Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Созмондиҳии калисо

Download
 

ШИНОСОӣ



Ин китобча тақдими муфассали созмондиҳии калисои маҳаллӣ мебошад. Он ду мақсад дорад:


  1. Хизмат намудан ҳамчун роҳнамо ба онҳое, ки Созмондиҳии Калисои маҳаллӣ, Сафари амалиро аллакай омӯхтаанд ва онро дар ҳаёт татбиқ менамоянд.


  1. Барангехтани майли одамоне, ки ба созмондиҳии калисои маҳаллӣ шавқу завқ доранд.



САРАВВАЛ БА МАН ИҶОЗАТ ДИҶЕД ЧАНД МУЛОҲИЗАҲОЯМРО ТАҚДИМ КУНАМ


  1. Аз рӯзҳои Аҳди ҷадид созмондиҳии калисо методи асосии васеъ паҳн шудани Малакути Худо мебошад.


Ин паст кардани муваффақиятҳои ҳозираи инҷилӣ, ки аз тарафи калисоҳои кӯҳна ба даст оварда шуда буданд, нест. Таърих нишон медиҳад, якчанд калисое, ки аз даҳ сол зиёдтар фаъолият доранд ба василаи ба Масеҳ овардани гумроҳон дар ҳаёти ҷамоаташон тағйиротҳои амиқ ба амал оварданд.


  1. Созмондиҳии калисо / инкишофдиҳии калисо мавзӯъи асосии навиштаҳои Павлус аст.


  1. Созмондиҳии калисо аз тарафи одамони зиёде ба ҷо оварда мешавад. “Одамони ғайрикасбӣ” метавонанд дар созмондиҳии калисо роҳбарӣ кунанд. Агар мардуми оддӣ ба васеъшавии Малакут тавассути тавлиди калисоҳои нав пайваст нашаванд, Масеҳият аъзоёнашро ба фоидаи бутпарастӣ аз даст медиҳад.




  1. Дар созмондиҳии калисо методҳо ва тарзу воситаҳои гуногун истифода мешаванд. “Танҳо як роҳ” нест. Роҳҳо гуногунанд ва аз шахсият, таҷриба ва дониши созмондиҳанда (коранда, тухмпош) вобастагӣ дорад. Хок (одам) низ ҳархела ҳаст ва муносибати гуногунро талаб мекунад. Барои оғози анъанавии калисо ҷои муайяне вуҷуд дорад.



  1. Барои ҳамаи созмондиҳии калисои Аҳди ҷадид асосҳои умумӣ мавҷуд ҳастанд: Ин асосҳо чунинанд: Тухмпош, зери роҳбарии Рӯҳулқудс, тухмро (навишта) ки Исоро ошкор мекунад ба хок (одамон) тақдим мекунад.



Чор асос дар 1 Таслӯникиён 1:5 дида мешаванд. Зеро ки башорати (тухм) мо на танҳо дар сухан, балки низ дар қувват ва дар Рӯҳулқудс (Рӯҳ) ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чӣ гуна будем. Асосҳо барои созмондиҳии хуби калисоҳо дар ҷаҳон инҳоянд: Тухмпош, Тухм, Рӯҳ ва Хок.




МАЪНОИ КАЛИМАҲО



Калисо – (Church)

Калисои маҳалӣ гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки аз гуноҳҳояшон рӯ гардонда ба имони комил ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд рӯ овардаанд. Онҳо таъмид шуданд, ва ин нишонаи таваллуди нав мебошад. Ин фардҳо ҳамчун аъзоёни оилаи Худо мунтазам бо ҳам вомехӯранд. Онҳо дар дуо, ҳамду саногӯӣ ва омӯзиши Библия барои мақсади муайяни ҷалолдиҳии Масеҳ ва васеъкунии Малакути Ӯ дар замин бо ҳам бародарӣ ва ҳамкорӣ мекунанд.



Созмондиҳии Калисо – (Church Planting)

Ин мафҳум одатан вақте ки дар бораи оғози калисои нав сухан меравад истифода бурда мешавад. Ин равандест, ки дар он пайғамбар Тухми Инҷилро миёни беимонон мекунад ва ба Рӯҳулқудс имкон медиҳад, ки гуноҳро маҳкум кунад. Навимондорон худашонро ҳамчун оилаи махсус эътироф мекунанд. Ин оиларо калисо мегӯянд.



Созмондиҳандаи Калисо-( Church Planter)

Ин касест, ки дар ташкил додани калисоҳои нав ширкат меварзад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки созмондиҳандаи калисое, ки Павлусро пайравӣ мекунад ба хариди замин, ё сохтмони иморат, ё пастор ниёз надорад. Вақте ки Худованд дар бораи калисоҳои нав даъват мекунад, ӯ одатан аз байни ҷамоати нав касеро барои роҳнамоии гурӯҳ истифода мебарад.




Калисо Калисоро ташкил медиҳад-( Church Planting Church)

Ин калисоест, ки калисоҳои дигарро ташкил медиҳад. Ҳар калисо бояд дар ташкилдиҳии калисоҳои нав иштирок намояд. Як калисо метавонад дар як вақти муайян якчанд калисоҳоро созмон бидиҳад.



Маҳаллӣ - (Indigenous)

Мафҳумҳои дигари он чунин ҳастанд – бумӣ, ватанӣ, хонапарвар ва он ба маҳали муайян мувофиқ гардидааст. Он дар байни фарҳанги муайяне пайдо шуда, инкишоф меёбад.



Созмондиҳии Калисои Маҳалӣ- (Indigenous Church Planting)

Ин мисоли созмондиҳии калисо / инкишофи калисо зери сарварии Рӯҳулқудс, ки одамонро озод мекунанд ва онҳо ҳамаи он корҳоеро ки Худо мехоҳад ба ҷо меоранд. Калисо бо принсипҳои Аҳди ҷадид буда бо панҷ сифатҳояшон фарқ мекунад. Инҳо худ-идоракунӣ, худ-таъминкунӣ, худ-ифодакунӣ, худ – таълимот ва худ- афзоянда ҳастанд.



