www.dardidil.com | |||||||||||||||||||||
|
|||||||||||||||||||||
29 рӯз - 2РӮЗИ ПОНЗДАҲУМ Онҳое, ки имон доранд, ки марги Исо на танҳо аз гуноҳ моро халосӣ дод, балки ҳамчунин ҷисмҳои моро комилан шифо бахшид тарафдорони ҳақиқии “имон, эътиқод” мебошанд ва ин як навъи дуои шумо мебошад. Баъзеҳо инро ҳамчун “пайғоми имон” ҳисоб мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки боварӣ кардан кофӣ нест – шумо бояд имон дошта бошед. Онҳо имонро аз боварӣ кардан бо гуфтани он ки имон дар он чизе, ки шумо боварӣ доред ба амал меояд. Боварӣ камфаъол аст, имон фаъол аст. Эътиқоди мусбӣ имонро фаъол мекунад. Он чизе, ки шумо мегӯед онро хоҳед гирифт. Бинобар ин эътиқоди манфӣ аз имон орӣ аст. Шумо ба Худо боварӣ надоред. Аз ин сабаб Худо ба дуоҳои шумо ҷавоб намедиҳад. Чӣ хел онҳо аз ҷиҳати библиявӣ ин таълимотро пуштибонӣ мекунанд? Ман наметавонам ҳамаи матнҳоро дар бар гирам. Вале як гуфтаи муҳими Навиштаро, аз Матто 21 шумо дина аз назар гузарондед. Матто 21:18-22-ро хонед ва ба калимаҳои зеринро таваҷҷӯҳ зоҳир кунед: имон, шубҳа, боварӣ (имон), гуфт. Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд. Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуз баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: “Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд”. Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк шуд. Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: “чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?”. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: “ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки “бархоста, худро дар баҳр афкан”, -чунин хоҳад шуд; ва ҳар он чӣ дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт” (Матто 21:18-22) . Онҳо ҳамчунин Марқӯс 11:23-24-ро, ки ин гапҳоро такрор мекунад истифода мекунанд. ҳамчунин ин калимаҳоро нишона кунед. Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯҳ гӯяд: “Бархоста, худро дар баҳр афкан” ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чӣ гӯяд мешавад, ҳар чӣ гӯяд ба вай ато хоҳад шуд. Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, - ва ба шумо ато хоҳад шуд. Агар шумо ин оятҳоро аз Матто ва Марқӯс гирифта онҳоро аз Навиштаҷот ҷудо кунед. Ва мувофиқи ин навиштаҳо, агар ин ба кор наояд, шумо метавонед гӯед, ки сабабаш шубҳа буд. Вале, Дӯстам, шумо наметавонед Навиштаҷотро аз ҳам ҷудо кунед. ҳамаи Навиштаҳо бояд бо ҳам мувофиӣ оянд. Навиштаҷот наметавонад мухолифи Навиштаҷот бошад. Бинобар ин агар шумо мехоҳед табиати ҳақиқии дуо ва тарзи кори онро фаҳмед, шумо бояд ҳамаи он чиро, ки Каломи Худо оиди ин мавзӯъ таълим медиҳад, донед! Барои ҳамин шумо наметавонед Юҳанно 14:14-ро гиред, “Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард! Ман мехоҳам дар бораи номае, ки аз зане гирифтам ба шумо нақл кунам. Дар он чунин омадааст. Ман мехоҳам шуморо барои мақолае, ки 15 октябр дар газетаи “Дӯст” омода гардида буд сипосгузорӣ кунам. Дар ҳақиқат фақат раҳмат гуфтан кофӣ нест. Шояд ман чунин гӯям “Раҳмат!” Ман Худоро ҳамду сано мекунам ки Ӯ ба шумо ҷасорат дод, то ин ки шумо хилофи таълимоти эътирофкунии __________________________ Ки он ҳоло хеле васеъ паҳн шудааст. Бале ин таълимот “зарари калон” дорад, - ман то кунун захми онро дорам. Ва ҳозир ман вақт дорам ба шумо дар бораи ҳаёти худам нақл кунам. Ман танҳо гуфтаниам, ки ман медонам ин чӣ аст, вақте ки масеҳии нав, ки тайёр аст амиқтар сӯи таслимшавӣ аз тарафи Худованд ва иродаи комили Ӯ равона шавад ва дар ҳамин ҷо бо ҳамин таълимот зарба зада шавад. Ман медонам чӣ хел кас худро танҳо ҳис мекунад, вақте Ӯ дар ҷангу ҷидоли ҷисмонӣ, фикрӣ ва рӯҳӣ аст ва эҳтиёҷ дорад бо нафари дигаре сӯҳбат кунад, вале шумо наметавонед бо касе сӯҳбат кунед, чунки шуморо метавонанд барои эътирофи манфӣ мутаҳҳам кунанд. РӮЗИ ШОНЗДАҲУМ Оё ҳамаи ин барои Шумо мушкил аст? Дили худатонро баракат диҳед! Ин хеле муҳим аст, ки шумо тамоми иродаи Худоро медонед. Павлус ин ҳақиқатро дарк кард ва чунин навишт: Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам. Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо хуни худ харидааст, бичаронед. Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо хоҳанд омад, ки ба рама раҳме нахоҳанд кард. Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд (Аъмол 20:27-30). Агар шумо тамоми иродаи Худоро дар дуо надонед, шумо метавонед раҳгум занед. Одамон ба ин пайғоми “имон” часпида, бе ягон ҷустуҷӯ аз Навиштаҷот, ки оё ин пайғом дуруст аст ё не, аз он баҳра мебаранд ва охир ягон зиёне мекунанд. Онҳо на танҳо ақидаи барғалатро, ки дар асоси таҷрибаи онҳо аст, таълим медиҳанд, балки дар бисёр мавридҳо имони худи онҳо хароб мешавад, вақте ки он таълимоте ки онҳо ба дигарон меомӯзанд дар вақти зарӯрӣ ба кор намеояд. 1 Юҳанно 5:14-15 ва Юҳанно 15:7-ро бодиққатона хонед. Баъд аз тамом кардан ба суолҳо ҷавоб диҳед. Ва ҷуръате, ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад. Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чӣ аз Ӯ талаб кардаем, меёбем (1 Юҳанно 5:14-15). “Агар дар ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чӣ мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд (Юҳанно 15:7).
РӮЗИ ҲАБДАҲУМ Ман фикр мекунам, ки акнун шумо дарк кардед, агар шумо мехоҳед Худо ба дуоҳои шумо ҷавоб диҳад, мувофиқи иродаи Ӯ талаб кунед. “Агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад” (1 Юҳанно 5:14). Баъд чунин савол ба миён меояд, “чӣ хел ман иродаи ӯро медонам?”. Саволи хуб ҳамин хел не? Дар Юҳанно 15:7 ба ин савол чунин ҷавоб омадааст. “Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чӣ мехоҳед, талаб кунед ва он ба шумо дода хоҳад шуд”. Дар ин ҷо ваъда аст: чизеро ки мехоҳед талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд. Дар айни ҳол бо ин ваъда шарте низ ҳаст! Шарт он ҳаст, ки шумо бояд дар Ӯ бимонед ва сухани Ӯ бояд дар ту бимонад. Ин шарт калиди донистани иродаи Худо мебошад. Якум, агар шумо мехоҳед иродаи Худоро донед, шумо бояд дар Ӯ бимонед. Калимаи “мондан” маънии “дар хона будан бо касе, зиндагӣ кардан бо касе”-ро дорад. Агар шумо бо ягон кас бимонед, ӯро ба хубӣ мешиносед. Ба ман иҷозат диҳед, ба шумо тасвиреро аз ҳаёти худ пешкаш намоям. Одамон бисёр мехоҳанд дар бораи ман донанд, чунки онҳо маро дар минбар ё телевизион дидаанд, ё сабтҳо ва барномаҳои радиоии маро гӯш кардаанд, ва инҳо ҳастанд иртиботи онҳо бо ман. Ва вақте ки онҳо имкони савол додан пайдо мекунанд, бо саволҳои беохир ба ман муроҷиат мекунанд. “Кей чӣ хел одам аст?” Одамони кунҷков аз фарзандони мо мепурсанд, “Оё модаратон хӯрок тайёр мекунад?” Бисёриҳо, ки паёми ба монанди паёми Ирмиё будаи маро мехонданд маро дар ҳолати истироҳат, хурсандӣ кардан ва ханда кардан тасаввур кардан наметавонанд. Ва агар баъзе вақтҳо ман ягон кори хато кунам ҳамкоронам чунин мегӯянд: “Агар онҳо ҳозир метавонистанд шуморо бинанд!” Чаро одамон маро дар “кулл” мебинанд? Чаро онҳо танҳо баъзе ҷанбаҳои табиати маро мебинанд? Чаро? Ин хеле оддӣ – чунки мо дар ҳамдигар нестем. Бинобар ин баъзе занҳо чунин мегӯянд; “Агар Кей инро медонист, шояд ӯ инро маъқул медонист”. Бале, онҳо ғалат мекарданд. Ман кори Калисоҳоеро, ки ба ҳар як шахс ҳафт доллар медиҳанд, то ки маро дар конфронсҳо гӯш кунанд маъқул намешуморам. Ва он занҳое, ки аз номи ман гап мезананд, фикр мекунанд, ки онҳо ҳақ ҳастанд, вале онҳо хато мекунанд. Онҳо суханони маро шуниданд, ки ман мутассадӣ нестам, ки Каломи Худоро бо пул ба касе фурӯшам. Шахсан ман бовар намекунам, ки бо ин амалам Худоро хурсанд кунам, ҳоло он ки ман таблиғгари Каломи Ӯ ҳастам. Вале, ман нагуфтам, ки ба одамон барои ташрифёбӣ ба конфронсҳо пул диҳанд. Чаро мо барои конфронсҳо дар Пресепт Министриез пул медиҳем. Онро барои пӯшондани пули хона, хӯрок ва корҳои дигар харҷ мекунем, то ки конфронс бо як мароми муайян равад. Онҳо гапҳои маро дигар хел овардаанд, чунки онро аз матн ҷудо карданд. Ва ҳамчунин мо метавонем суханони Худоро дигар хел фаҳмем, агар мо дар Ӯ набошем ва сухани Ӯ дар мо набошад. Бинобар ин мо бояд вақтамонро дар танҳоӣ бо Ӯ гузаронем, ва барои он ки Каломи Ӯ дар мо бимонад� мо бояд ӯро ва иродаи ӯро пурра донем. Дар бораи ин мо пагоҳ ҳарф мезанем. Саволи имрӯза чунин ҳаст, “То чанд шумо дар Ӯ мемонед ва то чанд сухани Ӯ дар шумо мемонад?” Чаро? ҷавоби худатро навис то ин ки мувофиқи он амал намоқ. Ман фикр мекунам, ки акнун шумо дарк кардед, ки агар шумо мехоҳед Худо ба дуоҳои шумо ҷавоб диҳад, мувофиқи иродаи Ӯ талаб кунед. “Агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад” (1 Юҳанно 5:14). Баъд чунин савол ба миён меояд, “чӣ хел ман иродаи ӯро медонам?”