www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Саволҳои Одамон - 1DownloadСаволҳои Одамон ва ҷавобҳои КалисоБОБИ 1ОЁ БИБЛИЯ БАРОИ МАСЕҲИЁН ҚУДРАТИ НИҲОӢ АСТ? Ба Библия метавон бовар кард? Оё он эътимоднок аст? Оё он Каломи Худост? Агар он Каломи Худост сарварони калисо метавонанд онро бо суханҳои худ иваз кунанд? Библия дар бораи Навиштаҳои Муқаддас чӣ мегӯяд? � ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ , ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василае имоне, ки дар Исои Масеҳ аст. Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок ҳаст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад. 2 Тимотиюс 3:15-17 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд. 2 Петрус 1:21 Зеро ки Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад. Ибриён 4:12 Дар Аҳди ҷадид чунин омадааст, Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст. Забур 118:89 Каломи Ту чароғ аст барои поям: ва нур аст барои роҳам. Забур 118:105 Исо гуфт “ Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам: наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад." Матто 5:17-18 Павлус гуфт, Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он – қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ . Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст. “Одам ба василаи имон хоҳад зист." Румиён 1:16-17 Иcои Масеҳ навиштаҳоро ҳамчун Каломи Худо пазируфт. Вақте ки Исо ба васвасаи шайтон дучор шуд ӯ ба Аҳди қадим рӯ овард, ки чунин мегӯяд, “... одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худованд барояд зиндагӣ мекунад” . Такрори Шариат 8:3 Исо ба онҳо ҷавоб дод, “Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро." Матто 22:29 “Зеро ки агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст. Модоме ки шумо ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?” Юҳанно 5:46-47 “Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбият ёфта буд, омад ва, аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост. Ба Ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд�” Луқо 4:16-17 Бисёриҳо Библияро эҳтиром мекунанд вале ҳамчун қудрати олӣ онро пайравӣ намекунанд. Павлус дар бораи чунин одамон мегӯяд, “Зеро мо мисли бисёр касон нестем, ки Каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем." 2 Қӯринтиён 2:17 Дар Марқӯс 7:6-9, сарварони диниеро тасвир мекунад, ки дар торикӣ рафта истодаанд. Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: “Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд." Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред. Ва ба онҳо гуфт: “Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?” Исо ба сарварони динӣ дар Юҳанно 5:37-40 чунин гуфтааст, “ Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман Шаҳодат додааст, ва шумо на ҳаргиз овози ӯро шунидаед ва на сурати ӯро дидаед. Ва Каломи Ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред. Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд. Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед." Хатари илова кардан ва ё кам кардан аз Библия.Ба он чӣ ман ба Шумо амр мефармоям, чизе илова нанамоед, ва чизе аз он кам накунед. Такрори Шариат 4:2 Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чӣ мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад- малъун бод. Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чӣ қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад – малъун бод! Ғалотиён 1:8-9 Ман, Юҳанно, низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард. Ваҳй 22:18-19 Х У Л О С А:
БОБИ 2ЧАРО МАН БИБЛИЯРО БОЯД ОМӮЗАМ?
Одам бояд баъзе меъёрҳо дошта бошад, ки тавассути онҳо муайян кунанд, ки ҳақиқат чист. Барои баъзеҳо ин меъёр суханҳои доимо тағйирёбандаи сарварони динӣ мебошад. Ин меъёр хеле хатарнок ва ғайри эътимод аст, чунки тибқи Библия ва тибқи мушоҳидаҳо ҳамаи мардон ва занон гуноҳкоранд. ҳар шахсе, ки имон дорад ва Библияро ҷиддӣ мепазирад имкон намедиҳад, ки ягон шахс дар ҳаёти ӯ ҳокимияти олӣ дошта бошад. Ҷаҳон пур аз одамонест, ки аз тарафи сарварони самимӣ, вале дар айни замон нобино фиреб ва гумроҳ шудаанд. Исо дар бораи ин зумра одамон дар Луқо 11:52 чунин мегӯяд, “Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое, ки даромадан мехостанд, монеъ шудед." Оё ба Библия ҳамчун ҳокимият ман метавонам бовар кунам? Библия аз суханҳои одамон бузургтар аст? Агар Библия як чизро таълим медиҳад ва муаллими динӣ чизи дигар, кадомаш дуруст аст? Чиро ман ҳамчун меъёри ҳокимият пайравӣ кунам? Навиштаҳои Библияро аз назар гузаронед: Лекин ту дар он чӣ таълим гирифтаӣ ва мӯтаъқид шудаӣ , қоим бош, чун медонӣ , ки туро кӣ таълим додааст. Ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ , ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст. Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад. 2 Тимотиюс 3:14-17 Дар 1 Петрус 1:24-25 чунин мехонем: Чӣ хеле ки Навиштаҳо мегӯянд, “ Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ – мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; Аммо Каломи Худованд то абад боқист." Дар ин оятҳо “тамоми инсоният” бо Каломи Худо муқоиса шудааст. ҳар сарвари динӣ хушк шуда гулаш мерезад, вале Каломи Худо ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд. Инсон бояд ба кадомаш эътимод кунад? Ба сухани одам ё Каломи Худо? Нисбати эътимоднокии Навишта Петрус мегӯяд, “Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд” . 2 Петрус 1:21 Павлус Навиштаҳоро ҳамчун асос барои таълимоти худ истифода кард. Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард. Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳё шавад, ва ҳамин Исо, ки ман ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст. Аъмол 17:2-3 Оиди баъзе ҳақиқатҳои муҳим, ки дар ин оятҳо ба назар мерасанд мулоҳиза кунед. Барои Павлус китоби асосӣ Каломи Худо буд. ӯ Навиштаҳоро барои исботи далел истифода бурд. ӯ боварӣ дошт, ки Навиштаҳо қудрати эътимоднок доранд. Мавзӯи Павлус Исо , марги ӯ ва аз мурдаҳо эҳёшавии ӯ буд. Дар ин ҷо чун дар тамоми Библия Исо дар мадди аввал аст. Фақат он вақте ки сарварони динӣ Библияро ҳамчун қудрати ниҳоӣ ва олӣ инкор мекунанд, шумо шахси дигарро медонед, ки мисли Исо ситоиш шудааст.Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд. Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷидамебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не. Бисёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ваҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд;�Аъмол 17:10-12а Чӣ хел одам ҳақиқатро мефаҳмад? Оятҳои дар боло зикршударо бори дигар хонед ва шумо мефаҳмед, ки мо бояд суханони сарварони диниро бо Каломи Худо муқоиса кунем. Агар онҳо монанд ҳастанд, шумо ҳақиқатро ёфтед ва метавонед ба ин сарвари динӣ боварӣ кунед. Бе дилпур будан аз он, ки суханони одамон дар асоси Библия ҳастанд кас набояд суханонашро пазирад. Чаро ман Библияро меомӯзам? Абадият барои ман ва фарзандонам хеле дароз ҳаст ва ман метавонам дар бораи ҳақиқат ба хатогӣ роҳ диҳам. Исо гуфт, “Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро." Матто 22:29 Исо дар дуои Худ ба Падар чунин гуфт, “Каломи Ту ростист." Юҳанно 17:17
Дар Навиштаҳо Исо изҳор мекунад, ки Ӯ бо Падар як аст “Ман ва Падар як ҳастем." Юҳанно 10:30 Дар Навиштаҳо Исо изҳор мекунад, ки Ӯ роҳи ягона назди Падар ва роҳи ягона ба осмон мебошад. Исо ба вай гуфт: “Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман." Юҳанно 14:6 Дар Навиштаҳо Исо мегӯяд, ки қудрати олӣ дорад, Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: “Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст” . Матто 28:18 Дар Навиштаҳо Исо итоати бечунучарои онҳоеро, ки майли донистани ҳаёти дар сулҳу осоиш ва озодро доранд, талаб мекунад. Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба ӯ имон оварданд, гуфт: “Агар шумо дар Каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд. Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард." Юҳанно 8:31-32
Фақат дар Навиштаҳо мо нуқтаи назари масеҳиро оид ба наҷоти ҳақиқӣ меёбем. Ман бояд Библияро хонам ва бифаҳмам, ки он чиро ман меомӯзам дар ҳамоҳангӣ бо Библия аст. Ҳаёт баъди марг амали ҷиддист. Библия дар бораи роҳи наҷот хеле рӯшан ахбор медиҳад. Павлус гуфт, “ Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он – қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ ." Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: “ Одил ба василаи имон хоҳад зист ." Румиён 1:16-17 � ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ , ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст. 2 Тимотиюс 3:15 Каломи Худо рӯшан аст. Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест. Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд. Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд. Румиён 3:22-24
Библия чунин мегӯяд, “Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст�." 2 Тимотиюс 3:16 Петрус дар бораи ҳаёти пурмаъно ва пирӯзомез сухан мекунад: Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед. Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед. 1 Петрус 2:9-10 Довуд ба мо тасвири пирӯзӣ ва мақсадро дар Забур 40:1-4 нишон додааст; Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард. Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд. Ва Ту ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд. Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард. Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард. Ин оятҳо тасвири раҳоӣ аз харобӣ ва ҳаёти нави пирӯзиро нишон медиҳанд. Ин ҳаёти мақсаднок аст, ки сазовор аст, онро бо дигарон ба ҳам бинем. Библия роҳест ба зиндагии муваффақиятнок. Омӯзиши Библия маълумоти беҳтарин доир ба он ки чӣ хел пирӯзомез ҳаёт ба сар бурдан лозим аст, мебошад. Аз худ кардани ҳамаи донишҳои инсонӣ ва нафаҳмидани маънои Китоби Китобҳо нодонии кӯтоҳназарона мебошад. Барои он ки Худоро донам, ҳақиқатро донам, роҳи наҷотро донам, ҳаёти пирӯзомез ва пурмаъноро донам ман бояд Библияро хонам. БОБИ 3 Чӣ ХЕЛ МАН БОЯД БИБЛИЯРО ОМӮЗАМ?
