www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Саволҳои Одамон - 3БОБИ 27 ИЗДИВОҶИ МАСЕҲӢ ЧИСТ? Издивоҷи масеҳӣ танҳо барои онҳое имконпазир аст, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд. Ин Масеҳ дар издивоҷ аст, ки онро масеҳӣ мекунад. Танҳо он вақт издивоҷи масеҳӣ вуҷуд дошта метавонад, ки Исо Наҷотдиҳанда ва Худованди ҳам шавҳар ва ҳам зан бошад. Издивоҷ бунёди инкишофи оила мебошад. Агар бунёд заиф бошад, оила низ заиф мешавад. Масеҳ бояд қисми муҳими муносибати издивоҷӣ бошад, агар оила-оилаи масеҳӣ ҳаст. Бисёр одамон фикр мекунанд, ки онҳо оилаи масеҳӣ доранд, вале дар ҳақиқат Масеҳ сарвари оилаи онҳо нест. Заношӯии масеҳӣ бояд Библияро ҳамчун раҳнамо дар хона эътироф кунад. Дар ҳар куҷое мухолифат бошад, Библия бояд аз анъанаҳои фарҳангӣ болотар бошад. Нуқтаи назари ғайрибиблиявии заношӯӣ маъмул аст.
Ин муносибати байни зану шавҳар мебошад. Шавҳар дунёи худро дорад, ки дар он зиндагӣ мекунад, чизҳои худро дорад ва зан низ дунё ва чизҳои худро дорад. Касбу корашон бо ҳам муносибат надорад. ҳар кас пулҳои худро бо хости худ сарф мекунад. Ин ба монанди ду роҳи оҳан, ба ҳам наздик ҳастанд, вале ҳеҷ гоҳ омехта намешаванд.
Инҳо шавҳар, зан ва нафари сеюм ҳастанд. Нафари сеюм метавонад хешу табори онҳо, дӯст ё дугонаи онҳо бошад. Ноқобилии одам дар кандани иртибот бо волидайн яке аз омилҳои вайронкунии бисёр оилаҳо мебошад. Назари масеҳӣ ба издивоҷ чист?1+1=1 формулаи муносиб барои издивоҷи масеҳӣ мебошад. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд. Эфсӯсиён 5:31 Ҳар ду як тан хоҳанд буд. Ин ҳамаи тарафҳои ҳаётро дар бар мегирад. Ин ду бо ҳамдигар беш ҳастанд, аз он ки бе ҳамдигар дар алоҳидагӣ . Ин худро қурбонӣ кардан нест: Ин ҳамаи он чизе ҳаст, ки Худо мехоҳад, инсон бо ҳамроҳаш ба воситаи муносибат дошта бошад. Ин секунҷа ба мо дар фаҳмидани муносибатҳои заношӯии масеҳӣ кӯмак мекунад. МАСЕҲ ШАВҲАР ЗАН Шавҳар ва зан ҳаёташонро бо ҳам мебинанд-заифӣ ва пурқудратӣ . Шавҳар бо Масеҳ муносибат дорад, ки ин ба ӯ қувват мебахшад, то ки ӯ шавҳари беҳтарини масеҳӣ шавад. Бо чунин тарз зан ҳам бо Масеҳ муносибат дорад ва аз он обрӯи эътибор мегирад. Чун ҳарду – ҳам шавҳар ва ҳам зан ба Исо бештар монанд мешаванд, ва онҳо ин намуди ҳаёти навро бо ҳам мебинанд. ҳар яке қобил аст дигарашро ба таври бояду шояд дӯст дорад, чунки Исо онҳоро дӯст медорад. Ин заношӯии масеҳӣ аст. Кӯдакон дар даруни ин секунҷа буда, айният ва гармиро меёбанд. Чун онҳо ба воя мерасанд, аз муносибати махсус огоҳӣ меёбанд. Онҳо қимати оилаи масеҳиро мефаҳманд ва саъю кӯшиш мекунанд, ки онро дар ҳаёти худ низ ба кор баранд. Биёед ба баъзе ҷанбаҳои муҳими ҳаёт назар андозем, ки ҳар як зану шавҳар бо онҳо сару кор доранд. Ин санҷишро аз назар гузаронед ва баъд дар бораи онҳо баҳс мекунем. САНҶИШ
4. Маълумоти шумо чист? Коллеҷ___________ Маълумоти миёна _________ Маълумоти ибтидоӣ ________
(1) Шумо худро бо хусуру хушдоман хуб ҳис мекунед? ҳа_____________________ Не_______________________ (2) Шумо ранҷидед, вақте ки ҳамсаратон ба хонаи падару модараш рафта буд? ҳа_____________________ Не_______________________ (3) Оё ҳамсарат бо волидайнаш вақти зиёдеро мегузаронад? ҳа_____________________ Не_______________________ (4)Оё хусуру хушдоманат ба оилаи шумо бисёр дахолат мекунанд? ҳа_____________________ Не_______________________ (5)Оё шумо ва ҳамсаратон дар бораи хусуру хушдоман баҳс мекунед? ҳа_____________________ Не_______________________
ҳа_____________________ Не_____________________
ҳа_____________________ Не_____________________
ҳа_____________________ Не_____________________ (4) Шумо дар бораи интизоми фарзандон баҳс мекунед? ҳа_____________________ Не_____________________ (5)Шумо ва ҳамсаратон дар бораи мақсади Исо дар ҳаёт гуфтугӯ кардед ва чӣ хел шумо ба ин нақша муносиб ҳастед? ҳа_____________________ Не______________________
А. Ҳар рӯз_____ В. Тез-тез______ С. Кам-кам______
ҳа______________________ Не________________________
ҳа______________________ Не________________________
ҳа______________________ Не________________________ Агар ҳа: Тезутунд________ Миёна______ Дӯстона_______
ҳа______________________ Не______________________ 4. АЛОҚАИ ҶИНСӢ
ҳа______________________ Не______________________
А. Вазифа_____________ Б. Изҳори муҳаббат____________ В. Худхурсандкунӣ ________ С. Тоб меорем_____________
ҳа_______________________ Не_______________________
А. Зуд-зуд_______ Б. Баъзе вақтҳо______ В. Гоҳ-гоҳ______ А. Тезутунд______Б. Миёна___________ В. Осон________
А. Зуд-зуд_________ Б.Гоҳ-гоҳ_______ В. ҳеҷ гоҳ________
А. Тезутунд _______________ В.Миёна_________________ ХУСУРУ ХУШДОМАНДар ибтидои офариниш, баъд аз он ки Худо Одаму ҳаворо офарид, Ӯ гуфт, Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд. Ҳастӣ 2:24 Вақте ки ду кас издивоҷ мекунанд, онҳо бояд падару модари худро тарк кунанд. Ин он маънӣ надорад, ки падару модарашонро дигар ҳурмату эҳтиром накунанд. Рӯшан аст, ки як хона барои ду оила – волидайн ва фарзандони оиладори онҳо кофӣ нест – агар ҳар оила мехоҳад шодию хурсандӣ ва инкишофи бештаре дошта бошад. ДИНМуҳим аст, ки зану шавҳар як дин дошта бошанд. Агар дар ин масъала ҷудоӣ аст, фаъолияти хуб дар ҷанбаҳои дигари ҳаёт душвор аст. Библия мегӯяд. Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад? Масеҳ бо бидъат чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад? 2 Қӯринтиён 6:14-15 Агар яке аз ҳамсарон аз олами боло таваллуд ёфт, ӯ бояд саъю кӯшиш кунад, ки ҳамсарашро наҷот диҳад. Фақат он вақт онҳо оилаи масеҳӣ метавонанд дошта бошанд, агар ҳар ду аз олами боло таваллуд ёбанд. Вақте ки дар дин бо ҳам розӣ нестанд, барои фарзандон хеле душвор аст, ки як роҳи рӯҳонӣ дошта бошанд. ПУЛОилаи масеҳӣ бояд он пулҳоеро, ки мегиранд хирадмандона сарф кунанд. Аз болои пулҳо бояд хоҷа шуд, на ин ки пул хоҷаи шумо шавад. Баъзе нуқтаҳо доир ба комёбиҳои пулии оила инҳо ҳастанд:
Мувофиқи даромади худ зиндагӣ кунед. Вақте ки кас аз даромад дида зиёдтар сарф мекунад, ин сабаби мухолифатҳо дар муносибати оилавӣ мешавад. АЛОҚАИ ҶИНСӢБигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст. Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад. 1 Қӯринтиён 7:3-5 Нисбати алоқаи ҷинсӣ ду нуқтаи назари ифротӣ мавҷуд ҳастанд, ки дар оила нооромӣ ба вуҷуд меорад. Яке аз ин фикрҳо чунин аст, ки алоқаи ҷинсӣ кори бад аст ва онро ҳамчун вазифа иҷро кунем ва ба он тоқат кунем. Дар бисёр фарҳангҳо ин бештар фикри занҳо мебошад. Инсон бо чунин нуқтаи назар наметавонад пурра муҳаббати худро ба ҳамсараш изҳор кунад. Нуқтаи назари дигари ифротӣ нисбати алоқаи ҷинсӣ он аст, ки он ҳамчун воситаи қонеъ кардани ҳиссиёти шаҳвонии худ мебошад. Ин фикр бисёртар дар байни мардҳо роиҷ аст. Ин фикрҳо алоқаи ҷинсиро паст мекунад ва ба ҳамсар ҳамчун ба як чиз барои қонеъ гардондани ҳисси шаҳвонӣ муносибат мекунад. Ин худпарастист. Ин роҳи изҳори муҳаббат нест. Алоқаи ҷинсӣ ин атои Худододагӣ аст. Он муқаддас аст. Худо муносибати ҷинсиро дода буд, то ин ки одамони оиладор тавонанд бо роҳӣ нисбатан маҳрамона бигӯянд “ Ман туро дӯст медорам." ҳамчунин алоқаи ҷинсӣ барои он дода шудааст, ки насли одамият зиёд шавад. Дар хотима ин порчаи зер аз Библия хулосаи зебои муносибати оилавӣ мебошад. Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед. Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад. Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст. Эфсӯсиён 5:21-23 Вақте дар чор ҷанбае, ки дар ин ҷо омадааст бо муқобилият рӯ ба рӯ мешаванд, муҳим аст, ки зану шавҳар ин мушкилиҳоро бо дуоҳо паси сар намоянд. Баъзе одамони оиладор фикр мекунанд, ки издивоҷ ҳамаи мушкилиҳоро ҳал мекунад, вале бисёр вақт мушкилиҳои нав пайдо мешаванд. Дар ҳар ҷанбае, ки дар ин дарс зикр шудаанд, мухолифатҳо ногузир ҳастанд, вале ин мухолифатҳо набояд ба муносибати оилавӣ осебе расонанд. Дар ҳар муносибати оилавӣ гӯш кардан, фаҳмидан ва тезӣ зарур аст. Зану шавҳар метавонанд заношӯии масеҳиро дошта бошанд, вақте ки Исо сарвари оила аст. БОБИ 28ЧӢ ХЕЛ МАН БОЯД ФАРЗАНДОНАМРО ҶАЗО ДИҲАМ? Аз ҳама пеш ин бояд чунин фаҳмида шавад, ки барои фарзандон чӣ хел ҷазо зарур аст. Боинтизом кардани фарзандон вазифаи волидайн аст. Кӯдакони беинтизом бисёр вақт калонсолони беинтизом мешаванд. Интизом чизҳои зерро дар бар мегирад: омӯзондан ислоҳ кардан ҷазо додан танбеҳ додан инкишоф тарбият Библия дар бораи интизоми кӯдакон чӣ мегӯяд?Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор. Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад. Ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо. Такрори шариат 6:5-7 Якчанд ҳақиқатҳои муайян ҳастанд, ки падару модар бояд ба кӯдаконаш таълим диҳанд. Ин маънои онро дорад, ки падару модар бояд донанд, ки Библия чӣ таълим медиҳад, агар онҳо мехоҳанд, фарзандонашонро дар роҳи дуруст тарбия кунанд. Порчаи болоӣ аз Навишта мегӯяд, ки таълимоти рӯҳӣ , ҳақиқатҳои Библия, хурсандии ҳаррӯза ва ҳама ҷои оила мебошад. Волидон хато мекунанд, агар ин вазифаро ба гардани калисо бор кунанд. Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед. Эфсӯсиён 6:1,4 Аз ин оятҳо мо меомӯзем ки:
Яъне падару модар бояд кӯдакони худро мувофиқи меъёрҳои Библия роҳнамоӣ кунанд ва кӯдаконро ба фаҳмиш ва пазируфтани таълимотҳои Библия ҳидоят кунанд. Ҳар падару модар вазифадор аст, на танҳо Каломи Худоро барои худ омӯзад, балки ҳамчунин барои некӯаҳволии кӯдакони худ аз худ кунад. Падаре, ки Библияро нахондааст, он хел падаре, ки будан мехоҳад, нахоҳад шуд. Навиштаҳои иловагӣ нисбати интизом: Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад, вале масхарабоз итобро намешунавад. Касе ки чӯбро дареғ дорад, писари худро дӯст намедорад, вале касе ки ӯро дӯст дорад, аз бачагиаш ҷазо медиҳад. Масалҳо 13:1, 24 Бачаро бо роҳе, ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо, пир шавад ҳам, аз он дур намешавад. Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст, чӯби адаб онро аз вай дур мекунад. Масалҳо 22:6,15 Аз бача ҷазоро дареғ надор, агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад. Ту ӯро бо чӯб мезанӣ, ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ. Масалҳо 23:13-14 Чӯби адаб ҳиқмат мебахшад, вале бачаи беназорат модари худро нангин мекунад. Масалҳо 29:15 Баъзе кӯмакҳо дар интизом:
Чӣ хел кӯдакон падару модарро назорат мекунанд? Онҳо бадқаҳру хашмгин мешаванд, агар мувофиқи хости онҳо кор накунанд. Агар падар ё модар суст ҳастанд, кӯдакон медонанд, ки бо гиряву нолаи баланд метавонанд ба мақсади худ расанд. Кӯдак бо ҷаҳидан ба болою поён ва фарёдкунӣ ба муқобили ҳокимияти падару модар мебарояд. Ӯро бояд бо суботкорӣ ва эътибори худ ором намуд. Зӯрӣ ва ғазабҳои ҳиссии зӯрӣ ва ғайриназорат бисёртар дар байни калонсолон ва наврасон дида мешавад, ки назорат кардани ҳиссиёти худро омӯхтагӣ набуданд, вақте ки онҳо хурдсол буданд.
Падар ё модар бояд кӯдакро назанад, агар қаҳр ҳам карда бошад. Ӯ бояд кӯдакро тарсонад ва баъд қаҳрашро хомӯш кунад. Баъди қаҳрро фурӯ бурдан, падар ё модар бояд ба кӯдак фаҳмонад, ки барои чӣ задани кӯдак лозим аст ва бо сахтгирӣ кӯдакро ба роҳи рост дарорад. Кӯдаке, ки бояду шояд адаб дода шуда бошад, ба ҷазои тез-тез эҳтиёҷ надорад. Як ҷазои сахт хуб аст, аз он ки кӯдакро кам ҷазо медиҳӣ , ки маънои ҳеҷ чизро дорад, бо вуҷуди ӯро дӯст доштан, шумо ӯро ҷазо хоҳед дод.
Тез-тез кӯдакро бо рӯзнома задан фақат хашмгин мекунад. Ин ҷазо нест. Вақте ки падар ё модар ба кӯдак иҷро кардани чизеро фармояд, ӯ бояд иҷро кунад. Агар кӯдак ба муқобили волидон барояд ва он чизеро, ки падар ба ӯ гуфта буд иҷро накард, падар бояд бо ҳокимият ва сахтгирона амал кунад. Кӯдак бояд аз синни хурдсолӣ ба волидайн итоат кунад, агар ӯ ҳамчун шаҳрванди мутеъи қонун ба воя расад.
