Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худо Ҷӯёи Тоҷикон аст - 5

Худо Ҷуёи Тоҷикон аст- #5

Аз Накҳати Ҷон

http://www.dardidil.com/

 

Боби 12 - Таъсири забони Суғдӣ

Бухоро, Самарқанд, (дар он вақт Афросиёб) Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира), Насаф (Қаршӣ), Истравшан ва Бунҷикат (шимоли Тоҷикистон) шаҳрҳои асосии суғдиён буданд.  «Дар асрҳои IV-VI дар Суғд, Кеш – Нахшав ва Истравшан забони ҳукмрон забони суғдӣ ҳисоб меёфт.»(Неъматов,1989,саҳ.244)  Дертар забони суғдӣ дар Бухоро ва Самарқанд пайдо шуд, ва дар вақти забт шудани Бухоро аз тарафи Арабҳо дар масҷиди асосӣ намозро бо забони суғдӣ тарҷума мекарданд зеро дар он замон мардуми маҳаллӣ забони арабиро намефаҳмиданд.  Дар давраи Сомониён забони Тоҷикӣ ҷой асосиро гирифт ва аз ин сабаб тоҷикон бо забони суғдӣ ё бохтарӣ дигар гап намезаданд.  Хати забони суғди аз забони суриягӣ ба вуҷуд омадааст ва ба ин хотир Суғдиён алифбои сурӣро истифода мекарданд.  Ин забон барвақттар таъсири масеҳӣ дошта масиҳиёни осиёни миёна бисёртар бо ин забон башорат медоданд.

«Дар порчаҳои адабиёти тариқати нестории динӣ ба забони суғдӣ, ки дар Тукистони Шарқӣ ёфт шудаанд, собит меёбанд.» (Аъзамов,2002,саҳ.61) Суғдиёни масеҳӣ аз забони сурӣ, китобҳои динӣ, қисмҳои инҷил, забурҳо, дуоҳо, тафсири Китоби Муқаддас ва таълимоти Калисои Шарқро ба забони суғдӣ тарҷума мекарданд ва ба шумораи 70-80 порчаҳои бостонии масеҳӣ ёфт карданд.

Бо ин забон онҳо дар байни туркҳо ва Чиниҳо башорати Исои Масеҳро паҳн мекарданд. Исои Масеҳ дар рӯзи аз дунё ба боло рафтан ба шогирдонаш гуфт: «Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд(Аъмол 1:8) На вобаста ба мушкилие, ки дар иҳотаи ислом зиндагӣ мекарданд Масеҳиёни суғдӣ ин гуфтаи Исо Масеҳро бо ҷуръат иҷро мекарданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки наҷот фақат ба воситаи Исои Масеҳ ба ҳама халқҳо меояд.

«Чи тавре мебинем, дар ибтидои асри VIII забони суғдӣ на фақат дар хоки худи Суғд (водии Зарафшон ва ноҳияҳои атрофи он, воҳаи Қашқадарё ва ғ.), балки дар хоки Ҳафтруд низ паҳн шуда буд, ки он ҷойҳоро суғдиён фаъолона тасхир мекарданд.» (Ғафуров,1998,саҳ) Ҳафтруд дар Қиргизистони имрӯза ҷойгир мебошад, дар Ҳафтруд ҷойҳои бостонии масеҳӣ вуҷуд доранд ва ин макон дар роҳи тиҷоратӣ ба тарафи Хитой буд. Осорҳои бостонӣ бо забони суғдӣ дар як чанд ноҳияҳои Хитой ҳам ёфт шуданд. Дар назди баҳри Иссиқкӯл бисёртар аз 630 тахтасанги болои қабрии Масеҳиён ёфта шуданд, ки онҳо аз таърихи соли 858 то 1342 гувоҳӣ медиҳанд. Дар ин оромгоҳҳо намояндагони миллатҳои тоҷик, турк, хитоиҳо, суриҳо, ҳиндиҳо ва муғулҳо аз табақаҳои гуногуни ҷамъият аз ҷумлаи одамони соҳибмаълумоту хизматгорони рӯҳонӣ ва шахсони оддӣ макони охират ёфтанд ва дар тахтасанги сари қабрии яке чунин омадааст: «ин қабри Пасак, мақсади зиндагӣ: Исои наҷотдиҳанда». Хизматгорони башоратдиҳанда ба ҷамоатҳову митрон такя накарда бо дасту бозуи худ меҳнат ва тиҷорат карда ба ҷоҳои гуногун рафта аз наҷоти Худо нақл мекарданд. (Дикенс,2002,саҳ.2)

