Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Баъд чӣ? - 2

 

ДАРСИ 8


ОИЛАИ НАВ- КАЛИСО


Вақте ки модар ба тифл ҳаёт медиҳад, оё бо ин масъулияти волидайнии Ӯ тамом мешавад? Бо тифл чӣ рӯй медиҳад, агар волидон дар бораи ӯ ғамхорӣ нанамоянд, агар оилаи носолим бошад? Агар нисбати кӯдак мунтазам бепарво бошанд, хӯроки ӯ хуб набошад, кӯдак ҳамчун шахсияти солим ба воя намерасад. Кӯдак мӯътадил инкишоф намеёбад. Кӯдаки солим ба чӣ эҳтиёҷ дорад, то ин ки рӯҳонию мӯътадилу ҷисмонӣ дуруст инкишоф ёбад? Ҳар як тифл ба ғамхорӣ, хӯрок ва муҳаббат ниёз дорад. Волидон барои таъмини ин чизҳои барои тифл зарурӣ масъуланд. Талаботи кӯдак аз ҳама беҳтар дар оила таъмин карда мешавад.


Дар байни тифли навтавлидёфта ва Масеҳии аз навтавлидгашта баъзе монандиҳо мавҷуданд. Имондори нав бояд хӯроки рӯҳонӣ, ғамхорӣ ва муҳаббатро қабул намояд. Агар бо хӯроку ғамхорӣ ва муҳаббатро қабул намояд. Агар бо хӯроку ғамхорӣ ва муҳаббати зарурӣ имондори нав таъмин набошад, мӯътадил инкишоф ёфтан ва ҳамчун фарзанди Худованд манфиатовар будан барои ӯ мушкил аст. Баъзе вақт мо одамонеро мебинем, ки аз нав тавлид ёфтаанд, вале боз ба табиати кӯҳна баргаштаанд ва ба ҳаёти масеҳӣ фаъолона иштирок наменамоянд. Онҳо зиндагӣ карда метавонанд, вале заифу носолиманд.


Чӣ тавр имондори нав бояд инкишоф ёбад? Чӣ тавр ин эҳтиёҷоти асосиро бояд таъмин намуд?


Худованд барои омодасозии таъминоти ин эҳтиёҷоти фарзандонаш нақша дорад. Чӣ тавре ки ӯ оиларо барои таъмини эҳтиёҷоти тифли навтавлидгашта офарид, ҳамин тавр ӯ оила- калисоро барои таъмини эҳтиёҷоти имондори аз навтавлидгашта омода сохт.



Калисо чист?


Мо калисои Аҳдиҷадидро дар китоби Аъмол мебинем.


Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар одам бо онҳо ҳамроҳ шуданд. Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд. ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад. ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд. Молу мулки худро мефурӯхтанд, ва ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷоти ҳар кас, тақсим мекарданд. ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхӯшӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд. Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд” (Аъмол 2:41-47).


Ин имондорон оилаи рӯҳонӣ буданд. Онҳо монанди оила рафтор менамуданд. Онҳо дорои муносибати нави тарафайни хоҳару бародарӣ буданд, чунки онҳо Худо-Падари рӯҳониашонро пайгирӣ менамуданд.


Калисо- ин гурӯҳи одамонест, ки гуноҳҳои худро паси сар намуда, пурра ба Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди худ такя менамоянд. Сипас онҳо тавассути ғӯтта задан таъмид ёфтаанд. Ин шахсиятро мунтазам ҳамчун аъзоёни оилаи Худованд вомехӯранд. Онҳо якҷоя ибодат менамоянд, Худоро сипосгузорӣ менамоянд, Библияро меомӯзанд, масеҳро ситоиш менамоянд ва кӯшиш менамоянд, ки шоҳигарии ӯро дар замин васеъ намоянд. Ин Калисо аст.


Дар пешсухани мактуби худ Павлус ба имондорони Таслӯникиё менависад: “Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст, файз ва осоиштагӣ аз ҷониби падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар Шумо бод” (1 Таслӯникиён 1:1).


Возеҳу равшан аст, ки Калисо- ин гурӯҳи одамони ба Худо имондошта ва дар хидматгузорӣ ба ҳам алоқадошта мебошанд. Калисо- ин бино нест. Калисо метавонад дар биное вохӯрад, ки номи он Хонаи ибодатгузорӣ аст, ё дар бинои маъбад, дар хонаи яке аз аъзоён ё ҷои ҷамъиятӣ ба монанди хонаи маданият, идора ва ғайра. Калисое, ки дар хонаи имондор вомехӯрад, айнан монанди ҳамон калисоест, ки дар бинои махсус барои ин кор сохташуда вомехӯрад.


Павлус гуфт: “ҳам чунин ба аҳли калисое, ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед” (Румиён 16:4).


Румиён 16:23 “Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад, ба Шумо салом мегӯяд”.


Исо асосгузор, сар ва сарчашмаи ҳаёт барои калисо мебошад. Ӯ дар Матто 16:18 гуфт: “� Ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах ба он ғолиб нахоҳад шуд”.


Библия мегӯяд, ки Исо сари бадани Калисо аст: “Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад. Ва Ӯ сар бадан, яъне Калисост, Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад” (Қӯлассиён 1:17-18).


Аз ин оятҳо мо мебинем, ки Масеҳ сари Калисо мебошад. Ӯ сарчашмаи ҳаёти бадан аст. Калисо дар зери ҳукми Масеҳ аст. “Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст” (Эфсӯсиён 5:23). ҳар як аъзо зери ҳукми Масеҳ аст. Муҳим ин аст, ки калисо имконият надиҳад, ки ягон одам ва ё ягон ташкилот ҳукму назорати қатъиро аз болои аъзоёни он ҷорӣ намояд. Исо- ягона шахсест, сазовори садоқати ҳаматарафа ва қатъии мо.


Калисо чӣ кор мекунад?


Аз сари нав Аъмол 2:41-47-ро хонед. Аз ин оятҳо мо 9 фаъолияти асоси имондори калисо ташкилмекардагиро мебинем.


  1. Онҳо ба Исои Масеҳ умед бастанд.

  2. Онҳо таъмид ёфтанд.

  3. Онҳо ба гурӯҳ муттаҳид шуданд.

  4. Онҳо вақтро дар омӯзиш сарф намуданд.

  5. Онҳо дар муносибату гуфтугӯй иштирок намуданд.

  6. Онҳо якҷоя ибодат намуданд.

  7. Онҳо барои тоату ибодат мунтазам вохӯрданд.

  8. Онҳо ҳама ташвишро байни худ тақсим намуданд, то ин ки эҳтиёҷоти ҳар оила таъмин гардад.

