Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Тафсири Юҳанно боби 17-21

 

ЮҲАННО 17

 

Нақша

 

I.  Исо барои худ дуо кард (Юҳанно 17:1-5).

 

А. ӯ барои ҷалол  дар  салиб дуо кард (17:1).

В. ӯ барои ҷалол   дар эҳёшавӣ дуо кард (17-5).

 

II. Исо барои шогирдонаш дуо кард (17:6-19).

 

А. ӯ дуо кард, ки онҳо дар иттифоқ бошанд (17:11).

В. ӯ дуо кард, ки онҳо аз шахсони бад дур бошанд (17:15).

С. ӯ дуо кард, ки онҳо барои хизмат ҷудо шаванд (17:17-18).

 

III. Исо барои  имондорони оянда дуо кард (17:20-24).

 

А. барои иттифоқ дар  миёни имондорони оянда дуо кард

(17:21-23).

В. ӯ барои ҷалол  дар ояндаи ҳамаи имондорон дуо кард (17:24).

 

 

Исо дуо кард

 

Дар ботини ҳар имондор калид барои кушодани хазинаи бузурги боигариҳои Худо маҳфуз аст. Ин калид дуо аст. Ин барои баҳра бурдани тамоми имондорон аст, ҳамзамон миқдори ками одамон дар бораи дуои ҳақиқӣ медонанд.

 

Ин аҷиб ба назар мерасад, ки шогирдони Исо гуфтанд, «Худованд, ба мо дуо карданро омӯз» (Луқо 11:1). Ин одамон шояд дар оилаҳои сахтгири мазҳабӣ ба воя расида бошанд. Онҳо «Ба калисо мерафтанд» ва тамоми ҳаёташон дуо карда буданд. Соле пеш, агар шогирдонро мепурсиданд «Шумо медонед, чӣ хел дуо кунем?». Онҳо шояд таҳқир  мешумурданд «Албатта, мо медонем, чӣ хел дуо кунем» –онҳо ҷавоб хоҳанд дод «Мо солҳои сол  ҳар рӯз дуо мекардем».

 

Онҳо  метавонанд дар бораи дуо аз Навиштаҳои Аҳди Қадим иқтибос оранд. Онҳо  метавонистанд муқобили дуоҳо бо далелҳо ҷавоб диҳанд ва барои дуо сабабҳо пешниҳод кунанд. Вале вақте онҳо Исоро ҳангоми дуо диданд, онҳо донистанд, ки онҳо намедонанд чӣ тарз дуо кунанд. Онҳо диданд, ки чӣ қадар вақтро ӯ сарфи дуо мекунад ва ин дар зиндагии ӯ чӣ мақом дорад. Онҳо диданд,  ҳангоме, ки ӯ дуо мекард одамон ва ашёҳо дигар  мешуданд. Ба онҳо дуо шакл  шуд, барои Исо ин қувва буд. Онҳо диданд, ки баҳри пуртуқён ором  шуд. Баъди дуо кардан  ба ивази панҷ  нон ва ду моҳӣ онҳо дувоздаҳ сабад нони боқимондаро ҷамъ  карданд. Онҳо диданд, нобино бино шуд, ҳангоме, ки ӯ сухан гуфт.

 

Дуо қисми муҳими ҳаёти Исо буд. Дар Марқӯс 1:35 мо мехонем. Субҳи дигар, хеле бармаҳал  ӯ хеста, берун рафт ва ба ҳилватгоҳе расида, дар онҷо дуо гуфт. Рӯзе пеш ӯ хеле банд буд, вале Исо камтар хоб кард ва ӯ тавонист барвақттар хеста машқули дуо шавад. Агар ӯ чунин дуо кард, мо бояд  камтар кунем?

 

Дар Луқо 16:12 мо мехонем: Дар он айём ӯ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт. Баъзе вақтҳо Исо лозим донист, ки тамоми  шаб дуо гӯяд. Калимаҳои «дуо кардан» ва « дуо» дар ҳамбастагӣ бо Исо дар Чор Инҷил қариб 25 маротиба истифода шудааст, ва дуогӯии ӯ дар ҷойҳое истифода шудааст, ки ин калимаҳо нестанд. Исо вақт ва қувваи зиёдеро ба дуо дод. ӯро пайравӣ карда, имондор низ  бояд  чунин кунад.

 

Дар бораи ҳаёти дуогӯи Исо, ки дар Юҳанно 17 омадааст дақиқтар мулоҳиза кунед.

 

Ин танҳо муқаддима барои рӯҳонияти бузурги дуои ҳимоятгароӣ аст, ки баъди эҳёшавӣ хоҳад омад. Рӯҳонияти давомдор ва мавҷудбудаи Исо дар Румиён 8:34 дида мешавад.

 

Ин Масеҳ аст- Масеҳе, ки мурдааст, вале боз эҳё шудааст? Оё ӯ ки ба ямини Худо нишастааст? Оё ӯ, ки дар ҳаққи  мо шафоат мекунад. Тарҷумаи Шоҳ Ҷеймс чунин аст, «Ҳамчунин касест ки барои мо шафкат мекунад».

 

Аъмоли кунунии Исо дар Ибриён 7:25 кушоду равшан нишон дода шудааст. Ва ҳамин тариқ ӯ, ҳозир ва ҳамеша қодир аст, онҳоеро наҷот диҳад, ки ба василаи ӯ ба Худо омадаанд, чунки ӯ то абад бо дархост намудани онҳо аз Худо зиндагӣ мекунад.

 

Исо барои шогирдонаш дуо кард. ӯ ҳоло ҳам барои пайравонаш дуо мекунад. Пеш аз оне, ки ӯ барои онҳо дар Юҳанно 17 дуо кард, ӯ барои Худаш дуо кард.

 

 

Исо барои худ дуо кард (Юҳанно 17:1-5)

 

Барои худ дуо кардан худситоӣ нест. Танҳо он вақте, ки имондор бо Худо дар бораи худаш сухан кунад, ӯ метавонад бо Худо дар бораи дигарон сухан кунад.

 

Исо нисбати худ ду хоҳиш карда буд. Ҳар ду дархост бо ҷалол алоқаманд буданд. Калимаи ҷалол дар ин ҷо шояд ба маънои баланд бардоштан, эҳтиром  кардан ва  бузург кардан омадааст.

 

1. Дархост барои ҷалол дар салиб (17:1).

 

Исо гуфт, ки ҳатто дар марги бераҳмона, метавонад эҳтиром ва ҷалол  ёбад.

 

2. Дархост барои ҷалол дар эҳёшавӣ (17:5).

 

Исо интизори вақте буд, ки ӯ метавонист ба назди Падар баргардад. Доимӣ будани Исо дида мешавад, чун ӯ гуфта буд: Бо ҳамон ҷалоле, ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.

 

Исо пеш аз офариниши олам  вуҷуд дошт. ӯ офарида нашуд. ӯ абадӣ аст.

 

Дар ояти 3 ҳаёти абадӣ муайян шудааст. Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.

 

Натиҷаи доштани ҳаёти ҷовидонӣ дар ояти 4 дида мешавад. Имондор ҷалоли Худоро дар Замин нишон медиҳад ва кореро, ки Худо ба ӯ додааст ба итмом мерасонад.

 

Исо ба Падар итоат мекард. Пас ӯ дар салиб ва эҳёшавӣ тавонист ҷалолро талаб кунад (Ояти 4). Асоси дигари ин дархостҳо он буд, ки Исо мехост Падарро ҷалол  бахшад (Ояти 1).

 

 

Исо барои пайравонаш дуо мекунад (17:6-19)

 

Исо ҳангоме, ки бо Падар дар бобати пайравонаш сӯҳбат кард, ӯ сифати онҳоро ба ӯ муаррифӣ кард. Суханҳои мусбати Исоро қайд намоед. ӯ суханро бо он сар накард, ки чӣ тавр онҳо заиф ҳастанд. Ин суханҳои ситоиш дар оятҳои 6-8 ба чашм мерасанд. Онҳо аз они Ту буданд� Онҳо ба каломи ту итоат мекунанд. Онҳо медонанд� Онҳо инро пазируфтанд� Онҳо медонанд, ки ин ҳақ аст� Онҳо имон доранд, ки Шумо Маро фиристодед. Ягон гапи бад дар бораи пайравонаш нест. Оё ин барои рӯҳбаланд  кардан, таъкид кардани некӣ дар одамон ва баланд бардоштани онҳо, сабақ  нест?

 

Исо вобаста ба пайравонаш се дархост карда буд.

 

1.    Онҳо бояд як бошанд (17:11).

 

Исо рафтанӣ буд. Ҷаҳон имондоронро таъқиб хоҳад кард. Васваса хоҳад омад. Дар дӯстии нумӯъёфтаи имондорон онҳо ба фишор дучор хоҳанд шуд. Фикрҳо, ақидаҳо ва амалҳои гуногун мавҷуд хоҳанд дошт.