То замони мо яке аз сангҳои нишонаи масеҳии Калисои Шарқ дар Хитой гувоҳи он аст, ки масеҳиёни саховатманд аз Балх омада ҷашнҳо меоростанд ва дар нн санг навиштаҷоте аз Китоби Муқаддас бо забони сурӣ кандакорӣ шудааст. Дар яке аз сангҳои нишонаи масеҳиён дар Хитой буда омадааст, ки «навиштаҷоти машҳури муҷассамаи дар соли 781 ба охир расондашуда дар назди Чо Анган аст, ки баъдтар пойтахти Хитой ва ҳозир ҳамчун шаҳри Хшанору мешиносандаш.» (Аъзамов,2002,саҳ.69) Ин тахтасангро яке аз имондони масеҳии тоҷики суғдӣ бо номи Яздбозид (ва ҳам номи Усу) марди саховатманди Балхӣ гузошта буд. Вай дар хитой ҳамчун сарлашкар ва роҳбари рӯҳони аз Балх хизмат кардааст ва дар замони худ бо саховатмандӣ ва ба касалиҳо шифо бахшиданаш машҳур буд. (Дикенс,2002,саҳ.7) Ин сангро якҷоя бо писараш, Одам (ва ҳам номи Чинг-Чинг) тайёр карда дар ҷояш монданд. (Мофет,1998,саҳ.299)

Дар асрҳои 9 ва 10 масеҳиён бо забони суғдӣ башоратро паҳн мекарданд. Тахтасанге дар Туббат ки дар болои санг се салиби Калисои Шарқ бо забонҳои суғдӣ ва Тибетӣ кандакорӣ шудааст аз ин гувоҳӣ медиҳад. Дар болои ин тахтасанг навишта шудааст,ки имондоре аз Самарқанд омада ба шоҳи Туббат Инҷилро маъвиза кардааст.

Дар соли 1007 шоҳи Кераитҳо ба воситаи дар хоб дидани Исои Масеҳ имон оварда ба митрони Марв муроҷиат мекунад. Патриарх Илёси Се (хизматаш 1176-1190) дар яке аз марказҳои Кошғар ва Ҳафтруд митронии масеҳӣ таъсис дод, ки дар он вақт бисёр халқ имон оварданд ва ҷамоатҳо сар шуданд. Қабилаҳои пурзӯри кераитҳо, ки имондор буданд баъзеи онҳо аз ворисони Чингизхон зан гирифтанд ғайр аз ин баъзе шоҳзодаҳо мураббиёни масеҳӣ доштанд ва модари шоҳ Гуюк Хон (1246-1248) масеҳӣ буд ва худаш дар январи соли 1248 таъмид гирифтааст.

Таъсис ёфтани ҷамоатҳои масеҳӣ аз ҳисоби имондорони суғдӣ чунин буданд:

Туббат (781-и мелоди), Ҳафтруд (асри 8), Хитой (дар 13 вилоятҳо аз асри 8 то 13), Митрон: Қошғар (1180), Хитой (дар 3 вилоят дар аввали соли 1063).

