Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Тафсири Юҳанно 1-2

Download
 

Тафсири Инҷили Юҳанно

Истифодаи ин Раҳнамои Омӯзиш

Омӯзиши фасл паи фасли Инҷили Юҳанно сарчашмаест барои омӯзгорони Библия. Ин китоби асосӣ барои омӯзиш нест. Он фақат кӯмакест барои беҳтар аз худ кардани Инҷили Юҳанно. Инҷили Юҳанно худаш  китоби асосиест барои омӯзиш.

Баъзе фаслҳои ин китоб тафсири оят паи ояти Библия нестанд. Дар ин фаслҳо оятҳои муҳимтарине, ки  мавриди кор қарор хоҳанд гирифт, нишон дода шудаанд. Ҳар як фасл бо нақшаи аз Библия гирифташудаи ҳамин фасл сар мешавад. Нақша на ҳама вақт мувофиқи рафти фасл  меояд.

 

 Ин китобро метавон ба тариқи зайл  истифода бурд:

 

1.     Ҳамчун сарчашма: Таълим ё тарқиби фасл паи фасли Инҷили Юҳанно.

 2.     Омӯзиши гурӯҳии Библия: дар рафти ҳафта ё субҳи рӯзи якшанбе пеш аз ибодат ба нақша гирифта мешавад.

 

 Тавсияҳо барои омӯзиши бомуваффақият:

 

1.     Хуб мешуд, агар ҳар оила соҳиби роҳнамои омӯзиш бошад. Ҳар аъзои синф бояд китоби Библия ё Инҷили Юҳаннoро дошта бошад.

 

2.     Роҳбар метавонад лексия хонад ва сипас ба шунавандагон имкони мусоҳиба диҳад, ё аҳли синф метавонад фаслро якҷоя хонанд ва саволҳою фикрҳояшонро бо ҳам гӯянд.

 

3.     Пеш аз оне, ки роҳбар ба баёни дарс шурӯъ кунад, ӯ бояд аз Худо барои азхудкунӣ ва роҳнамоӣ кӯмак пурсад (талабад). Ҳангоми тайёркунӣ роҳбар бояд фаслеро аз Библия якчанд бор хонад. Баъд ӯ бояд ҷойҳои муҳимро барояш қайд намояд. Баъди омӯзиши Китоби Муқаддас, роҳбар бояд аз ин китоб фаслеро омӯзад.

 

4.     Пеш ва баъди анҷоми дарс бояд барои ибодат вақт ҷудо шуда бошад.

 

5.     Ибодати бисёр ва тайёрии ҳар яъзо пеш аз дарс натиҷаи хуб хоҳад дод.

 

6.     Дар охири ҳар дарс бахше бо номи «Ин фасл ба мо имрӯз чӣ маънӣ дорад» мавҷуд аст. Ин метавонад ҳамчун роҳнамо барои  хулосабарорӣ ва мусоҳибаи гурӯҳӣ хизмат намояд.

 

 

Шиносшавӣ бо Инҷили Юҳанно

 

Муаллиф

 

 

          Ҳавворӣ Юҳанно писари Забдой ва Салом буд. Забдой моҳигири Ҷалил буд.

 

          Ҳангоме, ки Юҳанно аз тарафи Исо даъват шуда буд, ӯ ҳаввории ҷавонтарин буд ва ӯ дар давраи бузурге умр ба сар бурд. ӯ ҳаввории ягонаест, ки ба таври табиӣ вафот кард. ӯ ҳангоми кор бо падараш ва бародараш Яъқуб, вақте ки онҳо тӯрашонро дар Баҳри Ҷалил таъмир мекарданд даъват шуда буд (Матто 4:21, Луққо 5:10, Марқӯс 1:19).

30 соли охир ҳаёташро аз соли 68 то 98 дар Ефсӯс паси сар кард.

 

 

Таърихи эҷод кардан (навиштан)

 

Таърихи навиштан номуайян аст. Бисёр олимони Библияшинос чунин мепиндоранд, ки он дар охири асри якум эҷод шудааст.

 

 

Мақсад

 

Юҳанно мақсади навиштанашро дар Юҳанно 20:31 равшан нишон додааст. «Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост, ва имон оварда, ба исми ӯ ҳаёт  ёбед».

 

          Аз ин оят мақсади Юҳанно ҳамчун ақидавӣ (доктрина) ва амалӣ дида мешавад:

 

1.     Ақидавӣ: Исботи он, ки Исо Масеҳ буд ва Писари Худо аст.

 

2.     Амалӣ: фароҳам овардани таҷрибаи ҳақиқии масеҳӣ.

 

Мақсади Юҳанно он буд, ки хонандагонаш Худоро ба василаи Исои Масеҳ, ки ин олами фаноёфтаро кафорат мебахшад, бинанд.

 

Далелҳои аҷоиб оиди Инҷили Юҳанно

 

 

1.     Дар ин Инҷил  Исо ваҳйи пурратари Худ ва Худоро овардааст (Матто, Марқӯс, Луққо).

 

2.     Дар Инҷил  ҳафт «Ман ҳастам» мавҷуд аст.