 

Исо медонист, барои он ки онҳо як бимонанд ба онҳо кӯмак зарур аст, барои ин ӯ аз Худо ёрмандӣ пурсид. Китоби Аъмол ошкор мекунад, ки дар рӯзҳои аввали калисо дуоҳои Исо ҷавоб дода мешуданд. Иттифоқ сифати асосии имондорони нахустин буд.

 

Асоси иттифоқи одамони Худо ин як будани Худо мебошад (17:11).

 

2.    Исо дархост карда буд, ки шогирдон бояд аз бадӣ дур бошанд (17:15).

 

Исо аз таҷрибаи шахсии худ, ҳаққоният ва қувваи Шайтонро медонад (Матто 4).

 

Ҳар масеҳӣ ҳадафи Шайтон ҳаст. Танҳо як чиз- масеҳии дуогӯй метавонад Шайтонро тарсонад.

 

Павлус қудрати Шайтонро медонист. Дар Эфсӯсиён 6:10-20 Павлус масеҳиёни Эфсӯсиёнро дар бораи шайтон хабардор мекунад. Имондорон бояд аз Шайтон огоҳӣ дошта бошанд, ва ҳаррӯза дуо кунанд то ин ки ба васваса муқобилат кунанд.

 

Касе гуфта буд, ки шайтон туро ташвиш надодааст, чунки ӯ аллакай туро ба даст даровардааст. ӯ ба шогирдони худ ҳеҷ  коре надорад, чунки ӯ онҳоро дар даст дорад.

 

3.    Исо дуо кард, ки шогирдонаш ҷудо хоҳанд  шуд (17:17).

 

Исо на танҳо дархост кард, ки шогирдони ӯ  муқаддас хоҳанд буд, балки онҳо барои хизмат ба ҳар ҷо пароканда хоҳанд шуд. Онҳо масъули он чизе ҳастанд, ки Исо сар карда буд. Худо Исоро ба замин фиристод, ки вазифаашро ба ҷо орад, ҳамчунин, Исо шогирдонашро ба ҷаҳон фиристод, то ин ки вазифаашро иҷро намоянд (17:18).

 

Ин се арзнома ё дархост ба ҷои шогирдон дар барномаи тавбабахшии Худо вобаста буд. Онҳо бояд аз ҳуҷуми Шайтон эмин бошанд, онҳо бояд аз раванди табии аз ҳам ҷудошавӣ эмин бошанд, онҳо барои рӯҳоният ба асбоби махсус ниёз доранд. Исо барои тайёр  кардани ин дархостҳо сабабҳо дошт.

 

1.    Шогирдон ба Худо тааллуқ доранд (17:6-10).

 

2.    Шогирдон ба давраи эҳтиёҷот рӯ ба рӯ шуданд

(17:11-14).

 

3.    Шогирдон вазифае доштанд, ки бояд иҷро  кунанд (17:18).

 

 

 

Исо барои имондорони оянда дуо кард (17:20-24).

 

Арзнома барои имондорони оянда ба се арзномае, ки ба ёздаҳ нафар  карда буд,  монанд буд.

 

1.    Исо барои иттифоқ миёни пайравони оянда дуо кард (17:21-23).

 

Ин иттифоқ танҳо ба имондорон дахл дорад. Барои имон асоси Библиявӣ нест, ки дар миёни ҳамон одамон иттиҳод бошад. Ҳукуматҳо дар орзӯи ин ҳастанд, вале ин ҳаргиз  намешавад. Танҳо имондори аз нав тавлидёфта метавонад намуди ваҳдатеро, ки Исо барои он дуо карда буд фаҳмида гирад.

 

Худо интизори ваҳдат дар миёни одамонаш аст. Дар миёни халқҳо, дар  калисо, дар хона, ваҳдат барои имондорон  муқаррарист.

 

 

Исо барои ҷалоли ояндаи масеҳиён дуо кард (17:24).

 

ӯ хоҳише дошт, ки ҳамаи имондорон як рӯз бо ӯ дар ҷалол  хоҳанд буд. Ҳар замоне, ки имондор вафот мекунад ин дуо ҷавоб медиҳад.

 

Дар  дуоҳояш Исо аз худ сар карда буд, пас ӯ барои эҳтиёҷоти шогирдони бо ӯ буда дуо кард, сипас ӯ барои шогирдони оянда дуо кард. ӯ аз он сар кард, ки онҳоро Худо интихоб кардааст. ӯ бо проблемаҳои ҳаёти ҳозира сару кор дорад, ҳамчунин бо вазифае, ки бояд иҷро шавад. ӯ бо он хотима мебахшад, ки ҳамаи имондорон бояд ҷалоли осмониро бо ӯ бо ҳам бинанд.

 

Масеҳӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ дуо мекунад, вале бисёр вақт  дуоҳояш ба дигарон бахшида  мешаванд.

 

Ҳангоме ки шумо беморбинӣ наметавонед, шумо метавонед барояш дуо кунед.

 

Ҳангоме, ки Шумо бародарро  хор  мешуморед, шумо бояд барои ӯ ва барои худаш дуо кунед.

 

Ҳангоме,  шумо ҳис мекунед, ки пешвои рӯҳонии шуморо танқид мекунанд, барои вай дуо кунед.

 

Ҳангоме, ки шумо барои дигарон дуо мекунед, онҳо дигар хоҳанд шуд. Бештар аз ин шумо низ дигар мешавед.

 

Кай шумо дуо мекунед? Чанд муддат шумо дуо мекунед? Барои чӣ шумо дуо мекунед?

 

Ҳатто чун шогирдони пеш, барои масеҳиёни ҳозира низ зарур аст, ки рӯйрост гӯянд, «Худованд, дуо карданро ба мо биомӯз?».

 

Ин фасл имрӯзҳо барои мо чӣ маънӣ мебахшад?

 

1.     Мо бояд барои дигарон дуо кунем.

 

2.     Барои пешвои рӯҳониат ҳар рӯз дуо кун. Барои аъзоёни камфаъоли калисо дуо кун. Барои беморон дуо кун. Барои наҷотнаёфтагон дуо кун.

 

3.     Мо бояд баракати Худоро пурсем, ки ба василаи ин баракатҳо Худо ҷалол хоҳад ёфт (17:1).

 

4.     Дар бораи одамон чизи хубе бигӯй (17:6-8).

 

5.     Оё шумо бо бародарон ва хоҳарон дар имон иттифоқ меҷӯед?

Агар шумо бо касе дар иттифоқ  нестед, биравед ва корҳоро дуруст намоед.

 

6.     Мо фиристонда шудем, ки вазифаамонро амалӣ намоем. Ҳар имондор бояд рӯҳонӣ бошад, то ки эҳтиёҷоти дигаронро иҷро кунад.

 

7.     Кай шумо дуо мекунед? Чанд дақиқаро шумо ҳар рӯз сарфи дуо мекунед?

 

 

Оят барои аз ёд: Юҳанно 17:3.

 

 

 

ЮҲАННО 18

 

Нақша

 

1.    Дастгир кардани Исо (Юҳанно 18-1-12).

 

2.    Муҳокимаи динӣ (18:13-14, 19-24).

 

А. Исо дар пеши Ҳонон (18:13-14, 19-23).

В. Исо дар пеши Қаёфо (18:24).

 

3.    Инкори Петрус Исоро (18:15-18, 25-27).

 

4.     Муҳокимаи шаҳрвандӣ дар пеши Пилотӯс (18:28-40).

 

Шаби инкор

 

Ҳодисаҳои фаслҳои 13-17 дар Ерусалим ба вуқӯъ пайвастанд. Исо ва шогирдонаш Ерусалимро тарк карда ҷониби кӯҳи Зайтун равона шуданд. Онҳо сӯи боқи шинос, ки Ҷатсамонӣ ном дошт равон шуданд.

 

Оромии шаб бо садои паи аскарони омадаистода халалдор шуд. Ҳангоми аз рӯди хурди Кидрӯн гузаштан чароқҳои милт-милт-сӯхтаистодаи онҳо дар ин шаб рақс мекарданд. Ин гурӯҳ хеле хуб ташкил дода шуда буд. Аскарҳо румиён буданд ва посбонони ибодатгоҳ яҳудиён буданд. Фармон аз тарафи саррӯҳониён ва фарисиён омада буд. Аскарон мусаллаҳ буданд ва ба муқобилият омада буданд.

 

Сарвари гурӯҳи аскарон шахси шинос буд: ин Яҳудо буд. Тасвири мукаммали хиёнати Яҳудоро дар Луқо 22 ва Матто 26 метавон дид.

 

Яҳудо ба ин одамон гуфта буд, ки онҳо одамеро дастгир кунанд, ки вай ӯро бо бӯсааш шинос мекунад.

 

Вақте ки Исо омадани онҳоро дид, мақсадашонро фаҳмид. Чун онҳо наздик шуданд, Исо ба пешвозашон баромад ва пурсид, ки онҳо киро ҷустуҷӯ доранд. Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро».

