Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Саволҳои Одамон - 4

 

БОБИ 38


ОЁ РОҲИБИ МО ТАЪИН КАРДА МЕШАВАД?


Аввал ба мо зарур аст маънои “таъин карданро” бифаҳмем. Аз луғат мо якчанд маънои онро меёбем.


  1. Фармон додан, ҳуқм кардан.

  2. Бо амр таъин кардан.

  3. Пешакӣ таъин кардан.

  4. Додани вазифаҳои рӯҳонӣ


Гурӯҳҳои гуногуни динӣ дар бораи аҳамият ва роҳҳои таъинкунӣ фикрҳои мухталиф доранд.


Нуқтаи назари Библия дар бораи таъинкунӣ чист?


ҳамаи одамони бузурги Худо дар Библия ҳиссиёти онро доштанд, ки Худо онҳоро таъин кардааст, ки онҳо корҳои муайянеро ба ҷо биёранд, пайғомҳои муайянеро мавъиза кунанд, ба ҷойҳои муайяне бираванд. ҳамин ҳисси таъинкунӣ (амрдиҳӣ , интихобӣ будан) буд, ки ин одамонро таҳрин кард, ҳаёташонро барои Худо, ки онҳоро вазифадор кард, дар хатар монанд.


Таъинкунии Библия асосан ва аз ҳама муҳим, ин муносибати махсус байни Худо ва одам буда, ки бар асари он Худо ба ин одам масъулияти муқаддас месупорад. Ин масъулият одатан ба ҳама расондани пайғоми доварӣ , умед, ва озодӣ ба василаи имон ба Худо мебошад.


Ба баъзе мисолҳои аз тарафи Худо таъин кардани одамон барои иҷрои вазифаҳои махсус диққат диҳед.


Мӯсо

Исроилиҳо дар зери дасти мисриён буданд. Худо ба Мӯсо гуфт, Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман – бани – Исроилро аз Миср берун оварӣ ." Хуруҷ 3:10.

Мусо бо чунин роҳи пурмаъно таъин шуд. Худо ӯро шахсан даъват кард. Мусо рафт ва халқи худро аз асорат наҷот дод.


Ирмиё

Пайғамбар Ирмиё дар охирҳои садсолаи ҳафт ва аввали садсолаи шаш пеш аз милод умр ба сар бурдааст. Исроил дар ҳолати гуноҳ муқобили Худо буд. Аз Библия мо мехонем, ки чӣ хел Худо Ирмиёро таъин кард, ки халқро аз омад-омади ҷазои Худо огоҳӣ кунад.


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: “Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам, ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ , туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам." Ва ман гуфтам: “Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам." Вале Худованд ба ман гуфт: “Нагӯ: “Ман амраде ҳастам”, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт. Ирмиё 1:4-7


Ирмиё вазифадор шуд, интихоб шуд, амр дода шуд ва таъин шуд. Ӯ рафт ва пайғоми Худоро ба ҳама расонд. Ин таъинкунӣ аст.


Ҳизқиёл

Ин пайғамбар дар бадарға дар Бобил, дар давраи пеш ва баъди заволи Ерусалим соли 586 қабл аз милод зиндагӣ кардааст. Пайғоми ӯ огоҳӣ , тавба ва умед буд. Ин он вақт сар шуд, ки Худо ӯро вазифадор кард.


Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин – намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози ӯро шунидам, ки сухан меронд. Ва ба ман гуфт: “Эй писари одам! Ман туро назди банӣ -Исроил мефиристам, назди сибтҳои исёнгаре, ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд. Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, - зеро ки онҳо хонадони исёнгар мебошанд, - вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд. ҳизқиёл 1:28-2:3,5


ҳизқиёл аз тарафи Худо таъин шуд, ки ба назди халқи муайян бо пайғоми махсус биравад. Ӯ рафт ва Худо ӯро баракат дод.


Павлус

Дар рӯзҳои Аҳди ҷадид одаме буд, ки ба муқобили масеҳиён мубориза мебурд. Ин одам Павлус буд ва таҷрибан гаравишеро, ки ҳаёташро дигар кард, аз сар гузаронд. Баъди чанд рӯзи масеҳиятро қабул кардани Павлус Худо ҳанониёро ба пеши ӯ фиристод. Аммо Худованд ба вай гуфт: “Ту бояд биравӣ , зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ - Исроил эълон намояд. Аъмол 9:15


Павлусро Худо таъин кард, ба ӯ фармон дод, вазифадор кард ва ин кофӣ буд, ки ӯ фавран баъди қабули масеҳият ба мавъиза сар кунад. Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт. Ва хӯрок хӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд. Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост. ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: “Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ Ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?” Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки ҳамин Исо Масеҳ аст. Аъмол 9:18-22


Дар бораи даъвати худ, Павлус гуфт, Павлуси ҳавворӣ , ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки ӯро аз мурдагон эҳё кардааст. Ғалотиён 1:1


Павлус аз тарафи Худо таъин шуд, интихоб шуд ва вазифадор карда шуда буд. Дар асоси ин таъинкунӣ ӯ нирӯмандона мавъиза кард.


Бисёр тасвирҳо дар Аҳди ҷадид ва қадим мавҷуд ҳастанд, ки аз тарафи Худо даъват кардани одамро нишон медиҳанд. Барои ин одамон, ин даъват кофӣ буд, ки ба пеш раванд ва кори Худо фармударо иҷро кунанд.


Шумо хоҳед гуфт, ки дар ҳаёти ин одамон, таъинкунии лозимӣ аз тарафи Худо омад, на аз тарафи одам. ҳамаи ин одамон эътироф карданд, ки Худо онҳоро барои рӯҳонияти махсус таъин кард. Онҳо пеш аз сар кардани рӯҳонияти худ амр ё маъқул донистани одамро надоштанд.



Аҳди ҷадид дар бораи таъинкунӣ чӣ мегӯяд?


На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад. Юҳанно15:16


Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде, ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд. Аъмол 14:23 Калимаи “таъин кардан”-ро ( appoint), ки ҳамчун “ordained” таъин кардан тарҷума шудааст, он вақт истифода бурданд, вақте ки Павлус ва Барнаббо ҳангоми бозгашт аз дидани калисоҳо дар сафари рӯҳонии якуми худашон одамони муайянро интихоб карданд. Калимаи юнонии дар ин ҷо истифодашуда маънои “ интихоб тавассути даст бардоштан”-ро дорад.


Дар Аҳди ҷадид тасвири расмии таъинкунӣ нест. Дар он вақт русуми эътирофи онҳое, ки аз тарафи Худо даъват шудаанд, вуҷуд дошт. Бинобар ин хидматгузории расмиро метавон бештар аз эътирофи таъинкунӣ ҳисоб кард. Калисо ва калисоҳо ба таври умум эътироф мекунанд, ки онҳо боварӣ доранд, одам аз тарафи Худо барои рӯҳониёти махсус таъин шудааст. Онҳо тасдиқ мекарданд, ки ба он чӣ онҳо боварӣ доштанд аллакай рӯй дод.



Масъулияти калисо дар хидматгузории шиносоӣ .


  1. Калисо бояд вақт дошта бошад, то ин одамро мушоҳида карда бинад, ки оё кори роҳибӣ / мавъиза карданро, ки аз тарафи Худо ба Ӯ дода шудааст иҷро карда метавонад ё не. Калисо бояд салоҳиятҳои сарвари калисоро бар тибқи Библия, ки дар 1 Тимотиюс 3:1-7 ва Титус омадаанд, имтиҳон кунад.


  1. Калисо хидматгузории шиносоиро ба нақша медарорад.