То он андоза сахтгирона, ки ӯро маҷбур созад то кори фармударо иҷро кунад. (вале сабаби захмӣ шудан нашавад). ҷазо – ҷазо ҳисоб намешавад, агар он ҷо дард бошад. Агар волидон ба кӯдак гӯянд, ки дар шоҳроҳи сермошин бозӣ накунад ва кӯдак ба гапашон гӯш накунад, волидон бояд ӯро ҷазо диҳанд, то он андозае сахтгирона, ки агар кӯдак бори дигар он ҷо бозӣ карданӣ шавад, ӯ ҷазоро ба хотир оварда аз раъяш гардад. Ана ин ҷазои таъсирбахш аст. Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст, ва аз гиряи ӯ ҷони худро накоҳон. Масалҳо 19:18 БОБИ 29 КАДОМ УНВОНҲОРО МО БОЯД ИСТИФОДА КУНЕМ, ВАҚТЕ КИ БА САРВАРОНИ ДИНӢ МУРОҶИАТ МЕКУНЕМ? Исо ба оммаи халқ ва ба шогирдонаш дар бораи сарварони динии он давраина чунин гуфт, ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуо-қуттичаҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои худро калонтар месозанд. Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд. Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро “Устод! Устод!” гӯянд. Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед. Ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст. Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст. Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад. Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад. Матто 23:5-12 Исо муқобили сӯъистифода аз унвонҳои динӣ буд. Ин нодуруст аст, ки сарвари диниро падар, ҳазрат, усқуф, кардинал, роҳиб ва ё бо дигар унвонҳое, ки одамро боло мебардоранд, ном барем. Одам набояд ҷалол дода шавад. Танҳо Исо сазовори таҷлилу ситоиш мебошад. Ин маънои онро надорад, ки мо сарварони диниро ҳурмату эҳтиром накунем. Мо бояд онҳоро ба мисли дигар бародарон ва хоҳарони дар имон ҳурмат кунем. Одамонеро, ки эҳтиром ва эътирофи махсусро талаб мекунад, қобили таассуф аст. Рӯҳи онҳо аз Масеҳ нест. Кори роҳиби вазифаи Худододагӣ аст ва имондор бояд фаҳмад, ки Худо одамони муайянеро даъват кардааст, ки кори роҳибиро пеш баранд. Мо бояд кори ӯро кам накунем, вале роҳиб набояд худро бо истифода аз унвони худ аз дигар аъзоёни калисо баланд гирад. Илова ба суханҳои Исо, Библия дар бораи истифодаи унвонҳо барои сарварони рӯҳонӣ боз чӣ мегӯяд? “Бародар”- истилоҳе буд, ки дар Аҳди ҷадид ҳангоми муроҷиат ба ҳаммазҳабон ба кор бурда мешуд. Баъд аз он ки Павлус гаравид, ба ӯ ҳамчун ба “Бародар” муроҷиат мекарданд. Дар Аъмол 9:17 чунин омадааст, ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: “Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ , бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ ." Аъмол 9:17 Павлус худро бародари дигар шогирдони Исо ҳисоб мекард. Дар 1 Қӯринтиён 3:1, Павлус ба имондорони қӯринтӯс мегӯяд, Ва ман, эй бародарон� Боз ӯ дар 1 Қӯринтиён 14:6 мегӯяд, Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёяд� Дар Филиппиён 2:29, Павлус дар бораи шахсе, ки ӯро назди имондорони Филиппӣ фиристода буд, чунин мегӯяд, Пас ӯро ҳамчун бародар дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед� Дар тамоми навиштаҳои Павлус ӯ калимаи “бародар”-ро ҳангоми муроҷиат ба имондорони дигар истифода бурд. Павлус ҳеҷ гоҳ унвони диниро истифода намекард. ӯро ҳеҷ гоҳ “Падар Павлус”, ё “ҳазрати Павлус”, ва ё “Роҳиб Павлус” ном набурданд. ҳеҷ кас аз шогирдони Исо унвонҳои диниро ба кор намебурданд. Яъқуб роҳиби калисои Иерусалим буд, вале мо дар Библия “ҳазрати Яъқуб” намехонем. Кофӣ аст гуфтан, ки Библия истифодаи унвонҳои махсусро барои сарварони динӣ таълим намедиҳад ва тақдир намекунад. Исо муқобили ин буд. ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?Вақте ки Исо чунин истифодаи унвонҳои диниро дар Матто 23 овардааст, Ӯ хатари истифодаи чунин унвонҳоро медонист. Омӯзиши ин боб ошкор мекунад, ки ин хатарҳо кадомҳоянд. Исо дар бораи ҳисси бартарӣ онҳоеро, ки аз ном бурдани “Падар” лаззат мебурданд, навишта буд. Исо хатари ҳавобаландиеро, ки одам худро бо доштани чунин унвонҳои махсус аз дигарон боло мегирад, дид. Ӯ хатари канда шудани алоқаи сарварони динӣ ва оммаи халқро дид. Ин он вақт рӯй медиҳад, ки байни сарварон ва аъзоён рахнае вуҷуд дорад. Ин рахна бузургтар мешавад, агар як одам худро аз болои одамони дигар боло мегирад. Истифодаи “Бародар” дар Аҳди ҷадид ва ҳозир. Сарварони динӣ дар Аҳди ҷадид ин истилоҳро барои муроҷиат ба дигар имондорон ба кор мебурданд. Дар истифодаи ин истилоҳ ҳеҷ хатаре нест, чунки он ба мо дар бораи муносибати махсуси байни имондор нақл мекунад, аз сабаби Исои Масеҳ имконпазир гашт. Ҳозир, вақте ки мо сухани “бародар”-ро истифода мебарем, он муносибати махсуси байни имондоронро тасвир мекунад. Ин муносибати махсус ба воситаи меҳрубонӣ ва фазилат ба миён намеояд. Дар ин ҷо ҳеҷ чиз барои мағрурӣ нест, ба ғайр, аз табиати нав, ки ба воситаи имон ба Исо имконпазир гашт. Бинобар ин вақте ки имондор имондори дигарро “бародар” ном мебарад, ин дар бораи муносибат гап мезанад, ва ҳамду сано фавран ба Исои Масеҳ мерасад, ки Ӯ сарчашмаи муносибат аст. Барои он касе, ки инро мефаҳмад, аз ин ҳурмату эҳтироми олӣ нест, чунки мо барои ҷалоли Исо зиндагӣ мекунем. Ба касе бо унвонҳои Падар ё ҳазрат муроҷиат кардан, таҳқири калонест барои он касе, ки танҳо як Нафарро – Исоро интихоб кардааст. Шумо метавонед бигӯед, “Истифодаи унвон фарҳанг аст." Имондор набояд бар тибқи меъёрҳои фарҳангӣ зиндагӣ кунад; ӯ бояд бо меъёрҳои Каломи Худо зиндагӣ кунад. Роҳиби худамонро чӣ хел ном барем?Дар миёни имондорон онҳоро бо ном ё “Бародар_________” ном баред. Агар шумо дар байни беимон ҳастед, ӯро “ҷаноб________” ном баред. (Танҳо имондорон истилоҳи Библиявии “Бародар”-ро мефаҳманд ва қадр мекунад." Онро миёни беимонон истифода бурдан бефоида аст. Дар тамоми ҷаҳон “ҷаноб” (мг.) унвони қабулшудаи дунявӣ барои эҳтиром мебошад. Агар шумо роҳиби худро ба гурӯҳи имондорон муаррифӣ мекунед, шумо метавонед бигӯед, “ Ман ба шумо Бародар Хуан Реесро шинос мекунам, ки роҳиби калисои __________ мебошад." Ин муаррифӣ муносибати махсусеро, ки Исоро баланд мебардорад, ошкор мекунад ва дар айни замон бахшоиши кореро, ки роҳиб ба ҷо меорад, баланд ва ошкор мекунад. Агар роҳибро ба гурӯҳи беимонон муаррифӣ мекунед, чунин бигӯед, “Ман ба шумо ҷаноби Хуан Реес, роҳиби калисои____________шинос мекунам." ХУЛОСА Агар мо бар тибқи Библия кунем, мо бояд рутбаҳои динии инсон сохтаро инкор кунем ва унвонҳои диниро истифода набарем. Мақому манзалатҳо дар дини Масеҳии Аҳди ҷадид ҷо надоранд. Ин мақому манзалатҳо он вақт пайдо шуданд, ки сарварони динӣ мақому ҳамду санои баландро талаб мекарданд, ва он ба қудрати берун аз назорат ва ба ҷамъ кардани сарват аз ҳисоби одамони оддӣ оварда расонд. Чӣ хел хуб аст дидани одами фурӯтан, ки ягон унвони махсусро талаб намекунад. Ин одам ҳақиқатан ҳам дар Исо озод аст. БОБИ 30 КАЛИСО ЧИСТ? Исои Масеҳ гуфт, “Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд." Матто 16:18. Эҳтимол тасвири бузургтарини калисо дар китоби Эфсӯсиён дида мешавад. Павлус калисоро ҳамчун ҷисми зинда ва пурқудрати Исо тасвир мекунад. Калисо ин ташкилот мебошад, вале он бештар аз ташкилот аст. Одам наметавонад калисоро созмон диҳад ё нигоҳдорӣ кунад, танҳо ба василаи Исои Масеҳ ин кор имконпазир аст. Калисо на танҳо асли Худоӣ дорад, балки оянда ва мақсадҳояш чунин ҳастанд. Калисо метавонад дар ҷое, ки одам сохтааст ҷамъ шаванд, вале калисо бештар аз иморатест, ки он ҷо вохӯриҳо баргузор мегарданд. Вақте ки дар бораи калисо сухан мекунем, мо мафҳуми калисоро мувофиқи Аҳди ҷадид дар назар дорем. Мафҳуми Калисо мувофиқи Аҳди ҷадид чист? КАЛИСО ҲАМЧУН ҶИСМИ МАСЕҲ (Дар асоси Номаи Павлус ба Эфсӯсиён.) 