 

Исо ҷавоб дод, «Ман ҳастам». Калимаи «ӯ» дар забони аслии юнонӣ ёфт нашудааст. ӯ изҳор кард, ки ӯ Исои Носирия аст вале ӯ изҳор кард, ки ӯ бештар аз инсон аст «МАН ҲАСТАМ» яке аз номҳои Яҳво (номи аслии Худо ба забони арабӣ) дар Аҳди Қадим мебошад.

 

Ин ваҳйи пурқудрат аст. Бидуни яроқ ё артиш, Исо даъвое кард, ки ҳатто барои аскарон ҳам гарон буд. Онҳо ақиб-ақиб рафтанд ва ба замин афтиданд (18:6).

 

Исо боз пурсид «Шумо киро ҷустуҷӯ доред?» Онҳо боз ҷавоб доданд, «Исои Носириро». Исо боз он суханҳоро истифода бурд. «Ман ҳастам». Сипас ӯ гуфт «Пас маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред  инҳо бираванд».  Ду чизро мулоҳиза кунед. Исо тайёр буд, ки ба азобҳои дар пеш буда ва дар салиб рӯ ба рӯ шавад, ва ҳатто замоне, ки Исо бо шиканҷа рӯ ба рӯ шуд, ӯ дар бораи дигарон фикр мекард. ӯ дар бораи бехатарии шогирдонаш андеша мекард. Бисёр одамон дар бораи бехатарии шахсии худ фикр мекарданд.

 

Петрус то кунун табиати илоҳии Малакутро дарк накарда буд. Шояд ӯ хатарро интизор буд, барои ҳамин ӯ бо худ шамшер гирифт. Ҳангоми кӯшиши ҳимояи Исо ӯ гӯши одамро бурид. Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерро ба як сӯ монад. Луқо мегӯяд, ки Исо гӯши он одамро шифо бахшид (Луқо 22:51). Дар Ояти 11, оиди хоҳиши ӯ, ки ӯ тайёр аст дар ҳар  куҷое ки набошад  азобу шиканҷа  бинад, гап меравад.

 

Муҳаббат ва амнияти Наҷотдиҳанда ҳангоми дастгир кардани ӯ дида мешавад. ӯ қобилияти андешакуниро аз даст надода буд. ӯ медонист, ӯ кист ва ба куҷо равона аст. Чун ӯ инро иҷозат дод, ӯ бори аввал аз тарафи инсон баста шуд.

 

Яҳудо комилан Исоро инкор  намуд.

 

Нигоҳи дақиқтар ба ин шаби охирони ҳаёти заминии Исо бисёр саволҳоро ба миён овард. Исо дар муҳокимаҳо ҳақиқати инкоршуда буд.

 

 

 

 

 

Исо дар пеши Ҳонон (18:13-14, 19-23).

 

Ҳонон  пештар рӯҳонии калон буд. Ин норӯшан аст, ки Чаро Исоро аввал ба пеши Хонон оварданд, ҳол он ки домодаш Қаёфо саррӯҳонӣ буд. Ҳонон одаме буд, ки таъсири зиёд дошт ва пуштибонии ӯ дар чунин  кори  таввакалӣ ва  муҳим- чун кори Исо зарур буд.

 

 

Петрус Исоро инкор мекунад (18:15-18)

 

Петрус ва Юҳанно аз паси Исо то хонаи саррӯҳонӣ рафтанд. Чун Петрус он қадар маълум набуд, дар беруни дарвоза истод. Юҳанно, ки ӯро саррӯҳонӣ хуб медонист дохили ҳавлӣ шуд. Баъдтар ӯ омад, то ки Петрусро бо худ гирад.

 

Чун онҳо дар пеши дарвоза сӯҳбат мекарданд, духтаре Петрусро пурсид, ки оё ӯ яке аз шогирдони Исо набуд. Петрус гуфт, ки ӯ набуд. Ин якумин бор буд ки Петрус Исоро инкор карда буд (Луқо 22:54-62). Петрус баъдтар ба назди оташ рафт ва назди посбонон ва хизматгорон нишаст. Бешубҳа ӯ беқарор буд, чунки ӯ беимонони атрофи оташро нақз намедид, вале ӯ инкор кард, ки ӯ шогирди Исо буд. Он замон ӯ танҳо буд.

 

Боз дар хона (18:19-23)

 

Исо бо як мазҳакае рӯ ба рӯ шуд, ки онро маҳкамаи динӣ номиданд ва ӯ дар пеши марде буд, ки дар ҳақиқат саркоҳин набуд.

 

Исоро аз таълимоташ пурсон шуданд. ӯ гуфт, ки ҳамаи таълимоташ кушода иҷро шуд. ӯ изҳор намуд, ки саркоҳин дар бораи ягон таълимоти бардурӯқ шаҳодат медиҳад. Албатта саркоҳин инро карда наметавонист, ва ӯ аз қазаби мардум метарсид. Исо дар миёни омма маълуму машҳур буд. ӯ гуфт ки ягон кори нодурусти ӯро ном баранд. Боз саркоҳин хомӯш монд, чаро ки ӯ муқобили Исо ягон чизи махсусе надошт.

 

Ҳонон Исоро ба назди Қаёфо, саркоҳини ҳаққонӣ фиристод (18:24). Исо дар пеши Қаёфо дар Матто 26:27  муфассал  нишон дода шудааст.

 

 

 

Дар берун ҳоло ҳам дар назди оташ  истодаанд

 (18:25-27)

 

Чун онҳо дар  атрофи оташ сӯҳбат мекарданд, касе ба Петрус гуфт, «Оё шумо яке аз шогирдони Исо нестед? Петрус боз гуфт, «Не, ман нестам».

 

Сипас хеши он одаме, ки Петрус гӯшашро бурида партофт, гуфт ки «Оё ман шуморо бо ӯ дар боқ надидам?» Бори сеюм Петрус инкор кард, ки ӯ Исоро намедонад. Дар Луққо 22:62  нақл  мекунанд,  чун Петрус дарёфт, ки пешгӯии инкори Исоро иҷро намуд, ба берун баромада сахт гирист.

 

Аз инкори Петрус бояд се чиз омӯхта  шаванд:

 

1.     Масеҳӣ метавонад Исоро инкор кунад, вале ин ба ӯ қами бештаре меорад.

 

2.     Масеҳие, ки бештари вақтро бо беимонон мегузаронад, ба васвасаи инкори Исо гирифтор  мешавад.

 

3.     Ҷиддӣ ба забон нагирифтани номи Исо, инкори ҳақиқии Исо мебошад. Чун чизе барқалат аст ва шумо номи Исоро ҳамчун ифодаи носазо ба забон овардед ин инкори Исо аст.

 

4.     Ба  Масеҳ  шаҳодат наовардан инкори ӯст.

 

5.     Пеш аз оне, ки Петрусро маҳкум кунем лаҳзае таваққуф кунем ва андеша кунем, кӣ дар инкори Исо гуноҳ  кард?

 

6.     Петрус барои  гуноҳаш тавба кард.

 

 

Исо  дар пеши Пилотус (18:28-40)

 

Яҳудиён дар зери ҳукмронии Румиён буданд. Танҳо Румиён қудрат доштанд, ки ошкоро касеро ба марг маҳкум кунанд ва онро ба амал бароранд.

 

Бе истироҳат, баъди шаби ҳастакунанда, Исо ба қасри ҳукумат оварда шуд.

 

Яҳудиён ба хонаи юнониён (қайри яҳудиён) ворид нахоҳанд шуд, чунки онҳо аз олуда шудан бо гуноҳ метарсиданд. Онҳо дар иҷрокунии маросимҳо хеле эҳтиёткор буданд, вале онҳо аз он, ки Писари Худоро куштанд, парвое надоштанд. Ин ҳоло ҳам ҳақиқат аст. Маросимҳои калисо дар хотир нигоҳ дошта шуданд, вале ахлоқ баъзан фаромӯш шудааст. Пилотус кӯшиш кард, яҳудиёнро маҷбур кунад, ки онҳо доварӣ кунанд, вале онҳо фақат ҷавоб доданд «Ба мо иҷозат нест, ки касеро қатл  кунем» (18:31). Пилотус ба дарун даромад ва ба пурсидани Исо шурӯъ намуд.

 

Пилотус аввал  Исоро пурсид, ки магар ӯ Подшоҳи яҳудиён аст. Исо инкор накард, ки ӯ Подшоҳ буд. ӯ табиати малакутро тасвир намуд. Дар ояти 36 Исо мегӯяд, ки Малакути ӯ ин олам нест. Бо ин ӯ гуфтанқ аст, ки Малакути ӯ қувва ва тавоноиро аз ин олам намегирад, мақсад ва вазифаҳои ӯ аз ин олам нестанд. Малакуте, ки ӯ Подшоҳи он буд дар табиати худ илоҳӣ буд. Онро бо қудрати ҳарбӣ наметавон назорат кард, балки ба василаи муҳаббат, ки натиҷаи итоаткорӣ аст.

 

Исо мақсади ба замин омадани худро чунин изҳор  кард. ӯ дар ояти 37 гуфт: Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам.