. Саволи хуб ҳамин хел не? Дар Юҳанно 15:7 ба ин савол чунин ҷавоб омадааст. “Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чӣ мехоҳед, талаб кунед ва он ба шумо дода хоҳад шуд”. Дар ин ҷо ваъда аст: чизеро ки мехоҳед талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд. Дар айни ҳол бо ин ваъда шарте низ ҳаст! Шарт он ҳаст, ки шумо бояд дар Ӯ бимонед ва сухани Ӯ бояд дар ту бимонад. Ин шарт калиди донистани иродаи Худо мебошад. Якум, агар шумо мехоҳед иродаи Худоро донед, шумо бояд дар Ӯ бимонед. Калимаи “мондан” маънии “дар хона будан бо касе, зиндагӣ кардан бо касе”-ро дорад. Агар шумо бо ягон кас бимонед, ӯро ба хубӣ мешиносед. Ба ман иҷозат диҳед, ба шумо тасвиреро аз ҳаёти худ пешкаш намоям. Одамон бисёр мехоҳанд дар бораи ман донанд, чунки онҳо маро дар минбар ё телевизион дидаанд, ё сабтҳо ва барномаҳои радиоии маро гӯш кардаанд, ва инҳо ҳастанд иртиботи онҳо бо ман. Ва вақте ки онҳо имкони савол додан пайдо мекунанд онҳо бо саволҳои беохир ба ман муроҷиат мекунанд. “Кей чӣ хел одам аст?” Одамони кунҷков аз фарзандони мо мепурсанд, “Оё модаратон хӯрок тайёр мекунад?” Бисёриҳо, ки паёми ба монанди паёми Ирмиё будаи маро мехонданд маро дар ҳолати истироҳат, хурсандӣ кардан ва ханда кардан тасаввур кардан наметавонанд. Ва агар баъзе вақтҳо ман ягон кори хато кунам ҳамкоронам чунин мегӯянд: “Агар онҳо ҳозир метавонистанд шуморо бинанд!” Чаро одамон маро дар “кулл” мебинанд? Чаро онҳо танҳо баъзе ҷанбаҳои табиати маро мебинанд? Чаро? Ин хеле оддӣ – чунки мо дар ҳамдигар нестем. РӮЗИ ҲАЖДАҲУМ “Вале чӣ хел ман медонам, ки Иродаи Худо чист?” мепурсед шумо. Агар ман барои ба дуоҳоям ҷавоб гирифтан мувофиқи иродаи Ӯ бояд дуо кунам, чӣ хел ман фаҳмидани иродаи ӯро меомӯзам?”. Тамом! Саволи охирин Ман боварӣ дорам, ки фаҳмидани иродаи Худо санъати илоҳиест, ки ба василаи нишастан дар пеши пои Ӯ омӯхта мешавад. Лаҳзае ба Дуои Худованд бармегардем. Ба ёд оред, ки он бо парастиши Падар сар шуда, баъд бо тобеъияти комил ва нолаи дил барои иҷро кардани иродаи Ӯ давом меёбад� ин итоати дурудароз ва иродавӣ мебошад. Оё шумо дар ин нуқтаи Дуои Худованд дидед, ки ягон талаб карда нашудааст? Ана ҳамин нуқтаи асосист. Пеш аз он ки аз Худо ягон чизро талаб кунед, ба шумо лозим аст, ки пеши Ӯ интизор шавед, ва дар:
Вақте ки шумо ба ин чизҳо диққат медиҳед, итоат ба иродаи Худо худ ба худ пайдо мешавад. Оё шумо мехоҳед роҳи худро интихоб кунед агар он муқобили роҳи ӯ, мақсади ӯ, ва иродаи Ӯ бошад? Дар ин ҷо шояд муборизаи беамон бошад. Вале албатта агар шумо ду ҷиҳати Дуои Худовандро иҷро кунед, муборизаи шумо ба охир мерасад ва он монанди дуои Исо дар ҷатсамонӣ мешавад: “Эй Падар! Агар бохоҳӣ, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд”. Ӯ намехост тавассути дӯзахи салиб гузарад, зеро дар он салиб Ӯ барои мо лаънат гардид (2 Қӯрунтиён 5:21; Ғалотиён 3:13). Вале бо вуҷуди ин Ӯ иродаи Худоро ба ҷо овард. Дӯстам, оё медонед, ки Исо барои мо мисоли зинда ин ду ҷиҳати Дуои Худованд – парастиш ва итоат мебошад. Агар шумо дар Ӯ ба василаи ибодат ва Калом бимонед, суханҳои Ӯ дар шумо хоҳанд монд. Пас, аз сабаби он ки шумо иродаи ӯро донед, шумо қобил ҳастед бар табқи иродаи Ӯ талаб кунед. “Вале, Кей”- мумкин шумо мепурсед, “чӣ хел ман метавонам иродаи ӯро ба тарзи махсус донам?” Ба андешаи ман ҷавоб таслис мешавад. Ба омили аввал мо имрӯз назар мекунем. Дар Румиён 12:1-2 чунин омадааст, “Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд. Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист”. Ибораи, “шумо бо далел гуфта метавонед, ки иродаи Худо чист?”-ро қайд намудед? Шумо ҳаргиз иродаи ӯро нахоҳед донист агар аввал шумо ӯро ҳамчун Худо бо тақдимкунии ҷисми худ ҳамчун қурбонии зинда ва муқаддас ибодат накунед, ин аст “ибодати оқилонаи шумо”. Дуввум, шумо бояд “ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред”. “Худро ҳамчун қурбонии зинда тақдим кардан?” чӣ маънӣ дорад. Ду калима, зинда ва қурбонӣ бо ҳам мувофиӣ намеоянд ҳамин тавр не! Вақте ки мо дар бораи қурбонии библиявӣ фикр мекунем, мо дар бораи чизе ё каси (Худованди мо) мурдаистода фикр мекунем. Барои он ки мо, ки дар хатоҳо ва гуноҳҳои худ мурда ҳастем зиндагӣ мекунем, Исо мурд ва боз эҳё шуд. Ин Хабари Хуш аст. Ва Хабари Хуш он аст, ки Павлус дар Румиён 1-11 муфассалан маънидод кардааст. Баъд вақте ки инро тамом мекунем, дар Румиён 12:1-2 зери илҳоми Рӯҳулқудс, Ӯ ба мо чӣ хел зиндагӣ карданро меомӯзад, ва чӣ хел мо ба наҷотёбии бузург ҷавоб диҳем: Мо, ки мурда будем ва ба мо ҳаёт ато шуда буд, ба Ӯ бояд ҷавоб диҳем ва ин ҷавобамон на мувофиқи роҳи мо, амри мо, андешаҳои мо, санҷиши мо ва хоҳиши мо бошад, балки он бояд бар тибқи итоати комил ба ҳамаи он чизе, ки Худо мехоҳад бо мо, ё ба василаи мо анҷом диҳад. Ба мисли Исо, ман ва ту низ бояд худро дар қурбонгоҳ гузорем ва бигӯем, “На иродаи ман, балки иродаи Ӯ иҷро хоҳад шуд”. Дӯстам, лаҳзае бо ҳам андеша намоем. Агар ҳар фарзанди Худо ин корро дар ҳақиқат ҳам мекард, фикр кун, ки то чӣ андоза Инҷил пеш мерафт. Фикр кун, ки чанд пули дигар барои таблиғ ва барои кори Худованд хоҳад буд. Фикр кун, ки то чӣ андоза шаҳодати мо таъсирноктар мешуд, тарси мо аз Худо нисбати тарси одамизод зиёдтар мешуд, мо боҷуръаттар мешудем ва барои наҷоти ҷисми худ обрӯю эҳтиром, роҳат ва ҳатто ҳаёти худ созиш намекардем! Андеша кунед, ки то чӣ андоза ҳаёти мо ҷолиб хоҳад шуд, ва чун онҳо мебинанд, ки мо Исоро чунон дӯст медорем ва ба Ӯ чунон боварӣ дорем, ки тайёр ҳастем чунин ҳаёти фидокоронаро пеш барем, диққати тамоми оламиён ба мо ҷалб хоҳад шуд. ҳатто зимни навиштани ин сатрҳо, ман ҳаётамро таҳлил мекунам. Оё ман дар ҳақиқат ҳам барои Худо дар қурбонгоҳ қурбонии зинда ҳастам? Дар бораи ин фикр кунед. Чаро мо ақли худамонро аз нав кунем. Ист ва фикр кун, дӯстам! Чӣ қадар шумо омӯхтед, ки дар асоси принсипҳои библиявӣ буд? Чӣ қадар устодони шумо фарзандони Худо буданд, ё шогирдон ва имондорони Каломи Худо буданд? Чӣ қадари онҳо боварӣ доштанд, ки ин Каломи пок ва махлутнашудаи Худои Бузург аст, ва он бе ягон хато аст ва ҳамаи гуфтаҳояш дақиқ ҳастанд? То чӣ андоза он чизҳоро, ки дар васоити ахбор мебинед ё мешунавед ё дар матбуот мехонед тафаккури шуморо ба сӯи меёрҳои библиявӣ равон мекунанд? Шумо пеш аз донистани Худованд Исои Масеҳ чиро аз худ кардед ва омӯхтед? Оё фикронии шумо, далеловарии шумо, ва имони шумо ба танзиму татбиқ ниёз дорад? Танҳо як роҳи донистан аст ба воситаи Калом, омӯзиши мунтазам – на як оят аз ин ҷо ва як оят аз дигар ҷо, балки як китоб паи китоб. Чун ин корро ба ҷо овардед, тафаккури шумо аз нав мегардад. Вақте ки шумо дар Библия чизеро дучор омадед, ки ба тафаккур, имон ва ҳаёти шумо бегона аст, шумо бо ҳақиқат рӯ ба рӯ мешавед ва дар ин ҳолат шумо ба танзимкунӣ ниёз доред. ҳангоме, ки шумо ин танзимкуниро иҷро кардед тафаккури шумо таҷдид мешавад� ва дуоҳо ба номи Худованди мо ҷавоб хоҳанд гирифт. Исо пеш аз рафтан ба боғи ҷатсамонӣ, ки дар он ҷо Ӯ таслим шуда буд, барои Шумо дуо кард, “Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоқ. Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист. (Юҳанно 17:15-17). Тақдискунии чизе ин онро аз ҳам ҷудо кардан аст. Ва ин Каломи Худо, ки шуморо аз ҳам ҷудо мекунад. Чаро? Барои он ки Каломи Ӯ ростист. Бинобар ин чизеро, ки шумо ба он боварӣ доштед бо каломи Худо мувофиқ нест, чизеро, ки шумо ба он имон доштед хато аст. Ин дурӯғ аст, ва тафаккури шумо бояд аз нав шавад. Ба ёд биёр, пеш аз он ки шумо Худовандро шинохтед, шумо фарзанди хашму ғазаб, писари исён будед. Бодиққат гӯш кунед, ки Худо дар Эфсӯсиён 2:1-3 чӣ гуфтааст: “Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире, ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе, ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем”. Акнун андеша кунед, ки Исо дар бораи шайтон чӣ гуфт. Мумкин шумо оятро медонед, вале онро сарфи назаратон накунед. Дар бораи он, ки Исо чӣ гуфта буд чуқуртар фикр кунед. “Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст”. (Юҳанно 8:44). Шайтон дурӯғгӯ аст. Бале, баъзе вақтҳо Ӯ ҳақиқатро бо дурӯғ бо ҳам меомезад. Ӯ инро ҳангоми озмоиши Исо карда буд, вале Исо тавонист ҳамаи инро аз Худ дур кунад, чунки Ӯ Каломи Худоро – иродаи комили Худоро медонист. Ва шумо низ фарзандони меҳрубони Худо бояд ҳамин хел кунед. Барои ҳамин шумо бояд тафаккури худро бо иродаи комили Худо аз нав кунед. Ин вазифаест, ки онро мебоист дар давраи зиндагӣ иҷро кард. Ҳамчунин ин кори озодшавӣ аст, чаро ки “ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард” (Юҳанно 8:32). Ва, албатта ин ба шумо кӯмак мекунад нисбатан беҳтар дуо кунед, чунки акнун шумо медонед чӣ хел мувофиқи Каломи Худо дуо кард. Далели ин, ман тафаккури худамро чанд бор аз нав кардам, ва дарёфтам, ки ман Каломи Худоро, ба Худо бо дуоям бармегардонам. Ин тарсовар аст, чунки вақте ки ман дуо мекунам, ман медонам, ки дуоҳои ман библиявӣ ҳастанд. Вале, дар хотир нигоҳ доред, ки шумо бояд мувофиқи иродаи комили Калом дуо кунед. Шумо наметавонед аз матн оятҳоро гиред. РӮЗИ НӮЗДАҲУМ Дирӯз ман қайд намудам, ки асосан се роҳе мавӣуд ҳастанд, ки тавассути онҳо кас Иродаи Худоро мефаҳмад. Якум, ба василаи ибодати қурбонӣ мебошад. Дуввум, ба василаи донистани _________ Комили Худо мебошад. Худо ҳаргиз баръакси Каломи Худ ва табиати Худ амал намекунад. Сухани Худро аз исми Худ баландтар кард (Забур 138:2). Ҳоло мо роҳи сеюмро аз назар мегузаронем, ки онро Иродаи имрӯзаи Худо меноманд. Дар Юҳанно 15:7 омадааст. “Агар дар Ман бимонед, ва Сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чӣ мехоҳед талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд”. Дар ин ҷо калимаи юноние, ки барои “сухан” истифода мешавад рҳема (rhema) мебошад. Асосан ду калимаи юнонӣ мавӣуд ҳастанд, ки ба Сухани Худо нисбат дода мешаванд: логос (logos) ва рҳема (rhema). Маънии логос “(1) ифодаи фикр� (а) ҳамчун таӣассуми мафҳум ва идеяҳо (б) гуфтаҳо ва баёнҳо (с) мубоҳиса ва гуфтори омӯзиш (ll) Каломи Шахсӣ, номи Писари Худо. Рҳема маънои онро дорад, ки чӣ гуфта мешавад, ва чӣ ҳангоми гуфтор ё навишт ба забон оварда мешавад� муҳим будани рҳема (аз логос фарқкунанда) дар дастури гирифтани шамшери Рӯҳ, ки каломи Худо аст, маънидод шудааст? Эфсӯсиён 6:17; Дар ин ҷо ба тамоми Библия таъкид нашудааст, балки ба навиштаи фардӣ, ки рӯҳ онро ҳангоми эҳтиёҷот, барои истифода ба ёди мо меорад, ва он ниёзе ҳаст, ки мунтазам тафаккури моро бо Навиштаҳо пур мекунад. Бар тибқи ҳамаи ин, Худо дар Юҳанно 15:7 дар бораи иродаи Худо чӣ баён кардааст? Ман метавонам иродаи Худоро дар ҳолати махсус, он замоне донам, ки Худо бо Рӯҳи Худ тафаккури маро бо рҳема навиштаҳои махсус, ки дар ҳолати махсус ба кор меоянд пур мекунад. Агар шумо Худоро интизорӣ кашед, ӯро ибодат кунед, хоҳиши онро доред, ки ҳар иродаи ӯро ба ҷо оваред, он гоҳ Худо ба шумо имкон медиҳад, ки ба василаи рҳема хоҳиши ӯро дар ҳолатҳои махсус бифаҳмем. Пас, оё ин маънои онро дорад, ки пеш аз донистани иродаи Худо ҳама вақт аз Худо рҳема дошта бошед? Не! Не! Не! Ҳамчунин шумо метавонед ба таври оддӣ – дар Ӯ будан иродаи ӯро бифаҳмед. Баъзе чизҳо ҳастанд, ки ман ниёз надорам онҳоро аз Худо пурсон шавам. Чаро? Чунки ман Каломи Ӯро медонам, Ман Ӯро медонам, ва вақте ки ман суолҳо ва хулосаҳои худро бо дониши Ӯ ва Каломи Ӯ муқоиса кунам, ман бе ягон мушкилот ҷавобҳои Ӯро меёбам. Ман, “аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шудам” (Қӯсассиён 1:9). Ин зебогии дар Ӯ мондан ва доштани сухани Ӯ дар худ мебошад. Баъзе вақтҳо, танҳо барои он ки Ман Каломи Ӯро медонам, Ман иродаи Ӯро медонам. Вақте ки ман дар бораи рҳема, навиштаи махсусе, ки онро Худованд ба тафаккури шумо меорад, гап мезанам, илтимос дида баромадани онро мувофиқи ҳамаи он чизе, ки ман пештар гуфта будам, аз хотир набароред. Бисёр одамон ба дигарон гуфтани он, ки онҳо аз Худо “рҳема” доранд, дӯст медоранд. Вале мо бояд дар ин ҳолат эҳтиёткор бошем. На ҳамаи онҳо, ки мегӯянд ки аз Худо “рҳема” доранд, сухани Худоро доро ҳастанд. Ва чун онҳо дар назди Худо аз ҳамаи суханҳо ва амалҳои кардаашон ҳисобот медиҳанд, мо низ барои гӯш кардани ин гапҳо ва тибқи онҳо кор кардан дар пеши Худо ҷавоб хоҳем дод. Оё бехатарии мо дар он ҳаст, ки моро набояд ҳеҷ чиз ё ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо раҳнамоӣ кард? Хуб, оғози ин корҳо мувофиқи Румиён 12:1-2 зиндагӣ кардан мебошад. Вале ҳамчунин мо ниёз дорем, ки пеши пои Худованди мо нишаста ба Ӯ гӯш диҳем. Баъд ҳамаи он чизеро, ки Ӯ ба мо мегӯяд, иҷро бояд кард. Луқо 10:38-42-ро бодиққат аз назар гузаронед. Акнун, он чиро ки дар бораи Марта ва Марям аз ин порча хондед дар зер нависед. Ҳамчунин нависед, ки Исо бо ҳар дуи онҳо чӣ хел дастур ё ваъда дода буд. МАРТО МАРЯМ Дӯстам, акнун боварӣ дорӣ, ки “рҳемаҳои” шумо рҳемаҳои Худо ҳастанд. Дар пеши пои Ӯ нишастан ва гӯш карданро ёд гир. Саросема набош. Агар шумо дар назди Худо ором бошед, шумо овози ӯро мешунавед ва мувофиқи иродаи Худо чӣ хел дуо карданро хоҳед донист. РӮЗИ БИСТУМ “Вале чӣ мешавад, ки шумо то ҳоло намедонед, ки иродаи Худо чӣ ҳаст, чунки Сухан___________________________________________? Ё, агар шумо аз ҷониби Худо рҳема надоред. Он гоҳ шумо чӣ кор мекунед? Мепурсед шумо. Сипас ман пеши Худованд рафта мегӯям, “Падар, Ман намедонам чӣ хел дуо кунам. Ин он чӣ ҳаст, ки ман мехоҳам ё дар борааш фикр мекунам (ва баъд ман ҳамаи он чизеро ки дар борааш фикр мекунам ё мехоҳам ба Ӯ нақл мекунам), вале ман фақат хоҳони иродаи шумо бароям ҳастам (барои ҳама). Худро ҷалол деҳ, Падар”. Баъзеҳо дар чунин андеша ҳастанд, ки бо чунин роҳ дуо гуфтан ҳеҷ гоҳ фоидае надорад. Чӣ хел шумо боэътиқод дуо мекунед агар шумо намедонед, ки иродаи Худо чӣ ҳаст? Барои мисол, ҳарчанд ман намедонам, ки Худо мехоҳад одами беморро ҷисмонӣ шифо бахшад ё касалии ӯро барои ҷалол додани Худ ба кор мебарад, ман ба Ӯ имон дорам ва дар он фикр ҳастам, ки агар ман ӯро парастиш кунам, ва ман тайёрам ба иродаи Ӯ тобеъ бошам, Ӯ дуои маро “Иродаи Ту ба амал ояд – ҳар куҷое, ки набошад!” эҳтиром хоҳад кард. Ба номи Худо, дӯстам ва ман боз қайд мекунам ба номи Худо, бифаҳм ки Ӯ Падари Туст. Худо медонад, чӣ хел фарзандони Худро бардорад, ёд диҳад ва роҳнамоӣ кунад. Яъне “бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард”. (Масалҳо 3:5-6). “Вале чӣ мешавад, агар ман андеша мекунам, ки ман иродаи Худоро медонам, ба Ӯ таваккал мекунам ва ман интизор ҳастам, вале ҷавобе нест? Пас ман чӣ кор кунам?” Фақат ба Худо бигӯед, ки ба гуфтаҳои Ӯ диққат надодед, ки шумо ӯро барғалат фаҳмидед, ва дуоятонро довар диҳед. Боз ба Ӯ баргардед. Ноумед нашавед. Худо хато накард. Шумо онро аз даст додед. Гиря кардан бас аст. Ман дар бораи падарам пештар ҳам сухан карда будам. Чанд сол пеш, вақте ки ӯ касал буд, ман фикр кардам, ки Худо ба ман гуфта буд падарам зинда хоҳад монд. ҳатто ман чунин андеша доштам, ки ман рҳема дорам. Баъд аз панӣ ҷарроҳии ҷиддӣ дар дувоздаҳ рӯз ва чил рӯзи дигар дар беморхона мондан падар аз дунё гузашт. Ман дар бораи иродаи Худо фикри барғалат доштам. Чӣ ман метавонам кунам? Ба ӯ имкон диҳам, ки маро шикаст диҳад? Ба ӯ имкон диҳам, ки дуоҳо ва эътиқоди маро дар пеши Худо оҷиз кунад? Ба ӯ имкон диҳам, ки маро аз ҳаракат боздорад? Не!Не!Не! Ман бояд пеш равам. Худо аз ҳамаи хатоҳои ман бузургтар аст. Ӯ Худои умед ҳаст! Дили ман аз Ӯ саршор ҳаст. Ӯ инро медонад. Фаҳмидед? Бале, ман чунин дуо мекунам! Ман чизи охироне ба шумо гуфтан мехоҳам, ки дар бораи иродаи Худо мебошад ва он хеле муҳим ҳаст. Аз шумо илтимос мекунам, ки ба ман бодиққат гӯш диҳед, чунки ман намехоҳам шумо маро дигар хел фаҳмед. Баъзе вақтҳо, ки мо Худоро дар дуоямон ҷустуҷӯ мекунем, мо аз навиштаҳо чизеро, ки дар ин ё он роҳ ба ҳолати махсуси мо муносибат доранд, чанг мезанем ва онро ҳамчун иродаи Худо ҳисоб мекунем. Он на ҳама вақт иҷро мешавад. Барои мисол, мо метавонем Яъқуб 5:14-15-ро гирифта онро ҳангоми шифоёбӣ истифода кунем. “Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони Калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи Ӯ дуо гӯянд: ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд: ва агар Ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд (Яъқуб 5:14-15). Вале, ин оятҳо – оятҳои барои ҳамаи дардҳо даво нестанд. Мо метавонем онҳоро танҳо он замоне ба кор барем, агар Худованд гӯяд, ки ин оят барои касалии муайяне мебошад. Ин оятро мулоҳиза намоед, “дуо дар имон тақдим мешавад”. “Дар имон” маънои онро дорад, ки Худо иродаи худро барои шифодиҳии шахси муайян эътироф кард. Баъзе вақтҳо маро хоҳиш мекунанд, ки барои шахси беморе дуо гӯям. Агар кор чунин шавад, ман ҳама вақт аз Падар чунин мепурсам: “чӣ хел ман дуо