1. Калисо ба нақшаи ҷовидонии Худо муносибат дорад. Худо барои олам ва ҳамаи одамон нақша дорад. Дар бораи ин мо дар Эфсӯсиён мехонем. Чунон ки моро пеш аз таъсири ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад, ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намудааст, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ. Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд. Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард. Мо низ дар ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда будем. То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем. Эфсӯсиён 1:4-5, 8-12 Ҳамчунин дар Эфсӯсиён 3:9-11 мо мехонем, Ва ба ҳама равшан намудан мехоҳам, ки чист ваколати сирре, ки аз азал ниҳон буд дар Худое, ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард. То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад. Мувофиқи таъиноти азалӣ , ки онро Ӯ дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст. Идеяи калисо нав нест; ин аз бисёр таърихи заминӣ қадимтар аст. Ин қисми нақшаи ҷовидонии Худо барои офариниш мебошад. Ба калимаҳои нақша, ҷовидонӣ, мақсад ва ба воситаи калисо, ки дар оятҳои болоӣ зикр шудаанд, диққат диҳед. Калисо дар мақсади Худо хеле муҳим аст. Худо медонад, ки таърих ба куҷо меравад. Ӯ медонад халқҳо ба куҷо мераванд. Ӯ ибтидо ва интиҳои инсоният ва заминро медонад. Калисо як қисми ин нақша аст. 2. Масеҳ сари калисо аст. Болотар аз ҳар сарварӣ , ва ҳукуматдорӣ , ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе, ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад. Ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод. Ки он Бадани Ӯст, пуррагии ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад. Эфсӯсиён 1:21-23 Ҳамчунин дар Қӯлласиён 1:18 чунин омадааст, ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост, Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад." Исо ташкилкунанда, тарроҳ ва меъмори калисо мебошад.
ОмурзишЭфсӯсиён 2:1-10-ро хонед. Ояти якум мегӯяд, “Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед." Ояти чор чунин мегӯяд, Аммо Худои пур аз марҳамат�” Осоиштагӣ Зеро ки Ӯ осоиштагии мост� Эфсӯсиён 2:14 ҚудратВа бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими ӯст. Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки ӯро аз мурдагон эҳё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд. Эфсӯсиён 1:19-20
Як баданПавлус дар бораи як бадан ва ваҳдати ин бадан сухан мекунад. Ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред. Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед. Эфсӯсиён 4:3-4 Павлус имондоронро тақдир мекунад, ки ваҳдатро ҳифз намоянд ва асрори онро мегӯяд. Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед. Эфсӯсиён 4:2 Доир ба қисмҳои корӣ Павлус дар Эфсӯсиён 4:7,16 менависад. Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст. Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.
Нисбати калисо Павлус мегӯяд, Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад. Эфсӯсиён 4:16 Калисо чист?Ин оилаи Худои имондорон аст. Ин иҷрокунии кори Масеҳ – бадани Масеҳ мебошад. Оё ҳамаи одамон аъзои ин оила ҳастанд? Не. Библия мегӯяд. Ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш ӯро қабул накарданд. Лекин ба онҳое, ки ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд. Юҳанно 1:11-12 Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки баъзе одамон қисми ин оила ҳастанд ва баъзеҳо нестанд. ҳамчунин ин таълим медиҳад, ки онҳое ба Ӯ имон оварданд ва ӯро қабул карданд, фарзандони Худо ҳисоб мешаванд. Барои қисми калисо ё бадани Масеҳ будан, кас бояд ба Исо ҳамчун ба Наҷотдиҳанда ва Худованд дар ҳаёти ҳаррӯза имон орад. КАЛИСОИ МАҲАЛЛӢ (Мувофиқи Аъмоли ҳаввориён) Нуқтаи назари Эфсӯсиён дар бораи калисо ба нуқтаи назари Аъмол мухолиф нест. Эфсӯсиён назари дурре аз таърих тақдим мекунанд ва дар бораи он ки чӣ хел ҳамаи имондорон ба Масеҳ ва Малакути Худо муносибат доранд, нақл мекунад. Аъмол назари наздикро дар бораи гурӯҳи маҳаллӣ (як минтақаи ҷуғрофӣ )-и имондорон, ки як қисми бадани Масеҳ ҳастанд, маълумот медиҳад. Китоби Аъмол ба монанди дигар китобҳои Аҳди ҷадид, диққати ибтидоиро ба калисои маҳаллӣ медиҳад. Он панҷ ҳақиқате, ки ба калисо ҳамчун бадани Масеҳ дахл дорад, ба калисои маҳаллӣ низ дахл дорад. Калисои маҳаллӣ , ки дар асоси принсипҳои Аҳди ҷадид аст, ба абадият муносибат дорад. Ин қисми нақшаи Худо барои олам аст. Ин гурӯҳи имондорон мебошад, ки вазифадоранд дар Малакути васеъшудаи Худо ба воситаи бо беимонон бо ҳам дидани имони худ ширкат варзанд. Калисои маҳаллӣ Исоро ҳамчун сарвари гурӯҳ эътироф мекунад. Калисои маҳаллӣ мефаҳмад, ки Исо ягона сарчашмаи омурзиш, осоиштагӣ ва қудрат мебошад. Калисои маҳаллӣ дар байни аъзоён ягонагӣ ва муттаҳидӣ дорад, ҳарчанд дар байни аъзоён одамони дорои маҳорату малакаи гуногун ҳастанд. Калисои маҳаллӣ мефаҳмад, ки ҳамаи қисмҳои бадан – ҳар аъзо – бояд амал кунад, ва барои аъзогии пурра барои рушд кори худро кунад. Аз омӯзиши бобҳои аввали Аъмоли ҳаввориён мо мебинем, ки калисои маҳаллӣ ин: Гурӯҳи одамоне, ки аз гуноҳҳои худ рӯ гардонданд ва пурра ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон оварданд. Баъд онҳо бо ғута задан дар об таъмид ёфтаанд. Ин одамон ҳамчун аъзоёни оилаи Худо мунтазам вомехӯранд. Онҳо дар дуо, ҳамду сано, ва омӯзиши Библия барои мақсадҳои муайяни ҷалолдиҳии Масеҳ ва васеъкунии Малакути Ӯ рафоқат мекунанд. Ин Калисо аст. Ин гурӯҳе, ки калисо номида мешавад бештар аз ташкилоти иҷтимоӣ мебошад. Он махсус аст, барои он ки:
*Худованди зинда (Аъмол 1:3) Дар байни имондорон шубҳа набуд, ки Масеҳ эҳё шуд ва зинда буд. *Мавҷудият ва қудрати Рӯҳулқудс (Аъмол 1:4-5) Онҳо бахшоиши ваъдакардаи Худо-Рӯҳулқудсро пазируфтанд. * Баргашти дуюмбораи Исои Масеҳ (Аъмол 1:10-11) Ин се ҳақиқати бузург бунёди ақидавии калисои аввалинро ташаккул медиҳанд ва онҳо дар китоб Аъмол чанд бор зикр шудаанд. Имондорон мувофиқи инҳо амал мекарданд, чунки онҳо ба ин се ҳақиқат боварии мустаҳкам доранд. Онҳо идеологияи умумӣ , фалсафаи умумиро оид ба ҷои халқи Худо дар рушди таърих доранд. Зиндагӣ ин бештар аз мавҷуд будан, бештар аз зиндагӣ кардан, бештар аз доштани оилаи заминӣ аст: ин будани як қисми оилаи ҷовидонии Худо мебошад.