 

     «Нони ҳаёт»  (6:35, 41, 48, 51)

 

          «Нури ҷаҳон»  (8:12, 9:5)

 

          «Дарича»  (10:7,9)

 

          «Чӯпони некдил» (10:11, 14)

 

          «Эҳёшавӣ ва ҳаёт» (11:25)

 

          «Роҳ, ҳақиқат ва ҳаёт» (14:6)

 

          «Ток» (15:1-5)

 

3.     Исо илоҳӣ будани худро ошкор мекунад (1:1, 10:30-38, 12:45,

14:7-9, 16:15).

 

4.     Кори Рӯҳулқудс ошкор  шуд.

 

Меҳмони доимӣ (14:16)

 

          Гувоҳидиҳанда (15:26)

 

          Сарзанишкунанда (16:7,8)

 

          Роҳнамо (16:13)

 

          Ҷалолдиҳандаи Исо (16:14)

 

          Ошкоркунандаи Исо (16:15)

 

5.     Исо намояндагии Худашро ошкор мекунад. Дар фасли 5-ум ӯ шаш бор эълом медорад, ки ӯ аз тарафи Худо фиристода шудааст (Оятҳои 23, 24, 30, 36, 37, 38).

 

6.     Падарии Худо беш аз 100 маротиба хотирнишон шудааст.

 

7.     Бештар аз нисфи Инҷили Юҳанно ба воқеъоти ҳаёти Исо ва гуфтаҳои ӯ дар рӯзҳои охири ҳаёташ бахшида шудааст.

 

8.     Сӯҳбати Исо бо Ниқудимӯс (3:1-21) ва зани сомарӣ (4:1-26) танҳо дар Инҷили Юҳанно навишта шудааст.

 

9.     Юҳанно ҳашт мӯъҷизоти Исоро сабт кардааст, то ин ки рӯҳонияти ӯро собит намояд. Шаштоашон танҳо дар Инҷили Юҳанно навишта шудаанд.

 

10.            Якчанд калимоти муҳим дар Инҷили Юҳанно.

 

        Падар : 118 маротиба

 

        Имон: 100 маротиба

      

         Олам: 78 маротиба

 

         Муҳаббат: 45 маротиба

       

          Ҳаёт: 37 маротиба

    

          Шоҳид, исбот кардан: 47 маротиба

 

           Нур: 24 маротиба

 

 

 

Нақшаи Инҷили Юҳанно

 

 

I .  Калом ҷисм гардид (1:1-14)

 

II . Шаҳодати Яҳёи Таъмиддиҳанда (1:15-34)

 

III. Даъвати Шогирдони Аввалин (1:35-51)

 

IV. Мӯъҷизоти аввалин: Об ба шароб мубаддал гашт (2:1-12)

 

V . Дар Кофарнаҳум (2:12)

 

VI. Аввалин рӯҳониёни Яҳудӣ

      А. Дар Ерусалим

1.     Бори аввал пок кардани маъбад (2:13-22).

2.     Ниқӯдимус ва тавлиди нав (2:23-3:21).

 

      В.  Дар Яҳудо: Шаҳодати охирини Яҳёи Таъмиддиҳанда

            (3:22-36).

 

      С.  Дар Сомария

1.     Тарк кардани Яҳудо (4:1-3).

            2.  Зани сoмарӣ: Исо-оби ҳаёт (4:4-26).

2.     Аҳли Суҳар Инҷилро мешунавад (4:27-42).

 

VII. Рӯҳониёни Ҷалил

      А. Шифоёбии писари марди дарбор (4:46-54).

 

       В.  Шифоёбии марди ланг (5:1-18).

 

       С.  Исо бо Худо баробар буданро талаб мекунад (5:19-47).

 

       Д.  Хӯрондани 5000 нафар (6:1-14).

 

       Е.  Исо дар баҳр қадам  мезанад (6:15-21).

 

 

F.      Исо- Нони ҳаёт  (6:22-71). 

 

G.     Дар Ерусалим

1.     Иди Хаймаҳо (7:1-52).

2.     Дастгир шудани зан ҳангоми зинокорӣ (7:53-8:11). 

3.     Нури Олам (8:12-59).

4.     Шифоёбии кӯри модарзод (9:1-41).

5.     Чӯпони некдил (10:1-21).

6.     Иди Хаймаҳо (10:22-39).

 

VIII. Роҳиб дар Байт-Ҳинӣ

         А. Эҳёи Лаъзор (11:1-46).

 

         В. Яҳудиён нақшаи куштани Исоро кашиданд (11:47-57).

 

 IX. Охирин ҳафтаи Роҳибии Исо (12:1-19:42)

A.   Марям Исоро равқан мемолад (12:1-11).

 

B.   Воридшавии ботантана (12:12-19).

 

C.   Охирин рӯзи таълимдиҳӣ (12:20-36).

 

D.   Яҳудиён Исоро инкор мекунанд (12:37-50).

 

E.    Иди Фисҳ ва Шоми Худоӣ (13:1-30).

 

F.    Нутқи видоии Исо (13:31-16:33).

 

G.   Дуои саркоҳинии Исо (17:1-26).

 

H.   Рӯзи ҷумъа дар Ҷатсамонӣ (18:1).

1.     Таслими Исо (18:1-12).

2.     Доварии динӣ (18:13-27).

3.     Доварии дунявӣ дар ҳузури Пилотус (18:28-19:18).

4.     Маслубкунӣ (19:19-37).

5.     Дар оромгоҳ (19:38-42).