Дӯстӣ ё иттиҳоди калисоҳо- (Fellowship or Association of Churches)

Ин гурӯҳи калисоҳое мебошанд, ки бо мақсади ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш ва бо ҳам дидани натиҷаҳои тарғиботи (миссионерӣ) ҳамкорӣ доранд.



ҲИССИЁТИ ДАЪВАТИ СОЗМОНДИҲАНДА


Ҳамаи имондорон даъват шудаанд, ки ба василаи Худованд дар васеъ паҳншавии Малакути Худо бо ташкилкунии калисоҳои нав ҷалб шаванд. Якчанд намуди ҷалбкунӣ мавҷуд аст. Барои он ки дигарон ҷалб шаванд, додани пул вуҷуд дорад. Зарурият ба пуштибонии дуои доимӣ. Баъзеҳо дар ҳақиқат ҳам дар созмондиҳии калисо ширкат доранд. ҳар яки инҳо қисми муҳими созмондиҳии калисо мебошад.


Ҳарчанд ҳар фард даъват дорад, ҳар калисо бояд дорои ҳиссиёти фавран шурӯъ кардани калисоҳои нав бошад.



ОМОДАГИИ СОЗМОНДИҳАНДА


Созмондиҳанда бояд аз ин масъалаҳо воқиф бошад:

  • Нақшаи Худо барои таърих;

  • Гумроҳии одамон бе Масеҳ;

  • Талаботҳои ҷовидонии паҳншавии Малакути Худо;

  • Усулҳое, ки ба кор меоянд ва ба кор намеоянд ҳангоми созмондиҳии калисо.



МУАЙЯН КАРДАНИ ҲАДАФ


Барои ба василаи ташкилкунии калисоҳои нав, одамонро ба Масеҳ овардан, дуо кунед, ки Рӯҳулқудс шуморо бо одамони Худо – тайёркарда – одамоне, ки дар ҷустуҷӯи маънии зиндагӣ ҳастанд дучор кунад.


ОЁ МАН ДИҚҚАТАМРО БОЯД БА ГУМРОҳОН ҶАЛБ КУНАМ Ё БА НАҶОТЁФТАГОН?


Созмондиҳии калисо метавонад дар асоси ҳар ду бошад, вале барои калисоҳои нав зарур аст, ки кор бо гумроҳон мақсади асосии онҳо бояд шавад.


Ин ба боз ҳам васеъшавии Малакути Худо натиҷа хоҳад бахшид. Барои баъзеҳо, роҳи осон он ҳаст, ки диққаташонро ба имондорон равона карда онҳоро дар калисо ҷамъ мекунад. Вале бо ин миқдори Малакути Худо намеафзояд. Хуб мешуд агар шумо наҷот наёфтагонро мавриди ҳадаф қарор медодед.



ҲАДАФГИРИИ УМУМӢ


Сараввал диққататонро ба минтақаи калони ҷуғрофӣ равона карда, пас бо раҳнамоии Рӯҳулқудс дар як макони муайян ҷой гиред.


Минтақаи калон метавонад вилоят, ё шаҳр бошад. Харитаҳо ва демографияҳоро (Соҳаи омор, ки таркиб, миқдор ва афзоиши аҳолиро меомӯзад) истифода баред.



ҲАДАФҲОИ МУАЙЯН


  • деҳаҳо ва ҷамоатҳои нав.

  • саноатҳои нав, ки одамони навро ба худ ҷалб мекунад ва ҷамоатҳои навро тарбия мекунад.

  • деҳаҳо ва ҷамоатҳои ба калисои таълимдиҳии Библия.

  • гурӯҳҳои гуногуни забонӣ.

  • дараҷаҳои гуногуни иҷтимоӣ – иқтисодӣ.


Аз як ҷамоат ба дигараш рафта, аз Худованд илтимос кунед, ки шуморо бо одамони зудфаҳм рӯ ба рӯ кунад. Вақти зиёдеро дар муносибат бо одамон гузаронед.




МАВРИДИ ҲАДАФ ҚАРОР ДОДАНИ КАЛОНСОЛОН ВА НАВРАСОН


Ташкил додани калисо миёни калонсолон ва наврасон хеле хуб аст. Кӯдаконро ҷамъ кардан осонтар аст, вале дар хотир дошта бошед, ки мақсади мо на танҳо гурӯҳ ҳаст: мақсади мо калисо аст.


ҶОЙҲОИ ЭҲТИМОЛӢ БАРОИ ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ


Хонаҳо

Биноҳо

Боғҳо

Клубҳо ва иморатҳои ҷамъиятӣ

Идораҳо

Мактабҳо

Ҳабсхона

Тарабхонаҳо

Меҳмонхонаҳо

Биноҳои калисо


ОИДИ БАЪЗЕ АСОСҲО ФИКР КУНЕД


Мақсадҳои худ ва чӣ хел ба онҳо расиданро донед. Бифаҳмед, ки чӣ тарз аз як вазифа ба дигараш мегузаранд. Танҳо он вақте, ки созмондиҳанда вазифаҳояшро медонад, ӯ тайёр аст нақшаи кор, усули бурдани кор ва техникаи корашро тартиб диҳад. Агар шумо намедонед, ки шумо ба куҷо меравед, шумо ба тарзи бурдани кор, метод ва техникаи кор эҳтиёҷ надоред. Вазифаҳои асосӣ бояд якхела бошанд. Усулҳои бурдани кор, ва техникаи кории барои расидан ба ҳадафҳои худ метавонанд гуногун бошанд.



  • Донистани материалҳои омӯзиши Библия, ки шумо онҳоро истифода хоҳед бурд, мантиқ ва техникаи он.


  • Аз аввал то охир дубора истеҳсол карданро (Reproducible) фикр кунед – дар тарзу усули бурдани кор, истифодаи материалҳо, ва тарзи роҳбарӣ.