 

Чун Пилотус ҳақиқатро шунид, ӯ суол доданро давом дод. «Ҳақиқат чист?» Исо дар он ҳолате ҷавоб дод, ки ӯ гуфта буд: «Ман ҳақиқат ҳастам». (Юҳанно 14:6).

 

Пилотус берун баромад ва ба яҳудиён гуфт, ки дар Исо ҳеҷ гуноҳе наёфт. Пилотус сиёсатмадори ҳақиқӣ буд. ӯ роҳи дурӣ ҷустан аз хулосаи зидди Исо андеша мекард. Дар айёми иди Фисҳ барои Яҳудиён одат буд, ки якчанд бандиро озод кунанд. Румиён илтимоси онҳоро ҳар сол  иҷро мекарданд. Пилотус фикр кард, ки Исо метавонад яке аз ин озодшудагон бошад. Яҳудиён талаб карданд, ки қоратгаре бо номи Баррабос озод  карда  шавад.

 

Тамоми шаб Исо бо инкор рӯ ба рӯ шуд. Яҳудо ӯро комилан инкор кард, ба ӯ хиёнат кард, ва тавба  накард, барои  ин ӯ  мурд.

 

Петрус ӯро се бор инкор  кард  вале  тавба  кард  ва  зист.

 

Адолат  ва  марҳамати умум ӯро инкор  карданд.

 

Пилотус ҳақиқатро дид  ва  шунид, вале онро инкор кард.

 

Барои онҳое, ки Исоро инкор карданд сулҳу осоиштагӣ, шодию хурсандӣ ва пирӯзӣ нест. Баъзеҳо ҳозир бо пайравӣ накардани Исо ӯро инкор мекунанд. Бисёриҳо имон доранд, вале итоат намекунанд. Ин имони масеҳӣ нест, ин инкор аст.

 

ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд пазироед. Тамоми паҳлӯҳои ҳаёти худро ба ӯ таслим намоед. Ояндаи шумо аз хулосаи шумо вобастагӣ дорад. «Лекин ҳар ки маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам  кард».

(Матто 10:33)

 

Ин фасл имрӯзҳо ба мо чӣ маънӣ дорад?

 

1.     Азобу  шиканҷаро  бояд  ботоқатона  паси сар кард.

 

2.     Дар  ҳаёт ба пул  мақоми аввал додан ба харобӣ  меорад (Яҳудо).

 

3.     Петрус фикр  мекард, ки ӯ қавӣ аст (Юҳанно 13:37-38), вале ӯ пешпо хӯрд. Ҳангоме, ки ёри мо пешпо мехӯрад, мо бояд ба ӯ ёрӣ диҳем.

 

4.     Вақте ки Исо дар тамоми ҳаёт дар мақоми аввал нест, ӯ инкор мешавад.

 

5.     Ба мисли таҷрибаи Пилотус, ҳар инсон бояд бо ду суол рӯ ба рӯ шавад: «Ҳақиқат чист?» ва «Ман бо Исо чӣ хоҳам  кард?»

 

 

Оят барои аз ёд кардан.

Юҳанно 18:38 Б.

 

 

 

 

 

ЮҲАННО  19

 

Нақша

 

I . Исо дар пеши Пилотус (Юҳанно 19:1-16).

 

II. Исо дар салиб чормех шуд (19:17-27).

 

А. Ҷой: Ҷолҷолто (19:17).

В. Навиштаҷоте дар салиб (19:19-23).

С. Аскарон ба либоси Исо қуръа партофтанд (19:23-24).

Д. Пешгӯии Исо барои тасаллои Марям (19:25-27).

 

III .Марги Исо.

 

IV. Марги итминон дода шуда- паҳлӯи Исо сӯрох  карда  шуд (19:31-37).

 

V. Дафни Исо (19:38-42).

 

 

Биё, салибро бубин

 

Чун ба воситаи чашмони Юҳанно дида мешавад, илтимос мекунам одамон ва ҳодисаҳои теппаи Калвариро аз назар гузаронед.

 

Исо 33 сол дошт. ӯ писари дуредгари камбақал буд. ӯ ҳеҷ мактабро ба итмом нарасондааст. ӯ худписандӣ намекард, ки сайёҳи ҷаҳон аст. ӯ дар ҷогаҳи тоза таваллуд нашуд, балки дар оқил чашм ба дунё кушод. Кабраш оддӣ буд, дар ҷамъияти имрӯзаи мо, Исоро ҳамчун пешвои арзанда эътироф нахоҳанд  кард.

 

Ҳамзамон чизе дар бораи Исо буд, ки диққати  мардумонро ба худ ҷалб мекард. Миқдори кам ӯро дӯст медоштанд, вале бисёриҳо марги ӯро мехоҳанд.

 

 

Исо ва Пилотус

 

Пилотус ҳокиме буд, ки қудрати ба ҷо овардани қонунҳои Румро дошт. Румиён бо хоҳиши доштани сулҳу осоишӣ машҳур буданд. Ҳар касе, ки кӯшиши барканор кардани ҳукуматро дошт, сари роҳаш дошта мешуд. Сараввал яҳудиён Исоро барои фитна бар зидди Румиён маҳкум карданд. Баъде, ки Пилотус Исоро пурсуҷӯ кард, ин гуноҳ бардошта шуд. Пилотус гуфт, «Ман айбе ба  маҳкум  кардани ӯ наёфтам» (19:6).

 

Яҳудиён ӯро барои Худро Писари Худо гуфтан гуноҳкор карданд (Юҳанно 19:7).

 

Ҳангоме, ки Пилотус инро шунид, ӯ шитобкорона Исоро боз ба даруни қаср даровард. ӯ Исоро пурсид, ки ӯ аз куҷо омада буд. Пилотус медонист, ки ӯ аз Ҷалил омада буд. Суоли ӯ оиди хонаи заминии Исо набуд.

 

Пилотус талабҳои Исоро шунида буд. Ва имон оварданро рад кард. Акнун, вақте ки Пилотус Исоро дар бобати зиндагиаш пурсид, Исо ҷавоб надод. Мавридҳое ҳастанд, ки масеҳӣ  маҷбур нест, ки ба суолҳо  ӣавоб гӯяд. Беимонҳо наметавонанд, корҳои Худоро бифаҳманд, Барои ҳамин ягона пайқоми мувофиқ барои беимон ин зарурият ва василаи наҷотёбӣ аст. Кӯшиши ба гурӯҳи беимонон фаҳмондани Сегона дар пеши хук пошидани марворид аст. Исо ба саволи Пилотус ҷавоб надод.

 

Пилотус одами ҳиссиёти омехтадор буд. ӯ хост Исоро озод кунад, вале дӯстӣ  бо оммаи халқ барояш муҳимтар буд (19:12).

 

Яҳудиён фаҳмиданд, ки Пилотус намехоҳад Исоро маҳкум кунад. Онҳо далели охиринро ба кор бурданд, «Агар ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ» (Ояти 12). Пилотус  медонист, ки чӣ дуруст аст, вале ӯ иҷозат дод,  ки  мардум  ҳаёти ӯро идора кунанд.

 

Чунин корҳо имрӯз низ ба амал меоянд. Баъзан барои ҳоким тарафи Исоро гирифтан номуносиб аст. Вале баъзан ҳуқуматдороне пайдо мешаванд, ки худро ба иҷрои он, ки чӣ дуруст аст бахшидаанд, ҳатто агар фишори умумӣ бар зидди он бошад. Барои Пилотус, ақидаи мардум аз ҳақиқат боло буд, ҳамин тариқ Пилотус абадан дар хотирҳо хоҳад  монд.

 

Исо дар салиб чормех карда шуд

 

Бисёр тафсилоти маслубкунӣ дар Аҳди Қадим пешгӯӣ шудааст. Аҷиб мешуд, агар баъзе Навиштаҷотро аз назар гузаронем: Хуруҷ 12:46, Рақамҳо 9:12, Забур 34:20, Хуруҷ 34:24. Такрори шариат 21:22, Забур 69:21.

 

Дар Забур 22 тасвири аниқи пайқамбаронаи маслубкунӣ омадааст. Аскарон барои либосҳои Исо қуръа партофтанд (Ояти 18). Роҳгузарон ба ӯ нешханд заданд (Ояти 7). Мардум дар атрофи салиб ҷамъ шуданд ва ба ӯ таъна мезаданд (Ояти 12). Онҳо дастҳо ва пойҳои ӯро сӯрох карданд (Ояти 16), ва ҳаёти ӯ чун об баромад (Ояти 14). ӯро дар рӯи салиб то он дараӣае, ки устухонҳояш шумурда шавад дароз карданд (Оятҳои 14, 17). Дар Матто 27:41-43 саркоҳин ва нависандаҳо аз Забур иқтибос овардаанд (22:7-8). Баъди маргаш онҳо дарёфтанд, ки ҳатто дили ӯ пора шудааст (Забур 22:14).