Ба ҳам дидани Худованди зинда дар қудрати Рӯҳулқудс барои онҳо сабаби зиндагӣ шуд. Ин вазифаи онҳо дар зиндагӣ буд. ҳамаи он чизеро, ки онҳо карда буданд, ба ин вазифа муносибат дошт. Онҳо вохӯрданд, то ки бо ҳам бинанд. Онҳо вохӯрданд, то ки дуо кунанд. Онҳо вохӯрданд, то ки омӯзанд. Онҳо вохӯрданд, то ки бо ҳам кор кунанд. Ҳамаи вохӯриҳо ва ташкилотҳои онҳо ба истифодаи самараноки Хабари Хуши Худованди Зинда муносибат доранд. Баёни далеронаи Хабари Хуш ҳамеша натиҷаи дуо ва бародарӣ аст. Калисо қобил буд тез васеъ шавад, чунки аъзоёни он бештар бо дигарон бо ҳам дидани имон банд буданд, ба оне ки ин ташкилотҳо оҳиста-оҳиста фаъолият кунанд. Онҳо бар хилофи гуфтаи як роҳибе буданд, ки гуфта буд:_______________________ ______________________________________________________________________________________________________ Калисои Аҳди ҷадид ба мисли рӯшание дар торикӣ буд. Ҳар куҷое, ки аъзоён мераванд, онҳо нури Инҷилро бо худ мегиранд ва торикиро бартараф мекунанд. Калисо ба хонаҳо мерафт; калисо назди дини бутпарастон мерафт; калисо ба дарбори шоҳон мерафт; калисо назди камбағалон мерафт; дили одамонро ба воситаи қудрати Калом тағйир медиҳад. ХОТИМАКалисои маҳалии ҳозира монанди калисои Аҳди ҷадид мебошад, ки дар боло сухан дар бораи он рафт. Калисо гурӯҳи имондороне ҳастанд, ки бо Рӯҳулқудс пур шудаанд ва вазифаи аз торикӣ ба рӯшанӣ ҳидоят кардани одамонро доранд. Калисо ба дохили ҷамоат дохил мешавад ва шамшери Ӯ – Каломи Худо, ки пурқудрату муқаддас аст. Ин калисо пирӯзманд аст. ҳар калисо бояд ҳама вақт ба асосҳои дуо, бародарӣ ва хурсандӣ мувофиқи Калом диққат диҳад. Инҳо сарчашмаи ҳаёт барои калисо мебошанд. БОБИ 31КАЛИСОИ “БУМӢ ” ЧИСТ? Маънои калимаи “бумӣ ”- хонагӣ, миллӣ, маҳаллӣ мебошад. Ин хел калисоҳо дар миқёси фарҳанги алоҳида ба миён меоянд ва рушд мекунад. Бо калисо корҳои хоҷагии қишлоқро пеш бурдан хоси Филиппин аст. Калисои бумӣ, калисоест, ки асосан аз миллатҳои алоҳида созмон дода мешавад. Он метавонад дар дохили ҳамон фарҳанге, ки пайдо мешавад, рушд ёбад. Ин намунаи рушди калисо зери сарварии Рӯҳулқудс, ки одамонро озод мекунад ва онҳо чӣ хеле ки Худо хоҳад бояд бошанд ва амал кунанд. Ин маънии озодӣ аз асорати вобастагӣ ба маблағҳои беруна ва одамони алоҳидаро дорад. (Наметавонем бигӯем, ки ҳамаи кӯмакҳо берун аз ҷамоат нодуруст аст). Мо ба панҷ “худ”-и калисои бумӣ назар мекунем. Вақте ки мо ба калимаи “худ” дар саҳифаҳои баъдӣ тез-тез вомехӯрем, бояд ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта бошем, ки бе Исо, одам ё калисо ҳеҷ кор карда наметавонад. Навиштае, ки барои ҳамеша дар хотир нигоҳ доштан сазовор аст, дар 2 Қӯринтиён 3:4-6 омадааст. Ин чунин аст, Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ. На ба он сабаб, ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост. Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.
Аз Қӯлласиён 1-17-18 мо мехонем: Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сӯстинис. Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад. Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост. Қӯринтиён 1-17-18 Худ-идоракунанда маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ қобил аст, ки зери Худовандии Исои Масеҳ ба як қарори муайян биёянд. Калисои маҳаллӣ бояд зери назорати ягон ташкилот ё шахси хориҷӣ набошад. Калисоӣ маҳаллӣ метавонад ихтиёрӣ бо чунин гурӯҳҳо ҳамкорӣ кунад, вале ҳеҷ гоҳ гурӯҳҳои беруна набояд аз болои калисои маҳаллӣ қудрати худро ҷорӣ кунанд. Калисо бояд қобилият дошта бошад, ки худаш фикр кунад ва худашон амал кунанд. Ин махсусан дар мамлакатҳои сусттараққӣ хеле душвор аст, вақте ки тавлиғгарон, хусусан хориҷиҳо фикрҳо ва барномаҳои худро ба калисо ё иттиҳоди калисоҳо меоранд ва аз одамон талаб мекунанд онро қабул кунанд. Чун яке аз намояндагони ин мамлакатҳо гуфта буд: “Чӣ хел ман ба таблиғгари америкоӣ не гӯям?” Ӯ боз гуфт. “Мо бо пешниҳодоти ӯ норозием, вале мо ҳа мегӯем. Аз аввал калисои маҳаллӣ бояд дар муайян кардани вақти вохӯрӣ , ҷои вохӯрӣ ва онҳо ҳангоми вохӯриҳо чӣ кор мекунанд, озод бошанд. Аз рӯзи аввали ташкилшавӣ калисоӣ маҳаллӣ бояд қарор кунад, ки роҳибаш сарвараш кӣ бошад, чӣ хел ба онҳо маблағ диҳанд ва ғайра. Калисои маҳаллӣ бояд ба қарор ояд, ки кай ва дар куҷо калисои хурди нав сохта шавад. Калисои маҳаллӣ метавонад ба гуфтаҳои таблиғгарон, хоҳ хориҷӣ бошанд хоҳ худӣ гӯш диҳад, вале ҳеҷ гоҳ ба онҳо имкон надиҳад, ки аз номи калисои маҳаллӣ қарор барорад, ё калисоро дар чунин ҳолат гузорад, ки он ба пешниҳодоти номувофиқ не гуфта натавонад.