  9. Онҳо бо гурӯҳ мунтазам имондорони навро ҷалб намуданд.


Се талаботи асосии тифли навтавлидёфтаро ба ёд оред: хӯрок, ғамхорӣ ва муҳаббат. Аз нӯҳ амали асосгузори калисои Аҳдиҷадидӣ Шумо мебинед, ки чӣ тавр эҳтиёҷоти имондори навро қонеъ кардан мумкин аст. Калисо Каломи Худованд ва ибодат карданро якҷоя меомӯзонад. Ин ғизои рӯҳониро, ки имондори нав ба он эҳтиёҷ дорад, таъмин менамояд. Онҳо якҷоя муносибат ва тоату ибодат менамоянд. Ин ғамхориро, ки бо он имондори нав эҳтиёҷ дорад, таъмин менамояд. Ва имондори нав дар ҳама ҷабҳаҳои ин фаъолият муҳаббатро ҳис менамояд.


Калисо ба беимонон низ наздик мешавад ва муҳаббати Худовандро бо онҳо бо ҳам мебинад.


Лекин Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки Шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед” (1 Петрус 2:9).


Дар дарси дигар мо фаъолияти калисоеро меомӯзем, ки ба дигарон наздик мешавад.



Калисо чӣ хел оғоз меёбад?


Боз як бори дигар ба нӯҳ фаъолияти асосии Калисои Аҳдиҷадидӣ, ки дар Аъмол 2:41-47 нишон дода шудааст, нигаред. Вақте ки гурӯҳи одамон барои ҳаллу фасли ин 9 амалиёт якҷоя шудан мехоҳанд, калисо тавлид меёбад.


Гурӯҳ ба Калисо табдил меёбад, вақте ки имондорон таъмид меёбанд ва қарор медиҳанд, ки ҳамчун оилаи масеҳӣ мунтазам вохӯрда ибодат намоянд, Библияро омӯзанд, то ин ки Башоратро ба дӯстону ҳамсолҳо расонанд.


Гуфтани вақте ки гурӯҳ ба калисо табдил меёбад мушкил аст. Маросими махсус ва ё маҷлиси ташкилӣ барои тавлиди калисо чизи асосӣ ба Шумор намераванд. Рӯҳи ягонагӣ ва ҳамфикрии оилавӣ пурқувват мегардад, вақте ки гурӯҳ қарор медиҳад, таъмид ёбаду мавҷудияташро ҳамчун калисо идома диҳад.


Биёед баъзе маслиҳатҳои амалиро бинем, то ин ки фаъолияти калисоро ибтидо гузорем.



  1. Гурӯҳ бояд вақти маҷлисҳои мунтазамро муайян намояд. Аз рӯи одати калисои Аҳдиҷадидӣ рӯзи вохӯрӣ рӯзи якшанбе аст, чунки ин рӯз рӯзест, ки Масеҳ эҳё гашт. Бар замми якшанбе, калисо боз метавонад, кадом рӯзе, ки хоҳад барои ибодат, барои омӯзиши Библия ба сӯҳбат ҷамъ шуда метавонад.


Калисоҳои аҳдиҷадидӣ бисёр вақт дар хонаҳо вомехӯрданд. Вохӯриҳо оддӣ ва кушода буданд, дар онҳо ҳама кас иштирок карда метавонист. ҳар як одам касе буд. ҳар як одам тавассути имонаш бо Масеҳ бародар буд. Вақте ки онҳо оила шуданд, фарқиятҳои синфӣ барҳам хӯрд.



  1. Гурӯҳ бояд барои фаросати интихоби оне, ки сарварии тоату ибодат дар калисо ва омӯзиши Библияро дорад, ибодат намояд. Тамоми гурӯҳ бояд якҷоя ҷамъ шаванд, то 5 ин ки бобҳои 3 ва 4-и 1 Тимотиюсро хонанд.


Дар ибтидо ба доштани як сарвари доимӣ зарурият нест. Дар баъзе калисоҳо гурӯҳ тез муайян менамояд, ки сарвари доимии онҳо дар омӯзиши Библия кӣ бояд шавад. Дар вақти интихоби сарвари оятхонӣ низ ин аз рӯи адолат мешуд. Вале дар баъзе калисоҳо то сарвари доимиро интихоб кардан, одамони гуногун ба омӯзиши Библия ва оятхонӣ сарварӣ менамоянд. Аъзоёни гурӯҳ пас аз ибодатҳои бисёр бояд интихоб намоянд, ки кадом сарвар ба онҳо лозим аст. Ибораи “ҳар як одам касе ҳаст”-ро дар оилаи калисоӣ нағз бояд дар хотир дошт. Ба як одам имкон додан лозим нест, ки ҳама корро кунад. Аъзоёни бадан бояд фаъол бошанд, агар онҳо солиманд. Табиист, агар сарварии оятхонӣ ва омӯзиши Библияро шахсони гуногун пеш баранд. ҳар як аъзои гурӯҳ бояд қудрати дар назди омма ибодат карданро дошта бошад. Худпарастии одамӣ ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки худи як одам ҳам месарояд, ҳам ибодат менамояд, ҳам мавъиза мекунад.


Дар интихоби роҳбар аз одаме эҳтиёт шавед, ки бисёр вақт гап задан мехоҳад. Нотиқи хуб ин ҳатман роҳбари хуб буданро намефаҳмонад.

Лаёқати гуфтан- ин маънии истеъдоди роҳбариро надорад. Дар интихоби роҳбар ба порсоӣ, имондорӣ, ба фазилат ҳамчун сифатҳои асосии роҳбар диққат диҳед.



  1. Калисо вақте ки ҷамъ мешавад, чӣ кор менамояд? Шояд, Шумо хоҳиши хондани Аъмол 2:41-47-ро дошта бошед, то бинед, ки калисои Аҳдиҷадидӣ чӣ кор кард.


Ҳар як калисо тарзи фаъолияти шахсии худро дорад. Дар ибтидо, дар вақти хидматгузории якшанбе гурӯҳ метавонад, вақташро бо ибодат, хондани умумии оятҳо, омӯзиши Библия, нақлҳо аз таҷрибаи шахсии худ сарф намояд. Омӯзиши Библия метавонад дар шакли мавъиза бошад ё касе гурӯҳро дар омӯзиши бобҳои Библия сарварӣ менамояд.



Вобаста ба он, ки калисо чӣ тавр ба камол мерасад, хидматгузории табиӣ бояд аз 5 қисм иборат бошад:


  1. ибодат; 2) сурудхонӣ; 3) аъзоён


бояд аз таҷрибаи якдигар нақл кунанд.


4) даҳяки калисо ва садақа оранд; 5) Библияро омӯзанд.


