Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Бахшиш

Download

Бахшиш

Сарсухан

Оё дар худ хашмро доштан ин бад аст?  Бахшидан ба касе, ки туро хафа кардааст? Оё мо метавенем ба касоне, ки ба мо ҳамеша дарду ғам меоварад, имконият диҳем?  Бояд мо дар ҳар ҳол бахшиданро давом диҳем? 

Мавзӯи бахшиш аз байни тамоми Китоби Муқаддас мегузарад.  Танҳо Китоби Муқаддас ба мо тасвири ҳамаҷонибаи муҳаббати Худоро ва хоҳишҳои Ӯро офариниши Худро пурра аз нав барқароршуда диданро, медиҳад. 

Дар ин дарс мо бахшишро аз нуқтаи назари Худо ва одам, ва барои чӣ мо бояд ҳамеша ба бахшидан тайёр бошем, дида мебароем.

Дарси Мо

Замоне Исо ба шунавандагони Худ дар барои шоҳе, ки ба ғуломонаш ҳисобӣ кардан мехост, нақл кард.  Ҷои навиштаҷот: Матто 18:24-34 –

Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯъ намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт.  Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунад.   Ғулом рӯӣ ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: “Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард” Ва оғои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид.  Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: “Он қарзатро ба ман адо кун.”

Он рафиқаш ба пойхои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт, “Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард.”  Аммо ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад.  Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чи рӯӣ дода буд, ба вай нақл карданд. 

Он гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: “Эй ғуломи шарир!  Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос карди.  Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм куни, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?”  Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканчакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад. 

1.      Чанд пул ин одам ба шоҳ қарздор буд? 

Агар ба пули мо гузаронем, он гоҳ ғулом ба шоҳ якчанд миллион доллар қарздор буд. 

2.      Вақте ки ғулом илтимос мекард, ҷавоби оғо чӣ буд? 

3.      Баъд аз он ки шоҳ ва вай қарзро бахшид, ғулом чӣ кор кард? 

4.      Рафиқи вай чанд пул қарздор буд?

Исо дар мисол маблағеро овард, ки дар он ҷамъият хеле кам ба ҳисоб мерафт.  Қарзи ғуломи дуюм танҳо ба якчанд доллар баробар буд.

5.      Ғуломи якум бо рафиқи худ чӣ кор кард?

6.      Вақте ки оғо дар бораи рафтори ғуломи якум фаҳмид, ӯ чӣ хел вайро номид?

7.      Ӯ ба вай чӣ гуфт?

8.      Оғо бо вай чӣ кор кард?

Мо тававвур карда метавонем, ки дар ин вақт чӣ тавр шунавандагони Исо бо рафтори шоҳ розӣ шуда ба сар ишорат мекарданд.  Ҳасисӣ ва ношукрӣ – ин бад аст.  Вай чизеро ки сазовор буд, гирифт.  Акнун аксуламали онҳоро тасаввур кунед, вақте ки Исо ин изҳоротро кард. 

            Ҷои навиштаҷон:  Матто 18:35 – “Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад.”

9.      Он чӣро ки Исо дар охири ҳикояи Худ гуфт, бо суханони худ баён кунед.

Ба назар чунин менамуд, ки Исо ҳикоятро дар бораи пул нақл мекунад, аммо дар ҳақиқат Ӯ дар бораи бахшиш мегуфт.  Мумкин шумо бо он ҳайрон ҳастед, ки барои чӣ мо бояд бахшишро дар ҷои аввал монем.  Биёед мебинем, Каломи Худо дар бораи ин чӣ мегӯяд.

            Ҷои Навиштаҷот: Ба Рӯмиён 3:23 –

“Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.” 

10.  Кӣ гуноҳ кард?

Саволи шахсӣ:  Оё ин туро ҳам дар бар мегирад? 

Ҷои Навиштаҷот:  Ба Румиён 6:23 –

“Зеро ки музди гуноҳ мамот (марг) аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.”

11.  Ҷазо барои гуноҳ чӣ аст?