ҳангоми харидани Библия ба баъзе чизҳо диққат диҳед: Китобе, ки дергоҳ хизмат кунад. Барои хондан осон ҳошияи васеъ барои навиштани чизҳои муҳим. Тарҷумае, ки бароят осон аст.
Аз қуттӣ қаламҳои зард, гулобӣ, зарди сабзтоб ва зарди сурхтоб интихоб кунед. (Ранги зард барои фарқ кунондан беҳтар аст. Ранги сиёҳро истифода набаред). Ин рангҳо барои намоён кардани оятҳое, ки доимо бо шумо мемонанд хеле хуб ҳастанд. Ин рангҳо аз қоғаз тоза намешаванд ва олуда намешаванд. Ручкаро барои хат кашидан зери оятҳои муҳим ва барои навиштан дар ҳошияи Библия истифода баред.
Агар шумо фикр мекунед, ки вақт надоред, дар бораи вақте ки барои хондани маводҳои дигар, тамошои телевизион, гӯш кардани радио, сӯҳбат бо мардум ва хӯрдан сарф мекунед, фикр кунед. Хондани Каломи Худо аз ҳамаи инҳо муҳимтар аст.
БОБИ 4ОЁ ҲАМАИ РОҲҲО БА ОСМОН МЕБАРАНД? Баъзе одамон чунин мегӯянд, “ҳамаи мо ба осмон хоҳем рафт, вале бо роҳҳои гуногун." Оё ин ҳақиқат аст? Библия дар бораи ин чӣ мегӯяд? Дар бораи Исо, Петрус мегӯяд, “Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем." Аъмол 4:12 Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ. 1 Юҳанно 2:1-2 Павлус гуфт, Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар ӯ сокин бошад. Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи ӯ оштӣ диҳад. Қӯлласиён 1:19-20 Нисбати он ки наҷот ба василаи шариат меояд. Павлус чунин гуфт; Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғалотиён 2:16 Дар 2 Қӯринтиён 5:17-19, Павлус мегӯяд; Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд. Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва Каломи мусолиҳаро ба мо супурд. Павлус мегӯяд, “ Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад? Худоро ба воситаи Худованди Мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Румиён 7:24-25 Дар Румиён 3:21-24 мо мехонем; Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд. Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест. Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд. Ва ройгон, бо файзи ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд. Исо ба вай гуфт: “Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам: касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман” . Юҳанно 14:6 Дар Юҳанно 5:26 мо мехонем, “Зеро, ҳамчунон ки Падар дар худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад." Дар Юҳанно 3:18 мо мехонем, “Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар ки имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст” Исо гуфт, “Ба ростӣ , ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад." Дар асоси ин оятҳо аз Библия пайғом равшан аст: Фақат як сарчашмаи ҳаёти ҷовидонӣ – Исои Масеҳ мавҷуд аст. Ба ғайр аз Исо дигар ном нест. Гуфта нашудааст ки дар наҷоти одам ба касе ёрдам кардааст. Танҳо Исо-ҳеҷ каси дигар не (Аъмол 4:12). Исоро бо имон қабул мекунанд (Ғалотиён 2:16). Баъзеҳо Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мепазиранд дар айни ҳол дигарҳо Ӯро қабул намекунанд. ҳаёти ҷовидонӣ барои онҳое, ки Ӯро ба василаи имон қабул карданд оянда ҳаст; онҳоеро ки Ӯро пайравӣ намекунанд маҳкумияти абадӣ интизор аст. (Юҳанно 3:18). Танҳо як нақшаи наҷоти инсоният мавҷуд аст ва он ҳам нақшаи Худост. ҳеҷ кадом дин наметавонад нақшаи Худоро дигар кунад (Румиён 3:21-24). Танҳо онҳое, ки нақшаи Худоро пайравӣ мекунанд дар замин ва дар осмон ҳаёти пурмаъно хоҳанд дошт (Матто 7:13-14). Сухани “ҳамаи роҳҳо ба осмон мебаранд” дурӯғ аст. Дар Матто 7:13-14 – мегӯяд; “Аз дар танг дароед: зеро фарох аст он дар на васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд. Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд." (Диққат диҳед: фақат як дар аст). БОБИ 5ОЁ ИН РОСТ АСТ, КИ БАРОИ БА ОСМОН РАФТАН ШАХС БОЯД АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ЁБАД? Ҷавобаш хеле рӯшан аст Исои Масеҳ гуфт; “ Ба ростӣ , ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад” (Юҳанно 3:3). Ҷавоби Исо чунин аст ки ҳеҷ кас наметавонад ба осмон равад ё Малакути Худоро бинад, агар ӯ аз олами боло таваллуд наёбад. “ҳеҷ кас” ҳамаи одамонро дар бар мегирад. Агар кас тавонад ба осмон бе таваллуд аз олами боло равад, пас Исо дурӯғгӯй аст. Кас метавонад ҷавоб диҳад, “Вале ман ба калисо меравам. Шумо чунин мегӯед, ки ман наметавонам ба осмон биравам, агар аз олами боло таваллуд наёбам?” Шумо ҳақ ҳастед, Исо ҳам чунин гуфт. Кас метавонад гӯяд, “Вале ин адолат аст? Оё Худо одамро ба дӯзах танҳо барои он ки ӯ аз олами боло таваллуд нашудааст мефиристонад? Худо хоҳиш надорад, ки ҳама ба дӯзах раванд, вале Ӯ инсонро маҷбур намекунад, ки ба фармонҳои ӯ итоат кунанд. Одамон имконияти шунидани хабари хушро доранд ва агар онҳо пайравии дини худашонро аз Библия ва Исо авлотар доранд, онҳо дар куҷо гузарондани абадиятро худашон интихоб хоҳанд кард. Кас метавонад ҷавоб диҳад, “Ман маънои аз олами боло таваллуд ёфтанро намедонам. Оё ин чунин маъно дорад, ки ман ба осмон намеравам?” Вақте ки Исо “ҳеҷ кас” гуфт, Ӯ ҳамаи онҳоеро, ки аз олами боло таваллуд наёфтаанд дар назар дорад. Яъне онҳое, ки сарватманд ҳастанд ё камбағал, маълумотнок ё бесавод, диндор ё бедин ҳастанд. Далели он ки ба шумо дар бораи аҳамият ва роҳи аз олами боло тавлидшавӣ таълимот нагирифта будаед ба шумо кӯмак намекунад. Барои касеро пайравӣ кардан шумо ҷавобгар ҳастед. Исо ба Ниқӯдимус гуфт, ки ӯ бояд аз нав таваллуд ёбад. Ниқӯдимус одами диндор буд, ӯ ҳатто сарвар дар дини худ буд. Бо вуҷуди ин Исо ба ӯ гуфт, “Агар шумо аз олами боло таваллуд нашавед, шумо Малакути Худоро дида наметавонед." Пас суханҳои Исо ба аъзоёни калисо ва сарварони динӣ ҳам дахл доранд. Ба ҳамаи гурӯҳҳои динӣ, як пайғом мебошад. Агар кас намедонад, ки аз олами боло таваллуд шудан чӣ маъно дорад, ба ӯ зарур аст ба гурӯҳи диние, ки Библияро ҳамчун қудрати олӣ эътироф мекунанд, нигоҳ кунад. Тавлиди нав ҳатмӣ нест. Исо дар Юҳанно 3:7 чунин гуфтааст “Аз он чӣ ба ту гуфтам тааҷҷуб накун; бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед." БОБИ 6 БАРОИ АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ЁФТАН ОДАМ БОЯД ЧӢ КОР КУНАД? Калимаи “аз олами боло таваллуд ёфтан” дар Юҳанно 3 омадааст. Исо ба Ниқӯдимус, ки сарвари динӣ буд чунин гуфт, “Кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад." Юҳанно 3:3 Истилоҳи “аз боло таваллуд ёфтан” дар Аҳди ҷадид бисёр истифода бурда нашудааст, вале калимаҳои дигар истифода шудаанд, ки муносибати одамро бо Худо тасвир мекунанд ва ҳама дорои як маъно ҳастанд. ҳамаи онҳо дар бораи атои наҷот ки аз тарафи Худо ба Одам дода шудааст, нақл мекунанд. НаҷотДар Аъмол 16:29-30 мо суханҳоеро вомехӯрем, ки бо “Ман чӣ бояд кунам, ки аз олами боло таваллуд ёбам?” ҳаммаъно ҳастанд. “Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод: Сонӣ онҳоро берун оварда, гуфт: “Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?” Дар мавриди дигар Исо чунин гуфт, “Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад." Луқо19:10 Пазируфтани ҳаёти ҷовидонӣДар Марқӯс 10:17 мо мехонем, Вақте ки Исо ба роҳ мебаромад, касе назди ӯ шитофта зону бар замин зад ва пурсид: “Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?” Дар Юҳанно 3:36 Исо мегӯяд, “ҳар ки ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад." Сафед шудан аз тарафи Худо Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад. Румиён 3:28. Ҳамчунин дар Румиён 1:17 омадааст, Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: Одил ба василаи имон хоҳад зист. Масеҳӣ шахсест, ки: аз боло таваллуд ёфтааст; аз тарафи худо сафед шудааст; ҳаёти ҷовидонӣ гирифтааст; наҷот ёфтааст. ҳамаи инҳо ба наҷот дахл доранд. Биёед ба саволи аслӣ бармегардем, “Чӣ бояд бикунам, то ки аз боло таваллуд ёбам?” ҷавобаш ба мисли ҷавоби “Чӣ бояд кунам, то ки наҷот ёбам?” ё “Чӣ бояд кунам, то ки аз тарафи Худо сафед шавам?” ё “Чӣ бояд кунам, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбам?” МУВОФИҚИ БИБЛИЯ, одам бояд чӣ кунад, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад ё аз боло таваллуд ёбад?