Ин панҷ қисм мувофиқи хоҳиши гурӯҳ метавонанд, дар тартиби дилхоҳ бошанд.



Маблағҳои калисо


Пас аз якчанд ҳафтаи маҷлисҳо калисо қарор медиҳад, ки садақадиҳии ихтиёрӣ қисми мунтазами ҳар як хидматгузорӣ бошад. Аъзоён мефаҳманд, ки китобҳои нав, ё курсиҳои иловагӣ заруранд. ҳама эҳтиёҷоти маблағиро калисо бояд аз ҳисоби даҳяк ва садақаҳои ихтиёрии аъзоён қаноатманд намояд. Агар калисо нав аст ва ӯ дар хонаи яке аз аъзоён воқеъ аст, аз рӯи ақл мебуд, агар фонди махсус барои сохтани бино барои маҷлисҳо кушода мешуд. Ин лоиҳаи дарозмуддат аст, вале бо мунтазам ҷамъ шудани даҳяк ва садақаи аъзоён ин амалишаванда мебошад.


Вақте ки калисо дар вақти ҳар ҷамъомади якшанбегӣ даҳяк ва садақа ҷамъ карданро қарор медиҳад, вай бояд хазинадорро интихоб намояд. Хазинадор чун дигар хидматгузорон бояд аъзои доимии фаъоли калисо, бовиҷдон, масъул бошад. Ва ҳисобу китобро хуб донад. Одатан ёрдамчии хазинадорро низ интихоб менамоянд. Хазинадор ва ёрдамчиаш дар банки наздиктарин ҳисоби ҷорӣ мекушоянд. Калисо ҳамчун гурӯҳ бояд ҳал кунад, кай ва чӣ тавр бо имзои хазинадор ва ёрдамчиаш гирифта шаванд. Сарфи маблағҳо бояд бо розигии калисо амалӣ гардад.



Аъзоёни нав


Вақте ки имондорони нав пайдо мешаванд, ки дар ҳаёташон тағйиротҳо ба амал омадаанд, бо онҳо зарур аст, ки таъмид ёбанд ва ба оилаи калисо ҳамроҳ шаванд. Оилаи калисо қарор мекунад, ки барои таъмид омода мебошад. Калисо инчунин ҳал менамояд, ки чӣ имондорони навро таъмид медиҳад. ҳар як аъзои калисо метавонад, таъмидро сарварӣ намояд, агар калисо ба вай ин ҳуқуқро медиҳад.


Мо омӯхтем, ки ҳар як имондор бояд ба оилаи масеҳӣ- калисо тааллуқ дошта бошад. Мо омӯхтем, ки талаботҳои асосии имондор ҳамон вақт қаноатбахш мегардад, ки вай қисми оилаи масеҳӣ мешавад. Мо донистем, ки Калисо чӣ асту вай дар ҳаёти ҳаррӯза ва хидматгузорӣ чӣ гуна нақш мегузорад.



Барои мушоҳида ва муҳокима



1. 3 талаботи асосии имондор_______________________,

____________________ ва __________________________.



  1. Дар Аъмол 2:41-47 мо 9 амали асосии калисои Аҳдиҷадидро мебинем. Кадоме аз онҳо ба се талаботи имондор муносибат доранд? Моддаҳои 4 ва 7 ба хӯрок муносибат доранд, вале кадомаш ба муҳаббату ғамхорӣ алоқаманданд?


  1. Калисо чӣ аст?


  1. Калисо-ин бино аст. Дуруст__________ Нодуруст___________.



  1. Калисои Аҳдиҷадидӣ бисёр вақт дар ___________________

Имондорон воқеъ аст (Румиён 16:14).


  1. Сари калисо кӣ аст? Роҳиб______________, Масеҳ____________.



  1. Кай гурӯҳи Библияро меомӯхтагӣ калисо мешавад?


  1. Кӣ сарварони калисоҳоро интихоб менамояд?


  1. 3 тавсифномаи асосии сарварони хубро нишон диҳед.



  1. Хидматгузорони табиӣ бояд аз панҷ қисм иборат бошанд. Ин:




  1. Ҳама эҳтиёҷоти пули калисо бояд аз ҳисоби ________________

Аъзоён амалӣ гардад.




ДАРСИ 9


БА ЁДОВАРИИ НАВ- ШАБНИШИНИИ ТАОМИ ШОМИ ХУДОВАНД


То ин ки рӯҳан солим бошанд, аъзоёни калисо бояд Шабнишинии Худовандро ҳамчун қисми доимии ҳаёти масеҳӣ фаҳманд ва дар он ширкат варзанд. Ин дар ҳаёти калисо чизи муҳим аст. Дар ин дарс мо таълимоти Библияро дар бораи Шабнишинии Худованд меомӯзем.


Пеш аз он ки Масеҳ дар салиб бимирад, Ӯ шогирдонашро даъват кард, ки бо Ӯ хӯроки махсуси хотиравии шомашро тановул намоянд. Ин Шабнишинии Худованд ном дорад. Баъзан Шабнишинии Худованд пешоянд номида мешавад.


Дар 1 Қӯринтиён 11:23-29 Павлус мегӯяд:


Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд, дар он шабе ки ӯро таслим карданд, нонро гирифт. Ва баракат дода пора кард ва гуфт: “Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”. ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: “Ин коса аҳди ҷадид аст, дар Хуни Ман: инро ҳар боре, ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред. Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд. Бинобар ин ҳар кӣ бе таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд. Пас одамизод бояд худро имтиҳон кунад ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад. Зеро кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад”.



Шабнишинии Худованд чист?


Шабнишинии Худованд- ин баёдоварист. Исо гуфт: “Инро ба хотири Ман кунед”. ҳар вақте ки имондор дар Шабнишинии Худованд иштирок менамояд, Ӯ қурбонии Исоро, ки солҳои зиёде қабл аз ин Ӯ дар салиб намуда буд, ба ёд меорад. Исо аз сари нав дар ҳар як Шабнишинӣ намемирад. Ӯ танҳо як бор мурд. Вобаста ба марги Масеҳ Павлус гуфт: “ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард” (Ибриён 7:27б). Мақсади шабнишинӣ ин ба ёди мо овардани марги ӯст. Ин такрори марги Ӯ нест.


Ду унсуре ҳаст, ки дар Шабнишинии Худованд истифода мешавад.


  1. Нон


Библия мегӯяд, ки Исо нонро гирифт, онро шикаст ва гуфт: “Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад: инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред” (1 Қӯринтиён 11:24).