Бобоҷон Ғафоров чунин менависад: «Дар Суғд вуҷуд доштани динҳои гуногун боиси пайдо шудани системаҳои динии муттаҳида (синкретӣ) гардид.» (Ғафуров,1989,саҳ.384) «Ахбору маълумоти мусулмонӣ дар хусуси дини Масеҳӣ мавҷуд аст, ки тибқи он аҳолии Суғд дуалист ва Масеҳӣ буданд.» (Аъзамов,2002,саҳ.49) Дар байни суғдиён дини монавия пайдо шуд, ки ин як қисми дини зардуштӣ ва қисми дигараш масеҳӣ буд. Ин нишон медиҳад, ки дини масеҳӣ вуҷуд дошт вале бе Китоби Муқаддас бо забони худашон, онҳо парастишро бо Забур мегузорониданд ва башорат медоданд.

Дар ҳолате, ки масеҳиён бо забони суғдӣ сару кор доштанд бехабар аз он буданд, ки забони суғдӣ ба завол омада буд ва забони тоҷикӣ дар осиёи миёна дар асри 10 мақоми баландро гирифта буд. Калисои Шарқ ба чунин хатогӣ роҳ дод, ки фақат бо забони сурӣ сару кор мекард на бо забони паҳлавӣ.

 

 

Боби 12 - Дар сарзамини Тоҷикистон

Дар Тоҷикистони имрӯза бисёр ҷойҳои таърихӣ вуҷуд доранд, ки то ҳол дар бораи онҳо ба мо тадқиқотиҳои комил омада нарасидааст. Ва ҳамаи маълумотҳои мавҷуда ҳам ба ҳама дастрас нашудааст. Тадқиқотҳои бостоншиносон ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар сарзамини Тоҷикистон дар Айвоҷ, Қубодиён, Панҷикент, Истаравшан ва Хуҷанд масеҳиён зиндагӣ мекардаанд.

Ҷойҳои дигаре, ки аз вуҷуд доштани аҳолии масеҳи гувоҳӣ медиҳанд ин қабиристон ё ки иморатҳои куҳнаи калисо мебошанд. Тоҷикистони имрӯза дар қадим бо номи Тахористон1 маълум буд ва дар он вақтҳо ба қабиристонҳо кам диққат медоданд. «Мардуми Тахористон дар асрҳои V-VII�.. маросими дафн дар устадонҳо дар ин кишвар расм набуд, гарчанде дар баъзе ҷойҳо худи устадонҳо ёфт шуданд (Данғара, Ҳисор).» (Ғафуров,1998,саҳ.328) Барои Масеҳиён маросими дафн зарур нест, чун ки ҳама вақт Исои Масеҳ ҷасадашро эҳё мекунад ва онҳо ба рӯзи қиёмат нигоҳ карда як шариату расми дафни махсус надоранд. Чӣ хеле, ки дафн нашаванд Худо ҷасадашронро эҳё мекунад. Имондорони Калисои Шарқ икона ё бутпараст набуданд, ки санами масеҳӣ ёфт шавад. Калисои Шарқро албатта дар ҷойҳои умумӣ ва иморатҳои маълум таъин мекарданд вале ба вуҷуди он ҷойҳои майдае вуҷуд доштанд, ки имондорон ҷамъ мешуданд ва чуноне, ки дидем якчанд ҷойҳои ҷамоатҳои масеҳие буданд, ки ба ҳисоби Калисои Шарқ дохил намешуданд ва чунин ҷамоатҳои масеҳии ин сарзамин ба ин категорияҳо дохил мешуданд.

Дар Осорхонаи Миллии Бостонии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошад, якчанд зарфҳо, тахтасанги болои қабрӣ ва ҷавоҳиротҳои Масеҳиро дидан мумкин аст. Ин ашёҳо ,ки дар болои онҳо салиб аксёбӣ шудааст ба он гувоҳӣ медиҳад, ки дар вақтҳои пеш имондорони масеҳӣ дар ин ҷойҳо зиндагӣ мекарданд. Агарчи ба ин ёдгориҳои таърихӣ тамғаи осорхона зада нашудааст ва маълумот ҳам дар бораи онҳо дарҷ нашудааст.

