӣ хел мо метавонем номи Туро бо тамоми Ҳастӣ тақдис кунем, агар мо онро надонем?» Ва ҳамин хел ин омӯзиш тавлид ёфт, ва он ҳаёти миқдори бузурги одамонро дигар кард, чунки онҳо акнун омӯхтанд, ки Худои онҳо кист, ва чӣ хел дар дуо ба Ӯ наздик шаванд.


Ҳиқояҳое, ки дар онҳо Худо ҳамчун фард амал кардааст номи Худовандро барои худ манораи тавоное кардаанд! Ин мӯъӣизае аст! Ана ин қудрати номи Ӯ!



НОМҲОИ ХУДО


НОМ

КИТОБИ МУҚАДДАС

МАЪНО Ё ХУДО ҲАМЧУН�НИШОН ДОДА ШУДААСТ

Елион

Ҳастӣ 1:1

Офаридгор

Ел Елион

Ҳастӣ 14:18-20

Худои таоло

Адӯной

Ирмиё 23:6

Худованд-адолати мо

Адӯной-йире

Ҳастӣ 22:19

Худовандҳозир хоҳад кард

Адӯной Раа

Забур 23:1

Худованд Чӯпони ман аст

Адӯной Шалом

Доварон 6:24

Худованд-осоиштагӣ

Адӯной Ниссӣ

Хуруӣ 17:15

Худованд Байрақи ман аст

Адӯной Раа

Хуруӣ 15:26

Худованди Шифобахш

Адӯной Шаммаъ

Ҳизқиёл 48:35

Худованд он ҷост.



РӮЗИ ҲАШТУМ


Мо дар замони хатарнок зиндагӣ мекунем! Пас номи дигари Худо, ки барои шумо лозим аст, онро бидонед “Худованди лашкарҳо” мебошад. Дар ҳоли ҳозир дилҳои бисёр одамон аз тарс аз онҳо дур шудаанд, ва даври замони мо боз ҳам сахтар шудааст. Онҳое, ки ба омӯзиши охиратшиносқ-ақидаҳои амалҳои оянда сару кор доранд, медонанд, “ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид” (2 Тимотиюс 3:1). Дилҳои одамон сардтар ва сардтар хоҳад шуд, то он замоне, ки онҳо нафратзадаи Худо мешаванд ва пас ҳамчунин онҳо нафратзадагони фарзандони Худо хоҳанд шуд. Вақте ки одамони бадкор ба муқобили мо меоянд, мо чӣ кор хоҳем кард? Дуои Худованд он вақт чӣ хел кӯмак хоҳад кард?


Вақте ки ба шумо чизе таҳдид мекунад, номи ӯро ба ёд оред ва дар дуоятон ӯро тақдис намоед. Ба ман иҷозат диҳед, ба шумо нишон диҳам, ки дар шароити амалӣ бо тақдим кардан ба шумо тасвирҳои зебои китоби Ишаъё ман чиро дар назар дорам. Шумо бояд порчаеро хонед, вале чӣ хел дуои хайр хоҳед гирифт !


Ишаъё 36-ро бодиққатона хонед ва ба суолҳояш ҷавоб гардонед. Пеш аз хондани ин фасл, ба ман иҷозат диҳед матнро бароятон пешкаш намоям.


Халқи Исроил ба ду шоҳигарӣ ҷудо шуд: Шоҳигарии Шимолии Исроил, ки аз даҳ қабила иборат аст: ва Шоҳигарии ҷанубии Яҳудо, ки ду қабиларо дар бар мегирад, Яҳудо ва Бенёмин. Ошур аллакай Шоҳигарии Шимолиро ба тасарруфи худ даровард ва акнун ба Шоҳигарии ҷанубӣ таҳдид карда истодааст.


Дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё воқеъ шуд, ки Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои истеҳкомдори Яҳудо ҳуҷум оварда, онҳоро забт намуд. Ва подшоҳи Ашшур Рабшоқеро аз Локиш ба Ерусалим назди подшоҳ Ҳизқиё бо лашкари азиме фиристод, ва ӯ назди ҷӯи ҳавзи боло, дар роҳи саҳрои козар истод. Ва Илёқим ибни ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис назди ӯ берун омаданд.


Ва Рабшоқе ба онҳо гуфт: “Ба Ҳизқиё бигӯед: “Подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: ин чӣ таваккалест, ки бар он таваккал кардақ? Ман мегӯям: оё ин ҳама суханони ботил ба ҷои машварат ва қуввати ҷанг аст? Пас чист, ки бар вай таваккал карда, ба ман осӣ шудақ? Инак, бар ин асои наи нимшикаста, яъне бар Миср таваккал мекунӣ, ки агар касе бар он такя кунад, ба дасташ халида, онро захмдор месозад; чунин аст фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое ки бар ӯ таваккал мекунанд. Ва агар ба ман гӯӣ, ки бар Худованд Худои мо таваккал мекунем,- ӯ оё ҳамон нест, ки минбарҳо ва қурбонгоҳҳояшро Ҳизқиё аз миён бардошта, ба Яҳудия ва Ерусалим гуфтааст: фақат пеши ин қурбонгоҳ саҷда намоед? Ва акнун, лутфан, бо оғои ман, подшоҳи Ашшур, шарт бибанд, ва ман ду ҳазор асп ба ту хоҳам дод, агар ту барои худ саворонро бар онҳо тавонӣ ба даст оварқ. Пас, чӣ гуна ту мехоҳӣ рӯи пошо, яъне яке аз хурдтарин бандагони оғои маро баргардонӣ, ва бар Миср барои аробаҳо ва саворон таваккал намоқ? Ва оё ман алҳол бе изни Худованд бар ин замин ҳуҷум овардаам, то ки онро хароб кунам? Худованд ба ман гуфтааст: бар ин замин ҳуҷум овар ва онро хароб кун!” Ва Илёқим ва Шебно ва Юоҳ ва Рабшоқе гуфтанд: “Бо бандагони худ ба забони арамӣ гуфтугузор кун, зеро ки онро мефаҳмем; ва бо мо ба забони яҳудӣ дар гӯши қавме ки бар ҳисор мебошанд, гуфтугузор накун”. Ва Рабшоқе гуфт: “Оё оғои ман маро фақат назди оғои ту ва назди ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Не, назди ин мардум низ фиристодааст, ки бар ҳисор нишастаанд, ва ҳамчун шумо наҷосати худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид”.