  • Донистани он ки шумо чиро созмон доданӣ ҳастед – калисо, на иморат ё барномае (Бори дигар ба маънии калимаи калисо нигоҳ кунед).


  • Ба қадри имкон кӯшиш кунед заминаро васеъ кунед, хубтар аст, шумо ҷамоати омӯзиши Библия дошта бошед, на хона барои омӯзиши Библия. Вале баъзе вақтҳо доштани хонаи омӯзиши Библия шарт аст. Мақсад он аст, ки бо зиёда аз як оила калисои навро оғоз кунад.


  • Донистани он ки шумо танҳо он вақт метавонед комёб бошед агар дар назорати Рӯҳулқудс бошед. ӯ бояд аз ёфтани ҷой барои оғозкунии омӯзиши Библия то тавлид ва инкишофи калисои нав бартарӣ дошта бошад. Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме, ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд. Аъмол 9:31


СИСТЕМАИ МУТТАҲИДАИ СОЗМОНДИҲИИ КАЛИСО


Материалҳои омӯзиши Библия, ки ман муаррифӣ карданиам барои ҳама, ҳатто барои онҳое, ки маълумоти махсус надоранд тайёр шудааст. Инҳо воситаҳо қисми системаи муттаҳидаи созмондиҳии калисо мебошад. Онҳо қисми заминаи теологии Библиявӣ барои созмондиҳии калисои маҳалӣ ва принсипҳои созмондиҳии калисои маҳаллӣ мебошанд.










АМАЛИЯ







ТАЛАБОТҲО





БУНЁДИ ТЕОЛОГӣ (ДИНӣ)

НАҶОТ – КАЛИСО - РӮҲОНИЯТ







Илми динии Библия, Талаботҳо, ва Воситаҳои Амалӣ (асбобу олат) бояд қисми ситемакардашудаи рафти созмондиҳии калисо бошанд.


Нуқтаи аввала илми динӣ мебошад ва аз ин талаботҳо ва амалия оғоз меёбад. Онҳо бо ҳам муносибат доранд.



НАҚШАИ РАФТИ СОЗМОНДИҲИИ КАЛИСО


Мувофиқи таҷрибаи ман раванди (просесси) созмондиҳии калисо се ҳадафро дар бар мегирад.


  1. Наҷотёбии фардҳо.


  1. Тавлиди калисоҳо – дар асоси Аҳди ҷадид, ки аққалан панҷ сифати ба таври осон фарқкунанда ва қобили андоза дошта бошанд.

(1) Худ-идоракунӣ – Калисои нав метавонад зери сарварии Исои Масеҳ хулосаи худашро барорад. Қӯлассиён 1:18.

(2) Худ-таъминкунӣ – Калисои нав метавонад эҳтиёҷоти худро тавассути хайрот ва даҳяки аъзоёни он таъмин кунад.

(3) Худ-ифодакунӣ – Калисои нав метавонад худро бар тибқи фарҳанги маҳалӣ нишон диҳад. Яъне он бо мавриди ибодат ва роҳҳои ифода дар ибодат сару кор дорад. ҳама бояд дар ҳудуди таълимот ва роҳнамоии Библия бошад.

(4) Худ-омӯзиш – ҳар аъзо, аъзоёни дигарро таълим медиҳад. Румиён 15:14.

(5) Худ-афзоянда – Калисои нав дар ташкилкунии калисоҳои нав ширкат мекунад.


Ҳамеша дар хотир нигоҳ дор: Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ. На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост, ки ӯ ба мо лаёқат бахшидааст� 2 Қӯринтиён 3:4-6 а


  1. Тавлиди иттиҳодияҳои калисо.

Ҳар калисо ба таври ихтиёрӣ бо дигар калисоҳое, ки ақидаҳо ва амалҳояш монанд ҳастанд муносибат доранд. Ин муносибат бо мақсади кӯмак ва ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш зарур аст.

Созмондиҳандаи калисо пеш аз ташкилкунии калисо ин ҳадафҳоро дар хотир дошта бошад ва бояд тарзу усул, методҳо, ва услубу равишеро ки барои расидан ба ин се ҳадаф зарур аст ба кор барад.
























Дар ин китобча мо аз як ҳадаф ба дигарон ҳаракат карда, материалҳои омӯзиши Библияро нишон медиҳем ва барои истифодабарии онҳо асоси мантиқӣ пешниҳод мекунем, ҳамчунин услуби истифодабарии онҳоро нишон медиҳем.



ШАРҲИ ВАСЕЪИ РАВАНДИ СОЗМОНДИҲИИ КАЛИСО


ҲАДАФИ 1 – НАҶОТИ ФАРДҲО


ТАЛАБОТҲО барои ба ёд овардан:

Агар гурӯҳи асосӣ калонтар бошад, он гоҳ калисои боқувват дар муддати кӯтоҳ тавлид хоҳад ёфт – калисое, ки метавонад худидора бошад, худтаъминкун, худомӯз ва худафзоянда бошад.


Дар аввал иштироки гурӯҳӣ хеле муҳим аст, агар шумо мунтазири дидани калисое бошед, ки он ҷо ҳама хизматгор рӯҳонӣ бошанд.


Аз аввал, ҳатто барои наҷотёфтагон, шиор ва мақсаде, ки лоиқи ба хотир овардан мебошад чунин аст: “Калисо он аст, ки ҳама як мебошанд”. Беҳтар аст ки одамон дар омӯзиши гурӯҳии Библия ширкат кунанд, ҳарчанд пештар онҳо Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд пазируфтаанд ва калисо бунёд ёфтааст.