Библия мегӯяд; Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд? Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи Каломи Худост. Румиён 10:14, 17 2. Тавба Исо гуфт, “ Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред” Марқӯс 1:15 Дар 1 Юҳанно 1:9 мо мехонем, “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд." Тавба кардан маънои аз гуноҳ рӯй гардондан мебошад. Пеш аз он ки кас аз гуноҳ тавба кунад, ӯ бояд донад гуноҳ чист, ки ӯро маҳкум мекунад ё аз Худо ҷудо мекунад. Юҳанно 3:18 ба мо ёрӣ медиҳад гуноҳро бифаҳмем, ва он бароямон абадан марговар аст, агар аз он тавба накунем. Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. Ин оят ба мо рӯшану кушод мефаҳмонад, ки одам барои беимониаш маҳкум мешавад. Гуноҳ Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд инкор мекунад. Бисёр диндорон Исоро ҳурмат ва ба Ӯ боварӣ доранд, вале барои наҷотёбӣ ба Ӯ сад фоиз боварӣ надоранд. Онҳо дар бораи наҷотёбӣ ақидаҳои иловагиро, ки дар Библия нестанд мепазиранд. Ин одамон дар ном масеҳӣ ҳастанд вале масеҳии ҳақиқӣ нестанд. Аз гуноҳи худ-одилӣ худ-ҳукмронӣ бояд тавба кард. 3. Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кунед. Библия мегӯяд, “Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба Исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд." Юҳанно 1:12. Дар ин оят бо истифодаи ду калима, қабул кардан ва имон овардан диққат диҳед. Чӣ хел одам қабул мекунад? Ба василаи имон. Боварӣ доштан ин имон аст. Пеш аз оне ки кас Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кунад, ӯ бояд боварӣ дошта бошад, ки Исо он аст, ки талаб мекунад (Писари Худо) ва Ӯ метавонад амалеро иҷро кунад, ки онро метавонад (додани ҳаёти ҷовидонӣ ). Исоро ба василаи имон қабул мекунед. Имоне, ки наҷот меорад фақат дар Исо бояд бошад – на дар Исо ва каси дигар ё чизи дигар. Наҷот ҳеҷ вақт дар ҳамбастагии имон дар Исо ва кори хуб ё маросимҳои калисо намеояд. Ин танҳо имон ба Исо, ки инсонро ба муносибати дуруст бо Худо меорад. Аз Библия ба оятҳои зерин диққат диҳед. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи ӯ наҷот ёбад. Юҳанно 3:16-17 Ба ростӣ , ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. Юҳанно 5:24 Исо ба вай гуфт: “Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд. Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад нахоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ ?” Юҳанно 11:25-26 Исо ба вай гуфт: “ Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман” Юҳанно 14:6. Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем” Аъмол 4:12. Зеро ки адолати Худо дар он аз имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: “Одил ба василаи имон хоҳад зист” Румиён 1:17. Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем. Румиён 5:1 Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст. Румиён 10:10 Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғалотиён 2:16 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост. Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. Эфсӯсиён 2:8-9 Аммо вақте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд. Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Титус 3:4-5 Ин оятҳо ошкор мекунанд ки:
Мо медонем, ки одам танҳо ба воситаи имон ба Исо сафед мешавад. Вале чӣ хел одам ин имонро ба ҷо орад? Одам бояд чӣ кунад, агар ӯ роҳи наҷотро медонад? 4. Аз Исо илтимос кунад, ки ӯро наҷот диҳад. Дар Румиён 10:13, чунин омадааст, “ҳар касе ки исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт." Киҳо барои кӯмак исми Худовандро хоҳад хонд? Онҳое ки:
Номи Худоро хондан маънои онро дорад, ки дуо кунед, самимона ӯро илтимос кунед то гуноҳҳои шуморо бахшад ва ба ҳаёти шумо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд дохил шавад. Ин, яъне чӣ хел одам аз олами боло таваллуд меёбад. Ин, яъне чӣ хел одам ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ин, яъне чӣ хел инсон наҷот меёбад. Ин, яъне чӣ хел одам аз тарафи Худо сафед мешавад. БОБИ 7ЧӢ ХЕЛ МАН БА ОНҲОЕ, КИ БА ХУЛОСАИ МАН ДОИР БА АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ЁФТАН МУҚОБИЛ ҲАСТАНД, ҶАВОБ ДИҲАМ? Бешубҳа, агар шумо Исоро пайравӣ кунед, ин ба дигарон низ таъсир мерасонад. Баъзеҳо хурсанд мешаванд. Дигарҳо шояд ноумед ва хафа мешаванд. Бадбахт он аст, ки Исоро аз тарси он ки дигарҳо чӣ фикр мекунанд, пайравӣ намекунад. Ҳама дар чунин ҳолат бой медиҳанд. Ин дар рӯҳонияти Исо рӯй дод. Бо вуҷуди ин бисёре аз сардорон низ ба ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд. Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд. Юҳанно 12:42-43 Вале дигарҳо хурсандона пайравӣ мекунанд ва азобу машаққатро паси сар мекунанд. Одам бояд чӣ кор кунад, вақте ки пайравӣ сабаби он мешавад, ки аъзоёни оилааш бо ӯ қаҳрӣ мешаванд? Сараввал суханҳои Исоро, ки дар бораи таъсири Худ аз болои ҷомеъ гуфтааст ба ёд оваред. Дар Матто 10:34-37 ӯ мегӯяд. Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер. Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд. ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест. Исо мегӯяд, ки муноқишаҳо он вақт дар оила рӯй медиҳанд, вақте ки баъзеҳо ӯро пайравӣ мекунанд ва дигарҳо ӯро инкор мекунанд. Исо ҷудокунанда ё несткунандаи оилаҳо нест. Сарчашмаи ҷудоиҳо ва кашокашиҳо онҳое ҳастанд, ки аз пайравии Исо саркашӣ мекунанд. Навимондор сулҳу осоиштагӣ ва хурсандиро давом медиҳад, вақте ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди шахси қабул мекунад. ҳарчанд муддате ин ҳисси ноумедӣ ҳаст, бо вуҷуди ин тамоми оила имконияти наҷотёбӣ пайдо мекунад, чунки як аъзои оила аллакай наҷот ёфт. Дар хотир дор, ки мақсади шумо наҷотдиҳии ҳамаи аъзоёни оилаи шумо ва дӯстони шумост, на набудани муноқиша. Дар ин ҷо баъзе чизҳои мусбианд, ки шумо метавонед онҳоро ба кор баред, вақте ки ягон кас шуморо барои шогирдии Исо таъқиб мекунад. 1. Фаҳмидани он ки ҳарчанд аъзоёни дигари оила бадбахт ҳастанд, шумо метавонед бо Исо хушбахт бошед. Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд. Матто 5:10-12 Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, - ва ин аз ҷониби Худост. Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед. Филиппиён 1:28-29
Исо гуфт, “Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард." Юҳанно 15:20.