Ва Рабшоқе бархост ва бо овози баланд ба забони яҳудӣ фарёд зада, гуфт: “Суханони подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшурро бишнавед! Подшоҳ чунин мегӯяд: “Бигзор Ҳизқиё шуморо фирефта накунад, зеро ки ӯ наметавонад шуморо раҳо намояд. Ва бигзор Ҳизқиё шуморо ба Худованд умедвор карда, нагӯяд, ки Худованд моро ба яқин раҳо хоҳад намуд, ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд. Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: бо ман мусолиҳа намоед ва пеши ман берун оед; ва ҳар яке меваи токи худро, ва ҳар яке анҷири худро хоҳед хурд, ва ҳар яке аз оби чоҳи худ хоҳед нӯшид. То вақте ки ман биёям ва шуморо гирифта, ба замине монанди замини худатон, ба замини ғалла ва шарбат, ба замини нон ва токзор бибарам. Мабодо Ҳизқиё шуморо фирефта карда, гӯяд: Худованд моро раҳо хоҳад намуд! Оё худоёни халқҳо, ҳар яке замини худро, аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо кардаанд? Худоёни ҳамот ва Арпод куҷоянд? Худоёни Сефарвоим куҷоянд? Ва оё Сомарияро аз дасти ман раҳо кардаанд? Аз ҳамаи худоёни ин заминҳо кист, ки замини худро аз дасти ман раҳо карда бошад? Пас, наход ки Худованд Ерусалимро аз дасти ман метавонад раҳо кунад?”


Валекин онҳо хомӯш монда, ба ҷавоби вай сухане нагуфтанд, зеро подшоҳ амр фармуда гуфта буд, ки “ ба вай ҷавоб надиҳед”. Ва Илёқим ибни ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо, ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ гуфтанд (Ишаъё 36).



  1. Рабшоқе кист?




  1. Ӯ чӣ таҳдид карда истодааст?




  1. Мувофиқи Ишаъё 36:10, кӣ ба ӯ иҷозат дод, то ин корро кунад?




  1. Мувофиқи Ишаъё 36:18:20 муносибати Рабшоқеъ ба Худо чӣ хел аст?




Акнун Ишаъё 37-ро хонед ва ба суолҳо ҷавоб диҳед. чӣ хел ман ин фаслро дӯст медорам!


Ва воқеъ шуд, ки чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либоси худро чок зад, ва палос пӯшид, ва ба хонаи Худованд даромад. Ва Илёқими нозири боргоҳ ва Шебнои мирзо ва коҳинони пиронсолро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод. Ва онҳо ба вай гуфтанд: “Ҳизқиё чунин мегӯяд:” Имрӯз рӯзи тангӣ ва ҷазо ва таҳқир аст, зеро ки кӯдакон ба дами валодат расидаанд, вале қуввати зоидан нест. Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй”. Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.


Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: “ Ба оғои худ чунин бигӯед: “Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки навкарони подшоҳи Ашшур Маро бо онҳо дашном додаанд, натарс. Инак, рӯҳе бар ӯ мефиристам, ва ӯ овозае шунида, ба замини худ хоҳад баргашт, ва ӯро дар заминаш бо дами шамшер нобуд хоҳам кард”. Ва Рабшоқе баргашт, ва подшоҳи Ашшурро дар вазъияте ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки аз Локиш ақиб рафтааст.


Ва ӯ дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи ҳабаш, хабаре шунид, ки яъне: “Берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад”; ва чун шунид, элчиён назди Ҳизқиё фиристода, гуфт: “Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудия, чунин бигӯед: “Бигзор Худоят туро фирефта накунад, ки ту ба ӯ таваккал намуда мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд. Инак, ту шунидаӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи кишварҳо чиҳо кардаанд, то ки сокинонашонро маҳв намоянд; ва оё ту раҳо хоҳӣ шуд? Оё худоёни халқҳое, ки падарони ман несту нобуд кардаанд, онҳоро, яъне: ҷӯзон ва ҳорон ва Расаф ва банқ-Аданро, ки дар Талассор буданд, раҳоӣ доданд? Подшоҳи ҳамот ва подшоҳи Арпод ва подшоҳи шаҳри Сефарвоим, ҳенаъ ва Ивво куҷоянд?”


Ва Ҳизқиё номаро аз дасти элчиён гирифт, ва онро хонд, ва ба хонаи Худованд даромад, ва онро ба ҳузури Худованд густаронид. Ва Ҳизқиё назди Худованд дуо хонда, гуфт: “Эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастақ! Туӣ, ки бар ҳамаи мамлакатҳои замин Худои ягона ҳастқ; Ту осмон ва заминро офаридақ. Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, бишнав; чашмони Худро, эй Худованд, кушода, бубин; ва ҳамаи суханони Санҳерибро, ки барои таҳқир кардани Худои ҳай фиристодааст, бишнав. Худовандо! Дуруст аст, ки подшоҳони Ашшур ҳамаи кишварҳо ва замини худашонро хароб кардаанд. Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо Худо набуданд, балки маснӯи дастҳои одам, ва чӯб ва санг буданд, бинобар ин онҳоро несту нобуд кардаанд. Ва акнун, эй Худованд Худои мо, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастқ”.


Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё кас фиристода, гуфт: “Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: азбаски назди Ман дар бораи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дуо гуфтқ. Чунин аст сухане, ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст! Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додақ? Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ ва чашмони худро боло бардоштақ? Дар ҳаққи қуддуси Исроил! Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир намуда, гуфтақ: “ Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо, бар ақсои Лубнон баромадаам, ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам, ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони ҳосилхези он расидаам. Ва ман чоҳ канда, об нӯшидаам; ва бо кафи пойҳои худ ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард”.


Оё ту нашнидаӣ, ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам, аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам, ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам, ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда, ба харобазор табдил медиҳқ? Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд: онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез, ва сабзаи болои бомҳо, ва мисли киштзоре ки пеш аз хӯша бастанаш хушк шуда бошад, гардидаанд. Вале Ман нишастани туро, ва баромадани туро, ва даромадани туро медонам; ва адоватеро, ки ба Ман дорқ. Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид. Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм – он чи аз он бирӯяд; вале дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред. Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард. Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз кӯҳи Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард. Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.


Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, - мегӯяд Худованд. Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам”. Ва фариштаи Худованд берун омада, дар ӯрдуи Ашшур саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро зарба зад; ва субҳидам бархостанд, ва инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.

Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ақиб нишаста, раҳсипор шуд, ва бозгашта, дар Нинве сукунат кард. Ва воқеъ шуд, ки чун Ӯ дар хонаи Нисрӯк, худои худ, саҷда мекард, писаронаш Адрмалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон, ба замини Аророт гурехтанд; ва писараш Асарҳадӯн ба ҷои Ӯ подшоҳ шуд (Ишаъё 37).


  1. Вақте ки Ҳизқиё гапҳои Рабшоқеро шунид ӯ чӣ кор мекунад?





  1. Ин ба шумо дар бораи Ҳизқиё чӣ мегӯяд?