КИТОБИ 1

ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ БО УСУЛИ ҒАЙРИМУСТАҚИМ


Ин китобча барои сарварон тартиб дода шудааст. Ин дастури дарсҳо мебошад, ки дар бораи баъзе ҳақиқатҳои муҳими тарзи махсуси сарварӣ баҳс мекунад. Китобча хеле мухтасар аст ва барои аз болои он кор кардан вақти зиёд намегирад. Сарварии ғайримустақим маънои онро дорад, ки сарвар гурӯҳро роҳнамоӣ мекунад ҳамчуноне онҳо дар омӯзиши Библия ширкат меварзанд. Диққати асосӣ ба одамон ва Каломи Худо нигаронда шудааст. Муаллим на суханрон (ва на таблиғкунанда: ӯ омӯзишҳои гурӯҳро роҳнамоӣ ё назорат мекунад. Ин тарзи роҳнамоӣ Low-profile мебошад ва навимондорон онро тез аз худ мекунунд.


КИТОБИ 2

ХАБАРИ ХУШ БАРОИ ШУМО


Ин омӯзиш аз ҳафт дарс иборат буда барои ба имони ҳақиқӣ ба Масеҳ овардани гумроҳон тартиб дода шудааст. ҳамаи дарсҳо дар асоси Инҷили Юҳанно мебошанд. Барои омӯзиш бахшҳои зерин зарур ҳастанд.

  1. Инҷили Юҳанно.

  2. Як китоби роҳнамои омӯзиши Библия, Хабари Хуш барои Шумо.

  3. Қалам ё ручка.

  4. Варақҳои сурудҳо ё китобчаҳо, агар созмондиҳанда мехоҳад сурудхонии гурӯҳиро ташкил диҳад.


Кӣ метавонад иштирок кунад?

Касе, ки хоҳиш дорад. Дарсҳо барои он одамоне навишта шудаанд, ки хонда метавонанд. Калонсолон ва наврасонро бояд таклиф кард. (Агар кӯдакон дар дарсҳо иштирок кунанд ягон проблема нест. Бачагони то синни наврасиро метавон хеле осонакак ба иштироккунӣ ҷалб кард.)


Оё сарвар бояд ҳамаи саволҳо ва дастурҳои Навиштаро хонда ҷавоб диҳад?

Не. Ба хотир биёред, ки “ҳама як ҳастанд”. Агар одамон фаъолонатар иштирок мекунанд, онҳо бисёртар меомӯзанд. Вазифаи шумо дар калисо он аст, ки одамон дар ҳама чиз аз шумо вобастагӣ надошта бошанд. Кӯшиш кунед, миқдори зиёди аъзоёнро ҷалб намоед.


Бо онҳое, ки хонда наметавонанд чӣ мешавад?

Агар дар гурӯҳ касе ки хонда метавонад, гурӯҳ метавонад фаъолият кунад. Агар сарвар ягона касест, ки хонда метавонад, ӯ саволҳо ва дастурҳои Навиштаро мехонад ва онҳое, ки гӯш мекунанд, ҳарчанд хонда наметавонанд метавонанд, ба суолҳо ҷавоб диҳанд.




Талаботҳо барои ба хотир овардан:

  1. Чизе, ки Библия мегӯяд муҳимтар ва тавонотар аст нисбати ҳамаи он чизе, ки дигарон дар бораи Библия мегӯянд.

  2. Намоиши дуру дарози Каломи Худо роҳи беҳтарест дар ҳосил кардани хулосаи ҳақиқӣ дар бораи Масеҳ.

  3. Сарвар набояд ҳама вақт гап занад. ӯ метавонад истироҳат кунад ва ба Каломи Худо имкон диҳад, то ин ки гап занад. Суханҳои Худо бояд афзоиш ёбанд ва суханҳои сарвар кам шаванд.

  4. Одамон бисёртар меомӯзанд, вақте ки онҳо гӯш мекунанд, гап мезананд, фикр мекунанд ва ё чизе мекунанд нисбати оне, ки агар онҳо танҳо гӯш кунанд.

  5. Диққататонро доимо ба дарс кунед. Бе ягон танаффус аз як суол ба дигараш гузаред. Ба одамон имкон надиҳед, ки баҳс ё фалсафасозӣ кунанд. Ин одамонро аз мақсади дарс дур мекунад ва гурӯҳро ҷудо мекунад.


ҶАМЪ КАРДАНИ ОДАМОН БАРОИ ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ


Чун сарвар одамони зудфаҳм ва онҳоеро, ки мехоҳанд дар омӯзиши Библия ширкат кунанд, ӯ бояд фикр кунад, ки чӣ хел онҳоро ва дигарҳоро даъват кунад. Барои ҳамин сарвар бояд эҷодкор бошад. Роҳҳои гуногуни даъвати одамон мавҷуд аст.

Коғазҳои хурдро метавон дар ҳудуди минтақаи мавриди ҳадаф қарор гирифта паҳн кард. Беҳтар мешуд онҳое, ки бо омӯзиши Библияро дар хонаашон машғул ҳастанд, дар ин кор ёрӣ мерасонанд ё худашон онро иҷро мекунанд. Сарвар мехоҳад паҳлу ба паҳлу ба одамон дар паҳнкунии варақаҳо иштирок намоед.

Эълон (плакатҳо)-ро метавон дар ҷойҳои намоёни минтақа гузошт.

Аз шахс-ба шахс, дар байни мардум гашта ба онҳо дар бораи омӯзиши Библия, вақт ва ҷой гуфтугӯ кард.

Ҷамъомадҳои ҷамъиятӣ мусиқии хуб ва тарғиботро дар бар дорад, ҳамзамон одамонро барои омӯзиши Библия даъват мекунанд.


ВОХӮРИИ ЯКУМ – ШИНОСШАВӢ


Зарур нест ҳама вақт вохӯрии шиносоӣ гузаронда шавад, вале баъзе мавридҳо он арзиши калон дорад. Шиносоии кӯтоҳро мумкин аст бо дарси аввал гузаронд. Баъзе чизҳоро бояд шаби аввал ба ҷо овард:


  1. Худатонро шинос кунед: -Ман ҷое___________ҳастам. Ман дар шаҳри ____________зиндагӣ мекунам. Ман зан ва се фарзанд дорам. Мо дар ин минтақа __________сол зиндагӣ мекунем. Ман муаллими Библия ҳастам.