  1. Калисо метавонад калисоҳои дигарро дар хидматгузории шиносоӣ ширкат варзанд.


Хидматгузории Шиносоӣ

Ин вақти махсус ва муқаддас, пур аз тантана ва хурсандӣ аст. Тартиби хидматгузорӣ метавонад чунин бошад.


  1. Пазироӣ, суханҳои кушодашавӣ , дуо.


  1. Мусиқии мувофиқ.


  1. Шиносоии мавъизакунанда, ки таъин шуда буд.


  1. Вақт барои шӯро ё кумита, то ки ба мавъизакунанда баъзе суолҳо диҳанд. Ин саволҳо метавонанд чунин бошанд: Кай ӯ аз олами боло таваллуд ёфтааст, кай ӯ даъват шуд, ки мавъиза кунад, нуқтаи назари ӯ оиди он ки Библия каломи Худост, чист ва дигарҳо.


  1. Шӯро метавонад якчанд дақиқа барои машварат ҷудо кунад. Ва баъд онҳо ба як хулосаи даркорӣ меоянд. Онҳо метавонанд қарор кунанд: a. ҳамчун таъиншуда шинос кунанд; b. ҳамчун таъиншуда шинос накунанд;

c. хулосаро ба вақти баъдтар монанд.

  1. Шӯро дастурҳои худро ба калисо медиҳад.


  1. Одами обрӯманди Худо ваъз мегӯяд.


  1. Дуо ва сипосгузорӣ ва илтимос кардани баракати Худо.


  1. Амале, ки дар 1 Тимотиюс 4:14 дида мешавад, бо гузоштани дастҳои пирон бар сари мавъизакунанда ба ҷо оварда мешавад.


  1. Муаррифии мавъизакунанда бо шиносоии пурраи таъинкунӣ .


  1. Дуои пӯшидашавӣ .


Баъзе калисоҳо ба мавъизакунанда китоби хуби сифатноки Библия медиҳанд.


Баъзе одамон мепурсанд:


Оё воиз бе ин хидматгузории расмӣ кор карда метавонад?

Бале, бе шубҳа.


Инсон метавонад пеш аз мавъиза кардан хидматгузории расмӣ дошта бошад? Албатта не; ба Павлус нигаред.


Мавъизакунанда ё роҳиб метавонад бе хидматгузории расмии шиносоӣ хидматгузории таъмидро ба ҷо орад? Бале, ӯ метавонад. Библия инро манъ намекунад.


Оё роҳиб метавонад дар хӯроки Шоми Охирон сарварӣ кунад, агар ӯ хидматгузории расмии шиносоӣ надошта бошад? ҳа.


Оё ягон роҳе ҳаст, ки бар тибқи он хидматгузории шиносоӣ гузаронда шавад. Не. Дар бораи маросими гузарондани хидматгузории шиносоӣ дар Библия хеле кам гуфта

шудааст.


Оё кас метавонад роҳиби доимо коркунанда бошад, агар ӯ хидматгузории шиносоиро надошта бошад? ҳа.


ХУЛОСА:


Лозим ба ёдоварист, ки даъвати одам бояд аз тарафи Худо бошад. қудрати ӯ бояд аз тарафи Худо бошад. Пайғоми ӯ бояд аз тарафи Худо бошад. ҳокимияти ӯ бояд аз тарафи Худо бошад. Одам метавонад ё наметавонад мӯҳри тасдиқи худро аз болои он одаме, ки Худо даъват кардааст, гузорад. Онҳоеро, ки баракати хидматгузории шиносоӣ надошта бошанд, аз онҳое ки чунин хидматгузорӣ доштанд, набояд камтар ҳисоб кард. ғамангез аст, ки баъзе гурӯҳҳои динӣ одамро ба мақоми баланд бардошта, ба ӯ унвони “ҳазрат” мебахшанд. Ин мухолифи таълимоти Библия аст.


Хидматгузории шиносоӣ ҳодисаи хеле зебо ва пурмаъно дар ҳаёти воиз ва калисо аст. Ин бохирадона аст, ки баъди вақти муайяни рӯҳониёт ва озмоиш, одам бояд эътирофи умумро аз тарафи калисо пазирояд. Ин мавридест, ки калисо метавонад фахрмандона дар пеши ҳама дасти воизро фишорад ва гӯяд; “Мо бо шумоем, ва боварӣ дорем, ки Худо шуморо барои рӯҳонияти махсус даъват кардааст."

БОБИ 39


ОЁ РОҲИБ МЕТАВОНАД КОРИ ДИГАРРО ҲАМ ДОШТА БОШАД?


Роҳиб метавонад кори роҳибиро пеш барад ва дар баробари он аз ягон кори дигар даромад гирад? ҷавоб ба ин савол аз эҳтиёҷоти пулию молии оилаи роҳиб, ҳамчунин аз қобилияти калисо дар додани маблағи пурра вобастагӣ дорад.


Калисоҳо бо миқдори аъзоёни кам бисёр вақт наметавонанд ба роҳиб музди мувофиқе бидиҳанд. Дар чунин ҳолат дуруст аст, ки роҳиб дар ягон ҷои дигар ҳам кор кунад, то ин ки эҳтиёҷоти оилаашро таъмин кунад. Он одамоне, ки чунин мекунанд, онҳоро “роҳибони ду касба” меноманд. Фисади зиёди калисоҳои ҷаҳонро роҳибоне сарварӣ мекунанд, ки касби дигар ҳам доранд. Роҳибе, ки кори дунявиро хуб ба ҷо меорад, ва вақте ки ягон эҳтиёҷот пайдо мешавад, кори роҳибиро он қадар хуб иҷро намекунад.


Қадру қиммат дар кор аст, ҳатто дар меҳнати ҷисмонӣ . Он касе, ки мегӯяд: “Худо маро даъват кард, ки мавъиза кунам, бинобар ин, барои ман ба ҷо овардани корҳои дигар дуруст нест” қадру қиммат надорад. Агар роҳиб барои пӯшондани эҳтиёҷоти оилаи худ пули кофӣ нагирад, ӯ набояд дар як ҷо истода интизори мӯъҷиза ё садақае шавад; ӯ бояд барои худ кор ҷустуҷӯ кунад, ҳатто кори муваққатӣ. Павлус чунин гуфт, Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст. 1 Тимотиюс 5:8


Павлус мисоли барҷастаи мавъизакунандаи бузурги Инҷил буд, ва дар айни замон ӯ барои пеш бурдани ҳаёташ корҳои дигарро иҷро мекард. Дар Аъмол 18:1-4 Библия мегӯяд.


Баъд аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба қӯринтус омад. Дар он ҷо Акило ном марди яҳудӣ , ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, - зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, - ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад. Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд. ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ сухан ронда, саъю кӯшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мӯътақид гардонад.



ХУЛОСА

Барои одам фароҳам овардани имконияти мавъизаи Инҷил хуб аст. Хоҳиши будани роҳиби доимокоркунанда муқаррарист.


Барои одам таъмин накардани эҳтиёҷоти оила кори носолим аст. Одам ягон паёмро набояд мавъиза кунад, агар ӯ ба оилааш ба таври бояду шояд ғамхорӣ накунад. Агар калисо ба роҳиб музди мувофиқ дода наметавонад, ӯ бояд барояш ягон кори дигар ёбад. Худо кори берун аз калисои роҳибро ба монанди кори ӯ дар дохили калисо баракат медиҳад.


БОБИ 40

ЧӢ ХЕЛ МАН ВАЗЪРО ТАЙЁР КУНАМ


  1. Аз аввали тайёрӣ ба вазъ то анҷоми он, шумо бояд пур аз дуои ҷиддӣ бошед.