Библия мегӯяд, Баракат бихоҳед барои онҳое, ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед. Румиён 12:14.
Исо гуфт, � Душманони худро дӯст бидоред ва барои таъқибкунандагони худ дуо кунед. (Матто 5:44) Павлус мегӯяд, Эй бародарон! Орзӯи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд. (Румиён 10:1) Муддате чанд шумо аъзои ягонаи оилаатон хоҳед буд, ки Исо ва Каломи Худоро пайравӣ мекунед. Шояд ин вақти мушкил хоҳад буд, вале ҳамеша суханҳои Библияро дар ёд доред. Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед. Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад. Филиппиён 4:6-7, 13 БОБИ 8 ОЁ МАН МЕТАВОНАМ БА КАЛИСО БИРАВАМ, АГАР МАН АЗ БОЛО ТАВАЛЛУД ШУДАМ? Ин саволро одатан онҳое медиҳанд, ки то ҳоло аз олами боло таваллуд нашудаанд. ҷавобаш чунин аст: Барои он ки аз олами боло таваллуд шавад, шахс бояд тамоми ҳаёташро ба Худовандии Исои Масеҳ таслим кунад. Одами аз боло таваллудёфта хурсандона Худованди ҳаёти худ – Исоро пайравӣ мекунад. ҳамаи амалҳои ҳаёт ба монанди маълумотгирӣ , кор, интихоби зан ё шавҳар, истироҳат, ҳамчунин чӣ хел ва дар куҷо ибодат кардан зери назорати Худованди мо- Исо хоҳад буд. Исо муайян хоҳад кард, ки мо дар куҷо бояд ибодат кунем. Вале иродаи Ӯро дар ҳаёти худ ман чӣ хел мефаҳмам? Иродаи Худоро дар ҳаётамон мо тавассути омӯзиши ҳаррӯзаи Библия, Сухани Ӯ барои фарзандони Ӯ аз худ мекунем. Ҳамчунин, имондор барои роҳнамоии ҳаррӯзаи Худо дуо мекунад. Бинобар ин савол бояд чунин набошад: “Оё ман метавонам ба калисо равам?” Савол бояд чунин бошад, “Худованди ҳаёти ман кист?” Имондор бо Павлус розӣ хоҳад шуд вақте ки ӯ гуфт; “Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам. Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард." Ғалотиён 2:19-20 Исо, ки Ростӣ аст (Юҳанно 14:16), имондорҳоро ба сӯи ростӣ роҳнамоӣ мекунад. Имондори ҳақиқӣ ростиро пайравӣ мекунад. Агар дини одам дар асоси Библия набуда, асоси он анъанаҳое, ки инсон офаридааст бошад, пас барои чунин одамон Библия роҳнамои нав хоҳад шуд. Дар Ғалотиён 5:1 Павлус дар ин бора чунин мегӯяд, “Дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед." Дар бораи одамоне, ки озод шуданд (аз боло таваллуд ёфтанд) Павлус дар Ғалотиён 5:7-8 мегӯяд, “Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт? Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест." Агар кас боре Исоро пайравӣ кард ва роҳи ростиро, ки дар Библия аст, ёфта буд, ба ӯ таъсир мерасонанд, то ин ки ростиро монда аз сари нав дини пештараро пайравӣ намояд. Вале Павлус мегӯяд, ки озмоиш аз тарафи Худо нест ва имондор бояд қавӣ бошад, ва бо васваса истодагарӣ намояд, ҳарчанд зидди ӯ таҳдидҳо карда мешаванд. БОБИ 9 КИРО МАН БОЯД ПАЙРАВӢ КУНАМ?Киро мо пайравӣ мекунем муайян мекунад, ки ҳаёти ҷовидониро дар куҷо мегузаронем. Киро пайравӣ кардани мо сифати ҳаёти моро дар замин муайян мекунад. Ин хеле муҳим аст, бинобар ин, мо бояд одами дурустро пайравӣ кунем. Итоати олии моро кӣ мепазирад? Киро мо пайравӣ кунем? Агар мо маънии ҳаётро дарёфтем, мо бояд он Касеро, ки ҳаётамонро пурмаъно мекунад, пайравӣ кунем. Агар мо аз болои гуноҳ пирӯз шудем, мо бояд он Касеро, ки бо гуноҳ вохӯрда аз болояш пирӯз шуд, пайравӣ кунем. Фақат як одам аст, ки аз болои ҳамаи инҳо пирӯз шуд. Ин Исо буд. Муҳаммад гуноҳ кард, реҳлат кард ва дар гӯр монд. Буддо гуноҳ кард, мурд ва дар гӯр монд. Иосиф Смит гуноҳ кард, мурд ва дар гӯр монд. Марям гуноҳ кард, мурд ва дар гӯр монд. ҳамаи инҳо одамони хуб буданд, вале онҳо аз болои гуноҳ ва марг пирӯзӣ надоштанд. Исо ҳаёт ба сар бурд ва ба он маънӣ бахшид. Ӯ бо гуноҳ вохӯрда аз болои он ғалаба кард. Ӯ мурд ва аз гӯр баромад, то ки абадан зиндагӣ кунад. Исо гуфт, “Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад. Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад? Луқо 9:23-25 Одамон бисёр вақт мехоҳанд ҳаёти худ (анъанаҳои худ)-ро наҷот диҳанд, ва бо ин онҳо ҳаёти худ ва онҳоеро, ки ин одамонро пайравӣ мекунанд, қурбонӣ мекунанд. Ин он вақт рӯй медиҳад, вақте ки кас мегӯяд, “Ман бояд мазҳаби худро пайравӣ кунам, ҳарчанд он аз таълимоти Библия фарқ дорад." Оё кӯдак волидонашро бояд пайравӣ кунад?Солҳои аввала барои онҳо интихоби дигар нест: кӯдакони хурд бояд хоҳишҳои волидонашро ба ҷо оранд. Вале дар синни калонсолӣ онҳо ҳаргиз дини волидонро пайравӣ намекунанд, агар он бар тибқи Каломи Худо нест. Кӯдакон бояд волидонашонро ҳурмату эҳтиром кунанд, вале онҳо бояд фақат Исоро пайравӣ кунанд. Он кӯдаконе, ки волидони онҳо шогирди Исо ҳастанд ва таълимоти ӯро пайравӣ мекунанд хушбахт ҳастанд. Исо гуфт: “Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд. Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест. Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест." Матто 10:36-38 Душмани бузургтарини кӯдак волидоне мебошанд, ки Исоро ва таълимоти ӯро пайравӣ намекунанд. Волидони меҳрубон ва бохабар фарзандони худро ба омӯзиши Библия ва муносибати дуруст бо Худо ҳидоят мекунанд. Ин муносибати дуруст танҳо тавассути таваллуд аз олами боло меояд. Таваллуд аз олами боло танҳо тавассути имон ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мумкин аст. Инсон набояд гумроҳ шавад, вақте ки ӯ Исоро пайравӣ мекунад. Дар Марқӯс 10:28-30 чунин омадааст. “Он гоҳ Петрус ба ӯ гуфт: “Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем." Исо ба ҷавоб гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунад. Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад." Фақат онҳое, ки Исо ва таълимоти ӯро пайравӣ мекунанд дар ин зиндагӣ ва зиндагии пешомада пирӯз хоҳанд шуд. Кӯдаке, ки бо волидонаш дар торикӣ мондааст барои озод кардани онҳо ҳеҷ коре карда наметавонад. Танҳо он вақте ки кӯдак худ озод мешавад ва таълимоти Библияро пайравӣ мекунад, ӯ метавонад ба волидонаш дар фаҳмидани ростӣ кӯмак кунад. Озору маломат аз тарафи волидон муқаррарӣ аст. Онҳо ҳис мекунанд, ки онҳо аллакай фарзандонашонро бо роҳи рост ҳидоят мекунанд, чунки онҳо фақат аз анъанаҳо бохабар ҳастанд ва ҳақиқати Библияро намефаҳманд. Оё ман сарварони рӯҳониро пайравӣ кунам?