Оё дар ҳақиқат дар Шабнишинӣ нон бо маънои аслиаш Бадани Масеҳ мешавад? Не. Вақте Исо гуфт “Ин Бадани Ман аст”, Ӯ рамзӣ гуфт, чунонки дар вақташ дар Юҳанно 10:9 гуфт: “Ман дар ҳастам” ё дар Юҳанно 14:6 гуфт: “Ман роҳ ҳастам”. Нон ин Бадани Исо намешавад, аз ҳама бештар ин рамзи шикасташавии Бадани ӯст.


Асрори фаҳмиши Шабнишинии Худованд дар Каломи Исо мебошад: “Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”. Ин хидматгузории ба ёдоварист. Мо арзиши бузургеро ба ёд меорем, ки Исо онро пардохт, вақте ки баданашро ба азоб ҳавола намуд ва бо шиканҷа дар салиб мурд. Нони шикаста бадани мехкӯби ӯро ба ёди мо меорад. Наҷоти мо имконпазир гашт барои он, ки қурбоникунии Ӯ дар салиб рух дор, аммо нон ин рамзи бадани Ӯст.



  1. Коса, меваи ток


Библия мегӯяд: “Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта гуфт: Ин коса аҳди ҷадид аст, дар Хуни Ман; инро ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред” ( 1 Қӯринтиён 11:25).


Май- ин рамзи хуни Исост, ки Ӯ дар салиб дод. Май аслан хун нест ва шуда ҳам наметавонад. Ин рамзи хуни ӯст. Ин ба ёди мо меорад, ки Исо хунашро барои мо рехт, Ӯ ҳаёташро барои мо фидо намуд.


Таоми шоми Худованд (Шабнишинии Худованд) – ин

хидматгузории махсусест, ки Исои Масеҳ онро барқарор намудааст.


Мақсади шабнишинӣ- ба ёди имондорон овардани Исо ҳамчун сарчашмаи наҷот ва қудрати ҳаёт мебошад. Шабнишинӣ инчунин ба ёди мо меорад, ки Исо боз бармегардад.


Кӣ дар шабнишинии Худованд ширкат варзида метавонад?


Дар Луқо 22:14-15 мо мехонем: “Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфта нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд”. Ба онҳо гуфт: “Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихӯрам”.


Нахустин Шабнишинии таърихӣ барои шогирдони Исо одамоне буданд, ки онҳо аз нав тавлид ёфтанд ва тавассути дар об ғӯтта задан таъмид ёфтанд. Дар 1 Қӯринтиён 11-17-23 Павлус вобаста ба Шабнишинии Худованд таъинотҳо менамояд. Ин Шабнишинӣ барои имондорони калисо дар қӯринтиё буд. Павлус мегӯяд: “Бинобар ин, эй бародарон вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед” (1 Қӯринтиён 11:33). Таоми шом барои калисо. Танҳо имондороне, ки таъмид ёфтаанд, метавонанд дар Шабнишинии Худованд ширкат варзанд.


Кай калисо Шабнишинии Худовандро мегузаронад?


Исо гуфт: “Инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред” (1 Қӯринтиён 11:25).


Калимаи ҳар бореро дар ояти (суруди) боло ба назар гиред. Дар Библия таъиноте нест, ки кай калисо бояд Шабнишинии Худовандро гузаронад. ҳар як калисо бояд худаш қарор диҳад, ки кай тез-тез ин корро иҷро намояд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳар ҳафта ин тез-тез аст ва хидматгузорӣ монанди дар як чорчӯбаи танг мешавад ва одамон майли фаромӯш кардани маънии ҳақиқии ӯро мекунанд. Бисёр калисоҳо Шабнишиниро ҳар моҳ ва ё ҳар семоҳа мегузаронанд. Вале ҳар калисо дар интихоб озод аст: кай ва чӣ хел тез-тез.



Кӣ бояд Шабнишиниҳоро сарварӣ намояд?


Одатан роҳбари хидматгузорӣ ё роҳиб ин хидматро сарварӣ менамояд. Агар дар калисо роҳиб нест, калисо метавонад, аъзои дигареро интихоб намояд, ки хидматро сарварӣ кунад. Одаме, ки ин хидматро сарварӣ менамояд, зарурияти таълимоти муайян ва мансаби динӣ доштанро надорад. Роҳиб ё роҳбар аз баъзе аъзоён хоҳиш менамояд, ки дар тақсими май ва нон байни аъзоён ба Ӯ ёрӣ расонанд.


Хотима


Таоми шоми Худованд аз ҷониби Исо барқарор карда шудааст, то ин ки ба ёди пайравони Ӯ доимо он арзишеро орад, ки Ӯ барои наҷоти онҳо пардохт. Ӯ мехост, пайравони Ӯ доимо ба ёд оранд, ки сарчашмаи наҷоти онҳо- марги дар салиби Ӯст. Ҳамин тавр Шабнишинии Худованд, ин назаре ба қафо-ба салиб аст. Ин шабнишинӣ мунтазам бояд риоя карда шавад.


Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Шабнишинии Худованд ин _______________________________



  1. Мо_____________________Исоро ба ёд меорем, вақте ки дар шабнишинӣ ширкат меварзем.



  1. Унсурҳои дар шабнишинии Худованд истифодашаванда ин



  1. Нон рамзи______________________Исо аст.



  1. Май рамзи______________________Исо аст.



  1. Чаро дар калисо гузаронидани Шабнишинии Худованд муҳим аст?


  1. Ақидаи шумо то омӯхтани ин дарс дар бораи Шабнишинии Худованд чӣ гуна буд?



  1. Оё ақидаи шумо тағйир ёфт? Ба кадом самт?


ДАРСИ 10


ФУРСАТИ ҚУЛАЙИ НАВ-САДАҚАКУНИИ ДАХЯК


Даҳяки калисо чист?


Таҷрибаи овардани даҳяки калисо, тӯҳфаҳо дар ҳарду китоб- Аҳди ҷадид ва Аҳди қадим бо чашм мерасанд.


Дар Ҳастӣ 14:20б мо мехонем: “Ва Абром ба вай (Малкисодақ) аз ҳар чиз даҳяк дод”. Абром одами бузурги Худо буд. Худо ба ӯ дуои хайр дод ва ӯро барои таъсис додани миллати бузург истифода бурд. Абром даҳякро овард. Абром як набера бо номи Яқуб дошт. Яқуб сангро мисли сутун рост монд ва гуфт: “Ва ин санг, ки мисли сутуне рост мондам, Хонаи Худо хоҳад буд; ва ҳар он чӣ Ту ба ман бидиҳӣ,даҳякашро ба Ту хоҳам дод” (ҳастӣ 28:22).


Даҳяки калисо- ин даҳ фоиз аз даромади умумӣ мебошад. Ин танҳо ибтидои ҳатмӣ барои имондор аст. Бисёр имондорон ба калисо аз даҳ фоиз ҳам зиёдтар медиҳанд.



