Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 8

 

Боби 8 - Пеш аз никоҳ:

«Ҳафт бор чен куну як бор бур.» Масали Халқ

«Оила ин муҳити ҳамзистии ҷинсӣ, ахлоқӣ ва иқтисодии зану мард аст, ки мақсадаш идомати насл, қаноати талаботи биологӣ ва баёни эҳсоси муҳаббат мебошад.» (Ёқуб Одинаев)

Касе муҷаррад ҳаст ва мехоҳад издивоҷ кунад, бояд ҳар рӯз барои ин паймон дуо кунад. «Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.» (Эфсӯсиён 5:17) Аҳди никоҳ равиши рӯҳонӣ аст ва ба дохили ин паймон бо ҷиддӣ равед. Дарк кунед, ки ба кӣ издивоҷ мекунед, ва аз дили худ пурсед, оё ин хости Худо аст? Дуоятон бояд пеш аз фотеҳа шудан сар шавад.

Масеҳиёнро бо кӣ издивоҷ кардан мумкин аст? Масеҳиён бояд ба масеҳиён издивоҷ кунанд. «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад? Масеҳ бо блияал1 чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад? Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед.» (2) Қӯринтиён 6:14-16. Агар юғ баробар набошад, мисли як тараф хар ва дигар барзагов, ин барои кишт кардан рост намеравад, ва ё барзагову гови майда бошанд агар. Масале ҳаст, ки «бори каҷ ба манзил намерасад», ва саршавии оила, ки як тараф имондор аст ва тарафи дигар беимон бошад зиндагӣ бо роҳи дуруст намеравад ва ба манзил намерасад. Ҳамаи ҷамоатҳои масеҳӣ якдигарро нағз мешиносанд ва дар ҳолате, ки имондор бо беимон издивоҷ мекунад дар бораи ӯ суханҳои ба монанди: «Ин дӯсти мо ҳозир дарди дил дорад аз сабаби қоидаро риоя накардан,» мегӯянд. Шахси оиладор шуда бошад аз аввал фикр мекард, ки баъди никоҳ бо беимон имонашонро якҷоя комил мегардонанд аммо дар асл ҳозир бошад роҳи имонаш банд шудааст. Ҳама дар оила барои рост рафтан бояд баробар бошанд, яъне ҳар ду тараф ҳам имондор бошанд. Аҳди никоҳ як намудаи паймон аст ва бояд имондорон бо беимонон аҳд набанданд. Ҳам бадани имондор маъбади Худо аст ва агар ба беимон пайваст кунад, рӯҳи Худо хомӯш мешавад (1 Таслӯникиён 5:19). Издивоҷ пайвастагии ду кас аст ва агар ин ду кас ақидаҳои гуногун доранд ё аҳамияти гуногуни рӯҳонӣ бошанд, онҳо як тан намешаванд. Ҳамаи рафтор ва урфу одати зиндагии онҳо бояд як бошад то, ки онҳо дар оила як бошанд. «ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад.» (1) Қӯруинтиён 7:39 Имондор бояд ба касе ки «дар Худованд бошад» бо ӯ издивоҷ кунад, агар касе дар Исои Масеҳ нест издивоҷи онҳо нодуруст аст. Касе ки ба ин қонуни Китоби Муқаддас итоат намекунад зиндагии онҳо мушкил мешавад.

Натиҷаи издивоҷ бо ҳамсари беимон

Агар имондори масеҳӣ ба як мусулмон издивоҷ кунад, ин кас мумкин бандаи равиши онҳо шавад. Ин зан ҳуқуқи зани мусулмонро надорад. «ва ҳамчунин марди мусулмон бо зани аҳли китоб монанди яҳуд ва насорӣ наметавонад издивоҷи доимӣ барқарор созад, вале метавонад ақди муваққат барқарор созад.»2 Дар ҳолати ақди никоҳи ислом маҳри арӯсе ки мусулмон нест ба ӯ маҳр намедиҳад3 ва «зан мусалмон нашавад, нафақааш бар шавҳараш лозим намегардад.»4

Агар дар вақти никоҳ якгон шарте мемонад мисли ин ки зани масеҳӣ метавонад ба ибодати масеҳӣ равад. Ин шарт дар назари ислом «сабаби анҷом додани амали ҳаром» ва мумкин иҷозат намедиҳад.5 Дар ин воқеъа зани масеҳӣ бандаи рафтори ислом мешавад. Барои ин муҳим аст, ки масеҳӣ ба имондори дигар издивоҷ кунад.



Кай аҳди никоҳ кунанд? Масалҳои 24:27, мегӯяд, «Барои кори худ дар берун тадорук (тайёрӣ) намо, ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар, ва баъд хонаи худро низ бино бикун.» Оё манзили домод метавонад арӯсро никоҳ кунад ва чизҳои зиндагиро зоҳир кунад? Оё домод ҷои кор дорад? Агар аз уҳдаи нигаҳбонии зани худ баромада тавонад, баъд оиларо сар кардан мумкин аст. «Ҷавонон пеш аз қадам гузоштан ба ҳаёти оилавӣ бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра мустаҳкам бошанд.»6

Насиҳати китоби Суруди Сурудҳо

Китоби Суруди Сурудҳо намоиши ошиқии оила аст, ва дар бораи издивоҷ кардан насиҳат ҷой надорад.

Интизори вақти муайяни ошиқ бошед: «Эй духтарони Ерусалим! Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед. Овози маҳбуби ман аст! Инак, ӯ меояд!» Суруди Сурудҳо 2:7-8 (ҳам 3:5 ва 8:4). Ин оятҳо нишон медиҳад ки касе издивоҷ мекунад дар вақти муҳаббат тайёр аст ва то он вақт ошиқро «бедор накунед.» Бисёр кас барвақт ҷустуҷӯи ошиқӣ аст ва хулоса ин, ки мумкин ба каси мувофиқаш издивоҷ намекунад. Муҳаббат вақти муайян дорад ва бояд барвақт ӯро бедор накунанд.

«Маро мисли мӯҳре бар дили худ,

милси мӯҳре бар бозуи худ бигузор;

зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст,

ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст;

барқҳои он барқҳои оташ аст, алангаи илоҳист.

Обҳои бисёр наметавнад муҳаббатро хомӯш кунад,

ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад.

Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои муҳаббат бидиҳад,

аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард.»

Суруди сурудҳо 8:6-7






















1Иблис

2 «Интихоби Ҳамсар» саҳ. 69

3 «Никоҳ ва Талоқ» саҳ. 23

4 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 108.

5 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 76 ва 123

6 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 51.



<< Оила