Сарвари рӯҳонӣ ба Павлус гуфт, ки дар бораи Исо мавъизаро бас кунад. ҷавоби Павлус дар Аъмол 4:19-20 омадааст, “Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем? Мо наметавонем аз гуфтани он чӣ дидаем ва шунидаем, даст кашем." Дар Аъмол 5:29 Петрус ба саркоҳин чунин гуфт. “Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод."Исо дар Матто 10:28 гуфт; “Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад." Вақте ки сарварони рӯҳонӣ одамонро барои ширкат кардан дар дарсҳои Библия ҳушдор медиҳанд, киро мо бояд пайравӣ кунем? Вақте ки сарвари рӯҳонӣ ба шумо мегӯяд, ки агар шумо ба омӯзиши Библия меравед, фарзандони шуморо ба мактаб роҳ намедиҳанд, киро шумо пайравӣ мекунед? Сарвари рӯҳонӣ ё Исо ва Библияро? Ҳарчанд аз тарафи оила, дӯстон, ҳамсояҳо ва сарварони динӣ , озору маломатҳо бошанд, одами хирадманде, ки ба осмон рафтанӣ ҳаст, бояд Исоро аз ҳама чизи дигар боло гузорад ва ӯро пайравӣ кунад ва ба суханҳои атрофиён гӯш надиҳад. Исоро дӯст доштан - маънои онро дорад, ки мо таълимоти Ӯро пайравӣ кунем ва гуфтаҳои ӯро ба ҷо оварем. Дар Юҳанно 14:23-24 Исо гуфт, “Ҳар ки Маро дӯст дорад, Каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт. Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоя намекунад." ҳамчунин дар Юҳанно 15:14, Исо мегӯяд “Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред." Киро Ман пайравӣ кунам?Танҳо Исо Масеҳ сазовори итоати пурраи мо ҳаст. БОБИ 10 МАРОСИМҲОИ ДАФНКУНӢ ВА ГӮРКУНӢ ЧӢ МЕШАВАД, АГАР МАН ДИНИ НАВРО ҚАБУЛ КУНАМ? Аввал, ҳамчун имондор ба Библия муносибати шумо ба марг дигар мешавад. Дигар шумо аз марг ва рӯҳ наметарсед. Беимонҳо доимо таълимоти Библияро дар бораи марг ва абадият инкор мекунанд. Барои масеҳиён (аз олами боло таваллудёфта) зарур нест барои дур кардани рӯҳ дар атрофи тобут шамъҳо гузошта шаванд. Торикӣ дигар таҳдид нахоҳад кард. Ба ҷои тарс ва хурофотҳои дини пештара умед ва амният хоҳад омад. Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо ӯ хоҳад овард. Зеро инро ба шумо бо Каломи Худованд мегӯем, мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард. Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳё хоҳанд шуд. Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед. 1 Таслӯникиён 4:13-18 Акнун, ки ҳақиқатро аз Библия дарёфтед, шумо бояд аз тарк кардани дине, ки шуморо бо қонунҳои сохтаи одам дар торикӣ нигоҳ медорад, дар ҳарос набошед. Бисёр вақт он ақидаҳо ва амалҳои дини пештараи шумо қобилияти овардани кӯмак ва тассаллӣ надоранд. Баръакс, дар ҳолати марг ва гӯркунӣ , онҳо тарс ва номуайяниро меоранд. Дини нави шумо, ки тибқи Библия ҳаст, дар бораи маросими дафнкунӣ чӣ мегӯяд? Вақте ки шумо аъзои калисои Аҳди ҷадид гаштед, шумо аъзои оилае мешавед, ки шуморо дӯст медорад ва дар бораи ҳаёти шумо (ғамхорӣ ) ҳатто марги шумо ғамхорӣ мекунад. Шумо хеле бурд мекунед, вақте ки шумо худро ба калисое, ки Библияро пайравӣ мекунад мепайвандед. Агар ягон аъзои оилаатон касал аст, роҳиб ё аъзоёни калисо шуморо дилбардорӣ мекунанд. Агар он касал вафот кунад чӣ мешавад? Роҳиб ва аъзоёни калисо бо маслиҳатҳои муфид ва тасалло бо шумо ёрӣ медиҳанд. Дар соатҳои душвор пеш аз мурдан, роҳиб ва дигарҳо шуморо пуштибонӣ мекунанд. Баъди марг, вобаста ба заруриятҳои молиявии оила, калисо “тақдимҳои муҳаббатомез” дорад, ки он аз хайрияҳои ихтиёрӣ иборат аст ва барои пӯшондани хароҷотҳои дафнкунӣ ба оила тақдим мешавад. Агар зарур бошад, роҳиб ва аъзоёни калисо барои ба ҷо овардаи тартиби дафнкунӣ ёрӣ медиҳанд. Аъзоёни калисо метавонанд барои ёрӣ ба оила хӯроки ҳаррӯза биёранд. Дар рӯзи дафн калисо метавонад оила ва дӯстонеро, ки барои изҳори ҳамдардӣ омадаанд бо хӯрок таъмин кунад. Маросими дафнкуниро роҳиб ва аъзоёни калисо бо маслиҳати аъзоёни оила ба нақша мегиранд. Калисо ҷои маросимро таъмин мекунад, ва агар маросим дар калисо баргузор гардад мусиқиро низ таъмин мекунад. Роҳиб пайғоми Библияро мерасонад. Тибқи маросим роҳиб одамонро аз калисо то мошини дафнкунӣ роҳнамоӣ мекунад. Роҳиб дар роҳ ба сӯи гӯристон бо оилаи ғамдор меравад. Дар гӯристон аъзоёни калисо одатан суруди мадҳу ситоишро мехонанд ва роҳиб аз Библия пораеро қироат мекунад. Баъд бисёр аъзоёни калисо ба оила суханҳои ҳамдардӣ ва тасаллидиҳанда ва муҳаббатомез мегӯянд. Аз гӯристон баъзе аъзоёни калисо ва роҳиб бо оила ба хонааш мераванд. Дар он ҷо онҳо дам мегиранд ва хӯрок мехӯранд. Баъзе хусусиятҳои дини нави масеҳии шумо инҳоянд:
Дар бораи ҷои гӯркунӣ ?(Дар баъзе мамлакатҳои сусттараққӣ навиштаҳои зер ёрӣ медиҳанд) Ин корҳоро анҷом диҳед.
Агар кас дар касалхона вафот мекунад, маъмурияти касалхона бояд шаҳодатномаи маргро диҳад. Агар кас дар хона вафот кунад, духтури оила бояд шаҳодатномаи маргро диҳад.
Инро шумо метавонед аз идораи хазинадории маҳал гиред. Дар он ҷо шуморо мепурсанд, ки мурдаро дар куҷо гӯр мекунед. Шумо ба онҳо мегӯед, ки вайро дар гӯристони умумӣ ба хок месупоред. (Дар ҳар шаҳр гӯристонҳои умумӣ вуҷуд доранд).
Барои навимондорон дар масъалаи ҷои гӯркунӣ ягон проблема нест. ХУЛОСА: Дар давраи касалӣ ва марг ҷои беҳтар аз миёни имондороне, ки шуморо дӯст медоранд, нест. БОБИ 11 ЧАРО МАН АЗ НАВ ТАЪМИД ЁБАМ? Ин савол ба таъмид дар об нисбат дода мешавад ва онро одатан он касе медиҳад, ки маънои таъмиди масеҳиро намедонад. Вақте ки ман таъмиди масеҳӣ мегӯям, ман он таъмидеро дар назар дорам, ки дар Библия навишта шудааст. Барои бисёр одамон савол дар аз нав таъмид ёфтан нест, балки дар таъмиди ҳақиқии аввала мебошад. Оё шумо мисоли таъмиди Библияро пайравӣ кардед? Шояд нигоҳе ба он ки таъмид чист ба кас кӯмак мекунад бидонад, ки оё ӯ таъмиди масеҳӣ дошт ё не. Таъмиди масеҳӣ мувофиқи Библия чист?Дар Навиштаҳо мисолҳои зиёди таъмид омадаанд. Мо ҳар яки онҳоро муфассал аз назар хоҳем гузаронд. Ҳикояи хоҷасарои ҳабаш дар Аъмол 8:34-39 омадааст. Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: “Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш ё дар ҳаққи каси дигаре?” Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод. Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: “Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?” Филиппус гуфт: “Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ , ҷоиз аст." Вай дар ҷавоб гуфт: “Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост." Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод. Оиди баъзе ин тасвири Библия дар бораи таъмид мулоҳиза кунед.