Чаро имондор бояд даҳяки калисоро диҳад?


  1. Чунки ӯ табиати Худо, Падари мо ва Исо – Худованду Наҷотдиҳандаи моро дорад.


Рӯҳи додан дар дили Худованд тавлид ёфтааст. Аз ибтидои офариниши олам Худо Худои диҳанда буд. Ӯ равшанӣ, растанӣ, ҳайвонот, ҳаёт ба зану мардро дод. Дар давраҳои Аҳди қадим Ӯ ба халқи яҳудӣ имтиёзи миллӣ ва масъулиятро дод. Ӯ шариатро дод, то ин ки ҳаёти одамон беҳтар шавад. Ва дар охир Худо чизи аз ҳама қимматро чӣ тавре, ки дар Юҳанно 3:16 омадааст, дод: “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад”.


Азбаски Худои мо- Худои пурмуҳаббат ва диҳанда аст мо чун фарзандони Ӯ табиатан Ӯро пайравӣ кардан мехоҳам.


Вобаста ба тӯҳфаҳои масеҳӣ Павлус мегӯяд: “Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям. Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед” (2 Қӯринтиён 8:8-9).


  1. Имондор бояд даҳяки калисоро пардозад, чунки вай бисёртар гирифтааст.


Павлус гуфт: “Аммо, чунон ки шумо дар ҳар чиз; дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунӣ доред, он чунон дар ин кори хайр ҳам афзунӣ намоед”

(2 Қӯринтиён 8:7).


Худо дар бисёр самтҳо ба мо дуои хайр дод. Мо дорои ҳаёти ҷовидонӣ гаштем. Мо баракати рӯзмарраро гирифтем: ҳам моддӣ ва ҳам рӯҳонӣ. Фаровон гирифтан ва саховатмандона надодан- ин ношукрӣ ва худпарастист. Пардохти даҳяки калисо- ин роҳи асосист, ки онро Худо пешниҳод намудааст, то тавассути он фарзандони Ӯ муҳаббату эҳтиромашонро нисбати Ӯ намоиш диҳанд.


  1. Имондор бояд даҳяки калисоро пардозад, чунки мо ба мунтазам ба ёд овардани ҳамаи он чизи дар ҳаётамон ба Худо тааллуқ дошта, эҳтиёҷ дорем.


Библия мегӯяд: “Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед” (1 Қӯринтиён 6:19)?


Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дунё ва сокинони он аз они Худованд аст” (Забур 23:1).


Нуқраи Ман, тиллои Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо”

(ҳаҷҷа 2:8-9).


Мо ҳама ба Худо тааллуқ дорем. Мо вақте ки Масеҳро ба ҳаётамон даъват намудем, аз Ӯ хоҳиш намудаем, ки Наҷотдиҳандаи мо гардад ва дар ҳама ҷабҳаи ҳаётамон Худованди мо бошад. Ин маънии онро дорад, ки хонаи мо, мошини мо, пули мо, ҳайвони мо, саҳрои мо, бизнеси мо ва ғайра ҳама дар зери назорати Масеҳ аст. Ӯ ба мо имкон медиҳад, ки аз доштани онҳо истифода ва лаззат барем. Пардохти ҳарҳафтаина ва ё ҳармоҳаи даҳяк ба ёди мо мерасонад, ки ҳама чиз ба Худо тааллуқ дорад.


Мана барои чӣ Павлус гуфт: “Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш , назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан ҳоҷат наафтад” (1 Қӯринтиён 16:2). Павлус дар бораи садақаи мунтазами ҳар рӯзи якшанбе гуфт, Мо бояд мунтазам ба ёд орем, ки Худо Худованди ҳама пулу моликияти мо мебошад. Вақте ки мо ба ин боварӣ дорем, мо дар ҷустуҷӯи иродаи Худованд барои ба тартиб даровардани бизнесамон ва дуруст истифодабарии 90 фоизи пули дар ихтиёрамон буда мешавем. Худо иштиёқманди 10 фоиз аст, вале Ӯ инчунин хоҳишманди он аст, ки 90 фоизи дигарро низ мо оқилона истифода барем.


  1. Имондор бояд даҳяки калисоро пардозад, чунки дар ин бора Библия мегӯяд.


Ба диққат гиред, ки Павлус калимаи боядро дар ояти зерин истифода бурдааст: “Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор (дар тарҷумаи дигар бояд) ҳар яке аз шумо назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад”

(1 Қӯринтиён 16:2). Каломи Худованд мегӯяд: “Тамоми ушрро ба хазинахона биёред” (Малокӣ 3:10).


Исо дар Матто 23:23б амр мекунад, ки даҳякро биёред: Вай бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед”.


5. Имондор бояд даҳяки калисоро пардозад, чунки ин нақшаи Худост оид ба кори пулии калисо.


Дар боби садақаи масеҳӣ Павлус мегӯяд: “Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад” (2 Қӯринтиён 9:12).


Боз дар 1 Қӯринтиён 16:2 Павлус мегӯяд: “Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан ҳоҷат наафтад”.


Дар Малокӣ 3:10 мо мехонем: “Тамоми ӯшрро ба хазинахона биёред,то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад, ва бо ин Маро имтиҳон намоед, мегӯяд, Худованди Лашкарҳо, ки оё ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам”?


Калисоҳо худро чӣ тавр бо Библия ва китобҳои сурудҳо таъмин менамоянд? Тавассути даҳяки калисо ва садақаҳои аъзоёни он.


Чӣ тавр калисоҳо худро бо маъбадхонаҳо таъмин месозанд? Тавассути даҳяки калисо ва садақаҳои аъзоёни он.


Калисо чӣ тавр маоши роҳиби муваққатӣ ё доимиро мепардозад? Тавассути даҳяки калисо ва садақаҳои аъзоёни он.


Чӣ тавр калисо ба аъзоёни бемор ва эҳтиёҷдошта ёрӣ медиҳад? Тавассути даҳяки калисо ва садақаҳои аъзоёни он.


Албатта калисои нав ҳамаи ин чизҳои пештар зикрёфтаро тез амалӣ карда наметавонад. Калисои нав аз ҳамон вазъияте сар мекунад, ки ӯ дар он ҳаст ва мунтазам инкишоф ёфтаистода худро ба барнома ва чизҳои зарурӣ таъмин менамояд. Худованд талаботи пулии калисоро таъмин менамояд, вақте ҳис мекунад, ки калисо барои оқилона истифода бурдани он омода аст. Одатан оила заминро на барои он мехарад, ки хонаи бетайёрию бенақша созад. Барои ба нақша гирифтан, барои тайёрӣ одатан вақт лозим аст. Бо лоиҳаи калисо низ кор ҳамин рангро мегирад.