То даме ки мо наҷот наёфтаем ва бахшишро нагирифтаем, дар сари мо ҳукми қатл овезон аст.  Мувофиқи масали Исо, гуноҳи мо чун қарзи вазнин аст, ки онро то даме ки мемурем.  Чун ғуломе, ки дар масал буд, мо бо ҳеҷ роҳ ин қарзро адо карда наметавонем.   Мо худ аз худ ҳеҷ коре карда наметавонем, ки он қарзи калони моро, ки мо дар пеши Худо дорем, адо карда тавонад. 

Инро дониста, Худо ба таври фавқуллода эҳсони Худро рехт.  Ҷои Навиштаҷот: Ба Ғалотиён 4:4  - Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки.... То барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад.” 

12.   Чи тавр Худо карзи моро адо кард?

13.   Исо чӣ кор кард?

Кафорат додан маънои харида гирифтанро дорад.  Вале дар аввал ҳамаи мо ба Худо таълуқ дошта бошед ҳам, ба воситаи беитоатии Одам ва Ҳавво, ва инчунин беитоатии худамон, мо ба шайтон худро фурӯхтем. 

Як вақтҳо мо асирони вай будем ва чудамонро озод карда наметавонистем.  Аммо Худо раҳм карда, Писари Худро фиристод, ки барои мо мурда, моро харида гирифт.  Вақте ки мо бовар мекунем, ки Исо писари Худо буда, барои мо мурд ва эҳё шуд, гуноҳҳои мо бахшида мешаванд, милси он ки онҳо ҳеҷ вақт набуданд.  Худо мехоҳад, ки мо дар навбати худ дигаронро бахшем.  Исо ба шогирдони Худ чунин фаҳмонд. 

Ҷои Навиштаҷот:  Матто 6:14,15 –

“Зеро, агар шумо ба мардум хатоҳояшонро бибахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид.  Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.”

14.   Чӣ рӯӣ медиҳад вақте ки мо ба касоне ки муқобили мо гуноҳ мекунанд, бахшем?

15.   Чӣ рӯӣ медиҳад, вақте ки мо намебахшем? 

Ҷои навиштаҷот:  Матто 6:12

“Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем.”

16.  Чӣ тавр Исо ба мо дуо гуфтанро таълим медиҳад? 

Бахшише ки Худо ба мо аллакай дод, ҳеҷ чиз гирифта намеавонад.  Вақте ки мо масеҳӣ шудем, ҳамаи гуноҳҳои мо бахшида шуданд.  Агар мо хоҳем, ки бахшиши Худо давом диҳад, мо бояд дигаронро бахшем.  Чи хеле ки мо ба дигарон мебахшем, ҳамин хел Худо ҳам ба мо мебахшад. 

Савол барои муҳокима: Оё ин фикр шуморо ба тарс меорад? 

Оё ҳамаи ҳикоя дар ин аст?  То даме ки мо дигаронро мебахшем, оё мо метавонем дар бахшиши комили Худо зиндагӣ кунем?  Оё мо боз гуноҳ мекунем?  Биёед мебинем, Каломи Худо дар барои ин чӣ мегӯяд. 

Ҷои Навиштаҷот:  1 Юҳанно 1:8 –

“Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.”

17.  Чӣ тавр мо худамонро фиреб дода метавонем?

Мо бояд чӣ кор кунем?  Чӣ тавр мо дар бахшиши давомноки Худо зиндаги карда метавонем? 

      Ҷои Навиштаҷот: 1 Юҳанно 1:9

“Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ғар ноинсофи пок намояд.”

18.  Мо бо гуноҳҳои худ чӣ кор кунем?

19.   Вақте ки мо гуноҳҳои худро эътироф мекунем, чӣ рӯӣ медиҳад?