Ӯ на танҳо шунида буд, ва ин рӯшан аст, ӯ фаҳмид он чизеро, ки шунид. Ӯ калонсол буд ва ӯ онро фаҳмид.
Калимаи “имон овардан” монанди дигар қисмҳои Библия ҳаст, вақте ки гап дар бораи наҷотёбӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ меравад. Маънои он боварии комил ба Исо, фақат Исо, барои бахшиши гуноҳ ва атои ҳаёти ҷовидонӣ мебошад. ҳоло, масеҳиёни нав-таваллудёфтаро “имондорон” меноманд.
ҳеҷ таълимоти Библия ба ин тартиб муқобил ёфт нашуда буд. Дар ин навиштаҳо ҳар одаме ки таъмид ёфт, пеш аз ин ӯ аллакай ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон овард.
Волидонаш ба ҷои ӯ қарор надоданд. Ӯ аллакай одами калонсол буд. Дар бораи таъмид ӯ бо касе машварат накарда буд.
Ин оби пиёла набуд; ин ҳавзи об буд. Библия чунин мегӯяд � ҳар ду, Филиппус ва Хоҷасаро ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. Вақте ки аз об баромаданд� Таъмид дар Библия ҳамеша тавассути ғӯта задан дар об (ғусл) ба ҷо оварда мешуд. Исоро дар об ғӯта заданд. Павлусро дар об ғӯта заданд. Ҳамаи мисолҳои Библия дар бораи таъмид тавассути ғӯтазанӣ буданд. Маънои Библиявии калимаи “baptize”-таъмид додан ин дар об ғӯтазадан мебошад.
Агар шумо мехоҳед, мисоли дигаро таъмидро, ки ба ҳикояи боло монанд аст аз Аъмол 16:29-34-ро хонед. Оятҳои зеринро хонед. Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Аъмол 2:41 Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисёре аз Қӯринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд. Аъмол 18:8 Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам." Омин. Матто 28:19-20 Павлус гуфт: “Таъмиде ки Яҳё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: “Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред." Аъмол 19:4-5 Таъмиди масеҳӣ чист?Мисолҳои аз Библия дар бораи таъмид умумиятҳои зерин доранд:
Оё ман бояд аз нав таъмид ёбам?Агар шумо аз олами боло таваллуд ёфтед шумо бояд таъмиди масеҳӣ ёбед. Шояд шумо мегӯед”, Ман намедонам, ки аз нав таваллуд ёфтан чӣ маънӣ дорад." Агар шумо инро мегӯед, шумо барои таъмиди масеҳӣ лоиқ нестед. Агар шумо ҳақиқан аз олами боло таваллуд ёфтед, шумо барои пайравии таълимоти Исо доир ба таъмид хоҳишу майли қавӣ доред. Шумо намегузоред, ки касе шуморо аз пайравии таълимоти Библия дар бораи таъмид ё чизи дигаре дур кунад. Агар шумо аз олами боло таваллуд наёфтаед, шумо таъмиди масеҳиро гирифта наметавонед. Ин фақат барои онҳое, ки имон доранд, аҳамият дорад. Агар шумо аз олами боло таваллуд ёфтед, шуморо зарур аст, таъмид ёбед, на аз сари нав, балки бори аввал, чӣ хеле ки Библия мегӯяд. Худо шуморо баракат медиҳад, вақте ки шумо Каломи ӯро пайравӣ мекунед. БОБИ 12 БАПТИСТҲО КИҲО ҲАСТАНД? Баптистҳо култи динӣ нестанд. Пас култ чист? Ин динест, ки як ё бештар таълимотҳои асосии Библияро инкор мекунад. Барои мисол, ҳар дине, ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда инкор мекунад култ мебошад. Дине, ки Библияро ҳамчун Каломи Худо инкор мекунад, култ аст. Дине, ки анъанаҳо ва таълимотҳои одамсохтаро аз Библия болотар медонад, култ мебошад. Одатан култро дар заминаи шахсиятҳо, дар якҷоягӣ бо Исо созмон медиҳанд. Асоси култ бисёр вақт Аҳди қадим мебошад. Баптистҳо култ нестанд. Мазҳаби баптизм дини нав нест. Он ба мисли Аҳди ҷадид қадим аст. Яҳёи Таъмиддиҳанда аввалин шахсест, ки баптист ном гирифт. Ӯ мардумро барои омадани Исо омода кард. Ӯро Таъмиддиҳанда номиданд, чаро ки ӯ таъмид дод. Баптистҳо ҳозир худро бо чунин ном намояндагӣ намекунанд. Одамоне, ки онҳоро таъқиб мекунанд, онҳоро “Анабабтист” меноманд,чунки онҳо тарзи Аҳди ҷадиди таъмидро пайравӣ мекунанд. Тули 200 сол баптистҳо дар тамоми ҷаҳон хеле тараққӣ карданд. Имрӯз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баптистҳо яке аз пурқувваттарин гурӯҳи динӣ мебошад. Ҳарчанд гурӯҳҳои гуногуни баптистҳо мавҷуд ҳастанд, ҳамаи онҳо як ақидаро пайравӣ мекунанд. Баптистҳо киҳо ҳастанд?
Чун ин Каломи илҳоми илоҳии Худост, ба он бояд имон овард ва онро дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода бурд. Баптистҳо ба суханони Павлус дар 2 Тимотиюс боварӣ доранд, вақте ки ӯ гуфт, “Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст." 2 Тимотиюс 3:16 Баптистҳо таълимоти Библияро дар бораи он ки ҳеҷ чиз бояд ба Библия илова нашавад ва аз он кам нагардад қабул мекунанд. Юҳанно мегӯяд, “ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро." 2 Юҳанно 1:9 Павлус чунин гуфт, Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чӣ мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад – малъун бод! Ғалотиён 1:8
Библия чунин мегӯяд, Ки ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст. Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар ӯ офарида шудааст; хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо - ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст. Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад. Ва ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз ӯ аввалин бошад. Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад. Ва ба воситаи ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад. Қӯлласиён 1:15-20 Аз Навиштаҳои дар боло зикршуда, баъзе ҳақиқатҳоро мебинем, ки Баптистҳо ба онҳо эътиқод доранд.
Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар ӯ сокин бошад.
ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад.
Ва Ӯ сари бадан, яъне калисост; Ӯ сарчашмаи ҳаёти бадан аст. ҳеҷ кас наметавонад ҷои Исоро ҳамчун сари калисо гирад. Баптистҳо ҳеҷ гуна сарварӣ ва ҳокимияти заминӣ надоранд. Калисои маҳаллӣ зери ҳокимияти Исо аст. Ин на зери ҳоқимияти ягон созмон ё маҷлис ё ягон гурӯҳ аст. Фақат Исо сари он аст. (4) Исо сарчашмаи наҷот аст. Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад. ҳамчунин дар Қӯлласиён 1:22 мехонем. ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад.
Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғалотиён 2:16 (2) Имон ба Худо-на ба василаи корҳои хуб. Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. (Эфсӯсиён 2:8-9) Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем. (Румиён 5:1) (3) Имон ба Исо – на маросим (таъмиддиҳӣ , ба калисо рафтан) Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем. Аз ҷиҳати ғайрат – таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ – беайб. Лекин он чӣ барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам. Ва ҳанӯз ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам. Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чӣ ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате, ки аз Худо бар ҳасби имон аст. Филиппиён 3:3-4, 6-7, 8-9
Рӯҳонияти ҳар имондор чӣ маънӣ дорад? Инҳо ду чизи асосӣ ҳастанд: имтиёз ва масъулият. Имтиёз – ҳар одам ба василаи Исо ба Худо роҳ дорад. Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад. Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад. Ибриён 7:24-25 Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. Ибриён 4:14-16 Баптистҳо эътиқод доранд, ки танҳо Рӯҳонии Олӣ аст, танҳо як миёнарав аст – Исо. Библия мегӯяд, зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст. 1Тимотиюс 2:5 Масъулият – Ҳар имондор, ки ҳаёти навро ба василаи имон ба Исо қабул кард масъулият дорад, ин ҳаётро бо дигарон бо ҳам бинад. Ин дар 2 Қӯринтиён 5:17-18 рӯшан намоён аст, вақте ки Павлус мегӯяд. Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд. ҳамчунин дар 1 Петрус 2:9 чунин омадааст: Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед. 1 Петрус 2:9 Ин оят ба мо дар бораи имтиёзи халқи Худо интихобкарда нақл мекунад. Ин ҳамчунин дар бораи масъулияти бо ҳам дидани Хабари Хуш бо дигарон нақл мекунад. Ана ин аст маънии рӯҳонияти ҳар имондор.