 

 

Маълумотҳои Бостонишонсон дар бораи Хатлон

«Мувофиқи маълумотҳо дар байни ҳайтолиён дини насронӣ маълум будааст, туркҳои тахорӣ ин динро мепарастидаанд ва аз Тахористон сафорате омада будааст, ки мақсад доштааст, тариқати несториро паҳн кунад ва ғ.» (Ғафуров,1998,саҳ.329) Масеҳиёни тахорӣ дар ноҳияҳои Қубодиёну Шартус зиндагӣ мекарданд ва онҳо ба ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистони имрӯза рафта башорат медоданд.

Аз осорхонаи қадимаи Тахти Сангин чунин маълумот пайдо шудааст: «аз ин қалъа салибе ёфт шуд, ки ба асрҳои 1-2-и баъд аз милод тааллуқ дорад. Гумон меравад, ки таблиғотчиёни (Н.Ҷ. -башоратчиёни) масеҳӣ бо ҳамроҳии корвонҳои тиҷоратӣ дар давраҳои антикӣ ба ин сарзамин алоқаҳои доимӣ доштанд.» (Аъзамов,2002,саҳ.40) Салиб ҳам ба он гувоҳӣ медиҳад, ки масеҳиён дар замони Кушониён дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд ва дар муддати чанд аср дар Хатлон башорат медоданд.

Дар осорхонаи Айвоҷ ноҳияи Шартӯз аз асри 6-7, бостоншиносон иморате ёфтанд, ки дар шифти он салиб канда шудааст. Айвоҷ дар соҳили дарёи Аму2 ҷойгир мебошад ва дар вақти қадим ба Бохтар (вилояти Балх имруза) мансуб буд. Ин ҷой маркази имондорони масеҳӣ баҳиҳисоб меёфт. Чуноне, ки ба мо маълум аст имондорони масеҳии Балх ба Хитой рафтанд ва қисме аз онҳо дар болооби Вахш, Кофарниҳон ва Сурхоб (Қизилсу) дар Қубодиён, Ҳулбук ва Мунк (Балҷувон) башорат доданд.

«Тадқиқотиҳои охири бостоншиносии муосир (ҳозиразамон) дар навоҳии Қубодиён, Қизилқалъа, Шаҳритус аз он шаҳодат медиҳанд, ки несториҳои таблиғотчӣ (башоратчӣ) дар замонҳои антиқӣ то ба ин сарзамин омада расида буданд.» (Аъзамов,2002,саҳ.40)

«Ҳарфиёти Қалъаи Мир,3 Кайқубодшоҳ (райони Шаҳртус), Тахти Қубод, Тахти Сангин ва даҳҳо тадқидотҳои бостоншиносони мухталифи Тоҷикистон, ки дар ним асри охир сурат гирифт, собит намуданд, ки баъзе қавму қабоили ориёнинажод дар давраҳои антиқӣ пайраваони дини масеҳӣ буданд.» (Аъзамов,2002,саҳ.40) Чордаҳ ҷойҳои бостонии Тоҷикистон исбот мекунанд, ки дини масеҳӣ дар ин сарзамин вуҷуд дошт ва дар Осорхонаи Миллии Бостонии Тоҷикистон кузае аз Тахти Сангин оварда гузошта шудааст, ки дар он шаш салиб аксёбӣ шудааст ва ин дар Тахти Сангин ҳам будани масеҳиён гувоҳӣ медиҳад. Дар Осорхона терракоти салибӣ аз Қофирқала (Сангтуда4) нишон медиҳад, бори дигар Худо ҷӯёи тоҷикон буданашро дар асрҳои гуногун нишон медиҳад.