  2. Шумо бояд огоҳ бошед, ки вазъ кардан вазифаи хеле ҷиддист. Ин дилхушӣ нест.

  3. Кӯшиш кунед ҳар рӯз барои Худо зиндагӣ кунед. Шумо бояд намунаи хуб бошед.

  4. Шумо бояд донишҷӯи Библия бошед. Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи он чиро, ки дар Библия аст донед, вале шумо бояд ҳамеша онро хонед. (Ин ҳамчунин маънои онро надорад, ки шумо бояд таълимоти расмии Библия дошта бошед).

  5. Шумо бояд дар талаби рафтори инсонӣ бошед.

  6. Шумо бояд сарчашмаи дониши худ ва қудрати худро донед. Ин Рӯҳулқудсест, ки шуморо роҳнамоӣ мекунад ва ба шумо қувва мебахшад.


Вақти тайёрӣ


Донед, ки ҳадафи шумо кист. Бифаҳмед, киро шумо мавъиза мекунед. Ду навъ ҳаст; наҷотёфтаҳо ва наҷотнаёфтаҳо.


Наҷотнаёфтаҳо


Агар ҳадафатон наҷотнаёфтаҳо ҳастанд, пайғоматон бояд инҷилӣ бошад. Ин ба одамон мегӯяд, ки чаро ба онҳо зарур аст, наҷот ёбанд ва чӣ хел онҳо метавонанд наҷот ёбанд. Библия пур аз порчаҳоест, ки ба наҷотнаёфтаҳо бахшида шудаанд. Баъзе аз онҳо чунинанд: Аъмол 16; Аъмол 2; Румиён 3-5,10; Юҳанно 1,3,5; Эфсӯсиён 2; Ғалотиён 2; Марқӯс 8,10.


Наҷотёфтаҳо


Ин ҳадафи онҳоест, ки аз олами боло таваллуд шудаанд. ҳама вақт дар хидматгузориҳои ибодатӣ онҳое иштирок мекунанд, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд. Вале дар байни ин қадар бисёр эҳтиёҷотҳое ҳастанд, ки навъҳои гуногуни вазъро талаб мекунанд.


Ин маънои онро дорад, ки чӣ қадар бисёртар мавъизакунанда дар бораи вазъиятҳои рӯҳонии одамон медонад, ҳамон қадар беҳтар ӯ ба ҳадафҳои худ мерасад. Бо гуфтани “ба ҳадаф расидан” мо мавъизаеро дар назар дорем, ки вазъ ҷавобгӯи эҳтиёҷоти одамон бошад. Дар байни ҳадафи умумӣ – имондорон, ба мавъизакунанда лозим аст, ки ба эҳтиёҷотҳои муҳими гурӯҳ ҳассос бошад.


Байни имондорон мавъизакунанда эҳтиёҷотҳои муайянеро мебинад, ки онҳоро бояд иҷро кунад. Баъзе аз ин эҳтиёҷотҳо чунин ҳастанд:

  • Дилгармии монанди содиқ.


Библия пур аз порчаҳост барои чунин вазъ. Намунаҳои хуб инҳо ҳастанд: Ибриён 11, 12; Ғалотиён 5; Қӯлласиён 3; Филиппиён 3; Еҳушаъ.


  • Аз нав изҳор кардани садоқати худ барои онҳое, ки руҳан он қадар хуб рушд наёфтанд (тавба кардан ва бозгаштан).


Намунаҳо дар: Забур 51; Луқо 15; Румиён 12; Забур 32, 139


  • Дилдорӣ дар вақтҳои ғамгинӣ


Оятҳо дар ин бора инҳоянд: Забур 23; Юҳанно; Юҳанно 10; 2 Қӯринтиён 4.


  • Омӯхтани таълимоти мазҳабӣ . Одамон ҳама вақт ба донишҳои бузурги таълимоти Библия эҳтиёҷ доранд. Ин таълимотҳоро ақидаҳо (доктрина) меноманд ва онҳо қариб дар ҳар боби Библия вомехӯранд. Баъзе аз ин порчаҳо инҳо ҳастанд:


Муҳаббат – 2 Қӯринтиён 13; Гуноҳ – Румиён 3, 6, 7;

Марг – 1 Қӯринтиён 15, 2 Қӯринтиён 4,5; Бозгашти дуюми Исо – 1 Таслӯникиён 4, Аъмол 1; Таъмид – Аъмол 8, Матто 3; Салиби Исо – Луқо 23, 1 Қӯринтиён 2; Амнияти имондорон – Румиён 8.


  • Илҳом. Одамон ҳама вақт барои доштани ҳаёти масеҳӣ ба илҳом эҳтиёҷ доранд. Филиппиён 1-4; 1 Таслӯникиён 5; Румиён 5, Аъмол 2,3,4, Наҳамё 6; Еҳуша 24; Матто 28:18-20; Матто 5-7.


Ба воситаи дӯстию бародарӣ бо одамон, мавъизакунанда метавонад баъзе эҳтиёҷоти гурӯҳро ошкор кунад. Аз ин дониши он ки одамон дар сафари рӯҳонии худ дар куҷо ҳастанд мавъизакунанда метавонад аз Худо пайғомеро талаб кунад, ки ба эҳтиёҷоти гурӯҳ хубтар наздик аст.


Дар хотима мо мебинем ки:

  1. Мавъизакунанда бояд шахсан ба мавъиза кардан тайёр бошад. Ин садоқати шахсӣ ба Исо, зиндагии пок, донишҷӯи Библия будан ва одами дуо будан маънӣ дорад.

  2. Ӯ бояд ҳадафи худро донад (онҳое, ки ӯро мешунаванд).

  3. Ӯ бояд ба ҳадафаш расида, эҳтиёҷотҳои махсусеро, ки ҳангоми мавъизаи пайём вомехӯранд муайян кунад.

  4. Ӯ бояд бо дуоҳояш дар ҷустуҷӯи пайғоми Худо аз Библия бошад, ки ҷавобгӯи эҳтиёҷоти шунавандаҳо бошад.


Чӣ хел пайғомро тайёр мекунанд


Бисёре аз тайёриҳо он вақт мешаванд, ки чор марҳилаи аввалро, ки дар бораи онҳо дар боло зикр кардем, ба ҷо оварда шаванд. Вале тайёрии беш дар пеш аст.


Аз Навиштаҳо порчаеро бояд ёфт, ки дар он Худо дар бораи эҳтиёҷоти одамон сухан мекунад. (Аз ҳама хуб барои мавъизакунанда он аст, ки ҳар рӯз Библияро хонад, аққалан 20 боб дар як ҳафта ва агар ӯ вақт дошта бошад, бигузор бисёртар хонад. Аққалан дар як сол як бор хондани Библия барои мавъизакунанда аз ҳар омӯзишҳои махсус беҳтар аст. Вақте ки мо Библияро мехонем мо медонем, ки ҳангоми ҷавоб додан ба эҳтиёҷоти мардум кадом ҷои Навиштаро истифода барем).


Вақте ки шумо матнро – Навиштаеро, ёфтед ки ҳамчун асос барои вазъ истифода хоҳед бурд – шумо онро чандин бор хоҳед хонд. Онро калима ба калима ва оят ба оят таҳлил кунед. Барои худ қайд кунед. Калимаҳои муҳимро ёбед. ҳақиқатҳои муҳими матнро ёбед. Порчаҳои дигари Библия, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, ёбед ва оятҳоро дар вазъи худ истифода баред. ҳикояҳои Библияро барои тасвири ҳақиқатҳои бузурге, ки дар матн ёфтед, истифода баред.