Кӣ бояд даҳяки калисоро пардозад?


Дар 2 Қӯринтиён 9:7 Павлус мегӯяд: “Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад”. Дар 1 Қӯринтиён 16:2 Павлус мегӯяд: “Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад”.


Ҷавоб фаҳмост. Ҳар як имондор бояд даҳяки калисоро диҳад. Аз чандсолагӣ ӯ бояд пардохтро оғоз намояд? Вақте ки одам комил аст, ӯ аз нав тавлид меёбад ва ӯ аллакай барои пардохти даҳяк калонсол аст. ҳар кас бачаҳо, ҷавонҳо ва калонсолон бояд даҳякро пардозанд. Волидони масеҳӣ бояд барои фаҳмидани моҳияти даҳяк ба фарзандони худ кӯмак расонанд, то ин ки онҳо дар пардохти он иштирок намоянд. ҳама кас: бой, камбағал, пир ва ҷавон. Нест, одами камбағале, ки даҳяки калисоро напардозад. Дар Марқӯс

12:41-44 мо дар бораи бевазане мехонем, ки ҳама чизеро дошт, дод. Исо тӯҳфаи ӯро махсус қадр кард.


Кай даҳяки калисо бояд оварда шавад?


Дар 1 Қӯринтиён 16:2 Павлус мегӯяд, ки ҳар якшанбе вақти овардани даҳяки калисо ва садақа мебошад. Ин таҷрибаро истифода бурдан оқилона аст, чунки аз рӯи ҷадвал ҳар ҳафта даҳяк додан нисбат ба ҳар моҳ даҳяк додан осонтар аст. Ба бисёр одамон лозим аст, ки ба ин тартиби овардани даҳяку садақа одат намоянд.



Даҳяки калисоро ба куҷо бояд овард?


Ҳар вақт, ки Павлус дар бораи пардохти даҳяки калисою садақа гап мезад, ӯ калисоро дар назар дошт. Дар Малокӣ мо мехонем. “Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар Хонаи Ман хӯроке бошад”. Дар рӯзҳои мо ин ба калисо наздик аст. Азбаски масъулияти инҷили ҷаҳонӣ бар дӯши калисо мебошад, боақлона мебуд, ки барномаи пулии башорат низ тавассути калисо мешуд.


Тамоми пардохти даҳяки калисо ва садақаҳо бояд дар калисои маҳаллӣ амалӣ гарданд. Дигар ташкилотҳо шояд хубанд, вале онҳо калисоро иваз карда наметавонанд.


Дар анҷом бодиққат оятҳои зеринро аз Библия хонед.


Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағйир наёфтаам ва аз ин рӯ шумо, эй бани- Яъқуб, несту нобуд нашудаед. Шумо аз айёми падарони худ аз фароизи Ман дур шуда, онҳоро риоя накардаед. Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд Худованди лашкарҳо”. Шумо мегӯед: “Чӣ гуна баргардем.” Оё равост, ки одамизод Худоро ғорат кунад? Ва ҳол он ки шумо Маро ғорат мекунед, ва мегӯед: “Дар чӣ бобат мо Туро ғорат кардаем?” Дар бобати ушр ва ионат. “Шумо гирифтори лаънати сахт гардидаед, чунки шумо, яъне тамоми халқ Маро ғорат кардаед. Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад, ва бо ин Маро имтиҳон намоед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки оё Ман равзанаҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам? Ва Ман барои шумо фурӯбарандаи ҳосилро манъ хоҳам намуд, ва самараи замини шуморо вай маҳв нахоҳад кард, ва ғӯраи токи шумо дар саҳро нобуд нахоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо. Ва шуморо ҳамаи халқҳо хушбахт хоҳанд хонд, зеро ки шумо замини матлуб хоҳед буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо” (Малокӣ 3:6-12).


Аз ин оятҳо мо медонем, ки


  1. Худо тағйир намеёбад.

  2. Халқи яҳудӣ аз Худо рӯй гардонд.

  3. Онҳо гунаҳкор буданд, Худоро ғалат менамуданд.

  4. Онҳо лаънатзада буданд, зеро даҳяки калисоро намепардохтанд.

  5. Мо бояд ба Худо пурра даҳяки калисоро пардозем.

  6. Худо ваъда кард, ононеро, ки даҳяки калисоро мепардозанд, баракат медиҳад.



Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад. Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад. Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қоне буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед” (2 Қӯринтиён 9:6-8).



Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Даҳяки калисо чист?


  1. Панҷ сабаберо номбар намоед, ки имондор барои он бояд даҳяки калисоро пардозад.


  1. Кӣ бояд даҳяки калисоро пардозад?


  1. Даҳяки калисоро куҷо бояд бурд?


  1. Оё Худо ба мо баракат медиҳад, вақте ки мо даҳяки калисоро мепардозем?


  1. Оё шумо нияти пардохтани даҳяки калисоро доред?


ҳа________________ Не________________Кай_______________



ДАРСИ 11


МАСЪУЛИЯТИ НАВ



Худованд нақша дорад, ки Башорати Исоро дар тамоми ҷаҳон паҳн менамояд. Ӯ калисоро интихоб намуд, ки ба воситаи он Инҷилро паҳн менамояд.


Павлус дар ин бора дар Эфсӯсиён 3:7-11 мегӯяд:


Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасаби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам. Агарчӣ ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам. Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард. То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад. Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро Ӯ дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст”.


Дар оятҳои дар боло овардашуда калимаҳои зеринро хат кашед: бахшоиш, файз, сарвати беқиёс, ба воситаи Калисо, таъиноти азалӣ.


Нақшаи Худо дар бораи паҳн намудани Инҷил Калисоро фаро мегирад. Ин маънии онро дорад, ки мо аз имтиёзҳои аз нав тавлидёбӣ лаззатбурдаистодагон, бояд масъулиятеро, ки Худо ба одамонаш додааст, бо ҳам бинем.


Чунонки Павлус сазовори бахшоиши махсус гашт, ҳар яки мо метавонем, соҳиби бахшоиши махсус бошем. Дар Эфсӯсиён 4:7 Библия мегӯяд: “Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст”.


Тӯҳфаи рӯҳонӣ- ин истеъдод ва лаёқати аз ҷониби Худо додашуда мебошад.


Худо ба фарзандонаш тӯҳфаҳо медиҳад, то ин ки калисо дар оилаи комил инкишоф ёбад ва лаёқати инҷилро бо одамони дар паҳлӯяш буда ва ё одамони тамоми ҷаҳон бо ҳам дида тавонад.



Вобаста ба ин тӯҳфаҳо Павлус гуфт:


Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст. Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст. Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад. Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад” (1 Қӯринтиён 12:4-7).