  1. Муносибати Рабшоқеро ба Худо дар Ишаъё 37:8-13 боз як бори дигар қайд кунед?




  1. Мувофиқи Ишаъё 37:14-15. Ҳизқиё бо мактуби Рабшоқеъ чӣ кард?



Ба Ишаъё 37:16-20 баргардед ва ба дуои Ҳизқиё ба Худо нигаред. Онро бори дигар хонед ва ба суоли зерин посух диҳед.


  1. Чӣ хел Ҳизқиё номи Худоро тақдис кард?



  1. Кадом монандиро байни ин дуо ва Дуои Худованд мебинед?



Имрӯз чиро омӯхтед, ки дар ҳаётатон истифода баред?


РӮЗИ НӮҲУМ


Ду рӯз пеш мо зарурияти аввалро барои дуо ки дар ҷумлаи якуми намунавии Дуои Худованд буд аз назар гузарондем. Зарурияти аввал парастиш буд. Имрӯз мо ба зарурияти дуюм, ки ҳамчунин дар ин ҷумла аст назар меандозем. Вале аввал ман мехоҳам як чизро роҷеъ ба парастиш ба шумо бо ҳам бинам.


Дар Навиштаҳои Муқаддас вақте ки одамон Худоро парастиш мекунанд, ҳеҷ гоҳ онҳо ибораҳои ба ҳам монандро боз ва боз истифода намебаранд, барои мисол “ ҳамду сано бод ба Ту Исо; ҳамду сано бод ба Ту Исо”.


Дар Ишаъё 6 сорофиён чунин нидо мекунанд, “қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо �” (Ишаъё 6:3). Вале такрори себора танҳо яке аз воситаи маънӣ додани ҳақиқат, ба мисли муқаддасии Худо мебошад. Такрори дубора ба мисли “ҳақиқат, ҳақиқат” фақат ростии чизеро мефаҳмонад.


Дар парастиши библиявӣ шумо такрорёбии ибораҳоро дарёфт нахоҳед кард: ба ҷои он дуогӯ табиати Худо ва роҳҳои ӯро такрор мекунад,ба Ӯ дар бораи садоқати Ӯ ва ваъдаҳои Ӯ хотиррасон мекунад. Бутпарастон бисёр вақт бо такроркунии девонавор ва таҳриконаи суханҳои ҳангоми ибодати худоҳояшон банд ҳастанд, вале фарзандони Худо ин хел намекунанд!

Мо ба такроркунии беҳуда ниёз надорем. Заминаи парастиши мо ҳақиқат аст, на ҳиссиёт; он на дар шавқу завқи суханҳои мо асос ёфтааст, балки асосаш садоқати Худои мо мебошад. ҳиссиёт баъд аз ҳақиқат меояд!


Ба дуоҳои зерини Библияатон нигоҳ кунед. Вақте ки онҳоро мехонед, қайд кунед, ки чӣ хел илтимоскунанда Худоро парастиш мекунад. Яъне ӯ дар бораи Худо чӣ мегӯяд? Чӣ хел ӯ ба Худо наздик мешавад?


Ирмиё 32:16-25


Дониёл 2:19-23

Дониёл 9:3-19



Ба фикратон ҳангоми ибодат чӣ фоидаовартар аст:

а) фақат паиҳам такрор кардани “ҳамду сано ба Ту, Исо?” ё

б) такроркунии табиат, роҳҳо ва ваъдаҳои Худои шумо?

Бо кадом васила бо Худо ва Каломи Ӯ наздиктар шинос мешавед? Агар шумо як инсони дуогӯ бошед, кадомашро интихоб мекардед? Ба хотир ор, ки парастиш кардан ин эътирофи арзишҳои дигарро мефаҳмонад. Кадом шакли парастиш инро боз ҳам таъсирбахштар мекунад? Дар бораи ин аз рӯи Каломи Ӯ андеша кунед ва баъд мувофиқи он Худои худатонро парастиш кунед:


Акнун биёед ба зарурияти дуюм барои дуо нигарем: Падарии Худо.

Мувофиқи Каломи Худо, ҳеҷ мард, зан, ё кӯдак наметавонад Худоро аз Исо ҷудо “Падар” гӯяд, то он даме, ки бори дигар мо аз об ва рӯҳ таваллуд наёбем Худо Падари мо нест (Юҳанно 3:5). “ Лекин ба онҳо, ки Ӯро (Исои Масеҳ) қабул карданд ва ба исми Ӯ имон овардаанд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд, ки на аз хун, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд” (Юҳанно1 :12-13).


То он даме, ки Шумо Худованд Исои Масеҳро напазируфтаед шумо фарзанди Худо ҳисоб мешавед? Вале, он замоне, ки ӯро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда мепазиред, шумо бо Рӯҳулқудс мӯҳр зада шудед. Рӯҳулқудс ба шумо дар вақти наҷотёбӣ дода мешавад ва он кафолати озодшавии ҷисми шуморо дорад. Озодшавии ҷисми шумо маънии онро дорад, ки шумо ҷисми наҷотёфтаи нав хоҳед дошт (1 Қӯрунтиён 15:51-54). Эфсӯсиён 1:13-14-ро бо диққат хонед, ва қайд намоед, ки дар бораи Рӯҳулқудс чиро фаҳмидед.

Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудс мӯҳр зада шудаед, ва то замоне, ки мулки Худо боз харида шавад. Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ (Эфсӯсиён 1:13-14).


Ба ман иҷозат диҳед, ба шумо Навиштаҷоти дигарро, ки эътироф мекунад, ки ин фақат ба василаи наҷот ва атои Рӯҳулқудс шумо метавонед Худоро “Падар” гӯед, шинос намоям.


Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд; Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: “Эй Або, Эй Падар!” (Румиён 8:14-15).


Дӯстам, шумо дарк кардед, ки ҳамаи ин чӣ маънӣ дорад? Ин маънии онро дорад, ки дуо барои онҳое, ки ҳақиқатан ҳам фарзандони Худо ҳастанд имтиёзе аст. Дуо барои ҳамагон нест. дуо фақат барои онҳое, ки метавонанд бо Исо бигӯянд “Падари мо�” Ин зарурияти дуюм барои дуо мебошад. Дар бораи ин андеша кунед. Ин барои ҳаётатон чӣ аҳамият дорад?


Бо бисёр одамон вохӯрӣ доштӣ ва онҳо гуфтанд, ки як роҳи барои худ кушодагии онҳо он буд, ки онҳо дуоро ҳамчун дин мефаҳманд, на ҳамчун муносибат, ва онҳо ба дуоҳояшон ҳеҷ гоҳ ҷавоби бевосита нагирифтаанд.