 

 

Зарафшон ва Фарғонаи Бостонӣ

Ҷойҳои асосии бостоншиносон дар водии Зарафшон - Панҷикент ва Бунҷикат5 ҳастанд. Дар асри 6 як қисми аҳолии фирорӣ Панҷикентро таъсис доданд ва дар асри 7-8 ин ҷой яке аз ҷойҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тарақикарда буд ва дар охири асри 8 арабҳо омада ин шаҳрро гирифтанд. Дар натиҷаи кофтукови бостоншиносон аз ин ҷо порчаҳои сафол, ки дар онҳо матни Забур бо забони суғдӣ навишта шудааст, ёфт шудаанд. Масеҳиёни он ҷо дар вақти парастиш ба Забур аҳамият дода онро бо ҳунари эъҷодкорона ба амал меоварданд.

Дар Дашти Урдакон каме ҷануб аз Панҷикент, қабристони масеҳӣ ёфта шуд, дар ин қабристон гӯри як духтари ҷавон бо салиби биринҷиро пайдо карданд ва бостоншиносон ба ақидае омаданд, ки дар ин ҷойҳо масеҳиҳо зиндагӣ мекарданд. Аз ҷумлаи бозёфтҳои бостоншиносон тангаи суғдии нишонаи салибдор ва кӯзапорае, ки бо салиб кандакоришуда мавҷуданд. Аз Бунҷикат порчае бо навиштаҷоти масеҳӣ пайдо шуд бо баъзе нишонаҳои Арманӣ ва дар даромагоҳи бино салиб тасвир ёфтааст.

Дар ҳар тарафи водии Фарғонаи ҷамоатҳои масеҳиён вуҷудият доштанд, ва маълумотҳои бостоншиносон нишон медиҳад, ки Чоч (Тошкент), назди Коканд (Даван), Навтака, ва кишлоқи майде дар Фарғона буданд, вале дар сарзамини Тоҷикистон имрӯза нест.(Ингланд,2002,саҳ.44)

Дар Осорхонаи Миллии Бостонии Тоҷикистон чанд чиз нишон медиҳад, ки масеҳиён дар Бунҷикат зиёд буданд. Як чароғи лоие, ки чанд салибро нишон медиҳад, ва кузае монанди як ҳайвон, ки як тарафаш салиб дорад. Дар осорхонаи чанд қабри сангии Бунҷикат дар намоиш аст ва ду тои он ба мисли салиб аст. Дар ҷой дигар сангҳои қабристонро нишон медиҳанд, ки якеаш салиб дорад лекин дигараш надорад ва аз куҷо пайдо шудани онҳо маълум нест ва дар миёни ҷавоҳирот як ҳалқаи қабуд, ки муҳри салибӣ дорад.

Дар Осорхонаи Рудакии Панҷакент як зарфи тарбутдон, ки лабаш бо салиб нақшунигор шудааст ва гумон аст, ки ин зарфро масеҳиён истофода мекарданд. Дар Осорхонаи Миллии Бостонии Тоҷикистон нишонаҳои сари қабрии салибдор аз Бунҷикат аз асрҳои 6-8 мавҷуд мебошад ва кӯзаи калони салибдор аз Панҷикент аз асрҳои 5-8 ба намоиш гузошта шудааст.

Ин бозёфтҳои бостоншиносон ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик онҳоро мерос гузоштаанд ва ин маълумот ба он аст, ки Худо дар вақти пеш тоҷиконро дӯст дошта интихоб кардааст.