кунам?” Боре таблиғотчии дин аз касалии саратон дар дами марг буд. Худованд дар дили ман барои шифоёбии Ӯ дуоеро тайёр кард, ва дуоҳои дар имон тақдимшуда ҷавоб гирифтанд! Ман ҳис кардам, ки ман бояд инро бо шумо бо ҳам бинам, хоҳ шумо розӣ бошед ё не, чунки бисёриҳо ноумед шуданд. Онҳо Навиштаҳоро талаб мекунанд ва на ҳама вақт натиҷаашро мебинанд. Акнун, маро ғалат нафаҳмед! Навиштаҳои муайян асосан ҳақиқат ё ваъда ҳастанд ва мунтазири иҷрошавии имонӣ мебошанд. ҳол он ки, ҳатто Павлус ҳам аз захми теғ шифо наёфт, чунки Худо дар Ӯ нақша дошт ( 2Қӯрунтиён 12:7). Дар бораи ин чизҳо фикр кун, дӯстам, ва Каломи ӯро бодиққат ҷустуҷӯ кун. РӮЗИ БИСТУЯКУМ Оё ягон вақт шумо дуоятонро тамом карда ҳис кардед, ки он тамоман бефоида буд? Ман дар чунин ҳолат будам. Ман хеле ноумед шудам. Ҳиссиёти ман баъди ин мавридҳо аз ҳиссиёти умумии беқувватӣ (заифӣ), барои гуноҳ кардан (аз сабаби фикрҳои сарсон), барои ҳисси маъюсӣ фарқият дошт. Ман ҳайрон шудам, ки “Падар, ман дуокуниро аз худ мекунам, ё ман дар тамоми умри боқимондаам дер хоҳам кард? Албатта Исо ҳис кард, ки ин бо мо рух хоҳад дод, ва эҳтимол дар ҳаёти масеҳӣ дуо кардан амали нисбатан низомдор ва тартибдор ва душвортар мебошад. Оҳ, чӣ тарз ман он Худои моро, ки ваъда дод, ки ҳамаи эҳтиёҷоти моро дар дуо таъмин мекунад, дӯст медорам. Чӣ тарз Ӯ чашмони моро барои дидани он, ки Исо чӣ кор кард боз кард, вақте ки гуфт. “Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед”. Донистани он, ки Дуои Худованд намунаест барои дуо, ё ҷамъи ҷумлаҳои мухтассар, ки ҳар кадомашон мавзӯи дуо ҳастанд хеле ҳаяҷоновар буд. Акнун мо медонем чӣ хел дуо кунем. Танҳо як ҷумларо аз дуои Ӯ аз ёд гуфта, мавзӯъ ё кадом нуқтаи назарро дар бар мегирад бифаҳмед ва баъд дар бораи ҳама чизе, ки ба ин қисми муайяни намуна наздик ҳаст бо Худо гап занед. Чун ҷумлаи нахустро тамом кардем, ба ҷумлаи дуюм мегузарем. ҷамъи пурраи ҷумлаҳои намунавиро аз назар гузарондан нақшаи пурраи дуоро дар бар мегирад. Ё чӣ хеле, ки Г. Кэмпбелл Морган сарвари тавзеҳдиҳандагон гуфта буд. “Ба таври ақлонӣ ин дуоро гуфтан барои ягон чиз дуо кардан мебошад. Онро метавон шикаст, ҳар илтимоси онро метавон дар алоҳидагӣ гирифт ва бо роҳҳои дигар ифода кард, вале худаш он, ягона ва комил мебошад. “Оҳ, Падар, раҳмат ба Ту, раҳмат ба Ту, раҳмат ба Ту барои дастурҳо аз Писари Ту”. Дӯстам акнун дидед? Дуои Худовандро аз ёд кунед, ва ҳеҷ кас наметавонад аз шумо роҳи дуокунии Худоро гирад. Аз кӯдаки навамал дар Исо то одами муқаддаси комил, барои ҳар кас роҳе аст ва ӯ метавонад дуо кунад ва бифаҳмад, ки дуоҳояш Худоро хурсанд мекунанд. Ин шакли дуоест, ки мунтазам васеъ хоҳад шуд, шумо дар дониши Ӯ амиқтар медароед ва бо Ӯ қадам мезанед. Ин роҳи дуокунӣ мебошад, ки бо шумо инкишоф меёбад. “Вале Кей –мумкин шумо пурсед:- миёнрав аз номи дигарон дар куҷо?” Ман инро дар Дуои Худованд надидам, ва албатта Худо аз мо мехоҳад, ки барои дигарон дуо кунем! Бале, Ӯ мехоҳад! Ман аз Падар ин суолро пурсон шудам ва Ӯ ба ман онро нишон дод! Ман дар ҳаяҷон будам! Пас биёед ба шумо ҳам нишон диҳам. Ба рӯзи чорум баргардед ва дуои Худовандро бихонед. ҳангоми хондан ҳар ҷонишинҳои шахсии дар шакли танҳо бударо нишон диҳед: Ман (I ), ман (me) аз они ман (my), (mine). Сипас ҷонишинҳои шахсии дар шакли ҷамъро қайд кунед: мо(we ), аз они мо (our ). Ҳамчунин ҳар мавриди истифодаи аз они мо – (us )-ро нишона кунед. Акнун, пеш аз хондан, ба ин суол ҷавоб диҳед, миёнрав дар дуои Худованд дар куҷо ҳаст? Вақте, ки шумо бо “чунин роҳ” дуо мекунед, шумо барои худ ва ҳамчунин барои мо – ҷисми Исои Масеҳ дуо мегӯед. Бинобар ин, ҳар ибораи намунавӣ маънои на танҳо ҳавасманд кардани дархостҳо барои худ, балки ҳамчунин миёнравӣ барои ҷисми Исоро дорост. “Вале Кей, дар куҷо ин ҷаҳони гумшуда боз бар мегардад? Суоли дигари хуб. Он дар ибораи намунавии, “Малакути Ту биёяд”. Онҳое, ки барои омадани Малакути Худо дуо мекунанд, медонанд, ки онҳо бояд барои рӯҳҳои гумшуда миёнравӣ кунанд. То он даме, ки ҷисми Ӯ пурра нашудааст, то он даме, ки гӯсфанди охирини Ӯ ба рамма ҳамроҳ нашудааст, Малакут намеояд (Юҳанно 10,17). “Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд: балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд (2 Петрус 3:9). Бинобар ин вақте ки шумо барои Малакути Худо дуо мекунед, “шумо омадани рӯзи Худоро орзу доред (2 Петрус 3:12). Оё ин шигифтангез (аҷиб) нест! Шумо барои дуо роҳ доред – роҳи таъсирнок. Дуо кунед, дӯстам, дуо кунед! Ва вақте ки дуо мекунед “моро” фаромӯш накун. Дар ҳақиқат ҳам чаро шумо дуои Худовандро ҳамчун воситаи миёнравӣ барои дигарон истифода набурд? Шумо дарк мекунед, чӣ хел он фоида дорад. Биёед сар кардем� Падари мо – “Оҳ, Падарам ман мехоҳам барои_____________-- дуо кунам, чунки Ӯ наметавонад Туро Падар хонад. Иродаи Ту иҷро шавад.- “Оҳ, Падар, ман барои президенти мамлакати худ дуо мекунам. Бигузор Ӯ иродаи Туро аз ҳама авлотар донад, ва хоҳиш дорӣ онро аз маъқулдории одамон бисёртар дошта бошқ. Ӯро аз маслиҳатҳои одамони бехудо нигоҳ дор”. РӮЗИ БИСТУДУЮМ Акнун ибораи намунавии чорум – “Ризқу рӯзии маро имрӯз ба мо бидеҳ”-ро мавриди таҳқиӣ қарор бидиҳем. Ба калимаи “моро” диққат додед? Дар хотир нигоҳ дор, ки вақте ки мо дуо мекунем, мо натанҳо барои худ дуо мекунем, балки барои тамоми ҷисми зиндаи Исо дар ҳар гӯшаву канори ин олам бояд дуо кунем. Ибораи чоруми намунавӣ принсипи муҳими дуоро дорост. Ман намехоҳам онро ба шумо бигӯям – чунки ман мехоҳам шумо онро худатон бинед – агар шумо онро худатон бинед, онро беҳтар аз худ хоҳед кард. Ва ман ҳам мехоҳам, ки шумо онро дурустакак фаҳмед! Пас ба ман имкон бидиҳед ба воситаи овардани Навиштаҳое, ки монанди ин принсипҳоро доро ҳастанд, онро ба шумо нишон диҳам. Навиштаҳои зерро хонед ва зери калимаҳои такрорёбандаи муҳими ҳар оятро хат кашед. Ва ҳар чиро, ки ба исми ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад (Юҳанно 14:13). Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард. Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд; Зеро ҳар ки биталабад, мегирад, ва ҳар ки биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. “Ва ҳар он чӣ дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт (Матто 21:22). На шумо маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад (Юҳанно 15-16). Чӣ хел ин оятҳо бо “Ризқу рӯзии Маро имрӯз ба мо бидеҳ” баробар ҳастанд? ҷавобатонро нависед. Ва ниҳоят ба Яъқуб 4:1-3 нигаред. Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд? ҳавас мекунед – ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред – ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед ва надоред, чунки илтимос намекунед; илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед. Биёед ин порчаро аз Яъқуб бо Ишаъё 31:1 муқоиса кунем. Эй вой бар онҳое, ки барои мадад ба Миср фурӯд меоянд, ва бар аспон такя менамоянд, ва бар аробаҳо ба сабаби бисёрии онҳо, ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо таваккал мекунанд, валекин ба қуддуси Исроил рӯ намеоваранд ва аз Худованд дархост намекунанд! Чӣ хел ин ду Навишта бо Навиштаҳои дигаре, ки мо имрӯз аз назар гузарондем ва бо ибораи намунавии Дуои Худованд муносибат доранд? Шумо чиро аз худ кардед, ки метавонед онро дар зиндагӣ истифода кунед? РӮЗИ БИСТУСЕЮМ Дина дар бораи дуо чиро фаҳмидед? Дуо вобастагии пурраи шуморо аз Худо нишон медиҳад, ки шумо бояд пеши Ӯ биравед ва аз Ӯ барои таъмини эҳтиёҷоти худ илтимос кунед. Ба хотир биёред, ки дар рӯзҳои нахустини ин омӯзиш мо чиро фаҳмидем? Мо ба пеши Падарамон хоҳем рафт, ки дар осмон ҳаст”. ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағъироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест” (Яъқуб 1:17). Пас дастури муҳими дуо ин илтимос кардан мебошад. Шояд ин ба шумо маъқул нест. Шояд шумо ҳис кунед, ки ин рост нест. Шояд шумо фикр мекунед, ки он чизеро ки бо он эҳтиёҷ доред, онро худатон ба ҷо меоред. Вале, дӯстам, шумо хато мекунед. Худо ваъда дод “ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳед кард (Филиппиён 4:19) Кӯшиш кардан ва иҷро кардани эҳтиёҷоти худ берун аз ҷустани Ӯ бо адоват ва ҷидолҳо дар миёни худатон анҷом меёбад, ва шумо худатонро пур аз ҳавасу шаҳват ва рашку ҳасад дарёфт хоҳед кард (Яъқуб 4:1-2) Кӯшиши иҷро кардани эҳтиёҷоти худ бе боварӣ ба Худо бо ҷангу ҷидол ва муноқишаҳо бо дигарон ба анҷом мепазирад (Яъқуб 4:1). Кӯшиши мустақилона берун аз Худо инкори эҳтиёҷоти шумо ба Ӯ ва ваъдаҳои Ӯ мебошад (Филиппиён 4:19). Мадад пурсидан аз дигарон ба ҷои Падар ин зиндагӣ кардан бар тибқи он ки дар Ишаъё 31:1 омадааст. Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд. “Малъун аст марде, ки ба одамизод таваккал мекунад, ва ҷисмро муттакои худ мегардонад, ва дилаш аз Худованд дур мешавад. Ва Ӯ мисли дарахти аръар дар бодия хоҳад буд, ва нахоҳад дид, ки кай некӣ меояд; ва дар ҷойҳои хушки биёбон, дар шӯразамини ғайримаскун сокин хоҳад шуд”. (Ирмиё 17:5-6). Вале онҳое ки мувофиқи вобастагии мутлақ аз Худо зиндагӣ мекунанд чунин ваъда доранд: “Муборак аст марде, ки ба Худованд таваккал мекунад, ва Худованд пушту паноҳи ӯст; ва Ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди об шинонда шудааст, ва решаҳояшро ба сӯи ҷӯйҳо равона мекунад, ва аз омадани гармо наметарсад, ва баргҳояш сабз аст, ва дар хушксолӣ ғам намехӯрад, ва аз мева додан бознамемонад (Ирмиё 17:7-8). Чаро мо худамон фурӯтан нестем, аз мағрурию ҳавобаландӣ дурӣ намеҷӯем ва дарк намекунем ки дур аз Ӯ мо наметавонем ягон корро ба ҷо оварем, ва ҳатто наметавонем эҳтиёҷоти худамонро таъмин кунем? Шояд шумо мегӯед, “Вале онҳое, ки Исоро намедонанд, эҳтиёҷоти худашонро таъмин мекунанд ва зиндагӣ менамоянд!” Бале, онҳо зинда мемонанд! Вале чӣ тарз онҳо зинда мемонанд? Оё онҳо бо мутобиқати устувор бо дороии маводии худ зиндагӣ мекунанд� онҳоро доро ҳастанд ва нигоҳ медоранд? Онҳо ҳама вақт дар ҷангу ҷидоланд. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки сабаби дороие, ки онҳо ҳоло доранд Худо аст. “Зеро Ӯ офтоби Худро дар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад” (Матто 5:45). Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад, ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст? ҷони тамоми мавҷудот ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти ӯст (Айюб 12:9-10). Ана барои ҳамин мо ба дуои “Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ” ниёз дорем. Чӣ тарз шумо аз Худо вобастагӣ доред? Шумо ба Худо боварӣ доред ё ба одамизод? РӮЗИ БИСТУЧОРУМ “Вале чӣ тарз ман илтимос кунам?” “Чиро илтимос кунам?” Шумо метавонед ҳама чизро аз заруриятҳои доимиатон ва дигаронро илтимос кунед! Барои ҳамин дар ин ҷумлаи намунавӣ “ризқу рӯзии ҳаррӯза” омадааст. Оё шумо метавонед донед, ки ин чӣ тарз бо амри Ӯ “Пайваста дуо гӯед” (1 Таслӯникиён 5:17) алоқамандӣ дорад? Чун мо дар Ӯ зиндагӣ мекунем, дороии мо дар Ӯ аст, мо бояд ҳамеша бо Ӯ дар алоқа бошем, Ӯро парастиш кунем, ба Ӯ итоат кунем, тобеӣ Ӯ бошем, иродаи ӯро ҷустуҷӯ кунем, барои таъмини эҳтиёҷоти худ илтимос кунем, гуноҳои худро эътироф кунем, ва аз Ӯ паноҳӣ ҷӯем. Ҳамаи ин на танҳо барои мо – балки барои ҳамагон! Вақте ки ман ба ин амри Худо дар бораи пайваста дуо кардан нигоҳ мекунам, ман онро ҳамчун фармони роҳ рафтан дар тобеъияти доимӣ аз Ӯ, дарк кардани он ки Ӯ Худо аст, куҷое, ки набошад. Ӯ Худое ҳаст, ки ҳамаи эҳтиёҷоти маро аз эҳтиёҷоти ибодат то ҷустани ҳимоя аз шайтон таъмин мекунад. Бинобар ҳамин ман бояд пайваста дар алоқамандӣ бо Ӯ бошам, гӯё ки Ӯ доимо дар паҳлӯи ман аст. Чӣ тарз ман илтимос кунам? Ман бояд мувофиқи иродаи Ӯ илтимос кунам. Ва чӣ хел мо метавонем иродаи ӯро бифаҳмем? Мо бояд дар Ӯ бимонем ва сухани Ӯ дар мо бимонад. Пас ман чӣ хел илтимос кунам? Ва василаи дархосткунии ваъдаҳои Худо: “ Зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ “оре” буд ва дар Ӯ “омин” буд,- барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо” (2 Қӯрунтиён 1:20). Д. Л. Мудӣ гуфта буд “Дар ваъдаҳои Худо бимонед ва Худо шуморо он ҷо хоҳад вохӯрд”. Ин принсипи зебои дархосткунии ваъдаҳои Худо барои ман рӯшан шуд, вақте ки ман аз Мактаби Дуои Армин ҷесвейн порчаи зеринро хондам: Рӯзҳои аввали рӯҳониятам бо ман чизе рӯй дод, ки фаҳмиши маро дар бораи дуо комилан дигар кард. Дигаршавии чӣ хела? Ман ба иштироккунӣ дар Калисоҳо даъват шудам ва ман дар Аъмол “ҳақиқатро дар бораи ҷамъомадӣ дуохонқ” муайян кардам. Ва ман дар ҷамъомади дуохонии якум ширкат варзидам. Як шаб ба Калисо роҳиби Методист солхӯрда омад. Ҳангоме ки Ӯ дуо кард, ман чизи наверо кашф кардам. “Ин хел дуо карданро ман пеш ҳеҷ вақт нашунидам” – гуфтам худ ба худ. Ин на танҳо шавқу ғайрат буд. Ман аз он пур будам. Вақте ки Ӯ дуо кард замину осмон як шуданд. Дуо ва ҷавобҳояш аз ҳам ҷудо набуданд – онҳо якҷо буданд. Рӯҳулқудс дар ӯ, дар амал буд ва ӯро барои гирифтани ҷавобаш дилгарм мекард, ҳатто ҳангоме, ки ӯ дуо мекард! Вақте ки ман дуо мекардам Худо “берун аз ӯ”, дур буд. ҷавобҳо низ аз дур буданд. Ман ташнаи аз худ кардани сирру асрори ӯ будам ва рӯзе ба назди ӯ рафтам. Номи вай Эмбросе Уайли буд, ва ҳама ӯро “Амаки Эм” ном мебурданд. Ӯ бо оҳангарӣ машғул буд – ва ҳамчунин ӯ таблиғгари ғайрикасбӣ буд. Сипас ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки “Амаки Эм ман мехоҳам бо шумо дуо кунам”. Ӯ аз ҷо хеста, мо он тарафи роҳ равон шудем, ва дохили анбори сурх шуда бо нардбон ба боло, ба хонаи дигар, ки пур аз коҳи хушк буд даромадем. Дар он ҷо дар болои коҳи кӯҳна 2 Библияи калон гузошта шуда буданд, ки яке аз онҳо кушода буд. “Ин чист?” фикр кардам ман. Аввал ман дуо гуфтам. Ман дили худро, эҳтиёҷоти худро, орзӯҳо ва илтимосҳои худро пеши Худо холӣ кардам. Баъд ӯ дуо кард ва боз дар дуояш “он дигаргунӣ” вуҷуд дошт. Дар он ҷо, сари зону, дар болои коҳи хушк ман гуфтам: “Амаки Эм, ин чӣ аст?� дар дуоятон ягон сирру асроре ҳаст. Хеле хуб мешуд агар маро низ аз онҳо бохабар мекардед?”. Ман 24 сола будам ва ӯ 73 сола буд. Ӯ ба ман гуфт. “ДӮСТИ ҶАВОН, ИЛТИМОС КАРДАНИ ВАЪДАҲОИ ХУДОРО ЁД ГИР!” Аз он замон дуоҳои ман дигар шуданд. Ин сухан фаҳмиши маро дар бораи дуо дигар кард. Он фаҳмиши маро ба куллӣ тағъир дод! Ман “онро дидам” вақте ки ӯ инро гуфта буд. Ҳангоме ки ман дуо кардам дуоҳоям шавқу ғайрат, орзу ва ғайра буд. Вале дар он имон набуд. Дуо ин калиди осмонҳост ва имон он дарро боз мекунад. БОЯД ИМОН БОШАД. Он аз куҷо меояд? Аз шунидани � СУХАНИ ХУДО. Амаки Эм Навиштаро паси навишта илтимос мекард, ваъдаҳояшро ба ӯ паиҳам хотиррасон мекард, ва монанди ҳуқуқдоне, ки корашро дар додгоҳ бурда истодааст талаб мекунад, - Рӯҳулқудс ба ӯ дар ин кор ёрӣ медиҳад. Чунин ба назар мерасид, ки ӯ ба он ду китоби Библияе, ки болои коҳи хушк буданд ниёз надошт! Баъди чанде ман фаҳмидам, ки ӯ миёнрави пурқувват аст. Ӯ танҳо БА ВОСИТАИ БИБЛИЯ ДУО МЕКАРД. Вай ба ман асрори миёнравии дуоро ёд дод. БАЪД ЧӢ РӮЙ ДОД? Бо ин кашфиёт Худо дар ҳақиқат ҳам БА МАН БИБЛИЯИ НАВРО ТАҚДИМ КАРД! То кунун ман омӯхтагӣ набудам, ки чӣ тарз Библияро КИТОБИ ДУОИ ХУД табдил диҳам. Ин ба ман ангезандае буд барои омӯзиши Библия. Ман ба “кофтани он” сар кардам. Акнун ман бояд Навиштаҳоро ҷустуҷӯ намоям� андеша кунам� ваъдаҳои бисёри онро нишона кунам� АЗ ЁД КУНАМ, АЗ ЁД КУНАМ, АЗ ЁД КУНАМ! ҳазорҳо ваъдаҳо ҳастанд: ваъдаҳо барои ҳар эҳтиёҷот, мушкилӣ, ҳолатҳо. “ДӮСТИ ҶАВОН, ИЛТИМОС КАРДАНИ ВАЪДАҲОИ ХУДОРО ЁД ГИР!” Ин суханҳо то ҳоло ҳам дар дили ман садо медиҳанд! Амаки Эм дар кори илтимос кардани ваъдаҳои Худо танҳо набуд! Пеш аз ӯ низ ин корро мекарданд. Аҳди қадимро аз назар гузаронед ба дуоҳои одамони Худо нигоҳ кунед ва рӯшан мешавад, ки онҳо низ ба Худо дар бораи ваъдаҳои ба Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва халқи интихобкардаи Худ – Исроил дода хотиррасон шуданд. Ба дуои Мӯсо ки дар Хуруҷ 32:9-14 омадааст назар андозед ва сипас ба суолҳои баъди он омада ҷавоб диҳед: Ва Худованд ба Мӯсо гуфт: “Ин қавмро дидаам, ва инак, қавми гарданкаш мебошанд; Ва алҳол Маро бигзор, то ки ғазабам бар онҳо аланга зада, онҳоро маҳв намоям, ва туро қавми бузурге гардонам”. Вале Мӯсо ба ҳузури Худованд Худои худ тазаррӯъ намуда, гуфт: “Чаро, эй Худованд, ғазаби Ту бар қавмат, ки бо қуввати азим ва дасти зӯровар онҳоро аз замини Миср берун овардаӣ, аланга занад? Чаро мисриён сухан ронда, гӯянд: “Онҳоро бо қасди бад берун овард, то ки онҳоро дар кӯҳҳо бикушад ва аз рӯи замин маҳв намояд”? Аз шиддати ғазаби худ баргард, ва қасди бади талаф кардани қавми Худро ботил намо. Бандагони Худ Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар, ки барои онҳо ба Зоти Худ қасам ёд карда, ба онҳо гуфтақ: “Насли шуморо мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва тамоми ин заминро, ки дар бораи он сухан рондаам, ба насли шумо хоҳам дод, ва онро ба сурати абадӣ тасарруф хоҳанд намуд”. Ва Худованд он бадиро, ки гуфта буд, ки ба сари қавми Худ хоҳад овард, ботил намуд (Хуруҷ 32:9-14).