Порчаро хонед, ва ҳама вақт аз Худо хирад ва нирӯ талаб кунед. Баъд вақте ки мавриди мавъиза мерасад, дили шумо аз ҳаяҷон дар бораи пайғоми Худо, ки шумо ба мардум мерасонед, ба изтироб меояд.


Панҷ нуқтае дар бораи мавъиза аст, ки кас мехоҳад омӯзад, вале вақте ӯ корҳои дар боло зикршударо ба ҷо меорад, ӯ метавонад нерӯмандона мавъиза кунад. ҳаёти одамҳо дигар мешавад, вақте ки Каломи Худо мавъиза мешавад. Дар хотир дошта бошед, ки калид ба сӯи муваффақиятҳо одами содиқ зери сарварии Рӯҳулқудс Каломи Худоро мавъиза мекунад.



БОБИ 41

ЧӢ ХЕЛ МАН ДАЪВАТНОМАРО ТАҚДИМ КУНАМ?


Баъд аз вазъ одатан даъваткунӣ оғоз меёбад. Даъваткунӣ мавридест, ки шунавандаҳо фурсат доранд доир ба пайғоми маъвизашуда фикру мулоҳизаи худро баён кунанд. ҳама вақт маъвизакунанда бояд фикру мулоҳизаҳоро ба паём интизор бошад. Ин изҳори фикр на ҳама вақт маънои хулосабарории умум баъди вазъро дорад. ҷавобҳои амиқ ва хомӯш баъзе вақтҳо бе додани ягон даъватномаҳо ба амал оварда мешаванд. Вале бисёр вақт дар байни шунавандаҳо одамоне ҳастанд, ки онҳо ба хулосабарории умум эҳтиёҷ доранд. Ин маънои онро дорад, ки ба маъвизакунанда зарур аст ин хел одамонро даъват кунад, ки фикрҳояшонро кушоду равшан изҳор намоянд.


Чаро баъзе роҳибон даъватномаҳои умумро намедиҳанд?


  1. Онҳо пайғоми фаврӣ надоранд.

  2. Онҳо аз шароитҳои гумроҳии одам огоҳӣ нестанд.

  3. Онҳо шармгин ҳастанд, ва он ҷасурие, ки аз тарафи Худо меояд, надоранд, ҷасурие ки бояд хоси ҳар маъвизакунанда бошад.

  4. Онҳо дар чӣ хел додани даъватнома таълимот нагирифтаанд.


Ба худ одамеро бо мошини боркаши пур аз хӯрок тасаввур кунед. Ӯ одамони бисёреро, ки аз гуруснагӣ азоб мекашанд, ҷамъ кард ва ба онҳо мегӯяд, ки ӯ хӯроки бисёр дорад. Ӯ хӯрокҳоро хеле муфассал тасвир мекунад; одамон дар интизори лабҳои худро мелесанд. Ин одам мегӯяд, ки хӯрок барои ҳама бепул аст. Ӯ ба онҳо муфассал мегӯяд чӣ хел онҳо бояд хӯрокро гиранд. Баъд чун ҳамаи одамон мунтазир ҳастанд, ӯ ба мошин даромада рафт. Ӯ нагуфт, ки биёед ва бихӯред.


Ин тасвири одамест, ки дар бораи роҳҳои ҳаёти ҷовидонӣ маъвиза мекунад ва ҳаргиз намегӯяд, ки “Биёед." “Биёед” ин даъват аст. Он кореро, ки одами хӯрокдор карда буд хеле нохуб буд. Барои маъвизакунанда бадтар аст, агар ӯ сулҳу осоиш, хурсандӣ ва мақсади ҳаёти навро тасвир карда ба одамон барои қабул кардан ва пайравии Масеҳ даъвати рӯшан намедиҳад.


Худо ба маъвизакунанда паём медиҳад, то ки бо он одамонро барои пайравӣ даъват кунад.


Исо одамонро даъват кард, ки ӯро пайравӣ кунанд. Пас аз он ки Яҳё таслим карда шуд, Исо ба ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард. Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред." Ва чун аз канори баҳри ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд. Ва Исо ба онҳо гуфт: “Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам." Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шудаанд. Марқӯс 1:14-18


Исо роҳашро давом дода Яъқуб ва Юҳанноро дид. Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд. Марқӯс 1:20


Мо инро дар ҳолати дигар мехонем. Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод. ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: “Аз паи Ман биё." Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд. Марқӯс 2:13-14


Шумо мебинед, ки Исо хабари хуши Малакути Худоро маъвиза кард, ва баъд Ӯ одамонро даъват кард, ки ӯро пайравӣ намоянд. ҳамчунин шумо мебинед, ки он ҷо одамони зиёде буданд, вале Исо аз даъвати одамон дар ҳиҷолат набуд. Ӯ бахшиш напурсид. Даъвати Ӯ бепарда буд; он кушоду равшан буд; он бевосита ба мардум нигаронда шуда буд. Тамоми халқ, дӯстон, аъзоёни оила ин паёмро шуниданд вале фақат якчанд нафар дар пеши ҳама ӯро пайравӣ намуданд. Нисбати хулосабарорӣ дар пеши ҳамагон Исо гуфт, Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард. Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард. Матто 10:32-33


Чун шумо аз Инҷилҳо омӯхтед, шумо хоҳед дарёфт, ки Исо пайғомро бевосита ба дили одамон маъвиза мекунад, ва баъд Ӯ онҳоро даъват кард, ки хулоса бароранд.


Чӣ хел маъвизакунанда бояд даъват кунад?


  1. Аввал, Ӯ бояд ба хулосае биёяд, ки баъди ҳар пайғоми маъвизакарда даъвати рӯшан ва пурмаъно диҳад.


  1. Ӯ бояд бифаҳмад, ки даъваткунӣ ин қисми вазъ аст.


Ӯ набояд вазъро анҷом дода, даъватро ба он илова намояд. Даъват қисми хотимавии вазъ аст. Ин маънои онро дорад, ки мавзӯи вазъ маълум мекунад, ки кадом хел даъват бояд дода шавад. Агар маъвиза дар бораи даҳякдиҳӣ бошад, пас даъват низ барои одамоне ҳамст, ки оид ба даҳяк ба хулосае биёянд. Агар маъвиза дар бораи дуо бошад, пас даъват барои Масеҳиён аст, ки барои дуо вақти бисёр ҷудо кунанд. Агар Ӯ ба гурӯҳи аъзоёни хеле содиқи калисо маъвиза кунад, албатта Ӯ онҳоро барои таваллуд аз олами боло даъват намекунад. Даъват метавонад барои содиқияти бештаре ба Исо бошад.


  1. Чун даъват қисми вазъ аст, вақте ки Ӯ онро тайёр мекунад, Ӯ ҳамчунин қисми охири вазъ – даъватро низ тайёр мекунад.


  1. Хондани суруд ҳамчун қисми даъват ҳамеша қобили қабул аст.


Суруди даъват қисми вазъ аст. Маъвизакунанда бояд сурудро интихоб кунад. Интихоби суруд бо якҷоягии он касе, ки ба мусиқӣ масъул аст ба амал оварда мешавад. Онҳо ин корро пеш аз саршавии хидматгузории ибодатӣ мекунанд. Суруд бояд барои ҳама маълум бошад. ҳамаи аъзоёни калисо одатан суруди даъватро мехонанд. Баъзе вақтҳо танҳо суруди хор хонда мешаванд.


  1. Маъвизакунанда бояд баёни муфассали он, ки одамон бояд чӣ кунанд, дошта бошад – даъват бояд кушоду равшан бошад.