 

Камшудани Масеҳиён

Мутаасифона қобили тааҷуб аст, ки камшудани Калисои Шарқ ҳам ба вақти охири асри тиллоии Ислом рост меояд. Дар асри 14 ақидаҳои озодӣ ва маркази илмӣ, қариб нест шуданд ва ҷамияти маданӣ баъд аз омадани Муғулҳо ҷамияти бадавӣ буд.6

Сабабҳое, ки барои чӣ масеҳиён кам шуданд:

  1. Асри 11 патриарх аз ҳисоби Хилофат буд. Дар он вақт озодии интихоби роҳбарон набуда назорати хилофат сахттар буд.
  2. Дар асри 11 ҳамаи халқҳо ба ҳисоби туркҳо, арабҳо ва тоҷикҳо ҷудо шуданд. Дар он вақт зардуштиён, яҳудиён ва масеҳиён маҳаллаҳои худашон ҷудо- ҷудо шуданд. Пеш аз ин рафту омад бисёр буд вале баъд аз ин масеҳиён дар маҳаллаи худашон бо худ монданд. (Фрай,1996,саҳ.216)
  3. Дар калисоҳои Католикӣ таълимоти монанди «ҷиҳод»ро қабул мекарданд, чунки Попи Лео IV (847-855) эълон мекард, ки касе ки дар ҷиҳоди масеҳӣ мемурад, гуноҳҳояш бахшида мешавад ва Попи Ҷон VIII (872-882) эълон кард, ки каси дар ҷанги масеҳӣ мурадагӣ, ба биҳишт меравад.(Канер,2002,саҳ.73) Ин таълимотҳои Китоби Муқаддас нест ва дар вақти ҷанги Ҷингизхон сар шуд, Калисои Шарқ ба тарафи сиёсат рафтанд ва ин амал омили парешонӣ ва таҳрифи башорати Исои Масеҳ шуданд.
  4. Соли 1220 Масеҳиён аз дасти давлати ислом азоб мекашиданд ва ба ин мақсад бисёриҳо ба тарафи Муғулҳо гурехтанд. Вақте, ки Муғулҳо заиф шуданд, Муғулҳо бо Ислом муттаҳид шуданд он вақт масеҳиён ба ҳисоби душман шуданд. Соли 1287 несториён бо давлати Муғулҳо кушиш карданд, ки Ерусалимро аз дасти Ислом гиранд. Патриархи турк, Ябаллуҳа Як (1247-1317) ускуфи худро ба давлатҳои Аврупо фиристод то онҳо бо ҳамдигар ҷанг кунанд. (Дикенс,2002,саҳ. 15) Дар он вақт дини Масеҳӣ 25 митрон ва 200 роҳбарони ҷамоатҳо доштанд. Муғулҳо баъди ҷанг бо давлати ислом (соли 1291), ба тарафи онҳо гузаштанд ва масеҳиён дар ин ҳолат танҳо монда буданд.

Баъд аз ин таъқибот сар шуда калисоҳо несту набуд мешуданд ва роҳбарони онҳо шаҳид мешуданд ва патриархи Калисои Шарқ дар азоб монда зиндонӣ гардид (Ябаллуҳа III). (Дикенс,2002,саҳ. 15,16)

  1. Қариб тамоми халқ дар Марв ва Нишопур аз дасти муғулҳо несту нобуд шуд7 (,2002,саҳ. 14) ва дар ин давра маданияту ҷамъият дигаргун гашт. Дар ҷанги Ҷингизхон (1162-1227) ва Темур Ланг (1335-1405 зиндагиаш) бисёр халқ мурда шаҳрҳо биёбон шуданд. Бобоҷон Ғафоров азобу беодоби Темурро нақл мекунад. (Ғафуров,1998,саҳ.646 то 650) Аз он вақт сар карда масеҳиён кам шуданд ва осиёи миёна дигаргун шуд. Ҷингизхон бисёр шаҳру деҳаҳоеро несту набуд кард, ки онҳо маркази дини Масеҳӣ буданд: Самарқанд, Марв, Балх, Ҳирот, ва Нишопурро. (,2002,саҳ. 11)
  2. «Андози талхӣ» ё «ҷизя» бояд диҳанд баъзе вақт ду бор зиёд ба гардани масеҳиён монда шуд, барои ин фишор бисёриҳо динашонро партофтанд.
  3. Шоҳи Аббас, дар соли 1629 қоидае монд, ки каси масеҳие, ки исломро қабул мекунад то чор насл молашонро гирифта метавонанд.