 

X . Эҳёшавӣ (20:1-31)

 

XI. Исо бо шогирдонаш дар Ҷалил (21:1-25)

ЮҲАННО  1

 
 
Нақша

 

I.  Исо муаррифӣ шудааст (1:1-18).

 

А. Исо ҳамчун Калом муаррифӣ шудааст. (1:1-3, 14)

1.     Исо Каломи Абадист. (1:1-2)

2.     Исо Каломи Офаридгор. (1:3)

3.     Исо Каломест, ки ба Инсон табдил  ёфт. (1:14).

 

В.  Исо ҳамчун Ҳаёт муаррифӣ шудааст.

1.     Ҳамчун Ҳаёт, ӯ одамонро тақйир  медиҳад. (1:4).

2.     ӯро напазируфтанд. (1:10-11)

3.     ӯ қувваи аз нав тавлидкунандаи Худост. (1:12)

 

С. Исо ҳамчун Нур муаррифӣ  шудааст.

1.     Дар торикӣ ӯ медурахшад. (1:5)

2.     ӯ Нурест дар миёни нурҳои бешумор. (1:6-8)

3.     Ҳамчун Нур ӯ дар ҳама арсаи ҳаёт медурахшад. (1:9)

 

Д. Исо ҳамчун Ваҳйи Худо муаррифӣ  шудааст. (1:14-18)

 

 

П. Ҳафтаи аввали роҳибии Исо (1:19-51)

 

     А. Намояндагони Яҳудиён Яҳёи Таъмиддиҳандаро вомехӯранд.

          (1:19-28)

 

    В. Исо ҳозир  мешавад. (1:35-39)

 

    С. Исо шогирдони нахустинашро даъват мекунад (1:35-39)

 

    Д. Петрус Исоро ҳамроҳӣ  мекунад. (1:40-42)

 

    Е. Натанъил Исоро ҳамроҳӣ  мекунад. (1:43-51)

 

 

Барра муаррифӣ шуд

 

 

          Дар канори дарёи ӯрдун истода, Яҳёи Таъмиддиҳанда таъмиди худро қатъ  кард ва хотиррасон кард, ки «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» (Юҳанно 1:29). Ин оят мавзӯи Инҷили Юҳанно мебошад. Ин мавзӯъ сар то сари Инҷил такмил (инкишоф) дода  шудааст, ин иҷрои системаи қурбонии Аҳди Қадим  мебошад.

 

          Мо инъикоси равшани Исоро, Барраи Худоро, ҳамон тавре, ки ҳавворӣ Юҳанно, нависандаи ин Инҷил ӯро дидааст, хоҳем дид.

 

          Пеш аз оқози омӯзиши фасли 1, хуб мешуд якчанд фактҳои аҷоиби шиносшавиро қайд намоед.

 

          Фарзи  муҳим байни Инҷили Юҳанно ва дигар Инҷилҳо дар  шуурнокии Писар ба чашм мерасад. Дар Марқӯс Худо ҳамчун Падар чаҳор маротиба ишора шудааст. Дар Луқо, Худо ҳамчун Падар 6 бор баён шудааст. Дар Матто, Худо ҳамчун Падар 23 бор ишора шудааст. (Ҳабдаҳтои он дар Ваҳйе, ки дар кӯҳ  гуфта шудааст). Вале дар Юҳанно Худо ҳамчун Падар 107 маротиба ишора  шудааст. «Падари Ман» дар 24 ҷой ба чашм мерасад. Ҳамчунин дар Юҳанно мо ибораи ҷиддии Писарӣ «танҳо аз Падар ба вуҷуд омада»-ро дарёфт карда  метавонем.

 

          Дар  муносибат бо дигар Инӣилҳо Инҷили Юҳанно дар тасвири ҳастии пеш аз Исо бемонанд аст. «Барраи Худо» дар Матто то фасли 16 дида намешавад.

 

          Инҷили Юҳанно аслан тафсироти Исо мебошад. Инҷили Юҳанно  маънои онро надорад, ки роҳибии Исоро чӣ тарзе, ки дар се Инҷили дигар дида мешуд, нишон диҳад. Мақсадаш – Исоро нишон додан аст, ки ӯ кист. Маводи Юҳанно аз се Инҷили дигар  баъдтар аст. Ин бештар мулоҳизакунанда, таъсиррасонанда ва евангелистӣ (Инҷилӣ ) мебошад. Ин китобест, ки одамонро ба андешакунқ даъват мекунад.

 

 

 

 

 

 

Тафсири Исо (Юҳанно 1:1-18)

 

1.    Исо ҳамчун Калом  муаррифӣ ва тафсир шудааст.

 

Ин мафҳум дар дигар Инҷилҳо дида намешавад. Он дар замони Исо истилоҳи номаълум набуд. Барои ҳамин Юҳанно лозим надонист маънояшро муфассалан фаҳмонда диҳад. Чунин бояд  қайд  кард, ки ин «Калом» нест (бо ҳарфи хурд, яъне каломи оддӣ). Баъзе оинҳо рӯҳонияти Исоро паст ва инкор карда, ӯро танҳо ҳамчун офаридаи Худо ва яке аз «Каломҳои» бисёре мешиносанд. Матни юнонӣ дорои артикли «the» аст, ки  махсус ба калимаи «Калом» таъкид  мекунад.  Ho Logos –Калом (The Word).