  1. Мақсадатонро муаррифӣ кунед – Мақсади ман барои омадан ба ин ҷо тарғиб кардани Хабари Хуш дар бораи Исои Масеҳ бо одамоне ки дар ҷустуҷӯи фаҳмидани маънии ҳаёт ҳастанд мебошад. Ман бо мақсади баҳс ва фалсафасозӣ наомадам. Агар шумо бо ин мақсад омадед, метавонед маро баъди нисфирӯзӣ бинед, ва мо метавонем барои мусоҳиба вақтро ҷудо кунем.


Одамонро боварӣ кунонед, шумо бо онҳо тарғиб намекунед ва дини худро ба онҳо базӯрӣ бор намекунед.


  1. Шиносоии омӯзиш – Ин китобча ҳафт дарс дорад, ки ҳар кадомашон аз саволҳои содда иборат мебошанд. ҷавобҳояшонро дар Библия ёфтан мумкин аст. Ин омӯзиш на барои Протестентӣ, Яҳудӣ ё католикӣ аст; он барои ҳама.


Китоби Инҷили Юҳанно ва Библияро нишон диҳед. Фаҳмонед, ки Инҷили Юҳанно ба монанди он китоби Инҷили Юҳанное, ки дар Библия мебошад, ҳаст. Хеле хуб мешуд агар иштироккунандагон Библияҳои худашонро биёранд.


Чун роҳи шиносоии омӯзиш, шумо метавонед саволҳоро хонед, ва ба одамон имкон медиҳед, ки ҷавоб диҳанд.


Дарси 1-ро сар кунед.

Дастуреро, ки дар дохили муқова навишта шудааст, хонед. ҳамаи иштироккунандагонро рӯҳбаланд кунед. Нисбати онҳое, ки хонда наметавонанд ва ё намехоҳанд тоқатпазир бошед.


Аз шахсоне, ки мехоҳанд ҳам ҳангоми хондан ва ҳам ҷавоб додан пешдастӣ кунанд, эҳтиёт бошед. Иштироккунии гурӯҳиро дастгирӣ кунед. Ду роҳи эҳтимолии иштироккунӣ ин пурсидани ихтиёрӣ ва мувофиқи давр ҳастанд.


Аз як савол ба дигараш бе фаҳмондадиҳӣ ва баҳс гузаред- имкон диҳед, ки Навишта сухан кунад.


Агар сарвар ва гурӯҳ, хоҳиш доранд, сурудхониро низ метавонанд илова кунанд.


Дарси 1 барои таълим додани ду чиз тартиб дода шудааст: 1. Гуноҳ чист? 2. Ҳар шахс гуноҳкор аст.


Бигузор одамон аз вохӯри бо ин фикр раванд, ва мавзӯҳо ва мубоҳисаҳои дигар ба он илова нашавад.


Дараҷаи маълумоти гурӯҳ муайян мекунад чӣ хел тез дарсҳо тамом мешаванд. Агар дараҷаи маълумотнокӣ баландтар бошад, дар он ҷо баҳс бисёр мешавад. Агар баҳс бошад муҳим аст он аз мавзӯи омӯзиш дур нашавад. Беҳтар мешуд, ки сарвар дар охири ҳар дарс ба иштироккунандагон боби муайяни Иҷилро диҳад.


Ҳар дарс бояд аз як соат кам набошад.




БАРОИ КӮМАК:


  1. Баъди хатми ҳар дарс китобҳоро ҷамъ карда гиред.


Бигузор дар гурӯҳ як нафар масъули то дарси оянда нигоҳ доштани китобҳо бошад. Агар китобҳоро ба хона мегиранд иштироккунандагон метавонанд:


  1. овардани китобҳоро фаромӯш кунанд;

б.дарсҳои баъдинаро кор кунанд;

с. китобҳоро гум кунанд.


  1. Кор бо душвории омадани одамони нав баъди он ки аллакай якчанд дарс гузаштанд.


Мисоли 1: Чӣ кор мекунед, агар одамони нави бисёр ба дарси дуюм омаданд? Дарсро такрор кунед ва ба иштироккунандагон ба тарзи пухта чунин гӯед: “Чӣ хеле ки шумо мебинед, дар ин дарс одамони нав иштирок мекунанд, ки дарси аввалро нагузаштаанд. Шумо зид нестед, агар мо дарси якумро такрор кунем, то ки онҳо низ ин дарсро аз худ кунанд?


Мисоли 2: Агар баъди дарси якум ба гурӯҳатон як ё ду нафари нав илова мешавад. Ба фикри шумо онҳо он чизеро ки дар дарси якум гузаштед аз худ мекунанд? Дар чунин ҳолат ду роҳ аст. (1) ҳамчун сарвар шумо бо ҳар кас шахсан вохӯрда ба онҳо дар фаҳмидани дарси якум кӯмак мекунед, ё (2) касеро аз гурӯҳатон хоҳиш мекунед, ки ин корро кунад.


  1. Агар касе, ки мехоҳад оид мавзӯи, ба дарс дахл надошта баҳс кунад, шумо чӣ кор мекунед?


Шумо метавонед чунин бигӯед, “Ин саволи хеле хуб аст, вале агар шумо муқобил нестед, мо инро баъдтар хоҳем омӯхт”.


Баъзе вақтҳо ин саволро баъди дарсро ба итмом расондан вақте ки дигарон мераванд ҳал метавон кард.



  1. Барои ба хулоса омадан гурӯҳро маҷбур накунед.


Имкон диҳед, ки тухми кофӣ корида шавад ва вақти кофӣ барои расиши ин тухм диҳед. Одамон бояд ба хулосаи ҳақиқӣ биёянд.


Дарси 2-3 Ба монанди мисолҳои дарси якум.


Дарси 4 – Ягона фарқияти ин дарс аз дарсҳои пеш он аст, ки сарвар мепурсад: “Оё шумо аз нав таваллуд шудед?” (# 7 дарохири дарси 4). Агар гурӯҳ хурд бошад шумо метавонед одамонро як ба як пурсед. (То ин вақт байни шумо аллакай муносибати наздик аст ва одамон ба шумо боварӣ доранд). Дар охири ин дарс онҳое, ки Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул накарданд дар бораи ин маълумоти зиёд доранд.