Аз ин оятҳо дар бораи бахшоишҳои рӯҳонӣ мо медонем, ки


  1. Бахшоишҳои гуногун вуҷуд доранд.

  2. Ҳама бахшоишҳо аз ҷониби Худованд.

  3. Ҳар як имондор бахшоиш мегирад.

  4. Ҳар як бахшоиш бояд барои сохтмони бадани ягона- калисо сарф шавад.

  5. Ҳар як бахшоиш барои мадҳу ситоиши Худованд Исо аст.



Якчанд ҳақиқати амалии иловагӣ


  1. Ҳар як имондор дар калисо хидматгор аст. Ҳар яке аз Худованд истеъдодеро барои адои хидмат гирифт. Роҳиби калисо ягона хидматгузор ҳисобидан ғалат мебошад. Роҳиб – ин хидматгузори даъватнамудаи Худост, ки аъзоёнро барои хидматҳои гуногунро иҷро намудан дар дохили калисо ва беруни он омода месозад.


Эфсӯсиён 4:7, 11-12-ро хонед:


Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст. Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои бадани Масеҳ”.


  1. Дар Аҳди ҷадид дар бораи мартабаҳои гуногуни калисо аз қабили роҳиб, доякон гап меравад, вале ин ҷо дар бораи дараҷаи кори онҳо сухан меравад. Мартабаҳои динӣ ки мақоми одамро баланд мебардоранд, дар Аҳди ҷадид истифода нашудаанд. Павлус ҳеҷ гоҳ Роҳиб Павлус наномидаанд. Инчунин Петрус, Яқуб ва Юҳанноро низ. Мартабаи динии урфии калисо ин “бародар” аст, ки ин калима Масеҳро шӯҳратафзо менамояд, чунки Ӯ бародариро имконпазир намуд. Исо истифодабарии мартабаҳои диниро маҳкум намуд. Мо низ бояд чунин рафтор намоем. Матто 23:1-2-ро хонед. Дар калисои аҳдиҷадидӣ ҳама бародаранд, новобаста ба бахшоишу вазифаҳои онҳо. Волотарин мартабаи боэҳтироме, ки мо ба якдигар дода метавонем, ин бародар аст.


  1. Бахшоишҳо ва истеъдодҳо бисёранд, вале Худованд як асту бародарӣ як аст.


Худо медонист, ки нақшаи Инҷилро дар байни халқҳо паҳн намудан ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад, агар ба ин кор танҳо сарварони динӣ сафарбар гарданд. Аз ин мебарояд, барои амалӣ гаштани нақшаи Ӯ ҳамаи имондоронро ба худ ҷалб менамояд. ҳар як имондор истеъдоди дар ҳаёти калисо иштирок карданро дорад.


Асоси нақшаи Худо дар бораи паҳн кардани Башорат- ин шаҳодат мебошад.


Ҳар як масеҳӣ вазифадор аст, шаҳодат диҳад. Дар 1 Петрус 2:9 мо мехонем: “Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби худ даъват намудааст, нақл кунед”.


Дар Матто 28:19-20 Исо гуфт: “Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд: ва инак Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам”.


Ин вазифаи мо аст. Барои амалӣ гаштани ин вазифа Худо ба ҳар яки мо бахшиш ё истеъдоди махсус додааст. Дар Аъмол 1:8 Исо мегӯяд: “Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд”.


Ин вазифаи мо аст. Дар калисои Аҳдиҷадидии аввалин мо мебинем, ки шаҳодат асоси ҳаёти калисоӣ буд. Вақте ки ба Петрус ва Юҳанно хавфи маҳбусшавӣ таҳдид менамуд, онҳо гуфтанд: “Мо наметавонем, аз гуфтани он чӣ дидаем ва шунидаем, даст кашем” (Аъмол 4:20). Сипас дар вақти ибодати худ онҳо дуо карданд: “Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд. Ҳамин ки дуояшон ба охир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷумбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд” (Аъмол 4:29, 31). Ба муҳимияти дуо дар ин оят диққат диҳед.

Вақте ки таъқибот дар Ерусалим пуршиддат буд: “Онҳое ки пароканда шуда буданд, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медоданд” (Аъмол 8:4). Мо дар Аъмол 8:1 ба назар гирифтем, ки “Ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яҳудо ва Сомара пароканда шуданд”.



Дар мисоли калисои аввалин мо омӯхтем:


  1. Дуо иҷрои қудратро пешоҳангӣ менамояд.


  1. Қудрат аз Рӯҳулқудс меояд.


  1. Ҳама имондорон фаъолона шаҳодат доданд.



Павлус масъулияти шаҳодатдиҳиро дар Румиён 10:13-15 қайд намуд:


Зеро ҳар ки исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт”. Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он, ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд? Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд, бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: “Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое, ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд”.


Боз Павлус дар бораи масъулияти нави имондор дар 2 Қӯринтиён 5:17-18 гуфтааст: “Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исо Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд”.


Мо ба ин хулоса омадем, ки ҳар як имондор бар дӯши худ масъулияти асосӣ дорад, то ин ки дар нақшаи Худованд дар бораи Башоратро ба тамоми олам маълум кардан иштирок намояд. Калисое, ки дар паҳн кардани Башорат ширкат намеварзад, маънӣ надорад.


Чӣ тавр як калисо метавонад, дар паҳн кардани Инҷил ба бисёр халқҳо, ҷалб карда шавад.


Ин имконият дорад, агар қувваи худро бо дигар калисоҳо муттаҳид намоӣ. Барномаи махсуси таълими Башорат дар хориҷа аст, ки мувофиқи он бисёр калисоҳо фоизи муайяни даҳяк ва садақаҳояшонро сарфи он менамоянд. Ин барнома фаъолияти миссионерҳоро дар бештар аз 100 давлат дастгирӣ менамояд. Ин барнома фаъолиятҳои гуногуни миссионериро дар бар мегирад: инҷилкунонӣ, таъминоти калисоҳо, хизматҳои тиббӣ ва хоҷагии қишлоқ, паҳн кардани Библия, маълумотгирӣ ва ғайра.


Боз калисо метавонад, фаъолияти миссионерҳоро дар тамоми дунё бо дуо дастгирӣ намояд. Дуо ин як қисми фаъолияти динӣ аст. ҳамин тавр ҳатто калисои хурдтарин метавонад дар ёрӣ расондан ба фаъолияти миссионерӣ дар тамоми ҷаҳон, фаъолона ширкат варзад.


Чӣ тавр калисо метавонад дар амалӣ гаштани нақшаи Худованд-Башорат дар кишварҳои ҳамсоя ширкат варзад.