 

Ҷои маслубкунӣ дар беруни шаҳри Ерусалим воқеъ гардида буд. Теппа  «Ҷои косахонаи сар» номида мешуд. Ин ном аз ду сарчашма омада метавонист. Ин ҷои маълуми  қатлрасонӣ буд ва эҳтимол дар атроф косахонаҳои сари бисёре парешон буданд. Сабаби дигари эҳтимолии ном аз намуди теппа омадааст. Бо ғорҳое, ки дар паҳлӯи теппа буданд, онро ба косахона монанд мекунанд.

 

Писари Комили Худо дар байни ду қоратгар ҷой дода шуда буд. Дар болои сари Исо Пилотус ҷое барои нишона монда буд. Эҳтимол барои хор кардан ва ришханд кардан, дар тахтача «Шоҳи яҳудиён»   навишта шуда буд. Ин Яҳудиёнро ранҷонд, чунки Исо   шоҳи онҳо набуд.

 

Пилотус шояд инро барои ба дом афтондани яҳудиён, маҳкумкунии Исо карда буд. ӯ дигар кардани нишонаро рад кард.

 

Дар рӯҳи идона ва ҳирс, аскарҳо қуръа партофтанд, то ки бубинанд, ки соҳиби куртаи Исо мешавад.

 

Исо ва модари ӯ (Юҳанно 19:25-27)

 

Исо диққаташро ба гурӯҳи хурди пайравонаш, ки дар назди салиб истода буданд, гардонд. ӯ бо модараш ва Яҳё сухан кард. Исо фаҳмид, ки Марямро қамхорӣ мекунанд ва ӯ ба Яҳё гуфт, ки ӯро ба хонааш бурда ба ӯ чун ба модари худ муносибат кунад. Исо писари калонии Марям буд. ӯ аз ҳама масъулияти зиёд дошт, ки ба модараш ёрӣ диҳад. Юсуф шояд аллакай вафот карда буд. Ҳамчун Исо ба Марям гуфт, ки ба Яҳё ҳамчун ба писар муносибат кунад.

 

Ба Ояти 26 таваҷҷӯх  намоед, ки ҳангоме Исо бо модараш сухан кард ӯро зан номид. Ҷон Калвин изҳор кард, ки Исо бо чунин восита ба Марям муроҷиат кард то ин ки ӯро ва моро аз нафрати Мариолатру наҷот диҳад. Калисои католикии Рум Марямро «Модархудо» ва  «Маликаи Осмон» номид. Аз ин аъмол тамоми ақидаҳо такмил ёфтанд, «Мафҳуми беайб», меомӯзад, ки Марям худаш бе ягон гуноҳ ба дунё омадааст, «Бокирагии абадии Марям» ки мақоми табии модарии ӯро рад мекунад (Дар Библия дар Матто 13:55-56 омадааст, ки Исо бародарон бо номҳои Яқуб, Яҳудо, Юсуф ва Шимъун ва хоҳарон дошт. Ҳамчунин ақидаи динии «тахмини Марям» вуҷуд дорад, ки мегӯяд,  ӯ нафавтидааст, балки зинда ба Осмон рафтааст. Дар баъзе аз ин ақидаҳо Марям аз Исо боло, ба ӯ монанд ва бо дигар роҳҳо нишон дода шудааст.

 

Дар расми Микеланҷело «Доварии охирон», ки дар девори калисои хурди Систин дар Ватикани Рум мебошад, Исо дар зери Падар бо Марям дар паҳлӯяш тасвир шудааст.

 

Шубҳаи камест, ки Исо дар тамоми умраш Марямро модар номидааст. Ягона сабте дар рӯҳонияти ошкорои ӯ нест, ки ӯ Марямро модар номидааст. Қайд кардан аҷиб аст, ки баъди таъмиди Исо, танҳо Юҳанно ягона нависандаи Инҷил нишон додааст, ки Исо ба модараш ҳеҷ  муроҷиате накардааст. Юҳанно менависад, ки Исо танҳо як бор ба модараш муроҷиат кардааст, ва ӯро зан  номид.

 

«Ман ташнаам» (19:28)

 

Ин иҷрошавии пешгӯӣ  дар Забур  69-21 ва Забур  22:15 мебошад.

 

Исо шаби дардноки маҳкамаро паси сар кард. ӯ хаста ва ташна буд. Бешубҳа азобу шиканҷаи болорафта ташнагии ӯро зиёд кард.

 

Танҳо вақте буд, ки мубориза бо пирӯзӣ анҷом пазируфт, Исо барояш сабукӣ талаб кард. Ин садои пирӯзӣ буд. Мусобиқа бо қалаба ба анҷом расид. Ҳоло ӯ ташна буд.

 

Ин  ҳамчунин инсон будани Исоро ошкор мекунад.

 

«Иҷро шуд!» (19:30)

 

Исо бисёр суханҳои муҳим гуфтааст, вале ин суханҳо аз ҳама муҳимтар ҳастанд. Кори ба анҷомрасидаи Исо дар Ибриён 7:27, 10:12, 9:25-27 кушоду равшан тасвир шудааст.

 

Ҳаёти заминии Исо ба итмом расид. Азобу шиканҷаҳояш анҷом пазируфтанд. Қурбонӣ тамом шуд. Нақшаи наҷоти инсоният хотима ёфт. Ваҳйи ниҳоии Худо анҷом пазируфт.

 

Вақте, ки Исо фарёд кард, ки «Иҷро шуд» ӯ дар бобати иҷро шудани нақшаи Худо барои наҷоти инсон сухан гуфт.

 

Яке аз гуноҳҳои бузурги инсон ва калисо ин кӯшиши илова кардан бо оне, ки Худо тамомшуда номид, мебошад.

 

Мувофиқи Библия Исо як бор ва барои ҳама фавтид. Як қурбонӣ кофӣ буд.

 

Одамон ба фаҳмидани суханҳои Исо намерасанд, «Иҷро шуд!» ин ҳангоме ки онҳо талабҳои худро низ барои наҷотёбӣ илова мекунанд. Онҳо кори хубро ҳамчун талаб илова мекунанд. Ин номумкин аст, ки инсон ба василаи кори хуб наҷот ёбад. Наҷотёбӣ дар салиб хотима ёфт. Ягон чизе, ки инсон ба ҷо овардан метавонад, ин пазируфтани ин ато мебошад. Агар инсон Исоро ба василаи имон қабул менамояд тарзи ҳаёташ дигаргун мешавад. Корҳои хуб табиатан хоҳанд омад. Бе кӯшиши ба воситаи қувваи хеш ба наҷот ноил шудан, кӯшиш кун, ки дар ҳама чиз ба Исо боварӣ кунқ иҷро шуд. Он ба дубора сохтан ва андеша эҳтиёҷ надорад. Исо барои ту ва ман вафот кард. Маргаш барои шахсе, ки ӯро ҳамчун одами хуб эҳтиром мекунад, бемаънӣ аст. Марги Исо маъно дорад, чунки ӯ зинда аст. Онҳое, ки барои наҷот ба ӯ боварӣ доранд ва худро комилан ба ӯ таслим мекунанд ҳамчунин зиндагӣ хоҳанд  кард.

 

 

 

Ин  фасл  имрӯзҳо барои мо чӣ маънӣ дорад?

 

1.     Мо бояд барои сипосгузорӣ ба Наҷотдиҳанда ба мисли Исо сари таъзим фурӯ орем.

 

2.     Исои Масеҳ аз ҳамаи ҳукуматҳо ё гурӯҳҳои динии ҷаҳон муҳимтар аст.

 

3.     Тавоноии ҳақиқӣ  аз тарафи Худо мебошад (Юҳанно 19:10-11).

 

4.     Ҳирсе, ки қиморро ҳосил мекунад сабаби он мешавад, ки инсон Наҷотдиҳандаро фаромӯш мекунад, он вақт ва акнун (19:23-24).

 

5.     Дар бораи Марям ҳамчун «Модари Худо» фикр кардан бутпарастӣ аст.

 

6.     Суханҳои «Иҷро шуд» маънои онро дорад, ки Худо ҳамашро ба ҷо овард. ӯ барои инсон роҳи наҷот дод. Ин гуноҳ аст агар барои фарзанди Худо шудан, корҳои дигарро ба мисли таъмид илова кунем.

 

 

 

Оят барои аз ёд кардан. Юҳанно 19:30.

 

 

ЮҲАННО 20

 

Нақша

 

I.     Қабри холӣ (Юҳанно 20:1-10).

 

II.   Исо худро ба Марями Маҷдалия зоҳир кард (20:11-18).

 

III.  Зоҳиршавии Исо ба шогирдонаш (20:19-23).

 

IV.           Зоҳиршавии Исо ба Тумо (20:24-29).

 

V.    Мақсади Инҷили Юҳанно (20:30-31).

 

 

Аз мақлубият то раҳоӣ

 

 Дар бобати рӯзи Ҷумъа ҳангоме, ки Исо вафот кард, дар фикри пайравонаш ягон чизи хуб набуд. Онҳо мақлубият ва ноумедиро ҳис карданд. Онҳо ба зарбаи ноумедӣ дучор шуданд, ки Исо ҳақиқатан метавонад вафот кунад. Онҳо ба раҳоӣ бахшидани яҳудиён, ки зери юқи румиён буданд ба ӯ умед баста буданд.