Дарси 5 – Ин дарсро бе маҷбуркунии ба хулоса омадан пур кунед. (Касе ки тайёр аст метавонад хулосаашро гӯяд).


Дарси 6 – Хуб мешуд агар сарвар тавассути кӯпруки ҳаёти худаш кор кунад ва донишҷӯён тавассути роҳи худашон. (Агар гурӯҳ калон бошад сарвар метавонад тахтаи синфро истифода кунад). Ин вақте аст, ки аксарият тайёр ҳастанд ба хулосаи пайравии Масеҳ оянд. Дар охири дарс сарвар онҳоеро, ки мехоҳанд аз нав тавлид шаванд мепурсад, ки хоҳишашонро гӯянд. Агар гурӯҳ калон бошад, метавонанд дастҳояшонро бардоранд ва баъд аз пеши гурӯҳ бароянд. Онҳое, ки хоҳиши пайравии исоро нишон доданд, хуб мешуд бигӯянд, ки аз нав таваллуд шудан чӣ маънӣ дорад. Баъд як ба як онҳо дуои гуноҳро мегӯянд. Бигузор онро ба овози баланд кунанд. (Намунаи дуо дар охири дарси 6 омадааст).



Баъди дуои донишҷӯён, бо онҳо муҳим будани хулосаи онҳо ва далели он ки акнун онҳо бо Исо зиндагии ҷовидонӣ доранд, муҳокима кунед. ҳозир вақти шиносоии дуои Исо фаро расид. Бигузор навгаравидагон як ба як дуои сипосгузориро хонанд. Дуо метавон чунин бошад, “Исо, барои маро наҷот додан аз шумо сипосгузорам. Омин”.


Дарси 7- Агар баъзеҳо баъди дарси 6 ба хулоса наомаданд ин дарс ба онҳо имконияти дигар барои хулосабарорӣ медиҳад. Ин вазифаи онҳоеро ки аллакай наҷот ёфтаанд тасдиқ мекунад.



Хулосаи омӯзиши китоби якум.


Чиро шумо бояд интизор бошед:

  1. Бисёриҳо Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда пазируфтанд.

  2. Гурӯҳ бисёр сурудҳои Инҷилро хоҳад омӯхт.

  3. Одамон аз гурӯҳ сурудхониро бояд баранд.

  4. Навозанда аз гурӯҳ бояд навозад.


Чӣ мешавад агар касе аз гурӯҳ ба хулосаи шогирди Исо шудан наомад? Хуб мешуд вақти гурӯҳро бо ин як ё ду одам нагузаронд. Бо онҳо як ба як кор кунед. ҳарчанд онҳо наҷот наёфтанд, онҳо бояд дар дарсҳои Библия иштирок кунанд.


Баъди дарси 7, навимондорон ба хулосае меоянд, ки оё онҳо мехоҳанд омӯзишро давом диҳанд. Барои ёрӣ, ба онҳо китоби “Ман боз таваллуд шудам, Баъд чӣ?”-ро нишон диҳед. Одатан онҳо дар бораи ҳиссиёти нав ва ҳаёти нав дар ҳаёҷон ҳастанд ва мехоҳанд омӯзишро давом диҳанд.


Эҳтимол ҷои вохӯрӣ ҳамон бошад, вале ҷой, вақт ва рӯзи вохӯриро гурӯҳ метавонад муайян кунад.





КИТОБИ 3

МАН АЗ НАВ ТАВАЛЛУД ЁФТАМ, БАЪД Чӣ?



Ин китоб аз ҳашт дарс иборат аст ва ба имондорон дар қавӣ шудан дар муносибат ба Исо ва ба ҳамдигар ёрӣ медиҳад. Ин ба онҳо ёрӣ медиҳад, то ки онҳо имтиёзҳо ва вазифаҳои Масеҳиро бифаҳманд, ва ба аъзои масъули калисо шудан ба онҳо ёрӣ медиҳад.


Ҳар аъзо бояд яктои китобча дошта бошад.


Чун навимондорон наметавонанд китоби худашонро надошта бошанд, дастурҳои Навишта қисми дарсҳо мебошанд. Навишта қудрати дарсҳо ҳастанд.


  • Акнун, ки донишҷӯён имондор ҳастанд, ҳар дарс бояд бо дуо сар ва анҷом пазирад. Созмондиҳанда бояд дуои муқарарӣ содда ба монанди “Исо, раҳмат барои омӯзиши Библия, Омин”. (На дуои дуру дароз)кунад. Вақте ки навимондорон чунин дуои соддаи сарварро мешунаванд, онҳо аз дуо кардан наметарсанд. Онҳоро рӯҳбаланд кунед, ва онҳо дуо мекунанд.


  • Бо мусиқӣ давом диҳед. Ба навимондорон имконият диҳед, ки дар сурудхонӣ ва навиштани мусиқӣ пешсафӣ кунанд.


  • Созмондиҳанда бояд бо гурӯҳе, ки омӯзишро давом медиҳанд дарси аввалро мебарад. Ҳар дарс қисмест, ки барои таълим додани ҳақиқатҳои муайян тартиб дода шудааст ва бояд бе ягон баҳс доир ба ҳар нуқта хонда шавад. Баъд донишҷӯён мехонанд.



Дар охири ҳар дарс суолҳое ҳастанд, ки гурӯҳ баҳс карда ба ин суолҳо ҷавоб диҳанд. Сарвар метавонад саволҳоро хонад ва баъд ба иштироккунандагон имкон медиҳад, ки ҷавоб диҳанд. (ҷавобҳоро дар дарс дарёфт кардан мумкин аст).


Сарвар метавонад аз яке аз аъзои гурӯҳ хоҳиш кунад, ки дарси ояндаро диҳад ва сарвар дар ин дарс ҳамчун аъзои гурӯҳ иштирок мекунад.