Худ-таъмин маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ хароҷотҳои молиявии худро ба воситаи даҳяк ва харияҳои аъзоёни он пӯшонад. Аз аввали саршавии калисо ин имконпазир аст. Бояд ба хотир овард, ки калисои нав масъулияти калисои кӯҳнаро ба гардан намегирад. Чун калисо рушд меёбад, салоҳияти он ҳам дар маблағгузории барномаҳо ва заруриятҳо инкишоф меёбад. Баъзе халқҳои мамолики сусттараққӣ ба вобастагӣ будан ба кӯмаки хориҷӣ чунин одат кардаанд, ки барои калисо масъалаи худ-таъминкунӣ як инқилобе мебошад. Бо ёрии Худо инро бисёр калисоҳо ба ҷо меоранд. Ин калисоҳо рӯҳи солим доранд ва онҳо медонанд, ки онҳо кистанд ва бо ёрии калисо чӣ кор кардан метавонанд. Онҳое ки мегӯянд “мо наметавонем”, лоиқи таасуф ҳастанд. Онҳо ки инро мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ба таври шояду бояд кӯшиш накардаанд. Худ-таъминкунӣ дар ҳаёти калисо хеле барвақт сар мешавад. Пеш аз оне ки калисо тавлид меёбад, одамон онро бо ҷой, чароғ ва мизу курсӣ таъмин мекунанд. Баъди тавлиди калисо аъзоён ҷои вохӯриро бо китоби сурудҳо, Библияҳо ва ғайраҳо таъмин кардан давом медиҳанд. Одатан, сараввал барои калисо иморат зарур нест. Ин масъала вазифаи дури аъзоёни гурӯҳ мебошад. Онҳо ҷойро интихоб мекунанд ва ба ҷамъ кардани пул сар мекунанд. Дар аввал ба калисо лозим намешавад, ки роҳибро аз ҷои дигар ё аз семинария даъват кунад. Калисо бояд донад, ки Худо метавонад аъзоёнро даъват кунад ва қудрат медиҳад ва аз байни онҳо чанд касро муваққатан барои бурдани хизматгузориҳои ибодатӣ ва иҷрокунии вазифаи роҳиб интихоб мекунад. Калисо хароҷотҳои сарваронро барои иштирок кардан дар семинарияҳо мепӯшонад. Калисо ҳамаи ин хароҷотҳоро барои омӯзиш ба гардан мегирад. Чун калисо ва сарварон инкишоф меёбанд, онҳо метавонанд як одамро ҳамчун роҳиб интихоб намоянд ва дигарҳо ба ӯ дар пеш бурдани кори роҳибӣ кӯмак мекунанд. Чун роҳиб беш аз беш вақти худро барои кори калисо сарф мекунад, калисо метавонад ба ӯ ҳар ҳафта маблағи муайян ҷудо кунад. Вақте ки калисо инкишоф меёбад, имконпазир аст, ки калисо ба роҳиби доимо кор кунанда эҳтиёҷ дошта бошад ва калисо барои ӯ моҳона ҷудо мекунад.
Ин маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ дар интихоби рӯз ва соати ибодат озод аст. Як калисо метавонад ҷадвали вохӯриҳои тамоман дигаргун аз калисои ҳамсоя дошта бошад. Ин ҳамчунин маънои онро дорад, ки калисои маҳаллӣ дар ибодату парастиш озодии баёнкунӣ дорад.
Яъне ҳамаи аъзоён бояд ҳамдигарро таълим диҳанд. Набояд фақат роҳиб ё якчанд одамони интихобшуда таълим диҳанд. Павлус гуфт, Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед. Румиён 15:14, ҳамчунин дар 1 Қӯринтиён 14:26,31 Павлус дар бораи якдигарро таълим додани аъзоён сухан мекунад. Чӣ хел ин кор ба амал оварда мешавад, боби охирони ин китобро омӯзед, ки бо вақти ҳисоботдиҳии хондани Библия сару кор дорад.
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: “Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст: Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам." Омин. Матто 28:18-20 Худафзоянда маънои онро дорад, ки калисо бояд дар ташкилкунии калисоҳои нав иштирок кунад. Ин муқаррарист, ки калисои пур аз умед ва хурсандӣ имони худро дар байни одамони дигар паҳн кунад. Худидора, худ-таъминкунӣ, худифодакунӣ ва худомӯзӣ аз аввали оғози ҳаёти калисо сар мешаванд. Худафзоянда ин хел тез ба миён намеояд. Барои ташкил кардани калисои нав вақти муайян лозим аст. Вале аз аввал онҳо бояд барои ташкил кардани калисои нав саъю кӯшиш кунанд. Аъзо ё аъзоён метавонанд ба шаҳр ё ҷамоати ҳамсоя раванд ва дар хонаи дӯст ё хеш ба омӯзиши Библия пардозанд. Ва дар он ҷо имондорони нав пайдо мешаванд, ки майли пайравии Худовандро доранд ва ҳамин тавр калисои нав тавлид мегардад. Дар тавлиди калисои нав, Худо метавонад фермерҳо, хонанишинҳо, коркунони касбӣ , корчалонҳо, донишҷӯён ва дигарҳоро ки ба Ӯ пурра таслим шудаанд, истифода барад. Ба шахс барои ташкили калисои нав хондани мактаби Библия ё ягон семинария зарур нест. Калисои бумӣ метавонад, бо ин роҳу восита калисои дигарро ташкил диҳад. БОБИ 32 САРВАРИ КАЛИСО КИСТ? Вақте ки имондор дар бораи калисо фикр кунад, ӯ бояд калисои Аҳди ҷадидро ба мисли гуфтаҳои Библия пеши назар орад. Калисои Аҳди ҷадид чунин калисоест, ки асл ва таълимоти он дар асоси Библия буда, Исо ҳамчун сарвари он мебошад. Дар байни калисоҳои ҳозира ва Аҳди ҷадид фарқияти бузурге аст. Фарқияти калон он вақт дида мешавад, ки вақте мо ба саволи “Сарвари калисо кист?”, ҷавоби Библиявӣ медиҳем. Библия дар бораи сарвари калисо чӣ мегӯяд?Дар Эфсӯсиён 1:21-23, Павлус мегӯяд, Болотар аз ҳар сарварӣ , ва ҳукуматдорӣ , ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе, ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад. Ва аз ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод. Ки он Бадани ӯст, пуррагии ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад. Аз Қӯлласиён 1:15-18 мо мехонем. Ки Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст. Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, - ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст. Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад. Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад. Дар Қӯлласиён 2:19, Библия мегӯяд, Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо қуввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост. Баъди хондани ин оятҳо ба мо рӯшан мешавад, ки Исо сарвари калисо аст. Ӯ ягона сазовори ин мақом аст. Ҳеҷ кас сазовори гирифтани ҷои Исо ҳамчун сарвари бадан, калисо нест. Гуфтани он ки фақат одам сарвари калисо ҳаст, бутпарстӣ мебошад ва дур аз таълимоти Масеҳ аст. Вақте ки каси дигар ба ғайр аз Масеҳ сарвари калисо ҳисоб карда шавад, он гоҳ ин калисои Аҳди ҷадид нест. Роҳиб сарвари калисои маҳаллӣ нест. Ӯ ҳам хизматгор зери сарварии Масеҳ мебошад. Масеҳ бунёдкунанда, сарвар ва пуштибони калисост. БОБИ 33 КАЛИСО БОЯД МАҶЛИСҲОИ КОРИРО ЧӢ ХЕЛ ГУЗАРОНАД? Ҳар калисоро зарур аст, барои ҳал кардани корҳое, ки бо ибодату парастиш як нестанд, вақти муайяне ҷудо кунад. Ин вақти баҳсу қарорбарорӣ доир ба корҳои калисо мебошад. Ҳарчанд он қисми муҳими ҳаёти калисо, он барои калисои боқувват лозим аст, онро одатан маҷлиси корӣ меноманд. Калисо маҷлисҳои кориро кай бояд гузаронад?Маҷлисҳои корӣ бояд мунтазам баргузор гарданд. Бисёр калисоҳо дар як моҳ як бор маҷлиси корӣ мегузаронанд. ҳафтаи аввали моҳ вақти хеле хуб мебошад. Вохӯриҳоро метавон дар рӯзи кории ҳафта ё рӯзи дигар баъди хизмати ибодатии якшанбе гузаронд. Маҷлисҳои кориро кӣ бояд гузаронад?Одатан роҳиб ё сарвари калисо маҷлисҳоро идора мекунад. Агар дар он ҷо роҳиб набошад, калисо метавонад як касро барои бурдани маҷлис интихоб кунад. Сарвар бояд аъзои фаъол ва соҳиби обрӯю эҳтироми калисо бошад. Сарвар ҳангоми мусоҳиба ва ба қарор омадан калисоро роҳнамоӣ мекунад. Фазои маҷлиси корӣ чӣ хел аст?Калисо бояд ин вақтро дар ҳолати ҷиддӣ ва пурдуо гузаронад. Ин вақте аст, ки оиди ҳаёт ва фаъолияти калисо баҳс карда мешавад. Кӣ метавонад дар маҷлисҳои корӣ иштирок кунад?Одатан танҳо аъзоёни калисо бояд дар ин маҷлисҳо иштирок кунанд. Ин маҷлис барои беимонон ва онҳое, ки аъзои калисо нестанд, нест. Агар ғайри-аъзоён ҳузур доранд, онҳо бояд дар баҳсҳо ширкат накунанд ва наметавонанд ягон чиз пешниҳод кунанд ё дар овоздиҳӣ иштирок кунанд. Агар маҷлиси корӣ баъди хидматгузории мунтазами ибодатӣ ё омӯзиши Библия баргузор гардад, хидматгузорӣ бояд чун ҳарвақта ҷавоб дода шавад. Баъди анҷоми хидматгузорӣ бояд танаффуси кӯтоҳе дода шавад, ки аъзоёни калисо бо меҳмонон вохӯранд ва ҳамчунин ба меҳмонон имкон диҳанд, то саршавии маҷлиси корӣ аз хона берун шаванд. Кворум чист? (кворум аксарияти лозим барои гузарондани маҷлис). Кворум ин миқдори аъзоёнест, ки ҳатман бояд дар маҷлиси кории калисо иштирок намоянд. Калисо бояд барои миқдори кворум ба як қароре биёяд. Он аз панҷоҳ фоизи аъзоёни фаъоли калисо бояд бошад. Кӣ бояд қарорҳои маҷлиси кории калисоро сабт кунад?Котиби калисо бояд ҳамаи қарорҳоро, ки дар маҷлиси корӣ қабул мешаванд, ба таври муфассал сабт намояд. Калисо барои котиб як дафтари доимии сабткуниро ташкил мекунад. Ҳамчунин мумкин аст, ки қарорҳои маҷлисро дар дафтарчаи алоҳида сабт намояд. Дар маҷлиси оянда ҳисоботи котиб аз ин дафтарча хонда мешавад. Баъди аз тарафи калисо маъқул донистани ҳисобот, онро дар дафтари доимӣ сабт менамоянд. Дар ҳолатҳои фавқулодда калисо бояд чӣ кор кунад?Маҷлисҳои махсуси корӣ барои ҳал кардани вазъиятҳои фавқулодда даъват карда мешаванд. Инҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо наметавон то маҷлиси кории моҳона интизор шуд. Дар маҷлисҳои фавқулодда кворум зарур аст. Агар имконпазир аст, ҳамаи аъзоёнро дар бораи вақти маҷлиси фавқулодда пешакӣ огоҳӣ мекунанд. Дар маҷлисҳои корӣ ин низомро бояд пайравӣ кард.