Гуфтани он, ки “Агар хоҳед Исоро пайравӣ кунед ба пеш биёед” кофӣ нест. Ӯ бояд шарҳ диҳад, ки чаро онҳо ба пеш биёянд. Ӯ бояд ба онҳо гӯяд, ки вақте ки онҳо ба пеш меоянд, чӣ кор хоҳанд кард. Одамони наҷотнаёфта тарсончак ва безобита ҳастанд. Онҳо фикр мекунанд, ки он рӯзе, ки агар онҳо ба ҷустуҷӯи Масеҳ мебароянд, онҳоро таъмид хоҳанд дод.


  1. Маъвизакунанда набояд одамонро бо ҳила ба як қарор омадан водор кунад.


Агар маъвизакунанда аз одамон талаб мекунад, ки дастро бардошта нишон диҳанд, ки онҳо ба наҷот эҳтиёҷ доранд, ӯ набояд ҳар касеро, ки даст бардошт ба пеш даъват кунад. Ин бо ҳила водоркунии одамон аст.


  1. Даъват бояд фардӣ бошад.


Маъвизакунанда бояд ҳангоми даъват аз тиреза ба берун нигоҳ накунад. Ӯ набояд ба минбар ё китоби сурудҳои динӣ нигоҳ накунад. Ӯ бояд амиқ ба дили одамон нигоҳ кунад, чун ӯ рӯи онҳо ва чашмони онҳоро бинад. (Ин маънои онро надорад, ки муддати дарозе ба чашмони як одам нигоҳ кунад). ҳангоми даъвати фардӣ маъвизакунанда бояд ҷонишинҳои шахсиро ба монанди оилаи шумо, ҳаёти шумо, мо, аз они мо, ман, ва ғайраҳоро ба кор барад.


  1. Маъвизакунанда бояд байни суханҳои хотимавии пайғом ва суруди даъват пайвастагӣ дошта бошад.

БОБИ 42


ВАЗИФАҲОИ (РОЛ) РОҲИБ ВА АЪЗОЁНИ КАЛИСО КАДОМҲОЯНД?


Чӣ хел роҳиб ва аъзоёни калисо ба нақшаи Худо барои калисо мувофиқ меоянд? Сараввал, биёед ба нақшаи Худо барои калисо назар андозем. Оё Худо барои инсоният нақшаи ҷовидонӣ дорад, то ки халқи Ӯ онро фаҳмад? Албатта, Библия ба мо ошкор мекунад, ки Худо дар гузашта чӣ кард, ба мо тасвири он ки ҳозир мо чӣ кор мекунем ва дар оянда чӣ кор хоҳем кард.


Мо медонем, ки дар гузашта инсон гуноҳ кард ва аз Худо ҷудо шуд. Барои кашидани инсон ба сӯи Худ, Худо одамони бузургеро истифода мебарад, ки ба василаи имон бо Ӯ муносибат доранд. Сипас Ӯ халқи яҳудиро интихоб кард ва тавассути кор бо онҳо муҳаббати Худро нишон дод. Худо пайғомбаронро фиристод то аз номи Ӯ гап зананд. Охир, Худо Худаш ба замин дар ҷисми Писари Худ, Исо омад. (Юҳанно 1:14) Исо тавбакунӣ ва бахшишро мавъиза кард ва одамон ӯро куштанд. Дар марги Худ Исо барои озод шудан инсон аз гуноҳ қурбонӣ ё музде шуд, - агар онҳо ба василаи имон ин қурбониро пазироянд.


Агар касе Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кунад Ӯ бо Исо ҳамкор мешавад ва аъзои гурӯҳи Худо барои дигар кардани ҷаҳон мешавад.


Библия мегӯяд, Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисёр нахустзода бошад. Ва ҳар киро, ки Ӯ пешаки муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст. Румиён 8:29-30


Исо дар бораи ҳаёти шогирдони Худ чунин гуфт, “То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед." Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд. Юҳанно 12:36


Исо калисоро созмон дод, ки барои паҳн кардани Хабари Хуш масъулиятдор аст.


Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард. То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад. Мувофиқи таъиноти азалӣ , ки онро Ӯ дар Худованди Мо Исои Масеҳ ба амал овардааст. Эфсӯсиён 3:9-11


Ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ . Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд. Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард. Мо низ дар ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда будем. То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем. Эфсӯсиён 1:8-12


Калисо пирӯз хоҳад шуд. Исо гуфт, Ва Ман ба ту мегӯям, “Ту Петрус Ҳастӣ , ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд." Матто 16:18


Калисои Аҳди ҷадид аз ҳисоби онҳое ташкил мешавад, ки аз олами боло таваллуд шудаанд ва Исоро дар таъмидкунӣ пайравӣ мекунанд. Дар Аъмол онҳоро ҳамчун одамони Роҳ меноманд. Онҳоро имондорон меноманд. Худо барои ин одамон нақшаи рӯшани пирӯзӣ дорад.


Павлус дар Эфсӯсиён, дар бораи бахшоишҳои гуногуне, ки Худо ба халқи Худ – ҳар аъзои калисо сухан мекунад. ҳар бахшоиш бояд барои рушди ҷисм, калисо истифода бурда шавад. Калисо он вақт рушд меёбад, вақте ки рӯҳан болиғ мешавад ва аъзоёни нави он зиёд мешаванд. Чунин аст васеъшавии Малакути Худо дар замин.


Дар давраи фаъолияти заминӣ , калисо ҳеҷ гоҳ қувваи асосӣ нахоҳад шуд, вале таъсири он ҳис карда мешавад ва он ба қувваҳои иблис дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Исо сари ин ҷисм ва сарчашмаи ҳаёти ин ҷисм аст, ва Ӯ барои ин ҷисм нақшаи муайян дорад.


Биёед ба андешаи бахшоишҳои гуногуни ба аъзоён додашуда баргардем. Ин бахшоишҳоро барои Худо дар васеъкунии Малакути Ӯ ба кор бурда мешаванд.


Библия мегӯяд, Ӯ баъзеро ҳавворӣ , баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ. Эфсӯсиён 4:11-12


ӯ бахшоишҳои гуногуни рӯҳоният дод. Ин бахшоишҳо бояд дар рушди ҷисми Исо истифода бурда шаванд.


Мақоми роҳиб ва аъзоён дар инкишофи калисои маҳалӣ чист? Фаъолияти роҳиб ва фаъолияти аъзоёни калисо дар васеъшавии Малакути Худо чист?


Мо ба ду нуқтаи назари муқаррарии рӯҳоният нигоҳ мекунем. Якум, нуқтаи назари анъанавии маъмул ва дуюм, нуқтаи назари Библиявӣ .


Нуқтаи назари анъанавӣ он вақт маъмул шуд, вақте ки дини масеҳӣ дар тамоми империяи Рум паҳн шуд ва диққати Император Константинро ба худ ҷалб кард.


Константин фаҳмид, ки аз ҷиҳати сиёсӣ як кардани қувва ва дини тезпаҳншуда амали хуб аст. Бинобар ин Ӯ Руми бутпарастро масеҳӣ эълон кард.


Ин оғози ҳазорҳо соли тираву тор барои калисо буд. Китоби Библия танҳо барои одамони соҳибмаълумот дастрас буд. Одамон оддӣ ба чӣ имон оварданро аз ин одамон мешуниданд. Аз сарварони калисо ҳеҷ чиз намепурсиданд. Бисёр сарварони калисо табиатан масеҳӣ набуданд. Калисои Рум боз ҳам фосид шуд чун сарвари динии фосид бо номи попҳо онро роҳбарӣ мекарданд. Мафҳуми рӯҳоният ташаккул ёфт, ки то асри бистуякум расида омад. Вазифаи Рӯҳоният танҳо барои одамони касбӣ буд. Аъзоён ба таври оддӣ ӯро пайравӣ мекунанд. қудрат дар дасти одамони рӯҳониён буд.