Баптистҳо ваколати (мандат) Исоро дар Матто 28:19-20 қабул мекунанд. Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам." Омин.
Кормандони калисо бояд ба корҳои давлат дахолат накунанд, ва ҳамчунин давлат низ бояд ба корҳои калисо дахолат накунад. Баптистҳо ба воситаи Исо озод ҳастанд – озоданд, ки барои Исо зиндагӣ кунанд, онҳо бо муҳаббат зиндагӣ мекунанд, на бо тарс ё ягон вазифа. Баптистҳо одамони Китоб – Библия ҳастанд. Баптистҳо одамони Худо ҳастанд, ва ин муносибат ба василаи имон ба Писари Ӯ, Исои Масеҳ имконпазир шуд. Баптистҳо масъулияти бо дигарон бо ҳам дидани Масеҳро доранд. Баптистҳое, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд, одамони махсус – одамони Худо мебошанд. Онҳо дорои пирӯзӣ ва айният дар Масеҳ мебошанд. БОБИ 13 ОЁ МАРЯМ БАЪДИ ТАВАЛЛУДИ ИСО ҲАМ БОКИРА МОНД? Якчанд саволҳои баъдӣ ҳам барои Католикҳо ва ҳам барои протестантҳо аҳамияти калон доранд. Дар рӯ овардан ба ин саволҳо мо мақсад надорем, касеро танқид кунем, балки мо фақат мехоҳем бифаҳмем, ки Библия доир ба ин саволҳо чӣ мегӯяд. Пеш аз ҷавоб додан ба ин саволҳо, мо бояд онро омӯзем, ки Библия дар бораи Марям чӣ мегӯяд. Ҳар чиро, ки Библия мегӯяд, бояд ҳамчун Сухани Худо пазируфта шавад. Бар тибқи Инҷилҳои Матто ва Луқо, Марям то таваллуди Исо бокира буд. Баъди таваллуди Исо, Аҳди ҷадид дар бораи Ӯ маълумоти каме медиҳад ва ҳатто таваллуди Исо танҳо дар ду китоби Аҳди ҷадид навишта шудааст. Танҳо як мисол дар бораи рӯҳонияти Исо вуҷуд дорад, ки бо суханҳои Марям сабт шудаанд ва Исо ба Марям гуфт, ки чӣ кор карданро ба Ӯ нагӯяд. Ин дар тӯй, дар қано рӯй дод ва дар ин бора дар Юҳанно 2:1-5 омадааст. Дар рӯзи сеюм дар қонои ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд. Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: “Шароб надоранд." Исо ба вай гуфт: “Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст." Модараш ба хизматгорон гуфт: “Ҳар чӣ Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред." Ин дар аввали рӯҳонияти Исо буд. Марям дар рӯҳонияти баъдинаи заминии Исо танҳо ду бори дигар сабт шудааст. Боре Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронашон омаданд. Ба Ӯ гуфтанд, ки модарат ва бародаронат дар берун истодаанд. Исо онҳоро сарзаниш карда гуфт: “Кист модари ман? Кист бародарони ман?” (Матто 12:46). Вақти дигар Ӯ дар байни одамон аз шогирди дӯстдоштааш илтимос кард, ки ба модараш ғамхорӣ кунад (Юҳанно 19:25-27). Бори охир Марям дар Библия, дар Аъмол 1:14 ёдовар шудааст. Ин баъди марг ва эҳёи Исо буд. Ин оят чунин аст: ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занону Марям - модари Исо, бародарони Ӯ низ буданд. Ба Ӯ дар ин ҷо ягон мақоми махсусе дода нашудааст. Мувофиқи Библия ҳаввориён ҳеҷ вақт ба Марям дуо накардаанд. Петрус, Яҳё ва Юҳанно ҳеҷ вақт номи ӯро, ки ба калисоҳо навиштаанд, зикр накардаанд. Юҳанно то мурданаш ӯро ғамхорӣ кард, вале ҳеҷ вақт номи ӯро дар чор китоби Библия, ки ӯ навишта буд, зикр накард. Павлус қисми зиёди Аҳди ҷадидро навиштаст, вале ва боре ҳам номи ӯро зикр накардааст. Вақте ки Калисои Аҳди ҷадид сар шуд, танҳо як ном ҳамчун Наҷотдиҳанда эълон шуд ва ин Исо буд: “Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем." Аъмол 4:12 Доир ба муносибати Исо нисбати модараш Юҳанно 2:1-5 ва Матто 12:46-50-ро хонед. Акнун саволи “Оё Марям баъди таваллуди Исо ҳам бокира монд?”-ро мебинем. Библия таълим медиҳад, ки Марям вақти таваллуди Исо бокира буд. Вале баъди таваллуди Исо чӣ ? Оё Марям зани Юсуф шуд? Оё Марям ва Юсуф фарзандони дигар ҳам доштанд? Аз Библия мо мехонем: “Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба Ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард. Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва ӯро Исо ном ниҳод." Матто 1:24-25 Нуқтаи асосӣ он ҳаст, ки то зоида шудани Исо Юсуф бо Марям ҳамбистар нашуда буд. Ба мард ва зан, шавҳар ва зан, Худо дар аввали офариниш чунин гуфт, “Борвар ва афзун шавед." Барои Юсуф ва Марям ҳамчун зану шавҳар амал кардан ва фарзанд ёфтан иродаи Худо мебошад. Ин муқаррарӣ буд. Ин барои Марям кори паст набуд, ки вазифаи худро ҳамчун зан ва модари меҳрубон иҷро кунад. Навиштаҳо мегӯянд, ки Исо аввал ин тавлиди Марям буд, ва ин рӯшан нишон медиҳад, ки баъди ӯ фарзандони дигар низ буданд. Марям ва Юсуф баъди таваллуди Исо боз чанд фарзанди дигар доштанд? Библия ба мо номи баъзеи онҳоро мегӯяд. Дар Матто 13:53-55, мо инро мехонем, Вақте ки Исо ин масалҳоро ба охир расонд, аз он ҷо равона шуд. Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: “Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот?” Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо? Дар Марқӯс 6:3 омадааст: “Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марям ва бародари Яъқуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?” Дар Юҳанно 7:5 омадааст: “Бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд." Дар Забур 68:9 мо пешгӯӣ дар бораи омадани Исоро мебинем: Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам, ва барои писарони модари худ – бегона. Донишҷӯи ҷиддии Библия инкор намекунад, ки Юсуф ва Марям дар ҳақиқат ҳам шавҳар ва зан буданд ва фарзандони дигар низ доштанд. Пас мо дар бораи Марям чӣ андеша бояд кунем?Мо бояд ба таълимотҳои Навиштаҳои Муқаддас имон орем – ҳеҷ чиз ба он илова набояд шавад ва аз он гирифта нашавад. Марям зани парҳезгор, хуб, фурӯтан буд. Мо бояд ӯро эҳтиром кунем, чунки Худо ӯро ҳамчун модари Наҷотдиҳанда интихоб кард. Вале мо набояд ӯро дуо кунем, парастиш кунем, ва ё дар дини масеҳӣ ба ӯ мақоми марказӣ диҳем. Агар мо ин корро кунем, мо муқобили таълимотҳои навиштаҳо амал мекунем. Баъзеҳо мегӯянд, ки ба Худо ба василаи дуо ба Марям мерасанд, чунки ӯ дили мулоим дошт. Библия чӣ мегӯяд? “Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст, ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайяне дода шудааст” 1 Тимотиюс 2:5-6 Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. Ибриён 4:14-16 Масеҳии ҳақиқӣ бояд: Ба Марям дуо накунад. Ба Марям сар хам накунад. Аз Марям ёри мунтазир нашавад. Суратҳои Марямро нигоҳ надорад. БОБИ 14 ОЁ МАН БОЯД ҲАНГОМИ ДУО ТАСБЕҲРО ИСТИФОДА КУНАМ? Пеш аз ҷавоб додан ба ин савол хуб мешуд мо ба асл ва истифодаи тасбеҳ нигоҳ кунем. Петрус ҳермит - тасбеҳро соли 1090, зиёда аз ҳазор сол баъди марги Исо сохта дод. То асри 13 онҳо васеъ истифода бурда нашуданд. То ислоҳоти Протестанӣ дар асри 16 тасбеҳ расман иҷозат дода нашуда буд. Асрҳо пеш аз сохтани тасбеҳ дар дини Буддоӣ ва ислом ҳангоми дуо асбоби механикӣ истифода мешуд. Тасбеҳ чист?