Оё шумо ягон ваъдаро медонед, то ки онро илтимос кунед? РӮЗИ БИСТУПАНҶУМ Бисёр вақтҳо вақте ки ман сари хӯрок мешинам, ман дар бораи он бародарон ва хоҳароне, ки аз гуруснагӣ азоб мекашанд, фикр мекунам, вале ман наметавонам ба онҳо ёрӣ расонам. Ба ростӣ, ки Америка мамлакати бой ҳаст. Ва аз сабаби ин боигарӣ мо ба худ дарди гуруснагиро тасаввур кардан наметавонем. Вақте ки дар бораи ҷумлаи чоруми намунавӣ “Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ” ҳарф мезанем мо бояд сухани “моро” ба ёд биёрем. Ва ҳоло ки мо дуо мекунем, дар ҷустуҷӯи таъминоти Худо ҳастем, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ин ҷумлаи намунавӣ метавонад ҳамчун такягоҳе бошад, ки аз он мо барои ҳамаи ҳолатҳои эҳтимолӣ ки таъминоти ризқу рӯзиро ҳамроҳӣ мекунанд дуо гӯем. Худо ба мо хотиррасон мекунад, ки “дуоҳо, илтимосҳо, тозаррӯҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварам барои ҳамаи одамон, барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем” (1 Тимотиюс 2:1-2). Вақте ки дар он бенизомию хараҷу тараҷ аст, он ба мамлакат ва некӯаҳволии халӣ таъсири калон дорад. Бинобар ин ҳангоме, ки мо барои ризқу рӯзии ҳаррӯза дуо мекунем, бояд ин ҳолатҳои эҳтимолиро ба назар гирем. Бисёр мавридҳо вақте ки ман оббозӣ мекунам, ман барои дӯстони масеҳӣ, ки имкони оббозӣ кардан надоранд, барои онҳое, ки дар ҳабсхонаҳо ҳатто барои шустани танашон об надоранд дуо мекунам. Сурати Галина, ки дар рӯзномаи “Библия барои Россия” чоп шуда буд, доимо ба хотири ман меояд. Ин рӯзномаи ташкилоти ғайри тиҷоратӣ буд, ки Калисоҳои зери таъқиботбударо кӯмак мекард. Галина бисту ду сол дошт. Ва аз сабаби он ки ӯ ба кӯдакон дар бораи Исо сабақ медод, ӯро ба лагери меҳнатии воқеъ дар Сибир бадарға карданд. Дар як ҳафта ба ӯ танҳо як коса об медиҳанд – ҳам барои шустани либос ва ҳам ҷисми худаш. Ҳар рӯз бо хӯроки ночиз Ӯ даҳ соатӣ кор мекунад. Шабона Ӯ дар хонае чӯбине хоб мекард, ки зимистон дар он ҷо ҳарорати ҳаво то ба 40 дараҷа хунукӣ мерасид. Ман барои ӯ Каломи Худоро ва мувофиқи Наҳум 1:12-13, оятҳои Худо барои онҳое ки зери фишори ҳукуматдорҳоянд илтимос кардам. “Худованд чунин мегӯяд: “ҳарчанд онҳо пурзӯр ва сершумор бошанд ҳам, вале шикаст хӯрда аз назар ғоиб хоҳанд шуд; ва туро эй Яҳудо, ки ба азият дучор намудаам, дигар азият нахоҳам дод. Ва алҳол юғи варо аз гардани ту хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд”. Як чизи дигар. Вақте ки шумо дуо мекунед, бояд дар хотир дошта бошед, ки дуои мустаҷоб ба Падар танҳо ба василаи номи Исо ҳосил мешавад. Аз ҳамин сабаб мо фикр мекунем, ки мо бояд ба Падар ба номи Писар дуо кунем, ба василаи номи Исо. Оё шумо мулоҳиза намудед, ки Навиштаҳо то чӣ қадар “Ба номи Ман” талаб мекарданд? Ин чӣ маънӣ дорад? Арно Тэбелейн инро хеле рӯшан фаҳмондааст. Барои бо ному Ӯ дуо кардан лозим аст, ки шахс бояд дар Ӯ бошад ва бо Ӯ як шавад. Ибораи “бо номи” ки дар Аҳди ҷадид ба кор бурда шудааст одатан маънии мавҷуд будани шахсеро, ки номашро истифода мебаранд, дар ҷои Ӯ истодааст, мақсадҳои ӯро иҷро мекунад, иродаи Ӯро ошкор мекунад ва зиндагии оянда ва ҷалоли Ӯро нишон медиҳадро дорад. Бинобар ин ба номи Ӯ дуо кардан маънои дар Исо будани мо, иттиҳоди мо бо ӯ, ва ҷустуҷӯи ҷалоли ӯро доро аст. Ба тарзи оддӣ истифода бурдани номи Худованди мо дар дуо бе ягон ҳақиқати рӯҳии иттиҳоди мо бо Ӯ ва хоҳиши амиқи ҷалол додани номи Ӯ ба василаи ба амал омадани иродаи Ӯ дар ҳаёти мо кори бефоида аст. Вале бо донистани номи Ӯ ва хоҳиши иҷро кардани иродаи Ӯ мо метавонем бо номи Ӯ дуо кунем. Дӯстам, вақте ки мо дуо мекунем, вақте ки мо ба василаи номи Исо ба пеши Ӯ меоем, барои Калисои масеҳӣ дуо карданро фаромӯш накунед. Нақшаи “Илтимос кардан мувофиқи иродаи Худо: Яъқуб 4:1-3” Агар шумо онро бо хоҳиши том пур кунед, Худо онро истифода хоҳад бурд, вақте шумо маълум мекунед, ки чӣ хел дуо мекунед.