Ислоҳоти бузург дар асри шонздаҳум дар калисо баъзе тағъиротҳо даровард. Мартин Лютер эълом дошт, ки Библия бояд ба одамони оддӣ низ дастрас бошад ва ҳар кас битавонад бевосита ба Худо ибодат кунад. Вале тафаккури сарварони динии ҳозира боз ҳам ториктар аст. Барои паҳншавии Ислоҳот чунин зарурият лозим аст, ки одам на танҳо аз имтиёзи роҳи бевосита сӯи Худо бархурдор шавад, балки масъулияти рӯҳониятро низ қабул кунад.


ҷудоӣ байни рӯҳониён ва авом ҳоло ҳам хеле бузург аст. Халқи Худо дар пеш бурдани рӯҳоният дар ҷаҳон ва ҳамчунин дар калисо озод бошанд. Бисёр одамон аз он, ки “дин” ба ҳаёти онҳо “часпидааст” хаста шудаанд. Танҳо он вақт кор ва дин ба ҳам наздик мешаванд мақсади ҷовидонии Худо метавонад маънӣ дошта бошад. Ва танҳо он вақте, ки инсон қисми бошуури нақшаи ҷовидонии Худо бошад, ҳаёти ӯ пур аз хушу хурсандӣ хоҳад буд.


Нуқтаи назари анъанавии рӯҳониятро аз нақшаи зер беҳтар фаҳмид.




НУҚТАИ НАЗАРИ АНЪАНАВИИ РӮҲОНИЯТ

Барнома ва кори роҳиб / кормандонро ппуштибонӣ мекунад.


иштирок мекунад

даҳяк медиҳад

розигӣ медиҳад







































БИБЛИЯ ДАР БОРАИ ХИЗМАТГОРОН (ДЯКОНҲО) ЧӢ МЕГӮЯД?


Акнун мо мебинем, ки Библия оиди ин мавзӯъ чӣ мегӯяд чунки баъзеҳо чунин суол медиҳанд, ки “Оё мо дар калисои худамон хизматгор дошта бошем ва онҳоро бояд таъин кунанд?” Финдли Едҷе, профессори намоён ва муаллиф дар китоби худ, “ҷустуҷӯи қудрат дар дин” мегӯяд:” Дар асоси якчанд оятҳои Библия мо ба хизматгорон дар ҳаёти калисоҳои мо мақоми марказӣ додаем. ҳатто амали таъинкунӣ гуфтаҳои Библияро маҳдуд кард." Бисёриҳо кори хизматгоронро бар асоси системаи Библия ҳисоб мекунанд. Акнун мебинем, ки Библия дар ин бора чӣ мегӯяд.


Калимаи “deakon” аз калимаи юнонии Аҳди ҷадид “diakonos” омадааст, ки маънояш хизматгор мебошад. Ин калима баъзе вақтҳо ба забони англисӣ ҳамчун рӯҳонӣ , ёрдамчӣ , деакон тарҷума мешавад вале асосан он ҳамчун хизматгор тарҷума мешавад. Ду калимаи юнонӣ барои хизматгор ва ғулом мавҷуд ҳастанд. Яке “doulos” ҳаст, ки итоати шахсӣ ба хоҷаро мефаҳмонад. Калимаи дигар

diakonos” маънои хизмат кардан ба хоҷаро ифода мекунад. Павлус барои тасвири худ ҳарду калимаро истифода бурд. Ӯ хизматгори ( doulos, Титус 1:1) Исои Масеҳ буд, ки барои хизмат ( diakonos 1 Қӯринтиён 3:5) ба Инҷил даъват шуда буд.


Мо ба роҳҳои гуногуни истифодаи “ diakonos” – хизматгор дар Аҳди ҷадид назар мекунем.


  1. Дяконҳо барои тасвири хизматгузорони хонагиро ба кор бурда мешавад. Юҳанно 2:5,9


Дар тӯи арӯсӣ дар қоно, Модари Исо ба хизматгорон (дяконҳо) гуфт: “ҳар чӣ Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред."


  1. Дяконҳо барои тасвири ҳукуматдорон истифода мешавад.


Павлус ба имондорон мегӯяд, ки ба ҳукуматдорон итоат кунанд. Ӯ мегӯяд, � Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи Ту.


  1. Дяконҳо (хизматгорон) барои тасвири кори Масеҳ истифода мешуданд. Румиён 15:8


Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад.


  1. Дяконҳо (хизматгузорон) барои тасвири муносибати шогирдони Исо ба Худованди худ истифода мешаванд.


ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ҳодими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт. Юҳанно 12:26


Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард. Эфсӯсиён 6:21


Чӣ тавре ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори маҳбуби мо ва хизматгузори амине барои шумо дар Масеҳ аст. Қӯлласиён 1:7


  1. Дяконҳо (хизматгорҳо) барои тасвири муносибати шогирдони Исо боҳамдигар истифода мешаванд.


Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад. Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад. Матто 20:26-27


Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад: Матто 23:11


ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: “ҳар кӣ мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад." Марқӯс 9:35


Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад. Марқӯс 10:43


  1. Дяконҳо (хизматгорон) барои тасвири хизматгорони Исо ҳангоме ки онҳо Инҷилро маъвиза мекорданд истифода мешуданд.


Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст. 1 Қӯринтиён 3:5


На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост. Ки ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад. 2 Қӯринтиён 3:5-6


Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо. 2 Қӯринтиён 6:4


Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам. Эфсӯсиён 3:7


Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам. Қӯлласиён 1:23

Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи ваколати Худо, ки барои шумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам. Қӯлласиён 1:25


Агар инро ба бародарон талқин намоӣ , хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ , ғизо мегирӣ . 1 Тимотиюс 4:6



  1. Дяконҳо (хизматгорон) барои тасвири онҳое, ки дар калисоҳо хизмат мекунанд истифода мешавад.


Хоҳари мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфӣ менамоям. Румиён 16:1


Павлус ва Тимотиюс, ғуломони Исои Масеҳ, ба ҳамаи муқаддасон дар Исои Масеҳ, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо усқуфон ва ходимон. Филиппиён 1:1


1 Тимотиюс 3:8 – Лозим аст, ки дяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнӯшӣ , на тамаъкор.


1 Тимотиюс 3:12 – Дяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд


Дар он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд. Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машғул хоҳем шуд. Аъмол 6:1, 4


  1. Дяконҳо барои тасвири пайғамбарони дурӯғин – хизматгорони иблис истифода мешаванд.


Ва ин тааҷҷубовар нест: зеро ки худи шайтон шакли фариштаи нурро мегирад. Бинобар ин кори бузург нест, ки агар хизматгузорони вай низ шакли хизматгузорони адолатро бигиранд; лекин фарҷомашон аз рӯи аъмолашон хоҳад буд. 2 Қӯринтиён 11:14-15


ХУЛОСА


Калимаи дякон дар ҳолатҳои гуногун барои тасвири касе, ки хизмат мекунад истифода шудааст. Як решаи ин калима дар бисёр ҳолатҳои хидматгузорӣ ба кор бурда шудааст. Бисёр одамон боварӣ доранд, ки анъанаи хизматгузорӣ аз Аъмол 6 омадааст. Калимаи дякон дар ин боб ба чашм намерасад. Калимаи диакониа ки хизматгориро тасвир мекунад, фақат ду бор ба кор бурда шудааст, яке ба ҳафт нафаре, ки бо корҳои молиявӣ сару кор доштанд ва бори дигар ба хоҳиши ҳаввориён, сарф кардани вақти пурраи худ барои мавъизаи Инҷил мебошад. Ин як калима ҳар ду рӯҳониятро мефаҳмонад.