 

          Исо охирон Калом ё ибораи Худо буд. ӯ Худо дар ҷисм буд (1:14).

          Калом буд:

 

(1)             Абадӣ (1:1-2).

Калом дар ибтидо бо Худо буд, чаро ки дар ибтидо Калом буд. Вақте ки Худо буд-Исо буд. Вақте ки Худо хоҳад буд-Исо хоҳад буд. ӯ, Каломи абадӣ  мебошад.

 

(2)             Офаридгор (1:3).

 

(3)             Шакли ӣисмонқгирифтан  (1:14).

Калом ҷисм гардид. ӯ ба одам  мубаддал  гашт-шахси дидашаванда, лоиқшаванда- вале дар айни ҳол  Худо.

 

2.    Исо ҳамчун Ҳаёт (тафсир) фаҳмида мешавад.

 

Истилоҳи «Ҳаёти абадӣ» дар Инҷили Юҳанно 54 маротиба дида мешавад. Он на фақат миқдорӣ ва ҷовидонӣ аст, он ҳамчунин сифатӣ, абадӣ  мебошад. Ин тарзи ҳаётест, ки Худо дорад.

 

Дар ин оятҳо мо ҳаётро чунин мебинем:

 

(1)             Нурдиҳанда (1:4).

 

(2)             Нописанд (1:10-11).

Халқи Худаш ӯро напазируфт. Ҳатто ҳоло ҳам одамони зиёде ӯро қабул  намекунанд.

 

(3)             Аз  нав офаридан

Танҳо Исо қодир аст ба инсон ҳаёти нав бахшад. Берун аз Исо ҳеҷ  ҳаёти ҳақиқӣ  мавҷуд  нест.

 

3.    Исо ҳамчун  Нур  тафсир дода шудааст.

 

Дар Инҷили Юҳанно калимаи «Нур» 21 маротиба нишон дода шудааст. Байни «Нур» ва «Зулмот» тафовути калоне аст. Нур зулмотро аз миён мебардорад. Нур роҳнамоӣ  мекунад. Нур тарсро дур мекунад. Нур ҳаётро пуштибонӣ  мекунад.

 

Дар ин оятҳо Нур ҳамчун:

 

(1)             Хомӯшнашаванда (1-5).

 

(2)             Намоён (1:6-8).

 

(3)             Боварибахш (1:9).

 

Ман як шаберо, ки дар ҷамоаи деҳотии Филиппин гузарондам, асло фаромӯш  нахоҳам кард. Зани солхӯрдае, ки ба масеҳият нав гаравида буд, ба омӯзиши Библия дер омад. ӯ хитоб намуд, ки ӯ нав бе ягон ҳамроҳӣ ё рӯшанӣ аз саҳро гузашт ва ӯ тарсе дар дил надошт. ӯ чунин гуфт «Ман дигар аз рӯҳу арвоҳҳо наметарсам, чаро ки Исо дар дили ман аст». Шабҳо нур дар роҳ барои филиппиниҳо, ки ба хурофот хеле боварӣ доранд, муҳим аст. Вале барои имондори ҳақиқӣ нури заминӣ дар муқоиса бо нури Исо ҳеҷ ҳаст.

 

4.    Исо ошкоркунандаи Худо аст (1:14-18)

 

Худоро ба воситаи гуфтаҳои Исо, ба воситаи ҳаёти ӯ дидан мумкин аст. Аз дигар пайқамбарон Исо бештар ошкор шуд, ҳатто бештар аз Мӯсо. Дар оятҳои аввала Юҳанно табиати худовандии Исоро таъкид кардааст ва ягонагии ӯро бо Худо нишон додааст. Ин ҷавобест бо он нафароне, ки дар Исо танҳо инсонро мебинанд. Дар оятҳои 14-18 Юҳанно тарафи дигари табиати Исоро нишон медиҳад. ӯ Худо буд, вале ӯ инсон шуд, ё ин ки ӯ ҷисм  гардид. Танҳо, барои оне, ки ӯ Худо ва инсон буд, қодир  аст одамонро фаҳмад ва ба онҳо кӯмак  кунад. Исо одам буд, вале аз дигарон фарқ дошт. ӯ гуноҳ накард.

 

Дар ин 18 ояти нахустин натанҳо шахсияти Исо муаррифӣ шудааст: дигар (калимаҳо) суханони муҳиме низ ҳастанд, ки дар Инҷили Юҳанно бештар таъкид шудаанд. Юҳанно Исоро ҳамчун Масеҳ на барои як халқ ошкор  мекунад, балки барои тамоми ҷаҳон. Калимаи «Ҷаҳон» 80 бор дар Инҷили Юҳанно ба чашм мерасад.

 

Нуқтаи  муҳими муносибати ҷаҳон ва Худо имон аст. Дар Инҷили Юҳанно калимаи «мӯътақид» (имондор) 70 маротиба истифода шудааст.

 

Ҳақиқат ва файз калимаҳои такрорёфта мебошанд, вақте ки Исо бо ҷаҳон алоқа дорад.

 

 

Ҳафтаи  нахустини рӯҳонияти Исо (Юҳанно 1:19-2:11)

 

Юҳанно саршавии рӯҳонияти Исоро таъкид  мекунад. Ҳодисаи «Рӯзи дигар»-ро қайд  намоед. Саршавии рӯҳонияти Исо муффассал  нишон дода шудааст.