РӮЗИ БИСТУШАШУМ ҷумлаи панҷуми намунавӣ дар Дуои Худованд бо эътироф ва бахшиш сару кор дорад: “ Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем"” Ин ҷумлаи намунавии_______________ аст! Ман хеле мехостам, ки аз болои ин ҷумла аққалан ду ҳафта кор кунем. Чун шумо ба тартиби ин ҷумлаҳои намунавӣ нигоҳ мекунед, шумо дарк мекунед, ки Исо бо чунин тарз ҷобаҷогузории онҳо мақсад дошт. Ва шумо ҳайрон намешавед, ки чаро Ӯ муддати дарозе дар бораи гуноҳ ва бахшиш ҳарф назад? Ман ҳайрон шудам ва дар борааш фикр кардам. Ба назарам чунин мерасад, ки агар ман гуноҳро эътироф мекардам ва пеш аз он ки ман дар дуо чизи дигаре кардаам, ман бояд ёрӣ худро бахшам, ва эҳтимол ин покшавии сарсарӣ бошад ва шояд дар ин ҳолат бахшоиш мушкилтар мешавад – чунки ман танҳо дар бораи худ фикр мекунам! Вале, вақте ки ман дар ибодат орзӯи Малакути Худоро мекунам, хоҳони иродаи Ӯ ҳастам, ва пеши Ӯ барои таъмини эҳтиёҷи худ меоям, пас эътироф кӯмак намекунад, вале ӯро ҳамроҳӣ мекунад! Чӣ хел ман ба таври ҳақиқӣ Худоро ибодат кунам, ба Ӯ гӯям, ки ман иродаи ӯро хоҳиш дорам, аз Ӯ илтимос кунам, ки эҳтиёҷоти маро таъмин кунад, ва бо гуноҳи худ, бо эҳтиёҷоти ман аз марҳамати Ӯ дар бахшиш шикаст дода нашавам. Ва бахшоиши ӯро дониста, чӣ хел ман метавонам ҳамон бахшиш, ҳамон файзро аз онҳое, ки муқобили ман баромаданд дареғ намоям? Ман бояд бахшиши ӯро дошта бошам, чунки ман Падарро захмӣ кардам. Ман бояд бахшам чуноне ки Ӯ маро бахшид, агар ин корро ба ҷо наоварам Барраи Худоро ҷароҳатдор мекунам. Танҳо як чизе ҳаст, ки Худо онро кардан наметавонад. Ӯ наметавонад гуноҳро назорат кунад. Ӯ муқаддас аст, бинобар ин бо гуноҳ бояд доимо сару кор дошт. Агар шумо мехоҳед қудсияти Худоро бинед, бодиққатона ба Калворӣ нигоҳ кунед. кӣ Писари ягонаи ӯро дар ҷолҷолто “ҷои косахонаи сар” чормех кард? кӣ ба Исо иҷозат дод то фарёд занад “Худои ман! Худои ман! Чаро маро тарк кардқ?” кӣ ба Ӯ имкон дод, ки ба дӯзах равад? (Аъмол 2:27, 31). Чашмони Ту он қадар пок аст, ки наметавонист шароратро бубинӣ (ҳабаққуқ 1:13, Забур 22:1-3). Барои Ӯ хуни бузу говҳо кифоя набуд, чунки онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд гуноҳро дур кунанд (Ибриён 10:4-8). Ин Касе буд, ки гуфта буд “Бе рехтани хун омурзиш нест”. (Ибриён 9:22). Ин он касе буд, ки дар Калворӣ қудсияти Ӯ пурра шуд, вақте ки Ӯ Барраи бегуноҳи Худо, аз тарафи Падар қурбонӣ шуд� Баррае ки гуноҳи тамоми ҷаҳонро бо худ гирифт (Юҳанно 1:29). Дар қудсияти Ӯ “Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем (2 Қӯрунтиён 5:21). Вале, шояд шумо бигӯед, ки “Агар гуноҳҳои ман дар Калворӣ бахшида шуданд, чаро ман бояд онҳоро бори дигар эътироф намоям, ва бахшиши ӯро илтимос намоям? Оё онҳо аллакай бахшида нашудаанд? Бале, ҳамаи гуноҳҳо – гузашта, ҳозира ва оянда бо Калворӣ сару кор доранд. “Мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтем (Ибриён 10:10). Вале бо вуҷуди он ки дар Калворӣ музди гуноҳ пурра пардохта шуд, гуноҳи ноэътирофшуда дар пеши тахти Худо байни Худо ва фарзандаш монеъа мегузорад. Чаро? Дар бораи ин дар партави табиати Ӯ андеша кунед, фикрҳои худатонро рӯи коғаз оваред ва мо дар бораи он пагоҳ гуфтугӯ хоҳем кард. РӮЗИ БИСТУҲАФТУМ Талаботе аст, ки барои наҷотёфтагон ва гумроҳон роҷеъ ба бахшиш ба кор бурда мешавад: Онҳоеро, ки дигаронро намебахшанд, Худо низ онҳоро намебахшад. Шумо метавонед бо он розӣ набошед, оиди он баҳс кунед, вале мо бояд ба ҳамаи гуфтаҳои он эътиқод дошта бошем. Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: “Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намоям? Оё то ҳафт бор?” Исо ба вай гуфт: “Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод карат ҳафт бор. Аз ин рӯ Малакути осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад. Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯъ намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт. Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд. ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: “Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард”. Ва оғои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид. Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз Ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: “Он қарзатро ба ман адо кун”. Он рафиқаш ба пойҳои Ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: “Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард”. Аммо Ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад. Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чӣ рӯй дода буд, ба вай нақл карданд. Он гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: “Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардқ. Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?” Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад. ҳамин тавр Падари ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад” (Матто 18:21-35). Пас акнун, биёед ба он суханони Худо дар бораи гуноҳ ки ба дуоҳои мустаҷобгашта алоқа дорад. Навиштаро аз Яъқуб ба хотир биёред: “Дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад”. чӣ хел шахси одилро дар назар дорад? Оё ин шахсест, ки танҳо бо ном одил ё шахсе, ки ҳам бо ном одил ва ҳам одилона зиндагӣ мекунад? Ба ин суол бо хондани оятҳои зер ҷавоб диҳед. Дар охир хулосаатонро рӯи коғаз оред. Касе, ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст (Масалҳо 28:29). Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад (Масалҳо 28:13). Охир, дасти Худованд кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад ва гӯши Ӯ вазнин нест, ки нашнавад: балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи ӯро аз шумо пӯшидааст, то ки нашнавад (Ишаъё 59:1-2). Агар дар дили худ талбисро медидам Худованд маро намешунид (Забур 65:18). Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ – сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст (1 Петрус 3:12). Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва маро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд (1 Юҳанно 1:9). Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намояд ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад (Яъқуб 5:16). Акнун, аз ин оятҳо хулоса бароред. Он чиро дар бораи дуо ва гуноҳ омӯхтед ҷамъбаст намоед. Вақте ки Исо гуфт, “қарзҳои моро бибахш”, ва қарзҳое, ки Исо дар бораи он сухан карда буд қарзҳои ахлоқии мо – гуноҳҳои мо мебошанд. Адолати мутлақи мо ба шарофати Худо ба даст омад. Гуноҳ кардан яъне қарздор будан! Оё шумо қарзҳоятонро ба воситаи эътироф ва тарк кардан дуруст кардед? Худо мегӯяд “Ва Ман бар инҳо назар хоҳам кард: бар мискин ва шикастарӯҳ, ва бар касе ки пеши каломи ман ба ларза ояд (Ишаъё 66:2). Барои дуои беҳтар дар бораи эътироф Забур 51-ро аз назар гузаронед. Дӯстам, пагоҳ рӯзи охирон, ки мо бо ҳам ҳастем. Ман мехостам шуморо барои саъю кӯшиши пайваста ва собитқадамӣ ситоиш кунам. Танҳо онҳое соҳиби тоҷ мешаванд, ки ба марра мерасанд. Ман шуморо баракат медиҳам. Ман дуо мекунам, ки ҳаёти ибодатиатон якхела нахоҳад буд. Бигузор он дар иртибот бо Падари мо амиқтар шавад. РӮЗИ БИСТУҲАШТУМ Ҷумлаи намунавии охирини Дуои Худованд. “Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ” мебошад ва ин ҷумларо фаҳмидан мушкил аст. Яъқуб мегӯяд, “Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд; “Маро Худо меозмояд”, чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд” (Яъқуб 1:13). Агар рӯякӣ бинем, чунин ба назар мерасад, ки ин ҷумлаи намунавии Дуои Худованд ба сарзаниши дӯстонаи Яъқуб муқобил аст. Вале, мо медонем, аз сабаби он ки ҳамаи Навиштаҳо бо илҳоми Худо навишта шудаанд (2 Тимотиюс 3:16), як навишта наметавонад дигареро инкор кунад, на он метавонад муқобили ҳақиқат бошад, дар ин ҳол он наметавонад ҳақиқат бошад! Бинобар ин чунин савол ба миён меояд. “Чаро Исо ба мо мефармояд, ки ба чунин тарз дуо кунем, агар Худо моро намеозмояд? Чаро дуо бо ин тарз аст?” Ман мехоҳам ба шумо бодиққати том ҷавоб диҳам, вале ман шуморо ҳушдор доданиам, ки шуморо лозим аст он чиро ман навиштам хонед, чунки он хеле мушкил аст. ҳақиқати бисёре дар як рӯз ҷамъ шудааст. Биёед ибораи “моро бо озмоиш дучор накунро ҷудо кунем”. Сипас мо ҷавоби ин саволҳоро хоҳем дарёфт. Бодиққат маро пайравӣ намоед. Дар ягон ҷо дарнамонед. “Дучор кардан” дар юнонӣ “eisphero” (эйсферо) аст, ки маънояш “овардан” мебошад. Ин феъли шартии аористӣ (шакли феъл дар баъзе забонҳо) мебошад. Замони аористӣ амали дақиқро мефаҳмонад, ки дар мавриди муайян ба вуқӯъ пайваст. Тарзи мафъул (active voice) нишон медиҳад, ки предмет амали феълро ҳосил мекунад. Бинобар ин Худоест, ки моро ба озмоише ё меоварад, ё не. Сиғаи шартӣ ин сиғаи эҳтимолият мебошад ва амалеро ифода мекунад, ки шояд ва бояд ба амал ояд вале дар ҳоли ҳозир ин зарур нест. Бинобар ин ибораи “моро ба озмоиш дучор накун” моҳиятан чунин гуфта аст, “Худо, ман аз шумо илтимос мекунам маро дар ҳар вақту замон ба озмоиш дучор накунед”. Лаҳзае таваққуф кунед! Лаҳзаи беҳтар омада истодааст. Шумо инкишофёфта истодаед. Оё шумо бо дарду азоби инкишоф ягон чӣ гуфта метавонед? Акнун биёед ба озмоиш назар андозем. Калимаи юнонӣ барои “озмоиш” ( temptation) “peirasmos” (пейрасмос) мебошад ва он барои муҳокимаи хусусиятҳои гуногун истифода бурда мешавад: имтиҳонҳо, санҷишҳо, озмоишҳо. Бинобар ин калимаи пейрасмос бояд мувофиқи матн фаҳмида шавад. Барои мисол дар Яқуб 1:2,12 пейрасмос озмоишро мефаҳмонад, ки мо сазовори он шудем, ҳол он ки дар Яъқуб 1:13-14 ин калима бо гуноҳ алоқа дорад, ва з-ин сабаб мо бояд аз ин озмоиш дурӣ ҷӯем. Пас Матто 6:13 чӣ мегӯяд? Хуб мо медонем, ки “Худо моро ба озмоиш дучор накун” дар ин оят наомадааст, чунки он муқобили табиати Худо аст. Ва он муқобили Яъқуб 1:13 мебошад: “Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: “Маро Худо меозмояд”; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад, ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд”. Пас Исо моро дар дуо чиро гуфтан даъват кард? Ман боварӣ дорам, ки ин ҷумлаи намунавӣ ҳушдордиҳӣ аст ё даъват барои эҳтиёткорӣ дар дуои “пешгирӣ” мебошад. Вақте ки шумо ба ин мавзӯи охирони дуо мерасед, шумо ба Худо имкон медиҳед, ки дили шумо дар адолат қарор ёфтааст, ва шумо намехоҳед ба нокомӣ дучор шавед, ё пешпо хӯред. Вақте ки шумо худатонро дар озмоиш дарёфтед, ва агар шумо мисли гуфтаи Яъқуб 1:2 накунед ва ҳамаи инро хурсандӣ ҳисоб кунед, шумо одатан ба озмоиш дучор мешавед ва онро ба ҷисми худ роҳ медиҳед. Агар шумо дарк накардаед, ки “имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад “ ва шумо намемонед, ки сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед (Яъқуб 1:3-4)”. Биёед ман ба шумо як тасвиреро пешкаш кунам. Ман инро он замоне навишта истодаам, ки Ҷек мошинро ронда истодааст ва мо барои вохӯрӣ ба Атланта роҳакӣ ҳастем. Вохӯрии мо соати 12.00 рӯз муқаррар шуда буд. Барои ҳамин мо бояд соати 10.30 аз Чатануга бароем. Соати 10:25 Ҷек хост ба хонаи корӣ дарояд. Дар саросемагӣ ман аз паси ӯ давидам, то ин ки ба ӯ бигӯям, ки мо бояд баъди панҷ дақиқа ба роҳ бароем. Соати 10:35 ман барои шавҳарам қаҳваро резондам. Соати 10:45 ман ноумедона аз утоқи корӣ занг задам ва фаҳмидам, ки Ҷек ба бонк рафтааст. Соати 11:00 ман чунон қаҳрӣ шудам, ки тайёр будам фарёд занам. Ман рӯзи худро чунон бодиққатона ба нақша гирифтам, ва акнун ҳамаи нақшаҳои ман барбод шуданд. Ман нишастам ва кӯшиш кардам китоби дуоро бихонам, вале ҳеҷ не ки диққатамро ба як ҷо ҷамъ намоям. Соати 11:05 садои сигнал шуд. Чун ман аз дар берун рафтам ва ранҷур будам. Оятҳои Яъқуб 1:2-3 ба ёдам омаданд: “ҳамаи инҳоро хурсандӣ ҳисоб кунед� озмоишҳо� сабру тоқат”. Ман ба мошин даромадам, оғози сафарамон он қадар хуб набуд, вале ман хулоса кардам, ки дар итоат сафар намоям. Сафарамон хеле ширин гузашт, чунки Кей итоаткор буд� вале ҷисман ӯ намехост чунин бошад. Дар имтиҳони ман, агар ман вақти дидани Ҷек ба таври бояду шояд ҷавоб намедодам ман ба доми озмоиш меафтидам, ва қаҳрам аз болоям назорат мекард ва ман гуноҳ мекардам! Акнун ин ҷумлаи намунавиро дар корҳои раҳоӣ мебинем? “Моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ кун”. Мо ба Худо гуфтанием, ки намехоҳем дар доми иблис афтем. Ин дуои пешгирӣ мебошад ва Падар онро мешунавад. Ба фикри шумо, ки Навиштаро ба ёди ман овард, вақте ки ман аз хона берун шудам? Ба ман имкон бидиҳед, ба шумо порчаи дигареро, ки дар баробари ин ҷумлаи намунавӣ оид ба раҳоӣ мебошад, пешниҳод намоям. Матто 26:36-44-ро хонед ва баъд ба суолҳои баъди он омада ҷавоб диҳед. То ба анҷом расидани саволҳо чизи дигареро нахонед – дидани хурсандиро аз даст надиҳед! Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки ҷатсамонӣ ном дошт, омад ва ба шогирдонаш гуфт: “дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям”. Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд. Ва ба онҳо гуфт: “ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед”. Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: “Эӣ Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту”. Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: “ Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед? Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон”. Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: “Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бигзарад, пас он чӣ иродаи Туст, бишавад”. Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд. Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт (Матто 26:36-44).