Бисёриҳо дар чунин ақидаанд ва дили ман барои онҳо месӯзад “Чизе”, ки чунин ба назар мерасад, дар озмоиши масеҳии онҳо партофта шудааст, ва бе он ҳаёт мурдаю беранг аст, дар ҳақиқат Касе- яъне Рӯҳулқудс- сокини мубораки ботини мо мебошад!


Ва чӣ хел шумо медонед, ки Ӯ он ҷо –дар мо зиндагӣ карда истодааст? Шумо медонед, чунки он ҷо тағъироте аст. Масеҳӣ офаридаи нав аст.


Агар шумо дар бораи итминони наҷоти худатон савол дошта бошед Навиштаҷотҳои зеринро аз назар гузаронед: 2 Қӯрунтиён 5:17; Эфсӯсиён 1:13-15; 1 Юҳанно 2:3-6; 1 Юҳанно 3:7-10,

1 Қӯрунтиён 6:9-11; ва 1 Юҳанно 5:11-14.


Чун ин порчаҳоро хондед, аз Худо хоҳиш кунед бо дилатон гуфтугӯ кунад ва сипас мушоҳидаҳоятонро нависед. Аз Ӯ пурсед, ки ҷои шуморо дар ҳурмату эҳтиром нисбат ба Ӯ нишон диҳад. Боварӣ доред, Ӯ ин корро мекунад, чунки Ӯ хоҳиш дорад, ки шумо ҳақиқатро бифаҳмед, ва Ӯ мегӯяд, агар шумо Ӯро аз самими қалб ҷустуҷӯ намоед, Ӯ шуморо пайдо хоҳад кард.


Рӯзе, ки Худо ба шумо гуфтааст чӣ аст? Дар хотир дор, Ӯ ҳаргиз маҳкум намекунад. Ин иродаи Ӯ нест, ки шумо талаф шавед, агар шумо имон доред.


РӮЗИ ДАҲУМ

Малакути ту биёяд”, ҷумлаи дуюм намунавӣ аст ва тавоноияш дар кӯтоҳии он мебошад. Ин чӣ маънӣ дорад? Чаро ин мавзӯест барои дуо? Чаро он аз ҷумлаи “Иродаи Ту, чунон ки дар Осмон аст дар замин ҳам ба амал ояд, ҷудо аст?


То вақти муайяне ман нафаҳмидам чаро ин ду ҷумла аз ҳамдигар ҷудо ҳастанд. Барои фаҳмидани он (андеша) ибодат лозим буд. Барои ба шумо расондани ҳамаи он чизе, ки дар ин се калима “Малакути Ту биёяд” мебошад чандин рӯз даркор аст! Вале, чун мо ин омӯзишро ба бисту ҳашт рӯз маҳдуд кардем, ман ба шумо нукоти асосии гуфтаи Худованди маро ба шумо мегӯям; сипас шумо метавонед онро амиқтар аз худ кунед.


Малакути Ту биёяд” – ин дар дуо тасдиӣ намудани садоқати мо ба ҳукмронии мутлақи Малакути Худ аз болои ҳама чиз мебошад. Дуо ин иртиботи муқаррарӣ бо Худо, гуфтугӯ бо ҳукмрони Мутлақи тамоми олам мебошад. Чун мо дидем, ин иртибот аз парастиш, эътирофи ҳақиқат дар бораи падар, тақдискунӣ ё эҳтироми номи Ӯ сар мешуд. Номи ӯ, албатта, шахсияти ӯро нишон медиҳад! Аз парастиш мо ба садоқат мегузорем.


Садоқат? Оё парастиш ва садоқат ҳаммаъно ҳастанд? Шумо ба ман бигӯед. Оё шумо одамонеро, ки “сазовор будани” Худоро эътироф карда, дар айни ҳол бо Малакути Ӯ ва афзалияти Ӯ як нашудаанд медонед ё не? Ман одамонеро, ки Худоро тарафдорӣ ва баланд мебардоранд медонам: ҳарчанд онҳо ӯро ба таври комил медонанд ва эътироф мекунанд, онҳо нисбат ба пешрафти Малакути ӯ, дида дар бораи пешрафти рӯҳонияти худ, мазҳаби худ, ақидаи дӯстдоштаи худ, дар бораи ҷиҳатҳои идорабозию коғазпаронии худ, роҳат ва некӯаҳволии худ бештар дар ташвишанд. Ман одамонеро медонам, ки мегӯянд, “Ман медонам, ман бояд Каломи Худоро бештар омӯзам”, ё “Ман медонам ман бояд шаҳодат диҳам”, ё “Ман медонам, ман бояд бештар дар кори Ӯ гирифтор бошам� Вале! Вале чӣ! Дар ҳақиқат онҳо чунин мегӯянд, “садоқати аввали ман ба Худо нест”. Дар бораи ин фикр кунед, Саволи дигари шумо эҳтимол ба монанди саволе бошад, ки ман доштам, “Вале ин бо итоат ба иродаи Ӯ ҳангоме, ки мо дуо мекунем” Иродаи Ту ба амал ояд” муносиб аст? Бале ҳар ду як ҳастанд. Вале итоати рост, пурра ба иродаи Худо фақат ба воситаи садоқати комил ба Малакути Ӯ тавлид мешавад.

Ва ин сабаби он шуд, ки Калисои Исои Масеҳ ба ифлосии дунё рӯйнокӣ ғалтид! Мо ду-фикра ҳастем, чизҳои беҳтарини ҳар ду оламро хоҳон ҳастем ва фаромӯш мекунем, ки “иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз онҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем” (Филиппиён 3:20). Мо ташнаи интизори Ӯ нестем, чунки мо худамонро аз табиат ба он чизе ки моро аз ҷустуҷӯӣ “аввал Малакути Худо ва адолати Ӯ” (Матто 6:33) дур меандозад.


Итоати мо ба пул ва он чизе, ки аз он бармеояд, ба мақому вазифа ва эътибори он, ба чизҳо ва лаззати онҳо, ба “Калисоият” мебошад. Калисоият Калисоро якум мешуморад. Масеҳият Исоро пеш мегузорад. Мо аз хотир мебарорем, ки Исо сарвари Калисо аст! Мо ба Худо чоплусӣ мекунем. Мо аз масеҳият танҳо онро хоҳон ҳастем, ки моро ба осмон расонад, танҳо ба дуоҳои мо посух гӯяд. Мо намехоҳем ба Малакути Ӯ пурра итоат кунем. Мо намехоҳем, ки Малакути Ӯ имрӯз, фардо ё баъди чанд сол биёяд, чунки ба мисли Димос, мо ин дунёро бештар дӯст медорем (2 Тимотиюс 4:10).


Чун ман инро навиштам, ҳақиқат ин “дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст” (Ирмиё 20:9). Оҳ, дили ман ба ҳоли онҳое, ки то ҳоло ҳам ба Ӯ комилан тобеъ нашудаанд афсӯс мехӯрад.