Озмоиши Исо дар Инҷили Юҳанно нест.

 

 

Рӯзи нахуст: Яҳёи Таъмиддиҳанда ва яҳудиён (1:19-28)

 

Яҳёи Таъмиддиҳанда шахсест, ки барои рӯҳонияти ошкорои Исо роҳ тайёр намуд. Гурӯҳи аввали яҳудиён шояд гурӯҳи расмӣ буданд ва мехостанд бифаҳманд, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда кқ аст («Яҳудиён» 70 маротиба дар Инҷили Юҳанно дучор мешавад»). Аз Яҳёи Таъмиддиҳанда пурсиданд, ки оё ӯ Масеҳ аст. ӯ инро кушоду равшан инкор кард. Яҳудиён боз пурсиданд, ки оё ӯ Ильёс аст. Дар Малоки 4:5 мо чунин мебинем, ки яҳудиён омадани Илёсро пеш аз омадани Масеҳ  интизор буданд. Ҷавоби Яҳё он буд, ки ӯ танҳо шахсест, ки барои Масеҳ роҳ тайёр  мекунад.

 

 

 

Рӯзи дуюм: Исо ошкор шуд (1:29-34)

 

Чун рӯзи дигар яҳудиён ва Яҳёи Таъмиддиҳанда андар сӯҳбат буданд, Исо меояд. Яҳё  танҳо шаҳодат дод, ки ин Писари Худо, Барраи Худо аст. Инак  Шахсе пайдо шуд, ки ҷавобест ба одамони гуноҳдор. Инак Шоҳе омад, ки мебоист қурбонӣ шавад. Мардуми яҳудӣ аз зарурати қурбонӣ хуб огоҳӣ доштанд. Ин қалби дини онҳо буд. Калимаи юноние ки барои барра дар Юҳанно 1:29 истифода шудааст, ба калимае, ки дар Ишаъё 53 омадааст монанд аст.

 

          «Гуноҳ», ки аз тарафи Барраи Худо аз байн бардошта мешавад, шакли танҳо дорад. Хуни ӯ басанда буд, то ин ки ҳамаи гуноҳҳо-гуноҳҳои ҷаҳонро аз миён дур кунад. Ин ҳамаи монеъаҳоро рӯфта  мепартояд. Ин олами кулл  аст, ки дар Юҳанно 3:16 дида мешавад.

 

Рӯзи сеюм: Шогирдони аввалин: Андрюс ва Юҳанно (1:35 –39)

 

          Рӯзи дигар Яҳё ва ду шогирди ӯ Исоро диданд, ва Яҳё боз гуфт, «Инак Барраи Худо!». Ин рӯзи сеюми ҳафтаи аввали рӯҳонияти Исо буд. Ду марде, ки бо Яҳё буданд нахустин шогирдони Исо гардиданд. Мо инҷилнависии оддии масеҳиро дар тарзи беҳтарини шахсӣ ва эътимоднок мебинем.

 

Рӯзи Чаҳорум: Петрус Исоро ҳамроҳӣ мекунад (1:40-42)

 

Андрюс ба Петрус дар бораи Исо нақл  кард. Петрус низ дар навбати худ хеле суханҳо гуфт.

 

Рӯзи панҷум. Натанъил Исоро ҳамроҳӣ  мекунад (1:43-51)

 

Дар ин вохӯриҳо як амали ҷасуронае аст. Шахсе набуд, ки бо Исо вохӯрда монанди пештара монда бошад.  Ҷои тааҷуб нест, ки Исо, оне ки- Калом, Ҳаёт, Нур, ҳақиқат аст, инсонро даъват кунад, ки ё бештар содиқ гардад ё бештар бевафо гардад? Исо ягон шахсро бетараф намегузорад. Инсон ё муқаддас  мешавад ё гуноҳкор мегардад. Табиати Исо чунин аст, ки ӯ дорои қудрате аст, ки имкон медиҳад инсонро ба таври боваринок хонад то ӯро пайравӣ кунад. Аз ин ҷо чунин калимаҳои «Биё», «Пайрави ман бош», «Биё ва бубин» мавҷуд ҳастанд.

 

          Вақте ки ду табиати гуногун, чун Исо (Нур ва ҳаёт) ва инсон (Зулмот ва мамот) роҳро мебуранд, ҳарду ҳам бояд  ба якдигар таъсир расонанд.

 

          Исо кист, ки Шумо то ин андоза аз ӯ мепурсед? Инсони хуб? Сарвари динӣ? Инсони хирадманд? Агар Исо Оне аст, ки ӯ изҳор мекунад, пас чаро ӯ дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамони бисёре, ки худро пайравони ӯ мешуморанд  мақоми ночизе дорад?

 

          ӯ диққати моро талаб мекунад. ӯ сазовори муҳаббати мост. Ибораи Бузурги (Калом)-и Худо дар ботини мо метавонад ҳаёт ба сар барад ва мо метавонем Худоро бифаҳмем. Аз ҳамаи рӯшноиҳо Рӯшании бузурге роҳи моро мунаввар мекунад. Моҳияти софи ҳаёт метавонад аз они мо бошад. Мо дорои имтиёз ва масъулияти хулосабарорӣ ҳастем.