6. Оё шумо байни дастури Исо дар Матто 26:41 ва ҷумлаи намунавии оид ба раҳоӣ дар Дуои Худованд ягон монандӣ мебинед? Агар бошад, онҳоро дар поён нависед. Барои ман ояти Матто 26:41, “Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед” қариб такрори дақиқи он чӣ дар дуои Худованд омадааст мебошад. Ин иқрор шудан ба он, ки ҷисми мо заиф аст, ҳарчанд рӯҳи мо ирода дорад. Ин огоҳии мо аз вобастагии комили мо аз Худо ва заифии комили мо ҳангоми озмоиш дур аз Ӯ мебошад. Ва ба Петрус чӣ рӯй дод? Ӯ хоб кард. Ӯ бедор нашуд ва дуо накард! Ӯ Исоро инкор кард, чунки Ӯ хабар надошт, ки душмани ӯ, иблис, ҳамчун шери ғуррон гаштугузор мекард, ва касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад (1 Петрус 5:8). Ин илтимос барои раҳоӣ, эътироф кардани ҳақиқати ҷангу ҷидол мебошад. Хабардор аз он, ки шайтон талабгори ба монанди гандум ғалбер кардани мо мебошад, ва ҳатто чун ба Петрус (Луқо 22:31) карда буд, мо ба Худо мегӯем, ки мо фаҳмидем мо танҳо аз ӯҳдаи дур кардани Ӯ намебароем. Мо хоҳиши дар адолат будан дорем, вале Худо бояд моро раҳоӣ кунад. Оҳ, чӣ хел мо мехоҳем ин ҳақиқатро бинем! Исо ба мо дуо кардани дуоеро, ки Худо ба он ҷавоб намедод, тақдим нанамуд! Бинобар ин, раҳоӣ ҳамеша барои онҳое, ки ҳақиқатан онро мехоҳанд дастрас аст. ҳеҷ масеҳӣ наметавонад бигӯяд, “Иблис маро маҷбур кард, ки инро кунам!” Мо ваъдаи 1 Қӯрунтиён 10:13-ро дорем: “Озмоише, ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо ямин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ низ медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед”. Дуои охирони мо дуои раҳоӣ мебошад. Ин фарёд ба Худо аз сабаби заифии рӯҳ (Матто 5:3), аз сабаби заволи меъёри қудсияти Ӯ (Матто 5:4) аз сабаби фурӯтанӣ (Матто 5:5), аз сабаби гуруснагӣ ва ташнагии адолат (Матто 5:6), ва аз сабаби покии дил (Матто 5:8) аст. Ин фарёдест ки дар дуо чунин мегӯяд, “О, Падар, маро аз озмоишу имтиҳонҳои нолозиме, ки метавонам бо онҳо дучор шавам, халосӣ деҳ”. Ин фарёди огоҳӣ ва эътирофи дар ҳақиқат будани полис ва ҷанговарии масеҳиро мефаҳмонад. Ин сарзаниши дӯстонаи Худованд моро барои “бедор будан ва дуо гуфтан, то ба озмоиш дучор нашудан: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон” (Матто 26:41)-ро дар назар дорад. Бо ин роҳ дуо гуфтан, дӯстам, ин дуо кардан барои пирӯзӣ, ки он чунин мегӯяд, “Ман медонам мо – бародарон ва хоҳарони ман ва ман – дар ҷанг ҳастем, ва мо мехоҳем, мо хоҳиш дорем, ва мо пирӯзиро интихоб мекунем”. Албатта онҳое, ки бо чунин роҳ дуо мекунанд “дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо мегӯянд, ва ҳушёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон” ва барои худ илтимос мекунанд (Эфсӯсиён 6:18). Ҳарчанд ҷумлаи охирин, “Зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин”, дар навиштаҳои пештара нест, он ҳамчун ҳалелуёҳ (мадҳ)-и пирӯзӣ, ё ибодат мебошад. Ин ҷумлаи ҳафтум мебошад ва ҳафт рақами камолот мебошад. Дӯстам, лаҳзае таваққуф намо. Гӯш кун! Оё ту садои мадҳро аз осмон намешунавқ? Худоро шукр, ки “ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад” (2 Қӯрунтиён 2:14). Ин роҳи комил барои дуо аст ва аз тарафи Он касест, ки ҳамеша зинда аст то ки барои фарзандони Худо миёнравӣ кунад, омӯзонда шудааст. Пас, дӯстам, мо медонем, чӣ хел дуо кунем! Мо медонем, чиро дуо кунем! Акнун ба мо лозим аст, дуо кунем� ва вақте ки дуо мекунед� ДУО ҲАФТАИ АВВАЛ. РӮЗҲОИ 1-УМ ТО 7 Дар ҳафтаи аввали мусоҳиба барои шумо сомон додани муҳити ҳаммаслакӣ ва ошкоро хеле муҳим аст, то ин ки одамон худро озод ҳис кунанд ва бе ягон шармгинию ҳиҷолат фикрашонро баён кунанд. Ва чӣ хел шумо ин муҳитро ба даст меоред? Ин вақтро дар дуо, ҷустуҷӯи ҳузури Худо ва раҳнамоии ӯ гузаронед. Ва ҳамчунин дар пеши ҳамдигар осебпазир бошед. Ҳеҷ кадоме аз мо дар дуо таҷрибаи бой надорад, барои ҳамин дар дили худ мақсад гузоред, ки дарсро бо ҳамдигар омӯзед. Худро ба ин саволҳои баҳснок маҳдуд накунед, ва сахтгирона онҳоро пайравӣ накунед. Хубтар мешуд, агар онҳоро ҳамчун тахтаи ҷастгоҳ барои баҳс истифода мебаред. Он даме, ки баҳс шурӯъ мешавад, шумо роҳатонро хоҳед ёфт. Дар ҳафтаи аввал якҷоя:
2. Дуои Худованд чист? 3.Ҷумлаи намунавӣ чист? 4. Кадом мавзӯъҳоро Дуои Худованд дар бар мегирад? 5. Ибриён 11:6-ро хонед. Кадом талаботҳоеро, ки ба дуо шомил ҳастанд, аз ин оят омӯхтед.
Он чизеро, ки ин ҳафта омӯхтед ба кор баред. Барои он ки одамон натарсанд, дуоро дар як вақт аз як то се ҷумла маҳдуд кунед. Хеле хуб мешуд, агар шумо Дуои Худовандро мавзӯъ паси мавзӯъ аз худ кунед. Мавзӯи якуми дуоро аз худ кунед: агар онро ба таври кофӣ аз худ кардед,ҷумлаи намунавии дуюмро мавриди омӯзиш қарор диҳед: ташвиш накашед, агар шумо худро ноҳинҷор ҳис мекунед. Бояд ҳамин хел мешуд. Бо мурури замон ва гирифтани таҷрибаи кофӣ ин ноҳинҷорӣ нопадид хоҳад шуд. ҲАФТАИ ДУЮМ. РӮЗҲОИ АЗ 8-УМ ТО 14-УМ
Ин ҳафта вақти худро дар дуо бо ибодат номи Худо ва хусусиятҳое, ки номи Ӯ ошкор шуд гузаронед. Номи ӯро ҳангоми дуо тақдис кунед. ҲАФТАИ СЕЮМ. РӮЗҲОИ 15-УМ ТО 21
2. Калимаи “мондан”-ро (abide )чӣ тарзе ки он дар Юҳанно 15:7 омадааст маънидод кунед. Ин чӣ маънӣ дорад, ки сухани Ӯ дар шумо бимонад? чӣ хел он ба дуои шумо таъсир мерасонад? 3. Фарқият байни рҳема ва логос чист? 4. Чӣ хел шумо метавонед иродаи Худоро бидонед? Кадом воситаҳои гуногун дар ин дарсҳо нишон дода шудаанд?
Бо дуо хотима мебахшем. Лаҳзае вақтатонро дар дуо барои миёнравӣ ба дигарон гузаронед, ва он чиро, ки ин ҳафта омӯхтед истифода баред. ҲАФТАИ ЧОРУМ. РӮЗҲОИ 22-ЮМ ТО 28
Дуои Худовандро мавзӯъ ба мавзӯъ гуфта бо ҷумлаи ҳафтуми намунавӣ ба охир расонед. Бигузор Падар ин мусоҳибаҳоро дуои хайр диҳад ва онҳоро барои ғанӣ гардондани муносибати шумо бо Ӯ ва бо ҳамдигар истифода баред: << Дарсҳои рӯҳонӣ |