Вақте ки аъзои калисо ба дигар маҳал мекӯчад, вай метавонад дар хонаи наваш дар бораи Башорат гап занад. Шояд, вай гурӯҳи наве оиди омӯзиши Библия ташкил менамояд, ки баъдтар он ба калисо табдил хоҳад ёфт. Боз як калисо метавонад, бо калисои дигар муттаҳид шавад, то ин ки барои фиристодани миссионер бо мақсади Башоратро ба мамлакати дигар расондан, якҷоя маблағ гузаронанд.


Ҳар як калисо имконият дорад, навиштаи Аъмол 1:8-ро амалӣ гардонад. Боз ба оят диққат диҳед. Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки дар Ерусалим (шаҳри худашон), дар тамоми Яҳудиё (кишвари худ) ва дар Сомария (халқи худ) ва то канори дунё (тамоми ҷаҳон) шаҳодат диҳанд. Исо ба калисои Худаш агар ин беақлона мебуд, ин гуна таълим медод? Вай медонист, ки ҳар як калисо инро дар хонаи худ карда метавонад ва инчунин хабари Башоратро ба халқҳои дигар низ расонида метавонад.


Мо бахшишҳоеро муҳокима намудем, ки Худо ба ҳар як имондор медиҳад. Мо дар бораи масъулияти нав гап задем, ки Худо ба одамонаш додааст. Боз мо дидем, ки чӣ тавр одамони Ӯ ба воситаи калисо Башоратро бо одамони дигар бо ҳам мебинанд. Мо дидем, ки чӣ тавр имондорон ба воситаи калисо метавонанд Башоратро ба кишварҳои дигар паҳн намоянд.


Чӣ тавр мо метавонем Башоратро бо дӯстонамон, ҳамсолҳоямон ва ҷамъият бо ҳам бинем.


Дар аввали хидмати Худ Исо Андриёсро аз қафои Худ даъват намуд. Библия мегӯяд, ки баъд аз он ки Андриёс пайравии Исоро қарор дод “Вай аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта гуфт: “Мо Масеҳро яъне Христосро ёфтем”. Вайро назди Исо овард. Фардои ин Исо хост ба ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта гуфт: “Аз ақиби Ман биё” Филиппус Натанъилро ёфта гуфт: “Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст” (Юҳанно 1:41-42а, 43, 45).


Пайрави Исо шудаистода Андриёс рафта тез Башоратро ба бародари худ расонид. Вақте ки Филиппус дар бораи Исо донист, вай хост Башоратро бо дӯсташ Натанъил бо ҳам бинад.


Имондор масъул аст, ки баъди аз навтавлид ёфтан тез Башоратро бо дигарон нақл намояд. Ӯ набояд интизори таълими махсус дар бораи чӣ тавр шаҳодат додан гардад. Хабар хушро бо ҳам дидан- ин амри табиист. Агар мо тӯҳфаи махсус мегирем, албатта дар ин бора ба наздикон хабар медиҳем. Вақте ки мо Масеҳро ва дуои хайри фарзандони Худоро қабул кардем, мо дар бораи ин ҳаёти аҷоиб ба дигарон нақл мекунем.


Мо ба дӯстон ва ҳамсолҳо нақл мекунем, ки Исо кӣ аст ва Ӯ барои онҳо чӣ кор карда метавонад. Мо дар бораи он гап мезанем, ки чӣ тавр аз нав тавлид ёфтем ва чӣ тавр ҳаёти мо тағйир ёфтем. Мо дар бораи ҷаҳони нав, хушбахтӣ ва мақсаде, ки ба ҳаёти мо пас аз имондор гаштан ворид гашт, нақл менамоем. Ин шаҳодат аст. Шаҳодат- ин нақл дар бораи он аст, кӣ мо дар таҷрибаамон чиро аз сар гузаронидем. Ин нақл дар бораи он аст, ки чӣ тавр Исо моро наҷот дод.


Ин агар бо мо рӯй дод, пас бо дигар одамон низ рӯй доданаш мумкин аст. Роҳи наҷот барои ҳама як аст. Башорат бояд шунида шавад, пурра аз гуноҳҳо рӯй гардонида шавад ва ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд имон бояд пайдо шавад. Дар вақти шаҳодат додан мо пурра дар бораи он нақл мекунем, ки чӣ тавр мо азоб кашидем ва чӣ тавр ҳаёти мо ин лаҳза тағйир ёфт.


Баъзеҳо моро нодуруст мефаҳманд, баъзеҳо мегӯянд, ки мо девонаем, баъзеҳо механданд, вале ёфт мешаванд шахсоне, ки Башоратро мешунаванд ва мисли мо аз нав тавлид меёбанд. Суханони Масеҳро ба ёд оваред, вақте ки Ӯ ба шогирдони аввалинаш гуфт, ки рафта ба дунё дар бораи Башорат мужда расонанд, “Ман то охирзамон ҳамроҳи шумо ҳастам”

(Матто 28 :20). Ба ҳар як имондор бача ва ё духтар, наврас ё калонсол Исо гуфт: “Равед таълим диҳед ва Ман ҳамроҳи шумоям”. Ин имтиёз ва масъулияти аз ҷониби Худо дода-шуда мебошад. Ин вазифаи оилаи калисоӣ ва ҳар як имондори алоҳида дар оила мебошад.


Пас касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд” (2 Қӯринтиён 5:17-18).


Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Худ______________________ҳамчун воситае интихоб кард, ки тавассути он Инҷил дар тамоми дунё паҳн мешавад.




  1. Чунонки Павлус бахшиши махсус гирифт, ҳар як имондор ____________________________мегирад.



  1. Бахшиши рӯҳонӣ чист?



  1. Панҷ хулосаро дар бораи бахшиши рӯҳонӣ номбар кунед, ки мо вақти омӯзиш кардем.



  1. Аз ин дарс мо ошкор намудем, кӣ хидматгузор аст?



  1. Аз Библия мо донистем, ки роҳиб ҳам монанди дигар масеҳиён бояд ном бурда шавад: Воломақом____________________

Бародар_________________. Якеро интихоб намоед.



  1. Як оятро аз Библия мисол оред, ки дар он гуфта мешавад, имондор барои шаҳодат додан масъул аст.



  1. Кадом се чизро мо дар мисоли калисои аввалини Аҳдиҷадидӣ омӯхтем.



  1. Мисол биёред, ки калисои шумо Инҷилро чӣ тавр бо одамони халқҳои дигар бо ҳам мебинад.



  1. Чӣ тавр калисои маҳаллии шумо Инҷилро ба ноҳияҳои наздик паҳн менамояд?



  1. Шаҳодат додан чӣ маънӣ дорад?


12. Шахсеро нобар кунед, ки барои ӯ шумо шаҳодат додан мехостед?




















<< Дарсҳои рӯҳонӣ