Дар ин дарсҳо имондоронро бо дуо, Библия, калисо таъмид, Шоми Охирон ва дигар шинос мекунанд. Дар охири омӯзиш имондоронро таъмид мекунанд ва дигар онҳо ҳамчун калисо амал мекунанд.


Созмондиҳанда ягона одамест, ки мувофиқи нишондоди Аҳди ҷадид таъмид шудааст. Пас ӯ ягона одамест, ки дигарҳоро таъмид диҳад.


Вазифаи 2 – Тавлиди Калисо


  1. Гурӯҳ ҳамчун калисо эътироф шуд. (Бори дигар маънии “калисо”-ро, ки дар аввали ин китобча омадааст ба хотир биёред).


  1. Калисои нав маҷлиси махсус хоҳад дошт, ки дар он қарори зеринро ҳал мекунанд.


  • Кай ва дар куҷо вохӯранд. Вақт ва ҷои маҷлисҳоро метавон бетағйир монд.


  • Хизмати якуми ибодатиро, ки роҳбарӣ мекунад.


Хуб мешуд, ки якчанд нафар аз гурӯҳ хизматҳои ибодатиро роҳбарӣ кунанд. Онҳо метавонанд ҳар як ҳафта иваз шаванд. Роҳбаронро калисо интихоб мекунад. Онҳо бояд болиғ, имондорони соҳиби обрӯю эҳтиром бо муҳаббати ҳақиқӣ нисбати Масеҳ бошанд.


  • Кӣ хазинадор ва ёвари хазинадор хоҳад буд. (Барои баъзе гурӯҳҳо онро баъдтар интихоб мекунанд).


  • Барои мусиқӣ кӣ масъул аст.

Бисёр раҳбарӣ беҳтар аст, махсус дар оғоз.


Созмондиҳандаи калисо омӯзишҳои таълимии сарварии ҳафтаинаро мавриди баҳс қарор медиҳад ва он барои ҳама, ки мехоҳанд дар он ширкат варзанд қобили дастрас аст.



КИТОБИ 4

ҒАЛОТИЁН, АЗ ШАРИАТ БА ФАЙЗ


Созмондиҳанда ба сардори ибодат нусхаи китоби ғалотиён, Аз Шариат ба Файзро, бо дастурҳои истифодаи китоб медиҳад. (Дастурҳо дар саҳифаи аввала мебошанд).


Аввал Навиштаро мехонед, ва баъд аз раҳнамои омӯзиш тафсири онро мехонед. Дар охири ҳар дарс саволҳо ҳастанд ва гурӯҳ бояд ба онҳо ҷавоб диҳанд.


Хизмати ибодатии калисои нав инҳоро дар бар мегирад:


  1. Дуои кушодашавӣ ва дуо дар просесси давраи ибодат.

  2. Мусиқӣ, сурудхонии гурӯҳӣ ва мусиқии махсус ба монанди якка ва ғайра.

  3. Бо ҳам дидани таҷриба бо Худо ва дигар аъзоён дар рафти ҳафта.

  4. Додани даҳяк ва хайрот.

  5. Омӯзиши Библия аз ғалотиён (як боб ҳар ҳафта).

  6. Дуои анҷоми дарс.



ШИНОСОИИ ВАҚТИ ҲИСОБОТИ ХОНДАНИ БИБЛИЯ


Барои бисёр гурӯҳҳо маъқул аст, ки ин вохурӣ як соат пеш аз ибодат гузаронда шавад. Омӯзиши Библия дар асоси Матто 4:4, Ёҳушаъ 1:8, Наҳум 8:1-12, 9:3, Забур 1, 1 Тимотиюс 4:13.


Агар касе ҳар рӯз се боб хонад, ӯ метавонад дар як сол Библияро тамом кунад. Ба ғайр аз устувор будан дар Каломи Худо ҳеҷ чизи дигаре ба нав имондор кӯмак намекунад. Сарварони қавӣ аз ин амал пайдо мешаванд.


Ҳар ҳафта аъзоён бояд доир ба китобҳо ва бобҳои хондашуда ҳисобот диҳанд. Оятҳое, ки дар дилашон таъсири амиқ гузоштанд ё аз зерашон хат кашанд, ё онҳоро дар дафтарҳо нависанд. Танҳо ҳамин оятҳоро назди гурӯҳ мехонад. ҳар аъзо аз китоби Библия худаш истифода мекунад. Тафсир лозим нест. Дар хотир дошта бошед, ки он чӣ Каломи Худо мегӯяд, муҳимтар ва пурзӯртар аст аз ҳамаи гуфтаҳои шахс дар бораи Каломи Худо.


Созмондиҳандаи калисо дар вохӯриҳои калисо иштирок мекунад вале ӯ ба онҳо роҳбарӣ намекунад.



ОМӮЗИШИ САРВАРӢ


КИТОБИ 5

САВОЛҲОИ ОДАМОН ВА ҶАВОБҲОИ КАЛИСО


Созмондиҳандаи калисо ҳафтае як маротиба ба ҳар касе, ки ба омӯзиши сарварӣ шавқ дорад вохӯрӣ ташкил мекунад. Вақти вохӯрӣ мувофиқи хоҳиши иштироккунандагон муайян мешавад.



Сарварӣ аз оилаи нави калисо рушд ва инкишоф меёбад. Ин зарур нест ва дар зинаи аввали калисо бисёр унвонҳо ба мисли роҳиб (пастор)-ро доштан лозим нест.


Саволҳои Одамон ва ҷавобҳои Калисо бо масъалаҳои амалие, ки навимондорон ва калисои нав рӯ ба рӯ мешуданд сару кор дорад. ҳамчунин бо баъзе таълимотҳои ақидавӣ сару кор дорад, ки он барои сарварони нав фоидаовар аст, ҳамчунин баъзе чизҳои амалие, ки сарварон дучор мешаванд. Зарур нест, ки мувофиқи китоб дарсҳо гузаронда шаванд, вале онҳо бояд бар тибқи зарурати гурӯҳ бошанд. Барои мисол, агар рӯзи якшанбе хизмати таъмид гузаронда шавад, гурӯҳ метавонад фаслеро ки дар бораи таъмид ва тарзи гузарондани он баҳс мекунад аз назар гузаронанд. Дар китоб ҳамчунин дарсҳо доир ба даъват ба мавъиза, чӣ хел тайёр кардани ваҳй, кори роҳиб ва ғайра омадаанд.


