Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Таърихи Календар

Download
 

Таърихи календари ҳозира ва бо мавлуди Исо чӣ чунин алоқамандӣ дорад.


Аз Накҳати Ҷон


«Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пӯшида бошад, ки дар назари Худованд як рӯз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рӯз.»

Инҷил (2) Петрус 3:8

Оё ҳисоби давоми сол бо офтоб ва моҳ роҳи дуруст аст? Чӣ хел бо ин равия Китоби Муқддас муносибат дорад?

Дар ибтидо Худо дар рӯзи чорум офтоб ва моҳтоб офарида. Китоби Муқаддас мегуяд: «Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз , ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон. Ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд, ва бар рӯзу шаб салтанат ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.» (Ҳастӣ 1:16-18)

Худо аз одамизод ва вақт болотар меистад, одамон имсолро гуфта ин солшумориро аз вақти таваллуди Худованди мо Исои Масеҳ ҳисоб мекунанд. «Худо офтобу моҳтобро барои ҳисоб кардани вақт додааст.» - мегӯянд, чӣ хеле, ки мо аз Китоби Мукаддас дидем. Пас мо имконити ҳисоб карданро аз рӯи офтобу моҳ дорем, моҳтоб барои ҳисоби шабу офтоб барои рӯз, аз рӯи ҳисоб офтоби як сол 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония мебошад ва аз рӯи ҳисоби мофтобӣ як сол 354 рӯзу 48 дақиқаву 34 сония мебошад.1 Ин календаре, ки ҳозир асри 21 шуда истодааст, бо номи «календари Григорӣ» машҳур аст ва одамон аз рӯи системаи офтобӣ барои ҳисоби сол, моҳ ва фаслҳо бо ин календар ҳамкорӣ мекунанд.


Таърихи 1-уми Январ

Дар соли 45-уми пеш аз милод Жулиус Қайсар фармон баробард, ки сол бо Январ сар шавад. Пеш аз он сол аз 25 Март (Наврӯз – рӯзи аввали баҳор) ҳисоб карда мешуд. Календари ҳозираи дунявӣ дар соли 1582-и милодӣ тартиб дода шудааст. Римскии Папаи Григорий мақсад гузошт, ки календар бо фаслҳои сол мутобиқ бошад ва ӯ 21-уми Мартро рӯзи сар шавии баҳор ва идҳои Масеҳонро муайян кард. Аз рӯи ин календар иди Эҳёи Исо бо иди яҳудиён - «Пахка» (дар Инҷил ин хел буд); якҷоя мебошад ва мавлуди Исо дар Декабр 24-25. Таъризи ҷашни якуми мавлуди Исо соли 354-и милодӣ мебошад. 2Дар Инҷил дар бораи мавлуди Исои Масеҳ (Матто 1-2; Луқо 1-2), ки 1-ӯми Январ қайд карда шавад, гуфта нашудааст ва Масеҳиён инро ҳеҷ вакт дар 1-ӯми Январ қайд намекунанд. Православная дар назди 5-6-ӯми Январ қайд мекунанд ва ин барои чи? Соли 1918 СССР календари ҳозираро тасдиқ кард, лекин ортодоксҳо инро иваз накарданд, аз ин сабаб 13 рӯз дар байн фарқ дорад.

Дар вақти СССР мавлуди Исоро бо соли нав якҷоя мекарданд, бо дарахти арчаву чароғақҳо. Ва мавлуди Исо ҳамчун урфу одат байни одамони советӣ бо соли нав ҷашн гирифта мешуд. Дар Эвропа бошад ин урфу одат дар асли 19 сар шуда ин иди дунёвӣ мебошад. Масеҳиён бошанд соли навро бо дин пайваст намекунанд.


Сарчашмаи календари дунё

Ин календари дунёвӣ аз куҷо омад? Ин календар бо моҳҳо, ҳафтаҳо, рӯзҳо соатҳо, ва дақиқаҳо тақсим шудааст. Дақиқаҳо ва тақсими соат аз Месопотаминҳо омад, 24 соат будани як шабонарӯз аз Миср, ҳафт рӯзи ҳафта аз Китоб Муқаддас омад ва номҳои моҳҳо бошанд аз Рӯму Юнониён. Пас ин календари ҳозираи мо дунёви ва байнан миллӣ буда бо фаслҳои сол ба тартиб дароворда шуда фоиданок мебошад.


Мавлуди Исои Худованд

Ҳисоби саршавии солшӯморӣ бо таваллуди Исои Масеҳ алоқа дорад, дар ҳақиқат ҳеҷ кас рӯзи таваллуди Ӯро аниқ намедонад ва ин тақминӣ ҳисоб шудааст, лекин муҳим ин аст, ки Ӯ шахси ососии таърихӣ аст. Исои Масеҳ ҷисм гардид дар вақти таваллуд, чунки Ӯ бо Худо буд дар вакте, ки Худо ин дунёро офарид (Инҷил, Қӯлассиён 1:15-17). Оянда Ӯ ба ин дунё меояд ва ҳукумрони дунё мешавад (Инҷил, Ваҳй 20:4-6) Номи Масеҳ маънияш ин аст, ки Ӯ подшоҳ мешавад, пас ин дуруст аст, ки солҳо аз рӯзи таваллуди Исои Худованд аст.

Дар вакт таваллуди Исо, фаришта пеши чӯпонон омада ва гӯфт:«Натарсед; зеро ки муждаи бузург ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм хоҳад буд: Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст.» (Инҷил, Луқо 2:10-11).


2 http://en.wikipedia.org/wiki/Christmas



<< Таърих