 

          Худо метавонад, ки  моро ҳамчун Андрюс, Петрус, Натанъил истифода барад. Мо ҷуръати пайравӣ кардани ӯро дорем ё на? Биё ва мушоҳида кун Барраи Худоро.

 

Ин фасл  имрӯзҳо ба мо чиро мефаҳмонад?

 

1.     Фақат як Исо ва Наҷотдиҳанда  мавҷуд аст. Исо яке аз офаридаҳои Худо нест.

2.     Исо дар ҳаёти ҳаррӯзаи  мо сазовори мадҳ мебошад.

3.     Аз сабаби он ки ӯ инсон шуд, Исо моро мефаҳмад.

4.     Ҳар имондор  масъулият дорад, ки дар бораи Исо ба дигарон нақл  кунад.

5.     Ҳар имондор қодир аст, ягон каси дигареро ба сӯи имон ба Исо роҳнамоӣ кунад.

6.     Евангелизми  шахсӣ (хусусӣ) усули беҳтарини овардани одамон ба сӯи Исост.

7.     Шахси оддӣ, деҳқон ё коргари корхона, метавонд дар ҷаҳони тақйирёбандаи  атрофи ӯ сарварӣ кунад.

 

Пеш аз оқози фасли дигар ин оятҳоро аз ёд кунед:

Юҳанно 1:1, 12, 14.

 

ЮҲАННО 2

 

Нақша

 

I.  Эътиқод ба қудрати илоҳии Исо ба василаи мӯъҷизот дар тӯй тасдиқ карда шуд (Юҳанно 2:1-11).

 

II. Эътиқод ба тавоноии илоҳоии Исо дар тозакунии маъбад тасдиқ шуд (1:13-22).

 

III. Натиҷаҳои нишонаҳо (мӯъҷизаҳо) дида мешаванд (2:23).

 

 

Имон тасдиқ шуд

 

Дар анҷоми фасли 1 мо дарёфтем, ки чӣ тарз дар ҳаёти Петрус, Андрюс, Яҳё, Филиппус ва Натанъил  имон ба амал омад. Акнун дар фасли 2 мо дида истодаем, ки Исо ин имонро тасдиқ мекунад. Дар фасли 1 мо Исоро чун Офаридгор, Ҳаёт, Нур, Ҳақиқат- ҳамчун Худо мадҳу ситоишшуда мебинем. Ҳоло дар фасли 2 Исо қудрат ва тавоноии фавқуттабии худро андар миёни оммаи халқ - дар тӯйи арӯсӣ, рӯзи оддӣ дар Маъбад  нишон додааст.

 

 

Эътиқод ба қудрати Илоҳии Исо ба василаи мӯъҷизот дар тӯй тасдиқ  карда  шуд (Юҳанно 2:1-11)

 

Тӯи арӯсӣ дар Қонои Ҷалил, ки 6 мил дуртар аз Носира дар тарафи шимол воқеъ буд, баргузор гардид. Дар тӯй ҳузур доштани Марям, ёрӣ додан ба тайёрии тӯй  шаҳодат медиҳад, ки арӯсу домод дӯстони наздики онҳо  ё хешонашон буданд. Ин он вақте, ки Марям ба пеши Исо, барои талаб кардани май  меояд, дида мешавад.

 

Ин имконпазир аст, ки ба суолҳои ахлоқии нӯшидани шароб диққати худро ҷалб карда, таълимоти оддиро сарфи назар кунанд.

 

Вале нисбати ин масъала, мо бояд қайд кунем, ки :

 

1.     Шароб шароб буд. Калимае, ки дар ин ҷо истифода бурда шудааст, калимаи умумиест, ки дар дигар ҷойҳои китоби муқаддас истифода бурда шудааст, ба ҷуз аз ҳолате, ки дар Аъмол 2:13 нишон дода шудааст. Ин калима дар матни юнонӣ  «oinos»  мебошад, ки маъниаш шарбати тозаи ангур мебошад. Калима барои шароб дар Аъмол 2:13 «gleukos»  аст, ки маънои шароби нави ширинро дорад.

 

 

2.     Шаробе, ки Исо дода буд, шароби беҳтарин буд.

 

3.     Дар рӯзҳои Аҳди Ҷадид, шароби беҳтарин монанди он шаробе, ки ҳозир шароби беҳтарин  шумурда мешавад, набуд.

 

4. Шаробе, ки дар Шоми Худоӣ истифода шудааст, «меваи ток» ном дошт.

 

5. Шароби Аҳди Ҷадид ба мисли оне, ки бароямон ҳоло кофе, ё чои муқаррарӣ аст, буд.

 

6. Нӯшиданҳои ҳамакаса, ё нӯшокиҳои сахти таъсири алкоголӣ ба воситаи истифода кардани шароб дар Аҳди Ҷадид сафед шуда наметавонад.

 

 

Замоне, ки Марям ба пеши Исо омада изҳор  кард, ки дар он ҷо шароб кам аст, ӯ танҳо гумон дошт, ки Вай барои овардани шароб ба бозор ё хонаи ҳамсоя  меравад. Ҳеҷ  чиз нест, ки нишон диҳад, ки ӯ интизори мӯъҷизот буд. Камбудии шароб онро нишон медиҳад, ки оила даромади кам дошт.