Шумо доварӣ мекунед!” эҳтимол мегӯед шумо. Не, дӯсти ман аз назар гузаронда истодаам. Меваи мо, ё нокифоя будани он аз тобеъияти мо шаҳодат медиҳад. Вақте ки мардҳо ва занон барои ҳама чиз ба ҷузъ аз омӯзиши шахсӣ ва амиқӣ Каломи Худо вақт доранд, ман медонам, ки онҳо ба ҳузури Худо муносиб нестанд (2 Тимотиюс 2:15).


Онҳо дар бораи Олам бисёр медонанду дар бораи Худо хеле кам! Чаро? Чунки онҳо барои чизҳои ин зиндагӣ вақт доранду барои омӯзиши Каломи Худо вақт надоранд. Онҳо бовар карданро ба он ки “одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки ба ҳар калимае, ки аз даҳони Худованд барояд зиндагӣ мекунад”. Такрори Шариат 8:3). Иртибот бо Худо ба василаи Каломи Ӯ ва дуо барои ҳаёти пурсамар, ки омадани Малакути ӯро тез мекунад, хеле муҳим ҳаст.


Вақте ки Исо мардон ва занонро ба Худ даъват кард чӣ гуна садоқатро ӯ талаб кард? Навиштаҳои зерро бодиққатона хонед.


Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт “ҳар кӣ хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд” (Марқӯс 8:34).


Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад” (Луқо 14:26).


Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер. Зеро ки омадаам, то ОДАМРО АЗ ПАДАРАШ, ДУХТАРРО АЗ МОДАРАШ ВА КЕЛИНРО АЗ МОДАРШӯЯШ ҶУДО КУНАМ. ВА ДУШМАНИ ОДАМ АҲЛИ ХОНАИ Ӯ ХОҲАНД БУД. ҲАР КӢ ПАДАР Ё МОДАРАШРО АЗ МАН БЕШТАР ДӮСТ МЕДОРАД, ЛОИҚИ МАН НЕСТ; ВА ҲАР КӢ ПИСАР Ё ДУХТАРАШРО АЗ МАН БЕШТАР ДӮСТ МЕДОРАД, ЛОИҚИ МАН НЕСТ.

Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест. Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард (Матто 10:34-39).


Фаҳмиши худро оиди тобеъияте, ки Исо талаб мекард бинависед.


Ҳеҷ чиз камтар аз инкори хештан, салиби худро бардоштан, ва Ӯро пайравӣ кардан (Марқӯс 8:34), аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат кардан итоати комилро аз ҳам ҷудо мекунад ва ҳеҷ чиз камтар ба шумо имкон намедиҳад то ин ки шумо содиқона дуо карда гӯед “Малакути Ту биёяд”. Биёед порчаро аз Навиштаҳои Муқаддас бо ҳам бинем.


Ва ҳангоме, ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: “Худовандо! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард”. Исо ба вай гуфт: “Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад”. Ба дигаре гуфт: “Маро пайравӣ кун”. Вай гуфт: “Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам”. Лекин Исо ба вай гуфт: “Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ”. Боз шахси дигаре гуфт: “Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам”. Лекин Исо ба вай гуфт: “Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест” (Луқо 9:57-62)


Оиди ибораҳои “ба ман иҷозат деҳ, аввал” ва “лекин аввал ба ман иҷозат деҳ”-ро мулоҳиза кардед? ҷавоби Исо ба ин баҳонаҳо, ва таъсирандозиҳо чӣ ҷавоб дод? Ӯ гуфт, “Не”. Малакути Ӯ бояд бартарӣ дошта бошад “То ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад (Қӯсассиён 1:18).


З-ин сабаб вақте ки дуо мекунед, “Малакути Ту биёяд”-ро гӯед. Ва вақте, ки дуо мекунед, худатонро озмоед, ки дар дилатон ягон чиз нест, ки шуморо аз итоати ҷудонашаванда ба омадани Малакути Ӯ дур кунад.


Ман мехостам каме дигар оиди ин ҷумлаи дуюм сухан гӯям, вале ман онро ба рӯзи бистуякум мемонам. ҳозир, хуб мешуд агар шумо ба пеши Падар мерафтед ва аз Ӯ хоҳиш мекардед ба шумо он чизеро, ки шуморо аз итоат ба Малакути Ӯ ҷудо мекунад, нишон диҳад, ҳамин хел не? Онро нависед.


Инро ба рафиқи наздик ва содиқ дар Худованд, гӯед ва якҷоя Худоро дар дуо ҷустуҷӯ намоед. Чунки “Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой бар ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ меафтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад!” (Воиз 4:9-10).



РӮЗИ ЁЗДАҲУМ

Дар якчанд рӯзҳои оянда мо ба мафҳумҳои мавзӯи сеюм барои дуо: итоат ба иродаи Худо-ро аз назар хоҳем гузаронд.


Мувофиқи Дуои Худованд, дуои ҳақиқат ин итоат ба иродаи Падар мебошад: “Иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд”. Оё ин дуо танҳо он вақт иҷро мешавад, вақте ки Исо бармегардад” ва Малакут ва салтанат ва кибриёи Малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард?”


Не дӯстам. “Иродаи Ту ба амал ояд” дуое нест, ки мо омадани Малакутро интизор бошем: Ин муносибати қалбии итоати ҳозира ба салтанат ва иродаи Падар.


Иродаи Падар ин аст, ки шумо ба Писари Ӯ, Худованд Исои Масеҳ, Худо ба шакли ҷисм имон оред (Юҳанно 6:40). Ба шакли ҷисмонӣ маънии “дар шакли гӯштқ”-ро дорад. Ё дигар хел карда гӯем, иродаи Падар ин аст, шумо имон оваред, ки Исои Масеҳ Худо аст ба шакли ҷисмонӣ. Агар ба ин ҳақиқат бовар намекунед, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд (Юҳанно 8:24). Онҳое, ки ба Худованд Исои Масеҳ имон наоварданд, муқобили иродаи Худо ҳастанд, ва дар хатоҳою гуноҳҳои худ мурда хоҳанд буд (Эфсӯсиён 2:1). Ғазаби Худо бар онҳо мемонад (Юҳанно 3:36), барои ҳамин “дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем” (Аъмол 4:12).