Чӣ хел хабари аҷоиб.  Худо на танҳо гуноҳҳои гузаштаи моро мебахшад, балки ба мо роҳро медиҳад, ки ба воситаи он мо дар бахшиши Ӯ монда метавонем.  Мумкин аст, ки шумо ҳамеша кӯшиш мекардед, ки бахшишро ба кор баред.  Аммо чӣ бояд кард бо одамоне, ки шуморо боз меранҷонанд? Оё Худо мегӯяд, ки шумо онҳоро боз бахшидан гиред?  Оё маҳдудияте ҳаст, ки шумо донед, чанд маротиба бояд ягон касро бахшед?  Замоне Петрус ва Худованд ин саволро дод. 

Ҷои навиштаҷот:  Матто 18:21,22

“Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: ‘Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намоям?  Оё то ҳафт бор?’  Исо ба вай гуфт: ‘Ба ту намегӯям: “то ҳафт бор,” балки то ҳафтод карат ҳафт бор.’”

20.   Саволи Петрус чӣ буд?

21.  Исо чӣ ҷавоб дод?

Ҷавоби Исо “то ҳафтод карат ҳафт бор” маъно рақами номуайянро дорад.  Агар мо пайравони ҳақиқии Худованди Худ буданро хоҳем, мо бояд бахшиданро давом диҳем, фарқ надорад, чуанд бор касе муқобили шумо гуноҳ мекунад.  Барои чӣ бахшидан гунон муҳим аст?  Қоида ҳозиразамон ба мо нишон медиҳанд, ки афвнопазирӣ, ки ҳамеша боиси хашму муқобилат мебошанд, сабаби касалиҳои рӯҳӣ ва дарди ҷисмонӣ, ва инчунин фишори баланди хун, захмҳо ва заҳролудиҳо мебошанд.  Ҳақиқат дар он аст, ки Худо ҷисмҳо ва ақли моро барои бахшиш офарид.  Вақте ки мо бахшиданро рад мекунем, мо ба худ бисёр зарар мерасонем. 

      Ҷои Навиштаҷот:  Тақрори Шариат 32:35 – “Интиқом ва подош назди Ман аст.” 

22.  Интиқом аз они кӣ аст? 

Худо ҳукуки адолат кардан ва ҷазо доданро дорад.  Танҳо Ҳокими Одил ҳамаи ҳақиқат ва сабабҳоро, барои бо адолат ҳукм кардан, медонад.  Ӯ моро аз вазифаи калони ранҷиш ё қасоро доштан ва баъд барои ин қимати калонро додан, озод намудааст. 

Саволӣ шахсӣ:  Оё ягон касе ҳаст, ки шумо бояд имрӯз бахшед?  Чӣ хел Худои аҷоибро мо дорем!  Ӯ натанҳо Писари Худро, вақте ки мо ноумедона бо гуноҳ дастгир карда шуда будем, фиристод, балки вақте ки мо гуноҳҳои худро эътироф карда, дигаронро мебахшем.  Ӯ моро ҳам мебахшад ва аз ҳар онинсофӣ пок менамояд. 

Ҷавобҳо

1.       Даҳ ҳазор талант.  2. Вай раҳмаш омада қарзашро бахшид ва онро ҷавоб дод.  3.  Дигар ғуломро ёфт, ки ба вай пул қарздор буд.  4.  Сад динор. 5.  Вайро ба зиндон андохт.  6.  “Ғуломи шарир”  7.  “Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту илтимос карди; Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?” 8.  Вайро ба зиндон андохт.  9.  Ҷавоби шахсии шумо.  10.  Ҳама.  11.  Мамот (марг). 12.  Исоро фиристод.  13.  Ӯ моро кафорат дод.  14.  Падари Осмонии мо моро мебахшад.  15.  Ӯ моро намебахшад.  16.  Чуноне ки мо ба дигарон мебахшем,  Ӯ ҳам ҳамин тавр ба мо мебахшад.  17.  Дар мо гуноҳ нест гуфта.  18.  Онҳоро эътироф кунед.  19.  Худо мо ба бародари худ, ки нисбат ба  ман гуноҳ карда бошад, афв намоям?  21.  Ба он то ҳафтод карат ҳафт бор бахшидан.  22.  Худо. 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