 

          Оҳанги овоз ва истифодаи калимаҳо аз тарафи Исо дар ояти 4, вақте ки ӯ  ба модараш муроҷиат мекунад барои баъзеҳо як масъалае мебошад. Инро чунин тафсир додан мумкин аст, «Хонум, чаро Шумо ба ман чӣ кор карданро мефармоед? Вақти амалро ман худам медонам». Шояд ба Исо зарур буд, Марямро ҳушдор диҳад, ки ӯ хӯҷаини Исо нест. ӯ изҳор кард, ки фармонҳояш танҳо бо хости Худо мебошанд. Ин ба мо оиди  баланд бардоштани Марям ба мақоме, ки ҳамчун модари Худо, ӯ баробари Исо ё аз ӯ баландтар аст, нақл  мекунад. Танҳо дар як ҳолат Исо Марямро хотиррасон мекунад, ки ӯ «зани инсонӣ» буд. Исо мӯъҷизоти худро дар Қоно нишон дод, то ин ки шогирдонаш ба ӯ имон оваранд.

         

Яҳудиён чунин русум доштанд, ки пеш аз идҳо дастҳо ва пойҳояшонро мешӯстанд. Ин вуҷуд доштани кӯзаҳои калони сангинро, ки қунҷоиши ҳар кадомашон тақрибан сад кварта буд исбот мекунад. Муҳим будани рақами  шашро қайд намоед. Ин маънои поккунии яуҳудиёнро дорад. Исо гуфт, «Инҳоро бо об пур кунед». Сипас ӯ фармон дод, ки аз кӯзаҳо каме обро кашида ба соҳиби ид диҳанд.

         

Ба имони ин одамон диққат кунед. Сарвари ид талабгори шароб буд на об. Одамон кӯзаҳоро бо об пур карда пас гуфтанд, ки онро ба соҳиби ин ид диҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки одамон аз шароб пурсон нашуданд. Хиҷолатмандии ин мардонро тасаввур карда  метавонем, агар об ба шароб мубаддал намегашт?

 

          Одамон шояд кӯшиш карданд, Исоро ислоҳ кунанд. Онҳо метавонистанд бигӯянд, «Вале Исо, ӯ шароб талаб мекунад». Эҳтимол  пеш аз додан ба сарвари ид, онҳо хостанд қатрае аз он нӯшанд. Ман чунин фикр мекунам, ки онҳо шояд ягон роҳи ба вуқӯъ омадани  мӯъҷизотро дониста бошанд.

         

Онҳо ба қудрати Исо ончунон қавӣ боварӣ доштанд, ки онҳо ҳамаи фармоишҳои ӯро бе ягон пурсиш ба ҷо меоварданд. Ин имон аст. Имони ҳақиқӣ намепурсад, ки чаро ва чӣ хел: он танҳо имон меорад ва итоат мекунад.

 

          Вақте  ки одамон бо имон амал мекунанд, мӯъҷиза имконпазир аст.

 

 

          Беҳтарин наҷот дода шуд (2:10).

 

          Дар ин оят мо нуқтаи асосии маънои мӯъҷизаро дарёфт мекунем. Одатан ба меҳмонон аввал шароби беҳтарин дода мешавад вале дар ин ҷо одамон бо шароби бадсифат сер шуданд.

         

Исо гуфт, ки одамон шароби маъмул - Шариат, роҳи Мусоро, пайравӣ  намуданд ва ба қоидаҳои мушаххас нӯшидаанд. Акнун шароби нав мавҷуд аст, ки аз шароби пештара беҳтар аст. Ин шароби нав- роҳи нав - Исо худаш мебошад.

         

Ин нишонаи аввалин ё мӯъҷизоте буд, ки аз тарафи Исо нишон дода шуда буд (2:11). Ин нишон медиҳад, ки мӯъҷизаҳои апокрифии (ҳикояҳои Исо дар навиштаҳои Байни Библиявӣ) давраи кӯдакии Исо қобили эътимод нестанд.

                  

Ҳамаи мӯъҷизаҳое, ки дар Инҷили Юҳанно омадаанд, ба чизи дигаре нигаронида шудаанд. Исо мӯъҷизаҳоро  танҳо барои дилхушии худ нишон намедод. Шӯҳрат ва тавоноии ӯ дар ҳар мӯъҷиза  ба чашм мерасад. Албатта, имони шогирдони ӯ қавитар шуд, чун онҳо шоҳиди чунин қудрати Худовандашон шуданд.

 

Фосилаи рӯзҳо (2:12)

 

Тамоми оила ба Кофарнаҳум рафт. Эҳтимол онҳо навхонадоронро то хонаашон ҳамроҳӣ карда буданд. “Онҳо поён рафтанд” маънои онро надорад, ки онҳо ба ҷануб рафтанд. Қонои Ҷалил дар  кӯҳҳо ҷойгир шуда буд ва Кофарнаҳум дар соҳили Ҷалил, 700 фут поён аз сатҳи баҳр воқеъ буд.

 

Дар ояти 12 ба зикри Исо, модари ӯ, бародаронаш ва шогирдонаш ки ба Кофарнаҳум равона ҳастанд, диққат диҳед. Ин фақат яке аз Навиштаҳои Муқаддас аст, ки дӯшизагии абадии Марямро инкор  мекунад. Фақат як Писари Худо- Исо мавҷуд аст. Вале Марям баъди ба Юсуф ба шавҳар баромадан фарзандони дигар низ дошт. Дӯшиза чунин карда наметавонад.