Итоат ба Худо қисми комили наҷотёбӣ мебошад. Имон доштан, ки Исо Худост, ин мақом ва ҳуқуқҳои ӯро ҳамчун Худо эътироф кардан ҳаст. ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф кардан, яъне фақат ин Худо-одам метавонад шуморо аз гуноҳҳоятон наҷот диҳад. Ва решаи ҳамаи гуноҳҳо чист? Оё ин озодӣ нест? Оё ин он нест, ки кас роҳи худро дошта бошад? Ишаъё 53:6 мегӯяд, ки ҳамаамон гумроҳ будем: “ҳар яке бо роҳи худ мерафтем”. Агар шумо ба ҳар ояте, ки гуноҳро муайян мекунад назар андозед, шумо кашф мекунед, ки ҳар оят то як дарақае нишон медиҳад, ки мо худсарона вайрон кардани шариатро интихоб намудаем, имон намеоварем, ва ба ҷои интихоби роҳи Худо мо бо роҳи худ равонаем.


Рӯзи Нӯҳумро ба ёд оред, вақте ки ба шумо якчанд навиштаҳо тақдим шуданд, то ба шумо нишон диҳанд, ки далелҳои наҷотёбӣ кадомҳоянд? Хуб, яке аз далелҳои наҷотёбӣ ин доштани хоҳиши итоат ба Худо мебошад: эътирофи он ки Ӯ Худо аст ва шумо инсон ҳастед, ва барои ҳамин шумо бояд ба Ӯ итоат кунед. Ва пеш аз оне, ки мо ин муносибати итоаткориро аз нуқтаи назари дуо бинем, биёед ба муносибати итоаткорӣ ва наҷотёбӣ назар андозем.


Ба оятҳои зерин нигоҳ кунед ва чизеро, ки аз худ кардед қайд кунед.


Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад – меваи нек. ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад. Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт. На ҳар касе ки ба Ман: “Худовандо! Худовандо!” мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. Бисёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: “Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?” Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: “Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!” Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд. Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки хонаи худро бар рег бино кард. Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд” (Матто 7:18-27).


Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест. Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост. Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост? (1 Юҳанно 5:3-5).


Акнун, Юҳанно 9:31-ро дуруст аз назар гузаронед, дар зер онро нависед, ва фикр кунед, ки он дар бораи чӣ аст:



Оё ин ба шумо дар дурусттар фаҳмидани муносибат байни итоат ба Худо ва дуои ҷавобгирифта ёрӣ медиҳад?



Оҳ, Дӯстам, шумо то ҳоло дар гуноҳҳои худ ҳастед, ё шумо дуогӯи Худо ҳастед, ки хеле мехоҳад иродаи Падарро ба ҷо орад? Танҳо одами охир дар дуо ба сӯи Худо роҳ дорад.


РӮЗИ ДУВОЗДАҲУМ


Якчанд сол пеш бародари азизе дар Худованд бори аввал меҳмони Пресепт Министриез шуд. Чун Ӯ ҳамчунин бо кори телевизион машғул буд, муштоқи дидани студия ва асбобу анҷоми мо буд. ҳангоми гуфтугӯ дар бораи камера, ман гуфтам, “Ман аз Худованд фақат як хоҳиш дорам, ки ба мо камераи сеюм диҳад”. Ӯ фавран меҳрубонона ҷавоб дод. “Бас аст хоҳиш кардан. Имон дор ту онро дорӣ ва он аз они шумост. Фақат бигӯ. “Ман имон дорам, ва он иҷро хоҳад шуд”.


Ман метавонам бигӯям, “Ман имон дорам” ва донам, ки он иҷро шуд? Аз сабаби он, ки дар он вақт мо камераи сеюмро дастрас накарда будем, оё ин надоштани имон буд? Оё эътирофи мусбии имон сабаби он шуд, ки ба дуоҳоямон ҷавоб гирифтем? Кормандони Пресепт Министриез барои ин камераи сеюм якчанд сол дуо карданд. Оё барои он ки мо нагуфтем, “ Ман имон дорам”, ба мо доштани камера муяссар нашуд? Бародари азизи мо гуфт, ки барои камераи дуюмаш Ӯ ду сол дуо кард. (Воқеан ҳарчанд Ӯ имон дошт ва эътироф мекард Ӯ низ камера надошт). ҳоло, ки мо дар бораи ин сухан карда истодаем, биёед ба Рӯзи якум баргардем ва роҷеъ ба дуои Дебра барои зани касалии саратон дошта баҳс кунем. Оё ин кас метавонад шифо ёбад, агар мо имон дорем ва ин имонамонро дар дуо иқрор кунем?


Бисёриҳо мегӯянд “Бале”. Барои ин фикрашонро пуштибонӣ кардан онҳо аз Навиштаҷотҳои Муқаддас иқтибос меоранд, ва бисёр ҳикояҳое, ки он ҷо одамон баъд аз он ки дар бораи онҳо шахсони меҳрубон ва дӯстдоштаашон эътирофи мусбии имон карда буданд шифо ёфтанд, нақл мекунанд. Навиштаҷотҳое, ки онҳо иқтибос меоранд инҳо ҳастанд: “Агар чизе ба исми ман биталабед. Ман онро ба ҷо хоҳам овард” (Юҳанно 14:14). “То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад” (Юҳанно 16:24) “Агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошад ва ба ин кӯҳ бигӯед : Аз ин ҷо ба онҷо кӯч кун”, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд” (Матто 17:20). “Бинобар ин ба шумо мегӯям; ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард – ва ба шумо ато хоҳад шуд (Марқӯс 11:24).


Ин Навиштаҷотҳо ҳақиқат ҳастанд? Ба онҳо метавон бовар кард?



Албатта! ҷавоб ба ҳамаи ин се суолҳо мусбӣ аст, Каломи Худо бехато, бе ягон иштибоҳ аст.


Пас рафиқи ман ҳақ буд, ҳамин хел не? ҳамаи он чизе, ки ман бояд мекардам, Дебра бояд мекард - ин имон буд, дар дуо эътироф кардан ва он иҷро хоҳад шуд. Шумо чӣ андеша доред? Чаро шумо он кореро, ки мекунед аз он пуштибонӣ мекунед? Асоси библиявии пуштибонӣ кардан дар чист?


Дар бораи ин чизҳо фикр кунед. Ин хеле муҳим аст. ҷавобҳоятонро рӯи коғаз оред. Бо Падар гуфтугӯ кунед. Дар бораи ин мо пагоҳ гуфтугӯ хоҳем кард.


РӮЗИ СЕНЗДАҲУМ

Оё шумо баъзе вақтҳо худро ноҳинҷор ҳис кардед, ва ҳатто тарсидед ки Худо ба дуоҳоятон ҷавоб намегардонад? Ман дар ин ҳолат будам. Ман чунин фикр мекардам. “Падар, чӣ мешуд агар Ту ба ин дуоям ҷавоб нагардонқ? Яъне дуои ман ягон фоидае надорад!” Аз чунин нуқтаи назар шояд баъзеҳо маро механданд� Ман шуморо айбдор намекунам чунки маро ҳам хандаам меояд! Мумкин шумо ин хел мегӯед, “Кай, чаро Худоро айбдор мекунӣ, агар дуоят ноҷавоб монд? Чаро худатонро айбдор намекунед?”