Баъди чанд моҳ, онҳое ки аз тарафи Худо даъват шудаанд, ки ҳамчун роҳиб кор кунанд, аллакай дар бораи он огоҳӣ доранд. Баъзе донишҷӯён метавонанд аз дарсҳо озод шаванд ва танҳо онҳое, ки ҷиддан меомӯзанд дарсро давом медиҳанд.


Дарсҳои омӯзиши сарварӣ метавонанд аз 6 то 12 моҳ ё чанде, ки зарур аст давом ёбанд.



КИТОБИ 6

ЮҲАННО, ИДРОКИ БАРРА


Вақте ки калисо омӯзиши ғалотиёнро анҷом дод, ман омӯзиши Инҷили Юҳаннаро тавсия медиҳам. Агар сардори ибодат аз гурӯҳи навимондорон омада бошад, онҳо тайёр нестанд, ки бе кӯмак ба мавъизаи ваҳйи расмӣ оғоз кунанд. Юҳанно, Идроки Барра, сарваронро дар Каломи Худо нигоҳ медорад. Он аз 21 боб – фасл паи фасл иборат аст.


Асос барои истифодаи ин омӯзиш: Ба навимондорон зарур аст ба илоҳияти Масеҳ – одам – дар айни замон Худо назари амиқ дошта бошанд. Инҷили Юҳанно ҳамчунин барои аз назар гузаронидани он роҳҳое ки инсон фарзанди Худо мешавад имкон медиҳад.


Сарварони ибодат чӣ хел тайёр кардани омӯзиши Библия ё ваҳйро аз Библия меомӯзанд.


Дар хотимаи ҳар боб барои мусоҳиба саволҳо ҳастанд. Сарвар метавонад онҳоро барои раҳнамоии гурӯҳ ҳангоми баҳс доир ба боби мавриди омӯзиш қарор дошта истифода кунад.



КИТОБИ 7

РУМИЁН, РОҲ БА СӮӢ АДОЛАТ


Ин китоб баъд аз он ки сарварони ибодат омӯзиши Инҷили Юҳанноро хотима доданд, ба кор бурда мешавад. Ин китобро низ ба монанди Инҷили Юҳанно истифода мебаранд. Вале сардор ҳамчунин метавонад онро ҳамчун манбаъ барои омӯзиши Библия / тайёрии ваҳй истифода барад.



КИТОБИ 8

БИГУЗОР ИН ФИКР ДАР ТУ БОШАД


Ин китоб барои омӯзиши сарварии зинаи олӣ мебошад. Он ба шумо бунёди мустаҳками динӣ барои рушди рӯҳонӣ кӯмак мекунад. Агар дар ин минтақа якчанд калисоҳои нав вуҷуд дошта бошанд, созмондиҳандаи калисо метавонад институти марказии омӯзиш ташкил диҳад.




КИТОБИ 9

СОЗМОНДИҲИИ КАЛИСОИ МАҲАЛЛӢ, САФАРИ (ОМӮЗИШИ) АМАЛӢ


Ин китоб низ барои таълими сарварон тартиб дода шудааст. Ин тақдими оддии чӣ хел созмон додани калисоҳо, ки қобил ҳастанд худро афзоянд. ҳар калисои нав ташкил шуда бояд рағбати кушодани калисои дигарро дошта бошад. Ин китоб ба онҳо дар ташкилкунии калисоҳои нав кӯмак мекунад.



КАЛИСОИ НАВ ДАР АМАЛ


Калисои нав бунёд ёфт ва сарварони онҳо таълими кофӣ гирифтанд. Хабари Хуш барои шумо китоби асосии ҳар аъзо барои инҷилшиносӣ гардид. ҳар аъзо бояд дигарҳоро ба василаи Хабари Хуш барои шумо ба имон ба сӯи Масеҳ роҳнамоӣ кунад. Ин метавонад омӯзиши як ба як ё хонагии Библия бошад. ҳангоме ки одамон наҷот ёфтанд ва ба гурӯҳ пайвастанд, онҳо ба хондани китоби “Ман аз нав таваллуд ёфтам, Баъд чӣ?” мепардозанд.


Созмондиҳандаи калисо метавонад бо калисо корро ҳамчун роҳиб давом диҳад ё ӯ метавонд калисоҳои навро созмон диҳад. Вақте ки калисо ташкил шуд муҳим аст, ки ин калисо бо калисоҳои дигар муносибат дошта бошад.


Баъди ташкилкунии якчанд калисоҳо, зарур аст иттиҳодия байни калисоҳо созмон дода шавад. Ин моро ба:



ВАЗИФАИ 3 – ТАВЛИДИ ДӮСТӢ Ё ИТТИҲОДИЯИ КАЛИСОҲО МЕОРАД.


Барои калисо зарур аст, ки бо калисоҳои дигар дӯстӣ дошта бошад. Дар ҳамбастагӣ гурӯҳи калисоҳо метавонанд вазифаи махсус – паҳнкунии Инҷилро ба мардум иҷро кунанд. Хабари Хуш тавассути тавлиди калисоҳои нав ва баъд тавассути дӯстии калисоҳо.


Калисоҳо метавонанд дар ҷои марказӣ дар як сол чор ё ду бор вохӯриҳо гузаронанд. Аъзоёни ҳамаи калисоҳо бояд иштирок кунанд. Мақсади аввалаи ин вохӯриҳо гирифтани илҳом, дӯстӣ ва ба нақшагирии корҳои ояндаи калисо мебошад.


Www.dardidil.com





<< Дарсҳои рӯҳонӣ