Раис мегӯяд: “Оё шумо ба ҳисоботи хазиначӣ ягон ислоҳ ё илова доред? Ягон суол доред? Барои саволҳо вақт дода мешавад. Баъд раис мегӯяд, “Оё шумо ягон пешниҳоде доред, ки ҳисоботи хазиначӣ қабул карда шавад?” Ягон кас пешниҳод мекунад, “Ман пешниҳод мекунам, ки ҳисобот қабул карда шавад." Дигаре мегӯяд, “Ман пешниҳодро тарафдор, мекунам." Раиси маҷлис мегӯяд, “ ҳамаи онҳое, ки ҳисоботи хазиначиро қабул карданд, даст бардоранд. Касе, ки муқобил аст, даст бардорад."
БОБИ 34 САЛОҲИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ ХАЗИНАДОРИ КАЛИСО КАДОМҲОЯНД? Баъди созмондиҳии калисо яке аз кормандони он ҳамчун хазинадор интихоб мешавад. Ин зарур аст, чунки як қисми хидматгузории ибодатӣ додани даҳяк ва хайрияҳо мебошад. Касе бояд ба таври расмӣ масъулияти сабти дурусти ҷамъи хайрияҳо ва амнияти пулро ба гардан гирад. САЛОҲИЯТИ ХАЗИНАДОРИ КАЛИСОАз 1 Тимотиюс 3:8-13 мо номгӯи салоҳиятҳои коркунони калисоро, аз он ҷумла хазинадорро ки Павлус додааст, мехонем. Лозим аст, ки дяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабона, на шавқманди шаробнӯшӣ , на тамаъкор. Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд. Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, хизмат кунанд. Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад. Дяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд. Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне, ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд. Ба ин номгӯй нигоҳ кунед.
Баъзе аз сифатҳои болоӣ метавонанд бо тарзи дигар зикр шаванд. Хазинадор бояд:
ҳеҷ кас бояд ба ин мақом то он вақте, ки расман аз тарафи калисо ба аъзогӣ қабул нашудааст, интихоб нашавад.
ВАЗИФАҲОИ ХАЗИНАДОР
САЛОҲИЯТИ ЁРДАМЧӢ ҳам ба монанди салоҳияти хазинадор аст. Ин коркунон бояд дар интихоботи солонаи ҳамаи коркунон, муаллимон, ва ғайраҳо интихоб шаванд. (Дар бисёр калисоҳо ин маҷлисҳо дар аввали январ баргузор мегарданд). Хазинадор ва ёрдамчиашро метавонанд аз сари нав интихоб кунанд, агар онҳо кори худро хуб иҷро намоянд. Агар онҳо ба талаботҳои асосӣ ҷавоб намедиҳанд ва вазифаашонро хуб иҷро намекунанд, онҳоро иваз мекунанд. Ин ивазкуниро ҳамчунин метавон дар миёнаи сол ё дар интихоботҳои солона ба ҷо овард. БОБИ 35 САЛОҲИЯТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ КОТИБИ КАЛИСО КАДОМҲОЯНД? САЛОҲИЯТҲОИ КОТИБИ КАЛИСО?Салоҳиятҳои асосии хазинадори калисо ба котиб ҳам дахл доранд. Ба салоҳиятҳои хазинадори калисо нигоҳ кунед ё Тимотиюс 3:8:13-ро хонед.
ВАЗИФАҲОИ КОТИБИ КАЛИСО
БОБИ 36САЛОҲИЯТҲОИ РОҲИБ КАДОМҲОЯНД? Бисёр салоҳиятҳои сарвари калисо дар 1 Тимотиюс 3:1-7 омадаанд. Чунин сухан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад. Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад. На моили шаробнӯшӣ , на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст. Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад. Зеро, кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамхорӣ карда метавонад? Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери ҳукми иблис афтад. Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад. САЛОҲИЯТҲОИ РОҲИБ
Мӯсо – “Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман – бани Исроилро аз Миср берун оварӣ ." Хуруҷ 3:10 Самуил – Ва Худованд омада, биистод ва, мисли дафъаҳои пеш, хонд: “Эй Самуил, Самуил!” Ва Самуил гуфт: “Бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад." 1 Подшоҳон 3:10 Омӯс – Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: “Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо." Омӯс 7:15 Ишаъё – Ва ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: “Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?” Ва ман гуфтам: “Инак ман ҳозирам, маро бифирист." Ишаъё 6:8 Ирмиё – Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: “Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам, ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ , туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам." Ва ман гуфтам: “Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам." Вале Худованд ба ман гуфт: “Нагӯ: “Ман амраде ҳастам”, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт. Аз онҳо натарс, зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро халосӣ диҳам”, - гуфт Худованд. Ирмиё 1:4-8 Ҳизқиёл – Ва ба ман гуфт: “Эй писари одам! Ман туро назди банӣ -Исроил мефиристам, назди сибтҳои исёнгаре, ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд. Ва ин мардум рӯйнатан ва сахтдил ҳастанд, ва Ман туро назди онҳо мефиристам, то ки ба онҳо бигӯӣ : “Худованд Худо чунин мегӯяд!” Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, - зеро ки онҳо хонадони исёнгар мебошанд, - вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд. ҳизқиёл 2:3-5 Павлус – Аммо Худованд ба вай гуфт: “Ту бояд биравӣ , зеро ки Ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ - Исроил эълон намояд. Аъмол 9:15 Ҳамчунин дар Ғалотиён 1:15 Павлус мегӯяд, аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд.