Ман ба шумо мегӯям, ки чаро! Ман ҳис кардам, ки ман имонро дар табиати Ӯ ва роҳҳои Ӯ талаб карда будаӣ ва агар Худо ба воситаи он наомад, бароям чунин ба назар расид ки Ӯ ҷавоб надод! Аз рӯи виҷдон! Ман чунин худро ҳис кардам. Ман ба шумо тасвиреро пешниҳод мекунам. Ин яке аз рӯзҳои аввали дар Масеҳ буданам, вақте ки ман танҳо дар Худованд се ё чорсола будам рӯй дод. Аз он рӯз ман ба Падар бештар боварӣ мекардам.


Ҷек ва Ман дар Мексика ба ҳайси мубаллиғ (миссионер) кор мекардем ва дар рӯзи истироҳат бо як гурӯҳи наврасони англисзабон ба табиат баромадем. Шароити зист хеле оддӣ буд, вале барои духтарон хеле хуш омад. Дар болои сарамон хаймаҳои низомӣ доштем.


Он шаб, ки мо атрофи гулхан нишаста будем ва ман онҳоро таълим медодам, дар ҳақиқат Худо гап зада буд. Якчанд наврас он бегоҳ наҷот дода шуданд ва ба Худованд имон оварданд. Дар гирди гулхан ман хулосаҳои гуногуни ҳиссӣ меовардам, аммо ман онҳоро даъват накардам. Вале бо вуҷуди ин онҳо аз торикӣ, як нафарӣ, баъзеҳо ашк дар чашм ба пеши ман меомаданд ва мегуфтанд, ки онҳо ба Худо рӯй гардонданд ва хоҳиши пайравии комили ӯро доранд. Худо такон дод!


Шодию хурсандии оншабаро дар хайма тасаввур кунед. Духтаракон чӣ хел буданд! Онҳо дар ҳаяҷони чуқуре буданд, вақте ки ногаҳон мо садои баланди дарднокро шунидем, “Оҳ, не! Ман иртиботамро аз даст додам! Волидайнам маро хоҳанд кушт”. Акнун шумо медонед, ки ба волидони мубаллиғ куштани фарзандонаш манъ аст, чунки ин шаҳодати бад аст! Вале, шояд Гейл ҳақ буд – мумкин дар сарашон ин фикр буд. Иртиботи аз даст рафта бароям наҷот буд, чунки иртиботи нав ҷои онро гирифт!


Ҳамаи мо ба зону нишаста будем, фонусҳо болои сарамон овезон буданд ва мо чашмонамонро ба алафи сабз дӯхта будем! Ва дар ҳамин маврид Худо ба ман хотиррасон кард, ки лаҳзае пеш ман ба ин наврасон дар бораи ӯ, нишонаҳои Ӯ ва роҳҳои Ӯ нақл кардам. “Аз Ман пурсед, то онро дарёфт кунам”, чунин фикр бар сарам омад. “Дар пеши ин духтарҳо аз ман пурсед”. Пас аз он гуфтӯгӯи хомӯш сар шуд. “Вале, Падар чӣ мешавад агар ман Туро мепурсам ва мо онро намеёбем? Баъд чӣ гап мешавад?” Ман ба назди гурӯҳам баргаштам, вале ҳар хел фикрҳо дар сарам чарх мезаданд. “ӯ медонад, ки ин иртибот дар куҷост, чунки Ӯ ҳамафаҳм аст. ҳеҷ чиз аз назари Ӯ пинҳон нест”. ҳанӯз ҳам ман муқовимат мекардам: ин хеле ҳам таваккалӣ буд. Эҳтимол мо онро намеёбем. Баъд Худо ба чӣ монанд мешавад? Беҳтар мешавад, агар ман обрӯю эҳтироми ӯро дар пеши ин нафарони ҷавон дар имон дар хатар намемонам. (Шумо инро мефаҳмед, аз кадом озмоиш ман гузоштам?).


Бале, Худо пирӯз шуд. Ман дуо кардам. Ман ба Ӯ дар бораи ҳар ваъдаҳои Ӯ хотиррасон кардам. Ман андеша кардам, ки ин ба паймони мо ҳам муносибат дорад.


Баъд аз оне, ки ман тамом кардам муддати кӯтоҳе мо ба оҳанги канда-канда ва номуназзами суруди Гейл нақароти кӯтоҳе, “Волидайнам маро хоҳанд кушт! Волидайнам маро хоҳанд кушт!” ҷӯстуҷӯ кардем.


Вақте ки ман қариб тайёр будам ба Худо гӯям, ки ҳаргиз наметавонам бо овози баланд дуо гӯям, Лили бо садои баланди ҳаяҷоновар ҷеғ зад. “Ман ёфтам! Ман ёфтам!” Ашк аз чашмони Ӯ мешорид. Вале чаро? Инҳо ашкҳои пур аз эҳсоси духтарона набуданд.


Ман вақти дарозе надоштам, ки интизор шавам. Аз ҳамаи наврасон, ҳеҷ кас дар рафтор ва ташнаи таблиғотӣ нисбат ба Лилӣ нишони тақлид набуд. ҳамаи мо бо камоли майл ӯро аз они худ ҳисоб мекарданд. Ӯ моро ба мубаллиғи идеалӣ монанд мекард! Лилқ

мегӯяд, ки Ӯ дар синни хурдӣ наҷот ёфта буд, ва аз рафтори Ӯ дар бораи ҳаққонияти иқрори Ӯ шубҳае набуд. ҳоло дар пеши мо духтари хеле зебо, бо чашмони пур аз ашк, гоҳе хандону гоҳе гирён дар бораи худ ба мо ҳикоят кард.


Баъд аз дарси гирди гулхан, Лилӣ дарк кард, ки Ӯ ҳақиқатан ҳаргиз наҷот ёфта набуд. Барояш эътироф кардани он ки Ӯ бисёр одамони дигарро ба Исо раҳнамоӣ кардааст, хеле гарон буд.

Чун Ӯ фаҳмид, ки ин рост аст, ва дар торикӣ корҳои дигар воқеъ шуданд. Лилӣ аз марг ба ҳаёт, аз зери ҳукмронии Шайтон ба зери ҳукмронии Малакути Худо гузашт. Ӯ дар миёни онҳое, ки муқаддас ҳастанд омурзиши гуноҳҳо ва насибро соҳиб шуд (Аъмол 26:18).ӯ ба хаймаи мо омад, то ин ки инро ба мо гӯяд ва ҳамин вақт Гейл аз сабаби иртиботи худ дар ҳаяҷон буд.