 

Бозгашт ба Ерусалим. Имон ба қудрати илоҳии Исо дар поккунии маъбад тасдиқ  шуд (2:13-22)

         

Барои яҳудиён айёми иди Фисҳ буд. Ҳар  марди яҳудӣ бояд дар ин ид иштирок менамуд, барои ҳамин Исо низ рафт.

 

Аз дидани маъбад Исо қамгин шуд; маконе, ки барои парастиши Худо сохта шуда буд, барои тиҷорат истифода бурда мешуд. Таъсири маъбад дар рӯзҳои Исо хеле сахт буд. ӯ химчаро гирифта ҳайвонҳо ва

пуливазкунҳоро аз маъбад пеш кард. Исо қудрати бузург доштанро аз болои одамон ва макон нишон дод.

 

          Исо имрӯз чӣ мегӯяд? Чанд таълимот аз тарафи одам ба номи Худо муаррифӣ шудааст, вақте  ки  натиҷаашон аз мардум ҷамъ кардани пул ё ба одамон додани қудрат мебошад?

 

Инҳоро аз назар гузаронед

 

1.     Дуо барои мурдагон, соли 330 давраи мо сар шуда буд.

 

2.     Истифодаи тасбеҳ, 1090

 

3.     Мусолиҳакорӣ барои бахшиши гуноҳҳо, 1190

 

4.     Аъроф эълон шуд 1438

 

5.     Тавба.

 

6.     Тақоруб.

 

7.     Пешгоҳи дӯзах.

 

8.     Иморатҳои даҳшатбори калисо.

 

Барои мо хуб мешуд ҳамаи чизҳои дар боло қайдшударо мавриди муҳокима қарор бидиҳем ва сарчашмаи онро дида бифаҳмем, чӣ хел он ба ҷамъоварии пул  муносибат дорад.

 

Тиҷорате, ки аз тарафи калисо ба ҷо оварда мешуд ё бо он алоқаманд буд, аз тарафи Исо сахт маҳкум шуда буд.

 

Исо қудрат дошт, ки сарвари калисои худ шавад. ӯ аз тарси озори рӯҳонӣ ё кашиш  бо нӯги по роҳ намерафт. ӯ далер, бовиҷдон, боҷуръат ва ҳаматарафа буд. Барои баъзе сарварони рӯҳонӣ бозии лото ё савдои ашёҳои кӯҳна нисбати тарқиби Каломи Худо оиди масъулияти ҳар як масеҳӣ барои супоридан андози даҳяк осонтар аст. Ҳарчанд Худоро зиёдтар мешиносем ҳамон қадар бештар соҳиби қувва мешавем.

 

Бе шубҳа шогирдони Исо эътиқод доштанд, ки сарвари онҳо ҳақиқатан ҳам сарвар буд. Имони онҳо барои рӯзҳои душвори дар пешбуда  қавӣ  шудан гирифт. Мулоҳизаҳое, ки дар бораи Исо шуданд, баъдтар дар бораи шогирдони аввалинашон низ карда буданд. «Инҳо одамони пурқудрат ҳастанд». Вале ин аз сарвари онҳо, Исои Масеҳ сар шуд.

Худо метавонад ба мо имон бахшад, ки киштиҳои худро, ҷисмҳои худро ба итоати комил ба Исо расонем, чӣ тарзе, ки ӯ дар Қонои Ҷалил карда буд. Баъд мо пурқувваттар мешавем, чун мушоҳида мекунем, ки Худованд ҳаёти моро барои ба дигарон судманд гардонидан тақйир дод- чӣ хеле, ки ӯ дар Қонои Ҷалил  шароби нав пешкаш намуд.

 

Худо метавонад, ба мо иқтидоре диҳад, то ин ки касеро, ки сазовори кӯмак  аст, ёрӣ диҳем. Занҷирҳои тарс метавонанд бо як нигоҳи Инсони Озод - Исо канда шаванд. Агар мо Исоро шиносем ва агар мо фаҳмем, ки мо аз куҷо омадаем ва ба куҷо равонаем - ҳама ба мақсади ҷовидонии Худо алоқаманд аст – мо соҳиби қудрат ва тавоноӣ хоҳем  шуд.

 

Ин фасл имрӯзҳо ба мо чиро мефаҳмонад?

 

 

1.     Ин рӯшан аст, ки Исо вақти зиёдеро миёни одамони оддӣ гузаронд, чунончӣ тӯи арӯсӣ дар Қонои Ҷалил. Барои фаҳмидани эҳтиёҷоти мардум мо бояд он ҷое бошем, ки одамони эҳтиёҷманд ҳастанд.

 

2.     Исо қодир  аст,  эҳтиёҷоти  моро иҷро кунад.

 

3.     Ҳамаи мӯъҷизотҳо бояд ба Худо шӯҳрат ва ба инсон имон биёранд.

 

4.     Хонаи Худо макони парастиш аст. Ин маънои онро дорад, ки дар он ҷо фурӯши ашёи кӯҳна ва бозии лото, номувофиқ аст ва он макон хонаи ҳақиқии парастиш  мебошад.

 

5.     Таблиқгарони Худо ба мисли паёмбарони Худо далер ва тавоно бошанд.

 

Пеш аз оқози фасли оянда ин оятҳоро аз ёд кунед. Юҳанно 2:25.

 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