Ҳамаи имондорон бояд муносибати хизматгорона дошта бошад, ҳама вақт ҳангоми эҳтиёҷот ба рӯҳоният тайёр бошад.


Заруриятҳои гуногун дар оилаи калисо диққати махсусро талаб мекунанд. Бисёр вақт ин диққати махсус ба гурӯҳи имондорон дахл дорад. Ин гурӯҳро метавонем кумита ё шӯро номем. Баъзе аз ин кумитаҳо ҳоло ҳам дар калисоҳо вомехӯранд: кумитаи фардӣ , кумитаи хона ва замин, кумитаи саховатмандӣ , кумитаи мусиқӣ , кумитаи инҷилшиносӣ ва ғайра. ҳамаи онҳое, ки дар ин кумитаҳо хизмат мекунанд, бояд одамони содиқ ва худошинос бошанд, то ки имони худро бо дигарон бо ҳам бинад. Калисо бояд онҳоро барои хизмат кардан вазифадор кунад. Ин одамони интихобшуда барои тамоми умр хизмат намекунанд, вале он муддате, ки зарурият ба ин хизмат мавҷуд аст ва калисо хоҳиш дорад, ки ин одам дар ин мақом хизмат кунад, ӯ бояд ин вазифаро ба ҷо орад.

БОБИ 44


Кӣ БОЯД БА КАЛИСО ГАП ЗАНАД?


Оё ба маъвизакунандае, ки ба аъзоён ношинос аст иҷозат дода шавад, то ки аз минбар сухан кунад?


Одатан, роҳиби калисо омӯзонда шудааст ва тайёрӣ дидааст, ва Худо ба ӯ пайғом барои калисо додааст. Агар пайғом аз Худо бошад ӯ набояд тезакак ба дигаре иҷоза диҳад, ки ба ҷои ӯ маъвиза кунад. Ӯ бояд ҳисси давран паҳн кардани пайғоми Худоро дошта бошад.


Доимо даъват кардани маъвизакунанда барои маъвиза нишонаи одобу меҳрубонӣ нест. Ин нишонаи танбалӣ ва набудани тайёрӣ ба вазъ мебошад.


Агар маъвизакунанда ба роҳиб ва одамон хуб шинос набошад, пас ӯро набояд даъват кард, ки чизе бигӯяд.


ҳарчанд маъвизакунанда машҳур аст, зарурияти сухан додан ба ӯ нест. Баъзе вақт ӯ барои сухан кардан омода нест, ва калисо фақат ба гапҳои ӯ эҳтиёҷ надорад.


Аз онҳое, ки хоҳиш доранд ба гурӯҳ гап зананд эҳтиёт бошед. То он вақте ки роҳиб ва аъзоён ӯро хуб нашиносанд, талаби ӯ бояд рад карда шавад. Фурӯтанӣ на ҳама вақт хусусияти қавии одаме, ки хоҳиш дорад ба калисо сухан кунад, мебошад.


Одамоне ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи ҷой барои суханкунӣ мебошанд. Ин одамон ҳуқуқи ба калисо муроҷиат карданро надоранд. Вақти арзишнок беҳуда сарф мешавад ва реҷаи кори хидматгузорӣ вайрон мешавад. Он шахсе, ки бисёр вақт чизе гуфтан мехоҳад, намедонад ки кай гап заданро бас кунад.



Баъзе одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд доир ба ақидаҳои барғалати фалсафии худро гӯянд. Калисо бояд аз ин хел одамон боэҳтиёт бошад ва ба чунин одамон имкон надиҳад дар пеши аъзоёни калисо сухан кунанд.


Хатарнок аст агар сарвари калисо гӯяд, “Касе чизе гуфтан мехоҳад?” Агар он ҷо меҳмонон ҳузур дошта бошанд инро гуфтан аз рӯи хирад нест. Аъзои ягон култ метавонад дар ин ҳолат бартариро ба даст гирад.


Аъзои калисо бояд ҳеҷ гоҳ ташаббуси бе розигии роҳиб ва калисо даъват кардани “рафиқаш”-ро барои маъвиза нишон надиҳад.



ХУЛОСА


Дар бораи он ки, ба кӣ имкони сухан кардан ба калисо ҳангоми ягон хидматгузорӣ ё омӯзиши Библия дода мешавад, хеле бодиққат бошед.


Танҳо онҳое ба меъёрҳои ақидавӣ ва ахлоқӣ ҷавоб медиҳанд имкон доранд аз минбар сухан кунанд.


БОБИ 45


ЧӢ ХЕЛ КАЛИСО АЪЗОЁНИ НАВРО ҚАБУЛ МЕКУНАД?


Аъзоёни навро одатан тавассути таъмидкунӣ ё интиқол аз калисои дигари ҳамин хел дин дошта қабул мекунанд. Мо ба ҳар дуи инҳо назар хоҳем кард.


Қабули аъзоёни нав тавассути таъмид


Марҳалаҳои зерин пешниҳод мешаванд:


  1. Ба таври бояду шояд машварат карда боварии комил ҳосил кунанд, ки шахс ҳақиқатан ҳам аз олами боло таваллуд шудааст ва ҳаёти нав дорад.


  1. Ин шахс ҳангоми хидматгузорӣ пеши калисо омада изҳор мекунад, ки ӯ аз олами боло таваллуд ёфтааст ва хоҳиш дорад, ки таъмид шавад ва аъзои калисо шавад.


  1. Калисо ин шахсро ҳамчун номзад ба таъмид ва аъзогӣ ба калисо эътироф мекунад.


  1. Калисо ба номзад нақшаеро медиҳад, ки ба ӯ дар навиштани шаҳодати ӯ ёрӣ медиҳад. Номзад бояд қобил бошад шаҳодати рӯшанро нависад. Аъзоёни калисо ба ӯ дар навиштани шаҳодат ва хондани он ёрӣ медиҳад.


  1. Пеш аз хидматгузории ибодатии оянда, номзад бояд шаҳодати хатии худро ба сарвари калисо ё каси дигари барои ин корҳо масъулиятдор супорад.


  1. Номзад дар пеши калисо шаҳодат дода, нақл мекунад, ки чӣ хел, дар куҷо ва кай ӯ аз олами боло таваллуд ёфт.


  1. Баъд аз ин номзад ба омӯхтани дарси шиносоии нав “Ман аз олами боло таваллуд ёфтам, Баъд чӣ ?” –оғоз мекунад. Ӯ бояд ин ё дарси дигареро, ки калисо қарор медиҳад ба итмом расонад.


Дарсҳо барои аъзои нав метавонанд дар ҳар ҷое, ки барои номзади нав ба аъзогии калисо қулай аст баргузор гарданд. Калисо одамонро барои гузарондани дарсҳои шиносои бо аъзои нав интихоб мекунад.


  1. Дар давоми ҳафтаҳои дарси шиносоӣ калисо фурсати муносиб дорад, ки рафтори номзадро мушоҳида кунад. На танҳо рафтори ахлоқии ӯ мушоҳида карда мешавад, балки иштироки ӯ дар фаъолияти калисо низ ба назар гирифта мешавад.


  1. Баъд аз он ки номзад дарси шиноcоиро анҷом дод, ва исбот кард, ки ӯ ҳақиқатан ҳам мехоҳад қисми оилаи калисо шавад, номи ӯ ба маҷлиси моҳонаи кории калисо пешниҳод мешавад. Сарвари калисо тавсия медиҳад, ки номзад барои таъмид ва аъзогии калисо қабул шавад.