Он вақте, ки ман ба зону нишаста дар ҷустуҷӯи иртибот будам ва аз Худо дар бораи бо овози баланд дуо кардан кӯмак мепурсидам, Лилӣ аллакай дуо карда буд: “Худовандо, ҳамаи ин солҳо Ту бевосита ба дуоҳоям ҷавоб нагардондақ. ҳоло ман худро ба Ту мебахшам, ва инро ба василаи ҷавоб додан ба ин дуо исбот намо. Ба ман кӯмак кун то ин ки иртиботи Гейлро ёбам”.


Оё Худо доимо, вақте ки мо дуо мекунем, иртиботи гумшударо меёбад? Ман баъзе ҳолатҳоро медонам, ки Ӯ наметавонад, ҳарчанд онҳое, ки дуо мекунанд самимона боварӣ доранд. Чаро Ӯ иртиботи Гейлро ёфт? Барои он ки Ман боварӣ доштам? Не. Барои он ки ин иродаи Ӯ буд – ва дар ин ҳолат мо мувофиқи иродаи Ӯ дуо мекунем.


Дар бораи ин андеша кунед. Дар бораи ин дуо кунед. Иродаи Худо калиди ҳал кардани бисёр асрорҳо роҷеъ ба дуо мебошад. Шумо аз Худо чиро хоҳиш кардед? Шумо аввал аз Ӯ хоҳиш кардед, агар ин иродаи Ӯ бошад? Агар не, пас чаро шумо вақтатонро дар дуо намегузаронед, то ин ки ба василаи он аз Ӯ хоҳиш кунед, ки Иродаи Худро ба шумо нишон диҳад.


РӮЗИ ЧОРДАҲУМ

Аз як тараф мо “фақат имондорқ”-ро дорем ва аз тарафи дигар мо “иродаи Худо”-ро дорем. чӣ тарз мо ҳар дуро ба дуои таъсирнок нисбат медиҳем? Ин суоли хеле муҳим аст. Ёфтани ҷавоб ба ин савол шуморо аз дуоҳои умумӣ ба мисли “Худоё ҳамаро дуои хайр бидеҳ” озод мекунад. Як бор шумо ин ҳақиқатро пазируфтед, дигар он шуморо аз дуоҳои густохона, ки бисёр вақт Худоро дар чашми одамизод беэътибор мекунанд, нигоҳ медорад, ва шумо метавонед бо боварии комил барои чизҳои махсус дуо кунед.


Аз сабаби нагуфтани суханҳои зиёдатӣ ҳангоми дуо, биёед бори дигар ба дастури Исо дар бораи чӣ хел дуо кардан назар андозем:


1. Дуо барои онҳое, ки метавонанд ва хоҳанд гуфт, ки “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, исми Ту муқаддас бод” Дуо танҳо барои онҳо асар мекунад, ки ба василаи имон овардан ба Худованд Исои Масеҳ фарзандони Худо шуданд. Барои он ки дуоятон натиҷае бахшад, шумо бояд он Касеро ки дуо мекунед парастиш кунед.


2. Дуо тобеъияти комилро ба Малакути Ӯ талаб мекунад комилан бояд бо малакути Худо як шавад ва волоии ӯро аз ҳама чизҳои дигар эътироф кунад.


  1. Дуо итоатро талаб мекунад: доштани хоҳиши кор кардан мувофиқи иродаи ӯ, чӣ хеле ки он набошад, дар ин ҷо ва ҳоло дар замин. “Малакути Ту биёяд. Иродаи Ту чунон ки дар осмон аст дар замин ҳам ба амал ояд”. Танзими иродаи Худо нест, чунки мо дар замин зиндагӣ мекунем, ки ҳукмронии ӯро эътироф намекунад.


Акнун дар партави ин се ҷумлаи намунавӣ, ки барои итоат кардан ба иродаи Худо даъват мекунад, оё ман метавонам ба таври оддӣ дуо кунам, чизеро талаб кунам ва онро интизор шавам, ки рӯй диҳад? Оё ин танҳо барои он ки Ман фарзанди Худо ҳастам, ва барои он ки ман боварӣ дорам, талаб мекунам, ва хоҳиши эътирофи мусбии имонро дорам, рӯй медиҳад? чӣ мешавад агар дуои ман иродаи Худо нест? Ба мақсади тасвир, чӣ мебуд агар ин иродаи Худо набуд, ки мо камераи сеюмро дошта бошем? Ва чӣ буд агар, дар имон, ман эътиқодманди он будам, ки Худо дар шаст рӯзи оянда камераро ба мо хоҳад дод? Фарз кардем, ман баҳонаи хуб доштам, ки тавассути иҷорагирии асбобу анҷом пулҳои Худоро аз сарфашавии беҳуда нигоҳ медоштам? Чун фарзанди Худо, оё ман имтиёзи талаб кардани камераи сеюмро доштам? Оё ман метавонистам, дар дуоҳои “имон ва эътиқоди муқаррарқ”-и худам, дар як вақти маҳдуд имон ва эътиқод орам? Агар ин танҳо матлаби имон ва эътиқод бошад, чаро не? Дар бораи ин андеша кунед!


Оҳ, дӯстам, ман одамонеро медонам, ки чандин маротиба дар имони худ ғарқ шуданд, чунки онҳо барои Худо вақти маҳдуде муайян карданд. Онҳо Навиштаи Муқаддасро талаб карданд, рӯзро қарор доданд, ва ҳангоме, ки он наомад ин одамон пароканда шуданд. Дигарҳо ба шифоёбии ҷисмонии касе имон ва эътиқод доранд – фақат он шахсе аз ин дунё равад.


Зане ба ман гуфт, ӯ медонад Худо падарашро шифо мебахшад. Вақте ки ӯ дар касалхона мурд, он зан Библияи худро сари синааш монда ӯро барои ҳаёти дубора дуо кард. Баъди муддати кӯтоҳе ӯ маротибаи дуюм мурд. Ӯ ба кормандони касалхона манъ кард, ки ба ҷасади ӯ даст расонанд. Зан дарро пӯшида ва панҷ ё шаш соат ӯро фармон дод зинда шавад, чунки ин зан боварӣ дошт. Ӯ ба ҳақиқате ки дар Матто 21:21-22 омадааст часпида буд. “Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки “бархоста, худро дар баҳр афкан” – чунин хоҳад шуд. Ва ҳар он чӣ дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт” (Матто 21:21-22).


Дар бораи 1 Юҳанно 5:14-15 чӣ фикр доред?


Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад. Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чӣ аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.


Чӣ хел гуфтаи дар 1 Юҳанно омадаро бо Матто 21:21-22 муқоиса кунем? Фикри худатонро нависед, ва пагоҳ мо онро бо ҳам хоҳем дид.





<< Дарсҳои рӯҳонӣ