 

Ҳарчанд шогирдон ва дигарон, ки дар гирди салиб буданд дар муносибати ботаҳаммул ва раҳму шафқати Исо дар пеши марги даҳшатангез мутаҳайир буданд, онҳо эҳёшавиро интизор набуданд. Салиб орзуҳо ва умедҳои онҳоро парешон кард.

 

Ҳиссиёти мақлубият имрӯзҳо низ кушоду равшан ба чашм мерасад. Рӯзи   Ҷумъаи Хуб дар баъзе ҷойҳо рӯзи муҳим аст ва дар ин рӯз одамон худро дар салиб  чормех мекунанд, то ин ки маслубшавиро нишон диҳанд. Тӯдаи зиёди одамон  роҳравон, бо чароқҳо аз паси нимтанаи Исои беҷон, бо нимтанаи Марям дар наздикӣ меистанд. Ҳамаи корҳои давлатӣ баста мешаванд. То субҳи рӯзи Шанбе ҳама анҷом меёбад. Ноумедии беҳуда инъикос меёбад ҳангоме, ки одамон дар бораи Исои Салиб, чун дар салибҳои атрофи гарданашон, бо Исои то кунун дар салиб андеша карданро давом  медиҳанд.

 

Дар бисёр ҷойҳои ба ин монанд, вақте ки Рӯзи Якшанбе фаро мерасад ҷашнгирӣ ба охир мерасад. Корҳои давлатӣ шурӯъ мешаванд ва зиндагӣ ба маҷрои муқаррарӣ бармегардад. Одамон ба хотир намеоранд, ки дар рӯзи Якшанбеи баъди рӯзи маслубкунӣ Исо аз қабр баромад, то ин ки абадан зиндагӣ кунад.

 

Танҳо он вақте, ки эҳёшавӣ маънии нави пирӯзиро мегирад, Одамон масеҳиёни хақиқӣ хоханд шуд, ки аз мақлубият ба раҳоӣ омада буданд.

 

Агар касе танҳо ба маслубкунӣ умед дорад, ӯ ягон умед надорад. Ин ягон имони махсус намегирад то ин ки мо боварӣ ҳосил кунем, ки Исо дар салиб вафот кард: дигарҳо мурданд. Калиди пирӯзӣ ва раҳоӣ дар имон овардан бо он, ки Исо ҳақиқатан ҳам аз болои марг қалаба кард, мебошад. Ҳарчанд ӯ вафот кард (ӯ ҳақиқатан ҳам вафот кард) ӯ, бо қувваи Худ ба зиндагӣ баргашт.

 

Бисёр одамон Буддо, Конфусия, Чарл Тейз, Ҷозеф Смит ва дигаронро пайравӣ мекунанд. Ин одамон ҳама мурдаанд ва мурдагӣ ҳастанд. Ман пайравии танҳо як нафарро интихоб кардам, ки пирӯзӣ  аз болои маргро нишон дод. Ин-Исои Масеҳ  аст.

 

Бубинед, чӣ хел ӯ эҳё шуд ва пайравонашро аз чуқурии ноумедӣ ба баландиҳои раҳоӣ овард.

 

Барои Марями Маҷдалия, Худованди эҳёшуда маънои раҳоӣ аз қаму андӯҳи  ноумедӣ аст (Юҳанно 20:1-18).

 

Ин муҳим аст, ки занон охирин шуда ҷои салибро тарк гуфтанд ва аввалин  шуда  ба қабр  омаданд.

 

Марями Маҷдалия бо занҳои дигар   ба сари  қабр омад. ӯ барои он дар ин ҷо хотирнишон шудааст, ки ӯ мавзӯи Инҷили Юҳанноро равшантар тасвир мекунад. Дар Инҷил чунин навишта шудааст, ки одамон ба Наҷотдиҳанда будани Исо эътиқод оранд (20:31). Ин Марям зани хеле гуноҳкор буд, ки Исо дар ҳаёташ даромада ва ӯро пок кард. Ба василаи ӯ Марям тақйир ёфт. Акнун марги он касе, ки барояш бисёр корҳо кард, ӯро мутаҳайир сохт.

 

Марями Маҷдалия хеле барвақт субҳи Якшанбе ба сари қабр омад. ӯ дарёфт кард, ки санги калони пеши дари қоре, ки ҷисми  Исо он ҷо буд, аз ҷояш дур шудааст. ӯ фавран ин хабарро ба Яҳё  ва Петрус расонд. ӯ фикр  кард, ки касе ҷасадро дуздидааст.

 

Яҳё ва Петрус ба сари қабр давиданд. Яҳё ба дарун нигоҳ кард ва кафанро дид. Петрус ба дарун нигоҳ кард, то яқин донад, ки Исо рафтааст. Кафан дурустакак, покиза дар ҷое гузошта шудаанд, на он хеле, ки касе шитобкорона ҷасадро дуздидааст.

 

Ин ду шогирд боварӣ доштанд, ки ҷасадро дуздидаанд, онҳо боварӣ надоштанд, ки Исо эҳё шудааст.  Чун  мақлубшудагон, Петрус ва Яҳё ба хона баргаштанд.

 

Вале Марями Маҷдалия, ки аз ашк чашмонаш кӯр шуда буданд, дар назди қабр монд. Гӯё ӯ боварӣ надошт, ки ҷасад нест, ӯ боз ба қабр нигоҳ  кард. Ду фариштаи,  дар ҷои ҷасади Исо нишаста ӯро пурсон шуданд, ки чаро ӯ гиря карда истодааст. Баъд ӯ ба атроф нигоҳ кард ва тавассути ашкҳо дар ин рушании субҳи барвақт Исоро дид, вале ӯро нашинохт. Исо сабаби  гиряи ӯро пурсон шуд. ӯ фикр кард, ки Исо боқбон аст, ва Марям пурсид, ки ҷасад ба куҷо қайб зад.

 

Исо ӯро бо номаш –«Марям» фарёд кард. Баъд ӯ фаҳмид ки ин Исо буд. ӯ гирист ва гуфт: «Раббонӣ»- яъне «Устоди бузурги ман».

 

Пайқоми Писҳо барои Марям сулҳу осоиш буд. Барояш маънои Писҳо раҳоӣ аз маъюсию ноумедӣ буд. Дар байни қам ва танҳоӣ, Исо назди ӯ аст. ӯ моро бо номҳоямон ҷеқ  мезанад: мо танҳо нестем.

 

Дар ояти 17 Исо ба Марям гуфт, «Бирав ва бигӯ». Вақте ки мо мефаҳмем, ки Исо ҳақиқатан ҳам зиндагӣ мекунад ва ӯ дар ҳаёти мо мебошад, мо низ рафта ин хабари хушро ба дигарон хоҳем гуфт.

 

 

Барои Тумо, Худованди зинда маънои аз шубҳа раҳоӣ ёфтанро дорад (20:24-29).

 

Бегоҳии ҳамон рӯз шогирдон дар хонае дар Ерусалим пинҳон шуда буданд. Онҳо диданд, ки яҳудиён бо пешвои онҳо чӣ карданд ва акнун онҳо метарсанд, ки онҳоро низ хоҳанд кушт.

 

Исо зоҳир шуд ва онҳоро бо каломи сулҳ салом дод. Тумо ҳузур надошт. (Дар вохӯрӣ ҳузур надоштан барои фарзандони Худо маънои аз даст додани баракатро дорад). Чун дар бораи зуҳуршавии Исо нақл карданд. Тумо ба он бовар накард. ӯ ба мисли зиёиёни сохтаи ҳозира буд, чаро ки ӯ гуфта буд, «То бо чашмони худ набинам, бовар намекунам».

 

Якшанбеи оянда Тумо низ дар вохурӣ ҳузур дошт. Исо боз зоҳир шуд, ва боз саломи ӯ «Сулҳ» буд. ӯ фавран бо Тумо сухан гуфт, ки ин назари Исоро ба сӯи одамоне, ки шубҳа доранд ва имон надоранд нишон медиҳад. Диққати ӯ ба Тумо ва эҳтиёҷоти ӯ буд. ӯ аз Тумо хоҳиш кард, ки захмҳои мехҳоро ламс кунад. Исо гуфт «Беимон набош, балки имон дошта бош».

 

Тумо тезакак имон овард ва ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман».

 

Эътирофи Тумо низ барои омӯхтан ба мо, ки Исо одами оддӣ набуд муҳим аст. Ба ӯ ҳамчун ба Худо муроҷиат кард ва ӯ Туморо барои чунин муроҷиаткуниаш сарзаниш накард. ӯ иҷозат дод, ки  ҳамчун Худованд ва ҳамчун Худо парастиш карда шавад.