Калимаи “rosary” –тасбеҳ маънои ҳалқаи гули садбаргро дорад. Достоне байни мардум роиҷ аст, ки “Бибӣ Марямро”-ро ҳангоми гирифтани гулдаста аз лабони роҳиби ҷавон, вақте ки ӯ Муборакбодии Марямро мехонд, диданд ва ӯ ба онҳо дар ҳалқаи гул қасам хӯрд, ки онро дар сари Марям ниҳода буд. Тасбеҳ даҳ вақта мешавад ва бисёр дуоҳо ба Марям ҳамчун ба Худо ирсол шудаанд. Дар тасбеҳ ҳеҷ дуое ба Исо ё Рӯҳулқудс ирсол нашудааст. Дар истифодаи тасбеҳ одам аз Худо ё Исои Масеҳ болотар гузошта шудааст. Библия оиди ин хел шакли дуо – ба монанди тасбеҳ чӣ таълим медиҳад? Исо гуфт, Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли дуояшон мустаҷоб мешавад. Монанди онҳо набошед, зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. Пас ба ин мазмун дуо гӯед:“Эй Падари мо, ки дар осмонӣ ! исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ; Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем. Матто 6:7-12 Аз ин таълимоти Исо мо меомӯзем:
Баъзе одамон мегӯянд, ки онҳо ба Марям дуо мекунанд, чунки ӯ модар аст ва гуноҳҳои моро мефаҳмаду аз номи мо аз Худо талаб мекунад. Бубинед Библия чӣ мегӯяд. Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро бо матонат нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. Ибриён 4:14-16 Дар 1 Тимотиюс 2:5 мо мехонем, Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳӣ одамизод аст. Барои шахс зарур нест сарвари динӣ бошад, ё олим бошад то ки бифаҳмад маънои ин оят чист. Барои шахс зарур нест ба василаи шахси дигар ё ягон асбоб ба назди Худо бирасад. Исо фақат роҳи ягонаи дар дуо ба Худо расидан ва аз гуноҳ озод шудан аст. Библия мегӯяд, ки Исо барои заифии мо дилсӯзӣ мекунад. Оятҳои Ибриёнро бори дигар хонед. Ин Сухани Худост ва он рост ҳаст. Хулоса чунин аст: Исо, Петрус, Павлус ва дигарҳо бар тибқи Библия тасбеҳро истифода набурданд. Пас чаро мо имрӯз тасбеҳро истифода кунем? Масеҳӣ баъди аз худ кардани таълимоти Библия тасбеҳро истифода нахоҳад бурд. Дуо муҳим аст. Дуо ин алоқа байни Худо ва фарзандони Ӯ мебошад. Чун шогирдони Библия масеҳиён бояд таълимоти Библияро дар бораи дуо пайравӣ намоянд. БОБИ 15 БИБЛИЯ ДАР БОРАИ АКСҲО ВА БУТҲО ЧӢ ТАЪЛИМ МЕДИҲАД? Даҳ Аҳком қонунҳои муҳимест, ки Худо ба халқи худ тақдим кардааст. Онҳо дар Хуруҷ 20 омадаанд. Панҷ ояти аввала чунин мегӯянд, Хуруҷ 20:1-5. Ва Худо ин суханонро ба забон ронда, гуфт: “Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам” Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад. Санаме ва ҳар сурате аз он чӣ дар осмон аз болост, ва аз он чӣ дар замин аз поён аст, ва аз он чӣ дар об аз зери замин аст, барои худ насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғайюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам." Боз дар Библия омадааст, Пас, ҷонҳои худро бағоят эҳтиёт кунед, зеро дар рӯзе ки Худованд ба шумо дар ҳӯриб аз миёни оташ сухан ронд, ҳеҷ сурате надидед. Мабодо шумо фосид шуда, барои худ ҳайкале, сурати ҳар санаме: шакли марде ё зане бисозед. Ё шакли ҳар чорпое ки дар рӯи замин аст, ё шакли ҳар паррандаи болдоре ки зери осмон парвоз мекунад. Ё шакли ҳар хазандае, ки дар замин аст, ё шакли ҳар моҳие, ки дар обҳои зери замин аст. Такрори шариат 4:15-18 “Бутҳо барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред." Ибодат 26:1 Библия дар бораи бутҳо ва аксҳо дар хона чӣ мегӯяд?Аз Такрори шариат 26 мо мехонем, “Ва чизи зиштро ба хонаи худ дохил накун, то ки мисли он ба ҳалокат нарасӣ ; аз он нафрат намо ва худро аз он канор гир, зеро ки он сазовори ҳалокат аст. Такрори шариат 7:26. Ва дар Аҳди ҷадид Павлус мегӯяд, Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест, чизе бигӯем. Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед. 1 Таслӯникиён 1:8-9 Дар Қӯринтиён 12:1-2 Павлус менависад, Дар хусуси бахшоишҳои рӯҳонӣ бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед. Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд. Аз китобҳои Ишаъё ва Ирмиё дар Аҳди қадим ба мо зиёда аз шаст гуфтаҳо дар бораи бутҳо, аксҳо ва ҳайкалҳо дучор мешаванд. Дар ҳама ҳолатҳо одамоне, ки ба онҳо саҷда мекунанд сахт мазаммат шудаанд. Агар шумо мехоҳед бифаҳмед, ки чаро зиндагӣ ҳозир душвор аст, ин ду китобро мутоила намоед, ва шумо хоҳед дид, ки Худо барои онҳое, ки ба аксҳо ва ҳайкалҳо саҷда меоранд ҷазо ва танбеҳи сахтро ваъда кардааст. Ба оятҳои зер диққат диҳед. Зеро ки дар он рӯз ҳар кас бутҳои нуқраи худ ва бутҳои тиллоии худро, ки дастҳои шумо барои гуноҳ сохтааст, тарк хоҳад кард. Ишаъё 31:7 Ва ҳамду санои худамро ба санамҳо нахоҳам дод. Ишаъё 42:8 Онҳое ки санам месозанд, саросар ночизанд, ва чизҳои писандидаи онҳо ҳеҷ фоидае намебахшанд. Ишаъё 44:9 Нисфи онро дар оташ месӯзонад, бо қисми дигараш гӯштро кабоб мекунад, ва кабобро хӯрда, сер мешавад; ва гарм шуда, мегӯяд: “Ваҳ, акнун гарм шудам, рӯи оташро дидам!” Ва аз бақияи ин чӯб худое, яъне санаме барои худ месозад, пеши он саҷда менамояд, ва онро мепарастад, ва назди он дуо хонда, мегӯяд: “Маро наҷот деҳ, зеро ки ту худои ман Ҳастӣ ." Онҳо намедонанд ва намефаҳманд, зеро чашмҳошон баста шудааст, то ки набинанд, ва дилҳошон – то ки дарк накунанд. Ишаъё 44:16-18 Зеро ки бани-Яҳудо он чиро, ки дар назари Ман бад аст, ба амал оварданд, - мегӯяд Худованд, - ва чизҳои зишти Худро дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, гузоштанд, то ки онро палид кунанд. Ирмиё 7:30 Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд. Ирмиё 16:18 Библия дар бораи сарварони динӣ , ки одамонро ба истифода аз бутҳо ва суратҳо ҳангоми ибодат ва дар хона ҳидоят мекунанд, чӣ мегӯяд? Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад ба ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд. Зеро ки он чӣ дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст. Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд. Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд. Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда. ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ , ба мурғон, чорпоён ва хазандагон монанд аст. Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд. Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе, ки то абад муборак аст, омин. Румиён 1:18-25. Аз ин оятҳо шумо метавонед ақидаи шахсии худатонро дар бораи истифодаи аксҳо ва ҳайкалҳо дар ҷойҳои ибодат ва хона ҳосил кунед. Дар тамоми Библия шумо ҳаргиз суханҳои мусбиро дар бораи ҳайкалҳо ва аксҳо нахоҳед ёфт. Он ҳама вақт маҳкум шудааст. Имондор бо ҳайкалҳо ва аксҳое, ки аз дини пеш боқӣ мондаанд чӣ кунад? Ба Худо дуо кунед, ки шумо чӣ бояд кунед. Ӯ шуморо роҳнамоӣ хоҳад кард. Масеҳиён мехоҳанд ба таълимоти Библия итоаткор бошанд. << Дарсҳои рӯҳонӣ |