(Агар номзад хоҳиши додани шаҳодатро надорад ва дар дарсҳои шиносои иштирок намекунад, ӯро барои қабул шудан ба калисо пешниҳод намекунанд. Сарвари калисо дар бораи ӯ ҳисобот медиҳад, вале қабул кардани ӯ то он вақте ки ӯ талаботҳоро ба ҷо наорад, монда мешавад.


  1. Калисо барои қабул кардани шахс ба таъмидкунӣ ва аъзогӣ овоз медиҳанд.


  1. Вақте ки номзад таъмид мешавад ӯ аъзои калисо мешавад.


Қабули Аъзои нав тавассути Изҳорот ё Интиқол


Ҳамаи марҳалаҳои дар боло зикршударо ба ғайр аз № 10 ва № 11 такрор кунед. Рақами 10-ро ин тавр хонед: Калисо барои қабули шахс ба аъзогӣ овоз медиҳад.


Аъзоёне, ки ба воситаи изҳорот ё интиқол қабул мешаванд, аъзоёни таъмидшудаи калисои дигар мебошанд. Барои он шахсе бо чунин ҳолат қабул мешавад, ӯ бояд дорои ҳамон хел ақидае бошад, ки ин калисо дошта бошад.

Барои мисол, агар шахс аз калисое меояд, ки кӯдаконро таъмид медиҳанд ё ба ҷои ғӯта задан дар об, об мепошанд, ӯ ба аъзогӣ ба воситаи интиқол тайёр нест. Агар аъзоён бо ақидаи тамоман дигар биёянд, натиҷааш дар калисо ҷудоӣ мешавад, ва барои ҳамин ба ӯ набояд имкон дод.


Котиби калисо бояд ном ва адреси калисое, ки номзад он ҷо пеш аъзо буд ва калисоро аз хоҳиши ин шахс барои аъзогӣ огоҳ мекунад. ӯ мепурсад, ки номзад аъзои калисо аст ва оё ӯ соҳиби обрӯю эҳтиром аст. Бо гирифтани номаи тасдиқкунанда шахс аъзои калисои нав мешаванд. Калисои дигар номашро аз рӯйхати аъзоён хат мезанад.


Одатан калисоҳо дар қабули аъзоёни нав хеле мулоим ҳастанд. Калисоҳо бояд дар қабули аъзоён бояд сахтгир бошанд.


БОБИ 46


МАРОСИМИ ТАЪМИДКУНӢ БОЯД ЧӢ ХЕЛ ГУЗАРОНДА ШАВАД?


Онҳое, ки таъмид шудаанд бояд ба Талаботҳои қабули Аъзоёни Нав ба воситаи таъмид ҷавоб диҳанд.


Вақт барои Таъмид


Калисо бо онҳое, ки таъмид мешаванд машварат карда вақти маросими таъмидро муайян мекунанд. Вақт он мавриде шавад, ки миқдори зиёди аъзоён иштирок кунанд.


Ҷой барои таъмид


Таъмидро метавон дар дарё, баҳр, ё ҷои дигаре, ки об бошад гузаронда шавад. Баъзе калисоҳо дар даруни калисоҳо ҷои махсус барои таъмид доранд. Баъзе калисоҳо ин хел ҳавзҳо берун аз бинои калисо доранд. Об бояд аз миён боло ва тоза бошад.


Муҳит барои таъмид


Чун маросими таъмид яке аз хурсандиҳои бузург аст, тартиб ва ҳурмату эҳтиром бояд ба ҷо оварда шавад.


Дастур барои онҳое, ки таъмид мешаванд


Пеш аз оғози маросим касе, ки таъмид мекунад ба онҳое, ки таъмид мешаванд дастурҳои кӯтоҳ медиҳад:


  • Зонуҳо хамнашуда бошанд, пушт ва гардан рост, дар ҳолати вертикалӣ бошанд.


  • Дастҳоро муқобили сандуқи сина дошта истад.


Вақте ки шахсро бо об ғӯта мезананд, ӯ бояд нафасашро лаҳзае гирад. Рӯймолчаро набояд барои доштани бинӣ истифода бурд. Ин тасвири гӯркунии одам мебошад.



Дастурҳо барои Таъмиддиҳанда


Аз як тарафи номзад истода, дастҳои қатшудаи ӯро бо дасти чапаш гирифта мегӯяд, “Оё шумо,______________________

Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ва Худованди шахсӣ қабул кардед?” Номзад ҷавоб медиҳад, “Бале қабул кардам." Сипас рӯҳонӣ мегӯяд, “Аз сабаби он ки шумо Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кардед, ва аз сабаби он ки Ӯ ба ман фармон дод, ман шуморо, бародарам / хоҳарам ба номи Падар, Писар ва Рӯҳулқудс таъмид медиҳам. Омин."


Рӯҳони дасти росташро пушти сари номзад ниҳода ба таври мулоим ва оҳиста-оҳиста номзадро бо зери об ғӯта мезанад. Сараш бояд лаҳзае зери об бошад ва фавран берун карда шавад. Об бояд ба ҳартараф пош нахӯрад.


Маросими Таъмид


Маросими Таъмид метавонад гуногун бошад, ва он аз ҷои гузарондани ин маросим вобастагӣ дорад. Агар он дар калисо гузорад, он метавонад ҳамчун қисми хидматгузории мунтазами ибодати бошад. Одатан, вақте ки он қисми хидматгузории ибодати бошад, пеш аз таъмид вазъ хонда мешавад. Вазъро метавонанд ба мавзӯи таъмидкунӣ бахшанд. Агар Таъмид дар дарё ё баҳр гузарад, он бо чунин тартибу низом мегузарад:


  1. Тафсири кӯтоҳ аз тарафи сарвар оид ба таъмид.


  1. Хондани Навишта. Навиштаҳои мувофиқ Матто 3:1-17 ва Аъмол 8:26-39 ҳастанд.


  1. Сурудхонӣ .

  2. Дуо


  1. Сарвар пас аз номзад ба об медарояд


  1. Баъд аз он ки ҳама таъмид дода шуданд, гурӯҳ даст ба даст гирифта сурудеро хонанд.


  1. Дуои хотимавӣ .


Онҳое, ки таъмид ёфтанд акнун аъзоёни расмии калисо ҳисоб мешаванд.


Дар хидматгузории оянда калисо бо навтаъмидёфтагон шаҳодатномаи таъмидёбӣ медиҳад.


Эзоҳ: Баъзе одамон метавонанд чунин суол диҳанд, “Мо чӣ кор кунем агар мо роҳиб надорем? Кӣ таъмид медиҳад?” ҷавоби ин масъала ба монанди ҷашнгирии Шоми Охир мебошад. ҳар касеро, ки калисо вазифадор кардааст метавонад маросими таъмидро гузаронад.


Оё ӯро пеш аз оне, ки таъмид кунад ё Шоми Охирро гузаронад “таъин кунанд?." ҷавобаш не.


Оё шахс пеш аз он, ки таъмид диҳад дар ягон семинария хонад?” ҷавобаш, не.


ЭҲТИЁТ:


Он касе ки маросими таъмидро мегузаронад ба талаботҳои оддитарин барои сарвари калисо, ки дар 1 Тимотиюс 3:1-13 омадаанд ҷавоб диҳанд. Калисо бояд дар интихоби касе, ки маросими таъмид ва Шоми Охирро мегузаронад бодиққат бошад.



<< Дарсҳои рӯҳонӣ