Маълумотҳои ҳозира

Баъд аз асри 13 Калисои Шарқ фақат дар баъзе ҷойҳои Эрон, Ироқ ва Ҳиндустон боқи мондаанду бас. Ҳозир дар Эрон 300,000 Масеҳӣ ва 73 калисоҳо қайд шудагӣ.8 Китоби Муқаддас дар забони Тоҷикӣ ва Форсӣ ҳаст ва имодорон дар ҳамаи шаҳрҳо вуҷуд доранд. Дар асри 20 Поп Ҷон Павел эълон кард, ки Калисои Шарқ номи “Калисои Шаҳидон”-ро гирад, чунки бисёриҳо дар асрҳои 12-14 шаҳид шуданд.

 

 

Нақшаи Худо оянда дар фикри Тоҷикон мебошад

Ин маълум аст ки Худо то ҳозир талабгори Тоҷикон мебошад. Имондорони тоҷик дар ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Оянда чӣ мешавад? Худо медонад вале Ӯ ҳам пешгӯй ба мо додааст:

Як Ваҳии Исои Масеҳ аст, ки тимсоли тоҷикон аст: «Ва Ӯ (Исои Масеҳ) дар дасти рости Худо ҳафт ситора дошт......Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд.» (Инҷил, Ваҳй 1:16, 20). Ин аҷибот аст ки имрӯз байрақи Тоҷикистон ҳафт ситора дорад ва ин моро ишора ба он мекунад, ки чӣ хел мо чанд чиз маънидор аст ва ҳам ин ки Худо ҷӯёи тоҷикон мебошад.9

Дар рӯзи осмонӣ ҳамаи имондорон дар пеши тахти Худо ҷамъ мешаванд ва аз ҳамаи қавмҳо барои парастиши Худо ҷамъ мешаванд ва дар ҳамин фурсати ғанимат Худованд ҷӯёни тоҷикон бошад – омин!

«Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд.... ва назар андохтам, ва инак, дар миёнаи тахт ва он чор ҳайвон ва дар миёнаи он пирон Баррае, ки мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шоҳ ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд. Ва Ӯ омада, китобро аз дасти рости Нишинандаи тахт гирифт. Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тиллои пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд; ва суруди наве хонда, мегӯянд:

Ту сазовори он ҳастӣ,

ки китобро воз кунӣ

ва мӯҳрҳоро аз он бардорӣ;

Зеро ки Ту забҳ шудӣ

ва бо Хуни Худ моро барои Худо

аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,

ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ;

ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд.�»

(Инҷил, Ваҳй 4:1; 5:6-10)

1 Тахористон ва Бохтари Қадим ин ноҳияҳои Хатлони ғарбии имрӯза мебошад.

2 Дарёи Аму сар мешавад дар ҷое, ки дарёҳои Панҷ ва Вахш якҷоя мешаванд.

3 Ҳоло дар райони Қубодиён Қалъаи Мир ҷой пайтахти давлати Бохтари қадим, «Тоҷикон» саҳ. 152. Ҳам Тахти Қубод ва Тахти Сангин дар ин район вуҷуд доранд.

4 Дар маълумотҳои осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Сангтуда мегӯяд вале Бобоҷон Ғафоров, Колхозобод мегӯяд.

5 Пойтахти Бунҷикат шаҳри Истаравшон буд.

6 www.wikipedia.com Islamic Golden Age

7 Ғафуров,1998,саҳ.607, мегуяд, ки дар соли 1222 аксарияти аҳолии Марв кушта шуданд.

8 www.wikipedia.com – Christianity in Iran

9 Дар таърихи тоҷикон бо рақами ҳафт чанд маънӣ вуҷудият дорад, барои ҷамъбаси ин мавзӯъ ба http://www.cais-soas.com/CAIS/Culture/haft.htm нигоҳ кунед



<< Таърих