 

Бисёр одамон зидди Исо ҳастанд чунки онҳо таълим медиҳанд, ки Исо аз Худо пасттар аст. Ҳеҷ кас бо қувваи худ аз қабр баъди марг набаромада буд. Хушбахт онҳое ҳастанд, ки қобил ҳастанд бе дастрасонӣ,  дидани ӯ ба Худои Зинда имон оварданд (Юҳанно 20:29).

 

Эҳёшавӣ ҳаёти шогирдонашро дигар кард. Аз тӯдаи тарсӯён 

яку-якбора баъди мамоти Исо, онҳо ба Инҷилнависони шӯълаваре мубаддал гаштанд ва Хабари Хушро паҳн карданд. Бисёре аз онҳо барои имон ба Худованди Зинда ҷонашонро аз даст доданд.

 

Чун одати масеҳиёни нахустин, мо низ ҳар Якшанбе рӯзи Худованди эҳёшударо ҷашн мегирем. Рӯзи маслубшавӣ танҳо он вақт  маъно дорад агар мо муҳим будани рӯзи Якшанберо ҳамчун Рӯзи Худованд, рӯзи эҳёшавӣ  дуруст фаҳмем.

 

Он ҷое, ки Исо зиндагӣ мекунад, қам ва шубҳа дур ҳастанд. Оё ӯ дар дили шумо, дар ҳаёти шумо, дар рӯзи Якшанбе ва ҳар рӯзи ҳафта зиндагӣ  мекунад?

 

 

Ин фасл имрӯзҳо барои мо чӣ маъно дорад?

 

1.     Рӯзи маслубшавӣ муҳим аст, агар мо муҳим будани эҳёшавиро дарк кунем.

 

2.     Агар  Исо то ҳоло мурда аст, пас умед нест.

 

 

3.     Масеҳии ҳақиқӣ Исоро дар салиб намемонад.

 

4.     Агар касе салибро дар гардан овезон кунад, муҳим аст, ки салиб холӣ бошад.

 

5.     Вақте  инсон имон дорад, ки Исо зинда аст, ӯ низ ба монанди Марями  Маҷдалия ва Тумо парастиш мекунад.

 

6.     Барои он ки Исо зиндагӣ мекунад, мо бояд биравем ва ба дигарҳо гӯем.

 

7.     Худованди зинда ӣавобест ба қам ва шубҳа.

 

8.     Ҳар масеҳӣ аз тарафи Худо вазифае дорад, ва он бо оне ки Исо пазируфт  монанд аст (20:21).

 

 

Оят барои аз ёд. Юҳанно 20:21.

 

 

 

 

 

ЮҲАННО 21

 

 

Нақша

 

I .   Исо ба ҳафт шогирди худ зоҳир шуд (Юҳанно 21:1-4).

 

II.  Исо ва Петрус (21:15-19).

 

III. Исо ва Яҳё (21:20-24).

 

IV. Хулоса

 

Муҳаббати ҳақиқӣ

 

Калимаи «Муҳаббат» чунон бад ба маънои дигар ба кор бурда ва бад истеъмол шудааст, ки маънои аслиашро қариб гум кардааст. Барои бисёр одамон, муҳаббат бештар шавқу завқи ҷисмонист, ки барои иштиҳои ҷисмонӣ ба кор бурда мешавад. Иштиҳои ҷисмонии беназоратро метавон муҳаббат номид, ва ин ба монанди он муҳаббатест ки як саг нисбати саги дигаре дорад.

 

Худо инсонро аз ҳайвон олитар кард. ӯ аз одамон нисбати саг чизҳое бештаре интизор аст. Инсон берун аз муносибати зинда бо Худо наметавонад  муҳаббати ҳақиқиро донад.

 

Библия мегӯяд, ки Худо муҳаббат аст. Исо барои нишон додани Муҳаббати Худо ва ошкор кардани он ки, чӣ тавр аъмоли муҳаббат ҳақиқӣ аст, омад. Юҳанно 3:16 ояти классикиест, ки дар он дар бобати он ки, чӣ тавр аъмоли муҳаббат ҳақиқӣ аст, гуфта шудааст. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар ки ба ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ  ёбад.

 

Ин оят ҳикояте дар бораи муҳаббати ҳақиқӣ  аст. Ин амале буд, ки дар фикраш нисбат ба худбузургкунӣ ё беҳтаркунӣ бештар хайри дӯстдоштаро доро буд. Муҳаббати ҳақиқӣ иваз ё пардохтро талаб намекунад. Бисёр одамон дигарҳоро барои он ки дигарҳо ба онҳо кори хуб кардаанд «дӯст» медоранд. Ин муҳаббати ҳақиқӣ нест.

 

Бисёр одамон дигарҳоро бо он «дӯст» медоранд, ки фоидаҷӯии бахшандаро баланд  мекунад  ва  шаъни пазирандаро паст мекунад.

 

Муносиб аст бигӯем, ки Инҷили Юҳанно бо тасвири муҳаббати ҳақиқӣ дар амал  наздик  аст. Мавзӯи асосии  Инҷили Юҳанно ошкор намудани муҳаббати ӯро ба василаи Исо, Писар мебошад.

 

Лаҳзае  муносибати Петрусро бо Исо аз мадди назар мегузаронем. Ин ҳама аз он сар шуд, ҳангоме ки Исо аз Петрус хоҳиш кард, ки ӯро пайравӣ кунад, чунончӣ дар Матто 4:19-20 сабт шудааст. Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайди мардум гардонам». Дарҳол  онҳо тӯрҳои Худро монда, аз паи ӯ равона шуданд. Дар Матто 26:33 Петрус Исоро оиди садоқати худ итминон медиҳад. Петрус дар ҷавоби ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз  намеафтам».

 

Петрус дар бораи муҳаббати худ нисбати Исо рӯирост буд. ӯ итминони комил дошт, ки ҳатто агар дигар шогирдон саркаш бошанд ҳам ӯ нахоҳад буд. Баъди ин изҳороти Петрус дар бораи ниятҳои некаш Исо ӯро огоҳ кард. Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард. Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳатто агар то мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи  шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд (Матто 26:34-35).

 

Петрус он шаб Исоро се бор инкор кард. Дигар шогирдон ӯро тарк карданд.

 

ӣавоби Исо чӣ хоҳад буд? Петрус беимон буд, оё Исо ӯро фаромӯш кард? Муҳаббати  ҳақиқӣ чӣ тавр  амалӣ  хоҳад  гашт?

 

Акнун ба ин саҳнаи охирини Баҳри Ҷалил биёед. Исо ба шогирдонаш ваъда дод, ки онҳоро дар ҳамин ҷо хоҳад вохӯрд (Матто 26:32, 28:10). Ин ҷои  ором буд, ки касе онҳоро ташвиш нахоҳад  дод.

 

Чунин ба назар мерасид, ки шогирдон аз интизорӣ хаста шуданд: онҳо ба моҳигирӣ рафтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ ҳеҷ сайде ба даст наоварданд. Субҳи барвақт овози шахси ношиносе, ки аз болои об қадам зада омада истода буд, аз муваффақияти онҳо пурсон шуд. Ҳарчанд шогирдон Исоро, ки дар соҳил  истода буд, нашинохтанд, онҳо ба овози ӯ итоат карданд, то ки тӯри моҳиро ба тарафи дигар партоянд. Танҳо баъди ба даст овардани сайди калон иборат аз 156  моҳии калон шогирдон фаҳмиданд, ки марди дар соҳил буда Исо буд. Яҳё яке аз аввалинҳо буд,  ки ӯро шинохт. Онҳо сӯи соҳил барои вохӯрӣ бо Исо шитофтанд. Петрус ҳатто ба он интизор нашуд, ки киштӣ ба соҳил бирасад, ӯ худашро ба об партофт. Як сабақе, ки аз ин моҳигирӣ омӯхта мешавад, он аст, ки ҳангоме ки имондорон дастурҳои Исоро дастгирӣ мекунанд, пас аз он муваффақиятҳо хоҳанд омад.

 

Дар атрофи оташи зақоли чӯб, аъмоли муҳаббати ҳақиқиро бубинед.

 

Баъди хӯрдани хӯроки субҳ, Исо дарҳол ба Петрус сӯҳбат оқоз кард. Далели он, ки Исо бештар бо Петрус сӯҳбат мекард  маҳбубиятро ошкор намекунад. Петрус ягона буд, ки яқинан Худовандро инкор карда буд.

 

Исо боре гуфта буд, «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд» (Матто 9:12). Ин дурӯқи маҳз аст, вақте ки волидон ба фарзандонашон  мегӯянд «Худо шуморо дӯст хоҳад дошт, агар шумо хуб бошед».

 

Баъзеҳо мегӯянд ё изҳор менамоянд,  Худо онҳоеро, ки одамони бад ҳастанд, дӯст намедорад. Петрус гуноҳи калон кард. Исо намоиш дод, ки аз сабаби мавҷудияти гуноҳ муҳаббати ҳақиқӣ қатъ намешавад. Гуноҳ дили Худоро мешиканад, ӯ гуноҳро чашми дидан надорад, вале бо вуҷуди ин ӯ гуноҳкорро дӯст  медорад.