Дар бораи роҳиби калисои нав? Фавран баъди тавлиди калисо бояд ба хидматгузории ибодатӣ ва омӯзиши Библия бипардозад. Оё калисо аз беруни гурӯҳ роҳиби болиғро даъват кунад? Ин аз қудрати калисо вобастагӣ дорад. Оё роҳиб барои тамоми рӯз лозим аст? Чанд пулро калисо аз аъзоён бигирад, то ки барои маоши роҳиб сарф намояд? Бисёр калисоҳо барои роҳиби “касбӣ ” тайёр нестанд. Аз як тараф ин хуб аст, чунки ин аъзоёнро водор мекунад, масъулиятҳои сарвариро ба гардан гиранд ва рушд ёбанд. Албатта омӯзишҳои сарвариро барои нав имондорон ташкил бояд дод. Роҳиб / сарварро бояд тайёр кард. Баъзеҳо қисме аз ин тайёриҳоро аз омӯзишҳои расмӣ дар мактаби Библия ё семинария мегиранд. Баъзеҳо ба монанди Павлус меомӯзанд. Аз боби дуюми Ғалотиён мо дар бораи ваколати Павлус ва салоҳиятҳои ӯ ҳамчун воизи Инҷил мехонем. Танҳо ба василаи Худо, даъвати Ӯ, роҳнамоии Ӯ, қудрати Ӯ, каломи Ӯ одам воизи бузурги Инҷил мешавад. Дар аввал ба даъвати роҳиб эҳтиёҷ нест. Аъзоёни калисое, ки ба ҳамаи ин салоҳиятҳо ҷавоб медиҳанд, метавонанд вазифаи сарвариро ба дӯш гиранд. Се ё чор нафар ҳар якшанбе бо навбат хидматгузории ибодатиро мегузаронанд. Онҳоро ҳамчун роҳибҳо наменоманд. Баъди як сол бо чунин корбарии роҳибӣ , як ё ду нафар аз ин аъзоён бо даъвати Худо кори роҳибиро давом медиҳанд. Ин фикрро бо аъзоёни калисо бояд гуфт. Аъзоёни калисо бояд аз Рӯҳулқудс таасуроти он, ки ба кӣ атои роҳибӣ дода шудааст, дошта бошанд. БОБИ 37 ЧӢ ХЕЛ КАЛИСО РОҲИБРО ИНТИХОБ МЕКУНАД? Якчанд омил дар гирифтани роҳиб ба калисо таъсир мерасонанд. Миқдори аъзоёни калисо. Нерӯи молиявии аъзоёни калисо. Синну соли калисо. Ин фикри барғалат аст, ки калисо роҳибро берун аз калисо гирад. Худо метавонад, ва бисёр вақт, одамонро аз худи ҳамон калисо даъват мекунад, то ки ҳамчун роҳиб / сарвар хидмат кунад. Дар ҳама вақт Рӯҳулқудс калисоро дар мавриди даъвати ягон кас ба роҳибӣ , роҳнамоӣ кунад. Акнун мо ба ду ҳолате, ки ба калисо зарур аст роҳибро интихоб намояд, назар меандозем. Чӣ хел калисои нав бо миқдори ками аъзоён ва захираҳои маҳдуди молию пулӣ роҳибро интихоб кунад? Калисо метавонад аз як ё якчанд аъзоён илтимос намояд то хидматгузории калисоро пеш баранд. Ин одамон мавъиза мекунанд, таълим медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд. Барои ин одамон зарур аст дарсҳои омӯзиши сарвариро як бор дар як ҳафта ташкил намоянд. Дар ин дарсҳо бояд ба чизҳои муҳим ва ба ҷанбаҳои амалии кори роҳиб диққат дод. ҳамчунин диққати худро бояд ба чӣ хел тайёр кардани ваъз ва ба ҷо овардани дигар вазифаҳои роҳиб нигаронд. Бояд тазаккур дод, ки усулҳои анъанавии ибодат на ҳама вақт лозим аст, хусусан вақте ки калисо ҷавон аст ва сарваронаш таҷрибаи кофӣ надоранд. Хондани суруд аз тарафи яке аз аъзоён баъди хондан ва баҳси аз болои боб аз Библия, ба монанди сурудани се суруди анъанавӣ ва мавъиза самаранок аст. ҳар ду ҳам самаранок ҳастанд. Иштироки васеъи аъзоёни калисо қобили қабул аст. Як одам набояд ҳам суруд хонад, ҳам гитара навозад, дуо кунад, таълим диҳад, ва мавъиза кунад. Одатан дар вақтҳои аввала сарвари калисоро ҳамчун роҳиб ҳисоб набояд кард. Ин баъди муддате, вақте ки сарварон ва аъзоёни калисо боварӣ ҳосил мекунанд, ба кӣ атои роҳибӣ дода шудааст, муайян мешавад. Агар сараввал панҷ нафар бо навбат кори сарвариро пеш мебаранд, баъди чанд моҳ ин миқдор то ду нафар кам мешавад. ҳар ду нафар метавонанд ба таври доимӣ роҳиб шаванд. Хуб мешуд якеро ҳамчун роҳиб ва дигарашро ёрдамчии ӯ фаҳмид. Доштани ду ё зиёда роҳиб, ки ҳамчунин соҳиби ду касб ҳастанд, хеле судманд аст. (Соҳиби ду касб будан маънои онро дорад, ки сарварони калисо дар баробари пеш бурдани зиндагии худ бо дарсдиҳӣ , кор дар замин ва ғайраҳо дар калисо низ хидмат мекунанд). Бори масъулият сабуктар хоҳад шуд, агар ду ё зиёда ин вазифаро бар гардан мегиранд. Тайёр кардани як ё ду мавъиза дар як ҳафта барои масеҳии навимондор бо таҷрибаи кам хеле мушкил аст ва ин кори сангин метавонад сабаби рӯҳафтодагии ӯ шавад. Мақоми роҳиб / сарвар одатан дар зарфи як соли ташкилкунии калисо интихоб мешавад. ҳарчанд ин одамон зиндагии худро бо кори худ пеш мебаранд, калисо низ бояд ба онҳо пули ҳафтаина ҷудо кунад. Бо рушди калисо ин маблағ низ рушд хоҳад ёфт. Хароҷотҳои дигар ба монанди ҳузур дар семинарҳо, дарсҳои махсус, омӯзиши маводҳо, ва хароҷоти роҳро бояд калисо пӯшонад. Ин одамон аз он роҳибони таҷрибадоре, ки рӯзи дароз дар калисо хидмат мекунанд, камтар нестанд. Чун калисо инкишоф меёбад ва қодир аст пурра пули роҳибро диҳад, хуб мешуд дар бораи роҳибе, ки пурра дар калисо хидмат мекард андеша кард. Яъне он шахсе, ки дар калисо нопурра кор мекард, кори берунаро монад ва пурра ба хидматгузорӣ дар калисо пардозад. Чӣ хел калисои калонтар ва аз ҷиҳати молиявӣ қавӣ роҳибро мегирад?
Кумита метавонад дар бораи роҳибҳои ояндадор тавассути гуфтугӯ бо устодон, ҳамсабақон, аъзоёни калисо ва роҳбароне, ки онҳоро мешиносад, ахбор гирад.
Оё ӯ даъвати возеҳи Худоро барои мавъиза дорад? Оё ӯ хоҳиши беандозаи мавъиза карданро дорад? Оё ӯ имон дорад, ки Библия Сухани Худост? Оё ӯ Суханро бо нерӯи хос мавъиза мекунад? Оё ӯ мунтазам шаҳодат медиҳад? Оё ӯ ахлоқан хуб аст? Оё ӯ меҳнатдӯст аст? Оё ӯ даҳяк медиҳад? Оё ӯ қарзҳои худро бармегардонад? Ба кумита лозим аст ба миқдори зиёди одамон ва бо таблиғкунанда гуфтугӯ кунад, то ки ҳамаи ахборро гирад. (Боби 36, “Салоҳиятҳои роҳиб кадомҳоянд?” дар ин нуқта муфид аст).
Агар маъвизакунанда оиладор аст, муҳим аст, ки оилаи ӯ низ дар калисо ҳангоми мавъиза ҳузур дошта бошанд. Хуб мешуд барои ӯ дар рӯзи Якшанбе ду маротиба мавъиза карданро тайёр кунанд. Вақти махсус, ба монанди ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар рӯзи Якшанбе, вақте ки ҳамаи аъзоён он ҷо ҳузур доранд, барои шиносшавӣ бо мавъизакунанда хеле муфид аст.
<< Дарсҳои рӯҳонӣ |