 

Исо гуфтаи Петрусро ба хотир овард, ки ҳатто агар шогирдони дигар ӯро тарк  кунанд, ӯ то мурдан содиқ хоҳад монд. Бо мақсад, Исо Петрусро  пурсид, «Шумо маро аз инҳо бештар дӯст медоред?».

 

Се бор Петрус Исоро инкор кард. Се бор Исо Петрусро пурсид ки оё ӯ Исоро дӯст медорад. Бо чунин муҳаббати амиқаш, Исо ба Петрус имконияти баргаштан, барои тавба ва иқрор шуданро дод.

 

Одатан дар ин порча зада дар он муҳаббате, ки Петрус нисбати Исо дошт гузошта мешуд. Вале Петрус қодир буд, изҳор кунад ки ӯ Исоро танҳо барои  муҳаббати бузургтареро доро буданаш дӯст дошт. Ҳарчанд ӯро инкор кард, Исо Петрусро дӯст медошт.

 

Муҳаббати ҳақиқӣ мустақим аст ва марбут ба мавзӯъ ва дар айни ҳол мулоим аст.

 

Исо дар бораи обу ҳаво ва суолҳои амиқи фалсафӣ сухан нагуфт. ӯ рост ба нуқтаи асосӣ пардохт. Муҳаббат асос аст: ҳамаи чизҳои дигар муҳим нестанд, агар муҳаббат ҳақиқӣ нест.

 

Пешвоёни масеҳӣ оиди проблемаҳои миёни аъзоёни калисо, набудани шавқу ҳавас, сустӣ дар омӯзиш, ва қафлаткорӣ дар ҳузур нақл  мекунанд. Барномаҳое ҳастанд, ки барои аз байн бурдани ин проблемаҳо ба кор бурда мешаванд. Проблемаи асосӣ, ки проблемаҳои дигар аз он ҳосил мешаванд, ин набудани муҳаббат нисбати Исо мебошад. Ин сабаби он буд, ки Исо мустақиман ба нуқтаи асосӣ оиди муҳаббат пардохт. Роҳеро, ки Исо аз Петрус оиди муҳаббат пурсид, қайд намоед.

 

Ояти 15-ро бо чунин тарз тафсир додан мумкин аст. «Шимъӯн, Писари Юнус, оё Шумо маро аз шогирдони дигар дида бештар дӯст медоред? ӯ чунин посух дод «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман дӯстат ҳастам». Исо гуфт, «Барраҳои маро бичарон».

 

Бори дуюм Исо Петрусро пурсид, «Оё ту маро дӯст медорӣ?» Боз Петрус бо чунин роҳ ҷавоб дод «Ту медонӣ, ки ман дӯстат ҳастам». Исо гуфт: «Гӯсфандони маро бичарон». Бори сеюм Исо Петрусро пурсид: «Петрус, ту ҳақиқатан дӯсти Ман ҳастӣ?» Петрус онро ҳис карда гуфт, «Худовандо, Ту ҳама чизро медонӣ, Ту медонӣ, ки ман рафиқи Ту ҳастам!». Баъд Исо ба ӯ гуфт, «Ба гӯсфандони ман қамхорӣ кун»,

 

Исо ва Петрус ду калимаи гуногунро, ки маънояш муҳаббат ҳаст истифода бурданд, вале онҳо сифатҳои гуногуни муҳаббат мебошанд. Ин ду калима дар забони Юнонӣ «agape» ва «philio»                         мебошанд. «Agape»  ҳамон калимае аст, ки барои муҳаббат дар Юҳанно 3:16 ба кор бурда шудааст. Ду бори аввал Исо гуфт, «Оё ту Маро дӯст

 (agape) медорӣ?». Ин навъи муҳаббати Худо муҳаббати ҳақиқӣ ҳаст. Петрус бо калимаи дигар барои муҳаббат- «philio» ҷавоб дод. Ин дӯстиро дар назар дорад ва на монанди он муҳаббатест (agape) ки  мегӯяд « Ман барои ту ҷонамро фидо хоҳам кард».

 

Ду бори аввал Исо гуфта буд, «Оё ту маро ба қадри кофӣ дӯст медорӣ, ки бароям ҷонатро фидо кунӣ?» ӣавоби Петрус на бештар аз он лофе буд, ки ӯ пештар гуфта буд. ӯ ба таври оддӣ гуфта буд. «Худовандо, ман рафиқи Ту ҳастам».

 

Сифати муҳаббати ҳақиқӣ дар суоли сеюм ба чашм мерасад. Ҳангоми суол додан, Исо акнун он калимаҳоеро истифода мекунад, ки Петрус дар посухҳояш ба кор мебурд. Петрус мегуфт, Худованд, Ман дӯсти

(philio) Ту ҳастам. Бори сеюм Исо пурсид, «Петрус, ту ба ростӣ дӯсти Ман ҳастӣ?».

 

Сифати муҳббати ҳақиқӣ чунин аст: Ин инсонро аз он ҷое, ки ҳаст мегирад, ва ӯро ба ҷое ки бояд бошад роҳнамоӣ мекунад. Исо навъи муҳаббат ( philio ),  дӯстии Петрусро пазируфт ва ӯро ба сӯи муҳаббати амиқтар ( agape) ҳидоят намуд. Ин муҳаббати ҳақиқиест, ки инсонро қодир месозад барои Худовандаш хурсандона ҷонашро бидиҳад. Баъдтар Петрус айнан чунин кард.

 

Муҳаббати ҳақиқӣ, чуноне, ки дар Исо дида мешавад, инсонро аз ҷое, ки ӯ ҳаст мегирад ва ӯро ба ҷое, ки бояд бошад мебарад-ҳама вақт боварӣ бо он дорад, ки инсон маъсулият дорад. Исо ба Петрус гуфт, «Муҳаббати худро ба Ман ба василаи дӯст доштани одамони Ман исбот намо».

 

Муҳаббати ҳақиқӣ  шахси масъулро озод намекунад. Муҳаббати ҳақиқӣ метавонад тавоноӣ ва масъулиятро ба одамони дигар бахшад. Муҳаббати ҳақиқӣ метавонад, ба шахсони масъул боварӣ кунад, ҳатто агар онҳо норасоӣ дошта бошанд. Исо Петрусро дӯст медошт, ӯ Петрусро барои иҷрои вазифа ба пеш фиристод.

 

Петруси пешпохӯр ва инкоркун ба Петруси устувор, пурқувват дар Пентекост табдил ёфт-чунки Исо ӯро дӯст медошт. Исо ба ӯ бо кораш боварӣ  кард ва ӯ онро ба ҷо овард.

 

Худо метавонад моро бигирад, бо хатоҳо ва нокомиҳо ва агар мо ба ӯ таслим шавем- моро истифода мебарад. Ба пешаш биравед ва рӯйрост бигӯед, «Худо ман метавонам бигӯям, ки чуноне, ки Ту маро дӯст медорӣ  ман низ Туро дӯст  медорам, вале ман дӯсти Ту ҳастам. Илтимос маро истифода кун».

 

 

 

 

Ин фасл  имрӯз ба мо чӣ  маъно дорад?

 

1.     Ҳангоме, ки ба фармонҳои Исо итоат карда мешавад, ҳосил  гирифта хоҳад  шуд (Юҳанно 21:6).

 

2.     Танҳо мо гуноҳ дорем, агар калисои мо пешравӣ надошта бошад. Агар мо аз паси одамон, чуноне, ки Исо таълим медиҳад равем, якчанд моҳӣ (одамон) хоҳем  капид. Баъзеҳо ҷое нишаста дар бораи доштани моҳӣ  шикоят мекунанд, ҳол он ки онҳо ба моҳигирӣ машқул  нестанд.

 

3.     То чӣ андоза шумо Исоро дӯст медоред? Оё ин муҳаббати дӯстона

( philio)  аст? Кадомаш аввал аст, коркунӣ ё бозӣ, хӯрдан ё хуфтан, омӯзиши Библия ё ибодат?

 

4.     Мо бо онҳое, ки дӯст медорем сӯҳбат мекунем. Чанд вақт шумо бо Исо сӯҳбат мекунед?

 

5.     Зарурати бузургтарини ҳаёти мо муҳаббати бузургтаре нисбати Исо ҳаст.

 

6.     Вақте ки мо Исоро дӯст медорем, мо дигарҳоро низ дӯст хоҳем дошт.

 

7.     Худо ба онҳое, ки дӯсташон  медоранд, масъулият додааст, ҳатто агар ин муҳаббати суст бошад.

 

8.     Оиди «Барраҳои»- фарзандони Худо, дар калисоҳои мо чӣ гап аст? Агар  мо онҳоро дӯст медорем, мо онҳоро таълим хоҳем дод?

 

Пеш  аз анҷоми омӯзиши Юҳанно ин оятро аз ёд кунед. Юҳанно 21:18.

 

www.dardidil.com

 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